Асосӣ | Харитаи сомона | Тамосҳо | | |
ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА
ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
- КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
-
Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),
Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.
БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)
Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.
ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ
ҶАДВАЛИ САНАДҲО
ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»
Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.
Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.
Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)
САТРИ «НОМ»
Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.
САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»
Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.
Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.
Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.
Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.
Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.
ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»
Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.
ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)
- КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ
-
Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.
Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таснифгар | Рақам | Ном | Мақомот | Сана | Ҳолат | Замима |
---|---|---|---|---|---|---|
ҚОНУН | 1655 | ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА ЭКСТРЕМИЗМ | Маҷлиси Олии ҶТ | 02.01.2020 | Амалкунанда | WORD PDF ZIP |
Таснифгар | Рақам | Ном | Мақомот | Сана | Ҳолат | Замима |
---|---|---|---|---|---|---|
ҚОНУН | 1667 | ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АЗ ЭЪТИБОР СОҚИТ ДОНИСТАНИ БАЪЗЕ САНАДҲОИ ҚОНУНГУЗОРИИ РСС ТОҶИКИСТОН, КИ ДАР ДАВРАИ СОЛҲОИ 1961 - 1963 ҚАБУЛ ШУДААНД | Маҷлиси Олии ҶТ | 02.01.2020 | Амалкунанда | WORD PDF ZIP |
Таснифгар | Рақам | Ном | Мақомот | Сана | Ҳолат | Замима |
---|---|---|---|---|---|---|
ҚОНУН | 1652 | ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АВФ ВОБАСТА БА ҚОНУНИГАРДОНИИ МАҚОМИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ ВА ШАХСОНИ БЕШАҲРВАНДЕ, КИ БА ТАВРИ ҒАЙРИҚОНУНӢ ДАР ҲУДУДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҚАРОР ДОРАНД | Маҷлиси Олии ҶТ | 18.12.2019 | Амалкунанда | WORD PDF ZIP |
Феврал 2020
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДУРНАМОҲОИ ДАВЛАТӢ, КОНСЕПСИЯҲО, СТРАТЕГИЯҲО ВА БАРНОМАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ДУРНАМОҲОИ ДАВЛАТӢ, КОНСЕПСИЯҲО, СТРАТЕГИЯҲО ВА БАРНОМАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 8 июни соли 2018, № 1111
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 августи соли 2018, № 568
ҷонибдорӣ карда шуд.
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иҷтимоию иқтисодии таҳия, баррасӣ ва тасдиқи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд.
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- дурнамоҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон - фарзияи аз нуқтаи назари илмӣ асоснокшудаи вазъи ояндаи имконпазири иҷтимоию иқтисодӣ, илмию техникӣ, экологӣ ва иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нишондиҳандаҳои инъикоскунандаи ҳолати мазкурро дар бар мегиранд;
- дурнамосозии давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон - фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва субъектҳои хоҷагидор оид ба таҳия ва такмили дурнамоҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади қабул кардани қарор дар марҳилаи аввали таҳияи нақшаву барномаҳо ҳамчун воситаи пешбинии илмӣ, таҳлили сенариявӣ (вариантӣ) ва ба даст овардани иттилооти иловагӣ истифода мешаванд;
- консепсияи рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон - пешбинии ҳадафҳои стратегӣ, афзалиятҳо, самтҳо ва вазифаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар барои ояндаи дарозмуҳлат ва стратегияи амалиёт ҳангоми иҷрои дурнамоҳо, барномаҳо ва нақшаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ;
- стратегияи рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон - ҳадафҳои дарозмуҳлат ва нишондодҳои асосие, ки ҳалли вазифаҳои афзалиятнок ва ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои мушаххасро дар заминаи истифодаи оқилонаи захираву иқтидорҳои мавҷуда фарогир мебошанд;
- барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон - маҷмӯи чорабиниҳо ва нақшаҳои мувофиқашуда ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва вазифаҳои умумӣ дар доираи афзалиятҳои сатҳи миллӣ, маҳаллӣ ва соҳавӣ бо дар назар доштани истифодаи босамари захираҳои табиӣ, моддӣ ва молиявӣ дар давраи миёнамуҳлат;
- барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии маҳалҳо - таҳияи маҷмӯи чорабиниҳо ва нақшаҳои мувофиқашуда ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва вазифаҳои умумӣ бо дар назар доштани истифодаи босамари захираҳои табиӣ, моддӣ ва молиявӣ;
- модели дурнамосозии рушди иҷтимоию иқтисодӣ - барномаи компютерии тавассути формулаҳои эконометрикӣ таҳияшуда, ки барои арзёбӣ ва дурнамосозии нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, инчунин муайян намудани дараҷаи алоқамандии байни нишондиҳандаҳо истифода бурда мешавад;
- барномаи мақсадноки давлатӣ - маҷмӯи чорабиниҳо ва нақшаҳои мувофиқашуда ҷиҳати расидан ба ҳадаф ва афзалиятҳои гузошташудаи давлат дар давраи миёнамуҳлат бо дар назар доштани хусусиятҳои хос, иқтидору захираҳои мавҷудаи соҳаҳои дахлдор, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҳрезӣ мешаванд;
- нақшаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ - маҷмӯи чорабиниҳо оид ба ҳалли ҳадафҳои гузошташуда, ки метавонанд кӯтоҳмуҳлат, миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат бошанд;
- бахши давлатии иқтисодиёт - мақомоти татбиқкунандаи фаъолияти иқтисодӣ, аз ҷумла корхонаҳои воҳиди давлатӣ, инчунин ҷамъиятҳои саҳомӣ ва корхонаҳои муштарак, ки дар онҳо ҳиссаи давлат зиёд мебошад.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Принсипҳои ташкил ва фаъолияти низоми дурнамосозии давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ташкил ва фаъолияти низоми дурнамосозии давлатии рушди иҷтимоию иқтисодӣ ба принсипҳои зерин асос меёбанд:
- ягонагӣ - мувофиқаи мутақобилаи дурнамоҳо ва ҳуҷҷатҳои стратегию барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраҳои кӯтоҳмуҳлат, миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат бо вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- воқеият - дурнамоҳои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси маълумоти расмӣ, иқтидорҳои мавҷуда ва тамоюлҳои солҳои гузашта, таъсири омилҳои дохилӣ ва берунӣ ба иқтисодиёт таҳиягардида, ки ҳангоми тағйирёбии вазъи иқтисодӣ такмил дода мешаванд;
- асоснокии илмӣ - дурнамоҳои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нуқтаи назари илмӣ асоснок, ки бо истифодаи таҷрибаи ҷаҳонӣ ва такмили доимии методология таҳия мешаванд;
- шаффофият - дурнамоҳои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои баъзе ҳуҷҷатҳо ва маълумоти дорои сирри давлатӣ, ки баъд аз тасдиқ дастраси умум мегарданд;
- масъулиятнокӣ - иштирокчиёни таҳияи дурнамоҳо барои таҳияи саривақтӣ ва босифати дурнамо, пешниҳоди маълумот ва татбиқи онҳо, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошанд.
Моддаи 4. Дурнамоҳои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ва таъмини амнияти иқтисодӣ дурнамоҳои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ояндаи кӯтоҳмуҳлат, миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат тавассути моделҳои дурнамосозии рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва барномаҳо таҳия менамояд. Тартиби таҳияи дурнамоҳои мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
2. Дурнамоҳои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси таҳлили маҷмӯии натиҷаҳо, афзалиятҳо, имкониятҳо, самтҳои асосӣ ва масъалаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда мешаванд.
3. Ҳангоми таҳияи дурнамоҳо имкониятҳои минбаъдаи пешрафти иқтисоди миллӣ, илму техника, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, тамоюли тағйирёбии вазъи демографӣ, экологӣ, сохтори иҷтимоии ҷомеа, иқтидор ва имкониятҳои мавҷудаи давлат, мавқеи сиёсию иқтисодии хориҷии он бо дар назар доштани вазъи сиёсию иқтисодии давлатҳо - шарикони асосии савдо ва омилҳои дигар ба инобат гирифта мешаванд.
4. Дурнамоҳои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- дар маҷмӯъ дар сатҳи ҷумҳурӣ, соҳаҳо, бахшҳои иқтисодӣ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва ба таври алоҳида дурнамоҳои рушди стратегии бахшҳои муҳими иқтисодӣ таҳия карда мешаванд;
- ба дурнамоҳои демографӣ, экологӣ, илмию техникӣ, инчунин дурнамоҳои рушди соҳаҳо ва маҳалҳо, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо асос меёбанд;
- ба вариантҳои мақсаднок (индикативӣ), асосӣ (заминавӣ) ва пессимистӣ бо дар назар доштани таъсири эҳтимолии омилҳои дохилию берунӣ, афзалиятҳои сиёсати иҷтимоию иқтисодии давлат, чорабиниҳои танзими давлатии иқтисодиёт, соҳаи иҷтимоӣ ва марҳилаҳои амалигардонии онҳо таҳия карда мешаванд;
- нишондиҳандаҳои миқдорие, ки суръату таносубҳои рушди иқтисодӣ, ҷараёни истеҳсолот ва сохтори он, андозаи истеҳсол ва истеъмоли молҳо (кор ва хизматрасонӣ)-ро аз рӯи гурӯҳҳои асосии молҳо, натиҷаи пешрафти илму техника, сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ ва шуғлнокӣ, сохтори иҷтимоии ҷомеа ва рушди соҳаҳои дигарро тавсиф мекунанд, дар бар мегиранд.
5. Мақоми ваколатдори давлатӣ дурнамои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ояндаи кӯтоҳмуҳлат ба муҳлати як сол ва параметрҳои асосии он барои ду соли минбаъда таҳия мекунад.
6. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ояндаи миёнамуҳлат то панҷ сол бо тақсимбандӣ ба солҳо таҳия карда, онро ҳар сол такмил медиҳад.
7. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ояндаи дарозмуҳлат ба муҳлати на камтар аз даҳ сол таҳия карда, онро дар панҷ сол як маротиба такмил медиҳад.
8. Дурнамоҳои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ба истиснои баъзе ҳуҷҷатҳо ва маълумоти дорои сирри давлатӣ) бояд дар воситаҳои ахбори омма нашр карда шаванд.
9. Бо мақсади сари вақт ва босифат таҳия намудани дурнамоҳои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатӣ ҳуқуқ дорад аз вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти дигар ва шахсони ҳуқуқӣ, новобаста ба шакли моликияташон ва тобеияти идоравӣ, маводи заруриро талаб намояд.
10. Дурнамоҳои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ояндаи кӯтоҳмуҳлат вазъи рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳуриро дар солҳои гузашта, инчунин самтҳои асосии рушди иқтисодиётро барои соли навбатӣ ва параметрҳои он барои ду соли минбаъда дар бар мегиранд.
11. Дар асоси дурнамоҳои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молиявӣ ва нишондиҳандаҳои он барои ду соли минбаъда аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад.
12. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молиявӣ ва нишондиҳандаҳои он барои ду соли минбаъда дар як вақт инчунин ҳуҷҷату маводи зеринро пешниҳод менамояд:
- натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи сипаришудаи соли ҷорӣ;
- дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли оянда ва параметрҳои асосии он барои ду соли минбаъда;
- лоиҳаҳои барномаҳои мақсаднок, ки маблағгузории онҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои соли оянда пешбинӣ шудааст.
13. Мақоми ваколатдори давлатӣ бо дар назар доштани вазъи иқтисодии ҷаҳон, минтақа ва омилҳои таъсирбахши дохилию берунӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар семоҳа мониторинги вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро гузаронида, дар ҳолатҳои зарурӣ нишондиҳандаҳои дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро такмил медиҳад.
Моддаи 5. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба дурнамосозии давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба дурнамосозии давлатии рушди иҷтимоию иқтисодӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 6. Дурнамоҳои рушди бахши давлатӣ
1. Дурнамоҳои рушди бахши давлатӣ дар доираи дурнамои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ояндаи кӯтоҳмуҳлат барои ҷумҳурӣ, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, дар маҷмӯъ аз рӯи соҳаҳо тартиб дода мешавад.
2. Дурнамоҳои рушди бахши давлатӣ нишондиҳандаҳои зеринро дар бар мегиранд:
- хароҷот барои амалӣ намудани барномаҳои сармоягузорӣ бо нишон додани номгӯи иншоот ва муҳлати сохтмони онҳо, ҷиҳати азнавсозӣ ё таҷдиди объектҳои моликияти давлатӣ, иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таҷрибавӣконструкторӣ вобаста ба хариди мол (кор ва хизматрасонӣ) ва эҳтиёҷоти онҳо;
- фаъолияти субъектҳои хоҷагидори бахши давлатӣ, аз ҷумла маҷмӯи маҳсулоти истеҳсолшуда ва фурӯхташуда, содироту воридоти мол (кор ва хизматрасонӣ), маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби манбаъҳои худӣ ва қарзӣ;
- истеҳсоли маҳсулот (кор ва хизматрасонӣ) аз ҷониби корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои саҳомӣ дар шакли аслӣ бо дар назар доштани номгӯй ва нархи молҳо.
3. Дурнамоҳои рушди бахши давлатӣ, ҳамчунин, нишондиҳандаҳои истифодаи моликияти давлатиро бо дар назар доштани тадбирҳои баланд бардоштани босамарии онҳо дар бар мегирад.
Моддаи 7. Ягонагии консепсия, стратегия ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба ҳадаф, усул ва муҳлати ноилшавии онҳо, нишондиҳандаҳои умумии ба ҳамаи соҳаҳо дахлдор, намуд ва ҳаҷми захираҳои масрафшаванда мутобиқ бошанд.
2. Маҷмӯи ҳуҷҷатҳо бояд бо риояи умумӣ ва равиши ягонаи технологияи таҳия дар асоси қоидаҳое, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар карда мешаванд, таҳия гардад.
Моддаи 8. Консепсияи рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон консепсияи рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва тасдиқ менамояд.
2. Консепсияи рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- бо мақсади муайян кардани самтҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ояндаи дарозмуҳлат таҳия карда мешавад;
- таҳлили рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи муайяни гузашта ва тавсифи вазъи иқтисодии онро дар соли ҷорӣ дар бар мегирад;
- ҳадафҳои стратегӣ ва афзалиятҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воситаҳои ноил шудан ва роҳҳои давра ба давра амалӣ гардонидани мақсаду афзалияти мазкурро муайян мекунад;
- самтҳои асосии сиёсати иҷтимоию иқтисодии давлат, аз ҷумла соҳаҳои алоҳидаи иқтисодиёт ва маҷмӯии байнисоҳавӣ, инчунин самтҳои асосии сиёсати илмию техникӣ, инноватсионӣ, сармоягузорӣ, экологӣ, минтақавӣ ва иқтисоди хориҷиро муқаррар менамояд.
3. Консепсияи рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи на камтар аз 20 сол таҳия карда мешавад.
Моддаи 9. Стратегияи рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон стратегияи рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия менамояд.
2. Стратегияи рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- дар асоси дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия мегардад;
- таҳлили рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар давраи муайяни гузашта фаро гирифта, марҳила ва талаботи асосии рушди иҷтимоию иқтисодиро дар бар мегирад;
- ҳадафҳои стратегӣ, афзалиятҳо ва принсипҳои рушди миллӣ, воситаҳои ноилшавӣ ва роҳҳои татбиқи чунин ҳадафҳо ва афзалиятҳо, фароҳам овардани шароитҳои ниҳодии рушд, таъмини рушди ҳамаҷонибаи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолиро муайян менамояд.
3. Стратегияи рушди иҷтимоию иқтисодиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи на камтар аз 15 сол таҳия намуда, онро дар панҷ сол як маротиба такмил медиҳад.
4. Стратегияи рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад.
5. Барои татбиқ намудани стратегияи рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои миёнамуҳлати миллию соҳавӣ таҳия карда мешаванд.
Моддаи 10. Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи дурнамоҳои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои давраҳои кӯтоҳмуҳлат, миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат бо тартиби муқарраргардида таҳия намуда, дар ҳолатҳои зарурӣ бо дар назар доштани вазъи ҷорӣ ба он тағйирот ворид менамояд.
2. Барномаи кӯтоҳмуҳлати рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи аз 1 то 3 сол таҳия карда мешавад.
3. Барномаи миёнамуҳлати рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи аз 3 то 5 сол таҳия карда мешавад.
4. Барномаи дарозмуҳлати рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи на камтар аз 5 сол таҳия карда мешавад.
5. Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраҳои кӯтоҳмуҳлат, миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат дорои чунин маълумот мебошад:
- дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи муайяни гузашта;
- оид ба мақсаду афзалиятҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, илмию техникӣ, сармоягузорӣ, экологӣ, иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- дар бораи нақшаи чорабиниҳо бо дар назар доштани муҳлат, иҷрокунандагони он, индикаторҳо барои мониторинг, натиҷаҳои пешбинигардида ва сарчашмаи маблағгузорӣ.
6. Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраҳои кӯтоҳмуҳлат, миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат тадбирҳои зеринро пешбинӣ менамояд:
- рушди устувори иқтисодиёт ва дастгирии соҳибкорӣ, таъмини муътадилии нархҳо, шуғли пурмаҳсул ва тавозуни мусбати тиҷорати берунӣ;
- ташаккули ниҳодҳои иқтисодии моликиятдорӣ, меҳнатӣ, молиявӣ, иҷтимоӣ ва дигаргунсозии онҳо;
- дастгирии давлатии илм, истифодаи натиҷаҳои тадқиқоти илмӣ дар истеҳсолот, муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди илм, гузаронидани ташхиси мавзӯъҳои илмию техникӣ, омода намудани барномаҳои маҷмӯии мақсадноки илмӣ;
- афзоиши даромад, баландшавии сатҳи зиндагии аҳолӣ, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, бартараф кардани нобаробарии иҷтимоӣ;
- рушди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, истифодаи босамари захираҳои онҳо, ба ҳам наздик намудани нишондиҳандаҳои сатҳи зиндагӣ, аз ҷумла даромади аҳолӣ;
- ҳифзи табиат ва баланд бардоштани бехатарии экологӣ;
- такмили сохтори содироту воридот, ҷалб кардани сармоягузории хориҷӣ ва истифодаи босамари он, танзими фаъолияти иқтисоди хориҷӣ;
- амалисозии барномаҳои муштарак бо иштироки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пардохти қарзҳои берунӣ;
- рушд ва истифодаи босамари захираҳои иттилоотӣ ва таъмини аҳолӣ бо иттилооти дорои аҳамияти ҷамъиятӣ;
- таъсис ва нигоҳдории ҷойҳои нави корӣ;
- бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат;
- пешгирии ҷалби кӯдакони ноболиғ ба меҳнат;
- пешгирӣ ва бартараф намудани шуғли ғайрирасмӣ.
7. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи барномаи рушди иҷтимоию иқтисодиро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ва тасдиқ (қабули қарори дахлдор) пешниҳод менамояд.
8. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол барои маълумот ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоришро дар бораи натиҷаҳои иҷрои барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли гузашта, инчунин пешниҳодро оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои минбаъда ирсол менамояд.
9. Тартиби таҳияи барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраҳои кӯтоҳмуҳлат, миёнамуҳлат ва дарозмуҳлатро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 11. Барномаҳои мақсадноки давлатӣ
1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои мақсадноки давлатиро таҳия намуда, татбиқи онро таъмин менамояд.
2. Номгӯи барномаҳои мақсадноки давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи дурнамои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва афзалиятҳое, ки дар асоси он таҳия мегарданд, муайян намуда, онро тасдиқ менамояд.
3. Барномаи мақсадноки давлатӣ аз рӯи соҳаҳо аз ҷониби мақоми дахлдори давлатӣ бо дар назар доштани маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва фондҳои мақсадноки буҷетӣ таҳия мешавад.
4. Дар барномаҳои мақсадноки давлатӣ маълумоти зерин пешбинӣ мегардад:
- асосноккунӣ ва афзалияти барнома аз нигоҳи илмию иқтисодӣ;
- натиҷаҳои пешбинишудаи иҷтимоию иқтисодӣ ва экологии барнома;
- сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва тақсимбандӣ ба солҳо;
- номи дақиқи фармоишгар ва иҷрокунандаи асосии барномаи мазкур.
Моддаи 12. Дурнамоҳои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо
1. Дурнамоҳои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳоро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ таҳия менамоянд, ки онҳо аз ҷониби Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо тасдиқ мегарданд.
2. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақоми ваколатдори давлатӣ, инчунин дигар мақомоти дахлдор иҷрои корҳои зеринро таъмин менамоянд:
- аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ таҳияи лоиҳаи санади дахлдор ҷиҳати ташкили корҳо доир ба таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муайян намудани номгӯи нишондиҳандаҳои дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва таҳияи тавсияҳои методӣ оид ба таҳияи дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо;
- аз ҷониби мақомоти омор ба вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешниҳод намудани маълумоти оморӣ дар доираи барномаи корҳои оморӣ.
3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар асоси дурнамои таҳиягардида иҷрои корҳои зеринро таъмин менамояд:
- андешидани тадбирҳо оид ба муҳайё сохтани шароит барои рушди босуботи иҷтимоию иқтисодӣ, андешидани чораҳои судманд ҷиҳати бартараф кардани нобаробарии рушди минтақаҳо, истифодаи босамари захираҳои табиӣ, моддӣ, меҳнатӣ ва молиявии онҳо, аз ҷумла барои зиёд намудани истеҳсоли молҳои содиротӣ ва молҳои воридотивазкунанда;
- баргузории муколамаи озод байни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ ва ташкили чорабиниҳои таблиғотиву фаҳмондадиҳӣ дар минтақаҳо ҷиҳати ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодӣ;
- таҳияи тавсияҳо оид ба коҳиш додани ҳолатҳои буҳронӣ дар минтақаҳо.
4. Дурнамоҳои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо барои таҳияи барномаҳои стратегии рушди иҷтимоию иқтисодии онҳо асос мебошанд.
Моддаи 13. Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии маҳалҳо
1. Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии маҳалҳо барои давраи миёнамуҳлат дар асоси ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва барномавӣ, инчунин дурнамоҳои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии маҳал таҳия мегардад.
2. Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии маҳалҳо ҳадафҳои стратегии рушди кишварро дар бар гирифта, бо дар назар дош-тани хусусиятҳои хос, иқтидорҳо, афзалиятҳо ва захираҳои мавҷудаи ҳар як маҳал таҳия ва амалӣ карда мешавад.
3. Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии маҳалҳо мақсадҳои афзалиятнок, вазифаҳо ва самтҳои асосии рушди минтақа, захираҳои зарурӣ ва нақшаю чорабиниҳои ҳамаи тарафҳои манфиатдорро барои ноил гардидан ба мақсадҳои стратегии рушд дар бар мегирад.
4. Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии маҳалҳо ба принсипҳои зерин асос меёбад:
- ҳатмӣ будани таҳияи барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии маҳалҳо ҳамчун механизми банақшагирии стратегӣ;
- таъмини пурра ва маҷмӯии барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии маҳалҳо фарогири ҳамаи барномаҳои миллӣ ва чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ буда, аз ҳисоби буҷети давлатӣ, шарикони рушд, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, сармоягузорони ватанию хориҷӣ маблағгузорӣ карда мешавад;
- иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳангоми таҳия ва татбиқи барномаҳо;
- мониторинг ва арзёбии барномаҳо.
5. Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии маҳалҳо барои таҳияи буҷети маҳаллӣ ва пешниҳодҳо оид ба маблағузории самтҳои алоҳидаи рушди маҳаллӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ асос меёбад.
6. Тартиби мувофиқасозии масъалаҳо оид ба маблағгузории самтҳои алоҳидаи рушди маҳаллӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
7. Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии маҳалҳо барои амалӣ шудани чорабиниҳои аз ҳисоби шарикони рушд, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва сармоягузорони ватанию хориҷӣ маблағгузоришаванда асос мебошад.
8. Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии маҳалҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таҳия гардида, бо қарори Маҷлиси вакилони халқ тасдиқ карда мешавад.
9. Мониторинг ва арзёбии барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии маҳалҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар асоси тартибу услубе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ шудааст, гузаронида мешаванд. Мақоми ваколатдори давлатӣ метавонад мониторинг ва арзёбии интихобии барномаи рушди маҳалро анҷом диҳад. Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии маҳалҳо метавонад аз рӯи натиҷаҳои мониторинг ва арзёбӣ такмил ёбад.
10. Тартиби таҳия намудани барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии маҳалро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
11. Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии маҳалро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор татбиқ менамоянд.
Моддаи 14. Шӯрои методӣ оид ба дурнамосозӣ
1. Бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо оид ба таҳияи дурнамоҳои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасӣ ва илман асоснок намудани дурнамоҳои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо Шӯрои методӣ оид ба дурнамосозӣ ташкил карда мешавад.
2. Тартиби кор ва ҳайати Шӯрои методӣ оид ба дурнамосозӣ ва низомномаи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
3. Вазифаҳои асосии Шӯрои методӣ оид ба дурнамосозӣ:
- ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо, иштирокчиёни таҳияи дурнамоҳои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- арзёбии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳолати зарурӣ пешниҳод намудани таклиф оид ба ворид намудани тағйирот ба дурнамоҳои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ;
- таҳлили илмии дурнамои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодӣ;
- таҳияи методологияи дурнамоҳои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо;
- баррасӣ ва омӯзиши равандҳои муосири дурнамосозӣ дар ҷаҳон ва дар ин замина омода намудани пешниҳодҳо ҷиҳати такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти дурнамосозӣ;
- иштирок дар ҳалли масъалаҳои методологӣ, илмию техникӣ ҳангоми таҳия ва такмили низоми ҳуҷҷатҳои методӣ оид ба таҳияи ҳуҷҷатҳои стратегии сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва соҳавӣ.
Моддаи 15. Масъулият барои пешниҳод намудани маълумот
Мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти дигар, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷиҳати сари вақт пешниҳод намудани маводи таҳлилию омории дақиқ барои таҳияи дурнамоҳои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошанд.
Моддаи 16. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 17. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2003 "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, № 12, мод. 681; с. 2009, № 3, мод. 87; с. 2011, № 12, мод. 845; с. 2017, №1-2 мод. 22) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 18. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
3 августи соли 2018,
№ 1544
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ КАРАНТИН ВА МУҲОФИЗАТИ РАСТАНИҲО
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ КАРАНТИН ВА МУҲОФИЗАТИ РАСТАНИҲО
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии карантин ва муҳофизати растаниҳо, гузаронидани чорабиниҳои карантинию фитосанитарӣ ва муомилот бо воситаҳои муҳофизати растаниҳоро муайян намуда, ба нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳифзи саломатии инсон, ҳайвонот ва муҳити зист равона шудааст.
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- агрокимиёҳо - нуриҳо, ғизодоруҳои (мелиорантҳои) кимиёвӣ ва иловаҳои ғизоӣ, ки барои сабзиш, инкишоф ва баланд бардоштани ҳосилнокии растанӣ, инчунин танзими ҳосилхезии хок истифода бурда мешаванд;
- алафҳои бегона - растаниҳои худрӯй, ки сабзиши онҳо боиси ифлосшавии кишти зироатҳои кишоварзӣ, боғот, токзорҳо, хатҳои ҷангалзор, заҳбурҳо, ҷӯйборҳо ва қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ мегардад;
- анбори махсус - биное, ки бо мақсади нигоҳдории бехавфи пеститсидҳои мавриди истифода қарордошта, барои истифодабарӣ манъшуда, муҳлати истифодабариашон гузашта ё ношоям, инчунин зарфҳои холии онҳо пешбинӣ шудааст;
- арзёбии карантинию фитосанитарӣ - гузаронидани санҷиши маводи таҳти карантин қарордошта бо мақсади тасдиқ кардани бехатарии карантинии он, пешгирӣ намудани паҳншавии организмҳои зараррасон ва алафҳои бегона;
- бехатарии карантинию фитосанитарӣ - вазъи муҳофизатии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хавфҳое, ки дар натиҷаи ворид ва паҳншавии организмҳои зараррасони карантинӣ ба миён меоянд;
- безараргардонии пеститсидҳо - чорабиниҳо оид ба безарар гардонидан ва нобуд кардани пеститсидҳои барои истифодабарӣ манъшуда, муҳлати истифодабариашон гузашта ё ношоям, инчунин зарфҳои холии онҳо, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар объектҳои махсус гузаронда мешаванд;
- бори транзитӣ - маҳсулот ё маводи дигаре, ки аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари дигар интиқол дода мешавад ва нисбат ба он чораҳои карантинию фитосанитарӣ татбиқ мегарданд;
- бори реэкспортӣ - мавод ва маҳсулоте, ки қаблан ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудаанд ва бо риояи низоми гумрукӣ ба кишвари дигар содир мегарданд;
- вазъи карантинию фитосанитарӣ - ҳолати дар маводи таҳти карантин қарордошта бавуқӯъомада, ки дар асоси миқдор ва ҳадди зарарнокии организмҳои зараррасон, карантинӣ ва махсусан хавфнок муайян карда мешавад;
- воситаҳои муҳофизати растаниҳо - моддаҳои кимиёвӣ, воситаҳои биологӣ, техникӣ ва тадбирҳои дигаре, ки барои пешгирии дохилшавӣ ва паҳншавии организмҳои зараррасон, карантинӣ ва махсусан хавфнок бо мақсади нобуд ё кам кардани миқдор ва ҳадди зарароварии онҳо ба растаниҳо ва (ё) маҳсулоти растанӣ истифода мешаванд;
- дегазатсия - безарар гардондани моддаҳои заҳрнок;
- иҷозати воридоти карантинӣ - ҳуҷҷати расмие, ки дар ҳолати риоя намудани талаботи фитосанитарӣ ба воридоти мавод иҷозат медиҳад;
- карантини растаниҳо - низоми ҳуқуқӣ, ки амалисозии маҷмӯи чорабиниҳои муҳофизати растаниҳо ва маҳсулоти онҳоро аз организмҳои зараррасони карантинӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд;
- касалии растанӣ - раванди ғайритабиие, ки дар ҳуҷайра ва узвҳои растаниҳо дар натиҷаи таъсири ангезандаҳои касалиҳо (микроб, бактерия, микоплазма ва занбӯруғҳо) ё шароити номусоиди муҳити сабзиш ба миён меояд;
- қайди давлатии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо - расмиёти ба Феҳристи давлатии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо пас аз санҷишҳо ва таҷрибаҳои саҳроии қайдшаванда ворид намудани пеститсидҳо ва агрокимиёҳо, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ гузаронида мешавад;
- қоидаҳои нигоҳдорӣ ва интиқоли пеститсидҳо ва агрокимиёҳо - талаботи ҳатмии бехатарӣ нисбат ба шароиту технологияҳои нигоҳдорӣ ва интиқоли пеститсидҳо ва агрокимиёҳо;
- қоидаю меъёрҳои таъмини карантин ва муҳофизати растаниҳо - санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои меъёрии техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳуҷҷатҳои дигари методӣ дар бораи таъмини карантин ва муҳофизати растаниҳо;
- маводи таҳти карантин қарордошта – растанӣ, маҳсулоти он, ҷойи нигоҳдорӣ, хок, воситаи нақлиёт, борҷома, зарф, масолеҳи борбандӣ, ё ҳар гуна организм, мавод ва объекти дигар, ки метавонанд манбаи паҳншавии организмҳои зараррасони карантинӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон гарданд;
- мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо (минбаъд - мақомоти ваколатдори давлатӣ) - мақомоти ваколатдори давлатӣ, ки сиёсати давлатиро дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо амалӣ гардонида, дар доираи ваколатҳои худ фаъолиятро дар соҳаи мазкур ҳамоҳанг месозад;
- маҳсулоти растанӣ - растанӣ, қисмҳо ва маҳсулоти он (тухм, барг, поя), ки ба сифати ашёи хом ё мақсадҳои дигари истеҳсолию истеъмолӣ истифода мешаванд;
- маҳсулоти содиршаванда – миқдори муайяни растанӣ, маҳсулоти он ва ё маводи дигаре, ки дар асоси сертификати фитосанитарӣ ба давлати дигар содир карда мешавад;
- минтақаи карантинию фитосанитарӣ - ҳудуде, ки дар он ҳангоми ошкор шудани организмҳои зараррасони карантинӣ тартиботи карантинӣ ҷорӣ гардидааст ва чорабиниҳои карантинию фитосанитарӣ татбиқ карда мешаванд;
- минтақаи аз организмҳои зараррасони карантинӣ озод (минбаъд минтақаи озод) - минтақае, ки дар он мавҷуд набудани организмҳои зараррасони карантинӣ пас аз ташхиси хатари карантинию фитосанитарӣ илман исбот гардидааст;
- мониторинги карантинию фитосанитарӣ - низоми чорабиниҳо, ки раванди тадқиқ, мушоҳида ва баҳисобгирии инкишофу паҳншавии организмҳои зараррасон, карантинӣ ва махсусан хавфнок, инчунин омода намудани пешгӯйии паҳншавии онҳоро дар бар мегирад;
- муомилот бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо - амалҳое, ки бо мақсади омӯзиш, санҷиш, коркард, такмил, истеҳсол, фурӯш, нигоҳдорӣ, интиқол, истифодабарӣ, безараргардонӣ ва банду басти пеститсидҳо ва агрокимиёҳо анҷом дода мешаванд;
- муҳофизати растаниҳо - низоми чорабиниҳое, ки мубориза бар зидди касалиҳо, алафҳои бегона, организмҳои зараррасон ва организмҳои зараррасони махсусан хавфнок ва тартиби муомилот бо воситаҳои муҳофизати растаниҳоро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд;
- назорати давлатии карантинию фитосанитарӣ - фаъолияти мақомоти ваколатдори давлатӣ ва ташкилотҳои давлатии дигар, ки ба ошкор ва муайян кардани организмҳои зараррасон, карантинӣ ва махсусан ҳавфнок, огоҳонидан ва пешгирӣ намудани риоя накардани қоидаю меъёрҳои таъмини карантин ва муҳофизати растаниҳо ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст;
- организми зараррасони карантинӣ - организме, ки барои минтақаи зери хавф қарордошта зарари имконпазири иқтисодӣ дорад ва объекти татбиқи расмиёти амалигардонии чораҳои карантинию фитосанитарӣ мебошад;
- организмҳои зараррасон - намуд, навъ ё биотипи растанӣ, ҳайвонот ё барангезандаҳои касалиҳо, ки дар ҳолати афзоиш ва паҳншавии оммавӣ қарор дошта, метавонанд ба ҳаҷми истеҳсол, сифат, бехатарӣ ва арзиши истеъмолии маҳсулот таъсири манфӣ расонанд;
- организмҳои зараррасони махсусан хавфнок - организмҳои зараррасон ва барангезандаҳои касалиҳои растаниҳо, ки хавфи вазъияти фавқулодаро ба вуҷуд оварда, қобилияти оммавии такроран афзоишу паҳншавӣ доранд ва ба иқтисодиёт ва муҳити зист зарар мерасонанд ва аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ ба рӯйхати организмҳои зараррасони махсусан хавфнок ворид карда шудаанд;
- пеститсидҳо - моддаҳо, пайвастҳо ва омехтаҳои кимиёвӣ ва биологӣ, ки ҳамчун воситаи муҳофизати растаниҳо барои мубориза бар зидди организмҳои зараррасон, касалиҳои растанӣ, алафҳои бегона, микроорганизмҳо ва паразитҳо, инчунин барои хушконидан ва резонидани барги растанӣ истифода мешаванд;
- растанӣ - организми зиндаи биологӣ ва қисмҳои он, аз ҷумла тухмӣ ва маводи генетикӣ;
- санҷишҳои қайдшавандаи пеститсидҳо ва агрокимиёҳо - тартиби тасдиқи истифодабарии мақсаднок ва бехавфи пеститсидҳо ва агрокимиёҳо, ки арзёбии биологӣ, токсикологӣ, беҳдоштӣ ва экологиро дар бар гирифта, дар раванди онҳо мувофиқати таркиб, хусусиятҳои кимиёвию воқеӣ ва шакли дорувории онҳо ба талаботи санадҳои меъёрии техникӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд;
- сертификати фитосанитарӣ - ҳуҷҷати намунаи байналмилалие, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дода мешавад ва мутобиқати маводи таҳти карантин қарордоштаро ба қоида ва меъёрҳои таъмини карантини растанӣ тасдиқ мекунад;
- тартиботи карантинӣ - дар давраи муайян аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ намудани маҳдудият, манъ кардани истифодабарӣ ва ё содироти маводи таҳти карантин қарордошта дар минтақаи карантинию фитосанитарӣ;
- ташхиси хатари карантинию фитосанитарӣ - раванди арзёбии маълумоти биологӣ, иқтисодӣ ё маълумоти дигари илмӣ, ки бо мақсади муайян кардани қобилияти зараррасонии организмҳо ва зарурати амалӣ намудани чорабиниҳои карантинию фитосанитарӣ гузаронда мешавад;
- фумигатсия - коркарди мавод бо моддаҳои кимиёвӣ (бо роҳи газолуд кардан), ки тамоми сатҳи маводро дар бар мегирад;
- Феҳристи давлатии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо (минбаъд - Феҳристи давлатӣ) - махзани давлатии иттилоотӣ дар бораи пеститсидҳо ва агрокимиёҳо, ки истифодаи онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст ва пешбурди онро мақомоти ваколатдори давлатӣ амалӣ менамояд;
- ҳадди иқтисодии зарароварӣ – миқдори организмҳои зараррасон, карантинӣ ва махсусан хавфнок, ки боиси талафёбии растанӣ ва маҳсулоти растанӣ гардида, зарурати гузарондани чорабиниҳои карантинию фитосанитариро ба миён меоранд;
- чорабиниҳои муҳофизати растаниҳо - маҷмӯи чораҳое, ки барои кам кардани миқдори организмҳои зараррасон ва организмҳои зараррасони махсусан хавфнок ва паст намудани дараҷаи зарароварии онҳо ба растанӣ ва маҳсулоти растанӣ, инчунин бартараф намудани ҳадди иқтисодии зарароварӣ истифода мешаванд;
- чорабиниҳои карантинию фитосанитарӣ - маҷмӯи чораҳое, ки барои ошкор кардан, маҳдуд ва барҳам додани манбаъҳои организмҳои зараррасони карантинӣ, инчунин роҳ надодан ба паҳншавии онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи карантин ва муҳофизати растаниҳо
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи карантин ва муҳофизати растаниҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Таъмини карантин ва муҳофизати растаниҳо
- Карантини растаниҳо дар асоси қабул ва татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои меъёрии техникӣ дар соҳаи карантини растаниҳо, иҷрои чорабиниҳои карантинию фитосанитарӣ ва амалӣ намудани назорати давлатии карантинию фитосанитарӣ таъмин карда мешавад.
- Муҳофизати растаниҳо бо риояи талаботи зерин анҷом дода мешавад:
- қабул ва татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои меъёрии техникӣ, инчунин ҳуҷҷатҳои дигари методӣ дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо;
- муайянкунии самаранокии биологӣ ва муқаррар намудани дастурҳои истифодабарии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо;
- ташкили истеҳсоли пеститсидҳо ва агрокимиёҳо, амалигардонии чораҳо оид ба муҳофизати растаниҳо;
- таъсис ва истифодабарии фонди захиравии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо;
- ташаккулдиҳӣ ва истифодабарии махзани давлатии иттилоотӣ оид ба муҳофизати растаниҳо.
Моддаи 4. Принсипҳо ва вазифаҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо
1. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо ба принсипҳои зерин асос меёбад:
- асоснокии илмӣ, экологӣ ва иқтисодии амалигардонии чорабиниҳои карантинию фитосанитарӣ ва муҳофизати растаниҳо;
- афзалият дар истифодабарии воситаҳои биологии муҳофизати растаниҳо;
- шаффофият дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои карантин ва муҳофизати растаниҳо;
- таъмини аҳолӣ бо иттилооти пурра, саҳеҳ ва саривақтӣ оид ба амалигардонии чорабиниҳои карантинию фитосанитарӣ ва муҳофизати растаниҳо.
5 |
2. Вазифаҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо иборатанд аз:
- таҳия ва татбиқи консепсия, барнома ва нақшаи чорабиниҳои дахлдор;
- танзими ҳуқуқӣ ва техникӣ дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо;
- таъмини вазъи мусоиди фитосанитарӣ ва амнияти озуқаворӣ;
- таъмини ҳифзи саломатии инсон, ҳайвонот ва муҳити зист дар раванди амалисозии чорабиниҳои карантинию фитосанитарӣ ва муҳофизати растаниҳо;
- мониторинги карантинию фитосанитарӣ;
- назорати давлатии карантинию фитосанитарӣ ва муҳофизати растаниҳо;
- амалигардонии чорабиниҳои дигар оид ба карантин ва муҳофизати растаниҳо.
Моддаи 5. Маблағгузории чорабиниҳои карантинию фитосанитарӣ ва муҳофизати растаниҳо
- Маблағгузории чорабиниҳои карантинию фитосанитарӣ ва муҳофизати растаниҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷетҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин манбаъҳои дигари манънакардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
- Маблағгузории чорабиниҳои карантинию фитосанитарӣ ва муҳофизати растаниҳо дар минтақаи карантинию фитосанитарӣ ҷиҳати тоза кардан ва барҳам додани манбаъҳои организмҳои зараррасон, карантинӣ ва махсусан хавфнок, баргардондани маводи таҳти карантин қарордошта ба давлати содиркунанда, гузарондани экспертиза ва санҷишҳои пеститсидҳо ва агрокимиёҳои ба қайди давлатӣ гирифташаванда, безараргардонии пеститсидҳои барои истифодабарӣ манъшуда, муҳлати истифодаашон гузашта ё ношоям, инчунин зарфҳои холии онҳо аз ҳисоби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
- Аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ карда мешаванд:
- чорабиниҳои карантинию фитосанитарӣ ва муҳофизати растаниҳо аз организмҳои карантинӣ, махсусан хавфнок ва алафҳои бегона тибқи номгӯйи аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда;
- таъмини тартиботи карантинӣ дар минтақаи карантинию фитосанитарӣ;
- ташаккулдиҳӣ, навкунӣ (ивазкунӣ) ва истифодабарии фонди захиравии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо;
- гузаронидани мониторинги карантинию фитосанитарӣ ва назорати давлатии карантинию фитосанитарӣ.
Моддаи 6. Уҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо
- Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки маводи таҳти карантин қарордоштаро истеҳсол, захира ва ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ва аз ҳудуди он содир менамоянд, инчунин ба интиқол, коркард, фурӯш ва истифодаи он машғуланд, уҳдадоранд:
- талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои меъёрии техникиро риоя ва иҷро намоянд;
- ба объектҳои таҳти карантин қарордошта бемамониат ворид шудани шахсони мансабдори мақомоти ваколатдори давлатиро таъмин намуда, ба онҳо маълумот ва ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод созанд;
- мақомоти ваколатдори давлатиро оид ба ворид намудани маводи таҳти карантин қарордошта ва макони нигоҳдории он огоҳ намоянд;
- безараргардонӣ ё барҳам додани манбаъҳои организмҳои зараррасони карантиниро дар ҳолати ошкор кардани онҳо таъмин намоянд;
- тартиботи карантиниро риоя намоянд;
- дар вақти интиқоли маводи таҳти карантин қарордошта восита ва усулҳоеро истифода намоянд, ки ба имконияти сироятёбии ҳудудии организмҳои зараррасони карантинӣ мусоидат намекунанд.
- Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар соҳаи муҳофизати растаниҳо фаъолият менамоянд, уҳдадоранд:
- талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои меъёрии техникиро риоя ва иҷро намоянд;
- ба шахсони мансабдори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ тибқи талаботи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуда, пешниҳоди маълумот ва ҳуҷҷатҳоеро, ки барои амалӣ намудани назорати давлатӣ заруранд, сари вақт таъмин намоянд;
- қоидаҳои бехатарии муомилот бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро риоя намоянд;
- истифодаи пеститсидҳо ва агрокимиёҳои ба Феҳристи давлатӣ воридшударо ба роҳ монанд;
- пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро дар анборҳои махсус нигоҳ доранд ва пеститсидҳои барои истифодабарӣ манъшуда, муҳлати истифодаашон гузашта ё ношоям, инчунин зарфҳои холии онҳоро бо тартиби тасдиқнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ безарар гардонанд;
- пардохтҳои ҳатмиро барои таъмини карантини растанӣ ҳангоми таҳлили лабораторӣ, азназаргузаронӣ, экспертизаи маводи таҳти карантин қарордошта, сертификатсияи фитосанитарӣ, фумигатсия, дегазатсия, додани иҷозати воридоти карантинию сертификати фитосанитарӣ, санҷишҳои қайдшавандаи пеститсидҳо ва агрокимиёҳо, чорабиниҳои дигари таъмини карантини растанӣ анҷом диҳанд.
БОБИ 2. ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ КАРАНТИН ВА МУҲОФИЗАТИ РАСТАНИҲО
Моддаи 7. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо мансубанд:
- пешбурди сиёсати давлатӣ дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо;
- муайян намудани мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо;
- тасдиқи консепсия, барнома, нақшаи чорабиниҳои карантинию фитосанитарӣ ва қоидаю меъёрҳои таъмини карантин ва муҳофизати растаниҳо;
- тасдиқи номгӯйи организмҳои зараррасони карантинӣ ва махсусан ҳавфнок мутобиқи стандартҳои байналмилалии эътирофшудаи карантин ва муҳофизати растаниҳо;
- муқаррар намудани минтақаи карантинию фитосанитарӣ, ҷорӣ ва бекор кардани тартиботи карантинӣ дар он;
- муайян намудани тартиби ташкил ва истифодабарии махзани давлатии иттилоот дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо;
- ташкили фонди захираи давлатии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо;
- таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо;
- тасдиқи тартиби ба қайди давлатӣ гирифтани пеститсидҳо ва агрокимиёҳо, пешбурди Феҳристи давлатӣ;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 8. Ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо
Ба ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо дохил мешаванд:
- амалӣ намудани назорати давлатии карантинию фитосанитарӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муайян намудани вазъи карантинию фитосанитарии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ташхиси хатари карантинию фитосанитарӣ, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои карантинию фитосанитарӣ ва муҳофизати растаниҳо;
- таҳияи консепсия, барнома ва нақшаи чорабиниҳои карантинию фитосанитарӣ, қоидаю меъёрҳои таъмини карантин ва муҳофизати растаниҳо, пешниҳоди онҳо барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- тартиб додани номгӯйи маводи таҳти карантин қарордошта, организмҳои зараррасони карантинӣ ва махсусан хавфнок, пешниҳоди он барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- пешниҳоди таклифҳо оид ба муқаррар намудани минтақаи карантинию фитосанитарӣ, ҷорӣ ва бекор кардани тартиботи карантинӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таъмини шаффофият ҳангоми таҳия, қабул ва татбиқи чорабиниҳои карантинию фитосанитарӣ ва муҳофизати растаниҳо;
- сертификатсияи карантинию фитосанитарии маводи таҳти карантин қарордошта, додани сертификати фитосанитарӣ барои содироти маҳсулоти растанӣ ва талаб кардани иҷозати воридоти карантинӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба гузарондани чорабиниҳои карантинию фитосанитарӣ ва муҳофизати растаниҳо;
- таъмини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо маълумот ва дастурамалҳо оид ба гузарондани чорабиниҳои карантинию фитосанитарӣ ва муҳофизати растаниҳо;
- ташкили санҷишҳои қайдшавандаи пеститсидҳо ва агрокимиёҳо, бақайдгирии давлатӣ, баҳисобгирии мавҷудияти воситаҳои муҳофизати растаниҳо ва пешбурди Феҳристи давлатӣ;
- муайян намудани тартиби гузарондани мониторинги карантинию фитосанитарӣ;
- ташкили корҳо оид ба безараргардонии маводи таҳти карантин қарордошта ва пеститсидҳои барои истифодабарӣ манъшуда, муҳдати истифодаашон гузашта ё ношоям, инчунин зарфҳои холии онҳо дар мувофиқа бо мақомоти давлатии дахлдор;
- ташкили хариди давлатии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо, хизматрасонӣ оид ба нигоҳдорӣ, интиқол, тақсим ва истифодабарии онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муайян намудани тартиби санҷиши карантинию фитосанитарии бори ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, хабардоркунӣ, баргардонидани онҳо ба давлатҳои содиркунанда ва безараргардонии организмҳои зараррасони карантинӣ;
- иштирок дар таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 9. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо
Ба ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо дохил мешаванд:
- таҳия ва татбиқи барномаҳои маҳаллӣ дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо;
- таъмини вазъи мусоиди карантинию фитосанитарӣ дар ҳудуди дахлдор;
- ташкили чорабиниҳои безараргардонии маводи таҳти карантин қарордошта, пеститсидҳои барои истифодабарӣ манъшуда, муҳлати истифодаашон гузашта ё ношоям, инчунин зарфҳои холии онҳо дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ;
- мусоидат ба таъмини иҷрои тартиботи карантинӣ дар минтақаи карантинию фитосанитарӣ;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 10. Ваколатҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо
Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар доираи ваколатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо, иштироки аҳолиро дар амалигардонии чорабиниҳои карантинию фитосанитарӣ ва муҳофизати растаниҳо таъмин менамоянд.
Моддаи 11. Ташкилотҳои давлатӣ оид ба карантин ва муҳофизати растаниҳо
- Ташкилотҳои давлатӣ оид ба карантин ва муҳофизати растаниҳо бо мақсади иҷрои вазифаҳои зерин таъсис дода мршаванд:
- гузарондани мониторинги карантинию фитосанитарӣ;
- ташхиси хатари карантинию фитосанитарӣ;
- пешбинӣ намудани вазъи карантинию фитосанитарӣ;
- тадқиқи маводи таҳти карантин қарордошта;
- санҷишҳои истеҳсолии пеститсидҳои барои бақайдгирӣ тавсияшуда тавассути санҷиши онҳо дар шароити истеҳсолӣ;
- таҳлил ва арзёбии таркиби маҳсулоти кишоварзӣ бо мақсади муайян кардани миқдори боқимондаи пеститсидҳо, нитратҳо, нитритҳо ва металлҳои вазнин дар онҳо.
- Ташкилотҳои давлатӣ оид ба карантин ва муҳофизати растаниҳо баҳисобгирии чорабиниҳои карантинию фитосанитариро ба роҳ монда, бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ба мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳисобот пешниҳод менамоянд.
БОБИ 3. НИЗОМИ ТАЪМИНИ КАРАНТИН ВА МУҲОФИЗАТИ РАСТАНИҲО
Моддаи 12. Ошкор кардан ва барҳам додани манбаъҳои организмҳои зараррасони карантинӣ
- Танзими корҳои ошкор ва тоза кардан, маҳдуд сохтан ва барҳам додани манбаъҳои организмҳои зараррасони карантинӣ дар минтақаи карантинию фитосанитарӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ амалӣ мегардад.
- Маводи таҳти карантин қарордоштаи ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда, ки бо организмҳои зараррасони карантинӣ сироят ёфтаанд, дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дар ҷойҳои таъинот, пас аз ташхиси хатари фитосанитарӣ бо истифодаи усулҳои кимиёвӣ (фумигатсия) безарар гардонида мешаванд, ба истиснои ҳолатҳое, ки бо тартиботи карантинии растаниҳо пешбинӣ шудаанд.
- Фумигатсия ва дегазатсияи маводи таҳти карантин қарордоштаро тибқи қоидаю меъёрҳои таъмини карантини растанӣ мақомоти ваколатдори давлатӣ амалӣ менамояд.
- Воситаҳои нақлиёти барои интиқоли маводи таҳти карантин қарордошта истифодашуда тибқи талаботи санадҳои меъёрии техникӣ ҳатман аз организмҳои зараррасони карантинӣ тоза карда мешаванд. Дар ҳолатҳои ғайриимкон будани амаписозии чунин корҳо ё аз тарафи соҳиби маводи таҳти карантин қарордошта рад кардани иҷрои ин корҳо, истифодаи воситаҳои нақлиёт манъ карда мешавад.
- Мақомоти ваколатдори давлатӣ маълумотро оид ба муқаррар намудани минтақаи карантинию фитосанитарӣ, ҷорӣ ва бекор кардани тартиботи карантинӣ, инчунин эътироф намудани ҳамарзишии тартиботи карантинии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоришударо бо тартиботи карантинии давлатҳои дигар дастраси умум мегардонад.
Моддаи 13. Муҳофизати ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз организмҳои зараррасони карантинӣ ҳангоми воридоти маводи таҳти карантин қарордошта
- Маводи таҳти карантин қарордошта бо риояи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва бо назардошти мавҷудияти сертификати фитосанитарӣ, ки онро мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини карантини растании давлати содиркунанда додааст, ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешавад.
- Маводи таҳти карантин қарордоштаи ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минбаъд дар ҷойҳои таъиноти он таҳти назорати давлатии карантинию фитосанитарӣ қарор дода мешавад.
- Ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардани маводи таҳти карантин қарордошта, инчунин истифодаи он бе риояи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ манъ аст, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар маводи мазкур барои гузаронидани тадқиқоти илмӣ ворид гардида бошад.
- Тартиботи карантинии дар давлатҳои дигар муқаррар ва танзимшаванда ба тартиботи карантинии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқшаванда ҳамарзиш ҳисобида мешаванд, агар мақомоти ваколатдори давлатӣ муайян намояд, ки тартиботи дар давлатҳои дигар ҷоришуда муҳофизати растаниҳо ва маҳсулоти онҳоро аз организмҳои зараррасони карантинӣ ба андозаи баробар ё аз сатҳи чорабиниҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалишаванда баландтар муҳофизат менамоянд.
- Бо мақсади таъмини бехатарии карантинию фитосанигарӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон метавонад чорабиниҳои карантинию фитосанитарии муваққатиро (манъ кардан, маҳдудият ва чораҳои дигарро) нисбат ба воридот ва (ё) содироти маводи таҳти карантин қарордошта, аз ҷумла бори транзитӣ тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ намояд.
- Чорабинию маҳдудиятҳои карантинию фитосанитарӣ ҷиҳати таъмини муҳофизати растаниҳо ва маҳсулоти растанӣ дар ҳама гуна шаклҳо барои ҳалли масъалаҳои ба карантини растанӣ дахлнадошта ва бе назардошти санҷиши хатари карантинию фитосанитарӣ илман асоснокшуда манъ аст.
- Гузаргоҳи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи талаботи қоидаю меъёрҳои таъмини карантинию фитосанитарӣ бо воситаю маводи зарурӣ таҷҳизонида шуда, бо нақлиёт ва воситаҳои алоқа таъмин карда мешавад.
Моддаи 14. Низоми чорабиниҳои карантинию фитосанитарӣ
- Чорабиниҳои карантинию фитосанитарӣ дар ҳолатҳои- зерин таҳия ва қабул мегарданд:
- барои ҳифзи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз воридшавӣ ва паҳншавии организмҳои зараррасони карантинӣ бо мақсади ҳифзи ҳаёту саломатии инсон ва муҳити зист;
- бо назардошти замина ва нишондодҳои илман асоснокшудаи ташхиси хатари карантинию фитосанитарӣ, стандартҳо, дастурҳо ва тавсияҳои байналмилалӣ;
- дар асоси методологияи ташкилотҳои байналмилалӣ арзёбӣ намудани хатари воридшавӣ ва паҳншавии организмҳои зараррасони карантинӣ;
- бо мақсади роҳ надодан ба маҳдудкунии худсаронаи беасос байни ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳудуди давлатҳои дигар, инчунин байни ҳудудҳои вазъи карантинию фитосанитариашон якхела ё монанд;
- бо мақсади бартараф намудани маҳдудияти ниҳонӣ дар савдои байналмилалӣ.
- Дар раванди таҳия ва қабули низоми чорабиниҳои карантинию фитосанитарӣ ҳангоми арзёбии хатар мақомоти ваколатдори давлатӣ масъалаҳои зеринро ба инобат мегиранд:
- нишондодҳои илмӣ, раванд ва усулҳои муайяни истеҳсолот, тарзҳои назорат, интихоб ва озмоиши намунаҳо, мавҷудияти организмҳои зараррасони карантинӣ ва минтақаҳои аз онҳо озод ё минтақаҳои дорои сатҳи пасти паҳншавии организмҳои зараррасони карантинӣ, ҳолати муҳити зист;
- нишондодҳои иқтисодӣ, аз ҷумла муайян намудани талафоти истеҳсолот ва савдо дар ҳолати воридшавӣ ва паҳншавии организмҳои зараррасони карантинӣ;
- хароҷоти назорат ва нобудсозии организмҳои зараррасони карантинӣ;
- самаранокӣ ва арзиши чорабиниҳои дигари кам кардани хатар.
- Мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳангоми мавҷудияти далелҳои кофии илмии ташхиси хатари карантинию фитосанитарӣ, бо мақсади арзёбии объективии хатар ё дар ҳолатҳои фавқулода ҳуқуқ дорад, дар бораи амалигардонии чорабиниҳои муваққатии карантинию фитосанитарӣ дар асоси нишондодҳои мавҷуда, аз ҷумла нишондодҳои ташкилотҳои байналмилалӣ ва иттилоот дар бораи чорабиниҳои карантинию фитосанитарии давлатҳои дигар қарор қабул намояд.
- Чорабиниҳои карантинию фитосанитарии қабулшаванда ба шароити карантинию фитосанитарии минтақае, ки маводи таҳти карантин қарордошта дар он истеҳсол шудааст ё ба минтақае, ки чунин мавод содир мегардад, мутобиқ карда мешаванд.
- Дар рафти арзёбии шароити карантинию фитосанитарӣ мақомоти ваколатдори давлатӣ вазъи карантинию фитосанитарии организмҳои зараррасони таҳти карантин қарордоштаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар кишвари содиркунанда, мавҷудияти организмҳои зараррасони карантинӣ ва минтақаҳои аз онҳо озод ё дорои сатҳи пасти паҳншавидошта, мавҷудияти назорат ва барҳам додани манбаъҳои организмҳои зараррасони карантинӣ, инчунин принсипҳо ва меъёрҳои дастурии ташкилотҳои дахлдори байналмилалиро ба инобат мегиранд.
- Чорабиниҳои карантинию фитосанитарии қабулгардида метавонанд сатҳи нисбатан баланди муҳофизати растаниҳо ва ҳифзи ҳаёту саломатии инсонро аз организмҳои зараррасони карантинӣ нисбат ба сатҳе, ки ба он стандартҳо, дастурҳо ва тавсияҳои байналмилалӣ асос ёфтаанд (илман асоснокшуда ё ба ин сатҳи муҳофизат мувофиқ буда), таъмин намоянд.
- Мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳангоми қабули низоми чорабиниҳои карантинию фитосанитарӣ, аз ҷумла чорабиниҳои муваққатӣ, нишондодҳои нави дастовардҳои илмиро бояд ба инобат гиранд.
Моддаи 15. Сертификатсия ва арзёбии карантинию фитосанитарии маводи таҳти карантин қарордошта
- Борҳои содиротӣ ва реэкспортӣ мутобиқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ аз ҷониби нозирони назорати давлатии карантинию фитосанитарӣ сертификатсия карда шуда, ба онҳо сертификати фитосанитарӣ дода мешавад.
- Сертификати фитосанитарии бори содиршаванда, сертификати бори реэкспортӣ ва намунаҳои электронии ҳамарзиши онҳо, ки барои давлати содиркунандаи маҳсулот қобили қабул аст, бояд ба намунаҳои стандартҳои байналмилалӣ мувофиқ бошанд.
13 |
- Ҳангоми азназаргузаронӣ ва (ё) ташхиси лаборатории намунаҳои маводи таҳти карантин қарордошта аз ҷониби нозирони назорати давлатии карантинию фитосанитарӣ ошкор кардани организмҳое, ки бо аломатҳои сохти худ ба организмҳои зараррасони карантинӣ монандӣ доранд, инчунин бо мақсади муайян намудани сирояткунандаи ниҳонӣ дар маводи таҳти карантин қарордошта, арзёбии карантинию фитосанитарии он бо тартиби муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ барои ҳаммонанд кардани организмҳои зараррасони карантинӣ гузаронида мешавад.
- Дар асоси арзёбии карантинию фитосанитарии маводи таҳти карантин қарордошта хулоса тартиб дода шуда, дар он ҳангоми ошкор гардидани организмҳои зараррасони карантинӣ гузаронидани чорабиниҳои карантинию фитосанитарӣ нисбат ба маводи тадқиқшуда муайян карда мешаванд.
- Арзёбии карантинию фитосанитарии маводи таҳти карантин қарордошта аз ҷониби шахсони ҳуқуқии барои гузарондани санҷишҳои карантинию фитосанитарӣ аттестатсияшуда амалӣ карда мешавад.
Моддаи 16. Шаффофияти гузарондани чорабиниҳои карантинию фитосанитарӣ
- Чорабиниҳои қабулшудаи карантинию фитосанитарӣ пас аз ташхиси хатари карантинию фитосанитарӣ бо мақсади ба тарафҳои манфиатдор додани имконият барои шиносоӣ бетаъхир нашр карда мешаванд.
- Ба истиснои ҳолатҳои таъхирнопазир байни нашри чорабиниҳои карантинию фитосанитарӣ ва эътибор пайдо намудани онҳо фосилаи муайяни вақт пешбинӣ мегардад, то истеҳсолкунандагон барои мувофиқ намудани маҳсулоти худ ва усулҳои истеҳсоли он ба талаботи муайяннамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ имконият пайдо намоянд.
- Мақомоти ваколатдори давлатӣ тавассути маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба масъалаҳои карантинию фитосанитарӣ ба дархостҳои тарафҳои манфиатдор бояд ҷавоб диҳанд, инчунин ҳуҷҷатҳои дахлдори зеринро пешниҳод намоянд:
- тартиботи карантинӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудаанд ё таҳия мешаванд;
- расмиёти назорати истеҳсоли маҳсулот, карантинию фитосанитарӣ, инчунин расмиёти эътироф кардани дараҷаи имконпазири пеститсидҳо ва агрокимиёҳо, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мегарданд;
- расмиёти арзёбии хатар ва омилҳои ба назар гирифташаванда, инчунин муайян намудани дараҷаи зарурии муҳофизати растаниҳо;
- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи узвият ва иштирок дар ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо, инчунин дар созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба.
- Мақомоти ваколатдори давлатӣ пас аз ташхиси хатари карантинию фитосанитарӣ дар сурати мавҷуд набудани стандартҳо, дастурҳо ва тавсияҳои байналмилалӣ ё мутобиқ насохтани чорабиниҳои карантинию фитосанитарӣ ба стандартҳо, дастурҳо ва тавсияҳои байналмилалӣ ҳангоми ба савдо таъсири назаррас расонидан бояд:
- бо мақсади татбиқи чорабиниҳои карантинию фитосанитарӣ дар марҳилаи аввали онҳо огоҳинома нашр намоянд;
- мутобиқи созишномаҳои байналмилалӣ ба ҷонибҳои манфиатдор бо мақсади ҳифзи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз воридшавӣ ва паҳншавии организмҳои зараррасони карантинӣ, ҳифзи саломатии инсон ва муҳити зист оид ба маводи таҳти карантин қарордошта, ки нисбати онҳо чораҳои мазкур татбиқ мегарданд, иттилоъ диҳанд ва қабул намудани чораҳои пешниҳодшавандаро асоснок кунанд;
- бо дархости мақомоти ваколатдори кишварҳои дигар мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон номгӯйи чораҳои пешниҳодшавандаро бо нишон додани фарқият аз стандартҳо, дастурҳо ва тавсияҳои байналмилалӣ пешниҳод намоянд;
- ба тарафҳои манфиатдор барои омода кардани эродномаҳо вақту имконияти баробар диҳанд, мувофиқи дархост ин эродномаҳоро муҳокима намуда, эродҳо ва натиҷаҳои муҳокимаҳоро ба инобат гиранд.
- Огоҳинома оид ба маводи таҳти карантин қарордошта, ки нисбати он чораҳо татбиқ карда мешаванд ва асосноккунии чораҳои пешниҳодшаванда бояд 75 рӯз пеш аз қабули қарор оид ба татбиқи чораҳои монанд нашр карда шаванд.
- Дар ҳолатҳое, ки зарурати таъхирнопазири ҳифзи ҳаёту саломатии инсон ва муҳити зист пайдо мешавад, мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳуқуқ доранд муқаррароти қисми 4 моддаи мазкурро иҷро нанамоянд.
Моддаи 17. Низоми чорабиниҳо оид ба муҳофизати растаниҳо
- Низоми чорабиниҳо оид ба муҳофизати растаниҳо гузаронидани мониторинги карантинию фитосанитарӣ ва истифодаи усулҳои ташкилию хоҷагидорӣ, механикӣ, агротехникӣ, биологӣ, кимиёвӣ, биотехнологӣ, селексионию генетикии мубориза бар зидди организмҳои зараррасон ва организмҳои зараррасони махсусан хавфнокро дар бар мегирад.
- Чорабиниҳо оид ба муҳофизати растаниҳо дар асоси риояи талаботи стандартҳои байналмилалӣ, андозаи барои ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон, растанӣ ва ҳайвонот зарурӣ, инчунин ҷиҳати пешгирии худсарона ё беасос поймолкунии ҳуқуқи истеҳсолкунандагон, аз ҷумла маҳдудсозии ниҳонии савдои байналмилалӣ таҳия ва татбиқ карда мешаванд.
- Дар рафти таҳия ва татбиқи чорабиниҳои муҳофизати растаниҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳолатҳои зерин барои арзёбии хатар ба ҳаёт ва саломатии инсон, растаниҳо ё ҳайвонот ба инобат гирифта мешаванд:
- дараҷаи паҳншавии организмҳои зараррасон, касалиҳо ё алафҳои бегона;
- мавҷудияти минтақаҳои аз организмҳои зараррасон, касалӣ ё алафҳои бегона озод;
- мавҷудияти далелҳои илман асоснокшуда ва усулҳои дахлдори истеҳсол ва коркарди пеститсидҳо ва агрокимиёҳо;
- усулҳои дахлдори гирифтани намуна ва озмоиши пеститсидҳо ва агрокимиёҳо;
- шароитҳои мувофиқи экологӣ, чорабиниҳои карантинию фитосанитарӣ ва чораҳои дигар;
- омилҳои дахлдори иқтисодӣ, аз ҷумла ҳадди иқтисодии зарароварӣ аз камшавии ҳаҷми истеҳсол ё фурӯш ҳангоми воридшавӣ ва паҳншавии зараррасонҳо, касалиҳо ё алафҳои бегона, хароҷоти мубориза ва нобуд сохтани онҳо.
- Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар мавриди нокифоя будани асосноккунии илмӣ метавонанд дар асоси иттилооти аз ташкилотҳои дахлдори байналмилалӣ дастрасшуда ва иттилоот дар бораи чорабиниҳои муҳофизати растаниҳои дар давлатҳои дигар татбиқшуда чорабиниҳои муҳофизати растаниҳоро дар минтақаҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ намоянд.
- Чорабиниҳои муҳофизати растаниҳо бо мақсади нигоҳдории низомҳои экологӣ (экосистемаҳо) дар минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини устувори муҳофизати растаниҳо ва мувозинати экологӣ татбиқ карда мешавад.
Моддаи 18. Ҳамарзишии чорабиниҳои муҳофизати растаниҳо
- Чорабиниҳо оид ба муҳофизати растаниҳои давлатҳои дигар аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун чорабиниҳои ҳамарзишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда мешаванд, агар кишвари содиркунанда холисона нишон дода тавонад, ки ин чорабиниҳо дараҷаи зарурии муҳофизати растаниҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамоянд.
- Тартиб ва шартҳои эътироф намудани ҳамарзишии чорабиниҳои мушаххаси санитарӣ ё муҳофизати растаниҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишномаҳои дуҷониба ва (ё) бисёрҷониба муайян менамояд.
Моддаи 19. Мониторинги карантинию фитосанитарӣ
- Гузарондани мониторинги карантинию фитосанитариро мақомоти ваколатдори давлатӣ таъмин менамояд.
- Мониторинги карантинию фитосанитарӣ дар самтҳои зерин гузаронда мешавад:
- муайян намудани масоҳати замини паҳншавии организмҳои зараррасон, карантинӣ ва махсусан хавфнок, арзёбии талабот ба воситаҳои муҳофизати растаниҳо;
- ошкор кардани сабабҳои инкишоф ва паҳншавии оммавии организмҳои зараррасон, карантинӣ ва махсусан хавфнок;
- омода кардани пешгӯйии миёнамуҳлат дар хусуси ба вуҷуд омадани давраи хавфи калони афзоиш ва паҳншавии организмҳои зараррасон ва организмҳои зараррасони махсусан хавфнок.
- Мониторинги карантинию фитосанитарӣ дар давраи инкишофи организмҳои зараррасон, карантинӣ ва махсусан хавфнок мунтазам гузаронда мешавад.
- Аз натиҷаи мониторинги карантинию фитосанитарӣ барои татбиқи чораҳои мушаххас ба вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин ба шахсони дигари манфиатдор маълумоти дахлдор пешниҳод карда мешавад.
БОБИ 4. ПЕСТИТСИДҲО ВА АГРОКИМИЁҲО. МУОМИЛОТ
БО ОНҲО
Моддаи 20. Қайди давлатии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо
- Пеститсидҳо ва агрокимиёҳо дар асоси натиҷаҳои мусбати санҷишҳои қайдшаванда, ки тартиби гузаронидани онҳоро мақомоти ваколатдори давлатӣ муайян менамоянд, ба қайди давлатӣ гирифта мешаванд.
- Пеститсидҳо ва агрокимиёҳо дар асоси санҷишҳои қайдшавандаи онҳо вобаста ба таъсири манфии онҳо ба саломатии инсон ва муҳити зист ба муҳлати ду сол ва дар ҳолатҳои дигар ба муҳлати панҷ сол ба қайди давлатӣ гирифта мешаванд.
- Санҷишҳои пеститсидҳо ва агрокимиёҳо аз ҷониби шахсони ҳуқуқии аз аттестатсия гузашта бо мақсади арзёбии мувофиқати онҳо ба талаботи бехатарии ҳаёт ва саломатии инсон, ҳайвонот ва муҳити зист, инчунин муайян намудани самаранокии онҳо гузаронида мешаванд.
- Ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пас аз санҷишҳои қайдшаванда ва ба Феҳристи давлатӣ ворид намудани пестисидҳо ва агрокимиёҳо бо қарори мақомоти ваколатдори давлатӣ шаҳодатномаи бақайдгирии давлатӣ дода мешавад. Шакли шаҳодатномаи бақайдгирии давлатиро мақомоти ваколатдори давлатӣ муқаррар мекунанд.
- Бо мақсади таъмин намудани истифодабарандагони пеститсидҳо ва агрокимиёҳо бо маълумоти зарурӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки барои бақайдгирии давлатӣ муроҷиат менамоянд, тавсияномаҳо дар бораи қоидаҳои интиқол, истифода ва нигоҳдории онҳо, инчунин тамғакоғази борҷомаи дорои аломатҳо ва иттилооти огоҳкунанда пешниҳод мекунанд.
- Далелҳои асоснок барои рад кардани бақайдгирии давлатии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо инҳо мебошанд:
- номувофиқии таркиби кимиёвии дар дастурамал зикршуда ба нишондодҳои дар дархост оид ба гузаронидани санҷишҳои қайдшаванда пешниҳодшуда;
- риоя накардани ҳуқуқи ихтироъкунандаи пеститсидҳо ва агрокимиёҳо.
- Азнавбақайдгирии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо бо тартиби муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар асоси аризаи дахлдор гузаронида мешавад.
17 |
Моддаи 21. Санҷишҳои қайдшавандаи пеститсидҳо ва агрокимиёҳо
- Раванди санҷишҳои қайдшавандаи пеститсидҳо ва агрокимиёҳо амалҳои зеринро дар бар мегирад:
- муайян намудани усулҳои истифодаи самаранок ва бехатари онҳо;
- арзёбии хавфи таъсири манфии онҳо ба саломатии инсон, ҳайвонот ва муҳити зист;
- тартиб додани дастурҳои истифодабарӣ ва меъёрҳои санитарию гигиении муомилот бо онҳо;
- арзёбии натиҷаи санҷишҳои қайдшаванда.
- Арзёбии давлатии экологии натиҷаи санҷишҳои қайдшавандаи пеститсидҳо ва агрокимиёҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва арзёбии токсикологию гигиении мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ мутобиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.
Моддаи 22. Истеҳсоли пеститсидҳо ва агрокимиёҳо
- Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ пас аз қайди давлатии пеститсидҳою агрокимиёҳо ва ба Феҳристи давлатӣ дохил намудани онҳо метавонанд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ дар ҳудуди кишвар истеҳсоли онҳоро ба роҳ монанд.
- Коркард ва истеҳсоли пеститсидҳо ва агрокимиёҳои нав дар асоси арзёбии хатарнокии кимиёвӣ, таъсири манфии онҳо ба ҳаёт ва саломатии инсон ва муҳити зист пас аз санҷиши қайдшаванда амалӣ карда мешаванд.
- Истеҳсолкунандаи пеститсидҳо ва агрокимиёҳо уҳдадор аст:
- барои арзёбии асосноки сифати пеститсидҳо ва агрокимиёҳо истеҳсоли намунаҳои онҳоро ба роҳ монад;
- дар сурати ба миён омадани хатар ба ҳаёти инсон ва муҳити зист ё ғайриимкон гардидани истифодаи пеститсидҳо ва агрокимиёҳо истеҳсолу фурӯшро қатъ намуда, безараргардонии онҳоро таъмин созад;
- усул ва технологияҳои безараргардонии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо, аз ҷумла зарфҳои борбандии онҳоро пешниҳод намояд;
- пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро дар зарфҳои барои истифодабарандагон мувофиқ ҷой намояд;
- дар дастурҳои истифодабарӣ маълумоти бақайдгирии давлатӣ ва усулҳои бехатарии муомилот, инчунин мувофиқати пеститсидҳо ва агрокимиёҳо ба талаботи санадҳои меъёрии техникиро нишон диҳад.
- Пеститсидҳо ва агрокимиёҳои истеҳсолшуда бо тартиби муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ сертификатсия карда мешаванд.
Моддаи 23. Хариду фурӯш ва истифодабарии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо
- Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд пас аз бақайдгирии давлатӣ ва ба Феҳристи давлатӣ ворид кардани пеститсидҳо ва агрокимиёҳо ба савдои яклухт ва чаканаи онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул шаванд. Тартиби фурӯши пеститсидҳо ва агрокимиёҳо, аз ҷумла пеститсидҳои истифодаашон маҳдуд аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ муайян карда мешавад.
- Фурӯши пеститсидҳо ва агрокимиёҳо бе дастурҳои ба зарфҳои борбандии онҳо ҳамроҳкардашуда, маълумоти бақайдгирии давлатӣ, меъёрҳои истифодабарӣ ва усулҳои бехатарии муомилот бо онҳо манъ аст.
- Истифодабарии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо бо риояи талаботи қоидаҳои санитарӣ ва дигар санадҳои меъёрии техникӣ, тибқи тартиби муқаррарнамуда ва тавсияҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ ба роҳ монда мешавад.
Моддаи 24. Нигоҳдорӣ ва интиқоли пеститсидҳо ва агрокимиёҳо
- Нигоҳдорӣ ва интиқоли пеститсидҳо ва агрокимиёҳо бо риояи талаботи пешгирии хатар ба ҳаёт ва саломатии инсон, ҳайвонот ва муҳити зист амалӣ карда мешаванд.
- Қоидаҳои нигоҳдорӣ ва интиқоли пеститсидҳо агрокимиёҳо дар асоси талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои меъёрии техникӣ муайян карда мешаванд.
Моддаи 25. Воридоти пеститсидҳо ва агрокимиёҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва содироти онҳо ба хориҷи кишвар
- Воридоти пеститсидҳо ва агрокимиёҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва содироти онҳо ба хориҷи кишвар бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати мавҷуд будани шаҳодатномаи бақайдгирии давлатӣ амалӣ мегардад.
- Ба шартномаҳои воридот ва содироти пеститсидҳо ва агрокимиёҳо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи натиҷаҳои санҷишҳои қайдшаванда, ки муомилот бо онҳоро танзим менамоянд, замима карда мешаванд.
- Миқдори воридот ва содироти пеститсидҳо ва агрокимиёҳои барои санҷишҳои қайдшаванда, истеҳсолӣ ва тадқиқоти илмӣ пешбинишударо мақомоти ваколатдори давлатӣ муайян мекунанд.
- Воридоти пеститсидҳо ва агрокимиёҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Феҳристи давлатӣ барои истифодабарӣ ворид карда нашудаанд, танҳо бо мақсади тадқиқотҳои илмӣ ва бартараф намудани хатари фитосанитарӣ дар кишвар бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад.
Моддаи 26. Захираи давлатии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо
- Захираи давлатии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо аз ҳаҷми муайяни мунтазам навшавандаи онҳо барои истифодабарӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.
- Тартиби ташаккул, пур кардан ва истифодабарии захираи давлатии пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро мақомоти ваколатдори давлатӣ муайян ва онҳоро ихтиёрдорӣ менамоянд.
- Захираи давлатии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо дар асоси мониторинг ва пешгӯйии вазъи фитосанитарӣ, эҳтимолияти паҳншавӣ ва дараҷаи инкишофи организмҳои зараррасон, карантинӣ ва махсусан хавфнок муайян карда мешавад.
БОБИ 5. БАҲИСОБГИРӢ, ҲИСОБОТ ВА ТАЪМИНИ ИЛМӢ ДАР СОҲАИ КАРАНТИН ВА МУҲОФИЗАТИ РАСТАНИҲО
Моддаи 27. Баҳисобгирӣ ва ҳисобот дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо
- Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо фаъолият менамоянд, баҳисобгирии мавҷудияти пеститсидҳо ва агрокимиёҳо, муомилот бо онҳо ва гузарондани чорабиниҳои карантинию фитосанитарӣ ва муҳофизати растаниҳоро бо тартиби муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ амалӣ менамоянд.
- Ҳисоботи омори давлатӣ дар соҳаи муомилот бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.
Моддаи 28. Махзани иттилоот оид ба карантин ва муҳофизати растаниҳо
- Махзани иттилоот дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо аз маълумоти натиҷаи мушоҳидаҳои фитосанитарӣ ҳангоми амалӣ намудани назорати давлатӣ, баҳисобгирӣ ва ҳисоботи омори давлатӣ дар соҳаи мазкур, иттилоот оид ба организмҳои зараррасон, карантинӣ ва махсусан хавфнок, касалиҳои растаниҳо, алафҳои бегона, инчунин рӯйхати воситаҳои муҳофизати растаниҳо ва иттилооти дигар, ки дар раванди амалигардонии фаъолият дар соҳаи муҳофизати растаниҳо ба даст оварда мешаванд, иборат мебошад.
- Мақомоти ваколатдори давлатӣ ва шахсони мансабдор, ки назорати давлатиро дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо амалӣ менамоянд, уҳдадоранд тариқи воситаҳои ахбори омма ва роҳҳои дигари дастрас тибқи созишномаҳои байналмилалӣ тарафҳои манфиатдор ва аҳолиро оид ба вазъи карантинию фитосанитарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои алоҳидаи маъмурию ҳудудии он, амалигардонии чорабиниҳо оид ба беҳтар кардани вазъи карантинию фитосанитарӣ, восита, усулҳо ва муҳлатҳои гузарондани чорабиниҳои муҳофизати растаниҳо, талабот оид ба муомилот бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо сари вақт огоҳ намоянд.
Моддаи 29. Тадқиқоти илмию амалӣ ва тайёр кардани мутахассисон дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо
- Ҳамоҳангсозии тадқиқоти илмию амалӣ дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо, тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ва ҳамкории илмӣ бо давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои дахлдори байналмилалӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ амалӣ мегардад.
- Тадқиқоти илмию амалӣ дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо самтҳои ташаккули низоми ягонаи муҳофизати растаниҳо, мониторинги карантинию фитосанитарӣ, истеҳсоли моддаҳои кимиёвӣ, воситаҳои биологию техникии муҳофизати растаниҳо ва технологияҳои истифодабарии онҳоро дар бар мегирад.
- Мақомоти ваколатдори давлатӣ гузарондани тадқиқоти илмию амалиро дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо ташкил ва ҳамоҳанг сохта, рафти иҷрои онҳоро назорат мекунанд ва тавсияҳои натиҷаҳои тадқиқотро тасдиқ менамоянд.
БОБИ 6. НАЗОРАТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ КАРАНТИН ВА МУҲОФИЗАТИ РАСТАНИҲО
Моддаи 30. Самтҳои назорати давлатӣ дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо
- Назорати давлатӣ дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо аз қисмҳои назорати давлатии карантинию фитосанитарӣ ва назорати давлатии муомилот бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо иборат мебошад.
- Назорати давлатии карантинию фитосанитарӣ дар самтҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- татбиқи чорабиниҳои карантинию фитосанитарӣ ва муҳофизати растаниҳо;
- санҷиши сифати пеститсидҳо ва агрокимиёҳо ва муомилот бо онҳо;
- муайян кардани миқдори заҳрнокии боқимондаҳои пеститсидҳо дар маҳсулоти растанӣ;
- санҷиши сифати тухмӣ ва ниҳолҳо барои муайян намудани дараҷаи сироятнокӣ бо организмҳои зарарнок ва безараргардонии самараноки онҳо;
- гузарондани санҷишҳои пеститсидҳо ва агрокимиёҳо;
- безараргардонии пеститсидҳо.
- Назорати давлатии карантинию фитосанитарӣ дар шакли арзёбӣ, санҷиш, безараргардонӣ, инчунин шаклҳои дигари муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 31. Расмиёти назорати давлатии карантинию фитосанитарӣ
1. Расмиёти назорати давлатии карантинию фитосанитарӣ бо риояи шартҳои зерин амалӣ мегардад:
- бидуни таъхири беасос ва табъиз (дискриминатсия) нисбат ба маҳсулоти воридшаванда дар қиёс ба ҳамин гуна маҳсулоти ватанӣ;
- дар асоси иттилооти дархостшудаи камтарин, ки барои амалисозии расмиёти назорат, бозрасӣ ва маъқул донистан зарур мебошад;
- хабардор намудани дархосткунанда дар бораи муҳлати анҷоми расмиёт дар асоси маълумоти чопшуда оид ба давомнокии маъмули расмиёт ё бо талаби дархосткунанда, дар бораи марҳалаи иҷрои расмиёт бо шарҳи таъхири иҷро;
- иттилоотонии дархосткунанда дар бораи камбудиҳои имконпазири ҳуҷҷатҳо ва натиҷаҳои гузаронидани расмиёт бо мақсади рафъи онҳо дар ҳолатҳои зарурӣ;
- ҳифзи манфиатҳои қонунии тиҷоратӣ бо риояи махфияти иттилоот дар бораи маҳсулоти воридшаванда, ки зимни анҷом додани расмиёти назорат ошкор мегардад ё ба даст оварда мешавад;
- риояи талабот оид ба назорат ва маъқул донистани намунаҳои алоҳидаи маҳсулоти маҳдудшаванда, агар онҳо асоснок ва зарур бошанд;
- баробар будан ва аз арзиши воқеии хизматрасонӣ зиёд набудани боҷи тибқи расмиёти нисбат ба маҳсулоти воридотӣ татбиқшаванда ба боҷи аз ҳамин гуна маҳсулоти ватанӣ ё маҳсулоти дар ҳудуди кишварҳои дигар истеҳсолшуда ситонидашаванда;
- дар ҳолатҳои гузарондани расмиёти интихоби намунаҳои маҳсулоти воридшаванда ҷиҳати бартараф кардани вазъи ногувор барои дархосткунандагон, воридкунандагон, содиркунандагон ё намояндагони онҳо ҳадди ниҳоии меъёрҳое татбиқ мегарданд, ки барои маҳсулоти ватанӣ истифода шудаанд.
2. Агар пас аз гузаронидани расмиёти назорати давлатии карантинию фитосанитарӣ ба тавсифоти маҳсулот вобаста ба талаботи татбиқшаванда тағйирот ворид карда шаванд, расмиёт нисбат ба маҳсулоти таҷдидшуда бо пайдо кардани эътимоди кофӣ маҳдуд карда мешавад.
Моддаи 32. Ваколатҳои шахсони мансабдор дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо
1. Шахсони мансабдор, ки назорати давлатиро дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо амалӣ менамоянд, дорои ваколатҳои зерин мебошанд:
- бо нишон додани шаҳодатнома бе мамониат ба объектҳои таҳти карантин қарордошта ва ба муомилот бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо алоқаманд ворид шаванд;
- барои санҷиш намунаҳои маҳсулоти растанӣ, пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро гиранд;
- барои амалӣ намудани назорати давлатӣ ва шарҳи ҳолатҳои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла санадҳои меъёрии техникӣ аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пешниҳоди ройгони иттилоот ва ҳуҷҷатҳои заруриро талаб намоянд;
- ҳуқуқвайронкунии маъмуриро ба расмият дароранд;
- дар асоси натиҷаҳои санҷиш санадҳо тартиб дода, дар доираи ваколатҳои худ барои бартараф намудани ҳолатҳои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла санадҳои меъёрии техникӣ амрномаҳо диҳанд;
- дар ҳолати иҷро накардани амрнома оид ба бартараф намудани ҳолатҳои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла санадҳои меъёрии техникӣ тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба боз доштани фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пешниҳод ирсол намоянд;
- ба мақомоти дахлдори давлатӣ оид ба гузарондани санҷиш барои қабул намудани қарор дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки талаботи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла санадҳои меъёрии техникиро риоя накардаанд, мавод пешниҳод намоянд;
- ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба масъалаҳои карантин ва муҳофизати растаниҳо таклифҳо пешниҳод намоянд.
- Шахсони мансабдор, ки назорати давлатии карантинию фитосанитариро дар баробари ваколатҳои дар қисми 1 моддаи мазкур зикргардида амалӣ менамоянд, ҳуқуқ доранд дар объектҳои таҳти карантин қарордошта мониторинги карантинию фитосанитарӣ гузаронанд ва дар бораи безараргардонии объект қарор қабул намоянд.
- Шахсони мансабдор, ки назорати давлатии муомилот бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро амалӣ менамоянд, дар баробари ваколатҳои дар қисми 1 моддаи мазкур зикргардида ҳуқуқ доранд:
- истифодабарии пеститсидҳоро то бартараф намудани ҳолатҳои риоя накардани тартиби муомилот бо онҳо боздоранд ё манъ намоянд;
- гузарондани санҷишҳои пеститсидҳо ва агрокимиёҳоро назорат намоянд;
- ба корфармоён барои аз кор бо пеститсидҳо дур кардани шахсоне, ки тайёрии махсус надоранд ё талаботи муомилот бо онҳоро риоя намекунанд, таклифҳо пешниҳод намоянд.
- Дар раванди иҷрои вазифаҳои хизматӣ нозирони давлатии мақомоти ваколатдори давлатӣ, ки назорати давлатии карантинию фитосанитариро амалӣ менамоянд, бояд шиносномаи хизматӣ ва либоси расмӣ бо нишонаҳои фарқкунанда, ки намунаҳои онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, дошта бошанд.
Моддаи 33. Назорати давлатии муомилот бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо
- Назорати давлатии нигоҳдорӣ, интиқол ва истифодабарии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо бо мақсади муайян намудани мувофиқати онҳо ба талаботи ҳатмии технологӣ ва бехатарӣ гузаронида мешавад.
- Назорати санҷишҳои қайдшаванда ва истеҳсолии пеститсидҳо ва агрокимиёҳо бо тадқиқоти мунтазам амалӣ карда мешавад.
- Безараргардонии пеститсидҳои барои истифодабарӣ манъшуда, муҳлати истифодаашон гузашта ё ношоям, инчунин зарфҳои холии онҳо дар ҷойҳои маҳсус гузаронида мешавад.
- Тартиби гузаронидани санҷишҳои қайдшаванда, истеҳсолӣ ва безараргардонии пеститсидҳои барои истифодабарӣ манъшуда, муҳлати истифодаашон гузашта ё ношоям, инчунин зарфҳои холии онҳоро мақомоти ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаҳои ҳифзи муҳити зист ва тандурустӣ муқаррар менамоянд.
БОБИ 7. ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР СОҲАИ
КАРАНТИН ВА МУҲОФИЗАТИ РАСТАНИҲО
Моддаи 34. Ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо
- Ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо дар асоси принсипҳои таъмини бехатарии байниҳамдигарӣ аз воридшавӣ ва паҳншавии организмҳои зараррасони карантинӣ мутобиқи стандартҳо, дастурҳо ва тавсияҳои байналмилалии карантин ва муҳофизати растаниҳо амалӣ мегардад.
- Фаъолияти шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, филиал ва намояндагиҳои онҳо дар соҳаи карантин ва муҳофизати растаниҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, сурат мегирад.
- Мақомоти ваколатдори давлатӣ тавассути маркази ягонаи иттилоотӣ ҳангоми муқаррар намудани минтақаи карантинию фитосанитарӣ, ҷорӣ ва бекор кардани тартиботи карантинӣ ба тарафҳои манфиатдор тибқи созишномаҳои байналмилалӣ маълумотро оид ба масъалаҳои зерин пешниҳод менамоянд:
- чорабиниҳои карантинию фитосанитарии пешбинишуда ва амалишуда;
- натиҷаҳои назорати давлатии карантинию фитосанитарӣ ва сертификатсияи маводи таҳти карантин қарордошта;
- расмиёти арзёбии хатар ва усулҳои муайян кардани сатҳи зарурии муҳофизати растаниҳо аз организмҳои зараррасони карантинӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
БОБИ 8. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 35. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 36. Аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санадҳои қонунгузории зерини Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эътибор соқит дониста шаванд:
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 апрели соли 2003 «Дар бораи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, №4, мод.131; с. 2007, №5, мод. 368; с. 2012, №7, мод.723);
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 марти соли 2009 «Дар бораи карантини растанӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №3, мод.91; с. 2011, №12, мод.851);
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели соли 2012 «Дар бораи муҳофизати растаниҳо» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 2012, №4, мод.267).
Моддаи 37. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
2 январи соли 2019
№ 1567
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БЕРУН БАРОВАРДАН ВА ВОРИД НАМУДАНИ САРВАТҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ БЕРУН БАРОВАРДАН ВА ВОРИД НАМУДАНИ САРВАТҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии раванди берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангиро муайян намуда, ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ равона гардидааст.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ – аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тавассути Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ бе уҳдадории баргардондани онҳо;
- ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ – аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тавассути Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ бе уҳдадории баргардондани онҳо;
- муваққатан берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ – аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тавассути Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ бо уҳдадории дар муҳлати муқарраргардида баргардондани онҳо;
- муваққатан ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ – аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тавассути Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ бо уҳдадорӣ дар муҳлати муқарраргардида баргардондани онҳо;
- сарватҳои таърихию фарҳангӣ – ашёи моддии дорои арзиши миллӣ, таърихӣ, бостоншиносӣ, бадеӣ, илмию маърифатӣ, маънавию ахлоқӣ ва фарҳангӣ, ки сарватҳои умумимиллӣ ва умумибашарӣ ба ҳисоб мераванд;
- экспертизаи давлатии сарватҳои таърихию фарҳангӣ – аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фарҳанг, коршинос (мутахассис) ё гуруҳи коршиносон (мутахассисон) омӯхтани ашёи таҳқиқшаванда бо мақсади муайян намудани он ҳамчун арзиши миллӣ, таърихӣ, бостоншиносӣ, бадеӣ, илмию маърифатӣ, маънавию ахлоқӣ ва фарҳангӣ, инчунин дар ҳолати зарурӣ андешидани чораҳои таҳлилии илмӣ ва техникӣ.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳукуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур
1. Ба сарватҳои таърихию фарҳангӣ, новобаста ба шакли моликият, ки таҳти амали Қонуни мазкур қарор мегиранд, мансубанд:
- асарҳои офаридаи шахсони алоҳида ё гурӯҳи шахсоне, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд;
- асарҳои офаридаи шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванде, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд;
- бозёфтҳо аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- асарҳои дар осорхонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, хазинаҳо, китобхонаҳо, мамнӯъгоҳҳо, бойгониҳо, аз ҷумла бойгониҳои сабти овозӣ ва навори видеоӣ, нигористонҳои бадеӣ, коллексияҳо ва махзанҳои дигар ҷамъовардашуда;
- бозёфтҳои экспедитсияҳои иктишофӣ, бостоншиносӣ, фолклорӣ, табиӣ ва илмӣ;
- асарҳои дар натиҷаи мубодилаи ихтиёрӣ бадастовардашуда;
- асарҳои бозёфтшуда, ба сифати мерос ва ҳадя бадастовардашуда ё бо роҳи дигари қонунӣ бадастовардашуда, аз ҷумла дар ҳудуди давлатҳое, ки онҳо ба вуҷуд омадаанд;
- асарҳои аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воридкардашуда;
- коллексияҳои хусусӣ.
2. Берун баровардан ва ворид намудани силоҳе, ки сарвати таърихию фарҳангӣ маҳсуб меёбад, инчунин сарватҳои таърихию фарҳангии дорои металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
3. Доираи амали Қонуни мазкур гардиши маснуоти муосири армуғонӣ ва ашёи таъиноти фарҳангии истеҳсоли силсилавӣ ва оммавиро фаро намегирад.
Моддаи 4. Сарватҳои таърихию фарҳангие, ки берун баровардани онҳо манъ аст.
Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангии зерин, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур, манъ аст:
- ашёи моддии дорои арзиши миллӣ, таърихӣ, бостоншиносӣ, бадеӣ, илмию маърифатӣ, маънавию ахлоқӣ ва фарҳангие, ки сарватҳои умумимиллӣ ва умумибашарӣ ба ҳисоб рафта, дар Рӯйхати сарватҳои таърихию фарҳангӣ, ки берун баровардани онҳо манъ аст ё дар Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ номбар карда шудаанд;
- сарватҳое, ки ба таври доимӣ дар осорхонаҳо, бойгониҳо, китобхонаҳо, мамнӯъгоҳҳо ва махзанҳои дигари давлатию ҷамъиятӣ нигоҳдорӣ мешаванд;
- сарватҳои нодири таърихию фарҳангие, ки зиёда аз панҷоҳ сол пеш офарида шудаанд.
Моддаи 5. Сарватҳои таърихию фарҳангӣ, ки ворид намудани онҳо манъ аст.
1. Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангие, ки мавриди кофтуков ё баҳси судӣ қарор доранд, ғайриқонунӣ ба даст оварда шудаанд, манъ аст. Сарватҳои таърихию фарҳангии ғайриқонунӣ ба ҳудуди кишвар воридгардида тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шуда, барои экспертизаи давлатӣ пешниҳод карда мешаванд.
2. Ворид намудани маводи дорои мазмуни фаҳшу бадахлоқона, ашёи дигар дар намуди сарватҳои таърихию фархангӣ, ки бо мақсади тағйир додани сохтори конститутсионӣ, тамомияти арзӣ, тарғиби ҷанг, терроризм, экстремизм, зӯроварӣ, нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ истифода мешаванд, манъ аст.
Моддаи 6. Ҳуқуқи моликият ба сарватҳои таърихию фарҳангӣ, ки берун бароварда мешаванд
Аз ҷониби молики сарватҳои таърихию фарҳангӣ гузашт намудани салоҳият нисбат ба соҳибият, истифодабарӣ, фурӯш ва ихтиёрдории сарватҳои таърихию фарҳангӣ, ки он боиси ғайриқонунӣ берун баровардан ва ворид намудани онҳо мегардад, манъ аст.
БОБИ 2. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ БЕРУН БАРОВАРДАН ВА ВОРИД НАМУДАНИ САРВАТҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ
Моддаи 7. Танзими давлатии берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ
1. Танзими давлатии берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фарҳанг (минбаъд - мақоми ваколатдори давлатӣ) ва мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ амалӣ менамоянд.
2. Мақоми ваколатдори давлатӣ:
- Шӯро оид ба ҳифз ва мубодилаи байналмилалии сарватҳои таърихию фарҳангиро таъсис медиҳад;
- Рӯйхати сарватҳои таърихию фарҳангиро, ки берун баровардани онҳо манъ аст, тасдиқ ва пешбурди онро амалӣ менамояд;
- Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фархангиро таҳия намуда, пешбурди онро таъмин менамояд ва ба объектҳои мероси таърихию фарҳангии ба Феҳристи мазкур воридкардашуда шиноснома медиҳад;
- оид ба берун баровардан ё муваққатан берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ қарор қабул намуда, шаҳодатномаи дахлдор медиҳад;
- сарватҳои таърихию фарҳангии берун баровардашаванда ва воридшаванда, инчунин мувақкатан берун баровардашаванда ва воридшавандаро ба қайд мегирад;
- ташкили экспертизаи давлатии сарватҳои таърихию фарҳангиеро, ки барои берун баровардан, муваққатан берун баровардан инчунин ҳангоми баргардондани онҳо баъди муваққатан берун баровардан пешниҳод гардидаанд, таъмин менамояд;
- сарватҳои таърихию фарҳангиеро, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ мусодира гардиданд ва ба моликияти давлатӣ гузаронда шудаанд, кабул мекунад ва тартиби истифодабарии онҳоро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд;
- дархостро оид ба иҷозати фурӯши сарватҳои таърихию фарҳангӣ, ки берун баровардани онҳо манъ аст, мавриди баррасӣ қарор дода, розигии хаттӣ медиҳад;
- дар бораи ҳолатҳои гум шудан ва дуздии сарватҳои таърихию фарҳангӣ эълон медиҳад;
- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барқарор кардани ҳуқуқи моликони сарватҳои таърихию фарҳангии ғайриқонунӣ берун баровардашуда ё воридгардида чораҳо меандешад.
3. Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ тибқи қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангиро назорат мекунад.
4. Тартиби берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ (аз ҷумла муваққатан) ва ташкил кардани экспертизаи давлатии онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мукаррар менамояд.
Моддаи 8. Шӯро оид ба ҳифз ва мубодилаи байналмилалии сарватҳои таърихию фарҳангӣ
1. Бо мақсади мусоидат намудан ба танзими меъёрию ҳуқуқии масъалаҳо оид ба берун баровардан, экспертиза ва арзёбии сарватҳои таърихию фарҳангии берун баровардашаванда, ҳифзи сарватҳои таърихию фарҳангӣ, рушди ҳамкории байналмилалии фарҳангӣ, дар назди мақоми ваколатдори давлатӣ Шӯро оид ба ҳифз ва мубодилаи байналмилалии сарватҳои таърихию фарҳангӣ (минбаъд Шӯро) таъсис дода мешавад.
2. Шӯро аз ҳисоби намояндагони мақомоти давлатӣ, мутахассисони осорхонаҳо, китобхонаҳо, ташкилотҳои ғайритиҷоратие, ки дар соҳаи фарҳанг фаъолият мекунанд, коллексионерони сарватҳои таърихию фарҳангӣ, бостоншиносон, ходимони театр, илм ва фарҳанг, коршиносон, фарҳангшиносон таъсис дода мешавад.
3. Низомномаи Шӯро аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда мешанад.
4. Шӯро дар доираи ваколатҳои худ вазифаҳои зеринро амалӣ менамояд:
- ба мақоми ваколатдори давлатӣ барои баррасӣ таклифҳоро оид ба такмили Қонуни мазкур пешниҳод менамояд;
- ба мақоми ваколатдори давлатӣ коршинос (мутахассис)-ро оид ба сарватҳои таърихию фарҳангӣ тавсия медиҳад;
- муроҷиати осорхонаҳо, китобхонаҳо, ташкилотҳои ғайритиҷоратие, ки дар соҳаи фарҳанг фаъолият мекунанд, коллексионерони сарватҳои таърихию фарҳангӣ, бостоншиносон, ходимони театр, илм ва фарҳанг, коршиносон (мутахиссисон) ва шахсони дигарро оид ба ҳифз ва мубодилаи байналмилалии сарватҳои таърихию фарҳангӣ баррасӣ менамояд;
- тибқи низомнома вазифаҳои дигарро иҷро менамояд.
Моддаи 9. Экспертизаи давлатии сарватҳои таърихию фарҳангӣ
1. Сарватҳои таърихию фарҳангии берун баровардашаванда, аз ҷумла муваққатан берун баровардашаванда, аз экспертизаи давлатӣ гузаронда мешаванд.
2. Экспертизаи давлатии сарватҳои таърихию фарҳангӣ бо мақсади зерин гузаронда мешавад:
- арзёбии сарватҳои таърхию фарҳангӣ;
- муайянсозии мансубияти ашёи таҳқиқшаванда ба сарватҳои таърихию фарҳангӣ ва нодир;
- муайянсозии мансубияти ашёи таҳқиқшаванда ба Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ;
- муайян намудани асолат ва ҳолати ҷории сарватҳои таърихию фарҳангие, ки пас аз муваққатан берун баровардан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонда мешаванд.
3. Муҳлати гузарондани экспертизаи давлатии сарватҳои таърихию фарҳангӣ 15 рӯзи тақвимӣ муқаррар карда мешавад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи тартиби гузарондани экспертизаи давлатии сарватҳои таърихию фарҳангӣ.
4. Пешниҳод накардани ашёи берун баровардашаванда ба экспертизаи давлатӣ асос барои аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ қабул кардани қарор дар бораи иҷозат надодан барои берун баровардани он мебошад.
5. Ҳангоми берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ, агар дар натиҷаи экспертизаи давлатӣ барои дохил намудани ашёи пешниҳодшуда ба Рӯйхати сарватҳои таърихию фарҳангӣ, ки берун баровардани онҳо манъ аст, инчунин барои ворид намудани онҳо ба Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ асос пайдо гардад, ашёи мазкур аз муроҷиаткунанда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шуда, ба мақоми ваколатдори давлатӣ супорида мешавад.
6. Зарари моддии молик ҳангоми аз ӯ гирифтани ашёи ба Рӯйхати сарватҳои таърихию фарҳангӣ дохилшуда, ки берун баровардани онҳо манъ аст, инчунин ба Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ворид гардидааст, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.
7. Баҳсҳо оид ба натиҷаҳои экспертизаи давлатии сарватҳои таърихию фарҳангӣ бо тартиби судӣ ҳал карда мешаванд.
Моддаи 10. Берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ
1. Берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ тибқи муқаррароти Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
2. Берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ бе пешниҳоди шаҳодатномаи дахлдор манъ аст.
3. Берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ аз ҷониби муаллиф, новобаста ба он, ки ӯ барои истиқомати муваққатӣ ё доимӣ ба хориҷи кишвар сафар мекунад, бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур амалӣ карда мешавад.
4. Берун баровардани мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи шаҳрвандони мукофотонидашуда дар асоси пешниҳод намудани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мукофотонидан амалӣ карда мешавад.
5. Ворисони шахсони фавтидаи бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфарозшуда, ки барои истиқомати доимӣ ба хориҷи кишвар сафар мекунанд, ҳуқуқ доранд танҳо ҳуҷҷатҳо дар бораи бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардондани ин шахсонро бо худ баранд.
6. Берун баровардани сарватҳое, ки мавриди кофтуков қарор доранд, танҳо бо мақсади ба моликони қонуниашон баргардондани онҳо амалӣ мегардад, агар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
Моддаи 11. Муваққатан берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ
1. Сарватҳои таърихию фарҳангӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар ҳолатҳои зерин мувакқатан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун бароварда мешаванд:
- муаррифӣ ва ташкил намудани намоишгоҳҳо;
- гузарондани корҳои барқарорсозӣ ва таҳқиқоти илмӣ;
- вобаста ба фаъолияти консертӣ, театрӣ, фаъолияти дигари ҳунарӣ;
- гузарондани чорабиниҳои фарҳангии байналмилалӣ, барқарор ва густариш додани муносибатҳои фарҳангӣ.
2. Муҳлати дар хориҷи кишвар карор гирифтани сарватҳои таърихию фарҳангии мувақкатан берун баровардашуда набояд аз шаш моҳ зиёд бошад.
3. Қарор дар бораи муваққатан берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ дар асоси натиҷаи экспертизаи давлатӣ қабул гардида, ба дархосткунанда шаҳодатномаи дахлдор бо уҳдадории баргардондани онҳо дар муҳлати муқарраргардида дода мешавад.
4. Бе пешниҳоди шаҳодатномаи дахлдор мувакқатан берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ манъ аст.
Моддаи 12. Рад намудани дархости муваққатан берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ
Дархост оид ба муваққатан берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ бо асосҳои зерин рад карда мешавад:
- пешниҳод накардани кафолат аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба ҳифз, нигоҳдорӣ ва дар муҳлати муқарраргардида баргардондани сарватҳои таърихию фарҳангӣ;
- дар ҳолати ғайриқаноатбахш қарор доштани ашёи берун баровардашаванда;
- дар кофтукови байналмилалӣ ва давлатӣ қарор доштани сарватҳои таърихию фарҳангӣ;
- муайян набудани молики сарватҳои таърихию фарҳангӣ ё мавриди баҳси судӣ қарор доштани онҳо;
- таъмин нашудани ҳифзу нигоҳдории сарватҳои таърихию фарҳангии берун баровардашаванда бо сабаби офатҳои табиӣ, низоъҳои ҳарбӣ ё монеаҳои дигар дар кишваре, ки онҳо муваққатан ба он бароварда мешаванд;
- мавҷуд набудани муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишваре, ки ба он сарватҳои таърихию фарҳангӣ бароварда мешаванд.
Моддаи 13. Муваққатан ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ
1. Муваққатан ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муқаррароти Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
2. Барои ба ҳудуди Ҷумхурии Тоҷикистон муваққатан ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ шаҳодатномаи дахлдори мақомоти ваколатдори давлатии кишваре, ки ин сарватҳо дар ҳудуди он ба вуҷуд омадаанд, пешниҳод карда мешавад.
3. Мансуб будани ашёи воридшаванда ба сарватҳои таърихию фарҳангӣ аз рӯи натиҷаи экспертизаи давлатӣ муайян карда мешавад.
Моддаи 14. Ҳифзи сарватҳои таърихию фарҳангии муваққатан берун баровардашуда
Ҳифзи сарватҳои таърихию фарҳангие, ки аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан берун бароварда шудаанд, аз ҷониби шахсони онҳоро ба берун бароварда ва муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори кишвари қабулкунанда таъмин карда мешавад.
Моддаи 15. Кафолати ҳифзи сарватҳои таърихию фарҳангии муваққатан воридшуда
Додани кафолати ҳифзи сарватҳои таърихию фарҳангии муваққатан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 16. Фурӯши сарватҳои таърихию фарҳангӣ
1. Фурӯши сарватҳои таърихию фарҳангие, ки берун баровардани онҳо манъ аст, танҳо баъди ба тариқи хаттӣ огоҳ намудани мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ карда мешавад.
2. Ба фурӯш гузоштани сарватҳои таърихию фарҳангӣ ба тариқи музояда дар асоси розигии хаттии мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ карда мешавад.
Моддаи 17. Транзит ва ирсол намудани сарватҳои таърихию фархангӣ тавассути шуъбаҳои алоқа
1. Ҳангоми транзити сарватҳои таърихию фарҳангӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ҳуҷҷатҳои дахлдори муайяннамудаи мақомоти мазкур пешниҳод карда мешаванд.
2. Берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ бо роҳи ирсол намудани онҳо тавассути шуъбаҳои алока тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 18. Баргардондани сарватҳои таърихию фарҳангӣ
1. Давлат тибқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ барои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардондани сарватҳои таърихию фарҳангии дуздидашуда ва ё ғайриқонунӣ берун баровардашуда чораҳо меандешад.
2. Нисбат ба талабот онд ба баргардондани сарватҳои таърихию фарҳангии аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриқонунӣ баровардашуда муҳлати даъво татбиқ намегардад.
Моддаи 19. Тартиби истифодаи сарватҳои таърихию фарҳангии мусодирашуда
1. Сарватҳои таърихию фарҳангии аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мусодирашуда ба мақоми ваколатдори давлатӣ бо мақсади нигоҳдорӣ, гузарондани экспертизаи давлатӣ дода шуда, рӯйхати онҳо ба воситаҳои ахбори омма барои нашр супорида мешавад.
2. Дар сурати бо тартиби судӣ муқаррар намудани ҳуқуқи моликият ба сарватҳои таърихию фарҳангӣ онҳо ба моликон ё намояндагони қонунии онҳо баргардонда мешаванд. Хароҷоти вобаста ба нигоҳдорӣ ва гузарондани экспертизаи давлатӣ аз ҷониби моликон пардохт карда мешаванд, агар бо қарори суд тартиби дигар пешбинӣ карда нашавад.
3. Дар ҳолати тибқи санади судӣ ба моликияти давлат гузарондани сарватҳои таърихию фарҳангии мусодирашуда онҳо бо қарори мақоми ваколатдори давлатӣ барои нигоҳдории доимӣ ба хазинаҳои давлатии осорхонаҳо, бойгониҳо, китобхонаҳо ё ташкилотҳои дигар супорида мешаванд.
Моддаи 20. Боҷу пардохтҳо ҳангоми берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ
Боҷу пардохтҳо ҳангоми берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешаванд.
БОБИ 3. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 21. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 22. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва ворид кардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 «Дар бораи берун баровардан ва ворид кардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, №7, мод. 511; с. 2008, №12, қ.2, мод. 1014; с. 2014, №12, мод. 825) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 23. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
4 апрели соли 2019
№1593
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲОЛАТИ ҶАНГӢ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҲОЛАТИ ҶАНГӢ
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии ҳолати ҷангӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби ҷорӣ ва бекор кардани он, чораҳои таъмини ҳолати ҷангӣ вазъи ҳуқуқии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар давраи ҳолати ҷангӣ муқаррар менамояд.
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- хатари воқеӣ ба амнияти давлат - хатар ба дахлнопазирии сарҳади давлатӣ ва тахдиди истифодаи зӯроварӣ нисбати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла . таҷовуз ба муқобили Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти разведкавӣ, террористӣ тахрибкории хадамоти махсус, ташкилот ва шахсони алоҳидаи хориҷӣ ки барои халалдор сохтани амнияти миллии Тоҷикистон равона гардидааст;
- таҷовуз ба муқобили Ҷумҳурии. Тоҷикистон – истифодаи қувваҳои мусаллаҳи давлати хориҷӣ ё гӯруҳи давлатҳо ба муқобили соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон ё бо таъсиррасонии дигар ба он, ки ба Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид мутобиқ нест;
- ғасб - ҳамроҳкунии маҷбурии ҳудуди Тоҷикистон ба давлати дигар аз ҷониби давлатҳои хориҷӣ ё гурӯҳи давлатҳо, ишғол намудани ҳудуд ё воҳиди маъмурию ҳудудии алоҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ҳолати ҷангӣ - низоми махсуси ҳуқуқии пешбиникунандаи маҷмӯи чорабиниҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, маъмурӣ, ҳарбӣ ва чорабиниҳои дигар, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми ҳудуд ё воҳиди маъмурию ҳудудии алоҳида эълон карда мешавад;
- соати комендантӣ - чораи дар ҳолати ҷангӣ ҷоригашта бо нишон додани мухдат ва вақти амали он бо мақсади таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амният, пешгирӣ намудани фаъолияти разведкавӣ, тахрибкорӣ ва дигар фаъолияти душманона, ки ҳаракати аҳолиро бе рухсатномаҳои махсуси додашуда ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият берун аз манзили истиқоматӣ ва байни нуқтаҳои аҳолинишин маҳдуд менамояд.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳолати ҷангӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳолати ҷангӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Мақсади ҷори намудани ҳолати ҷангӣ
Ҷорӣ намудани ҳолати ҷангӣ бо -мақсади мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирӣ, зада гардонидан ё бартараф кардани оқибатҳои таҷовуз ба муқобили Ҷумҳурии Тоҷикистон ё таҳдиди таҷовуз амалӣ карда мешавад.
Моддаи 4. Ҷорӣ намудани ҳолати ҷангӣ
- Асос барои дар тамоми ҳудуд ё воҳидҳои маъмурию ҳудудии алоҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ намудани ҳолати ҷангӣ таҳдиди хатари воқеӣ ба амнияти давлат ба ҳисоб меравад.
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми ҳудуд ё воҳидҳои маъмурию ҳудудии алоҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ намудани ҳолати ҷангиро эълон намуда, дар ин бора фармонро барои тасдиқ ба ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад.
- Дар фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷори намудани ҳолати ҷангӣ масъалаҳои зерин муайян карда мешаванд:
- ҳолатҳое, ки барои ҷорӣ намудани ҳолати ҷанги асос шудаанд;
- сарҳадҳои ҳудуде, ки дар он ҳолати ҷангӣ ҷорӣ карда мешавад;
- вақте, ки аз он амали ҳолати ҷангӣ сар мешавад;
- масъалаҳои дигари ба ҷорӣ намудани ҳолати ҷангӣ вобаста.
- Матни пурраи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷорӣ намудани ҳолати ҷангӣ фавран тавассути радио ва телевизион пахш ва дар нашрияҳои расмӣ интишор карда мешавад.
- Тартиби омодагӣ барои зада гардонидани таҷовуз ба муқобили Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 5. Реҷаи ҳолати ҷангӣ ва таъмини он
- Реҷаи ҳолати ҷангиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
- Таъмини реҷаи ҳолати ҷангӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти идоракунии ҳарбӣ мувофиқи ваколатҳое, ки ба онҳо Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон додаанд, амалӣ карда мешавад.
- Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти идоракунии ҳарбӣ дар таъмини реҷаи ҳолати ҷангӣ мусоидат менамоянд.
Моддаи 6. Чораҳои истифодашаванда дар ҳудуде, ки дар он ҳолати ҷангӣ ҷорӣ карда шудааст
Дар ҳудуде, ки дар он мувофиқи санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати ҷангӣ ҷорӣ карда шудааст, чораҳои зерин амалӣ карда мешаванд:
- ба фаъолият дар шароити ҳолати ҷангӣ гузаронидани иқтисодиёти ҷумҳурӣ, мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои дигар;
- гузарондани чорабиниҳои густариши сафарбарии Кувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ, мақомоти махсуси давлатӣ;
- гузарондани чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ ва ҳудудӣ;
- аз захираи давлатӣ баровардан ва истифода бурдани захираҳои арзишноки моддӣ;
- пурзӯр намудани ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амнияти ҷамъиятӣ, ҳифзи иншооти ҳарбӣ, муҳими давлатӣ ва махсус, иншооти таъминкунандаи фаъолияти ҳаётии аҳолӣ;
- ҷорӣ намудани реҷаи махсуси кори иншооти таъминкунандаи фаъолияти нақлиёт, коммуникатсия, алока, телевизион, радио, нашрияҳо, иншооти энергетикӣ, инчунин иншооте, ки барои ҳаёт, саломатии инсон ва муҳити зист хатари зиёд дорад;
- ҳангоми зарурат маҳдуд намудан ва боздоштани анҷоми амалиёти бонкӣ ва фаъолияти дигари аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ иҷрошаванда, ба истиснои иҷрои ваколатҳое, ки барои таъминоти ҳолати ҷангӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ шудаанд;
- тахлияи иншооти таъиноти хоҷагӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, инчунин муваққатан кӯчонидани сокинон ба минтақаҳои бехатар бо таъмини ҳатмии онҳо бо манзили истиқоматии муваққатӣ ё доимӣ;
- ҷорӣ ва таъмин намудани реҷаи махсуси даромадан ба ҳудуде, ки дар он ҳолати ҷангӣ ҷорӣ карда шудааст ва баромадан аз он, инчунин маҳдуд кардани ҳаракати озод дар он;
- боздоштани фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, ки дар шароити ҳолати ҷангӣ корҳои таблиғотию ташвиқотӣ анҷом медиҳанд ва он ба амният ва мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид мекунад;
- ҷалби шаҳрвандон ба иҷрои корҳо барои эҳтиёҷоти мудофиа, бартараф намудани оқибатҳои аз ҷониби душман истифода шудани силоҳ, барқарор намудани иншооти зарардидаи (вайроншудаи) иқтисодӣ, низоми таъмини зист ва иншооти ҳарбӣ, инчунин барои иштирок дар мубориза бар зидди сӯхтор, эпидемия ва эпизоотияҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои дигар, новобаста ба шакли моликият ва шаҳрвандон гирифтани молу мулк барои эҳтиёҷоти мудофиавӣ, бо пардохти минбаъдаи арзиши онҳо аз ҷониби давлат;
- манъ ё маҳдуд кардани баргузории гирдиҳамоиҳо, эътирозу намоишҳо, инчунин дигар чорабиниҳои оммавӣ;
- манъ кардани корпартоиҳо ва усулҳои дигари боздошт ё қатъ кардани фаъолияти ташкилотҳо;
- маҳдуд кардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва амалӣ намудани азназаргузаронии онҳо;
- маҳдуд кардани гаштугузори шаҳрвандон дар кӯчаҳо ва ҷойҳои ҷамъиятии дигар дар соати комендантӣ ва ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти идоракунии ҳарбӣ додани ҳуқуқи ҳангоми зарсат санҷидани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрвандон.,«тафтиши шахсӣ, тафтиши ашёи онҳо, манзили истиқоматӣ ва воситаҳои нақлиёт, мусодира кардани ва лавозимоти ҷангӣ, маводи тарканда, заҳролуд ва бо асосҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон - боздошти шаҳрвандон ва воситаҳои нақлиёт (дар ин ҳолат муҳлати боздошти шаҳрвандон ва нақлиёт аз 30 (си) шабонарӯз зиёд буда наметавонад);
- ба роҳ мондани назорати кори иншооти таъминкунандаи фаъолияти нақлиёт, коммуникатсия ва алоқа, кори матбааҳо, марказҳои ҳисоббарорӣ ва системаҳои автоматонидашуда, воситаҳои ахбори омма, истифодабарии онҳо барои эҳтиёҷоти мудофиа, манъ намудани кори дастгоҳи радиоии қабулу фиристандаи истифодаи инфиродӣ дар ҳудуде, ки дар он ҳолати ҷангӣ эълон карда шудааст;
- ҷорӣ намудани сензураи ҳарбии мукотибот ва муросилоти тавассути системаҳои телекоммуникатсионӣ интиқолшаванда, инчунин назорати гуфтугӯи телефонӣ, таъсиси мақомоти сензурӣ, ки бевосита бо масъалаҳои зикршуда машғуланд;
- тибқи принсипҳои умумиэътирофшуда ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ боздошти (ҷудо нигоҳ доштани) шаҳрвандони давлати хориҷие, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон меҷангад;
- манъ ё маҳдуд кардани баромадани шаҳрвандон аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон;
- чорӣ кардани тадбирҳои иловагӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ,. мақомоти идоракунии ҳарбӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва ташкилотҳо, ки барои пурзӯр намудани реҷаи махфӣ равона шудаанд;
- қатъ намудани фаъолияти созмонҳои хориҷӣ ва байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбати онҳо маълумоти боэътимод доранд ва ё созмонҳои зикршуда фаъолиятеро амалӣ менамоянд, ки ба халалдор сохтани мудофиа ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудааст.
Моддаи 7. Чораҳои дигари дар давраи амали ҳолати ҷангӣ истифодашаванда
Дар давраи амали ҳолати ҷангӣ мутобиқи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади истеҳсоли маҳсулот (иҷрои кор, хизматрасонӣ) барои эҳтиёҷоти давлат, таъмини Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшунҳо, воҳидҳои ҳарбӣ ва барои эҳтиёҷоти аҳолӣ метавонанд чораҳое пешбинӣшаванд, ки бо ҷорӣ намудани маҳдудияти муваққатӣ барои амалӣ намудани фаъолияти иқтисодӣ ва молиявӣ, гардиши молу мулк, гардиши озоди мол, хизматрасонӣ ва воситаҳои молиявӣ, барои- дарёфт, қабулкунӣ, супоридан, истеҳсол ва паҳн кардани маълумот алоқаманданд, муваққатан тағйир додани шакли моликияти ташкилотҳо, тартиб ва шартҳои муфлисшавӣ, реҷаи фаъолияти меҳнатӣ, хусусияти танзими иқтисодӣ, андоз, гумрукӣ ва бонкӣ чӣ дар ҳудуде, ки дар он ҳолати ҷанг ҷорӣ карда шудааст ва, чи дар он ҳудуде, ки ҳолати ҷангӣ ҷорӣ карда нашудааст, муқаррар карда шаванд.
Моддаи 8. Ҷалби Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар кӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ барои таъмини реҷаи ҳолати ҷангӣ
- Барои таъмини реҷаи ҳолати ҷангӣ тибқи тартиби муқарраршуда бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ, инчунин мақомоти давлатӣ дар асоси қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон барои иҷрои вазифаҳои асосии зерин ҷалб карда мешаванд:
- нигоҳ доштани реҷаи махсуси даромадан ба ҳудуде, ки дар он ҳолати ҷангӣ ҷорӣ карда шудааст ва баромадан аз он, инчунин махдудияти ҳаракати озод дар он;
- иштирок дар наҷотдиҳӣ ва тахлияи аҳолӣ, амалӣ намудани корҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва корҳои таъхирнопазири дигар, мубориза бар зидди сӯхтор, эпидемия ва эпизоотияҳо;
- ҳифзи иншооти давлатӣ ва ҳарбӣ, иншооти таъминкунандаи фаъолияти ҳаётии аҳолӣ, фаъолияти нақлиёт, коммуникатсия ва алоқа, телевизион ва радио, нашриёт, таъмини иншооти энергетикӣ, инчунин иншооти барои ҳаёт, саломатии инсон ва муҳити зист хатари баланддошта;
- пешгирии фаъолияти воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, гурӯҳҳои террористӣ ва тахрибкорӣ;
- ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амният;
- иштирок дар амалӣ намудани чорабиниҳои дигар оид ба таъмини реҷаи ҳолати ҷангӣ.
- Ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти давлатӣ, ки барои таъмини реҷаи ҳолати ҷангӣ ҷалб карда мешаванд, ҳукуқи гирифта гаштан, нигоҳдорӣ, истифодабарии силоҳ, техникаи ҷангӣ, воситаҳои махсус, инчунин исгифодаи қувваи ҷисмонӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
Моддаи 9. Салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳолати ҷангӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳолати ҷангӣ чунин салоҳият дорад:
- роҳбарии ташкили таъмини реҷаи ҳолати ҷангиро амалӣ менамояд;
- нақшаи низоми ягонаи идоракунии давлатии мудофиаро тасдиқ менамояд;
- бо мақсади таъмини реҷаи ҳолати ҷангӣ фаъолияти мувофиқашуда ва ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиро таъмин менамояд;
- истифодаи тадбирҳоро оид ба таъмини реҷаи ҳолати ҷангӣ назорат.мекунад;
- мутобиқи Қонуни мазкур тадбирҳоро оид ба таъмини реҷаи ҳолати ҷангӣ, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти идоракунии ҳарбӣ дар худуде, ки дар он ҳолати ҷангӣ ҷорӣ карда шудааст, амалӣ карда мешаванд, инчунин ваколатҳои мақомоти зикршударо оид ба амалинамоии ин тадбирҳо муайян менамояд;
- вазифаҳоро муайян намуда, тартиби ҷалб намудани Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбиро барои таъмини реҷаи ҳолати ҷангӣ муқаррар менамояд;
- фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва диниро, ки таблиғоту ташвиқот ва фаъолияти ба он баробарро пеш мебаранд ва дар шароити ҳолати ҷангӣ мудофиа ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро халалдор мекунанд, боз медорад;
- манъ ё маҳдуд намудани гузарондани гирдиҳамоиҳо, эътирозу намоишҳо, инчунин чорабиниҳои оммавии дигарро муқаррар менамояд;
- гузаронидани корпартоиҳоро манъ карда, боздошт ё қатъ намудани фаъолияти ташкилотҳоро бо роҳҳои дигар муқаррар менамояд;
- тартиби адои хизмати ҳарбиро дар давраи амали ҳолати ҷангӣ муайян менамояд;
- оид ба боздошт ё бекор кардани амали шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон бо давлати хориҷӣ (гурӯҳи давлатҳо), ки ба муқобили Ҷумҳурии Тоҷикистон амалҳои таҷовуз содир кардааст (кардаанд) ва ё давлатҳои бо он (онҳо) шарик тадбирҳои зарурӣ меандешад;
- фаъолияти созмонҳои хориҷӣ ва байналмилалиеро, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбаташон маълумоти боэътимод доранд, ки ин созмонҳо фаъолияти худро барои халалдор сохтани мудофиа ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон равона намудаанд, боз медорад;
- дар ҳудуде, ки дар он ҳолати ҷангӣ ҷорӣ карда шудааст, реҷаи махсуси кори иншооти таъминкунандаи фаъолияти нақлиёт, коммуникатсия, алоқа, телевизион ва радио, нашрияҳо, иншооти энергетикӣ, инчунин иншоотеро, ки ба ҳаёт ва саломатии инсон ва муҳити зист хатари баланд доранд, муқаррар менамояд;
- дар ҳолати ҷорӣ ва бекор намудани ҳолати ҷангӣ дар ҳудуд ё воҳидҳои маъмурию ҳудудии алоҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Созмони Милали Муттаҳидро огоҳ менамояд;
- дигар салоҳиятеро, ки Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳукуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд, амалӣ менамояд.
Моддаи 10. Салоҳияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати ҷорӣ намудани ҳолати ҷангӣ
Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати ҷорӣ намудани ҳолати ҷангӣ чунин салоҳият доранд:
- тасдиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷорӣ намудани ҳолати ҷангӣ дар ҳудуд ё дар воҳидҳои маъмурию ҳудудии алоҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- баррасӣ ва тасдиқи хароҷоти давлат барои мудофиа тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қабули қонунҳо дар соҳаи таъмини реҷаи ҳолати ҷангӣ;
- бекор кардани шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он давлатҳо ё шарикони онҳо, ки ба муқобили Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷовуз содир кардаанд;
- дигар салоҳиятеро, ки Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд, амалӣ менамоянд.
Моддаи 11. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини реҷаи ҳолати ҷангӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини реҷаи ҳолати ҷангӣ чунин салоҳият дорад:
- ба кори вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатӣ роҳбарӣ менамояд ва фаъолияти онҳоро барои таъмини реҷаи ҳолати ҷангӣ назорат мекунад;
- Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбиро бо силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ, воситаҳои махсус, воситаҳои моддӣ, захираҳо ва хизматрасонӣ таъмин мекунад;
- иҷрои барномаҳои мақсадноки давлатӣ ва нақшаҳои такмили силоҳ, инчунин барномаҳои аз рӯи ихтисосҳои касбию ҳарбӣ тайёр кардани шаҳрвандонро таъмин мекунад;
- барои хизматчиёни ҳарбӣ ва шахсони дигаре, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мудофиа ё амнияти давлат ҷалб карда мешаванд, кафолати иҷтимоиро таъмин мекунад;
- мудофиаи гражданӣ ва, ҳудудиро роҳбарӣ мекунад;
- таъминоти аҳолиро бо маҳсулоти хӯрокворӣ, ғайрихӯрокворӣ, хизматрасонии тиббӣ (ҳангоми зарурат мувофиқи меъёр) ташкил ва ба он роҳбарӣ мекунад;
- ба корҳо оид ба таъмини эҳтиёҷоти давлат дар давраи амали ҳолати ҷангӣ бо захираҳои моддию техникӣ, меҳнатӣ ва дигар захираҳо роҳбарӣ менамояд, инчунин таҳияи нақшаи ҳарбию хоҷагиро ташкил мекунад;
- сиёсати давлатиро дар соҳаи ҳамкории байналмилалии иқтисодӣ, молиявӣ ва сармоягузорӣ таҳия ва татбиқ мекунад;
- иҷрои уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба шартномаҳои байналмилалӣ таъмин менамояд, инчунин аз ҷониби иштироккунандагони шартномаҳои мазкур иҷро гардидани ухдадориҳои онҳоро назорат мекунад;
- бо тартиби мукараргардида гузаронидани иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба шароити ҳолатӣ ҷангӣ ташкил менамояд;
- татбиқи сиёсати ягонаи молиявӣ, қарзӣ, пулӣ ва андозиро дар реҷаи ҳолати ҷангӣ таъмин мекунад;
- барномаҳои мақсадноки давлатиро вобаста ба реҷаи ҳолати ҷанг таҳия менамояд ва татбиқи онҳоро таъмин мекунад;
- сиёсати ягонаи нархро бо дар назар доштани талаботи иқтисоди бозорӣ таҳия менамояд ва барои татбиқ намудани он дар давраи ҳолати ҷангӣ тадбирҳо меандешад;
- бобати татбиқи ҳуқуқи шаҳрвандон барои ҳифзи саломатӣ ва таъмини беҳбудии санитарию эпидемиологӣ дар давраи ҳолати ҷанг тадбирҳо меандешад;
- ҳангоми зарурат ҳалли баъзе масъалаҳои идоракунии давлатиро, ки ба салоҳияти он дохил мешаванд, ба зиммаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти дигари идоракунии давлатӣ вогузор менамояд, агар ҳалли ин масъалаҳо мутобиқи Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти истисноии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуб набошанд;
- дигар салоҳиятеро, ки Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд, амалӣ менамояд.
Моддаи 12. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар давраи ҳолати ҷангй
1. Барои таъмин намудани реҷаи ҳолати ҷангӣ вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти дигар дар доираи ваколатҳои худ ва самтҳои фаъолияташон ваколатҳои зеринро амалӣ менамоянд:
- фаъолияти ташкилотҳои саноатӣ, савдо, таъмини хӯроки ҷамъиятӣ, хизматрасонии маишӣ ва хоҷагии коммуналиро танзим менамоянд;
- дар раванди гузаштани иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шароити ҳолати ҷангӣ иштирок менамоянд;
- таъминоти аҳолиро бо маҳсулоти хӯрокворӣ, ғайрихӯрокворӣ ва хизматрасонии тиббӣ ташкил менамоянд;
- тавассути воситаҳои ахбори омма ва дигар воситаҳо огоҳ намудани аҳолии ҳудудеро, ки дар он ҳолати ҷангӣ ҷорӣ карда шудааст, ташкил менамоянд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби шаҳрвандонро баҳри иҷрои корҳо барои -эҳтиёҷоти мудофиа, бартараф намудани оқибатҳои истифодаи силоҳ аз ҷониби душман, барқарор намудани низоми таъмини ҳаёти аҳолӣ ва иншооти иқтисодию ҳарбии зарардида (вайронгашта), инчунин барои иштирок дар мубориза бар зидди сӯхтор, эпидемия ва эпизоотияҳо ташкил менамоянд;
- тахлияи иншооти дорои аҳамияти-хоҷагӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, инчунин муваққатан кӯчонидани сокинонро ба минтақаҳои бехатар бо пешниҳоди ҳатмӣ ба чунин сокинон манзили зисти муваққатӣ ё доимӣ ташкил ва роҳбарӣ менамоянд;
- мудофиаи гражданӣ ва ҳудудиро ташкил ва идора менамоянд;
- дар ҳудуде, ки дар он ҳолати ҷангӣ ҷорӣ карда шудааст, реҷаи махсуси кори иншооти таъминқунандаи фаъолияти наклиёт, коммуникатсия ва алоқа, телевизион ва радио, нашрияҳо, иншооти энергетикӣ, инчунин иншоотеро, ки ба ҳаёт ва'саломатии инсон ва муҳити зист хатари баланд доранд, таъминменамоянд;
- истеҳсоли маҳсулоти саноатиро (иҷрои кору хизматрасониро) барои таъмини эҳтиёҷоти давлат ва аҳолӣ, таъмини Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ ташкил ва таъмин менамоянд;
- ваколатҳои дигареро, ки Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба зиммаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти дигар вогузор намудааст, иҷро менамоянд.
- Барои таъмин намудани реҷаи ҳолати ҷангӣ мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар самтҳои фаъолияташон ваколатҳои зеринро амалӣ менамоянд:
- оид ба таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ ва пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи ҳуқуку озодиҳои онҳо чораҳо меандешанд;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ, таъмини кумаки тиббию санитарӣ ва беҳбудии санитарию эпидемиологии аҳолӣ тадбирҳо меандешанд;
- дар ҳудуди воҳиди маъмурию ҳудудии дахлдор, ки дар он ҳолати ҷангӣ эълон карда шудааст, идоракунии босамари иншооти коммуналӣ ва иҷтимоиро ташкил менамоянд;
- барои вусъат додани фаъолияти иқтисодии корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои дигар, ки дар воҳидҳои маъмурию ҳудудии дахлдор ҷойгиранд, инчунин ба рушди иқгидори содиротӣ ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти онҳо, иҷрои кор ва хизматрасонӣ мусоидат менамоянд;
- дар ҳудуди воҳидҳои маъмурию ҳудудии дахлдор оид ба ҷойгиронии мақсадноку мувофиқи иншооти истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ, бунёди инфрасохтори дахлдор, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва меҳнатӣ, ҳифзи муҳити зист ва соҳаҳои дигар, ки моликияти ҷумҳуриявӣ мебошанд, тибқӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунанд;
- ҳамаҷониба барои таъмини реҷаи ҳолати ҷангӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ ё мақомоти идоракунии ҳарбӣ мусоидат менамоянд.
- Дар давраи ҳолати ҷангӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ хароҷоти зерин маблағгузорӣ кардамешаванд;
- таъмини фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
- таъсис, таъмини фаъолият ва рушди муассисаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ, воситаҳои ахбори омма ва нашрияҳо, муассисаҳои дигаре, ки ба моликияти коммуналӣ мансубанд ё дар ихтиёри мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қарор доранд;
- таъмини хизматрасонии нақлиётӣ ба аҳолӣ ва муассисаҳое, ки ба моликияти коммуналӣ мансубанд ё дар ихтиёри мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қарор доранд.
- Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ваколатҳои дигареро, ки Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаашон вогузор намудаанд, иҷро менамоянд.
Моддаи 13. Фаъолияти судҳо ва мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуде, ки дар он ҳолати ҷангӣ ҷорӣ карда шудааст
Фаъолияти судҳо ва мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуде, ки дар он ҳолати ҷангӣ ҷорӣ карда шудааст, мутобиқи Конститутсия, Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 14. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар давраи амали реҷаи ҳолати ҷангӣ
- Дар давраи амали реҷаи ҳолати ҷангӣ дар доираи муқаррароти Конститутсия ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон маҳдуд карда мешаванд.
- Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар ҳудуди ҳолати ҷангӣ ҷоригардида қарор доранд, ухдадоранд:
–талаботи мақомоти давлатӣ, мақомоти идоракунии ҳарбии реҷаи ҳолати ҷангиро таъминкунанда ва шахсони мансабдори онҳоро иҷро ва ба онҳо мусоидат намоянд;
–даъвати мақомоти давлатӣ ва мақомоти идоракунии ҳарбӣ ба комиссариатҳои ҳарбии маҳаллӣ ҳозир шаванд;
–талаботи дар ҳидоятномаҳо, даъватномаҳо ва фармоишҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти идоракунии ҳарбӣ ва шахсони мансабдори онҳо зикрёфтаро, ки реҷаи ҳолати ҷангиро таъмин менамоянд, иҷро намоянд;
–бо тартиби муқаррарнамуда дар иҷрои корҳо барои эҳтиёҷоти мудофиа, рафъи оқибатҳои истифодаи силоҳ аз ҷониби душман, барқарор кардани низоми таъмини ҳаёти аҳолӣ ва иншооти ҳарбию иқтисодии зарардида (вайроншуда), инчунин дар мубориза бар зидди сӯхтор, эпидемия ва эпизоотияҳо иппирок намоянд;
–мутобиқи Қонуни мазкур молу мулки дар моликияташон қарордоштаро барои эҳтиёҷоти мудофиа бо талаби намояндагони мақомоти давлатӣ ба давлат супоранд, ки баъди ба охир расидани давраи амали ҳолати ҷангӣ арзиши молу мулки супоридашуда аз ҷониби давлат ҷуброн (пардохт) карда мешавад;
–дигар уҳдадориҳоро, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи онҳо вогузор карда шудаанд, иҷро намоянд.
Моддаи 15. Уҳдадориҳои корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои дигар дар давраи ҳолати ҷангӣ
Корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои дигар, новобаста ба шакли моликияташон, ки дар ҳудуди ҳолати ҷангӣ ҷоригардида қарор доранд, уҳдадоранд:
- талаботи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти идоракунии ҳарбии реҷаи ҳолати ҷангиро таъминкунанда ва шахсони мансабдори онҳоро иҷро ва ба онҳо мусоидат намоянд;
- дар асоси Қонуни мазкур барои эҳтиёҷоти мудофиа молу мулке, ки дар моликияти онҳо қарор дорад, бо ҷуброни минбаъдаи арзиши он ба давлат супоранд;
- супоришҳои (фармоишҳои) мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти идоракунии ҳарбӣ ва шахсони мансабдори реҷаи ҳолати ҷангиро таъминкунанда бо мақсади таъмини мудофиа ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи шартномаҳои (қарордодҳои) баимзорасида иҷро намоянд;
- уҳдадориҳои дигари ба зиммаашон вогузоргардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намоянд.
Моддаи 16. Бекор кардани ҳолати ҷангӣ
1. Ҳолати ҷангӣ дар ҳудуд ё воҳиди маъмурию ҳудудии алоҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди бартараф намудани ҳолатҳое, ки боиси ҷорӣ кардани он шуда буданд, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор карда мешавад.2. Аз лаҳзаи бекор кардани ҳолати ҷангӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки барои таъмини реҷаи ҳолати ҷангӣ қабул карда шуда буданд, эътибори худро гум мекунанд ё аз ҷониби мақомоти онҳоро қабулнамуда тибқи тартиби муқарраргардида бекор карда мешаванд.
Моддаи 17. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 18. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон
ш.Душанбе
20 июни соли 2019
№ 1608
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЧАРОГОҲ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУНАРМАНДӢ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҲУНАРМАНДӢ
Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, вазифаҳо ва принсипҳои асосии дастгирии давлатии соҳаи ҳунармандиро муқаррар менамояд.
БОБИ1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- ҳунармандӣ - истеҳсолоти дастӣ, ки ҳунарманд дар хона ё корхонаи хурд барои тайёркунӣ, коркард ва исгеҳсоли молу маҳсулоти истифодаи маишӣ ва армуғон амалӣ менамояд;
- ҳунарманд - шахси воқеии соҳиби малака, маҳорат, дониш ва ё тахассуси касбӣ, ки ба ҳунармандӣ машғул мебошад;
- шогирд-омӯзишгиранда - шахси воқеие, ки дар назди ҳунарманд ва ё дар муассисаи таълимӣ касби ҳунармандиро меомӯзад;
- феҳристи ҳунармандӣ - маҷмӯи иттилоот, ки дорои маълумот дар бораи субъектҳои ҳунармандӣ мебошад.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикисгон дар бораи ҳунармандӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳунармандӣ ба Конститутсияи Ҷумхурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳукуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи З. Вазифаҳои асосии Қонуни мазкур
Вазифаҳои асосии Қонуни мазкур инҳоянд:
- эҳё, ҳифз, рушд ва тарғиби анъанаҳои таърихӣ ва бостонии санъати ҳунармандӣ, тамаддун ва мероси миллии ҳунармандӣ;
- фароҳам овардани заминаи мусоид барои рушди ҳунармандӣ;
- рушди имкониятҳои истеҳсолии ҳунармандӣ;
- тайёр намудани мутахассисон дар соҳаи ҳунармандӣ;
- дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҳунармандон оид ба рушди соҳаи ҳунармандӣ;
- мусоидат барои ташкили ҷойҳои кории нав дар соҳаи ҳунармандӣ.
Моддаи 4. Принсипҳои асосии соҳаи ҳунармандӣ
Принсипҳои асосии соҳаи хунармандӣ инҳоянд:
- қонуният;
- шаффофият;
- баробархуқуқии субъектҳои ҳунармандӣ;
- кафолати ҳимояи хукуқи хунармандон;
- афзалияти рушди ҳунармандӣ;
- таъмини кафолатҳои давлатӣ дар соҳаи ҳунармандӣ;
- тарғиботи васеи ҳунармандӣ ба сифати муаррификунанда ва посдорандаи фарҳанг, анъана, таърих ва тамаддуни миллӣ.
Моддаи 5. Самтҳои ҳунармандӣ
Самтҳои ҳунармандӣ инҳоянд:
- кандакорӣ ва дуредгарӣ дар (бо) чӯб;
- коркарди метал, коғаз;
- дӯзандагӣ;
- коркарди матоъ, пӯст ва пашм;
- пазандагӣ;
- наққошӣ, рассомӣ;
- ҳайкалтарошӣ (пайкарасозӣ), сангтарошӣ;
- кулолгарӣ;
- шишакорӣ, гаҷкорӣ;
- заргарӣ;
- бофандагӣ, ресандагӣ;
- эҳёгарӣ (реставратсия);
- дигар самтҳои ҳунармандӣ.
БОБИ 2. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ СОҲАИ ҲУНАРМАНДӢ
Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳунармандӣ
Ба салоҳияти Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хунармандӣ дохил мешававд:
- таъмини пешбурди сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳунармандӣ;
- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳунармандӣ;
- муайян намудани имтиёзҳо барои соҳаи ҳунармандӣ;
- тасдиқи низомномаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳунармандӣ;
- тасдиқи барномаҳои давлатӣ оид ба рушди ҳунармандӣ;
- таъсиси ҷоизаҳо дар соҳаи ҳунармандӣ;
- тасдиқи тартиби пешбурди феҳристи ҳунармандӣ; .
- тасдиқи номгӯи касбҳои ҳунармандӣ;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
Моддаи 7. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳунармандӣ
Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳунармандӣ дохил мешаванд:
- амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳунармандӣ;
- ҳамоҳанг сохтани фаъолияти субъектҳои хунармандӣ;
- ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва шарикӣ бо субъектҳои дахлдори дохилӣ ва хориҷӣ дар соҳаи ҳунармандӣ;
- таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани лоихаи барномаҳои давлатӣ оид ба рушди ҳунармандӣ;
- пешниҳоди таклифҳо ба Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси ҷоизаҳо дар соҳаи ҳунармандӣ;
- гузаронидани конференсияҳо, намоишҳо-ярмаркаҳо ва озмунҳо вобаста ба ҳунармандӣ;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Чумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
Моддаи 8. Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳунармандӣ
- Бо мақсади ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги раванди амалисозии сиёсати давлатй оид ба ҳунармандӣ Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳунармандӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисгон таъсис дода мешавад.
- Ҳайат ва низомномаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳунармандӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
БОБИ 3. СУБЪЕКТИ ҲУНАРМАНДӢ
Субъекти хунармандӣ шахси воқеие мебошад, ки дар як ва ё якчанд самтҳои ҳунармандӣ фаъолият менамояд.
Моддаи 10. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъектҳои ҳунармандӣ
- Субъектҳои ҳунармандӣ ҳукуқ доранд:
- молу маҳсулоти ҳунармандӣ истеҳсол намоянд, онҳоро ихтиёрдорӣ кунанд;
- мустақилона дар раванди истеҳсоли молу маҳсулоти ҳунармандӣ ва иҷрои корҳои дигари дахлдор шогирд-омӯзишгирандагонро ҷалб намоянд;
- касбу ҳунари худро ба шогирд-омӯзишгиранда ба таври инфиродӣ ё гурӯҳӣ тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзонанд;
- арзиши молу маҳсулоти тайёршуда, истеҳсолшуда ё эҷодшударо мустақилона муайян намоянд;
- аз имтиёзҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон исгифода намоянд;
- дар чорабиниҳои сатҳи гуногун оид ба масъалаҳои ҳунармандӣ иштирок намоянд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияҳо ташкил намоянд;
- ҷиҳати рушди соҳаи ҳунармандӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳунармандӣ пешниҳод манзур намоянд.
- Субъектҳои ҳунармандӣ ухдадоранд:
- сифатнокии молу маҳсулотро дар доираи талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намоянд;
- раванди фаъолияти шогирд-омӯзишгирандаро назорат намоянд;
- дигар ухдадориҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро намоянд. .
БОБИ 4. ОМӮЗИШИ КАСБҲОИ ҲУНАРМАНДӢ
Моддаи 11. Омӯзиши касбҳои ҳунармандӣ
- Бо мақсади ҳифз ва рушди ҳунармандӣ омӯзиши касбҳои ҳунармандӣ ба роҳ монда мешавад.
- Омӯзиши касбҳои ҳунармандӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз синну сол, вақту замон, машғулияти асосии шогирд-омӯзишгиранда ба таври мунтазам ва ё муваққатӣ ба роҳ монда мешавад.
- Омӯзиши касбҳои ҳунармандӣ метавонад дар шаклҳои зерин амалӣ карда шавад:
- бо тартиби инфиродӣ ва гурӯҳӣ;
- бо тариқи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбии самти ҳунармандӣ;
- таҳсилоти иловагӣ, баъдидипломӣ ва калонсолон;
- такмили дониш ва дараҷаи тахассус.
БОБИ 5. ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ СОҲАИ ҲУНАРМАНДӢ
Моддаи 12. Дасттирии давлатии соҳаи ҳунармандӣ
- Ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз соҳаҳои афзалиятнок ҳисобида мешавад. Дастгирии соҳаи мазкур бо роҳи қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ташкил, мусоидат ва баргузор намудани чорабиниҳои миллию байналмилалии соҳаи ҳунармандӣ ва андешидани дигар тадбирҳо амалӣ карда мешавад.
- Дастгирии давлатии соҳаи ҳунармандӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
- Мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусҳои субъектҳои ҳунармандиро тавассути фароҳам овардани шароити мусоиди истеҳсолӣ, ташкили намоишгоҳҳои фурӯши молу маҳсулоти истеҳсолшуда, таъмин намудан бо ашёи хом ва амапӣ намудани дигар тадбирҳо дастгарӣ менамоянд.
БОБИ 6. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР СОҲАИ ҲУНАРМАНДӢ
Моддаи 13. Ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳунармандӣ
Мақомоти давлатӣ бо мақсади муаррифии маҳсулоти хунармандӣ ва васеъ намудани доираи робитаҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳунармандӣ мусоидат намуда, иштироки бевоситаи ҳунармандон ва игтиҳодияҳои ҳунармандонро ҷиҳати мубодилаҳои фарҳангӣ бо сохторҳо ва созмонҳои дахлдори давлатҳои хориҷӣ танзим ва ҳавасманд мегардонанд.
БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 14. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 15. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
20 июни соли 2019
№ 1619
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ ОБИ НӮШОКӢ ВА РАФЪИ ОБҲОИ ПАРТОВ
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ ОБИ НӮШОКӢ ВА РАФЪИ ОБҲОИ ПАРТОВ
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ, иҷтимоии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов, кафолатҳои давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов, инчунин сифат ва бехатарии онҳоро муқаррар мекунад.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- оби нӯшокӣ – обе, ки аз ҷиҳати сифат ва бехатарӣ дар ҳолати табиӣ ё баъди коркард (тозагардонӣ, безараргардонӣ, илова намудани моддаҳои кимиёвӣ) ба талаботи меъёрии муқарраршуда ҷавобгӯ буда, барои нӯшидан, тайёр намудани хӯрок, эҳтиёҷоти дигари хоҷагидорию маишии аҳолӣ ва истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ истифода мешавад;
- талаботи меъёрӣ нисбат ба сифат ва бехатарии оби нӯшокӣ – маҷмӯи нишондиҳандаҳои кимиёвию микробиологӣ ва хусусиятҳои органолептикии оби нӯшокӣ (мазза, ранг, бӯй, ҳарорат), ки бо усулҳои илмию таҳқиқотӣ ва қоидаҳои санитарӣ муқаррар гардида, бехатарӣ ва безарарии онро барои саломатии аҳолӣ кафолат медиҳад;
- таъмини оби нӯшокӣ – фаъолияте, ки барои таъмини талаботи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба оби нӯшокӣ равона карда шудааст;
- манбаи таъмини оби нӯшокӣ – обҳои табиӣ (рӯизаминӣ ва зеризаминӣ), ки баъди коркарди мувофиқ ва ё бе коркард барои таъмини оби нӯшокӣ истифода мешаванд;
- шабакаи мутамаркази таъмини оби нӯшокӣ (шабакаи оби нӯшокии истифодаи умум) – маҷмӯи таҷҳизот, иншооти гидротехникӣ ва дигар таъйиноти хоҷагии об барои гирифтан, коркард, нигоҳ доштан ва ба маҳалли истеъмол расонидани оби нӯшокӣ, ки барои истифодаи оммавии шахсони воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ дастрас мебошад;
- шабакаи ғайримутамаркази таъмини оби нӯшокии истифодаи умум – таҷҳизоти гидротехникӣ ва иншооти дигари таъйиноти хоҷагии об барои гирифтан ва коркарди (ё бе коркарди) оби нӯшокӣ, бе расонидани он ба маҳалли истеъмол, ки барои истифодаи оммавии шахсони воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ дастрас мебошанд;
- шабакаҳои мухтори таъмини оби нӯшокӣ – таҷҳизоти иншооти гидротехникӣ ва дигар иншооти таъйиноти хоҷагии об барои гирифтани оби нӯшокӣ ва расонидани (ё нарасонидани) он ба ҷойҳои истеъмолшавӣ, ки дар истифодаи фардӣ қарор доранд (бинои алоҳида, хоҷагии фермерӣ, бӯстонсарой ё иншооти алоҳидаи дигар);
- шабакаи таъмини оби нӯшокӣ дар воситаҳои нақлиёт – таҷҳизоту дастгоҳҳое, ки дар воситаҳои нақлиёт барои бо оби нӯшокӣ таъмин намудани мусофирон, ҳайати идоракунандаи нақлиёт ва хизматрасон дар самти ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофиркаш ё таъйиноти дигар ҷойгир карда шудаанд;
- шабакаи таъмини оби нӯшокӣ – ҳама намуди шабакаҳо (мутамарказ, ғайримутамарказ, мухтор ва шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ дар воситаҳои нақлиёт) ҳангоми мавҷуд будани меъёрҳои умумии мутобиқ барои қонеъ гардонидани талаботи физиологии инсон ба оби нӯшокӣ ва эҳтиёҷоти хоҷагидорию маишӣ;
- рафъи обҳои партов – қабул, интиқол ва тозакунии обҳои партов бо истифодаи шабакаи рафъи обҳои партов;
- шабакаҳои рафъи обҳои партов – маҷмӯи иншоотҳои бо ҳам алоқаманди муҳандисӣ, гидротехникӣ ва иншооти дигаре, ки барои қабул, интиқол, тозакунӣ ва безараргардонии обҳои партов ва такшини онҳо то сатҳи талаботи муқарраршуда пеш аз нобудкунӣ ва ё партофтани онҳо ба иншоотҳои обӣ, дигар қабулгоҳи обҳои партов таъйин гардидаанд;
- обҳои партов – обҳое, ки мувофиқи тартиби муайянкардашуда баъди истифода ба иншооти обӣ партофта мешаванд ё аз минтақаҳои олудашуда дохил мешаванд;
- таркиб ва хусусияти обҳои партов – маҷмӯи нишондиҳандаҳои тавсифкунандаи хусусиятҳои табиӣ, кимиёвӣ, бактериологӣ ва дигари обҳои партов, аз ҷумла ғализияти ҷузъҳои ифлоскунанда ва микроорганизмҳо дар обҳои партов;
- эътимоднокии шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ – хусусияти шабака, ки реҷаи муайяни интиқоли оби нӯшокиро ба истеъмолкунандагон тибқи талаботи меъёрӣ нисбат ба сифат ва бехатарии оби нӯшокӣ таъмин менамояд;
- эътимоднокии шабакаҳои рафъи обҳои партов – хусусияти шабака, ки қабул, интиқол ва тозакунии мунтазами обҳои партовро мувофиқи меъёрҳои муқарраргардидаи сифат ва бехатарӣ таъмин менамояд;
- минтақаҳои санитарию муҳофизатии манбаъҳои таъмини оби нӯшокӣ ва шабакаҳои он – ҳудудҳо ва марзобҳое, ки дар онҳо низоми махсуси хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигар барои пешгирӣ аз ифлосшавии об бо мақсади таъмини сифат, бехатарии обҳо ва ҳифзи он муқаррар гардидааст;
- минтақаҳои санитарию муҳофизатии шабакаҳои рафъи обҳои партов – ҳудуди пешбинишуда ва ҳифзгардида барои ҳифзи иншооти рафъи обҳои партов ва аз таъсири номусоиди беруна ва ҳифзи муҳити атроф, ки ҳудуди он бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад;
- меъёри истеъмоли оби нӯшокӣ – миқдори зарурии оби нӯшокӣ барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти физиологӣ ва маишии як одам дар давоми як шабонарӯз дар маҳалли мушаххас, иншооти алоҳида ё воситаи нақлиёт ҳангоми фаъолияти муътадили шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ, халалдор гардидани фаъолияти муътадили онҳо ва дар ҳолатҳои фавқулода;
- ташкилоти таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов – шахсони ҳуқуқие, ки ҳуқуқи истифодабарӣ, пешбурди хоҷагидорӣ ва идоракунии оперативии шабакаҳои мутамарказ, ғайримутамарказ ва мухтори таъмини оби нӯшокӣ ва мувофиқан шабакаҳои рафъи обҳои партовро амалӣ менамоянд;
- истеъмолкунандагони оби нӯшокӣ – шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки оби нӯшокиро барои талаботи шахсиашон истифода менамоянд;
- муштарӣ – шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки барои таъмини оби нӯшокӣ ва ё рафъи обҳои партов шартнома бастаанд ва ё уҳдадоранд шартнома банданд;
- истифодабарандагони шабакаҳои рафъи обҳои партов – шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки шабакаҳои рафъи обҳои партовро барои партофтани оби партов истифода мебаранд;
- реагентҳо – моддаҳои кимиёвие, ки барои тоза ва безараргардонии оби нӯшокӣ ва обҳои партов аз ҷониби ташкилоти таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов истифода бурда мешаванд.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи оби нӯшокӣ, таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Вазифаҳои Қонуни мазкур
Вазифаҳои Қонуни мазкур аз инҳо иборатанд:
- муқаррар намудани кафолатҳои ҳуқуқӣ ва қонеъ гардонидани талаботи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба оби нӯшокӣ;
- муқаррар намудани асосҳои хоҷагию иқтисодии таъмини оби нӯшокӣ;
- муқаррар намудани кафолатҳои давлатии эътимоднокии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов, инчунин асосҳои ба ҷавобгарӣ кашидан барои вайрон кардани қоидаҳои таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов.
Моддаи 4. Принсипҳои сиёсати давлатӣ дар самти таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов
Принсипҳои сиёсати давлатӣ дар самти таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов аз инҳо иборатанд:
- ҳуқуқи инсон ба оби бехатар ва санитария;
- гуногунии шаклҳои моликият ва идоракунӣ, аз ҷумла шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
- ғайриинҳисорӣ ва ғайримутамарказонии низоми идоракунӣ;
- баҳисобгирии хусусиятҳои татбиқи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партови шаҳр ва деҳот;
- ягонагии хоҷагидории ҳар як шабакаи таъмини оби нӯшокӣ ва шабакаи рафъи обҳои партови ба он алоқаманд;
- аҳамияти ҳаётан муҳим доштани шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов;
- назорати давлатӣ ва танзими давлатии масъалаҳои таъмини оби нӯшокӣ дар таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов;
- баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ дар самти таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов;
- музднокии хизматрасонии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов.
БОБИ 2. ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДАР САМТИ ТАЪМИНИ ОБИ НӮШОКӢ ВА РАФЪИ ОБҲОИ ПАРТОВ
Моддаи 5. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов дохил мешавад:
- таҳия ва татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар самти таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов;
- тасдиқи (қабули) санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов;
- тасдиқ намудани барномаҳои давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- тасдиқи тартиби қабул ва супоридани фондҳои асосии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов, новобаста аз шакли моликият ва идоракунӣ;
- танзими масъалаҳои рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар самти таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов;
- татбиқ намудани сиёсати нархгузорӣ дар самти таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов;
- муайян кардани тартиби баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ дар самти таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов;
- муайян намудани тартиби таъсис ва истифодабарии захираҳои молиявӣ ва моддию техникӣ барои барқарорсозии шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов, ки зери таъсири манфии ҳолатҳои фавқулода қарор гирифтаанд;
- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов ва вазифаҳои он;
- ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов;
- амалӣ намудани салоҳияти дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 6. Ваколати мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов
Ба ваколати мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов дохил мешавад:
- ташкили меъёргузорӣ, баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ дар таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов;
- амалӣ намудани сиёсати давлатӣ оид ба таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов мувофиқи меъёрҳои амалкунандаи миқдор, сифат ва бехатарӣ;
- ҳамоҳангсозии таҳқиқотҳои илмӣ ва ҷорӣ намудани дастовардҳои нав дар самти таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов, истеҳсоли маводи зарурӣ ва моддаҳои кимиёӣ барои тоза ва безараргардонии оби нӯшокӣ ва обҳои партов ва ташкили маблағгузории онҳо;
- тасдиқи барномаҳои мақсадноки минтақавӣ ва нақшаи чорабиниҳо оид ба ташкил, нигоҳдорӣ ва рушди шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов;
- муайян намудани чораҳо оид ба муҳофизати манбаъҳо ва шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов;
- якҷоя бо мақоми ваколатдори назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ташкил намудани санҷишҳои техникӣ ва аудити технологии шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ташкили таълим, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо дар самти таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов;
- таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати қабул (тасдиқ) пешниҳод намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти таъмини об нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов;
- муқаррар намудани тариф барои хизматрасонии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 7. Ваколати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар самти таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов
Ба ваколати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар самти таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов дохил мешавад:
- тасдиқи барномаҳои маҳаллӣ ва нақшаи чорабиниҳо оид ба ташкил, нигоҳдошт ва рушди шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов;
- андешидани чораҳо ҷиҳати таъмини иҷрои барномаҳои давлатӣ ва минтақавие, ки барои беҳтар намудани таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов амалӣ гардонида мешаванд;
- андешидани чораҳо ҷиҳати таъмини меъёрҳои сифат ва бехатарии обҳои партов, инчунин оби нӯшокӣ ва истифодаи самарабахши он, ҳифзи манбаъҳои таъмини оби нӯшокӣ аз ифлосшавӣ, олудашавӣ ва камобшавӣ;
- ташкили корҳо оид ба таъмини шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов мувофиқи меъёрҳои муқарраргардида;
- ташкили корҳо ҷиҳати ба таври ҳатмӣ ҷорӣ намудани насби иншооти инфиродӣ ва ҷамъиятии хурди замонавии тозакунандаи обҳои партов ва нобудгардонии партовҳои наҷосатнок дар деҳот;
- мусоидат ба рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 8. Ваколати мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар самти таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов
Ба ваколати мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар самти таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов дохил мешавад:
- мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намудани таъмини истеъмолкунандагон бо оби нӯшокӣ ба миқдори зарурӣ ва сифату бехатарӣ, ҳамчунин рафъи обҳои партов;
- таҳияи пешниҳодҳо ба барномаҳо ва нақшаи чорабиниҳои маҳаллӣ оид ба рушди шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов;
- гузаронидани чорабиниҳо оид ба ташкили минтақаҳои санитарию муҳофизатии манбаъҳо ва шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов, инчунин истифодаи оқилона ва ташкили мониторинги сифат ва бехатарии оби нӯшокӣ ва обҳои партов;
- мусоидат дар ташкили маблағгузорӣ, таъминоти моддию техникии корҳо оид ба таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов;
- дар асоси хулосаи мақоми ваколатдори назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қабули қарор дар бораи манъ ё маҳдуд намудани истифодаи оби нӯшокӣ дар ҳолати ҷавобгӯ набудани он ба талаботи меъёру қоидаҳои санитарӣ;
- пешгирии ҳолатҳои вайронкунии низоми истифодаи минтақаҳои санитарию муҳофизатии манбаъҳо ва шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов;
- мусоидат ба аҳолӣ ҷиҳати риояи талаботе, ки нисбати таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов дар ҳолатҳои фавқулода пешбинӣ шудаанд;
- таъмини истеъмолкунандагони оби нӯшокӣ бо иттилооти зарурӣ оид ба сифат ва бехатарии оби нӯшокӣ, меъёрҳои харҷ ва усулҳои сарфаи он, тартиби пардохти ҳаққи хизматрасонии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
БОБИ 3. НАМУДҲОИ ШАБАКАҲОИ ТАЪМИНИ ОБИ НӮШОКӢ ВА РАФЪИ ОБҲОИ ПАРТОВ
Моддаи 9. Намудҳои шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов
1. Шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ метавонанд моликияти давлатӣ (ҷумҳуриявӣ ва коммуналӣ), инчунин моликияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бошанд.
2. Гузаштани ҳуқуқи моликият ё тағйирдиҳии шакли моликият, пешниҳоди ҳуқуқи истифодабарии шабакаҳои давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов ба муҳлати муайян ва (ё) бе муқаррар намудани муҳлат дар ҳар шакле, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, бо шарти халалдор нагардидани фаъолияти ин шабакаҳо роҳ дода мешавад.
3. Соҳибмулкони шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов метавонанд, дар ҳар шакле, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои истифодабарандагони об, ки хизматрасонии ин шабакаҳоро амалӣ менамоянд, ҳуқуқи истифодабарии шабакаҳоро пешниҳод намоянд.
4. Ҳангоми халалдор гардидани фаъолият ва риоя накардани шартҳои техникии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов, ки ба саломатии аҳолӣ хатар доранд, шабакаҳои ғайридавлатии мутамарказ, ғайримутамарказ ва мухтори таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов ба моликияти давлатӣ бо тартиби муайянгардидаи Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шуда, барои ташкили беҳтари истифодабарӣ ба ташкилоти дигар тибқи тартиби муайянкардаи Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешаванд.
5. Ҳуқуқи истифодабарӣ, пешбурди хоҷагидорӣ ва идоракунии оперативии шабакаҳои давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов дар ҳолатҳои зерин қатъ карда мешавад:
- халалдоргардии бисёркаратаи фаъолияти ин шабакаҳо;
- мунтазам таъмин нагардидани меъёрҳои сифат ва бехатарии оби нӯшокӣ, инчунин партофтани обҳои партов ба муҳити табиӣ.
6. Қарор оид ба қатъи ҳуқуқи истифодабарӣ, пешбурди хоҷагидорӣ ва идоракунии оперативии шабакаҳои давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот вобаста ба ваколати онҳо қабул карда мешавад.
7. Қарор оид ба қатъ намудани ҳуқуқи моликият ва истифодабарии шабакаҳои ғайридавлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби судӣ амалӣ карда мешавад.
Моддаи 10. Шабакаҳои мутамаркази таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов
1. Шабакаҳои мутамаркази таъмини оби нӯшокӣ асоси таъмини муттасили истеъмолкунандагон бо оби нӯшокӣ буда, иншооти ҳаётан муҳим дониста мешаванд.
2. Номгӯи таҷҳизот, мавод ва реагентҳо барои дастрасии оби нӯшокӣ, ки барои фаъолияти ташкилоти аз шабакаи мутамаркази обтаъминкунии шаҳрҳо ва минтақаҳои дигари аҳолинишин истифодабаранда заруранд, ба номгӯи маҳсулоти зарурии эҳтиёҷоти давлатӣ дохил карда мешавад.
3. Идоракунии шабакаҳои мутамаркази таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партовро соҳибмулкони он метавонанд мустақилона амалӣ гардонанд ва ё ҳуқуқи истифодабариро ба шахсони дигари ҳуқуқӣ диҳанд.
Моддаи 11. Шабакаҳои ғайримутамарказ ва мухтори таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов
1. Шабакаҳои ғайримутамарказ ва мухтори таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои бо оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов таъмин намудани истеъмолкунандагон ҳангоми набудани шабакаҳои мутамаркази таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов ташкил карда мешаванд.
2. Талабот ба интихоби манбаъҳои таъмини оби нӯшокӣ барои шабакаҳои ғайримутамарказ ва мухтори обтаъминкунӣ ва ҷойгиркунии шабакаҳои рафъи обҳои партови ба онҳо мутобиқ ва тозакунии обҳои партов тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
3. Идоракунии шабакаҳои ғайримутамарказ ва мухтори таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партовро молики ин шабакаҳо метавонад мустақилона амалӣ гардонад, ё ин ки ҳуқуқи идоракуниро ба шахсони дигари воқеӣ ва ҳуқуқӣ пешниҳод намояд.
Моддаи 12. Шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов дар воситаҳои нақлиёт
1. Шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов дар воситаҳои нақлиёт ҷузъи таркибии ин воситаҳо мебошанд. Фаъолияти муътадили шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов дар воситаҳои нақлиёт, мутобиқати сифат ва бехатарии оби нӯшокӣ ва обҳои партов дар ин шабакаҳоро соҳибони воситаҳои нақлиёт тибқи талаботи меъёрӣ таъмин менамоянд.
2. Рафъи обҳои партов дар воситаҳои нақлиёт, инчунин бартарафсозии обҳои партов мутобиқи талаботи меъёр ва қоидаҳои санитарӣ амалӣ гардонида мешавад.
3. Назорати таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов дар воситаҳои нақлиёт аз ҷониби мақоми ваколатдори назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ амалӣ гардонида мешавад.
БОБИ 4. ТАНЗИМИ ДАВЛАТӢ, МАБЛАҒГУЗОРӢ ВА ТАРИФИ ТАЪМИНИ ОБИ НӮШОКӢ ВА РАФЪИ ОБҲОИ ПАРТОВ
Моддаи 13. Танзими давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов
1. Рушди таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов тавассути амалигардонии барномаҳои ҷумҳуриявӣ ва минтақавии таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов сурат мегирад. Таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов ба нақшаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ дохил карда мешаванд.
2. Лоиҳакашӣ, сохтмон ва азнавсозии шабакаҳои мутамарказ, ғайримутамарказ ва мухтори таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов мутобиқи нишондиҳандаҳои баҳисобгирифташудаи нақшаҳои генералии рушди ҳудудҳо, меъёру қоидаҳои сохтмонӣ, стандартҳои давлатӣ, меъёру қоидаҳои санитарӣ ва талаботи экологӣ тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад. Ҳангоми ба нақша гирифтани чунин лоиҳаҳо талаботи эътимоднокии истифодабарии шабакаҳои мазкур ҳангоми ба онҳо таъсир расонидани омилҳои хусусияти табиӣ ва техногенидошта ба назар гирифта мешавад.
3. Корҳои лоиҳакашӣ, сохтмон ва истифодабарии шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ташкилотҳои лоиҳакашӣ-кофтуковӣ, сохтмонӣ ва истифодабарӣ, ки дорои иҷозатномаи дахлдор бо ҳуқуқи машғул шудан ба чунин намуди фаъолият мебошанд, анҷом дода мешаванд.
4. Ҷойгиркунонӣ ва кофтани чоҳҳо бо мақсади таъмини оби нӯшокӣ бе расонидани зарар ба обнокии мавҷудаи кони оби зеризаминӣ мутобиқи тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, сурат мегирад.
5. Масъалаҳои рушди таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов дар нақшаҳои ҳавзавӣ оид ба идоракунии захираҳои обӣ аҳамияти афзалиятнок доранд.
Моддаи 14. Назорати давлатӣ ва баҳисобгирӣ дар самти таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов
1. Назорати давлатиро дар самти таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов мақоми ваколатдори назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист таъмин менамоянд.
2. Баҳисобгирии манбаъҳои таъмини оби нӯшокӣ ва ҷои партофтани обҳои партовро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими истифодаи захираҳои об бо иштироки мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист (обҳои рӯизаминӣ), мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи истифодаи қаъри замин (обҳои зеризаминӣ) ва мақоми ваколатдори назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъмин менамояд.
3. Муайян намудани сифату бехатарии оби нӯшокӣ ва назорати мувофиқати он ба меъёрҳои муқарраршуда аз ҷониби мақоми ваколатдори назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ амалӣ мегардад.
4. Баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ оид ба оби аз шабакаҳои мутамарказ, ғайримутамарказ ва мухтори таъмини оби нӯшокӣ истифодашаванда, инчунин партофтани обҳои партов аз тарафи моликони ин шабакаҳо анҷом дода мешавад.
5. Назорати риояи талаботи стандартҳои давлатӣ оид ба оби нӯшокӣ ва обҳои партов, инчунин тарзу усулҳои назорати ин обҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартикунонӣ якҷоя бо мақоми ваколатдори назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист таъмин карда мешавад.
6. Назорати давлатии риояи меъёру қоидаҳои сохтмонӣ ва санитарӣ ҳангоми лоиҳакашӣ ва сохтмони иншооти таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба сохтмон ва меъморӣ, инчунин мақоми ваколатдори назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ амалӣ карда мешавад.
7. Назорати давлатӣ ва баҳисобгирӣ дар самти таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
8. Санҷиши фаъолияти субъектони хоҷагидор тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор амалӣ карда мешавад.
Моддаи 15. Маблағгузорӣ ва тарифи хизматрасонии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов
1. Манбаъҳои маблағгузории таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов инҳо мебошанд:
- маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ;
- маблағҳои истеъмолкунандагони оби нӯшокӣ ва истифодабарандагони шабакаҳои рафъи обҳои партов мутобиқи тарифҳои тасдиқшуда;
- маблағҳои ихтиёрии аҳолӣ ва субъектҳои хоҷагидор;
- маблағҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
2. Бо мақсади дар як ҷо ҷамъ овардан ва самаранок истифода бурдани маблағҳои дар қисми 1 ҳамин модда номбаршуда, аз ҷумла созмонҳои байналмилалӣ, барои татбиқи дастовардҳои муосири илмӣ ва техникӣ, барқарорсозӣ, азнавсозӣ ва сохтмони шабакаҳои нави таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо иштироки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд фондҳои боварӣ таъсис диҳанд.
3. Асоси муносибатҳои молиявии ташкилотҳои таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов бо истеъмолкунандагон ва мақомоти андозро насби ҳатмии воситаҳои ченкунии оби истифодашуда барои ҳар як муштарӣ ва низоми нархгузории муносиб бо дар назар доштани мавҷудияти кумаки давлатӣ ба баъзе аз воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, ҳолати иҷтимоии табақаҳои гуногуни аҳолӣ ва чораҳои ҳимояи онҳо, даромаднокии соҳибкорон ва ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият ташкил медиҳад.
4. Тарифҳои хизматрасониҳои таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои ҳар як гурӯҳи истеъмолкунандаи оби нӯшокӣ ва истифодабарандагони шабакаҳои рафъи обҳои партов алоҳида барои меъёр ва аз меъёр зиёд таркибёфта аз инҳо иборат мебошад:
- қисмати амалиётӣ, ки пардохт аз рӯи нишондоди асбоби баҳисобгирӣ барои ҳар як метри мукааби оби нӯшокӣ рӯёнида мешавад;
- қисмати хизматрасонӣ, ки пардохт аз истеъмол-кунандагони оби нӯшокӣ новобаста аз нишондоди асбоби баҳисобгирии он гирифта мешавад.
5. Тартиби таҳия намудани тарифҳо барои хизматрасонии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
6. Тасдиқи тарифҳо барои хизматрасонии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов, муайян намудани категорияҳои истеъмолкунандагони оби нӯшокӣ ва истифодабарандагони шабакаҳои рафъи обҳои партов ва пешниҳоди имтиёзҳои дахлдорро ба онҳо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 16. Дастгириии давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов
Имтиёзҳои андозӣ, қарзӣ ва имтиёзҳои дигари барои ташкилотҳои таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов, новобаста аз шакли моликият, инчунин барои истеҳсолкунандагони таҷҳизот ва маводи таъминкунандаи фаъолияти шабакаҳо ва сармоягузорон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
БОБИ 5. КАФОЛАТҲОИ ДАВЛАТИИ ТАЪМИНИ ОБИ НӮШОКӢ ВА РАФЪИ ОБҲОИ ПАРТОВ
Моддаи 17. Кафолатҳои давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов
1. Давлат барои рушди таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов шароит фароҳам меорад, таъмини истеъмолкунандагонро бо оби нӯшокии ҷавобгӯ ба меъёрҳои муқарраршудаи бехатарӣ, сифат ва миқдор, инчунин шабакаҳои комилан мувофиқи рафъи обҳои партов кафолат медиҳад.
2. Эҳтиёҷоти истеъмолкунандагон ба оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов дар маҳалли зист бо тадбирҳои рушди афзалиятноки шабакаҳои мутамарказ ё ғайримутамаркази шабакаи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов, инчунин бо чораҳои дастгирии давлатии онҳо қонеъ гардонида мешавад.
3. Кафолати ҳуқуқи шаҳрвандон ба оби нӯшокии бехатар ва рафъи обҳои партов дар ҷойҳои ҷамъиятӣ (дар роҳҳои оҳан, фурудгоҳҳо, боғҳои фароғатӣ, муассисаҳои варзишӣ ва табобатӣ, муассисаҳои таълимӣ, ҷойҳои оббозикунӣ (пляжҳо) ва дигар, инчунин ҳангоми ҳаракат дар воситаҳои нақлиёт аз тарафи моликони ин иншоот таъмин карда мешавад.
4. Дар ҳолати вайрон шудани кори шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ, ки боиси халалдор шудани таъмини истеъмолкунандагон бо оби нӯшокӣ ва (ё) номувофиқатии сифат ва бехатарии он мегардад, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, моликони шабакаҳо ва ташкилотҳои таъминоти оби нӯшокӣ дар доираи ваколатҳои худ уҳдадоранд, ки барои таъмини истеъмолкунандагон бо оби нӯшокӣ ба миқдор ва муҳлати барои чунин ҳолатҳо муқарраргардидаи меъёри истеъмоли оби нӯшокӣ бо истифода аз манбаъҳо ва шабакаҳои эҳтиётии таъмини оби нӯшокӣ, воситаҳои техникии маишӣ ва тозакунии дастаҷамъонаю безараргардонии об ва ё тариқи кашонидани оби нӯшокӣ бо зарфҳо чораҳо андешанд.
5. Номгӯи чорабиниҳое, ки дар ҳолатҳои халалдоршавии кори шабакаҳои мутамарказ, ғайримутамарказ ва мухтори таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов андешида мешаванд, дар нақшаи корҳои таъҷилии таъмин намудани истеъмолкунандагони маҳалли мушаххас бо оби нӯшокӣ муайян мегарданд.
Моддаи 18. Таъмини сифат ва бехатарии оби нӯшокӣ
Сифат ва бехатарии оби нӯшокие, ки ба истеъмолкунандагон дода мешавад, бояд ба талаботи меъёрӣ мутобиқ буда, бо чораҳои зерин таъмин карда мешавад:
- интихоби мувофиқи манбаи таъмини оби нӯшокӣ, технологияи тоза кардани об ва безараргардонии он;
- назорати мунтазами сифат ва бехатарии оби нӯшокӣ дар шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ;
- дар шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ истифода намудани таҷҳизот, мавод, реагентҳое, ки безарар будани онҳоро сертификати муқарраршуда тасдиқ мекунад;
- муқаррар намудан ва ҳар 5 сол аз нав баррасӣ кардани талаботи меъёрӣ нисбат ба оби нӯшокӣ ва манбаъҳои таъмини он мутобиқи дастовардҳои муосири илмӣ;
- ҳифзи манбаъҳо ва шабакаҳои таъмини оби нӯшокии мутамарказ, ғайримутамарказ ва мухтор бо муқаррар намудани минтақаҳои санитарию муҳофизатӣ ва андешидани чораҳои дигари ҳифзи оби нӯшокӣ аз ифлосшавӣ дар ҳолати амалҳои тасодуфӣ ё барқасдона;
- таҳия ва татбиқи нақшаҳои таъмини оби нӯшокӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;
- таҳия ва татбиқи барномаҳои кории истифода ва назорати сифату бехатарии оби нӯшокии шабакаҳои обтаъминкунии мутамарказ, ғайримутамарказ ва мухтор вобаста ба шароити маҳал;
- муқаррар намудани чораҳои қатъии назорати даврии сифат ва бехатарии оби нӯшокӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳангоми таҳдиди хатар ба саломатии одамон вобаста ба бад гаштани сифати оби нӯшокӣ.
Моддаи 19. Таъмини сифат ва бехатарии обҳои партов
Сифат ва бехатарии обҳои партов бояд ба талаботи меъёрӣ мутобиқ буда, бо чораҳои зерин таъмин карда шаванд:
- муқаррар намудани низоми мувофиқ барои партофтани маводи ифлоскунанда ба обҳои партофташаванда барои категорияи истеъмолкунандагони оби нӯшокӣ;
- таъмин намудани ҳолати меъёрию техникии шабакаҳои рафъи обҳои партов;
- интихоби мувофиқи маҳалли ҷойгиркунонии иншооти тозакунанда ва технологияҳои тозакунии обҳои партов;
- назорати мунтазами сифат ва бехатарии обҳои партов дар шабакаҳои рафъи обҳои партов;
- дар шабакаи рафъи обҳои партов истифода намудани таҷҳизот, мавод ва реагентҳое, ки бехатарии онҳо бо сертификати муқарраршуда тасдиқ гардидаанд;
- муқаррар кардан ва ҳар 5 сол аз нав баррасӣ намудани талаботи меъёрӣ нисбат ба обҳои партов ва мутобиқати онҳо ба дастовардҳои муосири илмӣ;
- муқаррар кардани минтақаҳои санитарию муҳофизатии шабакаҳои рафъи обҳои партов;
- таҳия ва татбиқи нақшаҳои таъмини бехатарии обҳои партов бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва мақоми ваколатдори назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;
- вобаста аз шароити маҳал коркард ва татбиқи барномаҳои кории истифодабарӣ ва истеҳсолии назорати сифат ва бехатарии обҳои партови шабакаҳои рафъи обҳои партов;
- ҳангоми таҳдиди хатар ба саломатии одамон вобаста ба бад шудани сифати обҳои партов муқаррар намудани чораҳои қатъии назорати даврии сифат ва бехатарии обҳои партов аз ҷониби мақоми ваколатдори назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.
Моддаи 20. Ҳифзи манбаъҳо ва шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ
1. Ҳифзи манбаъҳои таъмини оби нӯшокӣ аз ифлосшавӣ, хушкшавӣ, камобшавӣ, ҳифзи шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ аз осебу вайроншавӣ, пайвастшавии худсарона шарти ҳатмии таъмини бехатарӣ ва безарарии оби нӯшокӣ буда, бо иҷрои талаботи техникӣ, истифодабарӣ, санитарӣ, экологӣ ва тадбирҳои пешгирӣ аз ифлосшавӣ, хушкшавӣ ва камобшавии иншооти обии рӯизаминӣ ва зеризаминӣ, муқаррар намудани минтақаҳои санитарию муҳофизатии манбаъҳо ва шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ (ғайр аз шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ дар воситаҳои нақлиёт), риояи низоми барои минтақаҳои мазкур муқарраргардида, инчунин муқаррар намудани чораҳои таъсиррасонӣ барои амали барқасдона, ки ба ифлосшавии манбаъҳои таъмини оби нӯшокӣ ва зарар ба шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ оварда мерасонанд, амалӣ мегардад.
2. Минтақаҳои санитарию муҳофизатӣ барои ҳамаи манбаъҳои таъмини оби нӯшокӣ, инчунин барои шабакаҳои мутамарказ, ғайримутамарказ ва мухтори таъмини оби нӯшокӣ, новобаста аз шаклҳои моликият, мутобиқи меъёру қоидаҳои санитарӣ, сохтмонӣ бо мақсади пешгирӣ намудан аз ифлосшавии тасодуфӣ ва барқасдонаи об муқаррар карда мешаванд.
3. Дар ҳудудҳои якум ва дуюми минтақаҳои санитарию муҳофизатии манбаъҳои таъмини оби нӯшокӣ партофтани обҳои партов ва сохтмони иншооте, ки ба шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ алоқамандӣ надоранд, манъ аст.
4. Дар ҳудуди сеюми минтақаҳои санитарию муҳофизатӣ партофтани обҳои партови шаҳрҳо, корхонаҳои саноатӣ, хоҷагиҳои кишоварзӣ, ки дар таркибашон моддаҳои ифлоскунанда ва унсурҳои биологии аз меъёрҳои дар ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда муқарраршуда зиёд доранд, инчунин сохтмони иншоот, ки чунин обҳои партов доранд, манъ аст.
5. Ташкили минтақаҳои санитарию муҳофизатӣ, тартиби лоиҳакашии онҳо, истифода ва муқаррар намудани андоза ва меъёрҳои ба онҳо мувофиқи ҳифзи об, муайян намудани маҷмӯи тадбирҳои ҳифзи санитарӣ, аз ҷумла номгӯи намудҳои фаъолияти манъгардида ва маҳдудшаванда мутобиқи талаботи қоидаву меъёрҳои санитарӣ анҷом дода мешавад.
6. Иҷрои маҷмӯи чорабиниҳои санитарию муҳофизатӣ ва экологӣ ба субъектони зерин вогузор карда мешавад:
- ташкилотҳои таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов;
- мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
- шахсоне, ки дар ҳудуди ин иншоотҳо фаъолияти хоҷагидориро анҷом медиҳанд.
7. Назорати иҷрои маҷмӯи чорабиниҳо ва риояи талаботи минтақаҳои санитарию муҳофизатӣ ба зиммаи мақоми ваколатдори назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист вогузор карда мешавад.
8. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ метавонанд барои пешгирӣ намудани қасдан ифлос намудан ва осеб расонидан ба манбаъ ва шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ чораҳои иловагӣ андешанд.
Моддаи 21. Ҳифзи шабакаҳои рафъи обҳои партов
1. Ҳифзи шабакаҳои рафъи обҳои партов аз осебу харобшавӣ шарти ҳатмии таъмини фаъолияти устувор ва бехатарии онҳо ба ҳисоб рафта, бо анҷом додани иҷрои талаботи техникӣ, иттилоотӣ, санитарӣ, экологӣ ва чораҳои пешгирии ифлосшавии иншоотҳои об ва дар маҷмӯъ, муҳити зист аз обҳои партов, инчунин муқаррар намудани минтақаҳои санитарию муҳофизатӣ (ғайр аз шабакаҳои рафъи обҳои партов дар нақлиёт), риояи реҷаи муқарраршуда амалӣ карда мешавад.
2. Шабакаҳои рафъи обҳои партов, новобаста аз шаклҳои моликият ва заминҳои ба онҳо вобаста, бояд танҳо бо мақсадҳое, ки барои онҳо пешбинӣ гардидаанд, истифода бурда шаванд.
3. Минтақаҳои санитарию муҳофизатии шабакаҳои рафъи обҳои партов, новобаста аз шакли моликият, бо мақсади пешгирии харобшавии тасодуфӣ ва барқасдонаи онҳо ва ифлосшавии муҳит муқаррар карда мешаванд.
4. Ташкили минтақаҳои санитарию муҳофизатӣ, тартиби муқаррар намудани андозаи онҳо, лоиҳакашӣ, истифода ва меъёрҳои ба онҳо мувофиқи ҳифзи муҳити зист, муайянсозии маҷмӯи чораҳои ҳифзи санитарӣ, аз ҷумла номгӯи намудҳои фаъолияти манъгардида ва маҳдудшаванда дар онҳо, мутобиқ ба талаботи меъёр ва қоидаҳои санитарӣ амалӣ карда мешаванд.
5. Иҷрои маҷмӯи чорабиниҳои ҳифзи санитарӣ ва экологӣ ба субъектони зерин вогузор карда мешавад:
- ташкилотҳои таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов;
- мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
- шахсоне, ки дар ҳудуди ин минтақаҳо фаъолияти хоҷагидорӣ анҷом медиҳанд.
6. Назорати иҷрои маҷмӯи чорабиниҳо ва риояи талаботи минтақаҳои санитарию муҳофизатии шабакаҳои рафъи обҳои партов ба зиммаи мақоми ваколатдори назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист вогузор карда мешавад.
7. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳангоми зарурат метавонанд чораҳои иловагӣ андешанд.
Моддаи 22. Кафолати таъмини оби нӯшокӣ дар ҳолатҳои фавқулода
1. Таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ дар ҳолатҳои фавқулода (ҳангоми садамаҳо, фалокатҳо, офатҳои табиии фалокатбор, ки дар натиҷаи онҳо манбаъҳои об ифлос мешаванд, шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ осеб мебинанд ва истеъмолкунандагони ин маҳал зиёда аз як шабонарӯз бе об мемонанд) аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ зери роҳбарии комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, инчунин мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот амалӣ мегардад.
2. Ҳолатҳои фавқулода дар самти таъмини оби нӯшокӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ якҷоя бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист пешгӯӣ гардида, барои таъмини истеъмолкунандагон бо оби нӯшокӣ, рафъи обҳои партов ва бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода чораҳо андешида мешаванд.
Моддаи 23. Иттилоот оид ба масъалаҳои таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов
1. Иттилоот оид ба масъалаҳои оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов ба дархосткунанда ройгон дода мешавад. Иттилоот оид ба сифат ва бехатарии оби нӯшокӣ ба истеъмолкунандагон тариқи воситаҳои ахбори омма пешниҳод карда мешавад.
2. Дар ҳолатҳои ошкор гардидани номутобиқатии сифат ва бехатарии оби нӯшокӣ ва обҳои партов ба талаботи меъёрии муқарраршуда, ки метавонад ба саломатии одамон таҳдид намояд, моликони шабакаҳо ва ташкилотҳои таъмини оби нӯшокӣ, мақомоти назораткунандаи мутобиқатии сифат ва бехатарии оби нӯшокӣ ва обҳои партов ба талаботи меъёрӣ уҳдадоранд, истеъмолкунандагони оби нӯшокиро дар бораи муҳлати барҳам додани ин номутобиқатӣ, инчунин чораҳои эҳтиётӣ (чораҳои иловагии коркарди об) ва ё аз маҳалу вақти додани оби нӯшокии ҷавобгӯ ба талаботи меъёрӣ бетаъхир хабардор намоянд.
3. Иттилоъ оид ба таваққуфҳои эҳтимолӣ дар таъмини оби нӯшокӣ аз ҷониби ташкилот ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов ба истеъмолкунандагон бо тартиби ҳатмӣ, пешакӣ, расмӣ тавассути воситаҳои ахбори омма ё воситаҳои дигари дастрасии иттилоот расонида мешавад.
4. Ташкил ва назорати таъмини истеъмолкунандагон бо иттилооти саривақтӣ оид ба сифат ва бехатарии оби нӯшокӣ, ғайриимкон будани таъмини доимии он, инчунин вобаста ба масъалаҳои дигари таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов ба зиммаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ гузошта мешавад.
БОБИ 6. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲО ДАР САМТИ ТАЪМИНИ ОБИ НӮШОКӢ ВА РАФЪИ ОБҲОИ ПАРТОВ
Моддаи 24. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои моликони шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ ва ташкилотҳои таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов
1. Моликони шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов ва ташкилотҳое, ки чунин шабакаҳоро истифода мебаранд, ҳуқуқ доранд:
- мутобиқи шартномаи дуҷониба аз истеъмолкунандагони оби нӯшокӣ ва истифодабарандагони шабакаҳои рафъи обҳои партов барои хизматрасонии оби воқеан додашуда ва рафъи обҳои партов пардохти маблағро талаб намоянд;
- барои ҷуброни зарар ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки сабаби ифлосшавӣ ва (ё) камобшавии манбаъҳои об гаштаанд, инчунин ба шабакаҳои таъмини об ва рафъи обҳои партов осеб расонидаанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд аризаи даъвогӣ пешниҳод намоянд.
2. Моликони шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов ва ташкилотҳое, ки чунин шабакаҳоро истифода мебаранд, уҳдадоранд:
- нақшаҳои таъмини оби нӯшокии бехатар ва рафъи обҳои партовро тибқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов таҳия ва амалӣ намоянд;
- шартҳои технологии ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои оби нӯшокӣ ва обҳои партовро риоя намоянд;
- меъёрҳои мунтазами додани оби нӯшокии босифат ва бехатарро дар навбати аввал барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти аҳолӣ, инчунин корхонаҳои саноати хӯрокворӣ ва муассисаҳои тиббӣ таъмин кунанд;
- ҳангоми зарурат додани оби нӯшокиро мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фосила ба роҳ монанд, маҳдуд созанд, боз доранд ва ё қатъ намоянд;
- таҷҳизот, мавод ва моддаҳои кимиёвии барои фаъолияти обтаъминкунӣ ва рафъи обҳои партов иҷозатдодашударо, ки дорои сертификати мутобиқат ба талаботи муқарраргардида мебошанд, истифода баранд;
- пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявиро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намоянд;
- оби нӯшокии истифодашуда ва рафъи обҳои партовро ба ҳисоб гиранд, махзани маълумот ва системаи иттилоотӣ таъсис диҳанд ва маълумоти дахлдорро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба махзани иттилоотӣ ва системаи миллии иттилоотии захираҳои об ройгон пешниҳод намоянд;
- ба истифодаи оби нӯшокӣ дар истеҳсолоти корхонаҳое, ки ҷараёни технологиашон истифодаи оби нӯшокиро талаб намекунад, дар ҳолатҳое, ки ин метавонад ба таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ бевосита таъсир расонад, роҳ надиҳанд;
- назорати идоравии сифат ва бехатарии оби нӯшокиро мутобиқ ва дар асоси усулҳои санҷидашудаи озмоишгоҳӣ ва ё стандартишуда ташкил намоянд ва истеъмолкунандагонро аз паст шудани сифати оби нӯшокӣ сари вақт огоҳ кунанд;
- мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов ва мақоми ваколатдори назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро аз сар задани фалокат ва ҳолатҳои дигари фавқулодае, ки ба вазъи манбаъҳо ва шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов таъсир мерасонанд, инчунин ба талаботи меъёру қоидаҳои санитарии амалкунанда мувофиқат накардани сифат ва бехатарии оби нӯшокӣ сари вақт огоҳ намоянд;
- барои санҷиши иншооти обтаъминкунӣ ва рафъи обҳои партов аз ҷониби намояндагони мақоми ваколатдори назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, танзими истифодаи захираҳои об, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, инчунин мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов монеъ нашаванд;
- қоидаҳои хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигарро, ки барои минтақаҳои санитарию муҳофизатии манбаъҳо ва шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ, инчунин минтақаҳои санитарию муҳофизатии шабакаҳои рафъи обҳои партов муқаррар гардидаанд, риоя намоянд;
- ба вайрон намудани ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони дигари оби нӯшокӣ ва расонидани зарар ба муҳити зист роҳ надиҳанд;
- таъмири ҷорӣ ва асосии шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партовро сари вақт анҷом диҳанд;
- манбаъҳои таъмини оби нӯшокиро аз ифлосшавӣ, хушкшавию камобшавӣ ва шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партовро аз осеб дидан муҳофизат намоянд;
- таҷҳизот ва асбобҳои ченкунии оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партовро насб ва хизматрасонии онҳоро таъмин намоянд.
3. Ҷавобгарии моликони шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов, ки ҳуқуқи идора кардани ин шабакаҳоро ба ташкилотҳои таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов вогузор намудаанд, дар асоси шартномаҳои тарафайн бо риояи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 25. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои истеъмолкунандагони оби нӯшокӣ ва истифодабарандагони шабакаҳои рафъи обҳои партов
1. Истеъмолкунандагони оби нӯшокӣ ва истифодабарандагони шабакаҳои рафъи обҳои партов ҳуқуқ доранд:
- аз шабакаҳои мутамарказ, ғайримутамарказ ва мухтори таъмини оби нӯшокӣ мувофиқи меъёрҳои сифат, бехатарӣ ва истеъмолӣ бо оби нӯшокӣ таъмин бошанд;
- назорати сифат ва бехатарии оби нӯшокии ба шабакаҳои мутамарказ, ғайримутамарказ ва мухтор расонидашаванда ва обҳои партови ба шабакаҳои рафъи обҳои партов партофташавандаро талаб намоянд;
- тибқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сифат ва бехатарии оби нӯшокӣ ва обҳои партов ва эҳтимолияти таваққуф дар таъмини оби нӯшокӣ сари вақт ва пурра иттилоот гиранд;
- бо тартиби муқарраргардида барои гузаронидани экспертизаи санитарию эпидемиологӣ ва ҷамъиятии экологӣ бо ташаббус муроҷиат ва натиҷаи онро ба мақомоти дахлдори давлатӣ пешниҳод намоянд;
- мониторинги ҷамъиятӣ гузаронанд;
- ҷуброни зарареро, ки дар натиҷаи таъмини оби нӯшокии ба талаботи меъёрҳо номутобиқ ва аз кори ғайриқаноатбахши шабакаҳои обҳои партов ба онҳо расонида шудааст, талаб намоянд.
2. Шахсони воқеӣ ҳуқуқ доранд, ки дар навбати аввал аз шабакаҳои мутамарказ, ғайримутамарказ ва мухтори таъмини оби нӯшокӣ мувофиқи меъёрҳои сифат, бехатарӣ ва истеъмолӣ бо оби нӯшокӣ таъмин карда шаванд.
3. Истеъмолкунандагони оби нӯшокӣ ва истифодабарандагони шабакаҳои рафъи обҳои партов уҳдадоранд:
- талаботи меъёриро нисбат ба сифат ва бехатарии оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов, инчунин дигар талаботи муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоянд;
- ба ифлосшавӣ, олудашавӣ ва камобшавии манбаъҳои таъмини оби нӯшокӣ, инчунин осеб дидани шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов роҳ надиҳанд;
- оби нӯшокиро барои эҳтиёҷоти маишӣ ва истеҳсолӣ самаранок ва оқилона истифода баранд;
- ҳаққи хизматрасонии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партовро мувофиқи тарифҳои муқарраргардида сари вақт пардохт намоянд;
- нигоҳдорӣ ва истифодаи дурусти шабакаҳоро таъмин намоянд;
- сари вақт мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақоми ваколатдори назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партовро аз ҳолати ғайриқаноатбахши шабакаҳо, инчунин амалҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки метавонанд ба ифлосшавӣ ва (ё) олудашавии манбаъҳои таъмини оби нӯшокӣ, шикастан ва вайрон шудани шабакаи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов оварда мерасонад, хабардор кунанд.
БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 26. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 27. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи оби нӯшокӣ ва таъмини он»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2010 «Дар бораи оби нӯшокӣ ва таъмини он» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2010, № 12, қ. 1, мод. 829; с. 2018, № 1, мод.15) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 28. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе,
19 июли соли 2019,
№ 1633
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ХӮРОКВОРИИ ҒАНИГАРДОНИДАШУДА
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ХӮРОКВОРИИ ҒАНИГАРДОНИДАШУДА
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2019, №7, мод. 468; ҚҶТ аз 23.12.2021с., №1828)
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро дар самти таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда танзим намуда, асосҳои ташкилию ҳуқуқии пешгирӣ намудани норасоиҳои микронутриентӣ ва бемориҳои вобаста ба онро муайян мекунад.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- бехатарии маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда – хусусияти маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, ки истифода ва ё нигоҳдории барои ҳаёт ва саломатии аҳолӣ бехавфро дар давоми муҳлати истифодаи муқарраргардида таъмин намуда, барои саломатии насли ҳозира ва оянда бехатар мебошад;
- бемориҳо вобаста ба норасоии йод дар организм – ҳолатҳои номуътадиле, ки аз вайрон шудани фаъолияти ғадуди сипаршакл дар натиҷаи норасоии йод дар ҷисми инсон пайдо мешаванд (паст шудани қобилияти зеҳнӣ, камақлӣ, бачапартоӣ, таваллуди кӯдаки мурда ва ғайра);
- ғанигардонӣ – раванди ворид (илова) намудани як ва зиёда аз он микронутриентҳои зарурӣ ба маҳсулоти хӯрокворӣ;
- йодноккунии намак ва маҳсулоти хӯрокворӣ – раванди ғанигардонии намак ва маҳсулоти хӯрокворӣ бо йод бо мақсади пешгирӣ намудани бемориҳои норасоии йод;
- сифати маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда – маҷмуи талаботи техникӣ оид ба мутобиқат ба нишондиҳандаҳои органолептикӣ (таъм, бӯй, ранг ва намуди зоҳирӣ), физикӣ ва кимиёвии маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда; (ҚҶТ аз 23.12.2021с., №1828)
- микронутриентҳо – моддаҳои ғизоии ивазнопазир, яъне сарчашмаҳои ҳаётан муҳим, ки арзиши ғизоии маҳсулоти хӯроквориро муайян намуда, барои сохти дуруст, рушд, навшавии узвҳо, бофтаҳо, мубодилаи моддаҳо ва рушди ҷисми инсон ба таври умумӣ зарур мебошанд;
- маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда – маҳсулоти хӯрокворие, ки ба он бо дар назар доштани меъёрҳои мувофиқи истеъмоли маҳсулоти хӯрокворӣ дар раванди (давраи) истеҳсол (омодасозӣ) як ва ё зиёда микронутриенти зарурӣ ворид карда шудаанд;
- норасоии микронутриентӣ – ҳолати ҷисми инсон, ки дар натиҷаи ба қадри кофӣ қабул накардани витаминҳо, оҳан ва микроэлементҳои дигари ба онҳо ҳамарӯза ҷисми инсон эҳтиёҷдошта, ба воситаи маҳсулоти хӯрокворӣ, ки ба пайдошавӣ ва инкишофи бемориҳои норасоии оҳан, йод ва бемориҳои дигар боис мегардад;
- намаки ошӣ – намаки барои истеъмоли инсон ва ҳайвонот пешбинигардида;
- премикс – маҷмӯи витаминҳо ва минералҳо, ки барои ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ истифода мешавад;
- пешгирии норасоии микронутриентӣ ва бемориҳои вобаста ба он – маҷмӯи чораҳои бартарафсозии омилҳои хавфи пайдошавӣ ва авҷгирии норасоии микронутриентӣ ва бемориҳои вобаста ба он равонагардида;
- шиносномаи истеҳсолот – ҳуҷҷати шакли муқарраргардида, ки нишондиҳандаҳои иқтидори истеҳсолии истеҳсолкунанда, хусусиятҳои асосӣ ва танзимкунандаи истифодаи таҷҳизоти мавҷудаи онро барои риоя намудани раванди технологии истеҳсолот нишон медиҳад.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Вазифаҳо ва доираи амали Қонуни мазкур
1. Вазифаҳои Қонуни мазкур иборатанд аз:
- мусоидат намудан ба пешгирии норасоии микронутриентӣ ва бемориҳои вобаста ба он бо роҳи ғанигардонии маҳсулоти хӯроквории аз ҷиҳати ғизонокӣ босамар ва дорои хусусияти пешгирикунӣ;
- фароҳам овардани шароит барои бартарафсозии норасоии микронутриентӣ, пешгирӣ намудани бемориҳои гуногун, пешгирии фавти модару кӯдак ва афзун намудани дарозумрии инсон;
- таҳия намудани механизму чораҳои дастгирии давлатии истеҳсолкунандагони ватанӣ ва паҳнкунандагони (дистрибюторон ва фурӯшандагони) маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, тақвият додани оқибатҳои дар натиҷаи амалигардонии барномаҳои ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ бадастомада.
2. Амали Қонуни мазкур ба ҳамаи тайёркунандагон, истеҳсолкунандагон, содиркунандагон, воридкунандагон, дистрибюторон ва фурӯшандаҳо, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дигар, ки барои фаъолият оид ба ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ ва муомилоти онҳо, аз ҷумла премиксҳо ҷалб карда мешаванд, паҳн мегардад. (ҚҶТ аз 23.12.2021с., №1828)
3. Амали Қонуни мазкур нисбат ба фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба омодасозӣ, истеҳсол ва муомилоти иловаҳои ғизоӣ, аз ҷумла иловаҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъол машғуланд, паҳн намегардад.
Моддаи 4. Принсипҳои ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ
Ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:
- мутобиқи меъёр будани мавҷудияти ҷузъҳои ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ, раванди (усулҳои) истеҳсол, нигоҳдорӣ, интиқол, фурӯш ва истифода;
- ҳатмӣ будани риоя ва иҷро намудани талаботи қонунгузорӣ, регламентҳои техникӣ (санадҳои меъёрии техникӣ), қоидаю меъёрҳои санитарӣ, дастурамалу дастурҳои технологӣ ва санадҳои дигари меъёрӣ дар соҳаи ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ; (ҚҶТ аз 23.12.2021с., №1828
- ҳатмӣ будани пешбурди назорати истеҳсолӣ, истифодаи шаклу усулҳои аз ҷиҳати илмӣ асоснокшудаи мониторинги ғанигардонӣ ва истеъмоли маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда;
- таъмини мавҷудияти витаминҳо, моддаҳои минералӣ ва моддаҳои дигар дар сатҳи на камтар аз меъёри барои муҳлати нигоҳдории маҳсулоти ғанигардонидашуда тавсияшаванда;
- самарабахшии тасдиқгардидаи маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, ки бехатарии пурра, сифатҳои муносиби таъм, ҳазмшавии хуби онҳо, хусусияти ба таври назаррас беҳтар намудани таъмини ҷисми инсон бо витаминҳо, минералҳо ва моддаҳои дигари ба таркиби маҳсулоти ғанигардонидашуда воридгардида ва нишондиҳандаҳои солимии ба моддаҳои мазкур вобастаро нишон медиҳад;
- роҳ надодан ба бадшавии хусусиятҳои истеъмолии маҳсулоти хӯрокворӣ;
- баҳисобгирии эҳтимолияти таъсири мутақобилаи кимиёии иловаҳои ғаникунанда ва ҷузъҳои маҳсулоти ғанигардонидашаванда, муносибӣ, шакл, усулҳо ва марҳилаҳои илова намудани онҳо.
Моддаи 5. Сиёсати давлатӣ дар самти пешгирии норасоии микронутриентӣ ва бемориҳои вобаста ба он
Сиёсати давлатӣ дар самти пешгирии норасоии микронутриентӣ ва бемориҳои вобаста ба он бо роҳҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- амалӣ намудани чораҳои иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва ташкилии ба ғанигардонии бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда равонагардида;
- амалӣ намудани назорати давлатии сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда ва шароити нигоҳдории он;
- дастгирии давлатии тадқиқоти илмӣ дар самти пешгирии норасоии микронутриентӣ ва бемориҳои вобаста ба он;
- амалисозии чорабиниҳои пешгирикунанда оид ба таъмини кӯдакон ва занони синни қобили таваллуд бо маводи дорувории дорои йод ва оҳан;
- мониторинги самарабахшии чорабиниҳо оид ба ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ, пешгирии норасоии микронутриентӣ ва бемориҳои вобаста ба он;
- такмили низоми иттилоотию таҳлилӣ ва омории бақайдгирӣ дар самти пешгирию табобати норасоии микронутриентӣ ва бемориҳои вобаста ба он;
- рушди ҳамкории байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва табобати норасоии микронутриентӣ ва бемориҳои вобаста ба он.
БОБИ 2. ТАНЗИМ, ИДОРАКУНӢ ВА ДАСТГИРИИ ДАВЛАТӢ ДАР САМТИ ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ХӮРОКВОРИИ ҒАНИГАРДОНИДАШУДА
Моддаи 6. Назорати давлатӣ ва санҷиш дар самти таъмини бехатарии маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда
Назорати давлатӣ ва санҷиши фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ оид ба истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, аз ҷумла премиксҳо ва хизматрасонӣ оид ба савдои чаканаи маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда ва хӯроки умумӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Моддаи 7. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда мансубанд:
- таҳияи самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар самти пешгирии норасоии микронутриентӣ ва бемориҳои вобаста ба он;
- назорати фаъолияти мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба масъалаҳои ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ ва пешгирии норасоии микронутриентӣ ва бемориҳои вобаста ба он;
- тасдиқи барномаҳои илмию тадқиқотӣ оид ба пешгирии норасоии микронутриентӣ ва бемориҳои вобаста ба он, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, ташкил намудани захираҳои давлатии маҳсулоти ғанигардонидашуда ва муайян намудани манбаи маблағгузории онҳо;
- бамеъёрдарории давлатӣ дар самти муомилоти маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда ва андешидани чораҳо оид ба дастгирии давлатии субъектҳои хоҷагидор, ки маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашударо истеҳсол мекунанд;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 8. Ваколатҳои мақоми ваколатдори назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар самти таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда
Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар самти таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда дохил мешаванд:
- амалигардонии сиёсати давлатӣ дар самти пешгирии норасоии микронутриентӣ ва бемориҳои вобаста ба он;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, субъектҳои хоҷагидор ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҷиҳати амалисозии барномаҳои давлатӣ оид ба ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда;
- муқаррар намудани талаботи санитарию эпидемиологӣ оид ба ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ, меъёрҳо ва сатҳи тавсияшавандаи ингредиентҳо дар таркиби маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда;
- ташкил, таъмин ва иҷрои корҳо дар соҳаи танзими техникӣ, ки ба талаботи ҳатмӣ нисбат ба бехатарии маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда ва премиксҳои ба ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ таъйингардида вобастаанд;
- тасдиқ намудани номгӯйи бемориҳои ба норасоии микронутриентӣ вобаста;
- тасдиқ намудани номгӯйи витаминҳо, минералҳо, омехтаю моддаҳои витаминию минералӣ ва минералӣ, ки барои ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ истифода мешаванд;
- тасдиқ намудани номгӯйи минералу моддаҳое, ки истифодабарии онҳо ҳангоми ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ манъ аст;
- тасдиқи тартиби анҷом додани тадқиқоти озмоишгоҳӣ бо мақсади арзёбии сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, даврияти назорати давлатӣ дар объектҳои истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда;
- гузаронидани мониторинги сифат, истеҳсол, нигоҳдорӣ, воридот ва фурӯши намаки йодноккардашуда ва маҳсулоти ғизоӣ;
- гузаронидани корҳои санитарию эпидемиологӣ ва фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии норасоии микронутриентӣ ва бемориҳои вобаста ба он дар байни аҳолӣ;
- таҳияи дастурҳои методӣ барои истеҳсолкунандагон, фурӯшандаҳо ва истеъмолкунандагони маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда;
- гузарондани чорабиниҳо оид ба огоҳкунии аҳолӣ дар хусуси хавфу оқибатҳои бемориҳои вобаста ба норасоии витамину микроэлементҳо дар маводи ғизоӣ ва зарурати истеъмол намудани маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда;
- тасдиқ намудани талаботи санитарию гигиенӣ барои объектҳое, ки истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашударо амалӣ менамоянд;
- гузарондани ташхиси санитарию эпидемиологии маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда ва додани сертификати гигиенӣ ба маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда;
- мувофиқасозии шарту меъёрҳои техникӣ, қоидаю меъёрҳо, дастуру дастурамалҳои технологӣ ва ҳуҷҷатҳои дигар оид ба ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ, риоя намудани меъёрҳо, қоидаю чораҳои дахлдори санитарӣ;
- тасдиқ намудани номгӯйи усулҳои андозагирӣ ва тадқиқи маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, озмоишгоҳҳои ҳаммонандкунӣ, тадқиқ ва арзёбии самарабахшии маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда;
- арзёбӣ ва пешгӯйи дараҷаи паҳншавии норасоии микронутриентӣ дар байни аҳолӣ;
- назорати давлатии сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 9. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими техникӣ ва метрология дар самти таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда
Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими техникӣ ва метрология дар самти таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда дохил мешаванд:
- татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ, стандартонӣ ва сертификатсияи ҳатмии маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда ва премиксҳо;
- амалигардонии сертификатсияи низоми бехатарии истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, назорати метрологӣ ва ташхиси таҷҳизоти корхонаҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда;
- анҷом додани назорати давлатӣ нисбати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба риоя гардидани талаботи ҳатмии санадҳои меъёрӣ дар соҳаи танзими техникӣ ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда ва премиксҳои барои ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ пешбинигардида;
- амалигардонии назорати давлатии риояи ҳатмии талаботи регламентҳои техникӣ (санадҳои меъёрии техникӣ) ва арзёбии мутобиқат ба талаботи регламентҳои техникӣ (санадҳои меъёрии техникӣ) дар самти муомилоти маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда; (ҚҶТ аз 23.12.2021с., №1828)
- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 10. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар самти таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда
Ба ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар самти таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда дохил мешаванд:
- таҳия ва амалигардонии барномаҳои маҳаллӣ дар самти пешгирии норасоии микронутриентӣ ва бемориҳои вобаста ба он;
- дастгирӣ намудани истеҳсолкунандагони маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда ва премиксҳо;
- иштирок дар раванди истифодаи ҳатмии маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда дар муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, иҷтимоӣ ва ташкилотҳои дигари буҷетӣ;
- ташкил ва амалигардонии корҳои огоҳӣ ва пешгирикунанда оид ба пешгирии норасоии микронутриентӣ, ошкор намудани гурӯҳҳои мақсадноки дорои норасоии микронутриентӣ;
- таъмини дастрасии маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда ба аҳолӣ;
- андешидани чораҳо оид ба таъмин намудани сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, премиксҳои барои ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ пешбинигардида ва шароити нигоҳдории онҳо;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 11. Самтҳои асосии таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, дастгирии давлатии таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, пешгирии норасоии микронутриентӣ ва бемориҳои вобаста ба он
1. Самтҳои асосии таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда чунин мебошанд:
- муқаррар намудани номгӯйи маҳсулоти хӯрокворие, ки ҳатман ғанӣ гардонида мешаванд;
- таъмин намудани истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда;
- таъмини мувозинати содироту воридоти маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда;
- хариди давлатии маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда бо мақсади ташаккул, навкунӣ ва пурра намудани захираҳои дахлдори давлатӣ;
- мониторинги мунтазами вазъи бозори маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда.
2. Тартиби амалисозии дастгирии давлатии таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, пешгирии норасоии микронутриентӣ ва бемориҳои вобаста ба онро санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунанд.
Моддаи 12. Мониторинги бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ва саломатии аҳолӣ
1. Бо мақсади муайян намудани самтҳои афзалиятноки ҳифзи саломатии аҳолӣ ва таҳияи тадбирҳо оид ба пешгирии ворид шудани маҳсулоти хӯроквории ба саломатии аҳолӣ зарарнок аз тарафи мақомоти дахлдори давлатӣ якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мониторинги (мушоҳида, арзёбӣ ва пешгӯйи) амалисозии барномаҳои мавҷуда, бехатарии маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, премиксҳо, инчунин ҳолати норасоии микронутриентӣ ва бемориҳои вобаста ба он ташкил ва гузаронида мешавад.
2. Шахсони воқеӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дар баргузории мониторинги ҳолати норасоии микронутриентӣ ва бемориҳои вобаста ба он, инчунин пешгирии ба бозори истеъмолӣ ворид гардидани маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашудаи зарарнок ва премиксҳоро, ки ба саломатии инсон зарар мерасонанд, иштирок намоянд.
БОБИ 3. ПЕШГИРИИ НОРАСОИИ МИКРОНУТРИЕНТӢ ВА БЕМОРИҲОИ ВОБАСТА БА ОН
Моддаи 13. Самтҳои асосии пешгирии норасоии микронутриентӣ ва пешгирии бемориҳои вобаста ба он дар байни аҳолӣ
Самтҳои асосии пешгирии норасоии микронутриентӣ ва пешгирии бемориҳои вобаста ба он дар байни аҳолӣ аз инҳо иборат мебошанд:
- амалисозии чораҳои ташкилӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, иттилоотӣ ва чораҳои дигари ба таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда равонагардида;
- танзими меъёрии техникии ғанигардонии орди гандум ва маҳсулоти ғизоии дигар бо витаминҳои дорои оҳан, минералҳо ва моддаҳои дигар, аз ҷумла йодноккунии намаки ошӣ ва маҳсулоти хӯроквории дигар;
- таъмин, риоя ва иҷро намудани талабот нисбат ба муомилоти маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, аз ҷумла таъмини шахсони дорои норасоии микронутриентӣ бо дорувории йод ва оҳандошта;
- таъмини дастрасии кумаки тиббӣ ба шахсони мубталои бемориҳои норасоии йод ва оҳан дар ташкилотҳои тандурустӣ;
- таъмини назорати давлатии сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда ва премиксҳои барои ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ пешбинигардида;
- дастгирии давлатии истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда ва премиксҳо барои ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ, инчунин тадқиқоти илмӣ оид ба ташкил намудани технологияи инноватсионии барои ошкорсозии барвақтии норасоии микронутриентӣ ва усулҳои пешгирии он;
- мониторинг ва арзёбии амалигардонии барномаҳои давлатии ба пешгирии норасоии микронутриентӣ дар байни аҳолӣ равонагардида.
Моддаи 14. Чораҳои пешгирии норасоии микронутриентӣ ва бемориҳои вобаста ба он дар байни аҳолӣ
Пешгирии норасоии микронутриентӣ ва бемориҳои вобаста ба он дар байни аҳолӣ амалӣ намудани чорабиниҳои зеринро пешбинӣ менамояд:
- ташкил намудани муоинаи аҳолӣ, ошкор кардани шахсони гирифтори бемориҳои норасоии йод ва оҳан;
- арзёбӣ ва мониторинги ҳамасолаи раванди паҳншавии бемориҳои норасоии йод ва оҳан, самарабахш будани тадбирҳои гузаронидашавандаи пешгирӣ;
- ташкил ва тавассути матбуоти даврӣ, воситаҳои дигари ахбори омма ва рекламаи иҷтимоӣ амалӣ намудани таблиғи фарҳанги санитарӣ оид ба масъалаҳои пешгирӣ намудани норасоии микронутриентӣ;
- риояи ҳатмии талаботи қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ оид ба таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда;
- муайян намудани эҳтиёҷот ва таъмини истеъмоли маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда;
- таҳкими малакаҳои гигиенӣ оид ба истеъмоли ғизо ва фарҳанги истеъмоли ғизо аз ҷониби кӯдакон, таъмини ғизои солим дар муассисаҳои таълимии томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ;
- таъмини устувори гурӯҳҳои мақсадноки аҳолӣ бо дорувории дар таркибаш оҳандошта ва витаминҳо, беҳбудӣ бахшидан ба гигиена ва санитария дар байни аҳолӣ барои пешгирии бемориҳо ва вайроншавии мубодилаи ғизо;
- афзун намудани дастрасии сарчашмаҳои иттилоот оид ба истеъмоли ғизои солим бо мақсади беҳтар намудани нигоҳубин ва таҷрибаи ғизодиҳӣ, солимии репродуктивӣ, пешгирии бемориҳои дигари вобаста ба норасоии микронутриентӣ, инчунин истифодаи маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда;
- таҳия ва амалисозии маҷмӯи корҳои огоҳӣ ва пешгирикунанда бо мақсади ривоҷ додани малакаҳои падару модарон барои беҳтар намудани солимии ҷисмонию равонӣ, инчунин рушди равонию иҷтимоии кӯдакону наврасон;
- чораҳои дигари санитарию гигиенӣ ва фаҳмондадиҳӣ.
БОБИ 4. ТАЛАБОТ НИСБАТ БА ҒАНИГАРДОНИИ МАҲСУЛОТИ ХӮРОКВОРӢ
Моддаи 15. Шартҳои ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ
1. Ғанигардонии маҳсулоти хӯроквории пешбининамудаи Қонуни мазкур танҳо бо ҳиссаҳои микронутриентӣ, ки барои истифода аз ҷониби мақоми ваколатдори назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иҷозат дода шудааст, ба роҳ монда мешавад. Арзиши ғизоии маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, ки талаботи физиологии инсонро ба моддаҳо ва неруи зарурӣ қонеъ мегардонад, бояд ба талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯй бошад.
2. Ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ бо усулҳое сурат мегирад, ки таъсири номатлубро ба муҳити зист аз байн мебаранд ё маҳдуд месозанд.
Моддаи 16. Талаботи умумӣ нисбат ба ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ
1. Ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ бо дарназардошти намуди маҳсулоти хӯрокворӣ ва технологияи истифодашаванда ҳатман дар шароити аз ҷиҳати гигиенӣ тоза амалӣ мегардад.
2. Ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ набояд хусусиятҳои истеъмолии маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашаванда, моддаҳои дигари дар таркиби он бударо кам кунад ё ҳазмшавии онҳоро халалдор созад. Дар ин сурат, намнокии таркиби маҳсулот набояд аз меъёри муқарраргардидаи ниҳоӣ зиёд бошад ё дар баробари ин муҳлати нигоҳдорӣ ё истифодабарии онҳоро кам кунад.
3. Маҳсулоти хӯровории ғанигардонидашуда набояд дар таркиби худ моддаҳои зараровар дошта бошанд. Онҳо бояд тавре баркаш ва борпеч карда шаванд, ки ҳангоми нигоҳдорӣ, интиқол ва фурӯш сифат ва бехатарии маҳсулотро таъмин карда тавонанд.
4. Ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ бо дар назар доштани намуд ва арзиши ғизоии онҳо мутобиқи регламентҳои техникии (санадҳои меъёрии техникӣ) аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида амалӣ мегардад. Раванди ғанигардонии маҳсулоти хӯроквориро қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ, шартҳои техникӣ, дастуру дастурамалҳои технологӣ ва санадҳои меъёрии дигар танзим менамоянд. (ҚҶТ аз 23.12.2021с., №1828)
5. Миқдори умумии витаминҳо, минералҳо ва моддаҳои дигари ба маҳсулоти хӯрокворӣ иловашуда набояд аз меъёри муқарраргардидаи ниҳоӣ зиёд бошад. Миқдори ниҳоии микронутриентҳо дар маҳсулоти серғизо ва хушккардашуда бояд ба миқдори дар таркиби маҳсулоти хӯрокворӣ ҷойдошта, ки барои истеъмол омода шудаанд, баробар бошад.
6. Миқдори витаминҳо ва моддаҳои минералии таркиби маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда бояд бо воҳидҳои бузургии низоми байналмилалии воҳидҳо (миллиграмм ё микрограмм) ё бо воҳидҳои бузургии дигар, ки барои истифода мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини ченаки ягона иҷозат дода шудаанд, нишон дода шаванд.
7. Сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда бояд ба талаботи регламентҳои техникӣ (санадҳои меъёрии техникӣ), қоидаю меъёрҳои санитарӣ, байторӣ, фитосанитарӣ, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ бошанд. (ҚҶТ аз 23.12.2021с., №1828)
Моддаи 17. Намудҳои маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашаванда
Намудҳои зерини маҳсулоти хӯрокворӣ ғанӣ гардонида мешаванд:
- орди гандумии навъи олӣ ва якум;
- хамирмояи (дрожжи) нонпазӣ, маҳсулоти нонӣ ва қаннодӣ;
- шир ва маҳсулоти ширии туршмаза, аз ҷумла барои ғизои кӯдакон пешбинигардида;
- шарбат, шаҳди мева ва (ё) сабзавот, нӯшокиҳои мевагӣ ва (ё) сабзавотии шарбатдор;
- оби нӯшокии дар зарфҳо ҷойгиршуда ва нӯшокиҳои ғайримашруботӣ;
- намаки ошӣ.
Моддаи 18. Талабот ба сертификатсия ва тамғагузории маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда
1. Маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, ки барои фурӯш пешбинӣ гардидааст, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баҳодиҳии мутобиқат сертификатсия карда мешавад.
2. Тамғагузории маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда ҳатмӣ мебошад.
3. Дар варақаҳои борпечӣ – замимавии маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, тамғакоғаз ё тамғаи бор бояд ба забони давлатӣ маълумоте, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст, дарҷ карда шавад.
4. Борҷомаи маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда бояд имконияти нигоҳ доштани моддаҳои ба он иловагардидаро ба миқдори пешбининамудаи стандарт ва регламентҳои техникӣ таъмин намояд.
5. Аломатҳои тамғагузории маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда бояд маълумот оид ба навъ, қайди ҳуҷҷате, ки мутобиқи он ҳаммонандкунӣ анҷом дода мешавад, маълумот дар хусуси тасдиқ намудани мутобиқат, калимаҳои «Ғанигардонидашуда», «Йодноккардашуда»-ро бо ҳарфҳои калон дар бар гиранд.
6. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамғагузории намудҳои алоҳидаи маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда метавонад талаботи иловагиро муқаррар намояд.
БОБИ 5. ИСТЕҲСОЛ ВА МУОМИЛОТИ МАҲСУЛОТИ ХӮРОКВОРИИ ҒАНИГАРДОНИДАШУДА
Моддаи 19. Хусусиятҳои истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда
1. Истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда бо тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
2. Муомилоти маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда дар ҳолати мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мутобиқати он ба талаботи сифат ва бехатарӣ роҳ дода мешавад. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда сертификатҳое мебошанд, ки аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ дар асоси натиҷаи сертификатсияи бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷомдодашуда дода шудаанд.
Моддаи 20. Истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда
1. Истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда дар асоси саноатӣ аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие амалӣ карда мешавад, ки объекти истеҳсолӣ (сохт, ҷойгиршавӣ, андоза), асбобу анҷом ва таҷҳизоти технологии онҳо бо асбобҳои назоратии дахлдоре таҷҳизонида шудаанд, ки ба талабот нисбат ба маводи бо маҳсулоти ғизоӣ робитадошта пешниҳодшаванда сохта шудаанд ва шиносномаи истеҳсолотро доранд. (ҚҶТ аз 23.12.2021с., №1828)
2. Истеҳсолкунандагони маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда уҳдадоранд назорати истеҳсолии бехатарии онҳоро дар ҳама марҳилаҳои истеҳсол ташкил кунанд ва анҷом диҳанд, намунаи маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашударо гиранд, талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро нисбат ба шартҳои муомилоти маҳсулоти ғизоӣ риоя кунанд. Бо мақсади таъмин намудани сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда истеҳсолкунандагон уҳдадоранд санҷиши сатҳи премиксҳо, назорати таҷҳизот, раванди омехтакунӣ, мониторинг, назорати баркаш ва борпечкунӣ, тамғагузорӣ, инчунин таъмин намудани фурӯшандагонро бо сертификати миқдори муайяни маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, ки ба фурӯш бароварда шудаанд, ба роҳ монанд.
3. Истеҳсолкунандаи маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда уҳдадор аст дақиқии ба вояҳо тақсим карданро бо ҳаҷми (вазни) муайяншудаи маҳсулоти ғизоӣ риоя кунад, ба миқдори муқарраргардида ҷой доштани премиксҳои дахлдорро дар таркиби маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда кафолат диҳад. Дар ин сурат, мавҷудияти премиксҳо дар таркиби маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, ки аз ҷониби истеҳсолкунанда кафолат дода мешавад, бояд ба меъёрҳои муносиби истеъмол асос ёфта, эҳтиёҷоти тавсияшавандаро ба чунин микронутриентҳо қонеъ гардонад.
4. Истеҳсолкунандагони маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда барои исбот кардани сифат ва бехатарии маҳсулоти мазкур, ки ба фурӯш мебароранд, масъул мебошанд.
Моддаи 21. Нигоҳдории маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда
1. Нигоҳдории маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда низоми равандҳои технологиро оид ба фароҳам овардани шароит барои таъмини бехатарии маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, нигоҳдорӣ ва ҳифзи хусусиятҳои истеъмолии онҳо дар бар мегирад.
2. Нигоҳдории маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда дар биною иншооти махсус таҷҳизонидашуда, ки ба талаботи қоидаю меъёрҳои санитарӣ ҷавобгӯй мебошанд, бо риояи талаботи экологӣ, зиддисӯхторӣ, фитосанитарӣ ва талаботи дигари муқаррарнамудаи қонунунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
3. Бо мақсади ба ҳадди ақал расонидани талафоти эҳтимолии премиксҳо, аз ҷумла йод, маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда бояд аз таъсири бевоситаи нурҳои офтоб ё сарчашмаи равшании барзиёд, ҳарорат ё намнокии баланд, олудашавӣ бо чангу ифлосиҳои дигар аз муҳити зист ё таъсироти дигари номатлуби пешбининамудаи регламентҳои техникӣ ҳифз карда шаванд.
Моддаи 22. Фурӯши маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда
1. Фурӯши маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
2. Намудҳои алоҳидаи маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашудаи муҳлати нигоҳдориашон гузашта барои хӯроки чорво ва парандагон коркард ё бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии хуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон нобуд карда мешаванд.
Моддаи 23. Воридоти маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда
1. Воридоти маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Ба муомилоти озод баровардани маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда танҳо дар ҳолати мавҷуд будани сертификати мутобиқат амалӣ карда мешавад, агар шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошанд.
2. Ба воридоти маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бе сертификати дахлдор танҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба намоишҳо гузоштан ва бо мақсади гузаронидани тадқиқот ё озмоиш иҷозат дода мешавад.
Моддаи 24. Маҳдуд намудани муомилоти маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда
1. Фурӯши маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, ки ба талаботи Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қоидаю меъёрҳои санитарию байторӣ ва фитосанитарӣ ҷавобгӯй намебошанд, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст.
2. Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан, инчунин истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда бе сертификати мутобиқат, шартҳои барои интиқол, нигоҳдорӣ ва фурӯш зарурӣ, инчунин тамғагузоринашуда манъ аст. Аз ҷумла, иҷро намудани амалҳои зерин манъ аст:
- ба муомилоти озод баровардан ва содироти орди гандумии воридотии ғанигардониданашудаи навъи олӣ ва якум;
- истеҳсол ва фурӯши орди гандумии ғанигардониданашудаи навъи олӣ ва якум;
- фурӯхтани маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, аз ҷумла намаки йодноккардашуда ва маҳсулоти ғизоии йодноккардашудаи муҳлати нигоҳдориашон гузашта;
- воридоти намаки йодноккарданашуда;
- воридот, содирот ва фурӯши маҳсулоти қалбакӣ;
- истифодаи намаки йодноккарданашуда барои саноати хӯрокворӣ;
- аз ҷониби истеҳсолкунандагон ё воридкунандагон таҳвил намудани намаки йодноккардашуда барои истеъмоли инсон ва барои эҳтиёҷоти саноати хӯрокворӣ, ки миқдори йод дар таркиби он аз сатҳи муқаррарнамудаи регламентҳои техникӣ (санадҳои меъёрии техникӣ) камтар аст; (ҚҶТ аз 23.12.2021с., №1828)
- фурӯхтани маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашудаи дар таркибаш премиксдошта, аз ҷумла намаки йодноккардашуда, ки миқдори йод дар таркиби он аз сатҳи муқаррарнамудаи регламентҳои техникӣ (санадҳои меъёрии техникӣ) дар натиҷаи аз ҷониби субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ риоя нагардидани қоидаҳои ҳамлу нақл, нигоҳдорӣ ё фурӯши муайяннамудаи истеҳсолкунанда кам шудааст; (ҚҶТ аз 23.12.2021с., №1828)
- савдои яклухт ва чаканаи маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашудаи баркаш ва борпечнашуда.
Моддаи 25. Рекламаи маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда
Рекламаи маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 26. Партовкунии маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда
1. Партовкунии маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашудаи барои истеъмол ношоям бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони мақомоти дахлдори давлатӣ анҷом дода мешавад.
2. То партовкунии маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда моликони (соҳибони) он уҳдадоранд чораҳоеро андешанд, ки истифодаи минбаъдаи онро аз рӯи таъйинот истисно мекунанд. Дар ин ҳолат имконияти истифодаи маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда ба сифати хӯроки чорво ва паранда бо хулосаи ташхис муайян карда шуда, бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи байторӣ мувофиқа карда мешавад.
3. Молики (соҳиби) маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо мақсади пешгирӣ намудани оқибатҳои номатлуб усулу шартҳои партовкунии онро интихоб менамояд.
БОБИ 6. ХУСУСИЯТҲОИ ҒАНИГАРДОНИИ НАМУДҲОИ АЛОҲИДАИ МАҲСУЛОТИ ХӮРОКВОРӢ
Моддаи 27. Ғанигардонии орди гандумии навъи олӣ ва якум
1. Орди гандумии навъи олӣ ва якум, ки барои фурӯш дар бозори дохилии истеъмолӣ таъйин гардидааст, бояд ғанӣ гардонида шавад.
2. Орд бо витаминҳои дар таркибашон оҳан, минералҳо ва моддаҳои дигардошта дар асоси ягонагии қоидаҳои бамеъёрдарории таркиби ҳиссаҳои ғанигардонӣ, равандҳои (усулҳои) истеҳсол, нигоҳдорӣ, интиқол, фурӯш ва истифода ғанӣ гардонда мешавад. Меъёрҳои мавҷудияти витаминҳо, минералҳо ва моддаҳои дигар дар таркиби орд, сифат, бехатарӣ ва усулҳои ғанигардонии он бояд ба қоидаю меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ, инчунин талаботи дигари меъёрӣ мутобиқ бошанд.
3. Ғанигардонии орд аз тарафи корхонаҳои ордбарории дорои раванди пурра ташаккулёфтаи технологии истеҳсоли орд дар ҳолати мавҷудияти таҷҳизоти дахлдори технологӣ барои ба вояҳо тақсим кардан ва омехтакунӣ, инчунин мавод ва ашёи хоми ба талаботи регламентҳои техникӣ (санадҳои меъёрии техникӣ) ҷавобгӯй анҷом дода мешавад. (ҚҶТ аз 23.12.2021с., №1828)
4. Корхонаҳои истеҳсолкунандаи орд ҳуқуқ доранд, ки тибқи шартномаҳои баимзорасонидашуда орди гандумии ғанигардониданашударо барои содирот истеҳсол кунанд.
5. Дар борҷомаи орди ғанигардонидашуда навиштаҷоте қайд мегардад, ки мутобиқи он ҳаммонандкунӣ анҷом дода мешавад ва маълумот оид ба тасдиқ намудани мутобиқат бо дарҷи номгӯйи иловаҳои воридкардашуда (премиксҳо) сабт мегардад.
Моддаи 28. Ғанигардонии шир, маҳсулоти ширӣ ва нӯшокиҳои дар асоси шир истеҳсолшуда
1. Шир, маҳсулоти ширӣ ва нӯшокиҳои дар асоси шир истеҳсолшуда, ки барои истеъмоли умум пешбинӣ шудаанд, дар алоҳидагӣ ё дар маҷмӯъ бо витаминҳо, микро ва макроэлементҳо, нахҳои ғизоӣ ва дигар маводи барои истифода иҷозатдодашуда дар корхонаҳои саноатии коркарди шир бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ғанӣ гардонда мешаванд. Намудҳои алоҳидаи маҳсулоти ширӣ бо йод ғанӣ гардонда мешаванд.
2. Дар борпечи маҳсулоти хӯроквории зикршуда бояд маълумот оид ба таркиби микро ва макроэлементҳо, витаминҳо дар маҳсулоти тайёри ғанигардонидашуда, маводи дигари барои ғанигардонии маҳсулот истифодашуда, моддаҳои дигари бо зикри мансубияти миқдори ба маҳсулот иловашуда, моддаҳои ба вояи шабонарӯзии истеъмоли онҳо ва хусусиятҳои истеъмоли маҳсулот (ҳангоми зарурат) ҷойгир карда шавад. Миқдори моддаҳое, ки ба маҳсулоти ширии ғанигардонидашуда илова карда шудаанд, бо дар назар доштани таркиби онҳо дар маҳсулоти зикршуда бо қайд намудани муҳлати охири истифодабарии он нишон дода мешавад.
Моддаи 29. Ғанигардонии маҳсулоти ғизои кӯдакон
1. Аз маҳсулоти барои ғизои кӯдакон пешбинишуда маҳсулоти дар асоси шир истеҳсолгардида барои ғизои кӯдакони навзод омехтаҳои ширии мутобиқгардондашуда ё қисман мутобиқгардондашудаи аввалия ё баъдина (аз ҷумла омехтаҳои ширии хушк), омехтаҳои хушки ширии туршмазза, нӯшокиҳои ширӣ (аз ҷумла, хушккардашуда) барои кӯдакони навзод, омехтаҳои хушк барои шӯла (дар шароити хона бо истифодаи оби нӯшокӣ тайёр кардашаванда) ғанӣ гардонда мешаванд. Миқдори мавҷудияти витамину минералҳо дар таркиби омехтаҳои моеъ ва хушки ширӣ барои ғизои кӯдакони навзод бо регламентҳои техникӣ (санадҳои меъёрии техникӣ) муқаррар карда мешаванд. (ҚҶТ аз 23.12.2021с., №1828)
2. Дар борҷомаи маҳсулоти ширии барои ғизои кӯдакони навзод пешбинигардида маълумоти иловагӣ оид ба арзиши ғизоии маҳсулот, аз ҷумла миқдори витаминҳо, моддаҳои минералӣ ва арзиши неруии он дарҷ мегардад.
Моддаи 30. Ғанигардонии шарбат, шаҳди мева ва (ё) сабзавот, нӯшокиҳои мевагӣ ва (ё) сабзавотии шарбатдор
1. Барои ғанигардонии шарбат, шаҳди мева ва (ё) сабзавот, нӯшокиҳои мевагӣ ва (ё) сабзавотии шарбатдор витамину моддаҳои витаминмонанд, моддаҳои минералӣ, кислотаҳои органикӣ, нахҳои ғизоӣ, кислотаҳои чарбуии пурранашуда, маҷмӯи қандҳо (полисахарид) ва моддаҳои дигари пешбининамудаи регламентҳои техникӣ (санадҳои меъёрии техникӣ), ки бо тартиби муқарраргардида барои истифодабарӣ дар саноати хӯрокворӣ пешбинӣ шудаанд, истифода бурда мешаванд. (ҚҶТ аз 23.12.2021с., №1828)
2. Дар борҷомаи шарбат, шаҳди мева ва (ё) сабзавот, нӯшокиҳои мевагӣ ва (ё) сабзавотии шарбатдори ғанигардонидашуда ҳатман ҳама микронутриентҳои ба таркиби он дохилгардида дарҷ карда мешаванд.
Моддаи 31. Ғанигардонии хамирмояи (дрожжи) нонпазӣ, маҳсулоти нонӣ ва қаннодӣ
1. Хамирмояи (дрожжи) нонпазӣ, маҳсулоти нонӣ ва қаннодӣ бо ингредиентҳои дахлдор, инчунин йод, ки истифодаи онҳоро мақоми ваколатдори назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ иҷозат додааст, аз ҷониби истеҳсолкунанда ғанӣ гардонда мешаванд.
2. Ғанигардонӣ ва йодноккунии хамирмояи нонпазӣ, маҳсулоти нонӣ ва қаннодӣ аз ҷониби регламентҳои техникӣ (санадҳои меъёрии техникӣ) муқаррар карда шуда, мувофиқи дастуру дастурамалҳои технологӣ ба миқдори пешбининамудаи меъёрҳои пешгирии аз ҷиҳати илмӣ асоснокшудаи миқдори онҳо дар таркиби маҳсулот анҷом дода мешаванд. (ҚҶТ аз 23.12.2021с., №1828)
Моддаи 32. Йодноккунӣ ва ғанигардонии оби нӯшокии дар зарфҳо ҷойгиркардашуда ва нӯшокиҳои ғайримашруботии ташнагишикан
1. Оби нӯшокии дар зарфҳо ҷойгиркардашуда барои истифодабарӣ дар маҳсулоти хӯрокворӣ бо иҷозати мақоми ваколатдори назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ йоднок карда мешавад.
2. Ғанигардонии оби нӯшокии дар зарфҳо ҷойгиркардашуда бо микро ва макроэлементҳо ва нӯшокиҳои ташнагишикани ғайримашруботӣ бо микроэлементҳо дар сатҳи меъёрҳои гигиении сифати онҳо анҷом дода мешавад, ки бо талаботи санитарию эпидемиологӣ ва гигиенӣ нисбат ба моли таҳти назорати санитарию эпидемиологӣ қарордошта муқаррар гардидааст.
Моддаи 33. Йодноккунии намаки ошӣ
1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намаки барои истеъмол таъйингардида йоднок карда мешавад. Истеҳсолкунандагони намаки ошӣ уҳдадоранд, ки йодноккунии намаки аз ҷониби онҳо истеҳсол, тайёр, фурӯхташаванда ё тақсимотшавандаро анҷом диҳанд. Намаки ошии йодноккардашуда, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯхта ва ё тақсимот карда мешавад, новобаста ба мамлакати истеҳсол, бояд сертификатсия ва тамғагузорӣ шуда, сифату бехатарии он ба талаботи регламентҳои техникӣ (санадҳои меъёрии техникӣ) ва қоидаю меъёрҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда мувофиқ бошад. Талабот ба сифат ва бехатарӣ инчунин ба намаки ошии йодноккардашудаи воридшаванда бояд риоя шаванд. (ҚҶТ аз 23.12.2021с., №1828)
2. Намаки ошии йодноккардашуда ба сифати ҳомили иловаҳои ғизоӣ дар саноати хӯрокворӣ, хӯриши мустақил, ҷузъи маҳсулоти ғизоӣ, инчунин якҷоя бо маҳсулоти ғизоии дигар, моддаҳои минералӣ ҳангоми пухтани хӯрок дар хонаводаҳо, корхонаҳои хӯроки умумӣ ва саноати хӯрокворӣ истифода бурда мешавад.
3. Усули йодноккунии намаки ошӣ, сифат ва бехатарии он, ғилзати йод, нишондиҳандаҳои мониторинги раванди технологии йодноккунии намак ва дараҷаи мавҷудияти йод дар таркиби намак дар марҳилаи нигоҳдорӣ то истеъмол, истифодаи он бояд ба ҳама талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии амалкунанда ҷавобгӯй бошанд. Равандҳои истеҳсолию технологӣ, яъне тозакунӣ, майдакунӣ ва йодноккунӣ, баркаш ва борпечкунӣ, тамғагузорӣ, инчунин интиқол, нигоҳдорӣ ва фурӯши намак бояд ба меъёрҳои амалкунандаи санитарию гигиенӣ оид ба сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ва пешгирӣ намудани ҳама гуна хавфҳои олудашавии онҳо қатъиян мутобиқ бошанд.
4. Намаки ошии йодноккардашуда бояд ба халтаҳои бофтаи полипропилении тоза, халтаҳои ҷутии истифоданашуда ё маводи дигари дорои дарунхалтаи полиэтилении ғафс, ки нигоҳдории йодро дар давоми муддати истеъмол дар сатҳи дахлдор нигоҳ медорад, ҷойгир карда шавад. Борҷомаи намаки йодноккардашуда бояд нигоҳдории сифат ва миқдори камтарини муқарраргардидаи йодро дар таркиби намак то гузаштани муҳлати истеъмоли он таъмин кунад.
5. Таҳвили намаки ошии йодноккардашуда барои фурӯши чакана ё нуқтаҳои ниҳоии тақсимкунии он на дертар аз 12 моҳ аз рӯзи истеҳсоли он анҷом дода шуда, баъд аз он муҳлати нигоҳдорияш гузашта ҳисобида мешавад. Намаки муҳлати нигоҳдорияш гузашта бояд иваз ё ба таҳвилгари (фурӯшандаи) он баргардонда шавад.
6. Истеҳсолкунандагон, тайёркунандагон, аз ҷумла субъектҳое, ки дар соҳаи хӯроки умумӣ хизматрасониро анҷом медиҳанд ва намаки оширо истифода мебаранд, уҳдадоранд ҳангоми истеҳсол намудани маҳсулоташон намаки ошии йодноккардашударо истифода баранд.
7. Вобаста ба пайдоиш ва усули истеҳсоли намаки ошӣ ба таркиби он ба ғайр аз йод метавонанд моддаҳои дигари минералие, ки барои истифода дар маҳсулоти хӯрокворӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иҷозат дода шудаанд, бо миқдори гуногун илова карда шаванд.
8. Ба муомилоти намаки йодноккарданашуда, яъне намаки саноатӣ, ки барои коркард, коркарди дубора ва (ё) истеҳсоли маҳсулоти тиҷоратии ба маҳсулоти хӯрокворӣ дохилнабуда истифода мешавад, бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии техникӣ иҷозат дода шудааст.
9. Дар самти йодноккунии намак бо мақсади пешгирии бемориҳои вобаста ба норасоии йод дар Ҷyмҳypии Тоҷикистон тадбирҳои зерин андешида мешаванд:
- ташкили муоинаи аҳолӣ, пешгирӣ ва ошкор кардани шахсоне, ки гирифтори бемориҳои норасоии йод гардидаанд;
- баҳодиҳии ҳарсола бо мақсади мониторинги раванди паҳншавии бемориҳо аз норасоии йод, самаранокии чораҳои пешгирӣ ва ба мақомоти дахлдор пешниҳод кардани маълумот дар бораи натиҷаҳои он;
- гузаронидани тадқиқоти илмии ба пешгирӣ аз бемориҳои норасоии йод равонагардида;
- огоҳ кардани аҳолӣ дар бораи чораҳои пешгирӣ аз бемориҳои норасоии йод ва ташкили воситаҳои маърифати санитарӣ тавассути матбуот, радио ва телевизион оид ба масъалаҳои пешгирии бемории норасоии йод, нашри варақаҳо, маълумотномаҳо ва дигар тадбирҳо;
- ҳатмӣ будани риояи стандартҳо, талаботи меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва қоидаҳои таъмини сифат ва бехатарии намаки ошии йодноккардашуда аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба истеҳсол, содирот, воридот ва фурӯши намаки ошии йодноккардашуда машғул мебошанд.
БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 34. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 35. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи йоднокгардонии намак»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2002 «Дар бораи йоднокгардонии намак» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, №11, мод. 738; с. 2007, №5, мод. 369) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 36.Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе,
19 июли соли 2019,
№ 1635