ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2065 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2033 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ФАРҲАНГ” Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.02.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2026 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 03.01.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

БАЛАНД БАРДОШТАНИ ФАРҲАНГИ АНДОЗСУПОРИИ ШАҲРВАНДОН

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Сшб, 18/03/2025 - 13:43
     Дар марҳилаи муосири рушди иқтисодиёти миллӣ ташаккули фарҳанги андоз ва маърифати андозсупории шаҳрвандон яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Дигаргуниҳои иҷтимоиву иқтисодии ҷомеа бидуни азнавсозии ниҳодҳои давлатие, ки ҷараёнҳои пулиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъоварӣ ва тақсим менамоянд, ғайриимкон аст. Азбаски зиёда аз 80 фоизи воридоти даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби андоз ва дигар пардохтҳо таъмин карда мешавад, андозбандӣ ва рушди он дар шароити тағйирёбандаи иқтисодиёти муосир яке аз бахшҳои муҳимми низоми андозбандӣ боқӣ мемонад.
     Баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ вазифаи муҳим ва бисёрҷанба мебошад, ки иштироки фаъолонаи тамоми ҷомеаро тақозо менамояд. Дар ин самт, пеш аз ҳама, баланд бардоштани маърифати андозӣ, ташаккули муносибати мусбат нисбат ба пардохти андоз, таъмини шаффофият дар истифодаи маблағҳои андозӣ ва мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳои андозӣ аҳамияти калон дорад.
     Тибқи назарияи профессори амрикоӣ донишгоҳи Гарвард Дж. Хоманс «фарҳанги андоз маҳсулоти устувори мубодилаи фаъолияти мақомоти андоз ва дигар мақомоте, ки дар раванди андозбандӣ иштирок менамоянд, аз як тараф ва андозсупорандагон, аз тарафи дигар мебошад». Фарҳанги андоз – қисми фарҳанги умумимиллии давлат буда, бо ҳамкории миёни давлат ва андозсупорандагон дар низоми андоз робитаи зич дошта, дараҷаи дониш ва риоя намудани қонунгузории андоз аз тарафи иштирокдорони муносибатҳои андозӣ, таъмини иҷрои пурра ва саривақтии уҳдадориҳои андоз дар назди буҷет, усулҳои ҳисобкунии андоз ва дигар пардохтҳоро ташаккул медиҳад.
   Фарҳанги андоз ҳамчун як ҷузъи фарҳанги иҷтимоӣ, ҷанбаи ҳуқуқӣ ва эътирофи андозбандиро ҳамчун унсури ҷудонопазири мавҷудияти ҷомеа дар бар мегирад. Сатҳи фарҳанги андози шаҳрвандон ва кормандони мақомоти андоз татбиқи самарабахши усулҳои танзими ҳуқуқиро маҳдуд менамояд.
     Баҳри баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасони дар мақомоти андоз Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олӣ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, ки санаи 28 декабри соли 2024 ироа гардид, чунин қайд карданд: “Ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии татбиқи самараноки сиёсати андозу буҷет, аз ҷумла, дар масъалаи гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ барои ноил гардидан ба устувории молиявии давлат ва рушди иқтисодӣ нақши муҳим дорад”.
      Дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат ва вазорату идораҳои дахлдор супориш дода шуд, ки доир ба баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявӣ ва фарҳанги андозсупории шаҳрвандон чораҳои судмандро амалӣ созанд. Ҳамчунин, Вазорати молия, Бонки миллӣ, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ якҷо бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор гардиданд, ки ҳалли масъалаҳои вусъат додани истифодаи технологияҳои муосири рақамиро ҳарчи зудтар таъмин намоянд. Дар ин раванд, то охири соли 2025 пардохтҳои ғайринақдӣ дар соҳаҳои буҷетӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ пурра таъмин карда шаванд.
     Доир ба рақамикунонӣ дар Кодекси андоз ҳуҷраи шахсии андозсупоранда муайян гардидааст, ки андозсупорандагон метавонанд бе иштироки намояндаи муқомоти андоз тариқи ҳуҷраи шахсӣ маълумотҳои лозимаро ба мақомоти андоз тариқи имзои электрони равон намоянд ва ё аз мақомоти андоз дастрас намоянд, ки ин раванд барои пешгири намудани ҳолатҳои коррупсионӣ мусоидат менамояд.
     Андоз воситаи асосии таъмини фаъолияти давлат, маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ, аз қабили маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин, мудофиа, амният ва тартиботи ҳуқуқӣ ба ҳисоб мераванд.                 Андозсупоранда шахси воқеӣ, соҳибкори инфиродӣ, шахси ҳуқуқӣ, филиал ва намояндагиҳои онҳо мебошад, ки фаъолияти иқтисодиро новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, намуди фаъолият, тобеият ва шакли моликият ва объекти андозсупоранда амалӣ менамояд ва ба зиммааш тибқи қонунгузории андоз уҳдадориҳои андозҳо, боҷи давлатӣ ва пардохтҳо вогузор шудааст.
     Яке аз омилҳои баланд бардоштани фарҳанги андозсупории шаҳрвандон огоҳӣ доштан аз ҳуқуқу уҳдадориҳои худ мебошад, ки Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаҳои 33 ва 34 чунин муайян кардааст. Мутобиқи моддаи 33 Кодекси зикршуда андозсупоранда ҳуқуқ дорад:
1) аз мақомоти андоз ва мақомоти давлатии дигар, ки дар муносибатҳои ҳуқуқии андоз иштирок менамоянд, вобаста ба истифодаи қонунгузории андоз, аз ҷумла, оид ба қоидаҳо, тартиб, муқаррарот ва дастурамалҳои дигаре, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ таҳия мешаванд, ба тариқи ройгон машварат ва маълумот гирад;
2) манфиатҳои худро оид ба масъалаҳои муносибатҳои андозӣ шахсан ё тавассути намояндаи ваколатдори худ намояндагӣ ва ҳифз намояд;
3) барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худ нисбат ба амал ё беамалии корманди мақомоти андоз ба мақомоти андоз, мақомоти соҳавии дастгирии соҳибкорӣ ва Шурои ҳалли пешазсудии баҳсҳо муроҷиат намояд;
4) дар муҳлатҳои дар Кодекси мазкур муқарраргардида аз мақомоти андоз натиҷаҳои назорат ва санҷиши андозии анҷомдодашударо гирад;
5) дар сурати дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур пешниҳод нагардидани огоҳинома гузаронидани санҷиши андозро рад намояд;
6) дар раванди назорат ва санҷиши андоз иштирок намояд;
7) бланкҳои аризаҳои андоз ва шаклҳои ҳисоботро аз мақомоти андоз дар шакли электронӣ гирифта бо тартиби муқарраргардида ҳисоботи андозиро пешниҳод намояд;
8) аз рӯйи натиҷаҳои назорат ва санҷиши андоз ба мақомоти андоз тавзеҳот пешниҳод намояд;
9) аз мақомоти андоз санади муқоисавии тасдиқшударо оид ба ҳисоб ва пардохти андозҳо дар шакли электронӣ гирад;
10) аз мақомоти андоз маълумотномаро дар бораи мавҷуд будан ё набудани қарзи андоз, дар бораи маблағҳои даромади аз ҷониби ғайрирезидент аз манбаъҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифташуда ва дар бораи андозҳои нигоҳдошташуда (пардохтшуда) дар шакли электронӣ гирад;
11) бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои андозӣ аз мақомоти андоз маълумоти дахлдор оид ба мушаххасоти пардохти андоз (суратҳисоб, таъиноти пардохт, намуди андоз, ҳиссаҷудокунӣ ба буҷетҳои дахлдор ва ғайра), ки барои пур кардани ҳуҷҷати дахлдор зарур аст, инчунин иттилоотро оид ба усули пардохт гирад;
12) аз корманди мақомоти андоз риояи қатъии қонунгузории андозро дар муносибатҳои андозӣ талаб намояд;
13) тибқи муқаррароти Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба санадҳои назорати андоз, қарорҳо, огоҳиномаҳо, амрҳо, дастурҳо, фармоишҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин амал ва беамалии шахси мансабдори мақомоти андоз шикоят намояд;
14) аз ҷониби мақомоти андоз риоя гардидани ҳифзи сирри амалиётҳои тиҷоратии худро талаб намояд;
15) тамдиди (ба таъхир гузоштан ё ба муҳлатҳо тақсим кардани) пардохти андозҳоро бо тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур дархост намояд;
16) баҳисобгирӣ ё баргардонидани саривақтии маблағҳои андозҳои барзиёд супоридашуда ё барзиёд ситонидашударо талаб намояд;
17) бо тартиби муқарраргардида аз мақомоти андоз ҷуброни зарареро, ки дар натиҷаи қабули қарори ғайриқонунӣ, амал ва ё беамалии шахси мансабдори он расонида шудааст, талаб намояд;
18) талаби шахсони масъули мақомоти ваколатдори муносибатҳои ҳуқуқии андозӣ, ки дар Кодекси мазкур ва ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ нашудааст, иҷро накунад;
19) хатоҳоеро, ки ҳангоми ҳисобкунӣ ва пардохти андозҳо роҳ додааст, мустақилона ислоҳ намояд;
20) оид ба натиҷаи санҷиши андоз, назорати андоз, амал ва беамалии шахси мансабдори мақомоти андоз бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ва риояи тартиби ҳалли пешазсудии баҳсҳо ба суд шикоят намояд;
21) андозсупоранда инчунин дорои дигар ҳуқуқҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад.
      Ба андозсупорандагон ҳифзи судии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонуниашон кафолат дода мешавад. Иҷро накардан ё иҷрои номатлуби уҳдадориҳо оид ба таъмини ҳуқуқҳои андозсупоранда боиси ҷавобгарии шахсони мансабдори мақомоти давлатии дар муносибатҳои ҳуқуқии андоз иштироккунанда мегардад.
      Инчунин, дар асоси моддаи 34 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андозсупоранда уҳдадор аст:
1) бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти андоз ба сифати андозсупоранда аз қайд гузарад;
2) бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси андоз ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда ба қайд гирифта шавад;
3) баҳисобгирии даромаду хароҷот ва объектҳои андозбандиро мутобиқи қонунгузории андоз ба роҳ монад;
4) уҳдадориҳои андозии худро дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур иҷро намояд;
5) қонунвайронкунии ошкоршудаи андозиро бартараф намояд ва барои фаъолияти қонунии кормандони мақомоти андоз монеъ нашавад;
6) дар асоси фармоиш ба шахсони мансабдори мақомоти андоз барои азназаргузаронии молу мулке, ки объекти андозбандӣ мебошанд, иҷозат диҳад;
7) ҳисоботи андозӣ ва ҳуҷҷатҳои дар Кодекси мазкур муқарраршударо ба мақомоти андози дахлдор пешниҳод намояд;
8) истифодаи дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавӣ ва таҷҳизоти дигари нуқтаҳои савдоро таъмин намояд;
9) ҳуҷҷатҳои (маълумоти) баҳисобгирии муҳосибӣ ва андозро дар давоми муҳлати муқаррарнамудаи Кодекси мазкур дар шакли электронӣ ва ё коғазӣ нигоҳ дорад;
10) то муҳлати дар огоҳинома оид ба таъин намудани санҷиши андоз пешбинишуда ҳуҷҷатҳои дахлдорро барои санҷиш омода намояд;
11) барӯйхатгирии (инвентаризатсияи) молу мулк ва уҳдадориҳои худро мутобиқи қонунгузорӣ оид ба баҳисобгирии муҳосибӣ гузаронад;
12) дар давоми 5 рӯзи корӣ ба мақомоти андози маҳалли баҳисобгирии худ итттилооти зеринро пешниҳод намояд:
а) дар бораи таъсис додан ё қатъ намудани фаъолияти воҳидҳои алоҳидаи худ;
б) дар бораи қабули қарор оид ба азнавташкилдиҳӣ, барҳамдиҳӣ (қатъи фаъолият) ё муфлисшавӣ;
в) дар бораи тағйир ёфтани низоми истифодашавандаи андозбандӣ, тартиби баҳисобгирӣ, маҳалли фаъолият (ҷойи истиқомат), иттилоот барои тамос;
13) ҳангоми анҷом додани ҳар амале, ки уҳдадориҳои андозиро ба миён меорад, аз контрагент ҳуҷҷати тасдиқкунандаи қайди давлатиро дар мақомоти андоз ба сифати андозсупоранда талаб намояд;
14) андозсупоранда уҳдадориҳои дигари муқаррарнамудаи Кодекси мазкурро иҷро менамояд.
       Фарҳанги андозсупорӣ маҷмуи донишҳо, эътиқодҳо ва арзишҳоест, ки муносибати шахсро нисбат ба пардохти андозҳо муайян мекунанд. Шахси дорои фарҳанги баланди андозсупорӣ дарк мекунад, ки пардохти андозҳо вазифаи муҳими шаҳрвандӣ буда, барои рушди иқтисодиёт ва беҳбудии ҷомеа мусоидат менамояд.
      Хулоса, бояд зикр намуд, ки баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ фаъолияти дастаҷамъонаи мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, воситаҳои ахбори омма, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як шаҳрванд маҳсуб меёбад. Мақомоти давлатӣ ба воситаи таҳким бахшидани фаъолияти худ дар самти таъмини шаффофият ва самаранокии истифодаи маблағҳои андозӣ, соддагардонии расмиёти андозбандӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии андозӣ метавонанд дар ин раванд таъсири мусбӣ гузоранд.
     Ташкилотҳои ҷамъиятӣ бошанд, метавонанд тавассути гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ ва тарғиботӣ дар баланд бардоштани маърифати андозсупории шаҳрвандон мусоидат намоянд. Шаҳрвандон дар навбати худ бояд дарк намоянд, ки супоридани андоз вазифаи шаҳрвандии онҳост. Бо пардохти андоз, онҳо дар таъмини хизматрасониҳои ҷамъиятӣ, рушди иқтисодӣ миллӣ ва ғанӣ гардонидани буҷаи давлат саҳм мегузоранд. Баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ раванди дарозмуддат ва мураккаб буда, аз иштироки фаъолонаи ҳар як аъзои ҷомеа вобаста аст. Бо дарки аҳаммияти пардохти андоз, мо метавонем дар рушди иқтисодиёт, беҳбудии ҷомеа ва таъмини зиндагии шоиста барои наслҳои оянда таъсиргузор бошем.
 
 
МУСТАФОҚУЛОВ ДОВАРШОҲ БАЁНҚУЛОВИЧ,
сармутахассиси шуъбаи қонунгузорӣ оид ба молия, андозу гумрук ва фаъолияти бонкии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад