ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1635 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ХӮРОКВОРИИ ҒАНИГАРДОНИДАШУДА Маҷлиси Олии ҶТ 19.07.2019 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни ҶТ 1642 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ КОМИССИЯИ МАРКАЗИИ ИНТИХОБОТ ВА РАЪЙПУРСИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶТ 19.07.2019 Амалкунанда Microsoft Office document icon Word Package icon ZIP PDF icon PDF
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1619 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУНАРМАНДӢ Маҷлиси Олии ҶТ 20.06.2019 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

Феврал 2020

-A A +A

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АВФ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Дшб, 17/02/2020 - 11:22
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
560
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
03.11.2009
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
ДАР БОРАИ АВФ
 
Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати понздаҳсолагии рўзи қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли бузургдошти Имоми Аъзам баҳри амалӣ намудани принсипи инсондустӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро қабул мекунад.
 
Моддаи 1.
Маҳкумшудагони ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, ки аз чор се ҳиссаи ҷазоро дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ адо кардаанд ба истиснои маҳкумшудагоне, ки дар моддаи 9 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, озод карда шаванд.
 
Моддаи 2.
Аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, новобаста аз мўҳлати ҷазои таъиншуда ва аз адои дигар ҷазоҳои ҷиноятии таъиншуда маҳкумшудагони зерин озод карда шаванд:
а) занҳо;
б) шахсоне, ки ҳангоми содир кардани ҷиноят ба синни ҳаждаҳсолагӣ нарасидаанд;
в) мардони аз синни 55-сола боло;
г) маъюбони гурўҳҳои I, II ва III, инчунин шахсони гирифтори бемориҳои сил;
д) иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, иштирокчиёни амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо ва иштирокчиёни муқовиматҳои сиёсӣ ва ҳарбӣ дар Тоҷикистон, инчунин шахсоне, ки бар асари фалокати нерўгоҳи барқии атомии Чернобил зарар дидаанд;
е) шахсоне, ки бо мукофотҳои давлатии ИҶШС, РСС Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудаанд;
ё) шахсоне, ки аз даъвати навбатӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ саркашӣ намудаанд, худсарона қисми ҳарбӣ ё маҳалли хизматро тарк кардаанд, аз қисми ҳарбӣ ё аз ҷои хизмат бо роҳи худсарона баромада рафтан фирор кардаанд ё шахсоне, ки аз иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ бо роҳи узвмаибкунӣ ё усули дигар саркашӣ кардаанд;
ж) шаҳрвандони хориҷӣ.
 
Моддаи 3.
Маҳкумшудагоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намудаанд, сарфи назар аз намуди ҷазои ҷиноятии таъиншуда аз адои ҷазо озод карда шаванд.
 
Моддаи 4.
Маҳкумшудагоне, ки ба онҳо барои бори аввал қасдан содир кардани ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол ва дигар ҷазоҳои ҷиноятӣ таъин карда шудаанд, аз адои ҷазо озод карда шаванд.
 
Моддаи 5.
Маҳкумшудагони зерин аз ҷазо озод карда шаванд:
а) агар нисбат ба онҳо иҷрои ҳукм мавқуф гузошта шуда бошад; 
б) агар нисбат ба онҳо ҷазои ҷиноятӣ шартан татбиқ накарда шуда бошад;
в) агар онҳо шартан пеш аз мўҳлат аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ озод шуда бошанд ё ҷазоро дар колонияҳои ислоҳи сукунат адо карда истода бошанд;
г) агар онҳо шартан пеш аз мўҳлат аз адои ҷазои ҷиноятӣ озод шуда бошанд.
 
Моддаи 6.
Пешбурди парвандаҳои ҷиноятии зерин, ки таҳти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва баррасии судӣ қарор доранд ё аз тарафи судҳо баррасӣ нагардидаанд, қатъ карда шаванд:
а) оид ба ҷиноятҳое, ки то эътибори қонунӣ пайдо кардани Қонуни мазкур аз тарафи шахсони дар моддаи 2 ҳамин Қонун пешбинишуда содир гардидаанд;
б) нисбати шахсоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намудаанд;
в) нисбати шахсоне, ки бори аввал қасдан ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна содир намудаанд. 
 
Моддаи 7.
Мўҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ нисбати маҳкумшудагони зерин, ки таҳти амали моддаҳои 1, 2 ва 4 Қонуни мазкур қарор намегиранд, ба истиснои маҳкумшудагоне, ки дар моддаҳои 8 ва 17 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, кам карда шавад:
а) ҷазои маҳкумшудагоне, ки аз рўи ҷазои ҷиноятии қаблан таъиншуда доғи судиашон барҳам нахўрдааст ё бардошта нашудааст ва боз барои қасдан содир кардани ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна ба онҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шудааст - аз ду як ҳисса;
б) ҷазои маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин ба онҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шудааст - аз се як ҳисса;
в) ҷазои маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои махсусан вазнин ба онҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шудааст - аз  чор як ҳисса.
 
Моддаи 8.
Муқаррароти моддаи 7 Қонуни мазкур нисбат ба маҳкумшудагони зерин татбиқ карда нашаванд:
а) маҳкумшудагоне, ки бо моддаҳои 61-70, 74, 104-105 (ба истиснои сўиқасд ба ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 104 ва 105) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири соли 1961 маҳкум шудаанд (ба истиснои занон);
б) маҳкумшудагоне, ки бо моддаҳои 104 (ба истиснои сўиқасд ба ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаи 104), 1301, 179, 186, 187, 188, 189, 196 қисмҳои 2 ва 3, 199, 237 қисмҳои 2 ва 3, 245 қисми 4 (агар зарари расонидашуда пурра ҷуброн карда нашуда бошад), 247 қисми 4 (ба истиснои ҳолатҳое, ки зарари расонидашуда аз панҷ ҳазор сомонӣ зиёд набошад), 249 қисми 4, 262, 305-310, 313, 319 қисми 4, 331, 332, 3351 қисми 2, 365, 395-405 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири соли 1998 маҳкум шудаанд (ба истиснои занон);
в) маҳкумшудагоне, ки ба ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан маҳкум шудаанд;
г) маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо ҷазои қатл ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст;
д) шахсоне, ки пештар тариқи бахшиши ҷазо ё бо татбиқи қонунҳои авф аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ё аз ҷазои ҷиноятӣ озод карда шудаанд ва боз қасдан ҷиноят содир намудаанд, агар мўҳлати ҷазое, ки аз рўи он Қонун дар бораи авф ё бахшиши ҷазо татбиқ карда шудааст, нагузашта бошад;
е) маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷинояти қасдона дар маҳалли адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, маҳкум шудаанд;
ё) маҳкумшудагоне, ки мутобиқи қисми 4 моддаи 80 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ аз муассисаи ислоҳӣ ба маҳбас гузаронида шудаанд.
 
Моддаи 9.
Муқаррароти моддаҳои 1, 2, 4 ва 6 Қонуни мазкур нисбати шахсоне, ки барои ҷиноятҳои зерин ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд, ё маҳкум гардидаанд, ба истиснои занон татбиқ карда нашаванд:
а) барои ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 61-70, 74, 75, 76 қисмҳои 3 ва 4, 89 қисми 4, 90 қисми 4, 91, 95 қисми 3, 96, 99 қисми 2, 104-105 (ба истиснои сўиқасд ба ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 104-105), 111 қисми 2, 121, 1341, 135 қисми 3, 154 қисми 4, 155, 156, 160 қисми 3, 186 қисмҳои 2 ва 3, 187 қисми 2, 1871 қисми 2, 2061, 220 қисми 3, 227 қисми 3, 233 қисми 3, 234 қисмҳои 1 ва 2, 2341, 240 қисми 2, 2401, 241 қисми 3, 249 банди «в», 250 бандҳои «б» ва «в», 252 банди «б», 260, 261 банди «в», 270 банди «в», 276-277 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири соли 1961;
б) барои ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 104 (ба истиснои сўиқасд ба ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаи 104), 110 қисмҳои 2 ва 3, 130 қисмҳои 2 ва 3, 1301 қисмҳои 2 ва 3, 131 қисми 3, 132 қисми 3, 135 қисми 3, 137 қисми 2, 138, 139 қисмҳои 2, 3 ва 4, 167 қисмҳои 2 ва 3, 179, 1791, 1792, 1793, 181, 184 қисми 3, 1841 қисмҳои 4 ва 5, 1842 қисмҳои 3 ва 4, 1843 қисмҳои 3 ва 4, 1844, 185, 186, 187, 189, 193 қисмҳои 2, 3, ва 4, 195 қисмҳои 2 ва 3, 196 қисмҳои 2 ва 3, 199, 200 қисмҳои 3 ва 4, 201 қисми 4, 202 қисмҳои 2 ва 3, 2021 қисми 3, 2022 қисми 3, 203 қисми 3, 204 қисмҳои 3 ва 4, 205 қисми 2, 206 қисмҳои 2 ва 3, 237 қисмҳои 2 ва 3, 244 қисми 4, 245 қисмҳои 3 ва 4, 246 қисми 3, 247 қисми 4 (ба истиснои ҳолатҳое, ки зарари расонидашуда аз панҷ ҳазор сомонӣ зиёд набошад), 248 қисмҳои 2,3 ва 4, 249, 250, 252 қисмҳои 2 ва 3, 262, 289 қисмҳои 2,3 ва 4, 305-310, 313, 316 қисми 3, 319 қисмҳои 3 ва 4, 329, 331, 332, 335 қисми 2, 3351 қисми 2, 365, 368 қисми 2, 369 қисмҳои 2 ва 3, 370 қисмҳои 2 ва 3, 382, 383, 384, 385, 386 қисми 4, 391 қисмҳои 3 ва 4, 393, 395-405 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири соли 1998;
в) маҳкумшудагоне, ки ба ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан маҳкум шудаанд;
г) маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо ҷазои қатл ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст;
д) маҳкумшудагоне, ки ҷинояти қасдонаро дар маҳалли адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ содир кардаанд;
е) маҳкумшудагоне, ки мувофиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ретсидивистони махсусан хавфнок эътироф шудаанд ва ё ҷиноятро дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок содир кардаанд;
ё) шахсоне, ки пештар тариқи бахшиши ҷазо ё бо татбиқи қонунҳои авф аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ё аз ҷазои ҷиноятӣ озод карда шудаанд ва боз қасдан ҷиноят содир намудаанд, агар мўҳлати ҷазое, ки аз рўи он Қонун дар бораи авф ё бахшиши ҷазо татбиқ карда шудааст, нагузашта бошад;
ж) маҳкумшудагоне, ки тартиби муқарраргардидаи ҷойҳои адои ҷазои ҷиноятиро ба таври ашаддӣ вайрон кардаанд, ба истиснои маҳкумшудагоне, ки дар бандҳои «а», «в» ва «г»-и моддаи 2 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд.
Муқаррароти моддаҳои 1, 2, 4 ва 6 Қонуни мазкур нисбати заноне, ки қасдан ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 104 (ба истиснои сўиқасд ба одамкушӣ), 1301, 167 қисми 3, 179, 1791, 1792, 1793, 305-310 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири соли 1998-ро содир намудаанд, татбиқ карда намешаванд.
 
Моддаи 10.
Амали Қонуни мазкур нисбати шахсоне, ки то мавриди амал қарор гирифтани он ҷиноят содир кардаанд ё аз ҷониби мақомоти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ё парвандаи ҷиноятӣ нисбати онҳо дар суд мавриди баррасӣ қарор дорад ё аз ҷониби судҳои Тоҷикистон маҳкум шудаанд, инчунин нисбати шахсоне, ки аз ҷониби судҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маҳкум шудаанд ва барои минбаъд адо намудани ҷазо ба Тоҷикистон оварда шудаанд, паҳн мегардад.
Татбиқи Қонуни мазкур доғи судии шахсро намебардорад.
 
Моддаи 11.
Иҷрои Қонуни мазкур ба зиммаи мақомот ва муассисаҳои зерин гузошта шавад:
а) мақомоти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ:
- нисбати шахсоне, ки мавод ва ё парвандаи ҷиноятии онҳо таҳти баррасии ин мақомот қарор доранд;
б) судҳо:
- нисбати шахсоне, ки мавод ва ё парвандаи ҷиноятии онҳо дар суд таҳти баррасӣ қарор дошта, то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур баррасӣ нашудаанд, инчунин шахсоне, ки парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати онҳо баррасӣ гардида, вале ҳукми онҳо қувваи қонунӣ пайдо накардааст;
- нисбати маҳкумшудагоне, ки иҷрои ҳукмашон мавқуф гузошта шудааст ва маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо бо ҳукми суд ҷазо шартан татбиқ карда нашудааст (масъалаи татбиқи Қонуни мазкур аз рўи пешниҳоди нозироти корҳои ислоҳие, ки рафтори маҳкумшударо назорат менамояд, аз ҷониби суди маҳалли иҷрои ҳукм ё зисти маҳкумшуда ҳал карда мешавад);
- нисбати маҳкумшудагоне, ки аз маҳалли маҳрум сохтан аз озодӣ шартан пеш аз мўҳлат аз ҷазо озод шудаанд ё қисми адонагардидаи ҷазои нисбати онҳо таъиншуда то мавриди амал қарор дода шудани Қонуни мазкур ба ҷазои сабуктар иваз карда шудааст (масъалаи татбиқи Қонун дар бораи авфро суди маҳалли иҷрои ҳукм ё зисти маҳкумшуда бо пешниҳоди нозироти корҳои ислоҳӣ ҳал мекунад);
- нисбати маҳкумшудагоне, ки ба ҷазои ҷарима маҳкум шудаанд (масъалаи татбиқи Қонуни мазкурро суде, ки ҳукм баровардааст бо пешниҳоди иҷрочии суд ҳал менамояд);
в) муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- нисбати маҳкумшудагоне, ки ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанду дар ҳабс нестанд ва ҳукмҳо нисбати онҳо қувваи қонунӣ пайдо кардаанд;
- нисбати маҳкумшудагоне, ки ҷазоро дар намуди корҳои ҳатмӣ, корҳои ислоҳӣ дар ҷои корашон ё дар ҷойҳои дигаре, ки мақомоти иҷрокунандаи ҳукм муайян менамоянд, адо мекунанд, инчунин маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян;
- нисбати маҳкумшудагоне, ки дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ буда, ҳукм нисбати онҳо эътибори қонунӣ пайдо кардааст;
- нисбати маҳкумшудагоне, ки ҷазоро дар колонияҳои ислоҳии сукунат адо мекунанд;
г) фармондеҳони қисмҳои ҳарбии интизомӣ:
- нисбати хизматчиёни ҳарбие, ки бо нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ маҳкум шудаанд.
 
Моддаи 12.
Озод намудани маҳкумшудагон аз ҷазоҳои иловагӣ, ки то рўзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур иҷро нашудаанд, ба зиммаи он мақомот ва муассисае гузошта мешавад, ки масъалаи аз ҷазои асосӣ озод намудани чунин маҳкумшудагон ба салоҳияти онҳо вогузор шудааст.
 
Моддаи 13.
Қарор дар бораи татбиқ кардан ё рад кардан аз татбиқи Қонун дар бораи авф нисбати ҳар як шахс алоҳида қабул карда мешавад. Дар сурати мавҷуд набудани маълумотҳои зарурӣ дар бораи маҳкумшуда муҳокимаи масъалаи татбиқи авф тибқи Қонуни мазкур то пайдо намудани ҳуҷҷатҳои иловагӣ, вале на дертар аз як моҳ мавқуф гузошта мешавад.
 
Моддаи 14.
Мақомоти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ, фармондеҳони қисмҳои интизомии ҳарбӣ, муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун дар бораи авфро бо иҷозати (санксияи) прокурор татбиқ менамоянд. Қонун дар бораи авф аз ҷониби судҳо бо иштироки ҳатмии прокурор татбиқ карда мешавад.
 
Моддаи 15.
Ҳангоми татбиқи Қонуни мазкур ҳолатҳои зерин бояд ба назар гирифта шаванд:
а) банди «а» моддаи 2 Қонуни мазкур нисбати заноне татбиқ мегардад, ки то рўзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур ҷиноят содир кардаанд, ба шарте ки ҷинояти содиркардаашон одамкушӣ моддаи 104 (ба истиснои сўиқасд ба одамкушӣ) ва ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 1301, 167 қисми 3, 179, 1791, 1792, 1793, 305-310 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири соли 1998 набошад; 
б) таҳти амали банди «б» моддаи 2 Қонуни мазкур шахсоне қарор мегиранд, ки то рўзи содир кардани ҷиноят ба синни ҳаждаҳсолагӣ нарасиданд; 
в) таҳти амали банди «в» моддаи 2 Қонуни мазкур мардоне қарор мегиранд, ки то рўзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур ба синни 55-солагӣ расидаанд;
г) банди «г» моддаи 2 Қонуни мазкур нисбати шахсоне татбиқ карда мешавад, ки мувофиқи тартиби муқарраршуда то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур маъюби гурўҳҳои I, II ва III дониста шудаанд, инчунин шахсоне, ки гирифтори бемории сил мебошанд ва дар номгўи чунин бемориҳо тибқи Замимаи №1 Фармони якҷояи Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон №335/89 аз 11 августи соли 2003 то ба қувваи қонунӣ даромадани Қонуни мазкур ба қайд гирифта шудаанд;
д) таҳти амали банди «д» моддаи 2 Қонуни мазкур иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо ва иштирокчиёни муқовиматҳои сиёсӣ ва ҳарбӣ дар Тоҷикистон, инчунин шахсоне, ки бар асари фалокати нерўгоҳи барқии атомии Чернобил зарар дидаанд, қарор мегиранд.
Иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, инчунин иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо шахсоне шуморида мешаванд, ки дар комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои маҳалли зисташон ба қайд гирифта шудаанд.
Иштирокчиёни муқовиматҳои сиёсӣ ва ҳарбӣ дар Тоҷикистон онҳое шуморида мешаванд, ки дар дафтари махсуси бақайдгирии комиҷроияҳои Советҳои депутатҳои халқии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ (ҳоло мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ) мувофиқи Қарори Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 1993, № 312 номнавис шуда буданд, инчунин кормандони сохторҳои қудратие, ки дар ин муқовиматҳо иштирок кардаанд ва собиқ силоҳбадастони Иттиҳоди нерўҳои оппозитсиони тоҷик, ки рўйхати онҳо бо қарори Комиссияи Оштии Миллӣ аз 3 марти соли 1999, №15 тасдиқ карда шудааст, номнавис шудаанд.
Шахсони бар асари фалокати нерўгоҳи барқи атомии Чернобил зарардида онҳое дониста мешаванд, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати нерўгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд» ба ин гурўҳ дохил карда шудаанд.
 
Моддаи 16.
Қонун дар бораи авф нисбати шахсоне, ки дар банди «ё» моддаи 2 Қонуни мазкур нишон дода шудаанд, дар сурати мавҷуд будани асосҳои кофӣ аз тарафи мақомоти тафтишоти пешакӣ, суд бе даъват намудани ин гурўҳи шахсон ва пурсиши онҳо татбиқ карда мешавад.
 
Моддаи 17.
Қонуни мазкур нисбати шахсоне татбиқ карда намешавад, ки барои содир намудани маҷмўи ҷиноятҳо айбдор дониста ва ё маҳкум шудаанд, агар яке аз ин ҷиноятҳо дар бандҳои «а» ва «б» моддаи 9 Қонуни мазкур пешбинӣ шуда бошад, вале мўҳлати адои ҷазо бо тартиби пешбининамудаи моддаи 7 Қонуни мазкур ва бо назардошти талаботи моддаи 8 Қонуни мазкур кам карда мешавад.
 
Моддаи 18.
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни мазкур қисми мўҳлати ҷазои адонагардида, ки то рўзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур боқӣ мондааст, кам карда мешавад.
Нисбати шахсоне, ки пештар мўҳлати ҷазояшон бо тариқи бахшиши ҷазо ё авф кам карда шуда буд, авф бо назардошти мўҳлати ҷазои адонагардида татбиқ карда мешавад.
 
Моддаи 19.
Шахсоне, ки нисбати онҳо Қонуни мазкур татбиқ карда мешавад, аз барқарор намудани товони зарари моддии бо кирдори ҷиноятӣ расонидаашон озод карда намешаванд.
 
Моддаи 20.
Шахсони мувофиқи Қонуни мазкур авфшаванда ҳам аз ҷазои асосӣ ва ҳам аз ҷазои иловагӣ озод карда мешаванд. Маҳкумшудагоне, ки мўҳлати адои ҷазояшон мутобиқи моддаи 7 Қонуни мазкур кам карда мешавад, аз адои ҷазоҳои иловагӣ озод карда намешаванд.
 
Моддаи 21.
Вайронкунандагони тартиби муқарраргардидаи адои ҷазо, ки банди «ж» моддаи 9 Қонуни мазкур пешбинӣ менамояд, маҳкумшудагони зерин дониста мешаванд:
а) маҳкумшудагоне, ки тартиби муқарраргардидаи адои ҷазоро то мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур ба таври ашаддӣ вайрон кардаанд (қисми 4 моддаи 80 ва моддаи 122 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон);
б) маҳкумшудагоне, ки дар вақти адо намудани ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ дар маҳалли адои ҷазо қасдан ҷиноят содир кардаанд.
 
Моддаи 22.
Нисбати шахсоне, ки ҷиноятҳои давомдор ё дарозмуддат содир кардаанд, Қонуни мазкур танҳо дар мавриде татбиқ карда мешавад, ки агар ин намуд ҷиноятҳо то рўзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур анҷом ёфта бошанд (ба истиснои шахсоне, ки дар банди ё) моддаи 2 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд).
 
Моддаи 23.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот вазифадоранд:
а) барои расонидани кўмаки иҷтимоӣ бақайдгирии саривақтии шахсонеро, ки аз адои ҷазо тибқи Қонуни мазкур озод шудаанд, таъмин намоянд ва рафтори онҳоро таҳти назорат гиранд;
б) назорати ноболиғони мутобиқи Қонуни мазкур озодшударо ба падару модарон ё шахсони ивазкунандаи онҳо вогузор намуда, дар мавриди зарурӣ барои ба мактаб-интернатҳо ҷойгир кардани ноболиғони бесаробон чораҳо андешанд;
в) масъалаи ҷойгир кардани беморонро дар муассисаҳои тиббӣ ва маъюбону пиронсолони яккаю танҳоро дар интернат ва хонаҳои пиронсолон ташкил намоянд.
 
Моддаи 24.
Иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» дар давоми се моҳ таъмин карда шавад.
Агар масъалаи татбиқи Қонуни мазкур пас аз мўҳлати семоҳаи баъд аз мавриди амал қарор додани он ба миён ояд, Қонуни мазкур мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи моддаи 11 он иҷро карда мешавад.
 
Моддаи 25.
Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот баъди се моҳи мавриди амал қарор дода шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси иҷрои он ҳисобот пешниҳод намоянд.
 
Моддаи 26.
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                              Эмомалӣ Раҳмон
 
ш. Душанбе, 3 ноябри  соли 2009,
№560
 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АВФИ ШАҲРВАНДОН ВА ШАХСОНИ ҲУҚУҚИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БИНОБАР ҚОНУНИГАРДОНИИ БАЪЗЕ МАБЛАҒҲОИ ОНҲО

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Дшб, 17/02/2020 - 11:39
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
596
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
25.02.2010
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
ДАР БОРАИ АВФИ ШАҲРВАНДОН ВА ШАХСОНИ ҲУҚУҚИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БИНОБАР ҚОНУНИГАРДОНИИ
БАЪЗЕ МАБЛАҒҲОИ ОНҲО
 
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии аз ҷониби давлат анҷом дода шудани амали истисноии  якдафъаина оид ба авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии маблағҳояшон,  ки барои харидории саҳмияҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Нерӯгоҳи барқи обии Роғун" истифода шудаанд ё аз бонкҳои давлатҳои хориҷӣ ба бонкҳои Тоҷикистон интиқол дода шудаанд ва озод  намудани онҳоро аз ҷавобгарии алоҳидаи пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
 
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- қонунигардонии маблағ  -  раванди  сармоягузории  маблағ  ба иқтисодиёти Тоҷикистон тавассути харидории саҳмияҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Нерӯгоҳи барқи обии Роғун" ва аз бонкҳои давлатҳои хориҷӣ ба бонкҳои Тоҷикистон интиқол додани маблағе, ки қаблан аз гардиши қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шуда,  дар эъломия расман нишон дода нашудаанд;
- авфи шаҳрвандон  ва  шахсони ҳуқуқӣ  - аз ҷавобгарии алоҳидаи пешбининамудаи қонунгузорӣ озод намудани шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маблағи худро  тибқи  Қонуни мазкур қонунӣ гардонидаанд;
- давраи  қонунигардонӣ  -  даврае,  ки  тибқи  талаботи моддаи 3 Қонуни мазкур барои  қонунигардонии  маблағи  шаҳрвандон  ва  шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст.
 
Моддаи 2. Амали Қонуни мазкур
1. Амали  Қонуни  мазкур  нисбат ба шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн мегардад,  ки маблағи худро  мутобиқи  Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои харидории саҳмияҳои  Ҷамъияти  саҳомии  кушодаи  "Нерӯгоҳи  барқи  обии   Роғун" истифода  кардаанд ё аз бонкҳои давлатҳои хориҷӣ ба бонкҳои Тоҷикистон интиқол додаанд.
2. Шахсони   ҳуқуқие,   ки  сармояи  оинномавиашон  ба  моликияти муштараки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷӣ  асос ёфтааст,  ҳуқуқ  доранд дар доираи саҳми шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмияҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Нерӯгоҳи барқи обии  Роғун"-ро харидорӣ намоянд ва амали Қонуни мазкур нисбат ба онҳо низ паҳн мегардад.
3. Муқаррароти  Қонуни  мазкур  нисбат  ба маблағи дигар шахсон ё маблағи ҳамчун қарз (кредит) гирифташуда ё ӯҳдадориҳое,  ки аз  аҳдҳои гражданӣ  бармеоянд,  инчунин  нисбат  ба маблағе,  ки барои харидории саҳмияҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Нерӯгоҳи  барқи  обии  Роғун"  дар бозори   дуюмдараӣаи   қоғазҳои   қиматнок  истифода  мешавад,  татбиқ намегардад.
 
Моддаи 3. Тартиб ва шартҳои қонунигардонии маблағ
1. Маблағи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои харидории  саҳмияҳои  Ҷамъияти  саҳомии кушодаи "Нерӯгоҳи барқи обии Роғун" истифода шудаанд  ё  то  ба  анҷом  расидани  сохтмони  ин нерӯгоҳ истифода  мешаванд, новобаста аз миқдори ин маблағ қонунигардонида ҳисобида мешавад.
2. Маблағи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ки аз бонкҳои давлатҳои хориҷӣ ба бонкҳои Тоҷикистон то 31  декабри  соли 2011  интиқол дода шудаанд,  қонунигардонида ҳисоб меёбад ва ин маблағ аз ҳама гуна андозу пардохтҳои  вобаста  ба  интиқоли  он  озод  карда мешавад.
3. Маблағи шахсони ҳуқуқии ба моликияти муштараки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷӣ асосёфта танҳо дар доираи саҳми шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мумкин  аст барои  харидории саҳмияҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Нерӯгоҳи барқи обии Роғун" истифода  шавад  ва  ин  маблағ  қонунигардонида  ҳисобида мешавад.
 
Моддаи 4. Кушодани ҳисобҳо барои маблағи воридшаванда
1. Кушодан ва пешбурди ҳисобҳои бонкӣ барои шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ки маблағи худро  аз  бонкҳои  давлатҳои хориҷӣ   ба   бонкҳои   Тоҷиикистон   интиқол   медиҳанд,  бо  тартиби муайяннамудаи Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
2. Ба  шахсоне,  ки  маблағи  худро  қонунӣ мегардонанд,  бонкҳои ҷумҳурӣ,  ки ба ҳисобҳои  онҳо  маблағи  қонунигардонидашаванда  ворид мешавад, ҳуҷҷати расмие медиҳанд, ки миқдор ва таърихи ворид шудани ин маблағро нишон медиҳад. Шакли ин ҳуҷҷати расмӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
 
Моддаи 5. Авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо тартиби муқаррарнамудаи  Қонуни  мазкур  маблағи  худро  қонунӣ гардонидаанд
1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур маблағи худро қонунӣ гардонидаанд, авф карда шуда, аз ҷавобгарии, ҷиноятӣ барои ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 259, 259(1),  260,  263,  264,  269,  286,  289 қисми 1,  291-293 ва 340(1) Кодекси  ҷиноятии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  ки  то  мавриди  амал  қарор гирифтани Қонуни мазкур содир кардаанд, озод карда мешаванд.
2. Шаҳрвандон  ва  шахсони  ҳуқуқии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  ки бо тартиби   муқаррарнамудаи   Қонуни мазкур маблағи худро қонун гардонидаанд, авф карда  шуда,  аз  ҷавобгарии  маъмурии ҳуқуқвайронкуниҳои пешбининамудаи моддаҳои 538, 541, 572 қисми 2, 599, 607, 617 ва 618 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур содир кардаанд,  озод карда мешаванд.
 
Моддаи 6. Кафолати  ҳуқуқу  манфиатҳои  шаҳрвандон  ва  шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии
                     Тоҷикистон,  ки маблағи худро мутобиқи Қонуни  мазкур қонунӣ гардонидаанд
1. Давлат  ҳифзи  ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро,  ё ки маблағи худро тибқи Қонуни мазкур  қонунӣ мегардонанд, кафолат медиҳад.
2. Мақомоти  дахлдори  давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон махфияти маълумотро  оид  ба маблағи саҳмияҳои харидашуда, шахсияти харидорони саҳмияҳо ва гирифтани суди (дивиденти) саҳмияҳо, инчунин маблағе, ки аз бонкҳои давлатҳои хориҷӣ ба бонкҳои Тоҷикистон интиқол шудаанд, таъмин намуда, ин маълумотро ошкор наменамоянд.
3. Санҷиши  фаъолияти  шаҳрвандон  ва  шахсони  ҳуқуқии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки саҳмияҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Нерӯгоҳи барқи обии Роғун"-ро  харидорӣ  намудаанд,  маблағи  худро  аз  бонкҳои давлатҳои хориҷӣ ба бонкҳои Тоҷикистон интиқол додаанд, инчунин фаъолияти бонкҳо оид ба фурӯши саҳмияҳо, бақайдгирӣ ва номнависии сертификати саҳмияҳо, ҷамъоварии маблағи фурӯши саҳмияҳо ва сертификати саҳияҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Нерӯгоҳи барқи обии Роғун",  сарчашмаи маблағе, ки барои харидории саҳмияҳо истифода  шудааст  ва  маблағи  аз  бонкҳои давлатҳои хориҷӣ ба бонкҳои Тоҷикистон интиқолдодашуда манъ аст.
4. Дар сурати аз ҷониби шаҳрвандон ва  шахсони  ҳуқуқии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  кормандони  бонкҳо  содир  намудани  ҷиноят  ва  дигар ҳуқуқвайронкуниҳо маблағи саҳмияҳои харидашуда ва маблағи  аз  бонкҳои давлатҳои  хориҷӣ  ба  бонкҳои  Тоҷикистон интиқолдодашуда  танҳо  бо иҷозати Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷида мешавад.
 
Моддаи 7. Масунияти андоз
Маблағҳои мутобиқи Қонуни мазкур аз ҷониби шаҳрвандон ва  шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунигардонида ба даромади андозбандишаванда дохил карда намешаванд  ва  дар давраи  то  амалҳ гардидани қонунигардонӣ ва дар соли тақвимии амалӣ гардидани қонунигардонӣ аз андоз ва дигар пардохтҳо вобаста  ба  ҳамин  маблаҷҳо озод карда мешаванд.
 
Моддаи 8. Мӯҳлати даъво
Мӯҳлати даъво  доир  ба  масъалаҳои  қонунигардонии  маблағ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур як сол буда, пас аз гузаштани ин мӯҳлат чунин масъалаҳо аз ҷониби суд аз нав баррасӣ карда намешаванд.
 
Моддаи 9. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур
Шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки талаботи Қонуни  мазкурро риоя   намекунанд,   тибқи   қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 10. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур  пас  аз  интишори  расмӣ  мавриди  амал қарор дода шавад.
 
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                           Эмомалӣ Раҳмон
 
 ш. Душанбе, 25 феврали соли 2010
№ 596
 

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АВФИ УМУМӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Дшб, 17/02/2020 - 11:42
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Рақам: 
706
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
13.11.1998
ҚАРОРИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
ДАР БОРАИ АВФИ УМУМӢ
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1998, №23-24, мод. 328)
 
Ба муносибати ҳафтумин солгарди истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва яксолагии ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дар назардошти принсипи башардўстӣ ва мувофиқи моддаи 49 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р   м е к у н а д:
 
1. Аз ҷазои маҳрумӣ аз озодӣ, сарфи назар аз мўҳлати ҷазои таъиншуда, инчунин аз ҷазоҳои бо маҳрум кардан аз озодӣ алоқаманд набуда, маҳкумшудагони зайл аз ҷазо озод карда шаванд:
а) занон;
б) мардони аз 50 – сола боло;
в) маъюбони гурўҳҳои I ва II;
г) иштирокчиён ва собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ашхоси ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиён ва собиқадорони амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо;
д) ноболиғон;
е) ашхосе, ки бо ордену медалҳои СССР ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудаанд;
ж) ашхосе, ки аз даъвати навбатӣ ба  хизмати ҳақиқии ҳарбӣ саркашӣ намудаанд, худсарона баромада рафтаанд, худсарона қисм ё маҳалли ҳизматро тарк кардаанд, дезертирӣ кардаанд ё ашхосе, ки аз хизмати ҳарбӣ бо роҳи маъюб кардани худ ё усули дигар саркашӣ кардаанд.
2. Маҳкумшудагоне, ки барои аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намудан ба мўҳлати то даҳ соли пурра аз озодӣ маҳрум шудаанд, аз ҷазо озод карда шаванд.
3. Маҳкумшудагоне, ки барои қасдан содир кардани ҷиноят ба мўҳлати то панҷ соли пурра аз озодӣ маҳрум карда шудаанд, аз ҷазо озод карда шаванд.
4. Маҳкумшудагоне, ки шартан аз озодӣ марум гардида, ба меҳнати ҳатмӣ ҷалб кардан шудаанд, аз ҷазо озод карда шаванд.
5. маҳкумшудагоне, ки шартан аз озодӣ маҳруб гардида, мўҳлати иҷрои ҳукми онҳо маъқуф гузошта шудааст, онҳое, ки аз маҳалли маҳрумият аз озодӣ ба шарти ҳатман ба меҳнат ҷалб гардидан озод шудаанд, инчунин онҳое, ки ба дигар ҷазои новобаста ба маҳрумият аз озодӣ маҳкум гардидаанд, аз ҷазо озод карда шаванд
6. Тафтиши ҳамаи парвандаҳои тафтишотӣ ва парвандаҳое, ки аз тарафи судҳо баррасӣ нагардидаанд, қатъ карда шаванд:
а) дар бораи ҷиноятҳое, ки то эътибор пайдо кардани ҳамин қарор аз тарафи
ашхоси дар банди 1 ҳамин қарор номбаршуда содир гардидаанд;
б) дар хусуси ҷиноятҳое, ки барои онҳо Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҷазоҳои бо маҳрум кардан аз озодӣ вобастанабударо пешбинӣ намудааст;
в) нисбати ашхосе, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир кардаанд ва ба он Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрумӣ аз озодиро ба мўҳлати то даҳ сол пешбинӣ намудааст;
г) нисбати ашхосе, ки қасдан ҷиноят содир намудаанд ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои он ба мўҳлати то панҷ сол ҷазои аз озодӣ маҳрум карданро пешбинӣ намудааст.
7. Мўҳлати адонагардидаи ҷазои ашхоси зерин кам карда шавад:
а ) онҳое, ки барои содир намудани ҷиноят ба мўҳлати то даҳ соли пурра аз
озодӣ маҳрум шудаанд – нисфи мўҳлати ҷазо;
б) онҳое, ки барои аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир кардан маҳкум шудаанд, новобаста аз мўҳлати ҷазо – аз се ду ҳисса;
в) онҳое, ки барои қасдан содир намудани ҷиноят ба мўҳлати то понздаҳ сол аз озодӣ маҳрум гардидаанд – сеяки мўҳлати ҷазо.
8. Ба ашхосе, ки барои ҷиноятҳои зерин ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ё маҳкум гардидаанд, амали бандҳои 1,3 ва зербандҳои «а» ва «г» банди 6 ҳамин қарор татбиқ карда нашаванд:
а) барои ҷиноятҳои махсусан хавфноки давлатӣ бо моддаҳои 61-70;
б) барои ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 74; 75 қ.2; 76 қ.2,3; 89 қ.4; 90 қ.4; 91 қ.2; 95 қ.2,3; 99 қ.2; 104; 105; 111 қ.2; 121; 135 қ.3; 156 қ.2; 160 қ.3; 161 қ.3; 186 қ.2,3; 187 қ.2; 1871 қ.2; 220 қ.3; 227 қ.3; 234 қ.2; 240; 2401; 2402; 241; 242; 250 б. «в»; 252 б. «б»; 261 б. «в»; 270 б. «в»; 271; 276; 277 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
в) ба ашхосе, ки пас аз 1 сентябри соли 1998 ҷиноятҳои зеринро содир кардаанд ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ё маҳкум гардидаанд, амали бандҳои 1,3 зербандҳои «а» ва «г» банди «б» ҳамин қарор татбиқ карда намешавад:
- барои ҷиноятҳои ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат бо моддаҳои 305-313; барои ҷиноятҳои пешбинӣ намудаи моддаҳои 104; 110 қ.2,3; 130; 131 қ.3; 138; 139 қ.3; 179; 181; 184 қ.3; 186; 195 қ.2,3,4; 199 қ.Қ4; 200; 201; 202; 203 қ.3; 204; 205 қ.2; 244 қ.3,4; 245 қ.4; 248 қ.2,3,4; 249; 250 қ.2,3,4; 252 қ.2; 357; 368; 369 қ.2,3; 370 қ.2,3; 382; 386 қ.4; 391 қ.2,3,4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
г) ашхоси рецидевисти махсусан хавфнок;
д) онҳое, ки пештар ба тариқи бахшиши ҷазо ё авфи умумӣ ё бахшидани ҷазо татбиқ карда шудааст, нагузашта бошад;
е) ашхосе, ки режими нигаҳдориро барқасдона вайрон кардаанд.
9. Ба ашхосе, ки нисбати онҳо дар қатори ҷазо барои содир намудани ҷиноят чораҳои маҷбурии табобатӣ аз майзадагӣ, нашъамандӣ ё бемориҳои олоти таносул таъин гардидаанд ва бояд мутобиқи қарори мазкур аз ҷазо озод карда шаванд, санади авф пас аз ба итмом расидани курси пурраи табобат мавриди иҷро қарор дода мешавад.
10. Таҳти амали қарори мазкур ашхосе қарор мегиранд, ки аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ё аз ҷониби судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум шудаанд ва то эътибор пайдо кардани ҳамин қарор ҷиноят содир намудаанд.
11. Ҳамин тариқ қарор пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор дода мешавад ва дар давоми шаш моҳ мавриди иҷро қарор гирад.
 
 
Раиси
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                           С. Раҷабов
 
ш. Душанбе, 13 ноябри соли 1998
№ 706
 
 
 
 
ҚАРОРИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ТАТБИҚИ ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
«ДАР БОРАИ АВФИ УМУМӢ»
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1998, №23-24, мод. 329)
 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р   м е к у н а д:
 
1. Иҷрои Қарори Маҷиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи умумӣ» ба зиммаи инҳо гузошта шавад:
а) мақомоте, ки иҷрои ҷазо нисбати маҳкумшудагоне, ки дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ мебошанд, онҳое, ки шартан аз озодӣ маҳрум гардидаанд ва ба меҳнати ҳатмӣ ҷалб карда шудаанд аз ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ бо ҳатман ба меҳнат ҷалб кардан озод карда шудаанд, дар иштиёрашон мебошад.
Иҷрои Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи умумӣ» (минбаъд дар матн – Қарор дар бораи авф) тибқи қарори сардори мақомоте, ки иҷрои ҷазоро анҷом медиҳанд ва аз ҷониби прокурор иҷозат дода шудааст, сурат мегирад;
б) ба мақомоти таҳқиқи ибтидоӣ ва тафтиши пешакӣ – нисбати ашхосе, ки парванда ва маводи ҷиноятҳояшон таҳти баррасии ин мақомот қарор доранд;
в) ба зиммаи судҳо:
нисбати ашхосе, ки парванда ва маводи оид ба ҷиноятҳояшон дар суд таҳти баррасӣ қарор дошта, то эътибор пайдо намудани Қарор дар бораи авф баррасӣ нашудаанд, инчунин ашхосе, ки парвандаҳо дар бораи ҷиноятҳои онҳо баррасӣ гардида, вале ҳукми онҳо қувваи қонунӣ пайдо накардаанд;
нисбати маҳкумшудагоне, ки иҷрои ҳукмашон ба таърих андохта шудааст ва ашхосе, ки шартан маҳкум гардидаанд (масъалаи татбиқи авф аз рўи пешниҳоди мақоми корҳои дохилие, ки рафтори маҳкумшударо назорат менамояд, аз ҷониби суде, ки ҳукм баровардааст, ҳал карда мешавад);
нисбати ашхосе, ки ба ҷазои ҷарима маҳкум шудаанд, агар  то эътибор пайдо кардани қарор дар бораи авф ҷарима ситонида нашуда бошад (масъалаи татбиқи авфро суде, ки ҳукм баровардааст, ҳал менамояд);
нисбати ашхосе, ки шартан пеш аз мўҳлат аз ҷазо озод карда шудаанд ва ашхосе, ки қисми адонагардидаи ҷазояшон то эътибор пайдо намудани Қарор дар бораи авф ба ҷазои сабуктар иваз карда шудааст (масъалаи татбиқи санади авфро суде, ки дар бораи татбиқи шартан пеш аз мўҳлат озод кардан ё ба ҷазои сабуктар иваз кардани қисми адонашудаи ҷазо таъинот баровардааст, ҳал мекунад);
г) ба зиммаи мақомоти корҳои дохилӣ:
нисбати ашхосе, ки ҳукмро нисбати онҳо қувваи қонунӣ пайдо кардаанд, ашхосе, ки ба маҳрумият аз озодӣ маҳкум шудаанду дар ҳабс нестанд ё шахсоне, ки шартан ба маҳрумият аз озодӣ бо ҳатман ҷалб намудан ба меҳнат маҳкум гардида, ба маҳалли кор фиристода нашудаанд;
нисбати ашхосе, ки ҷазоро дар шакли корҳои ислоҳи меҳнатӣ бидуни маҳрумият аз озодӣ адо мекунанд, маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолиятҳои муайян;
д) ба зиммаи фармондеҳии қисмҳои интизомии ҳарбӣ – нисбати хизматчиёни ҳарбие, ки ба фиристодан ба қисмҳои интизомии ҳарбӣ маҳкум гардидаанд.
2. Қарори татбиқ ё татбиқ накардани санади авф барои ҳар шахс алоҳида қабул карда мешавад.
3. Қарори татбиқи авф, ки мақомоти таҳқиқи ибтидоӣ ва тафтиши пешакӣ, мақомоти корҳои дохилӣ, инчунин фармондеҳии қисмҳои интизомии ҳарбӣ қабул мекунанд, аз ҷониби прокурор иҷозат дода мешавад.
Ҳангоми татбиқи санади авф аз ҷониби судҳо иштироки прокурор ҳатмист.
4. Адои ҷазо дар шакли корҳои ислоҳи меҳнатӣ бе маҳрумият аз озодӣ аз рўзи баровардани қарор аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ дар бораи татбиқи санади авф, ки прокурор тасдиқ кардааст, қатъ мегардад.
5. Ҳангоми татбиқи санади авф нисбати ашхосе, ки мўҳлати ҷазояшон бо тартиби бахшиши ҷазо ё авф кам карда шудааст, мўҳлати ҷазое, ки мутобиқи санади бахшиши ҷазо ё авф муқаррар гардидааст, ба инобат гирифта шавад.
6. Ашхосе, ки таҳти авф қарор мегиранд, ҳам аз ҷазои асосӣ ва ҳам аз ҷазои иловагӣ озод карда мешаванд, агар ҷазои иловагӣ то рўзи эътибор пайдо намудани Қарор дар бораи авф адо нагардида бошад.
7. мутобиқи банди 7 Қарор дар бораи авф қисми мўҳлати ҷазо, ки то рўзи эътибор пайдо кардани қарори номбаршуда адо нагардидааст, кам карда мешавад.
8. маводи ашхосе, ки таҳти амали Қарор дар бораи авф қарор мегиранд ва мувофиқи тартиби муқарраргардида ба онҳо табобати маҷбурӣ аз майзадагӣ, нашъамандӣ ё бемориҳои олоти таносул таъин гардидааст, дар давраи иҷрои қарори зикршуда баррасӣ гардида, қарор дар бораи озод намудани онҳо танҳо пас аз ба охир расидани давраи пурраи табобати маҷбурӣ мавриди иҷро қарор дода мешавад.
Барои анҷомёфта донистани муолиҷаи касалии зўҳравӣ маҳкумшуда хулосаи тиббӣ ва нисбати ашхосе, ки суд аз майзадагӣ ё нашъамандӣ табобати маҷбурӣ фармудааст, таъиноти суд дар бораи қатъ кардани табобати маҷбурӣ асос мебошад.
9. Вайронкунандагони барқасди режими нигаҳдорӣ маҳкумшудагоне ҳисобида мешаванд, ки мунтазам талаботи режимро вайрон мекунанд ва вобаста ба вазнинии вайронкунии содиркардаашон камаш се ҷазои интизомии мўҳлаташ адонашуда ё бекорнашуда дошта бошанд.
10. Дар ҳолатҳое, ки агар масъалаи истифодаи санади авф пас аз мўҳлати шашмоҳаи пас аз санаи эътибор пайдо кардани Қарор дар бораи авф ба миён ояд, он мувофиқи тартиби пешбининамудаи банди 1 ҳамин Қарор иҷро карда мешавад.
11. Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати як моҳи пас аз гузаштани мўҳлати амали Қарори авф ба Раёсати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси иҷрои он ҳисобот пешниҳод намоянд.
 
 
Раиси
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                 С. Раҷабов
 
ш. Душанбе, 13 ноябри соли 1998
№ 707
 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АЗ ҶАВОБГАРИИ ҶИНОӢ, ИНТИЗОМӢ ВА МАЪМУРӢ ОЗОД КАРДАНИ ШАХСОНЕ, КИ ДАР ДАВРАИ АЗ 27 МАРТ ТО 25 НОЯБРИ СОЛИ 1992 ҶИНОЯТ ВА АМАЛҲОИ ҒАЙРИҚОНУНӢ СОДИР КАРДААНД

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Дшб, 17/02/2020 - 11:45
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
728
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
26.11.1992
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
ДАР БОРАИ АЗ ҶАВОБГАРИИ ҶИНОӢ, ИНТИЗОМӢ ВА МАЪМУРӢ ОЗОД КАРДАНИ ШАХСОНЕ, КИ ДАР ДАВРАИ АЗ 27 МАРТ ТО 25 НОЯБРИ СОЛИ 1992 ҶИНОЯТ ВА АМАЛҲОИ ҒАЙРИҚОНУНӢ СОДИР КАРДААНД
 
 (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1992, №23, мод. 323)
 
Бо мақсади хотима додан ба ҷанги бародаркўшӣ, пешгирии фоҷиаи миллии ҷумҳурӣ ва харобшавии асосҳои иқтисодии ҷамъиятӣ ва сиёсии давлат, таҳкими сулҳу салоҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкори гурўҳҳои гуногун, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, таъмини фаъолияти мўътадили институтҳои давлатӣ, инсондўстӣ зоҳир намуда, Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
 
Моддаи 1.
Шахсоне, ки аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 дар минтақаҳои мухолифати мусаллаҳона ҷиноят ё амалҳои ғайриқонунии зеринро содир кардаанд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ, интизомӣ ва маъмурӣ кашида нашаванд:
ғасби биноҳои мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ, корхонаҳо ва ташкилотҳо, коммуникатсия ва иншоотҳо;
муҳосираи роҳҳои нақлиёт ва роҳи оҳан, купрукҳо, биноҳо, вокзалҳо, стансияҳо, аэропортҳо, биноҳои телевизион ва радио, иншооту коммуникатсияҳо, ки ба оқибатҳои сангин наанҷомида бошанд;
ташкил ва гузаронидани гирдиҳамоиҳо, роҳпаймоиҳо ва намоишҳои ба қайд гирифтанашуда;
вайрон кардани сарҳади давлатӣ, ки ба қочоқи маводи муходира вобаста нестанд.
 
Моддаи 2.
Парвандаҳо нисбати шахсоне, ки ҷиноятҳои дар моддаи 1 ҳамин Қонун номбаршударо содир карда, дар истеҳсолоти мақомоти тафтишотӣ ва додгоҳӣ мебошанд, қатъ карда шаванд.
 
Моддаи 3.
Шахсоне, ки дар минтақаҳои мухолифати мусаллаҳона дар мўҳлатҳои дар моддаи 1 ҳамин Қонун пешбинишуда бо роҳи дуздӣ ва ғорати амвол ё ҳай карда бурдани воситаҳои нақлиёт ҷиноят содир кардаанд, ба шарти то 31 декабри соли 1992 тавассути мақомоти корҳои дохилӣ ба соҳибонашон баргардондани амвол аз ҷавобгари ҷиноятӣ озод карда шаванд.
 
Моддаи 4.
Шахсоне, ки аз ҷойҳои маҳрўмӣ аз озодӣ ё маҳбасҳо ғайриқонунӣ озод карда шудаанд, дар сурати то 31 декабри соли 1992 ихтиёран ба ин ҷойҳо ё ба мақомоти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баргаштанашон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешаванд.
 
Моддаи 5.
Ҳамин Қонун танҳо нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегардад ва аз рўзи қабул шуданаш эътибор пайдо мекунад.
 
 
И.В. Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                              Э.Раҳмонов
 
ш. Хуҷанд, 26 ноябри соли 1992,
№ 728
 

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АВФИ УМУМӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Дшб, 17/02/2020 - 11:56
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Рақам: 
742
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
14.05.1999
ҚАРОРИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
ДАР БОРАИ АВФИ УМУМӢ
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1999, №5, мод. 55)
 
Ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш. Раҳмоновро оид ба авфи силоҳбадастони оппозитсияи тоҷик, ки ба қарори Комиссияи Оштии Миллӣ № 029 аз 4 маи соли 1999, дархости иттиҳоди нерўҳои оппозитсияи тоҷик асос ёфтааст, баррасӣ намуда ва бо мақсади суръат  бахшидан ба раванди сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон бо назардошти принсипҳои башардўстӣ ва мутобиқи  моддаи 49 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор мекунад:
1. Аз ҷазои маҳрумӣ аз озодӣ, сарфи назар аз мўҳлати ҷазои таъиншуда, инчунин аз ҷазоҳои бо маҳрум кардан аз озодӣ алоқаманднабуда силоҳбадастони Иттиҳоди нерўҳои оппозитсияи тоҷик тибқи рўйхати тасдикнамудаи Комиссияи Оштии Миллӣ аз 3 марти соли 1999 озод карда шаванд.
2. Парвандаҳои ҷиноятӣ, ки дар баррасии мақомоти тафтишоти пешакӣ мебошанд, аз ҷумла парвандаҳои ҷиноятие, ки баррасии онҳо боздошта шудааст ва парвандаҳои ҷиноятие, ки аз тарафи судҳо баррасӣ нагардидаанд, нисбати ашхосе, ки таҳти амали банди 1 ҳамин Қарор мебошанд, қатъ карда шаванд.
3. Таҳти амали ҳамин Қарор ашхосе қарор мегиранд, ки аз тарафи мақомоти тафтишотӣ нисбати онҳо  тафтишоти пешакӣ бурда мешавад ё аз тарафи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум шудаанд ва то қабули ҳамин Қарор ҷиноят содир намудаанд.
4. Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд  менамояд, ки:
а) авфи силоҳбадастони ИНОТ дар асоси қарори Комиссияи Оштии  Миллӣ таҳти № 15 аз 3 марти соли 1999 сурат гирад;
б) роҳбарияти ИНОТ якҷоя бо вазоратҳои низомӣ қароргоҳҳои дастаҳои мусаллаҳи  ИНОТ-ро ба Протоколи низомӣ мувофиқ намуда, силоҳҳо ва фаъолияти размандагонро зери назорати қатъӣ гирад;
в) силоҳбадастоне, ки бар хилофи Созишномаи умумӣ бе иҷозат аз қароргоҳҳо берун мераванд ва бо силоҳ мегарданд, мувофиқи  тартиби муқарраркардаи қонун ба ҷазо кашида мешаванд;
г) масъулияти дастгир намудан ва халъи силоҳи силоҳбадастоне, ки аз итоати фармондеҳон мебароянд, то иҷрои марҳилаи дуюми Протоколи масъалаҳои низомӣ ба зиммаи вазоратҳои дахлдор ва роҳбарияти ИНОТ мебошад;
д) қарори авф нисбат ба силоҳбадастоне, ки баъди қабули ин қарор ба қонуншиканӣ роҳ медиҳанд, татбиқ намешавад.
5. Ҳамин Қарор пас аз расман нашр гардиданаш  эътибор пайдо  мекунад ва бояд дар давоми се моҳ мавриди иҷро қарор гирад.
 
 
Раиси
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                    С. Раҷабов
          
ш.Душанбе, 14 майи соли 1999
№ 742
 
 
 
ҚАРОРИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ТАТБИҚИ ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
«ДАР БОРАИ АВФИ УМУМӢ»
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1999, №5, мод. 56)
 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор мекунад:
1. Иҷрои Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи умумӣ» ба зиммаи инҳо гузошта шавад:
а) мақомоте, ки иҷрои ҷазо нисбати маҳкумшудагоне, ки дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ мебошанд,  онҳое, ки шартан аз озодӣ маҳрум гардидаанд ва ба меҳнати ҳатмӣ ҷалб карда шудаанд ва онҳое, ки шартан аз ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ бо ҳатман ба меҳнат ҷалб кардан озод карда шудаанд, дар ихтиёрашон мебошад.
Иҷрои  Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи  умумӣ» (минбаъд дар матн – Қарор дар бораи авф) тибқи қарори сардори мақомоте, ки иҷрои ҷазоро анҷом медиҳанд ва аз ҷониби прокурор иҷозат дода шудааст, сурат мегирад;
б) ба мақомоти таҳқиқи ибтидоӣ ва тафтиши пешакӣ – нисбати ашхосе, ки парванда ва маводи ҷиноятҳояшон таҳти баррасии ин мақомот қарор доранд;
в) ба зиммаи судҳо:
нисбати ашхосе, ки парванда ва маводи оид ба ҷиноятҳояшон дар суд таҳти баррасӣ қарор дошта, то эътибор пайдо намудани Қарор дар бораи авф баррасӣ нашудаанд, инчунин ашхосе, ки парвандаҳо дар бораи ҷиноятҳои онҳо баррасӣ гардида, вале ҳукми онҳо қувваи қонунӣ пайдо накардаанд;
нисбати маҳкумшудагоне, ки иҷрои ҳукмашон ба таъхир андохта шудааст ва ашхосе, ки шартан маҳкум  гардидаанд (масъалаи татбиқи авф аз рўи пешниҳоди мақоми корҳои дохилие, ки рафтори маҳкумшударо назорат  менамояд, аз ҷониби суде, ки ҳукм баровардааст, ҳал карда мешавад);
нисбати ашхосе, ки бо ҷазои ҷарима маҳкум шудаанд, агар то эътибор пайдо кардани Қарор дар бораи авф ҷарима ситонида нашуда бошад (масъалаи татбиқи авфро суде, ки ҳукм баровардааст, ҳал менамояд);
нисбати ашхосе, ки шартан пеш аз мўҳлат аз ҷазо озод карда шудаанд ва ашхосе, ки қисми адонагардидаи  ҷазояшон то эътибор пайдо  намудани Қарор дар бораи авф ба ҷазои сабуктар иваз карда  шудааст (масъалаи татбиқи санади авфро суде, ки дар бораи татбиқи шартан пеш аз мўҳлат озод кардан ё ба ҷазои сабуктар иваз кардани қисми адонашудаи ҷазо таъинот баровардааст, ҳал мекунад);
г) ба зиммаи мақомоти корҳои дохилӣ:
нисбати ашхосе, ки ҳукмҳо нисбати онҳо қувваи қонунӣ пайдо кардаанд, ашхосе, ки ба маҳрумият аз озодӣ маҳкум шудаанду  дар ҳабс нестанд ё шахсоне, ки шартан ба маҳрумият аз озодӣ бо ҳатман  ҷалб намудан  ба меҳнат маҳкум гардида, ба маҳалли кор фиристода нашудаанд;
нисбати ашхосе, ки ҷазоро дар шакли  корҳои ислоҳи меҳнатӣ бидуни маҳрумият аз озодӣ адо мекунанд, маҳрум намудан аз ҳуқуқи  ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолиятҳои муайян.
2. Қарори татбиқ ё татбиқ накардани санади авф барои ҳар шахс алоҳида қабул карда мешавад.
3.Қарори татбиқи авф, ки мақомоти таҳқиқи ибтидоӣ ва тафтиши пешакӣ, мақомоти корҳои дохилӣ қабул мекунанд, аз  ҷониби прокурор иҷозат дода мешавад.
Ҳангоми татбиқи санади авф аз ҷониби судҳо иштироки прокурор ҳатмист.
4. Ашхосе, ки таҳти авф қарор мегиранд, ҳам аз ҷазои асосӣ ва ҳам аз ҷазои иловагӣ озод карда мешавад, агар ҷазои иловагӣ то рўзи  эътибор пайдо намудани Қарор  дар бораи авф адо нагардида бошад.
5. Дар ҳолатҳое, ки агар масъалаи истифодаи санади авф пас аз мўҳлати се моҳаи пас аз санаи эътибор пайдо кардани Қарор дар бораи авф ба миён ояд, он мувофиқи тартиби пешбининамудаи банди 1 ҳамин Қарор иҷро карда мешавад.
6. Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати як моҳи пас аз гузаштани мўҳлати амали Қарори авф ба Раёсати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси иҷрои он ҳисобот пешниҳод намоянд.
 
 
Раиси
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                               С. Раҷабов
 
ш.Душанбе, 14 майи соли 1999
№ 743
 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АВФ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Дшб, 17/02/2020 - 11:59
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
764
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
20.08.2011
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
ДАР БОРАИ АВФ
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №7-8, мод. 618)
 
Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани принсипи инсондӯстӣ ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи авф" қабул мекунад.
 
Моддаи 1
Шахсони ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумкардашудае, ки аз чор се ҳиссаи ҷазоро дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ адо кардаанд, аз адои ҷазо озод карда шаванд.
 
Моддаи 2
Аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, новобаста ба мӯҳлати ҷазои таъиншуда ва аз адои ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда маҳкумшудагони зерин озод карда шаванд:
1) Занон.
2) Ноболиғон.
3) Мардони аз синни 55 - сола боло.
4) Маъюбони гурӯҳҳои I, II ва III, инчунин шахсони гирифтори бемориҳои омоси бадсифати марҳалаи 4 ва гурӯҳи клиникии 4 аз рӯи таснифи байналмилалӣ, омоси бадсифати бофтаҳои лимфоидӣ ва хунофар, сили узвҳои нафас ва пошхӯрдаи шадиди шуш, бемории ишемиявии дил - стенокардияи фаъолияти ҷисмонии ІІІ ва ІV мансуб донисташуда.
5) Иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо ва иштирокчиёни муқовиматҳои сиёсӣ ва ҳарбӣ дар Тоҷикистон, инчунин шахсоне, ки бар асари фалокати Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд.
6) Шахсоне, ки бо мукофотҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудаанд.
7) Шахсоне, ки аз даъвати навбатӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ саркашӣ намудаанд, худсарона қисми ҳарбӣ ё маҳалли хизматро тарк кардаанд, аз қисми ҳарбӣ ё аз ҷои хизмат бо роҳи худсарона баромада рафтан фирор кардаанд ё шахсоне, ки аз иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ бо роҳи узвмаъюбкунӣ ё усули дигар саркашӣ кардаанд.
8) Шаҳрвандони хориҷӣ.
 
