24-сентябри соли 2012 бо дастгирии Ҷамъияти ҳамкории текникии Олмон муаррифии Тафсири Кодекси мурофиавииграждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ки аз ҷониби гурўҳи кории Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида буд, баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндаҳо аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташкилоти байналмилалии Иститути «Ҷамъияти кушода»-и Бунёди мадад дар Тоҷикистон, Асотсиатсияи шветсарӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ «Хелветас», Шўрои адлия, Суди олии иқтисодӣ, Суди конститутсионӣ ва судҳои шаҳру ноҳияҳо, Коллегияи адвокатҳои «Сипар» Ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва коршиносони мустақил иштирок намуданд. Муаррифии китоби тозанашри Тафсири Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сухани ифтитоҳии Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти ҶТ Раҳимов Маҳмад Забирович оғоз гардид. Зимни суханронӣ Директори Марказ иштирокчиёнро барои иштирокашон изҳори миннатдорӣ намуда аз ҷумла иброз дошт; Ба ҳамагон маълум аст, ки ислоҳоти судӣ дар Ҷумурии Тоҷикистон идома дорад, ки асоси онро Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи судҳо» -и ҷумҳурӣ аз соли 2001 ташкил медиҳад ва минбаъд бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаҳои давлатӣ дар соҳаи ислоҳоти судӣ қабул гардид. Дар натиҷа соли 2008 Кодекси мурофиавии граждании ҶТ, Кодекси ҶТ оид ба мурофиаи судии ҶТ, Қонуни ҶТ «Дар бораи судҳои ҳакамӣ», «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ва ғайра қабул карда шуд. Барои амалӣ намудани онҳо зарурат ба миён меояд, ки тафсир ва шарҳи моддаҳои он дастраси омма гардонида шавад. Зеро ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон асоси фаъолияти давлати моро ташкил медиҳад. Ба ҳамин хотир дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти ҶумҳурииТоҷикистон бо ҷалби мутахассисони варзидаи соҳаи мурофиаи гражданӣ аз мақомоти судӣ, прокуратура, адвокатура,олимони факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ва як қатор коршиносон гурўҳи корӣ таъсис дода шуд. Дар натиҷа заҳмати ду солаи онҳо барои кормандони амалия, ки ниҳоят муҳим мебошад яъне Тафсири Кодекси мурофиавии граждании ҶТ бо саҳмгузории Ҷамъияти ҳамкории Олмон самараи хуб ба бор оварда имрўз дастраси ниёзмандон гардид.
Раҳимов М.З изҳор дошт, ки умед дорем, тафсири мазкур дар тадбиқи самараноки Кодекси мурофиавии гражданӣ мусоидат менамояд, чунки Кодекси мурофиавии граждании ҶТ яке аз қонунњое мебошад, ки имкони таъмини ҳуқуқҳои конститутсиониро ба ҳифзи судӣ кафолат медиҳад. Зеро тафсири муаррифигардида дар асоси консепсияҳои муосири мурофиавии ҳуқуқӣ ва инкишофи таҷрибаи судӣ омодашуда, мазмун ва мундариҷаи Кодекси мурофиавии граждании ҶТ -ро ифода намуда ва дуруст дар амал тадбиқ гардида, барои кормандони мақомоти судӣ, прокуратура адвокатҳо, донишҷуён, аспирантҳо ва дигар матахасисони соҳаи ҳуқуқшиносӣ дастури муҳиме мегардад.
Дар идомаи суханронии Директори Марказ Роҳбари барномаи ташкилоти байналмилалии ҳамкории Олмон «оид ба мусоидат дар давалатдории Осиёи марказӣ» Йорг Пуделька ба сухан баромад. Мавсуф аз нашри Тафсир изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд кард ки билохира талошу заҳматҳои гурўҳи корӣ имрўз муаррифӣ мегардад.
Тафсир дар ҳамаҷо ҳаст ва тафсири қонунгузорӣ ҳамеша ҳамчун асбоб истифода мешавад. Дар Олмон донишҷўеро пайдо кардан душвор аст, ки дар натиҷаи таҳлилу тадқиқоти қонунгузорӣ аз тафсир истифода набарад. Бояд қайд намуд, ки тафсир дар Олмон барои судяҳо ҳамчун воситаи кўмакрасон хизмат мекунад. Ягон рўзи корӣ барои судя бе муроҷиат ба тафсир паси сар намешавад. Ва ягон ҳалномаи судие нест, ки дар он иснод ба тафсир наоварда бошанд. Хол он ки ягон ўхдадорӣ вуҷуд надорад, ки судя аз тафсир истифода барад, лекин овардани иснод ба тафсир аз як тараф кори судяро осон намояд аз тарафи дигар ба тарафҳои мурофиа муайян менамояд, ки судя дар ҳақиқат ба таври комплексӣ ба омўзиш ва таҳлили ҳаматарафаи маводи парванда машғул шудааст. Ақидае ҳаст, ки «Вақте судя дақиқан донистан хоҳад, ки чи тавр дигарон дар масъалаҳои ба ҳам монанд қарор қабул кардаанд, ҳадди ақал ба як тавзеҳи серҳаҷми қонунгузорӣ, яъне ба тафсир рў меорад. Яъне аз навиштаи таҳлилгарон ба воситаи тафсир ба ҳуқуқтатбиқкунанда рўшан мешавад, ки кадом арзишҳо тавзеҳи меъёрҳои ҳуқуқиро муайян мекунанд ва чигуна назарияи ғолиб аз муқаррароти баҳсбарангези қонун пайдо мешавад.
Дар рафти чорабинӣ муаллифон Бобоев У.Х., Диноршоев А.М., Хоҷаева Л.И ва муқарризон Акимбекова С.А., Скрябин С.И., Бобоҷонов И.Х ва Болтуев Ш.С ва дигарон андешаҳои худро атрофи таҳия ва кори гурўҳи корӣ иброз намуданд. Аз ҷониби иштирокчиён устоди ДМТ Менглиев Ш.М., коршиноси мустақил Бобоназарова О ба музокира баромада аз нашри чунин як тафсири сари вақтӣ ба муаллифон изҳори миннатдорӣ намуданд. Ҳамзамон таклифҳо ба миён омад, ки дар оянда тафсири мазкур ба забони тоҷикӣ ва бо шумораи зиёд нашр карда шавад ва масъулин метавонанд барои дастраси ҳамагон гардидани тафсири калонҳаҷм аз режими онлайн ва ё дар шакли фитта истифода баранд то ба ин васила мутахассисони соҳа қаноатманд гардида сари вақт онро пайдо намоянд, чунки адади нашр наметавонад ба ҳамагон дастрас бошад.