ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1961 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ СУҒУРТАИ АМОНАТУ ПАСАНДОЗҲО Маҷлиси Олӣ 15.03.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1949 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСУНИЯТИ ЮРИСДИКСИОНИИ ДАВЛАТИ ХОРИҶӢ ВА МОЛИКИЯТИ ОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олӣ 15.03.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1950 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА ҚОНУНИГАРДОНӢ (РАСМИКУНОНӢ)-И ДАРОМАДҲОИ БО РОҲИ ҶИНОЯТ БАДАСТОВАРДА, МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ПАҲНКУНИИ СИЛОҲИ ҚАТЛИ ОМ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.03.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРӢ ВА САРМОЯГУЗОРӢ ДАР ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

-A A +A
Ношири мавод: Ботуралиев Қодирҷон Ғайратҷонович Санаи интишор: Ҷум, 24/02/2023 - 15:46
МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРӢ ВА САРМОЯГУЗОРӢ ДАР ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИҶИКСИТОН
     Дигаргуниҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсие, ки дар давоми солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал омадаанд, амалишавии роҳи муайяни сиёсиро ифода мекунанд, ки бо фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зич алокаманд аст. Маҳз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтори мақомоти олии ҳокимияти давлатии кишвар мақоми марказиро ишғол намуда, ҳамчун пешбарандаи асосии сиёсати давлатӣ баромад мекунад. Президент самти рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва дигар намудҳои сиёсати давлатиро муайян мекунад.
        Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми муайян кардани самтҳои рушди кишвар аз василаҳои мухталифи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ истифода мекунад. Яке аз ин воситаҳо паёмҳои Президент ба Маҷлиси Олӣ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошанд.
     Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати сиёсӣ ва ҳуқуқии дорои хусусияти стратегӣ буда, дорои мақоми конститутсионӣ ва ҳуқуқӣ мебошад ва барои омӯзиши роҳи сиёсии сарвари давлат дар соли сипаригардида марҳилаи муайяни таърихи муосири Тоҷикистон аҳамияти бузург дорад. Ҳар яке аз унсурҳои матни паёми Президент асосҳои моддӣ ва мантиқии худро дошта, ҳадафи мушаххас – ба доираи васеи мардум расонидани мавқеи расмии роҳбарияти давлат дар бораи вазъи кишвар ва муайян намудани ѓоя ва самтҳои роҳи минбаъдаи тараққиёти давлатро, дар бар мегирад.
        Дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 23 декабри соли 2022 маълумотҳо дар бораи вазъи кишвар, дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат ба миён гузошта шуданд. Паёми имсола дар худ тамоми самтҳои асосии рушди минбаъдаи давлатамонро мустаҳкам намуда роҳнамои пешравии соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ гардид. Тавре таҷрибаи ду даҳсолаи охири мамлакат нишон медиҳад, маҳз паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон калиди рушду нумӯъ, пешрафт ва тараққиёти ватани азизамон гаштааст. Зеро мардуми кишвар беш аз дигар санадҳо ба паёми созандаи Президенти кишварамон бештар гӯш дода, онро роҳнамои кору фаъолияти минбаъдаи худ қарор медиҳанд. Инчунин фаромӯш набояд сохт, ки сатҳи кунунии вазъияти муътадили сиёсӣ, иқтисодиёти пешрафта, низоми ҳуқуқии устувор, фарҳанги ғании тарғибгари сулҳу ваҳдати мо аз натиҷаи татбиқи дастур ва ҳидоятҳоест, ки ҳамасола роҳҳои амалишавии онҳо дар паёмҳои Пешвои миллатамон садо медоданд.
     Чуноне ки дар боло иброз намудем, паёми мазкур фарогирандаи тамоми самтҳои инкишофи минбаъдаи давлатамон мебошад. Яке аз самтҳои афзалиятнок, ин соҳаи иқтисодии кишвар мебошад, ки пешравии он омили муҳимми болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ гашта камбизоатии аҳолиро мекоҳонад. Аз мазмуни ин паём бармеояд, ки рушди минбаъдаи иқтисодиёти ҷумҳуриро бе дастгирии бахши хусусӣ аз он ҷумла фаъолияти соҳибкорӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Президенти мамлакат дар паёми худ қайд намуданд, ки: «Дар доираи сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат доир ба дастгирии фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ дар замони соҳибистиқлолӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, дар ин самт барои соҳибкорон имтиёзу сабукиҳои зиёд ҷорӣ карда шуданд.
       То имрӯз ба онҳо беш аз 120 намуди имтиёзу сабукиҳои андозиву гумрукӣ пешниҳод шуда, шумораи сохторҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ аз 4 ба 1 кам гардида, хизматрасонӣ дар ин самт ба таври ройгон ба роҳ монда шудааст.
Дар натиҷа соли 2022 шумораи субъектҳои соҳибкорӣ ба 339 ҳазор расид, ки нисбат ба соли 2018 беш аз 76 ҳазор зиёд мебошад».
       Бо боварӣ аз таҳлили вазъи ҳозира ва рушди бахши хусусӣ аз ҷумла дастгирии бахши соҳибкорию сармоягузорӣ ва муҳайё намудани шароити зарурӣ ҷиҳати рушди минбаъдаи дурнамои иқтисодиёт қайд кардани Пешвои миллат дар паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ“Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”  бесабаб набуд. Чунки амалияи пешрафтаи иқтисодиёти мамлакатҳои тараққикардаи ҷаҳон шаҳодат аз он медиҳанд, ки аз мувафақиятҳои соҳибкорон мувафақиятҳои давлат вобаста аст. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди соҳибкорӣ ва мусоидати ҳамаҷониба ба фаъолияти онро аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷаи худ қарор додааст, зеро соҳибкории хурду миёна, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ яке аз омилҳои муҳимми баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ва заминаи боэътимоди таъмини рушди босуботи иқтисодиёти миллӣ, афзун намудани табақаи миёнаҳол ва ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ мебошад.
       Аз нуктаҳое, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёми худ қайд карданд, имрӯзҳо рӯ овардан ба бахши хусусӣ, аз ҷумла машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ қисмати зиёди аҳолиро ба худ ҷалб намудааст ва дар тӯли панҷ соли охир шумораи соҳибкорон дар мамлакат 76 ҳазор нафар зиёд гардидааст. Заминаҳои зарурии рушди ин соҳаи хоҷагии халқ ва ҷалб намудани қисмати зиёди аҳолӣ ба он, ин пеш аз ҳама дар сатҳи конститутсионӣ дарҷ гардидани кафолати фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва гуногуншаклии моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ, таъмин намудани фазои мусоиди ҳуқуқӣ ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ва мустаҳкам гардидани имтиёзҳои фароҳами давлат баҳри дастгирии рушди соҳибкорӣ мебошад.
Нуқтаи муҳимми дигаре, ки дар паёми Сарвари давлат ироа гардид, ин диққати ҳамаҷониба додан ба дастгирӣ ва қадргардонии ташаббусҳои созандаи соҳибкорон ва сармоягузон мебошад, ки дар ин бобат қайд намуданд: «Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ, махсусан, сармоягузории мустақим, таъмин намудани иҷрои кафолату имтиёзҳо ва чораҳои дастгирии давлатӣ, ҳавасмандгардонӣ ва қадрдонии соҳибкорон, инчунин, рушди инфрасохтори сармоягузориву соҳибкорӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намояд.
        Дар ин самт, пешниҳод менамоям, ки бо мақсади идома додани ислоҳоти соҳа ва танзими муносибатҳои иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ қонунгузории соҳа такмил дода шуда, муносибатҳои зикршуда дар доираи як санади меъёрии ҳуқуқӣ танзим ва шумораи онҳо то 60 фоиз ихтисор карда шавад.
Ҳамчунин, роҳбарони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки ташаббусҳои созандаи соҳибкорону сармоягузоронро ҳамаҷониба дастгирӣ намоянд ва доир ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба фаъолияти онҳо ва бартараф кардани мушкилоту монеаҳои ҷойдошта тадбирҳои бетаъхир андешанд».
Бояд қайд намуд, ки имрӯз дар сиёсати иқтисодии давлат дастгирии ҳаматарафаи соҳибкорон ба инобат гирифта шуда, аз лиҳози ҳуқуқӣ чунин фазои озодеро муҳайё сохтааст, ки ҳар як фарди хоҳишманди баамалбарорандаи ин фаъолият имконияти озодона ташкилу амалӣ намудани онро дорад.
     Асосҳои ҳуқуқии фаъолияти соҳибкориву сармоягузориро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои зерин ташкил медиҳанд: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳи ба баъзе намуҳои фаъолият”; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ” ва ғайраҳо.
Чуноне ки маълум аст, баъди қабул шудани Кодекси нави андоз аз 01 январи соли 2022, шумораи андозҳо аз 10 намуд ба 7 намуд оварда шуда, дар ҳар як намуди андози муқарраргардида озод кардан аз андоз ҳамчун имтиёзи андозӣ пешниҳод гардидааст.
Бақайдгирии давлатии соҳибкорӣ бошад дар равзанаи ягонаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Маълум аст, ки ба тариқи соддакардашуда ба қайд гирифтани фаъолияти соҳибкор муҳлати кӯтоҳтарини вақтро дар бар гирифта, хизматрасонӣ ба тарики ройгон сурат мегирад.
     Дар соли 2022 маблағи имтиёзҳои андозиву гумрукии истифодагардида зиёда аз 12 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, аз ҳисоби паст ва бекор кардани меъёрҳои 5 намуди андоз зиёда аз 1,5 миллиард сомонӣ ҳамчун дастгирӣ дар ихтиёри субъектҳои соҳибкорӣ боқӣ мемонад. Чуноне ки маълум аст, баъзе меъёрҳо дар таҳрири кодекси нави андоз паст карда шуданд, бахусус андоз аз арзиши иловашуда аз 18 фоиз ба 15 фоиз, андоз аз даромад (шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ) барои ҳама намуди фаъолият аз 23 фоиз ба 20 фоиз, барои даромади шахсони воқеъӣ аз 13 фоиз ба 12 фоиз, озод кардан аз андоз аз як нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба ду нишондиҳанда, андози иҷтимоӣ аз 25 фоиз ба 20 фоиз паст карда шуданд. Ин гуфтаҳо шаҳодати онанд, ки давлат дидаву дониста пайваста нисбат ба қишрҳои ҷомеа, бахусус бахши хусусӣ ғамхорӣ зоҳир менамояд. Сол аз сол бо дастгирии давлату Ҳукумати Тоҷикистон шумораи субъектони бахши фаъолияти соҳибкори зиёд шуда истодааст.
       Яке аз масъалаҳои меҳварӣ дар паёми Пешвои миллат ин пешниҳоди бо мақсади идома додани ислоҳоти соҳа ва танзими муносибатҳои иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ қонунгузории соҳа такмил дода шуда, муносибатҳои зикршуда дар доираи як санади меъёрии ҳуқуқӣ танзим ва шумораи онҳо то 60 фоиз ихтисор карда шавад.
      Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ичозатномадихи ба баъзе намудҳои фаъолият” иҷозатнома (литсензия) – иҷозати махсусе, ки барои амалӣ намудани фаъолияти мушаххас бо риояи ҳатмии шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ онро мақомоти иҷозатномадиҳанда ба шахси ҳуқуқӣ ё  соҳибкори инфиродӣ додааст.  Ба намудҳои фаъолияти иҷозатномадодашаванда намудҳои фаъолияте дохил мешаванд, ки амалӣ шудани онҳо метавонад ба ҳуқуқу манфиатҳои қонунӣ, саломатии шаҳрвандон, мудофиа ва амнияти давлатӣ, мероси фарҳангии халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар расонад ва танзими онҳо ба ғайр аз иҷозатномадиҳӣ бо роҳҳои дигар имконнопазир аст.  Воқеан дар Қонуни мазкур номгўи фаъолиятҳое, ки гирифтани иҷозатномаро талаб мекунанд ба 75 намуд ҷудо мешаванд. Ба андешаи мо низ агар шумораи онҳо аз номгӯи талаботи иҷозатномадиҳӣ ихтисор карда шавад, он ба манфиати соҳибкорону сармоягузорон хоҳад буд.
        Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки «тайи бист соли охир ба кишвар беш аз 152 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 60 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ҷалб карда шудааст. Аз маблағи зикршудаи сармояи мустақим зиёда аз 36 миллиард сомонии он танҳо барои рушди соҳаи саноат ҷалб гардидааст. Дар панҷ соли охир ба соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ беш аз 15 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб карда шудааст, вале ин нишондиҳанда ҳанӯз ба талаботи рушди иқтисодиёт ҷавобгӯй нест. То соли 2025 дар кишвар татбиқи беш аз 200 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ пешбинӣ гардида, танҳо ба бахши воқеӣ ва инфрасохтор зиёда аз 82 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ карда мешавад. Дар шароити таҳаввулоти босуръату пешгӯинашавандаи иқтисоди ҷаҳонӣ, рақобатҳои шадид барои дастрасӣ ба захираҳо ва пайомадҳои тағйирёбии иқлим бояд дар кишвар тамоми воситаҳои муосири фаъолгардонии сармоягузорӣ ба таври васеъ истифода бурда шаванд. Аз ин лиҳоз, механизми маблағгузории фондҳои махсус дар самти татбиқи «лоиҳаҳои сабз», хусусан, барои роҳандозии барномаву лоиҳаҳои мақсадноки рушди «иқтисоди сабз», аз ҷумла «энергияи сабз» бояд васеъ ҷорӣ карда шавад».
     Дар охир, бояд таъкид намоем, ки паёми ироагардидаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, соҳибкорӣ, сармоягузорӣ, тандурустӣ, маориф такони нав бахшида, ба бунёди ҷойҳои нави корӣ ва беҳдошти зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд.
     Бо дастгирӣ ба гуфтаҳои боло қадр кардани ташаббусҳои созандаи  соҳибкорон ва сармоягузорон, ба хотири заҳматҳои кашидаи онҳо дар роҳи ободии Ватан ҳамчун нишонаи дастгирии фаъолияти содиқонаву софдилонаи онҳо мувофиқи мақсад буда, роҳбарони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд, ки ташаббусҳои созандаи онҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ намоянд ва доир ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба фаъолияти онҳо тадбирҳо андешанд.
 
Исмоилова Мадина Исмоиловна,
сардори шуъбаи қонунгузории
гражданӣ, оилавӣ ва соҳибкории Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад