ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2141 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИСТЕҲСОЛОТИ ОРГАНИКӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11.02.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2117 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ АСНОДИ ҲОЛАТИ ШАҲРВАНДӢ» Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 02.01.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2119 Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 02.01.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – КАФИЛИ СУЛҲ, УСТУВОРӢ ВА ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Пшб, 26/06/2025 - 11:17
     Ваҳдати миллӣ меҳвари сиёсати дохилии давлати мо буда, онро пойдору устувор нигоҳ медорад ва вазифаи муқаддаси ҳамаи мо аз он иборат аст, ки бо саъю талоши пайваста аркони давлати соҳибихтиёрамонро боз ҳам таҳким бахшем.
Эмомалӣ Раҳмон
 
     Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ муҳим он аст, ки ҳар як миллат соҳиби давлат бошаду аз ҳастӣ ва ҳувиятсозии худ бохабар. Ҷумҳурии Тоҷикистон айни ҳол дар марҳилаи рушди ҳамаҷониба қарор дорад ва зарурати таъмини суботи иҷтимоию иқтисодӣ ҳамчун қутбнамо барои татбиқи ислоҳот дар соҳаҳои гуногун ба ҳисоб меравад. Бинобар ҳамин, баъди ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ амалияи ҷамъиятии Тоҷикистон аз корбурди мафҳумҳои нав комилан ғанию рангин гардид, ки дар қатори онҳо калимаҳои «ваҳдат» ва «ҳамгироӣ» аз ҳама зиёдтар мавриди истифода қарор ёфтаанд. Корбурди ин мафҳумҳо ва тибқи муҳтавои онҳо ба роҳ мондани амалияи ҷамъиятӣ ба Тоҷикистон имконият дод, ки дар як муддати нисбатан кӯтоҳ на танҳо худро аз вартаи фалокатбори муноқишаи дохилӣ раҳонад, балки ба як қатор мувафаққиятҳо низ ноил гардад.
     Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки ваҳдату ҳамбастагӣ ба сифати кафили пешрафти ҷомеа бояд пайгирона минбаъд низ ҳамчун мафкураи давлатӣ сармашқи фаъолияти кулли ниҳодҳои расмию ғайрирасмии ҷомеа эътироф карда шавад. Ҳамзамон, барои дар зеҳни аҳли ҷомеа ҷой додани муҳтавои онҳо иқдомҳои ҷиддию ҳамешагӣ сурат гирад.
         Ин ҳидояти роҳбари сиёсии кишвар ба хотири таъмини сулҳу суботи иҷтимоӣ дар миёни мардум якдилона дастгирӣ ёфта, ба омили муттаҳидии кишварамон табдил ёфт. Бояд эътироф кард, ки нақши Сарвари кишварамон дар раванди ба эътидол овардани сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллӣ хеле баланду болост.        Ба андешаи мо, ин намунаи бузурги ҷасорату шуҷоати шахсиятест, ки барои ваҳдати миллӣ усули ваҳдатгароиро ҳамчун методологияи асосии гуфтугӯ ва муколамаи тарафҳои даргир пешниҳоду дастгирӣ намуда, рушди миллати тоҷикро дар ҳамбастагию оромӣ таъмин намуда тавонист.
     Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ҳаёти сиёсии аксар ҷомеаҳо пайдо кардани чунин нерӯ ва имконияте, ки кулли афроди ҷомеаро атрофи мақсади умумӣ муттаҳид месозад, кори басо мушкил ва баъзан имконнопазир низ ҳаст. Аз ин лиҳоз, таҷрибаи Тоҷикистон дар ин самт хеле нодир ва воқеан ҳам шоистаи таҳсин аст.                   Махсусан ин таҷрибаи нодир ба наслҳои минбаъда ва ба кишварҳои мубталои даргирию нооримиҳои идомаёбанда хеле зарурият дорад.
      Қайд кардан ба маврид аст, ки чунин истиқболи ҷомеаи мо аз падидаи ваҳдату ҳамбастагӣ марбут ба он суду дастовардест, ки он аз таҳкими ин раванд барои худ пайдо кард ва алҳол рисолати таъмини рушди ҷомеаро таъмин карда тавонист. Басо рамзист, ки яке санаҳои таърихии навини ҳаёти сиёсии ҷомеаи мо ҳамасола тибқи тақвими ҷашнҳои умумимиллӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯзи ба имзо расидани муоҳидаи сулҳи саросарии миёни гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ ва ҳокимияти давлатӣ аст, ки воқеан ҳам аз муҳтавои мафкураи ваҳдати миллӣ маншаъ мегирад. 
     Бо ба тасвиб расидани ин муоҳида гурӯҳҳои мазкур барои ҳалли масоили баҳсталаб атрофи мизи гуфтушид нишастанро пеша карда, мардумро ба ҳаёти осоишта роҳнамун сохтанд. Хисороти моддию ҷонии таҳаммулкардаи он ҳарчанд хеле сангину ҷуброннопазир буд, вале ба хотири аз байн бурдани чунин зиддияти оштинопазир тавассути саъю кӯшиши сарварони тарафҳои даргир ба анҷом расонида шуд.
     Агар ба истиқрори сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон аз лиҳози зина ба зина ташаккул ёфтанашон назар андозем, мебинем, ки онҳо пайваста аз ду раванди ба ҳам алоқаманд иборат буданд. Яке аз онҳо ин раванди асосноккунии назариявии имконияти ҳалли мусолиматомези низои сиёсии баамаломада ва дигаре ҷустуҷӯи роҳҳои татбиқи амалии тарҳҳои дар ин самт пешниҳодшаванда буд.
     Бояд гуфт, ки ваҳдат ҳамчун падидаи нодири иҷтимоӣ як ҷузъи муҳим ва ногусастании фарҳанг ва ҳаёти иҷтимоии мардуми тоҷикро ташкил медиҳад. Раванди дар тинати фарҳангию ҳаёти иҷтимоии мардуми ин сарзамин ҷой гирифтани ин падидаи нодир, пайроҳаи пурпечутобро тай карда, баҳри шаклгирии фарҳанги умумӣ ва ташаккули иҷтимоии тоҷикон саҳми арзанда гузоштааст.
     Таърихи сиёсии Тоҷикистон дар замони истиқлолият собит месозад, ки кишвари мо аз имтиҳони ҷиддии таърихӣ гузашта, ваҳдат ва ягонагии миллиро устувор намуд ва суботу амниятро тақвият бахшид.
     Таҳлили вазъи дохилии Тоҷикистон аз замони ба даст овардани истиқлолият то имрӯз нишон медиҳад, ки тамоми инфрасохтори як давлати соҳибихтиёр дар кишвар офарида шуда, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва амният дар кишвар ҳукмфармо гардид, низоми фалаҷгаштаи ҳокимияти давлатӣ барқарор ва механизми ҳадафмандонаи фаъолияти он пурра таҳия шуд.
     Набояд фаромӯш кард, ки сулҳ ва суботи кишвар бо саъю кӯшиши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хиради волои мардуми мо ба даст омад. Барои тоҷикон сулҳ ва ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи мақсад ва ҳадафҳои асосӣ ба ҳисоб рафта, падидаи нодиртарин ва дастоварди бузургест. Ваҳдат маънои ягонагӣ, сарҷамъӣ, муттаҳидӣ, ягонагии фикру ақида, як будани мафкура ва поктинату миллатдӯст буданро ифода мекунад. Сулҳ таҷассумгари якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардум аст.
     Гарчанде истиқлолияти давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи хело ҳам сангин ба даст омада бошад ҳам, таҷрибаи рушди давлатдории миллӣ нишон дод, ки мо тавонистем мушкилиҳоро паси cap намуда, ба муваффақиятҳои бузург ноил гардем. Аз он ҷумла:
- барҳам додани ихтилофҳо дар кишвар ва таъмини сулҳу суботи воқеӣ ва замина  гузоштан ба воқеан як ҷомеаи амн ва субот;
- табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба «хонаи умеди тамоми тоҷикони дунё»;
- муаррафӣ намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун ҷумҳурии демократӣ, мустақил, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ;
- амалӣ гардонидан ва тақвият бахшидани барномаҳои чор ҳадафи стратегӣ: «баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ», «таъмини амнияти озуқавории кишвар», «ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ» ва «саноатикунонии босуръати кишвар»;
- муҳайё намудани заминаҳои воқеӣ дар кишвар оиди рушди соҳибкорӣ ва дар маҷмӯъ баланд бардоштани иқтисодиёт;
- эълон намудани «сиёсати дарҳои боз» ва тақвият ёфтани ҳамкориҳои дуҷониба бо давлатҳои ҷаҳон;
- амалӣ намудани барномаҳои маърифатноккунии ҷомеа ва бунёди муассисаҳои таҳсилотӣ ва тиббӣ, аз он ҷумла, мактабҳо, беморхонаҳо, литсейҳо, донишкадаву донишгоҳҳо дар саросари кишвар ва ғ.
     Ҳамин тариқ, тамоми дастовардҳои зикршуда самараи сулҳу ваҳдати миллӣ ва сиёсати оқилонаи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, минбаъд ҳифз намудани ин неъмати бузург ва ба наслҳои оянда мерос гузоштани давлати воқеан тараққиёфта вазифа ва масъулияти ҳар як шаҳрванди ватандӯсту бедордил ба шумор меравад.
 
 
Шеров Шералӣ Зафарович,
         cардори шуъбаи қонунгузорӣ оид
                  ба молия, андозу гумрук ва фаъолияти
                    бонкии Маркази миллии қонунгузории
                                назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад