ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2065 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2033 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ФАРҲАНГ” Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.02.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2026 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 03.01.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ВА ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 04/02/2020 - 15:12
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
178
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
03.03.2006

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ВА ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ

 

 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2006, №3, мод. 168; с. 2012, №12, қ. 1, мод. 1015; (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 с., №1429)

 

Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми феврали соли 2006, № 251 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2006, № 2, моддаи 71) қабул гардидааст.

 

Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми феврали соли 2006, № 194 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2006, № 2, моддаи 56) ҷонибдорӣ гардидааст.

 

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба ҳифз, истифода, нигаҳдорӣ ва тарғиби объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ танзим менамояд. (ҚҶТ аз 28.12.12с. №921; (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1429)

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мақсадҳои  Қонуни мазкур

Мақсадҳои  Қонуни мазкур аз инҳо иборатанд:

- танзими ҳуқуқии таъмини ҳифз ва истифодаи самараноки объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ, рушди минбаъдаи онҳо ба манфиати ҷомеа;

- муайян намудани низоми ҳуқуқии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ҳамчун намуди хоси молу мулки ғайриманқул ва сарвати умумимиллӣ;

- муқаррар намудани назорати давлатӣ оид ба ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ;

- татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ;

- таъмини иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифз ва истифодаи самараноки объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ;

- ҳимояи ҳуқуқи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва муайян намудани ӯҳдадориҳои онҳо оид ба ҳифз ва истифодаи самараноки объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ;

- муҳайё кардани шароити мусоид барои нигаҳдорӣ ва барқарорсозии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ;

- муайян намудани ҷавобгарӣ барои амал ё беамалие, ки дар натиҷаи он ба объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ зарари мустақим ё ғайримустақим расонида мешавад .(ҚҶТ аз 28.12.12с. №921)

 

Моддаи 11. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ - объектҳо ё ашёи таърихии фарҳанги моддӣ ва маънавӣ, ки аҳамияти таърихӣ, илмӣ ва фарҳангии умумибашарӣ, умумидавлатӣ ё маҳаллӣ доранд;

- ҳифзи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ - низоми чораҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, молиявӣ, иттилоотӣ, моддию техникӣ ва ғайраи аз тарафи давлат амалишаванда, ки барои дарёфт, баҳисобгирӣ, омӯзиш, пешгирии вайроншавӣ ва нобудшавӣ, назорати нигаҳдорӣ, истифода ва тарғиби объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ равона гардидаанд;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1429)

- экспертизаи таърихию фарҳангӣ - тадбирҳои ташкилӣ, илмӣ ва техникӣ барои муайянкунӣ ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ;

- Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ - номгӯи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ, ки барои таҳияи махзани маълумот ё низомҳои иттилоотӣ дар бораи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ва истифодаи онҳо манбаи асосии иттилоот ба ҳисоб меравад; 

- минтақаҳои ҳифзи объектҳои ғайриманқули мероси таърихию фарҳангӣ - ҳудуди тибқи қонунгузорӣ муайяншудае, ки дар онҳо объектҳои мазкур ҷойгиранд ё корҳо оид ба дарёфт ва муайянкунӣ ҷараён доранд;

- барқарорсозии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ - маҷмӯи чорабиниҳо оид ба омода намудани объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ барои истифода, аз ҷумла омӯзиш, ҳифз, консерватсия ва таъмири онҳо; (ҚҶТ аз 28.12.12с. №921)

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат аст.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1429)

 

Моддаи 3. Объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ

Ба объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ объектҳои манқул ва ғайриманқул, осори рассомӣ, муҷассамасозӣ, санъати амалии ороишии ба онҳо марбут, инчунин дигар ашёи фарҳанги моддӣ, ки аз назари таърих, бостоншиносӣ, фарҳанг, меъморӣ, шаҳрсозӣ, санъат, эстетика арзиши муайян доранд, дохил мешаванд. (ҚҶТ аз 28.12.12с. №921)

 

Моддаи 4. Навъҳои объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ

Объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ шомили ёдгориҳои манқул ва ғайриманқул мебошанд.

Ёдгориҳои манқул иборатанд аз:  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1429)

- объектҳои алоҳида - бозёфтҳои бостоншиносӣ, ашёи қадимӣ, унсурҳои ба ҷузъҳо тақсимшавандаи ёдгориҳои ғайриманқул, маводи антропологӣ ва этнологӣ, муқаддасоти таърихӣ, асарҳои бадеии (мусаввараҳо, қаламкориҳо, санъати амалӣ, синамо ва суратҳо) маҳфуз дар осорхонаҳои гуногуни давлатӣ ва ғайридавлатӣ, фондҳо, китобхонаҳо, ганҷинаҳо, коллексияҳо, асноди шомили фонди миллии бойгонӣ - дастнависҳо, чопи мошинӣ, осори қаламӣ, асноди филмбардорӣ ва аккосишуда, осори тасвирию савтӣ, нашрияҳои нодир, ҳамчунин забонҳо ва номҳои ҷуғрофии  таърихӣ;

- объектҳои маҷмаавӣ - маҷмааҳои  таърихан ташаккулёфта, фондҳо ва коллексияҳои объектҳои алоҳидаи мазкур ба сифати таркиби ягонаи кул,  ҳамчунин маҷмааҳо, фондҳо ва коллексияҳои дорои арзишҳои илмию  табиатшиносӣ, ки  дар маҷмўъ арзиши  таърихӣ доранд.

Ёдгориҳои ғайриманқул иборатанд аз:  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1429)

- ёдгориҳои таърихӣ - биноҳо, иншоот, ҷойҳои ёдгорӣ, дахмаҳои таърихӣ, муҷассамаҳо ва ёдгориҳое, ки ба муҳимтарин рўйдодҳои таърихи ҳаёти халқ, рушди ҷомеа, давлат ва зисту рўзгори халқҳо,  ҳамчунин ба ҳаёту фаъолияти  ходимони барҷастаи ҷамъиятию сиёсӣ ва илму фарҳанг алоқаманданд;

- ёдгориҳои бостоншиносӣ - ғорҳо, бошишгоҳҳо, димнаҳо, теппаҳо, бозмондаҳои ҷойгоҳҳои бостонӣ, истеҳкомҳо, иншооти мудофиавӣ, конҳои қадимӣ, корезҳо ва шабакаҳои обёрӣ, роҳҳо ва пулҳо, қўрғонҳо ва  дахмаҳои ҷудогона,  тасвирҳои рўи  санг ва катибаҳо:

- ёдгориҳои шаҳрсозӣ ва меъморӣ - ансамблҳо ва маҷмааҳои меъморӣ, марказҳои таърихӣ, маҳаллаҳо, майдонҳо, кўчаҳо, осори тарҳу сохтмонҳои қадимӣ, шаҳрҳо ва дигар маҳалоти маскунӣ, иншооти меъмории мулкӣ, низомӣ, саноатӣ, парастишгоҳҳо, ҳунарҳои меъмории халқӣ, ҳамчунин осори тасвирӣ, ороишию амалӣ, гулбоғҳо ва дигар навъҳои ба онҳо алоқаманди санъат ва ҳунарро дар бар мегиранд;       

- манзараҳо - офаридаҳои муштараки инсон ва табиат, ҳамчунин мавзеъҳо, аз ҷумла макони бостоние, ки аз нигоҳи таърихӣ, эстетикӣ, этнологӣ ва антропологӣ арзиш ва аҳамияти бузург доранд.

 

Моддаи 5. Дараҷабандии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ

Объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ дорои чунин дараҷаҳо мебошанд:

- объектҳои мероси таърихию фарҳангии аҳамияти умумидавлатӣ, ки дорои арзиши баланди таърихӣ, илмӣ, меъморӣ ва бадеӣ мебошанд, аз он ҷумла объектҳои бостоншиносӣ;
- объектҳои мероси таърихию фарҳангии аҳамияти маҳаллӣ, ки дар ҳудуди маҳал (шаҳр, ноҳия) дорои арзиши муайяни таърихӣ, илмӣ, меъморӣ ва бадеӣ мебошанд;
- объектҳои мероси таърихию фарҳангии аҳамияти байналмилалӣ, ки ба Номгӯи мероси фарҳанги умумиҷаҳонӣ дохил шудаанд. (ҚҶТ аз 28.12.12с. №921)

Дараҷабандии объектҳои мероси таърихию фарҳангии дорои аҳамияти умумидавлатӣ ва маҳаллӣ дар асоси хулосаи экспертизаи таърихию фарҳангӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда мешавад.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1429)

Дараҷабандии объектҳои мероси таърихию фарҳангии дорои аҳамияти умумиҷаҳонӣ тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, муқаррар карда мешавад.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1429)

 

Моддаи 51. Ҳудуди объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ

Ҳудуди объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ қитъаи замине ҳисобида мешавад, ки аз ҷиҳати функсионалӣ, банақшагирии меъморӣ, сохтори хатҳои муҳандисӣ ва марзҳои қаблан муқарраршуда ба объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ марбут аст. Ҳудуди объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ қисми таркибии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ буда, қитъаи замини он тақсимнашаванда мебошад.

Тарҳи ҳудуди объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо назардошти санадҳои таърихию ҳуқуқӣ (лоиҳаҳои меъморӣ, тасвирҳо, ҳуҷҷатҳои расман тасдиқшудае, ки ба истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ҳуқуқ медиҳанд) муайян карда мешавад.

Дар ҳудуди объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ сохтмони объектҳои нав, ба истиснои объектҳое, ки ба ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ марбутанд, манъ аст. Сохтмони объектҳои наве, ки ба ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ марбутанд, бо розигии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фарҳанг ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморию сохтмон анҷом дода мешавад.  (ҚҶТ аз 28.12.12с. №921; (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1429)

 

Моддаи 6. Вазъи ҳуқуқии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ

Эътирофи объектҳо, ҳамчун мероси таърихию фарҳангӣ, бо ворид намудани онҳо ба Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангие, ки  нашрашон ҳатмӣ мебошад, муайян карда мешавад.

Номгўи объектҳои манқули мероси таърихию фарҳангие, ки моликияти хусусӣ мебошанд, бо ризоияти молики онҳо нашр мешавад.

Ҳама гуна ёдгориҳои бостоншиносӣ, ки дорои арзиши таърихию фарҳангӣ ва илмӣ мебошанд, дар мақоми ёдгориҳои таъриху фарҳанг қарор  мегиранд.

Объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузорӣ ба таври ҳатмӣ ҳифз ва нигаҳдорӣ карда мешаванд, дорои низоми махсуси ҳуқуқи истифода, тағйири ҳуқуқи моликият ба онҳо ва маҳрум намудан аз вазъи ҳуқуқӣ мебошанд. (ҚҶТ аз 28.12.12с. №921)

 

Боби  2. Идоракунии давлатии ҳифз ва истифодаи

объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ

 

Моддаи 7. Мақомоти идоракунии давлатии ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ

Идоракунии давлатии ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фарҳанг (минбаъд - мақоми ваколатдори давлатӣ) ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ мегардад. (ҚҶТ аз 28.12.12с. №921)

 

 

Моддаи 8. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ

(ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1429)

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- самтҳои асосии сиёсати давлатиро оид ба ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ амалӣ мегардонад;

- тартиби маблағгузорӣ, сабт, кашф, таҳқиқ, ҳифзу нигаҳдорӣ, тармиму таҷдид, тарғиб ва ба осорхонаҳо табдил додани объектҳои мероси таърихию фарҳангии дорои аҳамияти умумидавлатӣ ва байналмилалиро муқаррар менамояд; (ҚҶТ аз 28.12.12с. №921)

- барномаҳои ҳифзу нигаҳдорӣ, таҳқиқ, тарғиб ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангиро тасдиқ мекунад;

- тартиби пешбурди Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангиро муайян менамояд;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1429)

-  низоми истифодаи ҳудуд ва мавзеъҳои муҳофизати объектҳои мероси таърихию фарҳангии дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла объектҳои ба номгўи мероси фарҳанги ҷаҳонӣ шомилро тасдиқ мекунад;

- тартиби ташкил ва низоми нигаҳдории мамнўъгоҳҳои таърихию фарҳангӣ, осорхонаҳо-мамнўъгоҳҳо ва макони таърихиро муайян менамояд;

- тартиби анҷоми экспертизаи таърихию фарҳангии объектҳои мероси фарҳангиро муқаррар менамояд;

- дигар салоҳиятро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  амалӣ мегардонад.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1429)

 

 

 

Моддаи 9. Ваколати мақоми ваколатдори давлатӣ

Мақоми ваколатдори давлатӣ:

- назорати давлатиро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ аз ҷониби шахсони  воқеӣ  ва ҳуқуқӣ  таъмин менамояд;

- дар мувофиқа бо дигар шахсони манфиатдоре, ки объектҳои мероси таърихию фарҳангиро дар ихтиёр доранд, ҳифз ва истифодаи онҳоро ба роҳ мемонад;

- вазоратҳо, идораҳо, муассисаҳои илмӣ  ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии  дахлдорро барои ҳифз, тармим ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ҷалб менамояд;

- барои ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки  низоми қонунгузориро оид ба ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ вайрон кардаанд,  тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чора меандешад;

- бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаҳои байниҳукуматиро ба имзо мерасонад ва ба созишномаҳои байниҳукуматӣ дар бораи  ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ҳамроҳ мешавад;

- барномаҳои давлатиро таҳия ва дар ташаккулу татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба ҳифз, нигаҳдорӣ ва истифодаи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ иштирок менамояд;

- дар мувофиқа бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ роҳбарони мақомоти маҳаллиро оид ба ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод менамояд;

- Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангиро таҳия намуда, пешбурди онро таъмин менамояд ва ба объектҳои мероси таърихию фарҳангии ба Феҳристи мазкур воридкардашуда шиноснома медиҳад;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1429)

- экспертизаи таърихию фарҳангии объектҳои мероси таърихию фарҳангиро ташкил ва дар амал татбиқ мекунад;

- ҷиҳати тайёр кардани мутахассисон, муҳайё намудани шароит барои барқарорсозии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ мунтазам чораҳо меандешад; (ҚҶТ аз 28.12.12с. №921)

- дигар ваколатҳоро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1429)

 

Моддаи 10. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ

(ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1429)

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи ваколати худ:

- объектҳои мероси таърихию фарҳангиро кашф ва сабт намуда, ҳифз, тармим  ва истифодаи онҳоро таъмин мекунад;

- риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ таъмин менамояд;

- иттиҳодияҳои ҷамъиятиро дар баргузории корҳои тадорукотӣ оид ба ҳифз, нигаҳдорӣ, тарғиб ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ҷалб менамояд;  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1429)

- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, амалӣ мегардонад.

Мақомоти худидоракунии  шаҳрак ва деҳот барои нигоҳдорӣ, истифодаи мақсадноку босамар, пешгирӣ намудан аз вайроншавӣ ва нобудшавӣ, тарғиботи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ, ҷалби шаҳрвандон ва аҳли ҷомеа чораҳо меандешанд.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1429)

 

Боби 3. Ҳифзи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ

 

Моддаи 11. Таъмини ҳифзи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ

Ҳифзи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ аз маҷмўи тадбирҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, молиявӣ, иттилоотӣ, моддию техникӣ ва дигар тадбирҳое, ки мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ мегардонад, иборат аст.

Ҳифзи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ бо роҳҳои зерин таъмин карда мешавад:

- сабти давлатии объектҳои дорои арзиши таърихию фарҳангӣ ва танзими Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ;

- анҷом додани  экспертизаи таърихию фарҳангӣ;

- таҳияи лоиҳаҳои минтақаҳои ҳифзшавандаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ;

- иҷозатномадиҳӣ  барои фаъолияти барқарорсозии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»;

- иҷозат додан барои анҷоми корҳои таҳқиқотӣ дар объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ;

- гузоштани нишонаҳои ҳифозатӣ;

- анҷом додани мониторинги ҳолати объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ.

 

Моддаи 12. Феҳристи  давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ

Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ маълумоти аввалияро дар бораи ном, макон, сана, дараҷаи таҳқиқ, ҳолат, ҳаҷм, шакли моликияти объектҳои ғайриманқули мероси таърихию фарҳангӣ  дар бар мегирад.

Барои объектҳои манқули мероси таърихию фарҳангӣ ҳамчунин дар  назар гирифтани навъ, мавод, усули истеҳсол ва хусусиятҳои услуби истеҳсолкунанда  зарур аст.

 

Моддаи 13. Ворид намудани объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ба Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ

Объектҳои дорои арзиши таърихию фарҳангӣ ба Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар асоси пешниҳоди мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҳамчунин шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ ворид карда мешаванд.

Объектҳои мероси таърихию фарҳангии манқул, ки дар осорхонаҳо, хазинаҳо ва дигар ҷойҳои махсуси нигаҳдошти давлатӣ қарор доранд, тибқи феҳристи тартибдодаи ин муассисаҳо ва ташкилотҳо ба Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ворид карда мешаванд.

Объектҳои дорои арзиши таърихию фарҳангӣ аз лаҳзаи додани хулосаи  экспертизаи таърихию фарҳангӣ дар бораи зарурати ворид намудани онҳо ба Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ҳамчун объектҳои кашфшудаи мероси таърихию фарҳангӣ ҳисобида мешаванд.

Ёдгориҳои бостоншиносӣ аз замони кашфашон ба объектҳои кашфшудаи мероси таърихию фарҳангӣ ворид карда мешаванд.

Мақоми ваколатдори давлатӣ вазифадор аст, ки молики объекти мероси таърихию фарҳангиро дар давоми даҳ рўзи пас аз қабули қарор дар бораи ворид намудани объекти зикршуда ба Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ огоҳ намояд. (ҚҶТ аз 28.12.12с. №921)

 

Моддаи 14. Шиносномаи объекти мероси таърихию фарҳангӣ

Ба объекти мероси таърихию фарҳангии ба Феҳристи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ воридшуда шиноснома дода мешавад, ки дар он  акс ва маълумоти асосӣ дар бораи ҳифзи объекти мазкур сабт карда мешавад. Барои соҳибмулкони хусусӣ ба шиноснома ҳамчунин ўҳдадориҳои муҳофизатӣ замима мегардад.

 

Моддаи 15. Хориҷ намудани объекти мероси таърихию фарҳангӣ аз Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ

Объекти мероси таърихию фарҳангӣ аз Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар асоси хулосаи экспертизаи таърихию фарҳангӣ ҳангоме хориҷ карда мешавад, ки агар объект воқеан пурра нобуд гардида ва ё арзиши он ҳамчун объекти мероси таърихию фарҳангӣ аз байн рафта бошад. (ҚҶТ аз 28.12.12с. №921)

Қарор дар бораи хориҷ кардани объекти мероси таърихию фарҳангӣ аз Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ дар воситаҳои  ахбори омма нашр мегардад.

 

Моддаи 16. Назорати ҳолати объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ

Мақоми ваколатдори давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд ҳолати объектҳои мероси таърихию фарҳангии ба Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ воридшударо назорат кунанд ва дар панҷ сол як маротиба бо мақсади таҳияи барномаҳои ҷорӣ ва дурнамои нигаҳдории объектҳои мазкур ҳолати онҳоро таҳқиқ ва муайян намоянд. (ҚҶТ аз 28.12.12с. №921)

 

Моддаи 17. Ворид намудани объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ба Номгўи мероси фарҳанги умумиҷаҳонӣ

Расмиёти ворид намудани объектҳои мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Номгӯи мероси фарҳанги умумиҷаҳонӣ тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, сурат гирифта, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташкилоти дахлдори байналмилалӣ пешниҳод карда мешавад.

Ҳуҷҷатҳо ва маводҳои зарурӣ вобаста ба ворид намудани объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ба Номгӯи мероси фарҳанги умумиҷаҳонӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо мақомоти дахлдор омода карда шуда, хароҷоти он аз ҳисоби буҷети давлатӣ пардохт карда мешавад.  (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1429)

 

Моддаи 18. Экспертизаи таърихию фарҳангӣ

Экспертизаи таърихию фарҳангӣ бо мақсадҳои зерин анҷом дода мешавад:

- муайян намудани объекти мероси таърихию фарҳангӣ ва арзиши он;

- овардани далелу асосҳо барои ворид кардани объекти мероси таърихию фарҳангӣ ба  Феҳристи  давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ;

- муайян  намудани дараҷаи объекти  мероси  таърихию  фарҳангӣ;

- овардани далелу асосҳо барои тағйир додани дараҷаи объекти мероси таърихию фарҳангӣ;

- овардани далелу асосҳо барои хориҷ кардани объекти мероси таърихию фарҳангӣ аз Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ;

- муайян намудани мутобиқати лоиҳаҳои мавзеъҳои муҳофизати объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ, ҳуҷҷатгузории шаҳрсозӣ ва лоиҳакашӣ, ҳамчунин корҳои заминсозӣ, сохтмонӣ, обёрӣ, хоҷагӣ ва корҳои дигари вобаста ба ҳифзи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ;

"- пешниҳоди объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ барои дохил намудан ба Номгӯи мероси фарҳанги умумиҷаҳонӣ.(ҚҶТ аз 28.12.12с. №921)

 

Моддаи 19. Мавзеъҳои муҳофизатии объектҳои ғайриманқули мероси таърихию фарҳангӣ

Низоми ҳифз ва нигаҳдории объектҳои ғайриманқули мероси таърихию фарҳангӣ, мавзеъҳои муҳофизатӣ, мавзеъҳои танзими бунёди сохтмонҳо, мавзеъҳои муҳофизати объектҳои табиӣ ё манзараҳои таърихӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Лоиҳаҳои мавзеъҳои муҳофизатӣ бо супориши мақоми ваколатдори давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия мегарданд. .(ҚҶТ аз 28.12.12с. №921)

Ҳудудҳои мавзеъҳои муҳофизатӣ ва низоми нигаҳдории онҳоро, тибқи пешниҳоди мақомоти ваколатдори давлатӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Анҷом додани ҳама гуна корҳои сохтмонӣ ва хоҷагӣ дар ҳудуди мавзеъҳои зикршуда манъ аст.

Мавзеъҳои муҳофизатӣ ба нақшаҳои асосӣ, лоиҳаҳои муфассали банақшагирӣ, обёрӣ, сохтмони роҳҳо, пулҳо ва маҳалҳои аҳолинишин дохил карда мешаванд. 

Объекти ғайриманқули мероси таърихию фарҳангӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ якҷо бо мавзеи ҳифзшаванда дар ҳолате дода мешавад, ки агар кафолати риояи низоми нигаҳдории он мавҷуд бошад.

