Дар чорабинии мазкур намояндагон аз мақомоти Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони дигар вазорату муассисаҳо ширкат намуданд. Кори мизи мудаввар бо сухани ифтитохии муовини якуми Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ Баҳриддинзода С.Э. оғоз гардид. Мавсуф қайд намуд, ки дар шароити ҳозира ҷараёни инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, бахусус соҳаи хоҷагии ҷангал хеле мубрам буда, зарурияти таҳлил ва такмил додани қонунгузории ҷангалро тақозо менамояд. Ислоҳоти соҳаи ҷангал, инкишофи инфрасохтори он ва таъмини шароит барои ташкили минтақаҳои сайёҳӣ ҷанбаи иқтисодӣ дорад, ки ин ба баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии мардум аз манфиат холӣ набуда, яке аз мақсадҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ин самт, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатии рушди хоҷагии ҷангал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015 қабул гардидааст, ки ба ҳолати минбаъдаи инкишофи қонунгузории ҷангал асос гузошт.
Сипас тибқи барномаи тарҳрезигардидаи мизи мудаввар сухан ба Муовини директори Агентии хоҷагии ҷангали назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Султонзода Мустафо дода шуд. Мавсуф барои ташкил намудани чунин як мизи мудаввар дар сатҳи баланд ва иштирок намудан дар он изҳори сипос намуданд ва баъдан оиди масоили қонунгузории ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон фикри худро иброз намуданд. Баъдан сухан ба баромадкунандагон дода шуд.
Ҳамин тариқ, дар мизи мудаввар меҳмонон Қурбонов Шодибек муовини сардори Бозрасии назорати ҷангал ва шикор дар мавзўи «Таҳлили қонунгузории соҳаи ҷангал дар давраи истиқлолият ва аҳамияти он дар танзими соҳа», Шарипов Давлаталӣ сардори Бозрасии назорати ҷангал ва шикор «Асосҳои ҳуқуқии назироти давлатӣ дар ҳифз ва ҳимояи фонди давлатии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ҷаборов Ф корманди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Танзими ҳуқуқии бунёд ва барқарор намудани ҷангал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ҳисайнов Нуралӣ директори Муассисаи давлатии Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии хоҷагии ҷангал «Мулоҳиза оид ба такмили заминаҳои қонунгузорӣ дар масъалаи танзими ҳуқуқии истифодаи захираҳои ҷангал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайраҳо.
Дар охири мизи мудаввар, иштирокчиён ба қисми мубоҳиса гузашта таклифу пешниҳоди худро манзури аҳли толор намуда, ба саволҳои худ посухҳои пурра гирифтанд. Қайд карда шуд, ки Марказ тамоми таклифу пешниҳоди воридшударо мавриди назар гирифта, барои боз ҳам муккамал намудани Кодекси ҷангал ва такмил додани қонунгузории хоҷагии ҷангал кўшиш ба харҷ медиҳанд.
Аксҳо аз ҷараёни чорабинӣ: