ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 838 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ОСОРХОНАҲО ВА ФОНДИ ОСОРХОНАҲО Маҷлиси Олии ҶТ 03.07.2012 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 870 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АНГИШТ Маҷлиси Олии ҶТ 03.07.2012 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 860 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БАҲИСОБГИРИИ ИНФИРОДӢ ДАР НИЗОМИ СУҒУРТАИ ҲАТМИИ НАФАҚАВӢ Маҷлиси Олии ҶТ 03.07.2012 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
-A A +A

Сешанбе, Июн 24, 2025

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАХИРАИ МОДДИИ ДАВЛАТӢ

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Сшб, 24/06/2025 - 09:51
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
Қонун
Рақам: 
2172
Мақомот: 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
13.05.2025
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ЗАХИРАИ МОДДИИ ДАВЛАТӢ
бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
29 январи соли 2025, № 1558
қабул карда шудааст
бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 13 майи соли 2025, № 44
ҷонибдорӣ карда шудааст
 
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии фаъолиятро дар соҳаи захираи моддии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
 
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
1) аз ҳолати маҳфузӣ баровардани сарватҳои моддии захираи моддии давлатӣ – хориҷ намудани сарватҳои моддӣ аз номгӯй ва ё кам намудани ҳаҷми андӯхти онҳо дар захираи моддии давлатӣ;
2) баровардани сарватҳои моддӣ аз захираи моддии давлатӣ – бо асосҳо ва тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур дар шакли музднок ва ё бемузд додани сарватҳои моддӣ аз захираи моддии давлатӣ;
3) захираи моддии давлатӣ (минбаъд – захираи давлатӣ) – захираи махсуси сарватҳои моддӣ, ки барои мақсадҳо ва таъиноти дар Қонуни мазкур пешбинишуда истифода мешаванд;
4) захираи сафарбарӣ – захираи сарватҳои моддии дорои таъиноти махсус, ки барои таъмини эҳтиёҷоти сафарбарии давлат пешбинӣ шудааст ва бо мақсади мудофиаи кишвар дар анборҳои нигоҳдорандагони масъули сарватҳои моддии захираи давлатӣ нигоҳдорӣ мешавад;
5) захираи камнашавандаи сарватҳои моддӣ – ҳаҷми доимо нигоҳдошташавандаи сарватҳои моддӣ, ки дар таркиби номгӯйи сарватҳои моддии захираи давлатӣ муқаррар карда шудааст;
6) идоракунии фаъолият дар соҳаи захираи давлатӣ – амалҳо ва фаъолияти мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи захираи давлатӣ (минбаъд – мақоми ваколатдори давлатӣ), ки ба ташаккул, ташкил, пуркунӣ, ҷойгиркунӣ, нигоҳдорӣ, баровардан, ҷойивазкунӣ, хариду фурӯш, воридоту содироти сарватҳои моддӣ ва амалу фаъолияти дигар равона шудаанд;
7) қарздиҳии сарватҳои моддӣ аз захираи давлатӣ – тибқи шартҳои муайянгардида дар асоси дархости мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва субъектҳои дигар баровардани сарватҳои моддӣ аз захираи давлатӣ бо мақсади минбаъд баргардондани онҳо ва ё дар ҳолати имконнопазирӣ пардохт намудани арзиши сарватҳои моддӣ;
8) навкунии сарватҳои моддии захираи давлатӣ – бо мақсади пешгирии талафот аз захираи давлатӣ баровардани сарватҳои моддӣ то ба охир расидани муҳлати муқарраргардидаи нигоҳдорӣ, тағйирёбии хусусиятҳои муқарраршудаи сифат, вайроншавӣ ҳангоми нигоҳдорӣ, тағйир ёфтани стандартҳо ва шартҳои техникӣ, инчунин ба вуҷуд омадани ҳолатҳои дигаре, ки боиси талафёбӣ ё расидани зиён ба сарватҳои моддӣ мегарданд;
9) нигоҳдорандагони масъули сарватҳои моддии захираи давлатӣ (минбаъд – нигоҳдорандагони масъул) – ташкилотҳои тобеи мақоми ваколатдори давлатӣ ва ташкилотҳои тобеи мақомоти давлатӣ, инчунин субъектҳои дигар, новобаста ба шакли моликият ва тобеият, ки ба зиммаи онҳо масъулияти нигоҳдории сарватҳои моддии захираи давлатӣ, аз ҷумла захираи сафарбарӣ бе ҳуқуқи истифодабарии онҳо вогузор гардидааст;
10) низоми захираи давлатӣ – низоми мутамаркази идоракунии фаъолияти сохтор ва ташкилотҳои тобеъ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ;
11) номгӯй ва ҳаҷми андӯхти сарватҳои моддии захираи давлатӣ – санади махфигардонидашуда, ки номгӯй ва ҳаҷми андӯхти сарватҳои моддии захираи давлатӣ (аз ҷумла захираи камнашавандаи сарватҳои моддӣ) ва захираи сафарбариро дар бар мегирад;
12) сарватҳои моддӣ – молу маҳсулот ва ашёе, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур захира ва истифода карда мешаванд;
13) санадҳои техникӣ – санадҳои ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон дар соҳаи стандартикунонӣ ва бамеъёрдарории техникӣ, инчунин ҳуҷҷатҳои техникие, ки барои сарватҳои моддии воридшаванда пешбинӣ шудаанд;
14) ташкили сарватҳои моддӣ – пур кардани захираи давлатӣ бо сарватҳои моддӣ дар асоси номгӯй бо роҳи харид ва воридкунии сарватҳои моддӣ, инчунин бевосита аз ҷониби ташкилотҳои тобеи мақоми ваколатдори давлатӣ истеҳсол намудани онҳо;
15) ҷамъшавии сарватҳои моддӣ дар захираи давлатӣ – пур кардани захираи давлатӣ бо сарватҳои моддие, ки ҳаҷми андӯхти онҳо муқаррар карда шудааст;
16) ҷойивазкунии сарватҳои моддии захираи давлатӣ – қабул ва интиқол додани сарватҳои моддӣ аз як нигоҳдорандаи масъул ба нигоҳдорандаи масъули дигар ё аз як нуқтаи нигоҳдорӣ ба нуқтаи нигоҳдории дигар.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи захираи моддии давлатӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи захираи моддии давлатӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Таъиноти захираи давлатӣ
Захираи давлатӣ барои мақсадҳои зерин пешбинӣ шудааст:
1) дастгирии давлатии соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт;
2) таъмин намудани корҳои таъхирнопазир ҳангоми пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ, тиббӣ ва техногенидошта (минбаъд – ҳолатҳои фавқулода);
3) расондани таъсири танзимкунанда ба бозор;
4) таъмини эҳтиёҷоти сафарбарии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
5) расондани кумаки башардӯстона.
БОБИ 2. ТАНЗИМИ ДАВЛАТӢ ВА ИДОРАКУНӢ ДАР СОҲАИ ЗАХИРАИ ДАВЛАТӢ
Моддаи 4. Амалӣ намудани танзими давлатӣ ва идоракунӣ дар соҳаи захираи давлатӣ
1. Танзими давлатӣ ва идоракунӣ дар соҳаи захираи давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар доираи салоҳият ва ваколатҳои муайяннамудаи Қонуни мазкур ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ карда мешаванд.
2. Мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва субъектҳои дигар, новобаста ба шакли моликият, тибқи тартиби муқарраргардида дар идоракунии фаъолият дар соҳаи захираи давлатӣ иштирок менамоянд.
3. Мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва субъектҳои дигар, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқ надоранд ба фаъолияти мақоми ваколатдори давлатӣ ва ташкилотҳои тобеи он вобаста ба идоракунии фаъолият дар соҳаи захираи давлатӣ дахолат намоянд.
4. Маълумот дар бораи номгӯй ва ҳаҷм, ташкил, таҳвил, воридот, ҷойгиркунӣ, нигоҳдорӣ, пуркунӣ ва ҳаҷми воқеии захираи давлатӣ, аз ҷумла захираи сафарбарӣ сирри давлатӣ ба ҳисоб рафта, ифшо намудани он манъ аст.
Моддаи 5. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи захираи давлатӣ
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи захираи давлатӣ мансубанд:
1) пешбурди сиёсати давлатӣ дар соҳаи захираи давлатӣ;
2) муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ ва тасдиқи номгӯйи ташкилотҳои тобеи он;
3) тасдиқи номгӯй ва ҳаҷми андӯхти сарватҳои моддии захираи давлатӣ, аз ҷумла камнашаванда ва захираи сафарбарӣ;
4) муайян намудани иштироки мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои буҷетии дигар дар идоракунии фаъолияти соҳаи захираи давлатӣ;
5) муайян намудани сохтмони объектҳо дар соҳаи захираи давлатӣ;
6) таъсиси Комиссия оид ба дохил кардани сарватҳои моддии захираи давлатӣ ба талафот, тасдиқи ҳайат ва низомномаи он;
7) муайян намудани тартиби ҷуброни хароҷоти нигоҳдорандагони масъул;
8) тасдиқи номгӯй ва ҳаҷми сарватҳои моддии ҳамасола ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда;
9) дар ҳолатҳои зарурӣ қабули қарор оид ба аз ҳаҷми муқарраргардида зиёд харидани сарватҳои моддӣ ба захираи давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ;
10) муайян намудани муҳлат ва шартҳои нигоҳдории сарватҳои моддӣ дар захираи давлатӣ;
11) тасдиқи номгӯйи нигоҳдорандагони масъули сарватҳои моддии захираи давлатӣ, аз ҷумла захираи сафарбарӣ;
12) қабули қарор дар бораи баровардани сарватҳои моддии захираи давлатӣ аз ҳолати маҳфузӣ ва тариқи қарздиҳӣ (бо мақсади минбаъд баргардондани онҳо ба захираи давлатӣ);
13) бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ қабул намудани қарор дар бораи навкунии сарватҳои моддии захираи давлатӣ;
14) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 6. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи захираи давлатӣ
Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи захираи давлатӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:
1) амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи захираи давлатӣ;
2) таҳия ва ҷиҳати тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи захираи давлатӣ;
3) гузарондани санҷиши миқдор, сифат ва мавҷудияти сарватҳои моддии захираи давлатӣ дар нигоҳдорандагони масъул;
4) дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намудани маблағҳо аз ташкилотҳои молиявии ватаниву байналмилалӣ бо мақсади сари вақт амалӣ намудани идоракунии фаъолият дар соҳаи захираи давлатӣ;
5) тибқи тартиби муқарраргардида анҷом додани амалҳо вобаста ба  кумаки башардӯстонаи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида, аз ҷумла таъмини қабул, ҷойгиркунӣ, нигоҳдорӣ ва баҳисобгирии он;
6) амалӣ намудани истеҳсоли сарватҳои моддӣ дар дохили кишвар тибқи имкониятҳои мавҷуда;
7) амалӣ намудани идоракунӣ ва назорати доимии низоми захираи давлатӣ;
8) ба роҳ мондани ташкили сарватҳои моддӣ дар захираи давлатӣ;
9) амалӣ намудани ҷойивазкунии сарватҳои моддии захираи давлатӣ;
10) амалӣ намудани хизматрасониҳо дар соҳаи захираи давлатӣ тавассути ташкилотҳои тобеъ;
11) гузарондани мониторинги сарватҳои моддии захираи давлатӣ дар минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон;
12) пешниҳод намудани сарватҳои моддӣ ба Комиссия оид ба дохил кардани сарватҳои моддии захираи давлатӣ ба талафот;
13) амалӣ намудани ваколатҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
БОБИ 3. ЗАХИРАИ ДАВЛАТӢ
Моддаи 7. Пур кардани захираи давлатӣ
1. Захираи давлатӣ дар асоси номгӯйи сарватҳои моддӣ ташкил карда мешавад. Ҳаҷми ҷамъшавӣ ва ташкили сарватҳои моддӣ дар захираи давлатӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ ба нақша гирифта мешавад.
2. Захираи давлатӣ бо сарватҳои моддӣ, инчунин сарватҳои моддие, ки ройгон ба сифати кумак ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, инчунин молу мулки мусодирашуда, ки тибқи тартиби муқарраргардида ба тавозуни мақоми ваколатдори давлатӣ бо мақсади ташаккули соҳаи захираи давлатӣ мегузарад, пур карда мешавад.
3. Барои воридоти сарватҳои моддӣ ба захираи давлатӣ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 8. Таҳвили сарватҳои моддӣ ба захираи давлатӣ ва ҷойгиркунонии онҳо
1. Таҳвили сарватҳои моддӣ ба захираи давлатӣ баъд аз ташкили онҳо аз ҷониби таҳвилкунандагон бо роҳҳои автомобилгард, оҳан ва ё ҳавоӣ амалӣ карда мешавад.
2. Таҳвилкунандагон уҳдадоранд ба кам гардидани ҳаҷми сарватҳои моддии таҳвилшаванда роҳ надиҳанд, талаботи техникӣ ва стандартҳои муқаррарнамудаи санадҳои техникиро риоя намоянд. Фармоишгари давлатӣ оид ба таҳвили сарватҳои моддӣ ба захираи давлатӣ мақоми ваколатдори давлатӣ мебошад.
3. Сарватҳои моддӣ дар анборҳои нигоҳдорандагони масъул дар асоси нақшаи ҷамъшавии сарватҳои моддии захираи давлатӣ дар минтақаҳои муайянгардида ҷойгир карда мешаванд.
Моддаи 9. Нигоҳдории сарватҳои моддии захираи давлатӣ
1. Нигоҳдории сарватҳои моддии захираи давлатӣ аз ҷониби нигоҳдорандагони масъул бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ карда мешавад. Муҳлат ва шартҳои нигоҳдории сарватҳои моддӣ дар захираи давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
2. Нигоҳдорандагони масъул уҳдадоранд тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ҷойгиркунӣ, нигоҳдорӣ ва баровардани сарватҳои моддиро аз захираи давлатӣ аз ҳисоби худ таъмин намоянд.
3. Хароҷоти ҷойгиркунӣ, нигоҳдорӣ ва баровардани сарватҳои моддӣ аз захираи давлатӣ, ки нигоҳдорандагони масъул анҷом медиҳанд, аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ пардохт карда мешаванд.
4. Сарватҳои моддии дар захираи давлатӣ нигоҳдошташаванда, ки нисбат ба онҳо талаботи таъмини бехатарии ҳаёту саломатии истеъмолкунандагон ва ҳифзи муҳити зист муқаррар карда шудааст, бояд сертификати мутобиқат ва ҳуҷҷатҳои зарурии дигарро оид ба талаботи зикршуда барои тамоми давраи нигоҳдорӣ дошта бошанд.
5. Сарватҳои моддии захираи давлатӣ, ки дар анборҳои нигоҳдорандагони масъул гузошта мешаванд, аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ суғурта карда мешаванд.
Моддаи 10. Асосҳо ва тартиби баровардани сарватҳои моддӣ аз захираи давлатӣ
1. Баровардани сарватҳои моддӣ аз захираи давлатӣ бо асосҳои зерин амалӣ карда мешавад:
1) бо мақсади навкунии сарватҳои моддии захираи давлатӣ;
2) барои таъмин намудани корҳои таъхирнопазир ҳангоми пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода;
3) барои расондани таъсири танзимкунанда ба бозор;
4) бо мақсади дастгирии давлатии соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт;
5) бо тартиби қарздиҳии сарватҳои моддӣ;
6) барои расондани кумаки башардӯстона;
7) барои таъмини эҳтиёҷоти сафарбарии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
8) бо тартиби аз ҳолати маҳфузӣ баровардан;
9) баровардан аз захираи камнашавандаи сарватҳои моддӣ.
2. Тартиби баровардани сарватҳои моддиро аз захираи давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Моддаи 11. Дохил кардани сарватҳои моддии захираи давлатӣ ба талафот
1. Комиссия оид ба дохил кардани сарватҳои моддии захираи давлатӣ ба талафот (минбаъд - Комиссия) бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ ҳолатҳои сарватҳои моддии захираи давлатиро омӯхта, меъёрҳои талафоти табииро ҳангоми нигоҳдорӣ, талафоти технологиро дар ҳолати коркарди сарватҳои моддӣ, инчунин талафоти дигарро дар асоси санадҳои техникӣ муайян карда, онҳоро ба талафот дохил менамояд.
2. Ҳангоми навкунӣ ва аз ҳолати маҳфузӣ баровардани сарватҳои моддии захираи давлатие, ки дар шакли мавҷуда тибқи таъиноташон истифода, фурӯхта ё аз нав коркард карда намешаванд, онҳо бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ дар асоси санади Комиссия нобуд карда мешаванд.
3. Тартиби дохил кардан ба талафот ва нобуд кардани сарватҳои моддии захираи давлатӣ ва баҳисобгирии молиявии онҳо дар санади Комиссия муайян карда мешавад.
Моддаи 12. Муқаррар намудани нарх ва азнавнархгузории сарватҳои моддии захираи давлатӣ
1. Нархи сарватҳои моддие, ки аз захираи давлатӣ бо асосҳои дар бандҳои 2), 4), 5), 6), 7), 8) ва 9) қисми 1 моддаи 10 Қонуни мазкур пешбинишуда бароварда мешаванд, бо санадҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
2. Нархи сарватҳои моддие, ки аз захираи давлатӣ бо асосҳои дар бандҳои 1) ва 3) қисми 1 моддаи 10 Қонуни мазкур пешбинишуда бароварда мешаванд, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар асоси таҳлили вазъи нархҳои мавҷудаи бозорӣ ва хароҷоти молиявӣ муқаррар карда мешавад.
3. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба сарватҳои моддие, ки аз захираи давлатӣ бароварда мешаванд, нархҳои нисбат ба нархи бозор дастрасро татбиқ намуда, маълумоти дахлдорро ба ҳисоботи молиявии худ ворид менамояд.
4. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ба вуҷуд омадани номувофиқатии нархи сарватҳои моддии захирашуда дар вақти баровардани онҳо, азнавнархгузории сарватҳои моддии захираи давлатиро анҷом медиҳад.
Моддаи 13. Ҷойивазкунии сарватҳои моддии захираи давлатӣ
1. Ҷойивазкунии сарватҳои моддии захираи давлатӣ бо мақсади таъмини минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарватҳои моддии захираи давлатӣ амалӣ карда мешавад.
2. Ҷойивазкунии сарватҳои моддии захираи давлатӣ дар асоси санади мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҷониби ташкилотҳои тобеи мақоми ваколатдори давлатӣ, ташкилотҳои нақлиётӣ ва субъектҳои дигар дар асоси шартнома амалӣ карда мешавад. Хароҷот вобаста ба ҷойивазкунии сарватҳои моддии захираи давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси мақоми ваколатдори давлатӣ пардохт карда мешавад.
3. Ҷойивазкунии сарватҳои моддии захираи давлатӣ дар ҳолатҳои муфлисшавӣ, барҳамдиҳӣ ва азнавташкилшавии нигоҳдорандагони масъул ва ҳолатҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 14. Таъмини ҳамлу нақли сарватҳои моддии захираи давлатӣ
1. Дар ҳолати рух додани ҳолатҳои фавқулода ё ҷорӣ гардидани вазъияти фавқулода, ҳамлу нақли сарватҳои моддии захираи давлатӣ аз ҷониби ташкилотҳои тобеи мақоми ваколатдори давлатӣ, ташкилотҳои нақлиётӣ ва субъектҳои дигар дар навбати аввал ба ҷо оварда мешавад.
2. Сарватҳои моддии аз захираи давлатӣ барои таъмин намудани корҳои таъхирнопазир ҳангоми пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода ва расондани кумаки башардӯстона баровардашаванда аз ҷониби ташкилотҳои тобеи мақоми ваколатдори давлатӣ, ташкилотҳои нақлиётӣ ва субъектҳои дигар, новобаста ба шакли моликият, бо пешниҳоди сарватҳои моддӣ бе пардохти пешакӣ барои ҳамлу нақл қабул ва супорида мешаванд.
3. Муносибатҳои байни мақоми ваколатдори давлатӣ ва масъулони дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур муайянгардида дар асоси шартномаи ҳамлу нақл тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешаванд.
Моддаи 15. Захираи сафарбарӣ
1. Захираи сафарбарӣ қисми таркибии захираи давлатӣ ба ҳисоб рафта, танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии дахлдор захира ва истифода карда мешавад.
2. Тартиби ташкил ва идоракунии захираи сафарбарӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
БОБИ 4. МАБЛАҒГУЗОРӢ, БАҲИСОБГИРИИ МУҲОСИБӢ ВА ҲИСОБОТИ МОЛИЯВӢ ДАР СОҲАИ ЗАХИРАИ ДАВЛАТӢ
Моддаи 16. Маблағгузории соҳаи захираи давлатӣ
1. Маблағгузории соҳаи захираи давлатӣ бо тартиби муқарраргардида аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва маблағҳои аз ташкилотҳои молиявии ватаниву байналмилалӣ ҷалбгардида амалӣ карда мешавад. Маблағҳои ҷалбгардида аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва маблағҳои махсуси мақоми ваколатдори давлатӣ дар давоми сол баргардонда мешаванд.
2. Маблағҳои пардохтшудаи сарватҳои моддие, ки бо асосҳои муқаррарнамудаи моддаи 10 Қонуни мазкур бароварда шудаанд ва ноустуворонаи рӯёндашаванда ба суратҳисоби махсуси мақоми ваколатдори давлатӣ барои ташаккул ва ташкили минбаъдаи захираи давлатӣ гузаронда мешаванд.
Моддаи 17. Баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ дар соҳаи захираи давлатӣ
Баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ дар соҳаи захираи давлатӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
БОБИ 5. ВАЗЪИ ҲУҚУҚӢ, МОЛУМУЛКӢ ВА НАЗОРАТ ДАР СОҲАИ ЗАХИРАИ ДАВЛАТӢ
Моддаи 18. Вазъи ҳуқуқӣ ва молумулкии захираи давлатӣ
1. Бино, иншоот, сарватҳои моддии захираи давлатӣ, аз ҷумла захираи сафарбарӣ, новобаста аз макони ҷойгиршавии онҳо ва молу мулки дигар, инчунин қитъаҳои замине, ки барои истифода ба мақоми ваколатдори давлатӣ ва ташкилотҳои тобеи он дода шудаанд, моликияти ҷумҳуриявӣ ба ҳисоб рафта, мавзуи гарав намебошанд ва хусусӣ карда намешаванд.
2. Объектҳои мақоми ваколатдори давлатӣ, ки дар онҳо сарватҳои моддӣ ва ё молу мулки дигари аҳаммиятнок дар соҳаи захираи давлатӣ нигоҳ дошта мешаванд, объектҳои махсусан муҳимми давлатӣ ба ҳисоб рафта, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба онҳо бе иҷозати дахлдор ворид шудан манъ аст.
Моддаи 19. Назорат ва санҷиш дар соҳаи захираи давлатӣ
Назорат дар соҳаи захираи давлатӣ ва санҷиши миқдор, сифат ва мавҷудияти сарватҳои моддии захираи давлатӣ, аз ҷумла захираи сафарбарӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
БОБИ 6. УҲДАДОРИҲО ВА МАСЪУЛИЯТИ МОЛУМУЛКӢ ДАР СОҲАИ ЗАХИРАИ ДАВЛАТӢ
Моддаи 20. Уҳдадориҳои нигоҳдорандагони масъул дар соҳаи захираи давлатӣ
1. Нигоҳдорандагони масъул уҳдадоранд:
1) риояи талаботи нигоҳдории сарватҳои моддиро, ки санадҳои техникӣ муқаррар намудаанд, таъмин намоянд;
2) ба камшавии миқдор ва паст гаштани сифати сарватҳои моддии захираи давлатӣ роҳ надиҳанд;
3) риояи сирри давлатиро дар соҳаи захираи давлатӣ таъмин намоянд;
4) дастрасии бемамониати намояндагони мақоми ваколатдори давлатиро ба ҷойҳои нигоҳдории сарватҳои моддии захираи давлатӣ ва захираи сафарбарӣ, аз ҷумла барои назорат, санҷиш ва муайян намудани ҳолати нигоҳдории сарватҳои моддии захираи давлатӣ таъмин намоянд;
5) уҳдадориҳои дигареро, ки Қонуни мазкур ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии дахлдор муқаррар намудаанд, иҷро намоянд.
2. Нигоҳдорандагони масъуле, ки нигоҳдории сарватҳои моддии захираи давлатӣ, аз ҷумла захираи сафарбариро ба ҷо меоранд, уҳдадоранд ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба амалиётҳои гузарондашуда дар соҳаи захираи давлатӣ маълумот пешниҳод намоянд.
Моддаи 21. Масъулияти роҳбарони нигоҳдорандагони масъул барои амалиётҳо дар соҳаи захираи давлатӣ
1. Роҳбарони ташкилотҳои тобеи мақоми ваколатдори давлатӣ барои таҳвил, ҷойгиркунӣ, нигоҳдорӣ, баровардан, истеҳсоли босифат, навкунии саривақтии сарватҳои моддӣ ва амалиётҳои дигари дар соҳаи захираи давлатӣ пешбинишуда масъулияти шахсӣ доранд.
2. Роҳбарони ташкилотҳои мақомоти давлатӣ ва роҳбарони субъектҳои дигар, ки сарватҳои моддии захираи давлатӣ, аз ҷумла захираи сафарбарӣ дар онҳо нигоҳдорӣ мешаванд, барои гузарондани амалиётҳои дар қисми 1 моддаи мазкур ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии дахлдор пешбинишуда, ба истиснои истеҳсоли босифати сарватҳои моддӣ масъулияти шахсӣ доранд.
3. Роҳбарони дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур зикргардида барои бе санади дахлдор баровардани сарватҳои моддӣ аз захираи давлатӣ, коркарди нодурусти сарватҳои моддӣ, ки боиси паст гардидани сифат ва таъиноти онҳо гардидааст, инчунин амалҳои дигаре, ки ба талафоти сарватҳои моддии захираи давлатӣ оварда мерасонанд, масъулияти шахсӣ доранд.
Моддаи 22. Масъулияти молумулкӣ оид ба амалиётҳои вобаста ба сарватҳои моддии захираи давлатӣ
1. Барои гузарондани муҳлати таҳвил, таҳвил накардани сарватҳои моддӣ ба захираи давлатӣ ва роҳ додан ба камшавии миқдор ва паст гаштани сифати сарватҳои моддӣ аз таҳвилкунанда ҷуброни пурраи сарватҳои моддӣ ва ба андозаи 0,5 дарсади арзиши сарватҳои моддӣ ноустуворона рӯёнида мешавад. Ноустуворона то лаҳзаи иҷрои воқеии ухдадориҳо оид ба таҳвили сарватҳои моддӣ мутобиқи шартномаи басташуда рӯёнида мешавад.
2. Барои сари вақт ба захираи давлатӣ барнагардондан ва ё пардохт накардани арзиши сарватҳои моддии қарздодашуда ё барои навкунӣ ва расондани таъсири танзимкунанда ба бозор баровардашуда, аз қарздор ва гиранда (харидор) ба андозаи 0,5 дарсади арзиши сарватҳои моддии баргардонданашуда ва пардохтнагардида барои ҳар як рӯзи гузарондани муҳлат то иҷрои пурраи уҳдадориҳо оид ба баргардондани сарватҳои моддӣ ба захираи давлатӣ ва ё пардохт намудани арзиши он, ноустуворона рӯёнида мешавад.
3. Барои сари вақт иҷро накардани талаботи дар моддаҳои 13 ва 14 Қонуни мазкур пешбинишуда, аз субъектҳои дар моддаҳои мазкур муқарраргардида ба андозаи 0,3 дарсади арзиши сарватҳои моддии таҳвилшаванда барои ҳар рӯзи гузарондани муҳлат то иҷрои пурраи уҳдадорӣ ноустуворона рӯёнида мешавад.
4. Барои ба захираи давлатӣ ворид кардани сарватҳои моддие, ки ба нигоҳдории муҳлати дароз имкон надоранд, сарватҳои моддии нопурра ё аз рӯйи сифат ва навъҳои худ ба шартҳои шартномаи бо мақоми ваколатдори давлатӣ басташуда номувофиқ аз ҳисоби таҳвилгар (фурӯшанда ва субъектҳои дигар) ҳамаи сарватҳои моддии нуқсондор барқарор карда шуда, ба андозаи 10 дарсади арзиши сарватҳои моддии нуқсондор ноустуворона рӯёнида мешавад.
5. Барои ба захираи давлатӣ гузоштани сарватҳои моддии бетамға ё ба таври номувофиқ тамғагузоришуда ва ё сарватҳои моддии дар зарфи (борҷомаи) номуносиб ҷойгиршуда, инчунин барои истифодабарии коғазхалтаҳои ба стандарт ва шартҳои шартнома номувофиқ, ки бо санадҳои техникӣ муқаррар шудаанд, аз таҳвилкунанда (фурӯшанда ва субъектҳои дигар) ба андозаи 5 дарсади арзиши сарватҳои моддии номбурда, ноустуворона рӯёнида мешавад. Шахсони дар қисми мазкур зикргардида уҳдадоранд дар давоми як моҳ камбудиҳои ҷойдоштаро ислоҳ намоянд.
6. Дар ҳолати ошкор гардидани нуқсонҳои ноаёни истеҳсолӣ дар сарватҳои моддии дар захираи давлатӣ ҷойгиршуда, новобаста аз муҳлати ҷойгир карда шуданашон, масъулияти барқарор намудани сарватҳои моддӣ ба захираи давлатӣ, бо шарти риоя гардидани реҷаи нигоҳдории сарватҳои моддӣ, ба зиммаи таҳвилгар (фурӯшанда ва субъектҳои дигар) гузошта шуда, аз онҳо ба андозаи 5 дарсади арзиши сарватҳои моддии номбурда ноустуворона рӯёнида мешавад. Шахсони дар қисми мазкур зикргардида уҳдадоранд дар давоми як моҳ нуқсонҳои ноаёни истеҳсолидоштаи сарватҳои моддиро ислоҳ намоянд.
7. Барои таъмин накардани нигоҳдории пурраи сарватҳои моддии захираи давлатӣ аз нигоҳдорандагони масъуле, ки нигоҳдории сарватҳои моддии захираи давлатиро ба уҳда доранд, ба андозаи 0,3 дарсади арзиши сарватҳои моддии камомада барои ҳар рӯз то барқароркунии пурраи сарватҳои моддӣ дар захираи давлатӣ ноустуворона рӯёнида мешавад.
8. Дар ҳолати аз захираи давлатӣ нагирифтани сарватҳои моддие, ки бояд тибқи асосҳо ва тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур бароварда шаванд, қабулкунандагон (харидорон, гирандагон) хароҷоти нигоҳдорӣ, зиёни вобаста ба паст шудани сифати сарватҳои моддии гирифтанашуда ва хароҷоти бекор мондани воситаҳои нақлиётро ҷуброн намуда, ба андозаи 0,5 дарсади ҳаҷми сарватҳои моддии гирифтанашуда ноустоворона месупоранд.
9. Дар ҳолати риоя нагардидани қоидаву меъёрҳои техникии нигоҳдорӣ, сари вақт нагузарондани навкунии сарватҳои моддии захираи давлатӣ аз нигоҳдорандагони масъуле, ки ба чунин камбудиҳо роҳ додаанд, ба андозаи 10 дарсади арзиши сарватҳои моддӣ аз рӯйи амалиётҳое, ки нисбаташон вайронкуниҳо роҳ дода шудаанд, бе озод кардан аз иҷрои уҳдадориҳо ноустуворона рӯёнида мешавад.
10. Барои саркашӣ кардан аз баровардани сарватҳои моддӣ аз захираи давлатӣ ва қабул накардани сарватҳои моддӣ барои нигоҳдорӣ аз нигоҳдорандаи масъуле, ки барои қабул ё бароварданашон раддияи беасос изҳор намудааст, ба андозаи 10 дарсади арзиши сарватҳои моддии қабул ё баровардашаванда ноустуворона рӯёнида мешавад.
11. Ноустуворонаҳо, ки дар моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санади мақоми ваколатдори давлатӣ аз рӯйи нархи сарватҳои моддӣ дар рӯзи пардохт рӯёнида мешаванд.
БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 23. Тартиби ҳалли баҳсҳо
Ҳамаи баҳсҳое, ки байни иштирокдорони ҷараёни ташкил ва истифодаи сарватҳои моддии захираи давлатӣ ба миён меоянд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.
Моддаи 24. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
2. Ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур онҳоро аз масъулияти ҷуброни зиён ва иҷрои уҳдадориҳояшон озод наменамояд.
Моддаи 25. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи захираи моддии давлатӣ»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи захираи моддии давлатӣ» аз 22 декабри соли 2006 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2006, №12, мод. 540; с. 2009, №5, мод. 322; с. 2012, №7,     мод. 691) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 26. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                         Эмомалӣ Раҳмон
 
ш. Душанбе
14 майи соли 2025, № 2172

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САРМОЯ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ

Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Сшб, 24/06/2025 - 09:57
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
Қонун
Рақам: 
2173
Мақомот: 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
13.05.2025
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ САРМОЯ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ
 
бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
26 феврали соли 2025, № 1557
қабул карда шудааст
бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 13 майи соли 2025,№ 45
ҷонибдорӣ карда шудааст
 
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқию иқтисодии муносибатҳоро дар соҳаи сармоя ва фаъолияти сармоягузорӣ, аз ҷумла тавассути амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ бо истифода аз низомҳои ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии давлатии сармоягузорӣ муқаррар карда, ба таъмини устуворӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
1)      имтиёзҳои сармоягузорӣ – ҳавасмандгардонӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар доираи созишномаҳои сармоягузорӣ ба сармоягузорон пешниҳод мегардад;
2)      лоиҳаи сармоягузорӣ – маҷмуи чорабиниҳо ва ҳуҷҷатҳои ба ҳам алоқаманд барои анҷом додани сармоягузорӣ, аз ҷумла барои дар давраи муайян амалӣ намудани созишномаи сармоягузорӣ ва ё аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ ё шахси воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ ҷалби сармоя ҷиҳати ба даст овардани натиҷаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ё самараи судманди дигар;
3)      майдонҳои сармоягузорӣ – молу мулки давлатӣ, хусусӣ ва ё як қисми ҳудуде, ки дар он лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ карда мешавад ё амалишавии он ба нақша гирифта шудааст;
4)      милликунонӣ – ба моликияти давлатӣ табдил додани молу мулк бо ҷуброни арзиши молу мулк ва дигар зиёне, ки вобаста ба милликунонӣ ба молик расидааст;
5)      реквизитсия – дар ҳолатҳои офати табиӣ, садама, эпидемия, эпизоотия ва ҳолатҳои дигари дорои хусусияти фавқулода, бо тартиб ва тибқи шартҳои муқаррарнамуда ба манфиати ҷомеа гирифтани молу мулк бо пардохти арзиши он ба молик;
6)      реҷаи устувори сармоягузорӣ – таъмин гардидани реҷаи мусоиди ҳуқуқӣ барои сармоягузор дар ҳолати қабули санади меъёрии ҳуқуқии нав ва ё ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шартҳои амалисозии фаъолияти сармоягузориро вазнин мекунанд, аз ҷумла масъалаҳои пардохти андозӣ, гумрукӣ ва ғайриандозиро танзим менамоянд;
7)      сармоя – воситаҳои пулӣ, дороиҳои моддӣ ва ғайримоддӣ, воситаҳои молиявӣ, молумулкӣ ва ҳама намуди дороиҳои дигаре, ки бо мақсади ба даст овардани фоида, самараи дигари судманд ва ё таъмини раванди иҷрои уҳдадориҳои давлатӣ ба объектҳои фаъолият равона карда мешаванд;
8)      сармоягузор – шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки бо истифода аз сармоя фаъолияти сармоягузориро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода, дорои мақоми сармоягузори ватанӣ ва ё сармоягузори хориҷӣ мебошад;
9)      сармоягузори ватанӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба таври доимӣ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат дошта, фаъолияти сармоягузориро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд;
10)    сармоягузори хориҷӣ – давлатҳои хориҷӣ, мақомоти маъмурӣ ё ҳудудии давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалие, ки тибқи созишномаҳо ё шартномаҳои дигар байни давлатҳо таъсис ёфтаанд ё субъектҳои ҳуқуқи оммавии байналмилалӣ мебошанд, инчунин шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ва ё филиалу намояндагиҳои онҳо, ҳама гуна шарикӣ, ташкилотҳо ё иттиҳодияҳое, ки мутобиқи қонунгузории хориҷӣ таъсис дода шудаанд ва фаъолият мекунанд, ташкилоти хориҷӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври доимӣ истиқомат мекунанд ва фаъолияти сармоягузориро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд;
11)    сармоягузории хориҷӣ – сармояе, ки аз ҷониби сармоягузорони хориҷӣ барои амалӣ намудани фаъолияти сармоягузорӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода карда мешавад;
12)    сармоягузории мустақими хориҷӣ ва ватанӣ – сармоягузорие, ки аз ҷониби сармоягузор бо шартҳои мухталиф дар асоси таваккал, аз ҷумла дар доираи санадҳои ҳамкорӣ бо дарназардошти хусусияти дарозмуҳлатӣ ва имконияти назорати фаъолият анҷом дода мешавад;
13)    сармоягузории такрорӣ – сармоягузорӣ ба фаъолияти мавҷуда ва ё  фаъолияти нав ва ё дилхоҳ фаъолияти соҳибкорӣ ва намуди дигари фаъолият, ки аз ҳисоби ҳама гуна даромади сармоягузор, аз ҷумла фоида, фоизҳо, суди саҳмия, роялтӣ, комиссияҳо, пардохтҳо барои кумаки техникӣ, нигоҳдорӣ ва шаклҳои дигари подош дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст оварда шудаанд;
14)    сармоягузории давлатӣ – банақшагирӣ, ҷалб, истифода, баҳисобгирӣ, ҳамоҳангсозӣ, назорати кумаки беруна ва маблағҳои давлатӣ, ки барои сармоягузорӣ пешбинӣ шудаанд;
15)    сиёсати давлатии сармоягузорӣ – маҷмуи тадбирҳои андешидашавандаи ба ҳам алоқаманд ва ҳамоҳанги мақомоти давлатӣ барои таъмини ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ тавассути васеъ намудани имкониятҳои ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳаҳои алоҳидаи он;
16)    созишномаи сармоягузорӣ – санади ҳуқуқие, ки барои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ байни мақомоти давлатии аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдоршуда ва сармоягузор ба имзо расонида мешавад;
17)    фаъолияти сармоягузорӣ – маҷмуи амалҳои сармоягузор мутобиқи Қонуни мазкур ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба истифодаи сармоя, аз ҷумла раванди сармоягузорӣ, ки марҳилаҳои таҳия, иҷро ва идоракунии лоиҳаҳои сармоягузориро дар бар мегиранд;
18)    фазои сармоягузорӣ – маҷмуи омилҳо, ки имкониятҳои сармоягузорро ҷиҳати анҷом додани сармоягузориҳои самаранок муайян менамоянд;
19)    фондҳои сармоягузорӣ – ташкилот, ки фаъолияти сармоягузориро, аз ҷумла тавассути иштирок дар ҳиссаи сармояи оинномавии шахсони ҳуқуқии дигар ҷиҳати маблағгузорӣ ва идоракунии ин раванд анҷом медиҳад;
20)    хизматрасониҳои давлатӣ барои сармоягузорон – ҳамгироии байниидоравии электронӣ барои дастрасӣ ба хизматрасониҳои давлатӣ;
21)    ҳавасмандгардонӣ ва ҳимояи сармоягузор – низоми тадбирҳои давлатӣ, ки дар доираи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷалб ва ҳимояи сармоягузорон равона гардидааст;
22)    экспроприатсия – азхудкунии маҷбурии муздноки молу мулк аз ҷониби давлат ба манфиати ҷомеа.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сармоя ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сармоя ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Принсипҳои танзими давлатии ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ
Танзими давлатии ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ дар асоси принсипҳои зерин амалӣ карда мешавад:
1)      таъмини расмиёти қонунгузорӣ;
2)      дахлнопазирии молу мулк;
3)      ҳимоя ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои сармоягузорон;
4)      таъмини шаффофияти фаъолият ва ошкорбаёнӣ;
5)      баробарии сармоягузорон ва адолатнокӣ, роҳ надодан ба табъиз;
6)      масъулиятнокии сармоягузорон;
7)      таъмини реҷаи устувори сармоягузорӣ;
8)      ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ;
9)      ҳифзи маълумот.
БОБИ 2. ШАКЛ, НАМУДҲО ВА ТАРЗҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ
Моддаи 4. Шакл ва намудҳои сармоя
1.      Сармоя аз шаклҳои зерин ташаккул меёбад:
1)      асъори миллӣ ё хориҷӣ, аз ҷумла маблағҳои худӣ, инчунин маблағҳои дар шакли қарз ё грант ҷалбшуда;
2)      молу мулки манқул ва ғайриманқул;
3)      ҳуқуқҳои молумулкӣ (ҳуқуқ ба истифодаи китъаҳои замин, ҳуқуқи  истифодаи сарватҳои табиии дигар, ипотека, ҳуқуқи нигоҳ доштани молу мулк, гарав, инчунин ҳуқуқҳои молумулкии дигаре, ки аз ҳуқуқи моликият бармеоянд ва ғайра);
4)      саҳмияҳо, ҳиссагузорӣ ва шаклҳои дигари иштирок дар сармояи шахси ҳуқуқӣ;
5)      вомбаргҳо, уҳдадориҳои дигари қарзӣ, амонатгузориҳои дарозмуҳлат;
6)      ҳуқуқҳои ғайримолумулкӣ, аз ҷумла ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ, эътибори корӣ, тамғаҳои молӣ, намунаҳои саноатӣ, равандҳои технологӣ, номҳои тиҷоратӣ ва ғайра;
7)      ҳама гуна ҳуқуқ барои анҷом додани фаъолият дар асоси иҷозат, иҷозатнома ё дар шакли дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст;
8)      консессияҳо дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла консессияҳо барои иктишоф, истихроҷ ё истифодаи захираҳои табиӣ;
9)      фоида ё даромаде, ки аз сармоягузориҳо гирифта шуда, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон такроран сармоягузорӣ карда мешавад;
10)    кумаки техникӣ бо ифодаи пулӣ;
11)    қарзҳои аз ғайрирезидентон ҷалбшуда;
12)    қарзҳои тиҷоратӣ;
13)    пешпардохтҳо, аз ҷумла пешпардохт тибқи шартнома;
14)    уҳдадориҳои дигар, шаклҳои сармоя ва объектҳои ҳуқуқҳои мадание, ки дар муомилот бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд карда нашудаанд.
2.      Сармоя ба намудҳои зерин ҷудо мешавад:
1)      сармоягузории мустақим:
-        маблағҳои худӣ, аз ҷумла ба сармояи оинномавӣ аз ҳисоби саҳмгузорӣ ё иштироки ҳиссавӣ;
-        қарзҳои ҷалбшуда, аз ҷумла аз ҳисоби ғайрирезидентон, қарзҳои субординарӣ, қарзҳои тиҷоратӣ, уҳдадориҳои дигар;
-        сармоягузории такрорӣ аз ҳисоби фоидаи соф;
-        иҷораи молиявӣ (лизинг);
2)      сармоягузории давлатӣ:
-        амали мақомоти ваколатдори давлатӣ, мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои аз ҳисоби буҷети давлатӣ, қарзу грант, манбаъҳои дигари молиявии дохилӣ ва беруна маблағгузорӣ намудани сохтмони нав, муосиргардонӣ, азнавсозӣ, таҷдиди техникӣ, инчунин ба шаклҳои дигари истеҳсоли моддӣ, рушду такрористеҳсолии фондҳои асосии субъектҳои хоҷагидор ва объектҳои дигари дахлдор;
-        объектҳои моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои маъмурию ҳудудии он, ки ҳамчун сармоя тибқи тартиби муқарраргардида ва бо риояи маҳдудиятҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтисодиёти кишвар гузошта мешаванд.
Моддаи 5. Тарзҳои сармоягузорӣ
1.      Сармоягузорӣ бо истифода аз тарзҳои зерин амалӣ мешавад:
1)      таъсис додани шахсони ҳуқуқӣ ва ё филиал ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ва ё иштироки ҳиссавӣ дар сармояи оинномавии шахсони ҳуқуқӣ, аз ҷумла бо роҳи ба даст овардани молу мулк ва саҳмияҳо (ҳиссаҳои иштирок);
2)      сармоягузорӣ ҷиҳати ташкил ва таъмини такрористеҳсолии фондҳои асосӣ, аз ҷумла сармоягузорӣ ба сохтмони нав, муосиргардонӣ, азнавсозӣ, таҷдиди техникӣ, инчунин ба шаклҳои дигари истеҳсолоти моддӣ;
3)      харид ё сармоягузорӣ ба коғазҳои қиматнок, аз ҷумла уҳдадориҳои қарзии аз ҷониби резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардашуда, инчунин вомбаргҳои корпоративӣ, давлатӣ ва намудҳои дигари коғазҳои қиматнок;
4)      сармоягузорӣ барои пешниҳоди иҷораи молиявӣ (лизинг);
5)      ба даст овардани ҳуқуқҳои консессионӣ, аз ҷумла консессияҳо барои иктишоф, коркард, истихроҷ ё истифодаи захираҳои табиӣ, инчунин иштирок дар созишнома оид ба тақсими маҳсулот ва ё шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
6)      ба даст овардани ҳуқуқҳои молумулкӣ, моликият, аз ҷумла ҳуқуқҳои моликияти зеҳнӣ, ҳуқуқҳои муаллифӣ, тамғаҳои молӣ, намунаҳои саноатӣ, номи фирмавӣ ва ноу-хау;
7)      ба даст овардани ҳуқуқ ба истифодаи қитъаҳои замин, ҳуқуқи истифодаи сарватҳои дигари табиӣ;
8)      сохтмон, ба даст овардани молу мулки дарозмуддат, аз ҷумла объектҳои савдо ва хизматрасонӣ, якҷоя бо ҳуқуқи истифодаи қитъаи замине, ки объектҳо дар он ҷойгир карда шудаанд  ё баланд бардоштани арзиши молу мулк;
9)      маблағгузорӣ ё қарздиҳии молу мулк ба субъектҳои хоҷагидоре, ки сармоягузор як қисми сармояро дар ихтиёр дошта, ин ба ӯ имкон медиҳад, ки субъекти хоҷагидорро назорат кунад ё ба он таъсири назаррас расонад;
10)    сармоягузории иҷтимоӣ, аз ҷумла дар рушди неруи инсонӣ, малака ва таҷрибаи касбӣ, инчунин ба рушди шаклҳои дигари неъматҳои ғайримоддӣ;
11)    тарзҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
2.      Сармоягузорӣ метавонад тавассути омезиши тарзҳои гуногуни дар қисми 1 моддаи мазкур муқарраршуда амалӣ карда шавад.
БОБИ 3. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ САРМОЯГУЗОРӢ
Моддаи 6. Сиёсати давлатии сармоягузорӣ
1.      Сиёсати давлатии сармоягузорӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоя ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ  амалӣ карда мешавад.
2.      Аз рӯйи намуди сармоягузорӣ сиёсати давлатии сармоягузорӣ метавонад танзими қисматҳои зеринро пешбинӣ намояд:
1)      шароити мусоидро барои сармоягузории хориҷӣ фароҳам меоварад ва таъмини кафолати устувории амалисозии фаъолияти сармоягузориро анҷом медиҳад;
2)      истифодаи самараноки маблағҳоро дар доираи сармоягузории давлатӣ барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии давлат пешбинишуда таъмин менамояд.
3.      Давлат маҷмуи тадбирҳои ба ҳам алоқаманд ва ҳамоҳанги мақомоти давлатиро барои таъмини ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ тавассути васеъ намудани имкониятҳои ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳаҳои алоҳидаи он амалӣ менамояд.
Моддаи 7. Танзими сармоягузории давлатӣ
1.      Танзими сармоягузории давлатӣ дар асоси барномаҳои сармоягузориҳои давлатӣ ва сиёсати қарзи давлатӣ бо дар назар доштани дурнамои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ сурат мегирад.
2.      Шарикони рушд бояд лоиҳаҳои грантиро, ки амалисозии онҳо бе созишномаи дахлдор бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст, бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоя ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ ҳамоҳанг намоянд.
3.      Қоидаҳои банақшагирӣ, ҷалб ва назорати истифодаи кумаки беруна ва маблағҳои давлатии барои сармоягузории давлатӣ пешбинишударо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
Моддаи 8. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сармоя ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сармоя ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ мансубанд:
1)      пешбурди сиёсати давлатии сармоягузорӣ ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ;
2)      муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоя ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ;
3)      тасдиқи низомнома ва ҳайати Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва фаъолияти сармоягузорон;
4)      тасдиқи қоидаҳои гузарондани санҷиши мақомоти давлатӣ, лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти сармоягузорӣ;
5)      тасдиқи нишондиҳандаҳои мақсаднок барои сода кардани расмиёти фаъолияти сармоягузорӣ ва беҳтар намудани ҷолибияти сармоягузорӣ;
6)      тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ;
7)      амалисозии ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.
Моддаи 9. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоя ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ
Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоя ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:
1)      амалисозии сиёсати давлатии сармоягузорӣ ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ;
2)      ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои давлатӣ дар соҳаи танзими фаъолияти сармоягузорӣ;
3)      андешидани чораҳо ҷиҳати ҷалб, истифода, баҳисобгирӣ, ҳамоҳангсозӣ ва назорати кумаки беруна;
4)      ҳамоҳангии таъмини иҷрои уҳдадориҳо аз ҷониби мақомоти давлатии дахлдор ва шахсони ҳуқуқӣ нисбат ба сармоягузорон;
5)      баррасии муроҷиати сармоягузорон оид ба масъалаҳои дар ҷараёни фаъолияти сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бавуҷудомада, аз ҷумла дар доираи ҷорӣ гардидани низоми электронии пайгирии муроҷиати сармоягузорон пешниҳодшаванда ва таъмини робитаи байни мақомоти дахлдори давлатӣ ва сармоягузорон;
6)      мусоидат ба сармоягузорон дар ҳалли масъалаҳо ва баҳсҳои бамиёномада, аз ҷумла бо тартиби то судӣ;
7)      додани машварат ба сармоягузорони эҳтимолӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва масъалаҳои дигари марбут ба фаъолияти мушаххаси сармоягузорӣ;
8)      дархости мусоидат аз намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳияи феҳристи сармоягузорони эҳтимолӣ ҷиҳати ҷалби сармояи мақсаднок ва банақшагирии ин раванд;
9)      танзими фаъолияти Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва фаъолияти сармоягузорон тибқи тартиби муқарраргардида;
10)    санҷиши мақомоти дахлдор, ки ба ҷалби сармоя масъуланд, вобаста ба риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти сармоягузорӣ ва аз натиҷаи он пешниҳод намудани хулоса ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
11)    амалисозии намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколати худ ва иштирок дар гуфтушунид ё машваратҳои миллӣ ё байналмилалӣ оид ба масъалаҳои сармоягузорӣ, аз ҷумла барои муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ;
12)    таҳияи таклифҳо оид ба инкишоф ва диверсификатсияи самтҳои ҳамкории мутақобилаи сармоягузорӣ бо созмонҳои молиявӣ ва қарзӣ, фондҳо, агентиҳо ва ширкатҳои хориҷӣ;
13)    ҳамоҳангсозии раванди ҷорӣ намудан ва рушди инфрасохтори сармоягузорӣ аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигари давлатӣ, новобаста аз тобеияти идоравӣ, ки ба ҷалби сармоя масъуланд;
14)    дархост намудани ҳисоботи ҳарсола аз вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ, оид ба корҳои анҷомдодашуда вобаста ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ҷалби сармоя, пешниҳоди лоиҳаҳои сармоягузории мушаххаси таҳияшуда ва амалишуда, инчунин пешниҳодҳо вобаста ба афзоиши воридоти сармоя;
15)    дархост намудани ҳисобот оид ба лоиҳаҳои қарзӣ ва грантии банақшагирифташуда ва амалишаванда аз шарикони рушд, аз ҷумла дар доираи кумаки беруна;
16)    пешниҳоди тавсия оид ба масъалаҳои сармоягузорӣ ба мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин соҳибкорони ватанӣ барои тақвияти ҳамкориҳои мутақобила бо мақомоти салоҳиятдори хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ, инчунин ширкатҳо ва сармоягузорони эҳтимолӣ;
17)    таҳия ва тасдиқи нишондиҳандаҳои мақсаднок  барои иҷрои ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати танзими фаъолияти сармоягузорӣ дар асоси банди 2) қисми 1 моддаи 10 Қонуни мазкур;
18)    таъмини мониторинги ҳамасолаи самаранокии амалишавии созишномаҳои сармоягузорӣ ва пешниҳоди ҳисобот ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
19)    амалисозии ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.
Моддаи 10. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи сармоя ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ
1.      Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи сармоя ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ дорои ваколатҳои зерин мебошанд:
1)      дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоя ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ иштирок дар амалисозии сиёсати давлатии сармоягузорӣ дар сатҳи маҳал, ки ба ҷалби сармоягузориҳо, ҳавасмандгардонии сармоягузорӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии рушди сармоягузорӣ нигаронида шудааст;
2)      иҷрои нишондиҳандаҳои мақсадноки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоя ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ барои танзими фаъолияти сармоягузорӣ дар сатҳи маҳал тасдиқшаванда;
3)      омӯзиш ва муайян намудани лоиҳаҳои ояндадор, ки сармоягузориро талаб менамоянд, инчунин моликияти истифоданашавандаи давлатӣ ва қитъаҳои замин вобаста аз талабот ва иқтидори маҳал, ки метавонанд ҳамчун майдонҳои сармоягузорӣ истифода шаванд;
4)      баррасии масъалаҳое, ки бевосита ба фаъолияти сармоягузорон алоқаманданд, инчунин омода намудани пешниҳодҳо оид ба амалисозии лоиҳаҳо тавассути ҷалби сармоягузории мустақим;
5)      муайян намудани омилҳое, ки ба амалисозии саривақтӣ ва самараноки лоиҳаҳои сармоягузорӣ, аз ҷумла бо ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ дар ҳудуди дахлдор халал мерасонанд ва андешидани чораҳои фаврӣ оид ба бартараф намудани онҳо;
6)      баланд бардоштани самаранокии истифодаи сармояи ба иқтисодиёти ҳудуди дахлдор ҷалбшаванда дар асоси таҳлили фаъолияти корхонаҳои дорои сармояи хориҷӣ, инчунин иҷрои уҳдадориҳо аз ҷониби сармоягузорон;
7)      таҳия намудани таклифҳо оид ба инкишоф ва диверсификатсияи самтҳои ҳамкории мутақобилаи сармоягузории ҳудуди дахлдор бо ташкилотҳои молиявӣ ва қарзӣ, фондҳо, агентиҳо ва ширкатҳои хориҷӣ;
8)      амалисозии самтҳои асосии ҷалби сармоя ба ҳудуди дахлдор ва тадбирҳо барои фароҳам овардани шароити мусоид дар самти ҷалби сармояи хориҷӣ;
9)      ба имзо расондани шартномаи сармоягузорӣ бо сармоягузор дар доираи лоиҳаҳои афзалиятноки минтақавӣ;
10)    амалисозии ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.
2.      Аз натиҷаи амалисозии ваколатҳои дар қисми 1 моддаи мазкур муқарраршуда, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоя ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ ҳар сол бо дарҷи иҷрои нишондиҳандаҳои мақсаднок ҳисобот пешниҳод менамоянд.
Моддаи 11. Усулҳои ҳавасмандгардонӣ ва танзими давлатии фаъолияти сармоягузорӣ
1.      Ҳавасмандгардонӣ ва танзими давлатии фаъолияти сармоягузорӣ ба таъмини самаранокии ҳадди аксари сармоягузорӣ ва натиҷабахшии фаъолияти сармоягузорӣ равона гардидааст.
2.      Давлат сармоягузориро дар ҳамаи шаклҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ менамояд, аз ҷумла сармоягузорӣ ба:
1)      азнавсозӣ ва муосиргардонии техникии корхонаҳои саноатӣ, беҳтар намудани вазъи экологӣ ва рушди соҳибкории хурду миёна;
2)      истифодаи самараноки майдонҳои сармоягузорӣ;
3)      бино (иншоот)-и нотамом ва ё нимтайёр;
4)      минтақаҳои озоди иқтисодӣ, паркҳои илмию технологӣ;
5)      рушди инноватсия ва иқтисодиёти ба дониш асосёфта, кластерҳо (гурӯҳҳои ба ҳам алоқаманди ҷуғрофии корхонаҳо ва мақомоти дар як минтақаи муайян фаъолияткунанда);
6)      объектҳо ва ҳуқуқҳои молумулкии дигар.
3.      Ҳавасмандгардонӣ ва танзими давлатии фаъолияти сармоягузорӣ бо усулҳои зерин амалӣ карда мешаванд:
1)      такмили заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти сармоягузорӣ ва заминаи институтсионаливу кадрӣ;
2)      муайян намудани имтиёзҳои андозӣ, гумрукӣ ва пардохтҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3)      ташаккули фазои мусоиди сармоягузорӣ, аз ҷумла фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои сармоягузорон дар амалисозии фаъолияти сармоягузорӣ тавассути таҳкими муҳити озоди рақобатнок ва пешниҳоди кафолатҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4)      ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои сармоягузорон ва фаъолияти сармоягузорӣ;
5)      таъмини устувории шароити амалигардонии фаъолияти сармоягузорӣ;
6)      ташкил ва пешбурди инфрасохтори сармоягузорӣ ҷиҳати беҳтарнамоии фазои сармоягузорӣ барои ҷалб ва дастгирии сармоягузорӣ;
7)      мусоидат ба хусусигардонӣ, реструктуризатсия ва барқарорсозии моликияти давлатӣ, бахусус барои пешниҳоди онҳо ба сармоягузорон ба сифати майдонҳои сармоягузорӣ;
8)      дастгирии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт, бахусус лоиҳаҳои илмӣ, инноватсионӣ, таълимӣ, инчунин лоиҳаҳои дорои хусусияти «сабз», аз ҷумла тавассути аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидани ҳуқуқи истеҳлоки босуръати фондҳои асосӣ;
9)      таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ, минтақаҳои махсуси сармоягузорӣ ва минтақаҳои хурди саноатӣ;
10)    аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудани шартҳои амалисозии ҳуқуқ ба қитъаҳои замин, инчунин соҳиб шудан ва истифода бурдани сарватҳои дигари табиӣ;
11)    пешниҳод намудани реҷаи имтиёзноки будубоши дарозмуддат ба сармоягузорон ва аъзои оилаи онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таълим ва хизматрасониҳои дигари зарурӣ ба онҳо;
12)    усулҳои дигари ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.
4.      Усулҳои ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ нисбат ба ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд, агар дар қонунгузории амалкунанда тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
5.      Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар баробари усулҳои дар қисми 3 моддаи мазкур пешбинишуда, усулҳои дигари ҳавасмандгардонӣ, аз ҷумла истисно кардани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро нисбат ба амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар самтҳои зерин тибқи тартиби муқарраргардида амалӣ менамояд:
1)      лоиҳаҳои сармоягузорие, ки иқтидори технологии иқтисодиёт, рушди инфрасохтор (сохтмони нав, муосиргардонӣ, азнавсозӣ, таҷдиди техникӣ), аз ҷумла инфрасохтори сармоягузорӣ, соҳаҳои рақобатпазири истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ, ҷорӣ ва истифода намудани технологияҳои нав, рушду такрористеҳсоли фондҳои асосии субъектҳои хоҷагидорро баланд бардошта, ба ҷорӣ намудан ва рушди инноватсия равона карда мешаванд;
2)      лоиҳаҳои сармоягузорие, ки дар асоси истифодаи технологияи аз лиҳози экологӣ тоза амалӣ гардида, ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табииро пешбинӣ менамоянд;
3)      лоиҳаҳои сармоягузорие, ки барои ташаккул ва рушди тарзи ҳаёти солими аҳолӣ равона карда мешаванд;
4)      лоиҳаҳои сармоягузорие, ки рушди инфрасохтори сармоягузорӣ, иҷтимоӣ ва инкишофи соҳаҳои нави дорои арзиши баланди иловашударо пешбинӣ менамоянд;
5)      лоиҳаҳои сармоягузорие, ки дар ташаккулёбии неруи инсонӣ ва малакаҳои касбӣ дар асоси талаботи муосир саҳм мегузоранд;
6)      лоиҳаҳои сармоягузорие, ки ба рушди нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақаҳо ва беҳтар намудани шароити иҷтимоӣ равона карда мешаванд.
Моддаи 12. Уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сармоягузории хориҷӣ
1.      Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо аз рӯйи уҳдадориҳои дар созишномаҳои дахлдор бо сармоягузорони хориҷӣ муайяншуда, ки аз ҷониби мақомоти тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор имзо шудаанд, масъулият дорад.
2.      Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи уҳдадориҳои резидентҳо ва ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷалби сармояи хориҷӣ ва (ё) дохилӣ масъулият надорад, ба истиснои ҳолатҳое, ки ин уҳдадориҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби давлат кафолат дода шудаанд.
3.      Аз ҷониби мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва назоратӣ (санҷишӣ), ташкилотҳои молиявӣ ва қарзӣ, мақомоти иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ муқаррар кардани талаботи иловагӣ нисбат ба фаъолияти сармоягузорӣ, аз ҷумла нисбат ба раванди амалишавии созишномаи сармоягузорӣ манъ мебошад.
4.      Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар он ҳолат ҳуқуқи давлати хориҷӣ, мақоми ваколатдори он ё агентии суғуртаро аз рӯйи шартномаи суғуртавӣ вобаста ба сармоягузорӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф менамояд, агар сармоягузор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сармоягузориҳоро воқеан амалӣ карда ва (ё) уҳдадориҳои шартномавиро дар ҳаҷми пурра ба иҷро расонда бошад.
Моддаи 13. Назорат дар соҳаи сармоягузорӣ ва мубодилаи маълумот
1.      Назорат дар соҳаи сармоягузорӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоя ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
2.      Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи андоз бо истифода аз шабакаҳои таъминкунандаи махфият маълумот дар бораи шахсони ҳуқуқии бо ҳиссаи корхонаи хориҷӣ ва ё дорои муассиси хориҷӣ бақайдгирифташуда ва ё дар бораи шахсони ҳуқуқӣ-резидентони аз ҳисоби корхонаи хориҷӣ ё муассиси хориҷӣ фонди оинномавии худ пурракунандаро ба мақоми ваколатдори пешбарандаи таҳияи тавозуни пардохт дар реҷаи мустақим (онлайн)  ирсол менамояд.
3.      Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ барои ҷамъоварии маълумоти оморӣ дар ҳудуди онҳо оид ба шахсони ҳуқуқии бақайдгирифташуда бо ҳиссаи корхонаи хориҷӣ, дорои муассиси хориҷӣ аз ҳисоби корхонаи хориҷӣ ё муассиси хориҷӣ фонди оинномавиро пурракунанда ва пешниҳоди он ба мақоми ваколатдори пешбарандаи таҳияи тавозуни пардохт масъул мебошанд.
4.      Ҳама гуна мубодилаи маълумот байни мақомоти давлатӣ ва сармоягузор дар шакли электронӣ анҷом дода мешавад.
5.      Мақоми ваколатдори пешбарандаи таҳияи тавозуни пардохт ҷиҳати таъмини дастрасӣ ба маълумоти оморӣ оид ба сармоягузории хориҷӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоя ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузориро ба махзани маълумот дар доираи иҷозати маълумоти ифшошаванда пайваст ва пешниҳоди маълумотро дар реҷаи мустақим (онлайн) таъмин менамояд.
БОБИ 4. СОЗИШНОМАИ САРМОЯГУЗОРӢ
Моддаи 14. Вазъи ҳуқуқии созишномаи сармоягузорӣ
1.      Созишномаи сармоягузорӣ барои амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ дар асоси номгўйи аз лиҳози соҳавӣ, ҳаҷми маблағгузорӣ, давра ва минтақаи амалисозӣ, инчунин шартҳои пешбинишаванда барои гирифтани имтиёзҳои сармоягузорӣ таснифшаванда, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд, инчунин дар ҳолати зарурӣ берун аз доираи номгӯйи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ бо розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонда мешавад.
2.      Созишномаи сармоягузорӣ барои тасдиқ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
3.      Нисбат ба созишномаи сармоягузории дар асоси Қонуни мазкур басташаванда талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шартномаҳои байналмилалӣ татбиқ намегардад.
4.      Созишномаи сармоягузорӣ низоми махсуси амалисозии лоиҳаи сармоягузориро пешбинӣ карда, ба сармоягузор имтиёзҳои иловагиро пешниҳод менамояд.
5.      Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя ва иҷро гардидани муқаррароти созишномаи сармоягузориро аз тарафи тамоми мақомоти давлатии барои амалисозии лоиҳаи сармоягузорӣ масъул кафолат медиҳад.
6.      Сармоягузор уҳдадориҳоеро, ки дар доираи созишномаи сармоягузорӣ ташаккул ёфта, хусусияти ҳатмии иҷроро тибқи Қонуни мазкур пайдо менамоянд, амалӣ менамояд.
7.      Тағйирнопазирии муқаррароти созишномаи сармоягузорӣ дар тамоми давраи амалишавии он эътибори ҳуқуқӣ дорад, агар тарафҳои имзокунанда ба он тағйиру иловаҳои дахлдор, ки тибқи тартиби муқарраргардида мавриди амал қарор мегиранд, ворид накунанд.
8.      Ҳангоми ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шартҳои амалишавии созишномаи сармоягузорӣ, аз ҷумла масъалаҳои пардохти андозӣ, гумрукӣ ва ғайриандозиро вазнин менамоянд, нисбат ба чунин ҳолат реҷаи устувори сармоягузорӣ амалӣ карда мешавад.
9.      Қоидаҳои таҳия, баимзорасонӣ ва татбиқи созишномаи сармоягузориро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
Моддаи 15. Мазмуни созишномаи сармоягузорӣ
1.      Мазмуни созишномаи сармоягузорӣ муқаррароти асосии зеринро дар бар мегирад:
1)      объект ва ҳаҷми сармоягузорӣ, аз ҷумла манбаи маблағгузорӣ ва нақшаи вориднамоии сармоя бо кафолати аз ҷониби сармоягузор ҷалб намудани маблағгузории зарурӣ барои амалисозии созишномаи сармоягузорӣ;
2)      давраи оғоз ва анҷоми лоиҳа бо шартҳои амалисозии созишномаи сармоягузорӣ;
3)      тавзеҳот оид ба масъалаҳои зиддикоррупсионӣ, талаботи зиддиинҳисорӣ ва қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом;
4)      тартиби риояи меъёрҳои ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла уҳдадории ворид намудани таҷҳизот ва технологияи муосир, ки ба стандартҳои истифодаи самараноки барқ ва муҳити зист мутобиқ мебошанд, инчунин ҷорӣ намудани идоракунии корпоративӣ;
5)      ҳуқуқ ва уҳдадориҳои сармоягузор, аз ҷумла вобаста ба ҳаҷми сармоя, истеҳсоли маҳсулот, хизматрасонӣ, маҳалликунонии истеҳсолот, сифати маҳсулот, ҳаҷми содироти мол ва хизматрасонӣ, инчунин риояи меъёрҳо, қоидаҳо ва стандартҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини рақобати солим, пешгирии коррупсия, сармоя ва фаъолияти сармоягузорӣ, меҳнат, шаҳрсозӣ, кори бонкӣ ва муҳити зист;
6)      мақом оид ба мавҷудияти ҳуҷҷатҳои зарурӣ, аз ҷумла иҷозатнома (агар фаъолият дорои чунин хусусият бошад) ва оиннома (низомнома)-и шахси ҳуқуқӣ (резидент ва ё ғайрирезидент);
7)      асосноккунии техникию иқтисодӣ, нақшаи тиҷоратӣ ва ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавии ба созишномаи сармоягузорӣ ба таври ҳатмӣ замимашаванда;
8)      танзими низоми андозӣ, гумрукӣ ва муомилоти асъорӣ;
9)      масъалаҳои кирояи кормандон;
10)    ҳуқуқҳо ба молу мулк, маълумот ва захираҳои дигар;
11)    муқаррарот оид ба устувории созишномаи сармоягузорӣ ва ҳолатҳои рафънопазир (форс-мажор);
12)    кафолати ҷуброни зиён ва хисороти дигари тарафҳои созишномаи сармоягузорӣ;
13)    масъалаҳои масунияти соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
14)    ҳуқуқи татбиқшаванда ва тартиби ҳалли баҳсҳо;
15)    тартиб ва муҳлати аз ҷониби сармоягузор пешниҳод гардидани ҳисобот оид ба иҷрои уҳдадорӣ, ҳисобот оид ба азхудкунии сармоя ва ҳисоботи молиявӣ, аз ҷумла тибқи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ;
16)    тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо ба созишномаи сармоягузорӣ ва қатъи амали он;
17)    забони созишномаи сармоягузорӣ, санаи баимзорасонӣ, санаи эътибори ҳуқуқӣ пайдо намудан ва муҳлати амали он.
2.      Созишномаи сармоягузорӣ метавонад муқаррароти дигарро вобаста аз талаботи лоиҳаи созишномаи сармоягузории мушаххас дар бар гирад.
3.      Сармоягузоре, ки мақсади баимзорасонии созишномаи сармоягузориро дорад, бояд асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаи сармоягузориро дар лаҳзаи пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дигар ҳамроҳ бо муроҷиати расмӣ дар шакли хаттӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоя ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ пешниҳод намояд.
Моддаи 16. Ҳуқуқҳои махсус, озодкунӣ ва имтиёзҳои сармоягузор дар доираи созишномаи сармоягузорӣ
1.      Созишномаи сармоягузорӣ метавонад чунин ҳуқуқҳои махсус, озодкунӣ ва имтиёзҳоро ба сармоягузор ва ба лоиҳаи сармоягузорӣ пешбинӣ намояд:
1)      низоми андозбандии махсус, аз ҷумла низоми содакардашудаи андозбандӣ, озодкунии сармоягузор, паймонкорон ва кормандони хориҷӣ аз андозҳои муайян ва ё тамоми намудҳои андоз, имтиёзҳои дигари андозӣ дар давраи муайян ва ё дар тамоми давраи амали созишномаи сармоягузорӣ;
2)      низоми махсуси гумрукӣ, аз ҷумла қисман ва ё пурра озодкунӣ аз пардохтҳои гумрукӣ, расмиёти содакардашудаи гумрукӣ барои сармоягузор, паймонкорон ва кормандони хориҷии он ба давраи муайян ва ё дар тамоми давраи амали созишномаи сармоягузорӣ;
3)      низоми махсуси танзими асъор ва назорати асъор, аз ҷумла озодкунӣ аз уҳдадории гирифтани иҷозатномаҳо, огоҳкунӣ барои қарзҳо ва шаклҳои дигари маблағгузорӣ, ки аз тарафи сармоягузор барои мақсадҳои амалисозии лоиҳаи сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда мешаванд ва кушодани суратҳисобҳои бонкӣ дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи он барои гирифтани қарзҳо ва шаклҳои дигари маблағгузорӣ;
4)      низоми содакардашудаи иҷозатдиҳӣ, аз ҷумла додан, аз нав ба расмият даровардан, тибқи тартиб тамдид кардани муҳлати ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳие, ки барои амалисозии лоиҳаи сармоягузорӣ лозим мебошанд, пурра ё қисман озодкунии сармоягузор аз пардохти боҷҳо ва пардохтҳо барои додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта;
5)      қисман озодкунӣ аз татбиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти танзими нархҳо ва тарифҳо, аз ҷумла қонунгузории зиддиинҳисорӣ;
6)      низоми махсус ва ё содакардашудаи раводид ва назорати муҳоҷират барои кормандон ва паймонкорони сармоягузор, озодкунии сармоягузор ва ширкати он аз уҳдадории риояи квота барои ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ дар рафти татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ.
2.      Созишномаи сармоягузорӣ метавонад ҳуқуқҳои махсус, озодкунӣ ва имтиёзҳои дигарро барои сармоягузор ва лоиҳаи сармоягузорӣ пешбинӣ намояд.
3.      Ҳалли баҳсҳо дар доираи созишномаи сармоягузорӣ, бо назардошти мувофиқаи тарафҳо вобаста ба интихоби усули ҳалли онҳо, муқаррар карда мешавад.
БОБИ 5. КАФОЛАТҲОИ ДАВЛАТИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚҲОИ САРМОЯГУЗОРОН, САРМОЯ ВА ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ
Моддаи 17. Кафолати давлатии ҳимояи ҳуқуқҳои сармоягузорон
1.      Давлат ҳимояи ҳуқуқи сармоягузорон, сармоя ва фаъолияти сармоягузориро дар доираи Қонуни мазкур ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон вобаста ба ҳимояи ҳуқуқ, манфиатҳо ва устувории қонунгузорӣ дар соҳаи сармоягузорӣ кафолат медиҳад.
2.      Давлат устувории шартҳои созишномаҳои сармоягузориро, ки байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сармоягузорон баста шудаанд, кафолат медиҳад, агар бо созиши тарафҳо ба чунин созишномаҳо тағйиру иловаҳои алоқаманд ба устуворӣ ворид карда нашаванд.
3.      Давлат тавассути мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоя ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ барои монеа эҷод кардани мақомоти дигари давлатӣ ба фаъолияти сармоягузорӣ, ки тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад, роҳ намедиҳад.
4.      Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сармоягузорони хориҷие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунанд, низоми миллии фаъолияти иқтисодиро, ки нисбат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мешавад, таъмин менамояд.
Моддаи 18. Кафолатҳои маҷмуӣ барои сармоягузор ва фаъолияти сармоягузорӣ
1.      Давлат нисбат ба сармоягузори хориҷӣ ва фаъолияти ӯ ҳамон шароитеро истифода менамояд, ки нисбат ба сармоягузори ватанӣ ва фаъолияти ӯ пешбинӣ шудааст, агар сармоягузорони хориҷӣ ва ватанӣ дар як шароит қарор дошта бошанд. Давлат нисбат ба сармоягузориҳои хориҷӣ реҷаи миллиро то ташкилёбӣ муқаррар мекунад ва ин муқаррарот метавонад мутобиқи қисми 2 моддаи 26 Қонуни мазкур истисно карда шавад.
2.      Давлат реҷаи адолатнок ва баробари нисбат ба сармоягузори ватанӣ ва фаъолияти сармоягузории ӯ татбиқшавандаро ба сармоягузори хориҷӣ ва фаъолияти ӯ дар доираи стандартҳои ҳадди ақалли муносибат ба сармоягузорон, ки тибқи одатҳои ҳуқуқи байналмилалӣ пешбинӣ шуда, он ҳуқуқҳои моддии иловагиро ба вуҷуд намеоварад, истифода менамояд.
