26 ноябри соли 2015 дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мизи мудаввар дар мавзўи «Қонунгузории соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ: назария ва амалияи он» бо иштироки доираи васеи намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, васоити ахбори омма ва дигар намояндагони аҳли ҷомеа баргузор гардид. Азҷумла: намояндагон аз Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи молия ва иқтисодӣ Тоҷикистон ва дигар намояндагони вазорату муассисаҳо иштирок намуданд.
Мизи мудавваро бо сухани ифтитоҳӣ Муовини аввали директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддинзода Субҳиддин оғоз намуд. Баҳриддинзода Субҳиддин ҳозиринро хайрамақдам гуфта, барои иштирокашон дар чорабинии мазкур изҳори сипос намуд. Мавсуф қайд намуд, ки сиёсати иҷтимоӣ-ҳуқуқии давлат, ки соҳаҳои мухталифро дар бар гирифтааст, ба ҳалли масоили муҳими иҷтимоӣ равона карда шудааст. Аз ин рў, ҷараёни инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи мазкур зарурияти таҳлили қонунгузории иҷтимоиро дар шароити ҳозира тақозо менамояд. Зеро, айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунгузории сифатан нав ташаккул ёфта, таҷдиди ҷиддии меъёрҳо, ташкили соҳаҳои нав ва сифатан тағйирёбандаи амалкунанда ва институтҳои ҳуқуқ, мураттабсозии қонунгузорӣ зина ба зина амалӣ шуда истодааст. Бояд қайд намуд, ки дар асоси Барномаи давлатии татбиқи Консепсияи пешгўии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва маориф барои солҳои 2012-2015 имрўзҳо ба якчанд қонунҳои соҳаи мазкур тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, инчунин якчанд қонунҳои дигар дар таҳрири нав қабул гардид. Аммо бо вуҷуди ин имрўз ҳастанд мушкилиҳое, ки дар самти ҳифзи иҷтимоӣ, мухоҷирати меҳнатӣ ва дигар самтҳои фаъолияти он низ ба назар мерасанд.
Баъд аз суханронии Баҳриддинзода Субҳиддин мувофиқи барномаи таҳрезишудаи мизи муддавар Ҳакимов А.- Сардори Раёсати таъмини сиёсати суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи «Низоми таъминоти нафақа: такмили низоми қонунгузорӣ ва татбиқи ислоҳоти соҳа», Мирзоев П.- муовини декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзўи «Мафҳуми ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ ҳамчун арзиши конститутсионӣ», Муқумов Н. - Сардори шуъбаи ҳуқуқи Вазорати фарҳангӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи «Ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», Ҳаитов С.- Мудири кафедраи ҳуқуқи молиявӣ ва иқтисодии Донишкадаи молия ва иқтисодӣ Тоҷикистон дар мавзўи «Баъзе масъалаҳои ҳуқуқи иҷтимоӣ» ва Ормонов Б. сармутахассиси шуъбаи назорати давлатӣ дар соҳаи шуғли аҳолӣ Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар мавзўи «Шуғли ғайрирасмӣ ва таъсири манфии он» баромад намуданд.
Ҳамзамон дар чорабинии мазкур маърўзаҳо оиди мавзўҳои гуногуноид ба зарурати қабули консепсияи таъминоти иҷтимоӣ дар Тоҷикистон, қонунгузории ҳифзи иҷтимоӣ, ҳифзи иҷтимоии занон: заминаи мавҷуда ва такмили минбаъда, қонунгузории муҳоҷират, ва дигар масъалаҳои вобаста ба он матраҳ гардида, мавриди баррасии мутахассисони соҳа қарор гирифтанд.