ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2065 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2033 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ФАРҲАНГ” Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.02.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2026 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 03.01.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ЗАН ВА ҶОМЕА

-A A +A
Ношири мавод: Бобоев Фируз Абдунасимович Санаи интишор: Чшб, 20/11/2024 - 13:57
“Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати таъмини мавқеи устувори зан - модар дар ҷомеа ҳамаи имкониятҳои заруриро фароҳам овард ва занони қавииродаву боҷасорати моро ба арсаи васеи сиёсат ворид намуд”. 
Эмомалӣ Раҳмон
 
     Масъалаи марбут ба занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа дар баробари дигар масъалаҳои муҳими давлативу ҷамъиятӣ таҳти таваҷҷуҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
     Махсусан, пас аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи иштироки зан дар корҳои давлативу ҷамъиятӣ равнақи бештар пайдо кард ва ҷойгоҳи занону бонувон дар ҷойгоҳи ҷомеа ба дараҷаи баланд расид.
     Ёдрас бояд шуд, ки мақоми зан ҳамеша дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз масъалаҳои асосӣ маҳсуб меёбад. Дар иртибот ба ҳалли ин масъала, бахусус ҷиҳати баланд бардоштани ҷойгоҳи зан дар ҷомеа дар партави сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ҳукумати кишвар, вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидораи шаҳраку деҳот тадбирҳои муҳим андешида мешавад.
    Бо мақсади таъмини иштироки васеи занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатӣ, баланд бардоштани нақши онҳо дар ҷомеа 3 декабри соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа" ба имзо расид ва боз ҳам боис ба устувор шудан ва густариш пайдо кардани ҷойгоҳи зан дар ҷомеа гардид.
   Бо ин фармон Ҳукумати кишвар ва дигар мақомоти давлатӣ вазифадор карда шуданд, ки бо назардошти касбият, кордонӣ ва маҳорат занон ба ҳайати роҳбарияти вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёти кишвар шомил ва ба сифати яке аз муовинони роҳбари мақомоти номбурда таъин карда шаванд.
     Имрӯз дар соҳаҳои гуногуни ҳаётии ҷомеа беш аз як миллион занону духтарон ба сифати роҳбар, иҷтисодчӣ, соҳибкор, пизишк, муаллим, донишвар ва намояндаи соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишвар фаъолона кор пеш мебаранд. Бахусус, имруз дар Ҳукумати кишвар, вазорат ва идораҳои марказӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо бонувон ба сифати роҳбар, ҷонишини роҳбар ва мансабҳои дигари давлатӣ кор мекунанд.
     Фаъолияти пурсамари занон ба сифати аъзои Ҳукумат, роҳбарони мақомоти назди Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, соҳибкорони пешрав ва доктору профессорон аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ҳақиқат ҳам зан - модар дар ҷомеаи мо нақши асосӣ доранд.
     Садҳо духтарон тавассути квотаҳои президентӣ дар мактабҳои олии кишвар ва берун аз он ба таҳсили илм машғуланд, ки ин ҳол аз амалӣ гардидани фармони номбурда ва комилҳуқуқии занон дар кишвари Тоҷикистон дарак медиҳад. Дар иртибот ба ин, сафи духтарони тоҷик, ки дар кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, сол ба сол меафзояд. Дар хориҷи мамлакат айни замон зиёда аз 30 000 донишҷӯ таҳсил дошта, аз ин 12 300 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Ин ҳолат исботи он аст, ки Пешвои муаззами миллат ба масъалаи маърифатнокии занону духтарон таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир менамоянд.
     Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ёдрас шуданд, ки, ҷалби бештари занон ба ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат яке аз шартҳо ва нишонаҳои баробарҳуқуқии онҳо бо мардон мебошад. Дар ин самт андешидани тадбирҳои мушаххас оид ба таъмини занону духтарон пас аз хатми муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ бо кори доимӣ, ҷалб ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо, аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошад.
     Маърифатнокии зан, пеш аз ҳама дар дараҷаи ҷаҳонбинӣ, донишу малака, ва таҷрибаи иҷтимоии ӯ таҷассум ёфта, ба тарбияи фарзанд, рушди оила, сатҳи некӯаҳволии он, инчун рушди ҷомеа таъсири бевосита мерасонад. Дар ҳама давру замонҳо маҳз сатҳи баланди маърифат омили муҳими нақшу мавқеи шахс дар ҷомеа ба ҳисоб меравад.
     Хушбахтона, имрӯз зан озод аст ва аз ҳуқуқҳои худ бархурдор мебошад. Агар гузаштаи занро дар замони қамар ба имрӯз муқоиса намоем, ба бартариятҳои зиёде рӯ ба рӯ хоҳем шуд. Зеро имрӯз занон дар мадди назари давлату ҳукумат қарор дошта, барои озодона зиндагӣ кардани онҳо тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Ҳатто Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ мавқеи зан дар ҷомеаро муҳим шуморида, таъкид намудаанд, ки масъулиятнокии занон дар замони кунунӣ аз мардон дида зиёдтар аст. Ин ҳама аз он дарак медиҳад, ки Пешвои мо ҳамеша дар фикри оромии занону бонувон ҳастанд.
     Занон имрӯз дар баробари мардон дар рушди ҷомеа ҳиссагузоранд. Бо соҳибистиқлол гардидани кишвар ғамхорӣ нисбат ба занон дар кишвар беҳтар гардидааст ва исботи ин гуфтаҳо қабул намудани як қатор қонунҳо аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳамагуна шаклҳои табъиз”, Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду марҳила (солҳои 2011-2020 ва солҳои 2021-2030), Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дар се марҳила (барои солҳои 2007-2016; солҳои 2017-2022 ва солҳои 2023-2030) мебошад, ки барои беҳтар намудани сатҳи иҷтимоию иктисодӣ, фарҳангию маърифатии оилаҳо, пешгирии зӯроварӣ нисбати занон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, омода намудани кадрҳои болаёқату донишманд аз ҳисоби занону духтарон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон мусоидат намуданд.
     Дар ин санадҳои ҳуқуқӣ тадбирҳои мушаххас оид ба баланд бардоштани ҷойгоҳи зан дар ҷомеа пешбинӣ гардидааст. Масалан, дар Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2017, №158 қабул гардидааст, пешбинӣ шудааст, ки то соли 2022 шумораи занҳо дар байни хизматчиёни давлатӣ то 40 фоиз ва дар байни роҳбарон то 30 фоиз зиёд гардонида мешавад.
      Дар баробари ин санадҳои ҳуқуқӣ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои зиёди қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатӣ, ки ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои занон нигаронида шудаанд ва аз уҳдадориҳои байналмилалии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, қабул кардааст.
     Новобаста аз ин чораҳои андешидашуда масъалаи зӯроварӣ дар оила ҳамоно дар сатҳи зарурӣ ҳалли худро пайдо накардааст ва он боиси ташвиши ҷомеа мебошад. Ин падидаи нохуш на танҳо ҷомеаи моро, балки тамоми ҷаҳонро фаро гирифта, имрӯзҳо дар минтақа садҳо нафар занону духтарон сарфи назар аз мақоми иҷтимоӣ, миллат, сину сол ва маърифатнокии онҳо ба баъзе амалҳои нохуш, бахусус низои хонаводагӣ дучор мегарданд.
     Боис ба зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт дар минтақа нахустин кишварест, ки оид ба пешгирии хушунат дар оила, қонун қабул кардааст. Дар сатҳи қонунгузорӣ дар мамлакат қабул намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки муҳимтаринаш Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» мебошад, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 марти соли 2013 ба имзо расид. Инчунин дар Тоҷикистон дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ фаъолияти худро дар мубориза нисбати зӯроварӣ дар оила амалӣ мекунанд.
     Дар соли 1993 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занонро ба тасвиб расонид ва барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқи занон ва мусоидат намудан ба ҳимояи ҳуқуқу имкониятҳои баробар ҷиҳати иштироки онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис дод. Бо мақсади пешгирии зӯроварӣ дар оила ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалӣ корҳои назаррасро анҷом доданд, вале масъалаҳои ҳалталаб дар ин самт ҳоло ҳам зиёданд.
     Бо назардошти андешаҳои номбурда ва ҷиҳати дар оянда боз ҳам баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа, пешгирии ҳаргуна маҳдудият ва хушунат нисбат ба зан андешидани чораҳои муассир аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомти дахлдор мувофиқи мақсад аст.
     Мо низ занону бонувони кишвар суханони Сарвари давлатро шиори ҳаррӯзаи худ намуда, ҷавобан ба ғамхориҳои Ҷаноби Олӣ кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки сиёсати давлатиро дар самти баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа ва иштироки фаъоли занонро дар корҳои сиёсӣ ва ҷамъиятӣ таъмин намоем.
 
Бобиева Гулафрӯз,
корманди Маркази миллии
қонунгузории назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нишонаи номӣ (тег):

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад