Бо ташаббуси Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 26-29 августи соли 2011 Конфронси илмӣ – амалӣ бахшида ба 20-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлолият» баргузор гардид. Дар кори конфронс намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, судӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи Генералӣ, олимон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд. Конфронсро Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.ҳ., профессор Раҳимов М.З. ифтитоҳ намуда, аз иштирокчиёни конференсия изҳори миннатдорӣ намуд.
Мавсуф қайд намуд, ки Давлати навини тоҷикон 20 сол муқаддам яъне 9 сентябри соли 1991 ба истиқлол комёб гардида, дар вобастагӣ ба механизми таъмини ҳуқукии он рушду нумӯъ ёфт. Дар ин давра қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёде қабул карда шуд, ки аз онҳо айни ҳол 323 қонуни мукаммал мавриди амал қарор дошта, ба воситаи соҳахои гуногуни муносибатхои ҳаёти ҷамъиятӣ, маданӣ, экологӣ ва ғайра ба танзим дароварда шуданд. Иштирокчиён Конфронс дар мавзӯҳои «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлолият: инкишоф ва проблемаҳо», «Рушди қонунгузории молиявӣ, андоз ва гумрук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба воситаҳои ахбори омма дар замони истиқлолият», «Инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳаёт ва саломатӣ» баромад намуда, ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва рушди ҳуқуқэҷодкуниро дар даврони истиқлолият мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ҳақиқат яке аз рукнҳои асосии давлат фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ аст. Ва табиист, ки бидуни таҳқиқҳои илмӣ сифати қонунҳо ва самаранокии қонунгузорӣ аз имкон берун аст.
Аз ин лиҳоз, иштирокчиёни конференсия фаъолияти Маркази миллии қонунгузориро, ки бо ташаббуси Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шудаааст, падидаи замони истиқлолият арзёбӣ намуданд. Конференсия кори худро дар бахши дуюм 29 август идома дод, ки дар он олимони ҷавон, унвонҷӯён ва мутахассисони мақомоти давлатӣ бо маърӯзаҳои хеш баромад намуданд.
Дар бахши дувуми конференсия мавзӯъҳои ҷолиб аз қабили «Инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба Интернет», «Инкишофи қонунгузории рақобат дар даврони истиқлолият» «Андешаҳо перомуни ӯҳдадории пулӣ дар қонунгузории гражданӣ» дар давраи истиқлолият» «Рушди татбиқи ҳуқуқҳои инсон дар амалияи ҳуқуқтатбиқнамоӣ дар даврони истиқлолият» ва дигар мавзӯъҳои ҷолиби диққат мавриди баҳсу музокира қарор гирифт. Аз баргузории чунин конференсияҳо иштирокчиён изҳори қаноатмандӣ намуданд, зеро ин конференсия баҳри муайян намудани паҳлӯҳои гуногуни рушди соҳаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯшанӣ андохта, баҳри тадқиқи минбаъдаи ҷабҳаҳои тадқиқнашудаи он мусоидат хоҳад намуд.