Тафсири Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон / Муаллифон: Раҳимзода М.З., д.и.ҳ., профессор, Каримов А., н.и.ҳ., Фархудинов Ҷ. Душанбе: «Андалеб-Р», 2015. 360 С.
Тафсири Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал ба нашр омода карда шудааст. Дар китоби мазкур ҳар як модда дар алоҳидагӣ бо дарназардошти қонунгузории амалкунанда ва таҷриба мавриди таҳлил қарор гирифта, бо тағйиру иловаҳои охирин рўи кор омадааст.
Тафсир барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, судӣ, адлия, ҳуқуқшиносон, соҳибкорон, аспирантон, донишҷўён ва ҳамаи шахсоне, ки ба масъалаҳои танзими ҳуқуқии замин ҳавасманд мебошанд, тавсия карда мешавад.
Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» / Муаллифон: А.С. Пулатов, И.М. Азизов, Ҷ.М. Ғуломҳайдаров, Ҷ.И. Фархудинов, Ш. Орифӣ; Зери таҳрири д.и.ҳ., профессор Раҳимзода М.З. Душанбе: «Империал-Групп», 2015.-292 С.
Тафсири мазкур ба кормандони вазорату идораҳо оид ба истифодаи қонунгузории кишоварзӣ, истифодаи сарватҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист, инчунин доираи васеи хонандагон тавсия карда шуда, барои омўзиши қонунгузории ҶТ ва дар ҳамин замина баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат хоҳад кард.
Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» / Зери таҳрири д.и.ҳ., профессор Раҳимзода М.З. Муаллифон: Азизов И.М., Баротова М.С., Баҳриддинзода С.Э., Бобоев Ҷ.Қ. ва ғайра. Душанбе, 2015. 126 С.
Дар китоби мазкур тафсири меъёрҳои Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» мавриди таҳлил қарор дода шудааст. Дар он тафсири меъёрҳои қонун дар алоқамандӣ бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои зерқонуние, ки бо қонуни мазкур алоқамандии зич доранд, омода гардидааст.
Китоби мазкур барои кормандони мақомоти соҳавӣ, ҳуқуқшиносон, донишҷўён ва нафароне, ки ба масъалаҳои асъор ва танзими асъорӣ таваҷҷуҳ доранд, тавсия карда мешавад.
Раҳимзода Маҳмад Забир. Фарҳанги русӣ ба тоҷикии истилоҳоти ҳуқуқ. Душанбе: «Бухоро», 2015.-328 С.
Луғати мазкур зиёда аз 10 000 калима ва истилоҳоти ҳуқуқӣ ва марбут ба онро дарбар мегирад. Он барои донишҷўён ва устодони факултетҳои ҳуқуқшиносӣ, кормандони мақомоти қонунгузорӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, инчунин ба ҳамаи шахсоне, ки ба он зарурат доранд тавсия карда мешавад.
Фарҳанги русӣ ба тоҷикии истилоҳоти ҳуқуқ бо Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда шудааст.
Истилоҳоти соҳаи гражданӣ, соҳибкорӣ ва оилавӣ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон / Мураттибон: Раҳимзода М.З., д.и.ҳ., профессор, Меликов У.А., н.и.ҳ., Азизов И.М., Назаров Д.Д., Фархуддинов ҶИ., Исмоилова М.И. Душанбе: «Бухоро», 2015. 328 С.
Китоби мазкур беш аз 1181 истилоҳоти ҳуқуқиро, ки дар қонунгузории гражданӣ, соҳибкорӣ ва оилавии Ҷумҳурии Тоҷикистон (зиёда аз 120 қонун ва кодексҳо) ифода ёфтаанд, фаро гирифтааст. Дар он таърифи мафҳумҳо бо тартиби алифбои забони тоҷикӣ мураттаб гардидаанд.
Китоби мазкур ба кормандони вазорату идораҳои давлатӣ ҷиҳати истифодаи дурусти қонунгузории гражданӣ, соҳибкорӣ ва оилавӣ, инчунин доираи васеи хонандагон тавсия шуда, барои омўзиши қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамин замина баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат хоҳад намуд.
Ҳуқуқи Тоҷикистони муосир (қ.2) / Зери таҳрири д.и.ҳ., профессор Раҳимзода М.З. Душанбе: «Андалеб-Р», 2015.-528 С.
Дар китоб мақолаҳои илмии кормандони Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба проблемаҳои актуалии ҳуқуқи оммавӣ ва хусусӣ, ҳолат ва дурнамои инкишофи он дар ҶТ ҷамъ оварда шудаанд.
Маҷмуа ба олимон, кормандони амалӣ, устодони факултети ҳуқуқшиносӣ ва донишгоҳу донишкадаҳо тавсия карда мешавад.
Маводи конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзўи «Ҷои ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми ҳуқуқии ҷаҳони муосир» (Душанбе, 27 майи соли 2015) / Зери назари д.и.ҳ., профессор Раҳимзода М.З. Душанбе: «Империал-Групп», 2015. 296 С.
Китоб мақолаҳои илмии олимон ва мутахассисони соҳаи ҳуқуқшиносиро дарбар гирифтааст, ки ба масъалаҳои гуногунҷабҳаи соҳаҳои ҳуқуқии ҷаҳони муосир бахшида шудаанд.
Маводҳои китоб ба таҳлилгарон, муҳаққиқони ҷабҳаи назариявӣ-амалии низоми ҳуқуқи ҶТ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, донишҷўёни бахши ҳуқуқшиносӣ ва умуман доираи васеи хонандагон пешбинӣ мегардад.