3.      Нисбат ба сармоягузор табъиз бо роҳи вайрон кардани ҳуқуқи сармоягузорон аз рӯйи мансубияти шаҳрвандӣ, миллат, забон, ҷинс, нажод ва эътиқоди динӣ роҳ дода намешавад.
4.      Нисбат ба сармоягузори давлати дигар ва фаъолияти сармоягузории ӯ шароити мусоид, ки дар ҳолатҳои шабеҳ ба сармоягузор ва фаъолияти сармоягузории давлати дилхоҳи дигар пешбинӣ шудааст, татбиқ карда мешавад.
Моддаи 19. Кафолати истифодаи реҷаи устувори сармоягузорӣ
1.      Санадҳои меъёрии ҳуқуқии нави қабулгардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳолате ки татбиқи онҳо ба сармоягузор ва фаъолияти сармоягузории ӯ дар раванди амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ хисороти иқтисодӣ, молиявӣ ва кадрӣ мерасонанд, қувваи бозгашт надоранд.
2.      Дар ҳолате ки қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав ва ё ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории амалкунанда боиси вазниншавии вазъи амалисозии лоиҳаи сармоягузорӣ мегардад, нисбат ба сармоягузори алоқаманд ба чунин лоиҳа дар давоми 15 сол аз санаи сармоягузорӣ қонунгузорие, ки дар санаи сармоягузорӣ амал мекард, истифода карда мешавад.
3.      Тибқи қисми 2 моддаи мазкур вазниншавии вазъи амалисозии лоиҳаи сармоягузорӣ ҳолатҳои зеринро пешбинӣ менамояд:
1)      афзоиши гаронии андоз нисбат ба гаронии андоз аз рӯзи оғози маблағгузории лоиҳаи сармоягузорӣ;
2)      ҷорӣ намудани маҳдудияти миқдорӣ ба ҳаҷми сармоягузорӣ ва талаботи дигари иловагӣ вобаста ба андозаи сармоя, муқаррар намудани ҳолатҳои дигари маҳдудкунӣ ё манъкунӣ;
3)      ҷорӣ намудани маҳдудият нисбат ба ҳисса (саҳм)-и сармоягузори хориҷӣ дар фондҳои оинномавӣ (сармояи оинномавӣ)-и шахсони ҳуқуқӣ.
4.      Дар мавриди ба вуҷуд омадани ҳолатҳои дигари аз ҳолатҳои дар қисми 3 моддаи мазкур фарқкунанда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯйи чунин ҳолатҳои дигари вазнинкунандаи вазъи амалисозии лоиҳаи сармоягузориро бо мақсади амалӣ намудани реҷаи устувори сармоягузорӣ муайян менамояд.
5.      Муқаррароти қисми 2 моддаи мазкур нисбат ба қабул ва ё ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба масъалаҳои амнияти миллӣ, тандурустӣ, ҳифзи муҳити зист, маънавиёт ва ахлоқ алоқаманд мебошанд, паҳн намегарданд.
Моддаи 20. Кафолати ошкорбаёнӣ ва шаффофият
1.      Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки барои маълумоти умум расман интишор нашудаанд, боиси эътибор пайдо кардани оқибатҳои ҳуқуқӣ намегарданд ва асос барои танзими муносибатҳои сармоягузорӣ, татбиқи муҷозоти дилхоҳ нисбат ба сармоягузорон барои риоя накардани дастурҳои дар онҳо зикргардида шуда наметавонанд.
2.      Мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот уҳдадоранд тавассути воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла дар сомонаи расмии мақомот маълумотро дар бораи иштироки худ ва қарорҳои қабулшуда дар соҳаи фаъолияти сармоягузорӣ интишор намоянд.
БОБИ 6. ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ САРМОЯГУЗОРӢ
Моддаи 21. Дастгирии давлатии сармоягузорон ва фаъолияти сармоягузорӣ
1.      Дастгирии давлатии сармоягузорон ва фаъолияти сармоягузорӣ метавонад дар шаклҳои зерин пешниҳод карда шавад:
1)      пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ, гумрукӣ ва имтиёзҳои дигар ба сармоягузорон бо тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишномаҳо, аз ҷумла созишномаҳои сармоягузорӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон;
2)      дар асоси розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи муваққатӣ ва ройгон ба сармоягузор пешниҳод намудани молу мулк ба сифати грантҳои аслии давлатӣ;
3)      дастгирӣ тавассути додани машварат ва иттилооте, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон махфӣ намебошад.
2.      Мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди созмонҳои байналмилалии молиявӣ дар доираи салоҳияташон бо мақсади ҳалли мушкилот ва масъалаҳои сармоягузорон ба таври ҳатмӣ ба онҳо кумаки машваратӣ ва иттилоотӣ мерасонанд.
Моддаи 22. Хизматрасониҳои давлатӣ барои сармоягузорон
Хизматрасониҳои давлатӣ бо мақсади дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намудан ба сармоягузорон ҳангоми сармоягузорӣ, инчунин бо иттилооти зарурӣ таъмин намудани сармоягузорони нав ва амалкунанда истифода карда мешавад.
Моддаи 23. Фондҳои сармоягузорӣ
1.      Фондҳои сармоягузорӣ бо мақсади маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузорӣ, дастгирии молиявии лоиҳаҳои тиҷоратии соҳибкорон, ба даст овардани коғазҳои қимматноки эмитентҳои гуногун, идоракунии дороиҳо ва амалӣ намудани фаъолияти сармоягузорӣ бо усулҳои дигари бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манънашуда таъсис дода мешаванд.
2.      Фондҳои сармоягузории давлатиро дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоя ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ таъсис медиҳад.
БОБИ 7. ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ САРМОЯГУЗОР
Моддаи 24. Ҳуқуқҳои сармоягузор
1.      Сармоягузор дорои ҳуқуқҳои зерин мебошад:
1)      гирифтани маълумот аз мақомоти давлатӣ, ки барои амалисозии фаъолияти сармоягузорӣ заруранд ва ифшои онҳоро қонун манъ накардааст;
2)      дастрас намудани раводиди сармоягузории навъи «С»;
3)      интихоби шакли фаъолияти сармоягузорӣ, ҳаҷми маблағгузорӣ, ба истиснои талаботи қисми 1 моддаи 14 Қонуни мазкур, инчунин таркиб ва сохтори манбаи маблағгузорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст;
4)      кушодани суратҳисоб дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пули миллӣ ва (ё) асъори хориҷӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
5)      озодона мубодила намудани пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба асъори дигари озодона мубодилашаванда, инчунин хариди асъори хориҷӣ ва амалиёти дигари асъорӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор»;
6)      интиқол ва истифода намудани даромади аз фаъолият бадастоварда баъди супоридани андозҳо ва пардохтҳои дигари ҳатмӣ, агар чунин даромад аз супоридани андозҳо ва пардохтҳои дигари ҳатмӣ тибқи созишномаҳои сармоягузорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда нашуда бошанд;
7)      иштирок дар хусусигардонии иншооти моликияти давлатӣ тавассути ба даст овардани ҳуқуқи моликият ба молу мулки давлатӣ ё ҳисса, ҳиссаҳо (саҳм) дар сармояи оинномавии ташкилоти хусусигардондашаванда бо тартиби муайяннамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ»;
8)      гузашти ҳуқуқ ва уҳдадорӣ (гузаронидани қарз)-и худ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахси дигар ва анҷом додани фаъолияти иҷозатномадодашаванда баъди мувофиқа бо мақоме, ки барои амалӣ кардани ин намуди фаъолият иҷозатнома додааст;
9)      бастани аҳдҳо дар хусуси ба даст овардани ҳиссаи иштирок дар сармояи оинномавӣ ва воситаҳои асосии шахсони ҳуқуқии алоҳида, бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи рақобат;
10)    бе мамониат (бе гирифтани иҷозатнома, квотакунонӣ ва истифодаи тадбирҳои дигари танзими ғайритарифии фаъолияти савдои хориҷӣ) баъди анҷоми муҳлати сармоягузорӣ, мутобиқи қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани молу мулк ва иттилооте, ки дар ибтидо ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли ҳуҷҷат ё дар шакли сабтҳои электронӣ ба сифати сармоягузорӣ ворид карда шудаанд, агар созишномаи сармоягузорӣ тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошад;
11)    ба даст овардани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин, аз ҷумла ҳангоми ба даст овардани ҳуқуқ ба бино ва иншоот, инчунин ҳуқуқи истифодаи захираҳои дигари табиӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
12)    анҷом додани сармоягузории такрорӣ аз ҳисоби фоидаи пас аз пардохти андозҳо ва пардохтҳои дигари ҳатмӣ бадастомада;
13)    ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи созишномаҳо, шартномаҳои сармоягузорӣ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон;
14)    тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтани иҷозатнома ва ё иҷозат, агар фаъолияти минбаъда дар доираи танзими масъалаи иҷозатнома ва иҷозат бошад;
15)    қатъи фаъолияти сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи шартҳо ва тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баргардонидани маблағ ва молу мулки дар шакли дороие, ки дар лаҳзаи қатъи фаъолият мавҷуд мебошад;
16)    ҷуброни зиёни мутобиқи қонунгузории мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи аз тарафи мақомоти давлатӣ қабул намудани санадҳои ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф, инчунин амал (беамалӣ)-и ғайриқонунии шахсони мансабдори онҳо расонидашуда;
17)    ҳуқуқҳои дигаре, ки Қонуни мазкур ва созишномаи сармоягузорӣ пешбинӣ кардаанд.
2.      Дар доираи созишномаҳои сармоягузорӣ нисбат ба сармоягузор дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ҳуқуқҳои дигар барои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда шаванд.
3.      Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад, дар мавриди муайян намудани ҳолатҳои аз ҷониби сармоягузор беасос талаб шудани дигар ҳуқуқҳо, онҳоро рад намояд.
4.      Ҳангоми амалӣ кардани сармоягузории такрорӣ сармоягузор ба пуррагӣ аз ҳимояи ҳуқуқӣ, кафолатҳо ва имтиёзҳое, ки Қонуни мазкур ва қонунгузории дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, истифода менамояд.
5.      Муносибатҳои меҳнатӣ байни сармоягузор ва кормандон, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, бо қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешаванд.
6.      Нисбат ба ҳамаи ҳуқуқҳои дар қисми 1 моддаи мазкур муайяншуда низоми кафолати давлатии бо қисми 1 моддаи 17 Қонуни мазкур муқарраршуда татбиқ мегардад.
Моддаи 25. Ҳуқуқҳои сармоягузор ҳангоми экспроприатсия ва реквизитсия
1.      Молу мулки сармоягузор, аз ҷумла сармоя ва дороиҳои барои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ, инчунин дар доираи созишномаҳои сармоягузорӣ истифодашуда мавриди милликунонӣ қарор дода намешаванд.
2.      Экспроприатсия, аз ҷумла экспроприатсияи бавосита (ғайримустақим)-и сармоя дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё қабули чораҳои баробар ба экспроприатсияи сармоя манъ аст, ба истиснои экспроприатсия ба манфиати давлат ё ҷомеа, дар асоси вайрон нагаштани ҳуқуқ, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пардохти саривақтӣ, муносиб ва самарабахши ҷуброн.
3.      Сармоягузорӣ ва дороиҳои дигари сармоягузорон, ба ғайр аз ҳолатҳои фавқулода, офатҳои табиӣ, садама, эпидемия, эпизоотия таҳти реквизитсия қарор намегиранд.
4.      Қарор дар бораи реквизитсия аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.
5.      Экспроприатсия, экспроприатсияи бавосита (ғайримустақим) ва реквизитсияи молу мулки сармоягузор бо пардохти арзиши молу мулк анҷом дода мешаванд.
6.      Арзиши молу мулк аз рӯзи қабули қарор дар бораи экспроприатсия ё реквизитсия дар асоси нархҳои ҷории бозорӣ ё ба усули нархгузории дигари аз тарафи нархгузорони мустақил истифодашаванда бо асъоре, ки сармоягузорӣ анҷом дода шудааст, ё дилхоҳ асъори дигари қобили қабули сармоягузор муайян карда мешавад.
7.      Фоизҳо нисбат ба экспроприатсия ва реквизится аз лаҳзаи пайдоиши ҳуқуқ ба ҷуброн то лаҳзаи пардохти он дар ҳаҷми меъёри миёнаи солонаи тиҷоратӣ бо асъоре, ки бо он сармоягузорӣ анҷом дода шудааст ва ё дилхоҳ асъори дигари қобили қабули сармоягузор ҳисоб карда мешаванд.
8.      Шахсе, ки молу мулкаш бе риояи талаботи қонунгузорӣ реквизитсия карда шудааст, ҳуқуқ дорад пас аз қатъ гардидани амали ҳолатҳое, ки боиси реквизитсия гардидаанд, баргардонидани молу мулки гирифташударо талаб намояд ва дар сурати барнагардонидани он ба суд муроҷиат намояд.
9.      Сармоягузор метавонад қонунӣ будани мақсади истифодаи экспроприатсия ва реквизитсия, арзёбии арзиши молу мулки экспроприатсия ва ё реквизитсиягардида ва расмиётеро, ки мақомоти давлатӣ ҳангоми амалисозии экспроприатсия ва ё реквизитсия риоя намудаанд, дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар суди ҳакамӣ, суди арбитражӣ, суди байналмилалии арбитражӣ ва арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ мавриди баҳс қарор диҳад.
Моддаи 26. Суғуртакунии сармоя ва фаъолияти сармоягузорӣ
1.      Сармоягузорон ҳуқуқ доранд аз хизматрасонии суғуртавии дилхоҳ ташкилоти суғуртавӣ, ки дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд, истифода баранд. Инчунин онҳо метавонанд аз хизматрасонии ташкилотҳои суғуртавии хориҷие, ки тибқи созишномаи байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, истифода намоянд.
2.      Суғуртакунии сармоягузориҳое, ки ба манфиати давлат ҷалб шудаанд, танҳо аз ҷониби субъектҳои фаъолияти суғуртавии ватанӣ анҷом дода мешавад.
3.      Давлат аз рӯйи уҳдадориҳои ташкилотҳои суғуртавӣ дар назди сармоягузорон ҷавобгар намебошад.
4.      Суғуртакунии хавфҳои сармоягузориҳо ба таъмини манфиатҳои қонунии сармоягузорон равона мегардад, аз ҷумла:
1)      ҳама гуна тадбирҳои дар доираи қонунгузорӣ ё ба тариқи маъмурӣ андешидашаванда, ки боиси мусодираи молу мулк ё бегона кардани он, аз даст додани назорат ба он ё даромади аз он гирифташуда мегарданд;
2)      ҷорӣ кардани маҳдудият ҳангоми интиқоли асъори хориҷӣ ба берун аз ҳудуди кишвар;
3)      ҳолатҳои рафънопазир (форс-мажор), аз ҷумла ҷангҳо, бетартибиҳои оммавӣ, амалиётҳои ҳарбӣ, оқибатҳои таркиши ҳастаӣ, таъсири радиатсионӣ ё олудагии радиоактивӣ ва ҳолатҳои дигари ба онҳо монанд;
4)      намуди хавфҳои дигари марбут ба фаъолияти сармоягузорон, ки суғуртакунии онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.
Моддаи 27. Ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ
1.      Амалисозии фаъолият ва ҳифзи ҳуқуқҳои моликияти зеҳнии сармоягузорони хориҷӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешавад.
2.      Мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама гуна ҳуқуқҳои сармоягузоронро нисбат ба моликияти зеҳнӣ ва молу мулк, инчунин ҳуқуқҳои молумулкии марбут ба сармоягузории хориҷӣ дар соҳаи моликияти зеҳниро дар доираи талаботи қонунгузорӣ эътироф мекунанд.
Моддаи 28. Уҳдадориҳои сармоягузор
1.      Ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти сармоягузорӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сармоягузор уҳдадор аст:
1)      талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла талаботи Қонуни мазкур, қонунгузорӣ оид ба рақобат, ҳуқуқи истеъмолкунандагон, меҳнат, шаҳрсозӣ, ҳифзи муҳити зист, фаъолияти бонкӣ, андоз, гумрук ва техникаи бехатариро риоя намояд;
2)      ҳар моҳ на дертар аз 2 рӯз баъд аз санаи ҳисоботӣ ҳисоботро оид ба сармояи хориҷӣ, аз ҷумла дар шакли электронӣ тибқи шакли тасдиқнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи омор ва пешбарандаи таҳияи тавозуни пардохт ба мақоми ваколатдори пешбарандаи таҳияи тавозуни пардохт, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва истифодаи намуди сармоя, пешниҳод намояд;
3)      андозҳо ва пардохтҳои дигари ҳатмиро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт намояд;
4)      фаъолияти иҷозатномадиҳӣ ва ё иҷозатдиҳиро мутобиқи қонунгузорӣ оид ба низоми иҷозатдиҳӣ анҷом диҳад;
5)      ҳисоботи семоҳаро оид ба иҷрои уҳдадорӣ дар доираи созишномаи сармоягузорӣ дар шакли тасдиқнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоя ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ пешниҳод намояд;
6)      амале, ки боиси рақобати бевиҷдонона мегардад, ё амал (беамалӣ)-е, ки ба роҳ надодан, аз байн бурдан ё маҳдуд намудани рақобат, расонидани зарар ба ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии шахсони дигар равона шудааст, пешгирӣ намояд;
7)      ҷуброни зиёнро ҳангоми иҷро накардан ва ё ба таври номатлуб иҷро кардани созишномаи сармоягузорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё дар доираи фаъолияти берун аз созишномаи сармоягузорӣ амалӣ намояд;
8)      ҳама намуди ҳаққи суғуртаро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои суғуртаи иҷтимоии давлатӣ ба кормандоне, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шахсони бешаҳрванд мебошанд, пардохт намояд;
9)      чораҳои заруриро ҷиҳати татбиқи масъулиятнок, устувор ва фарогири лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав ва тайёр кардани кормандони баландихтисос аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намояд.
2.      Нисбат ба сармоягузор татбиқи уҳдадориҳое, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда нашудаанд, манъ мебошад.
Моддаи 29. Ба қайд гирифтан ва қатъ гардидани фаъолияти корхонаи дорои сармояи хориҷӣ
1.      Корхонаҳои дорои сармояи хориҷӣ, филиалҳо, воҳидҳо, намояндагиҳо, иттиҳодияҳои хоҷагидори чунин корхонаҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ», «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ», «Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд» ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода, ба қайди давлатӣ гирифта мешаванд.
2.      Қатъи фаъолияти корхонаи дорои сармояи хориҷӣ, филиалҳо, воҳидҳо, намояндагиҳо, иттиҳодияҳои хоҷагидори чунин корхонаҳо бо тартиб ва шартҳое, ки дар ҳуҷҷатҳои таъсисии онҳо ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, анҷом дода мешавад.
Моддаи 30. Маҳдудиятҳо ҳангоми амалӣ намудани сармоягузорӣ
1.      Сармоягузорон ҳуқуқ доранд сармоягузориро ба иншоот ва намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар асоси талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои намудҳои фаъолият, ки барои фаъолияти сармоягузорӣ, бинобар зарурати таъмини манфиатҳои давлатӣ маҳдуд ва ё манъ карда шудаанд, амалӣ намоянд.
2.      Намудҳои фаъолият, ки барои фаъолияти сармоягузорӣ, бинобар зарурати таъмини манфиатҳои давлатӣ маҳдуд ва ё манъ карда шудаанд, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
3.      Маҳдудиятҳо оид ба интиқоли маблағ бо асъори хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷ барои сармоягузорон метавонанд танҳо дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади пешгирии қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ҷорӣ карда шаванд.
4.      Сармоягузорӣ ба молу мулки шахсони ҳуқуқие, ки дар бозорҳои молии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи ҳукмфармо доранд, бо риояи қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
5.      Сармоягузорӣ ба фаъолияти бонкӣ ва суғуртавӣ бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои фаъолияти бонкӣ ва суғуртавӣ амалӣ карда мешавад.
Моддаи 31. Ҷуброни зиёни ба фаъолияти сармоягузорӣ расондашуда
1.      Сармоягузорони хориҷӣ ба тариқи судӣ ба ҷуброни зиёни моддӣ ва зарари маънавӣ, аз ҷумла фоидаи аздастрафта, ки дар натиҷаи риоя нагардидани муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шахсони мансабдори онҳо ба сармоягузор расонда шудааст, инчунин аз ҷониби ин мақомот ё шахсони мансабдори онҳо нисбат ба сармоягузори хориҷӣ ё корхонаи дорои сармоягузории хориҷӣ уҳдадориҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон номатлуб иҷро карда шудаанд, ҳуқуқ доранд.
2.      Ҷуброни зиёни ба субъекти фаъолияти сармоягузорӣ вобаста ба маҳдудият, боздоштан ё қатъ гардидани фаъолияти сармоягузорӣ расондашуда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
3.      Дар мавриди аз ҷониби мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қабул намудани қарорҳое, ки ҳуқуқҳои субъектҳои фаъолияти сармоягузориро вайрон мекунанд, инчунин дар ҳолатҳои дахолати ғайриқонунии онҳо ба фаъолияти иқтисодии субъектҳои фаъолияти сармоягузорӣ, зиёни расондашуда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.
4.      Зиёни, ки ба фаъолияти сармоягузорӣ дар натиҷаи қабули санади ғайриқонунии мақомоти давлатӣ (шахси мансабдор) расонда шудааст, дар асоси қарори суд аз ҷониби мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдори онҳо ва давлат, дар навбати аввал аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷетии мақомот ҷуброн карда  мешавад.
5.      Мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз натиҷаи баррасии муроҷиатҳои сармоягузорон оид ба барқарор намудани ҳуқуқ, озодиҳо ва манфиатҳои қонунии онҳо ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоя ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ ҷавоби хаттӣ мефиристанд.
6.      Нисбат ба қарорҳои мақомоти давлатӣ, амал (беамалӣ)-и шахсони мансабдори онҳо, ки ҳуқуқҳо, озодиҳо ва манфиатҳои қонунии  фаъолияти сармоягузориро вайрон ё маҳдуд мекунанд, сармоягузор метавонад ба мақомоти болоӣ ё суд шикоят намояд.
БОБИ 8. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 32. Шаклҳои дигари ҳамкорӣ бо сармоягузорон
1.      Ба сармоягузорон ҳуқуқи истифодаи муқаррароти консессионӣ, тақсими маҳсулот, инчунин шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар асоси созишнома ва шартномаи тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баимзорасонидашаванда дода мешавад.
2.      Барои амалӣ намудани сармоягузориҳо дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ татбиқ карда мешаванд.
3.      Кафолат ва тадбирҳои иловагии ҳимояи сармоягузории тибқи Қонуни мазкур пешбинишуда, инчунин дар доираи созишнома ва шартномаҳои дахлдори танзимкунандаи муносибатҳои созишномаи сармоягузорӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ, консессияҳо ва созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот амалӣ карда мешаванд.
Моддаи 33. Ҳалли баҳсҳои сармоягузорӣ
1.      Баҳсҳои сармоягузорӣ байни иштирокдорони фаъолияти сармоягузорӣ мувофиқи шартҳои пешбининамудаи созишнома ва шартномаҳои басташудаи байни тарафҳо ҳал карда мешаванд. Дар сурати мавҷуд набудани чунин созишнома ва шартномаҳо, баҳсҳои сармоягузории байни иштирокдорони фаъолияти сармоягузорӣ аз рӯйи имкон ба воситаи машварати байни тарафҳо ҳал карда мешаванд.
2.      Дар сурати ғайриимкон будани ҳалли баҳсҳо мувофиқи созишнома ва шартномаҳои басташуда, баҳсҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон дар судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар суди ҳакамӣ, суди арбитражӣ, суди байналмилалии арбитражӣ ва арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ, ки бо розигии тарафҳо интихоб мегардад, ҳал карда мешаванд.
3.      Новобаста аз қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур, ҳама гуна баҳсҳои сармоягузории байни сармоягузорони хориҷӣ ва дохилӣ, инчунин байни сармоягузорони хориҷӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вобаста ба ҳалли онҳо тарафҳо ба мувофиқа нарасида бошанд, дар мақомоти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд.
Моддаи 34. Татбиқи муқаррароти Қонуни мазкур нисбат ба сармоягузории қаблан анҷомдодашуда
Муқаррароти Қонуни мазкур нисбат ба сармоягузориҳои мавҷуда, ки қаблан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то эътибор пайдо кардани Қонуни мазкур анҷом дода шудаанд, танҳо дар қисмати реҷаи мусоиди сармоягузорӣ амалӣ мегарданд.
Моддаи 35. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 36. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ» аз          15 марти соли 2016 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,          с. 2016, №3, мод. 152; с. 2018, №7-8, мод. 530) ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ» аз 19 марти         соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №3,         мод. 187; с. 2017, №5, қ. 1, мод. 292) аз эътибор соқит дониста шаванд.
Моддаи 37. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                            Эмомалӣ Раҳмон
 
ш. Душанбе,
14 майи соли 2025, № 2173