ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Феврал 2020

-A A +A

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗОТПАРВАРӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 13/02/2020 - 10:49
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1020
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
19.09.2013
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ЗОТПАРВАРӢ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, № 8-9, мод. 653)
(Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1513, аз 03.01.2024 № 2028)
 
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба масъалаҳои ташкили зотпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим намуда, ба таҳкими хазинаи миллии генетикии чорводорӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат равона карда шудааст.
 
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
(Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1513)
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- ҳайвоноти кишоварзӣ - ҳама намуди чорво, паранда, моҳӣ, кирми пилла, занбӯри асал, ки онҳоро инсон парвариш менамояд ва ба истеҳсолоти кишоварзӣ муносибати бевосита доранд;
- зотпарварӣ - маҷмӯи чорабиниҳои зоотехникӣ, биологию генетикӣ, ташкилию хоҷагидорӣ, ки барои офаридани зот ва гурӯҳҳои нави селексионии ҳайвоноти кишоварзӣ, нигоҳубин ва беҳтар намудани сифати зотҳои мавҷуда равона шудаанд;
- маводи (маҳсулоти) зотӣ - ҷинсҳои нарина ва модинаи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, инчунин, нутфа ва ҷанинҳои аз онҳо гирифташуда;
- ҳайвоноти зотии кишоварзӣ - ҳайвоноти кишоварзии дорои ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мансубияти авлодӣ, ки ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд ва барои офаридани зот истифода бурда мешаванд;
- арзиши зотӣ - сатҳи иқтидори генетикии ҳайвоноти зотии кишоварзӣ ва таъсири он ба аломатҳои фоиданоки насл;
- баҳодиҳии сифати ҳайвоноти зотии кишоварзӣ - муайян намудани сифати хушзотӣ, маҳсулнокӣ ва инкишофи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ бо додани дараҷаи дахлдор, инчунин маводи (маҳсулоти) дигари зотӣ, ки бо мақсади истифодаи минбаъда муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2028);
- нишонагузорӣ - нишона кардани ҳайвоноти зотии кишоварзӣ бо роҳи гузоштани рақам, холкӯбӣ, ки барои муайян кардани ҳаммонандии зот имкон медиҳад;
- зоти ҳайвоноти кишоварзӣ - гурӯҳи сершумори як намуди ҳайвоноти кишоварзӣ, ки саршумори муайяни синну сол ва ҷинсҳои гуногуни дорои арзиши зотии ба наслҳои оянда гузарандаро дар бар гирифта, сифати муайяни муфид ва аз дигар зот фарқкунанда дорад ва таркиби он аз шумораи зарурии авлод (кросс) иборат мебошад;
- хели (типи) дохилизотии ҳайвоноти кишоварзӣ - гурӯҳи муайяни дохилизотӣ, ки бо хусусиятҳои биологию маҳсулнокӣ, сохти бадан ва намуди зоҳирӣ аз дигар гурӯҳҳо фарқият дорад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2028);
- авлод - гурӯҳи муайяни ҳайвоноти кишоварзии якнасли таркиби зот, ки аз як ё якчанд ҷинси барҷастаи нарина пайдо мешаванд;
- кросс - маҷмӯи авлод ва дурагаҳои ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, ки дар доираи тартиби муайянгардида бо роҳи ҷуфткунонӣ ба вуҷуд омада, маҳсулнокии баланд ва қобилиятнокии ҳаётан устувор доранд;
- генофонди зоти камшумор - гурӯҳи кам дучоршавандаи зоти ҳайвоноти кишоварзӣ, ки бо хусусиятҳои ирсӣ ва селексионии худ фарқ мекунад ва зери хатари нобудшавӣ қарор дорад;
- феҳристи давлатии ҳайвоноти зотии кишоварзӣ - маҷмӯи маълумот оид ба мансубият, маҳсулнокӣ, сифатҳои дигари ҳайвоноти зотии кишоварзӣ ва арзиши зотии насли онҳо;
- гурӯҳҳои дохилизотӣ - гурӯҳҳои ҳайвоноти кишоварзӣ, ки бо усулҳои дурагакунии зотҳои гуногун барои тез тағйир додани аломатҳои авлодии ду ва зиёда зотҳо ба мақсади офаридани зоти маҳсулнокиаш баланд ташаккул дода мешаванд;
- корхонаи (хоҷагии) зотпарварӣ - субъекти хоҷагидор, ки ба парвариши саршумори ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, офаридани зотҳои нав, такмили сифатҳои фоиданоки зотҳои мавҷуда, инчунин, гирифтани нутфаи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, нигоҳдорӣ ва фурӯши он машғул мебошад;
- заводи зотпарварӣ - корхонае, ки ба парвариши ҳайвоноти кишоварзии хушзоти маҳсулнокиаш баланд машғул аст;
- маркази зотпарварӣ - шахси ҳуқуқӣ, ки ба парвариши зотҳои сермаҳсули ватанию хориҷӣ ва зиёд кардани иқтидорҳои генетикии намудҳои гуногуни ҳайвоноти кишоварзӣ машғул мебошад;
- фермаи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ - ҷузъи таркибии хоҷагии кишоварзӣ, ки ба парвариши ҳайвоноти зотии кишоварзӣ машғул мебошад;
- аттестатсия - баҳодиҳии фаъолияти субъектҳои соҳаи зотпарварӣ, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ давра ба давра гузаронда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2028);
- шаҳодатнома дар бораи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ - ҳуҷҷате, ки мансубияти авлодӣ, маҳсулнокӣ ва сифатҳои дигари ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, инчунин, мансубияти нутфа ва (ё) ҷанинро тасдиқ менамояд;
- сертификат - ҳуҷҷате, ки тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқи маълумот оид ба мансубият, маҳсулнокӣ ва сифатҳои дигари маводи (маҳсулоти) зотӣ барои офаридан ё озмоиши сифатҳои зотии ҳайвоноти кишоварзӣ дода мешавад;
- селексионер - шахсе, ки зот, хели (типи) дохилизотӣ ё дурагаи ҳайвоноти кишоварзиро офаридааст ва (ё) корфармо ё вориси ҳуқуқии ӯ (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2028);
- шиносномаи генетикӣ (генеалогӣ) - ҳуҷҷати намунааш муқарраргардида, ки аз тарафи озмоишгоҳи ташхиси генетикӣ дар хусуси пайдоиши ҳайвоноти зотии кишоварзӣ дода мешавад;
хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2028).
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи зотпарварӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи зотпарварӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1513).
Моддаи 3. Истифодаи қитъаҳои замин ва объектҳои об барои эҳтиёҷоти зотпарварӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2028)
Ҳуқуқи истифодаи қитъаҳои замин ва объектҳои об, барои эҳтиёҷоти зотпарварӣ тартиби додан ва реҷаи истифодаи онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2028).
Моддаи 4. Сертификатсияи маводи (маҳсулоти) зотӣ
Сертификатсияи маводи (маҳсулоти) зотӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 5. Фаъолияти соҳибкорӣ ва селексионӣ дар соҳаи зотпарварӣ
Фаъолияти соҳибкорӣ ва селексионӣ дар соҳаи зотпарварӣ баъд аз гирифтани сертификат, ки он аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2028).
 
БОБИ 2. САЛОҲИЯТ, ВАКОЛАТ ВА ВАЗИФАҲОИ МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР ТАНЗИМИ МУНОСИБАТҲО ДАР СОҲАИ ЗОТПАРВАРӢ
Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи зотпарварӣ
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи зотпарварӣ мансубанд:
- амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи зотпарварӣ;
хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2028);
- тасдиқи барномаҳои давлатии соҳаи зотпарварӣ оид ба офаридани зотҳои нави нави ҳайвоноти кишоварзӣ ва беҳтар намудани сифатҳои фоиданоки зотҳои мавҷуда, нигоҳдорӣ ва истифодаи генофонди ҳайвоноти зотии кишоварзӣ (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1513);
- тасдиқи Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани аттестатсия ва тартиби ба субъектони хоҷагидорӣ додани мақоми корхонаи (хоҷагии) зотпарварӣ;
- тасдиқи шабакаи заводҳо, хоҷагӣ, ассотсиатсия, кооператив ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) дар соҳаи зотпарварӣ;
- амалӣ намудани салоҳиятҳои дигар оид ба масъалаҳои зотпарварӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 7. Ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи зотпарварӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2028)
1. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи зотпарварӣ мебошанд.
2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- барномаҳои рушди соҳаи зотпарвариро таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- дастур, меъёр ва қоидаҳои фаъолият дар соҳаи зотпарвариро таҳия ва тасдиқ менамояд;
- қоида ва шаклҳои баҳисобгирии ҳайвоноти зотии кишоварзиро таҳия намуда, баҳисобгирии маълумотро дар соҳаи зотпарварӣ анҷом медиҳад;
- гузарондани озмоиш ва тасвиби расмии дастовардҳои нави селексиониро дар соҳаи зотпарварӣ таъмин менамояд;
- амали ҳуҷҷати ба шаҳодатнома ҳамарзиши маводи (маҳсулоти) зотии воридшавандаро, ки мақоми дахлдори давлати содиркунанда додааст, эътироф менамояд;
- номгӯйи намудҳои ҳайвоноти зотии кишоварзиро дар корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ ва муассисаҳои илмӣ, ки ҷинсҳои наринаи он барои офаридани зотҳои нав ё беҳтар намудани сифати зотҳои мавҷуда истифода мегарданд, муайян мекунад;
- бо тартиби муқарраргардида содирот ва воридоти зотҳои нави ҳайвоноти кишоварзиро амалӣ менамояд;
- баҳодиҳии сифати маводи (маҳсулоти) зотиро таъмин мекунад;
- барои дастгирии давлатии соҳаи зотпарварӣ, аз ҷумла нигоҳдории генофонди камшумор ва зери хатари нобудшавӣ қарордоштаи зотҳои барои гузарондани корҳои селексионӣ фоиданок чораҳои дахлдор меандешад;
- дар доираи ваколатҳои худ ҳамкории байналмилалиро дар соҳаи зотпарпарӣ амалӣ менамояд;
- ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд.
3. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- назорати давлатиро дар соҳаи зотпарварӣ амалӣ менамояд;
- риояи дастур, меъёру қоидаҳои парваришро дар соҳаи зотпарварӣ назорат менамояд;
- барои ба вуҷуд овардани зотҳо, хели (типи) дохилизотӣ ё дурагаҳои нави сермаҳсули ҳайвоноти кишоварзӣ мусоидат менамояд;
- содирот ва воридоти зотҳои нави ҳайвоноти кишоварзиро назорат менамояд;
- назорати баҳодиҳии сифати маводи (маҳсулоти) зотиро амалӣ менамояд;
- ба ҷорӣ намудани дастовардҳои инноватсионӣ дар соҳаи зотпарварӣ мусоидат менамояд;
- дар доираи ваколатҳои худ ҳамкории байналмилалиро дар соҳаи зотпарпарӣ амалӣ менамояд;
- ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2028).
Моддаи 8. Вазифаҳо оид ба ташкили фаъолият дар соҳаи зотпарварӣ
(Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1513)
Вазифаҳо оид ба ташкили фаъолият дар соҳаи зотпарварӣ аз инҳо иборат мебошанд:
- пешбурди корҳои селексионию зотпарварӣ барои беҳсозии мақсадноки маҳсулнокӣ ва сифатҳои дигари фоиданоки ҳайвоноти зотии кишоварзӣ;
- офаридани зотҳои нав, авлод ва кросс, нигоҳдории генофонди зотҳои мавҷудаи ҳайвоноти кишоварзӣ;
- бақайдгирӣ ва муайян намудани ҳаммонандии ҳайвоноти зотии кишоварзӣ ва гузарондани санҷиши маводи (маҳсулоти) зотӣ;
- такмили восита ва усулҳои зотпарварӣ;
- нигоҳдории генофонди камшумор ва зери хатари нобудшавӣ қарордоштаи зотҳои барои гузаронидани корҳои селексионӣ фоиданок;
- ҷорӣ намудани технологияи муосири селексияи ҳайвоноти кишоварзӣ ва дастовардҳои илмӣ;
- истифодаи оқилона ва ҳифзи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, солимӣ ва наслдиҳии онҳо;
- ба вуҷуд овардани таркиби генетикӣ ва генеалогии зот ва намудҳои ҳайвоноти зотии кишоварзӣ;
- гузарондани аттестатсияи фаъолияти субъектҳои соҳаи зотпарварӣ (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1513).
Моддаи 9. Нозирони давлатӣ оид ба зотпарварӣ
1. Роҳбарони сохторҳои марказӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ, инчунин муовинони онҳо аз рӯи вазифа нозирони давлатӣ оид ба зотпарварӣ ба ҳисоб мераванд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2028).
2. Нозирони давлатӣ оид ба зотпарварӣ бояд таҳсилоти зоотехникӣ ё байторӣ дошта бошанд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2028).
3. Нозирони давлатӣ оид ба зотпарварӣ дар доираи ваколатҳои худ мустақил буда, фаъолияти худро тибқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1513).
4. Нозирони давлатӣ оид ба зотпарварӣ дар доираи ваколатҳои худ, ҳуқуқ доранд:
- иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи зотпарварӣ аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба зотпарварӣ машғуланд, назорат намоянд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро, ки ба зотпарварӣ машғуланд, санҷида, аз онҳо иттилооти зарурӣ гиранд (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1513);
- ба субъектони соҳаи зотпарварӣ доир ба бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи зотпарварӣ амрнома диҳанд ва иҷрои онҳоро назорат намоянд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯши ҳайвоноти зотии кишоварзӣ ва маводи (маҳсулоти) зотиро ҳангоми риоя накардани тартиби баҳисобгирии зот ва технологияи истеҳсолот аз ҷониби субъектони соҳаи зотпарварӣ боздоранд;
- истифодаи технология, олот, таҷҳизот ва маводро дар офаридани зотҳои нав, гурӯҳҳои селексионии ҳайвоноти кишоварзӣ ва беҳтар намудани сифати зотҳои мавҷуда назорат намоянд (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1513);
- ба сифати ҳайвоноти зотии кишоварзӣ истифода бурданиҳайвоноти кишоварзӣ ва маҳсулоти онҳоро, агар онҳо ба талаботи муқарраргардида мутобиқ набошанд, манъ намоянд;
- дар сурати ошкор намудани камбудиҳо оид ба пешбурди нақшаҳои таҳқиқоти селексионӣ дар бораи маҳрум намудани хоҷагиҳо аз мақоми хоҷагии зотпарварӣ масъалагузорӣ намоянд (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1513, аз 03.01.2024 № 2028);
хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2028);
- дигар ваколатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ намоянд.
Моддаи 10. Феҳристи давлатии ҳайвоноти зотии кишоварзӣ
 1. Феҳристи  давлатии  ҳайвоноти  зотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи зотҳои ҳайвоноти зотии кишоварзӣ  дар  асоси  маълумотҳои  ҳисоботие, ки ба мақоми ваколатдори давлатӣ  дар соҳаи кишоварзӣ  аз  тарафи  шахсони  воқеӣ ва ҳуқуқии ба зотпарварӣ машғул пешниҳод мегарданд, пеш бурда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2028).
2. Тартиби пешбурди Феҳристи давлатии ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, ворид намудани маълумот оид ба зотҳои алоҳидаи аз рӯи мансубият, маҳсулнокӣ ва сифатҳои дигар афзалияти бештар дошта, гирифтани иқтибос аз Феҳристи мазкур ва интишори иттилооти расмиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2028).
Моддаи 11. Дастгирии давлатии зотпарварӣ
1. Дастгирии давлатии зотпарварӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ дар асоси барномаҳои рушди зотпарварӣ амалӣ карда мешавад. Шаклҳои асосии дастгирии давлатӣ инҳо мебошанд:
- кӯмаки молиявии чорабиниҳо оид ба такмил ва офаридани зотҳои нав, нигоҳдорӣ ва барқарорсозии генофонди ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, аз ҷумла зотҳои генофондашон маҳдуд;
- кӯмаки молиявии чорабиниҳо оид ба таъмини дастрасии маводи (маҳсулоти) зотӣ барои молистеҳсолкунандагони кишоварзии ватанӣ.
2. Самтҳои дастгирии давлатии зотпарварӣ, меъёрҳои кӯмаки молиявӣ барои ҳар як намуди маводи (маҳсулоти) зотӣ, чорабиниҳо оид ба нигоҳдорӣ ва барқарорсозии генофонди ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, инчунин офаридани зотҳои нав аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ амалишаванда тибқи пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ  дар соҳаи кишоварзӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2028).
3. Барномаҳои таҳқиқоти илмии соҳаи зотпарварӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи зотпарварӣ, кӯмакҳои башардӯстона ва маблағҳои хайрияи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, маблағгузорӣ карда мешаванд.
Моддаи 12. Таъминоти илмии соҳаи зотпарварӣ
1. Таъминоти илмии соҳаи зотпарвариро Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
2. Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон якҷоя бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ корҳои зеринро амалӣ менамоянд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2028):
- таҳияи барномаҳои илмӣ - техникӣ дар соҳаи зотпарварӣ;
- коркарди усул, восита ва услубҳои баланд бардоштани самаранокии офаридани зотҳои нав ва гурӯҳҳои селексионии ҳайвоноти кишоварзӣ, бозтавлид, нигоҳубин ва беҳтар намудани сифати зотҳои мавҷуда (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1513);
- ворид намудани усул ва технологияи нав доир ба баҳодиҳӣ ва назорати генетикии маводи (маҳсулоти) зотӣ;
- муайян кардани низоми таъминоти иттилооти зотпарварӣ.
 
БОБИ 3. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТОНИ СОҲАИ ЗОТПАРВАРӢ
Моддаи 13. Ҳуқуқ ба амалӣ намудани фаъолият дар соҳаи зотпарварӣ
1. Фаъолият дар соҳаи зотпарварӣ аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ новобаста ба шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ дар сурати пешбурди баҳисобгирии маҳсулнокӣ ва мансубияти ҳайвоноти зотии кишоварзии аз тарафи онҳо парваришёбанда амалӣ карда мешавад.
2. Субъектони соҳаи зотпарварӣ баҳисобгирии маълумотро пеш бурда, ҳисоботро аз рӯи шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ  дар соҳаи кишоварзӣ пешниҳод менамоянд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2028).
3. Мутахассисони соҳаи зотпарварии корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ, ба истиснои хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), бояд таҳсилоти зоотехникӣ ё байторӣ дошта бошанд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2028).
4. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба зотпарварӣ машғуланд, ҳуқуқ доранд:
- шаклҳои фаъолиятро дар соҳаи зотпарварӣ мустақилона интихоб намоянд;
- хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2028);
- ба ассотсиатсияҳо, ҷамъиятҳо ва дигар иттиҳодияҳо оид ба парвариши ҳайвоноти кишоварзӣ, амалисозии тадбирҳои зотпарварӣ, хариду фурӯши ҳайвоноти зотии кишоварзӣ ва маҳсулоти онҳо дохил шаванд;
- дар намоишҳо, музоядаҳои ҳайвоноти зотии кишоварзӣ ва маҳсулоти зотӣ иштирок намоянд;
- дигар ҳуқуқҳоро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ намоянд.
Моддаи 13(1). Ҳуқуқи селексионер барои ҳифзи зот, хели (типи) дохилизотӣ ё дурагаи ҳайвоноти кишоварзӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2028)
Ҳуқуқи селексионер барои зот, хели (типи) дохилизотӣ ё дурагаи ҳайвоноти кишоварзӣ ҳамчун натиҷаи фаъолияти селексионӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2028).
Моддаи 14. Намудҳои субъектони соҳаи зотпарварӣ
1. Ба субъектони соҳаи зотпарварӣ дохил мешаванд:
- корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ (заводҳои зотпарварӣ, марказҳои селексионию дурагакунӣ, парваришгоҳҳои давлатии зотпарварӣ, репродукторҳои зотии парранда, фермаҳои чорводории хоҷагиҳои кишоварзӣ, хоҷагиҳои санҷишии зотпарварӣ, стансия ва марказҳои зотпарварӣ) (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1513);
- ассотсиатсияҳо, ҷамъиятҳо ва дигар иттиҳодияҳо;
- муассисаҳои таҳқиқоти илмие, ки бо масъалаҳои зотпарварӣ машғул мебошанд;
- шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки хизматрасониро оид ба муайян кардани арзиши зотии ҳайвоноти кишоварзӣ амалӣ менамоянд.
2. Таъсисдиҳӣ, фаъолият ва тағйир додани шакли фаъолияти субъектони соҳаи зотпарварӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 15. Корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ
1. Вобаста ба сифат ва шумораи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ ва зотҳои онҳо, сатҳи маҳсулнокии ин ҳайвоноти кишоварзӣ корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ ба заводҳои зотпарварӣ, марказҳои селексионию дурагакунӣ, парваришгоҳҳои давлатии зотпарварӣ, репродукторҳои зотии паррандапарварӣ ва хоҷагиҳои санҷишии зотпарварӣ тақсим мешаванд. Ҳамчунин бо тартиби муқарарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъсиси хоҷагиҳои деҳқонии (фермерии) зотпарварӣ иҷозат дода мешавад.
2. Ба гурӯҳҳои дахлдори зотӣ мансуб донистани корхонаҳо (хоҷагиҳо), инчунин ба хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) додани мақоми хоҷагии зотпарварӣ, ки тибқи муқаррароти қисми 1 моддаи мазкур пешбинӣ гардидаанд, дар асоси натиҷаҳои аттестатсия муайянкарда мешавад. Дар ин маврид саршумор ва сифати ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, таҷрибаи кор ва тахассуси кормандон, таҷҳизонии техникӣ ва технологияи истеҳсолӣ, мутобиқатии истеҳсолот ба меъёрҳои стандартию байторӣ ба назар гирифта мешаванд. Аз рӯи натиҷаҳои аттестатсия ба хоҷагӣ мақоми корхонаи (хоҷагии) зотпарварӣ дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1513).
3. Фаъолияти зотпарварӣ, инчунин, аз тарафи стансияҳо ва марказҳои зотпарварӣ, ки корхонаҳои (хоҷагиҳои) махсусгардонидашудаи кишоварзӣ мебошанд ва бо мақсади беҳтар намудани иқтидорҳои генетикии намудҳои гуногуни ҳайвоноти кишоварзӣ маводи ҷинсҳои наринаро барои бордоркунии сунъӣ захира ва (ё) истифода менамоянд, амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1513).
4. Заводҳои зотпарварӣ, марказҳои селексионию дурагакунӣ, парваришгоҳҳои давлатии зотпарварӣ, репродукторҳои зотии паррандапарварӣ ва хоҷагиҳои санҷишии зотпарварӣ таҳти ҳифзи давлат қарор доранд ва моликияти давлатӣ ба ҳисоб мераванд.
5. Мақоми корхонаи (хоҷагии) зотпарварӣ, инчунин ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба хизматрасонӣ оид ба муайян кардани арзиши зотӣ, маводи (маҳсулоти) зотӣ машғуланд, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2028).
Моддаи 16. Самтҳои асосии фаъолияти корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ
1. Самтҳои асосии фаъолияти корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ инҳо мебошанд:
- муайян кардани арзиши зотии ҷинсҳои наринаи зотӣ аз рӯи сифати насл;
- гирифтан, ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва фурӯши нутфаи ҷинсҳои наринаи зотӣ;
- дастрас намудан, нигоҳдорӣ ва фурӯши ҷанинҳо;
- бақайдгирии натиҷаҳои истифодаи нутфа ва ҷанинҳо, пешбурди бонки маълумотҳо дар бораи онҳо;
- амалӣ намудани мубодилаи генофонд;
- афзоиш, такмил ва бозтавлиди зоти муайяни ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, аз ҷумла зоти генофондаш маҳдуд, инчунин фурӯши маводи (маҳсулоти) зотии истеҳсолшуда;
- беҳтар намудани иқтидори генетикии ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, аз ҷумла нигоҳдории генофонди зоти камшумор дар доираи барномаҳои соҳавӣ ва дастовардҳои илмӣ (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1513).
2. Таркиби зотӣ ва шуморавии ҷинсҳои наринаи зотӣ дар корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ якҷоя бо Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар доираи барномаи рушди зотпарварӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1513, аз 03.01.2024 № 2028).
Моддаи 17. Кафолатҳо ба корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ
(Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1513)
1. Корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ дар амалӣ намудани фаъолияти худ мустақил буда, барои афзун намудани саршумори ҳайвоноти зотии кишоварзӣ ва маҳсулнокии он масъул мебошанд. Дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Ҳуқуқи моликият ва тартиби истифодаи маводи (маҳсулоти) зотӣ дар корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1513).
Моддаи 18. Самтҳои асосии фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба муайян кардани арзиши зотии ҳайвоноти зотии кишоварзӣ
(Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1513)
Самтҳои асосии фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба муайян кардани арзиши зотии ҳайвоноти кишоварзӣ, муайян кардани арзиши зотии ҳайвоноти зотии кишоварзӣ ва сифати маводи (маҳсулоти) зотӣ, ҳаммонандкунии онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ мебошад (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1513, аз 03.01.2024 № 2028).
Моддаи 19. Аттестатсияи фаъолияти субъектони соҳаи зотпарварӣ
Аттестатсияи субъектони соҳаи зотпарварӣ бо тартиби муқарарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Моддаи 20. Бақайдгирии давлатии маводи зотӣ
1. Маводи (маҳсулоти) зотие, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидааст, бояд ба қайди давлатӣ гирифта шавад.
2. Маълумотҳои субъектони соҳаи зотпарварӣ дар бораи ҳайвоноти зотии кишоварзии бештар арзишнок аз рӯи мансубият, шумора, сифатҳои зотӣ ва маҳсулнокӣ ба Феҳристи давлатии ҳайвоноти зотии кишоварзӣ аз рӯи намуд ва зоти ҳайвоноти кишоварзӣ дохил карда мешаванд.
3. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ҳайвоноти зотии кишоварзӣ дошта, субъектони соҳаи зотпарварӣ намебошанд, метавонанд ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ бо мақсади ба Феҳристи давлатии ҳайвоноти зотии кишоварзӣ дохил кардани ҳайвоноти зотии кишоварзии доштаашон маълумот пешниҳод намоянд. Маълумоте, ки ба Феҳристи давлатии ҳайвоноти зотии кишоварзӣ дохил карда шудааст, ба шахсони манфиатдор дастрас мебошад (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1513, аз 03.01.2024 № 2028).
 
БОБИ 4. ЭЪТИРОФ НАМУДАНИ МАВОДИ (МАҲСУЛОТИ) ЗОТӢ ВА БАҲОДИҲИИ ОН
Моддаи 21. Эътироф намудани маводи (маҳсулоти) зотӣ ва додани шаҳодатнома дар бораи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ
(Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1513)
1. Мавод (маҳсулот) ҳамчун мавод (маҳсулоти) зотӣ дар ҳолатҳои зерин эътироф карда мешавад, агар:
- шаҳодатнома дар бораи ҳайвоноти зотии кишоварзӣдошта бошад (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1513);
- нутфа ва ҷанинҳо дар корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ аз ҳайвоноти зотии кишоварзӣ гирифта ва коркард шуда, дорои шаҳодатнома дар бораи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ бошанд (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1513);
- шаҳодатномаи байторӣ дар бораи офият аз бемориҳо ва олудагиҳои бактериявӣ дошта бошад.
2. Маводи (маҳсулоти) зотии воридшуда ба шарте ҳамчун мавод (маҳсулоти) зотӣ эътироф карда мешавад, ки агар шаҳодатнома дар бораи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ ё ҳуҷҷати ба он ҳамарзиши мақомоти расмии давлати содиркунанда аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ эътироф гардида, ин мавод (маҳсулоти) зотӣ ба меъёрҳои стандарти байналмилалӣ мутобиқ бошад (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1513, аз 03.01.2024 № 2028).
Моддаи 22. Баҳодиҳии маводи (маҳсулоти) зотӣ ва ҳайвоноти зотии кишоварзӣ
1. Маводи (маҳсулоти) зотӣ бояд баҳодиҳӣ карда шавад, ки он бо мақсади муайян кардан ва ба таври ҳуҷҷатӣ тасдиқ намудани мансубият, маҳсулнокии ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, дар онҳо мавҷуд набудани нуқсонҳои генетикӣ, инчунин мансубият ва сифати нутфа ё ҷанинҳо гузаронида мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1513).
2. Ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, ки барои бозтавлиди зот интихоб гардидааст, бояд аз рӯи сифати насл ва маҳсулнокии худ санҷиш ва баҳодиҳӣ карда шаванд.
3. Баҳодиҳии маводи (маҳсулоти) зотӣ ва санҷиши ҳайвоноти зотии кишоварзӣ аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии аттестатсиякардашуда ҷиҳати хизматрасонӣ оид ба муайян кардани арзиши зотии ҳайвоноти кишоварзӣ гузаронида мешавад.
4. Маводи (маҳсулоти) зотӣ ва ҳайвоноти зотии кишоварзӣ бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ санҷида, баҳогузорӣ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2028).
Моддаи 23. Истифода ва фурӯши маводи (маҳсулоти) зотӣ
1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки маводи (маҳсулоти) зотиро истифода мебаранд, бояд чорабиниҳоро доир ба зотпарварӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намоянд.
2. Маводи (маҳсулоти) зотӣ дар сурати доштани шаҳодатнома дар бораи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, ки ба соҳибони маводи (маҳсулоти) зотӣ дода мешавад, фурӯхта мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1513).
3. Воридот ва содироти маводи (маҳсулоти) зотӣ ҳангоми доштани сертификат ва шаҳодатнома дар бораи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ ё ҳуҷҷатҳои ба он ҳамарзиш амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1513).
Моддаи 24. Офаридани зотҳои нав, бозтавлид ва беҳтар намудани сифати зотҳои ҳайвоноти кишоварзӣ
(Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1513)
1. Офаридани зотҳои нав (авлодҳо, кроссҳо), бозтавлид ва беҳтар намудани сифати зотҳои мавҷуда бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби субъектони соҳаи зотпарварӣ амалӣ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1513).
2. Офаридани зотҳои нав, бозтавлид ва беҳтар намудани сифати зотҳои ҳайвоноти кишоварзӣ дар кишоварзии корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ бо роҳи бордоркунии сунъӣ ва истифодаи бевоситаи ҷинсҳои наринаи зотӣ, ки дорои шаҳодатнома дар бораи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ мебошанд, сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1513).
3. Тартиби истифодаи ҷинсҳои наринаи зотӣ ё нутфаи он аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1513, аз 03.01.2024 № 2028).
4. Ҷинсҳои наринаи зотӣ, ки дар корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ истифода мешаванд, бояд шиносномаи генетикӣ (генеологӣ) дошта бошанд.
Моддаи 25. Бордоркунии сунъӣ ва пайвандсозии ҷанинҳои ҳайвоноти зотии кишоварзӣ
1. Бордоркунии сунъӣ ва пайвандсозии ҷанинҳои ҳайвоноти зотии кишоварзӣ аз ҷониби корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ амалӣ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2028).
2. Корхонаи (хоҷагии) зотпарварӣ, ки бордоркунии сунъӣ ва пайвандсозии ҷанинҳоро амалӣ менамояд, барои бақайдгирии захира, коркард, назорати сифат ва фурӯши нутфа ва ҷанинҳо ӯҳдадор мебошад.
3. Бордоркунии сунъӣ ва пайвандсозии ҷанинҳо аз ҷониби мутахассисе, ки дорои ҳуҷҷати дахлдори аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ додашуда мебошад, амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1513, аз 03.01.2024 № 2028).
Моддаи 26. Шартҳои истифодаи нутфа ва ҷанинҳои ҳайвоноти  зотии кишоварзӣ бо мақсади парвариши ҳайвоноти кишоварзӣ
(Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1513)
Нутфа ва ҷанинҳои ҳайвоноти зотии кишоварзӣ дар ҳолатҳои зерин истифода мешаванд, агар:
- мувофиқан аз тарафи субъектони соҳаи зотпарварӣ гирифта шуда бошанд;
- аз ҳайвоноти зотии кишоварзии бо тартиби муқаррашуда қайдгардида гирифта шуда бошанд;
- бо мақсади ҳаммонандкунӣ аниқ ишора шуда бошанд (дар сурати ҷойгир будани ҷанин дар ҳайвон он бояд тамғагузорӣ карда шавад);
- шаҳодатнома дар бораи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ дошта бошанд (Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 № 1513).
Моддаи 27. Такмили зотҳои мавҷуда ва офаридани зотҳои нав
Такмили зотҳои мавҷуда ва офаридани зотҳои нав (кроссҳо, авлодҳо) мувофиқи барномаи давлатие, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, пеш бурда мешавад.
 
БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 28. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи зотпарварӣ
1. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи зотпарварӣ мусоидат менамояд.
2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар амалӣ намудани лоиҳаҳои соҳаи зотпарварӣ бо шарикии хориҷиён иштирок менамоянд, бо шаҳрвандони хориҷӣ ва (ё) шахсони ҳуқуқии хориҷӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон шартномаҳо мебанданд.
Моддаи 29. Ҳалли баҳсҳо ҳангоми амалӣ намудани фаъолият дар соҳаи зотпарварӣ
Баҳсҳое, ки ҳангоми амалӣ намудани фаъолият дар соҳаи зотпарварӣ ба миён меоянд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.
Моддаи 30. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 31. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи зотпарварӣ"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июли соли 1994 "Дар бораи зотпарварӣ" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, №15-16, мод. 237; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1996, №3, мод. 48; соли 2004, №2, мод. 52) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 32. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                  Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
19 сентябри соли 2013, № 1020
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОҲИПАРВАРӢ, МОҲИГИРӢ ВА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ МОҲӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 13/02/2020 - 10:52
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1892
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
19.07.2022
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ МОҲИПАРВАРӢ, МОҲИГИРӢ ВА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ МОҲӢ
 
                                                         Бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
                                                          аз 15 июни соли 2022, № 747 қабул гардидааст
                                                         Бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
                                                          аз 15 июли соли 2022, № 295 ҷонибдорӣ гардидааст
 
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ танзим намуда, ба таъмини аҳолӣ бо моҳӣ ва маҳсулоти коркардшудаи он равона гардидааст.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
1) моҳипарварӣ - фаъолият оид ба парвариш, нигоҳдорӣ, истеҳсоли моҳӣ ва маҳсулоти коркардшудаи он, беҳсозии сифати намудҳои захираҳои моҳӣ дар объектҳои табиӣ ё сунъии об;
2) объектҳои моҳипарварӣ - моҳӣ, инчунин растаниҳои обӣ, ки дар объектҳои табиӣ ё сунъии об парвариш карда мешаванд;
3) маҳсулоти моҳӣ - маҳсулоти ғизоӣ ва маҳсулоти дигари аз моҳӣ ҳосилшаванда;
4) моҳипарварӣ дар объектҳои табиии об - маҷмуи тадбирҳои таъмини раванди такрористеҳсолкунии захираҳои моҳӣ дар дарёҳо, кӯлҳо ва обанборҳо, инчунин қитъаҳои алоҳидаи онҳо;
5) моҳипарварӣ дар ҳавзҳои сунъӣ - парвариши моҳӣ дар ҳавзҳои барои ин мақсадҳо махсус бунёдшуда, ки дар онҳо раванди истеҳсолот аз парвариши моҳӣ аз тухмӣ то моҳии молӣ идора карда мешавад;
6) моҳипарварии молӣ - фаъолияти соҳибкорӣ оид ба нигоҳдорӣ ва парвариши моҳӣ дар объектҳои табиӣ ё сунъии об бо мақсади фурӯши минбаъдаи он;
7) моҳипарварии ҳаваскорӣ - парвариши моҳӣ бо мақсади истеъмоли шахсӣ ва истироҳат, инчунин қонеъ гардонидани талаботи эстетикӣ;
8) хоҷагиҳои моҳипарварӣ - шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ки ба парвариш ва такрористеҳсолкунии захираҳои моҳӣ, моҳидорӣ, инчунин коркард ва фурӯши маҳсулоти моҳӣ машғул мебошанд;
9) инфрасохтори моҳипарварӣ - қитъаи замин, объектҳои сохтмони асосӣ, иншоот, аз ҷумла иншооти ёрирасон, дастгоҳ ва таҷҳизот, ҷазираҳои сунъӣ ва молу мулки дигар, ки барои таъмини фаъолият дар соҳаи моҳипарварӣ истифода бурда мешаванд;
10) намуди моҳӣ - гурӯҳи устувори моҳӣ, ки сифати муайяни муфид дорад ва бо аломату хусусиятҳои алоҳидаи ирсии худ фарқ мекунад;
11) селаи моҳии наслдеҳ - гурӯҳҳои синну соли гуногуни намуди моҳӣ, ки бо мақсадҳои такмили хусусиятҳои ирсӣ, такрористеҳсолкунӣ, баланд бардоштани маҳсулнокӣ ва нигоҳдории захираҳои моҳӣ истифода мешаванд;
12) мутобиқкунонии моҳӣ - маскунгардонии намудҳои моҳии арзишнок дар объектҳои об ва таъмини шароити мусоид барои худафзоишёбии он;
13) Феҳристи давлатии хоҷагиҳои моҳипарварӣ - махзани иттилоотӣ дар бораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба парвариш, нигоҳдорӣ, истеҳсоли моҳӣ ва маҳсулоти коркардшудаи он, беҳсозии сифати намудҳои захираҳои моҳӣ машғул мебошанд;
14) моҳигирӣ - фаъолият оид ба сайди моҳӣ ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият оид ба қабул, коркард, интиқол, нигоҳдорӣ ва истеҳсоли маҳсулоти моҳӣ;
15) моҳигирии ҳаваскорӣ ва варзишӣ - сайди моҳӣ бо мақсадҳои истеъмоли шахсӣ, истироҳат ва гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ;
16) моҳии молӣ - моҳии парваришшуда, ки вазни молӣ дорад ва ҳамчун маҳсулоти ғизоӣ фурӯхта мешавад;
17) ҳифзи захираҳои моҳӣ - тадбирҳо оид ба нигоҳдорӣ ва барқарорсозии захираҳои моҳӣ, ки дар асоси корҳои илмию таҳқиқотӣ, такрористеҳсолкунӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои биологии обӣ ва ҳифзи муҳити зисти онҳо амалӣ карда мешаванд;
18) мониторинги давлатии захираҳои моҳӣ - низоми чорабиниҳо, ки раванди мушоҳида, омӯзиш ва баҳисобгирии захираҳои моҳиро дар объектҳои табиии об дар бар мегирад.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Вазифаҳои Қонуни мазкур
Вазифаҳои Қонуни мазкур аз инҳо иборат мебошанд:
1) таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти моҳӣ;
2) такрористеҳсолкунӣ, афзунгардонӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ;
3) такмили раванди технологии истеҳсол, нигоҳдорӣ ва фурӯши маҳсулоти моҳӣ;
4) танзими муносибатҳои иқтисодӣ вобаста ба истеҳсол, нигоҳдорӣ ва фурӯши маҳсулоти моҳӣ;
5) назорати давлатии муомилоти маҳсулоти моҳӣ.
6) пешгирии риоя накардани қоидаҳои моҳигирӣ ва сайди ғайриқонунии моҳӣ;
7) пешгирии ифлосшавии муҳити зисти моҳӣ аз партовҳои моддаҳои хатарнок ва зараровар.
Моддаи 4. Объектҳои оби соҳаи моҳипарварӣ ва моҳигирӣ
1. Объектҳои табиӣ ё сунъии об, инчунин қитъаҳои алоҳидаи онҳо объектҳои обе мебошанд, ки барои пешбурди фаъолият дар соҳаи моҳипарварӣ ва моҳигирӣ истифода бурда мешаванд.
2. Ҳавзи моҳипарварӣ дар асоси аризаи соҳибмулк ҳамчун объекти оби дорои аҳамияти моҳипарварӣ ба Феҳристи давлатии хоҷагиҳои моҳипарварӣ дохил карда мешавад.
Моддаи 5. Хусусиятҳои истифодабарии қитъаҳои замин бо мақсадҳои моҳипарварӣ
1. Бо мақсадҳои моҳипарварӣ қитъаҳои замини ишғолнамудаи объектҳои об (сойҳо, ҳавзҳо, аз ҷумла ҳавзҳои сунъии барои моҳипарварӣ бунёдшуда) истифода мешаванд.
2. Қитъаҳои замин барои сохтмони объектҳои асосӣ ва ёрирасон бо мақсадҳои моҳипарварӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба замин дода мешаванд.
БОБИ 2. ТАНЗИМИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ МОҲИПАРВАРӢ, МОҲИГИРӢ ВА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ МОҲӢ
Моддаи 6. Принсипҳои танзими давлатӣ дар соҳаи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ
Танзими давлатии муносибатҳо дар соҳаи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:
1) самаранокии моҳипарварӣ;
2) ҳифзи муҳити зист ва захираҳои моҳӣ;
3) дастгирии давлатии рушди моҳипарварӣ;
4) иштироки шаҳрвандон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ;
5) дастрасии ройгон ба иттилоот.
Моддаи 7. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ мансубанд:
1) таъмини амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи мазкур;
2) муқаррар намудани шаклҳои дастгирии давлатӣ дар соҳа;
3) қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ;
4) тасдиқи барномаҳои давлатӣ оид ба моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ;
5) муайян намудани самтҳои асосии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳа;
6) амалӣ намудани салоҳиятҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 8. Ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ
1. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ оид ба моҳипарварӣ ва моҳигирӣ ваколатҳои зерин дорад:
1) амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи моҳипарварӣ ва моҳигирӣ;
2) мусоидат ба рушди парвариш, истеҳсол ва ташаккули бозори маҳсулоти моҳӣ;
3) арзёбӣ ва мониторинги раванди парвариш ва истеҳсоли моҳии молӣ дар объектҳои сунъии об;
4) пешбурди Феҳристи давлатии хоҷагиҳои моҳипарварӣ;
5) амалӣ намудани барномаҳои давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ;
6) омодасозии тавсияҳо оид ба такрористеҳсолкунии захираҳои моҳӣ дар ҳавзҳои сунъии моҳипарварӣ;
7) иштирок дар кори комиссияҳои давлатӣ оид ба қабули ҳавзҳои моҳипарварӣ;
8) андешидани тадбирҳо оид ба такмили хусусиятҳои ирсии намуд, такрористеҳсолкунӣ ва мутобиқкунонии моҳӣ дар ҳавзҳои моҳипарварӣ;
9) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист оид ба моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ ваколатҳои зерин дорад:
1) амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи захираҳои моҳӣ;
2) ташкил ва гузаронидани таҳқиқоти илмию техникӣ ва тадбирҳои мутобиқкунонии моҳӣ, инчунин омодасозии тавсияҳо оид ба истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои моҳӣ;
3) таҳияи регламентҳои техникӣ ва қоидаҳои моҳигирӣ;
4) назорати давлатии истифодаи захираҳои моҳӣ дар объектҳои табиии об;
5) ба хоҷагиҳои моҳипарварӣ додани иҷозат барои истифодаи махсуси об ва партофтани обҳои партов;
6) назорати давлатии риояи меъёрҳои муқарраршудаи истифодаи об, сифат ва ҳаҷми обҳои партов дар хоҷагиҳои моҳипарварӣ;
7) муқаррар намудани квотаҳои сайди захираҳои моҳӣ дар объектҳои табиии об;
8) ташкил ва гузаронидани мониторинги ҳолати истифодабарии захираҳои моҳӣ дар объектҳои табиии об;
9) таъмини фаъолияти Шӯрои илмию истеҳсолии моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ;
10) амалӣ намудани ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба ҳифз ва истифодаи захираҳои моҳӣ;
11) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
3. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ оид ба таъмини бехатарии маҳсулоти моҳӣ ваколатҳои зерин дорад:
1) ташхиси байториву беҳдоштии маҳсулоти моҳӣ;
2) санҷиши амалисозии чораҳои зиддиэпизоотӣ ва беҳдошти байторӣ дар хоҷагиҳои моҳипарварӣ;
3) иштирок дар кори комиссияҳои давлатӣ оид ба қабул ва истифодаи ҳавзҳои моҳипарварӣ ва корхонаҳои коркарди моҳӣ;
4) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 9. Мониторинги давлатии захираҳои моҳӣ
Мониторинги давлатии захираҳои моҳӣ бо мақсадҳои зерин бурда мешавад:
1) омодасозии иттилооти ҳарсолаи захираҳои моҳӣ ва истифодаи он дар пешбурди соҳаи моҳипарварӣ ва моҳигирӣ;
2) ошкор ва пешгӯӣ намудани равандҳое, ки ба вазъи захираҳои моҳӣ ва муҳити зисти онҳо таъсир мерасонанд;
3) ташкили истифодаи оқилонаи захираҳои моҳӣ, аз ҷумла ҳангоми зарурат ҷорӣ намудани маҳдудиятҳо барои моҳигирӣ;
4) таҳияи тадбирҳо оид ба ҳифзи захираҳои моҳӣ ва барқароркунии онҳо.
БОБИ 3. ФАЪОЛИЯТ ДАР СОҲАИ МОҲИПАРВАРӢ
Моддаи 10. Тартиб ва намудҳои фаъолият дар соҳаи моҳипарварӣ
1. Тартиби фаъолият дар соҳаи моҳипарварӣ мутобиқи Қонуни мазкур ва регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
2. Моҳипарварӣ истеҳсолоти кишоварзӣ маҳсуб меёбад. Хоҷагиҳои моҳипарварӣ метавонанд фаъолияти худро бо намудҳои такрористеҳсолкунии сунъии моҳӣ, моҳипарварии молӣ ва ҳаваскорӣ амалӣ намоянд.
Моддаи 11. Моҳипарварӣ дар ҳавзҳо, обанборҳо ва объектҳои дигари обии махсус таҷҳизонидашуда
1. Моҳипарварӣ дар ҳавзҳо, обанборҳо ва объектҳои дигари оби махсус таҷҳизонидашуда маҷмуи чорабиниҳо оид ба ободонӣ, кофтани чоҳҳо, ташкили садд ва сарбанд, иншооти обгирӣ, обпарто ва моҳигирӣ, инчунин усулҳои афзоиши сунъӣ, ғизодиҳӣ ва фароҳам овардани шароити муносиби нигоҳдории моҳиро дар бар мегирад.
2. Хоҷагиҳои моҳипарварӣ метавонанд дар ҳавзҳо, обанборҳо ва объектҳои дигари оби махсус таҷҳизонидашуда бо низомҳои зерин парвариши моҳиро ташкил намоянд:
1) парвариши моҳӣ аз тухмӣ то моҳии молӣ, инчунин парвариши моҳии наслдеҳ ва моҳичаҳо;
2) парвариши моҳичаҳои то яксола ва яксола;
3) парвариши моҳии молӣ.
3. Ҳавзҳо, обанборҳо ва объектҳои дигари оби махсус барои моҳипарварӣ таҷҳизонидашуда бо риояи талаботи ҳифзи муҳити зист, меъёрҳои сохтмонӣ, санитарию беҳдоштӣ ва талаботи дигари муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешаванд.
Моддаи 12. Моҳипарварии молӣ
1. Моҳипарварии молӣ дар объектҳои сунъии об бо истифодаи дастгоҳҳои махсуси танзимкунандаи ҳарорат ва омилҳои дигари фароҳамоварии шароити сунъии муҳити зист амалӣ карда мешавад.
2. Истеҳсоли моҳии молӣ, инчунин мониторинг, назорати сифат ва бехатарии интиқоли он мутобиқи стандартҳо ва регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
Моддаи 13. Моҳипарварии ҳаваскорӣ
1. Моҳипарварии ҳаваскорӣ аз ҳисоби захираҳои моҳии дар объектҳои табиӣ ва (ё) дар шароити сунъии муҳити зист парваришшуда ташкил карда мешавад.
2. Моҳипарварии ҳаваскорӣ дар объектҳои оби минтақаҳои истироҳатӣ, инчунин объектҳои дигари об тибқи қоидаҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 14. Такмили хусусиятҳои ирсӣ, такрористеҳсолкунии сунъӣ ва мутобиқкунонии моҳӣ
1. Такмили хусусиятҳои ирсии моҳӣ барои мунтазам гирифтани насл бо роҳи ташкил ва парвариши селаи моҳии наслдеҳи арзишноки ирсӣ амалӣ карда мешавад.
2. Парвариш, такмил ва баҳисобгирии селаи моҳии наслдеҳ тибқи нақша аз ҳисоби хоҷагиҳои моҳипарварӣ амалӣ карда мешаванд.
3. Такрористеҳсолкунии сунъии моҳӣ дар заминаи чорабиниҳои илман асоснокшуда, бо роҳҳои парвариш ва сар додани моҳичаҳо, амалӣ намудани корҳо оид ба мутобиқкунонии моҳӣ ва беҳдошти объектҳои об, аз объектҳои табиии об доштан ва зиёд кардани моҳии дорои аломатҳои фоиданоки наслӣ ва барои истеҳсолот аҳамиятдошта, амалӣ карда шаванд.
4. Чорабиниҳо оид ба такрористеҳсолкунии сунъӣ ва мутобиқкунонии моҳӣ дар объектҳои табиӣ ва сунъии об аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор тибқи шартномаи дар мувофиқа бо мақоми дахлдори ваколатдори давлатӣ дар соҳаҳои ҳифзи муҳити зист ва (ё) кишоварзӣ басташуда амалӣ карда мешаванд.
Моддаи 15. Шартномаи истифодаи объектҳои табиӣ ва сунъии об, ки моликияти давлатӣ мебошанд
1. Объектҳои табиӣ ва сунъии об, ки моликияти давлатӣ мебошанд, ба хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар асоси шартнома барои истифодаи муваққатӣ метавонанд дода шаванд.
2. Шартномаи истифодаи объектҳои табиӣ ва сунъии об маълумоти асосии зеринро дар бар мегирад:
1) мавзуъ ва муҳлати шартнома;
2) макони ҷойгиршавӣ ва масоҳати объекти об;
3) дурнамои ҳаҷми сар додани селаи моҳичаҳо ба объекти об, парвариши моҳӣ ва моҳигирӣ аз объекти об;
4) маълумот дар бораи объектҳои инфрасохтории хоҷагиҳои моҳипарварӣ;
5) чорабиниҳои мелиоративии аз тарафи хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар объектҳои об амалишаванда;
6) тартиби ҷуброни зарар;
7) уҳдадориҳои хоҷагиҳои моҳипарварӣ оид ба ҳифзи муҳити зист.
БОБИ 4. ҲУҚУҚ БА ЗАХИРАҲОИ МОҲӢ
Моддаи 16. Ҳуқуқи моликият ба захираҳои моҳӣ
1. Захираҳои моҳии объектҳои оби хусусияти табиидошта моликияти истисноии давлат мебошанд.
2. Захираҳои моҳии объектҳои сунъии об тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд моликияти давлатӣ ё хусусӣ бошанд.
Моддаи 17. Ҳуқуқи истифодаи захираҳои моҳӣ дар объектҳои табиии об
Ҳуқуқи истифодаи захираҳои моҳӣ дар объектҳои табиии об пас аз гирифтани квотаи сайди моҳӣ ва дар асоси шартномаи истифодаи қитъаҳои алоҳидаи объектҳои табиии об барои моҳипарварӣ ва моҳигирӣ амалӣ карда мешавад.
Моддаи 18. Маҳдудиятҳо ва қатъ кардани ҳуқуқи истифодаи захираҳои моҳӣ
1. Бо мақсади таъмини ҳифзи захираҳои моҳӣ дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва бо тартиби пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои моҳигирӣ метавонанд маҳдудиятҳои зерин ҷорӣ карда шаванд:
1) манъ кардани моҳигирӣ дар объектҳои оби ҳудудҳои дахлдори табиии махсус муҳофизатшаванда ва (ё) намудҳои алоҳидаи захираҳои моҳӣ;
2) муқаррар кардани ҳаҷм, андоза, вазн ва таркиби сайди захираҳои моҳӣ;
3) муайян кардани намуд ва миқдори воситаҳои барои моҳигирӣ иҷозатшуда ва усулҳои сайди захираҳои моҳӣ;
4) муайян кардани давраҳои моҳигирӣ дар объектҳои об.
2. Ҳуқуқи истифодаи захираҳои моҳӣ дар ҳолатҳои зерин қатъ карда мешавад:
1) ба охир расидани муҳлати истифодаи объекти табиии об барои моҳипарварӣ ва моҳигирӣ;
2) бо ариза ихтиёран даст кашидан аз ҳуқуқи истифодаи объектҳои табиӣ ва сунъии об барои моҳипарварӣ ва моҳигирӣ;
3) барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ ё фавти шахси воқеӣ;
4) бо қарори суд;
5) ҳолатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
БОБИ 5. МОҲИГИРӢ
Моддаи 19. Намудҳои моҳигирӣ
1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд ба намудҳои зерини моҳигирӣ машғул шаванд:
1) моҳигирии саноатӣ;
2) моҳигирӣ бо мақсадҳои илмию таҳқиқотӣ ва назоратӣ;
3) моҳигирӣ бо мақсадҳои моҳипарварӣ, такрористеҳсолкунӣ ва мутобиқкунонии захираҳои моҳӣ;
4) моҳигирии ҳаваскорӣ ва варзишӣ.
2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд ба як ё якчанд намуди моҳигирӣ, ки дар қисми 1 ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, машғул шаванд.
3. Қоидаҳои моҳигирӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист таҳия ва тасдиқ карда мешаванд.
Моддаи 20. Моҳигирии саноатӣ
1. Моҳигирии саноатӣ аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ки аз қайди давлатӣ гузаштаанд, амалӣ карда мешавад.
2. Қоидаҳои истифодаи объектҳои табиии об ё қитъаҳои алоҳидаи онҳо, истифодаи намуди киштии моҳигирӣ, восита ва усулҳои сайди захираҳои моҳиро барои моҳигирии саноатӣ мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист муайян менамояд.
3. Моҳигирии саноатӣ дар объектҳои оби ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда манъ мебошад.
Моддаи 21. Моҳигирӣ бо мақсадҳои илмию таҳқиқотӣ ва назоратӣ
1. Моҳигирӣ бо мақсадҳои илмию таҳқиқотӣ ва назоратӣ дар объектҳои табиии об тибқи барнома ва нақшаҳои илмию таҳқиқотӣ ва назоратӣ барои пешбурди мониторинги давлатии захираҳои моҳӣ ва корҳои илмӣ, муайян кардани ҳаҷми моҳигирии имконпазир ва (ё) ҷорӣ намудани маҳдудиятҳо барои ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои моҳӣ амалӣ карда мешавад.
2. Қоидаҳои моҳигирӣ бо мақсадҳои илмию таҳқиқотӣ ва назоратӣ дар объектҳои табиии об аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист муайян карда мешаванд.
3. Пешбурди корҳои илмию таҳқиқотӣ ва назоратиро дар объектҳои сунъии об мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ амалӣ менамояд.
Моддаи 22. Моҳигирӣ бо мақсадҳои моҳипарварӣ, такрористеҳсолкунӣ ва мутобиқкунонии моҳӣ
1. Моҳигирӣ бо мақсадҳои моҳипарварӣ, такрористеҳсолкунӣ ва мутобиқкунонии моҳӣ аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ мутобиқи қоидаҳо ва квотаҳои сайди моҳӣ амалӣ карда мешавад.
2. Моҳигирӣ бо мақсадҳои моҳипарварӣ, такрористеҳсолкунӣ ва мутобиқкунонии моҳӣ тавассути парвариши моҳии молӣ, ҳифзи намудҳо, мунтазам гирифтани насл бо роҳи ташкил ва парвариши селаҳои моҳии наслдеҳи дорои арзиши ирсию хоҷагидорӣ ва ба объектҳои об сар додани онҳо амалӣ карда мешавад.
Моддаи 23. Моҳигирии ҳаваскорӣ ва варзишӣ
1. Моҳигирии ҳаваскорӣ ва варзишӣ ба шахсони воқеӣ бо тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур иҷозат дода мешаванд.
2. Қоидаҳои моҳигирии ҳаваскорӣ ва варзишӣ, инчунин номгӯи истифодаи воситаҳои моҳигирӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист муқаррар карда мешаванд.
3. Моҳигирии ҳаваскорӣ ва варзишӣ метавонанд бо шартҳои баргардонидани захираҳои моҳии сайдшуда ба муҳити маскуни онҳо ва бе баргардонидани онҳо анҷом дода шаванд.
4. Моҳигирии ҳаваскорӣ ва варзишӣ дар объектҳои об, инчунин дар қитъаҳои алоҳидаи ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои моҳигирӣ ҷудогардида, бо розигии онҳо анҷом дода мешаванд.
5. Моҳигирии ҳаваскорӣ ва варзишӣ дар объектҳои табиии об, инчунин қитъаҳои алоҳидаи онҳо бо иҷозати мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист амалӣ карда мешаванд.
Моддаи 24. Квотаҳои сайди моҳӣ дар объектҳои табиии об
1. Квотаҳои сайди моҳӣ дар объектҳои табиии об дар асоси ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи сайд муайян карда мешаванд.
2. Квотаҳои сайди моҳӣ дар объектҳои табиии об ҳар сол барои моҳигирии саноатӣ, такрористеҳсолкунӣ, мутобиқкунонӣ, ташкили моҳигирии ҳаваскорӣ ва варзишӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист дар асоси хулосаҳои илман асоснокшуда муайян ва тасдиқ карда мешаванд.
3. Бекор кардан ва (ё) ба дигар субъекти моҳигирӣ тақсим кардани квотаҳои сайди моҳӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муҳити зист анҷом дода мешаванд.
Моддаи 25. Шӯрои илмию истеҳсолии моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ
1. Шӯрои илмию истеҳсолии моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ бо мақсади таҳияи тавсияҳо оид ба пешбурди корҳои илмию таҳқиқотӣ, ҳифз ва истифодаи захираҳои моҳӣ таъсис дода мешавад.
2. Низомнома ва ҳайати Шӯрои илмию истеҳсолии моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
БОБИ 6. ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ МОҲӢ ВА МУҲИТИ ЗИСТИ ОНҲО
Моддаи 26. Мелиоратсияи объектҳои об
Мелиоратсияи объектҳои об бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди зист, истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои моҳӣ тибқи лоиҳаҳои тасдиқшуда гузаронида мешавад ва тадбирҳои беҳтар гардондани нишондиҳандаҳои ҳолатҳои гидрологӣ, гидрогеокимиёвӣ, бунёди дастгоҳҳои муҳофизати моҳӣ ва экологии объектҳои обро дар бар мегирад.
Моддаи 27. Меъёрҳои сифати объектҳои об ва низоми обии онҳо
1. Меъёрҳои сифати об дар объектҳои об, аз ҷумла меъёрҳои ҳадди имконпазири моддаҳои зараровар дар онҳо аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳия ва тасдиқ карда мешаванд.
2. Ба объектҳои оби аҳамияти моҳипарваридошта партофтани обҳои партов, ки ҳадди имконпазири моддаҳои зараровар дар онҳо муайян нест ва (ё) аз меъёр зиёд аст, манъ мебошад.
3. Низоми гидрологии объекти об бо мақсади ҳифзи захираҳои моҳӣ муқаррар ва танзим карда мешавад.
Моддаи 28. Ҷойгир кардан, лоиҳакашӣ, сохтмон, таъмир ва ба истифода додани объектҳои хоҷагидорӣ ва объектҳои дигари ба захираҳои моҳӣ таъсиррасонанда
Ҳангоми ҷойгир кардан, лоиҳакашӣ, сохтмон, таъмир, барқарорсозӣ, ҷорӣ кардани технологияҳои нав, ба истифода додани объектҳои хоҷагидорӣ ва объектҳои дигар оқибатҳои таъсири манфӣ ба вазъи захираҳои моҳӣ ва муҳити зисти онҳо, инчунин чораҳои пешгирии чунин таъсир ба инобат гирифта мешаванд.
БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 29. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ
Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, амалӣ карда мешавад.
Моддаи 30. Тартиби ҳалли баҳсҳо дар соҳаи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ
Баҳсҳо дар соҳаи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ бо тартиби судӣ ҳал карда мешаванд.
Моддаи 31. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 32. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ" аз 19 сентябри соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, № 8-9, мод. 654) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 33. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                           Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 19 июли соли 2022, № 1892

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ҶИНОЯТКОРИИ МУТАШАККИЛОНА

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 13/02/2020 - 10:54
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1038
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
28.12.2013

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ҶИНОЯТКОРИИ МУТАШАККИЛОНА

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, № 12, мод. 882;  с. 2014, №11, мод. 650;

Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 с., №1286)

 

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, шахсони ҳуқуқӣ, моликият, амнияти ҷамъият ва давлат аз ҷинояткории муташаккилона ба танзим дароварда, асосҳои ҳуқуқии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона муайян мекунад (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1286).

 

БОБИ 1.

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

 

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

ҷинояткории муташаккилона – зуҳуроти барои ҷамъият хавфноке, ки бо таъсис ва фаъолияти ҷиноятии гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, аз ҷумла гурӯҳҳои (дастаҳои) мусаллаҳ, иттиҳодҳои ҷиноятӣ (ташкилотҳои ҷиноятӣ) алоқаманд аст;

гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ – гурӯҳи устувори шахсоне, ки пешакӣ барои содир кардани як ё якчанд ҷиноят муттаҳид шудаанд;

иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) – муттаҳидшавии ду ё якчанд гурӯҳи муташаккил, ки барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ё махсусан вазнин ба ташкилоти устувор табдил ёфта, фаъолияти он ба тақсимоти вазифаҳои идоракунӣ, таъмин ва иҷрои мақсадҳои ҷинояткоронаи иттиҳод дар байни аъзои иттиҳод ва сохторҳои он асос меёбад;

маблағгузории гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) – бевосита ё бавосита пешниҳод кардан, интиқол додан ё ҷамъ овардани пули миллӣ ё асъори хориҷӣ, инчунин қоғазҳои қиматнок, бо мақсади пурра ё қисман истифода кардани онҳо барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти муташаккилона дошта (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1286)

ташкилоти ба гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) мусоидаткунанда – ташкилоте, ки дидаю дониста ба гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) ва ё ба иштирокчиёни он барои амалӣ намудани фаъолияти ҷиноятӣ суратҳисоб, истеҳсолот, бино, иншоот, нақлиёт, воситаҳои техникӣ ва дигар молу мулкро пешниҳод менамояд, ҳамчунин ташкилоте, ки барои пинҳон кардани изҳои фаъолияти ҷиноятии гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) мусоидат менамояд.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷи-кистон дар бораи мубориза бар зидди

                      ҷинояткории муташаккилона

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Вазифаҳои мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона

 

Вазифаҳои мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона инҳо мебошанд:

- ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, шахсони ҳуқуқӣ, моликият, амнияти ҷамъият ва давлат аз ҷинояткории муташаккилона (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1286);

- огоҳонидан, ошкор намудан ва пешгирӣ кардани фаъолияти ҷиноятии гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) ва иштирокчиёни онҳо;

- ошкор ва бартараф намудани сабабу шароитҳое, ки ба пайдоиш ва густариши ҷинояткории муташаккилона мусоидат менамоянд;

- роҳ надодан ба воридшавии ҷинояткории муташаккилона ба низоми мақомоти давлатӣ (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1286) ;

ба роҳ мондани ҳамкории байналмилалӣ бо мақсади огоҳонидан, ошкор намудан ва пешгирӣ кардани ҷиноятҳои хусусияти трансмиллидошта (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1286).

 

Моддаи 4. Принсипҳои мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона

 

Мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона ба принсипҳои қонуният, баробарӣ дар назди қонун, эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ногузирии ҷавобгарӣ, низомнокию пайдарҳамӣ, афзалиятнокии воситаҳои ошкор ва пешгирӣ намудани ҷинояткории муташаккилона, ҳамбастагии усулу воситаҳои ошкоро ва ғайриошкоро асос меёбад.

 

Моддаи 5. Самтҳои асосии мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона

 

Ба самтҳои асосии мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона мансуб дониста мешаванд: огоҳонидан, ошкор намудан ва пешгирӣ кардани фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, иттиҳодҳои ҷиноятӣ (ташкилотҳои ҷиноятӣ) ва иштирокчиёни онҳо, ки бо фаъолияти зерин машғуланд:

– фаъолияти террористӣ;

– фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ);

– савдои одамон;

– муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо;

– муомилоти ғайриқонунии силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангии он, воситаҳои таркиш ва моддаҳои тарканда;

– контрабандаи (қочоқи) воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои оташзананда ва тарканда, воситаҳои таркиш, маводи ядроӣ, радиоактивӣ, химиявӣ, биологӣ ё дигар намудҳои силоҳи қатли ом, мавод ва таҷҳизоти барои сохтани силоҳи қатли ом истифодашаванда, металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо, ашёи хоми стратегӣ, осори бадеӣ, таърихӣ, бостоншиносӣ ё арзишҳои дигари фарҳангӣ, ки нисбат ба онҳо қоидаҳои махсуси гузаронидан аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидаанд; (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1141)

– қонунигардонии (расмикунонии) даро-мадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда;

– тайёр кардан, ба муомилот баровардани пул ё коғазҳои қиматноки қалбакӣ (сохта), картаҳои қалбакии (сохтаи) кредитӣ ё ҳисоббаробаркунӣ ё дигар асноди пардохт;

– таҷовуз ба амнияти иттилоотӣ;

– кӯшишҳои ғайриқонунии тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳдид ба асосҳои ҳуқуқии он.

 

Моддаи 6. Чораҳои мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона

 

Мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона тавассути чораҳои зерин амалӣ карда мешавад:

– таъмини танзими ҳуқуқии ҳамаҷонибаи фаъолият оид ба мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона;

– таҳлили системавии ҷараёнҳои дар муҳити ҷинояткорӣ рӯйдиҳанда;

– аз байн бурдан ва пешгирӣ кардани маблағгузории гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ), инчунин ташкилоти ба гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) мусоидаткунанда; (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1141)

– банақшагирӣ, ташкил ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо оид ба мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона, аз ҷумла бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва мақомоти дахлдори давлатҳои хориҷӣ; (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1141)

муқовимат ба ташкил намудани воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1286);

– такмил додани ташкили кор ва тактикаи фаъолияти мақомоти давлатӣ, ки бар зидди ҷинояткории муташаккилона мубориза мебаранд; 

– такмил додани низоми ташкилӣ, иттилоотӣ, молиявӣ, моддӣ-техникӣ ва дигар таъминоти фаъолият оид ба мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона; (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1141)

– таъмини назорат ба фаъолият оид ба мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона.

 

БОБИ 2.

ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТ ОИД БА МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ҶИНОЯТКОРИИ МУТАШАККИЛОНА

 

Моддаи 7. Субъектҳое, ки бевосита бар зидди ҷинояткории муташаккилона мубориза

                      мебаранд 

 

Субъектҳое, ки бевосита бар зидди ҷинояткории муташаккилона мубориза мебаранд, инҳоянд:

- мақомоти корҳои дохилӣ;

- мақомоти амнияти миллӣ;

- мақомоти прокуратура;

- мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия;

- мақомоти назорати маводи нашъаовар;

- мақомоти гумрук.

 

Моддаи 8. Доираи амали субъектҳое, ки бевосита бар зидди ҷинояткории муташаккилона

                      мубориза мебаранд ва таъминоти иттилоотии онҳо

 

1. Субъектҳое, ки бевосита бар зидди ҷинояткории муташаккилона мубориза мебаранд, дар доираи ваколатҳои худ фаъолиятро бар зидди ҷинояткории муташаккилона амалӣ менамоянд.

2. Бо мақсади ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, ҷамъбаст ва таҳлили иттилоот дар бораи гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва иттиҳодҳои ҷиноятӣ (ташкилотҳои ҷиноятӣ), аз ҷумла берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятдошта, иштирокчиёни онҳо, воқеаҳо ва ҳолатҳои ба ҷинояткории муташаккилона алоқаманд, баҳри самаранок амалӣ намудани тадбирҳои ҳадафманд ва таҳлили вазъи ҷинояткории муташаккилона дар мақомоти корҳои дохилӣ махзани баҳисобгирии оперативӣ таъсис дода шуда, он пеш бурда мешавад. Иттилоот аз махзани зикргардида бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

 

Моддаи 9. Воҳидҳои махсус оид ба мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона

 

1. Воҳидҳои махсус оид ба мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона дар мақомоти корҳои дохилӣ ва амнияти миллӣ бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешаванд.

2. Воҳидҳои махсус оид ба мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона ҳангоми иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон вогузоргардида ҳуқуқ доранд:

- барои иштирок дар амалиёти махсус кормандони мақомоти дахлдори давлатиро дар мувофиқа бо роҳбарони мақомоти мазкур ҷалб намоянд; 

- бо шаҳодатномаи хизматӣ ва рухсатномаи мақомоти сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нуқтаҳои гузаргоҳ тариқи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ҷойҳое, ки назорати наздисарҳадӣ амалӣ карда мешавад, бемамониат ворид гарданд;

- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба манъ намудани ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшавии шахсони воқеӣ, ки бо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии байналмилалӣ алоқаманданд, инчунин оид ба муқаррар намудани назорат ба воридшавӣ ва баромадани шахсони воқеии ба ҷинояткории муташаккилона алоқаманд, таклиф пешниҳод намоянд; 

- барои пешбурди мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани экспертиза ва таҳқиқот коршиносон (экспертҳо) ва мутахассисонро ҷалб намоянд;

- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоту ҳуҷҷатҳои дахлдорро аз мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳо ройгон гиранд;

- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти иҷозатномадиҳанда, иҷозатдиҳанда ё ба суд оид ба бекор кардани амали иҷозатнома, ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ба намудҳои дахлдори фаъолият муроҷиат намоянд  (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1286);

- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба прокурори дахлдор барои ба суд даъво (пешниҳод, ариза) овардан дар бораи беэътибор донистани аҳдҳо, барҳам додани ташкилотҳои террористӣ, ташкилотҳое, ки тавассути онҳо савдои одамон ба роҳ монда шудааст, ташкилотҳои ба гурўҳи муташаккили ҷиноятӣ, иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) мусоидаткунанда ё онҳоро маблағгузоринамуда, инчунин мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикисон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» оид ба манъ намудани фаъолияти иттиҳодияҳои ҷиноятӣ ё динӣ, ки шахси ҳуқуқӣ ҳисоб намеёбанд ва фаъолияти экстремистиро амалӣ мегардонанд, муроҷиат намоянд  (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1286).

3. Воҳидҳои махсус оид ба мубориза бо ҷинояткории муташаккилона уҳдадоранд ҳангоми мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистонро риоя намоянд ва ба инобат гиранд.

4. Дигар ҳуқуқу уҳдадориҳои воҳидҳои махсус оид ба мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона бо Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

 

Моддаи 10. Иштироки дигар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо дар мубориза бар зидди

                         ҷинояткории муташаккилона

 

Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти адлия, молия, андоз, Гвардияи милли Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон (Департаменти мониторинги молиявӣ) ва ташкилотҳои қарзӣ, инчунин дигар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои дахлдор дар доираи ваколатҳо, ҳуқуқ ва уҳдадориҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, дар мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона иштирок менамоянд  (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1286).

 

Моддаи 11. Ҳамоҳангсозии фаъолият оид ба мубориза бар зидди ҷинояткории

                        муташаккилона

 

Ҳамоҳангсозии фаъолияти субъектҳое, ки бевосита бар зидди ҷинояткории муташаккилона мубориза мебаранд, дигар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳое, ки дар мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона иштирок менамоянд, аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои тобеи он амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 12. Ҳамкории субъектҳое, ки бевосита бар зидди ҷинояткории муташаккилона

                         мубориза мебаранд бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва мақомоти дахлдори давлатҳои

                         хориҷӣ (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1141)

 

1. Тартиб ва шартҳои ҳамкории субъектҳое, ки бевосита бар зидди ҷинояткории муташаккилона мубориза мебаранд бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва мақомоти дахлдори давлатҳои хориҷӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1141)

2. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дахлдори он бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон дар масъалаҳои мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона бо ташкилотҳои байналмилалӣ, давлатҳои хориҷӣ ва мақомоти дахлдори онҳо ҳамкорӣ мекунанд. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1141)

 

Моддаи 13. Мусоидат ба мақомоти давлатӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткории

                         муташаккилона

 

1. Мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон ва шахсони мансабдори онҳо дар доираи ваколатҳои худ уҳдадоранд ба мақомоти давлатие, ки бар зидди ҷинояткории муташаккилона мубориза мебаранд, маълумот ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ пешниҳод кунанд. 

2. Маълумот ва ҳуҷҷатҳои дорои сири давлатӣ, бонкӣ ва дигар сире, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз менамояд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.

3. Шахсони воқеӣ ҳуқуқ доранд ба мақомоти давлатие, ки бар зидди ҷинояткории муташаккилона мубориза мебаранд, мусоидат намоянд.

 

Моддаи 14. Риояи ҳуқуқу озодиҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми мубориза бар зидди

                        ҷинояткории муташаккилона

 

1. Субъектҳое, ки бевосита бар зидди ҷинояткории муташаккилона мубориза мебаранд, дигар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳое, ки дар мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона иштирок менамоянд, уҳдадоранд ҷиҳати поймол накардани ҳуқуқу озодиҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тамоми чораҳои заруриро андешанд.

2. Дар сурати поймол карда шудани ҳуқуқу озодиҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз ҷониби субъектҳое, ки бевосита бар зидди ҷинояткории муташаккилона мубориза мебаранд, дигар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳое, ки дар мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона иштирок менамоянд, ин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд нисбати амалҳои (беамалии) мақомот ва ташкилотҳои номбурда ба мақомоти болоӣ, прокуратура ва ё ба суд шикоят намоянд.

3. Иттилоот дар бораи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба фаъолияти ҷинояткории онҳо вобаста набуда, аз ҷониби субъектҳое, ки бевосита бар зидди ҷинояткории муташаккилона мубориза мебаранд, ба даст оварда шудаанд, бояд ифшо нагарданд ва маводу ҳуҷҷатҳои ҷамъовардашуда дар муҳлати на дертар аз се моҳи ба даст овардани онҳо нобуд карда мешаванд, агар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошанд.

4. Зараре, ки дар натиҷаи амалҳои (беамалии) субъектҳои бевосита бар зидди ҷи-нояткории муташаккилона муборизабаранда, дигар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои дар мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона иштирокдошта ва ё шахсони мансабдори онҳо расонида шудааст, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.

 

Моддаи 15. Ҷавобгарии ташкилоти ба гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, иттиҳоди ҷиноятӣ

                         (ташкилоти ҷиноятӣ) мусоидаткунанда

 

1. Ташкилоте, ки ба гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) мусоидат менамояд ё онҳоро маблағгузорӣ менамояд, дар асоси қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода мешавад. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1141)

2. Ариза дар бораи барҳамдиҳии ташкилоте, ки ба гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) мусоидат мекунад ё онҳоро маблағгузорӣ менамояд, аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё муовинони ӯ пешниҳод карда мешавад. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1141)

3. Дар сурати қабул шудани қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба барҳамдиҳии ташкилоти ба гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) мусоидаткунанда ё онҳоро маблағгузоринамуда, маблағҳои пулӣ, арзишҳо ва дигар молу мулки ба ташкилот тааллуқдошта пас аз қонеъ гардонидани талаботи кредиторон (ба шарте ки ин кредиторон бо ҷинояткории муташаккилона алоқаманд набошанд) ба фоидаи давлат гузаронида мешавад. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1141)

 

БОБИ 3.

МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 16. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур

                         (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1286)

 

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., №1286).

 

Моддаи 17. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

 

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                  Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе, 28 декабри соли 2013, 

№ 1038

 

​ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ТОМАКТАБӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 13/02/2020 - 10:58
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1056
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
28.12.2013
 
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ТОМАКТАБӢ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2013, №12 , мод900; соли 2021, №12, қ.2, мод.707)
 
Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз13-уми ноябри соли   2013, № 1336 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  соли 2013, №11 , моддаи 811) қабул гардидааст.
Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-уми декабри соли 2013, № 611 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2013, №12, моддаи 992 ҷонибдорӣ гардидааст.
 
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ ва  иҷтимоии  таълиму тарбияи томактабиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
 
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
 
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- таълиму тарбияи томактабӣ – раванди мақсадноке, ки қобилият, шавқу рағбат, хусусиятҳои ҷисмонӣ, равонӣ, зеҳнӣ ва фарҳангии кўдакони синни томактабиро инкишоф дода, ба оила, падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) дар таълиму тарбияи кўдакон, инчунин омода намудани онҳо ба таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ мусоидат мекунад;
- синни томактабӣ – марҳилаи ташаккулёбии ҷисмонӣ, маънавӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоии кўдак то расидан ба ҳафтсолагӣ;
- муассисаи таълимии томактабӣ – ташкилоте, ки барои кўдакони синни томактабӣ пешбинӣ шуда, онҳоро бо таълиму тарбияи  аввалия фаро мегирад;
- мазмуни таълиму тарбияи томактабӣ  – маҷмўи меъёр ва қоидаҳое, ки талаботи давлатиро оид ба дараҷаи инкишоф ва маърифатнокии кўдакони синни  томактабӣ, инчунин шароити ноил гардиданро ба он  муайян менамояд;
- Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ – санади меъёрие, ки талаботи ягонаро барои таълиму тарбияи томактабӣ муқаррар менамояд;
- кормандони соҳаи таълиму тарбияи томактабӣ – омўзгорон, мураббиён, мушовирон, кормандони тиббӣ, ёрдамчиёни мураббиён, дояҳо ва кормандони ёрирасони соҳаи таълиму тарбияи томактабӣ.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Вазифаҳои таълиму тарбияи томактабӣ
Вазифаҳои таълиму тарбияи томактабӣ аз инҳо иборатанд:
-ташаккули инкишофи ҷисмонӣ, зеҳнӣ, ахлоқӣ ва фарҳангии кўдакони синни томактабӣ бо назардошти қобилият, шавқу рағбат ва хусусиятҳои фардии онҳо;
  -ташаккули шахсият ва гузоштани замина барои таълимгирии минбаъдаи кўдакони синни томактабӣ бо назардошти омода намудани онҳо ба таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ;
- тарбияи кўдакони синни томактабӣ дар рўҳияи эҳтиром ба арзишҳои фарҳангию миллӣ ва умумибашарӣ, муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба инсон ва қонун, рамзҳо ва забони давлатӣ, оила ва ҷомеа, инчунин  муносибати бошуурона ба муҳити зист ва ҳифзи он;
- ҳифз ва таъмини беҳдошти вазъи саломатӣ, инкишофи равонӣ, маънавӣ ва нерўи эҷодии кўдакони синни томактабӣ,  инчунин ташаккул ва инкишофи қобилиятҳои  ҳаётан  муҳим  ва  мутобиқшавии  иҷтимоии аввалияи онҳо;
- таълими донишу малакаи аввалия тибқи Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ ва барномаҳои таълиму тарбияи  томактабӣ;  
- ташкили кор  бо  оила   бо   мақсади   баланд   бардоштани маърифатнокии  психологию  педагогии  падару  модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) барои нигоҳубини кўдакони синни томактабӣ ва инкишофу тарбияи онҳо.
Моддаи 4. Ҳуқуқ ба таълиму тарбияи томактабӣ
1. Кўдакони синни томактабие, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, сарфи назар аз миллат, нажод, ҷинс ва забон, инчунин новобаста ба эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ ва молумулкии падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда)  ба гирифтани таълиму тарбияи томактабӣ дар муассисаи таълимии томактабӣ ҳуқуқ доранд.
2. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ҳуқуқ доранд таълиму тарбияи томактабиро бо тартиби  муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гиранд.
3. Ҳуқуқ ба таълиму тарбияи томактабӣ дар оила ва муассисаи таълимии томактабӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ ва барномаҳои таълиму тарбияи  томактабӣ амалӣ карда мешавад.
Моддаи 5. Забони таълиму тарбия дар муассисаи  таълимии томактабӣ
Забони таълиму тарбия дар муассисаи таълимии томактабӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  муайян карда мешавад.
 
БОБИ 2. МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ ТОМАКТАБӢ ВА МАҚОМИ 
ҲУҚУҚИИ ОН
Моддаи 6. Таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаи таълимии томактабӣ
1. Таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаи таълимии томактабӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
2. Муассисаи  таълимии томактабӣ метавонад давлатӣ, ғайридавлатӣ ва муштарак бошад.
3. Муассиси (муассисони) муассисаи таълимии томактабӣ инҳо шуда метавонанд:
- мақомоти  иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ;
- мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф;
- мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
- мақомоти маҳаллии идоракунии маориф;
- иттиҳодияҳои (ассотсиатсияҳои, иттифоқҳои) муассисаҳои таълимӣ;
- шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ.
4. Муассисаи таълимии томактабӣ шахси ҳуқуқӣ ва ташкилоти ғайритиҷоратӣ мебошад.
Моддаи 7. Намудҳои муассисаҳои таълимии томактабӣ
1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намудҳои  зерини муассисаҳои таълимии томактабӣ  таъсис дода мешаванд:
- ширхоргоҳ – барои кўдакони то 3 - сола;
-  ширхоргоҳ - кўдакистон – барои кўдакони аз 1 - солаю 6 - моҳа то  7 - сола;
- кўдакистон – барои кўдакони аз  3 то 7 - сола;
- кўдакистон - мактаби ибтидоӣ – барои кўдакони аз 3 то 10 - сола;
- хонаи кўдакон – барои кўдакони аз 2 - моҳа то  7 сола;
- мактаб-интернат (гурўҳи томактабӣ) – барои кўдакони   аз 1 то 7 - сола;
- мактаб-интернати махсус (гурўҳи томактабӣ)  – барои  кўдакони аз 6 то  7 - сола;
- муассисаи таълимии дорои гурўҳҳои (синфҳои) омодагии пешазмактабӣ – барои кўдакони  аз 5 то 7 - сола;
- маркази инкишофи кўдакон – барои кўдакони аз 3 то 7 - сола;
- кўдакистони оилавӣ – барои кўдакони  то 7 - сола;
 - кўдакистони навъи тавонбахшӣ – муассисаи таълимии томактабӣ барои кўдакони  аз 2 то 8 - сола, ки ба табобати ҷисмонӣ ва ё инкишофи равонӣ, муолиҷа ва тавонбахшӣ  эҳтиёҷ доранд;
- хонаи кўдакони навъи интернат – муассисаи таълимии томактабие, ки дар он  нигоҳубин, тарбия, таълим ва мусоидати иҷтимоӣ ба кўдакони ятим ва бепарастори синни томактабӣ ва мактабӣ аз ҳисоби давлат таъмин карда мешаванд;
- хонаи кўдакони ятиму бепарастор – муассисаи таълимии томактабии низоми ҳифзи саломатӣ барои ҳимояи тиббию иҷтимоии кўдакони ятим ва бепарастор, кўдаконе, ки аз рўзи таваллуд нуқси  ҷисмонӣ ё равонӣ доранд, кўдаконе, ки аз тарафи падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) рад карда шудаанд, инчунин кўдаконе, ки падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) бо сабабҳои гуногун муваққатан онҳоро тарбия карда наметавонанд ё аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум шудаанд.
2. Муассисаи таълимии томактабии навъи тавонбахшӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф дар  мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъсис дода шуда, метавонад дар шакли муассисаи таълимии томактабии тавонбахшии махсус ё муассисаи таълимии томактабии санаторӣ фаъолият намояд.
БОБИ 3. ИДОРАКУНИИ  МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ ТОМАКТАБӢ
Моддаи 8. Идоракунии муассисаи таълимии томактабӣ ва фаъолияти он
1. Идоракунии муассисаҳои таълимии томактабии давлатӣ, ғайридавлатӣ ва муштарак тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи муассисаи таълимии томактабӣ аз ҷониби муассис (муасссисон) ва  мақомоти дахлдори онҳо амалӣ карда мешавад.
2. Фаъолияти муассисаи таълимии томактабӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, оинномаи муассиса,  ки бо назардошти низомномаи намунавии муассисаи таълимии томактабӣ ва Стандарти давлатии таҳсилоти томактабии аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида таҳия ва тасдиқ шудааст, инчунин қарорҳои муассис (муассисон)  ба роҳ монда мешавад ва дар он таълиму тарбияи томактабӣ метавонад дар шакли рўзона, шабонарўзӣ, кўтоҳмуддат ташкил ва анҷом дода шавад.
3. Муассисаи таълимии томактабӣ барои амалӣ намудани фаъолияти таълимию тарбиявӣ танҳо пас аз гирифтани иҷозатнома ҳуқуқ дорад.
4. Муносибатҳои муассисаи таълимии томактабӣ бо падару модари (шахсони онҳоро ивазкунандаи) тарбиягирандагон   ва дигар шахсони воқеиву ҳуқуқӣ дар асоси шартнома тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд.
Моддаи 9. Салоҳият ва ваколатҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот вобаста ба таълиму тарбияи томактабӣ
1. Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таълиму тарбияи томактабӣ инҳо мансубанд:
- иштирок дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи таълиму тарбияи томактабӣ;
- тасдиқи дурнамо, консепсия ва барномаҳои давлатии таълиму тарбияи томактабӣ, Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ ва низомномаи намунавии муассисаи таълимии томактабӣ;
- муайян намудани меъёрҳои таъминоти моддию техникӣ ва молиявии таълиму тарбияи томактабӣ, инчунин кафолатҳои иҷтимоии кормандони соҳаи таълиму тарбияи томактабӣ ва тарбиягирандагони муассисаи таълимии томактабӣ барои кўдакони ятиму бепарастор;
- амалӣ намудани дигар ваколатҳо, ки онҳоро санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.
2. Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф вобаста ба таълиму тарбияи томактабӣ дохил мешаванд:
- амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи таълиму тарбияи томактабӣ;
- роҳбарии умумӣ ба таълиму тарбияи томактабӣ, тасдиқи барномаҳои таълиму тарбияи томактабӣ ва назорати иҷрои онҳо;
- муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди таълиму тарбияи томактабӣ;
- амалӣ намудани назорати иҷрои вазифаҳои таълиму тарбияи томактабӣ, роҳбарии илмию методӣ;
- танзими давлатии фаъолияти муассисаи таълимии томактабӣ;
- бо тартиби муқарраргардида ташкил ва гузаронидани аттестатсияи кормандони дахлдори муассисаи таълимии томактабӣ;
- таҳия ва тасдиқи тартиби қабул намудани кўдакон ба муассисаи таълимии томактабӣ;
- амалӣ намудани ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи таълиму тарбияи томактабӣ;
-амалӣ намудани дигар ваколатҳо, ки онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
3. Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм дохил мешаванд:
- амалӣ намудани сиёсати давлатии назорат дар соҳаи таълиму тарбияи томактабӣ;
- назорати фаъолияти муассисаҳои таълимии томактабӣ;
- бо тартиби муқарраргардида додани иҷозатнома ба муассисаҳои таълимии томактабӣ доир ба пешбурди фаъолияти таълимӣ; (ҚҶТ аз 23.12.2021.№1833)
- бо тартиби муқарраргардида ташкил ва гузаронидани аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаҳои томактабии дахлдор;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигар тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
4. Ба ваколатҳои вазорату идораҳое, ки дар сохтори худ муассисаи таълимии томактабӣ доранд, инҳо дохил мешаванд:
- таъмини раванди таълиму тарбия тибқи талаботи Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ, низомномаи намунавии муассисаи таълимии томактабӣ ва барномаҳои таълиму тарбияи  томактабӣ;
- ташкил ва амалигардонии такмили ихтисос, бозомўзӣ, таҳсилоти иловагӣ ва аттестатсияи кормандони дахлдори муассисаи таълимии томактабӣ;
- роҳбарии умумӣ ва назорати  фаъолияти муассисаи таълимии томактабӣ ва маблағгузории он;
- бо тартиби муқарараргардида иштирок намудан дар раванди назорат, аттестатсия ва аккредитатсияи давлатии муассисаи таълимии томактабӣ ва иҷозатномадиҳӣ ба он;
- амалӣ намудани дигар ваколатҳо, ки онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
5. Ба ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вобаста ба таълиму тарбияи томактабӣ инҳо дохил мешаванд:
- фароҳам овардани шароит барои гирифтани таълиму тарбияи томактабӣ;
- дар доираи меъёрҳои муқарраргардида ба роҳ мондани  маблағгузории муассисаи таълимии томактабии давлатӣ, таҳкими заминаи моддию техникии он;
- таъмини  ҳифзи иҷтимоии тарбиягирандагон ва кормандони соҳаи таълиму тарбияи томактабӣ;
- дар доираи имкониятҳои буҷетӣ дастгирии молиявии муассисаи таълимии томактабии ғайридавлатӣ;
- амалӣ намудани дигар ваколатҳо, ки онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
6. Ба ваколатҳои мақомоти маҳаллии идоракунии маориф вобаста ба таълиму тарбияи томактабӣ инҳо дохил мешаванд:
- мусоидат намудан ба интихоби намудҳои фаъолияти эҷодии тарбиягирандагон мувофиқи шавқу завқи онҳо ва талаботи падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда);
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва ба роҳ мондани такмили ихтисос, бозомўзӣ ва аттестатсияи муассисаи таълимии томактабӣ ва кормандони дахлдори он;
- бо тартиби муқарраргардида ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони муассисаҳои таълимии томактабии давлатӣ;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти муассисаи таълимии томактабӣ, ташкилотҳо, корхонаҳо ва оила;
- омўзишу ҷамъбасти таҷрибаи пешқадам ва паҳн намудани он;
- ташкил ва гузаронидани аттестатсияи давлатии муассисаи таълимии томактабии маҳаллӣ ва бо тартиби муқарраргардида ба он додани иҷозатнома;
- қабули қарор дар бораи ташкили фаъолияти инноватсионӣ дар низоми таълиму тарбияи томактабӣ ва назорати татбиқи он;
- пешбурди баҳисобгирии кўдакони синни томактабӣ;
- амалӣ намудани дигар ваколатҳо, ки онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
7. Ба ваколатҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот вобаста ба таълиму тарбияи томактабӣ инҳо дохил мешаванд:
- таҳия ва татбиқи чораҳои зарурӣ барои беҳтар намудани шароити моддию техникии муассисаи таълимии томактабӣ;
- додани розигӣ барои барҳам додани муассисаи таълимии томактабии давлатӣ, ки дар ҳудуди дахлдор ҷойгир шудааст;
-амалӣ намудани дигар ваколатҳо, ки онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
Моддаи 10. Назорати давлатии фаъолияти  муассисаи таълимии томактабӣ
1. Назорати давлатии фаъолияти муассисаи таълимии томактабӣ бо мақсади татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи таълиму тарбияи томактабӣ  амалӣ карда  мешавад.
2. Назорати давлатии фаъолияти муассисаи таълимии томактабиро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм, мақомоти маҳаллии идоракунии маориф, ки муассисаи таълимии томактабӣ дар тобеияти онҳо қарор дорад ва дигар мақомоти дахлдори давлатӣ амалӣ менамоянд. (ҚҶТ аз 23.12.2021.№1833)
БОБИ 4. ТАШКИЛИ  РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ВА ТАЪМИНОТИ МЕТОДИИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ ТОМАКТАБӢ
Моддаи 11.  Мазмуни  таълиму тарбияи томактабӣ
1. Мазмуни таълиму тарбияи томактабӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф  ва сохторҳои дахлдори он таҳия ва тасдиқ карда мешавад.
2. Иҷрои меъёр ва қоидаҳои муайянгардидаи таълиму тарбияи томактабӣ барои муассисаи таълимии томактабӣ ҳатмӣ мебошад.
Моддаи 12. Раванди таълиму тарбия дар муассисаи таълимии томактабӣ ва дастрасии таълиму тарбияи томактабӣ
1. Раванди таълиму тарбия дар муассисаи таълимии томактабӣ тибқи Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ, низомномаи намунавии муассисаи таълимии томактабӣ, ки аз тарафи  Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон тасдиқ мегарданд ва нақшаю барномаҳои таълимӣ  амалӣ карда мешавад.
2. Дастрасии таълиму тарбияи томактабӣ барои кўдакони дорои имконияти ҷисмонӣ ва равонии маҳдуд бо барномаҳое, ки аз ҷониби  мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тасдиқ мегарданд, таъмин карда мешавад.
3. Таълиму тарбияи томактабии кўдаконе, ки онҳоро муассисаи таълимии томактабӣ фаро нагирифтааст, дар марказҳои инкишофи кўдакон, гурўҳҳои (синфҳои) омодагии пешазмактабии кўдакон мувофиқи барномаҳои махсуси таълимӣ, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори  давлатӣ дар соҳаи маориф тасдиқ мегарданд, таъмин карда мешавад.
Моддаи 13. Ташкили фаъолияти муассисаи таълимии томактабӣ
1. Чораҳои вобаста ба таълиму тарбияи томактабӣ дар муассисаи таълимии томактабӣ тибқи Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ дар асоси нақша ва барномаҳои таълимӣ ва дастурҳои таълимию методӣ ба роҳ монда мешаванд.
2. Нақшаи кории муассисаи таълимии томактабии давлатӣ аз ҷониби роҳбари  он тартиб дода шуда, баъд аз мувофиқа бо мақомоти  дахлдори идоракунии маориф  тасдиқ карда мешавад.
3. Нақшаи кории муассисаи таълимии томактабии ғайридавлатӣ аз ҷониби муассиси  (муассисони)  он  тартиб дода шуда,  пас аз мувофиқа бо мақомоти  дахлдори идоракунии маориф  тасдиқ карда мешавад.
4. Дар муассисаи таълимии томактабии давлатӣ хизматрасонии иловагии таълимӣ, ки дар  барномаҳои таълимии томактабӣ муқаррар нагардидааст, дар асоси шартнома танҳо бо розигии падару модари (шахсони онҳоро ивазкунандаи) тарбиягиранда ба роҳ монда мешавад.
Моддаи 14.Таъминоти  методии раванди таълиму тарбияи томактабӣ
1. Таъминоти методии раванди таълиму тарбияи томактабӣ  аз ҷониби мақоми  ваколатдори давлатӣ дар соҳаи  маориф ва сохторҳои  он амалӣ карда мешавад.
2. Вазифаҳои таъминоти  методии раванди таълиму тарбияи томактабӣ инҳо мебошанд:
-таҳия ва муҳайё намудани заминаи барномавию методии таълиму тарбияи   томактабӣ;
-таҳияи барномаҳо, адабиёту дастурҳои таълимию тарбиявӣ ва методӣ;
- ҷамъбаст ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами омўзгорӣ;
- таҳлили корҳои таълимию тарбиявӣ ва сатҳи инкишофи кўдакон мувофиқи вазифаҳои таълиму тарбияи томактабӣ;
- тайёр намудан, такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони муассисаи таълимии томактабӣ.
БОБИ 5. СУБЪЕКТҲОИ РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ  ТОМАКТАБӢ, ҲУҚУҚ ВА ЎҲДАДОРИҲОИ ОНҲО
Моддаи 15. Субъектҳои раванди таълиму тарбияи томактабӣ
Ба субъектҳои раванди таълиму тарбияи томактабӣ  инҳо дохил мешаванд:
- тарбиягирандагон (кўдакони синни  томактабӣ);
-  кормандони  соҳаи таълиму тарбияи томактабӣ;
- падару модари (шахсони онҳоро ивазкунандаи) тарбиягирандагон;
- намояндагони муассисаю ташкилотҳои сарпараст, иттифоқҳо, ташкилотҳо, дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар соҳаи таълиму тарбияи томактабӣ фаъолият менамоянд.
Моддаи 16. Ҳуқуқ  ва ҳимояи иҷтимоии субъектҳои раванди таълиму тарбияи томактабӣ
1. Ҳуқуқ ва ҳимояи иҷтимоии  субъектҳои раванди таълиму тарбияи томактабӣ тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар  карда мешаванд.
2. Давлат ҳимояи ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии тарбиягирандагонро, новобаста ба ҳолати ҷисмонӣ ва инкишофи равонии онҳо,  кафолат медиҳад ва онро таъмин менамояд.
3. Омўзгорон ва мураббиёни  муассисаи таълимии томактабӣ, инчунин шахсоне, ки дар чунин муассиса қаблан ба ҳайси омўзгор ва мураббӣ кор карда, ба нафақа баромадаанд, ҳуқуқ доранд аз имтиёзҳои омўзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода баранд.
4. Омўзгорон ва  мураббиёни муассисаи таълимии томактабӣ  аз рўи мақом ва музди меҳнат ба омўзгорони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ баробар мебошанд.
Моддаи 17. Ҳуқуқҳои тарбиягирандагон
Тарбиягирандагони муассисаи таълимии томактабӣ ҳуқуқҳои зеринро доро мебошанд:
- гирифтани таълиму тарбия дар муассисаи таълимии томактабӣ;
- дастрасӣ ба  хизматрасонии тиббӣ дар муассисаи таълимии томактабӣ;
- нигоҳдории саломатӣ, инкишоф, таълим ва тарбия  дар шароити мусоиди  бехавф;
- дигар ҳуқуқҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
Моддаи  18.  Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои падару модари (шахсони онҳоро ивазкунандаи) тарбиягирандагон
1. Падару модари (шахсони  онҳоро ивазкунандаи)  тарбиягирандагон ҳуқуқ доранд:
- барои гирифтани таълиму тарбияи томактабии кўдакон муассисаи таълимии томактабиро интихоб намоянд;
- ба мақомоти дахлдори идоракунии маориф  оид ба масъалаҳои  тарбия, таълим, инкишоф ва нигоҳубини  кўдакони худ муроҷиат намоянд;
- манфиатҳои қонунӣ ва ҳуқуқҳои  кўдакони худро ҳимоя намоянд.
2. Падару модари (шахсони онҳоро ивазкунандаи) тарбиягирандагон ўҳдадоранд:
- дар бораи сиҳатии ҷисмонию равонии кўдаки худ ғамхорӣ  зоҳир намуда, барои инкишофи шавқу рағбат ва қобилияти ў шароит фароҳам оваранд;
- ба кўдакашон барои гирифтани таълиму тарбияи  томактабӣ  шароит фароҳам оваранд;
- барои ба таҳсил омода намудани кўдакон мусоидат намоянд;
- кўдаконро дар рўҳияи муҳаббат ба Ватан,  ҳисси эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ,  арзишҳои миллӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ тарбия намоянд.
Моддаи 19. Ҳуқуқ, ўҳдадорӣ ва масъулияти  кормандони соҳаи таълиму тарбияи томактабӣ
Ҳуқуқ, ўҳдадорӣ ва масъулияти  кормандони соҳаи таълиму тарбияи  томактабӣ тибқи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.   
Моддаи 20. Тайёр намудан, аттестатсия ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи таълиму тарбияи  томактабӣ 
1. Кормандони соҳаи таълиму тарбияи   томактабиро муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ тайёр мекунанд.
2. Аттестатсия ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи таълиму тарбияи томактабӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
Моддаи 21. Хизматрасонии тиббӣ ба кўдакон дар муассисаи таълимии томактабӣ
1.    Ташкили хизматрасонии тиббӣ дар муассисаи таълимии томактабӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ  ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
2.    Дар муассисаи таълимии томактабии давлатӣ тарбиягирандагон ба таври доимӣ бо хизматрасонии тиббии ройгон таъмин карда мешаванд. Хизматрасонии мазкур  аз ҷониби кормандони тиббӣ, ки дар воҳиди кории муассисаи таълимии томактабӣ қарор доранд ё аз ҷониби муассисаи дахлдори тандурустӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
3.    Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ вазифадор аст:
- риояи қоидаҳои санитарию эпидемиологиро дар муассисаи  таълимии томактабӣ назорат намояд;
- муоина ва ташхиси ҳамасолаи тиббии тарбиягирандагонро дар муассисаи таълимии томактабӣ ташкил намояд;
- омўзиш ва беҳбудии вазъи саломатии тарбиягирандагонро дар муассисаи таълимии томактабӣ таъмин намояд;
 - риояи меъёрҳои санитарию беҳдоштӣ,  амалӣ намудани чораҳои муолиҷавӣ ва пешгирии бемориҳоро дар муассисаи таълимии томактабӣ таъмин намояд.
Моддаи 22. Ташкили ғизодиҳӣ ба тарбиягирандагон дар муассисаи таълимии томактабӣ
1. Ташкил ва масъулияти ғизодиҳӣ ба тарбиягирандагон дар муассисаи таълимии томактабӣ ба зиммаи  муассис (муассисон), мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин роҳбари  муассисаи таълимии томактабӣ гузошта мешавад. 
2. Таркиби маводи ғизоии тарбиягирандагон  дар муассисаи таълимии томактабӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи  тандурустӣ ва  маориф бо розигии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи  молия  муайян карда мешавад.
3. Назорати сифати ғизо дар муассисаи таълимии томактабӣ ба зиммаи муассиси (муассисони) муассиса, мақомоти дахлдори соҳаи тандурустӣ ва маориф гузошта мешавад.
БОБИ 6. ФАЪОЛИЯТИ МОЛИЯВИЮ ХОҶАГИДОРӢ
ВА ЗАМИНАИ МОДДИЮ ТЕХНИКИИ  МУАССИСАИ 
 ТАЪЛИМИИ ТОМАКТАБӢ
Моддаи 23. Фаъолияти молиявию хоҷагидории муассисаи  таълимии томактабӣ
1. Фаъолияти муассисаи  таълимии томактабии давлатӣ аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ ва муассисаи таълимии томактабии ғайридавлатӣ аз ҳисоби муассис (муассисон), инчунин сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, маблағгузорӣ мешавад.
2. Манбаъҳои иловагии маблағгузории муассисаи таълимии томактабӣ инҳо мебошанд:
- маблағҳое, ки муассисаи таълимии томактабӣ аз хизматрасонии иловагии пулакӣ ба даст меорад;
- кўмаки шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ;
- маблағҳои эҳсонкорӣ;
- дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
3. Маблағҳои иловагии муассисаи таълимии томактабӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо барои фаъолияти оинномавӣ истифода бурда мешаванд.
Моддаи 24. Заминаи моддию техникии муассисаи таълимии томактабӣ
1. Ба заминаи моддию техникии муассисаи таълимии томактабӣ биною иншоот, таҷҳизот, воситаҳои алоқа, нақлиёт ва дигар молу мулке, ки таҳти ҳуқуқи идораи оперативии муассиса қарор дорад, дохил мешаванд.
2. Истифодаи заминаи моддию техникии муассисаи таълимии томактабӣ  бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
3. Ҳангоми барҳамдиҳии муассисаи таълимии томактабӣ молу мулк ва маблағи ба он тааллуқдошта тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои таъсисии муассисаи таълимии томактабӣ истифода бурда мешаванд.
БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 25. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи таълиму тарбияи  томактабӣ
Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи таълиму тарбияи томактабӣ  бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки  Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, амалӣ карда мешавад.
Моддаи 26. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи  Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 27. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
 
          Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                          Эмомалӣ Раҳмон
Ш. Душанбе
28 декабри соли 2013
№1056
 
 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА САВДОИ ОДАМОН ВА РАСОНИДАНИ КУМАК БА ҚУРБОНИЁНИ САВДОИ ОДАМОН

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 13/02/2020 - 15:40
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1096
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
26.07.2014

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА САВДОИ ОДАМОН ВА

РАСОНИДАНИ КУМАК БА ҚУРБОНИЁНИ САВДОИ ОДАМОН

(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563)

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2014, №7, қ. 1, мод. 393

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.01.2019 с., № 1563)

 

Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии муқовимат ба савдои одамон, системаи чораҳо оид ба ҳифз, расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон ва тавонбахшии онҳоро муқаррар карда, муносибатҳои ҷамъиятиро дар самти муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон танзим менамояд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563).

 

БОБИ 1.

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

 

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

айнияткунонии қурбониёни савдои одамон – муқаррар кардан ва санҷиши шахсияти қурбониёни эҳтимолии савдои одамон;

асорати қарзӣ – ҳолат ё вазъияте, ки дар натиҷаи он қарздор барои кафолати қарз меҳнати шахсии худ ё меҳнати шахси ба вай вобастабударо ба гарав мегузорад, агар арзиши кори иҷрошаванда барои пардохти қарз ҳисоб карда нашавад ва ё агар давомнокии ин кор бо ягон мӯҳлат маҳдуд нагашта бошад ва ё агар хусусияти кор ва андозаи музди меҳнат муайян карда нашуда бошад;

вазъияти ноилоҷӣ – вазъияти вобастагӣ, тобеият, ки бо маҷбуркунии мунтазами ғайриқонунии инсон ба содир намудани ягон ҳаракат ё беҳаракатӣ ба манфиати шахсони дигар, ба зисту зиндагонӣ дар ҷои муайян ё бо шахсони муайян, ба иҷрои корҳои муайян ё расонидани хизматрасонии муайян барои шахси дигар бо подош ё ройгон алоқаманд буда, дар натиҷаи асорати қарзӣ ё урфу одатҳо ба вуҷуд омадааст, ки тибқи онҳо занро ба шахси дигар ҳамчун мерос, бо подош ё бо дигар тарз бе ҳуқуқи инкор кардан аз ҷониби ӯ медиҳанд ва ё кӯдак аз тарафи падару модар, дигар намояндаи қонунии ӯ ё шахси онҳоро ивазкунанда ба шахси дигар бо подош ё бидуни он бо мақсади истисмори кӯдак дода мешавад;

виктимизатсия – зиёд гардидани хатари ҷалби қурбонии имконпазир ба самти савдои одамон ва истифодаи қурбонӣ ба сифати объекти истисмор дар натиҷаи ба вуҷуд омадан ё қасдан ба вуҷуд овардани ҳолатҳои объективӣ ва субъективие, ки ба ин мусоидат мекунанд;

ревиктимизатсия – зиёд гардидани хатари ҷалби такрории қурбонӣ ба самти савдои одамон ҳамчун объекти истисмор;

ғуломӣ – ҳолат ё вазъияти шахсе, ки нисбат ба вай новобаста аз розигии ӯ баъзе ё тамоми салоҳияти ба ҳуқуқи моликият хосбуда татбиқ карда мешавад, аз ҷумла соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ намудани инсон;

дигар аҳдҳои ғайриқонунӣ нисбат ба қурбонии савдои одамон – супоридани инсон ба сифати предмети аҳди музднок ё бемузд ба шахси (шахсони) дигар, аз ҷумла ба сифати тӯҳфа, ба ивази ягон сарватҳои моддӣ ва ё ба ихтиёрдорӣ ё истифодаи муваққатии музднок (кироя) ва ё ба сифати таъмини иҷрои уҳдадориҳо аз рӯи аҳд (гарав) ё эквиваленти пардохти сарватҳои моддии додашуда, корҳои иҷрошуда (хизматрасониҳо) ва ё бо тартиби ҷуброни зарари ба дигар тараф расонидашуда (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);

истисмор – истифодаи инсон ё меҳнати вай барои гирифтани фоидаи моддӣ ё дигар фоида аз ҷониби дигар шахсон ба воситаи қасдан ба вуҷуд овардан ва (ё) истифода бурдани ҳолати оҷизии инсон ва ё маҷбур кардани инсон барои ба манфиати шахси истисморкунанда ё дигар шахсон иҷро кардани корҳо, хизматрасониҳо ё содир намудани дигар амалҳо, новобаста ба хусусияти музднокӣ ё ройгон будани онҳо, аз ҷумла машғул шудан бо фоҳишагӣ, хизматрасонии дигари дорои хусусияти шаҳвонӣ, машғул шудан ба гадоӣ, меҳнат ё хизматрасонии маҷбурӣ, ғуломӣ ё урфу одатҳои ба ғуломӣ монанд, вазъияти ноилоҷӣ, ғайриқонунӣ гирифтани узв ва (ё) бофтаҳои инсон, писархондии (духтархондии) ғайриқонунӣ бо мақсади тиҷорат, ҳамчунин ғайриқонунӣ истифода бурдани инсони дигар бо мақсадҳои репродуктивӣ ё дар таҳқиқоти биотиббӣ ва ё дар воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва (ё) низоъҳои мусаллаҳона ва ё дар дигар фаъолияти ҷиноятӣ ё зиддиҳуқуқӣ;

истисмори иқтисодӣ – истисмори инсон ё меҳнати вай бо мақсади гирифтани фоидаи моддӣ ё дигар фоида аз ҷониби дигар шахсон ба воситаи гузоштани ӯ дар асорати қарзӣ, ҳолати ғуломӣ ё истифода бурдан барои меҳнати ғуломона, меҳнати маҷбурӣ ё ҳатмӣ ва ё дар ҳолати ба ғуломӣ монанд;

истисмори шаҳвонӣ – гирифтани фоидаи моддӣ ё дигар фоида ба воситаи маҷбур кардани шахси дигар, аз ҷумла бо роҳи сӯиистифода аз ҳолати оҷизии ӯ ба расонидани хизмати дорои хусусияти шаҳвонӣ ё ба содир намудани дигар ҳаракатҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ, аз ҷумла истифодаи ӯ барои машғул шудан ба фоҳишагӣ, иштирок дар чорабиниҳои намоишии дорои хусусияти шаҳвонӣ, тайёр кардани мавод ё предметҳои порнографӣ ва ё нигоҳ доштан дар ғуломии шаҳвонӣ;

иръоб (шантаж) – маҷбуркунии қурбонии савдои одамон ба содир намудани ягон хел ҳаракатҳо ё рад кардани содир намудани онҳо зери таҳдиди паҳн кардани маълумоти бадномкунандаи қурбонӣ ё наздикони ӯ, ҳамчунин маълумоте, ки метавонанд ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии қурбонӣ ва ё ба манфиатҳои қонунии наздикони ӯ зарари ҷиддӣ расонанд; 

кӯдак- қурбонии савдои одамон – шахсе, ки то расидан ба синни ҳаждаҳ аз ҷиноятҳо дар самти савдои одамон зарар дидааст;

қурбонии савдои одамон – шахси воқеии аз савдои одамон зарардида, аз ҷумла ба савдои одамон ҷалбшуда ё дар вазъияти ноилоҷӣ нигоҳдошташаванда, новобаста аз вазъи мурофиавии ӯ, инчунин мавҷуд будан ё набудани розигии ӯ ба пешниҳод намудан, ҷалб кардан, интиқол, пинҳон кардан, супоридан, фурӯш, истисмор ва дигар ҳаракатҳое, ки ба савдои одамон вобастаанд;

қурбониёни имконпазири савдои одамон – шахсони ба оворагардӣ, гадоӣ машғулбуда, кӯдакони ятим ва кӯдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд, кӯдакони беназорат, шахсони мубталои машруботи алкоголӣ, воситаҳои нашъаовар ва моддаҳои психотропӣ, инчунин дигар шахсоне, ки дар ҳолати аз ҷиҳати иҷтимоӣ хатарнок ё осебпазири барои нисбати онҳо содир гардидани ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти савдои одамон мусоидаткунанда қарор доранд;

маҷбуркунии инсон – таъсиррасонии ҷисмонӣ ё рӯҳӣ ба дигар инсон бо мақсади водор намудани ӯ бар хилофи ё қатъи назар аз ирода ва розигиаш ба содир намудани ягон ҳаракатҳо ё рад кардани содир намудани онҳо ба фоидаи шахси маҷбуркунанда ё дигар шахсон бо роҳи одамрабоӣ ё бо роҳи зӯрӣ маҳдудкунии озодии шахси маҷбуршаванда, нисбат ба вай истифода бурдани зӯроварии ҷисмонӣ, шаҳвонӣ ё рӯҳӣ ва ё дигар таҳдидҳо, иръоб (шантаж) ва ё бо мақсадҳои зикргардида истифода бурдани моддаҳои заҳролуд, сахттаъсир ё дигар моддаҳои мадҳушкунанда, ҳамчунин ба воситаи қасдан фароҳам овардан ва (ё) истифода бурдани вазъияти ноилоҷӣ ё ҳолати оҷизии шахси маҷбуршаванда; 

меҳнати маҷбурӣ – ҳама гуна кор ё хизматрасонӣ, ки аз ҷониби шахс, қатъи назар аз хоҳиш ва иродаи ӯ зери таъсиррасонии маҷбурӣ ва (ё) бо истифода аз ҳолати оҷизии ӯ иҷро мешавад, аз он ҷумла бо вайронкунии қоидаҳои ҳифзи меҳнат ва меъёрҳои пардохти музди меҳнат, ҳифзи саломатӣ ва таъмини бехатарӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, амалӣ мешаванд;

муассисаи (маркази, паноҳгоҳи) махсус оид ба расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон – шахси ҳуқуқие, ки бо мақсади расонидани кумаки равонӣ, ҳуқуқӣ, тиббӣ ва (ё) дигар намуди кумак ба қурбониёни савдои одамон, аз ҷумла ҷиҳати муваққатан таъмин ва ҷойгиркунӣ бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо, инчунин мутобиқгардонӣ ва тавонбахшии иҷтимоии онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);

муқовимат ба савдои одамон – фаъолият оид ба огоҳонидан, ошкор намудан, пешгирӣ кардан, ба ҳадди ақал расонидани оқибатҳои савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни он (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);

мутобиқгардонии иҷтимоии қурбонии савдои одамон – мувофиқгардонии фаъоли шахси аз савдои одамон зарардида ба қоидаҳо ва меъёрҳои рафтори дар ҷамъият қабулгардида, барқарор намудани раванди иҷтимоишавии аз таҷовуз вайроншуда, бартараф намудани оқибатҳои зарари равонӣ ё маънавӣ, ки ба ӯ дар рафт ё дар натиҷаи истисмори ӯ ва ё нисбат ба ӯ содир шудани дигар ҷиноятҳо дар самти савдои одамон расонида шудааст;

расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон – маҷмӯи чораҳои аз ҷониби давлат кафолатдодашудаи ҳифзи қурбониёни савдои одамон, мутобиқгардонӣ ва тавонбахшии иҷтимоии онҳо, аз ҷумла ба онҳо расонидани кумаки равонӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, тиббӣ ва дигар намудҳои кумак (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);

савдои кӯдакон – ҳама гуна амал ё аҳде, ки ба воситаи онҳо кӯдак ғайриқонунӣ аз тарафи падару модар, дигар намояндаи қонунӣ ё дигар шахсе (гурӯҳи шахсоне), ки кӯдак доимӣ ё муваққатӣ дар парастории вай (онҳо) мебошад, ба дигар шахс (гурӯҳи шахсон) бар ивази подоши моддӣ ё дигар ҷуброн, бо мақсади истисмори ӯ ва ё ба даст овардани фоидаи моддӣ ё дигар фоида, инчунин бо мақсади фарзандхондии ғайриқонунии кӯдак, новобаста аз тарзҳои ҳангоми он истифодашаванда супорида мешавад;

савдои одамон – хариду фурӯши одам ва ё нисбат ба ӯ анҷом додани дигар аҳдҳои ғайриқонунӣ, ҳамчунин новобаста аз розигии қурбонӣ бо мақсади истисмори ӯ ё бо дигар тарз гирифтани фоидаи ғайриқонунӣ пешниҳод намудан, ҷалб кардан, интиқол, пинҳон кардан, супоридан ё гирифтани одам бо истифодаи маҷбуркунӣ, рабудан, фиреб, сӯиистифода намудани гунаҳгор аз вазъи хизматии худ, сӯиистифода аз боварӣ ё ҳолати оҷизии қурбонии савдои одамон ва ё ришвадиҳӣ ба шахсе, ки қурбонӣ таҳти вобастагии ӯ қарор дорад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);

савдогари одамон – шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки мустақилона ё бо гурӯҳи шахсон савдои одамонро амалӣ менамояд, инчунин фаъолияти мазкурро маблағгузорӣ менамояд ва ё аз ҳисоби он фоидаи моддӣ ё дигар фоида ба даст меорад, ҳамчунин шахси мансабдоре, ки бо амалҳои худ ба савдои одамон мусоидат менамояд ё ба он монеъ намешавад ё муқовимат намекунад, гарчанде вазифадор аст, ин корро мувофиқи ваколатҳои хизматии худ иҷро намояд;

содир намудани ҷиноят бо истифода аз вазъи хизматии худ – содир кардани ҷиноятҳо дар самти савдои одамон ва ҷиноятҳои бо он алоқаманд аз ҷониби шахси мансабдор ё шахсе, ки ба зиммаи ӯ функсияҳои идоракунӣ, ваколатҳои ташкилию амрдиҳӣ ё маъмурию хоҷагидорӣ дар ташкилотҳои давлатӣ, тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳо вогузошта шудаанд, инчунин дигар корманди мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, ки бо мақсадҳои зикргардида вазъи хизматии худ ва ё ваколатҳои хизматии ба онҳо додашударо истифода мебаранд; 

тавонбахшии иҷтимоии қурбонии савдои одамон – чорабиниҳое, ки барои барқарор намудани робита ва функсияҳои иҷтимоии аздастдодаи шахси аз савдои одамон зарардида, инчунин дигар чорабиниҳое, ки барои ба ҷамъият ва оила баргардонидани (реинтегратсияи) қурбониёни савдои одамон равона шудаанд; 

туризми шаҳвонии кӯдакон – сафарҳои туристӣ, аз ҷумла ба хориҷи кишвар аз ҷониби шахсони ба балоғатрасида бо мақсади алоқаи ҷинсӣ кардан бо кӯдакон ё нисбат ба онҳо содир кардани дигар ҳаракатҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ, инчунин бо мақсади истифодаи онҳо ба сифати нақшофарандагон барои истеҳсол намудани мавод ё предметҳои порнографӣ ё ба сифати иштирокчиёни чорабиниҳои намоишии дорои хусусияти порнографӣ; 

хариду фурӯши одам – анҷом додани аҳди дутарафаи музднок, ки ба супоридани одам аз ҷониби шахси ӯро дар асоси қонунӣ ё ғайриқонунӣ таҳти вобастагиаш қарордода ба шахси (шахсони) дигар бар ивази подош равона шудааст; 

ҳимояи давлатии ҷабрдидагон ва шоҳидон оид ба парвандаҳои марбут ба ҷиноятҳо дар самти савдои одамон (минбаъд - ҳимояи давлатӣ) – аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ амалӣ намудани чораҳои амниятии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва (ё) молу мулки қурбониёни савдои одамон равона гардидаанд, инчунин чораҳои дастгирии иҷтимоии шахсони номбурда бо сабаби иштироки онҳо дар мурофиаи судии ҷиноятӣ; 

ҳифзи қурбонии савдои одамон – системаи чораҳои аз ҷониби давлат кафолатдодашуда, ки барои таъмини бехатарӣ, ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва озодӣ, риояи дигар ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахси аз ҷиноятҳо дар самти савдои одамон зарардида равона шудаанд;

ҳолати (вазъияти) ба ғуломӣ монанд – вазъ ё ҳолати шахси дар вазъияти ноилоҷӣ, аз ҷумла дар асорати қарзӣ қарордошта;

ҳолати оҷизии қурбонии савдои одамон – вазъияти аз ҷиҳати ҷисмонӣ, равонӣ, иҷтимоӣ ё иқтисодӣ ҳифзнашуда будани инсон, ки бинобар ба вуҷуд омадан ё қасдан аз ҷониби шахси гунаҳгор ба вуҷуд овардани шароити вазнини зиндагӣ ба миён омадааст ва ё вазъияти вобастагии моддӣ ва дигар вобастагии инсон, аз ҷумла вобаста ба синни кӯдакӣ ё пиронсолӣ, ҳомиладорӣ, бемории рӯҳӣ ё ҷисмонӣ ва ё норасогии ҷисмонии инсон, ки ӯро барои додани розигӣ ба маҷбуркунӣ ва (ё) истисмори ӯ водор кардаанд;

ҷалб кардан – ҷустуҷӯй, интихоб ва киро кардани шахсон бо роҳи ҳавасмандкунии моддӣ барои ба манфиати кирокунанда ё дигар шахсон иҷро намудани ягон кор, хизматрасонӣ ва ё анҷом додани дигар фаъолият, ҳамчунин фаъолияти зиддиҳуқуқӣ, аз ҷумла дар ҳудуди давлати хориҷӣ. 

 

Моддаи 2. Мақсад ва вазифаҳои Қонуни мазкур

 

1. Қонуни мазкур ба таъсис додан ва баланд бардоштани самаранокии системаи муқовимат ба савдои одамон тавассути муайян кардани асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии сиёсати давлатӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мазкур, муқаррар намудани принсипҳои умумии ҷавобгарии ҳуқуқии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои ҳуқуқвайронкунӣ дар самти савдои одамон, муқаррар кардани мақоми ҳуқуқии қурбониёни савдои одамон, кафолатҳои ҳуқуқӣ, принсипҳо ва шаклҳои ҳимояю дастгирии онҳо, батанзимдарории қонунии ваколатҳои субъектҳои системаи муқовимат ба савдои одамон, асосҳои ташкилию ҳуқуқии ҳамкории байни онҳо, инчунин бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ равона шудааст.

2. Вазифаҳои Қонуни мазкур аз инҳо иборатанд:

- фароҳам овардани маҷмӯи кафолатҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва мурофиавии самараноки ҳифзи шахсият, ҷамъият ва давлат аз ҳама шаклҳои савдои одамон ва ҷиноятҳои бо он алоқаманд;

- танзими ҳуқуқии асосҳои системаи умумидавлатии маҷмӯии муқовимат ба савдои одамон, ки чораҳои ба огоҳонидан, ошкор намудан ва пешгирӣ кардани ҷиноятҳо дар самти савдои одамон, бартарафсозии оқибатҳои ногувори онҳо, ошкор намудан ва ба ҷавобгарии ҳуқуқӣ кашидани шахсоне, ки дар савдои одамон гунаҳгоранд, инчунин ошкор намудан ва айнияткунонии қурбониёни савдои одамон, расонидани кумак ба онҳо ва таъмини амнияти қурбониёни савдои одамон равонгардидаро дар бар мегирад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);

- фароҳам овардани асосҳои ташкилию ҳуқуқии таъмини фаъолияти самараноки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти муқовимат ба савдои одамон ва дигар субъектҳои системаи муқовимат ба савдои одамон;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои давлатӣ, инчунин ташкилотҳои ғайридавлатӣ, байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори омма ва шаҳрвандон дар самти муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);

- ташаккули асосҳои ташкилию ҳуқуқии ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба савдои одамон, расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон ва иҷро намудани уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);

- таъмини қурбониёни савдои одамон бо маҷмӯи маъмулии ҳадди ақали хизматрасонии иҷтимоӣ, аз ҷумла чораҳои вобаста ба расонидани кумаки равонӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, тиббӣ ва дигар намудҳои кумак (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);

- барқарор намудан ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии қурбониёни савдои одамон бо ҷудо кардани гурӯҳҳои нисбатан осебпазири онҳо;

- мутобиқгардонӣ ва тавонбахшии пурраи иҷтимоии қурбониёни савдои одамон, ворид намудани онҳо ба муҳити мӯътадили иҷтимоӣ;

- ба қурбониёни савдои одамон пурра ҷуброн намудани зарари маънавӣ ва моддии ба онҳо расонидашуда; 

- аз ҷониби давлат андешидани маҷмӯи чораҳои дорои хусусияти иҷтимоию иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, таълимию маърифатӣ, иттилоотӣ ва чораҳои дигар ҷиҳати расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон, аз ҷумла чораҳое, ки барои бартараф намудани сабабу шароитҳои ба виктимизатсия ва ревиктимизатсияи онҳо мусоидаткунанда равона шудаанд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563)

 

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва

                      расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон

(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563)

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563)

 

Моддаи 4. Сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба

                       қурбониёни савдои одамон

(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563)

 

1. Сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон бо назардошти вазъияти дохилӣ ва берунии муқовимат ба савдои одамон, ҳолати воқеӣ, тамоюл ва пешгӯии афзоиши ин намуди ҷинояткорӣ, инчунин ҳолати расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, ки ба мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилонаи трансмиллӣ, савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни ҷиноятҳои зикргардида равона шудаанд, ташаккул меёбад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563).

2. Давлат бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии қурбониёни савдои одамон, хусусан занҳо ва кӯдакон чораҳои зарурӣ андешида, ба расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон ва таъмини бехатарии онҳо, аз ҷумла тавассути таҳияи барномаҳои давлатии мақсаднок дар ин самт ва муттаҳид намудани фаъолияти субъектҳои системаи давлатии муқовимат ба савдои одамон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ диққати махсус медиҳад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563).

3. Сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон ба принсипҳои зерин асос меёбад:

- таъмини аввалиндараҷаи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии қурбониёни савдои одамон, кафолати давлатии амнияти онҳо, ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва шаъну шарафи онҳо, ҳуқуқ ба махфиёна нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсияти онҳо;

- муносибати системавӣ ба ташкили муқовимат ба савдои одамон, аз ҷумла огоҳонидан, ошкор намудан ва пешгирӣ кардани ҷиноятҳо дар самти савдои одамон, бартарафкунии оқибатҳои онҳо, ҳифзу дастгирии қурбониёни савдои одамон, инчунин ба ҷавобгарӣ кашидани шахсоне, ки дар савдои одамон гунаҳгоранд ва пешгирии ретсидиви чунин ҷиноятҳо;

- афзалияти пешгирии савдои одамон ва ҷиноятҳои бо он алоқаманд, аз ҷумла тадбирҳое, ки барои паст намудани талабот ба истисмори шаҳвонӣ, иқтисодӣ ва дигар намудҳои истисмори инсон, пешгирии виктимизатсияи қурбониёни савдои одамон ва ҷиноятҳои ба он алоқаманд равона карда шудаанд;

- татбиқи маҷмӯии чораҳои дорои хусусияти сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, иттилоотӣ, таълимӣ, ҳуқуқӣ, мурофиавӣ, оперативӣ - ҷустуҷӯӣ ва дигар хусусият ҳангоми ташкили муқовимат ба савдои одамон;

- ногузирии ҷавобгарии шахсоне, ки дар савдои одамон гунаҳгоранд;

- ба ҳадди ақал расонидани даромадҳо аз фаъолияти ҷиноятӣ дар самти савдои одамон, тавассути татбиқ намудани ҷазоҳои ҷиноятӣ, пеш аз ҳама мусодираи молу мулк;

- шарикии иҷтимоӣ ва ҳамкории давлат бо ташкилотҳои байналмилалӣ, ғайридавлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва шаҳрвандон ҳангоми ташкили муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);

- ҳимояи давлатии кафолатдодашуда, барқарор кардани ҳуқуқҳои қурбониёни савдои одамон, ҷуброни зарари ба онҳо расонидашуда, таъмини амнияти онҳо, новобаста аз рафтори онҳо то содир гардидани ҷиноят, ҳамчунин омодагии онҳо барои ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми тафтишот ва баррасии судии ҷиноятҳои нисбати онҳо содиршуда; 

- афзалияти ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдакон-қурбониёни савдои одамон, аз ҷониби давлат таъмин намудани ҳифзи махсуси онҳо ва аз тарафи тамоми субъектҳои системаи муқовимат ба савдои одамон ба онҳо расонидани кумаки ҳамаҷониба (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);

- муносибати фардӣ дар муайян кардани ҳаҷми хизматрасонӣ оид ба мутобиқгардонӣ ва тавонбахшии иҷтимоии қурбониёни савдои одамон вобаста ба розигии онҳо барои ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ; 

- ба ҷавобгарӣ накашидани шахсони аз савдои одамон зарардида барои кирдори зиддиҳуқуқие, ки ба ҷалби онҳо ба савдои одамон ба сифати қурбонӣ алоқаманд мебошад; 

- роҳ надодан ба табъизи қурбониёни савдои одамон, муносибати одилона ва инсондӯстона нисбат ба онҳо; 

- таъмини дастрасии озод ва ройгони қурбониёни савдои одамон ба адолати судӣ; 

- махфиёна будани иттилоот дар бораи қурбониёни савдои одамон ва наздикони онҳо.

4. Давлат бо мақсади амалӣ гардонидани принсипҳои сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон инҳоро таъмин менамояд:

- мутобиқати қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст;

- дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос намудани хусусият ва дараҷаи барои ҷамъият хавфнокӣ, ҳолати воқеӣ, тамоюл ва пешгӯии афзоиши ҷинояткорӣ дар самти савдои одамон, шакл ва намудҳои он;

- ҳамоҳангсозии фаъолият дар самти муқовимат ба савдои одамон бо самтҳои омехтаи фаъолияти давлат дар соҳаи сиёсати иҷтимоӣ, иқтисодӣ, муҳоҷират, иттилоотӣ, таълимӣ ва иҷозатномадиҳӣ;

- таҳия ва татбиқи барномаҳои миллӣ оид ба огоҳонидан ва пешгирӣ намудани савдои одамон, оид ба тавонбахшии иҷтимоии қурбониёни он, расонидани кумак ва дастгирии ҳамаҷонибаи давлатӣ ба онҳо (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);

- амалӣ намудани назорати давлатӣ ба риояи қонунгузории Ҷумҳуриии Тоҷикистон ва аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро намудани уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);

- такмили механизмҳои ҳамкории мутақобилаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сарҳад, муҳоҷират, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо барои қабул намудани тадбирҳои мувофиқашудаи муқовимат ба савдои одамон, хусусан занон ва кӯдакон;

- ҳамоҳангсозии амалҳои мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои давлатӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, табақаҳои васеи аҳолӣ оид ба огоҳонидан ва пешгирии савдои одамон.

5. Сиёсати давлатӣ дар самти ҳифзи ҷабрдидагон ва шоҳидон оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ марбут ба ҷиноятҳо дар самти савдои одамон таҳти назорати прокурорӣ дар асоси принсипҳои қонуният, эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, масъулияти мақомоте, ки ҳифзи давлатии шахсони мазкурро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамоянд, амалӣ мешавад.

 

БОБИ 2.

АСОСҲОИ ТАШКИЛИИ МУҚОВИМАТ  БА САВДОИ ОДАМОН ВА

РАСОНИДАНИ КӮМАК БА ҚУРБОНИЁНИ САВДОИ  ОДАМОН

 

Моддаи 5. Системаи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни

                      савдои одамон

(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563)

 

1. Системаи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон фаъолияти мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои давлатӣ, инчунин ташкилотҳои ғайридавлатӣ, байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори омма ва шаҳрвандон оид ба огоҳонидан, ошкор намудан ва пешгирӣ кардани ҷиноятҳо дар самти савдои одамон, бартарафсозии оқибатҳои иҷтимоии онҳо, оид ба расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамонро дар бар мегирад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563).

2. Давлат самаранокии муқовимат ба савдои одамонро бо роҳи татбиқи чораҳои маҷмӯӣ оид ба такмили кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки дар самти муқовимат ба савдои одамон ваколатдор мебошанд, баланд бардоштани салоҳиятнокӣ ва ихтисоснокии кормандони онҳо, таъмини огоҳонидан, ошкор намудан, пешгирӣ кардан ва тафтиши ҳамаи ҳолатҳои савдои одамон, муқаррар ва бартараф намудани сабаб ва шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда, ошкоркунии шахсони дар содиркунии ҷиноятҳои зикргардида гунаҳгор, ногузирии ба ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кашидани онҳо ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамонро кафолат медиҳад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563).

 

Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба савдои

                      одамон 

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- сиёсати давлатиро дар самти муқовимат бо савдои одамон амалӣ менамояд;

- таҳия, банақшагирӣ, маблағгузорӣ ва амалӣ намудани чораҳои маҷмӯиро оид ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон таъмин мекунад;

- санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ташкил ва тартиби амалӣ намудани фаъолият оид ба муқовимат ба савдои одамонро танзим менамоянд, қабул мекунад;

- иҷрои санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистонро дар самти муқовимат ба савдои одамон таъмин мекунад;

- Низомномаи Комиссияи байниидоравии муқовимат ба савдои одамонро тасдиқ менамояд;

- нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамонро тасдиқ менамояд ва татбиқи онро таъмин мекунад;

- барномаҳои мақсадноки давлатиро, ки барои муқовимат ба савдои одамон равона шудаанд, тасдиқ мекунад;

- оид ба таъмини фаъолияти субъектҳои системаи муқовимат ба савдои одамон тадбирҳо меандешад;

- барои таъмини фаъолияти ташкилию ҳуқуқӣ, молиявӣ ва моддию техникии субъектҳои системаи давлатии муқовимат ба савдои одамон дар самти расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон чораҳо меандешад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563)

- фонди расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамонро таъсис дода, тартиби ташкил ва фаъолияти онро муайян мекунад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);

- номгӯйи ҷиноятҳои бо савдои одамон алоқамандро муайян мекунад  (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);

- номгӯи мансабҳоро, ки бо фаъолияти омӯзгорӣ, пешбурди вазифаҳои тарбиявӣ нисбати кӯдакон алоқаманд мебошанд, инчунин касбҳои бо кори доимӣ бо кӯдакон вобастабударо, ки ишғоли онҳо аз ҷониби шахсони қаблан ҷиноятҳои ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсиро содирнамуда манъ аст, тасдиқ менамояд;

- дигар ваколатҳоро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, амалӣ менамояд. 

 

Моддаи 7. Субъектҳои давлатие, ки бевосита муқовимат ба савдои одамонро амалӣ

                      менамоянд

 

1. Субъектҳои давлатие, ки бевосита муқовимат ба савдои одамонро амалӣ менамоянд, инҳо мебошанд:

- Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои тобеи он; 

- Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2. Субъектҳои давлатие, ки бевосита муқовимат ба савдои одамонро амалӣ менамоянд, дар доираи ваколатҳои худ дар таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон, таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти мазкур, таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои мақсадноки давлатӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон иштирок менамоянд.

3. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои тобеи он:

- назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи муқовимат ба савдои одамон амалӣ намуда, дар доираи ваколатҳои худ оид ба пешгирии савдои одамон тадбирҳо меандешанд;

- фаъолияти мақомоти давлатии амаликунандаи муқовимат ба савдои одамонро ҳамоҳанг месозанд;

- ҳангоми ошкор намудани ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба савдои одамон ҷиҳати бартарафсозии чунин ҳолатҳо тадбирҳо меандешанд;

- ҳангоми аз мақомоти давлатии амаликунандаи муқовимат ба савдои одамон, ташкилотҳо ва шаҳрвандон гирифтани маълумот дар бораи мавҷудияти ҳолатҳои ба савдои одамон вобаста, оид ба бартараф намудани чунин ҳуқуқвайронкуниҳо амр мебароранд, ки иҷрои он аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ, ташкилотҳо, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон ҳатмӣ мебошад ё бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд аризаро дар бораи дахл доштани ташкилотҳо ба савдои одамон, манъ кардани фаъолияти онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барҳам додани чунин ташкилотҳо, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд ё дар бораи қатъи фаъолияти намояндагии чунин ташкилотҳои хориҷӣ ё байналмилалие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ гардидаанд, пешниҳод менамоянд. Аз лаҳзаи пешниҳоди ариза ба суд фаъолияти ташкилоти ба савдои одамон дахлдор боздошташуда ҳисобида мешавад;

- таъқиби ҷиноятии шахсонеро, ки савдои одамон ё ҷиноятҳои ба он алоқамандро содир намудаанд, амалӣ мекунанд;

- дигар ваколатҳоро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд.

4. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ:

- дар асоси иттилооти аз субъектҳои давлатии амаликунандаи муқовимат ба савдои одамон пешниҳодгардида, махзани ягонаи маълумот дар бораи савдои одамонро таъсис медиҳад;

- воҳидҳои махсусгардонидашуда оид ба муқовимат ба савдои одамон (минбаъд- воҳидҳои махсусгардонидашуда)-ро таъсис медиҳад;

- огоҳонидан, ошкор кардан ва пешгирӣ намудани савдои одамон ва ҷиноятҳои ба он алоқамандро амалӣ менамояд;

- бо мақсади ошкор кардан ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба савдои одамон мусоидаткунанда чораҳои пешгирикунанда меандешад;

- дар асоси ариза ҳимояи қурбониёни савдои одамонро дар давраи мурофиаи ҷиноятӣ таъмин менамояд ва ба онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар кумакро мерасонад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);

- барои ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва молу мулки шаҳрвандоне, ки ба онҳо вобаста ба расонидани ёрӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳо дар самти савдои одамон хатар таҳдид мекунад, тадбирҳо меандешад; 

- фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, фаъолият оид ба таъқиби ҷиноятӣ, ҳамкории байналмилалӣ, айнияткунонии қурбониёни савдои одамон, таҳлили иттилоот, инчунин таъсиси марказҳо оид ба огоҳонидан ва пешгирӣ намудани савдои одамонро амалӣ менамояд;

- дигар ваколатҳоро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

5. Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ:

- огоҳонидан, ошкор кардан ва пешгирӣ намудани савдои одамон ва ҷиноятҳои ба он алоқамандро амалӣ менамояд, чораҳои пешгирикунандаро оид ба ошкор ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба савдои одамон ва содир намудани ҷиноятҳои ба он алоқаманд мусоидаткунанда меандешад;

- муқовимат ба савдои одамонро ба воситаи ошкор намудани алоқаҳои ташкилотҳои байналмилалии террористӣ ва гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ бо савдогарони одамон, огоҳонидан, ошкор кардан ва пешгирӣ намудани кӯшишҳои савдогарони одамон ҷиҳати гузаштан аз Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҷойивазкунии ғайриқонунии курбониёни савдои одамонро тавассути Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд;

- таъқиби ҷиноятии шахсонеро, ки савдои одамон ва дигар ҷиноятҳои ба он алоқамандро содир намудаанд, амалӣ менамояд;

- дигар ваколатҳоро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

6. Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлили маҷмӯӣ ва арзёбии ҳолати мубориза бо ҷиноятҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳои онҳо ва алоқамандии чунин ҷиноятҳоро бо савдои одамон ва ҷиноятҳои ба он алоқаманд мегузаронад. Дар ҳолати ошкор кардани ҷиноятҳои ба савдои одамон алоқаманд, муайян кардани фаъолияти гурӯҳҳои ҷинояткори нашъаҷаллобӣ, ки ба савдои одамон алоқаманданд ва дорои хусусияти байниминтақавӣ ва байналмилалӣ мебошанд, инчунин шахсоне, ки ба чунин ҷиноятҳо дахл доранд ва қурбонии имконпазири савдои одамон эътироф шудаанд, дар якҷоягӣ бо дигар субъектҳои муқовимат, ки дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, барои гузаронидани фаъолияти минбаъдаи ошкор кардан, пешгирӣ намудан, қатъ кардан ва кушодани ҷиноятҳои ба савдои одамон алоқаманд, ҳамкорӣ менамояд.

7. Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро оид ба ошкор кардан ва пешгирӣ намудани кӯшишҳои аз ҷониби савдогарони одамон гузаштани сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин пешгирии рафтуомади ғайриқонунии қурбониёни савдои одамонро тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад. 

8. Субъектҳои давлатии бевосита амаликунандаи муқовимат ба савдои одамон дар доираи салоҳияти худ дар самти расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон ваколатҳои зеринро амалӣ менамоянд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563):

- пешгирии виктимизатсияи қурбониёни савдои одамон; 

- амалӣ намудани чорабиниҳое, ки барои ошкор намудан ва айнияткунонии қурбониёни савдои одамон равона шудаанд; 

- амалӣ гардонидани ҳамкорӣ бо дигар субъектҳои системаи давлатӣ ва ғайридавлатии муқовимат ба савдои одамон оид ба масъалаҳои расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563).

 

Моддаи 8. Субъектҳои дигари давлатии амаликунандаи муқовимат ба савдои одамон

 

1. Субъектҳои дигари давлатии амаликунандаи муқовимат ба савдои одамон инҳо мебошанд:

- Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);

- Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);

- Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);

- мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;

- ташкилотҳои давлатӣ.

2. Субъектҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда дар таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон, ошкор намудани ҳолатҳои савдои одамон ва ҷиноятҳои ба он алоқаманд иштирок намуда, оид ба бартарафсозии сабаб ва шароитҳои мусоидаткунандаи савдои одамон ва ҷиноятҳои ба он алоқаманд, ҳимоя ва расонидани кумаки иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ, тиббӣ ва равонӣ чораҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ, иттилоотӣ, таълимӣ, ислоҳнамоӣ, тавонбахшӣ ва дигар чораҳоро, ки барои мутобиқгардонӣ ва тавонбахшии иҷтимоии қурбониёни савдои одамон, инчунин пешгирии виктимизатсияи онҳо равона шудаанд, меандешанд ва дар доираи салоҳияти худ ба субъектҳои давлатии бевосита амаликунандаи муқовимат ба савдои одамон мусоидат менамоянд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563)

3. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- кори мақомоти давлатиро оид ба ташвиқу тарғиб ҷиҳати баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон ташкил ва ҳамоҳанг месозад, ҳолати ташвиқу тарғиби ҳуқуқӣ ва донишҳои ҳуқуқии аҳолиро дар ин самт таҳлил менамояд; 

- риояи қонуниятро ҳангоми бақайдгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки фаъолияташон ба муқовимат ба савдои одамон ва ҷиноятҳои ба он алоқаманд равона шудааст, таъмин менамояд ва фаъолияти чунин иттиҳодияҳои ҷамъиятиро месанҷад;

-барномаҳои давлатиро оид ба расонидани кумаки махсусгардонидашуда ба шахсоне, ки аз иллати шаҳвонӣ азият мекашанд, аз ҷумла барои содир намудани ҷиноятҳо дар самти савдои одамон маҳкум шудаанд, таҳия карда, татбиқи онро ташкил менамояд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563).

4. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон: 

- барномаҳои таълимиро оид ба масъалаҳои ошкор кардани савдои одамон ва тарзҳои муқовимат ба он, ки барои табақаҳои гуногуни аҳолӣ ва омӯзиш дар муассисаҳои таълимӣ таъин гардидаанд, таҳия ва тасдиқ менамояд;

-воситаҳои барномавӣ ва техникии маҳдудияти дастрасии кӯдаконро ба маълумоти паҳнгардидаи Интернет, ки ба саломатӣ, инкишофи маънавӣ ва рӯҳии онҳо метавонанд зарар расонанд, таҳия менамояд;

- барномаҳои таълимии ба гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ нигаронидашуда, барои пешгирии виктимизатсияи аҳолӣ ва қурбониёни имконпазири савдои одамон равонагардида, аз ҷумла барои таълим дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, миёна, олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ таъингардидаро таҳия, тасдиқ ва татбиқи онҳоро таъмин мекунад.

5. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- барномаҳои ба қурбониёни савдои одамон расонидани кумаки тиббӣ ва равонӣ, инчунин бо доруворӣ таъмин кардани муассисаҳои махсусро таҳия карда, иҷрои онҳоро таъмин менамояд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);

- тавассути шӯъбаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба қурбониёни савдои одамон додани иттилоот ва машваратро таъмин менамояд, ба онҳо имкониятҳоеро, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсони аз ҷиҳати иҷтимоӣ ҳифзшаванда пешбинӣ шудааст, пешниҳод мекунад; 

- барномаҳои давлатиро оид ба расонидани кумаки махсусгардонидашуда ба шахсоне, ки аз иллати шаҳвонӣ азият мекашанд, аз ҷумла ба шахсоне, ки барои содир намудани ҷиноятҳо дар самти савдои одамон маҳкум шудаанд, таҳия карда, татбиқи онҳоро ташкил менамояд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563).

6. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- маълумотро дар бораи кӯдакон – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба таври доимӣ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ба фарзандхондӣ қабул шудаанд, ҷамъ оварда, шароитҳои зисти онҳоро меомӯзад ва ҳар нимсола дар ин бора ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад; 

- дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ба тавонбахшии қурбониёни савдои одамон кумакрасон фаъолиятро оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қурбонии савдои одамон гаштаанд ва берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, амалӣ менамояд ва барои ба Тоҷикистон баргардонидани онҳо мусоидат мекунад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563)

- ба мақомоти давлатии кишварҳои истиқомати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба савдои одамон маълумот пешниҳод менамояд, доир ба чораҳои муқовимат ба савдои одамон, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд, аз ҷумла дар бораи ҳуқуқҳои қурбониёни савдои одамон иттилоот паҳн менамояд;

- барасмиятдарорӣ ва додани ҳуҷҷатҳои бозгаштро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қурбониёни савдои одамон - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони бешаҳрванди ба таври доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматдошта, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки ба онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми гуреза ё паноҳгоҳи сиёсӣ дода шудааст, фавран таъмин менамояд.

7. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- фаъолиятро оид ба иттилоотонии аҳолӣ дар бораи вазъи бозори меҳнат, тайёрии касбӣ, ҳавасмандгардонӣ оид ба бокортаъминкунӣ ба воситаи хизматрасонии иттилоотию машваратӣ дар бораи касб, хизматрасонӣ оид ба интихоби касб ва таълим, инчунин машварат ва кумак оид ба оғози фаъолияти соҳибкориро амалӣ менамояд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);

- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат ва санҷиши фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, ташкил ва ба роҳ мондани чунин фаъолиятро бо мақсади пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлатҳои хориҷӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдори давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин ташкил ва гузаронидани чораҳои иттилоотию пешгирикунандаро, ки ба муқовимат ба савдои одамон мусоидат мекунанд, амалӣ менамояд;

- дар доираи ваколатҳои худ ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии қурбониёни савдои одамон, аз ҷумла шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки қурбонии савдои одамон гаштаанд ва берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, таъмин менамояд.

8. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо дигар субъектҳои дахлдори амаликунандаи муқовимат ба савдои одамон барномаҳои иҷтимоию иқтисодиро, ки барои бартараф намудани сабаб ва шароитҳои хусусияти иқтисодидоштаи ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ, аз ҷумла савдои одамон мусоидаткунанда равона шудаанд, таҳия ва амалӣ менамояд.

9. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- дар якҷоягӣ бо дигар субъектҳои дахлдори амаликунандаи муқовимат ба савдои одамон иҷрои барномаҳои давлатиро вобаста ба муқовимат ба савдои одамон ва ҷалб нагаштани занон ба сифати қурбонии имконпазири савдои одамон амалӣ менамояд;

- чораҳои вобаста ба огоҳонидан, маълумотдиҳӣ, маърифатнокӣ, машваратдиҳӣ, бозравонӣ ва дастгирии иҷтимоии қурбониёнро дар самти савдои одамон дар байни занон амалӣ мегардонад.

10. Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563):

- дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои таълимии диниро дар самти муқовимат ба савдои одамон таҳия менамояд;

- чораҳои вобаста ба огоҳонидан, маълумотдиҳӣ, маърифатнокӣ ва машваратдиҳиро дар самти савдои одамон дар байни аҳолӣ амалӣ мегардонад.

11. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ якҷоя бо субъектҳои дигари дахлдори амаликунандаи муқовимат ба савдои одамон чораҳои вобаста ба огоҳонидан, маълумотдиҳӣ, маърифатнокӣ, машваратдиҳӣ, шуғл, фароғат ва вақтхушӣ, инчунин бозравонӣ ва дастгирии иҷтимоии қурбониёни савдои одамонро дар байни ҷавонон амалӣ мегардонад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563).

12. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ якҷоя бо субъектҳои дигари дахлдори амаликунандаи муқовимат ба савдои одамон назорати фаъолияти танзимгарони сайёҳӣ ва агентиҳои сайёҳӣ, инчунин тиҷорати моделӣ, шуғл ва намудҳои дигари фаъолият, ки метавонанд барои ҷалби қурбониёни имконпазири савдои одамон истифода шаванд, амалӣ менамояд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563).

13. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи ваколатҳои худ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар доираи ваколатҳои алоҳидаи давлатии аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба онҳо вогузоршаванда дар амалигардонии муқовимат ба савдои одамон иштирок менамоянд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563).

14. Ташкилотҳои давлатӣ дар доираи ваколатҳои худ амалисозии дар фаъолият оид ба муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбонии савдои одамон иштирок мекунанд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563)

15. Ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва шаҳрвандон ҳуқуқ доранд дар расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намоянд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563).

 

Моддаи 9. Фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон

 

1. Бо мақсади пешгирӣ кардани савдои одамон ва ҷиноятҳои ба он алоқаманд, ҳимоя ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки фаъолиятро дар ин самт амалӣ менамоянд, ҳуқуқ доранд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563):

- бо мақомот ва ташкилотҳои давлатии амаликунандаи муқовимат ба савдои одамон, ки дар моддаҳои 7 ва 8 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд ва ҳамчунин бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва хориҷӣ ҳамкорӣ кунанд; 

- маъракаҳои иттилоотиро оид ба масъалаҳои муқовимат ба савдои одамон, аз ҷумла оид ба масъалаҳои хатарҳое, ки қурбониёни савдои одамон гирифтор шуда метавонанд, ташкил намоянд;

- муассисаҳои (марказҳои, паноҳгоҳҳои) махсусро оид ба расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон (минбаъд-муассисаҳои махсуси ғайридавлатӣ) ташкил кунанд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);

- дигар фаъолиятро, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, амалӣ намоянд.

2. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ мутобиқи оинномаи худ фаъолиятро оид ба муайян ва ошкор кардани қурбониёни савдои одамон амалӣ намуда, ба онҳо ҳимояи ҳуқуқӣ ва дигар ҳимояро пешниҳод мекунанд ва кумак мерасонанд, инчунин оид ба пешгирӣ кардани савдои одамон ва ҷиноятҳои ба он алоқаманд тадбирҳо меандешанд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563).

 

Моддаи 10. Фаъолияти ташкилотҳои байналмилалӣ ва хориҷӣ дар самти муқовимат ба

                        савдои одамон

 

Бо мақсади пешгирӣ кардани савдои одамон ва ҷиноятҳои ба он алоқаманд, ошкор кардани қурбониёни савдои одамон, ҳимоя ва кумак кардан ба онҳо ташкилотҳои байналмилалӣ ва хориҷие, ки фаъолиятро дар самти муқовимат ба савдои одамон амалӣ мегардонанд, ҳуқуқ доранд бо мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳои дар моддаҳои 7 - 9 Қонуни мазкур пешбинишуда ҳамкорӣ кунанд, лоиҳаҳои ёрии техникии байналмилалиро, ки ба муқовимати савдои одамон равона карда шудаанд, аз ҷумла ба воситаи ташкили муассисаҳои махсуси ғайридавлатӣ амалӣ намоянд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563).

 

Моддаи 11. Ҳамкории мақомоти давлатӣ бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои

                        байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон

 

1. Мақомоти давлатӣ дар доираи ваколатҳои худ ҳамкориро бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва шаҳрвандон бо мақсади баланд бардоштани самаранокии огоҳонидан, ошкор намудан ва пешгирии савдои одамон, пешниҳоди ҳимоя ва кумак ба қурбониёни он, ҳамоҳангсозии корҳои профлактикӣ дар самти мазкур, инчунин пурзӯр намудани назоратбарии ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандиро аз рафт ва натиҷаҳои ин фаъолият таъмин менамоянд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563).

2. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ, ки дар самти муқовимат ба савдои одамон фаъолият менамоянд, бо қурбониёни имконпазири савдои одамон корҳои маърифатӣ мегузаронанд, онҳоро дар бораи хатарҳое, ки дар ҳолатҳои номусоиди ҳаётӣ дучор шуда метавонанд, хабардор менамоянд, дар ташкили муассисаҳои махсуси ғайридавлатӣ ва амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба мутобиқгардонӣ ва тавонбахшии иҷтимоии онҳо иштирок менамоянд.

3. Мақомоти давлатӣ дар доираи ваколатҳои худ воситаҳои ахбори омма, шабакаҳои иттилоотию коммуникатсионии дастрасии кушода ва алоқаро дар фаъолияти онҳо оид ба пешгирии савдои одамон, аз ҷумла тавассути тадбирҳои зерин амалишавандаро дастгирӣ мекунанд: 

- ташкили мониторинги иттилооте, ки бо иштироки онҳо пахш мешавад, ташкили «хатҳои оҷилӣ»;

- ҷорӣ намудани системаи таснифи мазмуни маҳсулоти иттилоотии аз ҷониби онҳо паҳншаванда;

- насби филтрҳои мазмунӣ ва мониторинги захираҳои иттилоотии аз ҷониби онҳо дастгиришаванда;

- истифодаи воситаҳои техникӣ ва барномавии муҳосира кардани иттилооте, ки паҳн намудани он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.

4. Давлат аз тарафи операторони алоқаи мобилӣ ва алоқаҳои интернетӣ бастани созишномаҳои дохилидавлатӣ ва байнидавлатиро оид ба таъмини истифодаи бехатари хизматрасонии мобилӣ ва дигар намудҳои алоқаи телекоммуникатсионӣ аз тарафи кӯдакон, аз ҷумла анҷом додани чораҳои зеринро ҳавасманд мегардонад:

- назоратбарии дастрасии кӯдакон ба алоқаҳои мобилӣ ва электронӣ дар реҷаи «танҳо барои калонсолон»;

- гузаронидани маъракаҳои маърифатӣ барои омӯзгорон, падару модарон ва кӯдакон дар бораи тадбирҳои бехатарӣ ҳангоми истифодабарии алоқаи мобилӣ ва дигар намудҳои алоқаи электронӣ;

- ихтиёран гузаронидани таснифи синнусолии мазмуни маҳсулоти иттилоотӣ мутобиқи стандартҳои миллии бехатарии иттилоотии кӯдакон; 

- тавассути шабакаҳои алоқаҳои мобилӣ ва интернетӣ иштирок дар огоҳонидан ва пешгирии паҳн кардани хабарҳое, ки мазмуни ғайриқонунӣ доранд; 

- ба истифодабарандагони алоқаҳои мобилӣ ва алоқаи электронӣ пешниҳод кардани хизматрасонии таъминоти барномавии назоратбарии падару модар ва омӯзгорон, муҳосира ва ҷудо (селексия) намудани дастрасии кӯдакон ба захираҳои иттилоотие, ки барои саломатӣ ва инкишофи ахлоқию рӯҳии кӯдакон хатар доранд.

5. Ба иттиҳодияи ҷамъиятӣ ё ташкилоти ғайридавлатӣ бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ дастгирии молиявӣ пешниҳод карда мешавад, дар ҳолате, ки агар мутобиқи озмуни кушодаи гузаронидашуда барномаҳои чорабиниҳои пешниҳодкардаи онҳо оид ба пешгирии савдои одамон ё таъсиси муассисаи махсуси ғайридавлатӣ ба нақшаҳои (барномаҳои) идоравӣ ё маҳаллӣ дохил карда шуда, нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамонро инкишоф диҳанд ва мушаххас намоянд.

 

Моддаи 12. Механизми бозравонии қурбониёни савдои одамон

 

1. Ҳамкорӣ байни субъектҳои низоми давлатии муқовимат ба савдои одамон бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва байналмилалӣ дар доираи механизми бозравонии қурбониёни савдои одамон тибқи созишнома оид ба ҳамкорӣ амалӣ карда мешавад.

2. Тартиби амалӣ намудани маҷмӯи тадбирҳоро дар доираи механизми бозравонии қурбониёни савдои одамон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 13. Мониторинги вазъият дар самти савдои одамон ва муқовимат ба он

 

1. Субъектҳои системаи муқовимат ба савдои одамон мутобиқи салоҳияти худ мониторинги вазъият дар самти савдои одамон ва муқовимат ба онро амалӣ менамоянд.

2. Асосҳо ва тартиби амалисозии мониторинг дар самти мазкур аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо истифодаи воситаҳои барномавӣ ва техникӣ, инчунин тартиб ва шартҳои ҳамбастагии операторони алоқа бо мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ ва дар бораи технологияҳои иттилоотӣ ва алоқа танзим мешаванд.

3. Мониторинги вазъият дар самти савдои одамон дар асоси аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъмин намудани пурра ва сари вақт ошкор намудан, баҳисобгирӣ ва бақайдгирии ҷиноятҳо дар самти зикргардида амалӣ мегардад.

4. Мониторинги вазъият дар самти савдои одамон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мутобиқи салоҳияти онҳо бо роҳҳои зерин амалӣ карда мешавад:

- таҳлили омории ҳолат ва ҷараёни ҷиноятҳо дар самти савдои одамон;

- ташкили мониторинги интернет ва шабакаи алоқаи мобилӣ;

- ташкили шабакаи «хати оҷилӣ» ва телефонҳои боварӣ, аз ҷумла бо истифодаи шабакаҳои телекоммуникатсионӣ ва воситаҳои электронии алоқа;

- ҷамъ овардан, мураттабсозӣ ва таҳлили иттилооте, ки дар натиҷаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ворид мешаванд;

- ҷамъ овардан, мураттабсозӣ ва таҳлили иттилооте, ки аз мақомоту муассисаҳои маориф ва илм, хизматрасонии тиббии кӯдакон, ҳифзи иҷтимоӣ ва хизматрасонии иҷтимоии аҳолӣ, дигар мақомоту муассисаҳои ба кор бо кӯдакон машғулбуда воридшудае, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадоранд, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бораи ҳолатҳои савдои кӯдакон ва ҷиноятҳои ба он алоқаманд, ки ба кормандони онҳо вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти касбӣ ё хизматӣ маълум шудаанд, иттилоот диҳанд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);

- ҷамъ овардан, мураттабсозӣ ва таҳлили иттилооте, ки дар ариза ва муроҷиатҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо, инчунин шаҳрвандон мавҷуданд;

- мониторинги воситаҳои ахбори омма.

5. Натиҷаҳои фаъолияти дар моддаи мазкур пешбинигардида бо мақсадҳои пешгӯии вазъи ҷинояткорӣ дар самти савдои одамон, банақшагирӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолият оид ба муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон истифода бурда мешаванд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563).

6. Ифшо кардани иттилооти махфиёна дар бораи қурбониёни савдои одамон, инчунин дигар иттилооти махфиёна, ки дар ҷараёни амалигардонии мониторинг ба даст оварда шудаанд, манъ аст.

 

Моддаи 14. Банақшагирии фаъолият оид ба муқовимат ба савдои одамон ва расонидани

                        кумак ба қурбониёни савдои одамон

(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563)

 

1. Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии муқовимат ба савдои одамон, инчунин ҳифзи курбониёни он, субъектҳои системаи муқовимат ба савдои одамон нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамонро таҳия менамоянд.

2. Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон давра ба давра аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мӯҳлати муайян тасдиқ гардида, амалисозии чораҳои маҷмӯии ба муқовимат ба савдои одамон, инчунин ба ҳимоя ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон, аз ҷумла ҳамкорӣ бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва дигар ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ равонагардидаро пешбинӣ менамояд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563).

3. Субъектҳои системаи муқовимат ба савдои одамон мутобиқи ваколаташон нақшаи чорабиниҳои худро оид ба татбиқи нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон таҳия ва тасдиқ менамоянд.

 

Моддаи 15. Ҳамоҳангсозии фаъолият оид ба муқовимат ба савдои одамон

 

1. Бо мақсади таъмини фаъолияти самараноки субъектҳои системаи муқовимат ба савдои одамон ва ташкили ҳамкории онҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон (минбаъд – Комиссияи байниидоравӣ) ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ комиссияҳои ҳудудии муқовимат ба савдои одамон (минбаъд – комиссияҳои ҳудудӣ) - ро таъсис медиҳанд.

2. Комиссияи байниидоравӣ дар асоси доимӣ бевосита ё ба воситаи комиссияҳои ҳудудӣ ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳамаи субъектҳои системаи муқовимат ба савдои одамонро бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

3. Бо мақсади самаранок амалӣ намудани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва таъқиби ҷиноятӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон Комиссияи байниидоравӣ ҳамкории доимиро бо мақомоти амнияти миллӣ, хадамоти гумрук, хадамоти муҳоҷират, мақомоти корҳои дохилӣ, прокуратура, судҳо, дигар мақомоти давлатӣ, инчунин бо воситаҳои ахбори омма, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ амалӣ менамояд.

4. Натиҷаҳои фаъолияти субъектҳои системаи муқовимат ба савдои одамон ва ҳамоҳангсозии он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, воҳидҳои марзию маъмурии он ва кишварҳои ҳамсарҳад дар ҳисоботи ҷамъбастии ҳарсола, ки аз ҷониби Комиссияи байниидоравӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби комиссияҳои ҳудудӣ бошад, ба Комиссияи байниидоравӣ, инчунин ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор пешниҳод мешаванд, нишон дода мешавад. 

5. Ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти амаликунандаи муқовимат ба савдои одамон дар самти муқовимат ба савдои одамон аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои тобеи он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 16. Комиссияи байниидоравӣ ва комиссияҳои ҳудудии муқовимат ба савдои одамон

 

1. Комиссияи байниидоравӣ ваколатҳои ҳамоҳангсозандаи миллиро дар самти муқовимат ба савдои одамон иҷро менамояд. Тартиби ташкил ва фаъолияти он бо Низомномаи Комиссияи байниидоравӣ, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, муайян карда мешавад.

2. Комиссияи байниидоравӣ ваколатҳои зеринро амалӣ менамояд: 

- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба асосҳои сиёсати давлатӣ дар самти огоҳонидан ва пешгирӣ намудани савдои одамон таклифҳо, инчунин ҷиҳати такмили фаъолият оид ба ошкор кардан ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба ҷиноятҳои зикргардида мусоидаткунанда ва амалӣ намудани фаъолияти пешгирикунанда дар ин самт тавсияҳо пешниҳод менамояд;

- иҷрои нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамонро назорат мекунад, мониторинги татбиқи чораҳои дар он пешбинишударо ташкил менамояд, бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рафти иҷрои нақшаи миллӣ ва иҷрои қонунгузорӣ дар ин самт аз ҷониби субъектҳои системаи муқовимат ба савдои одамон мунтазам иттилоот пешниҳод менамояд; 

- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон таклифҳо пешниҳод менамояд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);

- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар бораи натиҷаҳо ва масъалаҳои ҳалталаби муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои ҳамсарҳад ҳисобот пешниҳод менамояд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);

- дар омода намудани шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба савдои одамон иштирок менамояд;

- бо мақсади таҳкими ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ санадҳо оид ба ҳамкориро ба тасвиб мерасонад.

3. Бо мақсади таъмини дастрасӣ ва муроҷиати фаврии курбониёни савдои одамон, дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои марбут ба савдои одамон, Комиссияи байниидоравӣ фаъолияти комиссияҳои ҳудудиро ҳамоҳанг месозад ва назоратро аз болои фаъолияти онҳо амалӣ менамояд.

4. Комиссияи байниидоравӣ ва комиссияҳои ҳудудӣ дар доираи салоҳияти худ ваколатҳои зеринро амалӣ менамоянд:

- фаъолияти иттилоотию маърифатиро дар байни гурӯҳҳои гуногуни аҳолӣ оид ба хатари савдои одамон ҳамчун зуҳуроти иҷтимоӣ, дар бораи чораҳои пешгирикунанда ва ҳифзи ҳуқуқии дар самти мазкур мавҷудбуда ва имкониятҳои муроҷиат намудан барои кумак ба субъектҳои дахлдори системаи муқовимат ба савдои одамон ташкил менамоянд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);

- омӯзиш ва такмили дараҷаи ихтисоси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро оид ба масъалаҳои муқовимат ба савдои одамон ташкил менамоянд;

- қабул, мураттабсозӣ, таҳлили ариза ва муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро вобаста ба масъалаҳои савдои одамон ташкил менамоянд;

- ҷорӣ намудан ва амалисозии системаи «хатҳои оҷилӣ» ва телефонҳои бовариро барои гирифтани иттилооти бештару пурра дар бораи ҳолатҳои савдои одамон ва ҳуқуқвайронкуниҳои ба он алоқаманд ташкил менамоянд;

- вобаста ба фаъолият оид ба муқовимат ба савдои одамон қарор қабул менамоянд;

- фаъолият оид ба пешгирии савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамонро ҳамоҳанг месозанд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);

- ба муассисаҳои (марказҳои, паноҳгоҳҳои) махсуси давлатӣ оид ба расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон (минбаъд - муассисаҳои махсуси давлатӣ) ва муассисаҳои махсуси ғайридавлатии дар ҳудуди дахлдори онҳо воқеъгардида, дастгирии ташкилӣ ва методиро оид ба расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон таъмин менамоянд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);

- дастгирии иттилоотӣ, ташкилӣ, методӣ ва дастгирии дигари фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатиро, ки ба муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни он равона шудааст, анҷом медиҳанд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563).

5. Комиссияи байниидоравӣ ва комиссияҳои ҳудудӣ ваколатҳои ба зиммаи онҳо гузошташударо бо шаклҳои зерини кор амалӣ менамоянд:

- мунтазам дар ҷаласаҳои худ бо риояи системаи муқар-раргардидаи махфият иттилоот дар бораи ҳолати муқовимат ба савдои одамонро, ки бо риояи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби субъектҳои системаи муқовимат ба савдои одамон пешниҳод гардидааст, баррасӣ менамоянд;

- иттилоот оид ба ҳолат, ҷараён ва тамоюли савдои одамонро дар сатҳи миллӣ (минтақавӣ) ҷамъ меоваранд, ҷамъбасту таҳлил мекунанд ва пешгӯиҳои кӯтоҳмуддату дарозмуддати рушди онро таҳия менамоянд;

- ариза ва муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро вобаста ба масъалаҳои савдои одамон қабул, мураттаб ва таҳлил менамоянд;

- мунтазам ҷаласаҳои ҳамоҳангсозиро бо иштироки субъектҳои системаи муқовимат ба савдои одамон баргузор менамоянд;

- барнома ва нақшаҳои фаъолияти субъектҳои системаи муқовимат ба савдои одамонро таҳия менамоянд ва иҷрои онҳоро назоратбарӣ мекунанд.

6. Комиссияи байниидоравӣ ва комиссияҳои ҳудудӣ бо мақсади татбиқи ваколатҳо дар самти муқарраргардидаи фаъолият ҳуқуқ доранд:

- гузаронидани таҳқиқот, экспертиза ва баҳодиҳии зарурӣ, аз ҷумла таҳқиқоти илмиро оид ба масъалаҳои амалӣ гардонидани ҳамоҳангсозӣ дар самти муқарраргардидаи фаъолият ташкил намоянд;

- ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти комиссия мансубанд, тавзеҳот диҳанд;

- маълумотеро, ки оид ба масъалаҳои ба салоҳияти комиссия мансуббуда заруранд, дархост ва дастрас намоянд;

- бо тартиби муқарраргардида барои коркарди масъалаҳои самти фаъолияти худ ташкилотҳои илмӣ ва дигар ташкилотҳо, олимон ва мутахассисонро ҷалб намоянд;

- мақомоти машваратӣ ва ташхисиро (шӯроҳо, гурӯҳҳо, комиссияҳоро) дар самти муқарраргардидаи фаъолият таъсис диҳанд.

7. Қарор, талабот, муроҷиат, дархост, пешниҳод ва тавсияҳои Комиссияи байниидоравӣ ва комиссияҳои ҳудудӣ оид ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти онҳо дохил мешаванд, аз ҷониби мақомоти дахлдор баррасӣ ва иҷро гардида, аз натиҷаи он комиссияи дахлдор хабардор карда мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563).

8. Комиссияи байниидоравӣ ва комиссияҳои ҳудудӣ ҳуқуқ доранд ба ҷаласаҳои худ намояндагони мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатиро оид ба масъалаҳои муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон бо ҳуқуқи овоздиҳӣ даъват намоянд.

 

Моддаи 17. Воҳидҳои махсусгардонидашуда оид ба муқовимат ба савдои одамон

 

1. Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии татбиқи чорабиниҳое, ки дар нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон пешбинӣ шудаанд, дар мақомоти корҳои дохилӣ системаи мутамаркази воҳидҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, ки ба ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо мақсади ҳифзи ҳаёт, саломатӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, молу мулк, таъмини амнияти ҷамъиятӣ ва давлатӣ аз ҷиноятҳо дар самти савдои одамон махсус гардонида шудаанд, таъсис дода мешаванд. 

2. Воҳидҳои махсусгардонидашуда дар доираи ваколатҳои худ ошкор кардан ва айнияткунонии қурбониёни савдои одамонро амалӣ намуда, муҳофизати онҳоро таъмин менамоянд, инчунин бо фаъолияти оперативӣ - ҷустуҷӯӣ ва таъқиби ҷиноятии шахсоне, ки ҷиноятҳои ба савдои одамон алоқамандро содир намудаанд, машғул мешаванд.

3. Вазифаҳои воҳидҳои махсусгардонидашуда иборатанд аз:

- ошкор намудан, огоҳонидан, пешгирӣ кардан ва кушодани ҷиноятҳо дар самти савдои одамон; 

- ошкор ва муайян намудани шахсони ҷиноятҳои ба савдои одамон алоқамандро тайёркунанда, содиркунанда ё содиркарда; 

- амалӣ намудани ҷустуҷӯи савдогарони одамон, ки аз мақомоти таҳқиқ, тафтишот ва суд пинҳон шудаанд, аз адои ҷазои ҷиноятӣ саркашӣ менамоянд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);

- амалӣ намудани ҷустуҷӯи шахсони бедарак гумшуда, ки нисбат ба онҳо асосҳои эҳтимолияти қурбонии савдои одамон гаштани онҳо ҷой доранд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);

- таъмини бехатарии қурбониёни савдои одамон, ташкили расонидани кумаки таъҷилӣ ба онҳо (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563)

- ташкили ҷамъ овардан, захира намудан ва нигоҳдории маълумот оид ба шахсон, воқеият ва ҳолатҳое, ки ба савдои одамон алоқаманд мебошанд, дар маркази ягонаи иттилоотию ҳисоббарорӣ бо ҷалби мутахассисоне, ки аз тайёрии махсуси касбӣ гузаштаанд ва бо воситаҳои техникии муосир таҷҳизонида шудаанд; 

- бақайдгирӣ ва санҷиши хабарҳо, аз ҷумла беном оид ба ҳолатҳои савдои одамон, аз он ҷумла савдои кӯдакон, истисмори шаҳвонӣ ва дигар истисмори онҳо бо истифода аз технологияҳои навтарин.

4. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, таҳқиқ, тафтиши пешакӣ оид ба категорияи зикргардидаи парвандаҳои ҷиноятӣ дар воҳидҳои махсусгардонишудаи мақомоти корҳои дохилӣ махзани ягонаи иттилоотии маълумот дар бораи ҳолатҳои савдои одамон, шахсияти савдогарони одамон ва қурбониёни ҷиноятҳои мазкур барои захира кардан, мураттабсозӣ, таҳлил ва истифодаи маълумоти ҷамъовардашуда ташкил карда мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563).

5. Кормандони воҳидҳои махсусгардонидашуда дар асоси озмун, бо назардошти шаффофият ва интихоби объективонаи довталабон, ки онҳо дар баробари дигар меъёрҳои интихобкунии мувофиқати онҳо ба талаботи хизмат дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бояд ба таври иловагӣ дорои хислатҳои касбӣ ва шахсӣ буда, тайёрии махсус, сатҳи муайяни маълумоти махсус ва устувории равонӣ дошта бошанд, мутобиқи талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор қабул карда мешаванд. 

6. Шахсоне, ки барои хизмат дар воҳидҳои махсусгардонидашуда қабул карда шудаанд, тайёрии иловагии махсусро мегузаранд. 

 

Моддаи 18. Махзани ягонаи маълумот дар бораи  ҷиноятҳо дар самти савдои одамон

 

1. Бо мақсади таъмини самараноки муқовимат ба савдои одамон, ошкор намудан ва пешгирӣ кардани фаъолияти ҷиноятии савдогарони одамон, айнияткунонии қурбониёни савдои одамон ва мураттабсозии иттилооти дахлдор Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии дигар мақомоти давлатӣ таъсис ва таъмини азнавкунии саривақтии махзани ягонаи маълумот дар бораи ҷиноятҳо дар самти савдои одамон (минбаъд – махзани ягонаи маълумот)- ро ташкил менамояд.

2. Тартиби ташкили махзани ягонаи маълумот, намуд ва мундариҷаи маълумоти ба он воридшаванда, инчунин номгӯйи шахсоне, ки ба маълумоти дар он дарҷгардида дастрасӣ доранд, аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

3. Ба махзани ягонаи маълумот иттилоот дар бораи ҷиноятҳо дар самти савдои одамон, савдогарони одамон ва қурбониёни савдои одамон (бо қайди иттилоот дар бораи занон ва кӯдакон), аз ҷумла маълумоти зерин ворид карда мешаванд:

- оид ба ҳолатҳои ҷойивазкунии ғайриқонунӣ, одамрабоӣ, истисмори иқтисодӣ, шаҳвонӣ ва дигар истисмори курбониёни савдои одамон;

- дар бораи савдогарони одамон ва шарикони онҳо;

- дар бораи қурбониёни савдои одамон;

- дар бораи туризми шаҳвонии кӯдакон;

- дар бораи шахсони бедарак гумшуда, эҳтимолан истисморшаванда ва ба истисмор гирифторшуда, аз ҷумла дар ҳудуди давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар давлатҳо.

4. Ба махзани ягонаи маълумот иттилооти зерин ворид карда мешаванд:

- иттилооти аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар натиҷаи аз ҷониби онҳо амалӣ намудани мониторинги вазъият дар самти савдои одамон, аз ҷумла ба воситаи шабакаи «хатҳои оҷилӣ» ва телефонҳои боварӣ ҷамъкардашуда;

- иттилооти аз мақомот ва муассисаҳои маориф, хизматрасонии тиббии кӯдакон, ҳифзи иҷтимоӣ ва хизматрасонии иҷтимоии аҳолӣ, дигар мақомот ва муассисаҳои кор бо кӯдакон воридшуда, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадоранд мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар бораи ҳолатҳои савдои кӯдакон ва ҷиноятҳои вобаста ба он, ки ба кормандони онҳо вобаста ба иҷрои фаъолияти касбӣ ё хизматӣ маълум гаштаанд, хабардор намоянд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);

- иттилооте, ки дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва дигар чорабиниҳои вобаста ба ошкор намудан, пешгирӣ кардан, тафтиш ва кушодани ҷиноятҳо дар самти савдои одамон, аз ҷумла маълумот дар бораи онҳо, ки аз махзанҳои иттилоотии маълумоти дахлдори ҳудудӣ, аз Ташкилоти байналмилалии политсияи криминалӣ (Интерпол) ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ гирифта шудаанд.

5. Бо мақсади пайгирии мунтазам ва мубодилаи тарафайни иттилоот дар бораи ҳолат ва тамоюлҳои ғайриқонунӣ ворид намудан, транзит, баровардан ва барнагардонидани одамон аз хориҷа бо мақсади савдои одамон, ҷустуҷӯи саривақтӣ ва айнияткунонии қурбониёни савдои одамон, қисми дахлдори маълумот аз рӯи намудҳои бештар хавфноки ҷиноятҳо дар самти савдои трансмиллии одамон аз махзани ягонаи маълумот бояд ба махзани барои давлатҳо ягонаи байнидавлатии маълумот оид ба ҷиноятҳо дар самти савдои одамон дода шаванд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563).

6. Тартиби ба махзанҳои маълумотии дар ҳамин модда пешбинигардида супоридан ва ворид шудани маълумоти дахлдор инчунин аз онҳо додани маълумоти зарурӣ дар асоси шартномаҳои байнидавлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

7. Иттилооте, ки ба махзани ягонаи маълумот ворид карда шудааст, махфиёна буда, дастрасӣ ба он ва додани он бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

8. Ғайриқонунӣ ифшо кардан, паҳн намудан ё истифода бурдани иттилооте, ки дар махзани ягонаи маълумот нигоҳ дошта мешавад, боиси ҷавобгарии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.

 

БОБИ 3.

АСОСҲОИ ҲУҚУҚИИ ЭЪТИРОФ НАМУДАН ВА

ДОДАНИ МАҚОМИ ҲУҚУҚИИ ҚУРБОНИИ  САВДОИ ОДАМОН

 

Моддаи 19 Ҳуқуқҳои шахси аз савдои одамон зарардида то лаҳзаи қурбонии савдои одамон

                       эътироф гардидани ӯ 

 

1. Шахси аз савдои одамон зарардида то лаҳзаи қурбонии савдои одамон эътироф шуданаш, ҳуқуқ дорад ба муассисаи махсуси давлатӣ ё ғайридавлатӣ ҷиҳати ба ӯ ройгон расонидани маҷмӯи ҳадди ақалли хизматрасонии иҷтимоӣ, аз ҷумла додани сарпаноҳ ва ҷои шабгузаронӣ, маводи хӯрока, ёрии таъҷилии тиббӣ, равонӣ, ҳуқуқӣ ва моддӣ, инчунин хизматрасонии санитарию беҳдоштӣ дар ҳаҷми муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намояд. 

2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар давоми 24 соат аз лаҳзаи аз ҷониби шахси аз савдои одамон зарардида бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 21 Қонуни мазкур пешниҳод намудани ариза дар хусуси қурбонии савдои одамон эътироф гардиданаш, ҷиҳати ба таври ройгон ба ӯ пешниҳод намудани маҷмӯи ҳадди ақалли хизматрасонии иҷтимоӣ дар ҳаҷми пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳо меандешад. 

3. Паҳн намудани маълумоте, ки сирри шахсӣ ва оилавии шахсони аз савдои одамон зарардидаро ташкил медиҳанд, инчунин дигар маълумоте, ки ифшои он ба ҳаёт ё саломатии ин шахсон, инчунин барои амнияти наздикони онҳо хатар ба вуҷуд меорад, манъ аст.

 

Моддаи 20. Мақоми ҳуқуқии қурбонии савдои одамон

 

1. Қурбониёни савдои одамон шахсони зерин эътироф карда мешаванд:

- шахсоне, ки аз тарафи савдогарони одамон ё шарикони онҳо бо мақсади содир намудани савдои одамон ё ҷиноятҳои ба он алоқаманд ё дар ҷараёни содиркунии ин ҷиноятҳо мавриди маҷбуркунӣ, сӯиистифодаи боварии онҳо ва ё сӯиистифодаи гунаҳгор аз вазъи хизматиаш қарор гирифтаанд;

- шахсоне, ки бо мақсади истифодаи минбаъдаи онҳо дар самти савдои одамон оид ба ниятҳои ҳақиқии савдогарони одамон мавриди фиреб қарор гирифтаанд, аз ҷумла шахсоне, ки аз ҷониби савдогарони одамон ҷиҳати бастани шартномаи (қарордоди) қалбакии меҳнатӣ ё дигар шартномаҳо (қарордодҳо), ки ба истисмори одам, истифодаи меҳнати ғуломона ё маҷбурӣ вобаста намебошад, моил карда шудаанд; 

- шахсоне, ки бо сабаби дар вазъяти ноилоҷӣ ё ҳолати оҷизӣ қарор доштанашон, новобаста ба дарки ниятҳои ҳақиқии савдогарони одамон, пешакӣ барои истисмор розигии худро додаанд. 

2. Қурбонии савдои одамон эътироф намудани шахс аз ҳолатҳои зерин вобаста намебошад: 

- мавҷуд будан ё набудани шаҳрвандӣ; 

- рафтори ба ҷабрдидагӣ моил (виктимӣ) ё зиддиҷамъиятии ин шахс дар давраи то ҷалб гардидани ӯ ба савдои одамон, инчунин нияти дар оянда тағйир додани рафторашро доштан ё надоштани ӯ; 

- мавҷуд будани розигии шахси мазкур ба ҷалбкунӣ, интиқол, супоридан, фурӯш, истисмори ӯ ё дигар ҳаракатҳое, ки ба савдои одамон алоқаманданд, ки аз ҷониби савдогарони одамон бо истифодаи маҷбуркунӣ, рабудан, фиреб, сӯиистифодаи боварии ӯ ё сӯиистифодаи гунаҳгор аз вазъи хизматиаш нисбат ба қурбонии имконпазир, ҳамчунин бо истифодаи вазъияти ноилоҷӣ ё ҳолати оҷизии ӯ ба даст оварда шудааст; 

- мавҷуд будани мақоми мурофиавии ҷабрдида оид ба парвандаи ҷиноятӣ, ки марбут ба ҳолати содир шудани ҷиноят (ҷиноятҳо) дар самти савдои одамон оғоз карда шудааст; 

- омода будани шахс барои ҳамкорӣ кардан бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳангоми тафтиш ва муҳокимаи судии парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба ҷинояте, ки нисбат ба ӯ содир шудааст. 

3. Бо тартиби пешбининамудаи моддаи 21 Қонуни мазкур ба шахс додани мақоми қурбонии савдои одамон ба ӯ аз лаҳзаи айнияткунонии вай ба сифати қурбонии савдои одамон то мутобиқгардонӣ ва тавонбахшии пурраи иҷтимоӣ ҳуқуқ медиҳад, ки аз хизматрасонии маъмулии иҷтимоӣ дар ҳаҷми муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чораҳои ҳифзи иҷтимоӣ, расонидани кумаки равонӣ, ҳуқуқӣ, иттилоотӣ, иҷтимоӣ, тиббӣ ва дигар намуди кумак, инчунин баргардонидани қурбониро ба оила, таъмин намудан бо ҷои кор ва таъминоти иҷтимоии ӯро дар бар мегирад, истифода барад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563)

4. Қурбонии савдои одамон барои кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, ки ҳангоми қурбонии савдои одамон буданаш содир кардааст, ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида намешавад. 

5. Додани мақоми қурбонии савдои одамон ба шахсе, ки барои кирдорҳои зиддиҳуқуқии марбут ба ҷалби ӯ ба сифати қурбонии савдои одамон ба ҷавобгарии маъмурӣ ё ҷиноятӣ кашида шудааст, барои аз ҷавобгарӣ озод намудани ӯ асос мегардад. 

 

Моддаи 21. Тартиби додани мақоми ҳуқуқии қурбонии савдои одамон

(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563)

1. Ба шахс додани мақоми ҳуқуқии қурбонии савдои одамон аз ҷониби яке аз субъектҳои давлатие, ки бевосита муқовимат ба савдои одамонро амалӣ менамоянд, амалӣ карда мешавад.

  1. Қарор дар бораи қурбонии савдои одамон эътироф намудани шахс аз тарафи шахси ваколатдори субъекти давдатие, ки бевосита муқовимат ба савдои одамонро амалӣ менамояд, қабул карда мешавад.
  2. Ариза дар бораи қурбонии савдои одамон эътироф намудан аз ҷониби худи шахси зарардида ё намояндаи қонунии ӯ бо розигии ин шахс ба яке аз субъектҳои амаликунандаи муқовимат ба савдои одамон ё ба муассисаи махсуси давлатӣ ва ғайридавлатии дахлдор дода мешавад.
  3. Дар сурати ба комиссияи байниидоравӣ, комиссияҳои ҳудудӣ, субъекти дигари давлатии амаликунандаи муқовимат ба савдои одамон, муассисаи махсуси давлатӣ ё ғайридавлатии дахлдор ворид шудани аризаи шахси аз савдои одамон зарардида, он дар давоми 24 соат аризаро ба яке аз субъектони давлатие, ки бевосита муқовимат ба савдои одамонро амалӣ менамояд, барои ҳалли масъалаи ба чунин шахс додани мақоми ҳуқукии қурбонии савдои одамон ирсол менамояд.
  4. Мақоми ҳуқуқии қурбонии савдои одамон ба шахси аз савдои одамон зарардида аз ҷониби субъекти давлатие, ки бевосита муқовимат ба савдои одамонро амалӣ менамояд, баъди муайян ва дақиқ намудани ҳолатҳои зарурӣ, вале на дертар аз даҳ рӯз пас аз муроҷиат дар хусуси ба шахс додани ин мақом дода мешавад.

6. Ба қурбонии савдои одамон барои қабули қарор дар хусуси ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобаста ба ҷинояти нисбат ба ӯ дар самти савдои одамон содиршуда на камтар аз сӣ рӯз муҳлат дода мешавад, ки аз рӯзи муроҷиати шахс ба субъекти амаликунандаи муқовимат ба савдои одамон ё муассисаи махсуси давлатӣ ё ғайридавлатии дахлдор ҳисоб карда мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563).

 

Моддаи 22. Махфиёна будани маълумот дар бораи қурбониёни савдои одамон

 

1. Иттилоот дар бораи қурбониёни савдои одамон ё ҳолатҳои ҷиноятҳои нисбат ба онҳо содиршуда, ки ифшои он ба ҳаёт ё саломатии қурбонии савдои одамон ё наздикони ӯ хатарро ба вуҷуд меорад, инчунин маълумот дар бораи чораҳои амниятии нисбат ба онҳо татбиқшаванда набояд паҳн шаванд. Ғайриқонунӣ паҳн намудани чунин маълумот боиси ҷавобгарии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад. 

2. Воситаҳои ахбори омма ҳуқуқ надоранд дар хабарҳо ва маводи паҳншаванда маълумотеро, ки бевосита ё бавосита ба шахсияти қурбонии савдои одамон дахл дорад, бе розигии ӯ, нисбат ба кӯдак бошад, бе розигии худи кӯдак-қурбонии савдои одамон, намояндаи қонунии вай ва мақомоти васоят ва парасторӣ ифшо намоянд. 

 

Моддаи 23. Ҳуқуқҳои қурбонии савдои одамон, ки аз рӯи парвандаи ҷиноятии марбут ба

                         ҷиноят дар самти  савдои одамон ҷабрдида ё шоҳид эътироф шудааст

 

1. Иштироки қурбонии савдои одамон дар мурофиаи судии ҷиноятӣ ба сифати ҷабрдида ё шоҳид аз рӯи парвандаи ҷиноятӣ марбут ба ҷиноят дар самти савдои одамон ба чунин шахс ба таври иловагӣ ҳуқуқ ба ҳимояи давлатиро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба чораҳои амниятӣ ва дастгирии иҷтимоӣ медиҳад.

2. Нисбат ба қурбониёни савдои одамон, ки аз рӯи парвандаҳои ҷиноятии марбут ба ҷиноятҳо дар самти савдои одамон ба сифати ҷабрдида ё шоҳид эътироф шудаанд, ифшо накардани маълумот дар бораи чунин шахсон метавонад, ҳамчунин ба сифати чораи амниятӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда шавад. 

3. Чораҳои ҳимояи давлатӣ нисбат ба аризадиҳанда, шоҳид ё қурбонии ҷиноят дар самти савдои одамон то оғози парвандаи ҷиноятӣ татбиқ шуда метавонанд, агар ин шахсон барои пешгирӣ ва кушодани ҷинояти зикргардида мусоидат намоянд. 

4. Розигии қаблии ҷабрдидаи ҷиноят дар самти савдои одамон, ки то оғози истисмор барои ҷалбкунӣ, интиқол додан, супоридан, пинҳонкунӣ ё гирифтани ӯ дода шудааст, барои рад кардани таъин намудани чораҳои амниятӣ ва ба вай расонидани кумак, инчунин пешниҳоди маҷмӯи ҳадди ақали хизматрасонии иҷтимоӣ, дар ҳаҷме, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, асос шуда наметавонад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563)

5. Ба шахсе, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷабрдидаи ҷиноят дар самти савдои одамон эътироф шудааст, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи ҳадди ақалли хизматрасонии иҷтимоӣ пешниҳод карда мешавад, ки аз ҷумла, чунин ҳуқуқҳои иловагиро дар бар мегирад: 

- истифодаи ройгон аз кумаки тарҷумон бо мақсади таъмини иштирок дар мурофиаи судии ҷиноятӣ, инчунин барои мутобиқгардонӣ ва тавонбахшии иҷтимоии самараноки онҳо (барои шахсоне, ки забони давлатиро намедонанд ё ба таври кофӣ намедонанд) (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563)

- дар ҳолатҳои зарурӣ таъмин намудани шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шахси доимо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунанда, ки қурбонии савдои одамон мебошанд, бо ҷойи зист дар хобгоҳ мутобиқи меъёрҳо ва тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон; 

- расонидани кумаки афзалиятнок барои таъмин кардан бо ҷои кор, идома додани таҳсил, интихоби касб ва тайёрии касбӣ (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563)

6. Муҳлати ба қурбонии савдои одамон пешниҳод намудани маҷмӯи зикршудаи хизматрасонии иҷтимоӣ мумкин аст аз ҷониби таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ё суд бо розигии ҷабрдида барои тамоми давраи пешбурди парванда ва бартараф кардани хатар ба ҳаёт ё саломатӣ ва ё таъмини амнияти наздикони ӯ дароз карда шавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563).

 

Моддаи 24. Кафолатҳои махсуси мурофиавии ҳифзи ҳуқуқҳои ҷабрдидагони ҷиноятҳо ва

                        дигар ҳуқуқвайронкуниҳо  дар самти савдои одамон

 

1. Ба ҷабрдидагони ҷиноятҳо ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти савдои одамон кафолатҳои мурофиавии зерин пешбинӣ карда мешаванд: 

- хусусиятҳои пурсиши онҳо бо назардошти ҳолати равонии онҳо, хусусият ва вазнинии ҳуқуқвайронкуниҳои нисбат ба онҳо содиршуда, инчунин дараҷаи вазнинии зарари ба онҳо расонидашуда;

- озод кардан аз ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ барои аз ҷониби онҳо чун қурбонии савдои одамон содир намудани кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ;

- таъмини махфиёна будани иттилооте, ки аз ҷабрдидагони ҷиноятҳо ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти савдои одамон ба даст оварда шудаанд; 

- таъмини баррасии пӯшидаи парвандаҳои ҷабрдидагони ҷиноятҳо (ҳуқуқвайронкуниҳо) дар самти савдои одамон;

- татбиқи қоидаҳои махсус, ки амнияти шахсони зикршударо ба сифати ҷабрдидагон, аз ҷумла ҳимояи ҷисмонии онҳо, инчунин баррасӣ ва ҳалли ҳатмии даъвоҳои граждании ҷабрдидагони савдои одамонро дар доираи қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамоянд. 

2. Барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ҷабрдидагон аз ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти савдои одамон, ки онҳо бинобар ҳолати ҷисмонӣ ё рӯҳӣ ва ё ноболиғӣ ё хурдсолии худ аз имконияти мустақилона ҳифз намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонуниашон маҳруманд, ҳангоми баррасии парвандаҳо оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва парвандаҳои ҷиноятӣ ҳатман намояндагони қонунӣ ё намояндагони дигари онҳо ҷалб карда мешаванд, ки ба онҳо ҳамаи он ҳуқуқҳое, ки шахсони онҳоро чун намоянда интихобкарда доранд, дода мешавад, нисбат ба кӯдакон, инчунин рӯҳшинос ва дар ҳолатҳои зарурӣ омӯзгор ҷалб карда мешаванд.

 

Моддаи 25. Чораҳои амниятӣ нисбати ҷабрдидагон ва шоҳидон аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ

                        оид ба ҷиноятҳо дар самти савдои одамон

 

1. Нисбат ба ҷабрдидагон ва шоҳидон аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба ҷиноятҳо дар самти савдои одамон мумкин аст дар як вақт як ё якчанд чораҳои амниятӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ пешбинӣ намудааст, татбиқ карда шаванд. Бо мақсади таъмини пинҳон мондани шахсияти ҷабрдидаи савдои одамон, мумкин аст насаб, ном, номи падари ӯ, дигар маълумот, инчунин симои зоҳирии ӯ тағйир дода шаванд.

2. Татбиқи чораҳои амниятӣ нисбати ҷабрдидагон ва шоҳидон ба зиммаи мақомоти корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ ва назорати маводи нашъаовар аз рӯи парвандаҳои ҷиноятии вобаста ба ҷиноятҳо дар самти савдои одамон, ки дар пешбурди онҳо мебошанд, вогузор карда мешавад.

3. Чораҳои амниятӣ нисбати ҷабрдидагон ва шоҳидон аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба ҷиноятҳо дар самти савдои одамон, ки дар баррасии суд ё прокуратура мебошанд, дар асоси қарори суд (судя) ё прокурор аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ, гумрук, муҳоҷират, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва назорати маводи нашъаовари ҷои қарордошти ҷабрдида ё шоҳид татбиқ карда мешаванд. 

4. Амалӣ намудани чораҳои дигар оид ба расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон ба зиммаи мақомоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар мақомот бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563)

5. Мақомоти таъқиби ҷиноятӣ махфиёна будани маълумот дар бораи қурбониёни савдои одамонро, ки дар рафти мурофиаи судии ҷиноятӣ ё фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба даст омадаанд, таъмин менамоянд.

 

БОБИ 4.

РАСОНИДАНИ КӮМАК БА ҚУРБОНИЁНИ  САВДОИ ОДАМОН

 

Моддаи 26. Фонди давлатии расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон

(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563)

 

1. Бо мақсади маблағгузории самараноки чорабиниҳо оид ба ҳифз, мутобиқгардонӣ ва тавонбахшии иҷтимоии қурбониёни савдои одамон Фонди давлатии расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон (минбаъд - Фонд) таъсис дода мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563)

2. Тартиби таъсис ва ташкили фаъолияти Фонд бо Низомнома, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, муқаррар карда мешавад. 

3. Назорати давлатии фаъолияти Фонд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Комиссияи байниидоравии муқовимат ба савдои одамон амалӣ карда мешавад. 

4. Мақсади фаъолияти Фонд иштирок дар маблағгузории фаъолияти муассисаҳои махсуси давлатӣ ва ғайридавлатӣ, додани кумакпулиҳои иҷтимоӣ ба қурбониёни савдои одамон, ки бо тартиби муқарраршуда аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба ҷиноятҳои ба савдои одамон алоқаманд ҷабрдида эътироф шудаанд, инчунин маблағгузориҳо ҷиҳати ҳифз, мутобиқгардонӣ ва тавонбахшии иҷтимоии онҳо ба шумор меравад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563)

5. Сарчашмаҳои даромади Фонд инҳоянд: 

- маблағҳои буҷети давлатӣ;

- воситаҳое, ки аз ташкилотҳои байналмилалӣ ворид шудаанд;

- хайрияҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ; 

- дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

 

Моддаи 27. Ҷуброн намудани зарар ба қурбониёни савдои одамон 

 

1. Қурбониёни савдои одамон ҳуқуқ доранд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброни зарари ҷисмонӣ, маънавӣ ва моддии ба онҳо дар натиҷаи ҷиноят ё дигар ҳуқуқвайронкунӣ дар самти савдои одамон расонидашударо талаб намоянд. 

2. Зарари ба қурбониёни савдои одамон расонидашуда аз ҷониби шахсоне, ки дар содир намудани ҷиноятҳо ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти савдои одамон гунаҳгор ҳисобида шудаанд, дар асоси қарори суд ҷуброн карда мешавад. 

3. Парвандаҳо оид ба ҷуброн намудани зарар ба қурбониёни савдои одамон метавонанд бо қарори суд дар маҷлиси пӯшидаи судӣ баррасӣ карда шаванд.

 

Моддаи 28. Мутобиқгардонӣ ва тавонбахшии иҷтимоии  шахсони аз савдои одамон

                        зарардида 

 

1. Шахсе, ки бо тартиби муқарраргардида қурбонии савдои одамон эътироф карда шудааст, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи таъмин будан бо ҷои зисти муваққатии бехатар дар муассисаи махсуси давлатӣ ё ғайридавлатӣ, инчунин ҳуқуқи ройгон гирифтани кумакҳои зеринро дорад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563)

- кумаки ҳуқуқӣ ва кумак дар барқарор намудан ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла аризаҳо ва иттилоот вобаста ба ҷинояти дар самти савдои одамон содиршуда (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563)

- иттилоот дар бораи мавҷуд будани расмиёти судӣ ва маъмурӣ, ки барои ҳимоя ва расонидани кумак ба шахсони аз савдои одамон зарардида равона шудаанд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563)

- кумаки иҷтимоӣ ва моддӣ, дар давраи ҷобаҷокунӣ, таъмин намудан бо хӯрока, маҷмӯи рахти хоб ва воситаҳои санитарию беҳдоштӣ, дар ҳолатҳои зарурӣ бошад, бо либос, пойафзол ва дигар ашёи таъминоти молӣ аз рӯи меъёрҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563)

- кумаки тиббӣ дар шакли муоинаи тиббӣ, табобат (аз рӯи нишондодҳо) ва расонидани кумаки махсуси тиббӣ вобаста ба ҷароҳат ва бемориҳое, ки дар натиҷаи содир намудани ҷиноят дар самти савдои одамон гирифтаанд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563)

- кумаки зарурии равонӣ, аз ҷумла дар самти интихоби касб (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563)

- кумак дар таъмини кор, гирифтани таҳсилот ва тайёрии касбӣ (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563)

- кумак дар баргардонидан ба оила ва ҷамъият, аз ҷумла кумак дар ташкили ҷустуҷӯи хешовандон, нисбат ба кӯдакони қурбониёни савдои одамон бошад, ҷустуҷӯи дигар намояндагони қонунии онҳо (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563)

2. Ҳангоми амалӣ намудани мутобиқгардонӣ ва тавонбахшии иҷтимоии қурбониёни савдои одамон ба ҳеҷ гуна шакл маҳдуд намудани ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, роҳ дода намешавад. 

3. Чораҳои мутобиқгардонӣ ва тавонбахшии иҷтимоии қурбониёни савдои одамон бо риояи пурра махфиёна будан ва розигии ихтиёрии қурбонии савдои одамон амалӣ гардонида мешаванд.

4. Иттилоот дар бораи чораҳои мутобиқгардонӣ ва тавонбахшии иҷтимоии нисбат ба қурбониёни савдои одамон татбиқшаванда фавран ба вай дар шакли дастрас аз ҷониби кормандони мақомоти дахлдор ё муассисаҳое, ки барои гузаронидани чораҳои зикргардида ваколатдор карда шудаанд, пешниҳод карда мешавад. 

5. Мутобиқгардонӣ ва тавонбахшии иҷтимоии қурбониёни савдои одамон, хусусан кӯдакон бо назардошти синну сол, ҷинс ва талаботи махсуси онҳо, нисбат ба қурбониёни болиғи савдои одамон бошад, бо назардошти омодагии онҳо ба ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рӯи парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои нисбат ба онҳо содиршуда амалӣ карда мешаванд. 

6. Дар сурати аз ҷониби қурбонии савдои одамон изҳори омодагӣ намудан ба ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рӯи парвандаҳо оид ба ҷиноятҳо нисбат ба онҳо мӯҳлати амалӣ намудани чораҳои мутобиқгардонӣ ва тавонбахшии иҷтимоӣ мумкин аст дар тамоми давраи мурофиаи судии ҷиноятӣ дароз карда шавад. 

 

Моддаи 29. Тартиби тавонбахшии иҷтимоии қурбониёни савдои одамон ва ба онҳо

                        расонидани кумак 

(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563)

 

1. Бо мақсади таъмини амнияти қурбонии савдои одамон, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии вай аз ҷониби давлат ба шахси мазкур новобаста аз омодагии ӯ ба ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва суд дар таъқиби ҷиноятии савдогарони одамон маҷмӯи хизматрасонӣ оид ба мутобиқгардонӣ ва тавонбахшии иҷтимоӣ, аз ҷумла муваққатан, ба мӯҳлати то ду моҳ дар муассисаҳои махсуси давлатӣ ё ғайридавлатӣ истиқомат кардан кафолат дода мешавад. 

2. Ҷой кардани шахсе, ки бо тартиби муқарраркардаи Қонуни мазкур қурбонии савдои одамон эътироф карда шудааст, дар ҷойҳои дастгиркунӣ, ҳабси пешакӣ, муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, инчунин дигар ҷойҳои ҷудо нигоҳдорӣ роҳ дода намешавад.

3. Мақомоти маориф ва илм бо розигии қурбониёни савдои одамон иштироки онҳоро дар барномаҳои таҳсилоти умумӣ ва касбӣ ва дигар барномаҳои таълимӣ, ки барои мутобиқгардонӣ ва тавонбахшии иҷтимоӣ ва огоҳонидани ревиктимизатсияи қурбониёни савдои одамон таҳия гардидаанд, якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ки барои амалигардонии ваколатҳои назоратбарӣ дар самти тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат ва шуғл ваколатдор карда шудаанд, таъмин менамоянд.

4. Мутобиқгардонӣ ва тавонбахшии иҷтимоии қурбониёни савдои одамон аз ҳисоби буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, Фонд, инчунин аз дигар манбаъҳои маблағгузорӣ амалӣ карда мешавад. 

5. Субъектҳои амаликунандаи муқовимат ба савдои одамон чораҳоро барои огоҳонидани ревиктимизатсияи қурбониёни савдои одамон, аз ҷумла бо роҳи амалигардонии назоратбарии иҷтимоии рафт ва натиҷаҳои мутобиқгардонӣ ва тавонбахшии иҷтимоии қурбониёни савдои одамон, ки муассисаҳои махсусро тарк кардаанд ва дар ҳолати зарурӣ чораҳои иловагиро барои расонидани кумак ба онҳо меандешанд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563).

 

Моддаи 30. Муассисаҳои махсуси давлатӣ ва ғайридавлатӣ оид ба расонидани кумак ба

                        қурбониёни савдои одамон 

(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563)

 

1. Бо мақсади расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон бо назардошти талаботи мавҷуда муассисаҳои махсуси давлатӣ ва ғайридавлатӣ таъсис дода мешаванд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563)

2. Тартиби таъсисёбӣ, маблағгузорӣ ва ташкили фаъолияти муассисаҳои махсуси давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. 

3. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва дигар ташкилотҳо, инчунин шахсони воқеӣ ҳуқуқ доранд мутобиқи тартиби пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон - муассисаҳои махсуси ғайридавлатиро, ки аз ҳисоби маблағҳои хусусӣ ё ҷалбшудаи онҳо маблағгузорӣ мешаванд, таъсис диҳанд.

4. Назоратбарии фаъолияти муассисаҳои махсуси давлатӣ ва ғайридавлатиро бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи салоҳияти худ Комиссияи байниидоравӣ ва комиссияҳои ҳудудӣ, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, амалӣ менамоянд. 

5. Муассисаҳои махсуси давлатӣ ва ғайридавлатӣ вазифаҳои зеринро оид ба расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон амалӣ менамоянд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563)

- муносибати инсондӯстона, ки шаъну шарафи инсониро паст намезанад;

- пешниҳоди паноҳгоҳи ройгон барои истиқомати муваққатӣ; 

- таъмин намудан бо хӯрока, рахти хоб ва воситаҳои санитарию беҳдоштии ройгон ва дар ҳолатҳои зарурӣ, бо либос;

- бо тарҷумон ройгон таъмин намудани қурбониёни савдои одамон бо мақсади мутобиқгардонӣ ва тавонбахшии иҷтимоии онҳо (барои шахсоне, ки забони давлатиро намедонанд ё ба таври кофӣ намедонанд); 

- ба қурбонии савдои одамон дар шакли соддаю фаҳмо расонидани иттилоот оид ба мақсадҳои будубоши ӯ дар муассисаи махсус, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ӯ, қоидаҳои асосӣ, ки тартиботи дохилӣ дар муассисаи мазкур ба танзим медароранд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);

- дар шакли соддаю фаҳмо пешниҳод намудани иттилоот оид ба тарзҳои ҳифзи ҳуқуқҳо ва манфиатҳои қонунии шахсони аз савдои одамон зарардида, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд;

- пешниҳод намудани кумаки ройгони тахассусии равонӣ (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563)

- гузаронидани муоинаи аввалияи тиббӣ, ташкили расонидани кумаки таъҷилии тиббӣ ва кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар марказҳои саломатӣ, дармонгоҳҳо ва беморхонаҳо, аз ҷумла ба занҳо дар давраи ҳомиладорӣ, дар давраи таваллуд ва пас аз таваллуд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563)

- расонидани кумаки ройгони ҳуқуқӣ дар ҳаҷме, ки барои таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии қурбониёни савдои одамон заруранд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563)

- мусоидат намудан барои ба оила ва ҷамъият баргардонидан, аз ҷумла расонидани кумак дар ташкил намудани ҷустуҷӯи хешовандонашон (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563)

- пешгирӣ намудани ревиктимизатсияи қурбониёни савдои одамон.

6. Муассисаҳои махсуси давлатӣ ва ғайридавлатӣ барномаҳои кӯтоҳмӯҳлат ва дарозмӯҳлати мутобиқгардонӣ ва тавонбахшии иҷтимоӣ ва пешгирии ревиктимизатсияи қурбониёни савдои одамонро, ки дар муассисаҳои мазкур нигоҳ дошта мешаванд, таҳия ва дар амал татбиқ менамоянд. 

 

Моддаи 31. Баргардонидани (репатриатсияи) шаҳрвандони  хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд,

                        ки қурбонии савдои одамон гардидаанд 

 

1. Дар ҳолате, ки агар шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд шахси аз ҷиноят дар самти савдои одамон ҷабрдида эътироф шуда бошад, ӯро дар тамоми давраи мурофиаи ҷиноятӣ оид ба парвандаи марбут ба ҷинояти нисбат ба вай содиршуда аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи маъмурӣ берун кардан мумкин нест. 

2. Дар ҳолате, ки агар қурбонии савдои одамон хоҳиши тарк намудани ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, ба ӯ дар таъмин гардидан бо ҳуҷҷатҳои дахлдор, пардохти хароҷоти нақлиётӣ ва дигар хароҷоти зарурӣ мусоидат карда шуда, оид ба кам намудани хатари дар давлати қабулкунанда қурбонии савдои одамон гардиданаш тавсияҳо дода мешаванд. 

3. Шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд, ки ҷабрдидаи ҷиноят дар самти савдои одамон эътироф шудаанд, дар тамоми давраи мурофиаи ҷиноятии парванда оид ба ҷинояти дар самти савдои одамон нисбат ба онҳо содиршуда ҳуқуқ доранд, барои гирифтани гувоҳномаи иқомат ба мақомоти дахлдори давлатӣ, бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.

4. Ҳангоми баррасии муроҷиат барои гирифтани гувоҳномаи иқомат ҳолатҳои ҳамкории қурбонии савдои одамон бо мақомоти таъқиби ҷиноятӣ, хусусият ва дараҷаи вазнинии зарар, ки ба қурбонии савдои одамон аз ҷиноятҳои зикргардида расонида шудааст, мӯҳлати дар мақоми ҳуқуқии қурбонии савдои одамон қарор доштани шахс, инчунин мавҷуд будани хатари воқеии баргаштани қурбонии савдои одамон ба ҳолати аввала ё мавриди таъқиби савдогарони одамон дар давлати баромад ё ҷои иқомати доимиаш қарор гирифтани ӯ ба инобат гирифта мешаванд. 

5. Дар асоси дархости хаттии шахси ба сифати ҷабрдидаи ҷиноят дар самти савдои одамон эътирофшуда ва хулосаи хаттии мақомоти дахлдори таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ва суд дар хусуси ҳамкории ӯ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир ба парвандаҳои ҷиноятии вобаста ба савдои одамон, мӯҳлати дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон будани вай метавонад то 1 сол аз лаҳзаи ба охир расидани мурофиаи судӣ оид ба парванда дароз карда шавад. 

6. Гувоҳномаи иқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қурбониёни савдои одамон, ки шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванди болиғ мебошанд, вале шахсияти онҳоро муқаррар намудан ғайриимкон аст, дода намешавад. Нисбат ба шахсони мазкур чораҳо ҷиҳати берун кардани онҳо аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи маъмурӣ андешида мешаванд. 

7. Ҷабрдидаи ҷиноят дар самти савдои одамон, ки ба ӯ гувоҳномаи иқомат дода шудааст, мақоми муҳоҷирро соҳиб шуда, дорои тамоми ҳуқуқ ва уҳдадориҳое мебошад, ки аз ин мақоми ҳуқуқӣ бармеоянд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563)

8. Баргардонидани (репатриатсияи) қурбониёни савдои одамон ба давлате, ки шаҳрванди он мебошанд ё давлати ҷои истиқомати доимиашон мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, сурат мегирад.

 

БОБИ 5.

ХУСУСИЯТҲОИ РАСОНИДАНИ КӮМАК БА  КӮДАКОН - ҚУРБОНИЁНИ САВДОИ ОДАМОН 

 

Моддаи 32. Хусусиятҳои мақоми ҳуқуқии кӯдакон -  қурбониёни савдои одамон 

 

1. Ба кӯдакон - қурбониёни савдои одамон ҳуқуқу озодиҳои кафолатдодаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, ки ҳуқуқи кӯдак ва кафолати амалӣ намудани онро танзим менамоянд, таъмин карда мешавад. 

2. Давлат ҳифз ва расонидани кумакро ба кӯдак-қурбонии савдои одамон аз лаҳзаи нисбати ӯ содир шудани ҷиноят дар самти савдои одамон, аз ҷумла баъд аз айнияткунонии ӯ ба сифати қурбонии савдои одамон то мутобиқгардонӣ ва тавонбахшии пурраи иҷтимоии кӯдак, новобаста аз хоҳиши ӯ барои ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ оид ба масъалаҳои ошкор намудан ва кушодани ҷинояти нисбат ба вай содиршуда ва таъқиби ҷиноятии савдогарони одамон таъмин менамояд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563)

3. Баъди ба кӯдак додани мақоми ҳуқуқии қурбонии савдои одамон ӯ фавран ба мақомот ва муассисаҳое, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифз ва расонидани кумак ба кӯдакони аз савдои одамон зарардида ваколатдор карда шудаанд, фиристода мешавад. Дар ҳолате, ки агар синни қурбонии савдои одамон маълум набошад, вале асосҳои воқеие барои тахмин намудан мавҷуд бошанд, ки вай ба синни ҳаждаҳ нарасидааст, то қатъиян муқаррар намудани синни воқеии шахси мазкур нисбат ба ӯ кафолатҳои махсуси ҳуқуқӣ, ки бо Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расонидани кумак ба кӯдакон-қурбониёни савдои одамон пешбинӣ шудаанд, паҳн мегарданд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563).

4. Ба кӯдаконе, ки аз савдои одамон зарар дидаанд, мақоми ҳуқуқии қурбонии савдои одамон дар асоси муроҷиати худи кӯдак, муроҷиати намояндаи қонунии ӯ ё намояндаи мақомоти васоят ё парасторӣ ва ё намояндаи муассисаи махсуси дахлдор новобаста аз розигии кӯдак, нисбат ба кӯдакони ба синни понздаҳ расида бошад, дар асоси муроҷиати худи кӯдак ё шахсони дар ҳамин қисм пешбинигардида дар асоси розигии ихтиёрии огоҳонаи кӯдак дода мешавад. 

5. Чораҳои мутобиқгардонӣ ва тавонбахшии иҷтимоии кӯдакон-қурбониёни савдои одамон новобаста аз хоҳиши онҳо, нисбат ба кӯдакони ба синни понздаҳ расида бошад, бо розигии онҳо ва (ё) розигии намояндагони қонунии онҳо ва ё мақомоти васоят ва парасторӣ амалӣ карда мешаванд.

6. Дар ҳолатҳое, ки кӯдак – қурбонии савдои одамон падару модар ё дигар намояндагони қонунӣ надошта бошад, мақомоти васоят ва парасторӣ фавран мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯ васӣ таъин мекунад, ки вай қабули ҳамаи қарорҳоро ба манфиати кӯдак таъмин карда, аз номи кӯдак ариза пешниҳод менамояд ва якҷоя бо ӯ дар тамоми рафти мурофиаи ҷиноятӣ ва то қабули қарор ба манфиати кӯдак иштирок мекунад. 

7. Ба кӯдак-қурбонии савдои одамон барои то 6 моҳ ё дар тамоми давраи муҳокимаи судии парвандае, ки оид ба он вай ба сифати ҷабрдида баромад мекунад, ҳангоми зарурат бошад, баъди анҷоми он то мутобиқгардонӣ ва тавонбахшии пурраи иҷтимоӣ ҳуқуқи истиқомат кардан дар муассисаи махсуси давлатӣ ё ғайридавлатӣ, дигар муассисаи махсуси хизматрасонии иҷтимоӣ, ки ба кӯдакони дар вазъияти хатарноки иҷтимоӣ ё дигар вазъияти душвори ҳаётӣ қарордошта кумаки иҷтимоӣ мерасонад, дода мешавад. Кӯдакон – қурбониёни савдои одамон дар муассисаҳои зикршудаи махсус дар шароити барои онҳо махсус, ки ба талаботи иҷтимоию синни онҳо мувофиқ аст, ҷой дода шуда, дар манзилҳои аз қурбониёни калонсоли савдои одамон ҷудо нигоҳ дошта мешаванд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563)

8. Кӯдакон-қурбониёни савдои одамон, ки дар муассисаҳои махсуси дар қисми 7 ҳамин модда пешбинишуда нигоҳ дошта мешаванд, ҳуқуқ доранд ба тариқи иловагӣ аз хизматрасонии зерин ройгон истифода баранд:

- хабардор намудани падару модар (дигар намояндагони қонунӣ) дар хусуси ҷойгир намудани онҳо дар муассисаҳои махсуси дахлдор;

- нигоҳ доштани робита бо оила тавассути мукотибот, сӯҳбатҳои телефонӣ ва мулоқотҳо, ки агар ин ба амнияти онҳо зарар нарасонад; 

- гирифтани кумак дар ташкили ҷустуҷӯи падару модар ё дигар намояндагони қонунӣ (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563)

- гирифтани хӯрока, либос, пойафзол ва дигар ашёе, ки аз рӯи меъёрҳои муқарраргардида барои нигоҳдошти саломатӣ ва таъмини фаъолияти ҳаётии кӯдакон зарур мебошанд;

- гирифтани таҳсилоти умумӣ ва ибтидоии касбӣ;

- гирифтани маҷмӯи хизматрасонии иловагӣ, ки инкишофи ҷисмонӣ ва рӯҳии кӯдакро бо назардошти хусусиятҳои физиологӣ ва рӯҳию синнусолӣ таъмин менамоянд. 

9. Ҳуқуқҳои иловагӣ барои кӯдакон-қурбониёни савдои одамон, ки бо қисми 8 ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, ҳамчунин ба шахсони синнашон муқарраркарданашуда, то айнияткунонии онҳо ба сифати шахсони болиғ, ҳангоми мавҷуд будани асосҳои кофӣ дар хусуси он, ки ин шахсон ба синни ҳаждаҳ нарасидаанд, паҳн мегардад. 

10. Муассисаҳои махсуси давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ки дар қисми 7 ҳамин модда пешбинӣ гардидаанд, дар амалияи худ барномаҳои махсуси айнияткунонӣ, мутобиқгардонӣ ва тавонбахшии иҷтимоии кӯдакон - қурбониёни савдои одамонро, ки дар муассисаҳои зикргардида нигоҳ дошта мешаванд, таҳия ва амалӣ намуда, амнияти онҳоро таъмин мекунанд, махфиёна будани иттилоотро дар хусуси шахсияти кӯдак ва мақоми ӯ ҳамчун қурбонии савдои одамон қатъиян риоя менамоянд. 

11. Ба кӯдакон - қурбониёни савдои одамон, аз ҷумла ба онҳое, ки дар муассисаҳои махсуси давлатӣ ва ғайридавлатӣ нигоҳ дошта мешаванд, дар муассисаҳои давлатии таҳсилоти умумӣ ва ибтидоии касбӣ ё дар муассисаҳои махсусгардонидашудаи тарбиявӣ бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маориф ҳуқуқ ба таҳсил таъмин карда мешавад. 

12. Дар ҳолатҳое, ки кӯдакон-қурбониёни савдои одамон бе парастории падару модар мондаанд ё маҳалли будубоши падару модари худро намедонанд, мақомоти давлатӣ, ки барои расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон ваколатдор карда шудаанд, уҳдадоранд фавран ҷустуҷӯи оилаи кӯдакро оғоз намуда, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба расмият даровардани васоят ё парасторӣ ба ӯ чораҳо андешанд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563).

 

Моддаи 33. Тартиби хабар додан дар бораи кӯдакон - қурбониёни савдои одамон 

 

1. Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак Комиссияи байниидоравӣ ё комиссияҳои ҳудудӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, муассисаҳои махсуси давлатӣ ва ғайридавлатӣ ва дигар ташкилотҳо, ки дар хусуси ҷои қарордошти кӯдакон-қурбониёни савдои одамон иттилоот доранд, уҳдадоранд фавран дар ин бора падару модари (намояндагони қонунии) кӯдак, мақомоти васоят ва парасторӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро хабардор намоянд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563)

2. Дар ҳолати дар мақомот ва ташкилоту муассисаҳои дар қисми 1 ҳамин модда пешбинигардида мавҷуд будани иттилоот дар хусуси ҷои истиқомат ё ҷои будубоши падару модар ё дигар намояндагони қонунии кӯдак - қурбонии савдои одамон, иттилоот дар бораи ҷои будубоши кӯдак дар давоми 12 соат аз лаҳзаи ёфт гардидани ӯ ба падару модар, инчунин ба мақомоти васоят ва парастории ҷои охирини истиқомати кӯдак фиристода мешавад. Агар иттилоот дар хусуси падару модар ва дигар намояндагони қонунӣ мавҷуд набошад, иттилооти дахлдор ба мақомоти васоят ва парастории ҷои охирини истиқомати кӯдак фиристода мешавад. 

3. Мақомот ва ташкилотҳои низоми пешгирии бепарасторӣ ва ҳуқуқвайронии ноболиғон дар доираи ваколатҳои худ уҳдадоранд риояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдакон - қурбониёни савдои одамонро таъмин карда, ҳифзи онҳоро аз ҳама гуна шаклҳои табъиз, зӯроварии ҷисмонӣ ва рӯҳӣ, таҳқир, муносибати дағалона, истисмори шаҳвонӣ ва дигар шаклҳои истисмор таъмин намоянд, кӯдакон-қурбониёни имконпазири савдои одамонро маълум намоянд, инчунин дар хусуси ҳама гуна вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт, ки вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти касбӣ ё хизматӣ ба онҳо маълум шудааст, ба мақомоти зерин хабар диҳанд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563)

- ба мақомоти прокуратура-дар хусуси вайрон намудани ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон-қурбониёни савдои одамон;

- ба Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак – дар хусуси ҳолатҳои ошкоршудаи вайронкунии ҳуқуқҳои кӯдакон-қурбониёни савдои одамон ба таҳсил, меҳнат, истироҳат, манзил ва дигар ҳуқуқҳо; 

- ба мақомоти васоят ва парасторӣ – дар хусуси ошкор намудани кӯдакон-қурбониёни имконпазири савдои одамон, аз ҷумла кӯдакони бе парастории падару модар ё намояндагони қонунӣ монда ва ё кӯдакони дар вазъияти барои ба самти савдои одамон ҷалб намудани онҳо мусоидаткунанда қарордошта; 

- ба мақомоти корҳои дохилӣ – дар хусуси муайян намудани падару модар ё намояндагони қонунии кӯдакон, ки нисбат ба кӯдакон кирдорҳои зиддиҳуқуқиро дар самти савдои одамон содир менамоянд; 

- ба мақомоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ - дар бораи ошкор намудани кӯдакон - қурбониёни имконпазири савдои одамон, ки бо сабаби нисбат ба онҳо содир гардидани ҷиноятҳо ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти савдои одамон ба муоина, назорати табиб ё табобат эҳтиёҷ доранд, инчунин бинобар бепарасторӣ ва бесаробонӣ ба кумаки давлат эҳтиёҷ доранд, ҳамчунин дар бораи ошкор кардани оилаҳое, ки дар вазъияти хатарноки иҷтимоӣ қарор доранд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);

- ба мақомоти маориф ва илм - оид ба ошкор намудани кӯдакон - қурбониёни имконпазири савдои одамон, ки бинобар худсарона тарк намудани хонаҳои кӯдакон, мактаб - интернатҳо ва дигар муассисаҳои кӯдакона ё бинобар бе сабабҳои узрнок қатъ намудани таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба кумаки давлат эҳтиёҷ доранд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);

- ба мақомот оид ба корҳои ҷавонон ва варзиш – дар хусуси ошкор намудани кӯдакон-қурбониёни имконпазири савдои одамон, ки дар вазъи хатарноки иҷтимоӣ қарор дошта, вобаста ба ин ба ташкили истироҳат, фароғат ва таъмин бо шуғл мӯҳтоҷ мебошанд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);

- ба мақомоти рушди сайёҳӣ дар бораи ошкор намудани кӯдакон - қурбониёни имконпазири савдои одамон, ки бинобар ба амал баровардани фаъолияти танзимгарони сайёҳӣ ва агентиҳои сайёхӣ, инчунин фаъолияти моделӣ, шуғл ва намудҳои дигари фаъолият дар вазъи хатарноки иҷтимоӣ қарор доранд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563).

4. Ба мақомоти дар қисмҳои 1-3 ҳамин модда пешбинигардида хабар надодани иттилооти дахлдор дар хусуси кӯдакон-қурбониёни савдои одамон барои ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ асос мегардад. 

5. Иттилооти дар қисмҳои 1-3 ҳамин модда пешбинигардида бояд бо тартибе нигоҳдорӣ ва истифода шавад, ки махфиёна будани онро таъмин намояд. Ғайриқонунӣ паҳн намудани ин иттилоот барои бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони гунаҳгор асос мегардад.

 

БОБИ 6.

ПЕШГИРИИ САВДОИ ОДАМОН

 

Моддаи 34. Ташкили пешгирии савдои одамон 

 

1. Пешгирии савдои одамон тавассути истифодаи чораҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ, иттилоотӣ, таълимӣ, тавонбахшӣ ва дигар чораҳо амалӣ мешавад ва ба ошкор намудан ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба савдои одамон мусоидаткунанда, ошкор намудан, айнияткунонӣ, мутобиқгардонӣ ва тавонбахшии иҷтимоии қурбониёни савдои одамон равона шудаанд, ки дар маҷмӯъ бо чораҳои махсуси пешгирикунандаи ҷиноятҳо дар самти савдои одамон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ амалӣ мегарданд.

2. Ба системаи чорабиниҳо оид ба пешгирии савдои одамон чораҳои зерини ошкоркунии саривақтии ҳолатҳои савдои одамон дохил мешаванд:

- ба санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки баҳисобгирӣ ва бақайдгирии ҷиноятҳои дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содиршавандаро танзим менамоянд, ворид намудани тартиби ҳатмии бақайдгирӣ ва санҷиши ҳамаи хабарҳо, инчунин дар шакли беном дар бораи ҳолатҳои савдои одамон, аз ҷумла савдои кӯдакон, истисмори шаҳвонии онҳо бо истифодаи технологияҳои навтарин;

- ташкили шабакаи «хатҳои оҷилӣ» ва телефонҳои боварӣ барои хабардиҳии фаврӣ аз ҷониби шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла дар шакли беном, дар бораи аз ҷониби онҳо ошкор намудани ҳолатҳои савдои одамон, аз ҷумла дар шабакаҳои алоқаи мобилӣ ва интернетӣ;

- таҳия ва амалигардонии барномаҳои иҷтимоие, ки ба бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба савдои одамон мусоидаткунанда равона шудаанд;

- аз ҷониби давлат кафолат додани татбиқи маҷмӯи чораҳои ҳифзи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии қурбониёни имконпазири савдои одамон, махсусан занон ва кӯдакон;

- амалӣ намудани мониторинг, таҳлили амиқ ва баҳодиҳии маҷмӯии зуҳурот ва равандҳое, ки ба савдои одамон сабаб шудаанд, бо мақсадҳои такмил додани таҷрибаи пешгирии савдои одамон;

- дар байни қурбониёни имконпазири савдои одамон гузаронидани кори иттилоотию маърифатӣ, аз ҷумла маълумотдиҳӣ дар бораи хатарҳои эҳтимолӣ дар самти савдои одамон, чораҳои ҳимояи аз ҷониби давлат таъминшаванда, инчунин чораҳои маъмурӣ, ҳуқуқии ҷиноятӣ ва дигар чораҳои муқовимат ба савдои одамон, ки аз ҷониби давлат амалӣ мешаванд;

- гузаронидани таҳқиқоти илмии маҷмӯӣ, байнисоҳавӣ оид ба проблемаҳои муқовимат ба савдои одамон, аз ҷумла ҷанбаҳои гендерии он;

- аз рӯи тахассус ҷудо намудани кормандони мақомоти амаликунандаи муқовимат ба савдои одамон, ташкили тайёрии таълимӣ ва касбии онҳо.

3. Муқовимат ба савдои кӯдакон бо назардошти хусусияти фаъолияти зикргардида ба сифати фасли мустақили нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон ҷудо карда мешавад, ки аз ҷумла ташкили системаи чораҳои ташкилӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ, омӯзгорӣ ва дигар чораҳои барои ошкор намудан ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба бепарастории кӯдакон, беназоратӣ ва ятимии онҳо мусоидаткунанда равонашударо пешбинӣ менамояд, аз ҷумла:

- ташкили системаи давлатии ошкор намудани оилаҳое, ки аз ҷиҳати иҷтимоӣ дар вазъияти хатарнок қарор доранд ва кӯдаконе, ки ба ҳифзи давлат мӯҳтоҷанд ва ба онҳо расонидани кумаки ҳаматарафа (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);

- ташкили системаи давлатии ошкор намудани падару модароне (шахсони онҳоро ивазкунандае), ки аз иҷрои уҳдадориҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда оид ба тарбияи кӯдакон ва назорати онҳо саркашӣ менамоянд ва нисбат ба чунин шахсон андешидани чораҳои ислоҳи иҷтимоӣ, тавонбахшии иҷтимоӣ ва равонӣ, назорати иҷтимоӣ ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, чораҳои ҷавобгарии ҳуқуқӣ (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);

- тавассути қонунгузорӣ манъ кардани дастрасии кӯдакон ба ҷойҳои ҷамъиятие, ки барои фурӯши маҳсулот ва хизматрасониҳое таъин шудаанд, ки ҳавасмандиро ба шаҳват ба вуҷуд меоранд, дигар чорабиниҳои намоишии дорои хусусияти беҳаёӣ ва порнографӣ;

- тавассути қонунгузорӣ маҳдуд кардани ҳузури кӯдакон бе ҳамроҳии падару модарон ё дигар намояндагони қонунӣ дар вақти шабона дар дигар ҷойҳои ҷамъиятие, ки барои истифодаи вақтхушӣ ва (ё) фароғатӣ ва ё дастрасӣ ба Интернет пешбинӣ шудаанд.

4. Бо мақсади пешгирии ревиктимизатсияи қурбониёни савдои одамон аз ҷониби субъектҳои дахлдори муқовимат ба савдои одамон чораҳои зарурӣ оид ба ташкил ва инкишофи системаи муассисаҳои махсуси давлатӣ ва ғайридавлатӣ, инчунин маҷмӯи дигар чораҳое, ки барои тавонбахшӣ ва мутобиқгардонии иҷтимоии онҳо равона шудаанд, андешида мешаванд.

 

Моддаи 35. Механизми татбиқи чораҳои профилактикӣ оид  ба пешгирии савдои одамон

 

1. Давлат маҷмӯи чораҳои профилактикӣ оид ба пешгирии савдои одамонро ҳангоми ташаккули сиёсати дохилӣ, пеш аз ҳама дар соҳаҳои иттилоот, маориф, расонидани кумаки иҷтимоӣ ба аҳолӣ, шуғли аҳолӣ, иҷозатномадиҳӣ ба намудҳои алоҳидаи фаъолият, пешгирии беназоратӣ ва ҳуқуқвайронкунии кӯдакон пешбинӣ менамояд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563).

2. Амалишавии чораҳои профилактикӣ оид ба пешгирии савдои одамон аз ҷониби давлат бо маҷмӯи чораҳои дорои хусусияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маъмурӣ ва дигар хусусият таъмин карда мешавад, аз ҷумла:

- иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият (корҳо, хизматрасониҳо), ки ҳангоми амалигардонии онҳо имкониятҳои мусоид барои савдои одамон ва истисмори онҳо ҷой доранд;

- таъмини возеҳӣ, шаффофият ва пешгӯии бастани шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатӣ, сайёҳӣ, таълимӣ, ақди никоҳ ва дигар шартномаҳо бо шахсоне, ки аз маҳалли истиқомати доимии худ берун мебароянд;

- таъмини назоратбарии давлатӣ ва ҷамъиятии соҳаҳое, ки дар онҳо эҳтимолияти хатари объекти савдои одамон, истисмори иқтисодӣ ё шаҳвонии тиҷоратӣ гаштани аҳолӣ хеле калон аст;

- сари вақт муайян ва бартарафсозии сабабҳо ва шароитҳои ба савдои одамон мусоидаткунанда;

- таъминоти ташкилӣ, молиявӣ ва захиравии иҷрои барномаҳои давлатӣ ва маҳаллии муқовимат ба савдои одамон.

3. Давлат оид ба таъминоти моддию техникӣ ва ташкилию ҳуқуқии чорабиниҳои дар боби мазкур зикргардида тадбирҳо андешида, аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои мақсадҳои зикршуда маблағҳои буҷетиро пешбинӣ менамояд.

 

Моддаи 36. Сиёсати иттилоотӣ дар самти пешгирии савдои одамон

 

1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тарғибу ташвиқи савдои одамон ва ҷиноятҳои ба он алоқаманд, инчунин рекламаи хизматрасонии ба савдои одамон алоқаманд, манъ аст.

2. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби ба кӯдакон пешниҳоди хизматрасонии дастрасӣ ба Интернет аз тарафи ташкилотҳо, муассисаҳои таълимӣ, фароғатӣ, аз ҷумла интернет-кафе, клубҳо ва толорҳои компютерӣ баъди ҷиҳозонидани компютерҳои алоҳида бо воситаҳои техникӣ ва барномавии махсуси ҳимояи кӯдакон аз иттилооте, ки барои ҷалб намудани онҳо дар самти савдои одамон мусоидат менамоянд, иҷозат дода мешавад.

3. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мунтазам дар воситаҳои ахбори омма нашр ва дар Интернет ҷой додани рӯйхати шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродиро, ки барои амалигардонии фаъолият оид ба берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кор таъмин намудани шаҳрвандони Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванди ба таври доимӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунанда иҷозатнома доранд, таъмин менамоянд.

4. Субъектҳои давлатии амаликунандаи муқовимат ба савдои одамон ва дигар ташкилотҳои дар моддаҳои 7-10 Қонуни мазкур пешбинигардида дар доираи ваколатҳои худ ба шаҳрвандон дар хусуси хатари савдои одамон ва ҷиноятҳои ба он алоқаманд, шаклҳои он, чораҳои бехатарии дахлдори андешидашуда, воситаҳои пешгирии савдои одамон ва ҷиноятҳои ба он алоқаманд, иттилоъ медиҳанд.

 

Моддаи 37. Сиёсати таълимии давлат дар самти пешгирии савдои одамон

 

1. Сиёсати таълимӣ дар самти пешгирии савдои одамон бо роҳҳои зерин амалӣ мегардад:

- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъи додани иҷозат ба фаъолияти омӯзгорӣ дар муассисаҳои таълимӣ ба шахсоне, ки чунин фаъолият ба онҳо бо ҳукми суд ё хулосаи тиббӣ манъ шудааст, инчунин шахсоне, ки барои ҷиноятҳо дар самти савдои одамон доғи судӣ доранд;

- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ намудани экспертизаи ҳатмии барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ ва таълимию методӣ, ки барои истифодабарӣ дар раванди таълим дар муассисаҳои таълимӣ таъин шудаанд, аз ҷумла дар онҳо мавҷуд будани ташвиқи ошкоро ё пинҳонии кирдорҳои ба савдои одамон алоқаманд ва ё рекламаи хизматрасониҳо дар самти мазкур;

- таҳия ва ҷорӣ намудани барномаҳои таълимие, ки проблемаҳои савдои одамон ва тарзҳои муқовимат ба онро ошкор намуда, ба гурӯҳҳои гуногуни аҳолӣ (аз ҷумла қурбониёни имконпазири савдои кӯдакон, падару модари кӯдакон, мураббиён ва омӯзгорони онҳо, ҷавонон, кормандони воситаҳои ахбори омма, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ) нигаронида шудаанд, инчунин барномаҳое, ки барои таълим дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ пешбинӣ шудаанд;

- ба барномаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ дохил кардани курсҳои махсус оид ба пешгирии савдои одамон;

- таҳия ва ҷорӣ намудани барномаҳои махсус оид ба пешгирии савдои одамон дар муассисаҳои тарбиявии махсусгардонидашуда барои кӯдакон, дигар мақомот ва муассисаҳо, ки пешгирии оворагардӣ ва ҳуқуқвайронкунии кӯдаконро амалӣ менамоянд;

- ташкили тайёркунӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо савдои одамон; 

- амалӣ намудани назоратбарӣ аз рӯи фаъолияти муассисаҳои таълимӣ оид ба ташкил кардани коромӯзӣ, таълим, азнавтайёркунӣ, таҷрибаомӯзӣ, гузаронидани озмунҳо, олимпиадаҳои хонандагон, донишҷӯён ва аспирантҳо дар хориҷа.

2. Ҳангоми ташаккули сиёсати таълимӣ вазъ, ҷараён ва пешгӯии инкишофи ҷинояткорӣ дар самти савдои одамон, роҳҳои муосири муқовимат ба он, аз ҷумла механизмҳои пешгирикунанда ва ҳифзи ҳуқуқ, инчунин воситаҳои барномавӣ ва иттилоотии муосир ба инобат гирифта мешаванд. 

 

Моддаи 38. Пешниҳоди ҳатмии иттилоот

 

1. Бо мақсади пешгирии истисмори иқтисодӣ ва шаҳвонии шахсоне, ки ба давлатҳои хориҷӣ барои кор равона карда мешаванд, корфармо ҳангоми интихоби кормандон ва бастани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо онҳо вазифадор аст мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шароити фаъолияти меҳнатии ояндаи онҳо, имтиёзҳо ва ҷубронпулиҳо, кафолати ҳифзи саломатӣ ва таъмини бехатарии шароити меҳнат маълумоти пурра ва дақиқ пешниҳод намояд.

2. Бо мақсади пешгирии истисмори иқтисодӣ ва шаҳвонии кӯдакон ташкилот ва агентиҳои сайёҳӣ, ки хизматрасониро ҷиҳати дар хориҷа ташкил намудани таҳсил, истироҳат ва табобати кӯдакон бе ҳамроҳии падару модар пешниҳод менамоянд, ҳангоми бастани шартнома барои расонидани чунин хизматрасониҳо уҳдадоранд ба падару модар маълумоти пурра ва дақиқро оид ба шартҳои будубоши кӯдакони онҳо дар ҳудуди давлатҳои хориҷӣ, кафолатҳои ҳифзи саломатӣ ва таъмини амнияти шахсӣ пешниҳод намоянд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563).

3. Бо мақсади ошкоркунӣ ва пешгирии саривақтии ҷиноятҳо дар самти савдои кӯдакон мақомот ва муассисаҳои маориф ва илм, хизматрасонии тиббии кӯдакон, ҳифзи иҷтимоӣ ва хизматрасонии иҷтимоии аҳолӣ, дигар мақомоту муассисаҳои кор бо кӯдакон машғулбуда, шахсони мансабдори онҳо ва дигар кормандоне, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи онҳо уҳдадорӣ оид ба тарбия, таҳсил, ҳифзи саломатӣ, дастгирии иҷтимоӣ ва хизматрасонии иҷтимоии кӯдакон ё назорати онҳо вогузор шудааст, уҳдадоранд фавран мақомоти ҳифзи ҳуқуқро оид ба ҳолатҳои савдои кӯдакон ва ҷиноятҳои ба он алоқаманд, ки ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти касбӣ ва хизматӣ ба онҳо маълум гаштаанд, хабардор намоянд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563).

4. Хабар надодан, сари вақт пешниҳод накардан ё пешниҳоди хабарҳои носаҳеҳ (аз ҷумла дар ҳаҷми нопурра) оид ба маълумоти дар ҳамин модда пешбинигардида мувофиқи конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ҷавобгарӣ мегардад.

 

Моддаи 39. Манъи истифодабарии шабакаҳои алоқаи истифодаи умум барои содир

                        намудани ҷиноятҳо дар самти савдои одамон

 

1. Истифодабарии шабакаҳои алоқаи истифодаи умум барои амалӣ намудани фаъолияти ба савдои одамон алоқаманд, аз ҷумла барои содир намудани ҷиноятҳо дар самти савдои одамон ё фароҳам овардани шароитҳо барои содир намудани онҳо, гирифтани розигии қурбонии имконпазири истисмори банақшагирифташудаи ӯ, ҳамчунин барои паҳн намудани маводи тарғиботии ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти савдои одамон манъ аст.

2. Дар ҳолати истифодабарии шабакаи алоқаи истифодаи умум барои амалӣ намудани фаъолияти дар қисми 1 ҳамин модда пешбинигардида, чораҳои пешгирии он татбиқ гардида, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар содир намудани ҳаракатҳои зикргардида гунаҳгоранд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

3. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилотҳо ва шахсоне, ки хизматрасониро оид ба додани иттилоот ба воситаи шабакаҳои алоқаи барқӣ ё дастрасиро ба Интернет ва алоқаи мобилӣ анҷом медиҳанд, аз ҷумла бо провайдерҳо, дар бораи аз ҷониби онҳо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фавран пешниҳод намудани маълумот дар бораи аз ҷониби онҳо ҳангоми анҷом додани уҳдадории хизматӣ ё касбӣ ошкор намудани ҳаракатҳои истифодабарии шабакаи алоқаи барқӣ барои анҷом додани фаъолияти вобаста ба савдои одамон созишнома мебандад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563).

4. Аз ҷониби шахсони зикргардида пешниҳод накардани маълумоти дахлдор ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо риоя накардани шартҳои созишнома, ки дар қисми 3 ҳамин модда пешбинӣ шудааст, боиси ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.

 

БОБИ 7.

ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР САМТИ  МУҚОВИМАТ БА САВДОИ ОДАМОН

 

Моддаи 40. Асосҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон

 

1. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар давлатҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи онҳо, инчунин ташкилотҳои байналмилалӣ, ки бар зидди савдои одамон мубориза мебаранд, дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаҳои байналмилалӣ, ки Тоҷикистон иштирокчии онҳо мебошад, ҳамкорӣ менамояд.

2. Расонидани кумаки ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста ба савдои одамон тибқи шартномаҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон иштирокчии онҳо мебошад, инчунин қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563).

3. Савдогарони одамон ва дигар шахсоне, ки дар содир намудани кирдорҳои бо савдои одамон алоқаманд иштирок менамоянд, метавонанд ба давлатҳои хориҷӣ барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва ё иҷрои ҷазои таъиншуда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон иштирокчии онҳо мебошад, супорида шаванд.

4. Намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ мутобиқи қонунгузории кишварҳои ҷойгиршавии онҳо ошкор кардан ва ҳифзи муносиби ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки қурбониёни савдои одамон шудаанд, амалӣ намуда, ба онҳо барои баргаштан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамоянд.

5. Дар ҳолати гум кардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қурбонии савдои одамон мебошад ва ё имконнопазирии гирифтани онҳо аз савдогарони одамон, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлори давлатӣ дар мӯҳлати кӯтоҳтарин чунин шаҳрвандонро бо ҳуҷҷате, ки ҳуқуқи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргаштанро медиҳад, таъмин мекунанд.

 

Моддаи 41. Ҳамкорӣ бо мақомоти ваколатдори давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои

                        байналмилалии давлатӣ ва  ғайридавлатӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон

 

1. Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии огоҳонидан ва пешгирӣ кардани савдои одамон, ҳифз ва тавонбахшии иҷтимоии қурбониёни он, инчунин ташкили ҳамкории байнидавлатӣ дар омодасозӣ ва амалигардонии чорабиниҳои бо Қонуни мазкур пешбинигардида ва барномаҳои якҷояи мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон оид ба масъалаҳои муқовимат ба савдои одамон бо давлатҳои хориҷӣ ва мақомоти ваколатдори онҳо, инчунин бо ташкилотҳои байналмилалии давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ки фаъолиятро оид ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди савдои одамон пеш мебаранд, ҳамкорӣ намуда, ба ҳифзи ҳуқуқҳои қурбониёни чунин ҷиноятҳо мусоидат менамоянд.

2. Самтҳои асосии ҳамкориҳои байналмилалӣ инҳо мебошанд:

-таҳия ва бастани шартномаҳои дутарафа ва бисёртарафаи байни давлатҳо оид ба масъалаҳои муқовимат ба савдои одамон;

-мӯътадилгардонии ҳамкориҳои мақомоти дахлдори махсусгардонидашудаи наздисарҳадии давлатҳои ҳамсоя оид ба мубориза бар зидди савдои одамон;

-ҳамоҳангсозии амалиёти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо мақсади саривақт ва пурра ошкор кардан, пешгирӣ намудан ва кушодани ҷиноятҳои ба савдои одамон алоқаманд;

- таъсис ва рушди якҷояи системаи иттилоотӣ, воситаҳои хабаррасонии фаврӣ, вокуниш ва назоратбарӣ, ки барои баланд бардоштани самаранокии муқовимат ба савдои одамон нигаронида шудаанд.

 

БОБИ 8.

ҶАВОБГАРӢ БАРОИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИҲО  ДАР САМТИ САВДОИ ОДАМОН

 

Моддаи 42. Намуд ва принсипҳои ҷавобгарӣ барои ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти савдои

                         одамон

 

1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти савдои одамон алоқамандӣ доранд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии граждании ҳуқуқӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида мешаванд.

2. Ҳаракат ё беҳаракатии шахси мансабдор, ки барои савдои одамон шароит фароҳам меоварад, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси ба ҷавобгарӣ кашидани ӯ мебошад.

3. Рафтори қурбонии савдои одамон, ки дар надоштани хоҳиш ё имконнопазирии тағйир додани рафтори виктимӣ, зиддиҷамъиятӣ ё зиддиҳуқуқии худ, ки ба савдои одамон алоқаманд аст, ифода меёбад, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии савдогарони одамонро истисно намекунад.

 

Моддаи 43. Ҷавобгарии шахсони ҳуқуқӣ барои дахл доштан ба савдои одамон 

 

1. Бо тартиби судӣ муқаррар кардани дахлдории ташкилот ба савдои одамон, ки баръало ба содиркунӣ ва пинҳонкунии ҷиноятҳо дар самти савдои одамон ё қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи содир кардани чунин ҷиноятҳо бадастоварда мусоидат кардааст, дар асоси карори суд боиси барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ ва ё бекор кардани иҷозатномаи ӯ барои амалӣ намудани намуди дахлдори фаъолият, ки амалисозии он бо содиршавии ҷиноятҳои зикргардида алоқаманд мебошад, мегардад.

2. Дар ҳолати аз ҷониби ташкилот (шахси ҳуқуқӣ) амалӣ намудани фаъолияти ба савдои одамон алоқаманд, ки боиси вайрон гаштани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, расонидани зарар ба шахсият, саломатии шаҳрвандон, тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ гардидааст ё таҳдиди воқеии расонидани чунин зарарро ба вуҷуд меорад, фаъолияти он бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 7 Қонуни мазкур то аз ҷониби суд қабул намудани қарор оид ба дахлдории ташкилоти (шахси ҳуқуқии) мазкур ба фаъолияти зикргардида муваққатан боздошта мешавад.

3. Қарор оид ба боздоштани фаъолияти шахси ҳуқуқӣ бо асосҳое, ки дар қисми 2 моддаи мазкур зикр гардидаанд, то аз ҷониби суд баррасӣ намудани масъалаи барҳамдиҳии он ва ё манъи фаъолияти ӯ, метавонад ба суд бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди шикоят қарор гирад. Агар суд қарорро оид ба барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ ва ё манъи фаъолияти он қабул накунад, шахси ҳуқуқии мазкур фаъолияти худро баъди ба қувваи қонунӣ даромадани қарори суд аз нав барқарор менамояд.

4. Дар ҳолати аз ҷониби суд эътироф гардидани алоқамандии ташкилоти байналмилалӣ (шӯъба, филиал, намояндагии он), ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, ба савдои одамон, фаъолияти чунин ташкилоти байналмилалӣ (шӯъба, филиал, намояндагии он) дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарори суд тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда мешавад. 

 

Моддаи 44. Ҷавобгарии воситаҳои ахбори омма барои паҳн намудани маводи тарғиботии

                         ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти савдои одамон 

 

1. Тавассути воситаҳои ахбори омма паҳн намудани маводи тарғиботии ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти савдои одамон, ҳамчунин ифшои маълумоти махфиёна дар хабару маводи паҳншаванда дар бораи қурбониёни савдои одамон, аз ҷумла маълумоте, ки бевосита ё бавосита ба шахсияти қурбонии савдои одамон ишора менамоянд, бе розигии онҳо ва нисбат ба кӯдак-қурбонии савдои одамон бошад, бе розигии худи кӯдак, намояндаи қонунии ӯ, инчунин мақомоти васоят ва парасторӣ манъ карда мешавад.

2. Дар ҳолати аз ҷониби воситаи ахбори омма паҳн намудани маводи дар қисми 1 моддаи мазкур зикргардида, ки боиси вайрон гардидани ҳуқуқ ва озодиҳои қурбонии савдои одамон, расонидани зарар ба саломатӣ, шаъну шарафи вай, тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти ҷамъиятӣ гардидааст ё таҳдиди воқеии расонидани чунин зарарро ба вуҷуд овардааст, фаъолияти воситаи ахбори оммаи дахлдор метавонад бо қарори суд дар асоси пешниҳоди мақоми давлатии дахлдор бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда шавад. 

3. Бо мақсади роҳ надодан ба идомаи паҳн намудани маводи дар қисми 1 моддаи мазкур зикргардида суд метавонад то баровардани қарор аз рӯи парванда фурӯши шумораи дахлдори нашрияи даврӣ ва ё нусхаи сабти аудиоӣ ё сабти видеоии барнома ва ё пахши барномаи дахлдори телевизионӣ, радиоӣ ё видеоиро бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боздорад.

4. Қарори суд барои гирифтани қисми фурӯхтанашудаи нусхаи маҳсулоти воситаи ахбори омма, ки маводи дар қисми 1 моддаи мазкур зикргардидаро дар бар мегирад, аз маҳалли нигоҳдорӣ, савдои яклухт ва чаканаи маҳсулоти зикргардида, ҳамчунин аз китобхонаҳои оммавӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ки ба он дастрасии озод доранд, асос мебошад.

 

Моддаи 45. Хусусиятҳои ҷавобгарии ҷиноятӣ барои содир намудани ҷиноятҳо дар самти

                        савдои одамон

 

Мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон розигии қурбонии савдои одамон барои истисмори ӯ асоси истиснокунанда ё сабуккунандаи ҷавобгарии ҷиноятии савдогари одамон шуда наметавонад (қисми 2 хориҷ карда шуд бо ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563).

 

 

БОБИ 9.

МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 46. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

 

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 47. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

                         «Дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон»

 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июли соли 2004 «Дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №7, мод. 454; с.2007, №7, мод. 658; с. 2008, №1, қ. 1, мод. 2) аз эътибор соқит дониста шавад. 

 

Моддаи 48. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

 

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти 

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                            Эмомалӣ РАҲМОН

 

ш. Душанбе, 26 июли соли 2014,

№1096

 

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҶҶАТҲОИ ТАСДИҚКУНАНДАИ ШАХСИЯТ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 13/02/2020 - 15:45
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1097
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
26.07.2014

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ҲУҶҶАТҲОИ ТАСДИҚКУНАНДАИ ШАХСИЯТ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2014,  №7, қ. 1,  мод. 394;

Қонуни ҶТ аз 18.03.2015 с., № 1186)

 

Қонуни мазкур намудҳои ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, инчунин асосҳои ба расмият даровардан, додан, иваз кардан, барқарор намудан, беэътибор донистан, супоридан, гирифтан ва нобуд кардани онҳоро муқаррар менамояд.

 

БОБИ 1.

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ 

 

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият – санади намунааш тасдиқшуда, ки дар он иттилоот дар бораи маълумоти фардии шахси воқеӣ сабт шудааст ва он имкон медиҳад, ки шахсият ва вазъи ҳуқуқии соҳиби он бо мақсади айнияткунонии шахсият муқаррар карда шаванд;

шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванд ва собиткунандаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз ҳудуди он мутобиқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

шиносномаи дипломатии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиткунандаи вазъи расмии дорандаи он ҳангоми баромадан ба хориҷи кишвар, истиқомат кардан берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иҷрои фаъолияти дипломатӣ ва консулӣ, инчунин дигар вазифаҳои расмӣ ва ворид шудан ба қаламрави Тоҷикистон; (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1186)

шиносномаи хизматии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиткунандаи вазъи расмии дорандаи он ҳангоми баромадан ба хориҷи кишвар, истиқомат кардан берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои ӯҳдадориҳои хизматии ба зиммааш вогузоршуда ва ворид шудан ба қаламрави Тоҷикистон;

шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиткунандаи вазъи ҳуқуқии ӯ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он;

шиносномаи шаҳрванди хориҷӣ  – ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванди хориҷӣ, ки давлати хориҷӣ медиҳад;

шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд – ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шахси воқеӣ, ки далели мансубияти худро ба шаҳрвандии ягон давлат надорад ва аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад;

шаҳодатномаи муваққатии паноҳҷӯянда – ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шахсони паноҳҷӯянда ва вазъи ҳуқуқии онҳо, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» ҷиҳати дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гуреза дониста шуданашон дархост пешниҳод мекунанд;

–  шаҳодатномаи гуреза – ҳуҷҷати намунааш муқарраргардида, ки шахсияти шахсони паноҳҷӯяндаи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гуреза донисташударо тасдиқ менамояд;

шаҳодатномаи таваллуд – ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шахси воқеӣ, ки аз бақайдгирии давлатии воқеияти таваллуди ӯ шаҳодат медиҳад;

шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳуҷҷати муваққатии тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ӯро барои бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд;

гувоҳномаи иқомат барои шаҳрванди хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванди хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиткунандаи гирифтани иҷозат барои зисти доимӣ дар Тоҷикистон;

гувоҳномаи иқомат барои шахси бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шахси бешаҳрванд дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиткунандаи гирифтани иҷозат барои зисти доимӣ дар Тоҷикистон;

ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти хизматчии ҳарбӣ – ҳуҷҷати намунааш муқарраргардидае, ки шахсияти хизматчии ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ намуда, собиткунандаи вазъи ҳуқуқии ӯ ва ивазкунандаи шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад;

мақомоти ваколатдори давлатӣ – мақомоти давлатие, ки дар доираи ваколатҳои худ ба расмият даровардан, додан, иваз кардан, барқарор намудан, беэътибор донистан, супоридан, гирифтан ва нобуд кардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсиятро амалӣ менамоянд.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи

                      шахсият

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур

 

Муқаррароти Қонуни мазкур нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста аз ҷойи истиқоматашон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври доимӣ истиқомат доранд ё муваққатан дар Тоҷикистон қарор доранд, татбиқ мегарданд.

 

Моддаи 4. Ҳуқуқи моликият ба ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрвандони

                      Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, соҳиби онҳо таҳти ҳимоя ва пуштибонии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

 

Моддаи 5. Принсипҳои танзими ҳуқуқии ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият

 

Принсипҳои танзими ҳуқуқии ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият инҳоянд:

- қонуният;

- риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

- баробарии ҳама дар назди қонун;

- ҳатмӣ будан;

- дастрас будан;

- роҳ надодан ба табъиз бо асосҳои мансубият, вазъи иҷтимоӣ, хизматӣ ва молумулкӣ, ҷинсӣ, нажодӣ, миллӣ, забонӣ, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, ҷойи зист ё ҳама гуна дигар ҳолатҳо.

 

Моддаи 6. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрванди хориҷӣ ва

                      шахси бешаҳрванд вобаста ба гирифтан ва нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳои

                      тасдиқкунандаи шахсият

 

1. Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд мутобиқи вазъи ҳуқуқиашон барои гирифтани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ҳуқуқ доранд.

2. Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 16 расидааст, ӯҳдадор аст шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад.

3. Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд ӯҳдадоранд, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсиятро эҳтиёткорона нигоҳ доранд онҳоро гум, вайрон, нобуд накунанд, инчунин мавриди сохтакорӣ қарор надиҳанд.

4. Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста аз ҷойи истиқомат, шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд, ки ба таври доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд ё муваққатан дар Тоҷикистон қарор доранд, ӯҳдадоранд мувофиқи вазъи ҳуқуқиашон дорои ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ва дар қайди ҷойи истиқомат бошанд ё аз рӯйи ҷойи будубош ба қайд гирифта шаванд.

5. Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд ҳуқуқ доранд дар сурати аз тарафи шахсони мансабдор рад шудани дархосташон оид ба додан, иваз кардан, барқарор намудан, беэътибор донистан, гирифтан ва нобуд кардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият аз рӯи қарори онҳо шикоят намоянд.

 

БОБИ 2.

САЛОҲИЯТИ МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ВОБАСТА БА ҲУҶҶАТҲОИ ТАСДИҚКУНАНДАИ ШАХСИЯТ 

 

Моддаи 7. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- намунаҳо, қоидаҳо ва тартиби ба расмият даровардан, додан, иваз кардан, барқарор намудан, беэътибор донистан, супоридан, гирифтан, нобуд кардан ва ҳифзи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсиятро тасдиқ менамояд;

- Номгӯи шахсони мансабдори Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба онҳо шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд, тасдиқ менамояд;

- андозаи боҷи давлатӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмиро ба буҷет барои омада намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, инчунин тартиби хароҷоти онҳоро муайян менамояд;

- дигар ваколатҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.

 

Моддаи 8. Ваколатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

1) Намунаҳо, қоидаҳо ва тартиби ба расмият даровардан, додан, иваз кардан, барқарор намудан, беэътибор донистан, супоридан, гирифтан, нобуд кардан ва ҳифзи ҳуҷҷатҳои зерини тасдиқкунандаи шахсиятро дар мувофиқа бо вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд:

- шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 1996;

- шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд;

- шаҳодатномаи муваққатии паноҳҷӯянда;

- шаҳодатномаи гуреза;

- гувоҳномаи иқомат барои шаҳрванди хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- гувоҳномаи иқомат барои шахси бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

(ҚҶТ аз 18.03.15с., №1186)

2) Ба расмият даровардан, додан, иваз кардан, барқарор намудан, беэътибор донистан, супоридан, гирифтан, нобуд кардан ва ҳифзи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсиятро, ки дар банди 1) ҳамин модда ва сархатҳои якум ва чоруми банди 1) моддаи 9Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, амалӣ менамояд. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1186)

3) Бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуҷҷат оид ба гирифтани ҳуқуқи зисти доимӣ дар хориҷи кишварро гирифтааст, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ва дар ҳолати аз тарафи ӯ гирифтани шаҳрвандии давлати дигар, шиносномаи ӯро бозпас мегирад.

4) Дигар ваколатҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.

 

Моддаи 9. Ваколатҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

1) Намунаҳо, қоидаҳо ва тартиби ба расмият даровардан, додан, иваз кардан, барқарор намудан, беэътибор донистан, супоридан, гирифтан, нобуд кардан ва ҳифзи ҳуҷҷатҳои зерини тасдиқкунандаи шахсиятро дар мувофиқа бо вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд:

- шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014;

- шиносномаи дипломатии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- шиносномаи хизматии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2) Ба расмият даровардан, додан, иваз кардан, барқарор намудан, беэътибор донистан, супоридан, гирифтан ва нобуд кардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсиятро, ки дар сархатҳои дуюм, сеюм, ва чоруми банди 1) ҳамин модда пешбинӣ шудаанд тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1186)

3) Дигар ваколатеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.

 

Моддаи 10. Ваколатҳои мақомоти дигари ваколатдори давлатӣ 

 

Мақомоти дигари ваколатдори давлатӣ: 

- намунаҳо, қоидаҳо ва тартиби ба расмият даровардан, додан, иваз кардан, барқарор намудан, беэътибор донистан, супоридан, гирифтан ва нобуд кардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсиятро дар доираи ваколатҳояшон таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд;

- ба расмият даровардан, додан, иваз кардан, барқарор намудан, беэътибор донистан, супоридан, гирифтан ва нобуд кардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсиятро дар доираи ваколатҳояшон амалӣ менамоянд;

- дигар ваколатеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамоянд.

 

БОБИ 3.

НАМУДҲОИ ҲУҶҶАТҲОИ ТАСДИҚКУНАНДАИ ШАХСИЯТ

 

Моддаи 11. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият

 

Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият инҳоянд:

- шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- шиносномаи дипломатии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- шиносномаи хизматии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- шиносномаи шаҳрванди хориҷӣ;

- шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд;

- шаҳодатномаи муваққатии паноҳҷӯянда;

- шаҳодатномаи гуреза;

- шаҳодатномаи таваллуд;

- шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- гувоҳномаи иқомат барои шаҳрванди хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; 

- гувоҳномаи иқомат барои шахси бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; 

- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти хизматчии ҳарбӣ;

- шаҳодатномаи ронандагӣ, шаҳодатномаи хизматӣ, шаҳодатномаи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва собиқадорони меҳнат (шахсони ба онҳо баробаркардашуда), маъюбон, донишҷӯён ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.

 

Моддаи 12. Талабот ба ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият

 

1. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият дорои маълумоти зерин мебошанд:

- насаб, ном, номи падар (дар ҳолати будан);

- сана ва ҷойи таваллуд дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ҷинс (дар ҳолатҳои пешбинишуда);

- мансубияти миллӣ, дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- шаҳрвандӣ, ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, ки дар сархатҳои шашум,нӯҳум ва чордаҳуми  моддаи 11 Қонуни мазкур нишон дода шудаанд;

- вазъи оилавӣ,дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- сурат, ба истиснои шаҳодатномаи таваллуд; 

- номи мақоме, ки ҳуҷҷатро додааст;

- санаи додан, силсила ва рақами ҳуҷҷат;

- мӯҳлати амали он, ба истиснои шаҳодатномаи таваллуд ва шаҳодатномаи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва собиқадорони меҳнат (шахсони ба онҳо баробаркардашуда);

- суроға ва ҷойи зист, дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- маълумоти электронии муайянкунандаи шахсият дар шиносномаҳои дипломатӣ, хизматӣ ва умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- имзои соҳиби ҳуҷҷат дар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, ки дар сархатҳои якум – чорум ва дувоздаҳум – сездаҳуми моддаи 11 Қонуни мазкур нишон дода шудаанд.

2. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият бояд рақами фардии айнияткунониро дошта бошанд.

3. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, ки дар дохили кишвар истифода мешаванд, аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ бо ҳарфҳои кириллӣ(бо забони тоҷикӣ ва русӣ) ба расмият дароварда мешаванд. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, ки дар дохил ва берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд, тибқи талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳарфҳои кириллӣ (бо забони тоҷикӣ) ва ҳарфҳои лотинӣ (бо забони англисӣ)ба расмият дароварда мешаванд.

 

Моддаи 13. Шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

1. Шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 16 расидаанд, дода шуда, он ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Тоҷикистон ва берун аз ҳудуди он мебошад. 

2. Ба шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон сабту қайдҳои зерин ворид карда мешаванд:

-дар бораи бақайдгирӣ ва азқайдбарории шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби қайди ҷойи истиқомат – аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ;

- дар бораи қайди никоҳ – аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва мақомоти корҳои дохилӣ; 

- дар бораи бекор кардани қайди никоҳ - аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар шиносномаи намунаи соли 1996;

- дар бораи додани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон – аз тарафи мақомоте, ки чунин ҳуҷҷатро медиҳанд;

- дар бораи муносибати шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 18 расидааст, ба ӯҳдадории умумии ҳарбӣ – аз тарафи комиссариати ҳарбӣ дар шиносномаи намунаи соли 1996;

- дар бораи рақами мушаххаси андозсупоранда – аз тарафи мақомоти андоз;

- дар бораи мансубияти миллӣ – аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ дар шиносномаи намунаи соли 1996;

- дар бораи гурӯҳи хун ва омилҳои резуси мансубияти хуни соҳиби шиноснома (бо хоҳиши соҳиби шиноснома) – аз тарафи муассисаи тандурустии ҷойи истиқомат.

3. Сабтҳо ва қайдҳо дар шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 1996, ки аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ ворид мегарданд, бо мӯҳрҳои шаклашон аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ муқарраргардида ба расмият дароварда мешаванд. Ба шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардани сабту қайдҳое, ки дар Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ нашудаанд, манъ аст.

4. Шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлатҳои зерин дода мешавад:

1) шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 1996:

- аз рӯзи ба синни 16 расидани шахс то рӯзи ба синни 25 расидани ӯ;

- аз рӯзи ба синни 25 расидани шахс то рӯзи ба синни 45 расидани ӯ;

- аз рӯзи ба синни 45 расидани шахс шиноснома ба мӯҳлати бемаҳдуд дода мешавад.

2) шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014 ба мӯҳлати 10 сол дода мешавад.

5. Агар мӯҳлати эътибори шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вақти адои хизмати ҳарбии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи даъват гузашта бошад, шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойи бақайдгирии истиқомат, дар ҳолати набудани қайди ҷойи истиқомат – дар ҷойи будубош ё ҷойи истиқомати воқеии шаҳрванд баъд аз ба итмом расидани хизмати ҳарбӣ дода мешавад.

 

Моддаи 14. Шиносномаи дипломатии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

1. Шиносномаи дипломатии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони мансабдор тибқи Номгӯи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

2. Ба шиносномаи дипломатии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон сабту қайдҳои зерин ворид карда мешаванд:

- оид ба убур намудани Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарҳади давлатии дигар давлатҳо – аз тарафи мақомоти дахлдор, ки назорати сарҳадиро амалӣ менамоянд;

- раводиди кишварҳои хориҷӣ – аз тарафи мақоми ваколатдори давлати хориҷӣ;

- дар бораи бекор намудани қайдҳои воридкардашуда – аз тарафи мақомоте, ки чунин қайдҳоро ворид кардаанд.

3. Шиносномаи дипломатии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 5 сол дода мешавад.

4. Шиносномаи дипломатии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кӯдакони то синни 16 вобаста ба синну сол ба мӯҳлати аз 1 то 5 сол дода мешавад. 

 

Моддаи 15. Шиносномаи хизматии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

1. Шиносномаи хизматии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони мансабдор тибқи Номгӯи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

2. Ба шиносномаи хизматии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон сабту қайдҳои зерин ворид карда мешаванд:

- оид ба убур намудани Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарҳади давлатии дигар давлатҳо – аз тарафи мақомоти дахлдор, ки назорати сарҳадиро амалӣ менамоянд;

- раводиди кишварҳои хориҷӣ – аз тарафи мақоми ваколатдори давлати хориҷӣ;

- дар бораи бекор намудани қайдҳои воридкардашуда – аз тарафи мақомоте, ки чунин қайдҳоро ворид кардаанд.

3. Шиносномаи хизматии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 5 сол дода мешавад.

4. Шиносномаи хизматии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кӯдакони то синни 16 вобаста ба синну сол ба мӯҳлати аз 1 то 5 сол дода мешавад. 

 

Моддаи 16. Шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

1. Шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. 

2. Ба шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон сабту қайдҳои зерин ворид карда мешаванд:

- оид ба убур намудани Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарҳади давлатии дигар давлатҳо – аз тарафи мақомоти дахлдор, ки назорати сарҳадиро амалӣ менамоянд;

- раводиди кишварҳои хориҷӣ – аз тарафи мақоми ваколатдори давлати хориҷӣ;

- дар бораи бекор намудани қайдҳои воридкардашуда – аз тарафи мақомоте, ки чунин қайдҳоро ворид кардаанд.

3. Шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 10 сол дода мешавад.

4. Шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кӯдакони то синни 16, вобаста ба синну сол ба мӯҳлати аз 1 то 5 сол дода мешавад. 

 

Моддаи 17. Шиносномаи шаҳрванди хориҷӣ

 

1. Асосҳои додан ва мӯҳлати эътибори шиносномаи шаҳрванди хориҷиро ҳамчун ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванди хориҷӣ қонунгузории давлати хориҷӣ муайян мекунад. 

2. Ба шиносномаи шаҳрванди хориҷӣ сабту қайдҳои зерин ворид карда мешаванд:

- раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон – аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон,намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- оид ба убур намудани Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – аз тарафи мақомоти сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- дигар сабту қайдҳои аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон содиршуда.

 

Моддаи 18. Шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд

 

1. Шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд ба шахси бешаҳрванд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ истиқомат дошта, ба синни 16 расидааст ва дорои гувоҳномаи иқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, барои баромадан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

2. Шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд ба мӯҳлати 5 сол дода шуда, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти соҳиби он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он мебошад.

3. Шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд ба шахсони ба синни 16 нарасида ҳангоми баромадан ба хориҷи кишвар бе падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) дода мешавад.

4. Ба шаҳодатноми шахси бешаҳрванд сабту қайдҳои зерин ворид карда мешаванд:

- дар бораи фарзандони то синни 16 дар ҳолати баромадани онҳо бо падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда)ба хориҷи кишвар бо часпондани расми онҳо - аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ;

- раводиди кишварҳои хориҷӣ – аз тарафи мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ;

- дар бораи бекор намудани қайдҳои воридкардашуда – аз тарафи мақомоте, ки чунин қайдҳоро ворид кардаанд.

 

Моддаи 19. Шаҳодатномаи муваққатии паноҳҷӯянда

 

1. Шаҳодатномаи муваққатии паноҳҷӯянда тибқи талаботи Қонуни мазкур ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо» дода мешавад.

2. Шаҳодатномаи муваққатии паноҳҷӯянда ба мӯҳлати на зиёда аз 3 моҳ дода мешавад.

3. Тартиби таҳия намудани шаҳодатномаи муваққатии паноҳҷӯянда ва гуреза дониста шудани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.  

 

Моддаи 20. Шаҳодатномаи гуреза

 

Шаҳодатномаи гуреза ба шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар барои гурезаҳо» вазъи ҳуқуқии гурезаро соҳиб шудаанд,дода мешавад.

 

Моддаи 21. Шаҳодатномаи таваллуд

 

1. Шаҳодатномаи таваллуд дар асоси санади бақайдгирии давлатии таваллуди кӯдак тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

2. Шаҳодатномаи таваллуд то гирифтани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ба ҳисоб меравад.

 

Моддаи 22. Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

1. Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони зерин дода мешавад:

- ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати гум кардани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шиносномаҳои дипломатӣ, хизматӣ ва умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё ба охир расидани мӯҳлати эътибори онҳо, беэътибор донистан ё мавҷуд набудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият дар вақти будубоши онҳо берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ба шаҳрвандони ноболиғи Ҷумҳурии Тоҷикистон – дар ҳолати таваллуд шудани онҳо берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ба шахсони бешаҳрванде, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ истиқомат мекунанд – дар ҳолати гум кардани шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд ҳангоми будубоши онҳо берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ба шахсоне, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми гурезаро доранд – дар ҳолати гум кардани шаҳодатномаи гуреза ҳангоми будубоши онҳо берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ истиқомат дошта, барои ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои беэътибордонисташуда доранд – дар ҳолати аз ҷониби давлати хориҷӣ ронда шудан ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданашон.

2. Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои воридшавии яккарата ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад ва барои баромадан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода шуда наметавонад. 

3. Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистонмедиҳанд.

4. Ба шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон қайдҳои зерин ворид карда мешаванд:

- оид ба убур намудани Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарҳади давлатии дигар давлатҳо – аз тарафи мақомоти дахлдор, ки назорати сарҳадиро амалӣ менамоянд;

- дар бораи бекор намудани қайдҳои воридкардашуда – аз тарафи мақомоте, ки чунин қайдҳоро ворид кардаанд.

5. Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати на зиёда аз 60 рӯз дода мешавад.

 

Моддаи 23. Гувоҳномаи иқомат барои шаҳрванди хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

1. Гувоҳномаи иқомат барои шаҳрванди хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷие, ки ба синни 16 расидаанд ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доимӣ доранд, ба мӯҳлати амали шиносномаи хориҷӣ, вале на бештар аз 5 сол ва ҳангоми расидан ба сини 45 ба мӯҳлати эътибори шиносномаи хориҷӣ дода мешавад. 

2. Гувоҳномаи иқомат барои шаҳрванди хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷие, ки ба синни 16 нарасидаанд, ятим мондаанд ё падар ё модар доранд ва бо онҳо якҷоя истиқомат мекунанд ва ё парастори онҳо, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ё онҳо зери парастории доимии давлат қарор доранд, дода шуда, танҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор дорад.

3. Ба шаҳрвандони хориҷие, ки ба синни 16 нарасидаанд ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доимӣ доранд, падар ё модарашон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, гувоҳномаи иқомат барои шаҳрванди хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. 

4. Ҳангоми ба хориҷа рафтани шаҳрванди хориҷӣ шахсияти ӯро шиносномаи давлати шаҳрвандиаш тасдиқ мекунад.

 

Моддаи 24. Гувоҳномаи иқомат барои шахси бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

1. Гувоҳномаи иқомат барои шахси бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсоне, ки ба синни 16 расидаанд ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доимӣ дорад, ба мӯҳлати амали на бештар аз 5 сол ва ҳангоми расидан ба синни 45 бе мӯҳлат дода мешавад. 

2. Гувоҳномаи иқомат барои шахси бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони бешаҳрванд, ки ба синни 16 нарасидаанд, ятим мондаанд, ё падар ё модар доранд ва бо онҳо якҷоя истиқомат мекунанд ва ё шахси парастори онҳо, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ё онҳо зери парастории доимии давлат қарор доранд, дода шуда, танҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор дорад.

3. Дар вақти ба хориҷа рафтани шахси бешаҳрванд шахсияти ӯро шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд тасдиқ мекунад.

 

Моддаи 25. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти хизматчии ҳарбӣ

 

1. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти хизматчии ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати ягона ва бемӯҳлати тасдиқкунандаи шахсият, вазъи хизматӣ ва дар хизмати ҳарбӣ қарор доштани хизматчиёни ҳарбӣ мебошад. 

2. Намунаҳо, қоидаҳо ва тартиби ба расмият даровардан, додан, иваз кардан, барқарор намудан, беэътибор донистан, супоридан, гирифтан, нобуд кардан ва ҳифзи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти хизматчиёни ҳарбӣ ва ворид намудани сабту қайдҳо ба онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

 

БОБИ 4.

АСОСҲОИ БА РАСМИЯТ ДАРОВАРДАН, ДОДАН, ИВАЗ КАРДАН, БАРҚАРОР НАМУДАН,
БЕЭЪТИБОР ДОНИСТАН, СУПОРИДАН, ГИРИФТАН, НОБУД КАРДАНИ ҲУҶҶАТҲОИ ТАСДИҚКУНАНДАИ ШАХСИЯТВА МӮҲЛАТИ ДОДАНИ ОНҲО

 

Моддаи 26. Асосҳо барои додани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият

 

Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият дар асоси яке аз ҳуҷҷатҳои зерин дода мешаванд:

- санади расмӣ дар бораи таваллуд;

- шаҳодатномаи таваллуд;

- шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- шиносномаи шаҳрванди хориҷӣ;

- шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд;

- шаҳодатномаи муваққатии паноҳҷӯянда;

- маълумотнома дар бораи қабул ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тағйир додани шаҳрвандӣ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тағйир додани шаҳрвандӣ тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст;

- пешниҳоди мақомоти ваколатдори давлатӣ дар бораи додани вазъи ҳуқуқии гуреза.

 

Моддаи 27. Мӯҳлати додани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият

 

1. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ шахсан ё ба намояндаи қонунии ӯ (ғайр аз ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, ки дар сархатҳои якум, шашум, ёздаҳум ва дувоздаҳуми моддаи 11 номбар шудаанд) аз рӯзи пешниҳоди ариза дар мӯҳлатҳои зерин дода мешаванд:

- шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон – на дертар аз 15 рӯзи корӣ ва дар ҳолатҳои гузаронидани санҷишҳои иловагӣ - на дертар аз 30 рӯзи корӣ;

- шиносномаи дипломатӣ ва хизматии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон – на дертар аз 15 рӯзи корӣ;

- шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дорои маълумоти электронӣ – на дертар аз 15 рӯзи корӣ; 

- барасмиятдарории шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар зарурати табобати фаврӣ, бемории вазнин ё фавти хешованде, ки дар хориҷа истиқомат мекунад – на дертар аз 3 рӯзи корӣ; 

- барасмиятдарории шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баромадан барои истиқомати доимӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон – на дертар аз 3 моҳ;

- шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон – на дертар аз 20 рӯзи корӣ;

- шаҳодатномаи муваққатии паноҳҷӯянда – на дертар аз 10 рӯзи корӣ;

- шаҳодатномаи гуреза – на дертар аз 3 моҳ;

- шаҳодатномаи таваллуд – на дертар аз 10 рӯзи корӣ;

- шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд, гувоҳномаи иқомат барои шаҳрванди хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, гувоҳномаи иқомат барои шахси бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон–аз 3 то 6 моҳ.

2. Муҳлати додани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти хизматчии ҳарбиро бо назардошти талаботи қисми 2 моддаи 25 Қонуни мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1186)

3. Бо хоҳиши шахси воқеӣ, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, ки дар сархатҳои дуюм, сеюм ва чоруми моддаи 11 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, бо тартиби фаврӣ дода мешаванд.

 

Моддаи 28. Иваз кардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият

 

Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият дар ҳолатҳои зерин иваз карда мешаванд:

- расидан ба синни 16;

- гузаштани мӯҳлати амали ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият;

- гум кардан, дуздида шудан ё барои истифодаи минбаъда корношоям гардидани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият;

- тағйир додани насаб, ном, номи падар, миллат, сана ва ҷойи таваллуд ва маълумоти дигар;

- ошкор гардидани иштибоҳу ғалат ва сохтакориҳо дар сабтҳои ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият;

- тағйир додани ҷинс ва ё симои зоҳирӣ (чеҳра);

- соҳиб шудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё барқарор намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мавҷуд набудани имконияти минбаъд ворид намудани сабтҳои дахлдор ба ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар набудани ҷойи холӣ дар саҳифаҳои онҳо. 

 

Моддаи 29. Барқарор намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ҳангоми гум кардани

                         онҳо

 

1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, ҳангоми гум кардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ба мақомоти ваколатдори давлатӣ барои аз нав гирифтани онҳо муроҷиат менамоянд.

2. Ҳангоми гум кардани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шиносномаи дипломатӣ, хизматӣ ва умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, ба намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат менамоянд.

 

Моддаи 30. Беэътибор донистани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, супоридан ва нобуд

                         кардани он

 

1. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият дар чунин ҳолатҳо беэътибор дониста, супорида ва нобуд карда мешавад:

- тағйир додани насаб, ном, номи падар;

- ба охир расидани мӯҳлати амали он;

- гум кардани ҳуҷҷат аз рӯзи аз тарафи соҳиби он ба мақоми ваколатдори давлатӣ додани ариза;

- номутобиқатӣ ба вазъи ҳуқуқии соҳиби он;

- тағйир додани ҷинс ва ё симои зоҳирӣ (чеҳра);

- дар ҳолатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ёфт шудаанд, барои ирсоли минбаъда ба мақомоти ваколатдори давлатие, ки ҳуҷҷатҳои мазкурро ба расмият даровардаанд, дар хориҷи кишвар ба намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешаванд. Ҳангоми аз ҷониби соҳиби он барқарор намудани ҳуҷҷати гумшудаи тасдиқкунандаи шахсият, ҳуҷҷати ёфтшуда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нобуд карда мешавад.

3. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти шахси фавтида, аз ҷумла аз ҷониби суд фавтида эълоншуда ба мақомоти ваколатдори давлатӣ супорида шуда, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нобуд карда мешаванд.

4. Беэътибор донистани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, ки дар сархати чордаҳуми моддаи 11 Қонуни мазкур пешбинӣ шудааст бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 31. Рад кардан ба додани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият барои баромадан аз

                        Ҷумҳурии Тоҷикистон 

 

Додани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият барои баромадан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зерин рад карда мешавад, агар:

- шаҳрванд аз маълумоте, ки сирри давлатӣ дорад, воқиф бошад - то гузаштани мӯҳлати муқарраршуда аз лаҳзаи ба анҷом расидани мӯҳлати рухсати ӯ ба ин маълумот;

- шаҳрванд ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷиноят дастгир шудааст, ё ин ки ба сифати айбдоршаванда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст – то баровардани қарор доир ба парванда ё қувваи қонунӣ пайдо намудани ҳукми суд;

- шаҳрванд барои содир кардани ҷиноят маҳкум шуда бошад - то адои (иҷрои) мӯҳлати ҷазо ва ё озод шудан аз ҷазо;

- шаҳрванд аз иҷрои ӯҳдадориҳои аз тарафи суд ба зиммааш гузошташуда саркашӣ кунад – то иҷрои ӯҳдадориҳо;

- шаҳрванд дар бораи худ маълумоти бардурӯғ дода бошад;

- нисбат ба шаҳрванд ба суд даъвои гражданӣ пешниҳод шуда бошад – то ба охир расидани пешбурди парванда;

- шаҳрванд дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок ҷиноят содир карда бошад ва ё зери назорати маъмурии мақомоти корҳои дохилӣ қарор дошта бошад – то барҳам хӯрдани доғи судӣ ва ё ба итмом расидани мӯҳлати назорат;

- шаҳрванд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда бошад - то ба итмом расидани мӯҳлати адои хизмати ҳарбӣ.

 

Моддаи 32. Гирифтан ва истифода бурдани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият

 

1. Дар ҳолатҳо ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти ваколатдори давлатӣ, мақомоти тафтишоти пешакӣ, таҳқиқ, инчунин суд, ҳангоми пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё баррасии онҳо, аз даст додани шаҳрвандӣ, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият бозпас гирифта ё аз эътибор соқит дониста мешаванд. Гирифтани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият аз ҷониби дигар мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор манъ аст. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1186)

2. Ба сифати гарав гирифтани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият манъ аст.

3. Айнияткунонии шахси воқеӣ аз рӯи нусхаҳои ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, ҳамчунин истифодаи онҳо, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст.

4. Аз шахсони ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшуда ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият гирифта шуда, дар муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ нигоҳ дошта мешаванд. Ҳангоми озод шудан аз адои ҷазо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ба соҳибони онҳо баргардонида мешаванд.

 

БОБИ 5.

МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 33. Инҳисори (монополияи) давлатӣ дар соҳаи тайёр намудани ҳуҷҷатҳои

                         тасдиқкунандаи шахсият

 

Фаъолият оид ба тайёр намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти дар сархатҳои якум, шашум, ҳафтум, ҳаштум, ёздаҳум ва дувоздаҳуми моддаи 11 Қонуни мазкур пешбинишуда, ҷамъоварӣ ва пешбурди махзани маълумоти якҷоякардашудаи низоми тайёр намудани ҳуҷҷатҳо, автоматикунонии корҳои баҳисобгирии равандҳои муҳоҷират, таҳия, ҷорӣ ва ҳамроҳкунии маводи барномавию техникӣ барои мақомоти корҳои дохилӣ ба инҳисори (монополияи) давлат мансуб буда, аз ҷониби корхонае, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад, амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 34. Ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодаи ҳуҷҷатҳои

                         тасдиқкунандаи шахсият 

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки онҳоро эътироф кардааст, дар асоси принсипҳои ҳамкории байналмилалии ҳуқуқӣ бо давлатҳои хориҷӣ оид ба истифодаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ҳамкорӣ менамояд.

 

Моддаи 35. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

 

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 36. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                             Эмомалӣ РАҲМОН

 

ш. Душанбе, 26 июли соли 2014,

№1097

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ БОНКИИ ИСЛОМӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 13/02/2020 - 15:55
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1108
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
26.07.2014

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ БОНКИИ ИСЛОМӢ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2014, №7, қ. 2, мод. 405; ҚҶТ аз 20.06.2019 с., №1627)

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти бонкии исломиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, шароити мусоидро барои пешбурди фаъолияти бонкии исломӣ фароҳам месозад.

 

БОБИ 1.

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

 

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои дигари қарзии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда;

- фаъолияти бонкии исломӣ – аз ҷониби ташкилотҳои қарзии исломӣ анҷом додани амалиёти бонкии исломӣ ва аҳдҳое, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ гардидааст; 

- принсипҳои маблағгузории исломӣ – амалӣ намудани фаъолияти бонкии исломӣ бо риояи стандартҳое, ки ба меъёрҳои ҳуқуқии исломӣ асос ёфта, нисбат ба хизматрасониҳои бонкӣ татбиқ мегарданд;

- стандартҳои фаъолияти бонкии исломӣ – маҷмӯи қоидаҳое, ки Шӯрои машваратии хизматрасонии бонкии исломӣ маъқул дониста, аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд ва тибқи онҳо ташкилотҳои қарзии исломӣ фаъолияти бонкии исломиро анҷом медиҳанд;

- ташкилотҳои қарзии исломӣ – шахсони ҳуқуқие (бонкҳои исломӣ, ташкилотҳои қарзии ғайрибонкии исломӣ, ташкилотҳои маблағгузории хурди исломӣ, аз ҷумла «равзанаи бонкии исломӣ»), ки дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон ҳама ё баъзе аз амалиёти бонкии исломии дар Қонуни мазкур пешбинишударо иҷро менамоянд;

- ташкилотҳои қарзии анъанавӣ – шахсони ҳуқуқие (бонкҳо, ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ, аз ҷумла ташкилотҳои маблағгузории хурд), ки дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон ҳама ё баъзе аз амалиёти бонкии дар Қонуни мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешбинишударо иҷро менамоянд;

- бонки исломӣ – ташкилоти қарзии исломие, ки дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон ба фаъолияти бонкии исломӣ машғул мебошад;

- ташкилотҳои қарзии ғайрибонкии исломӣ – ташкилотҳои қарзии исломие, ки ҳуқуқи иҷрои баъзе аз амалиёти бонкии исломиро доранд. Номгӯи амалиёти бонкии исломиро барои ташкилотҳои қарзии ғайрибонкии исломӣ Қонуни мазкур ва Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар менамоянд;

- ташкилотҳои маблағгузории хурди исломӣ – ташкилотҳои қарзии исломие, ки дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон ба фаъолияти маблағгузории хурди исломӣ машғул мебошанд. Андозаи маблағгузории хурди исломӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад;

- равзанаи бонкии исломӣ – филиали ташкилоти қарзии анъанавӣ, ки дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон пурра ё қисман амалиёти бонкии исломиро амалӣ менамояд;

- филиал – воҳиди махсуси сохтории ташкилоти қарзии исломӣ, ки берун аз маҳалли ҷойгиршавии он қарор дошта, аз номи он пурра ё қисман фаъолияти бонкии исломиро иҷро менамояд ва бо ташкилоти қарзии исломӣ сармояи оинномавӣ ва тавозуни ягона дорад;

- филиали бонки исломии хориҷӣ – воҳиди махсуси сохторӣ, ки аз ҷониби бонки исломии хориҷӣ барои анҷом додани фаъолияти бонкии исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст;

- ташкилоти қарзии фаръии исломӣ – ташкилоти қарзие, ки зиёда аз панҷоҳ фоизи саҳмияҳои (ҳиссаи) овоздиҳандаи он ба ташкилоти қарзии дигари исломӣ тааллуқ дорад;

- ҷамъияти холдингии ташкилоти қарзии исломӣ – шахси ҳуқуқие, ки ташкилоти қарзии исломӣ ба он тааллуқ дорад ё аз ҷониби он назорат карда мешавад;

- ҷамъияти вобаста – шахси ҳуқуқие, ки ташкилоти қарзии исломиро назорат мекунад, ҳамчунин шахси ҳуқуқии дигаре, ки аз тарафи он  назорат карда мешавад, аз ҷумла шахси ҳуқуқие, ки мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ба ин гурӯҳ дохил мешавад;

- намояндагӣ – воҳиди махсуси сохтории ташкилоти қарзии исломӣ, ки берун аз маҳалли ҷойгиршавии он қарор дошта, манфиатҳои онро ҳифз ва намояндагӣ мекунад, вале ҳуқуқи иҷро намудани фаъолияти бонкии исломиро надорад;

- Шӯрои машваратии хизматрасонии бонкии исломӣ – мақоме, ки  фаъолияти ташкилотҳои қарзии исломии дар асоси принсипҳои маблағгузории исломӣ амалкунандаро танзим менамояд; 

- Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ – мақоми ташкилоти қарзии исломӣ, ки барои мутобиқ будани созишномаҳои (шартномаҳои) басташудаи онҳо ба стандартҳои фаъолияти бонкии исломӣ масъул мебошад;

- кормандони роҳбарикунанда – раиси ташкилоти қарзии исломӣ ва муовинони ӯ, раиси Раёсат ва аъзои дигари он, сармуҳосиби ташкилоти қарзии исломӣ, роҳбар ва сармуҳосиби филиали ташкилоти қарзии исломӣ, роҳбар ва сармуҳосиби «равзанаи бонкии исломӣ» ва филиали бонки исломии хориҷӣ; 

- шахси вобаста – шахсони зерин дар назар дошта мешаванд: 

а) корманди роҳбарикунанда;

б) аъзои оилаи корманди роҳбарикунанда;

в) шахс ва аъзои оилаи ӯ, ки дар ташкилоти қарзии исломӣ ҳиссаи иштироки афзалиятнок доранд ва шахси ҳуқуқие, ки дар он шахс ё корманди роҳбарикунанда дорои ҳиссаи иштироки афзалиятнок мебошад;

г) шахси ҳуқуқие, ки дар он ташкилоти қарзии исломӣ ҳиссаи иштироки афзалиятнок дошта, ҳангоми омодасозии ҳисоботи молиявии маҷмӯӣ ба инобат гирифта намешавад;

д) шахсе, ки ба ташкилоти қарзии исломӣ ба сифати узви Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ хизмат мерасонад;

- резидент – шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» ба ҳамин сифат эътироф шудааст; 

- ғайрирезидент – шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки резидент нест; 

- форфейтинг – маблағгузории аҳдҳои тиҷоратӣ бо роҳи баҳисобгирии векселҳо бидуни ӯҳдадории фурӯшанда;

- факторинг – маблағгузорӣ таҳти гузашт кардани талаботи пулӣ;

- тратта (вексели интиқолӣ) – ҳуҷҷати аз ҷониби ташкилоти қарзии исломӣ (ё аз номи он) пешниҳод карда шуда, ба пулҳои нақд баробар карда мешавад ва наметавонад бидуни пардохт ё фармоиши хаттии кредитор ба қарздор оид ба пардохти маблағи муайян ба шахси сеюм баргардонида шавад ва баъди аз ҷониби қарздор гирифта шудани ҳуҷҷати мазкур эътибор пайдо мекунад;

- низоми клиринг - низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва байнибонкӣ, ки ба талабот ва ҳисоби  ӯҳдадориҳои пардохти мутақобилаи пулӣ асос ёфтааст;

 - шахси аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод – шахси воқеие, ки:

а) бо ҳукми суд барои содир кардани ҷиноятҳои қасдонаи (аз ҷумла хусусияти коррупсионӣ дошта) ба амалҳои динӣ ё сиёсии ӯ алоқаманд набуда аз озодӣ маҳрум нашуда бошад;

б) аз тарафи суд дар давоми ҳафт соли охир муфлис эътироф нашуда бошад;

в) аз тарафи суд барои кирдори ба амалҳои динӣ ё сиёсии ӯ алоқаманд набуда аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян маҳрум нашуда бошад;

- суратҳисоби сармоягузорӣ – суратҳисобе, ки тавассути он ташкилоти қарзии исломӣ маблағҳои пулиро бо мақсади сармоягузорӣ мутобиқи принсипҳои маблағгузории исломӣ бидуни ба зимма гирифтани ӯҳдадории пурра баргардонидани маблағ қабул менамояд, ба шарте ки:

а) танҳо фоида ё фоидаву зарар мутобиқан дар байни шахси маблағдиҳанда ва ташкилоти қарзии исломии маблағгиранда тақсим карда шавад;

б)  он бо пардохт ё бе пардохт бошад;

- қарзи исломӣ – маблағе, ки аз ҷониби ташкилоти қарзии исломӣ ба муштарӣ мутобиқи принсипҳои маблағгузории исломӣ дода шуда, метавонад шартҳои пардохти маблағи асосӣ, фоида, иҷора ё ҳаққи хизматрасониро дар бар гирад ё бидуни он;

- амонат ё пасандозҳои исломӣ – маблағи пулӣ ва сарватҳои дигари шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки барои нигоҳ доштан ба ташкилоти қарзии исломӣ бо шарти пардохти пурра бо фоида ё бидуни он, ба соҳиби амонат ё намояндаи он, бо дархост ё ба мӯҳлатҳои мувофиқашуда бо намудҳои зерин ва бо риояи принсипҳои маблағгузории исломӣ дода мешаванд:

а) амонати мӯҳлатнок – маблағҳои пулии ба ташкилоти қарзии исломӣ додашуда, ки онҳоро ташкилоти қарзии исломӣ метавонад бо иҷозати амонатгузор ё бо ихтиёри худ бо шартҳои идоракунии боваринок ба сифати маблағҳои сармоягузорӣ истифода намояд. Ин маблағҳо баъди тамом шудани мӯҳлати пешбининамудаи шартнома метавонанд гирифта шаванд;

б) амонати пасандозӣ – маблағҳои пулие, ки ба ташкилоти қарзии исломӣ барои нигаҳдорӣ бо ҳуқуқи истифода бурдани онҳо барои мақсадҳои сармоягузорӣ супурда шудаанд. Гирифтани ин маблағҳо ҳангоми риоя шудани шартҳои пешбининамудаи шартнома иҷозат дода мешавад;

в) амонати дархостӣ – маблағҳои пулии ба ташкилоти қарзии исломӣ додашуда, ки метавонанд ҳар вақт аз тарафи амонатгузор гирифта шаванд;

г) нигоҳдории амонатӣ – нигоҳдории дороиҳои муштарӣ аз ҷониби ташкилоти қарзии исломӣ бе ҳуқуқи истифодаи онҳо;

д) амонати сармоягузорӣ – маблағҳои пулӣ, ки аз ҷониби муштарӣ ба ташкилоти қарзии исломӣ дар шакли амонат бо ҳуқуқи истифодаи онҳо аз рӯи шартҳои пешбиникардаи шартнома дода шудаанд;

- даромад ё фоида – вобаста ба мафҳумҳои «қарзи исломӣ», «суратҳисоби сармоягузорӣ» ва «амонат ё пасандозҳои исломӣ» шаклҳои гуногуни даромад, дивиденд ё фоида, рента (изофабаҳо), инчунин ҳаққи хизматрасонӣ ё туҳфае, ки ба ташкилоти қарзии исломӣ пардохта ё аз ҷониби он дода мешаванд;

- ваколати назорат аз болои шахси ҳуқуқии дигар – ваколатҳои шахсе, ки:

а) ба таври мустақим ё ғайримустақим, тавассути як ё якчанд шахси молик, назораткунанда ё дорандаи 25 фоиз ё бештар аз он саҳмияҳои овоздиҳанда ва ё ҳиссаҳои шахси ҳуқуқӣ бошад;

б) имконияти интихоби аксарияти роҳбарони шахси ҳуқуқиро дошта бошад;

в) дорои ваколати назоратии дигаре бошад, ки Бонки миллии Тоҷикистон муайян кардааст;

- ҳиссаи иштироки афзалиятнок – ҳиссаи иштироки бевосита ё бавоситаи шахсе, ки мустақилона ё тавассути ягон шахс ё якҷоя бо як ё якчанд шахсони дорои зиёда аз 10 фоизи сармояи оинномавӣ ё саҳмияҳои овоздиҳандаи ташкилоти қарзии исломӣ мебошад ё ҳиссаи иштироки афзалиятноке, ки онро Бонки миллии Тоҷикистон муайян кардааст;

- меъёрҳои мақбул – меъёрҳои иқтисодие, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзии исломӣ муқаррар гардида, риояи онҳо аз ҷониби ташкилотҳои қарзии исломӣ ҳатмӣ мебошад;

- аудити берунӣ – санҷиши мустақилонаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи муҳосибӣ (молиявӣ), ки аз ҷониби аудитори ватанӣ ё хориҷӣ гузаронида мешавад;

- иҷора – аз тарафи ташкилоти қарзии исломӣ бо дархости муштарӣ ба даст овардани таҷҳизот ё молу мулки дигар ва ба мӯҳлати муайян ба иҷора (кироя) додани он.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур

 

1. Амали Қонуни мазкур нисбат ба ҳамаи бонкҳо, ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ ва ташкилотҳои маблағгузории хурде, ки барои амалӣ намудани фаъолияти бонки мутобиқи принсипҳои маблағгузории исломӣ асосёфта иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистонро доранд, татбиқ мегардад.

2. Амали Қонуни мазкур нисбат ба инҳо татбиқ намегардад:

- мақомоти давлатӣ;

- ташкилотҳои қарзие, ки барои амалӣ намудани фаъолияти бонкии исломӣ иҷозатнома надоранд;

- иттифоқҳои қарзие, ки фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои қарзӣ» амалӣ менамоянд;

- ташкилоти тиҷоратие, ки ташкилоти қарзӣ нест. 

 

Моддаи 4. Амалиёти бонкии исломӣ ва дигар аҳдҳои ташкилоти  қарзии исломӣ

 

1. Ба амалиёти бонкии исломӣ, ки ташкилотҳои қарзии исломӣ анҷом дода метавонанд, тааллуқ доранд:

1) ҷалб намудан ва гирифтани амонати исломӣ, пасандози исломӣ ё пешбурди суратҳисоби сармоявии шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ;

2) кушодан ва хизматрасонии суратҳисоби муштарӣ (барои амонати исломӣ, пасандози исломӣ ё суратҳисоби сармоявӣ), суратҳисоби муросилотии бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ ва инчунин суратҳисоби бонкҳо барои амалиёт бо металлу сангҳои қиматбаҳо;

3) амалиётҳои кассавӣ: қабул, аз нав ҳисоб кардан, иваз намудан, мубодила, бастан ва нигоҳ доштани пулҳои коғазӣ ва тангаҳо;

4) амалиётҳои интиқолӣ: иҷрои хизматрасониҳои интиқолӣ барои интиқоли маблағи шахсони воқеӣ ё  ҳуқуқӣ;

5) амалиётҳои баҳисобгирӣ: ба ҳисоб гирифтани векселҳо ва дигар коғазҳои қиматбаҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

6) маблағгузории тиҷорат: додани қарзи исломӣ дар шакли нақдӣ ё маблағгузории исломӣ (таъминшуда, таъминнашуда), аз ҷумла бидуни маҳдудияти:

- маблағгузории истеъмолӣ ҳамчун қарзи истеъмолӣ, ипотекӣ ва байнибонкӣ; 

- факторинг;

- форфейтинг; 

7) маблағгузории исломӣ барои сармоягузории асосӣ дар асоси фармоиши  сармоягузор;

8) амалиёти ба боварӣ асосёфта: идоракунии маблағҳои пулӣ (коғазҳои қиматнок) ба манфиати молик ва дар асоси фармоиши он;

9) хизматрасонии фосилавии бонкӣ, клирингӣ, ҳисоб-баробаркунӣ ва интиқолӣ марбут ба воситаҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок, супоришномаҳои пардохт ва воситаҳои дигари пардохт (аз ҷумла кортҳои пардохти бонкӣ, чекҳо, чекҳои сафарӣ ва векселҳо);

10) амалиётҳои сейфӣ: хизматрасониҳо оид ба бехатар нигоҳ доштан ва хизматрасониҳои амонатӣ ва идоракунии ҳисобот, ҳуҷҷат ва дороиҳои муштариён, аз ҷумла ба иҷора гирифтани қуттиву хонаҳои сейфӣ, нигоҳдории дороиҳо (пул, коғазҳои қиматнок, металлҳо, маснуоти заргарӣ ва дигар дороиҳо);

11) гаравгузорӣ: додани қарзҳои кӯтоҳмуддат бар ивази гарави коғазҳои қиматноки мубодилашаванда ва моликияти манқуле, ки ҳамчун пасандоз истифода мешавад;

12) додани тратта;

13) ҷамъ кардан, қабул, пардохт ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои пардохт, кушодан ва тасдиқ намудани эътиборномаҳои тиҷоратӣ;

14) додани кафолати бонкӣ, аз ҷумла кафолат ва эътиборномаҳо аз номи худ ва аз номи муштариён;

15) барориши воситаҳои пардохт, аз ҷумла кортҳои пардохти бонкӣ, чек, чекҳои сафарӣ, ӯҳдадориҳои қарзӣ ва дигар воситаҳои пардохт;

16) қабул намудани инкассатсия  ва фиристодани пулҳои коғазӣ, тангаҳо ва ашёи қиматбаҳо;

17) аҳдҳо оид ба мубодилаи асъор;

18) хариду фурӯши воситаҳои зерин аз ҳисоби  худ ё муштариён:

- воситаҳои бозории пул, аз ҷумла чек, вексел, ӯҳдадориномаҳо ва тасдиқномаҳои пасандоз;

- асъори хориҷӣ;

- саҳмияҳо ва дигар коғазҳои қиматноки интиқолшаванда;

- қарордодҳои форвардӣ, созишномаи своп, фючерс, опсион ва дигар ҳосилаҳое, ки ба асъор, саҳмия, вомбарг, металлу сангҳои қиматбаҳо ё қурбу меъёрҳои маблағгузории исломӣ дахл доранд;

19)  амалиётҳои дигаре, ки аз амалиётҳои дар моддаи мазкур зикршуда бармеоянд ва бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд ва ба принсипҳои маблағгузории исломӣ муқобил намебошанд.

2. Тартиби анҷом додани амалиётҳои бонкии исломӣ бо стандартҳои фаъолияти бонкии исломӣ муайян мегардад.

3. Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилотҳои қарзии исломӣ барои анҷом додани амалиётҳои бонкии исломӣ, ки дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинӣ гардидаанд, иҷозатнома медиҳад. Иҷозатнома барои анҷом додани намудҳои фаъолияти дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинигардида ба ташкилоти қарзии исломӣ баъд аз бақайдгирии давлатӣ тибқи тартиби муқарраргардида дода мешавад.

4. Ташкилотҳои қарзии исломӣ, ғайр аз амалиёти бонкии исломии дар қисми 1 моддаи мазкур номбаршуда, ҳуқуқ доранд аҳдҳои зеринро амалӣ намоянд: 

- додани замонат, ки иҷрои ӯҳдадориҳои пулиро дар назди шахси сеюм пешбинӣ менамояд;

- иҷораи молиявӣ (лизинг);

- амалиёт бо металлу сангҳои қиматбаҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- хизматрасонӣ ба сифати агенти молиявӣ;

- хизматрасонӣ ба сифати мушовир ё маслиҳатгари молиявӣ;

- хизматрасонии иттилоотии молиявӣ ва қарзӣ.

5. Ташкилотҳои қарзии исломӣ ҳуқуқи иҷро намудани танҳо амалиётҳои зерини савдоро доранд:

- амалиёте, ки ба фаъолияти бонкиву молиявии исломии дар қисмҳои 1 ва 5 моддаи мазкур дарҷгардида мувофиқ аст;

- фаъолияте, ки мувофиқи принсипҳои маблағгузории исломӣ талаб карда мешавад; 

- амалиёте, ки ба шартҳои дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқарраршуда ҷавобгӯ аст.

 

Моддаи 5. Хусусияти фаъолияти ташкилотҳои қарзии исломӣ

 

1. Ташкилотҳои қарзии исломӣ вазифадоранд ба муштариён хусусиятҳои амалиёти бонкии ба принсипҳои маблағгузории исломӣ асосёфта ва хавфҳои ба он алоқамандро шарҳ диҳанд.

2. Ташкилотҳои қарзии исломӣ ҳуқуқ надоранд:

- дар шакли фоиз мукофотпулӣ ситонанд;

- баргардондани амонати сармоягузорӣ ё даромад аз рӯи онро кафолат диҳанд; 

- маблағгузории (қарздиҳии) фаъолиятеро, ки ба истеҳсол ва (ё) савдои тамоку, маҳсулоти спиртӣ, силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ, қиморбозӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва прекурсорҳо вобаста мебошад, анҷом диҳанд;

- дигар намудҳои фаъолияти соҳибкориро, ки маблағгузории (қарздиҳии) он мувофиқи принсипҳои маблағгузории исломӣ манъ шудааст, анҷом диҳанд.

3. Ташкилотҳои қарзии исломӣ пеш аз пешниҳоди воситаҳои пулӣ ба муштариён ӯҳдадоранд:

- боварӣ ҳосил намоянд, ки муштарӣ ӯҳдадориҳояшро дар мӯҳлати муқарраршуда иҷро менамояд;

- қобилияти фаъолият ва пардохтпазирии муштарӣ, фоиданокии лоиҳа, мавҷудияти таъминоти гаравро ҳаматарафа баҳо диҳанд.

4. Ташкилотҳои қарзии исломӣ иштирокчии низоми суғуртаи ҳатмии амонатҳо намебошанд ва амонатҳо дар ташкилотҳои қарзии исломӣ аз рӯи низоми суғуртаи амонатҳо кафолат дода намешаванд. 

5. Талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими ҳудуди иштирок дар сармояи оинномавӣ ҳангоми аз ҷониби онҳо ба даст овардани саҳмияҳо (ҳиссаи иштирок) бо мақсади маблағгузории истеҳсолот ва фаъолияти савдои шахсони ҳуқуқӣ нисбат ба ташкилотҳои қарзии исломӣ татбиқ намегардад.

 

Моддаи 6. Муносибатҳои байни ташкилоти қарзии исломӣ ва давлат

 

1. Ташкилоти қарзии исломӣ ва давлат аз рӯи ӯҳдадориҳои ҳамдигар ҷавобгар намебошанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар онҳо чунин ӯҳдадориҳоро қабул карда бошанд.

2. Ташкилоти қарзии исломӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯи ӯҳдадориҳои ҳамдигар ҷавобгар намебошанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар онҳо чунин ӯҳдадориҳоро қабул карда бошанд.

3. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҳуқуқ надоранд ба фаъолияти ташкилотҳои қарзии исломӣ дахолат намоянд.

 

Моддаи 7.  Иттиҳодияҳои (ассосиатсияҳои) ташкилотҳои қарзии исломӣ

 

1. Ташкилотҳои қарзие, ки дар асоси принсипҳои маб-лағгузории исломӣ фаъолият менамоянд, бо мақсади ҳимояи манфиатҳои худ метавонанд иттиҳодияҳо (ассосиатсияҳо) таъсис диҳанд.

2. Ташкилотҳои қарзие, ки дар асоси принсипҳои маб-лағгузории исломӣ фаъолият менамоянд, метавонанд тавассути иттиҳодияҳо (ассосиатсияҳо) фаъолияти худро ҳамоҳанг созанд, ба робитаҳои байни ташкилотҳои қарзии ватанӣ ва хориҷӣ мусоидат намоянд, дастовардҳои мутақобилаи илмӣ, иттилоотӣ ва касбиро дастраси ҳамдигар гардонанд, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатӣ оид ба фаъолияти бонкии исломӣ тавсияҳо пешниҳод намоянд.

 

БОБИ 2.

ТАРТИБИ ТАЪСИС ВА ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ БА ТАШКИЛОТИ ҚАРЗИИ ИСЛОМӢ

 

Моддаи 8. Тартиби таъсис ва бақайдгирии давлатии ташкилоти қарзии исломӣ

 

1. Ташкилоти қарзии исломӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи тартиби муқарраркардаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти муқаррароти Қонуни мазкур таъсис дода мешавад.

2. Барои таъсиси ташкилоти қарзии исломӣ, филиал ё намояндагии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъини кормандони роҳбарикунандаи онҳо розигии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ талаб карда намешавад.

3. Бонкҳои исломӣ, ба истиснои бонки давлатии исломӣ, дар шакли ҷамъияти саҳомӣ таъсис дода мешаванд.

4. Бақайдгирии давлатии ташкилотҳои қарзии исломӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои онҳо мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» сурат мегирад.

5. Ташкилоти қарзии исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд инҳоро дошта бошад: 

- номи расмӣ ва ихтисоршудаи он, ки ба шакли ташкилию ҳуқуқии ташкилоти қарзӣ ишора мекунад; 

- номгӯи фаъолияти он, ки ба забони давлатӣ ва яке аз забонҳои хориҷӣ сабт шудааст;

- муҳр бо зикри номи ташкилоти қарзӣ ба забони давлатӣ ва яке аз забонҳои хориҷӣ.

 

Моддаи 9. Ном ва рамзи ташкилоти қарзии исломӣ

 

1. Ташкилоти қарзӣ, ки фаъолияти худро дар асоси принсипҳои маблағгузории исломӣ амалӣ мекунад, ҳуқуқ дорад дар номгӯи худ калимаи «исломӣ»-ро истифода намояд. Ном ва рамзи ташкилоти қарзӣ, ки принсипҳои маблағгузории исломиро истифода менамоянд, метавонанд танҳо барои амалӣ намудани фаъолияти бонкии исломӣ истифода шаванд.

2. Калимаҳои «ташкилоти қарзии исломӣ», «бонки исломӣ», «ташкилоти қарзии исломии ғайрибонкӣ», «ташкилоти маблағгузории хурди исломӣ» ё калимаҳое, ки дар ҳар шакл аз онҳо сохта мешаванд, наметавонанд нисбат ба фаъолият ё хизматрасонӣ бе иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон истифода шаванд, ба истиснои ҳолатҳое, ки истифодаи онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон иҷозат додаанд ё дар матне, ки калимаю ибораҳои номбаршуда истифода шудаанд, фаъолияти бонкии исломӣ дар назар дошта нашавад.

 

Моддаи 10. Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти бонкии исломӣ

 

1. Фаъолияти бонкии исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси иҷозатнома барои анҷом додани фаъолияти бонкии исломӣ (минбаъд - иҷозатнома) амалӣ мегардад. 

2. Мутобиқи Қонуни мазкур Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад барҳамдиҳии ҳар шахси ҳуқуқиеро, ки фаъолияти бонкии исломиро бе иҷозатнома амалӣ мекунад, талаб намояд.

3. Иҷозатнома мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Қонуни мазкур аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дода мешавад.

4. Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад фаъолияти бонкии исломиро бе иҷозатнома мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ба роҳ монад.

5. Ташкилотҳои қарзии исломӣ аз лаҳзаи гирифтани иҷозатнома ҳуқуқи оғоз кардани фаъолияти бонкии исломиро пайдо менамоянд. 

6. Ташкилотҳои қарзии анъанавӣ метавонанд ба ташкилотҳои қарзии исломӣ табдил дода шаванд. Тартиби табдилдиҳии ташкилоти қарзии анъанавӣ ба ташкилоти қарзии исломӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

7. Ташкилотҳои қарзии исломӣ наметавонанд ба ташкилотҳои қарзии анъанавӣ табдил дода шаванд.

8. Ташкилотҳои қарзии исломӣ, ки дар натиҷаи табдилдиҳии ташкилотҳои қарзии анъанавӣ ташкил карда шудаанд, метавонанд фаъолияти бонкии исломӣ ё намудҳои алоҳидаи онро баъди гирифтани иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон оғоз кунанд.

9. Ташкилотҳои қарзии анъанавӣ барои анҷом додани фаъолияти бонкии исломӣ дар доираи «равзанаи бонкии исломӣ» вазифадоранд, ки иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистонро барои оғоз кардани фаъолияти бонкии исломӣ гиранд. Ташкилоти қарзии анъанавӣ, ки барои анҷом додани фаъолияти бонкии исломӣ иҷозатнома гирифтааст, бояд дар саридора бахши дахлдор ё берун аз маҳалли ҷойгиршавии саридора филиал кушояд.

10. Розигӣ барои оғози фаъолият ба филиалҳои ташкилотҳои қарзии исломии хориҷӣ танҳо дар ҳолате дода мешавад, ки ташкилоти қарзии исломии асосии он аз ҷониби мақомоти дахлдори давлате, ки ин ташкилоти қарзии исломӣ дар он ҷойгир аст, зери танзим ва назорати маҷмӯии бонкӣ қарор дошта бошад.

11. Ташкилотҳои қарзии исломии фаръӣ ва филиалҳои ташкилотҳои қарзии исломии хориҷӣ тибқи талаботи нисбат ба ташкилотҳои қарзии исломии ватанӣ муқаррарнамудаи Қонуни мазкур таҳти танзим ва назорат қарор мегиранд.

12. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад барои ташкилоти қарзии исломии фаръӣ ва филиалҳои ташкилоти қарзии исломии хориҷӣ оид ба иҷро кардани фаъолияти бонкии исломӣ маҳдудиятҳо муқаррар намояд, агар дар давлатҳои дахлдори хориҷӣ нисбат ба ташкилотҳои қарзии фаръӣ ва филиалҳои ташкилотҳои қарзии ватании исломӣ чунин маҳдудиятҳо пешбинӣ шуда бошанд.

 

Моддаи 11. Ҳуҷҷатҳое, ки барои гирифтани иҷозатнома заруранд

 

1. Ташкилоти қарзии исломӣ, ба истиснои ташкилоти маблағгузории хурди исломӣ ва «равзанаи бонкии исломӣ», пеш аз бақайдгирии давлатӣ ва гирифтани иҷозатнома бояд ба Бонки миллии Тоҷикистон дархост, ҳуҷҷатҳо ва маълумоти зеринро ба забони давлатӣ пешниҳод намуда, хулосаи пешакии Бонки миллии Тоҷикистонро гирад:

1) нусхаи аз тарафи нотариус тасдиқкардашудаи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ бо нишон додани маблағи эълоншудаи сармояи оинномавӣ; 

2) маълумотнома бо зикри насаб, ном ва номи падар, шаҳрвандӣ, ҷойи истиқомати доимӣ, фаъолият ё касб, таҳсилот, маълумоти муфассал оид ба собиқаи кории ҳар як корманди роҳбарикунанда;

3) нусхаи ҳуҷҷат дар бораи таҳсилоти олии иқтисодии кормандони роҳбарикунанда, ҳамчунин нусхаи ҳуҷҷат (сертификат, диплом) дар бораи доштани таҳсилот дар соҳаи фаъолияти бонкии исломӣ;

4) нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод будани ҳар як корманди роҳбарикунанда; 

5) маълумотнома бо зикри насаб, ном ва номи падар, шаҳрвандӣ, ҷойи истиқомати доимӣ, фаъолият ё касби молики ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ҳиссаи иштироки афзалиятнок, ки вазъи молиявии онҳоро тасдиқ мекунад.

6) маълумотнома оид ба манбаи қонунии маблағҳои пулии ба сармояи оинномавӣ воридшаванда; 

7) нусхаи ҳисоботи молиявии шахси ҳуқуқӣ-молики ҳиссаи иштироки афзалиятнок доир ба се соли охир бо хулосаи аудити берунӣ;

8) рӯйхати саҳмиядорон ва манфиатдорони ниҳоии саҳмияҳо, ки нишонии маҳалли ҷойгиршавӣ ва миқдори саҳмияҳоро дар бар мегирад;

9) эъломияи хаттӣ аз ҷониби ҳар як молики ҳиссаи иштироки афзалиятнок ва корманди роҳбарикунанда оид ба муфлис набудан, надоштани доғи судӣ ва маҳдудият дар фаъолияти касбӣ;

10) нақшаи фаъолият бо назардошти мақсаду намудҳои фаъолият, тавсифи сохтори ташкилӣ ва низоми назорати дохилӣ, аз ҷумла, тадбирҳои дахлдор барои мубориза бар зидди қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, инчунин дурнамои ҳисоботи тавозунӣ, даромаду хароҷот ва гардишҳои пулӣ доир ба се соли ояндаи фаъолият;

11) барои ҳар як молики ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии чунин ҳиссаи иштироки афзалиятнок, рӯйхати шахсони ҳуқуқие, ки иштироки онҳо дар сармояашон вуҷуд дорад, бо нишон додани ҳисса ва маҳалли ҷойгиршавии онҳо;

12) маълумот дар бораи таъсиси Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ дар сохтори ташкилоти қарзии исломӣ ва дар бораи шахсоне, ки ба ҳайати Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ шомил шудаанд, бо зикри дорои донишу малака дар соҳаи ҳуқуқи исломӣ ва фаъолияти бонкии исломӣ будани онҳо;

13) маълумот оид ба маҳалли ҷойгиршавии саридора ва маҳалли дигари воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ё берун аз он, ки дар он ҷо фаъолияти бонкии исломӣ амалӣ карда мешавад;

14) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти ҳаққи хизмати баррасии дархост;

15) ҳуҷҷат дар хусуси он ки мақоми назорати бонкии кишваре, ки бонки хориҷии (асосии) ё ҷамъияти холдингии ташкилоти қарзии исломӣ дар он ҷой таъсис ёфта, фаъолият мекунад, ба анҷомдиҳии фаъолияти бонкии исломии ташкилоти қарзии исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва назорати маҷмӯии бонкии дархосткунандаро амалӣ месозад.

2. Ташкилоти маблағгузории хурди исломӣ барои гирифтани иҷозатнома бояд ба Бонки миллии Тоҷикистон дархост, ҳуҷҷатҳо ва маълумоти зеринро ба забони давлатӣ пешниҳод намояд: 

1) дархост;

2) нусхаи аз тарафи роҳбари ташкилоти маблағгузории хурди исломӣ тасдиқкардашудаи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии ташкилоти маблағгузории хурди исломӣ;

3) маълумот дар бораи кормандони роҳбарикунанда бо зикри насаб, ном ва номи падар, шаҳрвандӣ, ҷойи истиқомати доимӣ,  таҳсилот, тахассус, собиқаи корӣ, надоштани доғи судӣ аз рӯи ҷиноятҳои иқтисодӣ ва хусусияти коррупсионидошта ва маҳдудият дар фаъолияти касбӣ;

4) нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии муассисон барои шахсони ҳуқуқӣ ва рақами мушаххаси андозсупоранда барои шахсони воқеӣ;

5) нусхаи ҳисоботи молиявии муассисон - шахсони ҳуқуқӣ доир ба фаъолият дар соли охир бо хулосаи аудити берунӣ;

6) маълумотномаи мақоми ваколатдор оид ба иҷрои ӯҳдадориҳо дар назди буҷети давлатӣ доир ба фаъолият дар соли охир;

7) маълумотнома оид ба қонунӣ будани манбаи маблағҳои пулии ба сармояи оинномавӣ пардохтшавандаи муассисон - барои шахсони воқеӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонун;

8) рӯйхати саҳмиядорон (иштирокчиён) ва манфиатдорони ниҳоии саҳмияҳо (ҳиссаҳо) бо зикри нишонӣ ва миқдори саҳмияҳои (ҳиссаҳои) онҳо;

9) нақшаи корӣ бо назардошти мақсаду намудҳои фаъолият, тавсифи сохтори ташкилӣ ва низоми назорати дохилӣ, дурнамои ҳисоботи тавозунӣ, даромаду хароҷот ва гардишҳои пулӣ барои се соли фаъолияти минбаъда (ба истиснои фонди қарзии хурди исломӣ);

10) маълумот дар бораи ташкили Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ дар сохтори ташкилоти маблағгузории хурди исломӣ бо зикри дорои малакаю дониш будан дар соҳаи ҳуқуқ ва фаъолияти бонкии исломӣ;

11) маълумот дар бораи маҳалли ҷойгиршавӣ;

12)  ҳуҷҷати пардохти ҳаққи хизмати баррасии дархост.

3. Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади баррасии дархост барои пуррагардонии маълумотҳои қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур метавонад маълумоти иловагӣ талаб намояд. 

 

Моддаи 12. Тартиби додани иҷозатнома ба ташкилотҳои қарзии исломӣ

 

1. Бонки миллии Тоҷикистон дар давоми се моҳ аз рӯзи қабули дархост дар бораи додани иҷозатнома ба ташкилоти қарзии исломӣ дар хусуси ба талаботи Қонуни мазкур ҷавобгӯ будан ё набудани ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда хулосаи худро медиҳад. Дархости ташкилоти қарзии анъанавӣ барои кушодани «равзанаи бонкии исломӣ» ва гирифтани иҷозатнома дар муддати як моҳ баррасӣ карда мешавад.

2. Бо мақсади таҳияи хулоса Бонки миллии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо санҷида, метавонад аз ташкилоти қарзии исломӣ, мақомоти дигари давлатӣ ва мақомоти дахлдори назоратии хориҷӣ маълумоти иловагии заруриро талаб намояд.

3. Дар сурати мусбат будани хулоса Бонки миллии Тоҷикистон дар муддати як моҳ аз санаи пешниҳоди дархост барои гирифтани иҷозатнома ба ташкилоти қарзии исломӣ иҷозатнома медиҳад. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад шартҳои додани иҷозатномаро муайян ва баъдан тағйир диҳад ё бекор намояд. То муайян кардани шартҳои иҷозатнома Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ба таври хаттӣ дар хусуси тасмими худ дар бораи ин гуна иқдом нисбат ба ташкилоти қарзии исломӣ хабар дода, ба ташкилоти қарзии исломӣ барои дар давоми чордаҳ рӯз пешниҳод кардани асосноккунӣ оид ба бекор кардан ё тағйир додани шартҳои иҷозатнома имконият диҳад.

4. Дар ҳолатҳои истисноӣ Бонки миллии Тоҷикистон метавонад мӯҳлати дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишударо то ду моҳи дигар тамдид намояд, ба шарте ки ташкилоти қарзии исломии дархосткунандаро дар ин хусус бо зикри сабаби чунин таъхир хабардор намояд.

5. Дар сурати манфӣ будани хулоса Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилоти қарзии исломӣ ва ташкилоти қарзии анъанавии дархосткунанда дар хусуси радкунии додани иҷозатнома бо зикри сабабҳои он ба таври хаттӣ ҷавоб медиҳад. Дар ҳамаи ҳолатҳо дархосткунанда барои баргардонидани ҳаққи хизмати баррасии дархост ҳуқуқ надорад.

6. Бонки миллии Тоҷикистон вазифадор аст ҳангоми баррасии дархост барои гирифтани иҷозатнома истифодаи номи ташкилоти қарзии исломиро манъ намояд, агар чунин ном то ин вақт дар Феҳристи сабти ташкилотҳои қарзӣ мавҷуд бошад.

7. Бонки миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ талаботеро, ки ҳангоми баррасии дархостҳо барои гирифтани иҷозатнома истифода мебарад, муайян ва нашр менамояд.

8. Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи додани иҷозатнома ба ташкилотҳои қарзии исломӣ бо дарназардошти асосҳои зерин қарор қабул менамояд: 

1) қонунӣ, эътиборнок ва дақиқ будани маълумот ва ҳуҷҷатҳое, ки дархосткунанда пешниҳод кардааст; 

2) қаноатбахш будани вазъи молиявӣ ва фаъолияти саҳмиядорони дархосткунанда; 

3) ба талаботи шахсони аз назари касбӣ босалоҳият ҷавобгӯ будани моликон, шахсони дорои ҳиссаи иштироки афзалиятнок ва кормандони роҳбарикунанда;

4) ба шарту талаботи иҷозатномавӣ мутобиқ будани сохтор ва ҳайати кормандон, захираҳои ҷориву молиявӣ ва ташаккули сармояи ташкилоти қарзии исломии дархосткунанда барои иҷрои ӯҳдадориҳои барои иҷозатномадиҳӣ зарур;

5) мақбул будани амалиёти дар оиннома нишондодашуда;

6) воқеӣ будани нақшаи фаъолият;

7) тасмими ташкилоти қарзии исломӣ дар хусуси фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суроғаи доимӣ;

8) амалӣ шудани дараҷаи мақбули мушоҳида ва назорат аз ҷониби мақомоти назорати хориҷӣ дар асоси маҷмӯӣ. 

9. Баъд аз қабули қарор дар бораи додани иҷозатнома ташкилоти қарзии исломии дархосткунанда дар муддати як моҳ аз таърихи қабули қарори мазкур маблағи боқимондаи сармояи оинномавиро ворид намуда, ҳаққи хизмати додани иҷозатномаро ба суратҳисобҳои дахлдор дар Бонки миллии Тоҷикистон пардохт мекунад. Баъди аз ҷониби ташкилоти қарзии исломӣ иҷро шудани шартҳои мазкур Бонки миллии Тоҷикистон дар муддати се рӯзи корӣ ба вай иҷозатнома медиҳад. 

10. Қарори Бонки миллии Тоҷикистон оид ба додани иҷозатнома дар нашрияи он интишор мегардад.

11. Ташкилоти қарзии исломӣ минбаъд дар хусуси ҳама гуна тағйирот, ки ба ҳуҷҷатҳои барои гирифтани иҷозатнома пешниҳодшуда дахл доранд, Бонки миллии Тоҷикистонро хабардор мекунад.

 

Моддаи 13. Филиал ва воҳидҳои дигари сохтории ташкилоти қарзии исломии ватанӣ

 

1.Ташкилоти қарзии исломии ватанӣ барои оғози фаъолияти филиалҳои худ бояд розигии хаттии Бонки миллии Тоҷикистонро гирад. Бо ин мақсад он ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳо ва маълумоти зеринро пешниҳод менамояд: 

- нусхаи қарори мақоми ваколатдори ташкилоти қарзии исломии ватанӣ дар бораи таъсиси филиал;

- нусхаи бо муҳр ва имзои роҳбари ташкилоти қарзии исломии ватанӣ тасдиқгардидаи низомномаи филиал бо зикри номгӯи амалиётҳои бонкии исломии ба филиал иҷозатдодашуда; 

- маълумоти муфассал дар бораи кормандони роҳбари-кунандаи филиал мутобиқи талаботи Қонуни мазкур. 

2. Масъалаи додани розигӣ барои оғози фаъолияти филиали ташкилоти қарзии исломии ватанӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар давоми як моҳ баррасӣ карда мешавад.

3. Анҷом додани фаъолияти ташкилоти қарзии исломии ватанӣ ба воситаи филиал дар ҳолатҳои зерин манъ карда мешавад: 

- ба талаботи тахассусӣ ҷавобгӯ набудани номзадҳо ба вазифаи кормандони роҳбарикунандаи филиал; 

- мувофиқ набудани биноҳо ва таҷҳизоти филиал ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон; 

- аз ҷониби ташкилоти қарзии исломӣ риоя нагардидани талаботи Қонуни мазкур, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар меъёрҳои мақбул.

4. Ташкилоти қарзии исломии ватанӣ дар хусуси бастани филиалҳои худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд Бонки миллии Тоҷикистонро дар муддати 10 рӯз пас аз қабули қарор хабардор намояд. 

5. Ташкилоти қарзии исломии ватанӣ ва филиалҳои он метавонанд бо тартиби муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон берун аз маҳалли воқеъгардидаи худ воҳидҳои дигари сохторӣ (марказҳои хизматрасонии бонкии исломӣ, нуқтаҳои интиқоли пул ва нуқтаи мубодилаи асъор) таъсис диҳанд.

6. Воҳидҳои сохтории мазкур метавонанд аз номи ташкилотҳои қарзии исломии ватанӣ амалиёти алоҳидаи бонкии исломиро, ки номгӯи он бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст, иҷро намоянд.

 

Моддаи 14. Таъсиси филиали бонки исломии хориҷӣ

 

1. Бонки исломии хориҷӣ барои оғози фаъолияти филиалҳои худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд розигии хаттии Бонки миллии Тоҷикистонро гирад.

2. Бонки исломии хориҷӣ дархости худро барои гирифтани розигӣ дар шакли хаттӣ ба забони давлатӣ, бо замимаи ҳуҷҷатҳои зерин ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод менамояд: 

1) қарори бонки исломии хориҷӣ оид ба таъсиси филиал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ бо нишон додани маҳалли ҷойгиршавии бонки исломии хориҷӣ ва филиале, ки кушодани он дар назар аст; 

2) нусхаи бо муҳр ва имзои роҳбари бонки исломии хориҷӣ тасдиқгардидаи низомномаи филиал бо зикри номгӯи амалиётҳои бонкии исломии ба филиал иҷозатдодашуда;

3) маълумотнома бо зикри насаб, ном ва номи падар, миллат, шаҳрвандӣ, ҷойи истиқомати доимӣ, фаъолият ё касб, таҳсилот, маълумоти муфассал оид ба собиқаи кории ҳар як корманди роҳбарикунанда; 

4) нусхаи ҳуҷҷат дар бораи дорои таҳсилоти олии иқтисодӣ будани кормандони роҳбарикунанда;

5) рӯйхати саҳмиядорон ва манфиатдорони ниҳоии саҳмияҳои бонки исломии хориҷӣ бо нишон додани маҳалли ҷойгиршавӣ, миқдори саҳмияҳо ва нусхаи ҳуҷҷатҳои бақайдгирии саҳмиядорон; 

6) нусхаи ҳисоботи молиявии се соли охири бонки исломии хориҷӣ бо хулосаи аудиторӣ; 

7) ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба муфлис набудан, надоштани доғи судӣ ва маҳдудият дар фаъолияти касбии корманди роҳбарикунанда;

8) нақшаи фаъолият, ки мақсадҳои корӣ ва намудҳои фаъолият, тавсифи сохтори ташкилӣ ва низоми назорати дохилӣ, аз ҷумла тадбирҳои дахлдор барои пешгирии қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, инчунин дурнамои суратҳисобҳои тавозунӣ, суратҳисобҳои даромаду хароҷот ва гардишҳои пулӣ барои 3 соли минбаъдаи фаъолиятро дар бар мегирад; 

9) ҳуҷҷати пардохти ҳаққи хизмати баррасии дархост; 

10) розигии хаттии мақоми назорати бонкии хориҷии давлате, ки дар он бонки исломии хориҷӣ таъсис ёфтааст, барои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани филиал, инчунин розигии мақоми дахлдор ҷиҳати анҷомдиҳии назорати бонкии маҷмӯии фаъолияти бонки исломии хориҷӣ; 

11) кафолати мақоми олии идоракунии бонки исломии хориҷӣ ҷиҳати ҷудо кардани маблағи зарурӣ барои иҷрои ӯҳдадории филиал, ки аз амалиёти бонкии исломии дар иҷозатнома пешбинишуда бармеояд. Навъи асъор ва ҷойи нигоҳдории маблағи чунин кафолат аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

3. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад дар ҳолатҳои зарурӣ маълумот ва ҳуҷҷатҳои дар қисми 2 моддаи мазкур пешбининашударо низ талаб намояд. 

4. Дархост дар бораи додани розигӣ барои оғози фаъолияти филиали бонки исломии хориҷӣ аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон дар мӯҳлати ду моҳ аз санаи пешниҳоди он баррасӣ карда мешавад.

 

Моддаи 15. Таъсис додани «равзанаи бонкии исломӣ» дар ташкилоти қарзии анъанавӣ

 

1. Ташкилоти қарзии анъанавӣ барои таъсис додани «равзанаи бонкии исломӣ» ва гирифтани иҷозатнома бояд ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зеринро ба забони давлатӣ пешниҳод намояд;

1) дархост;

2) нусхаи тасдиқшудаи оиннома бо тағйиру иловаҳои воридшуда, ки масъалаҳои анҷом додани фаъолияти бонкии исломиро муайян месозад, бо нишон додани ҳиссаи сармояи оинномавие, ки барои анҷом додани фаъолияти бонкии исломӣ равона шудааст;

3) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таъсиси «равзанаи бонкии исломӣ», ки барои анҷом додани фаъолияти бонкии исломӣ муқаррар шудааст;

4) маълумот дар бораи таъсиси Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ дар сохтори ташкилоти қарзӣ;

5) маълумот дар бораи шахсоне, ки ба ҳайати Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ ворид шудаанд бо зикри дорои донишу малака дар соҳаи ҳуқуқи исломӣ ва фаъолияти бонкии исломӣ будани онҳо;

6) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти ҳаққи хизмати баррасии дархост.

2. Ташкилоти қарзии анъанавӣ баъд аз гирифтани иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқи амалӣ намудани фаъолияти бонкии исломиро тавассути «равзанаи бонкии исломӣ»  пайдо мекунад.

3. Ташкилоти қарзии анъанавӣ барои оғози фаъолияти ҳар як «равзанаи бонкии исломӣ»-и худ розигии Бонки миллии Тоҷикистонро мегирад. Бо ин мақсад ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳо ва маълумоти зеринро пешниҳод намояд:

1) нусхаи қарори мақомоти дахлдори ташкилоти қарзии анъанавӣ оид ба таъсиси «равзанаи бонкии исломӣ»;

2) нусхаи бо муҳр ва имзои роҳбари ташкилоти қарзии анъанавӣ тасдиқгардидаи низомномаи «равзанаи бонкии исломӣ» бо зикри номгӯи амалиётҳои бонкии исломии иҷозатдодашуда;

3) маълумотнома бо нишон додани насаб, ном ва номи падар шаҳрвандӣ, ҷойи истиқомати доимӣ, фаъолият ё касб, таҳсилот, маълумоти муфассал оид ба собиқаи кории ҳар як корманди роҳбарикунандаи «равзанаи бонкии исломӣ»;

4) нусхаи ҳуҷҷат дар бораи доштани таҳсилоти олии иқтисодии кормандони роҳбарикунандаи «равзанаи бонкии исломӣ», ҳамчунин нусхаи ҳуҷҷат (сертификат, диплом) дар бораи доштани таҳсилот дар соҳаи фаъолияти бонкии исломӣ;

5) маълумот оид ба маҳалли ҷойгиршавии «равзанаи бонкии исломӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он ҷо фаъолияти бонкии исломӣ амалӣ карда мешавад.

4. Бонки миллии Тоҷикистон барои оғози фаъолияти «равзанаи бонкии исломӣ»-и ташкилоти қарзии анъанавӣ дар ҳолатҳои зерин розигӣ намедиҳад:

1) ба талаботи тахассусӣ ҷавобгӯ набудани номзадҳо ба вазифаи кормандони роҳбарикунандаи «равзанаи бонкии исломӣ»;

2) мувофиқ набудани бино ва таҷҳизоти «равзанаи бонкии исломӣ» ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон;

3) аз ҷониби ташкилоти қарзии анъанавӣ риоя нагардидани талаботи қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ва меъёрҳои мақбул.

5. Ташкилоти қарзии анъанавӣ дар хусуси бастани «равзанаи бонкии исломӣ» бояд Бонки миллии Тоҷикистонро дар муддати даҳ рӯз аз санаи қабули қарор дар ин бора  хабардор намояд.

 

Моддаи 16. Таъсиси намояндагии ташкилоти қарзии исломии хориҷӣ

 

1. Ташкилоти қарзии исломии хориҷӣ барои кушодани намояндагӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд розигии Бонки миллии Тоҷикистонро гирад.

2. Ташкилоти қарзии исломии хориҷӣ барои гирифтани розигӣ бояд бо замимаи ҳуҷҷатҳои зерин ба забони давлатӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон дархости хаттӣ пешниҳод кунад:

- қарори мақомоти дахлдори ташкилоти қарзии исломии хориҷӣ дар бораи кушодани намояндагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; 

- тасдиқи хаттии мақомоти назорати бонкии давлате, ки дар он ташкилоти қарзии исломии хориҷии дархосткунанда барои иҷрои амалиёти бонкии исломӣ иҷозатнома дорад.

3. Дархост дар бораи додани розигӣ барои кушодани намояндагии ташкилоти қарзии исломии хориҷӣ аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ баррасӣ карда мешавад.

 

Моддаи 17. Хусусияти таъсиси филиал, намояндагӣ ва бонки фаръии ташкилоти қарзии

                         исломӣ берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

1. Ташкилоти қарзии исломии ватанӣ бе гирифтани розигии пешакии Бонки миллии Тоҷикистон наметавонад берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон филиал, намояндагӣ ё бонки фаръӣ таъсис диҳад.

2. Ташкилоти қарзии исломӣ барои гирифтани розигии пешакӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон нусхаи қарори мақомоти дахлдори худро дар бораи таъсиси филиал, намояндагӣ, бонки фаръӣ берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъини роҳбарони онҳо пешниҳод менамояд.

3. Ташкилотҳои қарзии исломӣ доир ба ҳар гуна тағйирот вобаста ба маҳалли ҷойгиршавӣ ё қатъи фаъолияти филиал, намояндагӣ ё бонки фаръии худ Бонки миллии Тоҷикистонро дар муддати даҳ рӯз аз санаи қабули қарор хабардор менамоянд.

 

Моддаи 18. Феҳристи ташкилотҳои қарзии исломӣ ва «равзанаҳои бонкии исломӣ»

 

1. Бонки миллии Тоҷикистон Феҳристи ташкилотҳои қарзии исломӣ ва «равзанаҳои бонкии исломӣ» (минбаъд-Феҳрист)- ро пеш мебарад.

2. Дар Феҳрист маълумоти зерин дарҷ мегардад: ном, маҳалли ҷойгиршавӣ, рақами шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии ташкилоти қарзии исломӣ ва ташкилоти қарзии анъанавӣ, санаи додан ва бекоршавии он, рақами иҷозатнома, санаи додан ва бозхонди он. 

3. Дар Феҳрист, агар онро Бонки миллии Тоҷикистон зарур шуморад, маълумоти дигари иловагӣ низ дарҷ карда мешавад. 

4. Номгӯйи ташкилотҳои қарзии исломӣ ва «равзанаҳои бонкии исломӣ», ки ном, маҳалли ҷойгиршавӣ ва намуди иҷозатномаро дар бар мегирад, аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҳар сол дар моҳи январ дар воситаҳои ахбори омма нашр карда мешавад. 

5. Ҳама гуна тағйироте, ки ба номгӯйи ташкилотҳои қарзии исломӣ ва «равзанаҳои бонкии исломӣ» дар давоми сол ворид карда мешаванд, аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон мунтазам дар воситаҳои ахбори омма нашр мегарданд.

 

Моддаи 19. Ҳаққи хизмат ва хироҷи иҷозатномадиҳӣ

 

Бонки миллии Тоҷикистон барои баррасии дархост оид ба гирифтани иҷозатнома ҳаққи хизмат ва хироҷи зеринро меситонад:

1) аз бонкҳои исломӣ: 

- барои баррасии дархост оид ба гирифтани иҷозатнома - 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- барои додани иҷозатнома - 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

2) аз ташкилотҳои ғайрибонкии исломӣ: 

- барои баррасии дархост оид ба гирифтани иҷозатнома - 25 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- барои додани иҷозатнома - 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

3) аз ташкилотҳои маблағгузории хурди исломӣ: 

- барои баррасии дархост оид ба гирифтани иҷозатнома:

- аз ташкилотҳои амонатии қарзии хурди исломӣ - 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- аз ташкилотҳои қарзии хурди исломӣ - 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- аз фондҳои қарзии хурди исломӣ - 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- барои додани иҷозатнома:

- аз ташкилотҳои амонатии қарзии хурди исломӣ - 40 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- аз ташкилотҳои қарзии хурди исломӣ - 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- аз фондҳои қарзии хурди исломӣ - 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

4)  аз ташкилотҳои қарзии анъанавӣ:

- барои баррасии дархост оид ба гирифтани иҷозатнома - 25 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- барои додани иҷозатнома - 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо.

 

Моддаи 20. Барҳамдиҳии ташкилоти қарзии исломӣ

 

Ташкилоти қарзии исломӣ тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» барҳам дода мешавад.

 

Моддаи 21. Бозхонди иҷозатнома

 

1. Иҷозатномаи мутобиқи Қонуни мазкур додашуда метавонад танҳо бо қарори Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси як ё якчанд сабабҳои зерин бозхонд шавад, агар:

1) ташкилоти қарзии исломӣ дар давоми 12 моҳ аз рӯзи эътибор пайдо кардани иҷозатнома ба фаъолияти бонкии исломӣ машғул нашуда бошад ё зиёда аз 6 моҳ фаъолияташро қатъ карда бошад;

2) амалиёти аз ҷониби ташкилоти қарзии исломӣ иҷрошаванда хавфнок ва ё беасос бошад;

3) ташкилоти қарзии исломӣ талаботи қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ё ҳама гуна шарту талаботи иҷозатномаро вайрон кунад, ки ин ба устувории молиявии вай таъсири назаррас расонад;

4) ташкилоти қарзии исломӣ, бонки исломии хориҷӣ ё ҷамъияти холдингии ташкилоти қарзии исломӣ, ки бонкҳо ва ташкилоти қарзии ғайрибонкии исломӣ ҷамъияти фаръии онҳо мебошанд, дар содир намудани ҷиноят, аз ҷумла қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм иштирок намуда бошанд ё аз иҷозатнома маҳрум шуда бошанд;

5) иҷозатномаи ташкилоти қарзии исломии хориҷӣ ё ҷамъияти холдингии ташкилоти қарзии исломӣ (, ки ташкилоти қарзии исломӣ ҷамъияти фаръии он мебошад) дар кишваре, ки таъсис ёфтааст, бозхонд шудааст;

6) дар гузаронидани назорати бонкӣ бо сабаби пурра ё қисман ба кишвари дигар кӯчонида шудани ташкилоти қарзии исломӣ монеаҳо пайдо шаванд;

7) бо сабаби аъзои гурӯҳи ҷамъиятҳо будани ташкилоти қарзии исломӣ ё бо сабаби он ки ташкилоти қарзии исломӣ ҷамъияти фаръии бонки исломии хориҷӣ ё ҷамъияти холдингии ташкилоти қарзии исломӣ буда, дар кишвари таъсисёфтааш ба таври қобили қабул назорат карда намешавад, ба гузаронидани назорати бонкӣ монеаҳо пайдо мекунад;

8) мақоми хориҷии назоратии ташкилоти қарзии исломии хориҷӣ ё ҷамъияти холдингии ташкилоти қарзии исломӣ, ки ташкилотҳои қарзии исломӣ ва ташкилоти қарзии исломии ғайрибонкии ҷамъияти фаръии онҳо мебошанд, барои ташкилоти қарзии исломии хориҷӣ ё ҷамъияти холдингии ташкилоти қарзии исломӣ мудири муваққатӣ ё барҳамдиҳандаро таъин карда бошад. 

2. Бонки миллии Тоҷикистон вазифадор аст дар ҳолатҳои зерин иҷозатномаи ташкилоти қарзии исломиро бозхонд намояд:

- агар муайян гардад, ки иҷозатнома дар асоси ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ё маълумоти бардурӯғ гирифта шуда бошад;

- дар дигар ҳолатҳое, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» пешбинӣ намудааст.

3. Қарори Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи бозхонди иҷозатнома мутобиқи моддаи мазкур дар шакли хаттӣ бароварда шуда, асосҳоеро дар бар мегирад, ки аз рӯи онҳо қарор қабул шудааст.

4. Қарор аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон фавран дар рӯзи қабули он ба ташкилоти қарзии исломӣ дода мешавад. Қарор дар рӯзи ба ташкилоти қарзии исломӣ супурдани он эътибор пайдо мекунад, агар дар қарор мӯҳлати дигари эътибор пайдо кардан муқаррар нагардида бошад, ки он аз 30 рӯз зиёд буда наметавонад. 

5. Талаби иҷрои ин қарор нисбат ба ташкилоти қарзии исломии хориҷӣ аз ҷониби филиал ё намояндагии он, ки қарор ба вай ирсол шудааст, иҷро карда мешавад. 

6. Бозхонди иҷозатнома ба ғайр аз асосҳое, ки дар Қонуни мазкур зикр гардидаанд, манъ аст.

7. Қарор дар бораи бозхонди иҷозатнома аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар давоми як ҳафта аз рӯзи қабули он дар воситаҳои ахбори омма нашр карда мешавад.

 

БОБИ 3.

САРМОЯ

 

Моддаи 22. Сармояи ташкилотҳои қарзии исломӣ

 

1. Сармояи оинномавии ташкилотҳои қарзии исломӣ бо пули миллӣ ташкил карда мешавад.

2. Ҳадди ақали сармояи оинномавӣ барои ташкилоти қарзии исломии навтаъсис аз ҷониби Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо пули миллӣ муқаррар мегардад.

3. Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи тағйир додани ҳадди ақали сармояи оинномавии ташкилоти қарзии исломӣ пас аз 90 рӯзи интишори расмии он мавриди амал қарор дода мешавад.

4. Барои ташкилотҳои қарзии исломии навтаъсис – бонкҳо ё ташкилотҳои қарзии ғайрибонкии исломӣ талаботи ҳадди ақали сармояи оинномавӣ, ки дар рӯзи ба Бонки миллии Тоҷикистон ворид шудани дархост дар бораи гирифтани иҷозатнома амал менамояд, татбиқ мегардад.

5. Сармояи ташкилоти қарзии ғайрибонкии исломӣ ва ташкилоти маблағгузории хурди исломӣ, ки барои гирифтани мақоми бонки исломӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон муроҷиат намудаанд, бояд аз андозаи ҳадди ақали сармояи оинномавие, ки барои бонки исломии навтаъсис дар рӯзи ба Бонки миллии Тоҷикистон ворид шудани дархост дар бораи гирифтани иҷозатнома амал менамояд, кам набошад.

6. Тартиби ҳисоби сармояи танзимшаванда ва қисмҳои таркибии онро Бонки миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ мутобиқи стандартҳои эътирофшудаи байналмилалии назорати хизматрасониҳои молиявии исломӣ муқаррар менамояд. 

7. Ташкилоти қарзии исломӣ (ба истиснои ташкилоти қарзии исломии давлатӣ) наметавонад сармояи худро аз ҳисоби воситаҳои буҷети давлатӣ, фондҳои ғайридавлатии буҷетӣ, грантҳои ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон додашуда, воситаҳои ҷалбшуда ва қарзӣ ташкил ва пурра намояд. 

8. Ташкилоти қарзии исломӣ наметавонад даромади софи худро ҳамчун суди (дивиденди) саҳмия байни саҳмиядорони (иштирокчиён) худ тақсим намояд:

- агар ин гуна амал боиси риоя нашудани меъёри кифоятии сармоя гардад; 

- то пӯшонидани ҳамаи хароҷоти марбут ба таъсисёбии худ.

 

Моддаи 23. Меъёри дороиҳои софи дохилӣ барои филиалҳои бонкҳои исломии хориҷӣ

 

Бонки миллии Тоҷикистон барои филиалҳои бонкҳои исломии хориҷии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда меъёри барзиёдии дороиҳо нисбат ба ӯҳдадориҳояшонро дар назди резидентҳо муқаррар менамояд.

 

БОБИ 4.

ИДОРАКУНИИ ТАШКИЛОТҲОИ ҚАРЗИИ ИСЛОМӢ

 

Моддаи 24. Мақомоти идоракунии ташкилоти қарзии исломӣ

 

1. Тартиби таъсис ва фаъолияти мақомоти идоракунии ташкилоти қарзии исломӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд» ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти муқаррароти Қонуни мазкур муайян карда мешавад.

2. Идоракунии ташкилоти қарзии исломӣ аз ҷониби мақомоти зерин амалӣ мегардад: 

- мақоми олии идоракунии ташкилоти қарзии исломӣ - Маҷлиси умумии саҳмиядорон (иштирокчиён), мақоми олии идоракунии фонди қарзии хурди исломӣ - Шӯрои парасторон;

- мақоми идоракунӣ - Шӯрои нозирон, ки аз ҷониби маҷлиси умумии саҳмиядорон (иштирокчиён) таъсис дода мешавад; 

- Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ, ки аз ҷониби Шӯрои нозирон (Шӯрои парасторон) мутобиқи оиннома таъсис дода мешавад;

- мақоми иҷроия аз ҷониби Шӯрои нозирон таъсис дода мешавад.

3. Мақомоти идоракунии ташкилоти қарзии исломии давлатӣ ва ваколатҳои онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти Қонуни мазкур муайян менамояд.

4. Шӯрои нозирон дар машварат бо Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ самтҳои асосии фаъолияти ташкилоти қарзии исломиро муайян намуда, барои назорати татбиқи он масъул мебошад ва идоракунии онро назорат менамояд. Шӯрои нозирони ташкилоти қарзӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:

1) муайян намудани ҳадафҳои ташкилоти қарзии исломӣ ва дурнамои он;

2) муқаррар намудани стандартҳои идоракунии хавфҳо ва ҳадди ақали меъёрҳои мақбули дохилӣ;

3) муайян намудани хавфҳои асосие, ки ташкилоти қарзии исломӣ дучори онҳо мегардад ва муқаррар кардани ҳадди ҷоизи ин хавфҳо;

4) назорати тадбирҳое, ки мақомоти иҷроияи ташкилоти қарзии исломӣ барои ошкор, андозагирӣ, мониторинг ва назорати хавфҳо меандешанд;

5) нигаҳдории низоми мувофиқу босамари назорати дохилӣ, инчунин мониторинги самарабахши низоми назорати дохилии аз тарафи мақомоти иҷроияи ташкилоти қарзии исломӣ амалишаванда;

6) муқаррар намудани сиёсати дохилӣ ва сармоягузорӣ, низоми назорати дохилӣ ва меъёрҳои ахлоқ;

7) маъқул донистани ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани аъзои Раёсат ва кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзии исломӣ (ба истиснои ташкилотҳои маблағгузории хурд) бо пешниҳоди раис ё раиси Раёсати ташкилоти қарзии исломӣ, ба истиснои роҳбар ва сармуҳосиби филиали ташкилоти қарзии исломӣ;

8) тасдиқи сохтори ташкилӣ ва таъини роҳбари сохтори аудити дохилии (сараудитори) ташкилоти қарзии исломӣ;

9) муайян кардани шартҳо ва андозаи музди меҳнати раис, муовинони ӯ ва сараудитори ташкилоти қарзии исломӣ;

10) таъини аъзо, муайян кардани шартҳо ва андозаи музди меҳнати аъзои Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ;

11) таъсис ва барҳамдиҳии филиалҳо ва намояндагиҳои ташкилоти қарзии исломӣ;

12) баррасии натиҷаҳои аудит ва санҷиши дохилию берунӣ.

5. Ҳайати Шӯрои нозирон наметавонад камтар аз панҷ нафар бошад. Аъзои Шӯрои нозирон ба мӯҳлати 4 сол дар Маҷлиси умумии саҳмиядорон интихоб мегарданд. Аъзои Шӯрои нозирон метавонанд дар давраҳои минбаъда аз нав интихоб шаванд.

6. Аъзои Шӯрои нозирон метавонанд аз ҳисоби саҳмиядорон (иштирокчиён), аз ҷумла муассисон ва мутахассисон - коршиносони даъватшуда, ки дорои таҳсилоти олӣ буда, шахсони аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод мебошанд, интихоб гарданд. Шӯрои нозирон аз байни аъзои худ раиси Шӯроро интихоб менамояд.

7.  Аъзои Шӯрои нозирон наметавонанд:

1) дар ягон ташкилоти қарзии анъанавӣ ё ташкилоти қарзии исломии дигар, ба истиснои ҷамъияти вобаста, кор кунанд;

2) аъзои оилаи узви Шӯрои нозирони ташкилоти қарзии анъанавӣ ё ташкилоти қарзии исломӣ бошанд;

3) узви Шӯрои нозирон ё саҳмиядори (иштирокчии) дигар ташкилоти қарзии анъанавӣ ё ташкилоти қарзии исломӣ бошанд;

4) раис ё узви Раёсати дигар ташкилоти қарзии анъанавӣ ё ташкилоти қарзии исломӣ бошанд;

5) хизматчии давлатӣ бошанд (ба истиснои ташкилотҳои қарзии исломии давлатӣ);

6) синнашон аз сӣ кам бошад.

8. На камтар аз чор як ҳиссаи аъзои Шӯрои нозирон бояд дар низоми бонкӣ собиқаи кории зиёда аз сесола дошта бошад.

9. Аъзои Шӯрои нозирон, ки дар ягон вазифа кор мекунанд ё соҳиби молу мулк мебошанд ва байни ӯҳдадориҳо ё манфиатҳои  онҳо мустақиман ё ғайримустақим бархӯрд ба миён меояд, дар ин бора онҳо дар маҷлиси Шӯрои нозирон  изҳори ақида мекунанд. Дар ин ҳолат онҳо аз овоздиҳӣ ё иштирок дар қабули қарори Шӯрои нозирон то вуҷуд доштани бархӯрди манфиатҳо худдорӣ менамоянд.

 

Моддаи 25. Шӯрои машваратии хизматрасонии бонкии исломӣ

 

1. Шӯрои машваратии хизматрасонии бонкии исломӣ оид ба танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзие, ки мувофиқи принсипҳои маблағгузории исломӣ амал мекунанд, дар назди Бонки миллии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.

2. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аъзои Шӯрои машваратии хизматрасонии бонкии исломиро аз қатори шахсоне, ки дорои тахассуси дахлдор, дониш оид ба маблағгузории исломӣ ва таҷрибаи амалӣ дар бахши бонкӣ, қонунгузорӣ ва дигар соҳаҳои ба онҳо алоқаманд мебошанд, таъин менамояд. 

3. Бонки миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ тартиби фаъолияти Шӯрои машваратии хизматрасонии бонкии исломиро муқаррар менамояд.

 

Моддаи 26. Ваколати Шӯрои машваратии хизматрасонии бонкии исломӣ

 

Шӯрои машваратии хизматрасонии бонкии исломӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:

1) иштирок дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон вобаста ба принсипҳои маблағгузории исломӣ;

2) додани маслиҳат ба Бонки миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои гуногуни бонкии исломӣ, фаъолияту аҳдҳои ташкилотҳои қарзии исломӣ;

3) таҳлил ва тасдиқи хизматрасониҳои бонкии исломии мутобиқ ба принсипҳои маблағгузории исломӣ, ки ташкилотҳои қарзии исломӣ ба муштариёни худ пешниҳод менамоянд;

4) додани маслиҳат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои маблағгузории исломӣ;

5) дигар ваколатҳое, ки Бонки миллии Тоҷикистон метавонад муайян намояд.

 

Моддаи 27. Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ

 

1. Аъзои Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ бояд аз шахсоне иборат бошанд, ки метавонанд ҳамчун коршиноси фаъолияти бонкии исломӣ ба ташкилотҳои қарзии исломӣ ҷиҳати ба ҳуқуқи бонкии исломӣ мутобиқат кардани фаъолияти онҳо машварат диҳанд.

2. Ваколатҳои Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ, тартиби таъсис ва талабот ба аъзои он бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

3. Аъзои Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ ӯҳдадоранд:

1) ҳангоми баррасии масъалаҳои дар назди онҳо гузошташуда беғараз ва воқеъбин бошанд;

2) доир ба масъалаҳои баррасишаванда хулосаю тавсияҳои саҳеҳ, асоснок ва далелнок диҳанд;

3) дастури муқарраршударо риоя карда, доир ба масъалаҳои дар назди онҳо гузошташуда хулоса ва тавсияҳои саривақтӣ диҳанд;

4) низоми сирри бонкӣ ва тиҷоратиро нисбат ба маълумоте, ки ҳангоми иҷрои вазифа ба онҳо дастрас шудааст, риоя намоянд;

5) ҳангоми мавҷудияти ақидаҳои гуногун одобро риоя карда,  қарорҳои Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ ва Шӯрои машваратии хизматрасонии бонкии исломиро вайрон накунанд;

6) расмиёт ва стандартҳоеро, ки Шӯрои машваратии хизматрасонии бонкии исломӣ маъқул дониста, Бонки миллии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, риоя намоянд.

 

Моддаи 28. Мақоми иҷроияи ташкилоти қарзии исломӣ

 

1. Роҳбарии бевоситаи фаъолияти ҷории ташкилоти қарзии исломӣ аз тарафи мақоми иҷроияи он - Раёсат (мақоми дастаҷамъии иҷроия) ё раиси ташкилоти қарзии исломӣ (мақоми инфиродии иҷроия) ва ё Раёсат ва раиси ташкилоти қарзии исломӣ амалӣ мегардад. Агар Раёсат ва раиси ташкилоти қарзии исломӣ дар як вақт ҳамчун мақомоти иҷроия таъсис дода шаванд, он гоҳ раиси ташкилоти қарзии исломӣ вазифаи раиси Раёсати онро иҷро менамояд. 

2. Мақоми иҷроияи ташкилоти қарзии исломӣ барои иҷрои қарорҳои Шӯрои нозирон ва идоракунии амалиёти ҳаррӯзаи ташкилоти қарзии исломӣ масъул мебошад. Ҳайати Раёсати ташкилоти қарзии исломӣ набояд аз се нафар кам бошад.

3. Раис ва аъзои Раёсати ташкилоти қарзии исломӣ наметавонанд ҳамчун узви Шӯрои нозирон ва Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ интихоб шаванд.

4. Раёсати ташкилоти қарзии исломӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- татбиқи самтҳои асосии фаъолияти ташкилоти қарзии исломӣ;

 - таъмини риояи меъёрҳои идоракунии корпоративӣ ва талаботи идоракунии хавфҳои ташкилоти қарзии исломӣ;

- таъмини сатҳи зарурии низоми идоракунии ташкилоти қарзии исломӣ, ки масъулият, ваколат ва муносибатҳои ҳамдигарии сохторҳои дохилӣ, шахсони мансабдор ва кормандони дигари ташкилоти қарзии исломиро муқаррар менамояд;

- ташкили низоми назорати дохилии ташкилоти қарзии исломӣ, мониторинги мутобиқат ва самаранокии он.

5. Раиси ташкилоти қарзии исломӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:

1) аз номи ташкилоти қарзии исломӣ бе ваколатнома баромад карда, онро дар муносибат бо мақомоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ намояндагӣ мекунад ва шартномаҳо мебандад;

2) кормандони ташкилоти қарзии исломиро ба кор қабул ва аз кор озод менамояд;

3) дар маҷлисҳои Раёсати ташкилоти қарзии исломӣ раисӣ менамояд;

4) ба қарорҳо ва протоколҳои маҷлисҳои Раёсати ташкилоти қарзии исломӣ имзо мегузорад;

5) вазифаҳоро дар байни муовинон тақсим менамояд;

6) фармону амрҳо медиҳад, ки иҷрои онҳо барои кормандони ташкилоти қарзии исломӣ ҳатмӣ мебошад;

7) шартҳо ва андозаи музди меҳнати кормандони ташкилоти қарзии исломиро, ба истиснои раис, муовинони раис ва сараудитори ташкилоти қарзии исломӣ, муайян менамояд;

8) барои фаъолияти ташкилоти қарзии исломӣ пурра масъул мебошад;

9) масъалаҳои дигари фаъолияти ташкилоти қарзии исломиро, ки ба салоҳияти Раёсат, Шӯрои нозирон, Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ ва Маҷлиси умумии саҳмиядорони (иштирокчиёни) ташкилоти қарзии исломӣ тааллуқ надоранд, баррасӣ менамояд.

Ҳангоми аз ҷониби як шахс таъсис додани ташкилоти қарзии исломӣ (ба истиснои ташкилотҳои маблағгузории исломии хурд) ҳамин шахс наметавонад раис ё раиси Раёсати ташкилоти қарзии исломӣ бошад.

 

Моддаи 29. Тартиби ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани кормандони 

                         роҳбарикунанда

 

1. Кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзии исломӣ (ба истиснои ташкилотҳои маблағгузории исломии хурд) бо розигии Бонки миллии Тоҷикистон баъди дар он аз санҷиши тахассусӣ гузаштанашон ба вазифа таъин карда мешаванд. Тартиби гузаронидани санҷиши тахассусии номзадҳо ба вазифаи кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзии исломӣ (ба истиснои ташкилотҳои маблағгузории исломии хурд) бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

2. Аъзои Раёсати ташкилоти қарзии исломиро (ба истиснои ташкилотҳои маблағгузории исломии хурд) Шӯрои нозирон интихоб намуда, раиси ташкилоти қарзии исломӣ ва раиси Раёсати онро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.

3. Муовини раиси ташкилоти қарзии исломӣ ва сармуҳосибро раиси ташкилоти қарзии исломӣ (ба истиснои ташкилотҳои маблағгузории исломии хурд) бо ҷонибдории Шӯрои нозирон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.

4. Роҳбар ва сармуҳосиби филиали ташкилоти қарзии исломӣ ва «равзанаи бонкии исломӣ» аз ҷониби раис ё раиси Раёсати ташкилоти қарзии исломӣ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

5. Кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзии исломӣ ва «равзанаи бонкии исломӣ» бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошанд:

1) дорои таҳсилоти олии иқтисодӣ, ҳамчунин дорои таҳсилот дар соҳаи фаъолияти бонкии исломӣ ва собиқаи кории на камтар аз панҷсола аз рӯи ихтисос дар низоми бонкӣ, ки на камтар аз се соли онро собиқа дар вазифаҳои роҳбар ё муовини роҳбари воҳидҳои сохтории иқтисодӣ ташкил диҳад - барои аъзои раёсат, раис, муовинони ӯ ва сармуҳосиб;

2) дорои таҳсилоти олии иқтисодӣ, ҳамчунин дорои таҳсилот дар соҳаи фаъолияти бонкии исломӣ ва собиқаи кории на камтар аз сесола аз рӯи ихтисос дар сохторҳои иқтисодии низоми бонкӣ ё таҳсилоти дигари олӣ ва собиқаи кории на камтар аз даҳсола дар  низоми бонкӣ - барои роҳбар ва сармуҳосиби филиал, инчунин роҳбар ва сармуҳосиби «равзанаи бонкии исломӣ»;

3) шахси аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод бошанд;

4) оид ба Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ дониши кофӣ дошта бошанд;

5) корманди ташкилоти қарзии анъанавӣ ва ташкилоти қарзии исломии дигар набошанд;

6) дар ҳамин ташкилоти қарзии исломӣ пурра ва дар як вазифа кор кунанд;

7) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ намоянд.

6. Ташкилоти қарзии исломӣ ӯҳдадор аст, ки Бонки миллии Тоҷикистонро дар бораи аз вазифа озод кардани кормандони роҳбарикунанда на дертар аз се рӯз аз санаи қабули қарори дахлдор хабардор намояд.

7. Корманди роҳбарикунанда, ки бинобар татбиқи чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ нисбат ба ташкилоти қарзии исломӣ аз вазифа озод шудааст, ҳуқуқи ишғоли минбаъдаи вазифаи корманди роҳбарикунандаи ташкилоти қарзии исломиро надорад.

8. Роҳбар, муовини роҳбари мақоми иҷроия ё сармуҳосиби ташкилоти қарзии исломӣ, ки дар давраи фаъолияти онҳо иҷозатномаи ташкилоти қарзии исломӣ бинобар татбиқи чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ нисбат ба он бозхонд шудааст, наметавонанд минбаъд вазифаҳои корманди роҳбарикунандаи ташкилоти қарзии исломиро ишғол намоянд.

 

Моддаи 30. Кумитаи аудит ва сараудитори дохилии ташкилоти қарзии исломӣ

 

1. Ташкилоти қарзии исломӣ  Кумитаи аудит таъсис медиҳад.

2. Аъзои Кумита ва раиси он аз ҷониби Шӯрои нозирон ба мӯҳлати 4 сол интихоб карда мешаванд.

3. Раиси Шӯрои нозирон, Раиси ташкилоти қарзии исломӣ ё аъзои Раёсати ташкилоти қарзии исломӣ аъзои Кумитаи аудит буда наметавонанд.

4. Кумитаи аудит дар назди Шӯрои нозирони ташкилоти қарзии исломӣ амал карда, дорои ваколатҳои зерин мебошад: 

1) баррасӣ ва тавсияи қабули нақшаи солонаи аудит, қоидаҳои ҳисобдорию назорати онҳо ва идоракунии хавфҳо дар ташкилоти қарзии исломӣ;

2) додани тавсия барои таъини аудитори берунии ташкилоти қарзии исломӣ;

3) баррасии ҳисоботи аудитори берунӣ оид ба ҳисоботи молиявии ташкилоти қарзии исломӣ ва ба Шӯрои нозирон додани маълумот оид ба  камбудиҳои ошкоршуда то даме, ки аз ҷониби он ҳисоботи молиявӣ маъқул дониста шавад;

4) талаб кардани ҳисобот аз сараудитори дохилии ташкилоти қарзии исломӣ;

5) мониторинги мутобиқати фаъолияти ташкилоти қарзии исломӣ ба талаботи қонунҳову санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва пешниҳоди маълумот ба Шӯрои нозирон;

6) баррасии ҳисоботи ташкилоти қарзии исломӣ, ки ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод мешавад;

7) гузориш оид ба масъалаҳое, ки аз ҷониби Шӯрои нозирон ё Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ дар назди Кумитаи аудит гузошта шудаанд;

8) баррасии  амалиёт ва аҳдҳои ташкилоти қарзии исломӣ дар заминаи нақшаҳое, ки Кумитаи аудит қабул кардааст, дар асоси дархости:

- Шӯрои нозирон;

- Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ;

- саҳмиядорони (иштирокчиёни) ташкилоти қарзии исломӣ, ки беш аз 10 фоизи саҳмияҳои овоздиҳандаро соҳибанд ё тибқи муқаррароти оинномаи ташкилоти қарзии исломӣ;

9) пешниҳоди ҳисобот дар Маҷлиси умумии саҳмиядорон (иштирокчиён) оид ба фаъолияти худ ҳар сол на камтар аз як маротиба.

5. Қарорҳои Кумитаи аудит бо аксарияти овозҳои аъзои иштирокдошта қабул карда мешаванд. Ҳангоми баробар будани шумораи овозҳо, овози раиси Кумитаи аудит ҳалкунанда мебошад.

6. Дар ташкилоти қарзии исломӣ сохтори аудити дохилӣ амал менамояд, ки ба он сараудитори дохилӣ роҳбарӣ менамояд.

7. Сараудитори дохилии ташкилоти қарзии исломӣ бояд ба талаботи қисми 5 моддаи 29 Қонуни мазкур ҷавобгӯй бошад.

8. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад мутахассиси соҳаи бонкии исломиро интихоб намуда, ба ӯ барои дар ташкилоти қарзии исломӣ гузаронидани аудит ё санҷиши  риояи принсипҳои маблағгузории исломӣ супориш диҳад. Ташкилоти қарзии исломӣ ӯҳдадор аст барои фаъолияти мутахассиси таъиннамудаи Бонки миллии Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам орад.

9. Шахси таъиншуда дорои ваколатҳои аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муқарраргардида буда, ба Бонки миллии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои аудит ё санҷиши мутобиқи қисми 8 моддаи мазкур гузаронидашуда ҳисобот пешниҳод менамояд.

10. Ҳаққи хизмат ва хароҷоти шахси таъиншуда вобаста ба аудит ё санҷиш оид ба риояи принсипҳои маблағгузории исломӣ мутобиқи моддаи мазкур аз ҷониби ташкилоти қарзии исломӣ пардохт карда мешавад.

11. Мутобиқи қисми 8 моддаи мазкур шахси таъиншуда барои риоя накардани ӯҳдадории махфияти байни чунин шахс ва ташкилоти қарзии исломӣ дар робита ба масъалаҳое, ки дар бораи онҳо аз рӯи натиҷаҳои аудит ё санҷиши риояи принсипҳои маблағгузории исломӣ мутобиқи моддаи мазкур аз ҷониби он шахс ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳисобот дода мешавад, ҷавобгар намебошад.

 

Моддаи 31. Ифшо кардани манфиатҳои шахсӣ

 

1. Кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзии исломӣ ва аъзои Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ ҳангоми ба вазифа интихоб ё таъин шудан ва минбаъд ҳар сол бояд ба таври хаттӣ ба Шӯрои нозирон оид ба манфиатҳои шахсии молиявии бевосита ё бавоситаи худ, аъзои оила ва шахсони дигаре, ки бо онҳо хоҷагии умумӣ доранд, маълумот диҳанд.

2. Ҳангоми аз ҷониби Шӯрои нозирони ташкилоти қарзии исломӣ ё мақоми дигари ваколатдори он баррасӣ гардидани масъалаи манфиатҳои шахсии молиявии кормандони роҳбарикунанда ва аъзои Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ, онҳо ҳуқуқ доранд дар  баррасии масъалаи мазкур иштирок намоянд.

 

Моддаи 32. Тартиби хариди ҳиссаи иштироки афзалиятнок

 

1. Хариди ҳиссаи иштироки афзалиятнок дар ташкилоти қарзии исломӣ бо розигии Бонки миллии Тоҷикистон сурат мегирад.

2. Шахсе, ки бевосита ё бавосита, тавассути дигар шахсон ё якҷоя бо онҳо амал карда, мехоҳад ҳиссаи иштироки афзалиятнокро дар ташкилоти қарзии исломӣ харидорӣ намояд, ба Бонки миллии Тоҷикистон дархости хаттӣ пешниҳод мекунад.

3. Дархост дар бораи хариди ҳиссаи иштироки афзалиятнок инҳоро дар бар мегирад: 

1) насаб, ном ва номи падар, шаҳрвандӣ, ҷойи истиқомати доимӣ, фаъолияти корӣ ё касбии шахси талабгори моликшавӣ ба ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ин гуна ҳиссаи иштироки афзалиятнок;

2) маълумотнома барои молики ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ин гуна ҳиссаи иштироки афзалиятнок бо зикри насаб, ном ва номи падар, шаҳрвандӣ, ҷойи истиқомати доимӣ, фаъолият ё касби молики ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ҳиссаи иштироки афзалиятнок, ки вазъи молиявии онҳоро тасдиқ мекунад;

3) агар шахси талабгори моликшавӣ ба ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ин гуна ҳиссаи иштироки афзалиятнок шахси ҳуқуқӣ бошад, нусхаи ҳисоботи тавозунӣ ва ҳисоботи фоида ва зиёни солонаи соли охир, ки аз аудит гузаштааст;

4) номгӯй ва маҳалли ҷойгиршавии намуди фаъолияте, ки дар он шахси талабгори моликшавӣ ба ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ин гуна ҳиссаи иштироки афзалиятнок соҳиби ҳисса мебошад, бо нишон додани андозаи ҳисса;

5) шартҳои хариди ҳиссаи иштироки афзалиятнок;

6) манбаи қонунии маблағҳои пулие, ки барои харидорӣ истифода мешаванд; 

7) нақша ё пешниҳод оид ба тағйироти куллӣ дар фаъолият, сохтори корпоративӣ ё идоракунии ташкилоти қарзии исломӣ; 

8) хулосаи пешакии хаттии ташкилоти қарзии исломӣ;

9) дигар маълумоте, ки Бонки миллии Тоҷикистон метавонад талаб намояд. 

4. Бонки миллии Тоҷикистон оқибатҳои таъсири ивазшавии моликро ба устувории ташкилоти қарзии исломӣ ва ба талаботи муқарраршуда мувофиқ будани талабгори моликшавӣ ба ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ин гуна ҳиссаи иштироки афзалиятнокро муайян намуда, дар давоми 60 рӯз аз рӯзи гирифтани дархост ба дархосткунандагон ба таври хаттӣ дар бораи розигӣ  бо дархост ё раддия  ҷавоб медиҳад. Ҳангоми радкунӣ асоси он бояд нишон дода шавад. 

5. Агар Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи қарори худ дар мӯҳлати  зикршуда хабар надиҳад, пас ин маънои додани розигӣ барои хариду фурӯши ҳиссаи иштироки афзалиятнокро дорад. Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад ҳангоми баъдан ошкор кардани ғайриқаноатбахш будани вазъи молиявӣ ва обрӯю эътибори моликон бекор кардани ин аҳдро талаб намояд.

6. Бонки миллии Тоҷикистон дархостро маъқул намешуморад, агар:

1) вазъи молиявӣ, манбаи маблағҳо, боэътимодии ҳар як шахси харидори бевосита ё бавоситаи ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ин гуна ҳиссаи иштироки афзалиятнок аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ғайриқаноатбахш дониста шавад;

2) муайян карда шавад, ки чунин харидорӣ:

- рақобатро ба таври назаррас маҳдуд менамояд;

- устувории молиявии ташкилоти қарзии исломиро зери хатар мегузорад; 

- манфиатҳои амонатгузорону пасандоздорон ва қарздеҳони ташкилоти қарзии исломиро зери хатар мегузорад. 

7. Шахсе, ки бевосита ё бавосита, тавассути дигар шахсон ё якҷоя бо онҳо амал карда, мехоҳад ҳиссаи иштироки афзалиятнокро дар ташкилоти қарзии исломӣ то 20 фоиз, 33 фоиз, 50 фоиз ё 75 фоизи сармоя ё мутаносибан ба ҳамин ҳиссаи саҳмияҳои овоздиҳандаи ташкилоти қарзии исломӣ ё аз он зиёд намояд, бояд на камтар аз 30 рӯз пештар Бонки миллии Тоҷикистонро ба таври хаттӣ огоҳ намояд.

8. Ташкилоти қарзии исломие, ки аз пешниҳоди хариди ҳиссаи иштироки афзалиятнок ё пешниҳоди зиёд кардани ҳиссаи мавҷудаи он хабардор мешавад, дар ин хусус фавран ба Бонки миллии Тоҷикистон огоҳиномаи хаттӣ равон менамояд.

9. Ташкилоти қарзии исломӣ дар ҳолати хабардор шудан дар бораи он, ки моликони вай, аз ҷумла моликони ҳиссаи иштироки афзалиятнок минбаъд шахсони аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод нестанд, дар ин хусус фавран Бонки миллии Тоҷикистонро дар шакли хаттӣ огоҳ менамояд.

 

Моддаи 33. Азнавташкилдиҳии ташкилоти қарзии исломӣ

 

1. Азнавташкилдиҳии ташкилотҳои қарзии исломӣ бо розигии пешакии Бонки миллии Тоҷикистон сурат мегирад.

2. Ташкилоти қарзии исломӣ қабл аз азнавташкилдиҳӣ дар мӯҳлати на камтар аз 30 рӯз пеш дар ин бора ба Бонки миллии Тоҷикистон дархости пешакӣ фиристода, маълумоти заруриро манзур менамояд.

3. Бонки миллии Тоҷикистон ба захираҳои молиявӣ, идоракунӣ ва дурнамои фаъолияти ташкилотҳои қарзии исломии амалкунанда ва навтаъсис баҳо дода, то ба шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ ҷавобгӯ гардидани ташкилотҳои қарзии исломии навтаъсис ба дархости онҳо розигӣ намедиҳад. Бонки миллии Тоҷикистон ба амали дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда дар ҳолати риоя нашудани талаботи қонунгузории зиддиинҳисорӣ розигӣ намедиҳад.

 

БОБИ 5.

ТАНЗИМИ ФАЪОЛИЯТИ  ТАШКИЛОТҲОИ ҚАРЗИИ ИСЛОМӢ

 

Моддаи 34. Қоидаҳои умумии фаъолияти ташкилотҳои қарзии  исломӣ

 

1. Ташкилотҳои қарзии исломӣ фаъолияти худро мутобиқи талаботи Қонуни мазкур, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва иҷозатномаҳои Бонки миллии Тоҷикистон устуворона ва оқилона амалӣ менамоянд.

2. Ташкилотҳои қарзии исломӣ корҳои зеринро иҷро менамоянд:

1) кифоятии сармоя ва пардохтпазириро нигоҳ мекунанд; 

2) ҳангоми пастшавии арзиши дороиҳо фонди ҷуброни талафоти имконпазирро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ташкил менамоянд;

3) ҳисобдории мувофиқ ва дигар баҳисобгириро ба роҳ мемонанд;

4) барои иҷрои саривақтии ӯҳдадориҳо ва  ҷуброни зиён захираи кофӣ ташкил мекунанд;

5) назорати мукаммал ва самаранокро аз рӯи хавфҳо таъмин менамоянд; 

6) барои ҷуброн дар ҳолатҳои зерин чораҳои зарурӣ меандешанд:

- беқурбшавии дороиҳо;

- пардохти ӯҳдадориҳо; 

- ҷуброни талафот;

- муқаррароти ҷуброни талафоти маблағгузории исломӣ мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон;

7) бо мақсади кам кардани хавфҳо тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон низоми худии идоракунии хавфҳо ва назорати дохилиро ташкил менамоянд;

8) назорати кофиву самараноки хавфҳоро таъмин менамоянд; 

9) дороиҳоро вобаста ба хавфи талафот гурӯҳбандӣ менамоянд. 

3. Ташкилотҳои қарзии исломӣ набояд сохторҳои гурӯҳиеро, ки ба амалӣ кардани назорати босамар монеъ мегарданд, ташкил намоянд. Бонки миллии Тоҷикистон қоидаҳоро барои ҷамъиятҳои вобастаи ташкилотҳои қарзии исломӣ, аз ҷумла вобаста ба талабот ба аҳдҳои байни ташкилоти қарзии исломӣ  ва ҷамъиятҳои вобастаи он, ки ҳангоми омода кардани ҳисоботи молиявии маҷмӯӣ ба ҳисоб гирифта намешаванд, муқаррар менамояд.

4. Бонки миллии Тоҷикистон талаботеро, ки мутобиқи меъёрҳои боби мазкур барои ташкилотҳои қарзии исломии ватанӣ муқаррар шудаанд, ба филиалҳои бонкҳои исломии хориҷӣ низ татбиқ менамояд.

5. Дар сурати ба раиси ташкилоти қарзии исломӣ маълум гардидани ҳолатҳои зерин, ӯ бояд дар ин хусус фавран дар шакли хаттӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон хабар диҳад:

- меъёри кифоятии сармояи ташкилоти қарзии исломӣ аз андозаи муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон кам гардидааст;

- ташкилоти қарзии исломӣ аз иҷрои ӯҳдадориҳояш набаромада, мехоҳад пардохти онҳоро боздорад.

 

Моддаи 35. Меъёрҳои мақбул

 

1. Бонки миллии Тоҷикистон барои ташкилотҳои қарзии исломӣ меъёрҳои мақбули зеринро муқаррар менамояд: 

1) ҳадди ақали сармояи оинномавӣ барои ташкилотҳои қарзии исломии навтаъсис;

2) андозаи ниҳоии қисми ғайрипулии сармояи оинномавӣ;

3) андозаи ниҳоии хавф барои як қарзгир ё гурӯҳи қарзгирони ба ҳам алоқаманд;

4) меъёри кифоятии сармоя;

5) меъёри пардохтпазирии ҷорӣ;

6) меъёри хавфҳои асъорӣ, даромаднокӣ ва хавфҳои дигар;

7) меъёри истифодаи маблағҳои худии ташкилотҳои қарзии исломӣ барои харидани cаҳмияҳои (ҳиссаҳои) шахсони ҳуқуқии дигар;

8) андозаи ниҳоии қарзи исломӣ, воситаҳои маблағгузории исломӣ, кафолатҳо ва замонатҳое, ки ташкилотҳои қарзии исломӣ ба саҳмиядорони (иштирокчиёни) худ додаанд.

2. Бонки миллии Тоҷикистон тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ, амалияи пешқадам ва стандартҳои байналмилалӣ, ки Шӯрои машваратии хизматрасонии бонкии исломӣ тавсия намудааст, меъёрҳои мақбул ва тартиби ҳисоби онҳоро барои ташкилотҳои қарзии исломӣ муқаррар намуда, ҳангоми амалӣ намудани назорат онҳоро истифода менамояд. 

3. Бонки миллии Тоҷикистон талаботи мутобиқи меъёрҳои боби мазкур муайяншударо, ки нисбат ба ташкилотҳои қарзии исломӣ ва бонкҳои фаръии онҳо дар заминаи назорати  маҷмӯӣ татбиқ мегарданд, муқаррар менамояд.

4. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад меъёрҳои мақбули дигареро, ки дар таҷрибаи байналмилалии танзими фаъолияти бонкии исломӣ истифода мешаванд, муқаррар намояд.

5. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад нисбат ба меъёри изофапулӣ, мӯҳлати пардохт ва дигар шартҳои қарздиҳии исломӣ, ки дар механизми маблағгузории исломӣ истифода мешаванд, инчунин ҷалби маблағҳо (аз ҷумла, амонату пасандоз ва саҳмияҳо) ё ӯҳдадориҳои ғайритавозунӣ низ талабот муқаррар намояд.

6. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад меъёрҳои тафриқашудаи меъёрҳои мақбули идоракунии хавфҳо ва тартиби ҳисобкунии онҳоро аз рӯи намудҳои ташкилотҳои қарзии исломӣ муқаррар намояд.

7. Қарори Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи тағйир додани меъёрҳо ва тартиби ҳисобкунии онҳо пас аз се моҳ баъди қабули он эътибор пайдо менамояд.

8. Ташкилоти қарзии исломӣ сиёсати дохилии худро бо риояи ҳадди ақал ва ниҳоии хавфҳо, қоидаҳои идоракунии хавфҳо, сиёсати сармоягузорӣ ва қарздиҳӣ, инчунин дигар меъёрҳои мақбули танзими сармоя, дороиҳо, суратҳисобҳои ғайритавозунӣ ва захираҳо пеш мебарад.

9. Ташкилоти қарзии исломӣ сиёсати дохилии идоракунии меъёрҳои мақбулро дар самтҳои зерин таҳия ва амалӣ менамояд: 

1) дороиҳои пардохтпазир нисбат ба дороиҳои умумӣ ё  ӯҳдадориҳо ё тағйирёбии онҳо (аз ҷумла, кафолатҳо ва гарави гирифташуда), ба шарте ки ташкилоти қарзии исломӣ ҳуқуқи дар Бонки миллии Тоҷикистон нигоҳдории қисме аз дороиҳои пардохтпазири худро дошта бошад;

2) маблағи ниҳоии тамоми қарзҳо ва сармоягузориҳо ё қисме аз онҳо; 

3) тасниф ва баҳогузории дороиҳо, ташкили захира ва фонди талафоти имконпазири дороиҳо дар заминаи чунин тасниф ва баҳодиҳӣ, инчунин муқаррар кардани мӯҳлате, ки дар доираи он даромад аз воситаҳои маблағгузории исломии ғайрифаъол наметавонад ҳамчун даромад ҳисобида шавад, ба истиснои даромад бо пули нақд;

4) шартҳои қабули амонат, пасандози исломӣ ва додани қарзи исломӣ ё маблағгузории исломӣ; 

5) мамнӯиятҳо, маҳдудиятҳо ё шартҳои дигари вобаста ба:

- навъи қарзҳои исломӣ, сармоягузорӣ ва ӯҳдадориҳо, мутобиқати дороиҳо ва ӯҳдадориҳо аз рӯи мӯҳлат ва дигар шартҳои онҳо; 

- мавқеи кушода:

- бо асъори хориҷӣ, металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо;

- саҳмияҳо ва дигар коғазҳои қиматноки интиқолшаванда;

- қарордодҳои форвардӣ, созишномаи своп, фючерс, опсион ва дигар ҳосилаҳои ба асъор, саҳмияҳо, вомбаргҳо, металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо ё қурбу меъёрҳои маблағгузорӣ дахлдошта, ки хавфи онҳо суғурта нашуда, аз меъёрҳои муқарраршуда зиёд мебошад.

 

Моддаи 36. Хавфи қарзҳои калон

 

1. Ташкилоти қарзии исломӣ дар ҳолатҳои зерин ба шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ қарзи исломӣ намедиҳад, агар:

- маблағи умумии бақияи қарзҳои асосии ташкилоти қарзии исломӣ ба ин шахс аз 20 фоизи сармояи танзимшавандаи ташкилоти қарзии исломӣ зиёд бошад; 

- маблағи умумии бақияи қарзҳои асосии калони ташкилоти қарзии исломӣ аз андозаи секаратаи маблағи сармояи танзимшавандаи ташкилоти қарзии исломӣ зиёд бошад.

2. Муқаррароти қисми 1 моддаи мазкур дар ҳолатҳои зерин татбиқ намегардад, агар: 

- аҳдҳо бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё таҳти кафолати он баста шуда бошанд; 

- аҳдҳо байни ташкилотҳои қарзии исломӣ, ки мӯҳлати пардохташон  як сол ё камтар аз он аст.

3. Бо мақсади татбиқи моддаи мазкур шахси зикршуда шахсест, ки ба шахси дигар бевосита ё бавосита вобаста аст, ки:

- устувории молиявии яке аз онҳо метавонад ба устувории молиявии шахс ё шахсони дигар таъсир расонад;  

- омилҳое вуҷуд доранд, ки метавонанд ба устувории молиявии якчанд нафар ё ҳамаи онҳо таъсир расонанд;

- устувории молиявии шахси дигар (вобаста ба муносибатҳои онҳо) воқеан барои баргардонидани қарзи исломӣ ба ташкилоти қарзии исломӣ метавонад таъсир расонад. 

 

Моддаи 37. Қарзи исломӣ ба шахсони вобаста

 

1. Ташкилоти қарзии исломӣ дар ҳолатҳои зерин ба шахсони вобаста қарзи исломӣ намедиҳад, агар:

1) қарзи исломӣ ва шартҳои он аз ҷониби Шӯрои нозирон ё нисбат ба филиали бонки исломии хориҷӣ - аз ҷониби роҳбари филиал маъқул дониста нашавад; 

2) ҳиссаи даромади ташкилоти қарзии исломӣ аз меъёри даромади ҷории бозор барои чунин қарзи исломӣ паст бошад; 

3) қарзи исломии ба корманди роҳбарикунандаи ташкилоти қарзии исломӣ додашуда (аз ҷумла, қарзе, ки аз ҷониби як ё якчанд бонкҳои фаръии ташкилоти қарзии исломӣ дода шудааст) аз 30 фоизи даромади солонаи ин шахс зиёд бошад;

4) мӯҳлати қарзи исломӣ, барасмиятдарории он ва сифати гарави қарзи исломӣ аз қарзи исломии мавҷуда моҳиятан фарқ кунад;

5) маблағи умумии ҳамаи қарзҳои исломии ба шахси вобаста додашуда аз 10 фоизи сармояи танзимшавандаи ташкилоти қарзии исломӣ зиёд бошад. 

2. Шӯрои нозирон нисбат ба филиали бонки исломии хориҷӣ ё роҳбари филиал метавонад додани қарзи исломӣ ва шартҳои онро дар ҳолати қонеъ будан ба шартҳои зерин тасдиқ кунад:

1) қарзи исломӣ ба стандартҳои пардохтпазирӣ, ки аз дигар муштариёни дархосткунанда талаб карда мешаванд, ҷавобгӯй аст;

2) шартҳои қарзи исломӣ ба ташкилоти қарзии исломӣ нисбат ба шарти он қарзҳое, ки ба дигарон дода мешаванд, мувофиқтаранд;

3) пешниҳоди қарзи исломӣ ҳаматарафа ба манфиати ташкилоти қарзии исломӣ мебошад; 

4) дар ҳолате, ки қарзи исломӣ бо гирифтани на камтар аз се ду ҳиссаи овозҳои тамоми аъзои Шӯрои нозирони ташкилоти қарзии исломии дар маҷлиси Шӯро иштирокдошта тасдиқ шуда, дар протоколи маҷлис зикр гардад.

 3. Ташкилоти қарзии исломӣ дар бораи қарзи исломии ба шахсони вобаста додашуда бо мақсади мониторинги он фавран ба Кумитаи аудити худ ҳисобот медиҳад. Ҳисобот маълумоти зеринро дар бар мегирад:

- насаб, ном ва номи падари шахси вобаста;

- маблағи қарзи исломии ба шахси вобаста додашуда.

4. Агар ташкилоти қарзии исломӣ қарзи исломиро ба шахси вобаста бо риоя накардани шартҳои қисми 1 моддаи мазкур диҳад, он гоҳ чунин қарзи исломӣ бояд фавран бекор карда шавад ва маблағҳои дар доираи он пардохтшуда ба ташкилоти қарзии исломӣ баргардонида шаванд. Аъзои Шӯрои нозирон ё роҳбари филиали бонки хориҷии исломӣ вобаста ба вазъу ҳолати мавҷуда барои пардохти қарзи асосӣ, дигар хароҷот ва оид ба қарзе, ки бо огоҳӣ ва розигии онҳо бо риоя накардани талаботи қисми 1 моддаи мазкур дода шудааст, масъулияти шахсӣ ва муштарак ба зимма доранд.

 

Моддаи 38. Хавфи асъори хориҷӣ

 

Бонки миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ меъёрҳои ҳадди ниҳоии мавқеи кушодаи асъорӣ ва тартиби ҳисоби онҳоро барои ташкилоти қарзии исломие, ки ҳуқуқи гузаронидани амалиёти бонкии исломӣ бо асъори хориҷиро дорад, муқаррар менамояд. 

 

Моддаи 39. Маҳдудияти сармоягузорӣ

 

1. Ташкилоти қарзии исломӣ бе розигии хаттии Бонки миллии Тоҷикистон наметавонад сармоягузориро бо роҳи хариди саҳмияҳо, вомбаргҳои ба саҳмия алоқаманд ва коғазҳои қиматноки дигар ба андозаи зиёда аз 10 фоизи сармояи танзимшавандааш анҷом диҳад. Дар ҳолатҳое, ки чунин сармоягузорӣ зиёда аз 10 фоизи сармояи танзимшавандаро ташкил медиҳад, ташкилоти қарзии исломӣ ӯҳдадор аст ҳангоми зарар надидан дар муддати кӯтоҳ (на дертар аз як моҳ) ва дар ҳар сурат дар мӯҳлати на дертар аз ду соли баъди харидани чунин коғазҳои қиматнок онҳоро фурӯшад.

2. Мӯҳлати мазкур бо дархости ташкилоти қарзии исломӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон метавонад боз то як соли дигар тамдид карда шавад.

3. Ташкилоти қарзии исломӣ бе гирифтани розигии пешакии хаттии Бонки миллии Тоҷикистон, ба истиснои саҳмияҳое, ки ташкилоти қарзии исломӣ дар натиҷаи анҷом додани амалиёти бонкии исломӣ соҳиби онҳо шудааст, ба саҳмияҳои дигар ташкилоти қарзӣ ё ташкилоти қарзии исломӣ молик шуда наметавонад. Дар ин ҳолат, агар Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилоти қарзии исломӣ барои нигоҳдории саҳмияҳои мазкур розигӣ надиҳад, ташкилоти қарзии исломӣ саҳмияҳоро ҳангоми зарар надидан дар муддати кӯтоҳ (на дертар аз як моҳ) ва дар ҳар сурат дар мӯҳлати на дертар аз ду соли баъди ба даст оварданашон мефурӯшад. 

4. Ташкилоти қарзии исломӣ ҳуқуқ надорад соҳиби молу мулк гардад, ба истиснои молу мулки манқул ва ё ғайриманқуле, ки:

- барои таъмини фаъолияти худ ва ниёзҳои иҷтимоии кормандон, аз ҷумла барои таъмини манзил зарур аст;

- барои пеш бурдани фаъолияти бонкии исломӣ зарур буда, ба  шартҳои аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муайянгардида вобаста аст.

5. Ташкилоти қарзии исломӣ ӯҳдадор аст молу мулкеро, ки дар рафти гузаронидани амалиёти бонкии исломӣ ба моликияташ гузаштааст, ҳангоми зарар надидан дар муддати кӯтоҳ (на зиёда аз се моҳ) ва дар мӯҳлати на дертар аз ду соли баъди ба даст оварданаш фурӯшад.

6. Ташкилоти қарзии исломӣ қисми зиёдатии молу мулкашро ба иҷора дода метавонад, ба шарте ки ин амал ба фаъолияти ташкилоти қарзии исломӣ халал нарасонад. 

7. Ба ташкилоти қарзии исломӣ харидани саҳмияҳои ҷамъияти хориҷӣ (ғайрирезидент) бе розигии хаттии Бонки миллии Тоҷикистон манъ аст, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки ташкилоти қарзии исломӣ онҳоро дар натиҷаи анҷом додани амалиёти бонкии исломӣ соҳиб шуда бошад. 

 

Моддаи 40. Реҷаи кории ташкилоти қарзии исломӣ

 

1. Ташкилоти қарзии исломӣ бояд ба муштариён дар давоми соатҳои кории аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон тасдиқгардида хизмат расонад.

2. Дар ҳолатҳои зарурӣ, бо мақсади таъмини суботи низоми бонкӣ ва ҳифзи манфиатҳои муштариён, Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ба ташкилоти қарзии исломӣ дар хусуси боздоштани кор ва қатъи амалиёт супориш диҳад. Дар ин ҳолат, ташкилоти қарзии исломӣ танҳо бо иҷозати Бонки миллии Тоҷикистон аз нав ба кор шурӯъ карда метавонад. 

 

Моддаи 41. Аҳд ва амалиёти шубҳанок

 

1.Ташкилоти қарзии исломӣ бо мақсади ба таври ихтиёрӣ ё ғайриихтиёрӣ ба фаъолияти ҷиноятӣ ҷалб нагардиданаш бояд ҳамеша чораҳо андешад. Ташкилоти қарзии исломӣ ӯҳдадор аст, дар бораи иҷрои ҳама гуна аҳд ва амалиёти шубҳаноки муштариёни худ (кӯшиши анҷом додани аҳд ва амалиёти шубҳанок) фавран ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм бо тартиби муқарраршуда хабар диҳад.

2. Аз ҷониби ташкилоти қарзии исломӣ ифшо намудани маълумоти дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда вайронкунии талаботи сирри бонкӣ ҳисоб нашуда, он барои ин амал ҷавобгар намебошад.

 

Моддаи 42. Маҳдудияти амалиёт бо саҳмияҳо

 

1. Ташкилоти қарзии исломӣ наметавонад таҳти гарави саҳмияҳои худ ягон хел қарз, пешпардохт, кафолатнома ё коғази қиматнок диҳад ё дигар ӯҳдадориҳоро ба зимма гирад.

2. Ташкилоти қарзии исломӣ метавонад саҳмияҳои худро мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон харидорӣ намояд. 

 

Моддаи 43. Суратҳисобҳои ғайрифаъол

 

1. Суратҳисобҳои бонкие, ки соҳибаш дар давоми 10 соли охир ба он таваҷҷуҳ зоҳир накардааст, ба истиснои суратҳисобҳои пасандози шахсони воқеӣ, суратҳисоби ғайрифаъол дониста шуда, маблағи он бо риояи қоидаҳои дар моддаи мазкур пешбинишуда нигоҳ дошта мешавад.

2. Ташкилоти қарзии исломӣ дар рӯзи аввали кории соли ояндаи тақвимӣ ба нишонии охирини маълумбудаи соҳиби суратҳисоби ғайрифаъол тавассути почта огоҳинома ирсол намуда, ҳамзамон дар на камтар аз ду рӯзномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ӯ эълон нашр мекунад. Агар соҳиби суратҳисоби ғайрифаъол дар давоми як моҳи баъди ирсоли огоҳинома ва нашри эълон аз худ дарак надиҳад, ташкилоти қарзии исломӣ  суратҳисоби ғайрифаъолро баста, маблағи онро барои нигоҳдории минбаъда ба суратҳисоби махсуси дар Бонки миллии Тоҷикистон кушодашуда интиқол медиҳад.

3. Бонки миллии Тоҷикистон маблағҳои суратҳисоби махсусро ба коғазҳои қиматноки давлатӣ ва дар ҳолати набудани онҳо ба дигар коғазҳои қиматнок сармоягузорӣ менамояд. Дар давоми 20 соли дигар ҳар шахс, бо далели тасдиқкунандаи соҳибият ба ин маблағҳо, метавонад барои гирифтани онҳо ба Бонки миллии Тоҷикистон муроҷиат намояд. Баъди ба охир расидани давраи мазкур Бонки миллии Тоҷикистон маблағи дархостнашудаи чунин суратҳисобро ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба амонат нигоҳ доштан дар Хазинадории марказӣ мегузаронад. 

 

Моддаи 44. Нигоҳдории ҳуҷҷат ва сабтҳо

 

1. Ташкилоти қарзии исломӣ ҳуҷҷатҳои зеринро аз рӯи ҳар як аҳд ба мӯҳлати на камтар аз панҷ сол нигоҳ медорад:

- маълумоти шахсӣ оид ба муштарӣ;

- дархост ва ҳамаи ҳуҷҷатҳои шартномавии вобаста ба аҳдҳо (аз ҷумла, созишномаҳои қарзӣ ва кафолатҳои таъминшуда) ва қарорҳои ташкилоти қарзии исломӣ дар бораи тасдиқи аҳдҳо;

- сабти аҳдҳо бо шарикон (аз ҷумла кредитор, дебитор ва кафилон) ва  ҳуҷҷатҳои дигари гувоҳидиҳанда, ки барои маъқул донистани ин аҳдҳо асос шудаанд;

- кушодани суратҳисоби бонкии онҳо;

- дигар ҳуҷҷатҳое, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ муқаррар кардааст.

2. Сабтҳо дар шакли хаттӣ анҷом дода мешаванд. Ташкилоти қарзии исломӣ метавонад сабт, китоби ҳисобдорӣ, ҳисобот, ҳуҷҷат, муросилот (мактубҳо), интиқоли телеграфӣ, огоҳинома ва дигар ҳуҷҷатҳои ба фаъолияти молиявии худ дахлдоштаро дар шакли мухтасар (микрофилм, махзани электронии маълумот ва дигар иттилоот) ба мӯҳлати муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷои нусхаи асл тавре нигоҳ дорад, ки низоми мувофиқ ва қоидаҳои пурра барқарорсозии маълумот дар ҳамон ҷой вуҷуд дошта бошад. Ин гуна нусхаҳои мухтасар баробари нусхаи асл эътибор доранд.

3. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад оид ба низоми нигоҳдории ҳуҷҷатҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул намояд. 

 

Моддаи 45. Низоми пардохт

 

1. Ташкилоти қарзии исломӣ метавонад бо мувофиқаи Бонки миллии Тоҷикистон низоми муштараки клирингро барои интиқоли маблағ, дигар воситаҳои пардохт ва ҳисоббаробаркуниҳо таъсис диҳад.

2. Бонки миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ қоидаву усулҳои идоракунии низоми мазкур, аз ҷумла, намудҳои ҳисоббаробаркуниро муқаррар менамояд.

3. Ташкилотҳои қарзии исломӣ дар сурати набудани низоми муштараки клиринг ҳисоббаробаркунии байнибонкиро бо мувофиқаи тарафҳо ё мутобиқи таҷрибаи байналмилалӣ анҷом медиҳанд.

 

БОБИ 6.

ҲИСОБДОРӢ ВА ҲИСОБОТИ МОЛИЯВӢ

 

Моддаи 46. Соли молиявӣ

 

Соли молиявии ташкилотҳои қарзии исломӣ 1 январ оғоз ёфта, 31 декабри ҳамон сол ба охир мерасад. Барои филиали бонки хориҷии исломӣ соли молиявӣ метавонад дигар бошад. 

 

Моддаи 47. Пешниҳоди ҳисобот

 

1. Бо мақсади танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзии исломӣ Бонки миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ қоидаҳои ҳисобдорӣ, феҳрист, шаклҳо, тартиби таҳия ва мӯҳлати пешниҳоди ҳисоботи молиявиро муқаррар менамояд.

2. Ташкилотҳои қарзии исломӣ (ба истиснои ташкилотҳои қарзии исломии хурд ва фондҳои қарзии исломии хурд) ӯҳдадоранд ба Бонки миллии Тоҷикистон дар баробари ҳисоботи молиявӣ инчунин маълумоти зеринро пешниҳод намоянд: 

- оид ба дороиҳо ва ӯҳдадориҳо;

- оид ба риояи меъёрҳои мақбул;

- оид ба суратҳисобҳо ва нишондиҳандаҳои молиявӣ;

- ҳисоботи оморӣ дар шакли алоҳида ва дар шакли маҷмӯӣ;

- дигар иттилооти зарурӣ, ки онро Бонки миллии Тоҷикистон талаб менамояд. 

3. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ҳангоми зарурат аз ҳар як бонки фаръӣ ё ҷамъияти вобастаи ташкилоти қарзии исломӣ барои амалӣ намудани назорати маҷмӯӣ ҳисобот талаб намояд. 

 

Моддаи 48. Асосҳои ҳисобдорӣ ва таҳияи ҳисоботи молиявӣ

 

1. Ташкилоти қарзии исломӣ бояд қоидаҳои низоми ҳисобдорӣ, аз ҷумла баҳисобгирии ҳаррӯзаи хароҷоту даромадро риоя намояд.

2. Ташкилоти қарзии исломӣ ҳисоботи молиявии худро, ки аз тавозун, ҳисобот дар бораи фоидаву зиён, ҳисобот дар бораи гардиши маблағҳои пулӣ ва ҳисобот дар бораи тағйирот дар сармоя иборат мебошад, мутобиқи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва талаботи дигари аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муайяншуда омода менамояд.

3. Ҳисоботи молиявӣ вазъи воқеии молиявии ташкилоти қарзии исломӣ ва филиалҳои онро инъикос намуда, маълумот дар бораи низоми идоракунии дохилии ташкилоти қарзии исломӣ, аз ҷумла ҳисоботи Шӯрои нозирони ташкилоти қарзии исломиро низ дар бар мегирад.

 

Моддаи 49. Ҳисоботи молиявии солона

 

1. Ташкилоти қарзии исломӣ ҳисоботи молиявии солона ва дар сурати доштани як ё якчанд ташкилоти қарзии фаръии исломӣ - ҳисоботи молиявии маҷмӯии солонаро омода менамояд.

2. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад дигар ҷамъиятҳои вобастаи ташкилоти қарзии исломӣ, аз ҷумла ҷамъияти назораткунандаи он ва ҷамъияти дигари аз тарафи ҷамъияти назораткунандаи ташкилоти қарзии исломӣ назоратшавандаро муайян кунад, ки ташкилоти қарзӣ бояд оид ба онҳо ҳисоботи молиявии маҷмӯии солона пешниҳод намояд.

3. Филиалҳои бонки хориҷии исломӣ маълумот оид ба суратҳисобҳо ва ҳисоботи молиявии худро доир ба амалиёти солона омода намуда, бевосита ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд.

4. Нусхаи ҳисоботи молиявии солона, аз ҷумла ҳисоботи маҷмӯии солонаи ташкилоти қарзии исломӣ, ки аз аудит гузаштааст, на дертар аз чор моҳи баъди анҷоми соли молиявӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

5. Бонки исломии хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як ё якчанд филиал дорад, нусхаи ҳисоботи молиявии маҷмӯии солонаи худро, ки аз аудит гузаштааст, дар мӯҳлати на дертар аз шаш моҳи баъди анҷоми соли молиявии он ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод менамояд. 

 

Моддаи 50. Нашри ҳисоботи молиявии солона

 

1. Ташкилоти қарзии исломӣ ҳисоботи молиявии солонаи худ, аз ҷумла ҳисоботи молиявии маҷмӯии солонаро, ки аз аудит гузаштааст, дар мӯҳлати на дертар аз як моҳ баъди гирифтани хулосаи аудиторӣ дар на камтар аз ду рӯзномаи ҷумҳуриявӣ нашр менамояд.

2. Ташкилоти қарзии исломӣ дар дастгоҳи марказӣ ва филиалҳои худ нусхаи ҳисоботи молиявии солонаи худро, ки аз аудит гузаштааст ва рӯйхати аъзои Шӯрои нозирони худро дар ҷойи ба муштариён намоён барои шиносоӣ мегузорад.

 

БОБИ 7.

АУДИТ

 

Моддаи 51. Аудит

 

1. Бонки миллии Тоҷикистон рӯйхати ташкилотҳои аудиториеро, ки дорои иҷозатномаи дахлдор, тахассус ва таҷрибаи кофии аудити ташкилоти қарзии исломӣ буда, метавонанд аудити ташкилоти қарзии исломиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронанд, таҳия ва нашр менамояд. 

2. Ташкилоти қарзии исломӣ аз рӯйхате, ки мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур нашр гардидааст, ташкилоти аудиториро интихоб ва таъин менамояд.

3. Муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» нисбат ба ташкилотҳои аудитории хориҷие, ки ба рӯйхати Бонки миллии Тоҷикистон ворид гаштаанд, татбиқ намегардад.

4. Муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» нисбат ба ташкилотҳои аудиторие, ки аудити ташкилоти қарзии исломиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронанд, бо назардошти Қонуни мазкур татбиқ карда мешавад.

5. Ташкилоти аудиторӣ ё корманди он бояд молик, корманди роҳбарикунанда, аъзои Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ, корманд ё намояндаи ташкилоти қарзии исломӣ набошад. Шахсе, ки дар ташкилоти қарзии исломӣ манфиат надорад, ба истиснои ҳолатҳои доштани амонат ва пасандози исломӣ дар ташкилоти қарзии исломӣ, метавонад  аудитори он интихоб ва таъин гардад.

6. Агар ташкилоти аудиторӣ ҳангоми гузаронидани аудит соҳиби чунин манфиат дар ташкилоти қарзии исломӣ гардад, пас хизматрасонии аудитории ӯ қатъ карда шуда, ташкилоти қарзии исломӣ ташкилоти аудитории дигарро интихоб ва таъин менамояд.

7. Ташкилоти аудиторӣ ба ташкилоти қарзии исломӣ хизматрасониҳоеро, ки бо вазифаҳои назорати дохилии ташкилоти қарзии исломӣ алоқаманданд, пешниҳод намекунад, ба истиснои хизматрасониҳои таълимие, ки дорои хусусияти доимӣ нестанд.

8. Ташкилоти қарзии исломӣ наметавонад пайдарпай як ташкилоти аудиториро ба мӯҳлати зиёда аз се сол аудитор таъин намояд.

9. Мутобиқи стандартҳои байналмилалии аудит ташкилоти аудиторӣ аудити ташкилоти қарзии исломиро дар асоси назорати маҷмӯӣ анҷом медиҳад ва:

1) изҳор мекунад, ки ташкилоти аудиторӣ ё ягон корманди он дар ташкилоти қарзии исломӣ ягон манфиат надорад ва талаботи қисми 5 моддаи мазкурро риоя менамояд;

2) дар риоя ва нигоҳдории қоидаҳои ташкили низоми дурусти ҳисобдорӣ ба ташкилоти қарзии исломӣ кумак мерасонад; 

3) дар пешбурди низому қоидаҳои дурусти назорати молиявӣ ва идоракунии хавфҳо ба ташкилоти қарзии исломӣ кӯмак мерасонад; 

4) бо дархости Кумитаи аудити ташкилоти қарзии исломӣ дар маҷлисҳои он иштирок менамояд; 

5) дар давоми се моҳи баъд аз анҷоми соли молиявӣ дар бораи мукаммалӣ, холисӣ ва дурустии ҳисоботи молиявӣ хулосаи аудиторӣ ва назари аудиторӣ омода намуда, дар бораи вазъи молиявии ташкилоти қарзии исломӣ мутобиқи талаботи Қонуни мазкур ба Шӯрои нозирони ташкилоти қарзии исломӣ маълумоти муфассал пешниҳод менамояд; 

6) ба Шӯрои нозирони ташкилоти қарзии исломӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи низоми таснифи қарзҳо ва таъминнокии дороиҳои (аз ҷумла қарзҳои) шубҳанок тибқи талаботи Бонки миллии Тоҷикистон бо нишон додани камбудиҳо хулосаи ташкилоти аудиториро пешниҳод менамояд; 

7) ба узви Шӯрои нозирон ва ба Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи амали корманди роҳбарикунанда, корманд ё намояндаи ташкилоти қарзии исломӣ, ки аз нигоҳи аудитор риоя накардани талаботи Қонуни мазкур ё дигар санади меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, хабар медиҳад; 

8) ба узви Шӯрои нозирони ташкилоти қарзии исломӣ ва ба Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи норасоӣ ё камбудии дар идоракунӣ ё амалиёти ташкилоти қарзии исломӣ ошкоршуда хабар медиҳад.

10. Ҳангоми таҳияи хулосаи аудиторӣ масоили зерин бояд ба назар гирифта шаванд:

- муфассал будани баёнот ва иттилооте, ки аз корманди роҳбарикунанда, корманд ё намояндаи ташкилоти қарзии исломӣ ҳангоми аудит талаб шудааст;

- ҷавобгӯй будани ташкилоти қарзии исломӣ ба талаботи низоми назорати дохилӣ ва низоми ҳисобдорӣ;

- усулеро, ки ташкилоти қарзии исломӣ барои пешбурди китобҳои ҳисобдорӣ, ҳуҷҷатҳо, ҳисобот ва фарогирии амалиёти зарурӣ оид ба мониторинг ва аудити дохилию беруна истифода мебарад; 

- қобилияти кордонӣ ва ба талабот мувофиқ будани роҳбарияти ташкилоти қарзии исломӣ;

- камбудиҳои ҷойдошта, эродҳо ва тавсияҳо барои бартараф кардани онҳо, инчунин иҷрои тавсияҳо ва бартараф намудани эродҳои соли гузашта;

- дақиқ будани ҳуҷҷатҳои ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳодшуда ва мувофиқати онҳо ба мазмуни сабтҳо, китобҳои ҳисобдорӣ, низоми ҳисобдорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба ҳамин ҳуҷҷатҳо.

11. Ташкилоти қарзии исломӣ дар мӯҳлати на дертар аз 30 рӯз баъди дастрасии хулосаи аудиторӣ ва тавсияномаи ташкилоти аудиторӣ нусхаи онҳоро ба Бонки миллии Тоҷикистон ирсол менамояд. Ташкилоти қарзии исломӣ ӯҳдадор аст, ки бо назардошти хулосаи аудиторӣ ҳисоботи молиявии ислоҳшударо ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

12. Пешниҳод намудани хулосаи носаҳеҳи аудиторӣ ва ё муносибати ғаразноки ташкилоти аудиторӣ бо ташкилоти қарзии исломӣ сабаби хориҷ кардани ташкилоти аудиторӣ аз рӯйхати Бонки миллии Тоҷикистон мегардад.

 

Моддаи 52. Ӯҳдадориҳои иловагӣ

 

1. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ба зиммаи ташкилоти аудиторие, ки аудити ташкилоти қарзии исломиро мегузаронад, ӯҳдадориҳои зеринро вогузор намояд: 

- пешниҳоди маълумоти иловагӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи аудит, ки онро Бонки миллии Тоҷикистон зарур мешуморад; 

- пешниҳоди ҳисобот, амалӣ кардани бозрасӣ ё иҷро намудани қоидаҳои аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муқарраршуда; 

- ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳоди ҳисобот дар бораи ҳисобдорӣ ва назорати дохилӣ; 

- таъмини иштироки намояндагон дар баррасии хулосаи аудитории ташкилоти қарзии исломӣ бо даъвати Бонки миллии Тоҷикистон;

- додани хулоса оид ба ҷавобгӯ будани чораҳои мубориза бар зидди қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ё маблағгузории терроризм, ки ташкилоти қарзии исломӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон андешидааст. 

2. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад аз ташкилоти қарзии исломӣ пешниҳод намудани ҳисобот оид ба риояи стандартҳои фаъолияти бонкии исломиро аз ҷониби Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ талаб намояд. Он ҳамчунин метавонад аз Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломии ташкилоти қарзии исломӣ маълумоти иловагии алоқаманд ба ҳисоботи иҷро намудани стандартҳои фаъолияти бонкии исломиро талаб намояд.

3. Хароҷоти иҷрои ӯҳдадориҳои иловагӣ ба зиммаи ташкилоти қарзии исломӣ вогузор карда мешавад.

 

Моддаи 53. Масунияти ширкати аудиторӣ

 

1. Ташкилоти аудиторӣ риояи талаботи махфияти касбӣ ва сирри бонкиро дар ташкилоти қарзии исломӣ арзёбӣ менамояд.

2. Ташкилоти аудиторӣ барои мутобиқи талаботи Қонуни мазкур пешниҳод намудани маълумоти дорои сирри бонкӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон ҷавобгар намебошад.

3. Ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намудани маълумоти дар бандҳои 7) ва 8) қисми 9 моддаи 51 Қонуни мазкур пешбинигардида аз ҷониби ташкилоти аудиторӣ риоя накардани ӯҳдадории сирри маълумот дониста намешавад.

 

БОБИ 8.

МАХФИЯТ

 

Моддаи 54. Сирри бонкӣ

 

1. Маълумот дар бораи фаъолият ва ҳолати молиявии муштарӣ, ки ба ташкилоти қарзии исломӣ ҳангоми хизматрасонӣ ва муносибат бо муштарӣ ё бо шахси сеюм маълум шудааст ва ошкор кардани он мумкин аст ба муштарӣ зиёни моддӣ ва маънавӣ расонад, сирри бонкӣ мебошад.

2. Маълумоти зерин сирри бонкӣ маҳсуб мешавад:

- дар бораи мавҷудияти суратҳисоби бонкӣ, соҳибони онҳо, дар бораи маблағҳои пулии дар онҳо мавҷуда ва амалиёти бо ин суратҳисобҳо иҷрошавандаи муштариён;

- дар бораи интиқоли маблағҳои пулӣ аз тарафи шахсони воқеӣ бе кушодани суратҳисоб ва дар бораи фиристандагони (гирандагони) онҳо;

- дар бораи маблағҳои пулӣ ва ашёи қиматбаҳои муштарӣ, ки дар ташкилоти қарзии исломӣ нигоҳ дошта мешаванд. 

3. Маълумоте, ки ба сирри бонкӣ мансуб мебошад, аз ҷониби ташкилоти қарзии исломӣ танҳо ба шахсони зерин дода мешавад:

1) ба соҳиби суратҳисоби бонкӣ ва соҳиби ашёи қиматбаҳо ё намояндаи онҳо;

2) ба фиристандагон ва гирандагони интиқолҳои пулӣ;

3) ба Бонки миллии Тоҷикистон бо талаби он;

4) ба Палатаи ҳисоби Ҷумурии Тоҷикистон вобаста ба аудити муштарии ташкилоти қарзии исломӣ дар асоси мактуби Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон;

5) ба судҳо дар асоси қарори (таъиноти) суд (судя);

6) ба иҷрочии мақомоти иҷро дар асоси қарори иҷрочии мақомоти иҷро вобаста ба ҳуҷҷати иҷро; (ҚҶТ аз 20.06.19 с., №1627)

7) ба бюрои таърихи қарз мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

8) ба мақомоти таҳқиқу тафтишоти пешакӣ ва прокуратура аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба муштариёни ташкилоти қарзии исломӣ - дар асоси қарори (таъиноти) суд (судя) мутобиқи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

9) ба мақомоти андоз аз рӯи масъалаи пардохти андози шахсони ҳуқуқӣ дар асоси мактуби роҳбари мақомоти андоз бо пешниҳоди нусхаи фармони мақомоти андоз оид ба санҷиши онҳо.

4. Муқаррароти мазкур дар ҳолати бо сабабҳои гуногун қатъ гардидани муносибатҳо байни муштарӣ ва ташкилоти қарзии исломӣ низ эътибори худро гум намекунанд.

5. Маълумот дар бораи сирри бонкӣ дар сурати вафоти муштарӣ дода мешавад:

- ба шахсоне, ки аз тарафи муштарӣ дар васиятнома зикр шудаанд;

- ба судҳо, идораи нотариалӣ ва консулгариҳои хориҷӣ аз рӯи парвандаҳои меросии муштарии фавтида.

6. Ифшои сирри бонкӣ бе риояи шартҳои дар қисми 3 моддаи мазкур муқарраршуда манъ аст, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур.

7. Ташкилотҳои қарзии исломӣ бо мақсади таъмини амнияти молу мулк ва сирри бонкӣ ҳуқуқ доранд хадамоти махсус таъсис диҳанд ва бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ» силоҳ ва воситаҳои зарурии техникиро дастрас намуда, истифода баранд.

8. Маблағҳои дар суратҳисоби бонкӣ ё маблағҳо ва дороиҳои дигари дар ташкилотҳои қарзии исломӣ нигоҳдошташаванда дар асоси қарори (таъиноти) суд (судя), қарори иҷрочии мақомоти иҷро вобаста ба ҳуҷҷати иҷро ҳабс карда мешаванд. (ҚҶТ аз 20.06.19 с., №1627)

9. Ҳангоми ҳабс намудани маблағҳои пулии дар суратҳисобҳои бонкӣ буда, ташкилоти қарзии исломӣ фавран амалиёти додани онро дар доираи маблағе, ки ҳабс карда шудааст, қатъ менамояд.

10. Ҳангоми ҳабс намудани ашёи қиматбаҳои дигаре, ки дар ташкилоти қарзии исломӣ нигоҳ дошта мешаванд, ташкилоти қарзии исломӣ додани онҳоро ба соҳибонаш қатъ менамояд.

 

Моддаи 55. Ҳифзи сирри бонкӣ аз ҷониби кормандони ташкилоти қарзии исломӣ ва

                        шахсони сеюм

 

1. Аз ҷониби кормандони роҳбарикунанда, кормандон ва намояндагони  амалкунанда ё собиқи ташкилоти қарзии исломӣ пешниҳод намудани сирри бонкӣ ба шахси сеюм, ошкор кардан ё додани имконият барои таҳлили он манъ аст, ба истиснои ҳолатҳое, ки мувофиқи Қонуни мазкур иҷозат дода шудаанд.

2. Маҳдудият ҳамчунин ба кормандон ва нозирони Бонки миллии Тоҷикистон ва шахсоне, ки аз ҷониби он барои санҷиш мутобиқи моддаи 58 Қонуни мазкур таъин гардидаанд, инчунин ба шахсоне, ки чунин иттилоот ё маълумотро бо тақозои касб, вазифа ё фаъолияти худ мустақиман ё ғайримустақиман таҳқиқ менамоянд, тааллуқ дорад. 

 

Моддаи 56. Ҳолатҳои истисноӣ

 

Талаботи моддаҳои 54 ва 55 Қонуни мазкур дар ҳолатҳои зерин татбиқ намегарданд:

1) ҳангоми иҷрои вазифаҳое, ки тибқи Қонуни мазкур ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ба уҳдаи ташкилоти аудиторӣ вогузор карда шудаанд;

2) нисбат ба маълумот ва ҳуҷҷатҳое, ки тибқи Қонуни мазкур ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бинобар иҷрои вазифаҳои он талаб карда мешаванд;

3) ҳангоми андешидани тадбирҳо ва иҷрои вазифаю ӯҳдадориҳо ё чораҳои дигари зидди қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар шудаанд;

4) ҳангоми додани тасдиқнома ё огоҳинома сабабҳои рад кардани пардохти чек бо талаби соҳиби қонунии он;

5) ҳангоми пешниҳоди маълумот дар хусуси қарздории муштарӣ ҷиҳати муайян намудани эътимоднокии баргашти қарз, чекҳои қалбакӣ ва оид ба аҳдҳои дигаре, ки Бонки миллии Тоҷикистон барои таъмини устувории низоми бонкӣ зарур меҳисобад;

6) ҳангоми аз тарафи ташкилоти қарзии исломӣ ошкор намудани маълумот дар бораи аҳдҳои муштариён бо мақсади исботи талаби худ дар баҳси судӣ;

7) нисбат ба маълумоте, ки аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ба дигар мақомоти назораткунанда пешниҳод мегардад.

 

Моддаи 57. Ҳифзи маълумоте, ки аз ҷониби ташкилоти қарзии исломӣ пешниҳод шудааст

 

1. Маълумоте, ки аз ташкилоти қарзии исломӣ оид ба муштарӣ, аҳдҳои муштарӣ ва дигар маълумоти муфассал дар хусуси муносибатҳои он бо муштариён ҷамъ оварда шуда, махфӣ нигоҳ дошта мешавад, танҳо бо розигии ташкилоти қарзии исломӣ ё мувофиқи Қонуни мазкур ошкор карда мешавад.

2. Дар Бонки миллии Тоҷикистон дастрасӣ ба ин гуна маълумот танҳо ба он кормандоне дода мешавад, ки дорои ваколати дахлдор мебошанд.

3. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад маълумоти ифшошавандаи аз ташкилотҳои қарзии исломӣ гирифташударо пурра ё қисман нашр намояд.

4. Бонки миллии Тоҷикистон бе розигии ташкилоти қарзии исломӣ тафсилоти амалиёти ташкилоти қарзии исломиро ифшо менамояд, агар чунин тафсилот дар ҳисоботи молиявии аз ҷониби Шӯрои нозирони ташкилоти қарзии исломӣ тасдиқшуда дарҷ шуда бошад ё то ин вақт дастраси умум гардида бошад.

 

БОБИ 9.

НАЗОРАТ ВА САНҶИШ

 

Моддаи 58. Назорат ва санҷиш

 

1. Бонки миллии Тоҷикистон аз болои ташкилотҳои қарзии исломӣ бо тартиби зерин назорати маҷмӯӣ мебарад: 

- ҳисобот, ҳуҷҷатҳо, тавзеҳот, баёнот, далелҳо ва маълумоти аз ҷониби ташкилоти қарзии исломӣ  тибқи Қонуни мазкур пешниҳодшударо баррасӣ менамояд; 

- аз ташкилотҳои қарзии исломӣ ва бонкҳои фаръӣ ва ҷамъиятҳои вобастаи онҳо дар шакли хаттӣ пешниҳод ва тасдиқ намудани  маълумоти иловагӣ, ҳисобот, ҳуҷҷатҳо, тавзеҳот, баёнот ва ё далелҳоро талаб менамояд; 

- дар хусуси вазъи молиявӣ, манбаи маблағҳои пулӣ, нуфузу эътибори саҳмиядорони бевосита ё бавоситаи ташкилоти қарзии исломӣ ва оид ба шахсе, ки барои соҳиб шудан ба 10 фоизи саҳмияҳои ташкилоти қарзии исломӣ ва зиёда аз он муроҷиат менамояд, маълумот талаб менамояд;

- санҷиши ташкилоти қарзии исломӣ, бонкҳои фаръӣ ва ҷамъиятҳои вобастаи онро тавассути корманд ё кормандони худ ё шахсоне, ки бо ин мақсад аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон таъин шудаанд, анҷом медиҳад. 

2. Санҷиш баррасии фаъолияти ташкилоти қарзии исломиро барои муайян кардани вазъи молиявии он, инчунин мувофиқати фаъолияти ташкилоти қарзии исломӣ ба талаботи Қонуни мазкур, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва  санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистонро дар бар мегирад.

3. Бонки миллии Тоҷикистон на камтар аз як маротиба дар як сол санҷиши ҳамаҷонибаи ҳар як ташкилоти қарзии исломиро анҷом медиҳад, ба истиснои намояндагиҳо, ки дар мӯҳлати на камтар аз як маротиба дар ду сол санҷида мешаванд.

4. Шахсони тибқи моддаи мазкур барои гузаронидани санҷиш таъиншуда барои риояи талаботи сирри бонкӣ масъул мебошанд. Кормандони роҳбарикунанда, кормандон ва намояндаи ташкилоти қарзии исломӣ ё бонки фаръӣ ва ҷамъиятҳои вобастаи он вазифадоранд дастрасии шахсони мазкурро ба ҳамаи утоқҳои корӣ, аз ҷумла ба кассаҳо, хазинаҳо ва ганҷхонаҳо, китобҳои ҳисобдорӣ, суратҳисобҳо, ҳуҷҷатҳо, сабтҳо, аз ҷумла сабтҳои электронӣ таъмин намоянд.

5. Маълумот, аз ҷумла маълумоти дорои сирри бонкӣ, ки аз ҷониби санҷишгарон талаб карда мешавад, бояд аз ҷониби ташкилоти қарзии исломӣ сари вақт пешниҳод гардад. Кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзии исломӣ вазифадоранд, ки дар гузаронидани санҷиш ҳамаҷониба мусоидат намоянд.

6. Бонки миллии Тоҷикистон Шӯрои нозирони ташкилоти қарзии исломиро оид ба натиҷаҳои санҷиш огоҳ месозад.

7. Тартиби гузаронидани санҷиш, ҷамъбаст ва пешниҳоди натиҷаҳои он бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

8. Мақомоти андоз метавонанд аз рӯи масъалаҳои пардохти андоз аз фаъолияти бонкии исломӣ санҷиши ташкилоти қарзии исломиро гузаронанд.

9. Аудити фаъолияти молиявию хоҷагидории ташкилотҳои қарзии исломии давлатиро Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронад. Аудити ташкилотҳои қарзии исломӣ, аз ҷумла ташкилотҳои қарзии исломии давлатӣ аз ҷониби Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми хизматрасонии маблағҳои буҷети давлатӣ, фондҳои давлатӣ ва қарзи давлатӣ гузаронида мешавад.

10. Мақомоти дигари давлатӣ наметавонанд фаъолияти ташкилоти қарзии исломиро санҷиш намоянд. Муносибати байни онҳо ва ташкилоти қарзии исломӣ бо тартибе, ки моддаи 54 Қонуни мазкур муқаррар кардааст, сурат мегирад. 

 

Моддаи 59. Чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ

 

Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» нисбат ба ташкилотҳои қарзии исломӣ чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасониро татбиқ менамояд.

 

БОБИ 10. 

МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 60. Баррасии баҳсҳо

 

1. Ташкилотҳои қарзии исломӣ метавонанд нисбат ба қарорҳои Бонки миллии Тоҷикистон, тибқи тартиби муқарраргардида ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 30 рӯз аз рӯзи гирифтани онҳо дар ҳолатҳои зерин шикоят намоянд:

- агар аризаи онҳо барои гирифтани иҷозатнома аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон рад карда шавад;

- дар ҳолатҳои татбиқи чораҳои ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ. 

2. Пешниҳоди шикоят ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон амали қарори Бонки миллии Тоҷикистонро боз намедорад. 

 

Моддаи 61. Ҳимояи манфиатҳои муштариён

 

1. Муносибати муштариён бо ташкилоти қарзии исломӣ дар асоси шартнома сурат мегирад.

2. Мӯҳлат ва меъёри фоидаи қарзи исломӣ, амонату пасандозҳои исломӣ, инчунин ҳаққи хизматрасонӣ аз тарафи ташкилоти қарзии исломӣ дар шартнома бо муштарӣ муқаррар карда мешаванд.

3. Пеш аз оғози хизматрасониҳо ташкилоти қарзии исломӣ ба муштарии худ ҳатман дар бораи талаботи зикргардида, аз ҷумла дар бораи ҳаққи хизмат, меъёри фоида ва дигар хароҷоти иловагии муштарӣ хабар медиҳад.

4. Ташкилоти қарзии исломӣ ӯҳдадор аст интиқоли маблағи муштарӣ ва ба суратҳисоби вай гузаронидани маблағро на дертар аз рӯзи дигари гирифтани ҳуҷҷати дахлдори пардохт амалӣ намояд, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартнома ё ҳуҷҷати пардохт мӯҳлати дигар муқаррар нашуда бошад.

5. Дар сурати дер ё нодуруст ба суратҳисоби муштарии худ гузаронидан ё аз он хориҷ кардани маблағҳои пулӣ, ташкилоти қарзии исломӣ бояд барои ҳар рӯзи таъхир ба муштарӣ аз рӯи маблағи мӯҳлати пардохташ батаъхирафтода мувофиқ ба меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон ҷарима диҳад.

6. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар интихоби ташкилоти қарзии исломӣ озод мебошанд ва метавонанд дар як ё якчанд ташкилотҳои қарзии анъанавӣ ё ташкилотҳои қарзии исломӣ суратҳисоби бонкии худро кушоянд.

7. Ташкилоти қарзии исломӣ ӯҳдадор аст, ки бо талаби аввалини муштарӣ дар бораи доштани иҷозатнома, тартиби гузаронидани амалиёти бонкии исломӣ, дар бораи хавф ва хароҷоти имконпазир, ки бо гузаронидани амалиёт алоқаманданд, инчунин оид ба тавозуни муҳосибавӣ, ҳисобот дар бораи фоида, зиён ва хулосаи аудитории соли гузашта маълумот пешниҳод намояд.

8. Ташкилоти қарзии исломӣ ҳуқуқ надорад меъёри фоидаи қарзҳои додашуда, амонатҳо, пасандозҳо, ҳаққи хизмат ва мӯҳлати амали шартномаҳои бо муштариён басташударо яктарафа тағйир диҳад, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар шартномаи бо муштариён басташуда пешбинӣ гардидаанд.

9. Ташкилоти қарзии исломӣ ҳангоми пешниҳоди қарз ва ё дигар хизматрасонӣ ҳуқуқ надорад дар назди муштарӣ шарт гузорад, ки ба таври ҳатмӣ аз дигар хизматрасониҳои ҳамин ташкилоти қарзии исломӣ ё муассисаҳои он истифода барад.

10. Нисбат ба талаботи ташкилотҳои қарзии исломӣ дар бораи баргардонидани қарзҳои исломии додашуда мӯҳлати панҷсолаи даъво муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 62. Муқаррароти хотимавӣ

 

Муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд» нисбат ба ташкилотҳои қарзии исломӣ дар он қисме татбиқ мегарданд, ки ба муқаррароти Қонуни мазкур мухолифат надошта бошанд.

 

Моддаи 63. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

 

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 64. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

 

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                        Эмомалӣ РАҲМОН

 

ш. Душанбе, 26 июли соли 2014,

№ 1108

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ШИКОР ВА ХОҶАГИИ ШИКОР

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 13/02/2020 - 16:01
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1118
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
26.07.2014

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

ДАР БОРАИ ШИКОР ВА ХОҶАГИИ ШИКОР

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2014, №7, қ. 2, мод. 415)

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодии пешбурди хоҷагии шикорро муайян намуда, муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба истифодабарии устувор, ҳифзу барқароркунии захираҳои ҳайвоноти шикорӣ ва маҳалли сукунати онҳо, инчунин ҳуқуқи бо шикор машғул шудани шаҳрвандон ва ҷамъиятҳои онҳоро танзим менамояд. 

 

БОБИ 1.

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ 

 

Мафҳумҳои асосие, ки дар Қонуни мазкур истифода мешаванд: 

гуногунии биологӣ – шаклҳои гуногуни организмҳои зиндаи мансуб ба ҳама манбаъҳо, аз ҷумла, экосистемаҳои заминӣ, обӣ ва комплексҳои экологӣ, ки организмҳои зинда ҷузъи онҳо буда гуногуниро дар доираи намуд, байни намудҳо ва экосистемаҳо дар бар мегиранд; 

чорабиниҳои биотехникӣ – тадбирҳои таъсиррасонии бевосита ба ҳайвоноти шикорӣ ва муҳити сукунати онҳо (шикоргоҳ) бо мақсади нигоҳ доштан, танзими саршумор ва таркиби намуди ҳайвоноти  шикорӣ дар шароити табиӣ ва сермаҳсул кардани шикоргоҳҳо;

шикори ғайриқонунӣ – шикори ҳайвоноти шикорӣ ва ҳайвоноти ғайришикорӣ бе риояи  талаботи қонунгузорӣ оид ба ҳифзи олами ҳайвонот; 

шаҳодатномаи шикорчӣ – ҳуҷҷате, ки мақоми шикорчиро тасдиқ менамояд;

Фонди шикор – намудҳои олами ҳайвонот (ҳайвоноту паррандаҳои ваҳшӣ), ки дар шароити табиӣ сукунат доранд ва объектҳои шикор ба ҳисоб мераванд;

шикори ҳайвоноти шикорӣ – ҷудо кардани ҳайвоноти шикорӣ аз табиат тавассути паррондан ё дошта гирифтан; 

Китоби сурхи Тоҷикистон – маҷмӯи маълумот оид ба намудҳои нодир, нобудшаванда ё таҳти таҳдиди нобудшавӣ қарордоштаи растаниҳо ва ҳайвонот, ки бо мақсади андешидани чораҳои нигоҳдорӣ, барқароркунӣ ва истифодаи босуботи онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад;

ҳадди камтарини шикор – саршумори ниҳоии ҳайвоноти ҳудуди шикоргоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти сукунати доимӣ ва афзоиши саршумори онҳо; 

бунёди шикоргоҳҳои байнихоҷагӣ – маҷмӯи чорабиниҳо оид ба муайян кардани ҳудуди шикоргоҳҳо ва муқаррар намудани минтақаҳои ҳифзи намудҳои ҳайвоноти шикорӣ; 

мониторинги захираҳои ҳайвоноти шикорӣ – низоми мушоҳидаҳои доимии паҳншавӣ, саршумор, ҳолати ҷисмонии захираҳои ҳайвоноти шикорӣ, таркиби синнусолӣ ва ҷинсии популятсияи ин ё он намуди ҳайвонот, сифат ва масоҳати маҳалли сукунати онҳо; 

меъёрҳои истифодабарӣ – саршумори ниҳоии намудҳои ҳайвоноти шикории намудҳои маҳдуднашудае, ки ҷудо кардани он аз муҳити зисти табиӣ ҷоиз буда, барои шикоргоҳҳои мушаххас ё барои як шикорчӣ дар давраи муайян бо назардошти қобилияти сукунату афзоиши устувор муқаррар карда шудааст; 

ҷамъияти шикорчиён – ташкилоти ихтиёрии ғайритиҷоратии худидораи  аз ҷониби шахсони воқеии (шикорчиёни) дар асоси умумияти манфиат муттаҳидгардида, ки барои амалӣ намудани ҳуқуқ ба шикор ташкил шудааст; 

шикор – намуди фаъолият оид ба истифодаи объектҳои олами ҳайвонот бо роҳи ҷустуҷӯ, таъқиб ва дунболагирӣ кардан бо мақсади ба даст овардани (тавассути дошта гирифтан ё паррондани) ҳайвоноту паррандаҳои ваҳшӣ, ки дар табиат дар ҳолати озод ё дар шароити нимозод мавҷуданд; 

шикорчӣ – шахси воқеӣ, ки шаҳодатномаи шикорчиро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиб гаштааст; 

ҳадди камтарини маълумот оид ба шикор – маҷмӯи маълумоти камтарин оид ба биологияи ҳайвоноти шикорӣ, қоидаву усулҳои шикор, чораҳои бехатарӣ ҳангоми истифодаи силоҳ, масъулияти риоя накардани қоидаи шикор ва дигар масъалаҳои вобаста ба шикор, ки донистани онҳо барои шикорчӣ, истифодабарандаи шикоргоҳ, молики паррандаҳои шикорӣ шарт аст;

хоҷагии шикор – намуди субъекти хоҷагидорӣ оид ба нигоҳдошт ва истифодабарии босуботи ҳайвоноти шикорӣ дар шикоргоҳҳо, афзоишёбии саршумори онҳо ва сермаҳсул гардонидани шикоргоҳҳо; 

егер – шахси масъул, ки роҳбаладии шикор, назорат, ҳифз ва афзунгардонии ҳайвоноти шикориро дар шикоргоҳ таъмин менамояд;

ҳайвоноти шикорӣ – намудҳои олами ҳайвонот (ҳайвоноту паррандаҳои ваҳшӣ), ки дар шароити табиӣ ё дар парваришгоҳҳо сукунат доранд; 

захираи ҳайвоноти шикорӣ – маҷмӯи намуд ва саршумори ҳайвоноти шикорӣ; 

шикоргоҳҳо – ҳудуд ё акваторияҳои марзашон муайяне, ки муҳити сукунати ҳайвоноти шикорӣ буда, ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои шикор ва пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор дар онҳо ҳуқуқ дода мешавад; 

парваришгоҳҳои ҳайвоноти шикорӣ – субъекти хоҷагидоре, ки дар он ҳайвоноти шикориро дар шароити нимозод ё озод бо мақсади минбаъд раҳо кардан ба шикоргоҳ барои шикор кардан ва афзоиш додани саршумори онҳо, ҳамчунин ба мақсади фурӯхтан парвариш мекунанд; 

истифодабарандаи шикоргоҳ – шахси ҳуқуқие, ки барои пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор дар асоси шартнома бо мақоми ваколатдори давлатии соҳаи шикор ва хоҷагии шикор дар шикоргоҳи муайян ҳуқуқ дорад;

банақшагирии хоҷагии шикор – тартиб додани нақшаи хоҷагии шикор оид ба инкишофи босубот ва пешбурди хоҷагии шикор дар шикоргоҳҳо; 

ғанимат – қисми бадани ҳайвонот (калла, калла бо шохаш, шох, дандон, нохун ва пӯст), ки дар табиат бешикор ёфт шудааст; 

маҳсулоти шикор – ҳайвоноти шикорӣ, гӯшт, пӯст, пашм ва дигар маҳсулоти ҳайвоноти шикорие, ки дар рафти шикор ба даст омадааст; 

роҳхати шикор – ҳуҷҷате, ки истифодабарандаи шикоргоҳ ба шикорчӣ барои аз рӯи меъёр шикор кардани намуди ҳайвоноти шикоргоҳе медиҳад, ки дар он ба истифодабарандаи шикоргоҳ ҳуқуқи пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор дода шудааст; 

ҳифзи захираҳои ҳайвоноти шикорӣ – фаъолият оид ба нигоҳ доштани захираҳои ҳайвоноти шикорӣ дар ҳолате, ки имконият медиҳад гуногунии намудӣ, генетикӣ, экосистема ҳифз карда шуда, миқдори популятсияи ин ё он намуди ҳайвоноти шикорӣ, ки барои афзоиши устувори он кофист, боқӣ монад; 

истифодабарии устувори захираи ҳайвоноти шикорӣ – шикори тӯлонии захираи ҳайвоноти шикорӣ ба тарз ва суръате, ки он имкон медиҳад гуногунии биологӣ дар сатҳи намудҳо, популятсия ва гуногунии генетикӣ боқӣ монда, қобилияти қонеъгардонии амалишавии талабот бо роҳи муқаррар намудани саршумори ҳайвоноти шикорӣ бо назардошти омилҳои биологӣ, экологӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ ҳифз шавад;

мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикор – мақоми иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ки дар доираи ваколатҳои худ татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикор амалӣ менамояд. 

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шикор ва хоҷагии шикор

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шикор ва хоҷагии шикор ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. 

 

Моддаи 3. Объектҳои муносибат дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикор

 

1. Объектҳои муносибат дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикор, ки бо Қонуни мазкур танзим мешаванд, ҳайвоноти шикорӣ ва маҳалли сукунати онҳо мебошанд. 

2. Ҳифз ва истифодаи намудҳои ҳайвоноти шикории ба Китоби сурхи Тоҷикистон воридгардида мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. 

 

Моддаи 4. Принсипҳои асосӣ дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикор

 

Принсипҳои асосӣ дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикор инҳоянд:

- истифодабарии устувори захираҳои ҳайвоноти шикорӣ; 

- ҳифз ва афзун намудани саршумори ҳайвоноти шикорӣ; 

- дастрасии баробари ҳамаи шаҳрвандон ба объектҳои шикор бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон; 

- ба ҳуқуқи истифодаи замин ва захираҳои дигари табиӣ вобаста набудани ҳуқуқи шикори объектҳои олами ҳайвонот; 

- норавоии иҷрои ҳамзамони вазифаҳои назорату танзими мақомоти давлатӣ бо фаъолият оид ба истифода бурдани захираҳои шикор;

- иштироки ҷонибҳои манфиатдор дар идораи захираҳои ҳайвоноти шикорӣ; 

- дастрас будани иттилоот дар бораи ҳолати захираи ҳайвоноти шикорӣ ва пешниҳоди он барои истифодаи доираи васеъ; 

- музднок будани истифодаи махсуси захираҳои ҳайвоноти шикорӣ зимни шикори ҳайвоноти ваҳшӣ;

- аз ҷиҳати илмӣ асоснок будани чораҳои ҳифз, афзун гардондан ва истифодаи захираи ҳайвоноти шикорӣ;

- шикори ҳайвоноти шикорӣ бо истифодаи дому олот ва воситаҳои шикорие, ки ҷавобгӯи талаботи тараҳҳуманд ва роҳ надодан ба азобу шиканҷаи ҳайвонот.

 

БОБИ 2.

ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ОИД БА ҲИФЗ ВА ТАНЗИМИ ЗАХИРАҲОИ ҲАЙВОНОТИ ШИКОРӢ

 

Моддаи 5. Идоракунии давлатӣ оид ба ҳифз, афзун  намудан ва истифодаи захираҳои

                     ҳайвоноти шикорӣ  

 

Идоракунии давлатӣ оид ба ҳифз, афзун намудан ва истифодаи захираҳои ҳайвоноти шикории ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикор, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот амалӣ карда мешавад. 

 

Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикор 

 

Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикор мансубанд:

- тасдиқи барномаҳои давлатӣ дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикор ва назорати иҷрои онҳо; 

- қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикор; 

- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикор; 

- муайян намудани номгӯи намудҳои ҳайвоноти шикорӣ;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҳамчунин корхонаҳо, муассисаҳо ва  дигар  ташкилотҳо, сарфи назар аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои истифодаи ҳайвоноти шикорӣ ва маҳалли сукунати онҳо; 

- таъмини иҷрои ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифз ва истифодаи захираи ҳайвоноти шикорӣ; 

- танзими дигар намудҳои истифодабарии табиат бо мақсади ҳифзи захираи ҳайвоноти шикорӣ ва муҳити сукунати онҳо; 

- амалӣ намудани дигар салоҳиятҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Моддаи 7. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикор

 

Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикор (минбаъд – мақоми ваколатдори давлатӣ) дохил мешаванд: 

- татбиқ намудани барномаҳои давлатӣ дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикор; 

- таҳия ва иҷрои барномаҳои таҳқиқоти илмӣ оид ба ҳифз, афзун намудан ва истифодабарии устувори захираи ҳайвоноти шикорӣ;

- андешидани тадбирҳои биотехникӣ дар шикоргоҳҳое, ки дар онҳо шахсони ҳуқуқӣ барои пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор ҳуқуқ надоранд; 

- таъмини амалишавии мунтазами мониторинги ҳолати саршумори ҳайвоноти шикорӣ ва маҳалли сукунати онҳо;

- пешбурди Феҳристи захираҳои ҳайвоноти шикорӣ; 

- ҳамоҳангсозӣ ва иҷрои корҳои марбут ба тартиби шикори байнихоҷагӣ; 

- якҷоя бо хадамоти байтории давлатӣ андешидан ва амалӣ кардани тадбирҳои байторию санитарӣ, чорабиниҳои профилактикӣ оид ба ошкорсозӣ, пешгирии пайдоиш ва густариши бемориҳои гузарандаи ҳайвонот, аз ҷумла бемориҳои барои инсон ва ҳайвонот умумӣ, инчунин андешидани чорабиниҳо барои бартараф намудани онҳо; 

- бо тартиби муқарраргардида ҷамъоварӣ ва мубодилаи маълумоти экологӣ дар доираи системаи иттилооти экологии ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байнидавлатӣ, ҳамкорӣ бо ташкилотҳои хориҷӣ ва байналмилалӣ дар соҳаи фаъолияти хоҷагии шикор;

- назорати давлатӣ оид ба ҳифз ва истифодабарии устувори захираи ҳайвоноти шикорӣ; 

- таъмин намудани мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва аҳолӣ бо иттилоот оид ба ҳолати захираи ҳайвоноти шикорӣ ва маҳалли сукунати онҳо; 

- ҳамоҳангсозии фаъолияти хоҷагиҳои шикор;

- амалӣ намудани дигар ваколатҳо тибқи конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон. 

 

Моддаи 8. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист

 

Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист оид ба шикор ва хоҷагии шикор тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист муайян карда мешаванд.

 

Моддаи 9. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии

                      шаҳрак ва деҳот дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикор 

 

1. Ба ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикор дохил мешаванд: 

- иштирок дар амалӣ намудани барномаҳои давлатии соҳаи шикор ва хоҷагии шикор; 

 - иштирок дар чорабиниҳо оид ба ҳифзи объектҳои олами ҳайвонот ва наҷот додани онҳо дар ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ; 

- мусоидат ба ташкил ва амалӣ сохтани назорати ҷамъиятии шикор; 

- расонидани иттилоот ба аҳолии маҳаллӣ дар бораи чораҳои ҳифзи ҳайвоноти шикорӣ ва маҳалли сукунати онҳо, пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор дар ҳудуди онҳо; 

- ҳамкорӣ бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар ташаккули муносибати байниҳамдигарӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятии маҳаллӣ дар масъалаи нигоҳ доштан ва оқилона истифода бурдани захираи ҳайвоноти шикорӣ. 

2. Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикор ваколатҳои зерин доранд:

- иштирок дар чорабиниҳо оид ба ҳифзи объектҳои олами ҳайвонот ва наҷот додани онҳо дар ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ; 

- иштирок дар ташкил ва амалӣ сохтани назорати ҷамъиятии шикор; 

- истифодаи самараноки маблағи аз ҳисоби шикор бадастомада барои маблағгузорӣ намудани чорабиниҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, рафъи мушкилоти ҳифзи муҳити зист, барқарорсозӣ ва истифодаи босуботи ҳайвоноти шикории маҳал;

- амалӣ намудани дигар ваколатҳо тибқи конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

БОБИ 3.

ИСТИФОДАИ ФОНДИ ШИКОР

 

Моддаи 10. Истифодаи умумӣ ва махсуси Фонди шикор 

 

1. Фонди шикор ба таври умумӣ ва махсус истифода мешавад.

2. Истифодаи умумии Фонди шикор аз истифодаи ҳайвоноти шикорӣ ва хосиятҳои фоиданоки онҳо бо мақсадҳои илмӣ, фарҳангию маърифатӣ, тарбиявӣ, истироҳатӣ (рекреатсионӣ), эстетикӣ ва мақсадҳои дигар бе ҷудо кардани онҳо аз муҳити зисти табиӣ иборат мебошад.

3. Истифодаи умумии Фонди шикор аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ройгон буда, иҷозати махсусро талаб намекунад, агар дар Қонуни мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад. 

 4. Истифодаи махсуси Фонди шикор аз истифодаи ҳайвоноти шикорӣ бо ҷудо кардани онҳо аз муҳити зисти табиӣ иборат мебошад.

 5. Истифодабарандаи шикоргоҳ ҳуқуқи истифодаи махсуси ҳайвоноти шикориро танҳо дар шикоргоҳҳое амалӣ менамояд, ки дар онҳо ба ӯ ҳуқуқи пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор дода шудааст. 

 6. Ҳуқуқи истифодаи махсуси ҳайвоноти шикории намудҳои маҳдуднашуда ба истифодабарандаи шикоргоҳ бо иҷозат пешниҳод гардида, ҳуқуқи истифодаи махсуси ҳайвоноти шикории намудҳои маҳдудшуда бо роҳи ба истифодабарандаи шикоргоҳ додани иҷозатнома пешниҳод карда мешавад. 

 7. Истифодаи махсуси ҳайвоноти шикорӣ аз тарафи истифодабарандаи шикоргоҳ ва шикорчӣ дар асоси роҳхати шикор бо тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур додашуда ва риояи Қоидаҳои шикор амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 11. Истифодабарандаи шикоргоҳ

 

Истифодабарандаи шикоргоҳ  фаъолияти хоҷагии шикорро дар шикоргоҳ дар асоси шартномаи пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор (шартнома дар бораи вобаста кардани шикоргоҳҳо), ки бо мақоми ваколатдори давлатӣ баста шудааст, дигар талабот ва қоидаву меъёрҳои дахлдор муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мекунад. 

 

Моддаи 12. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои истифодабарандаи шикоргоҳ 

 

 1. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои истифодабарандаи шикоргоҳ бо Қонуни мазкур ва шартнома дар бораи пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор (шартнома дар бораи вобаста кардани шикоргоҳҳо) танзим карда мешаванд. 

2. Истифодабарандаи шикоргоҳ ҳуқуқ дорад: 

- фаъолияти хоҷагии шикор, аз ҷумла ҳифзу мониторинг ва истифодаи ҳайвоноти шикориро дар доираи меъёрҳо ва маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба шикор ва дар асоси иҷозатномаи истифодабарии махсуси захираи ҳайвоноти шикорӣ пеш барад; 

- ба шикорчиён барои шикор ба таври музднок роҳхат диҳад; 

- ҳайвонот ё дигар маҳсулоти шикорро соҳибӣ намояд, мавриди коркард қарор диҳад ё фурӯшад; 

- тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба расонидани зарар ба объектҳои олами ҳайвонот ва маҳалли сукунати онҳо санад тартиб диҳад ва ба мақоми ваколатдори давлатӣ  пешниҳод намояд; 

 - ба суд нисбати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки амали онҳо ба истифодабарандаи шикоргоҳ зарари молумулкӣ расонидаанд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон даъво пешниҳод кунад;

- қарори мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳоро, ки ҳуқуқи ӯро вобаста ба шикори объектҳои олами ҳайвонот вайрон мекунанд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят намояд; 

- бо мувофиқаи заминистифодабарандагон ва дар асоси нақшаҳои тасдиқгардидаи хоҷагии шикор оид ба беҳтар кардани ҳолати муҳити зисти объектҳои олами ҳайвонот чораҳо андешад;

- бо дигар истифодабарандагони шикоргоҳ барои пешбурди якҷояи фаъолияти хоҷагии шикор муттаҳид шавад. 

3. Истифодабарандаи шикоргоҳ ӯҳдадор аст: 

- бо фаъолияти хоҷагии шикор танҳо дар асоси нақшаҳои хоҷагии шикор ва мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул шавад; 

- сарҳади шикоргоҳҳоро, ки истифодабаранда барои пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор дар онҳо ҳуқуқ дорад, нишонагузорӣ кунад (сутун шинонад, навиштаҷот часпонад ва ғайра); 

- шикори ҳайвоноти шикориро тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намоянд; 

- ба шикорчиён меъёру қоида ва дигар талаботи дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикор муқаррарнамудаи қонунгузориро фаҳмонад ва риоя шудани онҳоро талаб намояд; 

- шикори ҳайвоноти шикориро бо мақсади ҳифз намудан ва афзун гардонидани саршуморашон мустақилона маҳдуд намояд; 

- шахсони мансабдори мақомоти давлатиро, ки бо тартиби муқарраргардида назорати давлатии шикоргоҳҳоро амалӣ менамоянд ва ҳуқуқи гузаронидани санҷишро доранд, бемамониат ба шикоргоҳ роҳ диҳад ва амрномаҳои баровардашударо сари вақт иҷро намояд; 

- маблағи муқарраргардидаро барои шикори ҳайвоноти шикорӣ  дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқшуда ба буҷети давлатӣ сари вақт пардохт намояд; 

- ба муомилаи бераҳмонаи ҳайвоноти шикоршуда роҳ надиҳад; 

- зарареро, ки бо айби истифодабарандаи шикоргоҳ ба ҳайвоноти шикорӣ ва маҳалли сукунати онҳо расидааст, бо тартиби муқарраргардида ҷуброн намояд;

- дар шикоргоҳҳое, ки ҳуқуқ дорад дар онҳо фаъолияти хоҷагии шикорро ба роҳ монад, мониторинги ҳайвоноти шикорӣ ва муҳити сукунати онҳоро гузаронад, ҳайвоноти шикоргардидаро ба ҳисоб гирад ва маълумоти дахлдорро ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод намояд;

- ба ҳифз ва афзунгардонии саршумори ҳайвоноти шикорӣ мусоидат намояд; 

- мақоми ваколатдори давлатӣ, хадамоти байторӣ ва санитарию эпидемиологиро дар бораи ошкор гардидани беморӣ, бад шудани ҳолати ҳайвоноти шикорӣ бетаъхир огоҳ намояд, оид ба пешгирӣ ва рафъи беморӣ чора андешад ва дар мавриди сар задани офатҳои табиӣ барои наҷот додани ҳайвонот ёрӣ расонад; 

- ҳодисаҳои қонунвайронкуниро ошкор ва бартараф намояд;

- ҳар сол ба мақоми ваколатдори давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба фаъолияти хоҷагии шикор ҳисобот пешниҳод намояд. 

4. Истифодабарандаи шикоргоҳ ҳуқуқ надорад ба пешбурди фаъолияти дигар заминистифодабарандагон, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, монеъ шавад.

 

Моддаи 13. Ҳуқуқ барои пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор дар шикоргоҳҳо

 

1. Ҳамаи шикоргоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ, сарфи назар аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ (аз ҷумла парваришгоҳ, минтақаҳои алоҳидаи паркҳои миллӣ ва табиӣ), фонди шикоргоҳҳо ба ҳисоб рафта, дар ихтиёри мақоми ваколатдори давлатӣ мебошад. Тарҳи ҷойгиршавӣ ва сарҳади шикоргоҳҳо дар доираи сохтори шикоргоҳҳои байнихоҷагӣ муайян карда мешавад. 

2. Ҳуқуқи пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор ба шахсони ҳуқуқӣ бо роҳи бастани шартномаҳо дар бораи пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор доир ба шикоргоҳҳои муайян (шартномаҳо дар бораи вобаста намудани шикоргоҳҳо) мутобиқи тарҳи ҷойгиршавии шикоргоҳҳо, ки  дар доираи шикоргоҳсозии байнихоҷагӣ муайян гардидаанд, дода мешавад. 

3. Шартнома дар бораи пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор бори аввал ба мӯҳлати 10 сол баста мешавад. Дар сурати қоидаҳои шартномаро риоя кардани истифодабарандаи шикоргоҳ онро мақоми ваколатдори давлатӣ пеш аз гузаштани мӯҳлати эътибораш яктарафа бекор карда наметавонад. Иҷрои ӯҳдадориҳо тибқи шартҳои шартномаи вобаста кардани шикоргоҳҳо аз ҷониби истифодабарандаи шикоргоҳ, ки қаблан шикоргоҳҳо ба ӯ вобаста карда шуда буданд, ҳангоми қабул намудани қарор дар бораи ба мӯҳлати нав вобаста кардани шикоргоҳҳои мазкур бартарияти иловагӣ мебошад. Мӯҳлати дуюм то 20 сол буда метавонад. 

4. Шартнома дар бораи пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор дар шикоргоҳҳо дар асоси озмун баста мешавад. 

5. Тартиби гузаронидани озмун ва ба шахси ҳуқуқӣ (истифодабарандаи шикоргоҳ) додани ҳуқуқи пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор дар шикоргоҳи муайян, шакли намунавии шартнома дар бораи  тартиби бастан ва бекор кардани он, ҷуброни хароҷоти мақоми ваколатдори давлатӣ барои гузаронидани озмун ва бастани шартнома аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. 

6. Дар сурати ғайриимкон будани гузаронидани озмун мақоми ваколатдори давлатӣ ҳуқуқ дорад, бе гузаронидани озмун бо истифодабарандаи шикоргоҳ шартнома бандад.

7. Истифодабарандаи шикоргоҳ фаъолияти худро якҷоя бо истифодабарандагони дигари имконпазири ҳудуде амалӣ месозад (чарогоҳ, замини таъиноти кишоварзӣ, фаъолияти туристӣ ва ғайра), ки ба таркиби шикоргоҳҳое, ки ба истифодабарандаи шикоргоҳ ҳуқуқи пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор дар он дода шудааст, шомил аст. Дигар истифодабарандагони замину об, ҷангал ва ҳудудҳои дигаре, ки дар ҳайату таркиби шикоргоҳҳои мазкуранд, ҳуқуқи пешбарии фаъолияти хоҷагии шикор ва ихтиёрдорӣ кардани ҳайвоноти шикориро надоранд. 

 

Моддаи 14. Боздоштан ва қатъ кардани ҳуқуқи пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор

 

1. Ҳуқуқи пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор бо қарори мақоми ваколатдори давлатӣ дар ҳолати шартҳои шартномаро иҷро накардани истифодабарандаи шикоргоҳ боздошта мешавад. 

2. Мӯҳлати боздоштани ҳуқуқи пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

3. Ҳуқуқи пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор дар ҳолатҳои зерин бо роҳи бекор намудани шартнома дар бораи пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор қатъ карда мешавад:

- гирифтани замини шикоргоҳҳо барои эҳтиёҷоти давлатӣ, ки ба пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор мувофиқ нест; 

- барҳам додани истифодабарандаи шикоргоҳ;

- ихтиёран даст кашидани истифодабарандаи шикоргоҳ аз ҳуқуқи пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор;

- гузаштани мӯҳлати шартнома дар бораи пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор, агар минбаъд тарафҳо хоҳиши бастани шартномаро надошта бошанд; 

- бо қабул шудани қарори суд дар мавриди аз ҷониби истифодабарандаи шикоргоҳ риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

4. Истифодабарандаи шикоргоҳ барои иҷро накардани шартҳои шартнома масъул нест, агар онро бинобар ҳолати рафънопазир (форс - мажор) иҷро карда натавонад. 

 

Моддаи 15. Шикор 

 

1. Шикор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шахсони воқеие, ки мақоми шикорчиро доранд, бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

2. Бо силоҳи оташфишон, пневматикӣ ва силоҳи  ҳаводиҳандаи сард, бо паррандаҳои шикорӣ, дом ва олоту воситаҳои дигари шикор дар қитъаҳои табиии махсус муҳофизатшавандае, ки ба таркиби шикоргоҳ дохил нестанд, гаштугузор намудан ба шикор кардан баробар дониста мешавад. 

3. Шикор дар шикоргоҳҳое, ки истифодабарандаи шикоргоҳ ҳуқуқи пешбурди фаъолияти хоҷагии шикорро дар он надорад, манъ аст. 

 

Моддаи 16. Гирифтани роҳхати шикор 

 

1. Ҳуқуқи шикори намудҳои маҳдудшудаи ҳайвоноти шикорӣ аз тарафи истифодабарандаи шикоргоҳ ба шикорчӣ бо роҳи додани роҳхати шикор амалӣ карда мешавад, ки меъёри онро мақоми ваколатдори давлатӣ тавассути иҷозатномадиҳӣ муқаррар менамояд. 

2. Ҳуқуқи шикори намудҳои маҳдуднашудаи ҳайвоноти шикорӣ аз ҷониби истифодабарандаи шикоргоҳ ба шикорчӣ бо роҳи додани роҳхати шикор дар шикоргоҳи муайян дода мешавад. 

3. Намунаи роҳхати шикориро мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар менамояд. 

 

Моддаи 17. Пардохти маблағи роҳхати шикор ва истифодаи он

 

1. Шикори ҳайвоноти шикорӣ музднок мебошад. Пардохти маблағи роҳхати шикор бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешавад. Маблағи пардохти муқарраршуда ҳангоми гирифтани роҳхат барои истифодабарии махсуси ҳайвоноти шикорӣ пурра пардохт карда  шуда, пас гардонида намешавад.

2. Маблағи роҳхати шикор ба тариқи зайл тақсим карда мешавад:

- 40 фоиз ба суратҳисоби махсуси мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти маҳаллӣ ҳайвони шикоргардида барои маблағгузорӣ намудани чорабиниҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, рафъи мушкилоти ҳифзи муҳити зист, барқарорсозӣ ва истифодаи босуботи ҳайвоноти шикории маҳал равона карда мешавад;

- 20 фоиз ба фонди махсуси ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда гузаронида мешавад, агар шикор дар дохил ё наздикии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда анҷом дода шудааст;

- 40 фоиз ба суратҳисоби махсуси мақоми ваколатдори давлатӣ барои иҷрои корҳои вобаста ба ҳифз, мониторинг ва барқарорсозии захираи ҳайвоноти шикорӣ (ба роҳ мондани назорат ва ҳифз, мониторинги ҳайвоноти шикорӣ, шикоргоҳсозии байнихоҷагӣ, устувор намудани заминаи моддию техникӣ) ва хароҷоти дигари ба фаъолияти он алоқманд гузаронида мешавад.

 

Моддаи 18. Ҳуқуқи моликият ба маҳсулоти шикор

 

1. Истифодабарандаи шикоргоҳ ва шикорчиёне, ки ҳуқуқи истифодаи махсус ва шикор кардани ҳайвоноти шикориро доранд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ҳуқуқи моликият ба маҳсулоти шикор мебошанд. 

2. Ҳуқуқи моликият ба ғанимати ҳайвоноти шикорӣ тибқи тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

 

БОБИ 4.

ШИКОРЧӢ

 

Моддаи 19. Шикорчӣ

 

1. Шахсони воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври доимӣ истиқомат карда, бо тартиби муқарраргардида дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодатномаи шикорчӣ ва дар сурати парвариш кардани паррандаҳо ва сагҳои шикорӣ ва шикор намудан бо онҳо бо қайди махсус дода шудааст, шикорчӣ шуда метавонанд.

2. Шахсони воқеии зерин шикорчӣ шуда метавонанд:  

- шахсони воқеии ба синни 18 расида, ки дар шикор намудҳои иҷозатдодашудаи олоти шикор, сагҳо ва паррандаҳои шикориро истифода мебаранд;

- шахсони воқеие, ки мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ» ҳуқуқи соҳиб шудан ба силоҳи оташфишонии шикориро доранд.  

3. Ба шикорчӣ шаҳрванди хориҷие баробар дониста мешавад, ки мувофиқи шартнома бо истифодабарандаи шикоргоҳ ё бо шахси сеюм ба Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан барои шикор кардан омадааст ва дар асоси шартнома манфиати истифодабарандаи шикоргоҳро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мамлакатҳои дигар намояндагӣ менамояд. 

 

Моддаи 20. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шикорчӣ

 

1. Шикорчӣ ҳуқуқ дорад: 

- ҷамъияти шикорчиёнро таъсис диҳад ва узви онҳо шавад; 

- тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикор кунад;

- молики маҳсулоти шикорие бошад, ки бо тартиби муқарраргардида шикор карда шудаанд. 

2. Шикорчӣ ӯҳдадор аст: 

- ҳангоми ба шикор баромадан тибқи талаботи Қонуни мазкур ҳуҷҷатҳоеро, ки барои шикор ҳуқуқ медиҳад, бо худ дошта бошад;

- талаботи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя кунад; 

- дар шикор бо тартиби муқарраргардида танҳо силоҳ ва паррандаҳои шикорӣ, ки барои истифодаи онҳо иҷозат дода шудааст, истифода кунад;

- захираҳои ҳайвонотро аз рӯи меъёри муқарраргардида ва дар ҳудуди шикоргоҳҳои муайяншуда истифода барад; 

- натиҷаи шикорро ба маълумоти истифодабарандаи шикоргоҳе расонад, ки дар ҳудуди он шикор амалӣ гаштааст; 

- ба муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ имконият диҳад, ки ҳайвоноти намудашон маҳдудкардашударо омӯзанд ва намунаҳои илмиро, бе вайрон намудани ҳолати маҳсулоти шикор гиранд;

- ба истифодабарандаи шикоргоҳ ё намояндаи мақоми ваколатдори давлатӣ (бахши сохториаш) мустақилона ё бо роҳи пурсиш оид ба ошкор шудани бемории ҳайвонот ва ҳайвоноти шикории мушоҳидашуда (намуд, миқдор ва ғайра) иттилоъ диҳад.

 

Моддаи 21. Ҷамъияти шикорчиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ҷамъияти шикорчиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсадҳои зерин таъсис дода мешавад:

- ҳифзи манфиатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии шикорчиён;

- гузаронидани чорабиниҳо оид ба ҳифз ва афзун намудани ҳайвоноти шикорӣ;

- ҷалби шаҳрвандон ба шикор ва пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор;

- пешгирӣ кардани шикори ғайриқонунӣ.

 

Моддаи 22. Шаҳодатномаи шикорчӣ 

 

1. Шаҳодатномаи шикорчиро ба шахси воқеӣ ҷамъияти шикорчиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси доштани ҳадди камтарини маълумот оид ба шикор медиҳад.

2. Намунаи шаҳодатномаи шикорчӣ аз рӯи категория (силсила) ва тартиби додан ва гирифтани он аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муайян карда мешавад. 

 

Моддаи 23.Ҳадди камтарини маълумот оид ба шикор 

 

1. Ҳадди камтарини маълумот оид ба шикор асос барои гирифтани шаҳодатномаи шикорчӣ мебошад. 

2. Ҷамъияти шикорчиён дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ ҳадди камтарини маълумот оид ба шикор ва тартиби супурдани имтиҳон аз рӯи ҳадди камтарини маълумот оид ба шикорро таҳия ва тасдиқ менамояд.

 

Моддаи 24. Ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои шикор 

 

1. Шикорчӣ ҳангоми дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шикор кардан, ба истиснои ҳолатҳои дар қисмҳои 2 ва 3 моддаи мазкур пешбинишуда, бояд ҳуҷҷатҳои зеринро бо худ дошта бошад: 

- шаҳодатномаи шикорчӣ; 

- иҷозати нигоҳ доштан ва бо худ гирифта гаштани силоҳи шикорӣ, ки бо тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ» дода шудааст, ба истиснои ҳолатҳои шикор кардан бо олоти шикорие, ки мутобиқи Қонуни мазкур аз ҷумлаи силоҳи шикорӣ намебошад; 

- ҳангоми шикор намудан бо паррандаҳо ва сагҳои шикорӣ шаҳодатномаи шикорчӣ бо қайди махсус ва ҳуҷҷатҳои бақайдгирии онҳо;  

- роҳхати шикор.  

2. Талаботи дар сархатҳои якум ва дуюми қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда ба шаҳрванди хориҷии ба шикорчӣ баробаркардашудае татбиқ намешавад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан иқомат дошта, аз рӯи шартномаи бо истифодабарандагони шикоргоҳ ё бо шахсони сеюм бастааш, ки дар асоси шартнома манфиати истифодабарандагонро дар кишварҳои дигар ҳимоя менамояд, хоҳиши шикор кардан дорад. 

3. Шаҳрванди хориҷии ба шикорчӣ баробаркардашуда, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шикор мекунад, ӯҳдадор аст иҷозати мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои воридоту содироти силоҳи шикории худ, иҷозати мақоми ваколатдори давлатиро барои воридоту содироти паррандаҳои (сагҳои) шикорӣ, ки дар шикор истифода мебарад, дошта бошад.

 

БОБИ 5.

ҚОИДАҲОИ ШИКОР

 

Моддаи 25. Қоидаҳои шикор 

 

1. Асоси шикор Қоидаҳои шикор буда, аз талаботи зерин иборат мебошад:

- усул ва олоти шикор;

- фасли сол (мавсим) ва мӯҳлати шикор; 

- тарз ва воситаҳои шикор ва шикори ҳайвоноти намудҳои муайян; 

- техникаи бехатарӣ; 

- истифодаи маҳсулоти шикор ва ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои маҳсулоти шикор ё маҳсулоти  бо тартиби муқарраргардида ба дастовардашуда; 

- ҷавобгарӣ барои шикори ғайриқонунӣ.

2. Риояи Қоидаҳои шикор барои ҳамаи шикорчиён ҳатмӣ мебошад.

 

Моддаи 26. Усул ва олоти шикор 

 

1. Усул ва олоти шикор бояд ба меъёрҳои байналмилалии шикори тараҳҳумона мутобиқ бошанд.

2. Ба усул ва олоти манъшудаи шикор мансубанд: 

- ба кор бурдани усул ва олоти шикорие, ки дар натиҷаи истифодаи онҳо муайян кардани намуди ҳайвони шикоргардида  имконнопазир гашта, хатари шикори намудҳои ҳайвоноти ваҳшии шикорашон манъшуда вуҷуд дорад; 

-  истифодаи силоҳи ҷангӣ ва лавозимоти он;

- истифодаи асбобҳои нурафкан (равшанидиҳанда), маводи тарканда, доруҳои заҳрноки кимиёвӣ, ширеш ва чоҳ;

- гузоштани дому қапқонҳое, ки дасту по ва гардани ҳайвонро мефишуранд, аз ҷумла барои шикори хирсу гург, силовсину қашқалдоқ ва рӯбоҳ; 

- шикор кардан бо истифода аз чархбол, нақлиёти автомобилӣ ва барфрав;

- истифодаи дастгоҳҳои барқӣ (электрошок).

3. Ба олоти барои шикор иҷозатдодашуда инҳо дохил мешаванд: 

- силоҳи оташфишон бо тири мувофиқ, ки махсус барои шикор пешбинӣ шудааст; 

- банду дом барои ба тарзи анъанавӣ дошта гирифтани тазарв ва кабку бедона; 

- қапқонҳо барои шикори суғур ва ҳайвони дарранда, ба шарте ки ҳайвон зинда монад ва осеб набинад ё зуд кушта шавад; 

- паррандаҳои шикорӣ; 

- сагҳои шикорӣ. 

4. Барои ба дом афтондани ҳайвони шикорӣ бо мақсади илмӣ ва мақсадҳои дигар усулу олотҳои замонавӣ ба кор бурда мешаванд, ки аз онҳо ҳайвони шикоргардида набояд осеб бинад. 

5. Барои ҳамчун олоти шикор истифода бурдани паррандаҳо ва сагҳои шикорӣ мавҷуд будани ҳуҷҷат оид ба қонунӣ дошта гирифтан, ворид намудан ва нигоҳ доштани онҳо талаб карда мешавад.

 

Моддаи 27. Мавсими шикор 

 

Мавсими шикор бо назардошти биологияи ҳайвонот барои зарар надидани устувории популятсияи онҳо ва имконияти шикор бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ аз тарафи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. 

 

Моддаи 28. Дошта гирифтани ҳайвоноти шикорӣ бо мақсадҳои илмӣ ва таълимӣ

 

1. Ҳайвоноти шикорӣ бо мақсади гузарондани таҳқиқоти илмии муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ танҳо дар мавридҳои зарурӣ дар асоси барномаю лоиҳаҳои илмию техникии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи иҷозат, ки мақоми ваколатдори давлатӣ бо тартиби муқарраргардида додааст, дошта гирифта мешаванд. 

2. Маҳсулоти шикор барои таҳқиқоти илмӣ, ҷамъоварӣ ва пурра кардани коллексияҳо, ташкили намоишҳо ва ҳамин гуна эҳтиёҷоти ташкилотҳои илмӣ, таълимӣ, ҳамчунин муассисаҳои фарҳангӣ ва ҳифзи табиат истифода карда мешаванд. 

 

Моддаи 29. Дошта гирифтани ҳайвоноти шикорӣ бо мақсадҳои санитарӣ

 

1. Ҳайвоноти шикориро бо мақсади санитарӣ (барои пешгирии паҳн гардидани бемориҳои сироятӣ) истифодабарандагони шикоргоҳ танҳо дар ҳолатҳои зарурӣ дар асоси экспертизаи хадамоти давлатии байторӣ ва санитарию эпидемиологӣ тибқи иҷозате, ки барои дошта гирифтан мақоми ваколатдори давлатӣ додааст, дошта мегиранд. 

2. Ҳайвоноти ваҳшии баръало аз девонагӣ сироятёфтаро бо мақсади бехатарии санитарӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ безарар гардонидан мумкин аст. 
3. Ҳайвоноти шикории ба мақсади бехатарии санитарӣ дошташуда бо риояи чораҳои бехатарии санитарӣ ба хадамоти  давлатии байторӣ ва хадамоти санитарию эпидемиологӣ барои таҳқиқ ва безарар кардани онҳо супурда мешаванд. 

 

Моддаи 30. Қоидаҳои нигоҳ доштани паррандаҳо ва сагҳои шикорӣ 

 

1. Паррандаҳои шикорӣ бо мақсади истифода ҳангоми шикор, барои ҳифз ва дастгирии анъанаҳои миллии шикор нигоҳ доштан мумкин аст. 

 2. Паррандаҳои шикорӣ аз муҳити сукунаташон ё аз парваришгоҳи бақайдгирифташуда ё аз соҳибони дигари қонунӣ гирифта мешаванд. 

3. Соҳиби паррандаҳо ва сагҳои шикорӣ бояд шаҳодатномаи шикорчии бо қайди махсус дошта бошад, ки донишу малакаи парваришу тарбияи паррандаҳо ва сагҳои шикорӣ ва барои шикор истифода бурдани онҳоро тасдиқ менамояд. 

4. Қоидаҳои нигоҳ доштани паррандаҳо ва сагҳои шикорӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муайян карда мешавад.

 

БОБИ 6.

МОНИТОРИНГ, БАНАҚШАГИРӢ ВА ПЕШБУРДИ ФАЪОЛИЯТИ ХОҶАГИИ ШИКОР

 

Моддаи 31. Мониторинги захираҳои ҳайвоноти шикорӣ 

 

1. Мониторинги захираҳои ҳайвоноти шикорӣ ва маҳалли сукунати онҳо ҳамчун қисми таркибии системаи мониторинги давлатии муҳити зист бо мақсади идоракунии давлатии соҳаи ҳифз намудан, барқароркунӣ ва истифодаи ҳайвоноти шикорӣ ва муҳити сукунати онҳо, ҳифзи гуногунии биологӣ, шикор ва пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор гузаронида мешавад. 

2. Мониторинги захираҳои ҳайвоноти шикориро мақоми ваколатдори давлатӣ, маъмурияти ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва истифодабарандаи шикоргоҳ бо тартиби муқарраргардида мегузаронанд. 

3. Мақоми ваколатдори давлатӣ доир ба намудҳои ҳайвоноти маҳдудшудаи шикорӣ на камтар аз як маротиба дар панҷ сол мониторинги давлатӣ мегузаронад. Маълумоти мониторинги давлатӣ барои муқаррар кардани андозаи маҳдудияти шикори ҳайвоноти шикорӣ истифода бурда мешавад.

4. Истифодабарандаи шикоргоҳ мониторинги истеҳсолии намудҳои асосии ҳайвоноти шикориро аз ҳисоби маблағи худ соле на камтар аз як маротиба мегузаронад. Маълумоти мониторинги истеҳсолӣ ҳангоми муқаррар намудани андозаи маҳдудияти шикори ҳайвоноти шикоргоҳи ҷудогона истифода бурда мешаванд. 

5. Маълумот дар бораи мониторинги давлатии банақшагирифташуда, ҳамчунин натиҷаи мониторингҳои давлатӣ ва истеҳсолӣ барои ҷомеа дастрас буда, дар сомонаи интернетии мақоми ваколатдори давлатӣ ҷойгир карда мешавад. 

6. Тартиби гузаронидани мониторинги захираи ҳайвоноти шикорӣ ва муҳити зисти онҳоро мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд. 

 

Моддаи 32. Ҳисоботи шикори истифодабарандаи шикоргоҳ ва тамғазании ҳайвоноти

                        шикоргардида

 

1. Истифодабарандаи шикоргоҳ вазифадор аст шикори ҳайвоноти шикоргоҳеро, ки дар он ба ӯ ҳуқуқи амалӣ намудани фаъолият оид ба хоҷагии шикор дода шудааст, бо номгӯи намуди ҳайвонот, макону санаи шикор шудан, синни тахминӣ ва ҷинси ҳайвонот ва дигар маълумоти муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ба ҳисоб гирад. 

2. Маълумоти ҳисоботи шикори ҳайвонотро истифодабарандаи шикоргоҳ ба мақоми ваколатдори давлатӣ бо тартиби муқарраршуда пешниҳод менамояд. Маълумоти дар доираи мониторинги ҳайвоноти шикорӣ ба даст омада, нигоҳ дошта ва таҳлил карда мешавад. 

3. Ҳайвоноти сумдори шикорӣ ва намудҳои дигари ба Китоби сурхи Тоҷикистон воридшударо дар маҳалли шикор мақоми ваколатдори давлатӣ бо пломба (бирка, микрочип, доғ ва ғала) тамға мезанад. 

4. Паррандаҳои ваҳшии аз маҳалли сукунаташон дошта гирифташуда ва (ё) дар қафас аз тухм баромада бояд аз ҷониби намояндаи истифодабарандаи шикоргоҳ ё аз ҳисоби онҳо бо ҳалқаи гирифтанашаванда ё микрочип нишондод карда шаванд. Нигоҳдорандаи паррандаи ба домафтода ӯҳдадор аст ҳалқа ва ё микрочипро бемӯҳлат дар парранда нигоҳ дорад. 

5. Пломбаҳо (тамға, ҳалқа, микрочип) предмети намунаи ягонаи давлатии ҳисобашон қатъӣ буда, силсилаю рақамҳои ҳисобгирӣ доранд ва онҳоро мақоми ваколатдори давлатӣ (бахши ҳудудиаш) медиҳад. 

6. Тартиби пломбазаниро мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар менамояд. 

 

Моддаи 33. Кадастри ҳайвоноти шикорӣ 

 

1. Кадастри ҳайвоноти шикорӣ маълумоти мониторингро оид ба маҳалли паҳншавӣ, саршумор ва сохтори популятсия, ҳолати муҳити зист, маҳалли шикор, ҳодисаҳои шикори ғайриқонунӣ, паррандаҳои шикорӣ ва ҳайвоноти дигари шикории аз муҳити сукунаташон дошта гирифташуда ва дигар маълумотро оид ба ҳайвоноти шикорӣ дар бар мегирад.

2. Тартиби пешбурди Кадастри ҳайвоноти шикориро мақоми ваколатдори давлатӣ  тасдиқ менамояд.

3. Истифодабарандаи шикоргоҳ маълумоти кадастриро барои ворид намудан ба Кадастри ҳайвоноти шикорӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод мекунад. 

 

Моддаи 34. Муқаррар кардани меъёр ва маҳдудияти дошта гирифтани ҳайвоноти шикорӣ 

 

1. Бо мақсади таъмини истифодаи устувори ҳайвоноти шикорӣ  меъёр ва маҳдудияти дошта гирифтани онҳо муқаррар карда мешаванд. Барои муқаррар намудани онҳо маълумоти мониторинг, маълумоти манбаъҳои дигар, асоснокии (розигии) муассисаҳои илмӣ асос мебошанд. 

2. Ҳайвоноти шикорӣ вобаста ба шумора ва дараҷаи афзоиши популятсия ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд: 

- намудҳои маҳдуднашуда – намудҳое, ки дошта гирифтани онҳо барои таъмини устувории популятсия бинобар зиёд будани саршумор ва сернаслиашон маҳдудияти аниқро дар шакли ҳисса аз ҳадди калонтарини саршумори популятсияи дар натиҷаи мониторинг муқарраргардида талаб намекунад. Дар баробари ин барояшон меъёри маҳдудкунии шикор ба тариқи муайян намудани мавсими шикор, маҳдуд кардани миқдори роҳхати шикори ҳайвоноти шикорӣ, шикорравӣ аз рӯи як роҳхат ва шикори ҳайвонот дар ин шикорравӣ ва (ё) давраи дигари муайян муқаррар карда мешавад; 

- намудҳои маҳдудшуда – намудҳое, ки дошта гирифтани онҳо барои таъмини устувории популятсия маҳдудияти аниқро дар шакли ҳисса аз ҳадди калонтарини саршумори популятсияи дар натиҷаи мониторинг муқарраргардида талаб мекунад. Намудҳои муайяни ҳайвоноти шикорӣ, аз ҷумла ҳайвоноте, ки ба  Китоби сурхи  Тоҷикистон дохил карда шуда, ба категорияҳои ҳайвоноти «Таҳти хатари нестшавӣ қарордошта» мансубанд, ба ҳайвоноти маҳдудшуда дохил мешаванд.

3. Маҳдудияти шикори ҳайвоноти шикорӣ аз тарафи комиссияи иҷозатдиҳанда, ки дар назди мақоми ваколатдори давлатӣ дар ҳайати намояндагони мақоми ваколатдори давлатӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷамъияти шикорчиён таъсис дода мешавад, муайян карда мешавад. Ҳайати шахсии комиссияро ба мӯҳлати се сол мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар мекунад. Қарори комиссия бо машварат қабул карда мешавад. Қарори комиссия дар бораи муайян кардани маҳдудият аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ қабул карда мешавад. 

4. Номгӯи намудҳои ҳайвоноти шикорӣ, ки барояшон меъёр ва маҳдудияти шикор, ҳамчунин миқдори онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида муқаррар карда мешаванд. 

 

Моддаи 35. Бунёди шикоргоҳҳои байнихоҷагӣ

 

1. Шикоргоҳҳои байнихоҷагӣ бо мақсади таъмини нигоҳдошти саршумор ва барқарор намудани он ва истифодаи оқилонаи ҳайвоноти шикорӣ бунёд карда мешаванд. 

2. Шикоргоҳҳои байнихоҷагӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ, бо истифода аз имкониятҳои худ, ҳамчунин бо ҷалби мутахассисон ва ташкилотҳои махсус бунёд ва фаъолияташон ҳамоҳанг карда мешавад. 

3. Ҳадафи бунёди шикоргоҳҳои байнихоҷагӣ иборат аст аз: 

- муқаррар кардани қитъаҳои ҳифзи намудҳои ҳайвоноти шикорӣ, ки дар онҳо фаъолияти кишоварзӣ ё фаъолияти дигар муваққатан ё доимӣ маҳдуд ё манъ карда мешавад; 

- муайян кардани сарҳади қитъаҳои шикоргоҳ, ки барои фаъолияти кишоварзӣ таъин гардидаанд ва самтҳои афзалиятноки онҳо. 

4. Заминҳои зерин  ба таркиби шикоргоҳҳои байнихоҷагӣ дохил  намешаванд: 

- замини мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ, минтақаҳои алоҳидаи паркҳои табиии давлатӣ (миллӣ), парваришгоҳҳои табиии давлатӣ, минтақаҳои марказии муҳити биосферӣ;

- замини маҳалҳои аҳолинишин ва заминҳои атрофи маҳалҳои аҳолинишин, ки на кам 500 метр аз шаҳракҳо ва 2 км аз маркази ноҳияву шаҳрҳо воқеъ гардидаанд; 

- замини объектҳои саноатӣ, хоҷагӣ, табобатию офиятӣ, ҳарбӣ ва ғайра ва заминҳои 500 метр аз онҳо дуртар ҷойгиршудаи гирду атроф; 

- замини маҳалли истироҳати оммавии аҳолӣ, паркҳо, бӯстонсаройҳо ва заминҳои 500 метр аз онҳо дуртар ҷойгиршудаи гирду атроф.

 

Моддаи 36. Банақшагирии хоҷагии шикор (бунёди шикоргоҳҳои дохилихоҷагӣ) 

 

1. Пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор ба шикори устувори ҳайвоноти шикорӣ асос ёфта, танҳо дар асоси банақшагирии он амалӣ мегардад. 

2. Натиҷаи банақшагирии хоҷагии шикор нақшаҳои зерини хоҷагии шикори истифодабарандагони шикоргоҳ мебошанд: 

- нақшаи миёнамӯҳлати фаъолияти хоҷагии шикор (на камтар аз 5 сол); 

- нақшаи ҳарсолаи гузаронидани чорабиниҳои хоҷагии шикор. 

3. Тартиби ташкил ва амалигардонии банақшагирии фаъолияти хоҷагии шикор, шаклҳои нақшаи миёнамӯҳлати хоҷагидорӣ ва нақшаи ҳарсолаи чорабиниҳои он аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар карда мешавад. 

 

Моддаи 37. Пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор

 

1. Пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор иборат аст аз: 

- банақшагирии фаъолияти хоҷагии шикор;

- мониторинги истеҳсолӣ;

- мусоидат намудан ба ҳифз ва афзоиши захираи ҳайвоноти шикорӣ;

- андешидани тадбирҳо дар хусуси ба соҳаи кишоварзӣ зарар нарасонидани ҳайвоноти шикорӣ; 

- ташкил ва амалӣ кардани назорати истеҳсолии шикоргоҳ;

 - ташкили фаъолияти егерӣ; 

- ташкили шикори ҳайвоноти шикорӣ; 

- амалӣ намудани ҳуҷҷатгузорӣ.

2. Истифодабарандаи шикоргоҳ бояд ҳуҷҷатҳои зеринро дошта бошад: 

- шартнома дар бораи пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор бо замимаҳояш;

- нақшаи идоракунии хоҷагии шикор ва нақшаи ҳарсолаи гузаронидани чорабиниҳои хоҷагии шикор;

- шаҳодатномаи шикорчӣ; 

- қоидаҳои тартиботи дохилии хоҷагии шикор. 

3. Истифодабарандаи шикоргоҳ бо мақсади ҳифз, барқароркунии саршумор ва шикори босуботи ҳайвоноти шикорӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳои тартиботи дохилии хоҷагии шикорро муқаррар менамояд, ки онҳо будубоши шаҳрвандонро дар ҳудуди шикоргоҳи дар ихтиёрдоштаи истифодабаранда танзим мегардонанд. Қоидаҳои тартиботи дохилии хоҷагии шикор бо фармони истифодабарандаи шикоргоҳ ба расмият дароварда мешаванд ва бояд барои ҳар шахси манфиатдор дастрас бошанд.

4. Қоидаҳои тартиботи дохилӣ масъалаҳои зеринро дар бар мегиранд: 

- маълумот дар бораи муқаррар намудани ҳудуди шикоргоҳ бо нишон додани сарҳади қитъаҳои шикор, минтақаҳои ҳифзи намудҳои ҳайвоноти шикорӣ, афзоишёбӣ бо зикри насаб, ном ва номи падари кормандон ва қитъаҳои онҳо; 

- қоидаҳои ба шикоргоҳ омадан ва шикор кардан; 

- номгӯи объектҳое, ки дар онҳо шикор кардан иҷозат дода шудааст ва нархномаи хизматрасонӣ;

- номгӯи кормандоне, ки назорати истеҳсолии шикорро ба зимма доранд; 

- дигар маълумоти дахлдор.

5. Истифодабарандаи шикоргоҳ ҳар сол ба мақоми ваколатдори давлатӣ (ё ба бахши сохториаш) ҳисобот пешниҳод мекунад, ки он дорои маълумоти зерин мебошад: 

- натиҷаи баҳисобгирии саршумори намудҳои асосии ҳайвоноти шикорӣ ва дигар ҳайвоноте, ки ба Китоби сурхи Тоҷикистон ворид кардашуда, дар шикоргоҳ сукунат доранд; 

- маълумоти ба шикоргоҳ (қитъаи шикор) омадани шикорчиён, хароҷоти иҷозати шикор ва шикори ҳайвоноти шикорӣ; 

- маълумот дар бораи чорабиниҳои биотехникӣ ва муҳофизатии гузаронидашуда.

6. Ҳисобот бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод карда мешавад. 

 

Моддаи 38. Нигоҳдорӣ, ҳифз ва барқароркунии саршумори ҳайвоноти шикорӣ 

 

1. Бо мақсади нигоҳдории захираи ҳайвоноти шикорӣ, кам нашудан ва барқароркунии саршумори онҳо ва барои муҳайё сохтани шароити мусоид ҷиҳати афзоиши табиии саршумори онҳо истифодабарандаи шикоргоҳ, минтақаҳои нигоҳдории намудҳои ҳайвоноти шикорӣ ва қитъаҳои афзоишёбиро муқаррар мекунад ва тадбирҳои биотехникӣ мегузаронад. 

2. Чорабиниҳои биотехникӣ аз инҳо иборатанд: 

- мусоид гардонидани муҳити зисти ҳайвоноти шикорӣ бо роҳи беҳтар намудани сифати шикоргоҳҳо, беҳтар намудани хусусиятҳои ғизонокӣ, ҳифз ва барои лонагузорӣ мувофиқ будани онҳо; 

- муваққатан беҳтар кардани шароити зисти ҳайвоноти шикорӣ;

- наҷот додани ҳайвонот ҳангоми фалокати табиӣ, аз ҷумла дар шароити душвору вазнини обу ҳаво муваққатан бо хӯрокворӣ таъмин намудани онҳо; 

- чораҳои байторию пешгирикунанда, ки барои беҳдошти популятсияи намудҳои ҳайвоноти шикорӣ ва пешгирии эпизоотӣ истифода мешаванд; 

- бо роҳи сунъӣ парвариш кардани ҳайвоноти шикорӣ барои минбаъд ба шикоргоҳ сар додани онҳо; 

 - ба ҳадди ҷоиз расонидани саршумор ва сифати намудҳои ҳайвоноти шикорӣ.

3. Чорабиниҳои биотехникиро вобаста ба талабот ва шароити маҳаллии биотехникӣ истифодабарандаи шикоргоҳ дар шикоргоҳе мегузаронанд, ки барои пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор дар он ҳуқуқ дорад. 

 

Моддаи 39. Ҳифзи ҳайвоноти шикорӣ ва пешгирии нобудшавии онҳо ҳангоми амалӣ

                        намудани фаъолияти кишоварзӣ ё фаъолияти дигар, рух додани ҳолатҳои

                        фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ

 

1. Ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти кишоварзӣ ва ё корҳои дигаре, ки ба ҳолати ҳайвоноти шикорӣ ва шароити (маҳалли) сукунати онҳо таъсир мерасонад ё расонда метавонанд, оид ба ҳифзи ҳайвоноти шикорӣ ва муҳити зисташон, шароити афзоиши саршумори онҳо ва роҳҳои ҳиҷраташон, пешгирии беморӣ ва талафи ҳайвоноти шикорӣ чораҳо андешида мешаванд. 

2. Истифодабарандаи шикоргоҳ ва дигар шахсони дахлдор ҳангоми рӯй додани ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ ӯҳдадоранд барои наҷот додани ҳайвоноти шикорӣ чораҳо андешанд. 

 

Моддаи 40. Маҳдуд кардани ҳуқуқи истифодабарандагони замин ва захираҳои дигари табиӣ

                        бо мақсади нигоҳдории ҳайвоноти шикорӣ  ва муҳити сукунати онҳо ва

                        пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор

 

Бо мақсади нигоҳдории ҳайвоноти шикорӣ ва муҳити сукунати онҳо ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолияти кишоварзӣ ва ғайра (аз ҷумла чаронидани чорво ва алафдаравӣ) машғул шудани истифодабарандагони замин ва захираҳои дигари табиӣ пурра ё қисман бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд карда мешавад.

 

БОБИ 7.

НАЗОРАТ ДАР СОҲАИ ШИКОР ВА ХОҶАГИИ ШИКОР

 

Моддаи 41. Намудҳои назорат дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикор

 

1. Назорат дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикор аз назорати давлатӣ, назорати истеҳсолӣ ва назорати ҷамъиятӣ иборат буда, тибқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. 

2. Назорати давлатӣ дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикор аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ (бахшҳои сохтории минтақавии он) амалӣ карда мешавад. Номгӯи шахсони мансабдоре, ки назорати давлатӣ дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикорро ба зимма доранд, бо қарори мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда мешавад.

3. Назорати истеҳсолиро дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикор истифодабарандагони шикоргоҳ дар ҳудуди шикоргоҳҳое, ки ҳуқуқи пешбурди фаъолияти хоҷагии шикорро доранд анҷом медиҳанд. Номгӯи кормандони масъули назорати истеҳсолӣ дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикор бо қарори истифодабарандаи шикоргоҳ тасдиқ карда мешавад. 

4. Назорати ҷамъиятиро дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикор шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дахлдор амалӣ менамоянд.  

 

Моддаи 42. Назорати риоя шудани шартномаҳо аз тарафи истифодабарандаи шикоргоҳ 

 

1. Назорати риояи шартҳои шартномаи пешбурди фаъолияти хоҷагии шикорро аз ҷониби истифодабарандаи шикоргоҳ мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ менамояд.

2. Мақоми ваколатдори давлатӣ аз рӯи зарурат дурустӣ ва сифати ҳисоботу ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаи истифодабарандаи шикоргоҳро оид ба иҷрои шартҳои шартномаи пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор месанҷад. Аз рӯи натиҷаи санҷиш санад тартиб дода, оид ба бартараф намудани норасоиҳо ва ҳуқуқвайронкунӣ қарор қабул карда мешавад. Истифодабарандаи шикоргоҳ оид ба иҷрои қарор мақоми ваколатдори давлатиро хаттӣ огоҳ месозад. 

3. Дар сурати ба олами ҳайвонот зарар расонидани истифодабарандаи шикоргоҳ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. 

 

Моддаи 43. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои шахсони мансабдоре, ки назорати давлатӣ дар соҳаи шикор

                        ва хоҷагии шикорро амалӣ менамоянд

 

1. Шахсони мансабдори мақоми ваколатдори давлатӣ, ки назорати давлатӣ дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикорро амалӣ менамоянд, нозирони давлатӣ дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикор мебошанд. 

2. Роҳбари мақоми ваколатдори давлатӣ сарнозири давлатӣ оид ба назорати шикори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. 

3. Нозирони давлатии шикор ҳуқуқ доранд: 

- вориди корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, бозорҳо ва  мақомоти давлатӣ шаванд ва бо ҳуҷҷатҳо, натиҷаи таҳлилҳо, маводи дигари барои иҷрои вазифаҳояшон зарурӣ  шинос шаванд;

- риоя шудани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифз, барқароркунӣ ва истифодаи объектҳои олами ҳайвонот, шартҳои шартномаи пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор аз ҷониби истифодабарандаи шикоргоҳро бо тартиби муқарраргардида мавриди санҷиш қарор диҳанд; 

- дар бораи бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳо дастур диҳанд; 

- доир ба риоя нашудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодабарии табиат санад тартиб диҳанд; 

- қонуншиканонро боздоранд, азназаргузаронии шахсӣ ва чизу чораро анҷом диҳанд, ашё ё олоти содир шудани қонуншиканӣ (аз ҷумла ҳайвоноти ғайриқонунӣ шикоргардидаро) гиранд, воситаҳои нақлиётро аз назар гузаронанд; 

- парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро дар соҳаи ҳифз, барқароркунӣ ва истифодаи объектҳои олами ҳайвонот баррасӣ намуда, шахсони гунаҳкорро ба ҷавобгарӣ кашанд, оид ба ҷуброни зарари ба олами ҳайвонот ва наботот расондаашон даъво пешниҳод намоянд, ҳангоми зарурат парвандаро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва суд барои баррасӣ супоранд: 

- силоҳи хизматӣ ва таҷҳизоту воситаҳои махсусро ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ доранд, бо худ гирифта гарданд ва истифода намоянд; 

- тибқи қоидаҳои тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон либоси хидматии дорои нишонаҳои фарқкунандаро пӯшида гарданд; 

- корҳои истифодабарии объектҳои олами ҳайвонотро, ки бо вайрон намудани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешаванд, манъ намоянд; 

- корҳои истифодабарии захираҳои табииро, ки бо дағалона ё мунтазам риоя нагардидани стандартҳо, меъёрҳо қоидаҳои ҳифз ва истифодаи захираҳои табиӣ, кор фармудани дастгоҳу иншооти таъиноти ҳифзи табиат амалӣ мешаванд, манъ намоянд ва боздоранд; 

- воридоту содирот, баровардан, ба шикоргоҳ сар додану ҷойгир кардан ва мӯътодонидани ҳайвоноту набототеро, ки ба объектҳои олами набототу ҳайвоноти ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар расонида метавонанд, манъ кунанд; 

- тадбирҳои дигареро бо мақсади иҷрои Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи муҳити зист ва истифодабарии табиат аст андешанд. 

4. Нозирони давлатии шикор ӯҳдадоранд: 

- зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоянд; 

- нисбат ба шахсони санҷишшаванда хушодобу хушмуомила бошанд; 

- ба кормандони истифодабарандаи шикоргоҳ дар хусуси назорати истеҳсолӣ дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикор инчунин ба шахсоне, ки назорати ҷамъиятро дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикор ба зиммаашон аст, мусоидат намоянд. 

 

Моддаи 44. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои шахсоне, ки назорати истеҳсолӣ дар соҳаи шикор ва хоҷагии

                        шикорро амалӣ менамоянд

 

1. Шахсоне, ки назорати истеҳсолӣ дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикорро амалӣ менамоянд, ҳуқуқ доранд:

- оид ба вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шикор ва хоҷагии шикор санад тартиб диҳанд; 

- шахси ҳуқуқвайронкунӣ содирнамударо дастгир намуда, азназаргузаронии шахсӣ ва чизу чораро анҷом диҳанд, ашё ва олоти содир шудани ҳуқуқвайронкунӣ (аз ҷумла объектҳои табиии ғайриқонунӣ дошта гирифта)-ро гиранд, воситаҳои нақлиётро аз назар гузаронанд. 

2. Кормандони истифодабарандаи шикоргоҳ, ки назорати истеҳсолӣ дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикорро амалӣ менамоянд, ӯҳдадоранд: 

- санадҳои вайрон карда шудани қонунгузорӣ дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикор ва ашёву олоти содиршавии ҳуқуқвайронкунӣ, аз ҷумла объектҳои ғайриқонунӣ шикоргардида ва маҳсулоти дигари шикорро ба мақоми ваколатдори давлатӣ (бахшҳои сохториаш) супоранд; 

- оид ба тамоми ҳодисаҳои вайрон карда шудани қонунгузории дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикор ба мақоми ваколатдори давлатӣ (бахшҳои сохториаш) иттилоот пешниҳод намоянд.

 

Моддаи 45. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои шахсоне, ки назорати ҷамъиятӣ дар соҳаи шикор ва хоҷагии

                        шикорро амалӣ менамоянд

 

1. Шахсоне, ки назорати ҷамъиятӣ дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикорро амалӣ менамоянд, ҳуқуқ доранд:

- ҳолатҳои вайрон кардани қонунгузориро дар соҳаи ҳифз, барқароркунӣ ва истифодабарии объектҳои олами ҳайвонот зимни тартиб додани санади намунаи дилхоҳ ба қайд гиранд;

- иҷрои қонунгузории соҳаи ҳифз, барқароркунӣ ва истифодабарии объектҳои олами ҳайвонотро таҳти назорат гиранд; 

- бо мақоми ваколатдори давлатӣ (бахшҳои сохториаш) барои пешбурди фаъолияташон ҳамкорӣ намоянд. 

2. Шахсоне, ки назорати ҷамъиятӣ дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикорро амалӣ менамоянд, ӯҳдадоранд: 

- санадҳои вайрон кардани қонунгузории соҳаи ҳифз, барқароркунӣ ва истифодабарии объектҳои олами ҳайвонот тартиб додаро ба мақоми ваколатдори давлатӣ супоранд; 

- барои дурустии маълумоти вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифз, барқароркунӣ ва истифодабарии объектҳои олами ҳайвонот масъулият доранд.

 

БОБИ 8.

МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 46. Муқаррароти интиқолӣ

 

1. Ҳуқуқи шикори ҳайвоноти шикорӣ, ки ба он истифодабарандаи шикоргоҳ дар асоси иҷозати шикори объектҳои олами ҳайвонот то мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур гирифтаашон соҳиб гаштаанд, то гузаштани мӯҳлати амали иҷозати мазкур, эътибор дорад. 

2. Шартнома дар бораи вобаста кардани шикоргоҳе, ки пеш аз мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур баста шудаанд, то анҷом ёфтани мӯҳлати дар шартнома зикршуда эътибор дорад. 

 

Моддаи 47. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур 

 

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. 

 

Моддаи 48. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

 

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти 

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                        Эмомалӣ  РАҲМОН

 

ш. Душанбе, 26 июли соли 2014,

№1118

 

 

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  ДАР БОРАИ АДАБИЁТИ ТАЪЛИМӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 13/02/2020 - 16:04
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1122
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
26.07.2014
 
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ АДАБИЁТИ ТАЪЛИМӢ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2014, №7. қ.2  , мод.419; соли 2021, №12, қ.2, мод.711)
Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми апрели соли   2014, №1473   (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  соли 2014  , № 4 , моддаи 200) қабул гардидааст.
                                                                 Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17-уми июли  соли 2014,№709    (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2014, №7қ.2, моддаи 465) ҷонибдорӣ гардидааст.
 
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба таҳия ва нашри адабиёти таълимӣ ба танзим дароварда, кафолат ва талаботи давлатиро ба адабиёти таълимӣ муайян менамояд.
 
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
    Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
    Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин  истифода мешаванд:
- адабиёти таълимӣ – асарҳои хаттӣ ва чопӣ, ки ҳамчун воситаи таълимӣ барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот, такмили ихтисос, бозомўзӣ ва таҳсилоти иловагӣ интишор меёбанд;
- адабиёти таълимии асосӣ – нашрияҳои таълимие, ки нишони мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм ва (ё) шўроҳои илмию методии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро доранд; (ҚҶТ аз 23.12.2021с. №1837)
- адабиёти таълимии иловагӣ – нашрияҳои таълимие, ки барои омўзиши амиқи фанни мушаххас дорои маводи иловагӣ ба барномаи таълимӣ мебошанд;
- адабиёти таълимии электронӣ маҷмўи иттилооти графикӣ,  матнӣ, рақамӣ, нутқӣ, мусиқавӣ, тасвириву бисёррасонавӣ барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ки дар шаклҳои гуногуни электронӣ мавҷуданд;
- захираи электронии (рақамии) таълимӣ – маводи таълимие, ки дар таҷҳизоти электронӣ ё компютер маҳфуз мебошанд;
- нашрияи таълимӣ – нашрияе, ки барои истифода дар раванди таълиму тарбия аз рўйи барномаи таълимии мушаххас барои ноил шудан ба мақсади муайяни таълим нашр гардидааст;
- нишони мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф дар адабиёти таълимӣ – нишоне, ки мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм ба нашрияи таълимии ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот ҷавобгў додааст; (ҚҶТ аз 23.12.2021с. №1837)
- нишони шўроҳои илмию методии муассисаҳои таълимӣ дар адабиёти таълимӣ – нишоне, ки шўроҳои илмию методии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ба нашрияи таълимии ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот дар соҳаҳои дахлдор ҷавобгў додаанд;
- экспертизаи сифати адабиёти таълимӣ – арзёбии мутобиқати адабиёти таълимӣ ба стандартҳои давлатии таҳсилот, талаботи ба сатҳи омодагии хатмкунандагони зинаи дахлдори таҳсилот тасдиқгардида, дастовардҳои муосири илмӣ бо назардошти барномаи таълимӣ ва имконияти  худомўзӣ, инчунин талабот нисбат ба сохтор ва дастгоҳи усулии адабиёти таълимӣ мутобиқи хусусиятҳои синнусолӣ ва равонии таълимгирандагон;
- фармоишгари экспертизаи сифати адабиёти таълимӣ – мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, нашриёт, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва дигар ташкилотҳои ғайритиҷоратию шаҳрвандони ташаббускори экспертиза;
- ҳадди ақалли ҳатмии мазмуни барномаҳои таълимӣ  – мазмуни ҷамъбастшудаи илму дониш, ки муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ уҳдадоранд ба таълимгирандагон пешниҳод намоянд;
- ҳадди ақалли номгўйи давлатии адабиёти таълимӣ – миқдори  кофии номгўйи адабиёти таълимӣ, ки барои азхудкунии ҳадди ақалли ҳатмии мазмуни барномаҳои таълимии зинаҳои таҳсилот дар муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ зарур мебошад.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи  адабиёти таълимӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи адабиёти таълимӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Асосҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи адабиёти таълимӣ
Сиёсати давлатӣ дар соҳаи адабиёти таълимӣ ба дурнамо, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои давлатии рушди соҳаи маориф ва илм асос меёбад. (ҚҶТ аз 23.12.2021с. №1837)
Моддаи 4. Принсипҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи адабиёти таълимӣ
Ба принсипҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи адабиёти таълимӣ мансубанд:
- мутобиқат ба раванди муттасили таълиму тарбия;
- пешниҳоди ҳадди ақалли номгўйи давлатии адабиёти таълимӣ ба cубъектҳои раванди таълиму тарбия;
- бо адабиёти таълимӣ таъмин кардани таълимгирандагони ятиму бепарастор, кўдакони имконияташон маҳдуд, маъюбон ва дигар шахсони муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- кафолати дастрасии озоди адабиёти таълимии фондҳои китобхонаҳои муассисаҳои таълимии давлатӣ ва дигар китобхонаҳои дастраси умум;
- бо озмун таъмин намудани интихоби таҳия, нашр ва нашри такрории адабиёти таълимӣ дар доираи ҳадди ақалли номгўйи давлатии адабиёти таълимӣ;
- мутобиқати адабиёти таълимии нашршаванда ба меъёрҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва илм; (ҚҶТ аз 23.12.2021с. №1837)
- риояи муттасилӣ ва инноватсионӣ дар масъалаҳои таҳия, нашр ва нашри такрории адабиёти таълимӣ;
- таъмини нашри теъдоди зарурии ҳадди ақалли номгўйи давлатии адабиёти таълимӣ мутобиқ ба шумораи таълимгирандагон ва дурнамои афзоиши онҳо;
- кафолати пардохти ҳаққи хизмат барои таҳия, мураттибӣ, тақриз, тарҷума, нашр ва нашри такрории адабиёти таълимӣ.
Моддаи 5. Кафолати давлатӣ дар соҳаи адабиёти таълимӣ
Дар соҳаи адабиёти таълимӣ давлат инҳоро кафолат медиҳад:
- ҳуқуқи муаллифон ба иштироки баробар дар озмунҳои таҳия, нашр ва нашри такрории адабиёти таълимӣ, аз ҷумла дар доираи ҳадди  ақалли номгўйи давлатии адабиёти таълимӣ;
- нашр ва хариди адабиёти таълимӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- баргузории озмунҳои кушод барои таҳия, нашр ва таъмин бо адабиёти таълимӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ;
- ҳифзи истифодабарандагон аз адабиёти таълимии бесифат тавассути қабули стандартҳои давлатӣ барои нашрияҳои таълимӣ ва экспертизаи ҳатмии онҳо.
БОБИ 2. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ СОҲАИ АДАБИЁТИ ТАЪЛИМӢ
Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёти таълимӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёти таълимӣ чунин салоҳият дорад:
- дар доираи маблағҳои буҷети давлатӣ хароҷотро барои таҳия, нашр, экспертиза ва дастрас намудани адабиёти таълимӣ тасдиқ мекунад;
- меъёри таъмини субъектҳои раванди таълиму тарбияро бо адабиёти таълимӣ тасдиқ мекунад;
- ҳадди ақалли номгўйи давлатии адабиёти таълимиро тасдиқ менамояд;
- бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илмтеъдоди умумии адабиёти таълимиро тасдиқ карда, номгўйи онро ба рўйхати таъминоти мол барои эҳтиёҷоти давлатӣ дохил менамояд; (ҚҶТ аз 23.12.2021с. №1837)
- низомномаи намунавиро оид ба таҳия, экспертиза ва нашри адабиёти таълимӣ тасдиқ менамояд;
- барномаҳои давлатӣ ва байналмилалиро оид ба нашри адабиёти таълимӣ тасдиқ менамояд;
- дигар ваколатҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.
Моддаи 7. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илмвобаста ба соҳаи адабиёти таълимӣ
Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм вобаста ба соҳаи адабиёти таълимӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- сиёсати давлатиро дар соҳаи адабиёти таълимӣ амалӣ мегардонад;
- низомномаи намунавиро оид ба таҳия, экспертиза ва нашри адабиёти таълимӣ таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод менамояд;
- барномаҳои давлатӣ ва байналмилалиро оид ба нашри адабиёти таълимӣ амалӣ мегардонад;
- дар зинаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбӣ номгўйи ихтисосҳои  афзалиятнокро, ки мутобиқи он нашри адабиёти таълимӣ амалӣ карда мешавад, тасдиқ менамояд;
- барои нашри адабиёти таълимӣ озмунҳо доир намуда, баҳри бо адабиёти таълимӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ дар озмунҳои байналмилалӣ иштирок менамояд;
- натиҷаҳои тасдиқгардидаи озмунҳоро оид ба таҳия ва нашри адабиёти таълимӣ тибқи талаботи муқарраргардида дар воситаҳои ахбори омма интишор менамояд;
- қоидаҳо, меъёрҳо, тавсияҳо ва таклифҳоро оид ба таъмини соҳаи маориф ва илм бо адабиёти таълимӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ мекунад; (ҚҶТ аз 23.12.2021с. №1837)
- дастрасии адабиёти таълимиро барои субъектҳои раванди таълиму тарбия мутобиқи Қонуни мазкур таъмин менамояд;
- мутобиқи талаботи низоми таълими кредитӣ ва таҳсилоти фосилавӣ усули дастрасии адабиёти таълимиро муайян менамояд;
- адабиёти таълимии нашргардидаро бо мақсади таъмини дастрасии озоди шаҳрвандон дар сомонаи интернетӣ ҷойгир мекунад;
- дар доираи маблағҳои буҷети давлатӣ хароҷотро барои таҳия, экспертиза, нашр ва дастрасии адабиёти таълимӣ таҳия менамояд;
- талаботи ягонаро оид ба таъминот бо адабиёти таълимӣ таҳия ва тасдиқ намуда, ҳангоми иҷозатномадиҳӣ ва аккредитатсияи муассисаҳои таълимӣ иҷрои онҳоро назорат мекунад;
- нишондиҳандаи ҳадди ақалли номгўйи давлатии адабиёти таълимиро ба сифати яке аз меъёрҳо ҳангоми иҷозатномадиҳӣ ва аккредитатсияи муассисаҳои таълимӣ истифода мебарад;
- такмили ихтисоси муаллифони адабиёти таълимиро ташкил менамояд;
- номгўйи давлатии адабиёти таълимиро тасдиқ мекунад;
- як моҳ пеш аз оғози соли молиявӣ дар воситаҳои ахбори омма номгўйи давлатии адабиёти таълимиро, ки соли оянда нашр мешавад, интишор менамояд;
- фармоишгари давлатӣ барои нашри китобҳои дарсӣ ва воситаҳои таълимии ба номгўйи давлатии адабиёти таълимӣ дохилшуда мебошад;
- дигар ваколатҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ мегардонад.
Моддаи 8. Ваколатҳои вазорату идораҳо, ки дар сохтори худ муассисаҳои таълимиву тарбиявӣ доранд, дар соҳаи адабиёти таълимӣ
Вазорату идораҳое, ки дар сохтори худ муассисаҳои таълимиву тарбиявӣ доранд, дар соҳаи адабиёти таълимӣ дорои ваколатҳои зерин мебошанд:
- барои муассисаҳои таълимии сохтории худ адабиёти таълимии асосиро таҳия карда, онро бо тартиби муқарраршуда барои тасдиқ ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм пешниҳод менамоянд;
- маблағгузории муассисаҳои таълимии сохтории худро барои нашр, нашри такрорӣ ва дастрасии адабиёти таълимии асосӣ ва иловагӣ аз ҳисоби маблағҳои худ таъмин менамоянд;
- ба нашри адабиётҳои илмию таълимии тахассусӣ ва соҳавӣ мусоидат менамоянд; (ҚҶТ аз 23.12.2021с. №1837)
- барои соҳаҳои дахлдор фармоишгари экспертизаи сифати адабиёти таълимӣ мебошанд;  
- дигар ваколатҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ мегардонанд.
Моддаи 9. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи адабиёти таълимӣ
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи адабиёти таълимӣ дорои ваколатҳои зерин мебошанд:
- дар доираи имкониятҳои худ муассисаҳои таълимиро бо адабиёти таълимӣ таъмин мекунанд;
- ба таълимгирандагони ятиму бепарастор, кўдакони имконияташон маҳдуд, маъюбон ва дигар шахсони муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмин намудани онҳо бо адабиёти таълимӣ имтиёзҳои иловагӣ муқаррар менамоянд;
- дигар ваколатҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ мегардонанд.
Моддаи 10. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии идоракунии маориф ва илм дар соҳаи адабиёти таълимӣ
Мақомоти маҳаллии идоракунии маориф  ва илм дар соҳаи адабиёти таълимӣ дорои ваколатҳои зерин мебошанд: (ҚҶТ аз 23.12.2021с. №1837)
- таъминот бо адабиёти таълимӣ ва дастрасии онро дар муассисаҳои таълимии мақоми маҳаллидошта, новобаста ба шакли ташкиливу ҳуқуқӣ, аз нуқтаи назари гурўҳҳои таълимгирандагон ва забони таълим таҳлил мекунанд ва ба ҳисоб мегиранд;
 - тартиби аз нав тақсим кардани адабиёти таълимии нашршударо дар байни муассисаҳои таълимӣ муқаррар менамоянд;
- дигар ваколатҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ мегардонанд.
Моддаи 11. Вазифаҳои муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи адабиёти таълимӣ
Муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи адабиёти таълимӣ вазифадоранд:
- таълимгирандагонро тавассути идораи самараноки захираҳои молиявӣ ва моддиву техникии муассисаи таълимӣ тибқи стандартҳои давлатии таҳсилот бо адабиёти таълимӣ таъмин намоянд;
- усулҳои инноватсионии таъмини таълимгирандагонро бо адабиёти таълимӣ ҷорӣ намоянд;
- раванди таълимро дар низоми таълими кредитӣ ва таҳсилоти фосилавӣ бо захираи электронии (рақамии) таълимӣ таъмин намоянд;
- ба таълимгирандагони ятиму бепарастор, кўдакони имконияташон маҳдуд, маъюбон ва дигар шахсони муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзҳои иловагии дастрасӣ ба адабиёти таълимиро бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм пешниҳод намоянд;
- ба мақомоти худидоракунии муассисаҳои таълимӣ, омўзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф ва илм дар дастрас намудани адабиёти таълимӣ ба субъектҳои раванди таълиму тарбия мусоидат кунанд;
- ҳамчун фармоишгари экспертизаи сифати адабиёти таълимӣ амал намоянд;
- дигар вазифаҳоеро, ки оинномаҳо ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, амалӣ менамоянд. (ҚҶТ аз 23.12.2021с. №1837)
БОБИ 3. ЭКСПЕРТИЗАИ СИФАТИ АДАБИЁТИ ТАЪЛИМӢ
Моддаи 12. Таъмини сифати адабиёти таълимии нашршаванда
1. Сифати адабиёти таълимии нашршаванда тавассути экспертизаи он таъмин мегардад.
2. Тартиби гузаронидани экспертизаи сифати адабиёти таълимӣ мутобиқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 13. Намуд, мақсад ва субъектҳои экспертизаи сифати адабиёти таълимӣ
1. Экспертизаи сифати адабиёти таълимӣ метавонад касбӣ ва ҷамъиятӣ бошад.
2. Мақсади экспертизаи касбии сифати адабиёти таълимӣ арзёбии адабиёти таълимӣ аз ҷиҳати мутобиқати мазмуни он ба илми муосир, стандартҳои давлатии таҳсилот, ҳадди ақалли ҳатмии мазмуни барномаҳои таълимӣ, хусусиятҳои синнусолӣ ва равонии таълимгирандагон мебошад.
3. Тартиби ташкил ва гузаронидани экспертизаи касбии сифати адабиёти таълимӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм муайян карда мешавад.
4. Мақсади экспертизаи ҷамъиятии сифати адабиёти таълимӣ арзёбии адабиёти таълимӣ аз нуқтаи назари талаботи истифодабарандагон ва ба маълумоти сохторҳои масъули нашри адабиёти таълимӣ расонидани натиҷаҳои он мебошад.
5. Экспертизаи ҷамъиятии сифати адабиёти таълимӣ механизми иловагие мебошад, ки ҳангоми қабули қарор оид ба нашр ё нашри такрории адабиёти таълимӣ дараҷаи амиқи воқеиятро таъмин мекунад. Тартиби гузаронидани экспертизаи ҷамъиятии сифати адабиёти таълимиро санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд.
6. Субъектҳои экспертизаи касбӣ ва ҷамъиятии сифати адабиёти таълимӣ метавонанд фармоишгарон, коршиносони мустақил, ташкилотҳои илмӣ ва муассисаҳои таълимӣ, ҳамчунин субъектҳои раванди таълиму тарбия бошанд.
7. Робитаи мутақобилаи экспертизаи касбӣ ва ҷамъиятии сифати адабиёти таълимӣ ба воситаи ҷойгиркунии иттилоот оид ба раванди ҷории экспертизаи адабиёти таълимӣ ва татбиқи таҷрибавии он дар муассисаҳои таълимӣ дар сомонаи интернетии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм ва муассисаҳои таълимӣ таъмин мегардад. (ҚҶТ аз 23.12.2021с. №1837)
Моддаи 14. Меъёрҳои экспертизаи касбӣ ва ҷамъиятии сифати адабиёти таълимӣ
1. Экспертизаи касбии сифати нашрияҳои таълимие, ки дар раванди таълим ба сифати адабиёти таълимии асосӣ истифода бурда мешаванд, дар асоси меъёрҳои зерин гузаронида мешавад:
- мутобиқат ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои давлатии рушди соҳаи маориф ва илм;
- мутобиқат ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот;
- мутобиқат ба ҳадди ақалли ҳатмии мазмуни барномаҳои таълимӣ; 
- риояи қоидаҳои имло;
- арзиши ғоявӣ доштан;
- мутобиқат ба анъанаҳои миллӣ, эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ, муқаддасот ва арзишҳои миллӣ; (ҚҶТ аз 23.12.2021с. №1837)
-  сохтори комил доштан;
- фаҳмову даркшаванда будан;
- мутобиқат ба талаботи усули баёни маводи таълимӣ;
- мавҷудияти робитаи мутақобила бо фанҳои дигари таълимӣ;
- мутобиқат ба хусусиятҳои синнусолӣ ва равонии таълимгирандагон;
- имконпазирии инъикоси масъалаҳои баробарии гендерӣ;
- санҷиши натиҷаҳои таҷрибавӣ дар  муассисаҳои таълимӣ.
2. Меъёрҳои иловагии экспертизаи касбии сифати адабиёти таълимӣ аз ҷониби фармоишгар ва (ё) шахси барои чунин экспертиза манфиатдор пешниҳод карда мешаванд.
3. Ҳангоми экспертизаи касбии сифати адабиёти таълимии электронӣ меъёрҳои зерин низ ба назар гирифта мешаванд:
- иҷрошаванда будани ҳамаи ҷузъиёти барномаҳои компютерӣ, гузариш аз як барнома ба барномаи дигар, иқтибосҳо ва дигар амалҳое, ки барномаи компютерӣ пешбинӣ намудааст;
- бенуқсон кор кардани барномаи компютерӣ;
- амалӣ шудан дар ҳама навъи таҷҳизоти электронӣ, ки дар ҳуҷҷатҳои адабиёти таълимии электронӣ пешбинӣ шудаанд;
- мураттабӣ ва сохтори муназзами маводи таълимӣ;
- имкониятҳои мустақилона кор кардани таълимгиранда.
4. Бо мақсади экспертизаи касбии сифати навъҳои дигари нашрияҳои таълимӣ, ки ба сифати адабиёти таълимӣ тавсия дода мешаванд, меъёру усулҳои иловагии аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф  ва илм ва (ё) шўроҳои илмию методии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ тасдиқгардида истифода бурда мешаванд. (ҚҶТ аз 23.12.2021с. №1837)
5. Экспертизаи ҷамъиятии сифати нашрияи таълимӣ  ба меъёрҳои зерин асос меёбад:
- сатҳи мутобиқат ба барномаҳои таълимӣ;
- имконияти худомўзӣ;
- сатҳи робита бо захираҳои иттилоотӣ дар шабакаи интернет;
- сифати маҳсулоти чопӣ.
6. Меъёрҳои иловагӣ ва усулҳои экспертизаи ҷамъиятии сифати адабиёти таълимӣ аз ҷониби фармоишгар ва (ё)  шахси барои чунин экспертиза манфиатдор пешниҳод карда мешаванд. 
Моддаи 15. Тасдиқи сифати адабиёти таълимие, ки барои истифода дар раванди таълиму тарбия тавсия карда мешавад
1. Сифати адабиёти таълимие, ки барои истифода дар раванди таълиму тарбия тавсия карда мешавад, бо додани нишони мутобиқат ба стандартҳои давлатии таҳсилот аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф  ва илм ва (ё)  шўроҳои илмию методии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ тасдиқ карда мешавад.
2. Адабиёти таълимӣ дорои нишони мутобиқат ба стандартҳои давлатӣ ва фаннии таҳсилот мебошад, яъне:
- нишони мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм ва (ё)  шўроҳои илмию методии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ба адабиёти таълимӣ, ки дар саҳифаи аввали он ҷойгир карда мешавад, тағйирнопазир аст;
- нишони мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм ва (ё)  шўроҳои илмию  методии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ба адабиёти таълимии электронӣ, ки дар зери маълумоти сарлавҳагӣ ҷойгир карда мешавад, тағйирнопазир аст;
- нишон аз мақоми нашрияи таълимӣ, мазмуну мундариҷа ва мутобиқати он ба барномаи таълимии зинаи таҳсилот дарак дода, инчунин вобаста ба барномаҳои таълимӣ, намуди муассисаи таълимӣ, таълими кредитӣ ва таҳсилоти фосилавӣ, гурўҳҳои таълимгирандагон ва забони таълими истифодабарандагони адабиёти таьлимиро муайян намояд;
- нишон мутобиқи қарори мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм ва (ё) шўроҳои илмию методии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ дар асоси хулосаи экспертиза дода мешавад;
- қарор оид ба додани нишон дар мўҳлати амалишавии стандартҳои дахлдори давлатии таҳсилот эътибор дорад.
3. Ба номгўйи давлатии адабиёти таълимӣ нашрияҳое дохил мешаванд, ки аз экспертизаи сифати адабиёти таълимӣ гузаштаанд ва ба он нишони дахлдори мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм гузошта шудааст. (ҚҶТ аз 23.12.2021с. №1837)
Моддаи 16. Сарчашмаҳои маблағгузории таҳия, нашр ва экспертизаи адабиёти таълимӣ
1. Таҳия, нашр ва экспертизаи адабиёти таълимӣ аз ҳисоби маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ (буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ), маблағҳои махсус, муассисони муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои таълимӣ ва дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, маблағгузорӣ мешаванд.
2. Маблағгузории таҳия ва нашри адабиёти таълимӣ, ки барномаҳои давлатии рушди соҳаи маориф ва илм ва барномаҳои нашри адабиёти таълимӣ пешбинӣ намудаанд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
3. Маблағгузории таҳия ва нашри адабиёте, ки ба номгўйи давлатии адабиёти таълимӣ шомил буда, мутобиқи созишномаҳои байниҳукуматӣ барои ба давлатҳои дигар дастрас намудан пешбинӣ шудааст, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
  4. Маблағгузории фаъолият оид ба додани нишони мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм ба адабиёти таълимӣ аз ҳисоби маблағҳои дархосткунанда, инчунин дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии манфиатдор амалӣ мегардад. (ҚҶТ аз 23.12.2021с. №1837)
БОБИ 4.  ТАЪМИНИ  ДАСТРАСИИ  АДАБИЁТИ  ТАЪЛИМӢ БА СУБЪЕКТҲОИ  РАВАНДИ ТАЪЛИМУ  ТАРБИЯ   
Моддаи 17. Таъмини дастрасии адабиёти таълимӣ ба субъектҳои раванди таълиму тарбия дар зинаҳои таҳсилоти умумӣ
1. Ба субъектҳои раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии  таҳсилоти умумӣ дастрасии ҳадди ақалли номгўйи давлатии адабиёти таълимӣ барои соли таҳсили дахлдор тибқи меъёрҳо ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад.
2. Адабиёте, ки ба номгўйи давлатии адабиёти таълимӣ шомил аст, моликияти давлат буда, муқовааш дорои навиштаҷоти «Моликияти давлат» мебошад ва тибқи меъёрҳои муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм ба фонди китобхонаи муассисаи таълимии таҳсилоти умумӣ барои идоракунии оперативӣ супорида мешавад.
  3. Дастрасии ҳадди ақалли номгўйи давлатии адабиёти таълимӣ ба субъектҳои раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ бо тартиби дар оинномаи муассисаи таълимӣ, шартномаи байни муассисаи таълимӣ ва субъектҳои раванди таълиму тарбия, шартномаи байни муассисаи таълимӣ ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм пешбинигардида мутобиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад. (ҚҶТ аз 23.12.2021с. №1837)
                 4. Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ таъмин гардидани дастрасии адабиёти таълимӣ ба субъектҳои раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ҳар сол баҳисобгирии фонди китобхонаи муассисаи таълимӣ гузаронида мешавад.
Моддаи 18. Таъмини дастрасии адабиёти таълимӣ ба субъектҳои раванди таълиму тарбия дар зинаҳои таҳсилоти касбӣ
1. Дастрасии ҳадди ақалли номгўйи давлатии адабиёти таълимиро ба таълимгирандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ муассисони ин муассисаҳои таълимӣ мутобиқи стандарти давлатии таҳсилот таъмин менамоянд.
2. Дар муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ташкили раванди таълиму тарбия бе таъмин кардани фонди китобхона бо миқдори зарурии ҳадди ақалли номгўйи давлатии адабиёти таълимӣ мутобиқи стандарти давлатии таҳсилот барои ҳар як сол иҷозат дода намешавад.
3. Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ таъмин гардидани дастрасии адабиёти таълимӣ ба субъектҳои раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ дар ду сол як маротиба баҳисобгирии фонди китобхонаи муассисаи таълимӣ гузаронида мешавад.
Моддаи 19. Истифодаи маблағҳои махсус дар муассисаҳои таълимии давлатӣ барои хариди адабиёти таълимӣ
1. Муассисаи таълимии давлатӣ ҳуқуқ дорад маблағҳои махсуси худро барои хариди адабиёти таълимӣ истифода барад ва фонди адабиёти таълимӣ ташкил кунад.
   2. Тартиби истифодаи маблағҳои махсус барои хариди адабиёти таълимӣ ва ташкили фонди адабиёти таълимӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 23.12.2021с. №1837)
                      БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 20. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи  21. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                 Эмомалӣ Раҳмон
 
              Ш.Душанбе
              26 июли соли 2014
              №1122
 
 
 
 
 
 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН   ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ РАТСИОНАЛИЗАТОРӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 13/02/2020 - 16:07
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1123
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
26.07.2014

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ РАТСИОНАЛИЗАТОРӢ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2014, №7, қ. 2, мод. 420)

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии фаъолияти ратсионализаториро муайян намуда, муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба он ба танзим медарорад. 

 

БОБИ 1.

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

 

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

фаъолияти ратсионализаторӣ – фаъолияти эҷодии шахси воқеӣ ё гурӯҳи шахсон, ки ба мукаммалгардонии молу маҳсулот, техника ва технологияи истеҳсолот равона карда шуда, истифодаи онҳо ба сарфаи захираҳои меҳнатӣ, моддӣ, молиявӣ ва беҳсозии шароити меҳнат ва экология мусоидат менамояд; 

пешниҳоди ратсионализаторӣ – таклифи дорои ҳалли техникӣ ё ташкилӣ дар ҳама гуна соҳаи фаъолият, ки аз тарафи шахси ҳуқуқӣ эътироф шудааст; 

муаллифи пешниҳоди ратсионализаторӣ – шахси воқеӣ ё гурӯҳи шахсон, ки бо меҳнати эҷодии онҳо пешниҳоди ратсионализаторӣ таҳия шудааст; 

ариза дар бораи пешниҳоди ратсионализаторӣ – ифодаи хаттии пешниҳод, ки тибқи талаботи муқарраргардидаи Қонуни мазкур тартиб дода шудааст;

гувоҳномаи  ратсионализаторӣ – ҳуҷҷате, ки афзалияти пешниҳоди ратсионализаторӣ, муаллифӣ ба он ва ҳуқуқ ба подоши муаллифро тасдиқ мекунад.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти ратсионализаторӣ

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти ратсионализаторӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Пешниҳоди ратсионализаторӣ

 

1. Ҳамчун пешниҳоди ратсионализаторӣ эътироф карда мешавад:

- таклифи дорои ҳалли техникие, ки мукаммалгардонии конструксияи молу маҳсулот, техникаи истифодашаванда, технологияи истеҳсолот ё таркиби молу маҳсулотро пешбинӣ менамояд ва барои корхонае, ки ба он пешниҳод шудааст, нав ва фоидаовар аст;

- таклифи дорои ҳалли ташкилии барои корхона нав, ки ба сарфаи захираҳои меҳнатӣ, моддӣ, молиявӣ, сӯзишворию энергетикӣ, ашёи хом ва дигар захираҳо, инчунин беҳсозии шароити меҳнат ва экология  мусоидат менамояд.

2. Пешниҳоди ратсионализаторӣ метавонад инфиродӣ ё гурӯҳӣ бошад.

3. Пешниҳоди ратсионализатории инфиродӣ пеш-ниҳоде мебошад, ки аз тарафи як шахси воқеӣ ва пешниҳоди ратсионализатории гурӯҳӣ пешниҳоде мебошад, ки аз тарафи ду ё зиёда шахсони воқеӣ таҳия шудааст.

4. Ба шахси воқеӣ ё гурӯҳи шахсон метавонад шумораи номаҳдуди пешниҳодҳои ратсионализаторӣ мансуб бошанд.

 

Моддаи 4. Ҳифзи ҳуқуқии пешниҳоди ратсионализаторӣ

 

1. Ҳуқуқи пешниҳоди ратсионализаторӣ дар асоси қонуни мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф ва ҳифз гардида, дар ҳудуди корхонае, ки онро ҳамчун пешниҳоди ратсионализаторӣ эътироф намудааст, амал мекунад ва бо гувоҳномаи ратсионализаторӣ тасдиқ карда мешавад.

2. Ҳаҷми ҳифзи ҳуқуқии пешниҳоди ратсионализаторӣ аз рӯи тавсифномаи он, инчунин нақшаҳо, агар  пешниҳод шуда бошанд, муайян карда мешавад.

 

Моддаи 5. Шартҳои қобили ҳифз эътироф кардани пешниҳоди ратсионализаторӣ

 

1. Пешниҳоди ратсионализаторӣ қобили ҳифз эътироф карда мешавад, агар он барои корхона таклифи дорои ҳалли техникӣ ё ташкилии наву фоидаовар бошад.

2. Пешниҳодҳо қобили ҳифз эътироф карда намешаванд, агар:

- эътимодияти истифода ва мустаҳкамии конструксияҳо, амнияти аҳолӣ ва ҳудудро дар ҳолатҳои фавқулода паст намоянд ва ба таъмини беҳдошти ҳолати санитарии кормандон, ҳифзи муҳити зист, бехатарии зиддисӯхторӣ, бехатарии меҳнат, инчунин нишондиҳандаҳои дигари стандартҳои миллӣ ва байналмилалӣ мутобиқат накунанд;

- аз аломатҳои шартӣ, қоидаҳо, маводи меъёрию методӣ иборат бошанд;

- танҳо вазифа гузоранд ё самараи эҳтимолии татбиқи пешниҳодҳоро бе нишон додани таклифи мушаххас муайян намоянд;

- ба талаботи тартиботи ҷамъиятӣ ва ахлоқ мухолифат кунанд;

- аз ҷониби кормандони муҳандисиву техникӣ ё илмии муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, лоиҳакашӣ, конструкторӣ, технологӣ ё зерсохторҳои дигар корхонаҳо дар ҳамин соҳа дар раванди иҷрои вазифаҳои хизматӣ ё корҳои шартномавии бо онҳо вобастабуда таҳия шуда бошанд.

3. Тартиби мансуб донистани пешниҳодҳо ба пеш-ниҳодҳои дар раванди иҷрои вазифаҳои хизматӣ таҳияшударо корхона муқаррар менамояд.

 

Моддаи 6. Ҳуқуқи муаллифӣ ба пешниҳоди ратсионализаторӣ

 

1. Ҳуқуқи муаллифӣ ба пешниҳоди ратсионализаторӣ ҳуқуқи шахсии бегонанашавада буда, бемӯҳлат ҳифз  карда мешавад.

2. Дар мавриде, ки пешниҳоди ратсионализаторӣ аз тарафи ду ва ё зиёда шахсони воқеӣ дар якҷоягӣ таҳия шуда бошад, ҳар яке аз онҳо ҳаммуаллифи он ба ҳисоб рафта, дорои ҳуқуқи муаллифӣ оид ба ин пешниҳод мебошанд. 

3. Ҳайати ҳаммуаллифони пешниҳоди ратсионализаторӣ дар асоси созиши ҳамаи шахсоне, ки ба аризаи пешниҳодшаванда ҳамроҳ гардидаанд, муайян карда мешавад. Тағйир додани ҳайати ҳаммуаллифон баъди пешниҳоди ариза манъ аст. Дар ҳолатҳои истисноӣ, агар доир ба ҳуқуқи муаллифӣ баҳс вуҷуд надошта ва қарор оид ба пешниҳод қабул нагардида бошад, масъалаи тағйир додани ҳайати ҳаммуаллифон  метавонад аз тарафи корхона баррасӣ шавад.

4. Тартиби истифодаи ҳуқуқи муаллифӣ ба пешниҳоди ратсионализаторӣ дар созишномаи байни ҳаммуаллифон муқаррар карда мешавад.

5. Шахси воқеие, ки ба муаллиф дар таҳияи ҳамин пешниҳод танҳо ёрии техникӣ, ташкилӣ ё моддӣ расонидааст ва ё дар барасмиятдарории ҳуқуқ ба ин пешниҳод ё истифодаи он дар истеҳсолот мусоидат намудааст, ҳаммуаллифи пешниҳоди ратсионализаторӣ эътироф намегардад.

6. Азхудкунии ҳуқуқи муаллифӣ ё маҷбур кардан ба ҳаммуаллифӣ манъ аст.

7. Агар пешниҳоди ратсионализаторӣ аз тарафи якчанд шахсони воқеӣ дар алоҳидагӣ таҳия шуда бошад, ҳуқуқи муаллифӣ ба шахсе дода мешавад, ки санаи воридшавии аризаи ӯ пештар бошад.

8. Ҳуқуқҳои муаллифи пешниҳоди ратсионализаторӣ, ки нисбаташ ворисии ҳуқуқӣ татбиқ мегардад, ба меросхӯрони ӯ бо васиятнома ё тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд.

 

Моддаи 7. Истифодаи пешниҳоди ратсионализаторӣ

 

1. Пешниҳоди ратсионализатории мансуб ба мукаммалгардонии конструксияи молу маҳсулот, техникаи истифодашаванда, технологияи истеҳсолот ё таркиби молу маҳсулот аз рӯзи сохта шудан ва ё истифода дар шакли маҳсулоти сохташуда (татбиқшуда) ҳамчун пешниҳоди истифодашаванда эътироф карда мешавад.

2. Пешниҳоди ратсионализаторӣ, ки ба сарфаи захираҳои меҳнатӣ, моддӣ, молиявӣ, сӯзишворию энергетикӣ, ашёи хом ва дигар захираҳо, инчунин беҳсозии шароити меҳнат ва экология  мусоидат менамояд, аз рӯзи аввали истифодаи он ҳамчун пешниҳоди истифодашаванда эътироф карда мешавад.

3. Истифодаи пешниҳоди ратсионализаторӣ бо санади дахлдор, ки на дертар аз як моҳ аз санаи истифодаи пешниҳоди мазкур тартиб дода мешавад, тасдиқ мегардад.

 

БОБИ 2.

БАРАСМИЯТДАРОРИИ ҲУҚУҚИ МУАЛЛИФӢ БА ПЕШНИҲОДИ РАТСИОНАЛИЗАТОРӢ

 

Моддаи 8. Пешниҳоди ариза

 

1. Барои эътироф шудани пешниҳоди ратсионализаторӣ муаллиф ба роҳбарияти корхонае, ки ин пешниҳод ба фаъолияти он алоқаманд аст, аризаи шакли муқарраршуда месупорад.

2. Ариза доир ба ҳар як таклифи дорои ҳалли техникӣ ё ташкилӣ дар алоҳидагӣ пешниҳод карда мешавад.

3. Агар пешниҳод дар якчанд корхона истифода шуданаш мумкин бошад, муаллиф метавонад аризаашро ба роҳбарияти яке аз онҳо пешниҳод намояд. Ҳуқуқи муаллиф ба додани ариза доир ба ҳамон як пешниҳод ба корхонаи дигар дар асоси шартнома байни муаллиф ва роҳбарияти корхонае, ки ба он қаблан ариза ворид шуда буд, танзим мешавад.

4. Дар ариза номи пешниҳод, маълумот дар бораи муаллиф ё ҳаммуаллифон (насаб, ном ва номи падар, ҷои кор, мансаб) нишон дода мешаванд. Агар ариза аз тарафи шахсе дода шавад, ки дар корхона кор намекунад, дар ариза суроғаи ҷои истиқомат нишон дода мешавад.

5. Дар ариза оид ба таклифи дорои ҳалли техникӣ ба ғайр аз маълумоти дар қисми 4 ҳамин модда пешбинишуда, инчунин нуқсонҳои дар конструксияи таҷҳизот, технологияи истеҳсолот, техникаи истифодашаванда ва ё таркиби молҳо ҷойдошта ва зарурати тағйиру такмили онҳо, моҳияти таклифи дорои ҳалли техникии пешниҳодшаванда барои татбиқи амалии он, ҳамчунин маълумот дар бораи натиҷаи мусбии истифодаи он нишон дода мешаванд.

6. Дар ариза доир ба таклифи дорои ҳалли ташкилӣ ба ғайр аз маълумоти дар қисми 4 ҳамин модда пешбинишуда, инчунин асосноккунии зарурати татбиқи амалии он, моҳияти пешниҳод, маълумот дар бораи фоидаи иқтисодӣ ва ё дигар натиҷаи мусбии истифодаи он нишон дода мешавад.

7. Дар мавриди зарурӣ ба ариза замима  мешаванд: 

- маводи ҷадвалӣ (графикӣ) ва ҳуҷҷатҳои дигар (расмҳо, тарҳҳо, ангораҳо);

- ҳисоби эҳтимолияти натиҷагирӣ аз истифодаи таклифи пешниҳодшуда;

- созишномаи ҳаммуаллифон дар бораи тақсими маблағи подош дар байни онҳо.

8. Ариза ва маводи ба он замимагардида аз тарафи муаллиф ё ҳамаи ҳаммуаллифони дар ариза номбаршуда бояд имзо карда шаванд ва санаи пешниҳодшавии онҳо гузошта шавад.

9. Маводи дар қисми 7 ҳамин модда пешбинишуда якҷоя бо ариза дар мӯҳлати як моҳ ба роҳбарияти корхона пешниҳод карда мешаванд.  Агар аризадиҳанда маводи мазкурро дар мӯҳлати муайяншуда пешниҳод накунад ва ё тамдиди ин мӯҳлатро дархост нанамояд, баррасии ариза қатъ мегардад.

10. Ариза ва маводи ба он замимагардида ба забони давлатӣ ба расмият дароварда мешаванд. Мумкин аст онҳо ба забони русӣ ва дигар забонҳо пешниҳод гарданд.  Дар ин сурат тарҷумаи онҳо бояд ба забони давлатӣ дар давоми як моҳ аз рӯзи додани ариза ба роҳбарияти корхона пешниҳод карда шавад.

 

Моддаи 9. Бақайдгирии ариза

 

1. Ариза новобаста ба ҷои кори аризадиҳанда аз тарафи корхона қабул карда мешавад, агар пешниҳод ба фаъолияти ин корхона мансуб бошад.

2. Дар хусуси мутобиқати аризаи воридшуда ба талаботи Қонуни мазкур санҷиш гузаронида шуда, он дар муддати панҷ рӯз аз санаи воридшавӣ дар дафтари бақайдгирии аризаҳо дар бораи пешниҳодҳои ратсионализаторӣ ба қайд гирифта  мешавад.

 

Моддаи 10. Афзалияти пешниҳоди ратсионализаторӣ

 

1. Афзалияти пешниҳоди ратсионализаторӣ аз рӯи санаи ба корхона ворид шудани ариза дар бораи пешниҳоди ратсионализаторӣ муқаррар карда мешавад.

2. Афзалият ба муаллифе дода мешавад, ки аввалин шуда бо тартиби муқарраргардида оид ба пешниҳоди мазкур ариза додааст. 

 

Моддаи 11. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба маводи ба ариза замимагардида бо

                        ташаббуси аризадиҳанда

 

1. Баъди ба қайд гирифтани ариза, аммо то қабули қарор аз рӯи он, аризадиҳанда бе тағйир додани моҳияти пешниҳод метавонад ба тавсифи он, нақша ва тарҳу ангораҳо тағйиру иловаҳо ворид намояд. Тағйиру иловаҳо бояд дар варақи алоҳида бо нишон додани санаи пешниҳоди онҳо аз тарафи муаллиф (ҳаммуаллифон) имзо карда шаванд.

2. Тағйир додани моҳияти пешниҳод ҳамчун пешниҳоди нав маънидод мегардад ва он бояд бо аризаи алоҳида ба расмият дароварда шавад.

 

Моддаи 12. Хулоса оид ба ариза

 

1. Аризаи дар корхона бақайдгирифташуда барои додани хулоса ба зерсохторҳо ва хадамоти дахлдори корхона, ки он ба фаъолияташон бевосита алоқаманд аст, ирсол мегардад.

2. Дар хулоса мавҷуд будани таклифи дорои ҳалли техникӣ дар пешниҳод  тасдиқ ё рад карда шуда, навгонӣ ва фоиданокии он арзёбӣ мегардад. Дар сурате, ки таклиф дорои ҳалли ташкилӣ бошад, навгонӣ ва фоиданокии иқтисодӣ ва ё дигар натиҷаи мусбии истифодаи он арзёбӣ мешавад. 

 

Моддаи 13. Баррасии ариза

 

1. Роҳбарияти корхона баъд аз гирифтани хулоса аризаро баррасӣ намуда, оид ба он дар мӯҳлати як моҳ аз рӯзи воридшавиаш қарор қабул мекунад. 

2. Қарор метавонад аз тарафи роҳбари корхона ё аз тарафи роҳбари зерсохтор ва хадамоти дахлдоре, ки бо фармони (амри) роҳбари корхона он ба зиммааш вогузор шудааст, қабул гардад.

3. Доир ба пешниҳоди арзшуда яке аз қарорҳои зерин қабул карда мешавад:

- пешниҳод ҳамчун пешниҳоди ратсионализаторӣ эътироф карда шуда, бо муаллиф (ҳаммуаллифон) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шартнома баста шавад;

- санҷиши таҷрибавии пешниҳод гузаронида шавад;

- пешниҳод қисман ратсионализаторӣ эътироф карда шавад;

- пешниҳод рад карда шавад.

4. Дар мавриди зарурати гузаронидани санҷиши таҷрибавӣ оид ба пешниҳод ва ё гирифтани иҷозат барои тағйири ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ё техникии тасдиқшуда мӯҳлати баррасии ариза, ки дар қисми 1 ҳамин модда муқаррар шудааст, то анҷом додани корҳо (истеҳсоли намуна, озмоиши он) ё гирифтани иҷозат тамдид карда мешавад. Дар бораи қароре, ки баъди ба итмом расидани санҷиши таҷрибавии пешниҳод қабул гардидааст, дар мӯҳлати як моҳ аз рӯзи анҷоми санҷиши таҷрибавии пешниҳод ба муаллиф иттилоъ дода мешавад.

5. Дар мавриди қисман ратсионализаторӣ эътироф гардидани пешниҳод дар қарор нишон дода мешавад, ки кадом қисми таклифи дорои ҳалли техникӣ ҳамчун пешниҳоди ратсионализаторӣ эътироф карда шудааст.

6. Дар қарор оид ба радди пешниҳоди арзшуда бояд сабабҳои рад кардан нишон дода шаванд.

7. Қарор оид ба пешниҳоди арзшуда дар мӯҳлати панҷ рӯз аз санаи қабули он ба маълумоти муаллиф (ҳаммуаллифон) расонида мешавад.

 

Моддаи 14. Бозпасгирии ариза

 

1. Аризадиҳанда ҳуқуқ дорад аризаашро на дертар аз санаи қабули қарор аз рӯи он бозпас гирад.

2. Дар мавриди мавҷуд будани якчанд аризадиҳанда, ариза метавонад танҳо бо розигии ҳар яке аз онҳо бозпас гирифта шавад.

 

Моддаи 15. Додани гувоҳномаи ратсионализаторӣ

 

1. Дар мӯҳлати як моҳ аз рӯзи қабули қарор дар бораи ҳамчун пешниҳоди ратсионализаторӣ эътироф намудани пешниҳод ба муаллиф ва (ё) ба ҳар яке аз ҳаммуаллифон гувоҳномаи ратсионализаторӣ дода мешавад. Барасмиятдарории гувоҳномаи ратсионализаторӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

2. Гувоҳномаи ратсионализаторӣ бо имзои роҳбари корхона ва мӯҳри он тасдиқ карда мешавад. Гувоҳномаи ратсионализаторӣ ҳуҷҷати бемӯҳлат мебошад.

3. Гувоҳномаи ратсионализатории то мавриди амал қарор гирифтани қонуни мазкур додашуда бо гувоҳномаи ратсионализатории тибқи ҳамин Қонун додашуда эътибори баробари ҳуқуқӣ дорад.

 

Моддаи 16. Бекор кардани қарор дар бораи эътирофи пешниҳоди ратсионализаторӣ

 

Қарор дар бораи эътирофи пешниҳоди ратсионализаторӣ дар сурати ошкор гардидани риоя накардани муқаррароти Қонуни мазкур танҳо дар ҳолати то ба муаллиф (ҳаммуаллифон) додани подош барои ҳамин пешниҳод метавонад аз тарафи роҳбари корхона бекор карда шавад.

 

Моддаи 17. Шикоят оид ба радди эътироф ё бекор кардани қарор дар бораи эътирофи

                         пешниҳоди ратсионализаторӣ

 

1. Барои баррасии шикоят оид ба радди эътирофи пешниҳод ҳамчун пешниҳоди ратсионализаторӣ ё бекор кардани қарор дар бораи эътирофи пешниҳоди ратсионализаторӣ дар корхона Комиссияи ҳалли баҳсҳо дар ҳайати намояндагони маъмурият ва шӯрои ташкилоти ибтидоии Ҷамъияти ратсионализаторон ё намояндагони иттифоқи касабаи корхона таъсис дода мешавад.

2. Муаллифи пешниҳод ҳуқуқ дорад оид ба радди эътирофи пешниҳод ҳамчун пешниҳоди ратсионализаторӣ ва ё бекор кардани қарор дар бораи эътирофи пешниҳоди ратсионализаторӣ дар мӯҳлати ду моҳ аз рӯзи қабули қарори мазкур ба Комиссияи ҳалли баҳсҳо шикоят намояд.

3. Муаллифи пешниҳод ҳуқуқ дорад дар баррасии шикояти худ иштирок намояд.
 

БОБИ 3.

ТАШКИЛ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ФАЪОЛИЯТИ РАТСИОНАЛИЗАТОРӢ

 

Моддаи 18. Ташкили фаъолияти ратсионализаторӣ дар корхона

 

1. Корхона бо мақсади ташкили фаъолияти ратсионализаторӣ:

- корҳоро оид ба фаъолияти ратсионализаторӣ ташкил карда, ба таъсис додани ташкилоти ибтидоии Ҷамъияти ратсионализаторон мусоидат менамояд;

- барои рушди фаъолияти ратсионализаторӣ шароит фароҳам меорад;

- аризаҳоро оид ба пешниҳодҳои ратсионализаторие, ки ба фаъолияти он вобаста аст, қабул ва баррасӣ менамояд;

- номгӯйи вазифаҳоеро, ки ҳалли онҳо тавсия мешавад, таҳия менамояд;

- озмунҳо ва дигар чорабиниҳоро мегузаронад;

- бо тартиби муқарраргардида ба ратсионализаторон подош ва барои мусоидат дар истифодаи пешниҳодҳои ратсионализаторӣ мукофотпулӣ медиҳад;

- Комиссияи ҳалли баҳсҳоро таъсис медиҳад; 

- бо тартиби муқарраргардида баҳисобгирӣ ва ҳисоботро оид ба истифодаи пешниҳодҳои ратсионализаторӣ пеш мебарад.

2. Корхона метавонад низомнома дар бораи фаъолияти ратсионализаторӣ ва  тартиби баррасии аризаҳоро оид ба пешниҳодҳои ратсионализаторӣ таҳия ва тасдиқ намояд.

 

Моддаи 19. Маблағгузории фаъолияти ратсионализаторӣ

 

1. Хароҷот вобаста ба фаъолияти ратсионализаторӣ ба арзиши аслии маҳсулоти корхона мансуб буда, аз ҷумла хароҷоти зеринро дар бар мегирад:

- барои гузаронидани корҳои таҷрибавию озмоишӣ;

- барои тайёр кардан ва санҷидани тамсилаву (моделу) намунаҳо аз рӯи пешниҳоди ратсионализаторӣ;

- ташкили намоишгоҳу озмунҳо ва чорабиниҳои дигар;

- пардохти подош барои пешниҳодҳои ратсионализаторӣ.

2. Ташкилотҳои буҷетӣ маблағгузории фаъолияти ратсионализаториро аз ҳисоби сарфаи маблағҳое, ки аз дигар намудҳои фаъолият мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст меоянд, амалӣ менамоянд. 

 

Моддаи 20. Ҷамъияти ратсионализаторони Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

1. Бо мақсади рушд ва ҳамоҳангсозии фаъолияти ратсионализаторӣ Ҷамъияти ратсионализаторони Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.

2. Ҷамъияти ратсионализаторон назорати ҷамъиятии риояи ҳуқуқҳои муаллифони пешниҳодҳои ратсионализаторӣ ва ҳифзи манфиатҳои онҳоро амалӣ менамояд.

 

БОБИ 4.

ПОДОШ БАРОИ ФАЪОЛИЯТИ РАТСИОНАЛИЗАТОРӢ

 

Моддаи 21. Ҳуқуқ ба подош

 

1. Муаллифи (ҳаммуаллифони) пешниҳоди ратсионализаторӣ ҳуқуқи гирифтани подошро дорад.

2. Подош аз тарафи корхонае, ки пешниҳоди ратсионализаториро эътироф намудааст, ба муаллиф (ҳаммуаллифон) дар ҳолатҳои зерин пардохт карда мешавад:

- пешниҳоди ратсионализаторӣ аз тарафи корхона истифода (татбиқ) шудааст;

- ҳамчун пешпардохт дар мавриде, ки пешниҳод, ҳамчун пешниҳоди ратсионализаторӣ эътироф карда шудааст;

- пешниҳоди ратсионализаторӣ ба ҳуҷҷатҳои техникии дар асоси шартнома ба корхонаи дигар додашуда ворид карда шудааст.

 

Моддаи 22. Андозаи подош

 

1. Андозаи подош барои пешниҳоди ратсионализаторӣ аз тарафи корхона дар  мувофиқа бо муаллиф (ҳаммуаллифон) муайян карда шуда, дар шартномаи байни онҳо басташуда дарҷ мегардад.

2. Агар пешниҳоди муаллиф (ҳаммуаллифон) дар якчанд корхона ҳамчун пешниҳоди ратсионализаторӣ эътироф шуда бошад, ҳар яке аз ин корхонаҳо новобаста ба дигарҳо, ба муаллиф (ҳаммуаллифон) подош медиҳад.

 

Моддаи 23. Ҳавасмандгардонии давлатии фаъолияти ратсионализаторӣ

 

Бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст муаллифи (ҳаммуаллифони) пешниҳоди ратсионализаторӣ ба гирифтани мукофоти давлатӣ, унвони фахрӣ ва дигар мукофотҳо пешниҳод карда шаванд.

 

БОБИ 5.

МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 24. Баррасии баҳсҳо

 

Баҳсҳо вобаста ба фаъолияти ратсионализаторӣ дар Комиссияи ҳалли баҳсҳо ё бо тартиби судӣ баррасӣ карда мешаванд.

 

Моддаи 25. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ

 

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ баробари шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳуқуқу ӯҳдадориҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти ратсионализаторӣ истифода мебаранд.

 

Моддаи 26. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур 

 

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 27. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

 

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                           Эмомалӣ РАҲМОН

 

ш. Душанбе, 26 июли соли 2014,

№ 1123

Pages