Моддаи 3
Маҳкумшудагоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намудаанд, новобаста аз намуди ҷазои таъиншуда аз адои ҷазо озод карда шаванд.
 
Моддаи 4
Маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо барои қасдан содир кардани ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ва ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда таъин карда шудаанд, аз адои ҷазо озод карда шаванд.
 
Моддаи 5
Маҳкумшудагони зерин аз ҷазо ё адои ҷазо озод карда шаванд:
1) Агар нисбати  онҳо иҷрои ҳукм мавқуф гузошта шуда бошад.
2) Агар нисбати  онҳо ҷазо шартан татбиқ накарда шуда бошад.
3) Агар онҳо шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ озод шуда бошанд ё ҷазоро дар колонияҳои ислоҳии сукунат адо карда истода бошанд.
4) Агар онҳо шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод шуда бошанд.
5) Агар онҳо ба ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда маҳкум шуда бошанд.
 
Моддаи 6
Шахсоне, ки нисбати онҳо барои бори аввал содир кардани ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 307 қисми 1, 3071, 3072 қисми 2 ва  3073 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ва ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда таъин карда шудааст, аз адои ҷазо озод карда шаванд.
 
Моддаи 7
Пешбурди парвандаҳои ҷиноятии зерин, ки таҳти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва баррасии судӣ қарор доранд ё аз тарафи судҳо баррасӣ нагардидаанд, қатъ карда шаванд:
1) Оид ба ҷиноятҳое, ки то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур аз тарафи шахсони дар моддаи 2 ҳамин Қонун пешбинишуда содир гардидаанд.
2) Нисбати шахсоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намудаанд.
3) Нисбати шахсоне, ки қасдан ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна содир намудаанд.
4) Нисбати шахсоне, ки ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 245, 246, 247, 253 ва 257 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) - ро содир карда, зарари моддии расонидашударо пурра талофӣ намудаанд.
 
Моддаи 8
Мӯҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ нисбати маҳкумшудагони зерин, ки таҳти амали моддаҳои 1, 2 ва 4  Қонуни мазкур қарор намегиранд, ба истиснои маҳкумшудагоне, ки дар моддаҳои 11 ва 21 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, кам карда шавад:
1) Ҷазои маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин ба онҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шудааст - аз се як ҳисса.
2) Ҷазои маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои махсусан вазнин ба онҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шудааст - аз  чор як ҳисса.
 
Моддаи 9
1. Нисбати шахсоне, ки барои иштирок дар фаъолияти ҳизбҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё динӣ ва ё дигар ташкилоте, ки аз ҷониби суд бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ фаъолияташон манъ ё барҳам дода шудааст, ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шудааст, ба истиснои ташкилкунандагон ва роҳбарони онҳо, агар дар кирдорашон ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 104, 179, 185, 187 қисмҳои 1 ва 3, 188 қисми 1, 195 қисмҳои 1, 2 ва 3, 1951, 305, 306, 307 қисмҳои  2 ва 3, 3072 қисми 1, 3073 қисми 1 ва 308 - 310 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) набошанд ва онҳо аз се ду ҳиссаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ва дигар ҷазоҳои ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабударо адо карда бошанд, озод карда шаванд.
2. Мӯҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодии шахсони дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинигардида, ки таҳти амали он қарор намегиранд, се солӣ кам карда шавад.
 
Моддаи 10
1. Парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати шахсоне, ки дар исёнҳои мусаллаҳонаи моҳҳои июн - ноябри соли 1997 дар вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав, Варзоб ва шаҳри Турсунзода, инчунин дар ҳуҷуми мусаллаҳонаи моҳи ноябри соли 1998 дар вилояти Суғд иштирок намудаанд ва айни замон пешбурди ин парвандаҳо нисбати онҳо дар асоси бандҳои 1 ва 3 қисми 1 моддаи 195 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961) ва сархатҳои якум, дуюм ва чоруми қисми 1 моддаи 230 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 2009) боздошта шудаанд, ба истиснои ташкилкунандагон ва роҳбарони ин исёнҳо ва ҳуҷуми мусаллаҳона, қатъ карда шаванд.
2. Парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати шахсони дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинигардида, ки таҳти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва баррасии судӣ қарор доранд ё аз ҷониби судҳо баррасӣ нагардидаанд, қатъ карда шаванд.
3. Шахсони дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинигардида, ки онҳо ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ва ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда маҳкум карда шудаанд, агар аз ду як ҳиссаи ҷазоро адо карда бошанд, озод карда шаванд.
 
Моддаи 11
Муқаррароти моддаи 8 Қонуни мазкур нисбат ба маҳкумшудагони зерин татбиқ карда намешаванд:
1) Шахсоне, ки бо моддаҳои 61-70, 74, 104 ва 105 (ба истиснои суиқасд ба ҷиноятҳои дар моддаҳои 104 ва 105 пешбинишуда) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961) маҳкум шудаанд (ба истиснои занон ва ноболиғон).
2) Шахсоне, ки бо моддаҳои 104 (ба истиснои суиқасд ба одамкушӣ), 1301, 179, 1791, 1792, 1793, 186 қисмҳои 1 ва 3, 187 қисмҳои 1 ва 3, 188, 249 қисми 4, 305-310, 313, 3351 қисми 2, 347 (агар хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он ба ҷиноятҳои хусусияти террористидошта вобаста бошад), 395-405 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) маҳкум шудаанд (ба истиснои занон ва ноболиғон).
3) Шахсоне, ки ба ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан маҳкум шудаанд.
4) Шахсоне, ки нисбати онҳо ҷазои қатл ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст.
5) Шахсоне, ки пештар тариқи бахшиши ҷазо ё бо татбиқи қонунҳо дар бораи авф аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ё аз ҷазои ҷиноятӣ озод карда шудаанд ва боз қасдан ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин содир намудаанд, агар мӯҳлати ҷазое, ки аз рӯи он қонунҳо дар бораи авф ё бахшиши ҷазо татбиқ карда шудааст, нагузашта бошад.
6) Шахсоне, ки барои содир кардани ҷинояти қасдона дар маҳалли адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд.
 
Моддаи 12
1. Муқаррароти моддаҳои 1, 2, 4 ва 7 Қонуни мазкур нисбати шахсоне, ки барои ҷиноятҳои зерин ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ё маҳкум гардидаанд, ба истиснои занон ва ноболиғон, татбиқ карда намешаванд:
1) Барои ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 61-70, 74, 75, 76 қисмҳои 3 ва 4, 90 қисми 4, 91, 95 қисми 3, 104, 105 (ба истиснои сӯиқасд ба ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 104 ва 105), 111 қисми 2, 121, 1341, 135 қисми 3, 154 қисми 4, 155, 156, 160 қисми 3, 227 қисми 3, 233 қисми 3, 234 қисмҳои 1 ва 2, 2341, 240 қисми 2, 2401, 241 қисми 3, 249 банди "в", 250 бандҳои "б" ва "в", 252 банди "б", 270 банди "в" ва 277 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961).
2) Барои ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 104 (ба истиснои сӯиқасд ба одамкушӣ), 110 қисмҳои 2 ва 3, 130 қисмҳои 2 ва 3, 1301 қисмҳои 2 ва 3, 131 қисми 3, 132 қисми 3, 137 қисми 2, 138, 139 қисмҳои  2, 3 ва 4, 167 қисми 2 бандҳои "г", "д", "е", "ё" ва қисми 3, 179, 1791, 1792, 1793, 181, 184 қисмҳои 3 ва 4, 1841 қисмҳои 4 ва 5, 1842 қисмҳои 3 ва 4, 1843 қисмҳои 3 ва 4, 1844, 185, 186, 187 қисмҳои 1 ва 3, 188, 189 қисми 1 (агар барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ ба терроризм вобаста бошад), қисмҳои 2 ва 3, 193 қисмҳои 2, 3 ва 4, 195 қисмҳои 1, 2 ва 3, 196 қисмҳои 2 ва 3, 199, 200 қисми 4, 201 қисми 4, 202 қисмҳои 2 ва 3, 2021 қисми 3, 2022 қисми 3, 203 қисми 3, 204 қисмҳои 3 ва 4, 205 қисми 2, 206 қисмҳои 2 ва 3, 237 қисми 3, 244 қисми 4, 248 қисмҳои 2, 3 ва 4, 249, 250, 252 қисмҳои 2 ва 3, 262 қисмҳои 2 ва 3, 289 қисмҳои 2, 3 ва 4, 305-310, 313, 319 қисми 4, 329, 331 қисми 3, 332 қисми 2, 335 қисми 2, 3351 қисми 2, 347 (агар хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он ба ҷиноятҳои хусусияти террористидошта вобаста бошад), 365 қисми 2, 375 қисмҳои 3 ва 4, 382, 383, 384, 385, 386 қисми 4, 391 қисми 4, 393,  395-405 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998).
3) Шахсоне, ки ба ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан маҳкум шудаанд.
4) Шахсоне, ки нисбати онҳо ҷазои қатл ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст.
5) Шахсоне, ки ҷинояти қасдонаро дар маҳалли адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ содир кардаанд.
6) Маҳкумшудагоне, ки мувофиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ретсидивисти махсусан хавфнок эътироф шудаанд ва ё ҷиноятро дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок содир кардаанд.
7) Шахсоне, ки пештар тариқи бахшиши ҷазо ё бо татбиқи қонунҳо дар бораи авф аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ё аз ҷазо озод карда шудаанд ва боз қасдан ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин содир намудаанд, агар мӯҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва ё ҷазое, ки аз рӯи он қонунҳо дар бораи авф ё бахшиши ҷазо татбиқ карда шудааст, нагузашта бошад.
2. Муқаррароти моддаҳои 2 ва 7 Қонуни мазкур нисбати занон ва ноболиғоне, ки қасдан ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 104 (ба истиснои сӯиқасд ба одамкушӣ), 1301, 167 қисми 2 бандҳои "г", "д", "е", "ё" ва қисми 3, 179, 1791, 1792, 1793, 305, 306, 307 қисмҳои 2 ва 3, 3072 қисми 1, 3073 қисми 1 ва 308-310 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро (таҳрири соли 1998) содир намудаанд, татбиқ карда намешаванд.
3. Муқаррароти моддаҳои 1, 2, 4, 5 ва 7 Қонуни мазкур нисбати маҳкумшудагоне, ки ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 245, 246, 247, 253 ва 257 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро (таҳрири соли 1998) содир карда, ҷазоро дар муассисаҳои иҷрои ҷазо адо мекунанд, ба шарте татбиқ карда мешаванд, ки агар онҳо дар давоми се моҳ баъд аз мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур зарари моддии расонидашударо пурра талофӣ намоянд
 
Моддаи 13
Мӯҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодии маҳкумшудагоне, ки ҷиноятҳои дар бандҳои 1) ва 2) моддаи 11 ва бандҳои 1) ва 2) қисми 1 моддаи 12 Қонуни мазкур пешбинишударо содир кардаанд, ба истиснои маҳкумшудагони дар банди 3) қисми 1 моддаи 12 ҳамин Қонун нишондодашуда, новобаста аз маҳдудиятҳо ва манъкуниҳои дар Қонуни мазкур пешбинигардида, ду солӣ кам карда шавад.
 
Моддаи 14
1. Амали Қонуни мазкур нисбати шахсоне, ки то мавриди амал қарор додани он ҷиноят содир кардаанд ё аз ҷониби мақомоти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ё парвандаи ҷиноятӣ нисбати онҳо дар суд мавриди баррасӣ қарор дорад ё баррасӣ нагардидааст ва ё аз ҷониби судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум шудаанд, инчунин нисбати шахсоне, ки аз ҷониби судҳои давлатҳои хориҷӣ маҳкум шуда, барои минбаъд адо намудани ҷазо ба Тоҷикистон оварда шудаанд, паҳн мегардад.
2. Татбиқи Қонуни мазкур доғи судии шахсро намебардорад.
 
Моддаи 15
1. Иҷрои Қонуни мазкур ба зиммаи мақомот ва муассисаҳои зерин гузошта шавад:
1) Мақомоти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ - нисбати шахсоне, ки мавод ё парвандаи ҷиноятии онҳо таҳти баррасии ин мақомот қарор доранд.
2) Судҳо:
- нисбати шахсоне, ки мавод ё парвандаи ҷиноятии онҳо дар суд таҳти баррасӣ қарор дошта, то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур баррасӣ нашудаанд, инчунин шахсоне, ки парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати онҳо баррасӣ гардида, вале ҳукм нисбати онҳо қувваи қонунӣ пайдо накардааст;
- нисбати маҳкумшудагоне, ки иҷрои ҳукм нисбати онҳо мавқуф гузошта шудааст ва маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо бо ҳукми суд ҷазо шартан татбиқ карда нашудааст (бо пешниҳоди нозироти корҳои ислоҳие, ки рафтори маҳкумшударо назорат менамояд, аз ҷониби суди маҳалли иҷрои ҳукм ё зисти маҳкумшуда);
- нисбати маҳкумшудагоне, ки аз маҳалли маҳрум сохтан аз озодӣ шартан пеш аз мӯҳлат аз ҷазо озод шудаанд ё қисми адонагардидаи ҷазои нисбати онҳо таъиншуда то мавриди амал қарор дода шудани Қонуни мазкур ба ҷазои сабуктар иваз карда шудааст  (бо пешниҳоди нозироти корҳои ислоҳӣ аз ҷониби суди маҳалли иҷрои ҳукм ё зисти маҳкумшуда);
- нисбати шахсоне, ки ба ҷазои ҷарима маҳкум шудаанд (бо пешниҳоди иҷрочии суд аз ҷониби суде, ки ҳукм баровардааст).
3) Муассисаҳои тобеи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- нисбати шахсоне, ки ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанду дар ҳабс нестанд ва ҳукм нисбати онҳо қувваи қонунӣ пайдо кардааст;
- нисбати шахсоне, ки ҷазоро дар намуди корҳои ҳатмӣ, корҳои ислоҳӣ дар ҷои корашон ё дар ҷойҳои дигаре, ки мақомоти иҷрокунандаи ҳукм муайян менамоянд, адо мекунанд, инчунин шахсоне, ки ба маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян маҳкум карда шудаанд;
- нисбати маҳкумшудагоне, ки дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ буда, ҳукм нисбати онҳо қувваи қонунӣ пайдо кардааст;
- нисбати маҳкумшудагоне, ки ҷазоро дар колонияҳои ислоҳии сукунат адо мекунанд.
4) Фармондеҳони қисмҳои ҳарбии интизомӣ - нисбати хизматчиёни ҳарбие, ки ба нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ маҳкум шудаанд.
2. Тибқи талаботи моддаҳои 6, 9, 10 ва 13 Қонуни мазкур аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ё аз ҷазо озод кардани шахсони ҷиноят содирнамуда мувофиқан аз ҷониби мақомоти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ, фармондеҳони қисмҳои ҳарбии интизомӣ ва муассисаҳои тобеи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иҷозати Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони ӯ ва прокуророни вилоятҳо сурат мегирад. Амали   бандҳои 1), 3) ва 4) қисми 1 моддаи мазкур нисбати онҳо татбиқ намегардад.
3. Оид ба масъалаҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи мазкур, ки дар мавриди баррасии судии онҳо пайдо мешаванд, қарор дар бораи татбиқи Қонуни мазкур аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои вилоятӣ ва шаҳри Душанбе мувофиқан бо иштироки Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокуророни вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва нақлиёти Тоҷикистон ва муовинони онҳо қабул карда мешавад. Амали банди 2) қисми 1 моддаи мазкур дар мавриди татбиқи муқаррароти ҳамин қисми моддаи мазкур паҳн намегардад.
 
Моддаи 16
Озод намудани маҳкумшудагон аз ҷазоҳои иловагӣ, ки то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур иҷро нашудаанд, ба зиммаи он мақомот ва муассисаҳое гузошта мешавад, ки масъалаи аз ҷазои асосӣ озод намудани чунин маҳкумшудагон ба салоҳияти онҳо вогузор шудааст.
 
Моддаи 17
Қарор дар бораи татбиқ кардан ё рад кардани татбиқи Қонуни мазкур нисбати ҳар як шахс алоҳида қабул карда мешавад. Дар сурати мавҷуд набудани маълумоти зарурӣ муҳокимаи масъалаи татбиқи авф тибқи Қонуни мазкур то дастрас гардидани ҳуҷҷатҳои иловагӣ, вале ба мӯҳлати на дертар аз як моҳ мавқуф гузошта мешавад.
 
Моддаи 18
Мақомоти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ, фармондеҳони қисмҳои ҳарбии интизомӣ, муассисаҳои тобеи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни мазкурро бо иҷозати прокурори дахлдор татбиқ менамоянд. Қонуни мазкур аз ҷониби судҳо бо иштироки ҳатмии прокурор татбиқ карда мешавад.
 
Моддаи 19
1. Ҳангоми татбиқи Қонуни мазкур ҳолатҳои зерин бояд ба назар гирифта шаванд:
1) Бандҳои 1) ва 2) моддаи 2 Қонуни мазкур нисбати занон ва ноболиғон ба шарте татбиқ мегарданд, ки то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур ҷиноят содир кардаанд ва ҷинояти содиркардаашон ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 104 (ба истиснои сӯиқасд ба одамкушӣ), 1301, моддаи 167 қисми 2 бандҳои "г", "д", "е", "ё" ва қисми 3, 179, 1791, 1792, 1793, 305, 306, 307  қисмҳои 2 ва 3, 3072 қисми 1, 3073 қисми 1 ва 308-310 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) набошад.
2) Амали банди 2) моддаи 2 Қонуни мазкур нисбати шахсоне татбиқ мегардад, ки то рӯзи содир кардани ҷиноят ба синни 18-солагӣ нарасидаанд.
3) Амали банди 3) моддаи 2 Қонуни мазкур нисбати мардоне татбиқ мегардад, ки то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур ба синни 55-солагӣ расидаанд.
4) Банди 4) моддаи 2 Қонуни мазкур нисбати шахсоне татбиқ карда мешавад, ки мувофиқи тартиби муқарраршуда то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур маъюбони гурӯҳҳои I, II ва ё III дониста шудаанд, инчунин нисбати шахсоне, ки гирифтори бемориҳои омоси бадсифати марҳалаи 4 ва гурӯҳи клиникии 4 аз рӯи таснифи  байналмилалӣ, омоси бадсифати бофтаҳои лимфоидӣ ва хунофар, сили узвҳои нафас ва пошхӯрдаи шадиди шуш, бемории ишемиявии дил-стенокардияи фаъолияти ҷисмонии ІІІ ва ІV буда, то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур бо тартиби муқарраршуда дар муассисаҳои тиббӣ ба қайд гирифта шудаанд.
5) Таҳти амали банди 5) моддаи 2 Қонуни мазкур иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар ва иштирокчиёни муқовиматҳои сиёсӣ ва ҳарбӣ дар Тоҷикистон, инчунин шахсоне, ки бар асари фалокати Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд, қарор мегиранд.
2. Иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, инчунин иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо шахсоне шуморида мешаванд, ки дар комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои маҳалли зисташон ба қайд гирифта шудаанд.
3. Иштирокчиёни муқовиматҳои сиёсӣ ва ҳарбӣ дар Тоҷикистон онҳое шуморида мешаванд, ки дар дафтари махсуси бақайдгирии комиҷроияҳои Шӯроҳои депутатҳои халқии шаҳру ноҳияҳо (ҳоло - мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ) мувофиқи Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 1993, №312 номнавис шудаанд, инчунин кормандони сохторҳои қудратие, ки дар ин муқовиматҳо иштирок кардаанд ва собиқ силоҳбадастони нерӯҳои Иттиҳоди оппозитсиони тоҷик, ки дар рӯйхати бо қарори Комиссияи Оштии Миллӣ аз 3 марти соли 1999, №15 тасдиқгардида номнавис шудаанд.
4. Шахсони бар асари фалокати Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарардида онҳое дониста мешаванд, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд" ба ин гурӯҳ дохил карда шудаанд.
 
Моддаи 20
Қонуни мазкур нисбати шахсоне, ки ҷиноятҳои дар моддаҳои 343, 374, 375 ва 376 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) пешбинишударо содир намудаанд, инчунин дигар шахсоне, ки кирдорашон таҳти амали ҳамин Қонун қарор мегиранд ва берун аз марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, аз тарафи мақомоти тафтишоти пешакӣ ва суд дар сурати мавҷуд будани асосҳои кофӣ бе даъват намудани ин шахсон ва пурсиши онҳо татбиқ карда мешавад.
 
Моддаи 21
1. Қонуни мазкур, ба истиснои ҳолатҳои дар моддаи 13 ҳамин Қонун пешбинигардида, нисбати шахсоне татбиқ карда намешавад, ки барои содир намудани маҷмӯи ҷиноятҳо айбдор дониста шудаанд ва ё маҳкум шудаанд, агар яке аз ин ҷиноятҳо дар бандҳои 1) ва 2) қисми 1 моддаи 12 Қонуни мазкур пешбинӣ шуда бошад.
2. Мӯҳлати адои ҷазои шахсоне, ки таҳти амали қисми якуми моддаи мазкур қарор мегиранд, бо тартиби пешбининамудаи моддаи 8 Қонуни мазкур, ба истиснои шахсоне, ки ҷиноятҳои пешбининамудаи бандҳои 1) ва 2) моддаи 11 Қонуни мазкурро содир намудаанд, кам карда мешавад.
 
Моддаи 22
1. Мутобиқи моддаи 8 Қонуни мазкур қисми мӯҳлати ҷазои адонагардида, ки то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур боқӣ мондааст, кам карда мешавад.
2. Нисбати шахсоне, ки пештар мӯҳлати ҷазояшон бо тариқи бахшиши ҷазо ё авф кам карда шуда буд, авф бо дарназардошти мӯҳлати ҷазои адонагардида татбиқ карда мешавад.
 
Моддаи 23
Шахсоне, ки нисбати онҳо Қонуни мазкур татбиқ карда мешавад, аз барқарор намудани товони зарари моддии бо кирдори ҷиноятӣ расонидаашон озод карда намешаванд.
 
Моддаи 24
Шахсони мувофиқи Қонуни мазкур авфшаванда ҳам аз ҷазои асосӣ ва ҳам аз ҷазои иловагӣ озод карда мешаванд. Маҳкумшудагоне, ки мӯҳлати адои ҷазояшон мутобиқи моддаи 8 Қонуни мазкур кам карда мешавад, аз адои ҷазоҳои иловагӣ озод карда намешаванд.
 
Моддаи 25
Қонуни мазкур нисбати шахсоне, ки ҷиноятҳои давомдор ё дарозмуддат содир кардаанд, танҳо дар мавриде татбиқ карда мешавад, ки агар ин ҷиноятҳо то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур анҷом ёфта бошанд (ба истиснои шахсоне, ки дар банди 7) моддаи 2 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд).
 
Моддаи 26
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот вазифадоранд:
1) Барои расонидани кӯмаки иҷтимоӣ, бақайдгирии саривақтии шахсонеро, ки аз адои ҷазо тибқи Қонуни мазкур озод шудаанд, таъмин намоянд ва рафтори онҳоро таҳти назорат гиранд.
2) Назорати ноболиғони мутобиқи Қонуни мазкур озодшударо ба падару модарон ё шахсони ивазкунандаи онҳо вогузор намуда, дар мавриди зарурӣ барои дар мактаб-интернатҳо ҷойгир кардани ноболиғони бесаробон чораҳо андешанд.
3) Ҷойгир кардани шахсони озодгардидаи беморро дар муассисаҳои тиббӣ ва маъюбону пиронсолони яккаю танҳоро дар интернат ва хонаҳои пиронсолон ташкил намоянд.
 
Моддаи 27
1. Иҷрои Қонуни мазкур дар давоми се моҳ таъмин карда шавад.
2. Агар масъалаи татбиқи Қонуни мазкур пас аз мӯҳлатҳои семоҳаи пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда, банди 4) моддаи 7 ва қисми 3 моддаи 12 Қонуни мазкур ба миён ояд, татбиқи он бо тартиби умумӣ аз тарафи мақомоти дар моддаи 15 ҳамин Қонун нишондодашуда амалӣ карда мешавад.
 
Моддаи 28
Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот баъди се моҳи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур дар хусуси иҷрои он ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд.
 
Моддаи 29
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                              Эмомалӣ РАҲМОН
 
ш. Душанбе, 20 августи соли 2011,
№ 764
 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АВФ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Дшб, 17/02/2020 - 12:01
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1130
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
29.10.2014
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
ДАР БОРАИ АВФ
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2014, №8-10, мод. 533)
 
Моддаи 1
Шахсони ба  ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшудае,  ки аз чор се ҳиссаи ҷазои бо ҳукми суд таъиншударо дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ воқеан адо кардаанд, аз адои ҷазо озод карда шаванд.
 
Моддаи 2
Аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, новобаста аз мӯҳлати ҷазои таъиншуда  ва  аз  адои ҷазоҳои  дигари  ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда маҳкумшудагони зерин озод карда шаванд:
1) Занон.
2) Ноболиғон.
3) Мардони аз синни 55 боло.
4) Маъюбони гурӯҳҳои I,  II ва  III, инчунин шахсони  гирифтори бемориҳои омоси бадсифати  марҳалаи 4 ва гурӯҳи клиникии 4 аз рӯи таснифи байналмилалӣ, омоси бадсифати бофтаҳои лимфоидӣ ва хунофар, сили узвҳои нафас ва пошхӯрдаи шадиди шуш, бемории ишемиявии дил - стенокардияи фаъолияти ҷисмонии гурӯҳҳои III ва IV мансуб донисташуда.
5) Иштирокчиёни  Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва  шахсони  ба онҳо баробаркардашуда,  иштирокчиёни  амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо ва иштирокчиёни муқовиматҳои сиёсӣ ва ҳарбӣ дар Тоҷикистон, инчунин шахсоне,  ки бар асари фалокати Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд.
6) Шахсоне, ки бо мукофотҳои давлатии ИҶШС, ҶШС  Тоҷикистон  ва Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудаанд.
7) Шахсоне, ки аз даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ саркашӣ намудаанд, худсарона қисми ҳарбӣ ё маҳалли хизматро тарк кардаанд,  аз қисми ҳарбӣ ё аз ҷои хизмат бо роҳи худсарона баромада рафтан фирор кардаанд, агар онҳо ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ баргарданд, инчунин шахсоне, ки аз иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ бо роҳи узвмаибкунӣ ё усули дигар саркашӣ кардаанд.
8) Шаҳрвандони хориҷӣ.
 
Моддаи 3
Маҳкумшудагоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намудаанд, новобаста аз намуди ҷазои таъиншуда аз адои ҷазо озод карда шаванд.
 
Моддаи 4
Маҳкумшудагони зерин аз адои минбаъдаи ҷазо озод карда шаванд:
1) Маҳкумшудагоне, ки  нисбати  онҳо  барои қасдан  содир   кардани ҷиноятҳои  начандон  вазнин  ва  дараҷаи  миёна ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ва ҷазоҳои дигари  ба маҳрум  сохтан  аз озодӣ  алоқаманднабуда  таъин  карда шудаанд.
2) Маҳкумшудагоне, ки то мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур мӯҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрумӣ аз озодиашон то як солу шаш моҳ боқӣ мондааст, новобаста аз маҳдудиятҳо ва манъкуниҳои дар Қонуни мазкур пешбинигардида, ба истиснои шахсоне, ки барои содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 61-67, 104, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 121 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961), қисми 2 моддаи 104, қисми 3 моддаи 138, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 179, қисми 2 моддаи 1791, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 1792,  қисми 2 моддаи 1793,  моддаҳои 187, 305, 306, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 307, қисми 3 моддаи 3072, моддаҳои 308, 309, 347 (агар хабар надодан  дар  бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он ба ҷиноятҳои хусусияти террористидошта вобаста  бошад) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) пешбинигардида маҳкум гардидаанд.
 
Моддаи 5
Маҳкумшудагони зерин аз ҷазо ё адои ҷазо озод карда шаванд:
1) Агар нисбати онҳо иҷрои ҳукм мавқуф гузошта шуда бошад.
2) Агар нисбати онҳо ҷазо шартан татбиқ накарда шуда бошад.
3) Агар  онҳо шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ озод шуда бошанд ё ҷазоро дар  колонияҳои ислоҳии  сукунат  адо карда истода бошанд.
4) Агар онҳо шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод шуда бошанд.
5) Агар онҳо  ба ҷазоҳои  дигари  ба маҳрум  сохтан  аз  озодӣ алоқаманднабуда маҳкум шуда бошанд.
6) Агар онҳо барои содир кардани ҷиноятҳои дар моддаҳои 245, 246,  247,  253  ва  257 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) пешбининамуда маҳкум шуда, зарари моддии расонидашударо пурра талофӣ намуда бошанд.
7) Заноне, ки ҷинояти одамкуширо дар натиҷаи муноқишаҳои оилавӣ содир намуда, аз се ду ҳиссаи ҷазои бо ҳукми суд таъиншударо воқеан адо карда бошанд.
 
Моддаи 6
Пешбурди парвандаҳои ҷиноятии зерин, ки таҳти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва баррасии судӣ қарор доранд ё аз тарафи судҳо баррасӣ нагардидаанд, қатъ карда шавад:
1) Оид ба ҷиноятҳое, ки то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур аз тарафи шахсони дар моддаи 2 ҳамин Қонун пешбинишуда содир гардидаанд.
2) Нисбати шахсоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намудаанд.
3) Нисбати  шахсоне, ки қасдан ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна содир намудаанд.
4) Нисбати шахсоне, ки ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои  245, 246, 247, 253 ва 257 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998)-ро содир карда, зарари моддии расонидашударо пурра талофӣ намудаанд.
 
Моддаи 7
Мӯҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ нисбати маҳкумшудагони зерин,  ки таҳти амали моддаҳои 1, 2, 4, банди 6) моддаи 5 Қонуни мазкур қарор намегиранд, ба истиснои маҳкумшудагоне, ки дар моддаҳои 8 ва 16 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, кам карда шавад:
1) Ҷазои маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна ба онҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шудааст ё аз рӯи ҷазои ҷиноятии қаблан таъиншуда доғи судиашон барҳам нахӯрдааст ва боз барои қасдан содир кардани ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна ба онҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шудааст - аз ду як ҳисса.
2) Ҷазои маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин ба онҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шудааст -  аз  се  як ҳисса.
3) Ҷазои маҳкумшудагоне,  ки  барои  содир кардани ҷиноятҳои махсусан  вазнин  ба  онҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шудааст - аз чор як ҳисса.
4) Ҷазои  маҳрум  сохтан аз  озодӣ  нисбати маҳкумшудагоне,  ки то содир кардани ҷиноят дар мақомоти адлия, судӣ, прокуратура, ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ хизмат кардаанд, ба истиснои маҳкумшудагоне, ки ҷиноятҳои дар бандҳои 1) ва 2) моддаи 8 Қонуни мазкур пешбинишударо содир кардаанд - се солӣ.
 
Моддаи 8
Муқаррароти моддаи 7 Қонуни мазкур нисбат ба маҳкумшудагони зерин татбиқ карда намешаванд:
1) Шахсоне, ки бо моддаҳои 61-70, 74, 104 ва 105  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961) маҳкум шудаанд (ба истиснои занон ва ноболиғон).
2) Шахсоне, ки бо моддаҳои 104, 1301,  қисми 3 моддаи 138, моддаҳои 179, 1791, 1792, 1793, 185, 186, 187, 188, 189, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 195, моддаи 199, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 200, қисми 3 моддаи 237, қисми 4 моддаи 248, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 249, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 250, моддаҳои 305-310, 313, 331, 332, қисми 2 моддаи 335, қисми 2 моддаи 3351, моддаҳои 347 (агар хабар надодан  дар  бораи  ҷиноят ё пинҳон доштани он ба ҷиноятҳои хусусияти террористидошта вобаста  бошад), 365, 395-405  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) маҳкум шудаанд (ба истиснои занон ва ноболиғон).
3) Шахсоне, ки  ба ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан маҳкум шудаанд.
4) Шахсоне, ки нисбати онҳо ҷазои қатл ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст.
5) Шахсоне, ки  пештар бо татбиқи қонунҳо дар бораи авф аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ё аз ҷазо барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин озод карда шудаанд ва боз қасдан ҷинояти  вазнин  ё махсусан вазнин содир намудаанд, агар мӯҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва ё ҷазое, ки аз рӯи он қонунҳо дар бораи авф татбиқ карда шудааст, нагузашта бошад.
6) Шахсоне, ки нисбати онҳо ду маротиба ва зиёда аз он мӯҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ бинобар татбиқи қонунҳо дар бораи авф кам карда шудааст.
7) Шахсоне, ки барои содир кардани ҷинояти қасдона дар  маҳалли адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд.
8) Маҳкумшудагоне, ки мутобиқи қисми 4 моддаи 80 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муассисаҳои ислоҳӣ ба маҳбас гузаронида шудаанд, агар мӯҳлати дар маҳбас нигоҳ доштани онҳо нагузашта бошад.
 
Моддаи 9
1. Муқаррароти моддаҳои 1, 2, банди 1) моддаи 4 ва моддаи 6 Қонуни мазкур нисбати шахсоне, ки барои ҷиноятҳои зерин ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ё маҳкум гардидаанд,  ба  истиснои занон ва ноболиғон,  татбиқ карда намешаванд:
1) Барои ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 61-70, 74, 75,  қисмҳои 3 ва 4 моддаи 76, қисми 4 моддаи 90,  моддаи 91, қисми 3 моддаи  95, моддаҳои 104,  105, қисми 2 моддаи 111, моддаҳои 121, 1341,  қисми 3 моддаи 135,  қисми 4 моддаи 154,  моддаҳои 155, 156, қисми 3 моддаи 160, қисми 3 моддаи 227, қисми 3 моддаи 233, қисмҳои 1 ва 2 моддаи 234, моддаи 2341, қисми 2 моддаи 240, моддаи 2401, қисми 3 моддаи 241, банди  «в» моддаи 249, бандҳои «б» ва «в» моддаи 250, банди «б» моддаи 252, банди «в» моддаи 270, моддаҳои 276 ва  277 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961).
2) Барои  ҷиноятҳои  пешбининамудаи  моддаҳои 104, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 110,  қисмҳои 2 ва 3 моддаи 130, қисмҳои  2  ва 3 моддаи 1301,  қисми 3 моддаи 131, қисми 3 моддаи 132,  қисми 2 моддаи 137,  моддаҳои 138, 139, бандҳои «г», «д», «е», «ё» қисми 2 ва қисми 3 моддаи 167,  моддаҳои 179, 1791, 1792, 1793, 181, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 184, қисмҳои 4 ва 5 моддаи 1841,  қисмҳои 3 ва 4 моддаи 1842, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 1843, моддаҳои 1844, 185, 186, 187, 188, 189, қисмҳои 2, 3 ва 4 моддаи 193,  қисмҳои 2 ва 3 моддаи 195, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 196,  моддаи 199,  қисмҳои 3 ва 4 моддаи 200, қисми 4 моддаи 201, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 202, қисми 3 моддаи 2021, қисми 3 моддаи 2022, қисми 3 моддаи 203, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 204, қисми 2 моддаи 205, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 206, қисми 3 моддаи 237, қисми 4 моддаи 244 (ба истиснои ҳолатҳое, ки зарари расонидашуда аз панҷ ҳазор сомонӣ зиёд набошад), қисмҳои 2, 3 ва 4 моддаи 248, моддаҳои  249, 250, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 252, қисмҳои 2, 3 ва 4 моддаи 289,  моддаҳои 305-310, 313, қисми 2 моддаи 328, 329, 331, 332, қисми 2 моддаи 335, қисми 2 моддаи 3351, моддаи 347 (агар хабар надодан  дар  бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он ба ҷиноятҳои хусусияти террористидошта вобаста  бошад), қисмҳои 2 ва 3 моддаи 356, моддаи 365, қисми 2 моддаи 368, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 369, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 370, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 375, моддаҳои 382, 383, 384, 385, қисми 4 моддаи 386, қисми 4 моддаи 391,  моддаҳои 393, 395-405 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998).
3) Нисбати шахсоне,  ки ба ҷазои якумра аз  озодӣ маҳрум сохтан  маҳкум шудаанд.
4) Нисбати шахсоне, ки нисбати онҳо ҷазои қатл ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст.
5) Нисбати шахсоне, ки барои содир кардани ҷинояти қасдона дар маҳалли адои  ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд.
6) Нисбати маҳкумшудагоне, ки мувофиқи Кодекси ҷиноятии   Ҷумҳурии Тоҷикистон ретсидивисти хавфнок ва махсусан хавфнок эътироф шудаанд ва ё ҷиноятро дар ҳолати ретсидиви хавфнок ва махсусан хавфнок содир кардаанд.
7) Нисбати шахсоне, ки пештар тариқи бахшиши ҷазо ё бо татбиқи қонунҳо дар бораи авф аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ё аз ҷазо барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин озод карда шудаанд ва боз  қасдан ҷинояти  вазнин  ё махсусан вазнин содир намудаанд,  агар мӯҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва ё ҷазое, ки аз рӯи он тариқи бахшиши ҷазо ё бо татбиқи қонунҳо дар бораи авф нагузашта бошад.
8) Шахсоне, ки нисбати онҳо ду маротиба ва зиёда аз он мӯҳлати  адонагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ бинобар татбиқи қонунҳо дар бораи авф кам карда шудааст. Амали ин банд нисбати занон низ  паҳн мегардад.
2. Муқаррароти моддаҳои 2 ва 6 Қонуни  мазкур нисбати  занон  ва ноболиғоне,  ки қасдан ҷиноятҳои  пешбининамудаи моддаҳои 104  (ба истиснои сӯиқасд ба одамкушӣ), 1301, бандҳои «г», «д», «е», «ё» қисми 2 ва қисми 3 моддаи 167,  моддаҳои 179,  1791,  1792, 1793,  305,  306, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 307,  қисми 1 моддаи 3072,  қисми 1 моддаи 3073 ва  моддаҳои 308-310  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии  Тоҷикистон (таҳрири соли 1998)–ро содир намудаанд, татбиқ карда намешаванд.
3. Муқаррароти  моддаҳои 1, 2, 4, банди 6) моддаи 5 ва моддаи 6 Қонуни мазкур нисбати маҳкумшудагоне, ки ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 245, 246, 247, 253 ва 257 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998)- ро содир карда, ҷазоро дар муассисаҳои иҷрои ҷазо адо мекунанд, ба шарте татбиқ карда мешаванд,  ки агар онҳо зарари  моддии расонидашударо  пурра талофӣ намоянд.
 
Моддаи 10
1. Амали Қонуни мазкур нисбати шахсоне, ки то мавриди амал қарор додани он ҷиноят содир кардаанд ё аз ҷониби мақомоти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ё парвандаи  ҷиноятӣ нисбати онҳо дар суд мавриди баррасӣ қарор дорад ё баррасӣ нагардидааст ва ё аз ҷониби судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум шудаанд, инчунин нисбати шахсоне, ки аз ҷониби судҳои давлатҳои хориҷӣ маҳкум шуда, барои минбаъд адо намудани ҷазо ба Тоҷикистон  оварда  шудаанд, паҳн мегардад.
2. Татбиқи Қонуни мазкур доғи судии шахсро намебардорад.
 
