Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ». Муаллифон: Раҳимзода М.З., д.и.ҳ., профессор, Маҳмадшоев Ф.А., н.и.ҳ., Табаров Ф.Д., Каримова Н. / Зери назари доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳимзода М.З. Душанбе «Империал-Групп», 2016.-174 саҳ.
Тафсир таҳлили илмӣ-амалии савдои хориҷиро фаро гирифтааст, ки аз ҷониби субъектҳои дахлдор дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он дар заминаи санадҳои ҳуқукии соҳавӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи ҶТ ҳамчун узви Созмони Умумиҷаҳонии Савдо амалй гардонида мешавад.
Китоб барои мақомоти ваколатдори танзимкунандаи фаъолияти савдои хориҷӣ, субъектҳои савдои хориҷӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аспирантону донишҷӯёни бахши байналмилалии муносибатҳои ҳуқуқӣ ва иқтисод ва умуман доираи васеи хонандагон пешбинӣ мегардад.
Саидзода И.Ҳ. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба муроҷиат ва амалишавии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон / Муҳаррири масъул: Раҳимзода М.З., доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор. Муқарризон: Алимов С.К., доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Гадоев Б.С., номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ: монография – Душанбе: «Империал-Групп», 2016, - 200 саҳ.
Таҳқиқот ба масъалаи таҳлили ҳуқуқи шаҳрвандон ба муроҷиат ва амалишавии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он ҷанбаҳои муҳими назариявие, ки бо муайянкунии мафҳуми ҳуқуқи шаҳрвандон ба муроҷиат алоқаманданд, кушода дода шудааст, инчунин маҳакҳои таснифбандии муроҷиати шаҳрвандон пешниҳод карда шудаанд.
Дар монография проблемаҳои амалишавии ҳуқуқи шаҳрвандон ба муроҷиат ба таври муфассал баррасӣ шуда, мухолифатҳои қонунгузории муосир дар соҳаи мазкур ошкор карда шудааст ва роҳҳои минбаъда мукаммалёбии институти ҳуқуқи шаҳрвандон ба муроҷиат пешниҳод карда шудааст.
Мавод барои кормандони хидмати давлатӣ, кормандони илмӣ омўзгорон, аспирантон ва донишҷўёни факултетҳои ҳуқуқшиносӣ тавсия карда мешавад.
Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ». Ҳайати муаллифон: Пулатов А., н.и.ҳ., Азизов И., Каримзода Ш., н.и.ҳ., Қурбонова М., Маҳмашарифзода А. / Зери таҳрири доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳимзода Маҳмад Забир. Душанбе «Империал-Групп» 2016, 230 с.
Дар китоби мазкур ҳар як модда дар алоҳидагӣ бо дарназардошти қонунгузории амалкунанда ва таҷриба мавриди таҳлил қарор гирифта, бо дарназардошти тағйиру иловаҳои охирин рўи кор омадааст.
Тафсири мазкур ба кормандони вазорату идораҳо вобаста ба истифодаи қонунгузории сарватҳои зеризаминӣ, инчунин доираи васеи хонандагон тавсия карда шуда, барои омўзиши қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сарватҳои зеризаминӣ ва дар ҳамин замина баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат хоҳад кард.
Алиева П.Ҳ. Вазъи ҳуқуқии ҷабрдида дар мурофиаи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Монография / Муҳаррири масъул: д.и.ҳ., профессор, Ҳуқуқшиноси шоистаи Федератсия Россия Махов Вадим Николаевич. Муқаррирон: д.и.ҳ., профессор Епихин А.Ю., н.и.ҳ., Баҳромзода И.А. - Душанбе, «Андалеб-Р», 2016. - 144 С.
Монография ба масъалаи ҷабрдида дар мурофиаи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он таҳқиқоти комплексии мақсади ташаккулёбӣ ва инкишофи мақоми ҷабрдида дар мурофиаи ҷиноятӣ оварда шудааст. Санадҳои муҳимми байналмилалӣ, ки ҳолати ҳуқуқии қурбонии ҷиноятро муайян мекунад, таҳқиқ ва таҳлил шудаанд, инчунин масъалаҳои татбиқи меъёрҳои мазкур дар қонунгузории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омўзиш қарор дода шудааст.
Монография барои доираи васеи ҳуқуқшиносон, олимон, устодон, судяҳо, прокурорҳо, муфаттишон, адвокатҳо, аспирантон ва донишҷўён тавсия карда мешавад.
Фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: рушд ва проблемаҳо. Маводҳои конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, 26 майи соли 2016) // Зери назари доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Раҳимзода М.З. Душанбе: «Империал-Групп», 2016, 352 С.
Китоб мақолаҳои илмии олимон ва мутахассисони соҳаи ҳуқуқшиносиро дарбар гирифтааст, ки ба масъалаҳои рушд ва проблемаҳои фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудаанд.
Маводҳои китоб барои кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла қонунгузор, иҷроия ва судӣ, инчунин кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳуқуқшиносон, олимон, донишҷўён ва умуман доираи васеи хонандагон тавсия мегардад.
Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон. Мураттибон: Раҳимзода М.З., д.и.ҳ., проф., Баҳриддинзода С.Э., н.и.ҳ., дотсент, Саидзода И.Ҳ., н.и.ҳ., Меликов У.А., н.и.ҳ., Маҳмадшоев Ф.А., н.и.ҳ., Пулатов А.С., н.и.ҳ. ва дигарон / Зери таҳрири Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳимзода Маҳмад Забир. Душанбе: ҶДММ «Андалеб Р», 2016.-232 саҳ.
Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кормандони Маркази миллии қонунгузорӣ дар натиҷаи таҳлили қонунгузории амалкунанда ва бо дарназардошти талаботи қонунҳое, ки то моҳи июли соли 2016 қабул карда шудаанд, тартиб дода шудааст.
Дар китоби мазкур истилоҳот ва мафҳумҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода шудаанд, ҷамъоварӣ шудааст ва бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда, барои доираи васеи истифодабарандагон тавсия карда мешавад.
Истилоҳоти соҳаи ҳуқуқи байналхалқӣ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон / Мураттибон: Раҳимзода М.З., д.и.ҳ., профессор, Маҳмадшоев Ф.А., н.и.ҳ., Табаров Ф.Д., Каримова Н., Носиров Д., Соҳибназарзода М., Ҳамдамзода С. Душанбе: «Империал - Групп», 2016. -100 с.
Китоб истилоҳоти соҳаи ҳуқуқи байналмилалиро дар қонунгузории амалкунанда дарбар гирифта, ба доираи васеи мутахассисони соҳаи ҳуқуқшиносӣ, кормандони вазорату идораҳо, хонандагони муассисаҳои олии таълимӣ тавсия гардида, барои мусоидат ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон таҳия гардидааст.
Техникаи қонунгузорӣ / Муаллифон: Раҳимзода М.З., д.и.ҳ., профессор, Нематов А.Р., д.и.ҳ. Муқарризон: Менглиев Р.Ш., н.и.ҳ., Ғафуров А.Д., д.и.ҳ. Нашри дуввум. – Душанбе: «Бухоро». - 2016. - 232 с.
Китоби мазкур ба масъалаҳои техникаи қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он масъалаҳои мафҳум, аҳамият, восита, усул ва қоидаҳои техникаи қонунгузорӣ мавриди омўзиш ва таҳлил қарор дода шудааст. Ҳамзамон дар китоб масъалаҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ, аз ҷумла тартиби таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҷараёни қабули қонунҳо, техникаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, техникаи мураттабсозии қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои вобаста ба техникаи қонунгузорӣ мавриди омўзиш қарор дода шудааст.
Китоб барои кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишҷўён, аспирантон, устодони факултетҳои ҳуқуқшиносии мактабҳои олӣ, инчунин ҳуқуқшиносони амалия тавсия карда мешавад.
Раҳимзода Маҳмад Забир. Фарҳанги тоҷикӣ ба русии истилоҳоти ҳуқуқ. Муаллиф: Раҳимзода Маҳмад Забир, д.и.ҳ., профессор, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон. Муқарризон: Маҳмудзода М.А., академики АИ ҶТ, д.и.ҳ., профессор, Саймиддинов Д., узви вобастаи АИ ҶТ, д.и.ф., профессор, Шарипов Т., доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, Бобоҷонзода И.Д., доктори илми ҳуқуқ. Душанбе: «Империал-Групп», 2016, 304 с.
Луғати мазкур зиёда аз 8000 калима ва истилоҳоти ҳуқуқӣ ва марбут ба онро дар бар мегирад. Он барои донишҷўён, аспирантон, мутахассисон ва устодони факултетҳои ҳуқуқшиносӣ, кормандони мақомоти қонунгузор, иҷроия, судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, инчунин ба ҳамаи шахсоне, ки ба он зарурат доранд тавсия карда мешавад.
Ҳуқуқи Тоҷикистони муосир (қисми 3) // Зери таҳрири доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳимзода М.З. Мураттиб: Каримова Н.Н. Душанбе, «Андалеб-Р» 2016, 800 с.
Дар китоб мақолаҳои илмии кормандони Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба проблемаҳои актуалии ҳуқуқи оммавӣ ва хусусӣ, ҳолат ва дурнамои инкишофи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъ оварда шудаанд.
Маҷмуа ба олимон, кормандони амалӣ, устодони факултети ҳуқуқшиносӣ ва донишгоҳу донишкадаҳо тавсия карда мешавад.