3-уми ноябри соли 2010 дар толори маҷлисгоҳи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар бахшида ба 16-солагии қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди қонунгузории миллӣ» баргузор гардид.
Мизи мудавварро директори Марказ Раҳимов М.З. ифтитоҳ намуда, мақсади баргузории онро шарҳу тавзеҳ дод. Мавсуф қайд намуданд, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 сол муқаддам қабул гардида чун раҳнамои миллат дар рушду нумуи кишвар саҳми беандоза дорад. Маҳз дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси ҳуқуқии таъсис ва фаолияти давлати мустақили Тоҷикистон муқаррар гардид. Дар баробари ин, Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон чун асоси ҳуқуқӣ барои рушди қонунгузории давлати навини Тоҷикистон баромад намуда, самтҳои инкишофи онро муқарар намуд.
Дар мизи мудаввар мутахассисони соҳаи ҳуқуқ, кормандони мақомоти қудратӣ ва кормандони Марказ иштирок намуданд. Дар мизи мудаввар шахсони зерин бо маърӯзаҳо баромад намуданд:
Гадоев Б.С. – номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
Диноршоев А.М. – сардори Шӯъбаи қонунгузорӣ оид ба сохтори давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва амнияти Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дар мавзӯи «Инкишофи падидаи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
Маҳмадшоев Ф.А. – муовини сардори Шӯъбаи ҳуқуқи байналмилалии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Асосҳои конститутсионии фаъолияти соҳибкории инфиродӣ»;
Азизов И.М. – сармутахассиси Шӯъбаи қонунгузорӣ оид ба молия, андозу гумрук ва фаъолияти бонкии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Асосҳои конститутсионии баъзе масоили қонунгузории молия ва буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон».
Дар охир вобаста ба ҳар як маърӯзаи шунидашуда, баҳсу мунозираҳо сурат гирифт ва як қатор пешниҳодот оиди такмили қонунгузории кишвар манзур гардиданд.