ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1922 ДАР БОРАИ ТИҶОРАТИКУНОНИИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ Маҷлиси Олӣ 23.02.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon Word PDF icon PDF Package icon Zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1920 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН Маҷлиси Олӣ 23.02.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon Word PDF icon PDF Package icon Zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1921 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САВДОИ ЭЛЕКТРОНӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24.12.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

Баъзе ҷанбаҳои ҳуқуқӣ-экологии маърифати экологии аҳолӣ

-A A +A
Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна Санаи интишор: Дшб, 29/08/2022 - 10:07
     Дар замони ҳозира яке аз муаммоҳои бисёр актуалие, ки тамоми инсониятро ба ташвиш овардааст, ин дараҷаи пасти нишондодҳои солимии муҳити атроф мебошад. Дар ҳақиқат ҳам солҳои охир гарчанде аз ҷониби давлатҳои алоҳида роҷеъ ба беҳтар гардонидани вазъи экологии саёра пешниҳод ва тавофуқоти алоҳида ба амал оварда шаванд ҳам, аммо аз сабаби надоштани механизми густурдаи татбиқи ин ҳадафҳо дар назария боқӣ мемонад.
     Албатта, барои рушди соҳаи экология мақом ва нақши олимони соҳаи мазкур бисёр муҳим арзёбӣ карда мешаванд. Ба ғайр аз ин барои инкишоф додани муносибатҳои ҷамъиятӣ ва танзими дурусти онҳо қонунгузории экологӣ низ нақши калидиро мебозад.
    Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои танзими ҳамаҷонибаи муносибатҳои ҷамъиятӣ оид ба экология ва муносибатҳои мутақобилаи инсоният ва табиат захираи комили қонунгузорӣ амал карда истодааст.
     Барои риоя кардани талаботҳои пешбиникунандаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба экология барои субъекти муносибатҳои мазкур фаҳмиш, шуур ва маърифати муайяне лозим аст, ки метавон ҳамчун «талаботи аққалӣ» ҳисобид. Барои дар шахс рушд додани шуур ва маърифати солими экологӣ, албатта нақши оила ва муассисаҳои томактабиву мактабӣ муҳим мебошанд.
  Оре, барои натиҷанок будани фишангҳои таъсиррасонандае, ки аз ҷониби муассисаҳои таълимӣ амалӣ карда мешаванд, бояд механизмҳои таъсиррасонии мукаммалро ба худ ихтисос дода бошанд ва ба талаботҳои ҳозира ҷавобгў бошанд. Барои ин ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои дастурии фаъолияткунанда барои ҷомеаи ҳозира ҳамчунин мутахассисони аз ҳар ҷиҳат обутобёфтаи соҳаи экология зарурияти аввалиндараҷа доранд.
  Ба андешаи олимони соҳаи ҳифзи муҳити зист, барои экологонидани муассисаҳои томактабӣ, мактабӣ ва олӣ мақому нақши кормандони дорандаи маърифати касбии экологӣ зарур аст. Албатта дар ин ҷо мо наметавонем кормандони муассисаҳои номбурдаро пурра дорандагони маърифати экологӣ ҳисобем. Ҳамчунин дар мақомотҳои ҳифзкунандаи табиат низ дорандагони маълумоти ҳуқуқшиносӣ камтар ба назар мерасад, ки ин ҳолат ба норасоии маърифати экологӣ-ҳуқуқӣ бетаъсир нест.
   Ба ғайр аз ин дар фазои илмии ҳуқуқшиносӣ роҷеъ ба масоили маърифату шуури ҳуқуқии аҳолӣ таҳқиқотҳои илмии сатҳи гуногун ба анҷом расонида шудаанд, ки барои рушди доктринаи самти мазкур нақши калон мегузоранд.
   Ба ғайр аз ин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷузъ аз  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ», ҳамчунин қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2013; Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷкистон барои солҳои 2009-2019; қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи татбиқи Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019; Барномаи давлатии тарбия ва маълумоти экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2000 ва дар давраи то соли 2010, қабул карда шудаанд, ки то кунун мавриди амал қарор гирифтанд.
    Ҳамчунин таъкид намудан зарур аст, ки барои ба вуҷуд овардан ва рушд намудани маърифати экологӣ қонуниятҳои илми педагогика хело назаррас мебошад. Албатта, агар кормандони муассисаҳои томактабӣ то муассисаҳои олӣ, кормандон аз дониши мукаммали педагогӣ самаранок бархурдор бошанд, ҳамон андоза раванди қабули донишҳои экологии шунавандагон самарабахш мегардад.
     Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карданд, ки “Мо бояд таъсири рӯзафзуни оқибатҳои тағйирёбии иқлимро ба вазъи корҳо дар самти расидан ба идораи устувори захираҳои об ҳамеша дар мадди назар дошта бошем.
Маълум аст, ки тағйироти глобалии иқлим ба ҳаҷми захираҳои оби нӯшокии тоза ва сифати он таъсири манфӣ расонида, кишварҳо ва минтақаҳои мухталифи оламро ба вазъи ташвишовари экологӣ дучор месозанд”.
Албатта, равшан гардидани моҳияту мазмуни маърифати экологӣ барои дарки дурусти раванди амалигардонии мақсадҳои қонунгузории экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидати бевосита менамояд. Аслан маърифати экологӣ ин раванди таълиме мебошад, ки мақсади он аз баҳравар гардонидан аз қонуниятҳои лозимаи рушд додани тафаккури солими муносибати инсон ба олами табиӣ аст. Ҳамчунин барои натиҷа додани кўшишҳо дар ҷодаи мазкур бояд тамоюли донишандўзии субъектони манфатдор ҳадафмандона ва мувофиқи мақсад амалӣ гардонида шаванд.
Албатта, натиҷаи самаранокии мақсадҳои дар боло ишорагардида аз мақомотҳои ваколатдори давлатӣ салоҳиятнокии қавиву ҳадафмандонаро талаб менамояд. Аммо барои боз ҳам натиҷаи баландро ба даст овардан механизми фаъолияти муштараки  ҳамоҳанги мақомотҳои масъули давлатӣ ба манфиати кор хоҳад буд.
      Аз зикркардаҳои боло маълум мегардад, ки рушди маърифати экологии аҳолӣ барои амалӣ гардонидани сиёсати давлатӣ дар соҳаи мазкур нақши калидӣ дошта, барои рушди муносибатҳои мазкур низ заминагузорӣ менамояд.
Маърифати экологӣ худ мафҳуми умумииҷтимоӣ низ мебошад. Зеро ки барои соҳиб гардидан ба ин зуҳуроти равонии инсон, доштани маълумоти муайян шарти императивӣ нест ва ин ҳолат дар ягон муқаррарот  мустаҳкам низ нашудааст. Аз ҳамин лиҳоз, динамикаи инкишофи маърифати экологӣ нишондоди якхела надошта ба таври нобаробар арзи вуҷуд менамоянд. Албатта, ин боис ба он мегардад, ки маърифати экологиро ба инфиродӣ (яъне шахсони алоҳида) ва умумиҷамъиятӣ (яъне аҳолӣ) ҷудо карданамон мумкин аст.
    Ба гурўҳи якуми маърифати экологӣ мо метавонем шахсони дорои маълумоти махсуси экологидошта ва кормандони сохторҳои давлатии соҳавиро ворид намоем, ки онҳо ба ғайр аз доштани маърифати умумии экологӣ боз донишҳои муайяни гирифтаашонро дар амал татбиқ намуда ба дигарон барои густариши самти мазкур мусоидат менамоянд. Яъне, онҳо дорои шуури касбии экологӣ мебошанд.
   Ба гурўҳи дигар бошад, шахсоне дохил мешаванд, ки маърифати экологии гуногунсатҳро доро буда, қисми асосии  бавуҷудорандаи муносибатҳои экологиро ташкил медиҳанд. Дар як баробар фаъолияти ин гурўҳи одамон ҳамчун заминаи асосии тавлиди доктрина, механизм, ҳадаф, принсип ва мақсадҳои бузурги баланд бардоштани маърифати экологӣ ва ҳифзу истифодаи табиат сабабгор мешаванд.
Бояд дар назар гирифт, ки маърифати экологии аҳолӣ системаи худро дошта аз зинаҳои зерин иборат мебошад:
- маърифат ва тарбияи экологии томактабӣ (маърифати экологӣ дар оила ва муассисаҳои томактабӣ);
- маърифати экологӣ дар зинаи таҳсилоти умумӣ;
- маърифати экологӣ дар зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
- маърифати экологӣ дар зинаи  таҳсилоти миёнаи касбӣ;
- маърифати экологӣ дар зинаи  таҳсилоти олии касбӣ;
- маърифати экологӣ дар зинаи таҳсилоти олии касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ;
- маърифати экологӣ дар зинаи таҳсилоти махсус ва иловагӣ;
- маърифати экологии табақаҳои васеи аҳолӣ, аз он ҷумла дар Қувваҳои Мусаллаҳ.
Таълими фанҳои марбути экологияи ҳамаи зинаҳои таҳсили  системаи маориф бо риояи меъёрҳои давлатии таҳсилот ба роҳ  монда мешаванд.
Дар қисмати аввал маърифат ва тарбияи экологии томактабӣ (маърифати экологӣ дар оила ва муассисаҳои томактабӣ) ҷойгир карда шудааст, ки яке аз зинаҳои муҳими маърифати экологии аҳолиро ташкил медиҳад. Муҳимияти зинаи мазкур дар он аст, ки яке аз асосҳои ибтидоии бавуҷудоии маърифати экологиро оила ташкил медиҳад, ки тарбияи аввалияро инсон дар он ҷо мегирад.
      Албатта, гарчанде ки тарбияи экологии сатҳи оилавӣ ба дараҷаи касбӣ баҳо дода нашавад ҳам, лекин хусусияти заминавии худро доим нигоҳ медорад. Муассисаҳои томактабӣ низ дар баробари омўзиши барномаҳои муқарраршудаи таълимию тарбиявӣ ҳамчунин ба масъалаҳои инкишоф додани дониши аввалияи маърифати экологии шунавандагон вақти алоҳидаро ҷудо менамояд, ки албатта рушд кардани шуури солими экологиро асос мегузорад.
Зинаи дигарро маърифати экологӣ дар таҳсилоти умумӣ ташкил менамояд, ки дар асоси барномаҳои таҳиякардаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои зертобеи он ба хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз фанни «Экология» дарс гузаронида мешавад, ки барои ворид гардидани шахс ба фазои муносибатҳои экологӣ заминаи мустаҳкам мегузорад. Барои омўзиши фанни экология дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ китоби алоҳидаи дарсӣ, ки ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия кардааст, барои хонандагони синфи 9-ум фанни экология омўзонида мешавад, мебошад. Дар муқаддимаи китоби мазкур чунин омадааст: «Фаромўш набояд кард, ки мўътадилии муҳити зист на танҳо гарави мўътадилии фаъолияти олами зинда (растаниҳо, ҳайвонот, микроорганизмҳо), балки мўътадилии ҳаёти инсон ва меҳнати он низ мебошад. Дар ин ҳолат, экология чун заминаи илмӣ дар истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи онҳо аҳамияти зиёд дорад».
      Гуфтаҳои дар боло ишорагардида гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳақиқатан ҳам омўзиши фанни экология дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои амалӣ гардонидани мақсади барномаҳои давлативу соҳавӣ оид ба баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ мусоидати воқеӣ менамояд.
Ҳамин тариқ ба андешаи мо барои боз ҳам баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ корҳои зеринро ба сомон расонидан ба мақсад мувофиқ аст:
  1. Барои дар ҳақиқат ҳам пайдо намудани маърифати солими экологӣ байни тамоми аҳолии синну соли гуногун ба мо зарур аст, ки дар тамоми зинаҳои муассисаҳои таълимӣ новобаста аз шакли моликият фанни мувофиқ роҷеъ ба маърифати экологӣ ҷорӣ карда шавад;
  2. Дар воситаҳои ахбори оммаи минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ пахш ва нашр намудани барнома ва маводҳои муфид ва ибратомези самти экологӣ, ки метавонанд ба маърифати экологии аҳолӣ таъсири мусбӣ расонанд, ҳамеша зарур ва саривақтист;
  3. Қабул намудани барнома ва стратегияҳои миёнамуҳлат роҷеъ ба баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ низ яке аз воситаҳои муҳими баланд гардонидани маърифату дониши экологии одамон ба шумор мераванд, ба манфиати кор аст;
  4. Аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ боз ҳам ҷоннок намудани назорати иҷроиши қонунгузории экологии амалкунанда, алалхусус Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ»;
  5. Аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии самти ҳифзи муҳити зист бо ҳамкории дигар мақомотҳои давлатӣ дар муҳлатҳои муайян доир намудани фаъолияти фаҳмондадиҳӣ дар тамоми минтақаҳои аҳолинишини шаҳр, ноҳия, ҷамоат ва деҳаҳо,  ки метавонад ҳамчун заминаи боэътимоди кам гардидани ҳуқуқвайронкунии экологӣ ва дар як маврид барои баланд гардидани маърифати экологии аҳолӣ низ таъсири мусбӣ расонад, бағоят зарур аст.                                                                        

Қодирзода Мирзоқодир Аюб, муовини сардори шуъбаи қонунгузории гражданӣ, соҳибкорӣ ва оилавии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (3 овоз)