ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2012 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2024 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1993 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Кодекс 1999 КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ АСЪОР ВА НАЗОРАТИ АСЪОР

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 13/02/2020 - 09:47
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
964
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
13.06.2013
                                                        ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
                                          ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ АСЪОР ВА НАЗОРАТИ АСЪОР
 
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи танзими асъор ва назорати асъор муқаррар намуда, ҳуқуқу уҳдадориҳои резидентҳо ва ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдории сарватҳои асъорӣ муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 №2075). 
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
1) Асъор - пули миллии мамлакатҳои хориҷӣ.
2) Пули миллӣ - сомонӣ, ки як воҳиди он ба 100 дирам баробар аст.
3) Сарватҳои асъорӣ:
- асъори хориҷӣ, коғазҳои қиматнок ва ҳуҷҷатҳои пардохтии бо асъори хориҷӣ ифодаёфта;
- пули миллӣ, коғазҳои қиматнок ва ҳуҷҷатҳои пардохтии бо пули милли ифодаёфта танҳо ҳангоми бо онҳо анҷом додани амалиёт байни резидентҳо ва ғайрирезидентҳо ва ё байни ғайрирезидентҳо.
4) Танзими асъор - маҷмӯи чораҳои ҳуқуқэҷодкунӣ ва ташкилии мақомоти давлатӣ, ки асосҳои меъёрии ҳуқуқиро оид ба соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдории сарватҳои асъорӣ муқаррар менамоянд.
5) Назорати асъор - маҷмӯи чораҳои меъёрӣ, маъмурӣ ва ташкилие, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва ё мақомоти дигари бо қонун ваколатдоршуда бо мақсади таъмини риояи тартиби иҷрои амалиёти асъорӣ ва санҷиши онҳо анҷом дода мешаванд.
6) Амалиёти асъорӣ:
- амалиёте, ки бо гузаштани ҳуқуқи моликият ва дигар ҳуқуқҳо ба сарватҳои асъорӣ, инчунин бо истифодаи онҳо ҳамчун воситаи муомилот ва пардохт алоқаманд мебошанд;
- ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол, ворид ё ирсол намудани сарватҳои асъорӣ;
- аз Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол, содир ё ирсол намудани сарватҳои асъорӣ;
- кушодани суратҳисобҳои бонкӣ бо асъори хориҷӣ.
7) Резидентҳо:
- шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои шаҳрвандоне, ки дар мамлакати хориҷӣ мутобиқи қонунгузории он мамлакат ҷойи истиқомати доимӣ доранд;
- шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки барои истиқомати доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷат доранд;
- шахсони ҳуқуқии мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсисшуда, филиалҳо, намояндагиҳо ва воҳидҳои дигари онҳо дар хориҷи кишвар;
- намояндагиҳои дипломатӣ, консулӣ, тиҷоратӣ ва дигар намояндагиҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар;
- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҳангоми иштирок дар муносибатҳои бо Қонуни мазкур танзимшаванда.
8) Ғайрирезидентҳо - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки резидент намебошанд.
9) Бонки ваколатдор - ташкилоти қарзии молиявӣ, ки дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон бо асъори хориҷӣ амалиёт анҷом медиҳад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 №2075).
10) Бонки хориҷӣ - ташкилоти қарзии молиявие, ки дар давлати хориҷӣ таъсис ёфта, ҳуқуқи анҷом додани амалиёти бонкиро дорад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 №2075).
11) Шартномаи асъорӣ - қарордод (аҳд), шартномаҳои таъсисӣ, инчунин дигар ҳуҷҷатҳое, ки дар асос ва ё барои иҷрои онҳо амалиёти асъорӣ анҷом дода мешавад.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими асъор ва назорати асъор
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими асъор ва назорати асъор ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 №2075).
БОБИ 2. ТАНЗИМИ АСЪОР
Моддаи 3. Мақсад, вазифа ва принсипҳои танзими асъор
1. Мақсади танзими асъор ҳимояи манфиати иқтисодии давлат, амалӣ кардани сиёсати ягонаи давлатӣ оид ба асъор ва таъмини устувории низоми асъори кишвар мебошад.
2. Вазифаҳои танзими асъор инҳоянд:
- муайян кардани соҳаи истифода ва тартиби муомилоти сарватҳои асъорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муайян кардани тартиби анҷомдиҳии амалиёти асъорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таъмини фаъолияти самаранок ва ҳамгироии иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иқтисоди ҷаҳонӣ.
3. Принсипҳои асосии танзими асъор инҳоянд:
- таъмини волоияти қонун;
- истифодаи ҳадди ақалли чораҳои маъмурӣ;
- роҳ надодани дахолати беасоси мақомоти танзими асъор ва назорати асъор ба анҷомдиҳии амалиёти асъорӣ.
Моддаи 4. Мақомоти танзими асъор
1. Мақомоти танзими асъор Бонки миллии Тоҷикистон ва мақомоти дигари давлатӣ тибқи қонун ваколатдоршуда мебошанд.
2. Бонки миллии Тоҷикистон ва мақомоти дигари танзими асъор мутобиқи Қонуни мазкур дар доираи ваколатҳои худ санадҳои меъёрии ҳуқуқие қабул мекунанд, ки иҷрои талаботи онҳо барои тамоми резидентҳо ва ғайрирезидентҳо ҳатмӣ мебошад.
3. Санадҳои аз ҷониби мақомоти дигари танзими асъор қабулшаванда бо Бонки миллии Тоҷикистон мувофиқа карда мешаванд.
4. Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми давлатии танзими асъор дорои вазифаҳои зерин мебошад:
- тартиби ба резидентҳо додани иҷозатномаро барои фаъолияте, ки бо анҷомдиҳии амалиёт бо асъори хориҷӣ вобаста мебошад, муайян менамояд;
- соҳа ва тартиби истифода, муомилоти асъори хориҷӣ ва коғазҳои қиматнокро бо асъори хориҷӣ муайян мекунад;
- тартиби анҷомдиҳии амалиёти асъориро барои резидентҳо ва ғайрирезидентҳо, аз ҷумла барои бонкҳои ваколатдор муайян менамояд;
- шаклҳои ягонаи баҳисобгирӣ ва ҳисоботи амалиёти асъорӣ, тартиб ва мӯҳлати пешниҳоди онҳоро барои резидентҳо ва ғайрирезидентҳо, аз ҷумла барои бонкҳои ваколатдор муқаррар менамояд;
- омори амалиёти асъориро таҳия ва нашр менамояд;
- қурби расмии асъори хориҷро нисбат ба пули маиллӣ бо мақсади баҳисобгирӣ ва пардохтҳои ҳатмӣ муайян ва эълон менамояд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 №2075);
- вазифаҳои дигареро, ки Қонуни мазкур ва санадҳои қонунгузорӣ пешбинӣ намудаанд, амалӣ менамояд.
Моддаи 5. Фаъолияте, ки гирифтани иҷозатномаро талаб менамояд
1. Фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёт бо асъори хориҷӣ дар асоси иҷозатномаи аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон додашаванда амалӣ карда шуда, намудҳои зеринро дар бар мегирад:
- мағозаҳои савдои бебоҷ;
- хизматрасонии махсус бо асъорӣ хориҷӣ;
- миёнаравӣ дар бозори байналмилалии асъор.
2. Тартиб ва қоидаҳои додани иҷозатнома, асосҳои рад намудан ва ё бозхондани иҷозатнома, инчунин фаъолияти дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар асоси онҳо қабулнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 6. Пардохти хироҷ (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 №2075)
Резидентҳо мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” ба буҷети давлатӣ хироҷ пардохт менамоянд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 №2075).
Моддаи 7. Амалиёти асъорӣ байни резидентҳо ва ғайрирезидентҳо
Амалиёти асъорӣ байни резидентҳо ва ғайрирезидентҳо бе маҳдудият анҷом дода мешавад.
Моддаи 8. Амалиёти асъорӣ байни резидентҳо
Амалиёти асъорӣ байни резидентҳо ба истиснои ҳолатҳои зерин манъ аст:
1) Амалиёте, ки дар он яке аз тарафҳо Бонки миллии Тоҷикистон ва ё Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
2) Амалиёте (аҳде), ки бонкҳои ваколатдор бо асъори хориҷӣ мутобиқи иҷозатномаи гирифтаашон ва ё санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзими асъор бо сарватҳои асъорӣ анҷом медиҳанд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 №2075).
3) Пардохти ҳаққи хизмати бонкҳо барои амалиёти бонкӣ, инчунин пардохти маблағи ҷаримаҳо аз рӯи шартномаҳои хизматрасонии бонкӣ бо асъори хориҷӣ.
4) Гузоштани пасандозу амонат бо асъори хориҷӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ба номи худ ва ё шахсони воқеии дигар.
5) Харид, фурӯш, додани даромад ва ё пардохти коғазҳои қиматноки бо асъори хориҷӣ ифодаёфтаи резидентҳо ва ғайрирезидентҳо.
6) Пардохт ва интиқоли маблағ аз рӯи шартномаҳои содиротӣ (воридотӣ) ҳангоми истифодаи эътиборномаҳои интиқолӣ (аккредитивҳо).
7) Ҳисоббаробаркунӣ бо резидентҳое, ки фаъолияти дар қисми 1 моддаи 5 Қонуни мазкур пешбинишударо анҷом медиҳанд.
8) Пардохти хароҷоти сафарҳои хизматӣ ба кишварҳои хориҷӣ.
9) Бо мақсадҳои хайрия интиқол ё додани сарватҳои асъорӣ байни шахсони воқеӣ.
10) Интиқол ва ё додани (гирифтани) сарватҳои асъорӣ ба (аз) ташкилотҳои хайриявӣ.
11) Амалиёт аз рӯи шартномаҳои экспедитсияҳои нақлиётӣ, боркашонӣ ва кироя (фрахт, чартер) ҳангоми аз ҷониби ирсолкунанда ва ё экспедитор, боркашон, кироякунанда анҷом додани хизматрасонӣ вобаста ба содир ё ворид намудани мол ва ё транзити мол ба воситаи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аз рӯи шартномаҳои суғуртаи молҳои мазкур.
12) Пардохти андоз ва пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
13) Амалиёти зерини шахсони воқеӣ:
- ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти давлатӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ чун тӯҳфа додани сарватҳои асъорӣ;
- ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ чун тӯҳфа додани сарватҳои асъорӣ;
- ба мерос гузоштан ё ҳамчун мерос гирифтани сарватҳои асъорӣ;
- ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бе кушодани суратҳисоби бонкӣ интиқол додани асъори хориҷӣ;
- аз бонки ваколатдор харидан ва ё ба онҳо фурӯхтан, инчунин майда кардан ва иваз намудани асъори нақди хориҷӣ (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 №2075).
Моддаи 9. Амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷӣ
1. Бонкҳои ваколатдор амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он бе маҳдудият анҷом медиҳанд.
2. Резидентҳо ва ғайрирезидентҳо амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо тавассути бонкҳои ваколатдор бо тартиби муқарраркардаи Бонки миллии Тоҷикистон анҷом дода метавонанд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 №2075).
Моддаи 10. Содиру ворид намудан, интиқол ва ирсоли сарватҳои асъорӣ
1. Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани асъори хориҷии нақд ва коғазҳои қиматноки бо асъори хориҷӣ дар шакли ҳуҷҷатӣ ифодаёфта аз ҷониби резидентҳо ва ғайрирезидентҳо бе маҳдудият бо риояи талаботи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
2. Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додан ва ё ирсол намудани асъори хориҷӣ ва коғазҳои қиматноки бо асъори хориҷӣ дар шакли ҳуҷҷатӣ ифодаёфта аз ҷониби шахсони воқеӣ - резидентҳо ва ғайрирезидентҳо бе маҳдудият бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
3. Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани пули нақди миллӣ ва коғазҳои қиматноки бо пули миллӣ ифодаёфта бе маҳдудият анҷом дода мешавад.
4. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани асъори хориҷӣ ва коғазҳои қиматноки бо асъори хориҷӣ дар шакли ҳуҷҷатӣ ифодаёфта аз ҷониби шахсони воқеӣ - резидентҳо ва ғайрирезидентҳо тибқи талаботи муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ва мақомоти гумрук анҷом дода мешавад.
5. Шахсони воқеӣ - резидентҳо ва ғайрирезидентҳо ҳуқуқ доранд асъори хориҷӣ ва коғазҳои қиматноки бо асъори хориҷӣ дар шакли ҳуҷҷатӣ ифодаёфтаро, ки қаблан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид, интиқол ё ирсол шудаанд, бо риояи талаботи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба маблағи дар декларатсияи гумрукӣ ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи ворид, интиқол ё ирсоли онҳо нишондодашуда аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бароранд.
6. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон пули нақди миллӣ ва коғазҳои қиматноки бо пули миллӣ ифодаёфта тибқи талаботи муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ва мақомоти гумрук бароварда мешаванд.
Моддаи 11. Суратҳисобҳои асъории резидентҳо
1. Резидентҳо метавонанд дар бонкҳои ваколатдор бе маҳдудият суратҳисобҳои бонкӣ (пасандозӣ, амонатӣ ва дигар)-ро бо асъори хориҷӣ кушоянд.
2. Резидентҳо - шахсони воқеӣ ҳисоббаробаркунии амалиёти асъориро тавассути суратҳисобҳои дар бонкҳои ваколатдор кушодашуда, ба истиснои ҳисоббаробаркунии амалиёти асъории дар моддаи 8 Қонуни мазкур пешбинишуда, анҷом медиҳанд.
3. Резидентҳо - шахсони ҳуқуқӣ ҳисоббаробаркунии амалиёти асъориро тавассути суратҳисобҳои дар бонкҳои ваколатдор кушодашуда, ба истиснои ҳолатҳои дар қисми 2 моддаи 13 Қонуни мазкур пешбинишуда, анҷом медиҳанд.
4. Резидентҳо метавонанд дар бонкҳои хориҷӣ бе маҳдудият суратҳисобҳои бонкӣ (пасандозӣ, амонатӣ ва дигар)-ро кушоянд. Резидентҳое (ба истиснои бонкҳои ваколатдоре), ки чунин суратҳисобҳоро кушодаанд, бояд дар муддати на дертар аз даҳ рӯзи корӣ, Бонки миллии Тоҷикистон ва мақомоти андозро оид ба кушодани онҳо огоҳ намоянд.
5. Тартиби кушодан ва пешбурди суратҳисобҳои дар моддаи мазкур зикргардида бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 12. Суратҳисобҳои асъории ғайрирезидентҳо
1. Ғайрирезидентҳо метавонанд дар бонкҳои ваколатдор суратҳисобҳои бонкӣ (пасандозӣ, амонатӣ ва дигар) бо пули миллӣ ва ё асъори хориҷӣ кушоянд.
2. Ғайрирезидентҳо метавонанд бе маҳдудият асъори хориҷӣ ва ё пули миллиро аз суратҳисобҳои худ дар бонкҳои хориҷӣ ба суратҳисобҳои худ дар бонкҳои ваколатдор, инчунин аз суратҳисобҳои худ дар бонкҳои ваколатдор ба суратҳисобҳои худ дар бонкҳои хориҷӣ гузаронанд.
3. Ғайрирезидентҳо метавонанд асъори хориҷиро байни худ бе маҳдудият бо риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути суратҳисобҳои худ дар бонкҳои ваколатдор интиқол диҳанд.
4. Тартиби кушодан ва пешбурди суратҳисобҳои дар моддаи мазкур пешбинишуда бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 13. Баргардонидани асъори хориҷӣ ва пули миллӣ
1. Резидентҳо ӯҳдадоранд дар мӯҳлати пешбиникардаи шартнома барои ба суратҳисобҳои худ дар бонкҳои ваколатдор ворид шудани дороиҳои зерин чораҳои зарурӣ андешанд:
- пули миллӣ ва ё асъори хориҷӣ, ки аз ҷониби ғайрирезидент ҷиҳати пардохт барои содироти мол (кор ё хизматрасонӣ) ба резидент интиқол дода шудааст;
- пули миллӣ ва ё асъори хориҷӣ, ки ҷиҳати пешпардохт барои ворид кардани мол (кор ё хизматрасонӣ) ба ғайрирезидент интиқол шудааст (дар ҳолатҳои аз ҷониби ғайрирезидент қисман ё пурра иҷро нашудани уҳдадориҳо) (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 №2075).
2. Резидентҳо ҳуқуқ доранд дар ҳолатҳои зерин ҳангоми ҳисоббаробаркунии содироту воридоти мол (кор ё хизматрасонӣ) ба суратҳисобҳои худ дар бонкҳои ваколатдор пули миллӣ ё асъори хориҷиро ворид накунанд:
- ба суратҳисоби худ дар бонки хориҷӣ ё шахси сеюм ворид кардани пули миллӣ ва ё асъори хориҷӣ барои иҷрои уҳдадориҳо мутобиқи шартномаҳои асъорӣ (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 №2075);
- ба суратҳисоби худ дар бонки хориҷӣ ворид кардани пули миллӣ ва ё асъори хориҷӣ барои таъмини фаъолияти воҳидҳои сохтории худ дар хориҷа;
- дар ҳолати қатъ гаштани уҳдадориҳои ғайрирезидент ҳангоми ҳисоббаробаркунии мутақобилаи талабот (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 №2075);
- қатъ гаштани уҳдадориҳои аввалаи ғайрирезидент ҳангоми бо уҳдадориҳои нав ва ё тартиби дигари иҷро иваз шудани онҳо байни ҳамон як шахс (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 №2075);
- ба шахси сеюм гузашт кардани ҳуқуқи талаб кардани иҷрои уҳдадориҳо (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 №2075);
- гирифтани суғуртапулӣ ҳангоми ба вуҷуд омадани ҳолати суғуртавӣ аз рӯи шартномаҳои суғуртаи хавфҳо бинобар аз ҷониби ғайрирезидент иҷро нашудани уҳдадориҳо (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 №2075).
3. Бонкҳои ваколатдор, ки амалиёти асъории резидентҳоро анҷом медиҳанд, бояд аз онҳо нишон додан ё аниқ кардани мӯҳлати ба суратҳисобҳои бонкӣ ворид кардани асъори хориҷиро аз рӯи шартномаи (аҳди) содироту воридоти мол (кор ё хизматрасонӣ) ҳатман талаб намоянд.
4. Резидентҳо вазифадоранд ҳангоми тағйирёбии мӯҳлати иҷрои уҳдадориҳо ё ба миён омадани ҳолатҳое, ки барои дар мӯҳлати таъиншуда ворид шудани асъори хориҷӣ ба суратҳисобҳо таъсир мерасонанд, бонки ваколатдорро огоҳ намуда, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ва далелҳои асоснок пешниҳод намоянд.
Моддаи 14. Амалиёти асъории марбут ба ҳаракати сармоя
Амалиёти асъории марбут ба ҳаракати сармоя инҳо мебошанд:
- сармоягузории мустақим ва ё маҷмуии резидентҳо ба кишварҳои хориҷӣ (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 №2075);
 - аз тарафи резидентҳо анҷом додани амалиёт бо коғазҳои қиматноки ҳосилавии кишварҳои хоричӣ (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 №2075);
- гирифтани қарзҳои тиҷорати аз ғайрирезидентҳо ё ба онҳо додани қарз, ки муҳлати пардохташон бештар аз як сол мебошад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 №2075);
 - кушодани суратҳисоби бонкӣ аз ҷониби резидентҳо (ба истиснои бонкҳои ваколатдор) дар бонкҳои хоричӣ (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 №2075);
 - аз тарафи резидентҳо харидан ва ё ба даст овардани молу мулки ғайриманқул дар хориҷа (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 №2075);
 - амалиёти дигар, ки мутобиқи меъёрҳои байналмилали ҳамчун амалиётҳои асъории марбут ба ҳаракати сармоя эътироф карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 №2075).
Моддаи 15. Огоҳ намудан дар бораи амалиёти асъории марбут ба ҳаракати сармоя
1. Резидентҳо амалиёти асъории марбут ба ҳаракати сармояро бо шарти огоҳ намудани Бонки миллии Тоҷикистон анҷом дода метавонанд.
2. Резидентҳо, аз ҷумла бонкҳои ваколатдор Бонки миллии Тоҷикистонро оид ба оғози амалиёти асъории марбут ба ҳаракати сармоя дар мӯҳлати на дертар аз панҷ рӯзи корӣ аз санаи оғози иҷрои уҳдадориҳои шартномаи асъорӣ ва ҳангоми кушодани суратҳисоб дар бонки хориҷӣ дар мӯҳлати на дертар аз даҳ рӯзи корӣ огоҳ месозанд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 №2075).
3. Бонки миллии Тоҷикистон дар мӯҳлати на дертар аз панҷ рӯзи кори аз санаи гирифтани огоҳинома ба резидентҳо ҳуҷҷати тасдиқкунанда медиҳад.
Моддаи 16. Пешниҳоди ҳисобот, маълумот ва ҳуҷҷатҳо
1. Резидентҳо ва ғайрирезидентҳое, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти асъорӣ анҷом медиҳанд, ӯҳдадоранд ба мақомоти танзими асъор, мақомот ва агентҳои назорати асъор ҳисобот, маълумот ва ҳуҷҷатҳоро оид ба ҳамин амалиёт бо тартиби муқарраркардаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти танзими асъор пешниҳод намоянд.
2. Бонкҳои ваколатдор аз резидентҳо ва ғайрирезидентҳо нишон додани мақсаду таъиноти пардохт ва интиқоли маблағи пулии марбут ба амалиёти асъории тавассути онҳо анҷомдодашавандаро талаб менамоянд. Резидентҳо ва ғайрирезидентҳо ӯҳдадоранд талаботи мазкурро иҷро ва инчунин ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мақсаду таъиноти пардохт ва интиқоли маблағи пулиро пешниҳод намоянд.
БОБИ 3. НАЗОРАТИ АСЪОР
Моддаи 17. Мақсад ва вазифаҳои назорати асъор
1. Мақсади назорати асъор таъмин ва назорати риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тартиби муқарраргардидаи анҷоми амалиёти асъорӣ аз ҷониби резидентҳо ва ғайрирезидентҳо мебошад.
2. Вазифаҳои назорати асъор иборатанд:
- муайян кардани мувофиқати амалиёти асъорӣ ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тартиби муқарраргардидаи анҷомдиҳии онҳо;
- санҷиши асоснокии пардохтҳо ва интиқолҳои марбут ба амалиёти асъорӣ ва мавҷудияти ҳуҷҷатҳои зарурӣй барои анҷомдиҳии онҳо;
- санҷиши пуррагӣ ва воқеӣ будани баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳии амалиёти асъорӣ.
Моддаи 18. Мақомот ва агентҳои назорати асъор
1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати асъорро мақомоти назорати асъор - Бонки миллии Тоҷикистон, мақомоти дигари давлатӣ дар доираи ваколатҳои бо қонунгузорӣ барои онҳо муқарраргашта ва агентҳои назорати асъор анҷом медиҳанд.
2. Агентҳои назорати асъор бонкҳои ваколатдор мебошанд, ки мувофиқи талаботи Қонуни мазкур ва иҷозатномаҳои гирифтаашон вазифаи назорати риояи талаботи қонунгузорӣ оид ба танзими асъор ва назорати асъор ва тартиби муқарраргардидаи анҷоми амалиёти асъориро ба ӯҳда доранд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 №2075).
3. Агентҳои назорати асъор ба Бонки миллии Тоҷикистон тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод менамоянд.
4. Мақомоти назорати асъор санадҳои меъёрии ҳуқуқии назорати асъорро танҳо дар ҳолатҳо ва доираи муайянкардаи қонунгузорӣ оид ба танзими асъор ва назорати асъор ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти танзими асъор қабул карда метавонанд. Санадҳои мазкур масъалаҳои танзими асъорро дар бар гирифта наметавонанд.
Моддаи 19. Ҳуқуқу уҳдадориҳои мақомот ва агентҳои назорати асъор (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 №2075)
1. Мақомот ва агентҳои назорати асъор дар доираи ваколатҳои худ ҳуқуқ доранд:
- санҷиши риояи қонунгузорӣ оид ба танзими асъор ва назорати асъор ва тартиби муқарраргардидаи гузаронидани амалиёти асъориро аз тарафи резидентҳо ва ғайрирезидентҳо анҷом диҳанд;
- санҷиши баҳисобгирии пурра ва воқеии гузаронидани амалиёти асъории резидентҳо ва ғайрирезидентҳоро анҷом диҳанд;
- аз резидентҳо ва ғайрирезидентҳо пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва маълумотро оид ба гузаронидани амалиёти асъорӣ талаб намоянд. Ҳуҷҷат ва маълумоти мазкур бояд дар давоми даҳ рӯзи корӣ аз санаи талаб кардани онҳо пешниҳод карда шаванд.
2. Мақомоти назорати асъор дар доираи ваколатҳои худ ҳуқуқ доранд:
- ба резидентҳо ва ғайрирезидентҳо барои риоя накардани талаботи қонунгузорӣ оид ба танзими асъор ва назорати асъор амру дастур диҳанд, ки иҷрои онҳо ҳатмӣ мебошад;
- чораҳои таъсиррасонии пешбининамудаи қонунгузориро барои риоя накардани талаботи қонунгузории танзими асъор ва назорати асъор татбиқ намоянд;
- тартиби пешниҳоди ҳисоботҳо оид ба амалиёти асъорӣ ва санҷиши масъалаҳои марбут ба риояи қонунгузорӣ оид ба танзими асъор ва назорати асъор ва тартиби муқарраргардидаи анҷоми амалиёти асъориро муайян намоянд.
3. Бо мақсади амалӣ кардани назорати асъор агентҳои назорати асъор дар доираи ваколатҳои худ ҳангоми анҷоми амалиёти асъорӣ метавонанд аз резидентҳо ва ғайрирезидентҳо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зеринро талаб намоянд:
- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шахси воқеӣ;
- ҳуҷҷати бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ - соҳибкори инфиродӣ;
- ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва бақайдгирии давлатӣ барои шахси ҳуқуқӣ;
- ҳуҷҷатҳое, ки бақайдгирии давлатии андозсупорандаро тасдиқ мекунанд;
- ҳуҷҷатҳое, ки барои анҷоми амалиёти асъорӣ асос мебошанд, аз ҷумла шартномаҳои асъорӣ, ваколатномаҳо, нусхаи қарорҳои мақоми идоракунии шахсони ҳуқуқӣ, ҳуҷҷатҳои иттилоотӣ оид ба натиҷаҳои савдо (музоядаҳо), ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи таҳвили (супоридани) мол (кор ё хизматрасонӣ), санадҳои дигари мақомоти давлатӣ;
- ҳуҷҷатҳое, ки аз ҷониби бонкҳои ваколатдор ба расмият дароварда мешаванд, аз ҷумла маълумотномаи суратҳисоби бонкӣ, ҳуҷҷатҳои дигаре, ки анҷоми амалиёти асъориро тасдиқ мекунанд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 №2075);
- ҳуҷҷатҳое, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардани пули миллӣ, асъори хориҷӣ ва дигар сарватҳои асъориро тасдиқ мекунанд;
- иҷозатнома барои анҷом додани фаъолияти вобаста ба истифодаи сарватҳои асъорӣ ва ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи Бонки миллии Тоҷикистон оид ба огоҳ намудан дар бораи оғози амалиёти асъории марбут ба ҳаракати сармоя.
4. Агентҳои назорати асъор ӯҳдадоранд:
- риояи қонунгузорӣ оид ба танзими асъор ва назорати асъорро ҳангоми аз ҷониби онҳо анҷом додани амалиёти асъорӣ, аз ҷумла амалиёти бо супориши муштариён анҷомдодашаванда таъмин намоянд;
- пурра ва воқеӣ будани баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ оид ба амалиёти асъориро таъмин намоянд;
- оид ба ҳодисаҳои риоя нашудани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби муштариён, аз ҷумла дар бораи аҳд ва амалиёти шубҳанок ҳангоми анҷоми амалиёти асъорӣ аз ҷониби онҳо ба Бонки миллии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонӣ  (расмикунонӣ)-и  даромадҳои  бо роҳи ҷиноят бадастоварда,  маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом хабар расонанд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 №2075);
- бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзими асъор ба мақомоти назорати асъор оид ба амалиёти асъорӣ маълумот пешниҳод намоянд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 №2075).
5. Ба бонкҳои ваколатдор ҳангоми аз ҷониби резидентҳо ва ғайрирезидентҳо пешниҳод нашудани ҳуҷҷатҳои дар қисми 3 моддаи мазкур пешбинигардида ва ё пешниҳоди ҳуҷҷатҳои нодурусту беэътимод, гузаронидани амалиёти асъорӣ манъ аст.
6. Мақомот, агентҳои назорати асъор ва шахсони мансабдори онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадоранд сирри тиҷоратӣ, бонкӣ ва хизматии ҳангоми амалӣ кардани ваколатҳояшон маълумшударо махфӣ нигоҳ доранд.
7. Ҳангоми андешидани тадбирҳо ва ё иҷрои вазифаю уҳдадориҳо дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и  даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда,  маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, ки мувофиқи қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар шудаанд, мақомот, агентҳои назорати асъор ва шахсони мансабдори онҳо барои риоя нашудани талаботи қисми 6 моддаи мазкур ҷавобгар намебошанд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 №2075).
Моддаи 20. Ҳуқуқу уҳдадориҳои резидентҳо ва ғайрирезидентҳо (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 №2075)
1. Резидентҳо ва ғайрирезидентҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти асъориро анҷом медиҳанд, ҳуқуқ доранд:
- ба санадҳои санҷише, ки мақомот ва агентҳои назорати асъор тартиб додаанд, шинос шуда, оид ба онҳо шарҳу эзоҳ диҳанд;
- аз рӯи қарор ва амалҳои (беамалии) мақомот, агентҳои назорати асъор ва шахсони мансабдори онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ шикоят намоянд;
- ҳуқуқҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ намоянд.
2. Резидентҳо ва ғайрирезидентҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти асъориро анҷом медиҳанд, ӯҳдадоранд:
- ба мақомот ва агентҳои назорати асъор ҳамаи ҳуҷҷат ва маълумоти дархостшавандаро оид ба амалиёти асъорӣ дар мӯҳлати муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд;
- баҳисобгирии амалиёти асъории анҷомёфтаро пеш баранд, дар бораи онҳо ҳисобот дода, ҳифз ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳо ва маълумотҳоро на камтар аз панҷ сол аз рӯзи анҷомёбӣ таъмин намоянд;
- дастуру талаботи мақомоти назорати асъорро оид ба бартараф намудани камбудиҳои ошкоршуда иҷро намоянд.
БОБИ 4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 21. Тартиби махсуси анҷомдиҳии амалиёти асъорӣ
1. Дар ҳолати ба миён омадани таҳдид ба бехатарии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, устувории низоми молиявӣ, аз ҷумла қурби пули миллӣ ба мӯҳлати на бештар аз 6 моҳ тартиби махсуси анҷомдиҳии амалиёти асъорӣ ҷорӣ карда мешавад, ки тибқи он амалиёти асъории резидентҳо ва ғайрирезидентҳо метавонад маҳдуд ё манъ карда шавад.
2. Тартиби махсуси анҷомдиҳии амалиёти асъорӣ бо пешниҳоди Бонки миллии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Моддаи 22. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 23. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 "Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1995, №21, мод.251; с.1997, № 23-24, мод.333, фасли XXXVIII; с.1998, №10, мод.119, фасли VII; с.1999, №9, мод.230; с.2002, №4, қ.1, мод.284; с.2004; №12, қ.1 мод.691; с.2007, №7, мод.676) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 24. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон      Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
13 июни соли 2013, № 964
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор" қабул карда шавад.
2. Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор" аз 4 ноябри соли 1995, №113 ва қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1995, №21, мод.252; с. 1999, №9, мод.231; с.2002, №4, қ.1, мод.286; с.2004; №8-10, мод.518; с.2007, №6, мод.518) аз эътибор соқит дониста шавад.
 
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Ш. Зуҳуров
ш. Душанбе, 24 апрели соли 2013 № 1161
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор"ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор" ҷонибдорӣ карда шавад.
 
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон            М .Убайдуллоев
ш. Душанбе, 12 июни соли 2013, № 494