Моддаи 11
Иҷрои Қонуни мазкур ба зиммаи  мақомот  ва муассисаҳои  зерин гузошта шавад:
1) Мақомоти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ – нисбати шахсоне, ки мавод ё парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати онҳо таҳти баррасии ин мақомот қарор доранд.
2) Судҳо:
- нисбати шахсоне, ки мавод ё парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати онҳо дар суд таҳти баррасӣ қарор дошта, то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур баррасӣ нашудаанд, инчунин шахсоне, ки парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати онҳо баррасӣ гардида, вале ҳукм нисбати онҳо қувваи қонунӣ пайдо накардааст;
- нисбати маҳкумшудагоне, ки иҷрои ҳукм нисбати онҳо мавқуф гузошта шудааст ва маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо бо ҳукми суд ҷазо шартан татбиқ карда нашудааст (бо пешниҳоди нозироти корҳои ислоҳие, ки рафтори маҳкумшударо назорат менамояд, аз ҷониби суди маҳалли иҷрои ҳукм ё зисти маҳкумшуда);
- нисбати маҳкумшудагоне, ки аз маҳалли маҳрум сохтан аз озодӣ шартан пеш аз мӯҳлат аз ҷазо озод шудаанд ё қисми адонагардидаи ҷазои нисбати онҳо таъиншуда то мавриди амал қарор дода шудани Қонуни мазкур ба ҷазои сабуктар иваз карда шудааст (бо пешниҳоди нозироти корҳои ислоҳӣ аз ҷониби суди маҳалли иҷрои ҳукм ё зисти маҳкумшуда);
- нисбати маҳкумшудагоне, ки ба ҷазои ҷарима маҳкум шудаанд (бо пешниҳоди иҷрочии суд аз ҷониби суде, ки ҳукм баровардааст).
3) Муассисаҳои тобеи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- нисбати шахсоне, ки ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанду дар ҳабс нестанд ва ҳукм нисбати онҳо қувваи қонунӣ пайдо кардааст;
- нисбати шахсоне, ки ҷазоро дар намуди корҳои ҳатмӣ, корҳои ислоҳӣ дар ҷои корашон ё дар ҷойҳои дигаре, ки мақомоти иҷрокунандаи ҳукм муайян менамоянд, адо мекунанд, инчунин шахсоне, ки ба маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян маҳкум карда шудаанд;
- нисбати маҳкумшудагоне, ки дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ қарор дошта, ҳукм нисбати онҳо қувваи қонунӣ пайдо кардааст;
- нисбати маҳкумшудагоне, ки ҷазоро дар колонияҳои ислоҳии сукунат адо мекунанд.
4) Фармондеҳони қисмҳои ҳарбии интизомӣ - нисбати хизматчиёни ҳарбие, ки ба нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ маҳкум шудаанд.
 
Моддаи 12
Озод намудани  маҳкумшудагон аз ҷазоҳои иловагӣ, ки то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур иҷро нашудаанд,  ба зиммаи он мақомот ва муассисаҳое гузошта мешавад, ки масъалаи аз ҷазои  асосӣ озод намудани чунин маҳкумшудагон ба ваколати онҳо вогузор шудааст.
 
Моддаи 13
Қарор дар  бораи  татбиқ  кардан  ё  рад кардани татбиқи Қонуни мазкур нисбати ҳар як шахс алоҳида қабул  карда мешавад. Дар  сурати мавҷуд набудани маълумоти зарурӣ, муҳокимаи масъалаи татбиқи авф тибқи Қонуни мазкур то дастрас гардидани ҳуҷҷатҳои иловагӣ, вале ба мӯҳлати на дертар аз як моҳ мавқуф гузошта мешавад.
 
Моддаи 14
Мақомоти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ, фармондеҳони қисмҳои ҳарбии интизомӣ,  муассисаҳои тобеи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии  Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни мазкурро бо иҷозати  прокурори дахлдор татбиқ менамоянд. Қонуни мазкур аз ҷониби судҳо  бо иштироки ҳатмии прокурор татбиқ карда мешавад.
 
Моддаи 15
1. Ҳангоми татбиқи Қонуни  мазкур  ҳолатҳои зерин бояд ба назар гирифта шаванд:
1) Бандҳои 1) ва 2) моддаи 2 Қонуни мазкур нисбати занон ва ноболиғон ба шарте татбиқ мегарданд,  ки то рӯзи мавриди  амал қарор додани Қонуни мазкур ҷиноят содир кардаанд ва ҷинояти содиркардаашон ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 104 (ба истиснои   сӯиқасд ба одамкушӣ), 1301, бандҳои «г», «д», «е», «ё» қисми 2 ва қисми 3 моддаи 167,  моддаҳои 179,  1791,  1792, 1793, 305, 306, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 307, қисми 1 моддаи 3072,  қисми 1 моддаи 3073 ва моддаҳои 308 - 310 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) набошад.
2) Амали банди 2) моддаи 2 Қонуни мазкур нисбати шахсоне татбиқ мегардад, ки то рӯзи содир кардани ҷиноят ба синни 18 нарасидаанд.
3) Амали банди 3) моддаи 2 Қонуни мазкур нисбати мардоне  татбиқ мегардад,  ки то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур ба синни 55 расидаанд.
4) Банди 4) моддаи 2 Қонуни мазкур нисбати шахсоне татбиқ карда мешавад, ки мувофиқи тартиби муқарраршуда то мавриди амал қарор додани Қонуни  мазкур  маъюбони  гурӯҳҳои I, II ва ё III дониста шудаанд, инчунин  нисбати  шахсоне,  ки  гирифтори бемориҳои омоси  бадсифати марҳалаи 4 ва гурӯҳи клиникии 4 аз рӯи таснифи байналмилалӣ, омоси бадсифати бофтаҳои лимфоидӣ ва хунофар, сили узвҳои нафас ва пошхӯрдаи шадиди шуш, бемории ишемиявии дил-стенокардияи фаъолияти ҷисмонии гурӯҳҳои III ва IV буда, то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур бо тартиби муқарраршуда дар муассисаҳои тиббӣ ба қайд гирифта шудаанд.
5) Таҳти амали банди 5) моддаи 2 Қонуни мазкур иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда,  иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар ва иштирокчиёни муқовиматҳои сиёсӣ ва ҳарбӣ дар Тоҷикистон, инчунин шахсоне, ки бар асари фалокати Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд, қарор мегиранд.
2. Иштирокчиёни  Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, инчунин иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо шахсоне эътироф карда мешаванд, ки дар комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои маҳалли зисташон ба қайд гирифта шудаанд.
3. Иштирокчиёни муқовиматҳои сиёсӣ ва ҳарбӣ дар Тоҷикистон шахсоне шуморида мешаванд, ки дар дафтари махсуси бақайдгирии  комиҷроияҳои Шӯроҳои депутатҳои халқии шаҳру ноҳияҳо (ҳоло - мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ) мувофиқи қарори  Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз  29  июни  соли  1993,  №312 номнавис шудаанд,  инчунин кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва низомие, ки дар ин муқовиматҳо иштирок кардаанд ва собиқ аъзои нерӯҳои Иттиҳоди оппозитсиони тоҷик, ки дар рӯйхати бо қарори Комиссияи Оштии Миллӣ аз 3 марти соли 1999, №15 тасдиқгардида номнавис шудаанд.
4. Шахсони бар асари фалокати Нерӯгоҳи барқи атомии  Чернобил зарардида шахсоне эътироф карда мешаванд, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар  бораи  ҳифзи  иҷтимоии шаҳрвандоне,  ки  бар  асари фалокати  Нерӯгоҳи барқи  атомии Чернобил зарар дидаанд» ба ин гурӯҳ дохил карда шудаанд.
5. Амали банди 6) моддаи 8 Қонуни мазкур нисбати маҳкумшудагоне, ки то адои пурраи ҷазо барои ҷинояти дигари пештар содиркардаашон  маҳкум карда шуда, суд ҷазоеро, ки аз рӯи ҳукми пештара то охир адо нашудааст, пурра ё қисман ба ҷазои дар асоси ҳукми нав таъиншуда  зам кардааст, татбиқ намегардад. 
 
Моддаи 16
1. Қонуни мазкур нисбати шахсоне татбиқ карда намешавад, ки барои содир намудани маҷмӯи ҷиноятҳо айбдор дониста шудаанд ва ё  маҳкум  шудаанд, агар  яке аз ин ҷиноятҳо дар бандҳои 1) ва 2) қисми 1 моддаи 9 Қонуни мазкур пешбинӣ шуда бошад.
2. Мӯҳлати адои ҷазои шахсоне, ки таҳти амали қисми 1 ҳамин модда қарор мегиранд, бо тартиби пешбининамудаи моддаи 7 Қонуни мазкур бо дарназардошти талаботҳои пешбининамудаи моддаи 8 Қонуни мазкур кам карда мешавад.
 
Моддаи 17
1. Мутобиқи моддаи 7 Қонуни мазкур қисми мӯҳлати ҷазои адонагардида,  ки то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур боқӣ мондааст, кам карда мешавад.
2. Нисбати шахсоне, ки пештар мӯҳлати ҷазояшон бо тариқи бахшиши ҷазо ё авф кам карда шуда буд, муқаррароти Қонуни мазкур бо дарназардошти  мӯҳлати ҷазои боқимонда  татбиқ карда мешаванд.
3. Амали қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда нисбати маҳкумшудагоне, ки ду маротиба ва зиёда аз он мӯҳлати ҷазои маҳрум сохтан аз озодии онҳо бо татбиқи қонунҳо дар бораи авф кам карда шудааст, татбиқ карда намешавад.
 
Моддаи 18
Шахсоне, ки  нисбати онҳо Қонуни мазкур татбиқ карда мешавад,  аз барқарор намудани товони зарари моддии бо кирдори ҷиноятӣ расонидаашон озод карда намешаванд.
 
Моддаи 19
Шахсони мувофиқи Қонуни  мазкур авфшаванда ҳам аз ҷазои асосӣ ва ҳам аз ҷазои иловагӣ озод карда мешаванд. Маҳкумшудагоне, ки мӯҳлати адои ҷазояшон мутобиқи моддаи 7 Қонуни мазкур кам карда мешавад,  аз адои ҷазоҳои иловагӣ озод карда намешаванд.                   
 
Моддаи 20
Қонуни мазкур нисбати шахсоне, ки ҷиноятҳои давомдор ё дарозмуддат содир кардаанд, танҳо дар мавриде татбиқ карда мешавад, ки агар ин ҷиноятҳо то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур анҷом ёфта бошанд  (ба  истиснои  шахсоне,  ки дар банди 7) моддаи 2 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд).
 
Моддаи 21
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот вазифадоранд: 
1) Барои расонидани кӯмаки иҷтимоӣ бақайдгирии саривақтии шахсонеро, ки аз адои ҷазо тибқи Қонуни мазкур озод шудаанд, таъмин намоянд ва рафтори онҳоро таҳти назорат гиранд.
2) Назорати ноболиғони мутобиқи Қонуни мазкур озодшударо ба падару модарон ё шахсони ивазкунандаи онҳо вогузор намуда, дар мавриди зарурӣ барои дар мактаб-интернатҳо ҷойгир кардани ноболиғони бесаробон чораҳо андешанд.
3) Ҷойгир кардани шахсони озодгардидаи беморро дар муассисаҳои тиббӣ ва маъюбону пиронсолони яккаю танҳоро дар интернат ва хонаҳои пиронсолон ташкил намоянд.
 
Моддаи 22
1. Иҷрои Қонуни мазкур дар давоми шаш моҳ таъмин карда шавад.
2. Агар масъалаи татбиқи Қонуни мазкур пас аз мӯҳлатҳои шашмоҳаи пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда ба миён ояд,  татбиқи он бо тартиби умумӣ аз тарафи мақомоти дар моддаи 11 Қонуни мазкур пешбинишуда  амалӣ  карда мешавад.
 
Моддаи 23
Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо баъди шаш моҳи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур дар хусуси иҷрои он ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд.
                                
Моддаи 24
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                              Эмомалӣ РАҲМОН
 
ш. Душанбе, 29 октябри соли 2014,
№1130
 
 
 
ҚАРОРИ 
МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
ОИД БА ҚАБУЛ КАРДАНИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
«ДАР БОРАИ АВФ»
 
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» қабул карда шавад.
 
Раиси
Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                      Ш. ЗУҲУРОВ
 
ш. Душанбе, 29 октябри соли 2014
№1622 
 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АВФ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Дшб, 17/02/2020 - 12:03
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1355
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
24.08.2016
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ АВФ
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2016, №8-9, мод. 714)
 
Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллатро баррасӣ намуда, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани принсипи инсондӯстӣ ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро қабул мекунад.
 
Моддаи 1
Аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, новобаста аз муҳлати ҷазои таъиншуда ва аз адои ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда маҳкумшудагони зерин озод карда шаванд:
1) Занон.
2) Ноболиғон.
3) Мардони аз синни 55 боло.
4) Маъюбони гурӯҳҳои I,  II ва  III, инчунин шахсони  гирифтори бемориҳои  омоси  бадсифати  марҳалаи 4 ва гурӯҳи клиникии 4 аз рӯи таснифи байналмилалӣ, омоси бадсифати бофтаҳои лимфоидӣ ва  хунофар, сили узвҳои нафас ва пошхӯрдаи шадиди шуш, бемории ишемиявии дил-стенокар­дияи фаъолияти ҷисмонии гурӯҳҳои III ва IV мансуб донисташуда.
5) Иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо, инчунин шахсоне, ки бар асари фалокати Неругоҳи барқи атомии «Чернобил» зарар дидаанд.
6) Шахсоне, ки бо мукофотҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудаанд.
7) Шаҳрвандони хориҷӣ.
 
Моддаи 2
Маҳкумшудагоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намудаанд, новобаста аз намуди ҷазои таъиншуда аз адои ҷазо озод карда шаванд.
 
Моддаи 3
Маҳкумшудагони зерин аз ҷазо ё адои ҷазо озод карда шаванд, агар:
1) Нисбати онҳо иҷрои ҳукм мавқуф гузошта шуда бошад.
2) Нисбати онҳо ҷазо шартан татбиқ накарда шуда бошад.
3) Онҳо шартан пеш аз муҳлат аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ озод шуда бошанд ё ҷазоро дар колонияҳои ислоҳии сукунат адо карда истода бошанд.
4) Онҳо шартан пеш аз муҳлат аз адои ҷазо озод шуда бошанд.
5) Онҳо ба ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда маҳкум шуда бошанд.
6) Онҳо барои содир кардани ҷиноятҳои дар моддаҳои 245-247, 253 ва 257 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида маҳкум шуда, зарари моддии расонидашударо пурра талофӣ карда бошанд. Тартиби мазкур нисбати шахсоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои дар моддаҳои 245-247, 253 ва 257 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум шудаанд ва аз колонияҳои ислоҳии низоми умумӣ, низоми пурзӯр ва низоми сахт ба колонияҳои ислоҳии сукунат барои маҳкумшудагони рафторашон мусбӣ арзёбигардида гузаронида шудаанд, низ татбиқ мегардад.
 
Моддаи 4
Маҳкумшудагони зерин, ки барои бори аввал қасдан содир кардани ҷиноят маҳкум шудаанд, аз адои ҷазо озод карда шаванд:
1) Маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна ба муҳлати то панҷ сол аз озодӣ маҳрум сохта шудаанд.
2) Маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин маҳкум шудаанд ва на камтар аз се ду ҳиссаи муҳлати ҷазоро дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ адо кардаанд.
3) Маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои махсусан вазнин маҳкум шудаанд ва на камтар аз чор се  ҳиссаи муҳлати ҷазоро дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ адо кардаанд.
 
Моддаи 5
Маҳкумшудагоне, ки то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур муҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ нисбаташон то ду сол боқӣ мондааст, новобаста аз маҳдудиятҳо ва манъкуниҳои дар Қонуни мазкур пешбинигардида, ба истиснои шахсоне, ки барои содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 61-70, 104, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 121 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961), моддаҳои 104,  138, 139,  1431, моддаҳои 179, 1791, 1792, 1793, 185-189, 305-310, 313, 328,  моддаи 347 (агар хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он ба ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, инчунин ҷиноятҳо ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат вобаста бошад), моддаҳои  395-405  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) маҳкум гардидаанд, аз адои ҷазо  озод карда шаванд.
 
Моддаи 6
Пешбурди парвандаҳои ҷиноятии зерин, ки таҳти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва баррасии судӣ қарор доранд ё аз тарафи судҳо баррасӣ нагардидаанд, қатъ карда шавад:
1) Оид ба ҷиноятҳое, ки то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур аз тарафи шахсони дар моддаи 1 ҳамин Қонун пешбинишуда содир гардидаанд.
2) Нисбати шахсоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намудаанд.
3) Нисбати шахсоне, ки бори аввал қасдан ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна содир намудаанд.
4) Нисбати шахсоне, ки ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 245-247, 253 ва 257 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998)-ро содир карда, зарари моддии расонидашударо пурра талофӣ намудаанд.
 
Моддаи 7
Муҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ нисбати маҳкумшудагони зерин, ки амали моддаҳои 1, 2, банди 6) моддаи 3, моддаи 4 Қонуни мазкур нисбати онҳо татбиқ намегардад, кам карда шавад:
1) Ҷазои маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна ба онҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шудааст ё аз рӯи ҷазои ҷиноятии қаблан таъиншуда доғи судиашон барҳам нахӯрда,  боз барои қасдан содир кардани ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна ба онҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шудааст — аз ду як ҳисса.
2) Ҷазои маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин ба онҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шудааст — аз се як ҳисса.
3) Ҷазои маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои махсусан вазнин ба онҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шудааст — аз чор як ҳисса.
 
Моддаи 8
Муқаррароти моддаи 7 Қонуни мазкур нисбат ба маҳкумшудагони зерин татбиқ карда намешаванд:
1) Шахсоне, ки бо моддаҳои 61-70, 74, 104 ва 105 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961) маҳкум шудаанд.
2) Шахсоне, ки бо моддаи 104, қисми 3 моддаи 110, моддаҳои 130, 1301, 138, 139, 1431, 179, 1791, 1792, 1793, 185, 186, 187, 188, 189, қисми 4 моддаи 200, банди «в» қисми 2 ва қисми 3 моддаи 237, қисми 4 моддаи 248, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 249, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 250, моддаҳои 305-310, 313, 328, 331, 332, моддаи 347 (агар хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он ба ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, инчунин ҷиноятҳо ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат вобаста бошад), моддаҳои 365, 395-405 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) маҳкум шудаанд (ба истиснои занон ва ноболиғон).
3) Шахсоне, ки ба ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан маҳкум шудаанд.
4) Шахсоне, ки нисбати онҳо ҷазои қатл ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст.
5) Шахсоне, ки нисбати онҳо қаблан қонунҳо дар бораи авф татбиқ карда шуда, баъди аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ё адои ҷазо озод шуданашон то гузаштани муҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ё барҳам хӯрдани доғи судӣ боз ҷинояти қасдона содир намудаанд.
6) Шахсоне, ки барои содир кардани ҷинояти қасдона дар маҳалли адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд.
7) Маҳкумшудагоне, ки мутобиқи қисми 4 моддаи 80 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муассисаҳои ислоҳӣ ба маҳбас гузаронида шудаанд, агар муҳлати дар маҳбас нигоҳ доштани онҳо нагузашта бошад.
 
Моддаи 9
1. Муқаррароти моддаҳои 1, 2, 4 ва 6 Қонуни мазкур нисбати шахсоне, ки барои ҷиноятҳои зерин ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ё маҳкум гардидаанд, ба истиснои занон ва ноболиғон, татбиқ карда намешаванд:
1) Барои ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 61-70, 74, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 76, қисми 4 моддаи 90, моддаи 91, қисми 3 моддаи 95, моддаҳои 104, 105, қисми 2 моддаи 111, моддаҳои 121, 1341, қисми 3 моддаи 135, моддаи 156, қисми 3 моддаи 160, қисми 3 моддаи 233, қисмҳои 1 ва 2 моддаи 234, моддаи 2341, қисми 2 моддаи 240, моддаи 2401, қисми 3 моддаи 241, банди «в» моддаи 249, бандҳои «б» ва «в» моддаи 250, банди «б» моддаи 252 ва банди «в» моддаи 270 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961).
2) Барои ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаи 104, қисми 3 моддаи 110, моддаҳои 122, 130, 1301, 1302,  қисми 3 моддаи 131, қисми 3 моддаи 132, моддаҳои 137, 138, 139, 1431, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 167, моддаҳои 179, 1791, 1792, 1793, 181, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 184, қисмҳои 4 ва 5 моддаи 1841, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 1842, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 1843, моддаҳои 1844, 185-189,  193, қисмҳои 1, 2 ва 3 моддаи 195, моддаҳои  196, 199, қисми 3 ( ба истиснои банди «в»)  ва қисми 4 моддаи 200,  қисми 3 (ба истиснои банди «б») ва қисми  4 моддаи 201, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 202, қисми 3 моддаи 2021, қисми 3 моддаи 2022, қисми 3 моддаи 203, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 204, қисми 2 моддаи 205, қисми 3 моддаи 212, банди «в» қисми 2 ва қисми 3 моддаи 237, қисми 4 моддаи 244, қисмҳои 2, 3 ва 4 моддаи 248, моддаҳои 249, 250, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 252, қисмҳои 2, 3 ва 4 моддаи 289, моддаҳои 305-310, 313, қисми 4 моддаи 319,  қисми 2 моддаи 320, моддаҳои 328, 329, 331, 332, қисми 2 моддаи 335, қисми 2 моддаи 3351, моддаи 347 (агар хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он ба ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, инчунин ҷиноятҳо ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат вобаста бошад), қисмҳои 2 ва 3 моддаи 356, моддаи 365, қисми 2 моддаи 368, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 369, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 370, моддаҳои 374, 375, моддаҳои 382-385, қисми 4 моддаи 386, қисми 4 моддаи 391, моддаҳои 393, 395-405 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998).
3) Нисбати шахсоне, ки ба ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан маҳкум шудаанд.
4) Нисбати шахсоне, ки нисбати онҳо ҷазои қатл ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст.
5) Шахсоне, ки нисбати онҳо қаблан қонунҳо дар бораи авф татбиқ карда шуда, баъди аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ё адои ҷазо озод шуданашон то гузаштани муҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ё барҳам хӯрдани доғи судӣ боз ҷинояти қасдона содир намудаанд.
6) Нисбати шахсоне, ки барои содир кардани ҷинояти қасдона дар маҳалли адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд.
7) Нисбати маҳкумшудагоне, ки мувофиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ретсидивисти хавфнок  ё махсусан хавфнок эътироф шудаанд ва ё ҷиноятро дар ҳолати ретсидиви хавфнок  ё махсусан хавфнок содир кардаанд.
8) Нисбати маҳкумшудагоне, ки мутобиқи қисми 4 моддаи 80 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муассисаҳои ислоҳӣ ба маҳбас гузаронида шудаанд, агар муҳлати дар маҳбас нигоҳ доштани онҳо нагузашта бошад.
9) Нисбати шахсоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои дар моддаҳои 245-247, 253 ва 257 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) пешбининамуда маҳкум шуда, зарари моддии расонидашударо пурра талофӣ накарда бошанд.
2. Муқаррароти моддаҳои 1 ва 6 Қонуни мазкур нисбати занон ва ноболиғоне, ки ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 104, 130, 1301, 138, 139, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 167, моддаҳои 179, 1791, 1792, 1793, 187, 305-310, 347 (агар хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он ба ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, инчунин ҷиноятҳо ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат вобаста бошад), моддаҳои 395-405 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998)-ро содир намудаанд, инчунин нисбати занон ва ноболиғоне, ки онҳо барои содир кардани ҷиноятҳои дар моддаҳои 245-247, 253 ва 257 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) пешбининамуда маҳкум шуда, зарари моддии расонидашударо пурра талофӣ накарда бошанд, татбиқ карда намешаванд.
 
Моддаи 10
1. Амали Қонуни мазкур нисбати шахсоне, ки то мавриди амал қарор додани он ҷиноят содир кардаанд ё аз ҷониби мақомоти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ё парвандаи ҷиноятӣ нисбати онҳо дар судҳо баррасӣ нагардидааст ё мавриди баррасӣ қарор дорад ва ё аз ҷониби судҳо маҳкум шудаанд, инчунин нисбати шахсоне, ки аз ҷониби судҳои давлатҳои хориҷӣ маҳкум шуда, барои минбаъд адо намудани ҷазо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудаанд, паҳн мегардад.
2. Татбиқи Қонуни мазкур доғи судии шахсро намебардорад.
 
Моддаи 11
Иҷрои Қонуни мазкур ба зиммаи мақомот ва муассисаҳои зерин гузошта шавад:
1) Мақомоти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ- нисбати шахсоне, ки мавод ё парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати онҳо дар баррасии ин мақомот қарор доранд.
2) Судҳо:
- нисбати шахсоне, ки мавод ё парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати онҳо ба судҳо ворид гардидаанд, вале  то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур баррасӣ нашудаанд ё  баррасӣ гардидаанд, вале ҳукм нисбати онҳо эътибори қонунӣ пайдо накардааст;
- нисбати маҳкумшудагоне, ки иҷрои ҳукм нисбати онҳо мавқуф гузошта шудааст ва маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо бо ҳукми суд ҷазо шартан татбиқ карда нашудааст (бо пешниҳоди нозироти корҳои ислоҳӣ ва фармондеҳии қисмҳои ҳарбие, ки рафтори маҳкумшуда ва хизматчиёни ҳарбиро назорат менамояд, аз ҷониби суди маҳалли иҷрои ҳукм ё зисти маҳкумшуда ва судҳои ҳарбӣ);
- нисбати маҳкумшудагоне, ки аз маҳалли маҳрум сохтан аз озодӣ шартан пеш аз муҳлат аз ҷазо озод шудаанд ё қисми адонагардидаи ҷазои нисбати онҳо таъиншуда то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур ба ҷазои сабуктар иваз карда шудааст (бо пешниҳоди нозироти корҳои ислоҳӣ аз ҷониби суди маҳалли иҷрои ҳукм ё зисти маҳкумшуда);
- нисбати маҳкумшудагоне, ки ба ҷазои ҷарима маҳкум шудаанд (бо пешниҳоди иҷрочии суд аз ҷониби суде, ки ҳукм баровардааст).
3) Муассисаҳои тобеи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- нисбати шахсоне, ки ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанду ба ҳабс гирифта нашудаанд ва ҳукм нисбати онҳо эътибори қонунӣ пайдо кардааст;
- нисбати шахсоне, ки ҷазоро дар намуди корҳои ҳатмӣ, корҳои ислоҳӣ дар ҷои корашон ё дар ҷойҳои дигаре, ки мақомоти иҷрокунандаи ҳукм муайян менамоянд, адо мекунанд, инчунин шахсоне, ки ба маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ҳамчун ҷазои асосӣ маҳкум карда шудаанд;
- нисбати маҳкумшудагоне, ки  ҳукми суд  нисбати онҳо эътибори қонунӣ пайдо кардааст ва дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ қарор доранд;
- нисбати маҳкумшудагоне, ки ҷазоро дар колонияҳои ислоҳии сукунат адо мекунанд.
4) Фармондеҳии қисмҳои ҳарбӣ — нисбати хизматчиёни ҳарбие, ки  нисбаташон пешбурди таҳқиқ ё парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби мақомоти таҳқиқи қисмҳои ҳарбӣ оғоз карда шудааст.
 
Моддаи 12
1. Қарор дар бораи татбиқ кардан ё рад кардани татбиқи Қонуни мазкур нисбати ҳар шахс алоҳида қабул карда мешавад.
2. Қарор дар бораи татбиқи Қонуни мазкур нисбати шахсоне, ки дар кофтуков қарор доранд, бе даъват намудан ва бе розигии чунин шахсон  қабул карда мешавад.
3. Дар сурати нокифоя будани маълумоти зарурӣ  баррасии масъалаи татбиқи Қонуни мазкур то дастрас гардидани ҳуҷҷатҳои иловагӣ, вале ба муҳлати на дертар аз як моҳ мавқуф гузошта мешавад.
 
Моддаи 13
1. Мақомоти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ, фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ, муассисаҳои тобеи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни мазкурро бо ризоияти прокурори дахлдор татбиқ менамоянд.
2. Қонуни мазкур аз ҷониби судҳо бо иштироки ҳатмии прокурор татбиқ карда мешавад.
 
Моддаи 14
1. Ҳангоми татбиқи Қонуни мазкур ҳолатҳои зерин бояд ба назар гирифта шаванд:
1) Бандҳои 1) ва 2) моддаи 1 Қонуни мазкур нисбати занон ва ноболиғон ба шарте татбиқ мегарданд, ки онҳо то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур ҷиноят содир карда бошанд ва ҷинояти содиркардаашон ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаи 104, қисми 3 моддаи 110, моддаҳои 130, 1301, 138, 139, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 167, моддаҳои 179, 1791, 1792, 1793, 187, 305-310, 313, 347 (агар хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он ба ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, инчунин ҷиноятҳо ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат вобаста бошад), моддаҳои  395-405 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) набошад.
2) Амали банди 2) моддаи 1 Қонуни мазкур нисбати шахсоне татбиқ мегардад, ки то рӯзи содир кардани ҷиноят ба синни 18 нарасидаанд.
3) Амали банди 3) моддаи 1 Қонуни мазкур нисбати мардоне татбиқ мегардад, ки то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур ба синни 55 расидаанд.
4) Банди 4) моддаи 1 Қонуни мазкур нисбати шахсоне татбиқ карда мешавад, ки мувофиқи тартиби муқарраршуда то мавриди амал қарор додани Қонуни  мазкур  маъюбони  гурӯҳҳои I, II ва ё III дониста шудаанд, инчунин  нисбати  шахсоне,  ки  гирифтори бемориҳои омоси  бадсифати марҳалаи 4 ва гурӯҳи клиникии 4 аз рӯи таснифи байналмилалӣ, омоси бадсифати бофтаҳои лимфоидӣ ва хунофар, сили узвҳои нафас ва пошхӯрдаи шадиди шуш, бемории ишемиявии дил-стенокардияи фаъолияти ҷисмонии гурӯҳҳои III ва IV буда, то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур бо тартиби муқарраршуда дар муассисаҳои тиббӣ ба қайд гирифта шудаанд.
5) Таҳти амали банди 5) моддаи 1 Қонуни мазкур иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди давлатҳои дигаринчунин шахсоне, ки бар асари фалокати Неругоҳи барқи атомии «Чернобил» зарар дидаанд, қарор мегиранд.
2. Иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, инчунин иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо шахсоне эътироф карда мешаванд, ки дар комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои маҳалли зисташон расман ба қайд гирифта шудаанд.
3. Шахсони бар асари фалокати Неругоҳи барқи атомии «Чернобил» зарардида шахсоне эътироф карда мешаванд, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати Неругоҳи барқи атомии «Чернобил» зарар дидаанд» ба ин гурӯҳ дохил карда шудаанд.
4. Ҳангоми татбиқи моддаи 7 ҳамин Қонун қисми муҳлати ҷазои адонагардидае кам карда мешавад, ки то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур боқӣ мондааст.
 
Моддаи 15
1. Қонуни мазкур нисбати шахсоне татбиқ карда намешавад, ки барои содир намудани маҷмӯи ҷиноятҳо айбдор дониста ва ё маҳкум шудаанд, агар яке аз ин ҷиноятҳо дар бандҳои 1) ва 2) қисми 1 моддаи 9 Қонуни мазкур пешбинӣ шуда бошад.
2. Муҳлати адои ҷазои шахсоне, ки таҳти амали қисми 1 ҳамин модда қарор мегиранд, бо тартиби пешбининамудаи моддаи 7 ҳамин Қонун бо дарназардошти талаботи пешбининамудаи моддаи 8 Қонуни мазкур кам карда мешавад.
 
Моддаи 16
Шахсони мувофиқи Қонуни мазкур авфшаванда аз ҷазои иловагӣ ва барқарор намудани товони зарари моддии бо кирдори ҷиноятӣ расонидаашон озод карда намешаванд.
 
Моддаи 17
Қонуни мазкур нисбати шахсоне, ки ҷиноятҳои давомдор ё дарозмуддат содир кардаанд, танҳо дар мавриде татбиқ карда мешавад, ки агар ин ҷиноятҳо то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур анҷом ёфта бошанд.
 
Моддаи 18
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот вазифадоранд:
1) Барои бо ҷойи кор таъмин кардани шахсоне, ки аз адои ҷазо тибқи Қонуни мазкур озод шуда, ба маҳалли зисташон баргаштаанд,  чораҷӯӣ намоянд.
2) Назорати ноболиғони мутобиқи Қонуни мазкур озодшударо ба падару модарон ё шахсони онҳоро ивазкунанда вогузор намуда, дар мавриди зарурӣ барои дар мактаб-интернатҳо ҷойгир кардани ноболиғони бесаробон чораҳо андешанд.
3) Ҷойгир кардани шахсони озодгардидаи беморро дар муассисаҳои тиббӣ ва маъюбону пиронсолони бесаробонро дар интернат ва хонаҳои пиронсолон ташкил намоянд.
 
Моддаи 19
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсату шуъбаҳои он дар шаҳру ноҳияҳо дар якҷоягӣ  бо Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ягонаи шахсони аз адои ҷазо  озодшударо таъмин намуда, рафтори онҳоро таҳти мушоҳида ва назорат қарор диҳанд.
 
Моддаи 20
1. Иҷрои Қонуни мазкур дар давоми се моҳ таъмин карда шавад.
2. Агар масъалаи татбиқи Қонуни мазкур нисбати шахсоне, ки то мавриди амал қарор гирифтани он ҷиноят содир намудаанд, пас аз муҳлати пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда ба миён ояд, Қонуни мазкур аз тарафи мақомоти дар моддаи 11 Қонуни мазкур пешбинишуда бо тартиби умумӣ татбиқ карда мешавад.
 
Моддаи 21
Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  баъди се моҳи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур дар хусуси иҷрои он ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд.
 
Моддаи 22
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                              Эмомалӣ Раҳмон
 
ш. Душанбе,
24 августи соли 2016, № 1355
 
 
 
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
ОИД БА ҚАБУЛ КАРДАНИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
«ДАР БОРАИ АВФ»
 
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» қабул карда шавад.
 
 
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                  Ш. Зуҳуров
 
ш. Душанбе,
24 августи соли 2016, №521
 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АВФ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Дшб, 17/02/2020 - 12:04
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1648
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
25.10.2019
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
ДАР БОРАИ АВФ
 
Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллатро баррасӣ намуда, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани принсипи инсондӯстӣ ба муносибати 25 - солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» - ро қабул мекунад.
 
 
Моддаи 1
Аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, новобаста аз муҳлати ҷазои таъйиншуда ва аз адои ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда, маҳкумшудагони зерин озод карда шаванд:
- занон;
- ноболиғон;
- мардони аз синни 55 боло;
- маъюбони гурӯҳҳои I, II ва III, инчунин шахсони гирифтори бемориҳои омоси бадсифати марҳалаи 4 ва гурӯҳи клиникии 4 аз рӯи таснифи байналмилалӣ, омоси бадсифати бофтаҳои лимфоидӣ ва  хунофар, сили фаъоли узвҳои нафас ва дигар узвҳои бадан, бемории ишемиявии дил-стенокардияи фаъолияти ҷисмонии гурӯҳҳои III ва IV мансуб донисташуда;
- иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо, инчунин шахсоне, ки бар асари фалокати Неругоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд;
- шахсоне, ки бо мукофотҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудаанд;
- шаҳрвандони хориҷӣ.
 
Моддаи 2
Маҳкумшудагоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намудаанд, новобаста аз намуди ҷазои таъйиншуда, аз адои ҷазо озод карда шаванд.
 
Моддаи 3
Маҳкумшудагони зерин аз ҷазо ё адои ҷазо озод карда шаванд, агар:
- нисбати онҳо иҷрои ҳукм мавқуф гузошта шуда бошад;
- нисбати онҳо ҷазо шартан татбиқ накарда шуда бошад;
- онҳо ҷазоро дар колонияҳои ислоҳии сукунат адо карда истода бошанд;
- онҳо шартан пеш аз муҳлат аз адои ҷазо озод шуда бошанд;
- онҳо ба ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда маҳкум шуда бошанд; 
- онҳо барои содир кардани ҷиноятҳои дар қисмҳои 3 ва 4 моддаи 245, қисми 3 моддаи 246, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 247, қисми 3 моддаи 253, қисми 3 моддаи 257 ва қисми 2 моддаи 264 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) пешбинигардида маҳкум шуда, зарари моддии расонидашударо пурра талофӣ карда бошанд;
- онҳо барои содир кардани ҷинояти гирифтани пора (моддаи 319 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) ё додани пора (моддаи 320 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) ба маблағи то 10 000 (даҳ ҳазор) сомонӣ гунаҳгор дониста шуда, ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум гардида бошанд;
- занҳое, ки барои содир кардани ҷиноятҳои махсусан вазнин зиёда аз дувоздаҳ сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро адо намуда бошанд, новобаста аз маҳдудиятҳои дар ҳамин Қонун пешбинишуда;
- онҳо ба синни 70 расида бошанд, новобаста аз маҳдудиятҳои дар ҳамин Қонун пешбинишуда, ба истиснои шахсоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои дар моддаҳои 104, 138, 139, қисми 4 моддаи 249 ва моддаи 401 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) пешбинишуда маҳкум шудаанд; 
- шаҳрвандони хориҷие, ки барои содир кардани ҷиноятҳои дар моддаҳои 1301, 181, қисми 3 моддаи 200, моддаҳои 237, 244, қисмҳои 1, 2 ва 3 моддаи 247, моддаҳои 281, 284, 3071, 3072, 3073ва 335 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) пешбинишуда маҳкум шудаанд.
 
Моддаи 4
Маҳкумшудагони зерин, ки барои содир кардани ҷинояти қасдона маҳкум шудаанд, аз адои ҷазо озод карда шаванд:
- маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна ба муҳлати то панҷ сол аз озодӣ маҳрум  сохта шудаанд;
- маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин маҳкум шудаанд ва на камтар аз се як ҳиссаи муҳлати ҷазоро дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ адо кардаанд;
- маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои махсусан вазнин маҳкум шудаанд ва на камтар аз чор се  ҳиссаи муҳлати ҷазоро дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ адо кардаанд.
 
Моддаи 5
1. Маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани маҷмӯи ҷиноятҳо ё ҷиноятҳои махсусан вазнин ба муҳлати зиёда аз понздаҳ сол аз озодӣ маҳрум  шуда, то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур воқеан понздаҳ сол  ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро адо намудаанд ва муҳлати адонагардидаи ҷазо нисбаташон то се сол боқӣ мондааст, новобаста аз маҳдудиятҳои дар Қонуни мазкур пешбинигардида, аз адои ҷазо озод карда шаванд. 
2. Шахсоне, ки барои содир кардани ҷинояти дар қисми 2 моддаи 3073 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) пешбинишуда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ё маҳкум шудаанд, новобаста аз маҳдудиятҳои дар ҳамин Қонун пешбинишуда, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои боқимондаи ҷазо озод  карда шаванд. 
 
Моддаи 6
Пешбурди парвандаҳои ҷиноятии зерин, ки таҳти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва баррасии судӣ қарор доранд ё аз тарафи судҳо баррасӣ нагардидаанд, қатъ карда шавад:
- оид ба ҷиноятҳое, ки то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур аз тарафи шахсони дар моддаҳои 1, 2, сархатҳои ҳафтум, нуҳум, даҳуми моддаи 3 ва қисми 2 моддаи 5 ҳамин Қонун пешбинишуда содир гардидаанд;
- нисбати шахсоне, ки бори аввал қасдан ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна содир намудаанд;
- нисбати шахсоне, ки ҷиноятҳои пешбининамудаи қисмҳои 3 ва 4 моддаи 245, қисми 3 моддаи 246, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 247, қисми 3 моддаи 253, қисми 3 моддаи 257 ва қисми 2 моддаи 264 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) - ро содир карда, зарари моддии расонидашударо пурра талофӣ намудаанд.
 
Моддаи  7
Муҳлати ҷазои адонагардидаи маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо амали моддаҳои 1, 2, сархатҳои шашум, ҳафтум, даҳуми моддаи 3, моддаҳои 4 ва 6 Қонуни мазкур татбиқ намегардад, кам карда шавад:
- нисбати маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷинояти беэҳтиётӣ ба онҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъйин карда шудааст - аз ду як ҳисса;
- нисбати маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна ба онҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъйин карда шудааст - аз ду як ҳисса;
- нисбати маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин ба онҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъйин карда шудааст - аз се як ҳисса;
- нисбати маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои махсусан вазнин ба онҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъйин карда шудааст - аз чор як ҳисса.
 
Моддаи  8
Муқаррароти моддаҳои 6 ва 7 Қонуни мазкур нисбат ба шахсони зерин татбиқ карда намешаванд:
- шахсоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои дар моддаҳои 179, 186, 305, 306, 310, қисми 4 моддаи 319 (агар маблағи пора аз 10 000 (даҳ ҳазор) сомонӣ зиёд бошад), моддаи 328, қисми 2 моддаи 330, моддаҳои 401 ва 4011 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) пешбинигардида ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ё маҳкум шудаанд;
- шахсоне, ки ба ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан маҳкум шудаанд;
- маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо ҷазои қатл ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст;
- маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷинояти қасдона дар маҳали адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд.
 
Моддаи 9
1. Муқаррароти моддаҳои 1, 2, 4 ва 6 Қонуни мазкур нисбати шахсоне, ки барои ҷиноятҳои зерин ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ё маҳкум гардидаанд, ба истиснои занон ва ноболиғон, татбиқ карда намешаванд:
- барои ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 61, 62, 63, 64, 65, 66, 67, 68, 69, 70, 74,  104, 105 ва 121 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961);
- барои ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаи 104, қисми 2 моддаи 109, қисми 3 моддаи 110, моддаи 122, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 125, моддаҳои 130, 1301, қисми 3 моддаи 131, моддаҳои 137, 138, 139, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 141, қисми 2 моддаи 142,  қисми 2 моддаи 1421, моддаҳои 1431, 167, 179, 1791, 1792, 1793, 181, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 184, қисмҳои 4 ва 5 моддаи 1841, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 1842, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 1843, моддаҳои 1844, 185, 186, 187, 188, 189,  193, 195, 196, 199, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 200,  қисми 4 моддаи 201, қисми 3 моддаи 202, қисми 3 моддаи 2021, қисми 3 моддаи 2022, қисми 3 моддаи 203, қисми 4 моддаи 204, қисми 2 моддаи 205, қисмҳои 3, 4 ва 5 моддаи 212, қисми 3 моддаи 237, қисми 4 моддаи 244, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 248, моддаҳои 249, 250, қисми 3 моддаи 252, қисмҳои 3, 4 ва 5 моддаи 289, моддаҳои 305, 306, 307, 3071, 3072, қисми 1 моддаи 3073, моддаҳои 3074, 308, 309, 310, 313, қисми 3 моддаи 314, қисми 4 моддаи 319 (агар маблағи пора аз 10 000 (даҳ ҳазор) сомонӣ зиёд бошад), қисми 2 моддаи 320 (агар маблағи пора аз 10 000 (даҳ ҳазор) сомонӣ зиёд бошад), моддаҳои 328, 329, қисми 2 моддаи 330, моддаҳои 331, 332, қисми 3 моддаи 335, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 3351, қисми 2 моддаи 3381,  моддаи 347 (агар хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он ба ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, инчунин ҷиноятҳо ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат вобаста бошад), қисмҳои 2 ва 3 моддаи 356, моддаи 365, қисми 2 моддаи 368, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 369, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 370, моддаҳои 374, 375, 382, 383, 384, 385, қисми 4 моддаи 386, қисми 4 моддаи 391, моддаҳои 393, 395, 396, 397, 398, 399, 400, 401, 4011, 402, 403, 404 ва 405 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998);
 - нисбати шахсоне, ки ба ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан маҳкум шудаанд;
- нисбати шахсоне, ки нисбати онҳо ҷазои қатл ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст;
- нисбати шахсоне, ки барои содир кардани ҷинояти қасдона дар маҳали адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд;
- нисбати шахсоне, ки ҷиноятро дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок содир кардаанд;
- нисбати шахсоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои дар қисмҳои 3 ва 4 моддаи 245, қисми 3 моддаи 246, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 247, қисми 3    моддаи 253, қисми 3 моддаи 257 ва қисми 2 моддаи 264 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) пешбинигардида маҳкум шуда, зарари моддии расонидашударо пурра талофӣ накарда бошанд.
2. Муқаррароти моддаҳои 1, 2, 4 ва 6 Қонуни мазкур нисбати занон ва ноболиғоне, ки ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаи 104, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 125, қисми 3 моддаи 1301, қисми 3 моддаи 138, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 139, моддаҳои 179, 1791, 1792, 1793, 185, 186, 187, қисми 4 моддаи 200, қисмҳои 3, 4 ва 5 моддаи 212, моддаҳои 307, 3071, 3072, қисми 1 моддаи 3073, моддаҳои 3074, 308, 309, 310, 313, 395, 396, 397, 398, 399, 400, 401, 4011, 402, 403, 404 ва 405 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) - ро содир намудаанд, инчунин нисбати занон ва ноболиғоне, ки онҳо барои содир кардани ҷиноятҳои дар қисми 4 моддаи 245, қисми 3 моддаи 246 ва қисми  4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) пешбинигардида маҳкум шуда, зарари моддии расонидашударо пурра талофӣ накарда бошанд (агар маблағи зарар аз 100 000 (сад ҳазор) сомонӣ зиёд бошад), татбиқ карда намешаванд.
 
Моддаи 10
1. Амали Қонуни мазкур нисбати шахсоне, ки то мавриди амал қарор додани он ҷиноят содир кардаанд ё аз ҷониби мақомоти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ё парвандаи ҷиноятӣ нисбати онҳо дар судҳо баррасӣ нагардидааст ё мавриди баррасӣ қарор дорад ва ё аз ҷониби судҳо маҳкум шудаанд, инчунин нисбати шахсоне, ки аз ҷониби судҳои давлатҳои хориҷӣ маҳкум шуда, барои минбаъд адо намудани ҷазо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудаанд, паҳн мегардад.
2. Татбиқи Қонуни мазкур доғи судии шахсро намебардорад.
 
Моддаи 11
Иҷрои Қонуни мазкур ба зиммаи мақомот ва муассисаҳои зерин гузошта шавад:
1) мақомоти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ - нисбати шахсоне, ки мавод ё парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати онҳо дар баррасии ин мақомот қарор доранд;
2) судҳо:
- нисбати шахсоне, ки мавод ё парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати онҳо ба судҳо ворид гардидаанд, вале  то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур баррасӣ нашудаанд ё  баррасӣ гардидаанд, вале ҳукм нисбати онҳо эътибори қонунӣ пайдо накардааст;
- нисбати маҳкумшудагоне, ки иҷрои ҳукм нисбати онҳо мавқуф гузошта шудааст ва маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо бо ҳукми суд ҷазо шартан татбиқ карда нашудааст (бо пешниҳоди нозироти корҳои ислоҳӣ ва фармондеҳии қисмҳои ҳарбие, ки рафтори маҳкумшуда ва хизматчиёни ҳарбиро назорат менамояд, аз ҷониби суди маҳали иҷрои ҳукм ё зисти маҳкумшуда ва судҳои ҳарбӣ);
- нисбати маҳкумшудагоне, ки аз маҳали маҳрум сохтан аз озодӣ шартан пеш аз муҳлат аз ҷазо озод шудаанд ё қисми адонагардидаи ҷазои нисбати онҳо таъйиншуда то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур ба ҷазои сабуктар иваз карда шудааст (бо пешниҳоди нозироти корҳои ислоҳӣ аз ҷониби суди маҳали иҷрои ҳукм ё зисти маҳкумшуда);
- нисбати маҳкумшудагоне, ки ба ҷазои ҷарима маҳкум шудаанд (бо пешниҳоди иҷрочии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби суде, ки ҳукм баровардааст);
3) муассисаҳои тобеи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- нисбати шахсоне, ки ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанду ба ҳабс гирифта нашудаанд ва ҳукм нисбати онҳо эътибори қонунӣ пайдо кардааст;
- нисбати шахсоне, ки ҷазоро дар намуди корҳои ҳатмӣ, корҳои ислоҳӣ дар ҷойи корашон ё дар ҷойҳои дигаре, ки мақомоти иҷрокунандаи ҳукм муайян менамоянд, адо мекунанд, инчунин шахсоне, ки ба маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ҳамчун ҷазои асосӣ маҳкум карда шудаанд;
- нисбати маҳкумшудагоне, ки  ҳукми суд  нисбати онҳо эътибори қонунӣ пайдо кардааст ва дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ қарор доранд;
- нисбати маҳкумшудагоне, ки ҷазоро дар колонияҳои ислоҳии сукунат адо мекунанд;
4) фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ - нисбати хизматчиёни ҳарбие, ки  нисбаташон пешбурди таҳқиқ ё парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби мақомоти таҳқиқи қисмҳои ҳарбӣ оғоз карда шудааст.
 
Моддаи 12
1. Қарор дар бораи татбиқ кардан ё рад кардани татбиқи Қонуни мазкур нисбати ҳар шахс алоҳида қабул карда мешавад.
2. Қарор дар бораи татбиқи Қонуни мазкур нисбати шахсоне, ки дар кофтуков қарор доранд, бе даъват намудан ва бе розигии чунин шахсон  қабул карда мешавад.
3. Дар сурати нокифоя будани маълумоти зарурӣ  баррасии масъалаи татбиқи Қонуни мазкур то дастрас гардидани ҳуҷҷатҳои иловагӣ, вале ба муҳлати на дертар аз як моҳ мавқуф гузошта мешавад.
 
Моддаи 13
1. Мақомоти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ, фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ, муассисаҳои тобеи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни мазкурро бо розигии прокурори дахлдор татбиқ менамоянд. 
2. Қонуни мазкур аз ҷониби судҳо бо иштироки ҳатмии прокурор татбиқ карда мешавад.
 
Моддаи 14
1. Ҳангоми татбиқи Қонуни мазкур ҳолатҳои зерин бояд ба инобат гирифта шаванд:
1) сархатҳои якум ва дуюми моддаи 1 Қонуни мазкур нисбати занон ва ноболиғон ба шарте татбиқ мегарданд, ки онҳо то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур ҷиноят содир карда бошанд ва ҷинояти содиркардаашон ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаи 104, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 125, қисми 3 моддаи 1301, қисми 3 моддаи 138, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 139, моддаҳои 179, 1791, 1792, 1793, 185, 186, 187, қисми 4 моддаи 200, қисмҳои 3, 4 ва 5 моддаи 212, моддаҳои 307, 3071, 3072, қисми 1 моддаи 3073, моддаҳои 3074, 308, 309, 310, 313, 395, 396, 397, 398, 399, 400, 401, 4011, 402, 403, 404 ва 405 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) ва ҷиноятҳои дар моддаи 8 ҳамин Қонун пешбинишуда набошанд. Инчунин нисбати занон ва ноболиғоне, ки онҳо барои содир кардани ҷиноятҳои дар қисми 4 моддаи 245, қисми 3 моддаи 246 ва қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) пешбинигардида маҳкум шуда, зарари моддии расонидашударо пурра талофӣ накарда бошанд (ба истиснои ҳолатҳое, ки маблағи зарар то 100 000 (сад ҳазор) сомонӣ бошад), татбиқ карда намешаванд;
2) амали сархати дуюми моддаи 1 Қонуни мазкур нисбати шахсоне татбиқ мегардад, ки то рӯзи содир кардани ҷиноят ба синни 18 нарасидаанд;
3) амали сархати сеюми моддаи 1 Қонуни мазкур нисбати мардоне татбиқ мегардад, ки то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур ба синни 55 расидаанд;
4) амали сархати нуҳуми моддаи 3 Қонуни мазкур нисбати шахсоне татбиқ мегардад, ки то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур ба синни 70 расидаанд;
5) сархати чоруми моддаи 1 Қонуни мазкур нисбати шахсоне татбиқ карда мешавад, ки мувофиқи тартиби муқарраргардида то мавриди амал қарор додани Қонуни  мазкур  маъюбони  гурӯҳҳои I, II ва ё III дониста шудаанд, инчунин  нисбати  шахсоне,  ки  гирифтори бемориҳои омоси  бадсифати марҳалаи 4 ва гурӯҳи клиникии 4 аз рӯи таснифи байналмилалӣ, омоси бадсифати бофтаҳои лимфоидӣ ва хунофар, сили фаъоли узвҳои нафас ва дигар узвҳои бадан, бемории ишемиявии дил-стенокардияи фаъолияти ҷисмонии гурӯҳҳои III ва IV буда, то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур бо тартиби муқарраргардида дар муассисаҳои тиббӣ ба қайд гирифта шудаанд;
6) таҳти амали сархати панҷуми моддаи 1 Қонуни мазкур қарор мегиранд:
- иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, инчунин иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо, ки дар комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои маҳали зисташон расман ба қайд гирифта шудаанд;
- шахсони бар асари фалокати Неругоҳи барқи атомии Чернобил зарардида, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати Неругоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд» ба гурӯҳи чунин шахсон дохил карда шудаанд.
2. Ҳангоми татбиқи моддаи 7 ҳамин Қонун қисми муҳлати ҷазои адонагардидае кам карда мешавад, ки то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур боқӣ мондааст.
 
Моддаи 15
1. Қонуни мазкур нисбати шахсоне татбиқ карда намешавад, ки барои содир кардани маҷмӯи ҷиноятҳо айбдор дониста ва ё маҳкум шудаанд, агар яке аз ин ҷиноятҳо дар моддаи 8 Қонуни мазкур пешбинӣ шуда бошад.
2. Нисбати шахсоне, ки барои содир кардани маҷмӯи ҷиноятҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ва ё маҳкум шудаанд, вале қисми мавод ва парвандаи ҷиноятӣ нисбати онҳо дар пешбурди тафтишоти пешакӣ ё судӣ қарор доранд, масъалаи татбиқи Қонуни мазкур нисбати онҳо танҳо баъди қабул намудани қарори ниҳоӣ аз ҷониби мақомоти тафтишоти пешакӣ ё суд, мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. 
3. Амали сархати якуми моддаи 8 Қонуни мазкур нисбати шахсони дар сархати нуҳуми моддаи 3 ва қисми 1 моддаи 5 ҳамин Қонун зикргардида, татбиқ намегардад.
 
Моддаи 16
Шахсони мувофиқи Қонуни мазкур авфшаванда аз ҷазои иловагӣ ва барқарор намудани товони зарари моддии бо кирдори ҷиноятӣ расонидаашон озод карда намешаванд.
 
Моддаи 17
Қонуни мазкур нисбати шахсоне, ки ҷиноятҳои давомдор ё дарозмуддат содир кардаанд, танҳо дар мавриде татбиқ карда мешавад, ки агар ин ҷиноятҳо то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур анҷом ёфта бошанд.
 
Моддаи 18
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин мақомоти дахлдор вазифадоранд:
- барои бо ҷойи кор таъмин кардани шахсоне, ки аз адои ҷазо тибқи Қонуни мазкур озод шуда, ба маҳали зисташон баргаштаанд, чораҷӯӣ намоянд;
- назорати ноболиғони мутобиқи Қонуни мазкур озодшударо ба падару модарон ё шахсони онҳоро ивазкунанда вогузор намуда, дар мавриди зарурӣ барои дар мактаб-интернатҳо ҷойгир кардани ноболиғони бесаробон чораҳо андешанд;
- шахсони озодгардидаи беморро дар муассисаҳои тиббӣ ва маъюбону пиронсолони бесаробонро дар интернат ва хонаҳои пиронсолон ҷойгир намоянд.
 
Моддаи 19
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсату шуъбаҳои он дар шаҳру ноҳияҳо дар якҷоягӣ бо Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ягонаи шахсони аз адои ҷазо озодшударо таъмин намуда, рафтори онҳоро таҳти мушоҳида ва назорат қарор диҳанд.
 
Моддаи 20
1. Иҷрои Қонуни мазкур дар давоми ду моҳ таъмин карда шавад.
2. Агар масъалаи татбиқи Қонуни мазкур нисбати шахсоне, ки то мавриди амал қарор гирифтани он ҷиноят содир намудаанд, пас аз муҳлати пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда ба миён ояд, Қонуни мазкур аз тарафи мақомоти дар моддаи 11 ҳамин Қонун пешбинишуда бо тартиби умумӣ татбиқ карда мешавад.
 
Моддаи 21
Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  баъди ду моҳи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур дар хусуси иҷрои он ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд.
 
Моддаи 22
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                      Эмомалӣ РАҲМОН
 
         ш. Душанбе,
25 октябри соли 2019,
           № 1648
 
 
 
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» қабул карда шавад.
 
 
Раиси Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                           Ш. ЗУҲУРОВ
 
          ш. Душанбе,
25 октябри соли 2019,
           № 1463
 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АЗ ЭЪТИБОР СОҚИТ ДОНИСТАНИ БАЪЗЕ САНАДҲОИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, КИ ДАР ДАВРАИ АЗ СОЛҲОИ 1938 ТО 1948 ҚАБУЛ ШУДААНД

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Дшб, 17/02/2020 - 12:14
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
602
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
11.03.2010

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ

ТОҶИКИСТОН

 

ДАР БОРАИ АЗ ЭЪТИБОР СОҚИТ ДОНИСТАНИ БАЪЗЕ САНАДҲОИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, КИ ДАР ДАВРАИ АЗ СОЛҲОИ 1938 ТО 1948 ҚАБУЛ ШУДААНД

 

Моддаи 1.

 

Санадҳои зерини қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи аз солҳои 1938 то 1948 қабул шудаанд, аз эътибор соқит дониста шаванд:

– Қонун аз 14 июли соли 1938 «Дар бораи ҷуброн намудани хароҷоти вакилони Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иҷрои ваколатҳои вакилӣ» (Иҷлосияи аввали Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳисоботи стенографӣ);

– Фармон аз 28 январи соли 1939 «Дар бораи таъсиси ноҳияҳо дар шаҳри Сталинобод» (Суратмаҷлиси № 6, 1);

– Қонун аз 21 майи соли 1940 «Дар бораи гузаронидани хати тоҷикӣ аз лотини ба алифбои нави тоҷикӣ дар асоси хати русӣ» (Ҳисоботи стенографии иҷлосияи чоруми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати якум);

– Фармон аз 28 сентябри соли 1940 «Дар бораи навиштаҷоти матни тоҷикӣ дар нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Суратмаҷлиси №31, 2);

– Қонун аз 12 майи соли 1944 «Дар бораи таъсиси комиссариата халқии   мудофиаи   иттифоқӣ-ҷумҳуриявии   Ҷумҳурии   Тоҷикистон» (Иҷлосияи ҳафтуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати якум, ҳисоботи стенографӣ);

– Фармон аз 27 марти соли 1946 «Дар бораи азнавтаъсисдиҳии Шӯрои комиссарони халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шӯрои Вазирони Ҷумхурии Тоҷикистон ва комиссариатҳои халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Суратмаҷлиси № 78, 20);

– Фармон аз 25 январи соли 1947 «Дар бораи муқаррар намудани унвони фахрии «Пешвари пахтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Суратмаҷлиси № 85, 26);

– Фармон аз 5 феврали 1947 «Дар бораи муқаррар намудани унвони фахрии ҳофизи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Суратмаҷлиси № 85, 32);

– Фармон аз 20 декабри соли 1947 «Дар бораи имтиёзҳо ва бартариҳои пешниҳодшаванда ба шахсоне, ки бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудаанд» (Суратмаҷлиси № 6, 52);

– Фармон аз 28 августа соли 1948 «Дар бораи дигар кардани номи пиряхи Нотгемейшафт дар Помири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пиряхи ба номи Г.Е.Грумм-Гржимайло» (Суратмаҷлиси № 14, 4);

– Фармон   аз  25   декабри   соли   1948   «Дар   бораи   тартиби муносибатҳои муассисаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсонн мансабдори он бо муассисаҳо ва шахсони мансабдори давлатҳои хориҷа»
(Суратмаҷлиси №17, 2).

 

Моддаи 2.

 

Қонуни мазкур пас аз интишори расмй мавриди амал қарордода шавад.

 

        Президент

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                          Эмомали Раҳмон

 

     ш. Душанбе

 11 марти соли 2010

          № 602

 

Pages