ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1955 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.03.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1965 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҶҶАТИ ЭЛЕКТРОНӢ ВА ИМЗОИ ЭЛЕКТРОНӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.03.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1961 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ СУҒУРТАИ АМОНАТУ ПАСАНДОЗҲО Маҷлиси Олӣ 15.03.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon PDF Package icon ZIP

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АРБИТРАЖИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТИҶОРАТӢ

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 13/02/2020 - 16:28
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1183
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
18.03.2015

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ АРБИТРАЖИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТИҶОРАТӢ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2015, №3, мод. 205)

 

Қонуни мазкур муносибатҳоро вобаста ба ташкил ва фаъолияти арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ, инчунин тартиб, шартҳои эътироф ва иҷрои ҳалномаҳои арбитражи байналмилалии тиҷоратиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медарорад.

 

БОБИ 1.

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Доираи амали Қонуни мазкур

 

1. Қонуни мазкур нисбати арбитражи байналмилалии тиҷоратии доимоамалкунанда, ки тибқи муқаррароти боби 2 Қонуни мазкур таъсис дода мешавад ва арбитражи байналмилалии тиҷоратии якборамалкунанда, ки барои баррасии баҳси мушаххас дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис меёбад, татбиқ мегардад.

2. Ба арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ бо созиши тарафҳо мумкин аст баҳсҳои аз муносибатҳои шартномавӣ ва дигар муносибатҳои ҳуқуқии гражданӣ, ки ҳангоми амалисозии савдои хориҷӣ ва дигар робитаҳои байналмилалии иқтисодӣ байни субъектони онҳо ба миён меоянд, супорида шаванд, агар яке аз ташкилотҳои тиҷоратии тарафҳо берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ бошад.

3. Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ инчунин метавонад дигар баҳсҳоеро баррасӣ намояд, ки хусусияти иқтисодӣ дошта, бо созиши тарафҳо супоридани ҳалли баҳс ба арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ пешбинӣ гардида, ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта бошад.

4. Амали Қонуни мазкур ба судҳои ҳакамӣ паҳн намегардад.

 

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

 

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- арбитраж – арбитражи байналмилалии тиҷоратии доимоамалкунанда (минбаъд – арбитражи доимоамалкунанда), арбитражи байналмилалии тиҷоратии якборамалкунанда, ки барои баррасии баҳси мушаххас таъсис ёфтааст (минбаъд – арбитражи якборамалкунанда);

- арбитр –шахси воқеие, ки аз ҷониби тарафҳо интихоб гардидааст ё бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур барои ҳалли баҳсҳо дар арбитраж таъин гардидааст;

- баррасии арбитражӣ –ҷараёни баррасии баҳс дар арбитраж бо баровардани ҳалномаи арбитражӣ;

- Дастури арбитраж –санаде, ки тартиби ташкили фаъолияти арбитражи доимоамалкунандаро муайян намуда, аз ҷониби муассиси он таҳия ва тасдиқ карда шудааст;

- созишномаи арбитражӣ –созишномаи хаттии тарафҳои шартнома оид ба вогузории баҳси бавуҷудомада ё бавуҷудоянда, ки дар шакли шартнома, тавзеҳоти арбитражӣ дар шартнома, ё тавассути мубодилаи мактубҳо, барқияҳо, факсҳо, ҳуҷҷатҳои электронӣ ё дигар ҳуҷҷатҳои ифодакунандаи иродаи субъектҳо ва мазмуни он баста мешавад;

- суди босалоҳият – суди низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон салоҳияти баррасии парвандаҳоро оид ба баҳси тарафҳои шартномаи дахлдор дорад;

- тартиби оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон –асосҳои сохтори давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд;

- тавзеҳоти арбитражӣ – қисми таркибии шартнома, созишномаи арбитражии тарафҳо дар хусуси ҳалли баҳсҳое, ки аз шартнома бо нишон додани эзоҳот бармеоянд;

- ҳалномаи арбитражӣ –санаде, ки аз ҷониби арбитраж дар натиҷаи моҳиятан ҳал намудани парванда қабул карда шудааст.

 

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи арбитражи байналмилалии

                    тиҷоратӣ

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 4. Принсипҳои фаъолияти арбитраж

 

Фаъолияти арбитраж ба принсипҳои зерин асос меёбад:

- баробарҳуқуқии тарафҳо;

- интихоби озоди ҳайати арбитраж, ҳуқуқи татбиқшаванда, расмиёт ва забони мурофиаи арбитражӣ аз ҷониби тарафҳо;

- тобеияти шартномавии парвандаҳои баррасишаванда;

- афзалияти принсипҳои умумиэътирофгардидаи ҳуқуқи байналмилалӣ;

- мустақилияти арбитраж ва арбитрҳо;

- махфиёна будани муҳокимаи арбитражӣ;

- мусоидат ба хотимаёбии баҳс бо роҳи созиши оштии тарафҳо;

- қатъӣ будани ҳалномаи арбитражии аз ҷониби арбитраж қабулгардида.

 

БОБИ 2.

ТАРТИБИ ТАЪСИСИ АРБИТРАЖ ВА МАҚОМОТИ ОН

 

Моддаи 5. Вазъи ҳуқуқии арбитраж

 

1. Арбитраж ташкилоти ғайритиҷоратӣ буда, фаъолияташро музднок амалӣ менамояд.

2. Арбитражи доимоамалкунанда шахси ҳуқуқӣ мебошад.

3. Ҳама гуна дахолат ба фаъолияти арбитражи доимоамалкунанда манъ аст.

 

Моддаи 6. Таъсиси арбитражи доимоамалкунанда

 

1. Арбитражи доимоамалкунанда дар назди Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, мақсади асосии фаъолияти он мусоидат намудан ба рушди савдои хориҷӣ ва дигар робитаҳои байналмилалии иқтисодӣ бо шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии хориҷӣ мебошад.

2. Арбитражи доимоамалкунанда дорои Оинномаи аз ҷониби муассиси он тасдиқкардашуда мебошад ва ҳамчун шахси ҳуқуқӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ мегузарад.

 

Моддаи 7. Сохтори арбитражи доимоамалкунанда

 

Сохтори арбитражи доимоамалкунанда, ваколати мақомоти он тибқи Оиннома ва Дастури арбитраж мутобиқ ба муқаррароти Қонуни мазкур муайян карда мешавад.

 

Моддаи 8. Мақомоти арбитражи доимоамалкунанда

 

1. Мақомоти арбитражи доимоамалкунанда аз раис, муовинони раис ва Раёсат иборат мебошад.

2. Раёсати арбитражи доимоамалкунанда аз раиси арбитражи мазкур, муовинони ӯ ва дигар аъзои Раёсат иборат мебошад, ки аз ҳисоби арбитрҳо таъин карда мешаванд.

3. Раиси арбитражи доимоамалкунанда аз ҷониби муассиси ҳамин арбитраж таъин карда мешавад. Муовинони раис ва аъзои Раёсат бо пешниҳоди раиси арбитражи доимоамалкунанда аз ҷониби муассиси ҳамин арбитраж таъин карда мешаванд.

4. Раис, муовинони ӯ ва аъзои Раёсати арбитражи доимоамалкунанда ба муҳлати панҷ сол таъин карда мешаванд.

 

Моддаи 9. Ваколати мақомоти арбитражи доимоамалкунанда

 

1. Раёсати арбитражи доимоамалкунанда бо пешниҳоди раиси ҳамин арбитраж рӯйхати тавсиявии арбитрҳоро тасдиқ намуда, дигар вазифаҳоро мутобиқи Оинномаи арбитражи доимоамалкунанда анҷом медиҳад.

2. Раиси арбитражи доимоамалкунанда ҳама гуна амалҳоро оид ба идоракунии арбитраж, ба истиснои амалҳое, ки тибқи Қонуни мазкур ё Оинномаи арбитражи доимоамалкунанда ба ваколати истисноии Раёсати арбитражи мазкур мансуб дониста шудаанд, анҷом медиҳад.

3. Муовинони раиси арбитражи доимоамалкунанда вазифаҳоеро анҷом медиҳанд, ки аз ҷониби раиси ҳамин арбитраж барои амалисозии онҳо ваколатдор шудаанд.

 

Моддаи 10. Арбитражи якборамалкунанда

 

Арбитражи якборамалкунанда бо тартиби дар Қонуни мазкур пешбинишуда таъсис дода мешавад.

 

БОБИ 3.

СОЗИШНОМАИ АРБИТРАЖӢ

 

Моддаи 11. Мазмун ва шакли созишномаи арбитражӣ

 

Созишномаи арбитражӣ дар шакли хаттӣ баста мешавад. Созишнома басташуда ҳисоб мешавад, агар шартҳои он дар ҳуҷҷати байни тарафҳо имзошуда, ё тариқи мубодила бо мактубҳо, хабардор намудан тавассути телетайп, телеграф ё бо истифодаи дигар воситаҳои алоқаи электронӣ, ки бақайдгирии чунин созишномаро таъмин менамояд ва ё тавассути мубодилаи аризаи даъвогӣ ва бозхонди даъво, ки дар он яке аз тарафҳо мавҷудияти созишномаро тасдиқ намуда, тарафи дигар онро рад накардааст, пешбинӣ шуда бошад. Истинод дар шартнома ба ҳуҷҷате, ки тавзеҳоти арбитражиро дорад, ба шарте созишномаи арбитражӣ ба ҳисоб меравад, ки шартнома дар шакли хаттӣ баста шуда бошад ва истиноди мазкур тавзеҳоти номбаршударо қисми таркибии он гардонад.

 

Моддаи 12. Тартиби баррасии баҳсҳо

 

Агар тарафҳо дар созишномаи арбитражӣ супоридани баҳсро барои баррасӣ ба арбитраж пешбинӣ намуда бошанд, дар сурати дар созишнома  набудани тартиби дигари баррасии баҳс, тибқи Дастури арбитраж баррасии баҳс мувофиқашуда эътироф карда мешавад. 

 

Моддаи 13. Чораҳо оид ба таъмини даъво

 

Муроҷиати тарафҳо бо дархости андешидани чораҳо оид ба таъмини даъво то ва ё дар давраи баррасии парванда дар арбитраж ба суди босалоҳият, инчунин баровардани таъинот аз ҷониби суди босалоҳият оид ба андешидани чораҳои қабулгардида наметавонад созишномаи арбитражиро бекор кунад.

 

Моддаи 14. Пешниҳоди даъво оид ба моҳияти баҳс ба суди босалоҳият

 

1. Суди босалоҳияте, ки ба он вобаста ба масъалаи предмети созишномаи арбитражӣ даъво пешниҳод карда шудааст, агар ҳар яке аз тарафҳо дар ин бора на дертар аз пешниҳоди аризаи аввалаи худ вобаста ба моҳияти баҳс хоҳиш карда бошанд, даъворо бе баррасӣ мемонад. Суди босалоҳият агар ба хулосае ояд, ки созишномаи арбитражӣ беэътибор аст ё эътибори худро гум намудааст ва ё иҷронашаванда аст, қонеъ гардонидани чунин хоҳишро рад мекунад.

2. Пешниҳоди даъво ба суди босалоҳият оид ба масъалае, ки предмети созишномаи арбитражӣ мебошад, барои баррасии ин парванда ва қабули ҳалномаи арбитражӣ монеа шуда наметавонад.

 

БОБИ 4.

ҲАЙАТИ АРБИТРАЖИ ТИҶОРАТӢ ВА ВАКОЛАТИ ОН

 

Моддаи 15. Арбитрҳо

 

1. Ба ҳайси арбитр шахси воқеие интихоб (таъин) карда мешавад, ки ба синни бисту панҷ расида, дорои таҳсилоти олӣ мебошад ва нисбати тарафҳо мустақил буда, бевосита ё бавосита ба натиҷаи баррасии парванда манфиатдор намебошад ва барои иҷрои уҳдадориҳои арбитр розигӣ додааст.

2. Арбитре, ки баҳсро танҳо баррасӣ менамояд, бояд таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ва собиқаи кории на камтар аз дусолаи ҳуқуқшиносӣ дошта бошад. Дар ҳолати баррасии дастҷамъонаи баҳс раиси арбитраж бояд таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ дошта бошад.

3. Талабот нисбати номзадҳо ба арбитр метавонанд аз ҷониби тарафҳо бевосита мувофиқа карда шаванд ё бо Дастури арбитраж муайян карда шаванд.

4. Арбитр шахсе шуда наметавонад, ки:

- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун судяи суди босалоҳият интихоб ё таъин гардидааст;

- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби суд ғайри қобили амал ё дорои қобилияти амали маҳдуд эътироф гардида бошад;

- доғи судии бардоштанашуда ё барҳамнахӯрда дошта бошад;

- узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад;

- хизматчии давлатӣ бошад.

 

Моддаи 16. Интихоби арбитрҳо

 

1. Шумораи ҳайати арбитраж барои ҳалли баҳс бо созиши тарафҳо муайян гардида, ҳангоми набудани чунин созиш се арбитрро дар бар мегирад.

2. Ҳеҷ касро бинобар мансубият ба шаҳрвандӣ ё табаияташ аз ҳуқуқи арбитр шудан маҳрум кардан мумкин нест, агар тарафҳо дар ин хусус ба созиши дигаре наомада бошанд.

3. Тарафҳо метавонанд бо созиши ҳамдигар тартиби интихоби арбитр ё арбитрҳоро бо шарти риояи муқаррароти қисмҳои 4 ва 5 ҳамин модда муайян намоянд.

4. Ҳангоми набудани созиш оид ба тартиби интихоби арбитр ё арбитраж:

- агар бо созиши тарафҳо ё санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, дар ҳолати аз се нафар иборат будани ҳайати арбитраж, даъвогар дар аризаи худ як арбитрро нишон медиҳад, ҷавобгар оид ба арбитри дуюм вобаста ба даъво хабар медиҳад ва ду арбитри ба ҳамин тартиб интихобшуда арбитри сеюмро (арбитр-раисро) интихоб менамоянд. Агар тарафҳо дар муҳлати 30 рӯзи аз ҷониби ҷавобгар гирифтани нусхаи аризаи даъвогӣ арбитрҳоро таъин накунанд ё ду арбитр дар муҳлати 10 рӯз арбитри сеюмро интихоб накунанд, ҳайати арбитражи доимоамалкунанда аз ҷониби раиси ҳамин арбитраж таъин карда мешавад;

- агар бо созиши тарафҳо ё санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, дар ҳолати интихоби ҳайати арбитражи доимоамалкунанда ё арбитражи якборамалкунанда  тарафҳо оид ба арбитр дар муҳлати 30 рӯз аз лаҳзае, ки ҷавобгар аризаи даъвогиро гирифтааст ё мебоист гирад, ба созиш наоянд, арбитри арбитражи доимоамалкунанда ё арбитражи якборамалкунанда аз ҷониби раиси ҳамин арбитраж интихоб карда мешавад.

5. Агар бо созиши тарафҳо ё шартномаи байналмилалӣ тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, дар сурати мавҷудияти тартиби мувофиқашудаи интихоби арбитр аз ҷониби тарафҳо (мутобиқи     қисми 1 ҳамин модда), агар яке аз тарафҳо чунин тартибро риоя накунад ва ё тарафҳо ё ду арбитр ба созиш наоянд, ё ин ки шахси сеюм ягон амалеро дар доираи тартиби интихоби арбитр риоя накунад, аз ҷониби раиси ҳамин арбитраж нисбати ҳайати арбитраж барои баррасии баҳси мушаххас чораҳои зарурӣ андешида мешавад.

6. Ҳангоми интихоб ва таъин намудани арбитр раиси арбитражи доимоамалкунанда талаботеро ба инобат мегирад, ки зимни риояи онҳо таъини арбитри баландихтисос, мустақил ва беғараз таъмин мешавад.

7. Қарорҳое, ки мутобиқи қисмҳои 2, 3 ва 4 ҳамин модда қабул гардидаанд, мавриди шикоят қарор дода намешаванд.

 

Моддаи 17. Асосҳои рад намудани арбитр, эксперт (коршинос), тарҷумон

 

1. Рад намудани арбитр танҳо дар ҳолатҳое ҷой дошта метавонад, ки нисбати беғаразӣ ё мустақилияти ӯ шубҳаи асоснок мавҷуд бошад, аз рӯи шарти созишномаи тарафҳо соҳибихтисос набошад. Тараф метавонад ба арбитре, ки таъин (интихоб) намудааст ва ё дар таъини (интихоби) он иштирок кардааст, танҳо вобаста ба ҳолатҳое, ки ба ӯ баъди таъини (интихоби)  арбитр маълум гаштааст, раддия изҳор намояд.

2. Шахсе, ки аз эҳтимоли арбитр таъин (интихоб) шуданаш огоҳ гаштааст, уҳдадор аст вобаста ба ҳолатҳое, ки метавонанд боиси шубҳаи асоснок оид ба беғаразӣ, мустақилият ё салоҳиятнокии ӯ гарданд, иттилоъ диҳад. Агар арбитр аз чунин ҳолат то таъин (интихоб) шуданаш огоҳ накунад, вай уҳдадор аст ҳарчи зудтар ба тарафҳо оид ба ҳамаи ҳолатҳо дар ҷараёни баррасии парванда иттилоъ расонад.

3. Арбитр метавонад худрадкунӣ изҳор намояд.

4. Эксперт (коршинос) ва тарҷумон низ вобаста ба асосҳое, ки дар қисми 1 ҳамин модда муайян гардидаанд, метавонанд мавриди радкунӣ қарор гиранд.

 

Моддаи 18. Тартиби рад намудани арбитр, эксперт (коршинос), тарҷумон

 

1. Тарафҳо метавонанд бо созиши худ тартиби рад кардани арбитр, эксперт (коршинос) ва тарҷумонро муайян намоянд.

2. Ҳангоми мавҷуд набудани созиш оид ба тартиби рад кардани арбитр тарафи манфиатдор ҳуқуқ дорад ҳангоми мавҷуд будани асосҳо дар муҳлати 15 рӯз ба ҳайати арбитраж дар бораи рад намудани арбитр аризаи хаттӣ пешниҳод намояд. Ин муҳлат аз рӯзи хабардор шудани тарафи манфиатдор дар бораи таъин намудани арбитри дахлдор ҳисоб карда мешавад. Агар арбитре, ки нисбати ӯ раддия изҳор шудааст, дар бораи худрадкунӣ хабар надиҳад, инчунин агар дигар тараф бо худрадкунӣ розӣ набошад, масъала аз ҷониби ду арбитри ҳайати арбитраж то оғози таҳқиқи парванда ҳал карда мешавад. Агар онҳо то оғози таҳқиқи парванда ба созиш наоянд ё агар раддия нисбати ду ва зиёда арбитр ё нисбати арбитри танҳо изҳор шуда бошад, масъаларо дар бораи рад кардани арбитри (арбитрҳои) арбитражи доимоамалкунанда ё арбитри (арбитрҳои) арбитражи якборамалкунанда ҷиҳати баррасии баҳси мушаххас раиси арбитражи мазкур ҳал менамояд.

3. Масъалаи рад кардани эксперт (коршинос) ё тарҷумон аз ҷониби ҳайати пурраи арбитраж ҳал карда мешавад. Ҳангоми баррасии масъала дар бораи рад кардани арбитр (арбитрҳо), эксперт (коршинос) ва тарҷумон аз ҷониби арбитраж таҳқиқи парванда мавқуф гузошта мешавад.

4. Аз рӯи қарори раиси арбитраж дар бораи рад кардани арбитр (арбитрҳо), эксперт (коршинос) ва тарҷумон шикоят оварда намешавад.

 

Моддаи 19. Қатъ гардидани ваколати арбитр

 

1. Агар арбитр имконияти воқеии анҷом додани вазифаҳои дахлдорро надошта бошад ё бо сабабҳои дигар истеҳсолоти парвандаро кашол диҳад, бояд аз қабули ваколатҳо ё амалӣ намудани вазифаҳои дахлдор даст кашад. Ваколати арбитр инчунин бо созиши тарафҳо қатъ мегардад. Агар тарафҳо ба созиш наомада бошанд, ҳар яке аз тарафҳои баҳси арбитражи доимоамалкунанда метавонад ба раиси арбитражи мазкур, тарафи баҳси арбитражи якборамалкунанда бошад, метавонад бо дархост оид ба қабули қарор дар бораи қатъи ваколатҳои арбитр ба раиси арбитраж муроҷиат намояд. Аз болои қарори мазкур шикоят оварда намешавад.

2. Дигар ҳолатҳои қатъ гардидани ваколатҳои арбитри арбитражро Дастури арбитраж муайян менамояд.

3. Ваколати арбитрҳо ва арбитри танҳо дар ҳолати раддия ё худрадкунӣ низ қатъ мегардад.

 

Моддаи 20. Иваз кардани арбитр

 

Агар ваколатҳои арбитр бо асосҳо ва тартиби пешбининамудаи моддаҳои 16-19 Қонуни мазкур қатъ гарданд, арбитри дигар мутобиқи тартибе, ки ба таъин намудани арбитри ивазшаванда татбиқ шуда буд, таъин карда мешавад.

 

Моддаи 21. Ҳуқуқи арбитраж ҷиҳати баровардани қарор дар бораи ваколати худ

 

1. Арбитраж метавонад дар бораи ваколати худ, аз ҷумла аз рӯи изҳори норозигӣ нисбати мавҷудият ё ҳақиқӣ будани созишномаи арбитражӣ қарор қабул намояд. Барои ин мақсадҳо тавзеҳоти арбитражӣ бояд ҳамчун созише, ки ба шартҳои дигари шартнома вобастагӣ надорад, маънидод карда шавад. Ҳалномаи арбитражӣ дар бораи беэътибор донистани шартнома боиси беэътибории тавзеҳоти арбитражӣ аз рӯи қонун намегардад. Аризаи тараф дар бораи ваколат надоштани ҳайати арбитраж пеш аз изҳор намудани норозигӣ аз рӯи даъво пешниҳод шуда метавонад. Аз ҷониби тараф таъин намудани арбитр ё иштироки ӯ дар таъин намудани арбитр тарафро аз ҳуқуқи пешниҳоди чунин ариза маҳрум намесозад.

2. Ариза дар хусуси ба суиистифодаи ваколатҳо роҳ додани ҳайати арбитраж бояд фавран пас аз он дода шавад, ки масъалаи ба ақидаи тараф, аз доираи ваколати арбитраж бароянда дар рафти баррасии парванда ба миён гузошта мешавад. Ҳайати арбитраж метавонад дар ҳамаи ин ҳолатҳо аризаи дертар пешниҳодшударо қабул намояд, агар вай сабаби дер монданро узрнок эътироф намояд.

3. Аз рӯи аризаҳои дар қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда пешбинигардида ҳайати арбитраж то баровардани ҳалнома аз рӯи моҳияти баҳс таъинот қабул менамояд.

4. Агар ҳайати арбитраж худро салоҳиятнок шуморад, ҳар кадоме аз тарафҳо дар муҳлати 15 рӯзи баъди гирифтани огоҳинома метавонад аз Раёсати ҳамин арбитраж қабул намудани қарори қатъиро оид ба ваколат хоҳиш намояд.

5. То ҳалли масъалаи вобаста ба ваколати арбитраж баррасии парванда боздошта мешавад.

 

Моддаи 22. Ваколатҳои арбитраж оид ба тадбирҳои таъминотӣ

 

1. Агар бо созиши тарафҳо тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, ҳайати арбитраж метавонад бо хоҳиши ҳар кадоме аз тарафҳо дар бораи қабул намудани тадбири таъминотӣ аз ҷониби ягон тараф оид ба предмети баҳсе, ки онро зарур мешуморад, таъинот барорад. Ҳайати арбитраж метавонад аз ҳар кадоми тарафҳо пешниҳод намудани таъминоти заруриро вобаста ба ин тадбирҳо талаб намояд.

2. Ҳайати арбитраж ё тараф бо розигии он метавонад ба суди босалоҳият ё суди дахлдори давлати хориҷӣ бо дархости таъмини даъво ё далелҳо муроҷиат намояд.

3. Суди босалоҳият дар доираи салоҳияти худ ва мутобиқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин дархостро баррасӣ менамояд.

 

БОБИ 5.

ХАРОҶОТИ БАРРАСИИ БАҲСҲО ДАР АРБИТРАЖ

 

Моддаи 23. Таркиби хароҷоти баррасии арбитражӣ

 

1. Таркиби хароҷоти баррасии арбитражӣ аз инҳо иборат мебошад:

- ҳаққи (гонорари) хизмати арбитр (арбитрҳо);

- хароҷоти арбитрҳо бинобар иштирокашон дар баррасии арбитражӣ, аз ҷумла хароҷоти роҳкиро то маҳалли баррасии баҳс, истиқомат ва ғизо;

- маблағе, ки ба экспертон (коршиносон), мутахассисон ва тарҷумонҳо пардохт мешавад;

- хароҷоти арбитр вобаста ба азназаргузаронӣ ва таҳқиқи далелҳои хаттӣ ва шайъӣ дар маҳалли воқеъ гардидани онҳо;

- хароҷоти шоҳидон;

- хароҷоти пардохти ҳаққи хизмати намояндаи тарафе, ки ҳалномаи арбитражӣ ба манфиати ӯ қабул шудааст;

- хароҷот барои таъминоти ташкилӣ ва моддии баррасии арбитражӣ.

2. Дар арбитражи андозаи ҳаққи хизмати арбитр мутобиқи ҷадвали қиёсии ҳаққи хизмати арбитр, ки Дастури арбитраж пешбинӣ кардааст, муайян карда мешавад.

3. Ҳангоми дар Дастури арбитраж мавҷуд набудани нишондод оид ба андозаи ҳаққи хизмати арбитр, арбитраж метавонад андозаи ҳаққи хизмати арбитрро дар ҳар кадом ҳолати мушаххаси баррасии баҳс бо назардошти арзиши даъво, мураккабии баҳс, вақти барои баррасии арбитражӣ сарфкардаи арбитр ва дигар ҳолатҳои дахлдори парванда муайян намояд.

 

Моддаи 24. Тақсими хароҷоти ҳалли баҳс дар арбитраж

 

1. Агар тартиби дигаре бо созиши тарафҳо пешбинӣ нашуда бошад, хароҷоти ҳалли баҳс дар арбитраж  мутаносибан ба талаботи қонеъкардашуда ё радкардашуда, аз ҷониби арбитраж тақсим карда мешавад.

2. Агар талабот оид ба рӯёнидани хароҷоти сарфшуда дар ҷараёни баррасии арбитражӣ изҳор ва аз ҷониби арбитраж қонеъ гардонда шуда бошад, хароҷот барои пардохти ҳаққи хизматрасонии намояндаи тарафе, ки ҳалномаи арбитражӣ ба манфиати  вай қабул гардидааст, инчунин дигар хароҷоти бо баррасии арбитражӣ алоқаманд бо ҳалномаи арбитражӣ ба зиммаи тарафи дигар вогузошта мешавад.

3. Тақсими хароҷоти баррасии баҳс дар қарор ё ҳалномаи арбитраж дарҷ мегардад.

 

БОБИ 6.

БАРРАСИИ ПАРВАНДА ДАР АРБИТРАЖ

 

Моддаи 25. Баробарҳуқуқии тарафҳо

 

Ҳайати арбитраж принсипи баробарҳуқуқии тарафҳоро ба роҳбарӣ гирифта, ҳангоми баррасии баҳс бояд ба ҳар як тараф ҳамаи имкониятҳоро барои изҳори мавқеъ ва ҳифзи ҳуқуқҳояшон пешниҳод намояд. 

 

Моддаи 26. Муайян намудани қоидаҳои баррасии арбитражӣ

 

1. Ҳангоми риояи муқаррароти Қонуни мазкур тарафҳо метавонанд бо салоҳдиди худ оид ба тартиби баррасии парванда аз ҷониби ҳайати арбитраж ба созиш оянд.

2. Дар сурати набудани чунин созиш ҳайати арбитраж баррасии парвандаро бо тартибе анҷом медиҳад, ки онро барои баровардани қарори қонунӣ ва асоснок зарур мешуморад. Дар баробари ин ҳайати арбитражи якборамалкунанда уҳдадор аст, ки  муқаррароти Қонуни мазкурро риоя намуда, фикру мулоҳизаҳои тарафҳоро ба инобат гирад, ҳайати арбитражи доимоамалкунанда бошад, муқаррароти Дастури арбитражро риоя намояд.

 

Моддаи 27. Маҳалли баргузории баррасии арбитражӣ

 

1. Тарафҳо метавонанд бо салоҳдиди худ оид ба маҳалли баргузории муҳокимаи арбитражӣ ба созиш оянд. Ҳангоми набудани чунин созиш маҳалли баргузории баррасии арбитражӣ аз ҷониби ҳайати арбитраж бо назардошти ҳолатҳои парванда ва ақидаи тарафҳо муайян карда мешавад.

2. Агар тарафҳо ба созиши дигаре нарасида бошанд, муҳокимаи арбитражӣ метавонад дар ҷойе баргузор шавад, ки ҳайати арбитраж барои гузаронидани машварати арбитрҳо, шунидани шоҳидон, экспертон (коршиносон) ё тарафҳо, инчунин барои азназаргузаронии молҳо, дигар молу мулк ва ё ҳуҷҷатҳо зарур мешуморад.

 

Моддаи 28. Забони баррасии арбитражӣ

 

1. Тарафҳо метавонанд бо салоҳдиди худ оид ба забон ё забонҳое, ки дар ҷараёни баррасии арбитражӣ истифода мешаванд, ба созиш оянд. Дар ҳолати набудани чунин созиш забон ё забонҳое, ки ҳангоми баррасӣ бояд истифода шаванд, аз тарафи арбитраж муайян карда мешаванд. Чунин намуди созиш ё муайянкунӣ, агар дар онҳо тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад, нисбати ҳама гуна муроҷиати хаттии тарафҳо, ҳама гуна баррасии парванда ва ҳалномаи арбитражӣ, қарор ва ё дигар хабари арбитраж дахл дорад.

2. Арбитраж метавонад амр кунад, ки ҳама гуна далелҳои ҳуҷҷатӣ бо тарҷума ба забон ё забонҳое, ки тарафҳо вобаста ба онҳо ба мувофиқа расидаанд ё аз ҷониби арбитраж муайян гардидаанд, пешниҳод карда шаванд.

 

Моддаи 29. Оғози баррасии арбитражӣ

 

1. Агар тарафҳо ба мувофиқаи дигар нарасида бошанд, истеҳсолот оид ба парванда дар арбитраж барои баррасии баҳси мушаххас аз ҳамон рӯзе оғоз мегардад, ки ҷавобгар аризаи даъвогиро гирифтааст.

2. Истеҳсолот оид ба парванда дар арбитражи доимоамалкунанда бо тартибе, ки дар Дастури арбитраж муайян гардидааст, оғоз меёбад.

 

Моддаи 30. Шакл ва мазмуни аризаи даъвогӣ

 

1. Даъвогар талаботи худро дар аризаи даъвогӣ дар шакли хаттӣ баён намуда, онро ба арбитраж месупорад. Нусхаи аризаи даъвогӣ аз ҷониби арбитраж ба ҷавобгар супорида мешавад.

2. Дар аризаи даъвогӣ бояд маълумоти зерин нишон дода шаванд:

- номи арбитраже, ки ба он ариза пешниҳод карда мешавад;

- санаи додани аризаи даъвогӣ;

- насаб, ном, номи падари даъвогар, маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии он, инчунин насаб, ном, номи падари намоянда ва суроғаи он, агар аризаро намоянда пешниҳод карда бошад;

- насаб, ном, номи падари ҷавобгар, маҳалли истиқомат ё маҳалли ҷойгиршавии он;

- номи ташкилот, суроғаи почта ва маълумоти (реквизитҳои) бонкӣ (агар тарафҳо шахси ҳуқуқӣ бошанд);

- моҳияти вайрон кардани ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии даъвогар ва талаботи ӯ;

- ҳолатҳое, ки даъвогар талаботи худро асоснок месозад ва далелҳое, ки ин ҳолатҳоро тасдиқ мекунанд;

- нархи даъво, агар даъво боиси арзёбӣ бошад, инчунин ҳисоби маблағҳои ситонидашаванда ё баҳснок.

3. Дар аризаи даъвогӣ рақами телефонҳо, факсҳо, почтаи электронии даъвогар, намояндаи ӯ, ҷавобгар, дигар маълумотро, ки барои баррасӣ ва ҳалли парванда аҳамият доранд, зикр кардан мумкин аст.

4. Аризаи даъвогиро даъвогар ё намояндаи ӯ, ки барои имзои ариза ва пешниҳоди он ба арбитраж ваколатдор мебошад, имзо мекунад.  Агар даъвогар шахси ҳуқуқӣ бошад, имзо бо муҳри шахси ҳуқуқӣ тасдиқ карда мешавад.

5. Мувофиқи Дастури арбитраж вобаста ба мазмуни аризаи даъвогӣ талаботи иловагӣ пешбинӣ кардан мумкин аст.

 

Моддаи 31. Ҳуҷҷатҳое, ки ба аризаи даъвогӣ замима карда мешаванд

 

Ба аризаи даъвогӣ ҳуҷҷатҳои зерин замима мегарданд:

- нусхаи аризаи даъвогӣ мутаносибан ба теъдоди ҷавобгарон;

- ваколатнома ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ваколати намояндаи даъвогар;

- ҳисоби маблағҳои ситонидашаванда ё баҳсноке, ки аз ҷониби даъвогар, намояндаи ӯ имзо шудаанд, бо нусхаҳо мутаносибан ба теъдоди ҷавобгарон.

 

Моддаи 32. Изҳори назар ба аризаи даъвогӣ

 

1. Ҷавобгар ҳуқуқ дорад ба даъвогар ва арбитраж изҳори назар ба аризаи даъвогӣ пешниҳод намуда, дар он норозигии худро ба даъво баён намояд. Изҳори назар ба аризаи даъвогӣ ба даъвогар ва арбитраж бо тартиб ва муҳлатҳои муқаррарнамудаи Дастури арбитраж пешниҳод карда мешавад. Агар муҳлати пешниҳоди изҳори назар ба аризаи даъвогӣ бо Дастури арбитраж муайян нашуда бошад, он гоҳ изҳори назар дар муҳлати  то 10 рӯз баъди гирифтани  нусхаи аризаи даъвогӣ  пешниҳод карда мешавад.

2. Дар ҷараёни баррасии  парванда тараф ҳуқуқ дорад талаботи даъво ё норозигиашро нисбати даъво тағйир диҳад ё ба он илова намояд ва ё аз даъво ё норозигӣ даст кашад.

 

Моддаи 33. Баргардонидани аризаи даъвогӣ

 

1. Арбитраж аризаи даъвогиро дар ҳолатҳои зерин бармегардонад:

- байни тарафҳо созишномаи арбитражӣ мавҷуд набошад;

- даъво ба арбитраже пешниҳод шуда бошад, ки он дар созишномаи арбитражӣ пешбинӣ нашудааст;

- предмети даъво аз доираи созишномаи арбитражӣ баромада бошад;

- аризаи даъвогӣ аз ҷониби шахсе ба имзо расида бошад, ки барои имзо кардани он ваколат надорад;

- даъвогар оид ба баргардонидани аризаи даъвогӣ ариза пешниҳод карда бошад;

- дар истеҳсолоти ҳамин арбитраж ё арбитражи дигар парвандае мавҷуд бошад, ки байни ҳамин тарафҳо вобаста ба ҳамин предмет ва асосҳо баҳс меравад.

2. Ҳангоми баргардонидани аризаи даъвогӣ арбитраж таъинот мебарорад.

3. Баргардонидани аризаи даъвогӣ барои муроҷиати такрории даъвогар ба арбитраж бо аризаи даъвогӣ ба ҳамин ҷавобгар оид ба ҳамин предмет ва асосҳо монеъ шуда наметавонад, агар аризадиҳанда норасоиҳои ҷойдоштаро, ки дар таъиноти арбитраж оиди баргардонидани аризаи даъвогӣ зикр шудаанд, бартараф намуда бошад.

 

Моддаи 34. Аризаи даъвогӣ ва изҳори норозигӣ ба он

 

1. Талабот ба аризаи даъвогӣ аз ҷониби тарафҳо мувофиқа карда мешавад ё аз ҷониби арбитражи якборамалкунанда ва дар арбитражи доимоамалкунанда бошад, бо Дастури арбитраж муайян карда мешавад.

2. Ҳангоми набудани созиши дигар, дар ҷараёни баррасии парванда ҳар яке аз тарафҳо метавонад талаботи даъво ё норозигӣ ба даъворо тағйир диҳад ё ба он илова намоянд.

 

Моддаи 35. Гирифтани иттилооти хаттӣ

 

1. Иттилооти хаттӣ он вақт гирифташуда ба ҳисоб меравад, ки ба шахси (воқеӣ ё ҳуқуқии) қабулкунанда  шахсан ё ба маҳалли зисти доимии ӯ ё ба ҷойи воқеъ гардидани корхонаи ӯ ва ё суроғаи почтавиаш дастрас шуда бошад, агар бо созиши тарафҳо тартиби дигар муқаррар нашуда бошад. Ҳангоме ки муайян кардани ҷойи расонидани иттилооти хаттӣ дар ҳақиқат ғайриимкон бошад, он гоҳ иттилооти хаттӣ дар сурате гирифташуда ба ҳисоб меравад, ки ба маҳалли муайяни зисти охирин ё ба ҷойи воқеъ гардидани корхона ё суроғаи почтавии ӯ тавассути мактуби фармоишӣ ирсол шуда бошад.

2. Иттилоот дар рӯзи расонидани он ё кӯшиши расонидан (додан) ба қабулкунандаи он мутобиқи қисми 1 ҳамин модда гирифташуда ба ҳисоб меравад. 

 

Моддаи 36. Даст кашидан аз ҳуқуқ ба норозигӣ

 

Агар тараф донад, ки ягон муқаррароти Қонуни мазкур, ки аз он тарафҳо метавонанд даст кашанд ё ягон талаботи бо созишномаи арбитражӣ пешбинигардида риоя нагардидааст, вале бо вуҷуди он дар таҳқиқи парванда иштироки худро бе изҳори норозигӣ оид ба риоя нагаштани чунин норозигӣ бо деркунии беасос ё дар муҳлати дар Қонуни мазкур ё Дастури арбитраж пешбинишуда идома диҳад, он гоҳ бо гузаштани ин  муҳлат ӯ аз ҳуқуқ ба норозигӣ дасткашида ҳисобида мешавад.

 

Моддаи 37. Баррасӣ ва таҳқиқи парванда тибқи ҳуҷҷатҳо

 

1. Бо шарти риояи созиши тарафҳо арбитраж дар хусуси  гузаронидани баррасии шифоҳии парванда барои пешниҳоди далелҳо ё музокироти шифоҳӣ ва ё дар бораи амалӣ намудани баррасии парванда танҳо дар асоси ҳуҷҷатҳо ва дигар мавод қарор қабул мекунад. Аммо дар ҳолатҳое, ки тарафҳо барои гузаронидани музокироти шифоҳӣ ба созиш наомаданд, арбитраж бояд чунин баррасиро дар ҳар як марҳилаи баррасии арбитражӣ, агар дар ин бора яке аз тарафҳо хоҳиш намояд, гузаронад.

2. Огоҳинома оид ба ҳамагуна баррасӣ ё муҳокимаи арбитражӣ, ки бо мақсади азназаргузаронии молҳо, дигар молу мулк ва ё ин ки ҳуҷҷатҳо гузаронида мешаванд, бояд ба тарафҳо тавре равона карда шавад, ки онҳо барои ҳозиршавӣ ба баррасӣ ё муҳокимаи дахлдор вақти кофӣ дошта бошанд.

3. Ҳамаи аризаҳо, ҳуҷҷатҳо ва дигар иттилооте, ки аз ҷониби яке аз тарафҳо ба арбитраж пешниҳод мешаванд, бояд ба тарафи дигар супорида шаванд. Ба тарафҳо ҳама гуна хулосаҳои экспертон (коршиносон) ё дигар ҳуҷҷатҳо, ки аҳамияти далелро доранд ва арбитраж ҳангоми қабули ҳалномаи арбитражӣ ба онҳо такя менамояд, бояд супорида шаванд.

 

Моддаи 38. Пешниҳод накардани норозигӣ оид ба даъво, дигар ҳуҷҷатҳо ё ҳозир нашудани

                       тарафҳо

 

1. Ҳангоме, ки ҷавобгар норозигии худро нисбати даъво бе нишон додани сабабҳои узрнок ва набудани мувофиқаи байни тарафҳо пешниҳод накунад, ҳайати арбитраж баррасии парвандаро идома дода, пешниҳод нашудани норозигиро ба даъво, ҳамчун эътирофи талаботи даъвогар ҳисоб намекунад.

2. Дар ҳолате, ки тарафи ба арбитраж даъватгардида бо сабабҳои аз ҷониби арбитраж узрнок эътирофнашуда ба баррасӣ ҳозир нашавад, ё далелҳои ҳуҷҷатиро пешниҳод нанамояд, ҳайати арбитраж ҳуқуқ дорад баррасии парвандаро идома дода, ҳалномаи арбитражиро дар асоси далелҳои мавҷудбуда қабул намояд.

 

Моддаи 39. Ҳуқуқи тарафҳои баррасии арбитражӣ

 

Тарафҳое, ки дар баррасии арбитражӣ иштирок менамоянд, ҳуқуқ доранд:

- бо маводи парванда шинос шаванд ва онҳоро нусхабардорӣ намоянд;

- далелҳо пешниҳод намоянд;

- ба арбитрҳо дархост ва раддия изҳор намоянд;

- ба иштирокчиёни муҳокимаи арбитражӣ саволҳо дода, баёноти шифоҳӣ ва хаттӣ диҳанд;

- далелҳои худро оид ба ҳамаи масъалаҳое, ки дар ҷараёни муҳокима ба вуҷуд меоянд, пешниҳод намоянд;

- нисбати дархост ва далелҳои тарафи дигар норозигӣ изҳор намоянд;

- мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суди босалоҳият оид ба иҷрои маҷбурии ҳалномаи арбитраж дархост  намоянд;

- бо тартиби дар Қонуни мазкур муқарраргардида аз болои санадҳои арбитражӣ шикоят намоянд.

 

Моддаи 40. Аз ҷониби арбитраж таъйин шудани эксперт (коршинос)

 

1. Агар тарафҳое, ки дар баррасии арбитражӣ иштирок менамоянд, ба созиши дигаре наомада бошанд, арбитраж метавонад:

- як ё якчанд экспертро (коршиносро) барои пешниҳоди хулоса ба он оид ба масъалаи мушаххасе, ки аз ҷониби арбитраж муайян карда мешавад, таъин намояд;

- аз тараф талаб намояд, ки ба эксперт (коршинос) иттилооти дилхоҳи ба парванда дахлдорро пешниҳод кунад ё ҷиҳати пешниҳод намудан барои азназаргузаронӣ ё азназаргузаронии ҳуҷҷатҳо, молҳо ва ё дигар молу мулк, ки ба парванда дахл доранд, имконият фароҳам оварад.

2. Ҳангоми набудани мувофиқаи дигари тарафҳо, агар тараф дар ин хусус дархост намояд ё арбитраж инро зарур шуморад, эксперт (коршинос) бояд пас аз пешниҳоди хулосаи хаттӣ ё шифоҳии худ дар баррасии парвандае иштирок намояд, ки дар он ба тарафҳо имконият дода мешавад ба ӯ савол диҳанд ва пешниҳоди мутахассисро барои додани нишондод оид ба масъалаҳои баҳснок мутахассисонро даъват намоянд.

 

Моддаи 41. Мусоидати суди босалоҳият дар пешниҳоди чораҳои таъминотӣ ва гирифтани

                       далелҳо

 

1. Тарафҳои баррасии арбитражӣ ҳуқуқ доранд ба суди босалоҳият оид ба андешидани чораҳо ҷиҳати таъмини даъво бо ариза муроҷиат намоянд.

2. Ариза оид ба таъмини даъворо, ки дар арбитраж баррасӣ мешавад, тараф ба суди босалоҳияти маҳалли баррасии арбитражӣ ё ҷойгиршавии молу мулке, ки нисбати он чораҳои таъминотӣ қабул мешаванд, пешниҳод мекунад.

3. Ариза оид ба таъмини даъвое, ки дар арбитраж баррасӣ мешавад, аз ҷониби суди босалоҳият бо баровардани таъинот оид ба таъмини даъво ё рад намудани таъмини он бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мекунад.

4. Таъинот оид ба таъмини даъво, ки дар арбитраж баррасӣ мешавад, мумкин аст аз ҷониби суди босалоҳият, ки ин таъинотро баровардааст, аз рӯи аризаи яке аз тарафҳо бекор карда шавад.

5. Арбитраж ё тараф бо розигии арбитраж метавонад ба суди босалоҳият дар хусуси мусоидат намудан барои гирифтани далелҳо муроҷиат намояд. Суди босалоҳият ин муроҷиатро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд.      

 

Моддаи 42. Мусоидат барои гирифтани далелҳо

 

1. Ҳайати арбитраж ё тараф бо розигии он метавонад ба суди босалоҳият ё суди давлати хориҷӣ дар хусуси мусоидат намудан ба гирифтани далелҳо оид ба масъалаи дар арбитраж баррасишаванда муроҷиат намояд.

2. Суди босалоҳият дар доираи салоҳияти  худ ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин дархостро баррасӣ менамояд.

 

БОБИ 7.

БАРОВАРДАНИ  ҲАЛНОМАИ АРБИТРАЖӢ ВА ҚАТЪ КАРДАНИ БАРРАСИИ  ПАРВАНДА

 

Моддаи 43. Меъёрҳое, ки оид ба моҳияти баҳс татбиқ мешаванд

 

1. Арбитраж баҳсро мувофиқи меъёрҳое баррасӣ менамояд, ки тарафҳо ба сифати ҳуқуқи татбиқшаванда нисбати моҳияти баҳс интихоб намудаанд. Ҳама гуна нишондод ба ҳуқуқ ё низоми ҳуқуқии ягон давлат бояд на ҳавола ба меъёрҳои коллизионии он, балки  бевосита ҳамчун ҳавола ба ҳуқуқи моддии ҳамон давлат маънидод карда шавад.

2. Ҳангоми набудани ягон нишондоди тарафҳо арбитраж ҳуқуқеро татбиқ менамояд, ки мутобиқи меъёрҳои коллизионӣ муайян шудааст ва онро татбиқшаванда меҳисобад.

3. Дар ҳамаи ҳолатҳо арбитраж мутобиқи шартҳои шартнома ва бо назардошти одатҳои тиҷоратие, ки нисбати ҳамин аҳд татбиқ мешаванд, ҳалнома қабул менамояд.

 

Моддаи 44. Муқаррар кардани мазмуни меъёрҳои ҳуқуқи хориҷӣ

 

1. Ҳангоми татбиқи ҳуқуқи хориҷӣ ҳайати арбитраж мазмуни меъёрҳои онро тибқи тафсири расмии он, амалияи татбиқ ва доктринаи давлати дахлдори хориҷӣ муқаррар менамояд.

2. Тарафҳо уҳдадоранд далелҳоеро пешниҳод намоянд, ки мазмуни меъёрҳои ҳуқуқи хориҷиро тасдиқ менамоянд ва ба онҳо барои асосноккунии талаботи худ ё норозигиашон истинод меоранд ва ба тарзи дигар барои муқаррар кардани мазмуни ин меъёрҳо ба ҳайати арбитраж мусоидат намоянд.

3. Ҳайати арбитраж метавонад бо мақсади муқаррар кардани мазмуни меъёрҳои ҳуқуқи хориҷӣ бо тартиби муқарраргардида барои мусоидат намудан ва шарҳдиҳӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба намояндагии расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, муроҷиат намояд ё экспертонро (коршиносонро) ҷалб намояд.

 

Моддаи 45. Ҳалномаи арбитражӣ дар ҳайати дастҷамъона

 

Ҳайати дастҷамъонаи арбитраж ҳалномаи арбитражиро бо аксарияти овозҳо қабул менамояд. Масъалаҳои мурофиавиро арбитр-раис, агар вай аз ҷониби тарафҳо ва дигар арбитрҳо ваколатдор шуда бошад, ҳал карда метавонад.

 

Моддаи 46. Созиши оштӣ

 

1. Агар дар ҷараёни таҳқиқи парванда тарафҳо созиши оштӣ баста бошанд, ҳайати арбитраж баррасиро  қатъ намуда, созиши оштии бадастомадаро дар намуди ҳалномаи арбитражӣ бо шартҳои мувофиқанамудаи тарафҳо сабт менамояд.

2. Ҳалномаи арбитражӣ дар асоси шартҳои мувофиқанамудаи тарафҳо тибқи муқаррароти моддаи 43 Қонуни мазкур қабул карда мешавад ва бояд нишондодеро дошта бошад, ки он аз ҷониби арбитраж қабул гардидааст.

3. Ҳалномаи арбитражӣ дар асоси шартҳои мувофиқанамудаи тарафҳо ба монанди дигар ҳалномаҳои ҳайати арбитраж оид ба моҳияти баҳс эътибори баробар дошта, бояд иҷро карда шавад.

 

Моддаи 47. Ҳалномаи арбитражӣ

 

1. Ҳангоми моҳиятан баррасӣ намудани баҳс арбитраж ҳалнома қабул менамояд.

2. Ҳалномаи арбитраж қатъӣ буда, аз лаҳзаи қабул карданаш эътибори қонунӣ пайдо мекунад ва танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 51 Қонуни мазкур аз болои он шикоят кардан мумкин аст.

 

Моддаи 48. Шакл ва мазмуни ҳалномаи арбитражӣ

 

1. Ҳалномаи арбитражӣ бояд дар шакли хаттӣ қабул карда шавад ва аз ҷониби арбитр ё ҳайати дастҷамъонаи арбитраж имзо гардад. Ҳангоми аз ҷониби ҳайати дастҷамъонаи арбитраж қабул шудани ҳалнома дар он имзои аксарияти арбитрҳо кифоя  аст, ба шарте ки сабаби набудани имзои арбитрҳои дигар нишон дода шаванд.

2. Агар тарафҳо ба созиши дигаре наомада бошанд, инчунин агар аз талаботи моддаи 46 Қонуни мазкур муқаррароти дигаре барнаояд, дар ҳалномаи арбитраж бояд сабабҳое нишон дода шаванд, ки дар асоси он ҳалнома қабул шудааст.

3. Дар ҳалномаи арбитражӣ бояд санаи қабул ва маҳалли баргузории муҳокимаи арбитражӣ нишон дода шавад. Ҳалномаи арбитражӣ дар маҳалли баргузории муҳокимаи арбитражӣ қабулшуда ҳисобида мешавад.

4. Баъди қабули ҳалнома ба ҳар як тараф нусхаи он, ки мувофиқи қисми 1 ҳамин модда аз ҷониби арбитрҳо ба имзо расидааст, супорида мешавад.

 

Моддаи 49. Қатъ гардидани баррасии баҳс дар арбитраж

 

1. Оид ба қатъ гардидани парванда арбитраж таъинот қабул мекунад.

2. Ҳайати арбитраж дар ҳолатҳои зерин оид ба қатъи парванда таъинот мебарорад, агар:

- даъвогар аз талаби худ даст кашад ва ҷавобгар нисбати қатъи баррасии парванда норозигиашро баён накунад, ҳайати арбитраж қонунӣ будани манфиатдории ҷавобгарро оид ба гирифтани ҳалнома дар бораи баҳс эътироф накунад;

- тарафҳо оид ба қатъ намудани таҳқиқи парванда ба созиш омада бошанд;

 - арбитраж ба хулоса ояд, ки давом додани баррасии парванда вобаста ба сабабҳои дигар ғайриимкон мебошад.

3. Таъиноти арбитраж қатъӣ буда, аз лаҳзаи қабул гардиданаш эътибори қонунӣ пайдо мекунад ва танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 51 Қонуни мазкур аз болои он шикоят кардан мумкин аст.

4. Ваколатҳои ҳайати арбитраж дар як вақт бо анҷоми баррасии парванда, ба истиснои ваколатҳое, ки дар моддаи 44 ва қисми 3   моддаи 46 Қонуни мазкур пешбинӣ гардидаанд, қатъ мегардад.

 

Моддаи 50. Ислоҳ ва тафсири ҳалномаи арбитражӣ. Ҳалномаи арбитражии иловагӣ

 

1. Ҳар як тараф дар муҳлати 30 рӯз пас аз гирифтани ҳалнома, агар тибқи Дастури арбитраж ё бо созиши тарафҳо тартиби дигаре муқаррар нагардида бошад, тарафи дигарро огоҳ намуда, метавонад аз ҳайати арбитраж хоҳиш намояд, ки хатои ҳисобӣ, саҳву ғалати нашрӣ ва ё дигар хатоҳои ба инҳо монандро ислоҳ намоянд, инчунин банд ё қисми мушаххаси ҳалномаи арбитражро тафсир кунад.

 

2. Агар ҳайати арбитраж хоҳишро асоснок шуморад, бояд дар  муҳлати 30 рӯз пас аз гирифтани хоҳиш, агар тибқи Дастури арбитраж муқаррароти дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ба ҳалномаи арбитражӣ ислоҳоти заруриро ворид созад ё онро тафсир диҳад. Ин гуна ислоҳ ё тафсир қисми таркибии ҳалномаи арбитражӣ ҳисобида мешавад.

3. Ҳайати арбитраж дар  муҳлати 30 рӯз аз рӯзи қабул гардидани ҳалномаи арбитражӣ, агар Дастури арбитраж тартиби дигаре муқаррар накарда бошад, метавонад бо ташаббуси худ хатоҳоеро, ки дар қисми 1 ҳамин модда пешбинӣ гардидаанд, ислоҳ намояд ва ба тарафҳо огоҳиномаро оид ба ин ислоҳ ирсол намояд.

4. Агар тарафҳо ба созиши дигар наомада бошанд ва Дастури арбитраж муқаррароти дигаре пешбинӣ накарда бошад, ҳар як тараф тарафи дигарро метавонад дар  муҳлати 30 рӯз аз рӯзи гирифтани ҳалномаи арбитражӣ огоҳ намуда, аз ҳайати арбитраж хоҳиш намояд, ки нисбат ба талаботе, ки дар рафти  таҳқиқи парванда изҳор шудаанду дар ҳалномаи арбитражӣ ифода наёфтаанд, ҳалномаи арбитражии иловагӣ қабул намояд.  Агар тибқи Дастури арбитраж тартиби  дигаре пешбинӣ нашуда бошад ва ҳайати арбитраж ин хоҳишро асоснок шуморад, он бояд дар  муҳлати 60 рӯз ҳалномаи арбитражии иловагӣ барорад.

5. Ҳайати арбитраж дар ҳолатҳои зарурӣ метавонад барои ислоҳи хатоҳо, пешниҳоди тафсир ва қабули ҳалномаи арбитражии иловагӣ муҳлати дар қисмҳои 1 - 4 ҳамин модда пешбинишударо дароз намояд.

6. Муқаррароти моддаи 45 Қонуни мазкур нисбати ислоҳҳо ва тафсири ҳалномаи арбитраж, инчунин нисбати ҳалномаи арбитражии иловагӣ татбиқ мегардад.

 

БОБИ 8.

МАВРИДИ БАҲС ҚАРОР ДОДАНИ ҲАЛНОМАИ АРБИТРАЖӢ

 

Моддаи 51. Дархост оид ба бекор кардани ҳалномаи арбитражӣ

 

1. Дархост ҳамчун воситаи истисноии мавриди баҳс қарор додани ҳалномаи арбитражӣ мебошад. Дархост ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси бекор кардани ҳалномаи арбитражӣ бо асосҳои пешбининамудаи қисмҳои 2 ва 3 ҳамин модда пешниҳод карда мешавад.

2. Ҳалномаи арбитражӣ мумкин аст аз ҷониби Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳое бекор карда шавад, ки тарафҳои дархосткунанда чунин далелҳое пешниҳод намоянд, ки:

- яке аз тарафҳо ҳангоми бастани созишномаи арбитражӣ пурра ё қисман ғайри қобили амал бошад, ё созишнома мутобиқи ҳуқуқе, ки тарафҳо ин созишномаро ба он тобеъ кардаанд ва дар ҳолати набудани чунин нишондод аз рӯи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон беэътибор бошад;

- тараф ба таври дахлдор оид ба таъини арбитр ё баррасии парванда огоҳонида нашуда бошад, ё бо дигар сабабҳои узрнок натавонистааст баёноти худро пешниҳод намояд;

- ҳалномаи арбитражӣ оиди баҳсе бароварда шудааст, ки таҳти шартҳои он қарор нагирифтааст ё ин ки муқарраротеро дар бар мегирад, ки масъалаҳои он аз доираи созишномаи арбитражӣ берун мебарояд. Дар баробари ин, агар ҷудо намудани баъзе муқаррарот аз масъалаҳое, ки бо созишнома фаро гирифта нашудаанд, мумкин бошад, он гоҳ танҳо ҳамон қисми ҳалномаи арбитражӣ бекор карда мешавад, ки ба масъалаҳои фаронагирифтаи созишномаи арбитражӣ дахл дорад;

- ҳайати арбитраж ё тартиби баррасии парванда ба созиши тарафҳо мувофиқат накунад, агар чунин созиш ба Қонуни мазкур мухолиф набошад.

3. Ҳалномаи арбитражӣ, инчунин мумкин аст аз ҷониби Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳое бекор карда шавад, ки предмети баҳс тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон наметавонад предмети баррасии арбитражӣ гардад ё ҳалномаи арбитражӣ ба тартиби оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф бошад.

4. Дархост оид ба бекор кардани ҳалномаи арбитражӣ дар муҳлати як моҳ аз рӯзе, ки тарафи изҳоркунандаи дархост ҳалномаи арбитражиро гирифтааст, пешниҳод карда мешавад.

5. Ҳангоми пешниҳоди дархост ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бекор намудани ҳалномаи арбитражӣ, суди мазкур бо дархости яке аз тарафҳо баррасии дархостро оид ба бекор кардани ҳалномаи арбитражӣ метавонад ба муҳлати муқаррарнамудаи худ, аммо на зиёда аз як моҳ, мавқуф гузорад, то ин ки ба арбитраж имконияти оғози баррасии парванда ё андешидани дигар амалҳоро диҳад, ки ба ақидаи арбитраж метавонанд асосҳои бекор намудани ҳалномаи арбитражиро бартараф намоянд.

 

БОБИ 9.

ИҶРОИ ҲАЛНОМАИ АРБИТРАЖӢ

 

Моддаи 52. Иҷрои ҳалномаи арбитражӣ

 

Ҳалномаи арбитражӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷро расонида мешавад.

 

Моддаи 53. Эътироф ва мавриди иҷро қарор додани ҳалномаҳои арбитражи хориҷӣ

 

Ҳалномаҳои арбитражи хориҷӣ сарфи назар аз он, ки дар кадом давлати хориҷӣ қабул шудаанд, мутобиқи қонунгузории мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, мавриди иҷро қарор дода мешаванд.

 

Моддаи 54. Асосҳои рад кардани эътироф ё мавриди иҷро қарор додани ҳалномаи

                       арбитражӣ

 

1. Ҳалномаи арбитражӣ сарфи назар аз он, ки дар кадом давлат қабул карда шудааст, танҳо дар ҳолатҳои зерин метавонад мавриди эътироф ё иҷро қарор нагирад:

1) бо хоҳиши тарафе, ки ҳалнома муқобили он равона гардидааст, агар ин тараф ба суди босалоҳият, ки дар он эътироф ё мавриди иҷро қарор додани ҳалномаи арбитражӣ баррасӣ мешавад, далелҳои зеринро пешниҳод намояд, ки дар он:

- яке аз тарафҳо дар созишномаи арбитражӣ ғайри қобили амал бошад;

- созишномаи мазкур, ки ба он тарафҳо тобеъ мебошанд, мутобиқи қонун беэътибор бошад ва ҳангоми ҷой надоштани чунин ҳолат – мувофиқи қонуни давлате, ки дар он ҳалнома бароварда шудааст;

- тарафе, ки ба муқобили вай ҳалномаи арбитражӣ бароварда шудааст, бо таври дахлдор оид ба таъини арбитр ё баррасии арбитражӣ огоҳонида нашудааст ё вобаста ба дигар сабабҳо натавонистааст баёнот диҳад;

- ҳалномаи арбитражӣ нисбати баҳсе бароварда шудааст, ки он бо созишномаи арбитражӣ пешбинӣ нагардидааст ё таҳти талаботи он қарор дода нашудааст ва ё муқарраротеро оид ба масъалаҳое дорад, ки аз доираи созишномаи арбитражӣ берун мебарояд, ба шарте ки муқаррароти мазкур масъалаҳоеро, ки созишнома фаро гирифтааст, имкони ҷудо кардан аз он қисми ҳалномаи арбитражӣ надошта бошад, ки дар он муқаррароти созишномаи арбитражӣ оид ба моҳияти баҳси баррасишаванда метавонад эътироф ва иҷро шавад;

- ҳайати арбитраж ё муҳокимаи арбитражӣ ба созиши тарафҳо мувофиқат накунад ё ин ки ҳангоми набудани ин мувофиқа ба қонуни давлате, ки дар он арбитраж баргузор гардидааст, мувофиқат накунад;

- ҳалномаи арбитражӣ барои тарафҳо ҳатмӣ нагаштааст ё бекор гардидааст ё ин ки иҷрои он аз ҷониби суди кишваре, ки тибқи қонуни он ҳалномаи арбитражӣ боздошта шуда бошад;

2) агар суд муайян намояд, ки:

- объекти баҳс наметавонад мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон предмети баррасии арбитражӣ бошад;

- эътироф ва ба иҷро расонидани ин ҳалномаи арбитражӣ ба тартиботи оммавии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат менамояд.

2. Агар дар суде, ки дар сархати панҷуми банди 1 қисми 1 ҳамин модда пешбинӣ гардидааст, дархост оид ба бекор кардан ё боздоштани иҷрои ҳалномаи арбитражӣ изҳор гардида бошад, суде, ки дар он эътироф ё иҷрои ҳалномаи арбитражӣ пурсида мешавад, дар сурати зарур шуморидани он метавонад қабул кардани ҳалномаи худро мавқуф гузорад ва инчунин метавонад бо дархости ҳамон тарафе, ки оид ба эътироф ва ба иҷро расонидани он хоҳиш намудааст, тарафи дигарро уҳдадор намояд, ки таъминоти дахлдорро пешниҳод намояд.

 

Моддаи 55. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

 

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

 

Президенти

 Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                              Эмомалӣ Рањмон

 

ш. Душанбе, 18 марти соли 2015,

№ 1183