Дар кори мизи мудаввар мутахассисон аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.
Муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, н. и. ҳ. Баҳриддинзода С.Э. ба кори мизи мудаввар ҳусни оғоз бахшида, зимни суханронии худ қайд намуд, ки саҳми арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди низоми молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлолияти давлатии кишвар беандоза бузург аст. Зеро, дар солҳои аввали истиқлолият дар ҷумҳурӣ буҳрони сиёсиву иқтисодӣ сар зад, ки ҳодисаҳои баамаломада босии хароб гаштани иқтисодиёт ва низоми молияи давлатӣ шуданд. Маҳз, бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини сулҳу субот ва ташкили низоми муосири идораи давлатӣ муяссар гардид, ки низоми идоракунии молиявии кишвар на танҳо барқарор гардад, балки заминаи боэътимоди ташаккули он баҳри таъмини рушди иқтисоди миллӣ гузошта шавад.
Профессори кафедраи фаъолияти бонкии ДМТ Умаров Х.У. изҳор намуданд, ки ҳуҷҷати асосии системаи қонунгузории ҷумҳурӣ оид ба молияи давлатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад, ки соли 2011 дар Маҷлиси ОлииҶТ қабул гардидааст ва соли 2013 ба он баъзе тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Қонуни мазкур ба стандартҳои умумиҷаҳонии қонунгузорӣ комилан мувофиқат намуда, саҳми он дар рушди иқтисоди Тоҷикистон ва аз ҷумла, буҷаи давлатии Тоҷикистон хеле назаррас мебошад. Мо боварӣ дорем, ки Қонуни мазкур дар шакл ва таркиби имрӯзааш дар 15-20 соли наздик ҳамчун асоси ҳуқуқии рушди сектори давлатӣ, ташаккули даромадҳои давлатӣ, хароҷоти онҳо ва самаранокии истифодаи чунин хароҷотро таъмин карда метавонад.
Ҳамчунин, дар ҷараёни кори мизи мудаввар мавзӯъҳои мубрами соҳаи мазкур, аз ҷумла “Асосҳои ҳуқуқии танзимнамоии ҷавобгарӣ дар соҳаи андозбандӣ”, “Рушд, устуворӣ ва проблемаҳои молияи давлатӣ дар даврони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Рушди қонунгузории молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолияти давлатӣ”, “Мавқеъ ва мушкилотҳои назорати давлатии молиявӣ дар муқовимат бар зидди коррупсия”, “Сиёсати молиявӣ: мазмун ва аҳмияти он”, “Намудҳои фаъолияти назорати давлатии молиявӣ ва вазифаҳои онҳо” ва дигар проблемаҳои актуалии соҳа аз ҷониби иштирокчиёни мизи мудаввар ироа гардиданд.
Сипас, тибқи барномаи таҳрезигардида, дар фарҷоми мизи мудаввар музокирот доир гардид ва иштироккунандагон доир ба мавзўъҳои зикргардида фикру андешаҳои арзишманди хешро иброз намуданд.