ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2012 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2024 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1993 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Кодекс 1999 КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

ОИЛА МУҚАДДАСТАРИН РУКНИ ҶОМЕА ВА ДАВЛАТ

-A A +A
Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна Санаи интишор: Пшб, 30/06/2022 - 14:08
  Бунёди оилаи солим, таъмини зиндагии орому осуда ва бартараф кардани мушкилиҳо ҷомеаи муосир яке аз талаботҳои асосии пешрафти ҷомеаи муосир буда, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона ва пешгирии зӯроварӣ дар оила ва вайроншавии онҳо чораҳои доимӣ бояд андешида шаванд.
  Маълум аст, ки таъмин намудани ҳифзи ҳуқуқҳои оилавӣ дар кишвари мо зери назорат ва диққати доимии Ҳукумати кишвар аст. Вале бо вуҷуди ин дастгирии ҳуқуқу манфиатҳои занону ҷавонон дар ин самт муаммоҳои ҳалталаб кам нестанд.
  Аз ҷумла масъалаи пош хӯрдани оилаҳои ҷавон, ки шумораи онҳо сол ба сол зиёд мегардад, ташвишовар мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ин раванди номатлуб соли 2010 – 5818 ҳолат, соли 2011 – 6797 ҳолат, соли 2012 – 7608 ҳолат, соли 2013 – 8919 ҳолат ва соли 2020 – тахминан 10 000 ҳолатро ташкил дод. Сабаби ин ҳолат, пеш аз ҳама, омода набудани ҷавонон ба зиндагии мустақилона, мавҷудияти аломатҳои зӯроварӣ дар оила маҳсуб меёбад, ки оқибатҳои манфиро доро буда, боиси таваллуди кӯдакони маъюб гардида истодааст. Имрӯз дар қаламрави кишвар қариб 13 ҳазор нафар кӯдакону наврасони маъюби то 18 - сола аз ҷониби давлат нигоҳубин карда мешаванд.
   Дар асоси ин гуфтаҳо, ҳар як фарди ҷомеаро зарур аст баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, таҳким бахшидани оила ва муносибатҳои оилавӣ чораҷӯӣ намояд. Давлат дар ин самт вазифадор аст барои ба роҳ мондани танзими ҳуқуқии муносибатҳои оилавӣ аз тамоми имкониятҳои зарурӣ истифода намояд. Ин аст, ки ба вуҷуд овардани заминаи ҳуқуқӣ барои пешрафти ҷамъият, таъмини шароити муътадили фаъолият барои ҳар як узви ҷомеа, вазифаи аввалиндараҷаи давлат буда, кафолати таъмини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои онҳо дар қонунгузорӣ мустаҳкам мегардад аст.
   Дар тӯли солҳои истиқлолияти миллӣ пояҳои асосии давлати ҳуқуқию дунявӣ ва иҷтимоӣ гузошта шудааст. Тавассути парламенти касбӣ қабул ва амал намудани низоми ягонаи қонунгузории ватанӣ минбаъд ба рушди иқтисоди бозоргонӣ, инкишофи батадриҷи муҳимтарини соҳаҳои ҳаёти иҷтимоию фарҳангӣ мусоидат намуда истодаанд.
   Aсoсгузoри сулҳу вaҳдaти миллӣ - Пешвoи миллaт,  Президенти Ҷумҳурии Тoҷикистoн, Рaиси Ҳукумaти кишвaр Эмoмaлӣ Рaҳмoн дaр Пaёми нaвбaтӣ бa Мaҷлиси Oлии Ҷумҳурии Тoҷикистoн қaйд кaрдaнд, ки: “Рушди минбaъдaи ҷoмеa тaқoзo менaмoяд, ки бo мaқсaди тaнзими ҳaмaҷoнибaи мунoсибaтҳoи ҷaмъиятӣ қoнунҳoи aмaлкунaндa мунтaзaм тaкмил дoдa шaвaнд. Aз ин рӯ, бa субъектҳoи ҳуқуқэҷoдкунaндa, aз ҷумлa вaкилoни пaрлaмент зaрур aст, ки сифaти қoнунҳoи aмaлкунaндa вa бa сaтҳи рушди иқтисoдиву иҷтимoии кишвaр мутoбиқ будaни oнҳoрo мунтaзaм тaҳлил кaрдa, лoиҳaи сaнaдҳoи меъёрии ҳуқуқии бa тaлaбoти рӯз мувoфиқрo тaҳия нaмoянд”.
   Ин аст, ки мутадил инкишоф ёфтани муносибатҳои оилавӣ, нигоҳ доштани оила ҳамчун рукни муҳими ҷамъият имрӯзҳо дар сатҳи давлатӣ қарор дошта, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, меъёрҳои алоҳида нисбати масъалаи ҳифзи оила бахшида шудааст. Аз чунин муқаррароти конститутсионӣ бар меояд, ки оила аз ҳар ҷиҳат дар сатҳи давлатӣ мавриди ҳифз қарор дода мешавад.
    Дар сатҳи байналмилалӣ бошад, дар моддаи 16 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар омадааст, ки: «Оила рукни  табиӣ ва асосии ҷамъият аст, ҳақ дорад аз пуштибонии ҷомеаву давлат бархурдор бошад».
   Бояд тазаккур дод, ки барои ташаккули танзими ҳуқуқии муносибатҳои оилавӣ дар Чумҳурии Тоҷикистон нақши Кодекси оилаи Чумҳурии Тоҷикистон аз 13.11.1998с. калон аст. Аз муҳтавои Кодекси оила маълум мегардад, ки вазифаи муқарраротҳои он на фақат танзими муносибатҳои оилавӣ балки дар як маврид, таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафолатҳои ҳуқуқии баробарии тамоми иштирокчиёни раванди амалисозии манфиатҳои қонунии онҳо мебошад.
   Илова намудан ба маврид аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи танзими муносибатҳои оилавӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” аз соли 2013 амал намуда истодааст, ки мақоми он дар таҳким бахшидани муносибатҳои оилавӣ, пешгирӣ намудани муаммои зӯроварӣ дар оила муассир аст.
  Ҳамин тариқ зикр кардамон ба маврид аст, ки бе пос доштани арзишҳои муҳими оилавӣ ва эҳтироми байниҳамдигарии ҳар як аъзои оила таъмин намудани ояндабинии он мушкил боқӣ мемонад.
 
                                                                                                                     Акбарализода Ҷасур,
       сармутахассиси бахши таҳлили таъсири танзимкунии
Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)