Ба кори мизи мудаввар муовини аввали Директори Марказ Баҳриддинзода С.Э. ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро хайрамақдам намуда, барои иштирокашон дар чорабинии мазкур изҳори сипос намуд. Мавсуф вобаста ба мақсад ва зарурияти баргузории чорабинии мазкур ибрози ақида намуда, баррасӣ ва таҳлили вазъи қонунгузории миллӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ дар робита ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз масъалаҳои актуалии имрўза маънидод намуд.
Сипас, маърўзачиён вобаста ба паҳлуҳои гуногуни нақши санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон дар рушди қонунгузории миллӣ баромадҳо намуданд. Аз ҷумла, Орзузода Ф. сармутахассиси Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи «Батанзимдарории ҳуқуқи байналмилалӣ дар соҳаи муҳоҷирати иҷборӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуд. Мавсуф дар баромади худ оиди мафҳум ва моҳияти муҳоҷирати иҷборӣ, проблемаҳои ҷойдошта дар танзими миллӣ ва байналмилалӣ-ҳуқуқии муҳоҷирати иҷборӣ, нақши давлат дар пешгирӣ ва кам кардани сатҳи муҳоҷирати иҷборӣ ибрози ақида намуд.
Дар мизи мудаввар вобаста ба мавзўи «Таъсири санадҳои байналмилалӣ дар пешрафти робитаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Содиқӣ П. намоянда аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, оид ба паҳлуҳои манфӣ ва мусбии таъсири санадҳои байналмилалӣ, проблемаҳои дар қонунгузорӣ мавҷудбудаи тарзҳои изҳори ризоияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳатмӣ будани санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ изҳори ақида намуд.
Вобаста ба нақши санадҳои байналмилалӣ оид ба моликияти зеҳнӣ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон н.и.ҳ., Меликов У. сардори шуъбаи қонунгузории гражданӣ, соҳибкорӣ ва оилавии ММҚ баромад намуд.
Ғайр аз ин дар мизи мудаввар маърўзаи н.и.ҳ., Маҳмадшоев Ф. сардори шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии ММҚ доир ба мавзўи қонунҳои намунавӣ (моделӣ) ва нақши онҳо дар ташаккули қонунгузории миллии даврони истиқлолият андешаронӣ намуд. Дар баромади номбурда қайд гардид, ки нақши қонунҳои намунавӣ (моделӣ) бахусус бештар аз 300 қонун, кодексҳои моделии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ дар ташаккули қонунгузории миллӣ назаррас аст. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки зарурати ҳамаҷониба аз лиҳози илмӣ-амалӣ таҳлили ҷараёни воридшавии меъёрҳои қонунҳои намунавӣ (моделӣ) дар қонунгузории миллӣ ва вусъат додани ташаббускорӣ дар таҳияи меъёрҳои монанд бо дарназардошти рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд омадааст.
Баромадҳо ва презентатсияҳои дахлдори Ҷабборов Ф. ходими илмии шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нақши меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар дар инкишофи қонунгузорӣ дар соҳаи об; Галина Деревенченко мушовири баландбардории потенсиали Барномаи Рушди СММ оид ба ҷои санадҳои меъёрии байналмилалӣ дар низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон; Носиров Д. сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии ММҚ ва Бекназарова В. мутахассиси пешбари шуъбаи итттилооти ҳуқуқӣ ва мураттабсозии ММҚ оид ба масъалаҳои алоҳидаи нақши санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ҳамчун сарчашмаҳои ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон; Соҳибназарзода М., мутахассиси пешбари шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии ММҚ доир ба баъзе масъалаҳои қабул ва мавриди амал қарор гирифтани санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ тариқи фишурда ба ҳозирин пешниҳод гардиданд.