ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1970 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НАЗОРАТИ МАЪМУРӢ НИСБАТ БА ШАХСОНИ АЗ МУАССИСАҲОИ ИСЛОҲӢ ОЗОДШУДА Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1969 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИШТИРОКИ ШАҲРВАНДОН ДАР ТАЪМИНИ ТАРТИБОТИ ҶАМЪИЯТӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1968 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip Microsoft Office document icon Замима

ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ НАФАҚАИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

-A A +A
Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар Санаи интишор: Чшб, 22/01/2020 - 14:53
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
796
Мақомот: 
Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
25.07.1993
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонуни мазкур мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми шаҳрвандоне, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, ҳуқуқи таъминоти моддиро тавассути додани нафақаҳои меҳнатию иҷтимоии дар ҳамин Қонун пешбинишуда кафолат медиҳад.
 
Қонун ба он равона шудааст, ки меҳнатро ҳамчун манбаи афзоиши сатҳи некўаҳволии халқ ва ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ ҳарчи пурратар ба назар гирифта, аз муносибати баробарҳақдиҳӣ дар таъмини нафақа сарфи назар шавад. Ин Қонун ягонагии шарту меъёрҳои таъмини нафақаи коргарон, хизматчиён, аъзоёни колхозҳо ва дигар категорияҳои меҳнаткашонро муқаррар менамояд.
 
Қонун ҳимояи иҷтимоии нафақахўронро бо роҳи муқаррар намудани нафақаҳо барои кифояти ақали зиндагӣ, инчунин мунтазам дида баромадани андозаҳои онҳоро бинобар каму зиёд шудани андозаи ҳадди ақали буҷети истеъмолӣ ва баланд шудани самаранокии иқтисодиёти ҷумҳурӣ кафолат медиҳад.
 
ФАСЛИ I.ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Моддаи 1. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба таъмини нафақа
(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823)
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи синну сол, аз рўи маъюбӣ, ба сабаби маҳрум шудан аз саробон ва сабабҳои дигари дар Қонуни мазкур пешбинишуда ба таъмини нафақа ҳуқуқ доранд. Шаҳрвандони давлатҳои дигар ва шахсони бетабаае, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, баробари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нафақа ҳуқуқ доранд, агар шарти дигаре дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ нашуда бошад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Моддаи 2. Намудҳои нафақа
Мувофиқи ҳамин Қонун чунин нафақаҳо таъин карда мешаванд:
а) нафақаҳои меҳнатӣ:
аз рўи синну сол (пиронсолӣ);
аз рўи маъюбӣ;
барои маҳрум шудан аз саробон;
барои хизмати дарозмуддат;
б) нафақаҳои иҷтимоӣ.
Моддаи 3. Шахсоне, ки ба нафақаи меҳнатӣ ҳуқуқ доранд
Шахсони зерине, ки бо меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ машғуланд, дар сурати риояи шартҳои дигари пешбининамудаи Қонуни мазкур ба нафақаи меҳнатӣ ҳуқуқ доранд:
а) шахсоне, ки дар асоси шартномаи меҳнатӣ (контракт) дар корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, кооперативҳо, сарфи назар аз шаклҳои моликият ва хоҷагидориашон ё дар асоси узвият дар колхозҳо ва дигар кооперативҳо кор мекунанд, ба шарте ки корхонаю ташкилотҳо ба мақомоти ваколатдор ҳаққи суғурта диҳанд (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 333);
б) шахсоне, ки бо фаъолияти меҳнатии инфиродӣ, аз ҷумла дар асоси шартҳои иҷоракории инфиродӣ (гурўҳӣ) ё дар хоҷагии шахсии деҳқонӣ (фермерӣ), инчунин соҳибкории инфиродӣ дар асоси патент ё шаҳодатнома машғул мебошанд, ба шарте ки ба Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаққи суғурта диҳанд (Қонуни ҶТ аз 5.10.2009 № 554);
в) аъзои иттифоқҳои эҷодӣ, инчунин дигар кормандони эҷодие, ки узви иттифоқҳои эҷодӣ намебошанд, ба шарте ки ба Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаққи суғурта пардозанд;
г) шахсоне дигаре, ки воҷиби суғуртаи давлатии иҷтимоӣ мебошанд;
д) кормандони воҳидҳои ҳарбишудае, ки воҷиби суғуртаи давлатии иҷтимоӣ намебошанд, шахсони сардорикунанда ва қатории хадамоти алоқаи махсуси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисто (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823);
е) донишҷўёни мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус, омўзишгоҳу мактабҳо ва курсҳои омўзиши кадрҳо, аспиранту ординаторҳои клиникӣ, докторантҳо;
ж) шахсоне, ки ба нисбати иҷрои вазифаҳои давлатию ҷамъиятӣ ё иҷрои вазифаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи наҷот додани ҳаёти инсон, муҳофизати моликияти давлатӣ, ҷамъиятӣ, коллективӣ, моликияти шаҳрвандон ва тартиботи ҳуқуқӣ маъюб гаштаанд;
з) шахсоне, ки маъюби гурўҳи 1 ё кудаки маъюби то 18-сола, инчунин шахси кўҳансоли ба синни 80 расидаро нигоҳубин мекунанд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823);
и) аъзои оилаи шахсони дар ҳамин модда зикршуда ва нафақахўрон аз ҷумлаи ин шахсон, дар сурати маҳрум шудан аз саробон.
Моддаи 4. Таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ ва оилаи онҳо
Шарту меъёрҳо ва тартиби таъминоти нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони воҳидҳои ҳарбишудае, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон воҷиби суғуртаи давлатии иҷтимоӣ намебошанд ва аъзои оилаи онҳо бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ" муқаррар карда мешаванд. Инчунин ба онҳо барои гирифтани нафақа бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ҳуқуқ дода мешавад. Дар чунин ҳолат пардохти нафақаи мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ" таъиншуда қатъ мегардад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Моддаи 4 (1). Шахсоне, ки ба нафақаи пеш аз мўҳлат ҳуқуқ доранд
Ба нафақаи пеш аз мўҳлат як сол қабл аз расидани синну соли нафақа шаҳрвандоне ҳуқуқ доранд, ки ба сабабҳои новобаста аз онҳо бекор мондаанд ва ҳаққи гирифтани ёрдампулӣ аз рўи бекорӣ дар муддати 52 ҳафтаи тақвими доранд: мардҳо - бо собиқаи кори на камтар аз 25 сол ва занон - бо собиқаи на камтар аз 20 сол.
Ба хизматчиёни давлатӣ, ки ҳангоми барҳам додан, азнавташкилдиҳӣ ва таҷдиди мақоми давлатӣ, ихтисор шудани шумора ё воҳиди кории хизматчиёни давлатӣ, ки аз мансаби давлатӣ озод шудаанд, дар сурати доштани собиқаи умумии меҳнатии иборат аз 25 сол барои мардҳо ва 20 сол барои занҳо ва аз ин на кам аз 10 солаш собиқаи хизмати давлатӣ бошад, ҳуқуқ дода мешавад, ки ду сол пеш аз мўҳлати муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нафақа бароянд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Хорич карда шуд (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 333).
Нафақае, ки барои бекорон пеш аз мўҳлат таъин шудааст, дар сурати ба кор даромадани онҳо пардохта намешавад. Баъди ба синни нафақа расидани чунин шахсон, ки дар ин маврид онҳо дар асосҳои умумӣ ба нафақа ҳуқуқ пайдо мекунанд, ба онҳо тибқи моддаи 20-уми ҳамин Қонун нафақа дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
Моддаи 4 (2). Хориҷ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 25.07.2005 № 104)
Моддаи 5. Ҳуқуқи гирифтани нафақаи иҷтимоӣ
Тамоми шахсоне, ки қобилияти меҳнат надоранд, сарфи назар аз мансубияти иҷтимоияшон бо шартҳои муайянкардаи ҳамин Қонун ба гирифтани нафақаи иҷтимоӣ ҳуқуқ доранд.
Моддаи 6. Ҳуқуқи интихоби нафақа
Ба шахсоне, ки дар як вақт ҳуқуқи гирифтани нафақаҳои гуногунро доранд, мувофиқи интихобашон як нафақа таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Моддаи 7. Муроҷиат барои таъини нафақа
Баъд аз ҳуқуқ пайдо кардан ба нафақа бидуни маҳдудияти мўҳлат барои таъини нафақа муроҷиат намудан мумкин аст.
Дар айни замон нафақа аз рўи синну сол ва маъюбӣ, сарфи назар аз он, ки фаъолият пеш аз лаҳзаи муроҷиат барои нафақа қатъ гардидааст ё давом дорад, таъин карда мешавад. Нафақа барои хизмати дарозмуддат дар сурати тарк намудани коре, ки ба чунин нафақа ҳуқуқ медиҳад, таъин карда мешавад.
Моддаи 8. Маблағҳои пардохти нафақа. Аз андоз озод намудани нафақаҳо
Нафақа аз мақомоти ваколатдор пардохта мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 333).
Аз нафақа андоз ситонида намешавад.
Маблағҳои мақомоти ваколатдор ба даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ дар фасли алоҳидаи таснифоти буҷетӣ дохил карда мешаванд ва хислати истифодаи мақсаднок дошта, ба мақсадҳои дигар истифода намешаванд (Қонуни ҶТ аз 12.12.1997 № 421, аз 30.07.2007 № 333).
Моддаи 9. Мақомоте, ки бо нафақа таъмин мекунанд
Таъмини нафақа мувофиқи ҳамин Қонун аз ҷониби мақомоти ваколатдор сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 789).
Идоракунии мақомоти ваколатдор ва экспертизаи давлатии шароити меҳнат мутобиқи зарару гарониаш ба тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Истифодаи яксони ҳамин Қонунро Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 12.12.1997 № 421, аз 30.07.2007 № 333).
Моддаи 10. Масъалаҳое, ки дар ихтиёри Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд
Ба ғайр аз масъалаҳои дар Қонуни мазкур пешбинишуда, ҳамчунин масъалаҳои вобаста бо тартиби таъин кардан ва пардохти нафақа, муайян намудани хусусиятҳои ҳисобкунии собиқаи кории категорияҳои алоҳидаи шаҳрвандон вобаста ба риоя намудани кафолатҳое, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ гардидаанд, дар ихтиёри Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.
ФАСЛИ II. НАФАҚАҲОИ МЕҲНАТӢ, НАФАҚА АЗ РЎИ СИННУ СОЛ
Моддаи 11. Шартҳои таъин кардани нафақа
Ба нафақа аз рўи синну сол инҳо ҳуқуқ доранд:
- мардҳо - баъд аз расидан ба 61 солагӣ ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол;
- занон - баъд аз расидан ба 56-солагӣ ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол;
аз 1 июли соли 2002:
- мардҳо - баъд аз расидан ба 62 солагӣ ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол;
- занон - баъд аз расидан ба 57-солагӣ ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол;
аз 1 июли соли 2003:
- мардҳо - баъд аз расидан ба 63 солагӣ ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол;
- занон - баъд аз расидан ба 58-солагӣ ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол (Қонуни ҶТ аз 11.12.1999 № 911).
Моддаи 12. Нафақаҳои имтиёзноки вобаста ба шароити махсуси меҳнат
Ба нафақа аз рўи синну сол бо шартҳои имтиёзнок, сарфи назар аз ҷои кори охиринашон, инҳо ҳуқуқ доранд:
а) кормандоне, ки тамоми рўзи корӣ дар корҳои зеризаминӣ, дар корҳои шароиташон басо зарарноку вазнин - истеҳсолот, корҳо, касбу вазифаҳо ва нишондиҳандаҳо мутобиқи Рўйхати №1-ум, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз рўи натиҷаҳои аттестатсияи ҷойҳои корӣ тасдиқ карда мешавад, кор мекунанд;
мардҳо - пас аз расидан ба 50-солагӣ ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол, аз он на камтар аз 10-солаш дар корҳои зикршуда;
занон - пас аз расидан ба 45-солагӣ ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 15 сол, аз он на каматр аз 7 солу 6 моҳаш дар корҳои зикршуда.
Ба кормандоне, ки на камтар аз нисфи собиқаи кории дорои шароити басо зараровар ва басо вазнинро доранд, нафақа бо шартҳои имтиёзнок бо кам кардани синну соли дар моддаи 11-уми ҳамии Қонун пешбинишуда таъин карда мешавад, барои ҳар як соли пурраи чунин кори мардҳо ва занон 1 соли синнашон кам карда мешавад;
б) кормандоне, ки рўзи пурраи корӣ дар дигар корҳои дорои шароити зараровар ва вазнин дар истеҳсолот, корҳо, касбу мансабҳо ва нишондиҳандаҳо мутобиқи Рўйхати №2-ум, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз рўи натиҷаҳои аттестатсияи ҷойҳои корӣ тасдиқ карда мешавад, машғул мебошанд:
мардҳо - пас аз расидан ба 55-солагӣ ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол, аз онҳо на камтар аз 12 солу 6 моҳаш дар корҳои зикргардида;
занон - пас аз расидан ба 50-солагӣ ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол, аз онҳо на камтар аз 10-солаш дар корҳои зикргардида.
Ба кормандоне, ки на камтар аз нисфи собиқаи кориашон дорои шароити зараровар ва вазнин мебошад, нафақа бо шартҳои имтиёзнок бо кам кардани синну соли дар моддаи 11-уми ҳамин Қонун пешбинишуда таъин карда мешавад, барои ҳар 2 солу 6 моҳи чунин кори мардҳо ва барои ҳар 2 соли чунин кори занон 1 соли синнашон кам карда мешавад;
в) тракторчиён-мошинистҳое, ки бевосита дар колхозу совхозҳо ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ машғул мебошанд, - мардҳо пас аз расидан ба синни 55-солагӣ ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 25 сол, аз он на камтар аз 20-солаш дар кори мазкур;
г) занҳое, ки ба сифати тракторчиён-мошинистҳо, мошинистҳои мошинҳои бинокорӣ, роҳсозию боркунанда ва борфарорандаи дар асоси тракторҳо ва экскаваторҳо сохташуда кор мекунанд, - пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 20 сол, аз он на камтар аз 15 солаш дар кори мазкур;
д) заноне, ки ба сифати говҷўшҳо (операторони мошинҳои говҷўшӣ), хукпарварон-операторҳо дар колхозу совхозҳо кор мекунанд - пас аз расидан ба синни 50-солагӣ ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол дар кори мазкур, бо шарти иҷро кардани нормаҳои муқарраргардидаи хизматрасонӣ.
Меъёри хизматрасонӣ барои ин мақсадҳо бо тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, муқаррар карда мешавад;
е) заноне, ки дар давоми мавсими пурра дар парвариши пахтазор ва ҷамъоварии пахта, парвариш, ҷамъоварӣ ва коркарди пас аз ҷамъоварии тамоку машғул мебошанд, - баъд аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол дар кори мазкур;
мардҳое, ки дар давоми мавсими пурра дар парвариши пахтазор ва ҷамъоварии пахта машғул мебошанд, ба нафақа аз рўи синну сол пас аз расидан ба синни 55 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол дар кори мазкур ҳуқуқ доранд. Дар айни замон то расидани мардҳо ба синни нафақа, ки дар моддаи 11-уми ҳамин Қонун пешбинӣ шудааст, нафақа аз ҳисоби маблағи колхозу совхозҳо пардохта шавад;
ж) коргарзанони истеҳсолоти нассоҷӣ, ки дар дастгоҳҳою мошинҳо аз рўи рўйхати истеҳсолоту касбҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, кор мекунанд, - пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол дар кори мазкур;
з) ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркашонӣ ва боркашонӣ мувофиқи рўйхате, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад:
мардҳо - пас аз расидан ба синни 55 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 25 сол, аз он 15-солаш бевосита дар кори мазкур;
занон - пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории 20 сол, аз он на камтар аз 10-солаш бевосита дар кори мазкур;
и) коргарони бригадаҳои локомотивҳо ва категорияҳои алоҳидаи кормандоне, ки ба ташкили корҳои мусофирбарӣ ва боркашонӣ мустақиман машғул буда, амнияти ҳаракатро дар нақлиёти роҳи оҳан таъмин мекунанд, аз рўи Номгўи касбу мансабҳои аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшаванда;
ронандагони автомобилҳои боркаш, ки дар ҷараёни технологияи шахтаҳо, конҳои маъдан ва конҳои кушода мустақиман ширкат варзида, ангишт, сланетс, маъдан ва сангу маъдан мекашонанд:
мардҳо - пас аз расидан ба синни 55 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 25 сол, аз он на камтар аз 12 солу 6 моҳаш дар корҳои зикршуда;
занҳо - пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 20 сол, аз он на камтар аз 10 солаш дар корҳои зикршуда (Қонуни ҶТ аз 14.05.1999 № 748).
То расидани шахсони дар қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда ба синни нафақаи дар моддаи 11 Қонуни мазкур муқарраргардида пардохти нафақаи онҳо аз ҳисоби маблағҳои ташкилоте, ки дар он корҳои ба нафақаи имтиёзнок ҳуқуқдиҳанда иҷро гардидаанд, амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Хорич карда шуд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Хорич карда шуд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Ба кормандони дигари истеҳсолот, касбу вазифаҳо нафақаҳои пеш аз мўҳлат вобаста аз шароити меҳнат (вале на пештар аз расиданашон ба синни 55 барои мардҳо ва синни 50 барои занон) метавонанд аз рўи натиҷаҳои аттестатсияи ҷойҳои корӣ аз ҳисоби маблағи барои пардохти музди меҳнат пешбинишудаи корхонаю ташкилотҳо, ки ба Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пардохти нафақаҳо то расидани корманд ба синни нафақаи дар моддаи 11-уми ҳамин Қонун пешбинишуда гузаронида мешаванд, муқаррар гарданд (Қонуни ҶТ аз 14.05.1999 № 748).
Тартиби таъмини нафақаи шахсоне, ки то ҷорӣ шудани ҳамин Қонун корҳоеро анҷом медоданд, ки шароиташон зиёновару вазнин буда, дар қонунгузории пештар амалкунанда пешбинӣ гардидаанд, дар моддаи 117-уми Қонуни мазкур муайян карда мешавад.
Назорат ба дурустии истифодаи рўйхатҳои таъмини нафақаи имтиёзнок (бандҳои "а"; "б" ва "и") ва сифати гузаронидани аттестатсияи ҷойҳои корӣ дар корхонаю ташкилотҳо, таҳияи пешниҳодҳо барои такмили ин рўйхатҳо ба зиммаи мақомоти давлатии экспертизаи шароити меҳнат гузошта мешавад. Низомномаи мақомоти давлатии экспертизаи шароити меҳнат ва тартиби гузаронидани аттестатсияи ҷойҳои кориро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад (Қонуни ҶТ аз 14.05.1999 № 748).
Аз 1 июли соли 2001 сар карда то 1 июли соли 2003 синну сол барои ба нафақа баромадан ҳар сол 1 сол баланд бардошта мешавад (Қонуни ҶТ аз 11.12.1999 № 911).
Моддаи 13. Нафақа барои хизмати дарозмуддат ба кормандоне, ки дар конҳои зеризаминӣ ва кушода кор мекунанд
Кормандоне, ки рўзи пурраи корӣ бевосита дар конҳои зеризаминӣ ва кушода (аз ҷумла ҳайати шахсии гурўҳҳои наҷотдиҳӣ аз фалокатҳои кон), оиди истихроҷи ангишт, сланетс, маъдан ва маъданҳои дигар, дар сохтмони шахтаю конҳо машғули кор мебошанд - аз рўи феҳристи кору касбҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда, сарфи назар аз синну солашон, ба нафақа ҳуқуқ доранд, агар онҳо дар ин корҳо на камтар аз 25 сол кор карда бошанд ва кормандони касбҳои пешбари ин корҳо: коргарони конҳо, коргоҳи истихроҷи маъдан, нақбканҳо, маъданканҳо бо метини маъданканӣ, мошинистҳои мошинҳои маъданбарорӣ дар сурате, ки дар ин корҳо на камтар аз 20 сол кор карда бошанд.
Дар сурати мавҷудияти собиқаи кории корҳои зеризаминӣ камтар аз 10 сол барои мардҳо ва 7 солу 6 моҳ барои занон барои ҳар як соли пурраи ин корҳо синни нафақавии дар моддаи 11-уми ҳамин Қонун пешбинишуда 1 сол кам карда мешавад.
Моддаи 14. Баҳисобгирии мутақобилаи корҳои дорои шароити гуногуни махсуси меҳнат
Фаъолияти меҳнатии дорои шароити махсуси меҳнат бо тартиби зерин ҷамъбаст мешавад:
ба кори дорои шароити вазнини меҳнат (банди "б"-и моддаи 12-уми Қонуни мазкур) кори зеризаминӣ, кори дорои шароити зараровар ва кор дар коргоҳҳои (сехҳои) гарм (банди "а"-и моддаи 12-уми ҳамин Қонун) ва давраи корие, ки ҳуқуқи нафақаи хизмати дарозмуддатро медиҳад (моддаи 57-уми Қонуни мазкур), илова карда мешаванд;
ба кор дар вазифаи тракторчиён-мошинистҳо дар соҳаи кишоварзӣ, инчунин мошинистҳои мошинҳои сохтмонӣ, роҳсозӣ, боркунанда ва борфароранда (бандҳои "в" ва "г"-и моддаи 12-уми Қонуни мазкур), кори зеризаминӣ, кори дорои шароити басо зараровар ва кор дар коргоҳҳои гарм (банди "а"-и моддаи 12-уми ҳамин Қонун), кор дар шароити вазнин (банди "б"-и моддаи 12-уми Қонуни мазкур), инчунин давраи корие, ки ҳуқуқи нафақаи хизмати дарозмуддатро медиҳад (моддаи 57-уми ҳамин Қонун) илова карда мешавад;
ба кор дар саноати бофандагӣ (банди "ж"-и моддаи 12-уми ҳамин Қонун) тамоми дигар корҳои фавқуззикр илова карда мешаванд.
Моддаи 15. Дигар намудҳои нафақаҳои имтиёзнок
Инҳо ба нафақаҳои имтиёзнок ҳуқуқ доранд:
а) шахсоне, ки дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ кор кардаанд ва доимӣ дар он ҷо истиқомат мекунанд, дар мавридҳои зайл ба нафақа ҳуқуқ доранд;
мардҳо - пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол;
занҳо - пас аз расидан ба синни 45 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол;
б) шахсоне, ки дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ кор кардаанд, дар мавридҳои зайл ба нафақа ҳуқуқ доранд:
мардҳо - пас аз расидан ба синни 55 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол;
занҳо - пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи кории на амтар аз 20 сол;
в) заноне, ки панҷ ва беш аз ин кўдак зоида, онҳоро то синни ҳаштсолагӣ тарбия кардаанд ва модарони ашхоси аз кўдакӣ маъюб, ки онҳоро то ин синну сол тарбия кардаанд, пас аз расидан ба синни 50 ва дар мавриди доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол, бо назардошти мўҳлати нигоҳубини кўдакон (бандҳои "ж" ва "з"-и моддаи 63-юми Қонуни мазкур) ё дар мавриди доштани собиқаи кории на камтар аз 15 сол, бе назардошти мўҳлати зикргардидаи нигоҳубини кўдакон ба нафақа ҳуқуқ доранд. Дар айни замон кўдакони маъюби то синни 18-сола, ки ҳуқуқи гирифтани нафақаи иҷтимоӣ доранд (моддаи 109-уми Қонуни мазкур), ҳамчунин ба ҷумлаи шахсони аз кўдаки маъюб мансуб мебошанд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823);
г) шахсони гирифтори касалиҳои нанизми гипофизари (лилипутҳо) ва паканаҳои номутаносиб ба нафақа аз рўи синну сол дар мавридҳои зайл ҳақ доранд:
мардҳо - пас аз расидан ба синни 45 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол;
занҳо - пас аз расидан ба синни 40 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 15 сол;
д) маъюбони гурўҳи 1 аз ҷиҳати биноӣ:
мардҳо - пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 15 сол;
занҳо - пас аз расидан ба синни 40 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 10 сол;
е) иштирокдорони рафъи оқибатҳои фалокати корхонаи зappaвии барқии Чернобил дар синну соли зайл ба нафақа ҳақ доранд;
Мардҳо - баъд аз расидани ба синни 55 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол;
занон - пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 20 сол.
Аз 1 июли соли 2001 сар карда то 1 июли соли 2003 синну сол барои ба нафақа баромадан ҳар сол 1 сол баланд бардошта мешавад.
Моддаи 16. Андозаҳои нафақа
Нафақаи синну сол ба андозаи 55 фоизи маош аммо ба шахсоне, ки дар корхона, муассиса, ташкилот ё дар як соҳа собиқаи корӣ доранд (мардҳо - 25 сол ва занҳо - 20 сол), ба андозаи 60 фоиз маош (моддаҳои 70-86 Қонуни мазкур) таъин карда мешавад. Барои ҳар як соли пурраи корӣ зиёда аз 25-солаи мардҳо ва зиёда аз 20-солаи занон нафақа ба андозаи 1 фоизи маош меафзояд (Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223, аз 16.04.2012 № 823).
Нафақаи кормандоне, ки бо корҳои дар банди "а"-и моддаи 12 ва моддаи 13-уми Қонуни мазкур пешбинишуда машғул мебошанд, барои ҳар як соли корӣ зиёда аз 10-солаи мардҳо ва 7 солу 6 моҳаи занон, ки барои нафақа бо шартҳои имтиёзнок ҳуқуқ медиҳад, ба андозаи 1 фоизи маош зиёд мешавад.
Андозаи нафақаи шахсоне, ки собиқаи кории зарурӣ (мардҳо 25 сол ва занҳо 20 сол) доранд, наметавонад аз андозаи ҳадди ақали нафақа аз рўи синну сол кам бошад. Нафақаҳо аз рўи синну сол, ки ба андозаи ҳадди ақал таъин гардидаанд, барои ҳар як соли пурраи тамоми собиқаи кории зиёда аз 25-солаи мардҳо ва зиёда аз 20-солаи занон ба андозаи 1 фоизи нафақаи ҳадди ақал зиёд мешаванд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823, аз 03.07.2012 № 853).
Андозаи нафақа аз рўи синну сол, ки мутобиқи қисмҳои якум, дуюм, сеюм, чорум ва панҷуми моддаи мазкур ҳисоб карда шудааст, наметавонад аз 75 фоизи маош аммо ба онҳое, ки дар як корхона, муассиса, ташкилот ё дар як соҳа собиқаи корӣ доранд, - мардҳо - 25 сол ва занон - 20 сол, наметавонад аз 80 фоизи маош зиёд бошад зиёд бошад (Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223, аз 25.07.2005 № 104, аз 16.04.2012 № 823).
Андозаи нафақаи ҳадди ақал аз рўи синну сол ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробар дар ҳаҷми 2,5 баробари ҳадди ақали нафақа аз рўи синну сол муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
Қисми шашум хориҷ карда шуд (Қонун аз 12.12.97с. № 421).
Ба узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 25 сол барои мардҳо ва барои занҳо дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 20 сол ҳангоми пайдо кардани ҳуқуқ ба нафақа тибқи Қонуни мазкур ба андозаи 80 фоизи музди меҳнаташон (моддаҳои 70-86 Қонуни мазкур) нафақа таъин карда мешавад. Нафақа барои ҳар як соли узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон будан ба андозаи ду фоизи музди меҳнаташон зиёд карда мешавад, вале он аз 90 фоизи музди меҳнати онҳо зиёд буда наметавонад (Қонуни ҶТ аз 25.07.2005 № 104, аз 16.04.2012 № 823)
Ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рўи синну сол аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Моддаи 17. Нафақаҳо дар мавриди собиқаи кории нопурра
Шахсоне, ки барои таъини нафақаи пурра собиқаи кории кофӣ надоранд (моддаи 11-уми Қонуни мазкур), дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 5 сол ба онҳо мутаносиби собиқаи кории мавҷуда (моддаи 77-уми Қонуни мазкур), вале на камтар аз 50 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рўи синну сол, нафақа аз рўи синну сол бо собиқаи нопурра таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Ҳангоми таъин кардани нафақа бо собиқаи кории нопурра шартҳои имтиёзноки синну сол ва собиқаи кори барои таъин намудани нафақаҳое, ки Қонуни мазкур муқаррар намудааст, истифода намешаванд.
Ба нафақаҳо аз рўи синну сол, ки бо собиқаи кории нопурра таъин гардидаанд, иловапулиҳои пешбининамудаи моддаи 18 Қонуни мазкур муқаррар карда намешаванд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Моддаи 18. Иловапулиҳо ба нафақа
Ба нафақа аз рўи синну сол, аз ҷумла нафақае, ки ба андозаи ҳадди ақал ҳисоб карда шудааст, иловапулиҳои зерин муқаррар карда мешаванд:
а) ба нафақахўроне, ки кор намекунанд ва дар таъминоташон аъзоёни корношоями оила доранд (модаҳои 37, 38, 39, 40-уми Қонуни мазкур), ба ҳар як узви оила, вале на ба беш аз 3 нафар - ба андозаи 50 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рўи синну сол (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823);
б) нафакахўрони яккаю танҳо, ки ба синни 80 расидаанду ба нигоҳубини каси дигар эҳтиёҷ доранд,- барои нигоҳубини онҳо ба андозаи 50 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рўи синну сол. Дар айни замон далели мансубият ба нафақахўрони яккаю танҳо, инчунин эҳтиёҷманди нигоҳубини каси дигар аз ҷониби мақомоти ваколатдор муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 789, аз 16.04.2012 № 823).
Иловапулиҳои дар бандҳои "а" ва "б"-и ҳамин модда пешбинишуда метавонанд дар як вақт ҳисоб карда дода шаванд:
в) нафақаи синну соли маъюбони ҷанги гурўҳҳои I-II-150 фоиз, барои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ - маъюбони гурўҳҳои I-II аз сабаби бемориҳои умумӣ ва маъюбони ҷанги гурўҳи III - 100 (фоизи ҳадди ақали нафақа аз рўи синну сол, зиёд мегардад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823);
г) нафақаи синну сол барои дигар иштирокчиёни ҷанг аз ҷумлаи хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, шахсони ҳайати кироя, писархондҳои (тарбиятгирандагони) полкҳо ва юнгаҳо, ки дар ҳайати армияи амалкунанда, дастаҳою қисмҳои партизанӣ хизмат кардаанд, хизматчиёни ҳарбие, ки ҳангоми иҷрои вазифаи интернатсионалӣ дар амалиётҳои ҳарбӣ иштирок кардаанд, ба андозаи 75 фоизи нафақаи камтарини синну сол зиёд карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
д) нафақаи синну сол барои Қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ ва шахсоне, ки бо ҳар се дараҷаи нишони Шараф мукофотонида шудаанд - 50 фоиз, Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ 20 фоиз ва шахсоне, ки бо ҳар се дараҷаи Нишони Шарафи меҳнат мукофотонида шудаанд, шахсони дар давраи аз 22 маи соли 1941 то 3 сентябри соли 1945 на камтар аз 6 моҳ дар хизмати ҳарбӣ буда (ғайр аз шахсоне, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ (аз 22 июни соли 1941 то 9 маи соли 1945) на камтар аз 6 моҳ кор кардаанд, ба истиснои замони кор дар ҷойҳои муваққатан ишғолкардаи душман, инчунин ба шахсоне, ки барои меҳнати шуҷоатнок ва барои хизмати шоёни ҳарбӣ дар ақибгоҳ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (аз
22.06с.1941 то 3.09 с.1945) бо ордену медалҳо мукофотонида шудаанд15 фоизи нафақаи камтарини синну сол меафзояд (Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223  аз 22.05.1998 № 622, аз 2.12.2002 № 76).
е) нафақа аз рўи синну сол барои маъюбони гурўҳҳои 1 ва 2 вобаста ба рафъи садамаи Стансияи Барқи атомии Чернобил ва дигар минтақаҳои олудагии радиоактивӣ1 150 фоиз зиёд мешавад;
нафақаи иштирокчиёни рафъи оқибати садамаи Стансияи Барқи атомии Чернобил ва дигар минтакахои олудагии радиоактиви маъюбони гуруххои I ва II беморихои умуми ва маъюбони гурухи III, ки дар натичаи осори офатхои экологи маъюб гардидаанд, ба андозаи 100 фоизи хадди акали нафака аз руи синну сол зиёд карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
Нафака аз руи синну сол ба иштирокчиёни минтакахои офатхои экологи ба андозаи 75 фоизи хадди акали нафака аз руи синну сол зиёд карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223);
ж) нафака аз руи синну сол ба сокинони Ленингради мусодирашуда дар давраи аз 8 сентябри соли 1941 то 27 январи соли 1945: зиндониёни ноболиги конслагерхои фашисти, чойхои акаллиятнишин ва нигахдории мачбури, ки аз чониби фашистони олмони ва иттифокчиёни онхо дар давраи чанги дуюми чахон сохта шуда буданд, ба андозаи 100 фоизи хадди акали нафака аз руи синну сол зиёд карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
з) нафақа аз руи синну сол ба онхое, ки беасос аз руи акидахои сиёсиашон хабс шуда, баъдан сафед карда шудаанд, ба андозаи 50 фоизи ҳадди акали нафақа аз руи синну сол зиёд карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
и) нафақа аз руи синну сол ба шахсони гирифтори вируси иммунодефитсити одам (ВИЧ) ё СПИД ба андозаи 25 фоизи хадди акали нафака аз руи синну сол зиёд карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
к) нафақа аз руи синну сол ба шахсоне, ки унвони "Донори фахрии СССР" доранд, ба андозаи 10 фоизи нафакаи мукарраршуда зиёд мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223, аз 16.04.2012 № 823);
л) нафака аз руи синну сол ба шахсоне, ки дар нохияи Мурғоби Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон истикомати доими мекунанд, ба андозаи ду нафакаи хадди акали синну сол зёд карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.1998 № 696);
м) иловапулиҳо ба нафақаи аз рўи синну сол таъиншудаи шахсони бо мукофотҳои давлатӣ сарфарозгардида мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" муқаррар карда мешаванд онуни ҶТ аз 2.12.2002 № 76).
Дар сурати бо ду ва бештар мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардидани шаҳрванд, ки онҳо иловапулиҳоро ба нафақа пешбинӣ мекунанд, ба ў иловапулии миқдораш зиёдтар дода мешавад онуни ҶТ аз 2.12.2002 № 76).
Шахсоне, ки бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардидаанд ва ҳуқуқи гирифтани нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иловапулиҳо ба нафақаи барояшон таъингардида доранд, метавонанд бо хоҳиши худ яке аз онҳоро интихоб кунанд онуни ҶТ аз 2.12.2002 № 76).
Иловапулиеро, ки дар бандҳои "в", "г" ва "д", "е", "ж", "з", "и", "к", "л" ва "м"-и ҳамин модда пешбинӣ гардидааст, дар як вақт ҳисоб карда додан мумкин аст Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
Моддаи 19. Даврае, ки барои он нафақа таъин мегардад
Нафақаи синну сол, сарфи назар аз ҳолати қобилияти корӣ, умрбод таъин карда мешавад.
Моддаи 20. Андоза ва тартиби пардохти нафақа ба нафақахўроне, ки кор мекунанд
Андоза ва тартиби пардохти нафақаро ба нафақахўроне, ки кор мекунанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 11.12.1999 № 911).
ФАСЛИ III. НАФАҚА A3 РЎИ МАЪЮБӢ
Моддаи 21. Шартҳо ва давраи таъини нафақаи маъюбӣ
(Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1199)
Нафақаи маъюбӣ дар сурати фаро расидани маъюбие, ки боиси пурра ё қисман аз даст додани қобилияти корӣ гардидааст, ба сабабҳои зайл таъин мегардад:
а) маъюб шудан дар кор ё бемории касбӣ;
б) бемории умумӣ (аз ҷумла маъюбии новобаста ба кор, маъюбӣ аз кўдакӣ);
в) осеби ҳарбӣ (моддаи 24.1) Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223);
г) беморие, ки дар давраи адои хизмати ҳарбӣ ба он гирифтор шудаанд (моддаи 24.2).
Нафақаҳое, ки дар асоси бандҳои "а" ва "б" таъин шудаанд, новобаста аз он, ки маъюбӣ кадом вақт рўй додаст - дар давраи кор, то оғози кор (таҳсил) ё баъди анҷоми он муқаррар карда мешаванд. Нафақаҳое, ки дар асоси бандҳои "в" ва "г" таъин шудаанд, дар он сурат муқаррар карда мешаванд, ки маъюбият дар давраи хизмати ҳарбӣ ё на дертар аз се моҳи баъди ҷавобшавӣ аз хизмати ҳарбӣ ё худ баъдтар аз ин мўҳлат, вале дар натиҷаи осеби ҳарбӣ ё бемориҳои давраи хизмати ҳарбӣ рўй дода бошад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
Нафақаи маъюбӣ барои тамоми давраи маъюбӣ, ки аз ҷониби Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ муқаррар гардидааст, таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1199).
Моддаи 22. Гурўҳҳои маъюбӣ
Маъюбон вобаста аз дараҷаи гум кардани қобилияти кор ба се гурўҳ тақсим мешаванд.
Тартиби муайян намудани дараҷаи корношоямии маъюбон, муқаррар намудани гурўҳҳои маъюбӣ, сабаб, давра ва мўҳлати маъюбии шаҳрвандонро Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ муқаррар менамояд. Низомномаи Хадамоти давлатии мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1199).
Низомномаи ин комиссияҳоро, ки онҳо дар асоси он амал мекунанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
Моддаи 23. Собиқаи корие, ки барои нафақагирӣ ҳуқуқ
Нафақаи маъюбӣ дар асари маиб шудан дар кор ё бемории касбӣ (моддаи 24-уми Қонуни мазкур), сарфи назар аз собиқаи корӣ, таъин карда мешавад.
Нафақаи маъюбӣ ба сабаби бемории умумӣ дар сурати то вақти фаро расидани маъюбӣ мавҷуд будани собиқаи кории зерин таъин карда мешавад: Собиқаи корӣ (бо солҳо)
То расидан ба синни 23 1
аз 23-солагӣ то расидан ба синни 26 2
аз 26-солагӣ то расидан ба синни 31 3
аз 31-солагӣ то расидан ба синни 36 5
аз 36-солагӣ то расидан ба синни 41 7
аз 41-солагӣ то расидан ба синни 46 9
аз 46-солагӣ то расидан ба синни 51 11
аз 51-солагӣ то расидан ба синни 56 13
аз 56-солагӣ то расидан ба синни 61 14
аз 61-солагӣ ва зиёда аз он 15
Агар собиқаи кории барои гурўҳи синну соли дахлдор зарур ба даст оварда шуда бошад ва кор пас аз гузаштан ба гурўҳи дигари синну сол идома ёфта бошад, шарти собиқаи корӣ, сарфи назар аз талаби барои гурўҳи синну соли дигар муқарраргардида, иҷрошуда ба ҳисоб меравад.
Ба шахсоне, ки дар асари бемории умумӣ дар давраи кор ё пас аз қатъ гардидани он, то расидан ба синни 20 маъюб гаштаанд, нафақа, сарфи назар аз собиқаи корӣ, таъин карда мешавад.
Ҳангоми гузаштан аз нафақаи маъюбӣ бар асари маъюб гаштан дар кор ё бемории касбӣ ба нафақаи маъюбӣ бар асари бемории умумӣ собиқаи кории зарурӣ аз рўи синну сол аз замони аввалаи муқаррар намудани маъюбӣ муайян карда мешавад.
Моддаи 24. Маъюбӣ ба сабаби маъюб гаштан дар кор ё бемории касбӣ
Маъюбӣ ба сабаби маиб гаштан дар кор фарорасида дониста мешавад, агар ҳодисаи нохуше, ки боиси маъюбӣ гаштааст, дар мавридҳои зерин ба амал омада бошад (ба истиснои ҳолатҳои содир намудани кирдори ғайриқонунӣ):
а) ҳангоми иҷрои вазифаҳои корӣ (аз ҷумла ҳангоми сафари хизматӣ), инчунин ҳангоми иҷрои ягон хел амал бар манфиати корхона ё ташкилот, агарчи онҳо бе супориши махсус иҷро шуда бошанд;
б) дар роҳ ҳангоми ба кор рафтан ё аз кор баргаштан;
в) дар ҳудуди корхона, ташкилот ё ҷои дигари кор дар давоми вақти корӣ (аз ҷумла танаффусҳои муқарраргардида), дар давоми вақте, ки пеш аз оғози кор ё пас аз анҷоми он барои ба тартиб даровардани олоти истеҳсолот, сарулибос ва ғайра зарур мебошад;
г) дар наздикии корхона, ташкилот ё ҷои дигари кор дар давоми вақти корӣ (аз ҷумла танаффусҳои муқарраргардида), агар дар он ҷо будан ба қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ мухолиф набошад;
д) ҳангоми иҷрои вазифаҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ, инчунин иҷрои супоришҳои ташкилотҳои давлатию ҷамъиятие, ки бо тартиби муқарраргардида мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, ҳарчанд ки ин супоришҳо ба кори асосӣ вобаста набошад;
е) ҳангоми иҷрои қарзи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати наҷот додани ҳаёти инсон, муҳофизати моликияти давлатию коллективӣ, моликияти шаҳрвандон ва тартиботи ҳуқуқӣ.
Рўйхати бемориҳои касбӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 24.1 Маъюбият дар натиҷаи осеби ҳарбӣ
Маъюбияти шаҳрвандоне, ки давраи хизмати ҳарбиро адо кардаанд, вақте натиҷаи осеби ҳарбӣ ҳисоб меёбад, ки он дар асари захм, контузия, маҷрўҳшавӣ ҳангоми ҳимояи Ватан ё ҳангоми иҷрои дигар ўҳдадориҳои (вазифаҳои) хизмати ҳарбӣ ё дар натиҷаи бемории вобаста бо иштирок дар ҷанг ё адои хизмат дар хориҷа дар давлатҳое, ки дар он ҷоҳо амалиёти ҷангӣ бурда мешуд, рўй дода бошад. Ба ҷумлаи касоне, ки дар натиҷаи осеби ҳарбӣ маъюб шудаанд, ҳамчунин собиқ хизматчиёни ҳарбие тааллуқ доранд, ки дар асари захмдорӣ, контузия, ҷароҳат ё бемориҳои давраи асирӣ маъюб шудаанд, ба шарте ки асорати онҳо ихтиёри набошад ва хизматчии ҳарбӣ ҳангоми асирӣ ба Ватан хиёнат накарда бошад, ё дар давраи дар артиши амалкунанда ба сифати писархонди (тарбиягирандаи) полкҳо ва юнгаҳо буданаш маъюб шуда бошад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
Моддаи 24.2 Маъюбияте, ки кас дар натиҷаи бемориҳои давраи адои хизмати ҳарбӣ (ҷамъомадҳои ҳарбӣ) мубтало шудааст
Маъюбият вақте ба амаломада ҳисоб мешавад, ки агар сабабаш осеби воқеаи нохуш буда, он ба иҷрои ўҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ (вазифаҳои хизматӣ) алоқаманд нест, ё худ бемориҳое бошанд, ки бо адои хизмат дар хориҷа дар давлатҳое, ки дар он ҷоҳо амалиёти ҷангӣ бурда шудаанд ё бо иштирок дар фронт алоқаманд набошанд Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
Моддаи 25. Нафақа ба шаҳрвандони муҳоҷире, ки аз мамлакатҳои дигар омадаанд
Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон - муҳоҷироне, ки аз мамлакатҳои дигар ворид гашта, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кор накардаанд нафақа дар ҳолатҳои зерин таъин карда мешавад:
а) аз рўи маъюбӣ бар асари маъюб гаштан дар кор ё бемории касбӣ сарфи назар аз собиқаи корӣ;
б) аз рўи маъюбӣ дар асари бемории умумӣ - дар сурати мавҷуд будани собиқаи корие, ки аз рўи синну сол то рўзи муқаррар намудани маъюбӣ зарур мебошад.
Ба шаҳрвандони кишварҳои аъзои ИДМ, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон кўчида омадаанд, нафақа мувофиқи Қонуни мазкур таъин карда мешавад, агар чизи дигаре дар аҳдномаю созишномаҳои байни ин кишварҳо пешбинӣ нашуда бошад.
Моддаи 26. Нафақаи донишҷўён
Ба донишҷўёни таълимгоҳҳои олию миёнаи махсус, омўзишгоҳу мактабҳо ва курси омўзиши кадрҳо, аспирантҳо ва ординаторҳои клиникӣ, ки пеш аз дохил гаштан ба таълимгоҳ, курс, аспирантура ва ординатураи клиникӣ кор накардаанд, нафақа дар ҳолатҳои зерин таъин карда мешавад:
а) дар мавриди маъюбӣ ба сабаби маиб гаштан дар кор ё бемории касбӣ, ки бо таълими истеҳсолӣ, таҷрибаомўзӣ ё машғулиятҳои амалӣ вобаста мебошанд, сарфи назар аз муддати дар таълимгоҳ, курс, аспирантура ё ординатураи клиникӣ будан. Дар айни замон ба маъюбӣ бар асари маиб гаштан дар кор, ки бо таълими истеҳсолӣ, таҷрибаомўзӣ ё дарсҳои амалӣ вобаста мебошад, маъюбие баробар карда мешавад, ки бинобар иҷрои вазифаҳои давлатию ҷаъмиятӣ ё супоришҳои маъмурият, мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятие, ки ба тартиби муқарраргардида мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, ё бинобар иҷрои вазифаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати наҷот додани ҳаёти инсон, ҳифзи моликияти давлатию коллективӣ, моликияти шаҳрвандон ва тартиботи ҳуқуқӣ фаро расидааст;
б) дар мавриди маъюбӣ ба сабаби бемории умумӣ - агар донишҷў, аспирант ё ординатори клиникӣ дар таълимгоҳ, курс, аспирантура ё ординатураи клиникӣ дар давоми мўҳлати лозимаи дар моддаи 23-юми ҳамин Қонун зикргардида таҳсил карда бошад.
Ба талабагони мактабҳои маълумоти умумӣ нафақа дар мавриди маъюбӣ ба сабаби маиб гаштан дар кор, ки бо таълими истеҳсолӣ, таҷрибаомўзӣ ё дарсҳои амалӣ вобаста мебошад, сарфи назар аз мўҳлати таҳсил, таъин карда мешавад.
Моддаи 27. Андозаи нафақа
Нафақа дар мавриди маъюбӣ, ки дар бандҳои "а", "б", "г"-и моддаи 21 дар назар дошта шудаанд ба андозаҳои зерин таъин карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223):
ба маъюбони гурўҳҳои I ва II - 70 фоиз, ба гурўҳи III - 50 фоизи музди меҳнат модаҳои 70-86-уми Қонуни мазкур) (Қонуни ҶТ аз 14.05.1999 № 748, аз 16.04.2012 № 823).
Агар маъюбони гурўҳҳои I, II ва III барои таъин кардани нафақа аз рўи синну сол, аз ҷумла бо шартҳои имтиёзнок, собиқаи кории зарурӣ дошта бошанд, нафақа аз рўи маъюбӣ ба андозаи нафақа аз рўи синну сол, мувофиқи собиқаи кории дахлдор таъин карда мешавад.
Ҳадди ақалли нафақа ба андозаи зерин муқаррар карда мешавад:
барои маъюбони гурўҳҳои I ва II ба андозаи 100 фоиз, маъюби гурўҳи III - 50 фоизи нафақаи ҳадди ақалли аз рўи синну сол.
Ҳадди ниҳоии нафақа аз рўи маъюбӣ ба андозаи зерин муқаррар карда мешавад:
- ба маъюбони гурўҳи 1-10 ҳадди ақали нафақа аз рўи синну сол;
- ба маъюбони гурўҳи II - 8 ҳадди ақали нафақа аз рўи синну сол;
- ба маъюбони гурўҳи III - 6 ҳадди ақали нафақа аз рўи синну сол (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Дар ҳама ҳолат андозаи ҳадди ниҳоии нафақа аз рўи маъюбӣ наметавонад аз андозаи ҳадди ниҳоии нафақа аз рўи синну сол камтар бошад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Моддаи 28. Нафақа дар мавриди собиқаи кории нопурра
Ба маъюбони гурўҳҳои I ва II ба сабаби бемории умумӣ, ки барои таъини нафақаи пурра собиқаи кофии корӣ надоранд (моддаи 23-юми Қонуни мазкур) нафақа аз рўи маъюбӣ дар сурати нопура будани собиқаи корӣ ба андозае таъин карда мешавад, ки мутаносиби собиқаи кории мавҷуда буда, вале на камтар аз 100 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рўи синну сол ба маъюбони гурўҳи I, маъюбони гурўҳҳои I ва II аз кўдакӣ ва 50 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рўи синну сол ба маъюбони гурўҳи II бошад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Ба нафақаҳо аз рўи маъюбӣ бо собиқаи кории нопурра иловапулиҳои пешбининамудаи моддаи 31 Қонуни мазкур муқаррар карда намешаванд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Моддаи 29. Андозаи нафақаи донишҷўён
Ба донишҷўёни таълимгоҳҳои олӣ ва миёнаи махсус, омўзишгоҳу мактабҳо ва курсҳои омўзиши кадрҳо, аспиранту ординаторҳои клникӣ, ки пеш аз дохил гаштан ба таълимгоҳ, курсҳо, аспирантура ё ординатура кор накардаанд, инчунин ба талабагони мактабҳои таълими умумӣ, ки ба сабаби маибшавӣ дар кор ё бемории касбии вобаста ба омўзиши истеҳсолӣ, таҷрибаомўзӣ ё дарсҳои амалӣ маъюб гаштаанд, нафақа дар мавриди маъюбӣ ба андозаҳои дар моддаи 27-уми Қонуни мазкур муқарраргардида таъин карда мешавад.
Моддаи 30. Андозаи нафақаи шахсоне, ки бар асари иҷрои вазифаи шаҳрвандӣ маъюб гаштаанд
Ба шахсоне, ки бар асари иҷрои вазифаҳои давлатию ҷамъиятӣ ё иҷрои вазифаи шаҳрванди Тоҷикистон дар бобати наҷот додани ҳаёти инсон, ҳифзи моликияти давлатию коллективӣ, моликияти шаҳрвандон ва тартиботи ҳуқуқӣ маъюб гаштаанд (шахсоне, ки дар бандҳои "а", "е" ва "з"-и моддаи 3-юми ҳамин Қонун зикр нагардидаанд) нафақа ба андозаи дар моддаи 27-уми ҳамин Қонун муқарраргардида таъин карда мешавад.
Моддаи 30.1 Нафақаҳои барои хизматчиёни ҳарбӣ пешбинишуда
Дар асосҳои баробар бо хизматчиёни ҳарбӣ, мувофиқи модаҳои 24.1 ва 24.2 нафақа ба инҳо таъин карда мешавад:
ба шахсони ҳайати роҳбарикунанда ва қатории мақомоти корҳои дохилӣ. Зимнан дар назар дошта мешавад, ки маъюбии онҳо дар асари захм, контузия ва маҷрўҳӣ, ки ҳангоми иҷрои ўҳдадориҳои хизматӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ ба амал омадааст;
ба шаҳрвандоне, ки ба сабабҳои осори захм, контузия, маҷрўҳӣ ё бемориҳои дар давраи хизмат дар баталонҳои қиркунанда, взводҳо ва отрядҳои ҳимоякунандаи халқ ба амаломада маъюб шудаанд;
ба шаҳрвандоне, ки барои таълим ва санҷиши омодагии ҳарбӣ даъват шудаанд ва дар натиҷаи захм, контузия ё маҷрўҳии ҳангоми иҷрои ўҳдадориҳои хизматӣ дар давраи гузаштани ин гуна ҷамъомадҳои ҳарбӣ ба амаломада маъюб шудаанд.
Шаҳрвандони иштироккунандаи ҷузъу томҳои ҳарбӣ, ки дар натиҷаи осори захм, контузия ё маҷрўҳӣ дар вақти ҳимояи сохти констутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъюб дониста шудаанд ва маъюбии онҳо бо маъюбии дар натиҷаи осеби ҳарбӣ ба амаломада баробар дониста мешавад, аммо маъюбие, ки дар натиҷаи дигар сабабҳои дар давраи гузаштани хизмат дар мақомоти номбаршуда ҷойдошта ба амал омадааст, бо маъюбии дар натиҷаи бемориҳои дар давраи хизмати ҳарбӣ ба амаломада баробар дониста мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
Моддаи 30.2 Шартҳое, ки ҳуқуқи гирифтани нафақаро барои хизматчиёни ҳарбӣ муайян мекунанд
Нафақа аз рўи маъюбӣ дар натиҷаи осеби ҳарбӣ (моддаи 24.1), ё дар натиҷаи бемориҳои давраи адои хизмати ҳарбӣ (моддаи 24.2) новобаста аз муддати собиқаи умумии кор, аз он ҷумла хизмати ҳарбӣ (ҷамъомадҳои ҳарбӣ), таъин карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
Моддаи 30.3 Андозаи нафақа аз рўи маъюбӣ дар натиҷаи осеби ҳарбӣ
Нафақа аз рўи маъюбӣ дар натиҷаи осеби ҳарбӣ (моддаи 24.1) барои гурўҳҳои I ва II ба андозаи 85 фоиз ва барои гурўҳи III 50 фоиз мувофиқи ҳаҷми таъмини пулӣ (музди меҳнат) таъин карда мешавад.
Ҳадди ақали нафақа аз рўи маъюбӣ дар натиҷаи осеби ҳарбӣ ба андозаҳои зерин муқаррар карда мешавад:
- ба маъюбони гурўҳи I -3 ҳадди ақали нафақа аз рўи синну сол;
- ба маъюбони гурўҳи II -2,5 ҳадди ақали нафақа аз рўи синну сол;
- ба маъюбони гурўҳи III -2 ҳадди ақали нафақа аз рўи синну сол (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Моддаи 31. Иловапулӣ ба нафақа
Ба нафақа аз рўи маъюбӣ, аз ҷумла нафақае, ки ба ҳадди ақал ҳисоб шудааст, иловапулиҳои зерин муқаррар мегарданд:
а) ба маъюбони гурўҳҳои I ва II, ки кор намекунанд ва дар таъминоташон аъзои корношоями оила доранд, ба ҳар кадом узви корношоями оила, вале на бештар аз 3 нафар нонхўр (модаҳои 36, 39, 40-уми Қонуни мазкур) - ба андозаи 50 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рўи синну сол (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823);
б) ба маъюбони гурўҳи I (ғайр аз маъюбони гурўҳи I аз рўи нобино), ҳамчунин ба маъюбони яккаву танҳои гурўҳи II, ки ба ёрии дигарон муҳтоҷанд, барои нигоҳубини онҳо дар 50 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рўи синну сол; ба маъюбони гурўҳи I аз рўи нобиноӣ ва ба маъюбони осеби ҳарбидидаи гурўҳҳои I ва II, ки ба ёрии дигарон муҳтоҷанд, барои нигоҳубини онҳо дар ҳаҷми ҳадди ақалли нафақа аз рўи синну сол. Нафақаи маъюбони осеби ҳарбидидаи гурўҳи II (моддаи 24.1), ки барои гирифтани дигар намудҳои нафақа ва иловапулӣ барои нигоҳубин ҳуқуқ надоранд, 50 фоиз, барои маъюбони гурўҳи III дар натиҷаи чунин сабаб ба андозаи 25 фоизи ҳадди ақалли нафақа аз рўи синну сол зиёд карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223, аз 16.04.2012 № 823).
в) нафақаи аз рўи маъюбӣ барои Қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ вa шахсоне, ки бо ҳар се дараҷаи нишони Шараф мукофотонида шудаанд, 25 фоиз, барои Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ 20 фоиз ва шахсоне, ки бо ҳар се дараҷаи нишони Шарафи Меҳнат, барои шахсони аз 22 июни соли 1941 то 3 сентябри соли 1945 на камтар аз 6 моҳ дар хизмати ҳарбибуда (ғайр аз шахсоне, ки дар ҳайати артиши амалкунанда буданд), ҳамчунин барои онҳое, ки дар давоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ (аз 22 июни соли 1941 то 9 маи соли 1945), камтар аз 6 моҳ кор кардаанд, ба истиснои вақти корӣ дар ҷойҳои муваққатан аз тарафи душман ишғолшуда мукофотонида шудаанд, инчунин ба шахсоне, ки барои меҳнати шуҷоатнок ё барои хизмати шоёни ҳарбӣ дар ақибгоҳ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 22 июни соли 1941 то 3 сентябри соли 1945) бо ордену медалҳо мукфотонида шудаанд - 15 фоизи маоши камтарин аз рўи синну сол меафзояд Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223);
г) нафақа аз рўи маъюбӣ барои гурўҳҳои I ва II, дар натиҷаи маҷрўҳшавӣ ё бемории мансуб ба минтақаи офати экологӣ мебошад, 150 фоиз, барои гурўҳ III - дар натиҷаи чунин сабаб ба андозаи 100 фоизи ҳадди ақалли нафақа аз рўи синну сол зиёд карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
д) нафақа аз рўи маъюбӣ барои шахсони гирифтори вируси иммунодефитсити одам (ВИЧ) ё СПИД ба андозаи 25 фоизи ҳадди ақалли нафақа аз рўи синну сол зиёд карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
е) нафақа аз рўи маъюбӣ ба шахсоне, ки унвони "Донори фахрии СССР" доранд,ба андозаи 10 фоизи нафақаи муқарраргардида зиёд карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223, аз 16.04.2012 № 823);
ж) нафақа аз рўи маъюбӣ ба сокинони Ленингради муҳосирашуда аз давраи 8 сентябри соли 1941 то 27 январи соли 1944 ва асирони ноболиғи конслагерҳои фашистӣ, ҷойҳои ақаллиятнишин ва дигар ҷойҳои нигаҳдории маҷбурии аз ҷониби фашистони олмонӣ ва иттифоқчиёни онҳо дар давраи ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ташкилшуда ба андозаи 100 фоизи ҳадди ақалли нафақа аз рўи синну сол зиёд карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223);
з) нафақа аз рўи маъюбӣ ба шахсоне, ки беасос аз рўи ангезаҳои сиёсӣ ҳабс шуда буданду баъдан онҳо сафед карда шудаанд, ба андозаи 50 фоизи ҳадди ақалли нафақа аз рўи синну сол зиёд карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223);
и) нафақа аз рўи маъюбӣ ба шахсоне, ки дар ноҳияи Мургоби Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон истиқомати доимӣ мекунанд, ба андозаи ду нафақаи ҳадди ақали синну сол зиёд карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.1998 № 696);
к) иловапулиҳо ба нафақаи аз рўи маъюбӣ таъиншудаи шахсони бо мукофотҳои давлатӣ сарфарозгардида мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" муқаррар карда мешаванд онуни ҶТ аз 2.12.2002 № 76);
Иловапулиҳои дар бандҳои "а", "б", "в", "г", "д", "е", "ж", "з", "и" в "к"-и ҳамин модда пешбинишудa метавонанд дар як вақт ҳисоб карда дода шаванд онуни ҶТ аз 2.12.2002 № 76).
Дар сурати бо ду ва бештар мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардидани шаҳрванд, ки онҳо иловапулиҳоро ба нафақа пешбинӣ мекунанд, ба ў иловапулии миқдораш зиёдтар дода мешавад онуни ҶТ аз 2.12.2002 № 76).
Шахсоне, ки бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардидаанд ва ҳуқуқи гирифтани нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иловапулиҳо ба нафақаи барояшон таъингардида доранд, метавонанд бо хоҳиши худ яке аз онҳоро интихоб кунанд онуни ҶТ аз 2.12.2002 № 76).
Ба нафақа аз рўи маъюбии хизматчиёни ҳарбие, ки ҳангоми иҷрои вазифаи интернатсионалистӣ дар қаламрави дигар давлатҳо дар амалиётҳои ҷангӣ иштирок кардаанд ва иштирокчиёни минтақаҳои офатҳои экологӣ ба андозаи 75 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рўи синну сол иловапулӣ муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Моддаи 32. хориҷ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1199)
Моддаи 33. Мўҳлати пардохти нафақа дар сурати тағйир ёфтани гурўҳи маъюбӣ ё барқарор гаштани қобилияти корӣ
Дар сурати тағйир ёфтани гурўҳи маъюбӣ нафақа ба андозаи нав аз рўи тағйири гурўҳи маъюбӣ пардохта мешавад.
Дар сурати қобили кор донистани маъюбе, ки аз муоинаи такрорӣ гузаштааст, нафақа то охири моҳе, ки дар давоми он маъюб қобили кор дониста шудааст, пардохта мешавад, вале барои давраи на бештар аз он рўзе, ки маъюбӣ муқаррар гардидааст.
Моддаи 34. Шартҳои аз нав барқарор намудани пардохти нафақа дар сурати пайдоиши фосила дар давраи маъюбӣ
Агар маъюб дар мўҳлати муқарраргардида барои муоинаи такрорӣ ба комиссияи экепертии тиббию меҳнатӣ ҳозир нашуда бошад, пардохти нафақаи ў боздошта мешавад ва дар мавриди маъюб донистани ў аз рўзи боздошти нафақа, вале барои давраи на бештар аз як моҳ аз нав барқарор карда мешавад.
Дар сурати бо сабаби узрнок дар мўҳлати муқарраргардида нагузаштан аз муоинаи такрорӣ нафақа бо қарори мақомоти ваколатдор аз рўзи боздошти пардохт то рўзи муоинаи такрорӣ, вале барои давраи на бештар аз 3 сол пардохта мешавад, агар Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ дар ин давра шахсро маъюб донад. Дар айни замон, агар дар натиҷаи муоинаи такрорӣ шахси маъюб ба гурўҳи дигари маъюбӣ (гурўҳи баландтар ё пасттари маъюбӣ) гузаронида шавад, нафақаи давраи мазкур аз рўи гурўҳи пештара пардохта мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 333, аз 26.12.2011 № 789).
Агар пардохти нафақа ба маъюбӣ бар асари бемории умумӣ қобилияти кориашро аз дастдода бо сабаби аз нав барқарор шудани қобилияти корӣ қатъ гардида бошад, ё ў бар асари ҳозир нагаштан ба муоинаи такрорӣ бе сабаби узрнок нафақаашро нагирифта бошад, дар ин ҳолат дар сурати эътирофи минбаъдаи маъюбии вай, пардохти нафақаи пештар таъингардида аз рўзи муқаррар намудани маъюбӣ аз нав барқарор карда мешавад, ба шарте ки пас аз қатъ гардидани пардохти нафақа на бештар аз 5 сол гузашта бошад. Агар беш аз 5 сол гузашта бошад, нафақа аз нав дар асосҳои умумӣ таъин карда мешавад.
Моддаи 35. Пардохти нафақа ба маъюбоне, ки маош ё даромади дигар доранд
Нафақа аз рўи маъюбӣ, сарфи назар аз маош ё даромади дигар, бе иловапулӣ барои хўрандаҳо пардохта мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
ФАСЛИ IV. НАФАҚА БА САБАБИ МАҲРУМ ШУДАН A3 САРОБОН
Моддаи 36. Аъзои оилае, ки ба нафақа ҳуқуқ доранд
Ба нафақа барои маҳрум шудан аз саробон аъзоёни азкорафтодаи оилаи саробонаш фавтида, ки таҳти таъминоти ў қарор доштанд, ҳуқуқ доранд (моддаи 37). Зимнан, нафақа ба фарзандони ғайри қобили меҳнат, ба волидайн ва ҳамсари азкорафтода ва ҳамчунин ба волидайн ва ҳамсарони ғайри қобили меҳнати шаҳрвандони дар натиҷаи осеби ҳарбӣ фавтида (ҳалокгардида), ба аъзоёни оилаҳои хизматчиёни ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
ба аъзоёни оилаҳои шахсони дар вақти гузаштани хизмати ҳарбӣ фавтида (ҳалокшуда) ва ё агар сабаби марг ба иҷрои хизмати ҳарбӣ алоқаманд набошад ва агар ин аъзоёни оила баъд аз сари саробонашон манбаи даромадро барои зиндагӣ аз даст дода бошанд, ба яке аз волидон, ба ҳамсар ё дигар аъзои оилаи дар банди "в"-и ҳамин модда нишон додашуда таъин карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
Инҳо аъзои корношоями оила ба ҳисоб мераванд:
а) фарзандон, бародару хоҳарон ва набераҳои ба синни 18 нарасида, ё аз ин синну сол калонтар, агар онҳо то расидан ба синни 18 маъюб шуда бошанд, зимнан бародарону хоҳарон ва набераҳо - ба шарте, ки волидайни қобили кор надошта бошанд;
б) падар, модар, зан, шавҳар, агар онҳо ба синну соли зерини нафақавӣ расида бошанд: мардҳо - 63 сол, занҳо - 58 сол ё онҳо маъюб бошанд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823);
в) яке аз волидайн ё ҳамсар, бобо, бибӣ, бародар ё хоҳар сарфи назар аз синну сол ва қобилияти корӣ, агар онҳо кор накунанд ва машғули нигоҳубини кўдакон, бародару хоҳарон ё набераҳое бошанд, ки ба синни 8 нарасида саробонашон фавтидааст;
г) бобою бибӣ - дар сурати набудани шахсоне, ки мувофиқи Қонун онҳоро бояд таъмин кунанд;
д) донишҷўёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ (таҳсили рўзона) то вақти хатми муассисаҳои мазкур, вале на зиёда аз синни 23-солагӣ (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823);
Хорич карда шуд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Тамоми қоидаҳои ҳамин Қонун, ки ба оилаҳои фавтидагон тааллуқ доранд (азбаски шарти дигаре зикр нагардидааст), мутобиқан ба оилаҳои касони беному нишон гумшуда дахл доранд, ба шарте ки гум шудани саробон бо тартиби муқарраргардида тасдиқ шуда бошад. Оилаҳои хизматчиёни дар давраи амалиёти ҳарбӣ бе ному нишон гумшуда ба оилаҳои дар натиҷаи осеби ҳарбӣ ҳалокшуда баробар дониста мешаванд Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
Моддаи 36.1 Ҳуқуқ ба нафақаи имтиёзнок
Ҳамсарони шаҳрвандони дар асари осеби ҳарбӣ (моддаи 24.1) вафоткарда (ҳалокшуда), ки кўдаки то 8-солаи шахси фавтида (ҳалокшуда)-ро нигоҳубин мекунанд, сарфи назар аз синну сол, қобилияти меҳнатӣ ва аз он ки ҳамсараш кор мекунад, ё не ба нафақаи ба сабаби маҳрум шудан аз саробон ҳуқуқ доранд.
Ба волидайн ё ҳамсарони шахсони дар натиҷаи осеби ҳарбӣ вафоткарда (ҳалокшуда) (моддаи 24.1) нафақа ба сабаби маҳрум шудан саробон ҳангоми расидан ба синни 53-солагӣ таъин карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223, аз 16.04.2012 № 823).
Моддаи 37. Аъзои оила, ки хўранда дониста мешаванд
Аъзои оилаи марҳум ё хизматчии фавтидаи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ дар сурате хўрандаи ў ҳисоб меёбанд, ки агар онҳо дар таъминоти пурраи вай буда, ё аз ў кўмаке мегирифта бошанд, ки барояшон манбаи доимӣ ва асосии ҳаёт бошад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
Аъзои оилаи марҳум ё хизматчии фавтидаи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, ки ёрии ў барояшон манбаи доимӣ ва асосии ҳаёт буд ва худашон ягон хел нафақа мегирифтанд, ҳақ доранд, ки ба нафақаи нав гузаранд Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
Моддаи 38. Додани нафақа барои маҳрум шудан аз саробон ба кўдаконе, ки дар таъминоти пурраи давлат мебошанд
(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823)
Ба кўдакони ятиму бекас дар давраи таҳти таъминоти пурраи давлат буданашон нафақа пурра дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Ба кўдаконе, ки аз падар ё модар маҳрум шудаанд ва дар таъминоти пурраи давлат мебошанд, 25 фоизи нафақаи таъиншуда пардохт карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Тартиби пардохти нафақаро ба кўдаконе, ки дар таъминоти пурраи давлат мебошанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Моддаи 39. Ҳуқуқи нафақаи падархонду писархонд
Падархондҳо баробари волидайн, писархондҳо баробари фарзандони худи ба нафақа ҳақ доранд.
Ноболиғоне, ки барои маҳрум шудан аз саробон ҳуқуқи нафақагирӣ доранд, дар сурати писархонд шуданашон ҳам аз ин ҳуқуқ маҳрум нагарданд.
Моддаи 40. Ҳуқуқи нафақаи падарандару модарандар, писарандару духтарандар
Агар падарандару модарандар писарандар ё духтарандари фавтидаро (ҳалокшударо) камаш 5 сол тарбия ё таъмин карда бошад, баробари падару модар ба нафақа ҳақ доранд Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223, аз 16.04.2012 № 823).
Агар писарандару духтарандар аз волидайн алимент намегирифта бошанд, баробари фарзандони ҳамхуни падарандару модарандар ба нафақа ҳақ доранд.
Моддаи 41. Боқӣ мондани нафақа ҳини ақди никоҳи нав
Нафақае, ки бинобар вафоти ҳамсар таъин гардидааст, баъд аз ақди никоҳи нави нафақахўр ҳам бокӣ мемонад.
Моддаи 42. Собиқаи кории саробон, ки ҳуқуқи нафақагирӣ медиҳад
Ба оилаи саробоне, ки аз сабаби маъюбии меҳнатӣ ё бемории касбӣ вафот кардааст, инчунин ба оилаи нафақахўри марҳум, сарфи назар аз собиқаи кории саробон, нафақа таъин карда мешавад.
Нафақа барои маҳрум шудан аз саробоне, ки бинобар бемории умумӣ ё маъюбии новобаста ба кор фавтидааст, дар сурате таъин карда мешавад, ки собиқаи кории саробон то рўзи вафоташ барои таъини нафақаи маъюбӣ мувофиқ бошад (моддаи 23-юми ҳамин Қонун).
Ба оилаҳои донишҷўён, аспирантҳо ва ординаторҳои клиникие, ки то вақти дохил шудан ба таълимгоҳ, курс, аспирантура ва ординатураи клиникӣ кор накардаанд, нафақа мутобиқан бо худи ҳамин асосҳо таъин карда мешавад, ки дар мавриди маъюбӣ ба ин донишҷўён, аспирантҳо ва ординаторҳои клиникӣ (моддаи 26-уми Қонуни мазкур) таъин карда мешавад.
Ба оилаҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон - муҳоҷирони мамлакатҳои дигар, агар саробонашон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кор накарда бошанд, нафақа дар мавридҳои зерин таъин карда мешавад:
а) ба оилаҳое, ки дар мамлакатҳои дигар бинобар бесаробон монданашон нафақа мегирифтанд, сарфи назар аз собиқаи кории саробон;
б) ба оилаҳое, ки нафақа намегирифтанд, ба шарте ки саробонашон то рўзи қатъ кардани кор собиқаи кории лозима дошта бошад (моддаи 23-юми Қонуни мазкур) ва дар сурати фавти ў аз сабаби маъюбии меҳнатӣ ё бемории касбӣ - сарфи назар аз собиқаи кории саробон.
Моддаи 43. Андозаи нафақа
Нафақа барои маҳрум шудан аз саробон ба ҳар узви корношоями оила 50 фоизи маоши саробон (моддаҳои 70-86 Қонуни мазкур), вале на камтар аз 50 фоизи ҳадди ақалли нафақа аз рўи синну сол, таъин карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223 аз 14.05.1999 № 748, аз 16.04.2012 № 823).
Нафақаи кўдаконе, ки аз волидайнашон маҳрум шудаанд (ятимонн бекас) ё кўдакони модари яккаи фавтида ба ҳар як кўдак набояд камтар аз 100 фози ҳадди ақалли нафақа аз рўи синну сол Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223, аз 12.12.1997 № 421, аз 16.04.2012 № 823).
Нафақа ба сабаби маҳрум шудан аз саробон дар натиҷаи осеби ҳарбӣ ба ҳар як аъзои ғайри қобили меҳнати оила баробари 60 фоизи музди меҳнат (таъминоти пулӣ), ки дар моддаи 70-уми ҳамин Қонун муқаррар шудааст, таъин карда мешавад, аммо на камтар аз андозаи ду нафақаи ҳадди ақал аз рўи синну сол Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223, аз 14.05.1999 № 748).
Ҳадди ниҳоии нафақа барои маҳрум шудан аз саробон ба ҳар як узви корношоями оила ба андозаи ҳадди ниҳоии нафақа аз рўи синну сол муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Моддаи 44. Ҳисоби нафақаи ятимони бекас
Нафақаи кўдакони ятими бекас аз маблағи умумии маоши падару модар бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ҳисоб карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Моддаи 45. Нафақаҳо дар мавриди собиқаи нопурраи кор
Ба аъзои оилае, ки бесаробон мондааст ва ин саробон аз бемории умумӣ вафот кардаасту барои таъин кардани нафақаи пурраи маъюбӣ собиқаи кории кофӣ надорад (моддаи 23-юми Қонуни мазкур), нафақаи мутаносибан ба андозаи собиқаи кории саробон таъин карда мешавад.
Ба оилаҳои нафақахўрони фавтида, ки дар сурати пурра набудани собиқаи корӣ нафақа мегирифтанд, мутаносибан ба собиқаи корие, дар асоси он ба саробони фавтида нафақа муқаррар шуда буд, таъин карда мешавад.
Дар ҳар сурат андозаи нафақа ба ҳар як узви корношоями оилаи саробони фавтида наметавонад аз 50 фоизи ҳадди ақали нафақа аз рўи синну сол камтар бошад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Моддаи 46. Андозаи нафақаи оилаҳои талабаю донишҷўён
Ба оилаҳои донишҷўёни таълимгоҳҳои олӣ ва миёнаи махсус, омўзишгоҳҳо, мактабҳо ва курси омўзиши кадрҳо, аспиранту ординаторҳои клиникӣ, ки то вақти ба таълимгоҳ, курс, аспирантура ё ординатураи клиникӣ дохил шуданашон кор намекарданд, нафақа ба андозае, ки дар моддаи 43-юми Қонуни мазкур муқаррар гардидааст, таъин карда мешавад.
Моддаи 47. Андозаи нафақаи оилаҳои шахсоне, ки ҳангоми иҷрои қарзи шаҳрвандӣ ҳалок шудаанд
Ба оилаҳои шахсоне, ки бинобар иҷрои вазифаҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ ё иҷрои вазифаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати наҷот додани ҳаёти инсон, ҳифзи моликияти давлатию коллективӣ, моликияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тартиботи ҳуқуқӣ ҳалок шудаанд (шахсони дар бандҳои "а", "е", ва "з"-и моддаи 3-юми ҳамин Қонун зикргардида), нафақа ба андозаи дар моддаи 43-юми Қонун муқарраргардида таъин карда мешавад.
Моддаи 47.1 Шартҳои таъин намудани нафақа барои оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ
Нафақаи барои оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ (аз ҷумла партизанҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ муқарраршуда вақте таъин карда мешавад, ки агар саробон дар натиҷаи осеби ҳарбӣ, ё худ бемориҳои давраи адои хизмати ҳарбӣ вафот карда бошад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Хорич карда шуд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Моддаи 47.2 Ҳуқуқи нафақаи барои оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ пешбинигардида
Нафақа ба сабаби маҳрум шудан аз саробон дар натиҷаи осеби ҳарбӣ ё бемории давраи хизмати ҳарбӣ, сарфи назар аз давомнокии собиқаи умумии корӣ, аз ҷумла хизмати ҳарбии саробон таъин карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
Моддаи 48. Андозаи нафақаи оилаҳои нафақахўрон
Ба оилаҳои нафақахўрони фавтида нафақа мутобиқан аз рўи меъёрҳое, ки барои оилаҳои шахсони дар моддаи 3-юми Қонуни мазкур зикргардида муқаррар шудаанд, таъин карда мешавад.
Моддаи 49. Ҳуқуқи муроҷиат барои таъини нафақа бе маҳдудияти мўҳлат
Оилае, ки бинобар бесаробон монданаш ба нафақа ҳуқуқ дорад, метавонад барои таъин кардани нафақа бе ҳеҷ маҳдудияти мўҳлат ҳар вақт пас аз фавтидан ё беному нишон дониста шудани саробон муроҷиат кунад.
Барои маҳрум шудан аз саробон ба инҳо нафақа таъин карда мешавад:
а) ба оилаҳои шахсони дар моддаи 3-юми ҳамин Қонун зикргардида, сарфи назар аз он, ки саробон чӣ вақт фавтидааст: дар давраи кор (таҳсил) ё пас аз қатъ кардани кор (таҳсил);
б) ба оилаҳои нафақахўрон, агар саробон дар давраи гирифтани нафақа ё на дертар аз 5 соли пас аз қатъ гардидани пардохти нафақа фавтида бошад.
хорич карда шуд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Моддаи 50. Давраи таъин кардани нафақа. Тағйир додани андозаи нафақа
Нафақа дар мавриди маҳрум шудан аз саробон мувофиқи моддаи Қонуни мазкур барои тамоми даврае, ки дар давоми он узви оилаи марҳум корношоям ба ҳисоб меравад, таъин карда мешавад. Ба он аъзои оила, ки ба синни зерин расидаанд, ин нафақа умрбод таъин карда мешавад: мардҳо - 63-сола, занҳо - 58-сола (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Тағйири андозаи нафақа ё қатъи пардохти он ба аъзои оила аз рўзи аввали моҳи дигари рўй додани ҳодисае, ки боиси тағйир ёфтани андозаи нафақа ё қатъи пардохти он гаштааст, сурат мегирад.
Моддаи 51. Таъини як нафақа ба ҳамаи аъзои оила. Ҷудо кардани ҳиссаи нафақа
Ба ҳамаи аъзои оила, ки ба нафақа ҳақ доранд, як нафақаи умумӣ таъин карда мешавад.
Бо талаби узви оила ҳиссаи нафақаи ў ҷудо карда, алоҳида дода мешавад.
Ҳиссаи нафақа аз рўзи аввали моҳи дигари расидани аризаи тақсими нафақа ҷудо карда мешавад.
Моддаи 52. Андозаи нафақа дар сурати тағйири шумораи аъзои оила
Дар сурати тағйир ёфтани шумораи аъзои оила, ки барои маҳрум шудан аз саробон бо нафақа таъмин карда мешаванд, нафақа низ мутобиқан аз рўи шумораи аъзои оила, ки ба нафақа ҳақ доранд, кам ё зиёд карда мешавад.
Ҳамин гуна тағйири нафақа дар мавридҳое сурат мегирад, ки пардохти нафақа ба яке аз аъзои оила пас аз барҳам хўрдани ҳолатҳое, ки боиси боздоштани пардохти нафақа шуда буданд, боздошта ё барқарор карда мешавад.
Моддаи 53. Тартибу мўҳлати муқаррар кардани маъюбии аъзои оила
Ба аъзои оила, ки маъюб мебошанд, қоидаҳои дар моддаҳои 21, 22, 33, қисмҳои якум ва дуюми моддаи 34-уми Қонуни мазкур баён гардида мувофиқан татбиқ мешаванд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1199).
Моддаи 54. Додани нафақа сарфи назар аз музди кор ва даромадҳои дигар
Нафақа барои маҳрум шудан аз саробон, сарфи назар аз музди кор ва даромадҳои дигари нафақахўр дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
ФАСЛИ V. НАФАҚА БАРОИ ХИЗМАТИ ДАРОЗМУДДАТ
Моддаи 55. Асоси таъмини нафақа барои хизмати дарозмуддат
Нафақа барои хизмати дарозмуддат ба категорияҳои алоҳидаи шаҳрвандони машғули корҳое муқаррар карда мешавад, ки иҷрояшон боиси аз даст додани қобилияти ихтисосии корӣ ё коршоямӣ то фаро расидани синне мешавад, ки ҳуқуқи ба нафақа баромадан медиҳад.
Моддаи 56. Нафақа барои хизмати дарозмуддат ба категорияҳои алоҳидаи кормандони авиатсия ва ҳайати озмоишгарони ҳавопаймо
Категорияҳои зерини коргарон ва хизматчиёни авиатсия, инчунин ҳайати озмоишгарони ҳавопаймо, сарфи назар аз тобеияти идоравии корхонаю муассиса ва ташкилотҳое, ки дар он ҷо кор мекунанд, ба нафақа барои хизмати дарозмуддат ҳуқуқ доранд:
а) ҳайати ҳавонавардон ва озмоишгарони ҳавопаймо дар мавриди доштани собиқаи хизматии на камтар аз 25 сол барои мардҳо ва на камтар аз 20 сол барои занон дар ҳамин вазифа.
Кормандони номбурда, ки аз корҳои парвоз аз сабаби вазъи саломатӣ (беморӣ) озод гардидаанд, дар сурати доштани собиқаи хизматии камаш 20 сол барои мардҳо ва камаш 15 сол барои занҳо мутаносибан ба вақти коркардаашон ба нафақа ҳуқуқ доранд.
Феҳристи мансаби кормандони ҳайати парвоз, тартиби ҳисоб кардани мўҳлати хизмати дарозмуддати таъини нафақаи онҳо, инчунин тартиби таъин кардану додани нафақа ба ҳайати озмоишгарони ҳавопаймо мувофиқи тартибе тасдиқ мешавад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад;
б) кормандоне, ки ҳаракати ҳавоиро идора мекунанду шаҳодатномаи диспетчерӣ доранд:
мардҳо - пас аз расидан ба синни 55 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 25 сол, аз он на камтар аз 12 солу 6 моҳаш дар идораи бевоситаи парвозҳои ҳавопаймоҳо;
занҳо - пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 20 сол, аз он 10 солаш дар идораи бевоситаи парвозҳои ҳавопаймоҳо.
Ба собиқаи хизмати дарозмуддати кормандоне, ки парвози ҳавопаймоҳоро идора мекунанд, ҳамчунин кори дар банди ,а,-и ҳамин модда зикргардида ба ҳисоб гирифта мешавад;
в) ҳайати инженерию техникӣ - аз рўи номгўи вазифаю корҳое, ки бо тартиби аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяншаванда тасдиқ мегардад:
мардҳо - пас аз расидан ба синни 55 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол дар авиатсияи ғайринизомӣ, аз он на кам тар аз 20 солаш дар вазифаҳои зикргардида;
занҳо - пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 20 сол дар авиатсияи ғайринизомӣ, аз он на камтар аз 15-солаш дар вазифаҳои зикргардида;
Ба собиқаи хизмати дарозмуддати кормандони ҳайати инженерию техникӣ ҳамчунин коре, ки дар бандҳои "а" ва "б" ҳамин модда зикр гардидааст, ҳисоб карда мешавад;
г) ходимони ҳавопаймоҳо:
мардҳо - пас аз расидан ба синни 55 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 25 сол, аз он на камтар аз 15-солаш ба сифати ходими ҳавопаймо;
занҳо - пас аз расидан ба синни 45 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 20 сол, аз он на камтар аз 10 солаш ба сифати ходими ҳавопаймо.
Аз 1 июли соли 2001 сар карда то 1 июли соли 2003 синну сол барои ба нафақа баромадан ҳар сол 1 сол баланд бардошта мешавад (Қонуни ҶТ аз 11.12.1999 № 911).
Моддаи 57. Нафақаи хизмати дарозмуддати категорияҳои алоҳидаи кормандони соҳаҳои дигари хоҷагии халқ
Ба нафақаи хизмати дарозмуддат инҳо ҳуқуқ доранд:
Банди "а" кисми якуми моддаи хорич карда шуд (Қонуни ҶТ аз 14.05.1999 № 748).
а) кормандони экспедитсияҳо, гурўҳҳо, дастаҳо, бригадаю участкаҳое, ки бевосита дар корҳои иктишофи геологӣ, пайҷўи топографию геодезӣ, геофизикӣ, гидрологӣ, ҷангалдорӣ ва корҳои таҳқиқоти машғул мебошанд:
мардҳо - пас аз расидан ба синни 55 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 25 сол, аз он 12 солу 6 моҳаш дар корҳои зикршуда;
занҳо - пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 20 сол, аз он на камтар аз 10 солаш дар корҳои зикргардида.
Зимнан кори бевоситаи нимсола ё бештар аз нимсолаи саҳроӣ як соли кор ва агар аз ним сол камтар бошад, аз рўи мўҳлати воқеӣ ва дар корҳои мавсимӣ мувофиқи моддаи 67-уми Қонуни мазкур ҳисоб карда мешавад;
б) чўпонҳое, ки дар чарогоҳҳои баландкўҳ (зиёда аз 2000 метр) инчунин ноҳияҳои биёбонию беоб машғули кор мебошанд:
мардҳо - пас аз расидан ба синни 55 ва дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол дар кори зикршуда;
занҳо - пас аз расидан ба синни 50 ва дар сурати доштани собиқаи умумии кории на камтар аз 20 сол дар кори зикргардида.
Аз 1 июли соли 2001 сар карда то 1 июли соли 2003 синну сол барои ба нафақа баромадан ҳар сол 1 сол баланд бардошта мешавад (Қонуни ҶТ аз 11.12.1999 № 911).
Моддаи 58. Нафақаи хизмати дарозмуддати категорияҳои алоҳидаи ҳунарпешаҳои театр ва муассисаю коллективҳои дигари театру тамошогоҳҳо
Дар сурати доштани собиқаи фаъолияти эҷодии аз 20 то 30 сол мувофиқи рўйхате, ки бо тартиби аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяншаванда тасдиқ карда мешавад, категорияҳои алоҳидаи ҳунарпешаҳои театрҳо ва дигар муассисаю коллективҳои театру тамошогоҳҳо ба нафақаи хизмати дарозмуддат ҳуқуқ доранд.
Аз 1 июли соли 2001 сар карда то 1 июли соли 2003 синну сол барои ба нафақа баромадан ҳар сол 1 сол баланд бардошта мешавад (Қонуни ҶТ аз 11.12.1999 № 911).
Моддаи 59. Шартҳои ба хизмати дарозмуддат дохил кардани хизмати ҳарбӣ
Ба собиқаи кори эҷодии ҳунарпешаҳои театрҳо ва муассисаю коллективҳои театру тамошогоҳҳо вақти хизмати ҳарбии онҳо аз рўи ихтисос дохил карда мешавад, агар камаш аз се ду ҳиссаи собиқаи корие, ки барои таъмини нафақаи хизмати дарозмуддат лозим аст, ба кор дар вазифаҳое рост ояд, ки ба гирифтани ин нафақа ҳуқуқ медиҳанд.
Аз 1 июли соли 2001 сар карда то 1 июли соли 2003 синну сол барои ба нафақа баромадан ҳар сол 1 сол баланд бардошта мешавад (Қонуни ҶТ аз 11.12.1999 № 911).
Моддаи 60. Нафақаи хизмати дарозмуддати баъзе категорияҳои кормандони маориф ва тандурустӣ
Ба нафақаи хизмати дарозмуддат аз рўи номгўи муассисаҳою ташкилотҳо ва вазифаҳо, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, шахсони зерин ҳуқуқ доранд:
а) муаллимҳое, ки дар кори омўзгорӣ дар мактабҳо ва дигар муассисаҳои кўдакон бевосита машғул мебошанд - дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол дар кори зикргардида;
мардҳо - пас аз расидан ба синни 55;
занҳо - пас аз расидан ба синни 50;
б) духтурҳо ва дигар кормандони тиб, ки дар корҳои муолиҷа ва пешгирӣ намудани беморӣ дар байни аҳолӣ бевосита машғул мебошанд, дар сурати доштани собиқаи кории на камтар аз 25 сол аз рўи ихтисос дар маҳалҳои деҳот ва посёлкаҳои типи шаҳрӣ ва на камтар аз 30 сол дар шаҳрҳо:
мардҳо - пас аз расидан ба синни 55;
занҳо - пас аз расидан ба синни 50.
Аз 1 июли соли 2001 сар карда то 1 июли соли 2003 синну сол барои ба нафақа баромадан ҳар сол 1 сол баланд бардошта мешавад (Қонуни ҶТ аз 11.12.1999 № 911).
Моддаи 61. Андозаи нафақа
Нафақаи хизмати дарозмуддат ва иловапулиҳо ба он ба андозаҳое, ки дар моддаҳои 16 ва 18-уми ин Қонун барои нафақа аз рўи синну сол муқаррар гардидаанд, таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Нафақа аз рўи музди миёнаи меҳнати ҳармоҳаи (моддаҳои 70 - 75, 76 ва 86-уми ин Қонун) пеш аз қатъи кор, ки барои нафақаи хизмати дарозмуддат (моддаҳои 56 - 60-уми ин Қонун) ҳуқуқ медиҳад, ҳисоб карда мешавад.
Моддаи 62. Тартиби пардохти нафақаи хизмати дарозмуддат
Нафақаи хизмати дарзмуддат ба кормандони корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои давлатӣ аз маблағи Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.05.1999 № 748).
Пардохти нафақаи хизмати дарозмуддат ба кормандони корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ аз ҳисоби маблағи ин корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, ки ба Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то расидани корманд ба синни нафақаи дар моддаи 11-уми ҳамин Қонун пешбинишуда гузаронида мешавад, сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 14.05.1999 № 748).
Нафақаи хизмати дарозмуддат дар давраи кор аз рўи тартибе, ки дар моддаи 20-уми ин Қонун пешбинӣ шудааст, пардохта мешавад, аммо нафақаи хизмати дарозмуддат дар давраи кор дар вазифае, ки ба таъини ин намуди нафақа ҳуқуқ медиҳад, пардохта намешавад (Қонуни ҶТ аз 14.05.1999 № 748, аз 11.12.1999 № 911).
ФАСЛИ VI. ҲИСОБИ СОБИҚАИ КОРӢ БАРОИ ТАЪИНИ НАФАҚАИ МЕҲНАТӢ
Моддаи 63. Намудҳои фаъолияти меҳнатӣ, ки мавриди таъини нафақа ҳамчун собиқаи корӣ ҳисоб карда мешаванд
(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823)
Фаъолияти меҳнатие, ки дар асоси шартномаи меҳнатӣ дар ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва хоҷагидорӣ, инчунин дар асоси узвият дар колхозҳо ва дигар кооперативҳо, сарфи назар аз хусусияту давомнокии кор ва муддати танаффус, иҷро карда мешавад, собиқаи корӣ ба ҳисоб меравад, ба шарте, ки аз музди меҳнат ё даромад аз чунин фаъолият тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти ваколатдор саҳмҳои суғуртаи иҷтимоӣ пардохт шуда бошанд.
Ҳангоми ҳисоб кардани собиқаи корӣ дар колхоз барои давраи пас аз соли 1965, агар узви колхоз бе сабаби узрнок дар хоҷагии ҷамъиятӣ ба ҳадди ақали муқарраршуда кор накарда бошад, вақти кор аз рўи давомнокии воқеӣ ба назар гирифта мешавад.
Ба собиқаи корӣ чунин корҳо низ дохил карда мешаванд:
а) хизмати ҳарбии касбӣ ва хизмат дар дигар воҳидҳои ҳарбишудае, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон воҷиби суғуртаи давлатии иҷтимоӣ намебошанд;
б) фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба шарте, ки аз даромади чунин фаъолият тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти ваколатдор саҳмҳои суғуртаи иҷтимоӣ пардохт шуда бошанд;
в) ҳар кори дигаре, ки зимни иҷрои он шахс мавриди суғуртаи иҷтимоӣ қарор гирифтааст;
г) фаъолияти эҷодии шахсоне, ки дар банди в) моддаи 3 Қонуни мазкур пешбинӣ гардидаанд. Дар ин ҳол фаъолияти эҷодии аъзои Иттифоқи нависандагон, Иттифоқи рассомон, Иттифоқи бастакорон, Иттифоқи кинематографистон, Иттифоқи ходимони театр ва дигар кормандони эҷодие, ки аъзои иттифоқҳои эҷодӣ нестанду дар кумитаҳои дахлдори касбӣ муттаҳид шудаанд, то вақти мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур, сарфи назар аз пардохтан ё напардохтани саҳми суғуртаи иҷтимоӣ, собиқаи корӣ ҳисоб карда мешавад. Дар чунин ҳолатҳо собиқаи фаъолияти эҷодӣ аз тарафи котиботи раёсати иттифоқҳои эҷодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўзи нахустинтишор ё нахустиҷро ва ё нахустнамоиши оммавии асари ҳамин муаллиф муқаррар карда мешавад;
д) корношоямии муваққатӣ, ки дар давраи кор ба амал омадааст;
е) вақти нигоҳубини маъюби гурўҳи I ё кўдаки маъюби то 18-сола, ки ба нигоҳубини шахси дигар эҳтиёҷ доранд, инчунин вақти нигоҳубини пиронсоли яккаву танҳои ба синни 80 расида. Зимнан эҳтиёҷмандӣ ба нигоҳубини шахси дигари маъюби гурўҳи I, кўдаки маъюби то 18-сола ва пиронсоли яккаву танҳои ба синни 80 расида бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Ҳангоми ҳисоби собиқаи кор дар конҳо, ки барои гирифтани нафақа аз рўи синну сол бо шартҳои имтиёзнок мувофиқи моддаҳои 12 ва 13 Қонуни мазкур ҳуқуқ медиҳад, вақти маъюбӣ, ки дар натиҷаи маъюбшавии меҳнатӣ ё бемории касбӣ ҳангоми иҷрои ҳамин кор ба амал омадааст, ба собиқаи чунин кор дохил карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Моддаи 63(1). Давраҳои фаъолияте, ки дар мавриди таъини нафақа ба собиқаи кории умумӣ дохил карда мешаванд
(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823)
Ба собиқаи кории умумӣ чунин давраҳои фаъолият дохил карда мешаванд:
а) давраи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи махсус, дар омўзишгоҳҳо, мактабҳо ва курсҳои омўзиши кадрҳо, такмили ихтисос ва тағйири касб, дар аспирантура, докторантура ва ординатураи клиникӣ;
б) давраи хизмати ҳатмии ҳарбӣ;
в) вақти нигоҳубини кўдакони хурдсол аз ҷониби модаре, ки муваққатан кор намекунад, вале танҳо то ба синни 3-солагӣ расидани ҳар як кўдак, ҷамъ ба муддати умумии на зиёда аз 6 сол;
г) давраи истиқомати занҳои ҳайати афсарон, прапоршикҳо, мичманҳо ва хизматчиёни ҳарбии хизмати зиёда аз мўҳлат бо шавҳарашон дар маҳалҳое, ки барои кор кардан аз рўи ихтисос имконият набуд, вале на бештар аз 10 сол.
Ҳангоми зиёд намудани нафақа аз рўи синну сол барои ҳар соли корӣ (моддаи 16 Қонуни мазкур), дар баробари собиқаи корӣ инчунин давраҳое, ки дар бандҳои а) - г) ҳамин модда ва моддаҳои 64-67 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, ба ҳисоб гирифта мешаванд. Давраи кори пас аз таъин гардидани нафақа низ ба собиқаи корӣ дохил карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Моддаи 64. Имтиёзҳо аз рўи ҳисоби собиқаи корӣ
Ба собиқаи корӣ ба андозаи секарата инҳо ҳисоб карда мешаванд:
- хизмати ҳарбӣ дар ҳайати артиши амалкунанда дар давраи амалиётҳои ҷангӣ, аз он ҷумла ҳангоми иҷрои вазифаи интернатсионалӣ ва ҳамчунин иштирок дар отрядҳо ва ҷузъу томҳои партизанӣ;
- кор дар шаҳри Ленинград дар давраи муҳосираи он дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз 8 сентябри соли 1941 то 27 январи соли 1944;
- кор ва хизмати вобаста бо рафъи оқибати осори садамаи Стансияи Барқи атомии Чернобил ва пешгирии олудашавии муҳити зист дар минтақаи алоҳида (дар минтақае, ки аз он соли 1986 аҳоли берун бурда шуда буд) дар давраи аз 26 апрели соли 1986 то 31 декабри соли 1987;
- кор ва хизмат дар манотиқе, ки аз таъсири озмоишҳои ядроӣ дар полигонҳои Семипалатинск ва дигар майдонҳои озмоиши ядроӣ дар давраи аз 25 августи соли 1949 то 3 июли соли 1963 зарар дидаанд Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
Моддаи 65. Имтиёзҳои шаҳрвандони сафед кардашуда
Ба шаҳрвандоне, ки беасос ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд, бедалелу асос таъқиб гаштаанд ва баъд сафед карда шудаанд, муддати дар ҳабс будан, адои ҷазо дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ ва бадарға ба собиқаи корӣ сечанд ҳисоб карда мешавад.
Моддаи 66. Имтиёзҳо аз рўи ҳисоби собиқаи корӣ ба андозаи дукарата ва якунимкарата
Ба андозаи дукаратаи собиқаи корӣ инҳо дохил карда мешаванд:
- кор дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, аз он ҷумла ба ҳайси командони ғайринизомии кироя дар қисмҳои ҳарбӣ ва хизмат, ғайр аз хизмати ҳарбии дар абзатси якуми моддаи 64-уми ҳамин Қонун пешбинишуда;
- давраи асорат дар конслагерҳои фашистӣ ё дар дигар ҷойҳои нигаҳдории маҷбурӣ дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ба шарте, ки асорат ихтиёрӣ набуда, дар вақти асирӣ ба Ватан хиёнат накарда бошанд;
- кор дар махавхонаҳо ва муассисаҳои муборизаи зидди тоун. Ба андозаи якунимкаратаи собиқаи корӣ инҳо дохил карда мешаванд:
- кор дар Ҷумҳурии Афғонистон бо командировка ё роҳхатҳои муассисаю мақомоти дахлдор дар давраи аз декабри соли 1979 то декабри соли 1989;
- кор ва хизмати вобаста бо рафъи оқибати садамаи Стансияи Барқи атомии Чернобил ва пешгирии олудашавии муҳити зист дар минтақаи алоҳида (дар минтақае, ки аз он соли 1986 аҳолӣ берун бурда шуда буд) дар давраи аз 1 январи соли 1988 то 31 декабри соли 1990;
- кор ва хизмат дар манотиқе, ки аз таъсири озмоишҳои ядроӣ дар полигони Семипалатинск ва дигар майдонҳои озмоиши ядроӣ дар давраи аз 6 июли соли 1963 то 1 январи соли 1992 зарар дидаанд;
- кор дар вазифаҳои духтури маразшиносӣ-колбудшиносӣ, ки бо колбудшикофии патологии ҷасадҳо ва тадқиқоти гистологӣ аз рўи Феҳристи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машғуланд Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
Моддаи 67. Тартиби ба собиқаи корӣ илова кардани баъзе намудҳои ҷудогонаи корҳо
Кор дар корхонаю ташкилотҳои соҳаҳои мавсимии саноат дар давоми мавсими пурра, сарфи назар аз тобеияти корхонаю ташкилотҳо, мувофиқи Рўйхате, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, ҳамчунин кор дар совхозҳо дар давоми мавсими пурра ба собиқаи корӣ ҳамчун як соли кор ҳисоб карда мешавад.
Дигар корҳои мавсимӣ ба собиқаи корӣ аз рўи давомнокии воқеиашон ҳисоб карда мешаванд.
Моддаи 68. Тартиби тасдиқи собиқаи корӣ
Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи собиқаи корӣ дафтарчаи меҳнатӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо оид ба собиқаи кории корманд, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, ба ҳисоб мераванд. Тартиби тасдиқи собиқаи кориро дар сурати набудани дафтарчаи меҳнатӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо оид ба собиқаи корӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Хорич карда шуд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Моддаи 69. Шартҳои ба собиқаи кории шаҳрвандони хориҷӣ, ҳамроҳ кардани муддати кор дар Тоҷикистон
Тамоми давраи кори шаҳрвандони давлатҳои узви Иттиҳод дар Иттифоқи ҶШС-и собиқ ба собиқаи кории онҳо ҳисоб карда мешавад.
Ба шаҳрвандони хориҷӣ ва аъзои оилаи онҳо дар ҳолатҳое, ки барои таъини нафақа собиқаи кории муайян лозим аст, нафақа бо шарте таъин карда мешавад, ки аз се ду ҳиссаи собиқаи кории лозима ба кор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рост ояд, агар дар созишномаҳо (моддаи 108-уми ин Қонун) чизи дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
ФАСЛИ VII. ҲИСОБ КАРДАНИ НАФАҚА
Моддаи 70. Ҳисоб кардани нафақа аз рўи фоизи музди миёнаи моҳона
Нафақа аз рўи меъёрҳои муқарраршудаи фоизи музди миёнаи моҳона, ки мувофиқи моддаҳои 71-76-уми ин Қонун муайян мегардад, ҳисоб карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Моддаи 71. Тартиби умумии муайян кардани музди миёнаи моҳона
Ба шахсоне, ки дар моддаи 3-юми ин Қонун зикр гардидаанд (ғайр аз аъзои колхозҳо), музди миёнаи моҳонаи воқеӣ аз 24 моҳи пайдарпайи охирини пеш аз корро қатъ кардан, барои давомдиҳандагони кор бошад, таи 24 моҳи пайдарпайи охири кор пеш аз муроҷиат барои нафақа, ё ин ки аз панҷ соли пайдарҳами (бо интихоби шахси барои нафақа муроҷиаткарда) тамоми давраи фаъолияти меҳнатии пеш аз муроҷиат барои нафақа гирифта мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223, аз 16.04.2012 № 823).
Музди миёнаи моҳонаи кори 24 моҳ бо роҳи ба 24 тақсим кардани маблағи умумии музди 24 моҳи тақвимии корӣ муттасил муайян мегардад.
Музди миёнаи моҳонаи меҳнатӣ 5 сол бо роҳи ба 60 тақсим кардани маблағи умумии музди шаст моҳи тақвимии корӣ пай дар ҳам муайян карда мешавад. Дар баробари ин бо хоҳиши шахсе, ки барои нафақа муроҷиат кардааст, моҳҳои нопурраи рўзҳои кор бинобар дохил шудан ба кор ё хориҷ шудан аз кор ҳамчун моҳҳои тақвимии пурраи кор ҳисобида мешаванд.
Агар шахси барои нафақа муроҷиаткарда аз 24 моҳ камтар собиқаи корӣ дошта бошад ва он ба талаботи моддаи 23 Қонуни мазкур мутобиқ аст, музди моҳонаи миёна бо роҳи тақсими маблағи умумии музди моҳҳои тақвимии кор ба шумораи ин моҳҳо муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Агар корманд камтар аз як моҳи тақвимӣ собиқаи корӣ дошта бошад ва он ба талаботи моддаи 23 Қонуни мазкур мутобиқ аст, музди меҳнаташ барои тамоми давраи кор ба шумораи рўзҳои кор тақсим карда, маблағи ҳосилшуда ба шумораи рўзҳои кории моҳ, ки ба ҳисоби миёна барои як сол ҳисоб шудааст (25,4 - дар сурати ҳафтаи 6-рўзаи кор ва 21,2 - дар сурати ҳафтаи 5-рўзаи кор, зарб карда мешавад. Дар ин маврид барои ҳисоб кардани нафақа маблағи на бештар аз ду ставкаи тарифӣ (маош) ба назар гирифта мешавад. Барои ҳисоб кардани нафақаи кормандоне, ки ҳисоб кардани вақти кориашон ғайриимкон аст, музде гирифта мешавад, ки аз андозаи чоркаратаи музди камтарини кор зиёд набошад. Рўйхати чунин кормандонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Ҳангоми таъини нафақа ба кормандоне, ки машғули корҳои мавсимӣ мебошанд, музди воқеии миёнаи якмоҳа бо роҳи ба 60 тақсим кардани музди меҳнати 5 мавсими пурра ё ба 24 тақсим кардани 2 мавсими пурра муайян мешавад.
Ҳангоми муқаррар намудани андозаи нафақа ҳиссаи касрии воҳиди пулии камтар аз нисф ба ҳисоб гирифта нашуда, бештар аз нисф ба ҳисоб гирифта шуда, ба ҷониби зиёдшавӣ яклухт карда мешавад.
Моддаи 72. Навъҳои пардохти музде, ки ҳангоми ҳисоб кардани нафақа ба назар гирифта мешаванд
Барои ҳисоб кардани нафақа ҳамаи навъҳои пардохтҳои музди меҳнате, ки аз рўи он тибқи қоидаҳои ҷорӣ ҳаққи суғурта гирифта мешавад, аз ҷумла пардохти музди кори зиёда аз мўҳлат, кори рўзҳои истороҳат ва корӣ дар як вақт дар ду ҷой, ғайр аз ҳар гуна пардохтҳои якдафъаина (ҷубронпулӣ барои рухсатии истифодашуда, кумакпулӣ ҳангоми аз кор холӣ кардан ва ғайра) дохил карда мешаванд.
Кўмакпулие, ки барои давраи муваққатан аз даст додани қобилияти корӣ ва рухсатии давраи ҳомилагӣ ва зоидан пардохта шудааст, ба ҳисоб гирифта мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Ҳаққи қалами муаллифӣ дар баробари музди меҳнати кори дигар ба ҳисоб гирифта мешавад.
Дар ин ҳол он аз рўи ставкаҳои давлатие, ки дар вақти пардохти ҳаққи қалам эътибор доштанд, ҳисоб карда мешавад.
Стипендияи давраи таҳсил бо хоҳиши шахси барои нафақа муроҷиаткарда ҳамчун музди меҳнат ҳисоб карда мешавад.
Барои ҳисоб кардани нафақаи шахсоне, ки воҷиби суғуртаи иҷтимоии давлатӣ намебошанд (банди "д"-и моддаи 3-юми ин Қонун), ба музди меҳнат барои ҳисоби нафақа он намудҳои маош дохил карда мешавад, ки аз онҳо ҳаққи суғуртаи иҷтимоӣ ситонида мешавад.
Моддаи 73. Тартиби муайян кардани музди миёнаи якмоҳаи аъзои колхозҳо. Навъҳои пардохти музди меҳнати аъзои колхозҳо, ки ҳангоми ҳисоб кардани нафақа ба назар гирифта мешаванд
Барои ҳисоб кардани нафақаи аъзои колхозҳо музди миёнаи моҳонаи воқеӣ аз 24 моҳи охирини пеш аз корро қатъ кардан, барои давомдиҳандагони кор бошад, таи 24 моҳи охири кор пеш аз муроҷиат барои нафақа, ё ин ки аз 5 соли пайдарҳами (бо интихоби шахсе, ки барои нафақа муроҷиат кардааст) тамоми давраи фаъолияти меҳнатии пеш аз муроҷиат ба нафақа гирифта мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
Музди миёнаи моҳона бо роҳи мутобиқан ба 24 ё 60 тақсим кардани маблағи умумии музди 24 моҳи кор ё 60 моҳи кор муайян карда мешавад.
Агар шахси барои таъини нафақа муроҷиаткарда камтар аз 2 сол узви колхоз бошад, нафақа, аз рўи музди миёнаи моҳонаи воқеии тамоми давраи дар колхоз буданаш ҳисоб карда мешавад. Дар ин ҳол музди миёнаи моҳона бо роҳи ба шумораи моҳҳои ҳамин давра тақсим кардани маблағи умумии музди меҳнати давраи дахлдор муайян карда мешавад.
Барои ҳисоб кардани нафақаи аъзои колхозҳо ба музди меҳнат ҳамаи навъҳои музди кор дар хоҷагии ҷамъиятии колхоз дохил карда мешаванд.
Моддаи 73(1). Тартиби ҳисоби нафақаи соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолият менамоянд
(Қонуни ҶТ аз 5.10.2009 № 554)
Ҳисоби нафақаи соҳибкорони инфиродии дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолиятдошта аз рўи даромади панҷсолаи умумӣ дар мақомоти ваколатдори давлатии эъломияшудаи онҳо, ки аз он бо назардошти меъёрҳо, талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти ваколатдори давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ҳаққи суғуртавӣ пардохт намудаанд ё даромаде, ки аз рўи маблағи пардохтнамудаи андози иҷтимоии муайянгардида ҳисоб карда шудааст, амалӣ карда мешавад.
Даромади миёнаи моҳона бо роҳи тақсим кардани маблағи умумии даромади 60 моҳи фаъолияти соҳибкории инфироди ба 60 моҳ муайян карда мешавад.
Дар ҳолате, ки агар шахси барои таъмини нафақа муроҷиаткунанда ба фаолияти соҳибкории инфиродӣ дар асоси патент ё шаҳодатнома аз панҷ сол камтар машғул шуда бошад, вале собиқаи чунин фаъолияти ба талаботи моддаи 23 Қонуни мазкур мутобиқ дорад, нафақа аз рўи даромади миёнаи моҳонаи эъломияшуда муқаррар карда мешавад. Даромади миёнаи моҳона дар ин ҳолат бо роҳи тақсим кардани маблағи умумии даромади моҳҳои тақвимӣ ба шумораи воқеии ин моҳҳо муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 5.10.2009 № 554).
Моддаи 74. Ҷамъбасти музди меҳнат
Агар як қисми даврае, ки аз рўи он музди миёнаи якмоҳа ҳисоб карда мешавад, ба кори колхоз ба сифати узви колхоз ва қисмати дигар ба кори дигар рост ояд, музди кори ҳар давра аз рўи қоидаҳое ба назар гирифта мешавад, ки мутобиқан барои аъзои колхозҳо ва барои шахсони дигар муайян шудааст. Маблағи умумии музди меҳнат дар ин сурат ба бисту чор ё шаст ё мутобиқан ба миқдори воқеии моҳҳои давраҳои зикргардидаи кор тақсим мегардад, агар ин миқдори моҳҳо аз бисту чор кам бошад.
Агар қисми даврае, ки аз он музди миёнаи меҳнати моҳона ҳисоб карда мешавад, ба фаъолияти соҳибкории инфиродӣ дар асоси патент ё шаҳодатнома ва қисмаш ба кори дигар рост ояд, дар он сурат даромад ва музди меҳнат барои ҳар давра аз рўи меъёрҳое ҳисоб карда мешаванд, ки мутобиқан барои соҳибкории инфиродӣ дар асоси патент ё шаҳодатнома ва барои дигар кормандон муқаррар гардидаанд. Дар ин маврид маблағи умумии даромад аз соҳибкорӣ ва музди меҳнат ба 60 моҳ, агар теъдоди моҳҳо аз 60 кам бошад (қисми 3 моддаи 73(1)), мутобиқан ба теъдоди моҳҳои воқеии давраи кор тақсим карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 5.10.2009 № 554).
Моддаи 75. Ҳисоб кардани музди меҳнати баъзе категорияҳои меҳнаткашон
Нафақаи шахсоне, ки аз рўи шартнома (контракт) дар ҳузури шаҳрвандони алоҳида кор мекунанд (хизматгорҳо, дояҳо, котиб-мошинисткаҳо, стенографистҳо, посбонон, боғбонҳо, ронандагон ва ғайра), аз музди (маоши) воқеӣ, вале на зиёдтар аз ду ставкаи (маоши) тарифии коргарону хизматчиёни касбҳои дахлдор ҳисоб карда мешавад.
Нафақаи аъзои иттифоқҳои эҷодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кормандони эҷодӣ тибқи асосҳои умумии дар ин фасли Қонун муқарраргардида ҳисоб карда мешавад.
Моддаи 76. Имтиёзҳои ҳисоб кардани музди меҳнат ҳангоми ҳисоб кардани нафақа
(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823)
Ҳангоми ҳисоби музди миёнаи моҳона дар асоси моддаҳои 70, 71 ва 73-юми ин Қонун бо хоҳиши шахсе, ки барои гирифтани нафақа муроҷиат кардааст, моҳҳои нопурраи корӣ ба сабаби оғоз ё қатъи кор рухсатии бемузд, рухсатӣ барои нигоҳубини кўдаки то 3-сола, инчунин давраи коре, ки дар давоми он шаҳрванд маъюб буд ё ҷуброни зарари дар натиҷаи маъюбшавӣ ё дигар зарари ба саломатӣ расидаро мегирифт, ба маъюби гурўҳи I, кўдаки маъюби то 18-сола, кўҳансоли 80-солаи мўҳтоҷи нигоҳубини дигаронро нигоҳубин мекард, дохил карда намешаванд. Дар ин ҳол моҳҳои дохил карданашуда бо моҳҳои дигаре, ки бевосита пеш ё пас аз он меоянд, иваз карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Моддаи 77. Ҳисоб кардани нафақа дар сурати собиқаи нопурраи кор
Нафақа дар сурати нопурра будани собиқаи кор (моддаҳои 17, 28 ва 45-уми ин Қонун) ба андозае таъин карда мешавад, ки ба собиқаи кории мавҷуда мутаносиб бошад.
Нафақа ба таври зайл ҳисоб карда мешавад:
аввал нафақаи пурраи дахлдор муайян карда, он ба шумораи моҳҳое, ки барои собиқаи пурраи кори матлуб тақсим карда, рақами ҳосилшуда ба шумораи моҳҳои собиқаи воқеии кор зарб зада мешавад (дар собиқаи кори давраи аз 15 рўз зиёд ба моҳи пурра баробар карда, давраи аз 15 рўз камтар гирифта намешавад).
Агар нафақа дар мавриди собиқаи кории пурра ба андозаи камтарини муқарраркардаи ин Қонун (моддаҳои 16, 37, 43) таъин шуда бошад, нафақа дар мавриди собиқаи кории нопурра мутаносибан ба собиқаи кории мавҷуда бо назардошти андозаи камтарини нафақа, вале дар ҳамаи ҳолатҳо на камтар аз андозаи нафақаи иҷтимоие таъин мешавад, ки барои категорияи дахлдори шахсони корношоям муқаррар шудааст (моддаи 110-уми ҳамин Қонун).
Моддаи 78. Аз рўи музди зиёдтар аз нав ҳисоб кардани нафақа
Барои нафақахўроне, ки пас аз таъини нафақа аз рўи синну сол ё маъюбӣ на камтар аз 2 сол бо маоши бештар аз маоше, ки аз рўи он ҳисоб шуда буд, кор кардаанд, мувофиқи аризаи нафақахўр, бо назардошти маоши зиёдтар андозаи нави нафақа муқаррар карда мешавад, ки он аз рўи 24 моҳи кории пайдарҳами пас аз таъини нафақа бо тартиби дар моддаҳои 70, 72 ва 76-уми ин Қонун муқарраршуда, муайян мегардад.
Аз рўи ҳамин шартҳо нафақае, ки ба сабаби набудани музди меҳнат ба андозаи камтарин таъин шудааст, аз нав ҳисоб карда мешавад.
Агар музди нафаҳахўр минбаъд зиёд шавад, мувофиқи аризаи ў нафақа аз нав ҳисоб карда мешавад. Нафақаи минбаъда на пештар аз 2 соли баъди ҳисоби навбатӣ бори дигар ҳисоб карда мешавад.
Ба нафақахўроне, ки пас аз таъини нафақа аз рўи синну сол ё маъюбӣ на камтар аз ду сол бо даромади баландтар аз фаъолияти соҳибкории инфиродӣ дар асоси патент ё шаҳодатнома, назар ба оне, ки аз он нафақа ҳисоб шудааст, кор кардаанд, андозаи нави нафақа аз рўи даромади баландтар барои 24 моҳи пайдарпайи кор пас аз таъини нафақа бо тартиби муайяннамудаи Қонуни мазкур муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 5.10.2009 № 554).
Моддаи 79. Аз нав ҳисоб кардани нафақа дар мавриди собиқаи кории нопурра
Агар нафақахўре, ки ба вай нафақа аз рўи синну сол ё маъюбии гурўҳҳои I ва II бо собиқаи кории нопурра таъин шудааст, пас аз таъини нафақа на камтар аз ду сол кор карда бошад, мувофиқи аризааш бо назардошти собиқаи корие, ки то вақти азнавҳисобкунӣ дорад, нафақа аз нав ҳисоб карда мешавад. Нафақаи минбаъда на пештар аз 2 соли кори баъд аз таъини нафақаи нав ҳисоб карда хоҳад шуд.
Агар нафақахўр корро давом дода, соҳиби собиқаи корие шуда бошад, ки барои таъини нафақаи пурра кифоят кунад, мувофиқи аризаи нафақахўр нафақаи ў сарфи назар аз он, ки аз давраи таъини нафақаи собиқаи кории нопурра чанд вақт гузаштааст, аз нав ҳисоб карда мешавад.
Дар ин ҳол нафақаи пурра дар мавриди маъюбӣ ба шарте муқаррар мешавад, ки нафақахўр мутобиқи синну солаш то лаҳзаи фарорасии маъюбӣ собиқаи кории барои таъини нафақаи пурра лозимро дошта бошад (моддаи 23-юми ин Қонун).
Нафақа бо интихоби нафақахўр аз маоше, ки нафақа аввал аз рўи он таъин шудааст (ё баъдан мувофиқи тартиби дар моддаи 78-уми ҳамин Қонун пешбинишуда аз нав ҳисоб шудааст) ва ё аз маоши охирин аз нав ҳисоб карда мешавад.
Моддаи 80. Ба маош дохил намудани пардохти молии музди меҳнат
Барои аъзои колхозҳо, кооперативҳои дигар, кормандони совхозҳо ва корхонаю ташкилотҳои дигаре, ки дар баробари музди пулӣ ҳаққи молие мегиранд, ки аз арзиши он ҳаққи суғуртавӣ ситонида мешавад, ҳангоми муайян намудани маоши миёнаи моҳона аз рўи нархи чаканаи давлатӣ даврае ба ҳисоб гирифта мешавад, ки музди меҳнат дода мешуд.
Моддаи 81. Ҳисоб кардани музди давраи кор дар хориҷа
Ҳангоми ҳисоб кардани музди миёнаи моҳонаи кормандоне, ки барои кор ба хориҷа фиристода шудаанд (рафтаанд), аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ, маоше, ки пеш аз фиристодан рафтан ба хориҷа мегирифтанд (моддаҳои 70-76-уми ин Қонун) ва ё мувофиқи интихобашон маоше, ки дар асоси моддаи 82-юми ин Қонун муайян мешавад, ба назар гирифта мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Моддаи 82. Ҳисоб кардани нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардаанд
Нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардаанд, аз музди меҳнат (даромаде), ки аз он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмҳои суғуртаи иҷтимоӣ пардохт шудаанд, ҳисоб карда мешавад.
Нафақаи муҳоҷирони меҳнатӣ аз маблағи саҳмҳои суғуртаи иҷтимоии ба мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохтнамудаашон ҳисоб карда мешавад.
Тартиби ҳисоби нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардаанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Моддаи 83. Ҳисоб кардани нафақаи мавриди маҳрум шудан аз саробон. Ҳисоби нафақаи оилаҳои нафақахўрон
Ҳангоми ҳисоб кардани нафақа барои маҳрум шудан аз саробон мутобиқан моддаҳои 70 - 76, 80 - 82 ва 86-и Қонун истифода мешаванд.
Нафақаи оилаҳои нафақахўрон барои маҳрум шудан аз саробон аз ҳамон музде ҳисоб карда мешавад, ки нафақаи саробон аз он ҳисоб шуда буд.
Нафақаи оилаҳои нафақахўроне, ки ҳуқуқи аз нав ҳисоб кардани нафақаро мувофиқи тартиби пешбиникардаи моддаи 78-уми ин Қонун доштанд, аз музде ҳисоб карда мешавад, ки нафақаи саробон аз он ҳисоб шуда буд.
Моддаи 84. Хорич карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823)
Моддаи 85. Аъзои оилае, ки барояшон иловпулӣ ҳисоб карда мешавад
Иловапулӣ ба нафақаи нафақахўроне, ки кор намекунанд ва аъзои корношоями оила доранд, барои аъзои оила, ки дар моддаҳои 36, 37, 39 ва 40-уми ин Қонун зикр ёфтаанд, дода мешавад. Ин иловапулӣ барои аъзои оила, ки худ нафақаи меҳнатӣ ё иҷтимоӣ мегиранд, дода намешавад.
Дар сурати дар оила будани ду ва зиёда нафақахўри бекор ҳар узви корношоями оила, ки дар таҳти саробонии ягонаи онҳо қарор доранд, ҳангоми ҳисоб кардани иловапулӣ бо хости худи нафақахўрон фақат барои яке аз нафақахўрон муайян карда мешавад.
Моддаи 86. Ҳисоб кардани нафақаи шахсони сокини ноҳияҳое, ки барои музди меҳнат коэффисиенти ноҳиявӣ муқаррар шудааст
Барои шахсони сокини ноҳияҳое, ки дар он ҷо ба музди меҳнати коргарону хизматчиён коэффисиенти ноҳиявӣ муқаррар шудааст, ҳангоми таъини нафақа музди воқеии меҳнат бо истифодаи коэффисиенти ноҳиявӣ ба назар гирифта мешавад.
Андозаи камтарини нафақае, ки аз рўи ин Қонун барои ноҳияҳои коэффисиенти ноҳиявиашон муқарраршуда таъин мегардад, барои давраи истиқомат дар ин ноҳияҳо бо татбиқи коэффисиенте, ки дар ҳамин ноҳия барои коргарон ва хизматчиёни соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ ҷорӣ аст, муайян карда мешавад.
Моддаи 87. Аз нав ҳисоб кардани нафақа бинобар тағйир ёфтани вазъи оила, дохил шудан ба кор ё қатъ кардани кор
Агар нафақахўр баъд аз таъмини нафақа бинобар тағйир ёфтани шароити оилавӣ, дохил шудан ба кор ё қатъ кардани кор ба гирифтани иловапулӣ барои аъзои корношоями оила ҳуқуқ пайдо кунад ё аз ин ҳуқуқ маҳрум шавад, ё андозаи ин иловапулӣ тағйир ёбад, нафақаи вай мутаносибан аз нав ҳисоб карда мешавад.
ФАСЛИ VIII. ТАЪИН КАРДАНИ НАФАҚА
Моддаи 88. Тартиби муроҷиат барои таъин кардани нафақа
Ариза дар бораи таъин кардани нафақа ба коргарон, хизматчиён ва аъзои оилаи онҳо (дар ҳолати маҳрум шудан аз саробон) тавассути маъмурияти корхона, муассисаю ташкилоти ҷои охирини кор дода мешавад.
Ариза дар хусуси таъини нафақаи аъзои колхозҳо ва кооперативҳои дигар ва оилаҳои онҳо тавассути раёсати колхоз (кооператив) дода мешавад.
Маъмурият (раёсат) дар якҷоягӣ бо кумитаи иттифоқи касаба дар муддати даҳ рўзи баъд аз воридшавии ариза ҳуҷҷатҳои заруриро дар бораи собиқаи корӣ ва музди меҳнат ба расмият дароварда, якҷоя бо ариза ва дархости худ онҳоро ба сохтори маҳаллии мақомоти ваколатдори маҳалли истиқомати аризадиҳанда равон мекунад. Агар пешниҳод барои таъини нафақаи корманде, ки муроҷиат намудааст, рад карда шавад, ба ў дар ин хусус ба шакли хаттӣ хабар дода, сабабҳои он зикр карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 789).
Дар ҳолатҳое, ки шахси барои нафақа муроҷиаткарда бо қарори маъмурият (раёсат) ва кумитаи иттифоқи касаба дар бораи рад карда шудани пешбариаш барои таъини нафақа розӣ набошад, метавонад дар хусуси таъини нафақа бевосита ба сохтори маҳаллии мақомоти ваколатдор ариза диҳад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 789).
Ариза дар бораи нафақаи шаҳрвандони дигар ва аъзои оилаҳои онҳо бевосита ба сохтори маҳаллии мақомоти ваколатдори аҳолии маҳалли истиқомати аризадиҳанда супурда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 789).
Сохторҳои маҳаллии мақомоти ваколатдор вазифадоранд, ки аз рўи масъалаҳои таъини нафақа тавзеҳоту маълумот диҳанд ва ба аризадиҳанда дар гирифтани ҳуҷҷатҳои зарурӣ мусоидат намоянд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 789).
Шўъбаҳои ҳимояи иҷтимоии аҳолӣ ҳақ доранд аз корхонаю ташкилотҳо ва шахсони алоҳида ҳуҷҷатҳои дахлдор талаб кунанд, ҳамчунин дар мавриди зарурат асоснок будани дода шудани онҳоро тафтиш намоянд.
Моддаи 89. Мақомоти таъинкунандаи нафақа
Нафақаро мақомоти ваколатдор таъин менамояд. Тартиби ташкил ва фаъолияти мақомоти ваколатдорро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 789).
Моддаи 90. Мўҳлати баррасии ҳуҷҷатҳои таъини нафақа
Ҳуҷҷатҳои таъини нафақаро мақомоте, ки нафақа таъин мекунанд (моддаи 89), на дертар аз 10 рўзи расидани онҳо баррасӣ менамоянд.
Қарори рад кардани таъини нафақа ба сабабҳои мувофиқат накардани он ба шартҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур дар тамоми ҳолатҳо танҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдор қабул мешавад. Шўъбаи ҳимояи иҷтимоии аҳолӣ на дертар аз 5 рўзи пас аз баровардани қарори дахлдор ба корхона, ташкилот ё арзкунанда хабари рад шудани таъини нафақаро ба дасташон медиҳад ва ё мефиристад ва дар он сабабҳои радшавӣ ва тартиби шикоят карданро нишон медиҳад ва ҳамзамон тамоми ҳуҷҷатҳоро бармегардонад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 789).
Моддаи 91. Шикоят аз болои қарори мақомоти ваколатдор
(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 789)
Аз болои қарори мақомоти ваколатдор мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти ваколатдори давлатӣ ё суд шикоят кардан мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 789).
Моддаи 92. Мўҳлати таъини нафақа
Нафақа аз рўзи муроҷиат кардан барои нафақа таъин карда мешавад, ғайр аз ҳолатҳои зерин, ки нафақа пештар таъин карда мешавад:
а) нафақа аз рўи синну сол ва маъюбӣ аз рўзи расидан ба сини нафақа ё мутобиқан муқаррар намудани маъюбӣ аз ҷониби Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ таъин карда мешавад, агар барои нафақа на дертар аз 3 моҳи рўзи расидан ба синни нафақа ё муқаррар намудани маъюбӣ муроҷиат шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 333);
б) нафақа барои маҳрум шудан аз саробон аз рўзи ҳуқуқ ба нафақа пайдо кардан, вале на бештар аз 12 моҳи пеш аз муроҷиат барои нафақа таъин карда мешавад.
Моддаи 93. Мўҳлати аз нав ҳисоб кардани нафақаи таъиншуда
Нафақаи таъиншуда дар мўҳлатҳои зерин аз нав ҳисоб карда мешавад:
дар мавриди фаро расидани ҳуқуқи зиёд кардани нафақа - аз рўзи якуми моҳе, ки дар он нафақахўр барои аз нав ҳисоб кардани нафақа муроҷиат кардааст, агар аризаи дахлдор бо тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ то рўзи 15-уми моҳ дода шуда бошад ва аз рўзи якуми моҳи оянда, агар ў ариза ва тамоми ҳуҷҷатҳои заруриро баъди рўзи 15-уми моҳ дода бошад;
дар мавриди рўй додани ҳолатҳое, ки боиси кам шудани нафақа мегарданд, аз рўзи якуми моҳе, ки дар он ин ҳолатҳо рўй додаанд, агар онҳо то рўзи 15-уми моҳ фаро расида бошанд ва аз рўзи якуми моҳи оянда, агар онҳо пас аз рўзи 15-уми моҳ воқеъ шуда бошанд.
Дар ҳолатҳои пешбиникардаи модаҳои 33 ва 50-уми Қонуни мазкур нафақа аз мўҳлате, ки дар ҳамин модаҳо зикр гардидааст, аз нав ҳисоб карда мешавад.
Моддаи 94. Аз як нафақа ба нафақаи дигар гузаронидан
Нафақахўрро аз як нафақа ба нафақаи дигар мақомоти ваколатдор мегузаронад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 789).
Нафақахўр аз рўзи супурдани аризаи дахлдор ва тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ (агар онҳо дар парвандаи нафақа набошанд), аз як нафақа ба нафақаи дигар гузаронида мешавад.
Моддаи 95. Хорич карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823)
ФАСЛИ IХ. ДОДАНИ НАФАҚА
Моддаи 96. Пардохти нафақа
(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823)
Нафақаҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдори пардохткунандаи нафақа дар ҷойи қайди воқеии нафақагир, пардохт карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823, аз 18.03.2015 № 1199).
Моддаи 97. Хорич карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823)
Моддаи 98. Вазифаи нафақахўрон ва роҳбарони корхонаю ташкилотҳо дар бобати хабардор кардани сохторҳои маҳаллии мақомоти ваколатдор ва тағйироти шароите, ки ба нафақагирӣ таъсир мерасонанд
(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 789)
Дар ҳолатҳое, ки бинобар мавҷуд будани музди кор ё даромади дигар нафақаи таъиншуда ба андозаи камтар дода шавад ё умуман дода нашавад, нафақахўрон бояд аз хусуси музди кор ё даромади дигарашон ба сохторҳои маҳаллии мақомоти ваколатдорро хабар диҳанд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 789).
Нафақахўроне, ки барои маҳрум шудан аз саробон нафақа мегиранд, ҳамчунин вазифадоранд, ки аз хусуси тағйир ёфтани ҳайати аъзои оила, ки барои онҳо нафақа ё ин ки иловапулӣ ба нафақа мегиранд, шўъбаҳои таъминоти иҷтимоиро огоҳ намоянд.
Роҳбарони корхонаю ташкилотҳо вазифадоранд, ки аз хусуси ба кор қабул шудани нафақахўрон ба сохторҳои маҳаллии дахлдори мақомоти ваколатдор дар мўҳлати 5 рўз хабар диҳанд. Дар акси ҳол маблағи зарари расонидашуда аз корхонаи гуннаҳкор ва нафақахўр мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ ситонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 789).
Моддаи 99. Додани нафақа аз рўи ваколатнома ва тартиби ба расмият даровардани он
(Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1199)
Нафақаро ба истиснои нафақаи маъюбони гурўҳҳои II ва III аз рўи ваколатнома додан мумкин аст. Ваколатнома ба мўҳлати на бештар аз 12 моҳ дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1199).
Агар дар ваколатнома мўҳлат зикр нашуда бошад, он дар давоми як соли пас аз рўзи ба расмият дароварданаш эътибор дорад. Ваколатномаро бояд идораи нотариалӣ, идораи манзил ё ташкилотҳои дигари хонагии манзили маҳалли истиқомати нафақахўр ва ё муассисаи табобатие, ки нафақахўр дар он бистарию муолиҷа мешавад, тасдиқ намояд (Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 № 1199).
Моддаи 100. Додани нафақаи давраи гузашта
Пули нафақае, ки онро нафақахўр дар вақташ нагирифтааст, барои давраи гузаштаи на бештар аз 3 соли пеш аз муроҷиаташ барои гирифтани нафақа дода мешавад.
Маблағи нафақае, ки бо айби мақомоти нафақатаъинкунанда ё нафақадиҳанда сари вақт гирифта нашудааст, барои давраи гузашта бе ягон маҳдудияти мўҳлат дода мешавад.
Моддаи 101. Масъулияти дурустии маълумоте, ки дар ҳуҷҷатҳои таъин кардану додани нафақа оварда шудаанд ва сари вақт таъин накардану напардохтани нафақа
(Қонуни ҶТ аз 14.05.1999 № 748)
Корхона (ташкилот, шаҳрванд) барои дурустии маълумоте, ки дар ҳуҷҷатҳои таъин кардану додани нафақа оварда шудаанд, масъул мебошад.
Дар ҳолатҳое, ки маълумоти дар ҳуҷҷатҳо овардашуда нодуруст буда, дар асоси онҳо нафақа дода шудааст, корхона зарари расонидашударо ба мақомоти ваколатдор ҷуброн мекунад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 789).
Шахсоне, ки барои вайрон кардани моддаи мазкур гуннаҳкоранд, мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 14.05.1999 № 748).
Моддаи 102. Додани нафақа ба шахсоне, ки дар хонаю интернатҳои пирону маъюбон зиндагӣ мекунанд
Ба нафақахўроне, ки дар хона-интернатҳои (пансионатҳои) пирону маъюбон зиндагӣ мекунанд, моҳе 10 фоизи нафақаи таъиншуда, вале на камтар аз 20 фоизи нафақаи камтарини пиронсолӣ дода мешавад. Дар ҳолатҳое, ки андозаи нафақаи онҳо аз хароҷоти парасторӣ дар ин хона-интернатҳо (пансионатҳо) зиёд бошад, фарқи нафақа ва пули парасторӣ дода мешавад, вале он ҳар моҳ на камтар аз 10 фоизи нафақаи таъингардида ва на камтар аз 20 фоизи нафақаи камтарини пиронсолӣ бошад.
Агар нафақахўр дар хона-интернатҳои (пансионатҳои) пирону маъюбон зиндагӣ карда, аъзои корношоями оила дошта бошад ва онҳо нонхўри вай бошаид (модаҳои 36, 37, 39 ва 40-уми Қонуни мазкур), нафақа аз рўи тартиби зерин дода мешавад: 10 фоизн нафақа, вале на камтар аз 20 фоизи нафақаи камтарини синну сол ба худи нафақахўр ва қисми боқимондаи нафақа, вале на бештар аз 50 фоизи нафақаи таъингардида ба ин аъзои оила дода мешавад.
Нафақаҳои иҷтимоӣ ба андозаи 10 фоизи нафақаи камтарин аз рўи синну сол пардохт мешаванд.
Моддаи 103. Додани нафақа дар давраи муолиҷа дар табобатхона
Дар давраи дар табобати статсонарӣ дар беморхона, клиника, госпитал ва дигар муассисаҳои табобатӣ, инчунин махавхонаҳо будан нафақа пурра дода мешавад.
Моддаи 104. Пардохти нафақа ба маҳкумшудагон
Пардохти нафақа ба маҳкумшудагон дар асосҳои умумӣ ва пурра аз ҷониби сохторҳои маҳаллии мақомоти ваколатдор дар маҳали ҷойгиршавии муассисаҳои ислоҳи, бо роҳи гузаронидани нафақа ба ҳисобномаи шахсии маҳкумшудагон анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 84, аз 26.12.2011 № 789).
Моддаи 105. Касри нафақа
Нафақа дар мавридҳои зерин каср карда мешавад:
а) дар асоси қарорҳо, таъиноту ҳукмҳои суд (дар қисмати ситонидани амвол), муқаррароти идораҳои нотариалӣ ва дигар қарорҳое, ки иҷрояшон мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби барои иҷрои қарорҳои суд муқарраргардида ба анҷом расонида мешавад;
б) дар асоси қарорҳои мақомоти ваколатдор барои ситонидани маблағе, ки ба нафақахўр бар асари суиистеъмол аз ҷониби ў зиёдатӣ пардохт шудааст (дар натиҷаи пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳои дорои маълумоти қасдан ғалат, пинҳон кардани музди меҳнат ё дигар даромад, пешниҳод накардани маълумоти тағйири ҳайати аъзои оила) (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 789).
Uайр аз мавридҳои дар боло зикргардида ба ягон хел касри дигари нафақа роҳ дода намешавад.
Андозаи маблағи касри нафақа аз маблағе, ки ба нафақахўр бояд пардохт шавад, ҳисоб карда мешавад.
Барои таъмини аъзои оила (алиментҳо), товони зарари дуздии амволи ташкилоту корхонаҳо, маъюб кардан ё дигар хел осеб расонидан ба саломатӣ, инчунин бо сабаби фавти саробон, дар ҳолатҳои пешбиникардаи қонунгузорӣ барои бозгардонидани маблағи зиёдгирифтаи музди меҳнат на бештар аз 50 фоизи нафақа каср шуда метавонад.
Аз рўи тамоми намудҳои дигари маблағситонӣ на бештар аз 20 фоизи нафақа каср шуда метавонад. Нафақа дар асоси қарорҳои мақомоти ваколатдор зиёда аз касрҳои дигар ба андозаи на бештар аз 20 фоизи нафақа каср мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 789).
Дар тамоми ҳолатҳои касри нафақа барои нафақахўрон на камтар аз 50 фоизи нафақаашон мононда мешавад.
Агар пардохти нафақа пеш аз пурра кандани қарзе, ки дар натиҷаи барзиёд гирифтани нафақа каср мешаваду он дар асоси қарорҳои мақомоти ваколатдор қатъ гардидааст (масалан, бар асари барқаpop шудани коршоямӣ), қарзи боқимонда аз тариқи судӣ ситонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 789).
Моддаи 106. Додани нафақаи нагирифтаи нафақахўр бинобар фавти ў ва додани ёрдампулӣ барои дафн
Маблағе, ки ба нафақахўр бояд пардохт мешуду бинобар фавтиданаш пурра гирифта нашудааст, ба мерос дохил карда намешавад ва ба он аъзои оила пардохт мешавад, ки ба ҷумлаи шахсони бо нафақа барои маҳрум шудан аз саробон таъминшаванда мансубанд (модаҳои 36, 37, 39, 40-уми Қонуни мазкур). Аммо волидайн ва ҳамсар, инчунин дигар аъзои оилаи нафақахўр, ки то рўзи фавташ бо ў якҷоя истиқомат мекарданд, новобаста аз он ки ба доираи шахсони бо нафақа барои маҳрум шудан аз саробон таъминшаванда мансуб намебошанд, ба гирифтани ин маблағ ҳуқуқ доранд.
Дар сурати муроҷиати якчанд аъзои оила маблағи нафаға, ки онҳо ба он ҳақ доранд, дар байнашон баробар тақсим карда мешавад.
Маблағи мазкур дар мавриде пардохт мешавад, ки барои гирифтани он на дертар аз 6 моҳи баъди фавти нафақахўр муроҷиат карда бошанд.
Дар сурати фавти нафақагир ба аъзои оилаи ў тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кўмакпулӣ барои дафн пардохт карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Агар маросими дафни нафақахўрро шахсоне анҷом диҳанд, ки аъзои оила намебошанд, кўмакпулӣ ба ин шахсон ба андозаи на зиёдтар аз маблағи хароҷоти воқеии дафн дар ҳудуди андозаи зикргардидаи ёрдампулӣ дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Моддаи 107. Додани нафақа ба шаҳрвандоне, ки ба хориҷа рафтаанд
Ба шаҳрвандоне, ки барои истиқомати доимӣ ба хориҷа рафтаанд, нафақа таъин намешавад.
Нафақае, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабл аз рафтан ба хориҷа барои истиқомати доимӣ таъин гардидааст, қабл аз рафтан ба хориҷа барои 6 моҳ пешакӣ дода мешавад. Ҳангоми дар хориҷа будани ин шаҳрвандон танҳо нафақаҳое дода мешаванд, ки ба сабаби маиб шудан дар кор ё бемории касбӣ таъин шудааст.
Тартиби таҳвили нафақаҳои бар асари маиб шудан дар кор ё бемории касбӣ таъингардида ба дигар кишварҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
Моддаи 108. Созишномаҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мамлакатҳои дигар оид ба муҳофизати иҷтимоӣ
Дар ҳолатҳое, ки дар созишномаҳои (шартномаҳои) ҳимояи иҷтимоии аҳолии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои дигар қоидаҳои дигаре нисбат ба қоидаҳои дар Қонуни мвзкур зикргардида пешбинӣ шуда бошанд, мутобиқан қоидаҳои дар ин созишномаҳо (шартномаҳо) муқарраргардида истифода мешаванд.
ФАСЛИ Х. НАФАҚАҲОИ ИҶТИМОӢ
Моддаи 109. Шаҳрвандоне, ки ба нафақаи иҷтимоӣ ҳуқуқ доранд
Нафақаҳои иҷтимоӣ ба шахсони зерине, ки кор намекунанд (ғайр аз маъюбон аз кўдакӣ), дар сурати надоштани ҳуқуқи нафақаи меҳнатӣ таъин карда ва дода мешаванд:
Маъюбони гурўҳҳои I ва II, аз ҷумла ба маъюбон аз кўдакӣ, инчунин маъюбони гурўҳи III;
шахсоне, ки ба синну соли зерин расидаанд:
мардҳо - 65 сол, занҳо - 60 сол;
кўдакон - дар сурати маҳрум шудан аз саробон (банди "а"-и моддаи 36-уми Қонуни мазкур);
кўдакони маъюби то 18-сола (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Номгўи далелҳои тиббие, ки ба кўдакони маъюби то 18-сола ҳуқуқи гирифтани нафақаи иҷтимоӣ медиҳанд, бо тартиби аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршаванда муайян карда мешавад Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223, (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Моддаи 110. Андозаи нафақаҳои иҷтимоӣ
Нафақаи иҷтимоӣ аз рўи андозаҳои зерин таъин карда мешавад:
а) ба маъюбони гурўҳи I, маъбони гурўҳҳои I ва II аз кўдакӣ ва кўдакони маъюби то 18-сола - 100 фоизи андозаи камтарини нафақа аз рўи синну сол (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823);
б) ба маъюбони гурўҳи II, ғайр аз маъюбон аз кўдакӣ, шахсони ба ин синн расида: мардҳо ба 65, занҳо ба 60, ба кўдакон барои маҳрум шудан аз саробон (банди "а"-и моддаи 36-уми Қонуни мазкур) барои ҳар як кўдак - 50 фоизи андозаи камтарини нафақа аз рўи синну сол; ба кўдакони аз волидайн маҳрумшуда (ятимони якка) - 100 фоизи андозаи ҳадди ақалли нафақа аз рўи синну сол;
в) ба маъюбони гурўҳи III - 30 фоизи ҳадди ақалли нафақа аз рўи синну сол.
Ба модароне, ки 10 ва зиёда аз ин фарзанд таваллуд карда, онҳоро то 8-солагӣ тарбия намудаанд, нафақаи иҷтимоӣ дар ҳар кадом ҳолат ба андозаи на камтар аз 100 фоизи андозаи ҳадди ақалли нафақа аз рўи синну сол таъин карда мешавад.
Моддаи 111. Татбиқи коэффисиенти ноҳиявӣ ба андозаи нафақа
Барои шахсони истиқоматкунандаи ноҳияҳое, ки дар он ҷо нисбати музди меҳнати кормандон ва хизматчиён коэффисиентҳои ноҳиявӣ муқаррар гардидаанд, андозаи нафақаи иҷтимоӣ барои давраи истиқомати онҳо дар ин ноҳияҳо бо истифодаи коэффисиенти дар ин ноҳия барои коргарон ва хизматчиёни соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ муқарраргардида муайян карда мешавад.
Моддаи 112. Ҳуқуқи интихоби нафақаи иҷтимоӣ ё иловапулии нафақаи меҳнатӣ
Дар сурати дар як вақт мавҷуд будани ҳуқуқ ба нафақаи иҷтимоӣ ва иловапулӣ ба нафақаи меҳнатии саробони гирандаи нафақаи иҷтимоӣ барои аъзои корношоями оила тибқи моддаҳои 18 ва 31 Қонуни мазкур, мувофиқи интихоби муроҷиаткунанда ё нафақаи иҷтимоӣ ё иловапулӣ ба нафақаи меҳнатии саробони ў таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Моддаи 113. Тартиби таъин кардан ва додани нафақаи иҷтимоӣ
Нафақаи иҷтимоӣ аз рўи муроҷиат кардан барои нафақа таъин карда мешавад. Ҳангоми таъин кардан ва додани нафақаи иҷтимоӣ мутобиқан модаҳои 89 - 91, 93, 94, 96, 98 - 106 ва 108-уми Қонуни мазкур истифода мешаванд.
ФАСЛИ ХI. ТАРТИБ ВА ШАРТҲОИ A3 НАВ ҲИСОБ КАРДАНИ НАФАҚА
Моддаи 114. Зиёд кардани андозаи нафақаҳо бинобар индексатсияи даромади аҳолии бо назардошти нархҳои молҳои истеъмолӣ ва хизматрасонӣ
Андозаи нафақаҳо бинобар индексатсияи даромади аҳолии бо назардошти нархҳои молҳои истеъмолӣ ва хизматрасонӣ мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 14.05.1999 № 748).
Моддаи 115. Аз нав ҳисоб кардани нафақаи пештар таъингардида
Нафақа дар асоси ҳуҷҷатҳои синну сол, собиқаи корӣ, музди меҳнат ва ҳуҷҷатҳои дигаре, ки дар парвандаи нафақа то лаҳзаи азнавҳисобкунӣ мавҷуд мебошанд, инчунин ҳуҷҷатҳои иловагие, ки онҳоро нафақахўр то лаҳзаи азнавҳисобкунӣ пешниҳод кардааст, аз нав ҳисоб карда мешавад.
Агар нафақахўр баъдтар ҳуҷҷатҳои иловагиеро (дар хусуси собиқаи корӣ, музди меҳнат, вазъи оилавӣ ва ғайра), ки ҳуқуқи минбаъдаи зиёд кардани нафақаро медиҳанд, пешниҳод намояд, нафақа бинобар татбиқи Қонуни мазкур аз нав дар асоси нормаҳои Қонуни мазкур ҳисоб карда мешавад. Дар ин ҳол нафақа аз рўи мўҳлатҳое, ки дар моддаи 93-юми Қонуни мазкур зикр гардидаанд, аз нав ҳисоб карда мешавад.
Моддаи 116. Музди меҳнате, ки ҳангоми аз нав ҳисоб кардани нафақа ба назар гирифта мешавад
Нафақаҳое, ки мувофиқи қонунгузории пештар амалкунанда таъин гардидаанд, бо интихоби нафақахўр аз музди миёнаи моҳонаи 5 сол ё 2 соли (модаҳои 70 - 76 ва 86-уми Қонуни мазкур) пеш аз татбиқи Қонуни мазкур барои категорияҳои дахлдори нафақахўрон ё пеш аз таъини нафақа ё аз музди маҳнате, ки пештар нафақа ҳисоб карда шуда буд, аз рўи ҳуҷҷатҳои дар парвандаи нафақа буда аз нав ҳисоб карда мешавад.
Зимни аз нав ҳисоб кардани нафақа аз музди кор маош тибқи индекси афзоиши музди миёнаи моҳонаи ҷумҳурӣ барои даврае меафзояд, ки аз лаҳзаи ҳисоб кардани нафақа гузаштааст. Тартиби аз нав ҳисоб кардани нафақаро мувофиқи ҳамин модда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд Қонуни ҶТ аз 1.02.1996 № 223).
Моддаи 117. Тартиби таъини нафақаи имтиёзнок ба шахсоне, ки то замони татбиқи Қонуни мазкур ба нафақаи имтиёзнок ҳуқуқ доштанд
Ба шахсоне, ки то замони татбиқи Қонуни мазкур ба кори шароити меҳнаташ зараровару вазнин машғул буданд ва ин дар қонунгузории собиқа пешбинӣ шуда буд, нафақа аз рўи синну сол бо шартҳои зерин таъин карда мешавад:
а) ба шахсоне, ки то рўзи татбиқи Қонуни мазкур собиқаи пурраи корҳои мазкурро, ки ба нафақаи шартҳояш имтиёзнок ҳуқуқ медиҳад, доранд, нафақа ба андозаи пешбиникардаи Қонуни мазкур мутобиқи талаботи синну сол ва собиқаи корие, ки бо қонунгузории пештар амалкунанда муқаррар шудааст, таъин карда мешавад;
б) синни шахсоне, ки собиқаи пурраи кори дорои шароити зараровар вa вазнини меҳнат надоранд, ва ин синн мувофиқи моддаи 11-уми ҳамин Қонун барои таъини нафақа зарур аст, мутаносибан ба собиқаи кории мавҷуда бо тартиби пешбиникардаи моддаи 12-уми Қонуни мазкур дар асоси талаби собиқаи кории дар қонунгузории ҷории пештар муқарраргардида кам карда мешавад.
Моддаи 118. Нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823)
Нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун илова ба нафақаи таъингардидаи меҳнатӣ барои мардон аз синни 63-солагӣ ва барои занҳо аз синни 58-солагӣ ё дар ҳолатҳои дигаре, ки мувофиқи Қонуни мазкур нафақаи меҳнатӣ таъин гардидааст, муқаррар карда мешавад.
Шартҳо ва тартиби таъини нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
ФАСЛИ ХII. ҲУҚУҚИ ШЎРОҲОИ МАҲАЛЛИИ ДЕПУТАТҲОИ ХАЛҚ ВА КОЛЛЕКТИВҲОИ МЕҲНАТӢ ДАР БОБАТИ ТАЪМИНОТИ МОДДИИ НАФАҚАХЎРОН
Моддаи 119. Ҳуқуқи Шўроҳои маҳаллии депутатҳои халқ дар бобати муқаррар намудани навъҳои иловагии таъминоти моддии нафақахўрон
Бо ин Қонун сатҳи тазминшудаи таъминоти моддии иштирокдорони ҷангу меҳнат ва дигар шаҳрвандони корношоями Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Шўроҳои маҳаллии депутатҳои халқ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ аз ҳисоби маблағи худ метавонанд бо назардошти буҷети ҳадди ақалли истеъмолии ин минтақа тадбирҳои иловагии таъминоти моддии нафақахўронро муқаррар намоянд.
Ба нафақахўрону маъюбон аз ҳисоби маблағи дахлдори буҷети маҳаллӣ иловапулию имтиёзҳои зайл муқаррар шуда метавонанд:
иловапулӣ ба ҳадди ақалли нафақа, ба ҳамаи намудҳои нафақаҳо мувофиқи тағйири арзиши зиндагонӣ ва афзоиши музди меҳнат дар ҷумҳурӣ (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823);
иловапулӣ барои нигоҳубини нафақахўрони танҳо, ки мўҳтоҷи нигоҳубини каси дигаранд;
имтиёзи адои хизмати тиббӣ ва муолиҷа дар санаторияю курортҳо;
имтиёзи додани музди хона, музди хизмати коммуналӣ ва рафтуомад дар нақлиёти ҷамъиятӣ;
имтиёзи нархи билети нафақахўрон ҳангоми рафтан ба муассисаҳои маданияту маърифат ва театру намоишгоҳҳо.
Моддаи 120. Ҳуқуқи коллективҳои меҳнатӣ
Маъмурияти корхонаю ташкилотҳо якҷоя бо кумитаҳои иттифоқҳои касаба ва Шўрои коллективи меҳнатӣ ҳуқуқ доранд аз ҳисоби маблағи худ, ки барои пaрдохти музди меҳнат пешбинӣ шудааст, масъалаҳои вобаста ба беҳдошти шароити зисти собиқадорон ва маъюбони дар ҳамин коллективҳо коркарда ва дигар нафақахўронро ҳал намояд, аз ҷумла корҳои зайлро анҷом диҳад:
бо назардошти саҳми меҳнатии корманд, давомнокии собиқаи кории умумӣ ва бефосила ба нафақаҳо иловапулӣ муқаррар намояд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823);
барои кормандони дар корҳои дорои шароити номусоид ё дар ноҳияҳои дорои шароити махсуси иқлимӣ машғулбуда нафақаи пеш аз мўҳлат ҷорӣ намояд, агар онҳо аз рўи шароити меҳнат мувофиқи Қонуни мазкур ҳуқуқи нафақаи имтиёзнок надошта бошанд;
хорич карда шуд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823);
ба нафақахўрони яккаву танҳое, ки мўҳтоҷи нигоҳубини каси дигаранд, барои нигоҳубини онҳо иловапулӣ муқаррар намояд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823);
нисбати нафақаҳо иловапулиҳои (пардохтҳои иловагии) шахсӣ ҷорӣ намояд, ҳангоми ба нафақа баромадан ба кормандоне, ки дар назди ҳамин коллективи меҳнатӣ хизмати шоён кардаанд ва пеш аз ҳама барои муваффақиятҳои зиёд дар меҳнат ёрдампулии якдафъаина диҳад.
Корхонаю ташкилотҳо ҳуқуқ доранд аз ҳисоби маблағи худ барои равнақу ривоҷи иҷтимоии пешбинишуда ба нафақахўрон дар бобати додани хонапулӣ, хароҷоти тарбияи кўдакони кўдакистонҳои тобеи корхонаю ташкилотҳо имтиёзҳо муқаррар намоянд, музди сўзишворӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ, воситаҳои инфиродии ҳаракат, дигар молҳои ба нафақахўрон зарур, саҳмпулии кооперативҳои сохтмони манзил, боғдорӣ, сохтмони гараж, арзиши билетҳои ҳамаи хелҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ва тамошо, муассисаҳои маданияту маърифат ва театру намоишгоҳҳоро қисман ё пурра ба зимма гиранд, ба нафақахўрон ёрии дигар расонанд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 823).
Корхонаю ташкилотҳо вазифадоранд ба нафақахўрон зимни истифодаи комплексҳои варзишию солимгардонӣ, хонаҳои истироҳат, пансионатҳо, санаторияҳо, муассисаҳои маданияту маърифати тобеи ин ташкилоту корхонаҳо имтиёзҳо диҳанд.
Раиси
Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                         Э. РАҲМОНОВ
ш.Душанбе
аз 25 июни соли 1993 № 796