ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1970 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НАЗОРАТИ МАЪМУРӢ НИСБАТ БА ШАХСОНИ АЗ МУАССИСАҲОИ ИСЛОҲӢ ОЗОДШУДА Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1969 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИШТИРОКИ ШАҲРВАНДОН ДАР ТАЪМИНИ ТАРТИБОТИ ҶАМЪИЯТӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1968 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip Microsoft Office document icon Замима

СУХАНРОНӢ ДАР МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВИ МАКТАБИ №65 НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

-A A +A
Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар Санаи интишор: Дшб, 03/02/2020 - 16:57

Устодону омӯзгорон ва хонандагони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Ҳамаи шумо ва аҳли маорифи пойтахтро ба муносибати ифтитоҳи бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 65 дар ноҳияи Шоҳмансур, ки аввалин иншооти соҳаи маориф дар оғози соли нави мелодии 2020 –ум мебошад, самимона табрик мегӯям.

Мактаби навбунёди имрӯза, ки дар он барои 2000 нафар хонанда дар ду баст имкониятҳои беҳтарини таълим муҳайё гардидаанд, аз ҳисоби соҳибкори ватанӣ Абдуҳалим Қодирзода ¬– роҳбари Ширкати “Ёқут - 2000” ба маблағи беш аз 30 миллион сомонӣ дар муддати як сол сохта шудааст.

Ин муассиса аз 5 ошёна, 38 синфхона ва 15 синфхонаи фаннӣ, аз ҷумла синфхонаҳои лингофонӣ, технологияҳои иттилоотӣ, утоқҳои алоҳидаи фанҳои риёзиву дақиқ ва омӯзиши технология, толори варзиш, маҷлисгоҳ барои 344 ҷойи нишаст ва ошхона барои 160 ҷой иборат мебошад.

Яъне дар ин мактаб тамоми шароити муосири таълиму тарбия ва варзиш барои фарзандони сокинони пойтахт фароҳам оварда шудааст.

Дар Паёми Президент ба Маҷлиси Олии мамлакат, ки чанд рӯз қабл аз ин пешниҳод гардид, ман андешаҳои худро доир ба ҳалли масъалаҳои соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ҳамчун соҳаи муҳимтарини ҳаёти ҷомеа ва давлат баён доштам.

Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо дарназардошти аҳаммияти бузурги соҳаи илму маориф ба масъалаи бунёду сохтмони иншооти наву замонавии таълимӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои баланд бардоштани сатҳи саводу маърифати наврасону ҷавонон ҳамеша эътибори аввалиндараҷа медиҳад.

Зеро мо хуб дарк мекунем, ки дастгирии соҳаи маориф ва ғамхорӣ дар ҳаққи насли наврас – сармоягузорӣ ба ояндаи ободи Ватан, пешрафти давлат, осоиши ҷомеа ва сарбаландии миллат мебошад.

Дар ин кори хайр, илова ба ғамхориву дастгириҳои давлату Ҳукумат, соҳибкорону тоҷирони ватандӯст ва дигар шахсони саховатпеша низ саҳми басо арзишманд гузошта истодаанд, ки муассисаи таълимии имрӯза яке аз намунаҳои он мебошад.

Бинобар ин, ба соҳибкори баландҳиммати ватанӣ, муҳандисону сохтмончиён ва ҳамаи онҳое, ки ҷиҳати бо тарҳи бисёр зебои меъморӣ дар пойтахти кишварамон - шаҳри Душанбе бунёд гардидани муассисаи нави таълимӣ саҳми арзишманд гузоштаанд, изҳори сипос менамоям.

Дар доираи нақшаи омодагӣ ба ҷашни мубораку муқаддаси миллии мардуми Тоҷикистон – сисолагии истиқлоли давлатӣ бунёди муассисаҳои нави таълимии дорои шароити муосири таҳсил дар тамоми кишвар, аз ҷумла дар пойтахти мамлакат торафт вусъат гирифта истодааст.

Қобили зикр аст, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар зарфи се соли охир 18 муассисаи нави таълимӣ ба истифода супорида шуда, танҳо дар давоми соли сипаришуда бунёди 11 муассисаи нави таълимӣ бо 16 000 ҷойи нишаст ба маблағи умумии 364 миллион сомонӣ амалӣ гардидааст.

Роҳбарияти шаҳр тасмим гирифтааст, ки то ҷашни сисолагии истиқлолияти давлатӣ шумораи мактабҳои навбунёдро ба 30 ва ҷойҳои нишастро ба 27 ҳазор расонида, бо ҳамин роҳ масъалаи норасоии ҷойи нишасти хонандагонро дар пойтахт пурра ҳал намояд.

Мо имрӯз, ҳамчунин, як иншооти барои зиндагии сокинони пойтахт муҳим – лоиҳаи сармоягузории давлатӣ доир ба обтаъминкунии шаҳрро, ки ба маблағи қариб 60 миллион сомонӣ бунёд шудааст, ба истифода супоридем.

Бо оғози фаъолияти иншооти мазкур, ки дар як шабонарӯз иқтидори тоза кардани 160 ҳазор метри мукааб обро дорад, беш аз нисфи аҳолии пойтахт бо оби босифати ошомиданӣ таъмин карда мешавад.

Ҳамчунин, имрӯз мо дар маросими ифтитоҳи боз як корхонаи нави саноатии коркарди пахта ва истеҳсоли маҳсулоти пахтагӣ дар ноҳияи Шоҳмансур, ки аз тарафи соҳибкори ватанӣ Мирзоев Илҳом ба маблағи 60 миллион сомонӣ бунёд шудааст, иштирок кардем.

 Дар марҳалаи якуми ин корхона барои 240 нафар сокинони пойтахт, асосан занону духтарон ҷойи корӣ муҳайё шуда, иқтидори истеҳсолии он дар як моҳ якуним миллион ҷуфт ҷуроб, аз ҷумла барои содирот ба хориҷи кишвар мебошад.

Ҳозирини гиромӣ!

Тавре ки аз таҳлилҳо бармеояд, дар натиҷаи фароҳам овардани шароиту имкониятҳои муосири таҳсил, таҳкими пояҳои моддиву техникӣ ва таъминоти муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои баландихтисос нишондиҳандаҳои азхудкунии дониш, сифати таълим ва дастовардҳои илмиву эҷодии хонандагони пойтахт мунтазам беҳтар шуда истодаанд.

Хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт дар даври чоруми олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни наврасон (синфҳои 5-8-ум) 92 ҷойи ифтихорӣ ва миёни хонандагони синфҳои 11-ум 143 ҷойи ифтихорӣ, дар маҷмӯъ, 237 ҷойи ифтихориро ишғол кардаанд, ки дар сатҳи кишвар нишондиҳандаи беҳтарин ва нисбат ба соли гузашта 88 ҷой зиёд мебошад.

Соли ҷорӣ дар олимпиадаҳои байналмилалӣ шогирдони мактабҳои пойтахт ба 171 ҷойи ифтихорӣ соҳиб шудаанд, ки ин низ натиҷаи хеле хуб аст.

Инчунин, соли 2019 10 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе таҳсилро бо медали тилло хатм кардаанд, ки дар миқёси мамлакат аз ҳама зиёд мебошад.

Тибқи таҳлилҳои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҷорӣ қариб 90 фоизи хатмкардагони мактабҳои пойтахт ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва хориҷи мамлакат дохил шудаанд, ки ин рақам дар сатҳи кишвар баландтарин ба ҳисоб меравад.

Бовар дорам, ки хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт дар оянда ба нишондиҳандаҳои аз ин ҳам баланд соҳиб мегарданд.

Мехоҳам бо қаноатмандӣ хотирнишон намоям, ки дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...”, ки тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон ва ташкил гардида буд, хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт фаъолона ширкат варзида, дар даври ҷамъбастии он аз 12 ҷой соҳиби 7 ҷойи ифтихорӣ гардида, аз ҷумла барандаи шоҳҷоизаи озмун шуданд.

Ҳамаи ин дастовардҳо натиҷаи заҳмати софдилонаи омӯзгорони навовару эҷодкор ва саъю кӯшиши шогирдони тарбиякардаи онҳо, инчунин, самараи ҳамкории хуби падару модарон бо мактаб мебошад, ки бо истифода аз фурсат ба ҳамаи онҳо миннатдории самимии худро баён менамоям.

Бо вуҷуди дастовардҳои зикршуда, мехоҳам таваҷҷуҳи устодону омӯзгорон ва падару модаронро ба масъалаи боз ҳам беҳтар кардани сатҳу сифати таълим, корҳои тарбиявӣ ва пешгирӣ намудани қонунвайронкунӣ дар байни ноболиғон ҷалб намоям.

Ҳарчанд ки дар натиҷаи тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва андешидани тадбирҳои иловагӣ содиршавии ҷиноятҳо аз ҷониби ноболиғон дар шаҳр то 1 декабри соли 2019 - ум 27 фоиз кам шудааст, вале зарур аст, ки корро дар ин самт боз ҳам ҷиддӣ ва ҳамкории падару модарон бо муассисаҳои таълимӣ беҳтар ба роҳ монда шавад.

Рӯзи 26–уми декабр дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод намудам, ки солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шаванд.

Иҷрои ин тадбир вазифаи бевоситаи аҳли маориф буда, аз дастгоҳи Вазорати маориф ва илм, сохторҳои маҳаллии он то устодону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликият, бояд дар тамоми қаламрави кишвар тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Дар ин раванд, аз ҳар яки шумо-устодону омӯзгорони муҳтарам тақозо мешавад, ки ба масъалаи такмили дониши худ, азхудкунии навгониҳои илму техника, навовариву эҷодкорӣ муносибати ҷиддӣ дошта бошед ва ба масъалаи таълими фанҳои табиатшиносиву дақиқ эътибори аввалиндараҷа диҳед.

Вобаста ба ин, супориши дар Паёми худ гузоштаамро бори дигар хотиррасон месозам, ки ҳар як сокини мамлакат, аз ҷумла хонандагони ҳамаи муассисаҳои таълимӣ дар як сол бояд на камтар аз панҷ китоб хонанд.

Ин супориш қатъист ва таҳти назорат қарор дорад.

Мо озмуни “Фурӯғи субҳи донои”-ро беҳуда эълон накардем.

Миллати мо аз қадим соҳиби хату савод, девону дафтар ва соҳибмаърифату донишманд буд.

Гузаштагони мо барои мову шумо ва аҳли башар мероси бисёр гаронбаҳову пурқимат, яъне осори ҷовидонаи илмиву адабиро ба мерос гузоштаанд.

Омӯхтану аз худ кардани ин мероси бузург барои ҳар яки мо бояд шараф бошад.

Такроран таъкид менамоям, ки пешрафти давлат, ояндаи осудаи ҷомеа ва ободии Ватан аз илму дониш ва саводу маърифат сахт вобаста мебошад.

Мо танҳо дар ҳамин сурат метавонем, ки насли воқеан ҳам донишманду соҳибмаърифат, ҷӯяндаву ихтироъкор, донандаи илмҳои муосир ва забондону эҷодкор, яъне созандагони ояндаи ободи кишварамон ва муаррификунандагони миллати некноми худро тарбия карда, рисолати худро дар назди халқу Ватан ва наслҳои имрӯзу фардо сарбаландона иҷро намоем.

Ҳоло дар пойтахти мамлакат мисли дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи сисолагии истиқлолияти давлатӣ бомаром идома доранд.

Роҳбарият ва ҳамаи сохтору мақомоти шаҳрро зарур аст, ки корро суръати бештар бахшида, ҳар як оила, фаъолон ва тамоми сокинони пойтахтро ба таъмиру таҷдид, тозаву озода ва ободу зебо кардани ҳар як манзили истиқоматӣ, маҳалли зист, микрорайонҳо ва хиёбону кӯчаҳо сафарбар намоянд.

Инчунин, ба масъалаи бунёди коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва содироти он, ҳарчи бештар фароҳам овардани ҷойҳои корӣ барои аҳолӣ эътибори аввалиндараҷа дода, ҳамаи захираву имкониятҳо ба ин самт равона карда шаванд.

Дар ин раванд, зарур аст, ки намуди зоҳирии иншооту биноҳое, ки бунёд мешаванд, истифодаи васеъ аз усулҳои меъмории миллӣ, сифати масолеҳи сохтмон ва сатҳу сифати корҳо ба мақоми шаҳри марказии кишвар, яъне пойтахти давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мутобиқат дошта бошад.

Мову шумо – сокинони пойтахт вазифадорем, ки ҳамчун миллати шаҳрсоз ва шаҳрдору шаҳрнишин намунаи ибрати ободкорӣ, маданияти шаҳрнишинӣ, одоби муошират, покии забон, гуфтору рафтор, либоспӯшӣ ва муҳимтар аз ҳама, намунаи нангу номуси ватандорӣ, меҳандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳии миллӣ бошем.

Мо бо заҳмати аҳлонаи худ бояд то ҷашни бузурги миллиамон пойтахти кишвари азизамонро ба шаҳре табдил диҳем, ки он воқеан боиси ифтихори кулли мардуми мамлакат ва макони диданиву дӯстдоштаи меҳмонону сайёҳон гардад.

Дар фарҷом ифтитоҳи боз як муассисаи нави таълимиро ба ҳамаи устодону омӯзгорон ва хонандагони ин боргоҳи илму маърифат сидқан табрик гуфта, ба ҳар яки шумо тандурустиву хушбахтӣ ва хонишу ахлоқи намунавӣ орзу менамоям.

Ҳамеша саломату хушиқбол бошед!

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад