Раҳимов М.З. Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» / Душанбе, Шуҷоиён. 2010.-128с.
Китоби мазкур аз тафсири моддаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» иборат аст. Қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» қадами навбатӣ дар танзими ҳуқуқии муносибатҳо бо иштироки хоҷагиҳои деҳқонӣ буда, дорои меъёрҳои ҳуқуқӣ оид ба ташкил, фаъолият, мақоми ҳуқуқӣ ва қатъгардии фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ мебошад.
10 солагии Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон / Зери таҳрири д.и.ҳ., профессор М.З. Раҳимов, д.и.ҳ., профессор Ш.М. Менглиев. Душанбе: Ирфон, 2010.-368с.
Нашрияи мазкур ба 10-солагии Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Он як маҷмўаи мақолаҳо оид ба масъалаҳои гуногуни ҳуқуқи гражданӣ, аз ҷумла рушди қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, танзими ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ ва иттилоот, иҷрои уҳдадориҳои муносибатҳои ғайри молумулкии шахсӣ, қонуни мерос ва ғайраро дарбар мегирад.
Нашрия ба олимон, омўзгорони факултетҳои ҳуқуқшиносӣ, аспирантон, донишҷўён, инчунин кормандони суд, прокуратура, адвокатҳо, ҳуқуқшиносони таҷрибаомўз ва доираи васеи хонандагон тавсия карда мешавад.
Забон ва сифати қонун (Маводи конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ) / Зери таҳрири доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳимов М.З. -Душанбе, Шуҷоиён. 2010. -356с.
Китоби мазкур ба масъалаҳои забон ва сифати қонун бахшида шудааст. Дар он масъалаҳои техникаи қонунгузорӣ, забон, тартиби барасмиятдарорӣ ва мухолифати санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар масъалаҳои ҳуқуқэҷодкунӣ мавриди таҳлил қарор дода шудааст. Дар китоб маърўзаҳои олимон ва мутахассисони соҳаҳои гуногуни ҳуқуқшиносӣ ҷой дода шудааст.
Китоб барои донишҷўён, аспирантон, кормандони илм, устодон, инчунин ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҳуқуқшиносони амалия ва дигар шахсоне, ки муносибатҳои мазкурро мавриди омўзиш ва татбиқ қарор медиҳанд, тавсия карда мешавад.
Каримов А.Қ. Проблемаҳои таъминоти ҳуқуқии фаъолияти рақобат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон / н.и.ҳ. А.Қ. Каримов / Зери таҳрири д.и.ҳ., профессор Раҳимов М.З. Душанбе: Контраст, 2010.- 174с.
Дар китоби мазкур бори нахустин дар илми ҳуқуқшиносӣ кўшиши ошкор кардани мазмуни иқтисодӣ ва ҳуқуқии таъминоти рақобат, хусусан ҳуқуқи субъектҳои хоҷагидор дар рақобат, муайян кардани роҳҳои қонунӣ барои дастгирӣ ва муҳаё намудани шароит барои муҳити рақобат, инчунин хусусиятҳои ҷавобгарӣ дар қонунгузории рақобат ва ҳимояи ҳуқуқҳои субъектони он аз рақобати бевиҷдонона ва фаъолияти монополӣ, хулосаҳои илмӣ ва пешниҳодҳо оид ба такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баён карда шудаанд.
Танзими ҳуқуқии фаъолияти арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ. / Муҳаррири масъул: д.и.ҳ., профессор Раҳимов М.З. Ҳайати муаллифон: Бобоев У.Х., н.и.ҳ., дотсент, Ғафуров А.Д. н.и.ҳ., дотсент, Меликов У.А. н.и.ҳ., Сангаков С.Ш., Табаров Н. Душанбе: «Ирфон» 2010, 170с.
Дар китоб масъалаҳои фаъолияти Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ, аз ҷумламафҳум, аҳамият, намудҳои тартиби таъсис, баррасии парвандаҳо, инчунин сарчашмаҳои батанзимдарорӣ аз ҷумла санадҳои байналмилалӣ мавриди таҳлилу гузориш қарор дода шудааст.
Китоб барои донишҷўён, аспирантон, муаллимони факултаҳои ҳуқуқ, судҳои ҳакамӣ ва арбитражӣ, инчунин ҳамаи шахсоне, ки ба масъалаҳои мурофиаи арбитражи ҳамчун яке аз шаклҳои ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон шахсони ҳуқуқӣ ҳавасмандан, тавсия карда мешавад.
Ҳуқуқи байналмилалӣ дар ҳуҷҷатҳо (Ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ ва қонунгузории дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон) / У.Х. Бобоев, Ф.А. Маҳмадшоев, Ш.М. Менглиев, А.С. Пулатов, З.И. Салихов. Душанбе: «Контраст», 2010. -780с.
Маҷмўаи мазкур аввалин санадҳои маъмули ҳуқуқи байналмилалии қонунгузории дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Мавод ҳамчун дастури тавсиявӣ барои доираи васеи хонандагон дар масъалаҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ пешбинӣ шудааст. Китобро метавонанд таҷрибаомўзони ҳамаи сатҳҳо ва мақомоти давлатӣ, устодони мактабҳои олӣ, аспирантон, донишҷўён ва хонандагони ба соҳаи фаъолияти ҳуқуқи байналмилалӣ алоқаманд, истифода баранд.