ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1970 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НАЗОРАТИ МАЪМУРӢ НИСБАТ БА ШАХСОНИ АЗ МУАССИСАҲОИ ИСЛОҲӢ ОЗОДШУДА Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1969 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИШТИРОКИ ШАҲРВАНДОН ДАР ТАЪМИНИ ТАРТИБОТИ ҶАМЪИЯТӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1968 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip Microsoft Office document icon Замима

ПЕШГИРИИ ХАТАРҲОИ ГЛОБАЛӢ ДАР МИСОЛИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ДАР ПАРТАВИ СИЁСАТИ БАШАРДӮСТОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

-A A +A
Ношири мавод: Ботуралиев Қодирҷон Ғайратҷонович Санаи интишор: Ҷум, 18/11/2022 - 15:49
ПЕШГИРИИ ХАТАРҲОИ ГЛОБАЛӢ ДАР МИСОЛИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ДАР ПАРТАВИ СИЁСАТИ БАШАРДӮСТОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
   Дар марҳилаи навини давлатдории миллӣ яке аз ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумат ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионии давлат ва таҳкими давлатдории миллӣ ба шумор меравад. Тибқи моддаи 1 Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаву иҷтимоӣ мебошад. Аз ин рӯ, рушди ниҳодҳои демократӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафолати озодии виҷдон, таъмини амнияти миллии кишвар, таъмини суботи ҷомеа ва дар маҷмӯъ ба амал баровардани рушду инкишофи мамлакат ҳадафҳои олии Ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбанд.
   Мутаассифона, дар радифи имкониятҳо ва шароитҳои дар амал татбиқ намудани стратегияҳои мазкур, инчунин як қатор омилҳо ва хавфу хатарҳое арзи ҳастӣ менамоянд, ки ба амнияти миллии кишвар ва дар маҷмӯъ ба сохтори конститутсионии давлат таҳдиди воқеӣ ба шумор мераванд.
    Терроризм ва эктремизм яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш, таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнини рӯҳонию ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионии кишварҳои ҷудогона, ғасби ҳокимият, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст.
   Терроризм ва эктремизм дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои меҳварии ҳаёти башарият буда, оқибат ба бесуботӣ ва вайронкорӣ меорад.
   Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм ва эктремизмро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ ва тамоми ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муштарак дар ин самт баромад мекунад. Бешак мақсадҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионӣ, тамомияти арзии давлат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти ҷамъиятӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз таҳдидҳои экстремистӣ ва  террористӣ иборат мебошанд.
   Зикр кардан ба маврид аст, ки терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) дар миқёси ҷаҳон ниҳоят рушд ёфта, хатари калони ҷамъиятӣ доранд ва барои бехатарии давлатҳо ва минтақаҳо воқеан таҳдид менамоянд.
   Терроризм ва экстремизм дар шароити кунунӣ ҷинояти дорои хусусияти глобалӣ буда, мубориза алайҳи он ҳамкории зич ва мутақобилаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсусро тақозо менамояд. Таҳдиди терроризм ва экстремизм бо истифодаи яроқи ядроӣ, химиявӣ ва бактериологӣ, инчунин ба объектҳое, ки террористон онҳоро барои анҷом додани кирдори зӯроварӣ интихоб мекунанд, имрӯзҳо на танҳо чун ҷинояти дохилидавлатӣ, ки ба манфиатҳои шахсони алоҳида, ҷомеа ва давлат зарар мерасонад, балки чун ҷинояте баррасӣ мегардад, ки дар маҷмӯъ метавонад ба тамоми ҷаҳон зиён оварад.
   Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) қисми таркибии таъмини амнияти на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Вазъи буҳронии ҷомеа, пеш аз ҳама дар иқтисодиёт, мавҷудияти муноқишаҳои иҷтимоию сиёсӣ дар муносибатҳои байнидавлатӣ ва байнимазҳабӣ (байни конфессияҳо), номукаммалии заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, ки проблемаҳои баҳсноки минтақавӣ ва байналмилалиро танзим менамояд, барои ба миён омадани чунин ҷиноятҳо ба монанди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), ки вақтҳои охир хусусияти байналмилалӣ гирифтааст, бояд дар асоси тадбирҳои маҷмӯии умумидавлатии муқовимат анҷом дода шавад.
   Созишномаҳои байналмилалиро ба асос гирифта, бояд бо дигар давлатҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси онҳо, инчунин созмонҳои байналмилалӣ, ки вазифаашон аз мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) иборат аст, ҳамкории самарабахш анҷом дода шавад. Бояд аз таҷрибаи байналмилалӣ ҷиҳати мубориза бо чунин зуҳурот васеъ истифода намуд, механизми ҳамоҳанги муқовимат ба терроризм ва экстремизми (ифротгароии) байналмилалиро таъсис дод ва дар ин замина ҳама гуна роҳҳои қочоқи яроқ, маводи тарканда дар дохили кишвар ва роҳҳои воридоти онҳоро аз хориҷа ба таври эътимоднок баст.
    Имрӯз дар шароити нави таърихӣ низ ҷуғрофиёи терроризм ва экстремизм боз ҳам васеъ гардида, бештаре аз давлатҳои ҷаҳонро фаро мегирад. Ин муаммо ва мушкилоте ба шумор меравад, ки ҳаллу фасл, пешгирӣ ва аз миён бурдани он рисолати тамоми кишварҳои дунё ва роҳбарону сарварони онҳо ба шумор меравад.
   Дар ин ҷода Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони яке аз чеҳраҳои бузурги арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ва ташаббускори барномаҳои мусоид бар ҳаллу фасли муаммоҳои сайёра, борҳо аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи олам ба ин масъала руҷӯъ намуда, мақоми шахсии хеш ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти мубориза алайҳи ин мушкилоти аср муайян намудаанд.
   Таҷриба борҳо собит намудааст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни дигар сарони давлатҳои дунё яке аз фаъолтарин шахсияте ба ҳисоб мераванд, ки баҳри аз байн рафтани ин «вабои аср» заҳмату талошҳои беандоза дошта, яке аз муборизони пешқадам дар самти пешгирӣ ва аз байн бурдани амалҳои номатлуб чун терроризму экстремизм шинохта шудаанд.
Муҳиммияти мубориза ба терроризм ва экстремизм ҳамеша дар маркази диққати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт ва дорад. Барои пешгирӣ ва аз байн бурдани ин амали номатлуб дар кишвари мо як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки заминаи мукаммали ҳуқуқии мубориза ва муқовимат бо терроризм ва экстремизмро ташкил медиҳанд. Аз ҷумла:
– Барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди терроризм дар солҳои 2000-2003, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2000, №320 тасдиқ шудааст;
– Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, №776 қабул гардидааст;
– Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 қабул гардидааст;
– Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2006, №1717 қабул гардидааст;
– Консепсияи миллии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом барои солҳои 2018-2025, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2018, №1033 қабул гардидааст;
– Конвенсияи Шанхай дар бораи мубориза бо терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротталабӣ, ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2002, №513 тасдиқ шудааст;
Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай бар зидди терроризм, ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 феврали соли 2011, №313 тасдиқ шудааст;
– Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998, №574;
– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» аз 25 марти соли 2011, №684;
– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» аз 23 декабри соли 2021, №1808;
– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» аз 2 январи соли 2020, №1655.
   Тавре ки маълум аст, фароҳам овардани фазои ҳуқуқӣ дар ҷомеа вазифаи аввалиндараҷаи давлати ҳуқуқбунёд мебошад. Барои амалӣ намудани ин ҳадаф, пеш аз ҳама ҳифзи амният ва тартиботи ҳуқуқӣ зарур аст. Зеро амният ва субот заминаи асосии рушди давлат ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷост, ки ҳоло таъмини амният дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар сархати масъалаҳои мубрами рӯз қарор дорад.
Дар ҳақиқат терроризм ва экстремизм падидаи номатлуби замони муосир буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштори мардум, ба гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншоотҳои маишиву фароғатӣ ва амсоли он дониста мешавад. Экстремизм бошад хислати ҷудоихоҳӣ, ифротгароӣ ва иғвоангезиро дар худ таҷассум намуда, бо терроризм алоқаи зич дорад. Вале ҷомеаи моро ҳамин матлаб кифоя аст, то ки бидонем ин ҳарду комилан хатари калони парокандагиву бесуботиро доро буда, оқибати басо нохуш ва нанговар доранд.
   Агар ба таърихи мавҷудияти давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон назар андозем, баръало мушоҳида менамоем, ки аз нуқтаи назари таъмини амният ва нигаҳдории сулҳу салоҳ, халқи тамаддунофари тоҷик мушкилоти зиёдеро паси сар кардааст. Ҳалли мушкилоти баамаломада ва паси сар кардани садду душвориҳо ба осонӣ ба даст наомадааст ва дар саргаҳи ин ҷоннисориҳо фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистад.
Таърих гувоҳ аст, ки маҳз баргузории Иҷлосияи ХVІ Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо қарори Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шудани фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин нобасомониҳо нуқта гузошт ва марҳилаи нави зиндагии мардум оғоз гардид.
Аз ҳамон лаҳзаи интихоб шудан, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи амнияти кишвар эътибори махсус зоҳир намуда, тамоми қувва ва иродаю имконияти хешро барои таъмини сулҳу амният, баргардонии гурезагон ба Ватан ва шурӯи музокирот бо мухолифин равона намуданд. Муроҷиатномаи Раиси Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳифаҳои заррини таърихи кишвар сабт ёфтааст: «Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои ободиву пешрафти Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад ҷони худро нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».
   Ният ва амали Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он рӯзҳо ифодагари дурандешии ӯ дар мавриди таъмини амнияти кишвар аз қувваҳои аҳримании беруна буд, ки бо гузашти замон онҳо бо номи «терроризми байналмилалӣ» дар кишварҳои дунё ном бароварданд. Гузашта аз ин, воқеаҳои солҳои навадум як дарси бузурги таърихист, ки барои донистани ҳақиқати воқеии он давра имкон медиҳад, ки имрӯз худро аз зиёну зарари қувваҳои аҳриманӣ ва бадхоҳ эҳтиёт намоем.
   Экстремизм ва терроризм хусусияти байналмилалӣ дошта, барои ин гуна зуҳурот сарҳади байнидавлатӣ, миллат ва дин, муқаддасоти дигар низ вуҷуд надорад. Аз ин лиҳоз, барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти экстремистӣ ҳамкорӣ ва мусоидати ҳар як фарди ҷамъият барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи ҷиноятҳои трансмиллӣ лозим аст.
   Чунончи, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар иҷлосияи байналмилалии мубориза бо терроризм санаи 25 июни соли 2011 дар шаҳри Теҳрон иброз намуданд: «Имрӯз терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад. Он дар минтақаҳои том ва умуман ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Тоҷикистон, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст ва бо зуҳуроти зишти ин падидаи ғайриинсонӣ аз наздик ошно мебошад, ҷонибдори усулӣ ва пойдору устувори муборизаи қотеъ ва ҳамоҳангшудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди он аст.
   Айни ҳол вазъи марбут ба аъмоли террористӣ дар ҷаҳон муташанниҷ боқӣ мемонад. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ниҳодҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад».
   Ҳамчунин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 26.12.2018) оид ба авзои ноороми сиёсии сайёра ва хатарҳои терроризм бо ташвиши ҷиддӣ сухан ронда, аз ҷумла таъкид намуданд: «Авзои сиёсии сайёра ҳоло бисёр ноорому бесубот ва боиси ташвишу нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳон гардидааст.
   Чунонки дар чандин суханрониҳои худ иброз намудам, кӯшишҳои азнавтақсимкунии ҷаҳон, мусаллаҳшавии бошитоб, қудратталабӣ, бархӯрди манфиатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва ҷиноятҳои киберӣ торафт шиддат гирифта, ҷаҳонро ба марҳалаи нави ҷанги сард кашонидаанд ва имрӯз баъзе сиёсатмадорону коршиносон ҳатто доир ба хатари ҷанги сеюми ҷаҳон ҳарф мезананд.
   Ин вазъият самаранокии мубориза бо хатару таҳдидҳои замони муосирро, ки ҳамдигарфаҳмӣ ва талошҳои муштараки ҳамаи кишварҳои ҷаҳонро тақозо менамояд, коҳиш дода, баръакс, боиси пуштибонӣ ёфтани гурӯҳҳои террористиву ифротгаро аз ҷониби баъзе доираҳо ва истифодаи ин неруҳои даҳшатнок ба муқобили минтақаву давлатҳои алоҳида мегардад».
   Яке аз масъалаҳое, ки боиси нигаронии ҷомеаи тоҷик гаштааст, коста шудани маърифату худогоҳии ҷавонон оид ба пос доштани таъриху фарҳанг, арзишҳои ахлоқӣ ва маънавии миллӣ, ноогоҳӣ ва сатҳи пасти маърифати ҷавонон мебошад, ки ин боиси гаравидани онҳо ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ, зиёд гаштани майли наврасону ҷавонон ба арзишҳои бегона мегардад.
   Таърих гувоҳ аст, ки аз қадимулайём мардуми соҳибтамаддуни мо ба тарбияи фарзанд аҳамияти хосса зоҳир намуда, барои дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, донишандӯзиву маърифатпарварӣ, ҷавонмардиву ахлоқи ҳамида ва нангу номус ба воя расонидани ворисони худ ҳамеша кӯшиш менамуданд. Дар тӯли мавҷудияти худ миллати тоҷик ҳазорон фарзандони фарзонаро ба дунё овардаву ба камол расонидааст, ки онҳо барои халқи худ ва тамаддуни башар хизматҳои шоёне анҷом додаанд.
   Дар ҳамин асос Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо таъкид медоранд, ки ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари азизамон бошанд.
   Терроризму ифротгароӣ на сарҳадро эътироф мекунаду на давлатро, ҳамин аст, ки имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву ифротӣ бо созмонҳои диниву миллатгарои тундрав ва дигар ниҳодҳои ҷиноятӣ ба ҳам омада, дар манотиқи гуногуни ҷаҳон хушунату зӯроварӣ, хунрезиву низоъҳои динӣ ва мазҳабӣ, нажодӣ ва ҳатто бархӯрди тамаддунҳоро барангехтаанд. Дар ин замина он ҳам боиси нигаронии амиқ аст, ки террористон ва ифротгароён бо сӯистифода аз номи поки дини ислом ба паҳншавии афкори исломситезӣ ва бадбинии мусулмонон мусоидат менамоянд.
   Ба ин тариқ бадном кардани дини мубини ислом, ки имрӯз пайравонаш зиёда аз якуним миллиард аҳолии кураи заминро ташкил медиҳанду дар рушди ҷаҳони мутамаддин саҳми арзанда доранд, метавонад оқибатҳои хатарзоро ба бор орад. Зимнан, барои гирифтани пеши роҳи исломситезӣ моро зарур аст, ки фазои эътимод, таҳаммулгароӣ ва ҳамдигарфаҳмиро миёни ҷомеа ва тамаддунҳо тавсеа бахшем, ки ин дар навбати худ имкониятҳои моро дар муқовимат бар зидди хатару таҳдидҳои муосир бештар месозад.
   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ борҳо таъкид намудаанд, ки давлати мо Тоҷикистон соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона аст. Дар баробари ин аксарияти мардуми Тоҷикистон пайрави дини мубини ислом буда, дорои фарҳанги бой ва урфу одатҳои миллӣ мебошанд. Ҷавонони кишвари мо бояд муқаддасоти ин хоку оби сарзамини биҳиштосоро донанд ва ҳаргиз нагузоранд, ки миллати ҳазорҳо сол ранҷдида аз ин музаффариятҳое, ки имрӯзҳо ба даст овардааст, маҳрум гардад.
   Аз ин рӯ, қобили таъкиди хос аст, ки терроризм ягон дину мазҳаби мушаххас, пайдоиши этникӣ, миллат ва ҷойгиршавии доимии ҷуғрофӣ надорад. Кӯшишҳои бо ҳам пайваст намудан ё тавъам донистани терроризм бо дину мазҳаби мушаххасе дарвоқеъ ба манфиати террористон хизмат мекунад ва биноан, ин кӯшишҳоро қатъиян маҳкум бояд кард. Зарур аст, ки мо ҳар гуна зуҳуроти оштинопазирӣ нисбат ба дине ё мазҳабе монеъ шавем ва барои эҷоди ҳусни тафоҳум ва ҳамкории густурда дар асоси арзишҳои умумии кишварҳои гуногунмазҳаб талош намоем.
   Ҳамзамон ҷаҳон бояд садди роҳи бадном сохтани дини мубини ислом аз ҷониби доираҳои ғараздори сиёсӣ гардад. Дар воқеъ дини мубини ислом чун ҳама динҳои дигар инсониятро ба таҳаммулпазирӣ, тараҳҳум ва тавозӯъ ҳидоят намуда, ҳар гуна зӯроварӣ, тарс, ваҳшоният ва кӯшторро маҳкум месозад. Бинобар ин, терроризм ва экстремизмро бо ислом пайванд додан хатои маҳз ба шумор меравад.
   Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Ҳамаи ин бори дигар аз он шаҳодат медиҳанд, ки терроризм ва экстремизм беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри ХХІ табдил ёфтааст.
   Дар тақвияти ин гуфтаҳо зарур аст, ки бори дигар чунин таъкидоти муҳимму раҳнамунсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба хотири имрӯзу ояндаи дурахшони кишвар ва таъмини соҳибистиқлоливу якпорчагии он сармашқи кори ҳамарӯзаи худ қарор диҳем: «Дар назди давлати мо ва тамоми мақомоту сохторҳои он, ... хулоса ҳамаи онҳое, ки худро фарзандони бонангу номуси миллати қадимаи тоҷикон медонанд, обу хоки сарзамини аҷдодиро барои худ муқаддас мешуморанд ва барои ояндаи Ватан эҳсоси садоқат ва масъулият доранд, вазифаҳои бузург ва таърихӣ истодаанд.
   Дарвоқеъ бояд гуфт, ки вазифаҳои дарпешистода аз корҳои то имрӯз анҷомдодаамон бузургтар ва душвортар мебошанд. Зеро ... мо дар марҳалае қарор дорем, ки авзои сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва минтақаҳои алоҳидаи сайёра метавонад ҳар лаҳза тағйир ёбад, равандҳои глобализатсия халқҳо ва миллатҳои гуногунро таҳти таъсир қарор диҳанд, яъне ҷомеаи башарӣ ва муҳите, ки инсоният дар он умр ба сар мебарад, ниҳоят осебпазир гаштааст.
   Ба иловаи ин, таҳдидҳои наве, ки торафт миқёс ва хислати глобалӣ пайдо карда истодаанд, пеш аз ҳама терроризми байналхалқӣ, экстремизм бо шаклҳои мухталифи он, қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ миллионҳо одамонро ба ташвишу тарс андохтаанд.
   Дар чунин шароит вазифаи имониву муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат - аз шаҳрванди оддӣ то корманди баландпояи мақомоти давлатӣ, аз интихобкунандаи қаторӣ то аъзову вакили Парламент таблиғи бедории миллӣ, зиракиву ҳушёрии сиёсӣ, ҳисси баланди ифтихори ватандориву ватандӯстӣ, густариши ғояҳои худогоҳиву худшиносии миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад. Ин вазифаи муқаддас ва қарзи фарзандии ҳар яки мо дар назди рӯҳи поки бузургони гузаштаамон ва наслҳои ояндаи миллати тоҷдорамон мебошад.
   Танҳо бо иҷрои ин вазифаи муқаддас ва адои ин қарзи имонӣ, фақат бо меҳнати ҳалол, софдилона ва фидокорона мо метавонем давлати ҷавону соҳибистиқлоли худро обод созем, тараққӣ диҳем, пояҳои давлатдориамонро мустаҳкам намоем ва мақому обрӯи Тоҷикистони азизамонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорем».
   Воқеан ҳам ҷаҳони имрӯза ҳар яки моро водор мекунад, ки ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва ба хотири сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсии ҷомеа муттаҳид гашта, ба фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ дар мубориза алайҳи ин падидаи хатарзои ҷомеаи башарӣ ҳамаҷониба мусоидат намоем.
 
Тоҷидинов Маҳмароиб Абдулвоҳидович,
сармутахассиси шуъбаи қонунгузории кишоварзӣ, истифодаи сарватҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зисти, 
Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 3.8 (4 овоз)