ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2065 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2033 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ФАРҲАНГ” Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.02.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2026 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 03.01.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

РУШДИ ҚОНУНГУЗОРИИ ТАҲЛИЛИ ТАЪСИРИ ТАНЗИМКУНӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Дшб, 23/12/2024 - 15:31
     Баъди солҳои 80-уми асри гузашта ҷараёни тараққиёти ҷамъиятӣ рў ба беҳбудӣ ниҳода, танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ аз нигоҳи ҳуқуқӣ рушд намуд. Асосан таъсири назарас дар рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ падидаи таҳлили таъсири танзимкунии лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ таъсири имконпазир дорад мебошад, ки дар давлатҳои Аврупо ва ИДМ баъди солҳои 90 рушд намуд.
     Бо мақсади ташкил намудани шароити мусоид барои дастгирии соҳибкорӣ ва бартараф намудани мушкилот дар соҳаи мазкур зарурати татбиқи падидаи таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омад. Таҳлили таъсири танзимкунӣ раванди ошкор намудан ва арзёбии мунтазами муносибатҳои эҳтимолӣ (масалан, таҳлили фоида ва хароҷот) бо истифода аз усули пайдарпайи таҳлилӣ мебошад, ки ин муносибатҳо метавонанд дар натиҷаи ҷорӣ намудани ин ё он тадбири танзимкунӣ зоҳир шаванд.
     Мақсади таҳлили таъсири танзимкунии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян намудан ва баҳо додан ба муносибатҳои имконпазири мусбат ва манфии иқтисодию иҷтимоӣ қабули лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар асоси таҳлили мушкилиҳо, мақсади танзим ва роҳҳои ҳалли он, ҳамчунин дар лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ошкор намудани муқаррароти воридкунандаи уҳдадориҳо, монеаҳо ва маҳдудиятҳои барзиёд, ҷорӣ намудани муқаррароти мусоидаткунандае, ки боиси ба миён омадани хароҷоти беасоси шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ, инчунин низоми буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегарданд, иборат мебошад.
     Агар ба таърихи таҳлили таъсири танзимкунии лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ таъсири имконпазир дорад назар афканем, он солҳои 80-90 асри ХХ дар давлатҳои хориҷа ба миён омада, бо истилоҳи «Regulatory Impact Assessment» муаррифи шудааст. Агар ба мазмуни дурусти ин се истилоҳи англисӣ«Regulatory», «Impact», ва «Assessment» назар афканем, онҳо чунин маъноро ифода менамояд: «танзимкунӣ», «таъсир» ва «арзёбӣ ё баходихӣ»[1, c. 120-126].
     Мақсади асосии ҷорӣ намудани таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Тоҷикистон ин тавассути арзёбии мунтазами таъсири санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав ба субъектҳои соҳибкорӣ, таҳлили гендерӣ, фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, паст намудани хароҷот ва хавфҳо барои муҳити соҳибкорӣ, ки бо танзими давлатӣ, аз ҷумла тағйироти қонунгузории мавҷуда, алоқаманд мебошад, иборат аст.
     Таҳлили таъсири танзимкунӣ механизмест, ки бо роҳи ҳимояи манфиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, соҳибкорон ва давлат амалӣ шудани меъёрҳои ҳуқуқӣ равона гардидааст. Зарурати амалӣ намудани ин падида, бо дарназардошти ба инобат гирифтани манфиатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо роҳи танзимкунии самарабахш ва оқилона ба роҳ мондани танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ мебошад.
     27 ноябри соли 1974 тибқи фармони №11821 Президенти ИМА Ҷералд Форд барномаи Арзёбии таъсири таваррум расман оғоз гардид. Иҷрои барнома ба зиммаи Шуро оид ба устувории музди кор ва нарх («Council on Wage and Price Stability») гузошта шуд [2, c. 7]. Ҳамин тариқ, коркардҳои назариявии иқтисодчиён дар сиёсати танзими давлатӣ дар ИМА амалӣ гардиданд.
     Ҳамчун падидаи глобалӣ, падидаи таҳлили таъсири танзимкунӣ дар охири асри XX, вақте ки таҳлили таъсири танзимкунӣ дар як қатор кишварҳои Аврупои Ғарбӣ (Фаронса, Швейтсария, Дания, Нидерландия) ва Амрикои Шимолӣ (ИМА, Канада), инчунин дар Британияи Кабир татбиқ гардид, пайдо шуд [3, c. 367-369].
     То соли 2000, аз 28 кишвари СҲИР 20 онҳо талаботи таҳлили таъсири танзимкуниро пешниҳод карданд. Дар айни замон ҳамаи давлатҳои аъзои СҲИР таҳлили таъсири танзимкуниро татбиқ менамоянд. Илова бар ин, Бонки Ҷаҳонӣ ба пешбурди қабули талаботи таҳлили таъсири танзимкунӣ дар кишварҳои рў ба тарақикардаи муштарӣ шурўъ кардааст. Дар натиҷа, шумораи бештари кишварҳо системаҳои таҳлили таъсири танзимкунӣ ва талаботро барои татбиқи он ҷорӣ мекунанд[4].
     Ҳамин тариқ, пайдоиши усулҳои таҳлили таъсири танзимкунӣ натиҷаи таҳаввулоти тўлонии воситаҳои таъсири ҳуқуқӣ ба фаъолияти иқтисодӣ буд. Нуқтаи гардиш дар ин таҳаввулот танзими воқеи қонунгузорӣ буд, яъне, дар замони муосир пайдо шуда, аз ҷиҳати назариявӣ ба принсипи тақсимоти ҳокимият, мазмуни хоси вазифаи қонунгузорӣ асос ёфтааст. Дар асри XX мамлакатҳои аз ҷиҳати саноатӣ тарақикарда зарурати мониторинги таъсиррасонии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабулшударо ба воқеияти иқтисодӣ дарк карданд.
     Дар ҶТ баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ рушди бемайлонаи соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ мушоҳида мегардад. Дар барорбари инкишофи низоми ҳуқуқии кишвар низоми қонунгузории ҷумҳурӣ низ инкишоф ёфт. Яке аз соҳаҳои назарраси фаъолияти инсонӣ инкишофи низомиқонунгузорӣ ва рушди фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ мебошад.
     Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ҳар як Паёми худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ба рушди соҳибкорӣ ҳамчун соҳаи ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд[5]. Бо мақсади ташкил намудани шароити мусоид барои дастгирии соҳибкорӣ ва бартараф намудани баъзе монеъаҳои маъмурӣ масъалаи татбиқи падидаи таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рўйи кор омад[6, c. 43].
     Бори нахуст дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷорӣ намудани падидаи таҳлили таъсири танзимкунӣ Консепсияи низоми таҳлили таъсири танзикунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 ноябри соли 2015, №673[7] тасдиқ шудааст, қабул гардид.
     Мақсади Консепсияи мазкур ин таҳияи сиёсати таҳлили таъсири танзимкунӣ ва низоми идоракунии он мебошад, ки онро метавон ба воситаи қарорҳои ҳуқуқӣ, институтсионалӣ, буҷетӣ ва сиёсӣ ҷорӣ намуд. Консепсия қисматҳои низоми пешниҳодшудаи таҳлили таъсири танзимкуниро, ки аз модели ғайримутамарказ асос меёбад, инъикос менамояд.
     Баъди қабули қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи Консепсияи низоми таҳлили таъсири танзимкунӣ» аз 18 ноябри соли 2015, №673[8] рушди бахши хусусӣ, аз ҷумла, инкишофи низоми муносибатҳое, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ таъсири имконпазир мерасонад, минбаъд аз экспертизаи таҳлили таъсири танзимкунии санади меъёрии ҳуқуқие, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ таъсири имконпазир дорад гузаронида мешавад.
     Аз нигоҳи таърихӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигаре, ки ба таҳлили таъсири танзимкунӣ заминаи ҳуқуқӣ гузоштааст, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мебошад. Агар ба таърихи Қонуни ҶТ «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» назар афканем, дар ҶТ 4 маротиба, аз ҷумла 13 ноябри соли 1998, №698, 8 декабри соли 2003, №54, 26 марти соли 2009, №506 ва 30 майи 2017, №1414 қабул гардидааст.
     Қаблан дар қонуни болозикр аз солҳои 1998, 2003 ва 2009 раванди муносибатҳое, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ таъсир мерасонд, танзими ҳуқуқии худро дар муқаррароти санади мазкур пешбинӣ нагардида буд.
      Соли 2017 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» аз 30 майи 2017, №1414[9] дар таҳрири нав бо дарназардошти Консепсияи низоми таҳлили таъсири танзимкунӣ қабул гардид, ки дар он боб бо номи «Боби 4. Хусусиятҳои банақшагирӣ, таҳия, таҳлили таъсири танзимкунии санади меъёрии ҳуқуқие, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ таъсири имконпазир дорад» пешбинӣ шуд.
     Соли 2017 бо мақсади таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ҷиҳати пайдо кардани дастрасии пурра, саривақтӣ ва ройгон ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин амалӣ намудани чораҳои пешбининамудани Консепсияи низоми таҳлили таъсири танзимкунӣ қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсис ва маблагузории Интернет-портали иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 25 феврали соли 2017, №98 қабул гардид[10].
     Баъдан бо мақсади таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ҷиҳати иштироки онҳо дар раванди фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва пайдо кардани дастрасии пурра, саривақтӣ ва ройгон ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дорои таъсири имконпазир ба субъектҳои соҳибкорӣ ва инчунин иттилооти бо низоми таҳлили таъсири танзимкунӣ пешбинигардида Тартиби пешбурди Портали интернети иттилоотии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2018, №617[11] тасдиқ гардидааст, таъсис дода шуд.
     Портали интернетӣ - махзани электронии санадҳои меъёрии ҳуқуқии дорои таъсири имконпазир ба субъектҳои соҳибкорӣ ба ҳисоб рафта, дар шакли электронӣ бо забони давлатӣ ва забони русӣ пеш бурда мешавад.
     Инчунин, дар заминаи Консепсияи болозикр ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Дастурамал оид ба гузаронидани таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2018, №673 тасдиқ шудааст, қабул гардид. Дастурамали мазкур тартиби гузаронидани таҳлили таъсири танзимкунии лоиҳаҳои таҳияшавандаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ таъсири имконпазир доранд, танзим менамояд.
     Ҳамин тариқ, дар навбати аввал, таҳлили таъсири танзимкунӣ асоснокии илмии лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқиро таъмин менамояд, ки бо иштироки шахсони манфиатдор ва коршиносон таҳия карда мешавад ва иштироки ҷамъият дар муҳокима ва баррасии лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ барои ба назар гирифтани тамоми мураккабии муносибатҳои ҷамъиятӣ ва барои таъмини дурустии татбиқи қонунҳо мусоидат менамояд. Ҳамзамон истифодаи таҳлили таъсири танзимкунӣ тартиби таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро бо истифода аз технологияҳои муосир соддаву дастрас менамояд                                                                        
                                                                  Шамсуддинзода Аҳмадҷон Сайҳомид,
мутахассиси пешбари бахши таҳлили таъсири танзимкунии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Рўйхати адабиёт:
  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” аз 30 майи 2017, №1414 // Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии ҶТ «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 29.10.2024).
  2. Консепсияи низоми таҳлили таъсири танзимкунӣ дар ҶТ, ки бо ќқарори Ҳукумати ҶТ аз 18 ноябри соли 2015, №673 тасдиқќ гардидааст // Махзани мутамаркази иттилоотӣ ҳуқуқии ҶТ «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 29.10.2024).
  3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсис ва маблағгузории Интернет-портали иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 25 феврали соли 2017, №98 // Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии ҶТ «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 29.10.2024).
  4. Тартиби пешбурди Портали интернети иттилоотии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ќқарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  29 декабри соли 2018, №617 // Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии ҶТ «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://www.adlia.tj (санаи муроҷиат: 29.10.2024).
  5. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон // [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: http: www.president.tj (санаи муроҷиат: 18.04.2018.).
  6. Саидзода И.Ҳ., Мирзоева Н.Н. Татбиқи таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон // Ќқонунгузорӣ. – 2018. – №2(30) – С. 43-46.
  7. Добрина Л.Р., Панина О.В. Оценка регулирующего воздействия: обоснование внедрения, понятие, сущность // Муниципиалная Академия. ФГОБУ ВО «Финансовый университет при Правительстве Российской Федерации». – 2018. – №1. – С. 120-126.
  8. Renda A. Impact Assessment in the EU – The State of the Art and the Art of the State / Centre for European Policy Studies. – Brussels, 2006, – р. 174.
  9. Лямчева, Е.С. История формирования и развития института оценки регулирующего воздействия в Российской Федерации // Молодой ученый. – 2022. – №50 (445). – С. 367-369.
  10.  Альжаханова К.Ж., Тлеубергенов Ш.А. Институтсиональный анализ регуляторного воздействия в Республике Казахстан. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: https://cyberleninka.ru (санаи муроҷиат: 28.10.2024).
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад