Дар кори конфронс намояндагони Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон,Суди Олї, Суди Конститутсионии, Прокуратураи генералї, Ваколатдор оид ба њуќуќи инсон, Шуъбаи њуќуќи Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон, Кумитаи љавонон, варзиш ва сайёњии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон ва дигар намояндагони донишгоњу донишкадањои кишвар иштирок намуданд.
Дар оѓози конференсия бо сухани ифтитоњї Директори Маркази миллии ќонунгузорї доктори илмњои њуќуќ профессор, Рањимов Мањмад Забирович њозиринро хайрамаќдам гуфта, барои иштирокашон дар чорабинии мазкур изњори миннатдорї баён намуда, маќсад ва њадафи баргузории конфронси мазкурро дар шароити имрўза ва љараёни инкишофи муносибатњои љамъиятї тањлили ќонунгузорї ва пешнињоди таклифњо барои бењтар гардидани кор дар ин самт муњим арзёбї кард. Наќши масъулияти маънавии падару модар дар пешгирии љиноятњои ноболиѓонро Рањимов М.З яке аз омилњои калидии љомеа арзёбї намуда ќайд кард, ки оѓози заминањои ташаккулёбї ва тарбияи дурусти ноболиѓон муњити оилаи солиму волидони масъулиятшинос мебошад. Давлат бо вуљуди њимоя ва њифзи оила як ќатор вазифањоро низ ба зиммаи волидон гузоштааст, ки заминаи њуќуќии он аз Сарќонуни Љумњурии Тољикистон сарчашма мегирад. Аз ин љо сари ин нишаст мехоњем баъзе масоилњоро оид ба љавобгарии ноболиѓон муњокима намоем то дар амалия татбиќи он дуруст ба роњ монда шавад.
Конференсияи имрўза аввалин чорабинии ҳуқуқиест, ки зарурати тањќиќи комплексии масъалаҳои љавобгарии маънавї, гражданї, маъмурї, љиноятии ноболиғон ва хусусиятњои хоси зоњиршавии онҳоро мавриди муҳокима қарор дода, проблемаҳои татбиқи қонунгузории Љумҳурии Тољикистонро оид ба љавобгарии ноболиғон дар амал барои муњокима пешнињод менамояд. Гувоњи актуалї будани мавзўи муҳокимашавандаи ин нишаст номгўи маърӯзаҳои пешнињодгардидаи иштирокчиёни конференсия мебошад, ки пањлуњои гуногуни масъаларо дар бар мегирад. Иштирокчиён аз љумла ќайд намуданд, ки тибќи муќаррароти моддаи 34-и Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, модару кўдак тањти њимоя ва ѓамхории махсуси давлат ќарор дорад. Вале солњои охир вазъи ќонунвайронкунї дар байни наврасон ташвишовар гардидааст. Њарчанд падару модар, мактаб ва љомеа дар љараёни таълиму тарбияи фарзандон бояд масъулияти баробар дошта бошанд, вале дар аксар њолат бетарафї зоњир карда мешавад, ки ба оќибатњои номатлуб оварда мерасонад. Сатњи тарбия ва соњибкасб гардидани насли наврас дар давраи соњибистиќлолии кишвар зина ба зина инкишоф ёфта истодааст ва њамзамон низоми дурусти таълиму тарбия бо ќабул гардидани ќонуни ЉТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар љомеа пазируфта шуд. Ќайд кардан ба маврид аст, ки дар ин марњилаи начандон тўлонї низоми такякунанда ба дастовардњои назаррас ноил гардида аз љониби дигар ќонуни мазкур падару модар, васї парастор ва муассисањои дахлдорро водор месозад, ки тамоми саъю кушишу имконияти худро барои тарбияи дурусти фарзандон равона намоянд.
Дар рафти чорабинї иштирокчиён изњор намуданд, ки айни њол барои тарбия ва дар навбати аввал ба камол расонидани насли солиму соњибмаълумот масъулиятшиносу ватандўст тамоми шароитњо муњайё карда шудааст, ки моро водор менамояд барои ояндаи миллат бетараф набошем. Бешак дар ин сатњ пешравї ва муваффаќияту комёбињо аз дастгирї ва тадбирњои хирадмандонаи Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон дарак медињад, ки дар паёмњои њамасолаи худ доир ба масъалаи мактабу маориф, оила ва ба донишњои фарохтар фарогирии ноболиѓону љавонон бахшида мешаванд.
Дар конференсия маърўзањо Масъулият ва уњдадорињои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, Њифзи њуќуќи ноболиѓон, Масъулият ва уњдадорињои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, Њуќуќ ва љавобгарии ноболиѓон тибќи ќонунгузории гражданї ва оилавї, Пешнињод намудани хизматрасонињои тиббї дар самти солимии репродуктивї бо назардошти њифзи њуќуќи наврасон, Пешгирии љинояткорї дар байни ноболиѓон, Масоили пешгирии љинояткорї дар байни ноболиѓон дар Љумњурии Тољикистон, Љавобгарии ноболиѓон тибќи ќонунгузории љиноятї, Њуќуќњои ноболиѓон дар соњаи мењнат, Сабаб ва омилњои љинояткории ноболиѓон, роњњои пешгирии он, Љавобгарии падару модар барои иљро накардани уњдадорињо дар тарбияи фарзанд ва ѓайрањо матрањ гардида, мавриди баррасии мутахассисони соња ќарор гирифт. Дар идомаи чорабинї Директори Марказ иброз намуд, ки бо назаодошти нишондодњои Президенти кишвар, конференсияи мо барои баланд бардоштани њисси масъулияти љавонон ва иљрои уњдадорињояшон дар назди падару модар ва ањли љомеа ањамияти хосса дорад. Зеро маърифати баланд ва тафаккури созандаву ахлоќи њамида, дар рўњияи ватандўстиву хештаншиносї тарбия ёфтани насли љавон гардад.
Дар хотимаи чорабинї иштирокчиён ба музокира баромада атрофи камбудї ва мушкилоти љойдошта дар ин соња, баланд бардоштани сатњи маърифати мутахассисони соња, кормандони амалия, падару модар ва шахсоне, ки онњоро иваз менамоянд таклифу пешнињодњо намуданд Баргузории чунин конфронсњо њам аз љињати илмї ва њам аз љињати амалї бањри ошкор намудани камбудињо мусоидат намуда, њамзамон дар тањлили илман асосноки љабњањои гуногуни муносибатњои зикршуда сањми муњим гузошта љињати баланд бардоштани маърифати љавонон ва наврасон замина хоњад гузошт.