Агар хатти ҳаракати нақлиёт аз мавзеъҳои муҳофизатӣ гузарад ва он барои ёдгориҳо хатарнок бошад, бо қарори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳаракати нақлиёт дар ин мавзеъҳо маҳдуд ё манъ карда мешавад.

 

Боби 4. Маблағгузории ҳифзи  объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ

 

Моддаи 20. Маблағгузории ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси  таърихию фарҳангӣ

Манбаҳои маблағгузории ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ маблағҳои буҷетӣ ва  ғайрибуҷетӣ мебошанд.

Маблағгузории  ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангие, ки моликияти шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ мебошанд, аз ҳисоби моликон ва истифодабарандагони онҳо сурат мегирад.

Маблағе, ки аз ҳисоби истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангии давлатӣ, хизматрасонии онҳо, маблағгузориҳои ихтиёрӣ ва хайрияҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даст меояд, дар сметаи ягонаи даромаду хароҷоти мақомоти ваколатдори давлвтӣ пешбинӣ шуда, дар ҳисоби буҷети давлатӣ инъикос меёбад. .(ҚҶТ аз 28.12.12с. №921)

 

Моддаи 21. Тадбирҳои барқарорсозии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ва барои истифода омода намудани онҳо

Тадбирҳои барқарорсозии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ва барои истифода омода намудани онҳо чунинанд:  (ҚҶТ аз 28.12.12с. №921)

- таҳқиқи муқаддимавии объекти мероси таърихию фарҳангӣ – маҷмўи корҳои таҳқиқотӣ, лоиҳакашӣ ва истеҳсолӣ оид ба ошкор ва ташхис намудани сифат ва хусусияти объектҳо;

- ҳифзи объекти мероси таърихию фарҳангӣ – маҷмўи корҳои таҳқиқотӣ, лоиҳакашӣ ва истеҳсолӣ, ки бо мақсади нигаҳдории ҳолати кунунии объекти мероси таърихию фарҳангӣ ва пешгирии вайроншавии ҳолати он анҷом дода мешавад;

- таъмири объекти мероси таърихию фарҳангӣ – маҷмўи корҳои таҳқиқотӣ, лоиҳакашӣ ва истеҳсолӣ бо мақсади ҳифзи объекти мероси таърихию фарҳангии дар ҳолати истифода бо дарназардошти ҳифзи хусусиятҳои аслии он;

- тармими объекти мероси таърихию фарҳангӣ – маҷмўи корҳои таҳқиқотӣ, лоиҳакашӣ ва истеҳсолӣ, ки бо мақсади ошкор ва ҳифзи арзиши эстетикӣ ва таърихии объекти мероси таърихию фарҳангӣ ва таъмини нигаҳдории он иҷро мешавад;

- таҷдиди объекти мероси таърихию фарҳангӣ – маҷмўи тадбирҳое, ки барои барқарор намудани умумият ва тарҳи гумшудаи сохт ва таркиби объектҳо, асосан объектҳои маҷмаавӣ, нигаронида шудаанд;

- бозсозии мероси таърихию фарҳангӣ – маҷмўи корҳои таҳқиқотӣ, лоиҳакашӣ ва истеҳсолӣ, ки бо мақсади беҳтар намудани ҳолати техникӣ ва арзиши амалии  объектҳо, бо дарназардошти ворид кардани дигаргуниҳои ҷузъӣ дар сохти он, ки хусусияти объектро чандон тағйир намедиҳанд, ба амал бароварда мешавад;

- барои истифодаи кунунӣ мутобиқнамоии объекти мероси таърихию фарҳангӣ– маҷмўи корҳои таҳқиқотӣ, лоиҳакашӣ ва истеҳсолӣ, ки бо мақсади ба вуҷуд овардани шароити истифодаи кунунии объекти мероси таърихию фарҳангӣ, бидуни тағйир додани арзиш ва ҳифзи таърихию бадеии он, дар асоси тармими унсурҳои он, ки арзиши фарҳангию таърихиро моликанд, ба ҷо оварда мешавад.

Бо дарназардошти хусусиятҳои хоси анҷоми корҳо дар ҳифзи объекти мероси таърихию фарҳангӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ, дар мувофиқа бо идораҳои дахлдор, меъёрҳои муваққатӣ ва арзиши ин корҳо муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 28.12.12с. №921)  

 

Моддаи 22. Бозсозии объекти харобшуда ва ё азбайнрафтаи мероси таърихию фарҳангӣ

Бозсозии объекти харобшуда ва ё азбайнрафтаи мероси таърихию фарҳангӣ дар ҳолатҳои истисноӣ, аз роҳи тармим вобаста ба арзиши махсуси таърихӣ, илмӣ, бадеӣ, шаҳрсозӣ ва дигар арзиши ҷамъиятии объекти мазкур сурат мегирад.

Қарори бозсозии объекти харобшуда ва ё азбайнрафтаи мероси таърихию фарҳангиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои ёдгориҳои ғайриманқул ҳатман дар ҷои пештараашон) бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ дар асоси хулосаи экспертизаи таърихию фарҳангӣ, дар мувофиқа бо мақомот ва ташкилотҳои манфиатдор қабул менамояд. (ҚҶТ аз 28.12.12с. №921)

 

Моддаи 23. Таҳқиқи ёдгориҳои бостоншиносӣ

Корҳои таҳқиқотии (ҳафриёт ва ҷустуҷўи) ёдгории бостоншиносӣ танҳо бо иҷозати мақомоти ваколатдори давлатӣ, дар асоси пешниҳоди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба роҳ монда мешаванд.

Дар ҳолати соҳибӣ кардани ҳудудҳо (сохтмони манзилгоҳ ва объектҳои саноатӣ, сохтмони канал ва роҳҳо, зери об монондани ҳудуд ва ғ.) ташкилоти сохтмонӣ вазифадор аст ба мақомои ваколатдор давлатӣ барои таҳқиқи ҳудуди номбурда ҷиҳати ҳифзи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ муроҷиат намояд.

Шахсоне, ки таҳқиқи ёдгориҳои бостоншиносиро анҷом медиҳанд,  вазифадоранд ҳифз ва нигаҳдошти аввалияи  онҳоро таъмин намоянд.

Баъди анҷоми корҳои таҳқиқотӣ (ҳафриёт ва ҷустуҷў), вале на дертар аз замони ба поён расидани мўҳлати иҷозат, шахсоне, ки таҳқиқи ёдгориҳои бостоншиносиро анҷом медиҳанд, вазифадоранд аз натиҷаи кори худ ба мақомоти ваколатдорӣ давлатӣ ҳисобот пешниҳод намоянд ва тибқи муқаррарот ашёи дар натиҷаи ҳафриёт ва ҷустуҷў ёфтшударо, ки дорои арзиши таърихӣ, илмӣ, фарҳангӣ ё арзиши дигар мебошад, баъди бақайдгирӣ барои истифодаи минбаъда дар осорхонаҳои давлатӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ супоранд. (ҚҶТ аз 28.12.12с. №921)

 

Боби  5. Ҳуқуқи моликият ба объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ

 

Моддаи 24. Ҳуқуқи моликият ба объектҳои  мероси таърихию фарҳангӣ

Объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ метавонанд моликияти  давлатӣ ва хусусӣ бошанд.

Хусусӣ кардани объектҳои мероси таърихию фарҳангие, ки моликияти давлатӣ мебошанд, манъ аст.

Шахсе, ки ашёи пурқиматро пайдо кардааст, ӯҳдадор аст онро ба мақоми ваколатдори давлатӣ супорад. Подош барои бозёфт ва нигаҳдорӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешавад. (ҚҶТ аз 28.12.12с. №921)

Истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ба мақсади низомӣ манъ аст.

 

Моддаи 25. Ӯҳдадориҳои молик

Моликони объектҳои таърихию фарҳангӣ ўҳдадоранд аз мақомои ваколатдори давлатӣ шиносномаҳои муқарраршударо роҷеъ ба ҳифзи ёдгориҳо дарёфт намоянд.

Дар санади муҳофизатии шиноснома  чунин ўҳдадориҳои молик ҳатман бояд зикр гардад:

- таъмини ҳифзи пурраи ёдгориҳо;

- тармими ёдгориҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ: ёдгориҳои манқул - дар ҷойи зисти молик, ёдгориҳои ғайриманқул - дар макони ҷойгиршавии онҳо; (ҚҶТ аз 28.12.12с. №921)

- сари вақт огоҳонидани мақомоти ваколатдори  давлатӣ:

- эҳтимоли ворид гардидани тағйирот дар ҳуқуқи молик, аз ҷумла дар шароити нигаҳдорӣ ва истифодаи ёдгориҳо;

- анҷом додани корҳо дар бозсозии ёдгориҳо.

 

Моддаи 26. Маҳдудияти ҳуқуқи моликият ба объектҳои мероси  таърихию фарҳангӣ

Шарти истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ метавонад аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ ба ҳамон андозае маҳдуд карда шавад, ки он барои таъмини ҳифз, нигаҳдорӣ, тарғиб ва истифодаи объекти мазкур, муҳити табиӣ, риояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ва ҳамчунин давлат зарур бошад.(ҚҶТ аз 28.12.12с. №921)

Ҳуқуқи истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангие, ки моликияти хусусӣ мебошанд, дар асоси муқаррароти қонунгузорӣ ва бо қарори суд маҳдуд  карда мешавад.

Дар сурати бартараф намудани вазъият ё шароите, ки сабаби маҳдудияти истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ гардидааст, ҳуқуқи пурраи истифодаи объекти мазкур барқарор карда мешавад.

 

Моддаи 27. Қатъ гардидани ҳуқуқи моликият ба объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ

Ҳуқуқи моликият ба объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  метавонад қатъ гардад.

 

Моддаи 28. Баровардан, ворид кардан ва баргардондани объекти  мероси таърихию фарҳангӣ

Тартиби баровардан, ворид кардан ва баргардондани объекти мероси таърихию фарҳангӣ тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

Боби  6. Ҳудудҳои таърихию фарҳангии  махсус ҳифзшаванда

 

Моддаи 29. Ташкили ҳудудҳои таърихию фарҳангии махсус ҳифзшаванда

Дар ҳудуди объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ, ки дорои арзиши махсуси таърихӣ, илмӣ, бадеӣ ва дигар арзишҳо мебошанд ва ба Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ворид гардидаанд, метавонанд ҳудудҳои таърихию фарҳангии махсус ҳифзшаванда ташкил дода шаванд.

Ҳудудҳои таърихию фарҳангии махсус ҳифзшаванда дар шакли мамнўъгоҳҳо, маконҳои таърихӣ ва дигар шаклҳо тибқи муқаррароти қонунгузорӣ ташкил карда мешаванд.

Тартиби ташкил ва низоми нигаҳдории ҳудудҳои таърихию фарҳангии махсус ҳифзшаванда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 30. Мамнўъгоҳҳои таърихию фарҳангӣ

Мамнўъгоҳҳои таърихию фарҳангӣ ҳудуд ва ё як қисми ҳудудест, ки дар он ёдгориҳо ва манзараҳо ҷойгир буда, дар он ҷо  реҷаи махсуси ҳифзи  объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ дар якҷоягӣ бо муҳити таърихии атроф ва тамомияти  ҳудуди мамнўъгоҳи таърихию фарҳангӣ муқаррар карда мешавад.

Дар мавриди таъсиси осорхонаҳо дар объектҳои мероси таърихию фарҳангие, ки ба мамнўъгоҳи таърихию фарҳангӣ ва манзараҳои табиии ба он алоқаманд тааллуқ доранд, ҳамчунин ҳангоми зарурати  ташкил намудани  истеҳсолоти анъанавӣ ва дигар навъи фаъолият дар ҳудуди мамнўъгоҳи мазкур, вай ба худ мақоми осорхона-мамнўъгоҳро мегирад.

 

Моддаи 31. Макони таърихӣ

Макони таърихӣ ҷоест, ки дар ҳудуди он объектҳои мероси таърихию фарҳангии дорои арзиши таърихӣ, эстетикӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, бостоншиносӣ, меъморӣ ва шаҳрсозӣ мавҷуд буда, дар ҳифзи арзишҳои суннатии мардум аҳамияти  муҳим ва дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми муайян дорад.

Дар макони таърихӣ тамоми объектҳои  арзишманди шаҳрсозӣ  ҳифз карда мешаванд: тарҳрезӣ, иморатсозӣ, композитсия, манзараи табиӣ, қабати бостонӣ, таносуби байни фазоҳои гуногуни шаҳр (кушод, кабудизоршуда), сохтори ҳаҷму фазо, мероси ҷузъиёти харобаҳои шаҳрсозӣ, шакл ва намуди берунии биноҳову иншоот, андоза, хаҷм, сохтор, услуб, масолеҳ ва рангу унсурҳои ороишӣ.

Дар макони таърихӣ таносуби муҳити табиӣ бо муҳити офаридаи инсон, мақоми гуногуни макони таърихӣ, ки дар ҷараёни пешрафт ба даст омадаанд, ҳамчунин дигар унсурҳои арзишманд нигоҳдорӣ мешаванд.

 

Боби 7. Муқаррароти хотимавӣ

 

Моддаи 32. Ҳаллу фасли баҳсҳо вобаста ба ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ

Баҳсҳо вобаста ба ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаллу фасл  мешаванд.

 

Моддаи 33. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки муқаррароти Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 34. Аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳофизат ва истифодаи  ёдгориҳои таърих ва маданият»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июли соли 1978 «Дар бораи  муҳофизат ва истифодаи ёдгориҳои таърих ва маданият» (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1978, № 14, моддаи 138; соли 1984, № 3, қисми 1 моддаи 31) аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Моддаи 35. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                 Э.Раҳмонов

 

 ш. Душанбе  3 марти соли 2006

№178