ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2141 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИСТЕҲСОЛОТИ ОРГАНИКӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11.02.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2117 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ АСНОДИ ҲОЛАТИ ШАҲРВАНДӢ» Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 02.01.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2119 Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 02.01.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

Муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Ҷум, 15/08/2025 - 16:35
     Дар шароити ҷаҳони муосир яке аз таҳдидҳои ҷиддӣ ба амнияти миллӣ ва байналмилалӣ ин қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом мебошад. Ин амалҳо на танҳо ба иқтисодиёти миллӣ таҳдид мекунанд, балки метавонанд ҷомеаро ба гирдоби ноамнӣ ва бесуботӣ оварда расонанд.
     Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба пешгирии ҷинояти мазкур қонунгузорӣ пайваста такмил дода шуда, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом таҳия ва қабул шудааст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом” ва Консепсияи миллии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом барои солҳои 2018-2025 аз ҷумлаи онҳост.
     Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом” асосҳои ҳуқуқию ташкилии пешгирӣ ва муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли омро муқаррар намуда, ба ҳимояи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии шахс, ҷамъият ва давлат, таъмини амнияти миллӣ ва ҳимояи манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.
     Дар асоси Қонуни болозикр қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ин анҷом додани амалиёти молиявӣ ё аҳдҳои дигар бо маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок ё молу мулки дигар, ки баръало даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастовардашуда мебошанд, бо мақсади рӯйпӯш ва пинҳон намудани сарчашмаи ба даст овардани ин молу мулк ё бо мақсади мусоидат намудан ба шахсе, ки дар содир намудани ҷинояти асосӣ иштирок намудааст, то ки ӯ тавонад аз ҷавобгарӣ барои кирдорҳои содирнамудааш саркашӣ намояд, инчунин рӯйпӯш ё пинҳон кардани хусусияти аслӣ, маҳалли ҷойгиршавӣ, тарзи ихтиёрдорӣ, ҷойивазкунӣ, ҳуқуқ ба молу мулк ё мансубияти он, инчунин ба даст овардан, соҳибӣ кардан, истифода бурдан ё ихтиёрдории чунин молу мулк ба ҳисоб меравад.
     Маблағгузории терроризм бошад, бевосита ё бавосита пешниҳод намудан ё ҷамъ овардани воситаҳо бо мақсади пурра ё қисман истифода бурдани онҳо ва ё бо дарки он ки ин воситаҳо аз тарафи террористи алоҳида ё гурӯҳ (ташкилот)-и террористӣ истифода мешаванд, ё бо мақсади таъминоти молиявии террористи алоҳида ё гурӯҳ (ташкилот)-и террористӣ ё барои ташкил, тайёр ва содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ истифода мегарданд ва ҳамчунин, агар ин воситаҳо воқеан барои содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ, инчунин маблағгузории террористи алоҳида ё гурӯҳ (ташкилот)-и террористӣ, ҳатто агар он бо амал (амалҳо)-и мушаххаси террористӣ алоқаманд набошад, ё барои маблағгузории сафарҳои шахсон ба давлатҳое, ки давлати будубош ё шаҳрвандии онҳо намебошанд, барои мақсадҳои содир кардан, ба нақша гирифтан, тайёр кардан ё иштирок намудан дар содир намудани амалҳои террористӣ ё дар тайёр кардани террористҳо ё гузаштан аз чунин тайёрӣ истифода нашуда бошанд ба амал бароварда мешгавад.
    Маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ин бевосита ё бавосита пешниҳод намудан ё ҷамъ овардани воситаҳо бо мақсади пурра ё қисман истифода бурдани онҳо ё бо дарки он ки ин воситаҳо барои ғайриқонунӣ сохтан, истеҳсол кардан, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол, ирсол ва ё ба соҳибияти каси дигар додани силоҳи зарравӣ (ядроӣ), нейтронӣ, кимиёвӣ, биологӣ (бактериологӣ), иқлимӣ, инчунин намуди дигари силоҳи қатли оми бо шартномаҳои байналмилалӣ манъшуда, ҳамчунин ба ҳар давлати дорои силоҳи зарравӣ набуда додани маводи ибтидоӣ ё махсуси таҷзияшаванда ё технологияе, ки баръало метавонад барои бунёди силоҳи қатли ом истифода гардад ва (ё) ба ягон шахс додани намудҳои дигари силоҳи қатли ом ё қисматҳои зарурии истеҳсоли он, ки бо шартномаҳои байналмилалӣ манъ гардидаанд, истифода мегарданд [1].
     Мутобиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муайян намудани мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом” Бонки миллии Тоҷикистон мақоми ваколатдор дар ин самт ба шумор меравад [2].
     Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” чораҳои зарурӣ андешида ва вобаста ба он фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявиро танзим ва назорат менамояд [3].
     Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2021, №168 Дастурамал "Дар бораи ташкили низоми идоракунии хавфҳо ва назорати дохилӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ" қабул шуда, дар ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ амалиёт мегузаронанд Идораи мониторинги молиявӣ таъсис дода шудааст. Вазифаҳои асосии Идора ин ҷамъоварӣ, назорат, таҳлил ва мониторинги амалиёт (аҳдҳо) бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк, ташкили пойгоҳи маълумотӣ, танзими мутобиқатии амалиётҳои гузаронидашаванда, пешниҳоди маълумот оиди амалиётҳои ҳатман назоратшаванда ва шубҳанок ба мақоми ваколатдор ва омодаю пешниҳод намудани ҷавобҳои дахлдор ба мақомоти ваколатдор мебошад [4].
     Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба ҷиноятҳои иқтисодӣ ва молиявӣ, аз ҷумла қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом  бо қабул ва татбиқи санадҳои ҳуқуқӣ низ кӯшиш менамояд, ки ба мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва ҷамъиятиро ҳифз намояд.
        Яке аз санадҳои барномавии муҳим дар самти мазкур Консепсияи миллии муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом барои солҳои 2018-2025 ба шумор меравад, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2018, №1033 қабул шудааст. Консепсияи мазкур дар заминаи таҳлили вазъ дар соҳаи қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, инчунин баҳогузории самаранокии фаъолияти низоми мавҷудаи миллии муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (минбаъд - низоми миллӣ) омода шуда, принсипҳои сиёсати давлатиро дар самти муқовимат бо экстремизм ва терроризм муайян менамояд [5].
     Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар паёми худ  “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, ки 28 декабри соли 2023 ироа гардид, вобаста ба таҳдидҳои замони муосир ва зарурати ҳифзи суботу амнияти ҷаҳонӣ ва мубориза бар зидди терроризм таъкид намуда, қайд намуданд, ки “Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду замони муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем”. Сарвари давлат дар ин ҷо зарурати вокуниши якҷоя ва устуворро таъкид мекунанд. Дар ин замина, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории зичи худро бо созмонҳои байналмилалии бонуфуз барои муқовимат ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ ба таври зерин ба роҳ мондааст, аз он ҷумла:
         1) Созмони Милали Муттаҳид (СММ) - ҳамчун асоси муттаҳидкунандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки нақши муҳими ҳамоҳангсозӣ ва пешбурди сиёсати зиддитеррористиро дорад.
2) Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) - ташкилоти минтақавие, ки дар таъмини амният ва муқовимат ба таҳдидҳои ҷиноятҳои муташаккил ва терроризм дар кишварҳои узв саҳми калидӣ дорад.
3) Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) - нақши муҳим дар мубориза бо экстремизм ва терроризм дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебозад.
4) Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) - Тоҷикистонро дар робита бо масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва мубориза бо терроризми исломӣ дастгирӣ мекунад.
5) Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) - барои пешбурди ҳамкории иқтисодӣ ва рушди устувор, ки омилҳои рӯйдодҳои террористиро коҳиш медиҳад, хизмат мекунад.
6) Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) - барои таъмини амнияти низомӣ дар минтақа ва мубориза бо таҳдидҳои террористӣ фаъолият мекунад.
7) Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) - ҳамкории байнидавлатиро дар бахши амният ва мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил, аз ҷумла терроризм, таъмин менамояд [6].
     Яке аз роҳи дигари муқовимат ба кирдори мазкур дар асоси қонунгузорӣ муайян намудани ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ арзёбӣ мегардад.
     Мувофиқи моддаи 527(1) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ҳангоми набудани аломатҳои ҷиноят ба шахсони мансабдор аз сад то дусад, ба соҳибкорони инфиродӣ аз сесад то панҷсад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад [7].
     Дар асоси моддаи 179(2) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маблағгузории ҷиноятҳои хусусияти террористидошта ҷазо пешбинӣ гардидааст [8].
     Ҳамин тариқ, масъалаи мазкур зери таваҷҷуҳи бевоситаи давлату Ҳукумати кишвар қарор дошта, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таҳкими низоми молиявӣ ва таъсиси сохторҳои ваколатдор ҷиҳати муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом мунтазам чораҷӯӣ менамояд.
 
ОДИНАЗОДА ФАРИДА ШАМСУЛЛО
муовини сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид ба молия, андозу гумрук ва фаъолияти бонкии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Рӯйхати адабиётҳои истифодашуда:
  1. 1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷиткистон “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом” аз 15 марти соли 2023, №1950 [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: https://mmk.tj/ (санаи муроҷиат: 18.07.2025):
  2. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муайян намудани мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом” аз 14.08.2024, №846 // Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии ҶТ «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 07.08.2025):
  3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” аз  28.06.2011 №722 // Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии ҶТ «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 18.07.2025):
  4. Дастурамали №247 дар бораи ташкили низоми идоракунии хавфҳо ва назорати дохилӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз аз 19 ноябри соли 2021, №168 // Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии ҶТ «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 06.08.2025):
  5. Консепсияи миллии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом барои солҳои 2018-2025” аз 5 марти соли 2018, №1033// Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии ҶТ «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 30.07.2025):
  6. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “ Дар бораи самтҳои сиёсати давлатӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 28 декабри соли 2023 [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ https://president.tj/event/missives/36370 (саннаи муроҷиат: 30.07.2025):
  7. Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.12.2008 № 455 Захираи электронӣ]. Манбаи дастрас https://mmk.tj/ (саннаи муроҷиат: 30.07.2025):
  8. Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 маи соли 1998 № 574 [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрас https://mmk.tj/ (саннаи муроҷиат: 30.07.2025)
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад