Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 16 ноябр дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Президент таҷлил карда мешавад.
Чунин тадбир бо назардошти хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, барои корнамоиҳои беназир дар роҳи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, демократикунонии ҷомеа, таъмини тамомияти арзӣ, пойдории давлат ва хизмати содиқона ба халқ рӯи кор омадааст.
Муҳимияти дигари таҷлили Рӯзи Президент дар он аст, ки тамоми хурду бузурги ҷумҳурӣ бояд аз фаъолияти пурсамару ибратбахши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бохабар бошанд. Зеро маҳз ба шарофати сиёсати муваффақу бобарор, талошҳои пайваста дар роҳи ободиву осоиши Ватан, азму ҷасорати қавӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати миллати тоҷик ва ташаббусҳои созандаву некбинонаи ӯ ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон бо нигоҳи боэътимод ва хайрхоҳона назар дорад.
Имрӯз мардуми Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун наҷотбахши давлату миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгузори мактабдории муосири миллӣ эътироф намуда, ба ҷойгоҳи Пешвои миллат расидани ӯро ба ҷону дил пазируфтанд.
Барои тинҷиву оромии як давлати мустақил, барои мардуме, ки ташнаи сулҳ буданд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳоеро анҷом дод, ки дар таърихи башарият назир надоранд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар як мулки ҷангзада, ки касе ҷуръати роҳбариашро надошт, дар як муддати кӯтоҳ тавонист мардумро сарҷамъ намуда, умед ба ояндаи дурахшон бахшиданд.
Маврид ба зикри хос аст, ки ташаббусҳои неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба бунёди низоми санадҳои қонунгузорӣ ҳанӯз аз Иҷлосияи таърихии 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мегирад. Дар ҳамин иҷлосияи таърихӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як қатор таклифҳои муҳим оид ба таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон, алалхусус гурезаҳо ва такмили қонунгузорӣ баромад намуда, заминаи бунёди низоми ҳуқуқиро гузоштанд.
Дар ҳамин иҷлосия Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси аҳаммияти муҳими Конститутсияи давлати тозабунёди тоҷикон ибрози назар намуданд.
Комиссияи конститутсионӣ, ки таҳти роҳбарии бевосита ва дар асоси пешниҳоду таклифҳои судманди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият намуд, Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар матни Конститутсия муқаррар намуд.
Дар заминаи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, инкишоф ва такмили минбаъдаи низоми қонунгузорӣ ҷузъи сиёсати ҳуқуқии давлат қарор гирифт.
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, навобаста аз вазъи ногувори сиёсии аввали солҳои 90-ум, фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ зери роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадриҷан рушд ёфта, бо дарназардошти хусусиятҳои хоси иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеа имрӯз он ба як низоми мукаммали ҳуқуқӣ табдил ёфтааст.
Директори Маркази
миллии қонунгузорӣ
Саидзода И.Ҳ.