You are here

ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
КОДЕКС 1689 КОДЕКСИ НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии ҶТ 02.04.2020 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
КОДЕКС 1688 КОДЕКСИ ОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии ҶТ 02.04.2020 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1668 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АССОТСИАТСИЯИ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ОБ Маҷлиси Олии ҶТ 02.01.2020 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

Феврал 2020

-A A +A

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ КИНО

Ношир: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 04/02/2020 - 12:00
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
67
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Date: 
Панҷшанбе, 9 Декабр, 2004
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ КИНО
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №12, қ.1, мод. 694; с.2007, №5, мод. 372)
 
(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № 267, аз 04.07.2020 № 1707)
 
Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодии соҳаи киноро муқаррар намуда, принсип ва тадбирҳои татбиқи сиёсати давлатро дар рушди ин соҳа муайян менамояд.
 
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
 
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- кино - соҳаи фарҳанг ва санъат, ки маҷмӯи фаъолияти касбӣ, эҷодӣ, истеҳсолӣ, илмӣ, техникӣ, таълимӣ ва иттилоотии ба офаринишу истифодаи филмҳо нигаронидашударо дар бар мегирад;
- филм - асари аудиовизуалӣ дар шакли бадеӣ, хроникавию ҳуҷҷатӣ, илмию оммавӣ, таълимӣ, тасвирӣ, телевизионӣ ё дар шаклҳои дигар дар асоси тахайюли эҷодӣ офарида шуда, аз тасвири дар плёнкаи кино ё дар дигар намуди ҳомилҳо ва кадрҳои пайдарҳаму доир ба як мавзӯи том ба ҳам васлшуда акс ёфтааст, иборат буда, барои дарк намудан тавассути воситаҳои дахлдори техникӣ таъин гардидааст. Филми давомнокиаш на камтар аз 60 дақиқа филми пурраметраж мебошад. Филми давомнокиаш камтар аз 60 дақиқа филми кӯтоҳметраж мебошад;
- киносолнома - банаворгириҳои мунтазами сюжетҳои ҳуҷҷатие, ки хусусиятҳои (ғолибан гузаштаистодаи) хоси вақт, маҳал, вазъиятро инъикос мекунанд ва барои дар оянда офаридани филмҳо дар назар дошта шудаанд;
- филмҳои меросӣ - маводи аслии ҳамаи намуд ва жанрҳои филмҳо ва нусхаҳои филмҳои миллӣ, ки ба мерос гирифташуда, нигоҳдоштаву ба насли оянда супурда мешаванд;
- продюсери филм - шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки истеҳсол ва паҳнкунии филмро ташкил ё (ва) маблағгузорӣ мекунад;
- ташкилоти кинематографӣ - шахси ҳуқуқие, ки соҳаи асосии фаъолияташ истеҳсоли филмҳо, нусхабардорӣ, паҳнкунӣ, намоиши оммавӣ, нигоҳдории филмҳо, рекламаи кино, нашриёти соҳаи кинематография, тарғиби санъати кино мебошад;
- соҳиби (молики) филм - шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки ҳуқуқи соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдории филмро ба даст овардааст;
- маводи аслии филм - негатив, контратип, нусхаи назоратии филм, нусхаи аслии фонограммаҳои аз нав сабтшуда, мусиқӣ, садоҳо, видеофонограмма-мастер, компакт-диск ва дигар маводе, ки дар шакли гуногуни моддӣ барои нусхабардории филм заруранд;
- нусхабардории филм - истеҳсоли як ё якчанд нусхаи филм дар плёнкаи кино, лентаи магнитӣ, диски лазерӣ ё дигар ҳомил;
- Регистри давлатии кино ва видеофилмҳо (регистри кино) ҷамъоварӣ, захира, коркард, нигоҳдорӣ, додани маълумоти дар регистрбуда.
 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи кино
Қонугузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи кино ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Точикистон эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1707).
 
Моддаи 3. Филми миллӣ
Филми миллӣ филме ҳисоб меёбад, ки ҷавобгӯи яке аз талаботи зерин бошад:
- мундариҷаи филм, мавзӯи он муҳимтарин принсипҳои рушди фарҳанги тоҷик, хусусият, анъана ва ҷанбаҳои миллиро инъикос намояд;
- продюсери филм шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шахси ҳуқуқӣ, аз он ҷумла хориҷии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифташуда бошад;
- на кам аз 50 фоизи ҳаҷми умумии корҳоро бо нархҳои смета ҳангоми истеҳсол, паҳнкунӣ ва намоиши филм ташкилотҳои кинематографии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намоянд;
- офарандагони асосии филм (муаллиф, таҳиягар, коргардон, оҳангсоз, рассом) шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шахсони дорои ду шаҳрвандӣ, шахсони воқеии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иқоматдошта, шахсони ҳуқуқии ба қайд гирифташуда бошанд.
Филми истеҳсоли якҷоя филми миллӣ ҳисобида мешавад агар:
- якҷоя бо ташкилоти кинематографии хориҷӣ, бо назардошти шартҳои дар шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида, истеҳсол шавад;
- ба меъёрҳои дар банди якуми қисми якуми ҳамин модда мувофиқ бошад.
Филми миллӣ бояд ба забони тоҷикӣ садо диҳад. Дар филм метавонад нутқ ба забони хориҷӣ ҳам садо диҳад, агар ин ба филмнома мувофиқат намояд.
 
БОБИ 2. ИДОРАИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ КИНО
 
Моддаи 4. Принсипҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи кино
Сиёсати давлатӣ дар соҳаи кино ба принсипҳои зерин асос меёбад:
- эътирофи кино ҳамчун соҳаи махсуси фарҳанг ва санъат, ки шарти ҳатмии мавҷудияти он инкишофи заминаи эҷодӣ, истеҳсолӣ, таълимӣ, техникӣ, илмӣ ва иттилоотӣ мебошад;
- масъулияти давлат барои нигоҳдорӣ ва инкишофи кино;
- озодии эҷод;
- мусоидат ба соҳибкорӣ дар кино;
- дастрас намудани асарҳои кино ба аҳолӣ;
- риояи меъёрҳои шартномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи кино.
 
Моддаи 5. Мақоми ваколатдор оид ба амалигардонии сиёсати давлатӣ дар соҳаи кино
Сиёсати давлатиро дар соҳаи кино мақоми давлатии аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдоршуда (минбаъд , мақоми ваколатдор) амалӣ мегардонад, ки он:
- лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки соҳаи киноро ба танзим медарорад, таҳия менамояд;
- маблағҳои дар буҷети давлатӣ тасдиқгардидаро, ки барои дастгирии лоиҳаҳо оид ба истеҳсоли филмҳо, барномаҳо дар соҳаи кино пешбинӣ шудаанд, тақсим ва истифодаи мақсадноки ин маблағҳоро таъмин менамояд;
- дар давоми сол офаридани на кам аз як филми пурраметражи бадеии миллиро таъмин менамояд;
- регистри киноро танзим мекунад;
- мутобиқи меъёри синну соли тамошобинон таснифоти филмҳоро амалӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1707);
- тарбия ва такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи киноро таъмин менамояд;
- таҳия ва амалигардонии лоиҳаҳои истеҳсоли филмҳо ва барномаҳоро дар соҳаи кино ҳамоҳанг месозад;
- иштироки ташкилотҳои кинематографии Тоҷикистонро дар ташкилотҳои кинематографӣ ва барномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи кино ҳамоҳанг месозад;
- ташаббускор ва ҳамоҳангсози чорабиниҳои соҳаи кино дар Тоҷикистон ва иштироки ташкилотҳои кинематографии тоҷик дар чорабиниҳои байналмилалии соҳаи кино мегардад;
- ташаббускор ва ҳамоҳангсози барномаҳо вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои муаллиф дар соҳаи паҳнкунӣ ва намоиши оммавии филмҳо мегардад;
- дигар ваколатҳоро мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1707).
 
Моддаи 6. Дастгирии давлатии кино
Самтҳои асосии дастгирии давлатии кино инҳо мебошанд;
- қабули қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи кино;
- мусоидати молиявии давлат барои истеҳсол, нусхабардорӣ, паҳнкунӣ ва намоиши филмҳои миллӣ;
- маблағгузории пурраи давлатии киносолномаҳо;
- дастгирии афзалиятноки офариниши филмҳо барои бачагону наврасон ва филм-дебютҳо.
Тадбирҳои асосии дастгирии давлатии кино ба самтҳои зерин равона карда мешаванд:
- офаридани филмҳои миллӣ, аз ҷумла барои бачагон ва наврасон, ҳамчунин филм-дебютҳо;
- муҳаё намудани шароит барои паҳнкунӣ ва намоиши филмҳои миллӣ;
- нигоҳдорӣ ва инкишофи заминаи моддию техникии кино;
- татбиқи барномаҳои таълимӣ ва илмию техникӣ;
- гузаронидани кинофестивалҳо ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ;
- иштирок дар кинофестивалҳо ва дигар чорабиниҳои фарҳангии байналмилалӣ.
Ҳамаи ташкилотҳои кинематографӣ ба дастгирии давлатӣ ҳуқуқ доранд.
 
БОБИ 3. МАБЛАҒГУЗОРИИ ДАВЛАТИИ КИНО
 
Моддаи 7. Шарт ва тартиби маблағгузории давлатии кино
Яке аз шаклҳои дастгирии давлатии кино қисман аз ҷониби давлат маблағгузорӣ кардани он аст.
Давлат барои лоиҳаҳои махсусан муҳим оид ба эҷоди филмҳои миллӣ ва дигар барномаҳои махсусан муҳим дар соҳаи кинои миллӣ кафолати қарзҳои бонкии имтиёзнок медиҳад.
Шарт ва тартиби маблағгузории давлатии кино аз ҷониби мақоми ваколатдор муайян гардида, бо шартномаҳои байни он ва продюсер, кирокунанда, намоишдиҳандаи филмҳои миллӣ ба танзим дароварда мешавад.
 
Моддаи 8. Маблағгузории давлатии истеҳсоли филми миллӣ
Мақоми ваколатдор дар бораи ба продюсер ҷудо кардани маблағ барои истеҳсоли филми миллӣ бо назардошти хулосаи комиссияи экспертие, ки мақоми ваколатдор аз ҷумлаи шахсони эҷодкори касбӣ, продюсерҳо, кирокунандагон ва намоишдиҳандагони филмҳо ташкил намудааст, дар ҳудуди масрафи буҷети давлатӣ, ки дар соли молиявии навбатӣ барои кино пешбинӣ шудааст, қарор қабул мекунад.
Маблағгузории давлатӣ барои истеҳсоли филми миллӣ, чун қоида, наметавонад аз 70 фоизи сметаи хароҷоти истеҳсоли он зиёд бошад.
Дар мавридҳои истисноӣ, бо назардошти аҳамияти бадеӣ ва фарҳангии лоиҳаи филм ва зарурати аз тариқи телевизион намоиш додани филм, мақоми ваколатдор дар бораи маблағгузории давлатӣ дар ҳаҷми 100 фоизи сметаи хароҷоти истеҳсоли он қарор қабул мекунад.
 
Моддаи 9. Маблағгузории давлатии паҳнкунии филми миллӣ
Мақоми ваколатдор барои ба паҳнкунандаи филм ҷудо кардани маблағ барои паҳнкунии (нусхабардорӣ, субтитркунонӣ, реклама ва ғайра) филми миллии барои намоиш додан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъингардида, бо назардошти хулосаи комиссияи экспертӣ дар ҳудуди масрафи буҷети ҷумҳуриявии дар соли молиявии навбатӣ барои кино пешбинишуда, қарор қабул мекунад.
Маблағгузории давлатӣ ба кирокунии филми миллӣ наметавонад аз 70 фоизи сметаи хароҷоти кирои он зиёд бошад.
 
Моддаи 10. Маблағгузории давлатии иштироки филми миллӣ дар кинофестивалҳои байналмилалӣ
Мақоми ваколатдор маблағгузории давлатии иштироки филми миллиро дар кинофестивали байналмилалӣ таъмин мекунад.
Маблағгузории давлатии иштироки филми миллӣ дар кинофестивали байналмилалӣ ба андозаи то 100 фоизи сметаи хароҷоти иштироки он пешбинӣ карда мешавад.
 
Моддаи 11. Масъулият барои истифодаи маблағгузории давлатии кино
Маблағгузории давлатӣ наметавонад ба мақсадҳои дигар истифода шавад, ба ҷуз он мақсадҳое, ки дар шартномаи миёни мақоми ваколатдор ва продюсер, паҳнкунанда, намоишдиҳандаи филми миллӣ пешбинӣ гардидааст.
Муносибатҳои шартномавии байни мақоми ваколатдор ва продюсер, паҳнкунанда, намоишдиҳандаи филми миллӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешаванд.
 
Моддаи 12. Нигоҳдории маводи аслии филмҳои миллӣ, филмҳои меросӣ ва киносолномаҳо
Маводи аслии филмҳои миллӣ, ки пурра аз ҷониби давлат маблағгузорӣ шудаанд, филмҳои меросӣ ва киносолномаҳо барои нигоҳдории доимӣ ба бойгонии давлатии асноди кинои Тоҷикистон супорида мешаванд. Тартиби нигоҳдории маводи аслии филмҳои миллӣ, филмҳои меросӣ ва киносолномаҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Тартиби нигоҳдории маводи аслии филмҳои миллӣ, ки аз тарафи давлат қисман маблағгузорӣ шудаанд, бо шартномаи миёни мақоми ваколатдор ва продюсерҳои ин филмҳои миллӣ муқаррар карда мешавад.
Бойгонии давлатии асноди кинои Тоҷикистон ҳангоми нигоҳдории маводи аслии филмҳои миллӣ, филмҳои меросӣ ва киносолномаҳо риояи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба онро таъмин менамояд.
Бойгонии давлатии асноди кинои Тоҷикистон дастрасии озод ва ройгони маводи аслии филмҳоро ба продюсерҳои онҳо таъмин менамояд.
 
БОБИ 4. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ СОҲАИ КИНО
 
Моддаи 13. Фаъолият дар соҳаи кино
Фаъолият дар соҳаи кино бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № 267).
 
Моддаи 14. Рекламаи кино
Рекламаи киноро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи реклама танзим менамояд.
 
Моддаи 15. Регистри давлатии кино
Регистри давлатии киноро мақоми ваколатдор дар асоси низомнома, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, танзим мекунад.
Ҳамаи филмҳое, ки дар Тоҷикистон истеҳсол мешаванд, ба Тоҷикистон барои киро ва намоиши оммавӣ ворид мегарданд, ба истиснои филмҳое, ки дар фестивалҳо, семинарҳо, ретроспектива ва дигар чорабиниҳо намоиш дода мешаванд, бояд дар регистри кино ба қайд гирифта шаванд. Филмҳо дар давоми ҳафт рӯзи корӣ ба қайд гирифта мешаванд.
Ихтиёрдори регистри кино мақоми ваколатдор мебошад.
Мақоми ваколатдор маълумотро оид ба регистри кино ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ройгон пешниҳод менамояд.
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз маълумоти регистри кино ҳуқуқи истифода бурданро доранд.
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ маълумоташонро, ки объекти регистри кино ба ҳисоб мераванд, ройгон мегиранд.
Маълумот аз регистри кино ба ҷуз тартиби ба қонунгузорӣ муқарраршуда дигар хел ва бо дигар мақсад истифода бурда намешавад.
Дар регистри кино маълумоти зерин нишон дода мешавад:
номи филм;
офарандагони асосии филм (муаллифи филмнома, таҳиягар, коргардон, наворбардор, оҳангсоз, рассом);
соҳиби ҳуқуқи муаллифӣ ва молумулкӣ;
давомнокии филм;
кишваре, ки филм дар он истеҳсол шудааст;
таърихи истеҳсоли филм;
ҷойи нигоҳдории маводи аслии филм;
хорич карда шуд (Қонун аз 12.05.2007 № 267);
маълумоти дигар.
 
Моддаи 16. Таснифоти филмҳо аз рӯи синну сол
 (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1707)
1. Ҳамаи филмҳои истеҳсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин филмҳое, ки ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пахш кардан ворид мегарданд, аз рӯи синну сол ба категорияҳои зерин ҷудо мешаванд:
- филмҳое, ки барои кӯдакони то шашсола пешбинӣ шудаанд, бо рақам ва аломати "0+" ишора карда мешаванд;
- филмҳое, ки барои кӯдакони аз шашсола боло пешбинӣ шудаанд, бо рақам ва аломати "6+" ё бо калимаҳои "барои кӯдакони аз шашсола боло" ишора карда мешаванд;
- филмҳое, ки барои кӯдакони аз дувоздаҳсола боло пешбинӣ шудаанд, бо рақам ва аломати "12+" ё бо калимаҳои "барои кӯдакони аз дувоздаҳсола боло" ишора карда мешаванд;
- филмҳое, ки барои кӯдакони аз шонздаҳсола боло пешбинӣ шудаанд, бо рақам ва аломати "16+" ё бо калимаҳои "барои кӯдакони аз шонздаҳсола боло" ишора карда мешаванд;
- филмҳое, ки барои тамошобинони аз ҳаждаҳсола боло пешбинӣ шудаанд, бо рақам ва аломати "18+" ё бо калимаҳои "барои кӯдакон манъ аст" ишора карда мешаванд.
2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки барои намоиш ё паҳн кардани филм дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома доранд, ӯҳдадоранд тамошобинро пеш аз пахши филм дар бораи категорияи синнусолии он хабардор намоянд (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1707).
 
БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
 
Моддаи 17. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 18. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                     Э. Раҳмонов
 
ш. Душанбе 
9 декабри соли 2004 № 67
 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ  ИСТИФОДАИ ЭНЕРГИЯИ АТОМӢ

Ношир: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 04/02/2020 - 13:03
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
69
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Date: 
Панҷшанбе, 9 Декабр, 2004

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ  ИСТИФОДАИ ЭНЕРГИЯИ АТОМӢ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2004, №12, қ-1, мод. 696)

 

                     Маҷлиси намояндагон 10-уми ноябри соли 2004 қабул кардааст

                     Маҷлиси миллӣ 25-уми ноябри соли 2004 ҷонибдорӣ намудааст

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва принсипҳои танзими муносибатҳои ҷамъиятиро, ки ҳангоми истифодаи энергияи атомӣ ба миён меоянд, муайян намуда, ба ҳимояи саломатӣ ва ҳаёти одамон, ҳифзи муҳити зист, таъмини реҷаи паҳн накардани аслиҳаи ядроӣ, бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ, ҳифзи моликият ҳангоми истифодаи энергияи атомӣ равона шуда, ба инкишофи илму техникаи атомӣ ва пойдор гаштани низоми байналмилалии истифодаи бехатарии энергияи атомӣ мусоидат менамояд.

Боби 1. Муқаррароти умумӣ

     Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар  Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

танзими давлатӣ - фаъолияти мақоми ваколатдори давлатӣ дар таҳия, тасдиқ ва татбиқи меъёр ва қоидаҳои бехатарии ядроиву радиатсионӣ, ба амал баровардани назорат ва додани иҷозатнома (литсензия) ба намудҳои фаъолияте, ки бо истифодаи энергияи атомӣ алоқаманданд;

назорат амале, ки мақоми ваколатдори давлатӣ ва ташкилотҳои истифодабаранда ба таври доимӣ барои тафтиши иҷрои талаботи меъёр, қоидаҳо ва дастуруламалҳо анҷом медиҳанд;

санҷиш – амале, ки мақоми ваколатдори давлатӣ барои тафтиши иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартҳои иҷозатнома (литсензия) ва шартномаҳои байналмилалӣ дар доираи салоҳияти худ ба мақсади танзими раванди истифодаи энергияи атомӣ анҷом медиҳад;

маҳали ҷойгиршавӣ - иншоот ва сохтмонҳои доимии махсус, ки барои нигоҳдории маводи радиоактивӣ ё гӯронидани партовҳои радиоактивӣ пешбинӣ шудаанд;

энергияи атомӣ – энергияе, ки дар ҷараёни табдилшавии ядроҳои атом хориҷ мегардад. Манбаи энергияи атомӣ энергияи дохилии ядрои атом мебошад, ки бо таъсири мутақобила ва ҳаракати протонҳо ва нейтронҳо дар дохили ядро алоқаманд аст;

истифодабарии энергияи атомӣ – энергияи атомӣ, ки ҳангоми амалӣ кардани реаксияҳои занҷирии ядроӣ ва термоядроии идорашавандаи намуди таркиш (бомбаи ядроӣ ва термоядроӣ), инчунин реаксияҳои идорашавандаи танзимкунии дараҷаи ҷудошавии энергияи (реакторҳои атомӣ) ба вуҷуд меояд. Дар ин ҷо дар зери истифодабарии энергияи атомӣ, ҳамчунин истифодаи энергияи коҳиши радиоактивии манбаъҳои афканишоти иондоркунанда ва моддаҳои радиоактивӣ фаҳмида мешавад;

партовҳои радиоактивӣ – мавод ва моддаҳои дар ҳар ҳолати дилхоҳи агрегатӣ, ки миқдор ва дараҷаи ѓилзати (консентратсии) маводи радиоактивии ба андозаи муқарраргардидаи санадҳои меъёрии муқарраркарда аҳамияти баланд дошта, ки дар  натиҷаи фаъолияти хоҷагӣ ба вуҷуд омадаанд ва минбаъд қобили истифода нестанд;

ашёи махсуси  ѓайриядроӣ - ашёе, ки бо санадҳои зерқонунӣ вобаста ба талаботи низоми ҳуқуқии байналмилалии танзими содироти ядроӣ ҳамин тавр муайян шудаанд;

мол ва хизматрасонӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ - дастгоҳҳо, таҷҳизот, технологияи ядроӣ, маводи радиоактивӣ, масолеҳи махсуси ѓариядроие, ки барои истеҳсоли масолеҳи ядроӣ истифода мешаванд, манбаъҳои афканишоти иондоркунанда, инчунин хизмати марбут ба онҳо;

сатҳи бозпас гирифтан - маҷмӯи андозаҳое, ки дар воҳидҳои фаъолият ифода ёфта, манбаъҳои афканишоти радиоактивӣ ва иондор дар он воҳид ё камтар аз он метавонанд мувофиқи меъёрҳои амалкунанда аз назорат хориҷ карда шаванд;

ҳифзи физикии маводи ядроӣ ва таҷҳизоти ядроӣ - системаи ягонаи тадбирҳои ташкилӣ ва техникие, ки ба пешгирии дастрасии беиҷозати ашхос ба маводу таҷҳизоти ядроӣ равона шудаанд;

нигоҳдорӣ – ҷойгиркунии муваққатии маводи радиоактивӣ ва партовҳои радиоактивӣ, ки дар ҷойҳои махсуси омодагардида (аз ҷумла дар контейнерҳои махсус), ки имконияти баровардани онҳо барои истифода, коркард ё гӯронидан  пешбинӣ шудааст;

ташкилоти истифодабаранда-ташкилоте, ки барои истифодаи энергияи атомӣ иҷозатномаи (литсензияи) мақоми ваколатдори давлатиро дорад;

бехатарии ядроӣ – хосияти объекти ядроӣ, ки бо эҳтимолияти муайян имконнопазир будани садамаи ядроиро таъмин менамояд;

дастгоҳҳои ядроӣ- реакторҳои ядроӣ, аз ҷумла реакторҳои истгоҳҳои атомӣ, асбобҳои кайҳонӣ ва парвозкунанда, воситаҳои нақлиёт, реакторҳои саноатӣ ва тадқиқотии таҷрибавӣ, стендҳои ядроӣ, ҳар гуна иншоот, маҷмӯаҳо, дастгоҳҳо, таҷҳизот ва воситаҳои техникӣ барои истеҳсол, истифода, коркард, ҳамлу нақл ва ҷойгиркунии маводи ядроӣ.

 

             Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

          Моддаи 3. Принсипҳои асосӣ ва вазифаҳои танзими ҳуқуқӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ

1. Принсипҳои асосии танзими ҳуқуқӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ аз инҳо иборатанд:

- таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ ҳангоми истифодаи энергияи атомӣ, муҳофизати аҳолӣ ва муҳити зист аз хатари радиатсионӣ;

- дастрас, объективӣ ва сари вақтӣ будани иттилооти марбут ба истифодаи энергияи атомӣ ва таъсири он ба аҳолӣ ва муҳити зист ба шарте, ки ин иттилоот маълумоти сирри давлатӣ надошта бошанд;

- иштироки шаҳрвандон, ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ѓайритиҷоратӣ (минбаъд ташкилотҳо), шахсони дигари ҳуқуқӣ дар муҳокимаи сиёсати давлатӣ, лоиҳаҳои қонунҳо ва санадҳои дигари ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар фаъолияти амалӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ;

- манъи гӯронидани партовҳои радиоактивии давлатҳои дигар дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таъмини назорати давлатӣ ва санҷиши бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ ҳангоми истифодаи энергияи атомӣ;

- таъмини ҳифзи иҷтимоии кормандони объектҳои истифодаи энергияи атомӣ, инчунин аҳолие, ки дар минтақаи ҷойгиршавии онҳо зиндагӣ ва кор мекунанд;

- додани товони зараре, ки аз таъсири радиатсия расидааст.

2. Вазифаҳои асосии танзими ҳуқуқии муносибатҳое, ки ҳангоми анҷоми ҳамаи намудҳои фаъолият дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ ба вуҷуд меоянд, инҳоянд:

- ташкили асосҳои ҳуқуқии низоми идораи давлатии истифодаи энергияи атомӣ ва низоми танзими давлатии бехатарӣ ҳангоми истифодаи энергияи атомӣ;

- муқаррар намудани ҳуқуқ, ӯҳдадорӣ ва масъулияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ташкилотҳо ва шахсони дигари ҳуқуқӣ ва шаҳрвандон.

3. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама гуна фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар истифодаи энергияи атомӣ бо мақсади таҳия, сохтан, истеҳсол намудан, озмоиш, нигоҳдорӣ ва паҳн намудани силоҳи ядроӣ қатъиян манъ аст.

           Моддаи 4. Объектҳо ва субъектҳо дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ

            1. Объектҳо дар соҳаи  истифодаи энергияи атомӣ инҳоянд:

- дастгоҳҳои ядроӣ;

- маҳали нигоҳдории маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ, партовгоҳҳои радиоактивӣ, объектҳо ва иншооти доимие, ки барои нигоҳдории маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ ё барои гӯрондани партовҳои радиоактивӣ муқаррар шудаанд;

- маводи ядроӣ;

- партовҳои радиоактивӣ;

- манбаъҳои афканишоти радиоактивӣ ва иондоркунандаи бештар аз сатҳи бозпас гирифтан.

2. Субъектҳо дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ инҳоянд:

- мақоми ваколатдори давлатии танзиму назорат ва идоракунанда;

- ташкилотҳое, ки бо фаъолияти истифодаи энергияи атомӣ машѓуланд, ҳамчунин ташкилотҳои тиббӣ, таълимӣ, тадқиқотӣ, тиҷоратӣ, кишоварзӣ ва саноатӣ, аз ҷумла истихроҷи маъдан, коркард ва ѓайраро дар бар мегиранд.

3. Амали ин қонун ба объектҳое, ки маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивиро бо миқдор ва фаъолнокӣ ва (ё) истихроҷи афканишоти иондоркунандаи бошиддат ё энергияашон дорои қимати камтар аз меъёрҳо ва қоидаҳои давлатӣ муқарраршударо дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ доранд, барои онҳо иҷозати мақомоти давлатии танзимгари бехатарӣ ҳангоми иҷрои фаъолият бо объектҳои мазкур,  дахл надорад.

 

Моддаи 5. Намудҳои асосии фаъолият дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ

1. Ба фаъолияте, ки дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ алоқаманданд, мансубанд:

- ҷобаҷогузорӣ, лоиҳакашӣ, таъсис, истифода ва аз истифода гирифтани дастгоҳҳои ядроӣ, манбаъҳои радиатсионӣ ва маҳалҳои нигоҳдорӣ;

- муомила бо маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ, аз он ҷумла ҳангоми ҷустуҷӯ ва истихроҷи канданиҳои фоиданок, ки чунин маводро доранд, дар истеҳсолот, ҳангоми истифода, коркард, ҳамлу нақл ва нигоҳдории маводи ядроӣ, моддаҳои радиоактивӣ ва партовҳои радиоактивӣ;

- бурдани тадқиқотҳои илмӣ, иҷрои корҳо ва расонидани хидматҳо бо истифодаи энергияи атомӣ;

- ҳифзи ҷисмонии дастгоҳҳои ядроӣ, манбаъҳои радиатсионӣ, маҳалҳои нигоҳдории маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ;

- омода кардани мутахассисон дар соҳаи истифодаи дастгоҳҳои ядроӣ, манбаъҳои радиатсионӣ, маҳалҳои нигоҳдорӣ, маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ;

- таъмини бехатарӣ ҳангоми истифодаи энергияи атомӣ;

- баҳисобгирӣ ва назорат ба маводи ядроӣ, манбаъҳои афканишоти радиоактивӣ ва иондоркунанда, моддаҳои радиоактивӣ ва партовҳои радиоактивӣ;

- содирот ва воридоти маводи ядроӣ, технология ва таҷҳизот, моддаҳои махсуси ѓайриядроӣ, мавод, технология ва таҷҳизоти дорои таъиноти дуҷониба, манбаъҳои афканишоти ионидоркунанда, моддаҳои радиоактивӣ;

- назорат ба ҳолати радиатсионӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ҳамлу нақли транзитии маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- омода кардан ва аттестатсияи мутахассисон ва кормандон.

2. Ҳамаи намудҳои фаъолияте, ки ба истифодаи энергияи атомӣ алоқаманд аст, таҳти назорати доимии давлат ба амал бароварда мешавад.

 

Моддаи 6. Моликият ба манбаъҳои радиатсионӣ, маҳалҳои нигоҳдорӣ, маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ

Моликони манбаъҳои радиатсионӣ, маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ, маҳалҳои нигоҳдорӣ ва гӯрондани партовҳо танҳо шахсони ҳуқуқие новобаста аз шакли моликияташон буда метавонанд, ки иҷозатномаи (литсензияи) мақоми ваколатдори давлатиро оид ба ҳуқуқи кор кардан дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд.

 

Боби 2. Мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ

 

Моддаи 7. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи  истифодаи энергияи атомӣ

1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатиро дар соҳаҳои зерин муайян менамояд:

- танзими давлатии истифодаи бехатарии энергияи атомӣ;

- санҷиш, назорат ва додани иҷозатнома ба намудҳои фаъолият оид ба истифодаи энергияи атомӣ;

- таъсири радиатсионӣ ба кормандон ва аҳолӣ;

- санҷиши экологӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист.

2. Вазифаҳо ва тартиби амали мақоми ваколатдорро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

      Моддаи 8. Ҳуқуқи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ

Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ (минбаъд-мақоми ваколатдори давлатӣ) дар ҳудуди салоҳияти худ ҳуқуқ дорад:

- ба Ҳукумат барои омода кардан ва таѓйир додани санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои истифодаи энергияи атомӣ пешниҳодҳо ирсол намояд;

- дар асос ва иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёру қоидаҳоеро, ки фаъолияти марбут ба истифодаи энергияи атомиро танзим менамоянд, омода, муқаррар ва татбиқ намояд;

- ба намудҳои фаъолияте, ки ба истифодаи энергияи атомӣ алоқаманданд, иҷозатнома диҳад;

- ба иҷрои меъёр ва қоидаҳо дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ назорат барад;

- вобаста ба иҷрои салоҳиятҳои худ назорат анҷом диҳад;

- оид ба ҳолати радиатсионӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати давлатӣ анҷом диҳад;

- баҳисобгирӣ ва назорати давлатии маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти радиоактивӣ ва  иондоркунандаро амалӣ созад;

- аз корхонаҳо, ташкилотҳо ва шаҳрвандон бе ягон маҳдудият маълумот ва ҳуҷҷатҳои барои ҳалли вазифаҳои ба ӯҳдаи онҳо гузошташударо талаб намояд ва ба даст орад;

- ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои ҳалли масъалаҳои ба ҷавобгарӣ кашидан ҷиҳати вайрон кардани Қонуни мазкур, санадҳои дигари қонунгузорӣ ва меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавод супорад;

- бо мақомоти ваколатдори давлатҳои дигар ва созмонҳои байналмилалӣ дар масоили бехатарӣ ҳангоми истифодаи энергияи атомӣ ва оид ба масъалаи паҳн накардани силоҳи атомӣ ва назорати маводи ядроӣ ҳамкорӣ анҷом диҳад.

 

Моддаи 9. Ҳуқуқи шахсони мансабдори мақоми ваколатдори давлатӣ

Шахсони мансабдори мақоми ваколатдори давлатӣ (роҳбарон, муовинҳои роҳбарон) ҳангоми иҷрои вазифаҳои бевоситаи худ ҳуқуқ доранд:

- бо тартиби муқарраршуда ба объектҳои истифодаи энергияи атомӣ ва санадҳое, ки фаъолияти онҳоро тавсиф менамоянд, бемамониат дастрасӣ дошта бошанд;

- фаъолияти шахсони ҳуқуқиеро, ки бо истифодаи энергияи атомӣ алоқаманданд, ҳангоми таҳдид ба амнияти аҳолӣ ё муҳити зист боздоранд ё дар бораи қатъи фаъолияташон масъала ба миён гузоранд.

Моддаи 10. Мустақилияти мақоми ваколатдори давлатӣ

1. Мақоми ваколатдори давлатӣ аз дигар мақомоти иҷроия, ташкилотҳое, ки фаъолияти онҳо ба рушд ва истифодаи энергияи атомӣ вобаста мебошад, мустақилияти маъмурию молиявӣ дорад.

2. Монеъ шудан ба  фаъолияти шахсони мансабдори мақоми ваколатдори давлатӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматиашон роҳ дода намешавад.

 

Боби 3. Шартҳои фаъолият, ки бо истифодаи энергияи атомӣ алоқаманданд

 

Моддаи 11. Додани иҷозатнома барои фаъолияте, ки ба истифодаи энергияи атомӣ алоқаманд аст

Барои фаъолияте, ки бо истифодаи энергияи атомӣ вобаста мебошад, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатман иҷозатнома дода мешавад.

 

                 Моддаи 12. Бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ

1. Ҳар гуна фаъолият, ки бо истифодаи энергияи атомӣ алоқаманд аст, бо шарти таъмини ҳифзи саломатии аҳолӣ ва муҳити зист, ҳимояи  амволи шахсони  воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз таъсири зарарноки афканишоти иондор анҷом дода мешавад.

2. Бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ аз ҷониби ташкилотҳои истифодабаранда мутобиқи меъёру қоидаҳои муқарраршуда таъмин карда мешавад.

 

Моддаи 13. Ҳифзи ҷисмонии дастгоҳҳои ядроӣ, манбаъҳои радиатсия, маҳалҳои нигоҳдории маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ

1. Таъмини ҳифзи ҷисмонии дастгоҳҳои ядроӣ, манбаъҳои радиатсия, маҳалҳои нигоҳдории маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ дар ҳама давраҳои истеҳсолот, бунёд кардани объектҳо, ба истифода додан ва аз истифода гирифтани объектҳое, ки дар онҳо бо маводи радиоактивии ядроӣ амалиёт гузаронида мешавад, ҳамчунин ҳангоми ҳамлу нақли онҳо, амалӣ карда мешавад.

2. Ҳифзи ҷисмонии дастгоҳҳои ядроӣ, манбаъҳои радиатсия, маҳалҳои нигоҳдории  маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ аз тарафи ташкилотҳои истифодабаранда таъмин мегардад. Назорати таъмини ҳифзи ҷисмонии дастгоҳҳои ядроӣ, манбаъҳои радиатсия, маҳалҳои нигоҳдории  маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ карда мешавад.

3. Барои иҷрои вазифаҳо оид ба таъмини ҳифзи ҷисмонии объектҳои истифодаи энергияи атомӣ метавонад мақомоти корҳои дохилӣ ва мақомоти хадамоти амният ҷалб карда шаванд.

 

Моддаи 14. Талабот оид ба таъмини ҳифзи ҷисмонии дастгоҳҳои ядроӣ, манбаъҳои радиатсия, маҳалҳои нигоҳдории  маводи  ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ

1. Талабот оид ба таъмини ҳифзи ҷисмонии дастгоҳҳои ядроӣ, манбаъҳои радиатсия, маҳалҳои нигоҳдории маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ бо меъёру қоидаҳо дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ муқаррар карда мешаванд.

2. Ҳифзи ҷисмонии дастгоҳҳои ядроӣ, манбаъҳои радиатсия, маҳалҳои нигоҳдории маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ бояд мутобиқи ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ анҷом дода шавад.

3. Дар сурати наандешидани тадбирҳо барои иҷрои талабот оид ба таъмини ҳифзи ҷисмонии объектҳои истифодаи энергияи атомӣ истифодаи дастгоҳҳои ядроӣ, манбаъҳои радиатсия, маҳалҳои нигоҳдорӣ, ҳамчунин анҷом додани ҳар гуна фаъолият оид ба истифодаи маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ, ки дар ҳар гуна шакл ва дар ҳар кадом марҳилаи истеҳсол, истифода, коркард, ҳамлу нақл ё нигоҳдорӣ қарор доранд, манъ аст.

 

Моддаи 15. Баҳисобгирӣ ва назорати маводи ядроӣ  ва манбаъҳои афканишоти иондоркунанда

1. Маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти иондоркунанда аз тарафи давлат ба ҳисоб гирифта шуда, мавриди назорат қарор дода мешаванд. Бо ин мақсад мақоми ваколатдори давлатӣ низоми давлатии баҳисобгирӣ ва назорати маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти иондоркунанда таъсис медиҳад.

2. Низомҳои давлатии  баҳисобгирӣ ва назорати маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти иондоркунанда миқдори воқеии маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти иондоркунанда, ҷойи нигоҳдорӣ, пешгирии гумшавӣ, истифодаи бераводид ва дуздӣ, пешниҳоди иттилооти фаврӣ дар хусуси мавҷудият ва интиқоли маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти иондоркунанда, ҳамчунин маълумот дар бораи аз ҳисоб хориҷ кардан ва гӯронидани манбаъҳо, оид ба содирот ва воридоти манбаъҳо ва маводи ядроӣ ба мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳолатҳои дар шартномаҳои байналмилалӣ пешбинишуда аз тарафи ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои дигар  таъмин месозанд.

3. Ташкилоти истифодабаранда, ки ба истифодаи маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти иондоркунанда фаъолият анҷом медиҳад, баҳисобгирии онҳо ва пешниҳоди маълумоти боэътимодро ба мақомоти ваколатдори давлатӣ таъмин менамояд.

4. Тартиби ташкили низомҳои давлатии баҳисобгирӣ ва назорати маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти иондоркунандаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

 

Моддаи 16. Талаботи асосии бехатарӣ ҳангоми интихоби майдончаю бунёди дастгоҳҳои ядроӣ ва маҳалҳои нигоҳдорию гӯронидани  маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ

1. Интихоби майдончаю бунёди дастгоҳҳои ядроӣ, маҳалҳои нигоҳдорию гӯронидани  маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ бояд дар асоси меъёру қоидаҳо дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ ва ҳифзи муҳити зист амалӣ карда шавад.

2. Қарор дар хусуси бунёди дастгоҳи ядроию  маҳали нигоҳдорӣ ва гӯронидани маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти ҳолатҳои зерин қабул менамояд:

- талабот ба онҳо барои ҳалли вазифаҳои хоҷагидории мамлакат ва манотиқи алоҳидаи он;

- мавҷудияти шароити зарурӣ, ки ба меъёру қоидаҳои истифодаи энергияи атомӣ барои ҷойгир - кардани ин объектҳо ҷавобгӯ мебошад;

- набудани таҳдиди бехатарии объектҳои мазкур аз тарафи объектҳои наздик ҷойгиршудаи шаҳрвандӣ ва низомӣ;

- оқибатҳои имконпазири иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷойгир кардани объектҳои мазкур барои рушди саноат, кишоварзӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангию маишии минтақа.

3. Санадҳои лоиҳавии объектҳои мазкур ба таври ҳатмӣ аз таҳқиқи экологӣ, беҳдоштӣ ва техникӣ гузаронида мешаванд.

                  Моддаи 17. Талаботи асосӣ ба ташкилоти  истифодабаранда

1. Ташкилоти истифодабаранда барои бехатарии дастгоҳи ядроӣ, манбаи афканишоти иондоркунанда, маҳали ҷойгирӣ, ҳамчунин барои муносибати даркорӣ бо маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ масъулияти пурра ба зимма дорад.

2. Масъулият барои бехатарии дастгоҳи ядроӣ, манбаи афканишоти иондоркунанда, маҳали нигоҳдорӣ, ҳатто дар ҳолати қатъ гардидани амали иҷозатнома то интиқоли объектҳои мазкур ба дигар ташкилоти истифодабаранда ё гирифтани иҷозатномаи нав боқӣ мемонад.

3. Ташкилоти истифодабаранда ӯҳдадор аст:

- дорои захираҳои зарурии молиявӣ, моддию техникӣ ва кормандон бошад, ки барои таъмини бехатарӣ дар ҳама давраҳои фаъолият ҳангоми истифодаи объектҳои энергияи атомӣ кофианд;

- барои иҷрои корҳо ҷиҳати аз истифода гирифтани объектҳои истифодаи энергияи атомӣ, рекултиватсияи масоҳати гӯронидани партовҳои радиоактивӣ, бартараф кардани оқибати ҳолатҳои садамавӣ, ҷуброни зарар ба саломатӣ ва ҳаёти одамон ва муҳити зист, ҳамчунин амволи шаҳрвандон ва ташкилотҳо тадбирҳо пешбинӣ созад ва бо маблаѓ таъмин намояд.

4. Ташкилоти истифодабаранда инҳоро таъмин менамояд:

- истифодаи дастгоҳи ядроӣ, манбаи афканишоти иондоркунанда ва маҳали  нигоҳдорӣ танҳо барои ҳамон мақсадҳое, ки онҳо таъин гардидаанд;

- ташкил ва ҳамоҳангсозии таҳия ва иҷрои барномаҳо, таъмини сифат дар ҳамаи давраҳои ба истифода додан, истифода намудан ва аз истифода гирифтани дастгоҳи ядроӣ, манбаи афканишоти иондоркунандаи маҳали нигоҳдорӣ;

- таҳия ва татбиқи чораҳои омодагии садама ва тадбирҳои зиддисадама дар дастгоҳи ядроӣ, манбаи афканишоти иондоркунанда ва маҳали нигоҳдорӣ ҳамчунин чораҳо оид ба кам кардани оқибатҳои манфии садама барои кормандони объектҳои мазкур, аҳолӣ ва муҳити зист;

- баҳисобгирии дозаи инфиродии кормандони объектҳои истифодаи энергияи атомӣ ва татбиқи ҳуқуқи онҳо барои ҷуброн;

- суѓуртаи кормандон ва дар сафари хизматӣ қарордоштагон аз хавфи таъсири радиатсия аз ҳисоби худ;

- анҷом додани салоҳиятҳои дигар, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардаанд.

5. Кормандони ташкилоти истифодабаранда бо тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, аз санҷиши тахассусӣ мегузаранд.

 

Боби 4. Содирот ва воридоти мол ва хизматрасонӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ

 

Моддаи 18. Анҷом додани содирот ва воридоти мол  ва хизматрасонӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ

Содирот ва воридоти мол ва хизматрасонӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ, ки бо мақсадҳои тиҷоратӣ интиқол, харид ё фурӯш ё интиқоли ѓайритиҷоратиро дар бар мегирад, аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ назорат карда мешавад ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин шартномаҳои байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 19. Тартиби амалӣ гардонидани содирот ва воридоти мол  ва хизматрасонӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ

Тартиби амалӣ гардонидани содирот ва воридоти маводи ядроӣ, технология, таҷҳизот ва дастгоҳҳои ядроӣ, маводи махсуси ѓайриядроӣ, манбаъҳои афканишоти иондоркунанда, маводи радиоактивӣ ва партовҳои радиоактивиро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

Боби 5. Ҳуқуқу ӯҳдадории шаҳрвандон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳо

 

Моддаи 20. Ҳуқуқи шаҳрвандон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳо дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ

1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳо дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ  ҳуқуқ доранд:

- тавассути мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба истифодаи энергияи атомӣ ва васоити ахбори умум дар хусуси бехатарии объектҳои бунёдашон пешбинишуда, лоиҳакашидашуда, бунёдшаванда, истифодашаванда ва аз истифода гирифташудаи энергияи атомӣ, дар бораи назорати амалишавандаи ҳолати радиатсионӣ дар маҳалҳое, ки онҳо истиқомат мекунанд ё кор менамоянд, ҳамчунин дар хусуси дозаи шуоъгирӣ маълумот ба даст оранд;

- дар баррасии сиёсат, лоиҳаи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳо дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ иштирок намоянд;

- таҳқиқи экологии ҷамъиятии ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва назоратро аз болои вазъияти радиатсионии муҳити зист мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳанд;

- бо мақсади шиносоӣ пайдо кардан бо тартиби муқарраршуда аз дастгоҳҳои ядроӣ, маҳалҳои нигоҳдорӣ ва гӯронидан дидан намоянд;

- барои ҷуброни ҳисороту зиёне, ки дар натиҷаи садамаи ядроӣ ё радиатсионӣ ба онҳо расидааст, аз ҳисоби ташкилоти истифодабаранда, ки ба ин садама роҳ додааст.

 

Моддаи 21. ӯҳдадории шаҳрвандон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳо дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ

Шаҳрвандон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳо ӯҳдадоранд қонунгузориеро, ки истифодаи энергияи атомиро танзим менамояд, риоя намуда, талаботи меъёру қоидаҳои бехатарӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ, ҳамчунин талаботи шахсони мансабдори ташкилотҳо оид ба истифодаи энергияи атомиро иҷро намоянд.

 

Моддаи 22. Суғуртакунӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ

  Шаҳрвандон ва моликияти онҳо аз эҳтимолияти таъсири радиатсионӣ аз ҳисоби соҳибмулк ва ё истифодабарандаи энергияи атомӣ ҳатман суѓурта карда мешаванд. Пардохти суѓуртапулӣ новобаста аз маблаѓи супоридашуда ба амал бароварда мешавад. Тартиб ва шартҳои суѓуртаи шаҳрвандон ва моликияти онҳоро аз эҳтимолияти таъсири радиатсионӣ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

 

Моддаи 23. Ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи истифодаи номувофиқи объектҳои энергияи атомӣ расидааст

1. Зарари ба саломатии шаҳрвандон расонидашуда, ҳамчунин фавти онҳо дар натиҷаи истифодаи номувофиқи объектҳои энергияи атомӣ бояд аз ҳисоби расонандаи зарар дар ҳаҷми пурра бо назардошти дараҷаи гум кардани қобилияти меҳнатии зарардида, хароҷот барои табобати вай, барқарорсозии саломатӣ, парастории бемор, кӯмакпулиҳои таъиншуда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда шавад.

2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз расонандагони зарар ҷуброни пурраи зиёни молии вобаста ба истифодаи номувофиқи объектҳои энергияи атомӣ аз ҷониби ташкилотҳо ва шаҳрвандон расида ва хароҷоти ташкилотҳоро новобаста аз шакли моликияти онҳо ва шахсони алоҳидаро, ки дар корҳои садамавию наҷотбахшӣ ва бартараф кардани оқибатҳои истифодаи номувофиқи объектҳои энергияи атомӣ иштирок намудаанд, талаб намоянд.

3. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии гунаҳкори истифодаи номувофиқи объектҳои энергияи атомӣ ӯҳдадоранд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон зарари ба замин, об, олами набототу ҳайвонот расонидашуда, аз ҷумла хароҷоти рекултиватсияи замин ва барқарорсозии ҳосилхезии табиии заминро ҷуброн намоянд.

 

Моддаи 24. Тадбирҳо оид ба ҳимояи иҷтимоии шаҳрвандон дар манотиқи ҷойгиршавии дастгоҳҳои ядроӣ, манбаъҳои радиатсия ва маҳалҳои нигоҳдории онҳо

Шаҳрвандоне, ки дар ҳудуди манотиқи мушоҳидаи дастгоҳҳои ядроӣ, манбаъҳои радиатсия ё маҳалҳои нигоҳдорӣ истиқомат мекунанд, кору фаъолият анҷом медиҳанд ё хизмати ҳарбӣ адо мекунанд, ба ҷуброни иҷтимоию иқтисодӣ барои омилҳои иловагии хавф ё барои шароити махсуси истиқомат, анҷом додани кору фаъолият ё адои хизмати ҳарбӣ ҳуқуқ доранд. Навъ, андозаи ҷубронҳои мазкур ва тадбирҳо оид ба ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандонро дар вобастагӣ аз навъ ва тавсифи амнияти объекти истифодаи энергияи атомӣ санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунанд. Тартиби пешниҳоди ҷубронҳои мазкур ва тадбирҳо оид ба ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар месозад.

Боби 6.  Муқаррароти  хотимавӣ

 

Моддаи 25. Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар  соҳаи истифодаи энергияи атомӣ

Агар мутобиқи санадҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро  эътироф кардааст, назар ба он меъёрҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодаи энергияи атомӣ мавҷуд аст, меъёрҳои дигар муқаррар шуда бошад, дар ин сурат меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ истифода мегарданд.

 

Моддаи 26. Ҷавобгарӣ барои вайрон намудани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба вайрон кардани Қонуни мазкур роҳ медиҳанд, мутобиқи тартиботи муқаррарнамудаи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 27. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                        Э.Раҳмонов

 

               ш. Душанбе  9 декабри соли 2004

               № 69

 

 

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН

Ношир: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 04/02/2020 - 13:10
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
72
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Date: 
Панҷшанбе, 9 Декабр, 2004
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №12, қ. 1, мод. 699; с. 2008, №10, мод. 805,
мод. 817; с. 2013, №12, мод. 896; с. 2015, №3, мод. 215; Қонуни ҶТ аз 02.01.2018 с., №1498; аз 29.01.2021с.,№1769)
 
Қонуни мазкур муносибатҳои байни истеъмолкунандагон ва истеҳсолкунандагон, иҷрокунандагон, фурўшандагонро ҳангоми фурўши мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) ба танзим дароварда, ҳуқуқи истеъмолкунандагонро барои харидани моли (кори, хизматрасонии) дорои сифати муносиб ва барои ҳаёту саломатии истеъмолкунандагон бехатар, гирифтани маълумот оид ба мол (кор, хизматрасонӣ) ва истеҳсолкунандагони (иҷрокунандагони, фурўшандагони) он, ҳимояи давлатӣ ва ҷамъиятии манфиати онҳоро муқаррар ва тарзи татбиқи ин ҳуқуқҳоро муайян мекунад.
 
БОБИ 1.
МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
 
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
 
Мафҳумҳои асосие, ки дар Қонуни мазкур истифода мешаванд:
– истеъмолкунанда – шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки ният дорад мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) – ро фармоиш диҳад ё харидорӣ намояд, ё худ онҳоро танҳо барои эҳтиёҷоти шахсӣ, оилавӣ, рўзгор ва ғайра, ки бо анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд намебошанд, истифода намояд;
- гурӯҳи номуайяни истеъмолкунандагон - доираи васеи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки муайян ва ба мурофиа ҷалб намудани онҳо ба сифати даъвогар, инчунин муҳокимаи масъалаҳои ҳуқуқу уҳдадории онҳо ҳангоми баррасии парвандаҳо имконнопазир мебошад (ҚҶТ аз 29.01.2021, №1769);
– истеҳсолкунанда – ташкилоте, ки новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии он, инчунин соҳибкори инфиродие, ки молро ҷиҳати фурўш барои истеъмолкунандагон истеҳсол мекунанд;
– иҷрокунанда – ташкилоте, ки новобаста аз шакли моликият, инчунин соҳибкори инфиродие, ки корро барои истеъмолкунандагон тибқи шартномаи бемузд ё музднок иҷро мекунанд ё хизмати онҳоро ба ҷо меоваранд;
– фурўшанда - ташкилоте, ки новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии он, инчунин соҳибкори инфиродие, ки молро тибқи шартномаи хариду фурўш ба истеъмолкунанда мефурўшанд;
– чеки молталони хазинадорӣ бо суроғаи фурўшанда ва сабти маблағ, ки ба мол, истеҳсол, нигоҳдорӣ ва хариду фурўши он мансуб мебошад;
– чеки хазинадорӣ – талони дар мошини назоратии хазина чопшуда бо зикри маблағи гирифташуда, санаи фурўш, номи ташкилоте (соҳибкори инфиродие), ки молро барои фурўш истеҳсол мекунад;
– стандарт – стандарти давлатӣ, меъёру қоидаҳои санитарӣ, бинокорӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрие, ки тибқи қонун талаботи ҳатмиро ба сифати мол (кор, хизматрасонӣ) муқаррар менамояд;
– сифати мол (кор, хизматрасонӣ) - маҷмўи хусусиятҳои моле (коре, хизматрасоние), ки ба талаботи муқарраргардида ва ё эҳтимолии истеъмолкунанда (бехатарӣ, коршоямӣ, хусусиятҳои истифода, боэътимодӣ, камхарҷӣ, талаботи иттилоотии завқӣ ва ғайра) - ро қонеъ гардонидани он нисбат дорад;
– мўҳлати кафолат – мўҳлати тақвимӣ (ба ҳисоби моҳ) ё кор (ба ҳисоби соат, давраи хизмат, километри гашт ва ҳоказо), ки дар ин муддат мол (натиҷаи кор, хизматрасонӣ) бояд ба тамоми талаботи сифате ҷавобгў бошад, ки бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ муайян карда шудааст;
– мўҳлати коршоямӣ – даврае, ки баъди гузаштани он мол (натиҷаи кор) барои истифода кардан аз рўи таъиноташ корношоям дониста мешавад;
– мўҳлати хизмат – даврае, ки дар ҷараёни он истеҳсолкунанда ўҳдадор мешавад ба истеъмолкунанда имконияти аз рўи таъинот истифода бурдани мол (натиҷаи кор)-ро муҳаё намояд ва бехатарии мол (иҷрои кор)-ро барои ҳаёт ва саломатии истеъмолкунанда ва ҳамчунин барои муҳити зист кафолат медиҳад;
– мўҳлати нигоҳдорӣ – даврае, ки дар рафти он мол (натиҷаи кор, ё хизматрасонӣ), дар сурати риоя шудани шартҳои муқарраргардидаи нигоҳдорӣ, хусусиятҳои дар ҳуҷҷати меъёрӣ ва ё дар шартнома зикршуда, ки талаботро нисбати мол (кор, хизматрасонӣ) муқаррар кардааст, нигоҳ медорад;
– нуқсони мол (кор, хизматрасонӣ) ё худ моли дорои сифати номатлуб номувофиқатии мол (кор, хизматрасонӣ) ба стандарт, ба шартҳои шартнома ё худ ба талаботи оддии сифати мол (кор, хизматрасонӣ);
– нуқсони ҷиддии мол (кор, хизматрасонӣ) – нуқсоне, ки истифодаи мол (кор, хизматрасонӣ) – ро мутобиқи таъиноташ номумкин ё нораво мегардонад ё онро бартараф кардан мумкин нест ва ё баъди рафъаш боз зоҳир мешавад, ки барои бартараф кардани он маблағи калон лозим аст ё худ бар асари он истеъмолкунанда ба андозаи зиёдтар аз баҳрае маҳрум мешавад, ки ҳангоми имзои шартнома ба он умед баста буд;
– бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) – бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) барои ҳаёт, саломатӣ, амволи истеъмолкунанда ва муҳити зист ҳангоми истифода, нигаҳдорӣ, интиқол ва нобудкунии он, инчунин бехатарии ҷараёни иҷрои кор (хизматрасонӣ) вобастагӣ дорад.
 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон
 
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1498)
 
Моддаи 3. Ҳуқуқи истеъмолкунанда
 
Истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад:
- ба маърифатнокӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон;
- ба маълумот доир ба мол (кор, хизматрасонӣ) ва ҳамчунин доир ба истеҳсолкунандагони (иҷрокунандагони, фурўшандагони) он;
-  ба гирифтани чеки мол, чеки хазинадорӣ ва ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти маблағи мол (кор, хизматрасонӣ) (ҚҶТ аз 29.01.2021, №1769);
- ба бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ);
- ба интихоби озоди мол (кор, хизматрасонӣ);
- ба иваз намудани моли дорои сифати номатлуб (ҚҶТ аз 29.01.2021, №1769);
- ба бартараф намудани нуқсон ва камбудии мол (кор, хизматрасонӣ) (ҚҶТ аз 29.01.2021, №1769);
- ба сифати муносиби мол (кор, хизматрасонӣ);
- ба ҷуброни пурраи зараре (зиёне), ки бинобар нуқсони мол (кор, хизматрасонӣ) расидааст;
- ба суд ва дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои худ муроҷиат намояд; (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1193)
- ба таъсис додани иттиҳодияҳои ҷамъиятии истеъмолкунандагон;
- ба пешниҳод кардани таклифу дархостҳо оид ба беҳтар кардани сифати мол (кор, хизматрасонӣ) ба истеҳсолкунанда (фурўшанда).
 
Моддаи 4. Таъмини ҳуқуқи истеъмолкунанда ба маърифатнокӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи
                    истеъмолкунанда
 
Ҳуқуқ доштани истеъмолкунанда ба маърифатнокӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон бо роҳи ба барномаи муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ дохил намудани масъалаҳо оид ба асосҳои дониши истеъмолӣ (матлуботӣ) ва ҳамчунин бо роҳи ташкили системаи огоҳонии истеъмолкунанда аз ҳуқуқҳояш ва амалҳои зарурии ҳимояи ин ҳуқуқҳо таъмин карда мешавад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1193)
Дар фанҳои таълимӣ мавзӯъҳо оид ба асосҳои ҳуқуқи истеъмолкунандагон аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муайян карда мешаванд. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1193)
 
Моддаи 5. Ҳуқуқи истеъмолкунанда ба интихоби озоди мол (кор, хизматрасонӣ)
 
Истеъмолкунанда дар вақти барояш муносиб бо назардошти тартиботи кори фурўшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) ба интихоби озодонаи моли (кори, хизматрасонии) хушсифат ҳуқуқ дорад.
Фурўшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) уҳдадор аст ба истеъмолкунанда дар интихоби озодонаи мол (кор, хизматрасонӣ) ёрӣ расонад.
Ба баъзе гурўҳҳои истеъмолкунандагон дар хизматгузории тиҷоратӣ, маишӣ ва дигар намудҳои хизматгузории истеъмолкунандагон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёз ва бартарият дода мешавад.
Ба муқаррар намудани бартариятҳо, маҳдудиятҳои бевосита ё худ бавосита ҳангоми интихоби мол (кор, хизматрасонӣ), ғайр аз бартарие ё маҳдудиятҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, роҳ дода намешавад.
 
Моддаи 6. Сифат ва миқдори мол (кор, хизматрасонӣ)
 
Фурўшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) уҳдадор аст ба истеъмолкунанда моле диҳад (кореро иҷро намояд, хизмате расонад), ки сифат ва миқдори он ба шартнома мувофиқ бошад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1498)
Ҳангоми дар шартнома мавҷуд набудани шартҳо оид ба сифати мол (кор, хизматрасонӣ), фурўшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) уҳдадор аст барои мақсадҳое, ки чунин мол (кор, хизматрасонӣ) одатан истифода мешавад, ба истеъмолкунанда мол диҳад (корро иҷро намояд, хизмат расонад).  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1498; аз 29.01.2021с., №1769)
Агар фурўшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) ҳангоми бастани шартнома доир ба мақсадҳои мушаххаси харидории мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) аз ҷониби истеъмолкунанда огоҳ шуда бошад, фурўшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) уҳдадор аст ба истеъмолкунанда молеро диҳад (кореро иҷро намояд, хизмате расонад), ки он мувофиқи ин мақсадҳо барои истифода коршоям бошад. (ҚҶТ аз 29.01.2021с., №1769)
Ҳангоми фурўши мол аз рўи намуна ва ё тавсиф фурўшанда уҳдадор аст ба истеъмолкунанда моли ба намуна ва ё тавсиф мувофиқро диҳад(ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1498)
Агар бо стандарт нисбати сифати мол (кор, хизматрасонӣ) талаботи ҳатмӣ пешбинӣ шуда бошад, фурўшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) уҳдадор аст ба истеъмолкунанда молеро супорад (коре, хизматеро ба ҷо оварад), ки он мувофиқи ин талабот бошад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1498)
Истеъмолкунанда фақат маблағи миқдори муайяни моли гирифтааш (кори, хизмати ба ҷо овардааш) - ро пардохт менамояд.
Баҳисобгирии моли (кори, хизматрасонии) ҳаққонӣ гирифтаи истеъмолкунанда (кору хизмати ҳаққонӣ барояш иҷрокарда) - ро фурўшанда бо воситаҳои ченаке, ки мақомоти давлатии стандартизатсия ва метрология санҷида, тамға задаанд, таъмин менамояд. Ин асбобу анҷомҳо ва дигар асбобу анҷомҳои ҳисобгирии инфиродии миқдори моли гирифтаи истеъмолкунанда (кору хизмати расонида) моликияти фурўшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) буда, аз тарафи онҳо хизматгузорӣ мешаванд. (ҚҶТ аз 6.10.08с., №424)
Агар фурўшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) ба истеъмолкунанда назар ба миқдори пешбининамудаи шартнома камтар мол супурда (кору хизматро ба ҷо оварда) бошад, пас фурўшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) уҳдадор аст, ба шарте, ки дар шартнома тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, зарари аз ин кашидаи истеъмолкунандаро пурра ҷуброн намояд.
Дар шартнома пешбинӣ намудани шартҳое, ки ҳуқуқҳои истеъмолкунандаро нисбат ба ҳуқуқҳои муқарраркардаи қонунгузорӣ маҳдуд месозанд, манъ аст.
 
Моддаи 7. Ўҳдадориҳои истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурўшанда) ҷиҳати муқаррар
намудани мўҳлатҳои хизмат, коршоямӣ ва кафолати мол (кор)
(ҚҶТ аз 18.03.15с., №1193)
 
Истеҳсолкунанда (иҷрокунанда) уҳдадор аст мўҳлати хизмати моли (кори) истифодааш дарозмуддат, аз ҷумла маснуоти комплектӣ (ҷузъу қисмҳо, агрегатҳо) – ро, ки бо мурури замон барои ҳаёт, саломатии истеъмолкунанда хавфнок шуда, ба амволи ў ё ба муҳити зист зарар расонда метавонад, муқаррар намояд.
Мўҳлати хизмати мол (кор) бо воҳиди вақт ва ҳамчунин бо воҳидҳои дигари ченак (километр, метр ва ғайра) вобаста ба таъинот ва хусусияти мол ҳисоб карда мешавад.
Истеҳсолкунанда (иҷрокунанда) уҳдадор аст ба маҳсулоти озуқа, ороишиву атриёт, доруворӣ, молҳои кимиёвӣ, рўзгор ва ба дигар молҳои ҳаммонанд мўҳлати коршоямӣ муқаррар намояд.
Фурўхтани мол (иҷрои кор) баъди гузаштани мўҳлати муқарраршудаи коршоямиаш ва ҳамчунин моле (иҷрои коре), ки бояд ба он мўҳлати хизмат ё мўҳлати коршоямӣ муқаррар карда шавад, вале муқаррар нагардидааст, манъ аст.
Истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда) ӯҳдадор мебошад, ки дар давраи мӯҳлати кафолатии муайяншуда ё мӯҳлати кафолатии иловагии муқаррарнамудааш талаботи истеъмолкунандаро тибқи Қонуни мазкур қонеъ гардонад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1498)
 
Моддаи 8. Ҳуқуқи истеъмолкунанда ба бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ)
 
Истеъмолкунанда ҳангоми риояи шартҳои муқарраршуда истифодабарӣ, нигоҳдорӣ, интиқол ва нобудкунии мол (кор, хизматрасонӣ), ки барои ҳаёт, саломатии истеъмолкунанда, муҳити зист бехатар бошад, инчунин ба амволи ў зиён нарасонад, ҳуқуқ дорад.
Талаботе, ки бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) – ро барои ҳаёту саломатии истеъмолкунанда, муҳити зист таъмин месозад, инчунин расидани зарарро ба амволи истеъмолкунанда пешгирӣ менамояд, ҳатмӣ буда, тибқи қонун муқаррар карда мешавад.
Истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад бо воситаҳои ахбори умум дар бораи моле (коре, хизматрасоние) , ки барои ҳаёт, саломатӣ, амвол ва муҳити зист хавфу хатар дорад, аз ҳисоби фурўшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) иттилоот дошта бошад.
Истеҳсолкунанда (иҷрокунанда) уҳдадор аст дар давоми мўҳлати муқаррарнамудаи кафолат ё мўҳлати коршоямии мол (кор) бехатарии мол (кор) - ро таъмин намояд.
Зараре, ки дар натиҷаи таъмин накардани бехатарии мол (кор) ба ҳаёт, саломатӣ ё амволи истеъмолкунанда расонида шудааст, бояд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда шавад.
Агар барои бехатарии истифодаи мол (кор, хизматрасонӣ) нигоҳдорӣ, интиқол ва нобудкунии он риояи қоидаҳои махсус (минбаъд – қоидаҳо) зарур бошад, истеҳсолкунанда (иҷрокунанда) уҳдадор аст ин қоидаҳоро дар ҳуҷҷатҳои ҳамроҳикунандаи мол (кор, хизматрасонӣ) дар тамғакоғаз, зикр намояд, нишонагузорӣ кунад ё ба дигар тарз зикр намояд ва фурўшанда (иҷрокунанда) уҳдадор  аст, ки ин қоидаҳоро ба маълумоти истеъмолкунанда расонад.
Агар ба мол (кор, хизматрасонӣ) тибқи қонунҳо ё бо стандартҳо талаботи ҳатмӣ муқаррар шуда бошад, ки бехатарии онро барои ҳаёт, саломатии истеъмолкунандагон, муҳити зист ва пешгирии зарарро ба амволи истеъмолкунанда таъмин мекунанд ва ҳамчунин воситаҳое, ки бехатарии ҳаёт ва саломатии истеъмолкунандаро таъмин менамоянд, бояд бо тартиби пешбининамудаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатман сертификатсия карда шавад. Номгўи мол (кор, хизматрасонӣ), ки бояд ҳатман сертификатсия карда шаванд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Фурўши мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ), аз ҷумла моли (кори, хизматрасонии) воридотӣ, бидуни маълумоти сертификати ҳатмӣ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ ва дар мавриди зарурат бо хулосаҳои санитарию эпидемиологӣ ва мутобиқати он ба талаботи зикргардидаи қисми шашуми ҳамин модда, инчунин бидуни маълумоти алифбои рақамӣ ва хатҳои рамзӣ манъ мебошад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1193)
Агар муқаррар карда шавад, ки ҳангоми аз ҷониби истеъмолкунанда риоя гардидани қоидаҳои муқаррарнамудаи истифода, нигоҳдорӣ ё интиқоли мол (кор) он ба ҳаёт, саломатӣ ва амволи истеъмолкунанда, муҳити зист зарар мерасонад ё расонда метавонад, истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурўшанда) уҳдадор аст, истеҳсоли (фурўши) онро то бартараф намудани сабабҳои зарар фавран ва дар ҳолатҳои зарурӣ барои аз муомилот ва аз истеъмолкунанда (истеъмолкунандагон) бозпас гирифтани он тадбирҳо андешад.
Агар бартараф кардани сабабҳои зарар ғайриимкон бошад, истеҳсолкунанда (иҷрокунанда) уҳдадор аст, истеҳсоли чунин мол (кор, хизматрасонӣ)-ро қатъ намояд. Ҳангоми аз ҷониби истеҳсолкунанда ( иҷрокунанда) иҷро нашудани ин ўҳдадориҳо бо супориши мақомоти босалоҳияти идоракунии давлатӣ, ки сифат ва бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) - ро назорат мекунанд, истеҳсоли ин мол (кор, хизматрасонӣ) қатъ гардида, аз истеҳсолот, муомилот ва аз истеъмолкунандагон бозпас гирифта мешавад.
Зараре, ки ба истеъмолкунанда дар натиҷаи бозпас гирифтани мол (кор, хизматрасонӣ) расидааст, бояд аз тарафи истеҳсолкунанда (иҷрокунанда) пурра ҷуброн карда шавад.
Агар муқаррар карда шавад, ки фурўшанда (иҷрокунанда) молеро мефурўшад (кореро иҷро менамояд), ки барои ҳаёт, саломатӣ ва амволи истеъмолкунанда зараровар мебошад, чунин мол (кор) бо тартиби муқаррарнамудаи қонун аз фурўшанда (иҷрокунанда) бозпас гирифта мешавад.
Тартиби аз муомилот гирифтани молҳои ғайрихӯрокворие, ки барои ҳаёт, саломатӣ ва амволи истеъмолкунанда зараровар мебошанд ва муҳлати коршоямиашон гузаштааст ё бе маълумот барои истеъмолкунандагон ба муомилот бароварда мешаванд, аз ҷониби мақоми  ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ муқаррар карда мешавад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1193)
 
Моддаи 81. Ҳуқуқи истеъмолкунандагон ба гирифтани чеки мол, чеки хазинадорӣ ва ё дигар
ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти мол
 
Истеъмолкунанда ҳангоми хариди мол ва иҷрои кор ҳуқуқ дорад, ки чеки хазинадорӣ, чеки мол ва ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти молро аз истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда), ба истиснои соҳибкорони инфиродие, ки бо патент фаъолият мекунанд, талаб намуда гирад.
Ҳангоми фурӯши мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ  истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда) уҳдадор аст, ки ба истеъмолкунанда чеки мол ва чеки хазинадориро диҳад. Дар сурати пешниҳод накардани чеки мол ва чеки хазинадорӣ, истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
(ҚҶТ аз 18.03.15с., №1193)
 
Моддаи 9. Маълумот дар бораи мол (кор, хизматрасонӣ)
 
Истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад талаб намояд ва истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурўшанда) уҳдадор аст сари вақт ба истеъмолкунанда дар бораи мол (кор, хизматрасонӣ) маълумоти зарурӣ ва боэътимоде пешниҳод намояд, ки имконияти интихоби дурусти онро таъмин созад. Номгўи намудҳои алоҳидаи мол (кор, хизматрасонӣ) ва тарзи расонидани маълумот ба истеъмолкунанда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Маълумоти дар қисми якуми ҳамин модда зикршуда рўшану возеҳ ва фаҳмо ба маълумоти истеъмолкунандагон ҳангоми бастани шартномаҳои хариду фурўш ва шартномаҳои иҷрои кор (хизматрасонӣ) бо тарзҳои маъмули баъзе соҳаҳои хизматрасонӣ ба истеъмолкунандагон ба забонҳои давлатӣ ва русӣ расонида мешавад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1498)
Маълумот оид ба мол (кор, хизматрасонӣ) ба таври ҳатмӣ бояд ҳолатҳои зеринро дар бар гирад:
- зикри стандартҳое, ки мол (кор, хизматрасонӣ), нишони мол ё нишони хизматии ба қайд гирифташуда (патент кардашуда) бояд ба талаботи ҳатмии ин стандартҳо мувофиқат намояд;
- маълумот оид ба хусусиятҳои асосии истеъмоли мол (кор, хизматрасонӣ), нисбати озуқа – маълумот оид ба таркиб (аз ҷумла номгўи дигар маводи хўрок ва иловаи хўрок, ки дар ҷараёни тайёр кардани онҳо истифода шудаанд), вазн ва ҳаҷми мавод, калорияи (қувваи) озуқа, таркиби моддаҳои барои саломатӣ зарарнок дар муқоиса бо талаботи стандартҳо, инчунин қобили истеъмол набудани истеъмоли он дар мавриди баъзе бемориҳо. Номгўи моле (коре, хизматрасоние), ки маълумот дар хусуси он дар мавриди баъзе бемориҳо бояд дорои нишондоди ғайри қобили истифода бошад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад;
- нарх ва шартҳои ба даст овардани мол (кор, хизматрасонӣ);
- мўҳлати кафолат, агар он муқаррар шуда бошад;
- қоида ва шартҳои истифодаи самаранок ва бехатари мол (кор, хизматрасонӣ);
- мўҳлати хизмат ва мўҳлати коршоямии мол (кор, хизматрасонӣ), ки мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст ва ҳамчунин маълумот дар бораи амали зарурии истеъмолкунанда баъди гузаштани мўҳлати мазкур ва оқибати имконпазир дар сурати иҷро накардани чунин амал, ба шарте, ки мол (кор, хизматрасонӣ) баъди гузаштани мўҳлати зикршуда барои ҳаёт, саломатӣ ва амволи истеъмолкунанда хавфу хатар пеш оварад ё худ барои истифода аз рўи таъинот корношоям шавад;
- ишораи тарзи тайёр кардани маводи хўроквории зудтайёршаванда (нимтайёр) дар борҷомаи онҳо;
- маҳалли ҷойгиршавӣ (суроғаи ҳуқуқӣ), рақами телефон номи фирмавии (номи) истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурўшанда) ва маҳалли ҷойгиршавии ташкилот (ташкилотҳо), ки барои қабули шикоятҳои истеъмолкунандагон, таъмиркунандагон ва хизматрасонии техникии мол (кор) аз ҷониби истеҳсолкунанда (фурўшанда) ваколатдор карда шудаанд;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1498)
- маълумот оид ба сертификати ҳатмии мувофиқати мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ), инчунин дар мавриди зарурат маълумот оид ба хулосаҳои санитарию эпидемиологӣ;
- маълумот дар бораи қоидаҳои фурўши мол (кор, хизматрасонӣ);
- зикри шахси мушаххасе, ки кор (хизматрасонӣ) - ро иҷро мекунад ва агар ин аҳамият дошта бошад, маълумот дар хусуси ў бо назардошти хусусияти кор (хизматрасонӣ);
- зикри истифодаи фонограммаҳо ҳангоми хизматрасонии фароғатӣ аз ҷониби иҷрокунандагони асарҳои мусиқӣ.
Маълумоти тамғаи маҳсулоти хӯроквории дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бастабандишуда, инчунин маҳсулоти хӯроквории воридотӣ бояд ба талаботи регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон - «Тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ» мутобиқ бошад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1498)
Истеъмолкунанда аз маълумоти пешбининамудаи моддаи мазкур дар ҳуҷҷатҳои замимашавандаи техникии мол (кор, хизматрасонӣ) дар тамғакоғазҳо, нишонагузорӣ ё ба тарзи дигари барои намудҳои алоҳидаи мол (кор, хизматрасонӣ) қабулгардида огоҳонида мешавад.
Маълумот дар бораи сертификати мувофиқати мол (кор, хизматрасонӣ) дар шакли нишонагузории мол (кор, хизматрасонӣ) бо тартиби муқаррарнамудаи аломатҳои мувофиқат ба қайди маълумот дар ҳуҷҷати техникӣ оид ба гузаштани сертификат, рақами сертификат, мўҳлати амали он ва доир ба ташкилоте, ки онро додааст, иборат мебошад.
Агар ҳуҷҷатҳои техникии мол (шиносномаи техникӣ, дастурамали истифода ва ғайра) ба забони хориҷӣ тартиб дода шуда бошанд, тарҷумаи онҳо ба забони давлатӣ ё ба забони русӣ ҳатмист.
Маводи хўроквории дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бастабандӣ ё дар қуттиҳо ҷойгир кардашуда бояд дорои маълумоти маҳалли истеҳсоли он бошад.
 
Моддаи 10. Маълумот дар бораи истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурўшанда)
 
Истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад доир ба истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурўшанда) маълумоти зарурӣ ва боэътимод талаб намояд.
Ҳангоми бастани шартномаҳои хариду фурўш ва шартномаҳои иҷрои кор (хизматрасонӣ) бо тарзҳои қабулнамудаи соҳаҳои алоҳидаи хизматрасонии истеъмолкунандагон, маълумоти мазкур дар шакли аёнӣ ва дастрас бо забони давлатӣ ва бо хоҳиши истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурўшанда) ба таври илова бо забони русӣ ва дигар забонҳо ба маълумоти истеъмолкунандагон расонида мешавад.
Истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурўшанда) ҳамчунин уҳдадор аст, ки номи фирмавии (номи) ташкилоти худ, маҳалли ҷойгиршавӣ (суроғаи ҳуқуқӣ), рақами телефон ва низоми кори онро ба маълумоти истеъмолкунанда расонад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1498)
Агар намуди (намудҳои) фаъолияте, ки истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурўшанда) анҷом медиҳад литсензия карда шавад, бояд ба истеъмолкунанда оид ба рақами литсензия, мўҳлати амали он, инчунин доир ба мақоме, ки ин литсензияро додааст, маълумот пешниҳод намояд.
Маълумоти пешбининамудаи қисмҳои сеюм ва чоруми моддаи мазкур аз тарафи истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда)  ҳангоми савдо, хизматрасонии маишӣ ва дигар намудҳои хизматрасонӣ дар биноҳои муваққатӣ, ярмаркаҳо, дӯконҳо, инчунин хизматрасониҳое, ки берун аз маҳалли доимии мавҷудияти истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда) анҷом дода мешаванд, бояд ба маълумоти  истеъмолкунанда расонида шаванд. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1193)
 
Моддаи 11. Тартиби кори фурўшанда (иҷрокунанда)
 
Тартиби кори ташкилотҳои давлатии савдо, хизматрасонии маишӣ ва дигар намудҳои хизматрасонӣ бо қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муқаррар карда мешавад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1193)
Тартиби кори ташкилотҳое, ки дар соҳаҳои савдо, хизматрасонии маишӣ ва дигар намудҳои хизматрасонӣ фаъолият мекунанд ва дар қисми якуми моддаи мазкур зикр нагардидаанд, инчунин соҳибкорони инфиродӣ аз ҷониби онҳо дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1193)
Тартиби кори фурўшанда (иҷрокунанда) ба маълумоти истеъмолкунанда расонида мешавад ва бояд ба тартиби муқарраршуда мувофиқат кунад.
Барои вайрон кардани тартиби кори корхонаи давлатии савдо, хизматрасонии маишӣ ва дигар намудҳои хизматрасонӣ шахсони мансабдор ва соҳибкорони инфиродӣ мувофиқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1193)
 
Моддаи 12. Масъулияти истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурўшанда) барои маълумоти
нодуруст доир ба мол (кор, хизматрасонӣ) ва оид ба истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурўшанда)
 
Агар ҳангоми бастани шартнома ба истеъмолкунанда оид ба мол (кор, хизматрасонӣ) имконияти фавран ба даст овардани маълумот муҳаё карда нашуда бошад, вай ҳуқуқ дорад аз фурўшанда (иҷрокунанда) товони зарареро талаб намояд, ки дар натиҷаи саркашии беасос аз бастани шартнома расидааст ва агар шартнома баста шуда бошад, онро дар мўҳлати муносиб бекор кунад ва баргардонидани маблағи барои мол (кор, хизматрасонӣ) пардохташуда ва ҷуброни дигар зарарҳоро талаб намояд.
Ҳангоми бекор кардани шартнома истеъмолкунанда уҳдадор аст мол (натиҷаи кор, хизматрасонӣ) - ро, агар аз рўи хусусияташ он имконпазир бошад, ба фурўшанда (иҷрокунанда) баргардонад.
Фурўшандае (иҷрокунандае), ки оид ба мол (кор, хизматрасонӣ) ба харидор маълумоти пурра ва боэътимод пешниҳод накардааст, мутобиқи Қонуни мазкур ва қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нуқсони мол (кор, хизматрасонӣ), ки баъди ба истеъмолкунанда фурўхтани он ба сабаби дар дасти вай мавҷуд набудани чунин маълумот пайдо гардидааст, ҷавобгар мебошад.
Бо сабаби пешниҳод накардани маълумоти пурра ва боэътимод оид ба мол (кор, хизматрасонӣ), ки дар натиҷаи он ба ҳаёт, саломатӣ ва амволи истеъмолкунанда зарар расидааст, вай ҳуқуқ дорад ҷуброни чунин зарари пешбининамудаи Қонуни мазкурро, аз ҷумла ҷуброни пурраи зарарҳои ба иншоотҳои табиӣ расидаро, ки моликияти (дар ихтиёри) истеъмолкунанда мебошанд, талаб намояд.
 
Моддаи 13. Масъулияти фурўшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) барои вайрон кардани ҳуқуқи истеъмолкунандагон
 
Фурӯшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) барои риоя накардани ҳуқуқи истеъмолкунанда тибқи Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартнома ҷавобгар мебошад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1498)
Агар тибқи қонун тартиби дигар муқаррар нагардида бошад, зарари ба истеъмолкунанда расида дар ҳаҷми пурра, бо замми ноустуворонаи (пушаймонаи) муқаррарнамудаи қонун ё шартнома ҷуброн карда мешавад.
Пардохти ноустуворона (пушаймона) ва ҷуброни зарар фурўшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда)-ро дар асл аз иҷрои ўҳдадориҳои дар назди истеъмолкунанда доштааш озод намекунад.
Агар фурўшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) исбот намояд, ки ўҳдадориҳояшро бинобар қувваи рафънопазир иҷро накардааст ё номатлуб иҷро кардааст ва дар ин бобат ў гуноҳе надорад, аз ҷавобгарӣ озод карда мешавад.
Талаботи истеъмолкунанда оид ба пардохти ноустуворонаи (пушаймонаи) пешбининамудаи қонун ё шартнома аз ҷониби фурўшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) ихтиёрӣ қонеъ гардонида мешавад.
Дар сурати аз ҷониби суд қонеъ гардонидани талаботи тибқи қонун муқарраршудаи истеъмолкунандагон, суд ҳуқуқ дорад аз фурўшандае (истеҳсолкунандае, иҷрокунандае), ки ҳуқуқи истеъмолкунандагонро поймол кардааст, барои риоя накардани тартиби ихтиёран қонеъ гардонидани талаботи истеъмолкунанда дар хусуси рўёнидани ҷарима ба андозаи арзиши даъво қарор барорад.
 
Моддаи 14. Ҷавобгарии амволӣ барои зараре, ки дар натиҷаи нуқсони мол (кор, хизматрасонӣ) расидааст
 
Зарари ба ҳаёт, саломатӣ ё амволи истеъмолкунанда расонидашуда дар натиҷаи нуқсони сохт, истеҳсолӣ, дастурӣ ва дигари мол (кор, хизматрасонӣ) пурра ҷуброн карда мешавад.
Ҳар як ҷабрдида, сарфи назар аз он ки бо фурўшанда (иҷрокунанда) муносибатҳои шартномавӣ дошта буд ё не, барои талаб кардани ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи нуқсони мол (кор, хизматрасонӣ) расонида шудааст, ҳуқуқ дорад.
Агар зарар дар мўҳлати муқарраршудаи хизмат ё коршоямии мол (кор, хизматрасонӣ) ба ҳаёт, саломатӣ ва амволи истеъмолкунанда расида бошад, он ҷуброн карда мешавад.
Агар мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мол (кор) аз ҷониби истеҳсолкунанда (иҷрокунанда) бояд мўҳлати хизмат ё мўҳлати коршоямӣ муқаррар карда мешуду вале он муқаррар карда нашуда бошад, ё худ истеъмолкунандае, ки мол ба ў фурўхта (кораш ба ҷо оварда) шудааст, аз иҷрои амалҳои зарурии баъди гузаштани мўҳлати хизмат ё мўҳлати коршоямӣ ва аз оқибати эҳтимолии иҷро накардани ин амалҳо огоҳонида нашуда бошад, товони зиён, қатъи назар аз вақту соати расиданаш, бояд пардохта шавад.
Агар мутобиқи ҳамин Қонун истеҳсолкунанда (иҷрокунанда) ба мол (кор) мўҳлати хизмат муқаррар накарда бошад, дар сурати зарар дидан он бояд дар давоми даҳ соли ба истеъмолкунанда супурдани он ва агар рўзи супурдани мол (кор) - ро муқаррар кардан ғайриимкон бошад, аз рўзи тайёр намудани мол (анҷоми иҷрои кор) бояд ҷуброн карда шавад.
Зарари бинобар нуқсони мол расида аз ҷониби фурўшандаи мол ҷуброн карда мешавад.
Зарари дар натиҷаи нуқсони кор ё хизматрасонӣ расидаро иҷрокунанда ҷуброн менамояд.
Истеҳсолкунанда (иҷрокунанда) барои зараре, ки дар натиҷаи истифодаи маводу таҷҳизот, асбобҳо ва дигар воситаҳои зарурии истеҳсоли мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) ба ҳаёт, саломатӣ, муҳити зист ё амволи истеъмолкунанда расидааст, сарфи назар аз он ки дараҷаи дониши илмию техникиаш барои ошкор намудани хусусиятҳои хоси онҳо имконият медод ё не, ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
Агар истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурўшанда) исбот намояд, ки мол (кор, хизматрасонӣ) дар натиҷаи таъсири қувваи рафънопазир ва ё аз тарафи истеъмолкунанда бинобар вайрон кардани қоидаҳои истифодабарӣ, нигоҳдорӣ ё интиқоли он зарар дидааст, ў аз ҷавобгарӣ озод карда мешавад.
 
Моддаи 15. Ҷуброни зарари маънавӣ
 
Зарари маънавие, ки истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурўшанда) дар натиҷаи риоя накардани ҳуқуқҳои бо қонунгузорӣ пешбининамудаи истеъмолкунанда ба ў расондааст, аз ҷониби гунаҳкор ҷуброн карда мешавад.
Зарари маънавӣ сарфи назар аз пардохти товони зиёни амволӣ ҷуброн карда мешавад. Зарари маънавӣ бо пул ҷуброн карда мешавад.
Ҳаҷми ҷубронпулии зарари маънавиро суд муайян мекунад.
 
Моддаи 16. Беэътибор донистани шартҳои шартномае, ки ҳуқуқи истеъмолкунандагонро маҳдуд месозад
 
Шартҳои шартномае, ки ҳуқуқи истеъмолкунандаро маҳдуд месозанд ва хилофи меъёру қоидаҳое мебошанд, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон муқаррар карда шудаанд, беэътибор дониста мешаванд.
Агар дар натиҷаи иҷрои шартҳои шартнома ҳуқуқи истеъмолкунанда маҳдуд карда шавад ва ба ў зарар расад, истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурўшанда) онро дар ҳаҷми пурра ҷуброн мекунад.
Зимни харидории як мол гузоштани шарти ҳатман харидани моли дигар манъ аст. Зараре, ки дар натиҷаи вайрон кардани ҳуқуқи интихоби озоди мол (кор, хизматрасонӣ) ба истеъмолкунанда мерасад, аз ҷониби фурўшанда (иҷрокунанда) дар ҳаҷми пурра ҷуброн карда мешавад.
Фурўшанда (иҷрокунанда) ҳуқуқ надорад, ки бе розигии истеъмолкунанда кору хизматрасонии иловагии музднокро иҷро намояд. Истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад аз пардохти чунин кор (хизматрасонӣ) даст кашад ва агар он пардохта шуда бошад, истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад аз фурўшанда (иҷрокунанда) баргардонидани маблағи пардохташударо талаб намояд.
 
Моддаи 17. Ҳимояи судии ҳуқуқи истеъмолкунандагон
 
Ҳуқуқҳои дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардидаи истеъмолкунандагонро суд ҳимоя мекунад.
Даъвоҳо ба суди маҳалли зисти даъвогар ё маҳалли ҷойгиршавии ҷавобгар ва ё маҳалли зарари расида пешниҳод карда мешаванд.
Мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ (сохторҳои минтақавии он), мақомоти давлатии ваколатдор (сохторҳои минтақавии онҳо), ки ба сифат ва бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) назорат мекунанд, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятии истеъмолкунандагон (иттифоқҳо ва ассотсиатсияҳои онҳо) доир ба даъвоҳое, ки ба манфиати истеъмолкунандагон, гурўҳи истеъмолкунандагон, гурўҳи номуайяни истеъмолкунандагон пешниҳод мекунанд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти боҷи давлатӣ озод карда мешаванд. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1193)
 
БОБИ 2.
ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН ҲАНГОМИ ФУРЎШИ МОЛ
 
Моддаи 18. Оқибати фурўши моли дорои сифати номатлуб
 
Истеъмолкунандае, ки ба ў моли дорои сифати номатлуб фурўхтаанд ва ўро фурўшанда пешакӣ аз он огоҳ накардааст, ҳуқуқ дорад бо хости худ талаб намояд, ки:
- он ба моли дигари ҳамин хел тамға (модел, артикул) ё ба ҳамон хел моли тамғаи (модели, артикули) дигар бо ҳисобу китоби дахлдори нархи хариди мол иваз карда шавад;
- нуқсони молро бемузд бартараф намуда ё маблағе, ки барои ислоҳи он аз ҷониби истеъмолкунанда ё шахси сеюм харҷ шудааст, ҷуброн карда шавад;
- шартномаи хариду фурўш бекор карда шавад;
- нархи хариди мол мутобиқан кам карда шавад.
Ҳамзамон истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад ҷуброни пурраи зарари дар натиҷаи фурўхтани моли дорои сифати номатлуб ба ў расидаро талаб намояд.
Истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад иваз кардани молҳои мураккаби техникӣ ва гаронбаҳоро дар сурати ошкор шудани нуқсони ҷиддӣ (ҷиддан риоя нашудани талабот нисбати сифати мол) талаб намояд. Номгўи молҳои мураккаби техникиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
Талаботи дар қисми якуми ҳамин модда зикргардидаро истеъмолкунанда ба фурўшанда ё ташкилоте, ки вазифаи фурўшандаро дар асоси шартномаи хариду фурўш иҷро мекунад, пешниҳод менамояд.
Дар сурати ошкор шудани нуқсони мол, ки хусусияти он имкон намедиҳад ин нуқсон бартараф карда шавад, истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад бо хости худ чунин молро ба моли дигари сифатнок иваз намояд ё қимати фурўши онро мутаносибан паст намояд, шартномаро бекор кунад.
Истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад моли дорои сифати номатлубро ба фурӯшанда (истеҳсолкунанда) баргардонад ва маблағи барои он пардохташударо талаб намояд. Ҳангоми ба истеъмолкунанда баргардонидани пули мол фурўшанда (истеҳсолкунанда) ҳақ надорад аз ў маблағеро, ки арзиши мол дар натиҷаи пурра ё қисман истифода кардан ба ин андоза паст шудааст, ҳуснаш коҳидааст ё худ бинобар ҳолатҳои дигари ба ин монанддошта гирад (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1498).
Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи харидории молро надоштани истеъмолкунанда барои қонеъ нагардонидани талаботи ў асос шуда наметавонад.
Барои тасдиқи харидории мол шаҳодат, нишонаҳои унсурҳои маводи борпечонӣ (зарф), ки аз ҳамин фурўшанда харида шудани молро тасдиқ менамоянд ва ҳамчунин ҳуҷҷатҳо ва дигар воситаҳои исботкунандае ки аз ҳамин фурўшанда харидорӣ шудани молро нишон медиҳанд, истифода шуда метавонанд.
Фурўшанда (истеҳсолкунанда) ё ташкилоте, ки вазифаи фурўшанда (истеҳсолкунанда) - ро ба ҷо меоварад, дар асоси шартномаи байни худ уҳдадоранд моли дорои сифати номатлубро аз истеъмолкунанда қабул карда гирад ва дар мавриди зарурӣ сифати молро бисанҷад.
Дар сурати сар задани баҳс доир ба ошкор гардидани нуқсони мол фурўшанда (истеҳсолкунанда) ё ташкилоте, ки вазифаи фурўшанда (истеҳсолкунанда)-ро иҷро менамояд, дар асоси шартномаи байни худ уҳдадоранд молро аз ҳисоби худ экспертиза кунанд. Истеъмолкунанда бояд аз ҷой ва рўзу соати гузаронидани экспертизаи мол хаттӣ огоҳонида шавад. Истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад дар санҷиши (экспертизаи) сифати мол шахсан ё намояндааш иштирок намояд. Истеъмолкунанда ҳақ дорад доир ба хулосаи чунин экспертиза бо эътироз ба суд муроҷиат намояд.
Хароҷоти экспертизаро фурўшанда (истеҳсолкунанда) медиҳад. Агар дар натиҷаи экспертиза муқаррар гардад, ки мол баъди харидани истеъмолкунанда бинобар риоя накардани қоидаҳои истифода, нигоҳдорӣ ё интиқол нуқсондор шудааст, хароҷоти гузаронидани экспертиза ва ҳамчунин хароҷоти ба сабаби гузаронидани он интиқол додани молро ба фурўшанда (истеҳсолкунанда) бояд истеъмолкунанда ҷуброн намояд.
Фурўшанда (истеҳсолкунанда) ва ё ташкилоте, ки вазифаи фурўшанда (истеҳсолкунанда)-ро ба ҷо меоварад, дар асоси шартномаи байни худ барои нуқсони моле, ки барояш мўҳлати кафолат муқаррар нашудааст, ба шарте, ки истеъмолкунанда исбот намояд, ки мол то замони ба истеъмолкунанда супурда шуданаш ва ё худ ба сабабҳои то ин лаҳза нуқсондор шудааст, ҷавобгар мебошад.
Агар фурўшанда (истеҳсолкунанда) ё ташкилоте, ки дар асоси шартномаи байни худ вазифаи фурўшанда (истеҳсолкунанда)- ро иҷро мекунад, исбот карда натавонад, ки моли дорои мўҳлати кафолат баъди фурўхтан ба истеъмолкунанда бо сабаби қоидаҳои истифодабарӣ, нигоҳдорӣ ё интиқоли онро риоя накардани истеъмолкунанда ва бинобар, амалҳои шахсони сеюм ва ё қувваи рафънопазир нуқсон пайдо кардааст, ҷавобгар мебошад.
Дар ҳолати аз ду сол камтар будани мўҳлати кафолати дар шартнома пешбинигардида ва нуқсони молро баъди гузаштани мўҳлати кафолат ошкор кардани истеъмолкунанда, ба шарте, ки нуқсони мол дар давоми ду соли ба истеъмолкунанда супурда шуданаш ошкор шуда бошад ва харидор исбот кунад, ки нуқсони мол пеш аз супурдани он ба истеъмолкунанда ва ё бо сабабҳои то ин лаҳза ошкор гардидааст, фурўшанда ҷавобгар мебошад.
Моли калонҳаҷм ва моли вазнаш зиёда аз панҷ килограмм барои таъмир, паст кардани нарх, иваз намудан ва баргардонидан ба истеъмолкунанда бо қувва ва аз ҳисоби фурўшанда (истеҳсолкунанда) ё ташкилоте, ки дар асоси шартномаи байни худ вазифаи фурўшанда (истеҳсолкунанда) - ро иҷро мекунад, интиқол дода мешавад. Агар ин вазифа иҷро нагардад, инчунин ҳангоми набудани фурўшанда (истеҳсолкунанда) ё ташкилоте, ки дар асоси шартномаи байни худ вазифаи фурўшанда (истеҳсолкунанда) - ро иҷро мекунад, худи истеҳсолкунанда метавонад молро ба маҳалли истеъмолкунанда расонад ва аз он ҷо баргардонад. Ҳамзамон фурўшанда (истеҳсолкунанда) ё ташкилоте, ки дар асоси шартномаи байни худ вазифаи фурўшанда (истеҳсолкунанда) - ро иҷро мекунад уҳдадоранд хароҷоти истеъмолкунандаро, барои интиқол ва баргардонидани моли мазкур ҷуброн намоянд.
 
Моддаи 19. Мўҳлати пешниҳоди талаботи истеъмолкунандагон нисбати нуқсони мол
 
Истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад нисбати нуқсони мол талаботи пешбининамудаи моддаи 18 Қонуни мазкурро, ба шарте, ки он дар давоми мўҳлати кафолат ё мўҳлати коршоямии мол, ки истеҳсолкунанда муайян кардааст, ошкор гардида бошад, ба фурўшанда ё истеҳсолкунанда пешниҳод намояд.
Нисбати моле, ки мўҳлати кафолат ё мўҳлати коршоямиаш муқаррар нагардидааст ва агар нуқсони мол дар мўҳлати мувофиқ, вале дар давоми ду соли фурўхта шуданаш ошкор гардида бошад ва агар Қонун ё шартнома мўҳлати дарозеро пешбинӣ накарда бошанд, истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад талаботи мазкурро пешниҳод кунад.
Агар дар шартнома тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад, мўҳлати кафолати мол аз рўзи ба истеъмолкунанда фурўхта шуданаш ҳисоб карда мешавад. Агар рўзи фурўхтани молро муайян кардан ғайриимкон бошад, он аз рўзи истеҳсоли мол ҳисоб карда мешавад.
Барои моли мавсимӣ (пойафзол, либос ва ғайра) ин мўҳлатро аз лаҳзаи фаро расидани мавсими дахлдор, ки мўҳлати фарорасӣ бо назардошти шароити иқлимии маҳалли будубоши истеъмолкунанда муайян мегардад, ҳисоб мекунанд.
Ҳангоми фурўхтани мол аз рўи намуна, ба воситаи почта, инчунин дар ҳолатҳое, ки рўзи бастани шартномаи хариду фурўш ва рўзи ба истеъмолкунанда фурўхтани мол мувофиқ наояд, он аз рўзи ба дасти истеъмолкунанда расидани мол ҳисоб карда мешавад. Агар истеъмолкунанда ҳангоми ҳолати вобаста ба фурўшанда аз имконияти истифодаи мол маҳрум бошад, (чунончӣ, агар молро насб, пайваст ё васл кардан лозим бошад), мўҳлати кафолат аз рўзи чунин ҳолатҳоро бартараф намудани фурўшанда шурўъ мегардад. Агар рўзи расонидан, насб, пайваст, васл кардани мол ва бартараф сохтани ҳолатҳои ба фурўшанда вобастаро, ки дар асари онҳо истеъмолкунанда наметавонад молро тибқи таъинот истифода намояд, муайян кардан ғайриимкон бошад, ин мўҳлатҳо аз рўзи бастани шартномаи хариду фурўш ҳисоб карда мешавад.
Ба маснуоти комплектӣ ва қисмҳои таркибии мол низ мўҳлати кафолат муқаррар карда мешавад. Ба маснуоти иловагӣ ва қисмҳои таркибӣ мўҳлати кафолат аз рўи тартиби мўҳлати кафолати барои моли асосӣ муқарраргардида ҳисоб карда мешавад.
Мўҳлати кафолат ба маснуоти комплектӣ ва қисмҳои таркибии мол, агар дар шартнома тартиби дигар муқаррар нагардида бошад, баробари мўҳлати кафолати маснуоти асосӣ ҳисоб карда мешавад.
Агар дар шартнома барои маснуоти комплектӣ ё қисми таркибии мол нисбат ба мўҳлати кафолати маснуоти асосӣ мўҳлати кўтоҳтари кафолат муқаррар шуда бошад, истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад ҳангоми дар давоми мўҳлати кафолати маснуоти асосӣ ошкор гардидани нуқсони маснуоти комплектӣ ё қисми таркибии мол талабот пешниҳод намояд, ба шарте, ки дар шартнома тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
Агар барои маснуоти комплектӣ нисбат ба мўҳлати кафолати моли асосӣ мўҳлати дарозтар муқаррар гардида бошад, истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад нисбати нуқсони мол, ба шарте, ки нуқсони маснуоти комплектӣ дар давоми мўҳлати кафолати ин маҳсулот ошкор шуда бошад, сарфи назар аз гузаштани мўҳлати кафолати моли асосӣ, талабот пешниҳод намояд.
Дар ҳолатҳое, ки тибқи шартномаи пешбинигардида мўҳлати кафолат на камтар аз ду солро ташкил диҳад ва нуқсони мол бо гузаштани мўҳлати кафолат, вале дар давоми ду сол аз ҷониби истеъмолкунанда ошкор гардида бошад, истеъмолкунанда, агар исбот намояд, ки мол пеш аз фурўхта шуданаш ба истеъмолкунанда ё бо сабабҳои то ин лаҳза фарорасида нуқсондор шудааст, ҳуқуқ дорад ба фурўшанда (истеҳсолкунанда) талаботи дар моддаи 18 Қонуни мазкур пешбинигардидаро пешниҳод намояд.
Дар сурати ошкор шудани нуқсони ҷиддии мол, аз ҷумла нуқсонҳои истеҳсолӣ, сохтӣ, дастурӣ ва нуқсонҳои дигаре, ки бо фарсуда, кўҳна шудани мол ва дигар равандҳои физикии он алоқаманд нестанд, истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад ба истеҳсолкунанда талаботи пешбининамудаи моддаи 18 ҳамин Қонунро пешниҳод кунад, ба шарте, ки исбот намояд, ки он мол то рўзи ба истеъмолкунанда фурўхта шуданаш ва ё ба сабабҳои то ин лаҳза нуқсондор шуда бошад. Агар нуқсони мол баъди ба истеъмолкунанда фурўхта шудан дар давоми мўҳлати хизмати дар мол муқарраргардида ва ё дар давоми даҳ соли фурўхта шуданаш ошкор гардида бошаду мўҳлати хизматаш муқаррар карда нашуда бошад, ин талаботро пешниҳод кардан мумкин аст.
 
Моддаи 20. Аз ҷониби истеҳсолкунанда (фурўшанда) бартараф намудани нуқсони мол
 
Нуқсони ошкоргардидаи молро истеҳсолкунанда (фурўшанда) ё ташкилоте, ки дар асоси шартномаи байни худ вазифаи истеҳсолкунанда (фурўшанда) - ро иҷро мекунад, агар тибқи созишномаи тарафҳо мўҳлати дигари бартараф сохтани нуқсони мол муайян нашуда бошад, бояд фавран бартараф созад. Мўҳлати ниҳоии бартараф намудани нуқсони мол аз рўзи бартараф намудани онро талаб кардани истеъмолкунанда аз чаҳордаҳ рўз дарозтар буда наметавонад.
Нисбати моли истифодааш дарозмуддатро истеҳсолкунанда (фурўшанда) ё ташкилоте, ки дар асоси шартномаи байни худ вазифаи истеҳсолкунанда (фурўшанда) - ро иҷро мекунад, уҳдадор аст ҳангоми аз ҷониби истеъмолкунанда пешниҳод гардидани талабот дар давраи таъмир моли ҳаммонандро ба истеъмолкунанда бемузд пешниҳод намуда, дар муддати се рўз аз ҳисоби худ ба ў расонад Номгўи молҳои истифодаашон дарозмуддатро, ки талаботи мазкур ба онҳо дахл надоранд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Дар ҳолати бартараф намудани нуқсони мол мўҳлати кафолати он ба андозаи давраи истифода нагардиданаш дароз карда мешавад. Ин давра аз рўзе, ки истеъмолкунанда барои бартараф намудани нуқсони мол муроҷиат намудааст, то рўзи додани он пас аз анҷоми таъмир ҳисоб карда мешавад.
Ҳангоми бартараф намудани нуқсони мол бо роҳи иваз намудани маснуоти комплектӣ ё қисми таркибии моли асосие, ки ба он мўҳлати кафолат муқаррар карда шудааст, барои маснуоти комплектии нав ё қисми таркибии маснуоти асосӣ мўҳлати кафолат ба ҳадди маснуоти комплектии ивазшуда ё қисми таркибии моли асосӣ муқаррар карда мешавад, агар мутобиқи шартнома тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад ва мўҳлати кафолат аз рўзи ба истеъмолкунанда баъди таъмир додани ин мол ҳисоб карда мешавад.
 
Моддаи 21. Иваз намудани моли дорои сифати номатлуб
 
Дар ҳолати нуқсони молро ошкор кардани истеъмолкунанда ва пешниҳод намудани талабот оид ба ивази чунин мол, фурўшанда (истеҳсолкунанда) уҳдадор аст ин молро фавран ва дар сурати зарурати тафтиши иловагии сифати чунин мол аз тарафи фурўшанда (истеҳсолкунанда) дар давоми 14 рўзи тақвимӣ пешниҳод кардани талаботи зикргардида иваз намояд.
Агар фурўшанда (истеҳсолкунанда) дар рўзи пешниҳод намудани талаботи мазкур моли ивазшаванда надошта бошад, чунин молро бояд дар давоми як моҳи пешниҳод намудани талаботи мазкур иваз намояд.
Дар сурати моли чунин намуна (тамға, хел, артикул) – ро надоштани фурўшанда (истеҳсолкунанда), ки ин ба ў вобаста нест, ў уҳдадор аст дар давоми як моҳи аз ҷониби истеъмолкунанда пешниҳод шудани талабот ба вай ин гуна моли намунаи (тамғаи, хели, артикули) дигарро бо розигии истеъмолкунанда пешкаш намояд.
Моли дорои сифати номатлуб бояд ба моли нав, яъне ба моли истифоданагардида иваз карда шавад.
Ҳангоми иваз намудани мол мўҳлати кафолат аз нав, аз рўзи ба истеъмолкунанда фурўхтани мол ҳисоб карда мешавад.
 
Моддаи 22. Мўҳлати қонеъ гардонидани талаботи алоҳидаи истеъмолкунанда
 
Талаботи истеъмолкунанда оид ба мутаносибан кам кардани нархи хариди моли дорои сифати номатлуб, ҷуброни хароҷот аз тарафи истеъмолкунанда ё шахси сеюм барои рафъи нуқсони мол, инчунин ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи бекор кардани шартномаи хариду фурўш (ба истеҳсолкунанда ва ё фурӯшанда баргардонидани моли дорои сифати номатлуб) ба истеъмолкунанда расидааст, аз ҷониби фурўшанда (истеҳсолкунанда) бояд фавран қонеъ гардонида шавад. Мўҳлати ниҳоии қонеъ гардонидани талаботи истеъмолкунанда аз рўзи пешниҳод намудани талаботи дахлдор аз ҳафт рўз ва ҳангоми зарурати гузаронидани экспертиза аз чаҳордаҳ рўзи тақвимӣ зиёд буда наметавонад (ҚҶТ аз 29.01.2021с.,№1769).
 
Моддаи 23. Масъулияти фурўшанда (истеҳсолкунанда) барои таъхири иҷрои талаботи истеъмолкунанда
 
Фурўшанда (истеҳсолкунанда) ё ташкилоте, ки дар асоси шартномаи байни худ вазифаи фурўшанда (истеҳсолкунанда) - ро иҷро мекунад, барои риоя накардани мўҳлати пешбининамудаи моддаҳои 20, 21 ва 22 Қонуни мазкур, инчунин барои иҷро накардани (боздоштани иҷрои) талаботи истеъмолкунанда, ки бояд моли ҳаммонандро дар давраи таъмир (иваз) кардан ба ў пешниҳод намоянд, барои ҳар рўзи таъхир ба андозаи як фоизи нархи мол ноустуворона (пушаймона) мепардозад.
Агар талабот ихтиёран қонеъ гардонида нашуда бошад, нархи мол бо назардошти нархи дар рўзи ноустуворонаро пардохтани фурўшанда (истеҳсолкунанда) ё худ дар рўзи баровардани қарори суд мавҷудаи моли намуна (тамға, хел, артикул ва ғайра) муайян карда мешавад. Агар дар рўзи ба истеъмолкунанда фурўхтани мол нархаш назар ба чунин моли дар рўзи пардохти ноустуворонаи он дар рўзи баровардани қарори суд баландтар бошад, пас андозаи ноустуворона бо назардошти нархи рўзи ба истеъмолкунанда фурўхта шудани мол муайян карда мешавад.
Агар талаботи истеъмолкунанда дар мўҳлатҳои пешбининамудаи моддаҳои 20, 21 ва 22 Қонуни мазкур иҷро нагардад, истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад бо хости худ дигар талаботи муқаррарнамудаи моддаи 18 Қонуни мазкурро пешниҳод намояд.
 
Моддаи 24. Ҳисоббаробаркунӣ бо истеъмолкунанда ҳангоми харидани моли дорои сифати номатлуб
 
Ҳангоми ба моли тамғаи ҳаммонанд (модел, артикул) иваз намудани моли дорои сифати номатлуб арзиши он аз нав ҳисоб карда намешавад.
Дар мавриди ба ҳамон хел моли тамғаи дигар (модел, артикул) иваз намудани моли дорои сифати номатлуб, ба шарте, ки нархи моли ивазшаванда аз нархи моли бар ивазаш пешниҳодгардида пасттар бошад, истеъмолкунанда фарқи нархҳоро мепардозад. Агар нархи моли ивазшаванда аз нархи моли бар ивазаш пешниҳодшаванда баландтар бошад, фарқи нархҳо ба истеъмолкунанда пардохта мешавад.
Ҳангоми аз ҷониби истеъмолкунанда пешниҳод намудани талабот оид ба мутаносибан кам кардани нархи хариди мол он дар лаҳзаи пешниҳод намудани чунин талабот оид ба паст кардани нарх ба ҳисоб гирифта мешавад ё ин ки агар он ба таври ихтиёрӣ қонеъ нагардида бошад, дар лаҳзаи баровардани қарори суд оид ба мутаносибан паст намудани нархи харид ба ҳисоб гирифта мешавад.
Дар сурати бекор намудани шартномаи хариду фурўш истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад баргардонидани пули барои мол додааш ва ҳамчунин ҷуброни фарқи байни нархи моли тибқи шартнома муқарраргардида ва нархи моли дахлдорро дар лаҳзаи ба таври ихтиёрӣ қонеъ гардонидани чунин талабот, ё ки агар талабот ба таври ихтиёрӣ қонеъ гардонида нашуда бошад, дар лаҳзаи баровардани қарори суд талаб намояд.
Ба истеъмолкунандагоне, ки мол ба қарз фурўхта шудааст, дар ҳолати бекор намудани шартномаи хариду фурўш маблағ ба андозаи қарзи дар рўзи баргардонидани мол пардохташуда баргардонида мешавад, инчунин маблағи пешниҳоднамудаи қарз ҷуброн карда мешавад.
 
Моддаи 25. Ҳуқуқи истеъмолкунанда барои иваз намудани моли дорои сифати матлуб
 
Истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад дар давоми чаҳордаҳ рўзи тақвимии ба ў супурдани моли ғайриозуқавӣ, ба шарте, ки фурўшанда мўҳлати аз ин дарозтарро таъкид накарда бошад, моли харидаашро дар ҷои харидааш ё худ дар ҷойҳои дигари таъкиднамудаи фурўшанда ба чунин моли андоза, сохт, хурд ё калон, дўхту шакл, ранг ва ё комплекти дигар иваз намуда, дар сурати фарқ кардани нархаш онро бо фурўшанда аз нав ҳисобу китоб кунад.
Талаби харидор дар бобати иваз кардан ё баргардонидани мол бояд қонеъ гардонида шавад, ба шарте, ки мол мавриди истифода қарор нагирифта, хосиятҳои истеъмолиаш осеб надида, далеле дар даст бошад, ки он маҳз аз ҳамин фурўшанда харидорӣ шудааст.
Номгўи молҳоеро, ки тибқи асосҳои зикргардидаи моддаи мазкур иваз карда намешаванд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
Агар моли ҳаммонанд дар рўзи ба фурўшанда муроҷиат намудани истеъмолкунанда дар фурўш набошад, истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад моли харидаашро ба фурўшанда баргардонда, маблағи барои моли мазкур пардохташударо талаб кунад.
 
БОБИ 3.
ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН ҲАНГОМИ ИҶРОИ КОР (ХИЗМАТРАСОНӢ)
(ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1498)
 
Моддаи 26. Мўҳлати иҷрои кор (хизматрасонӣ)
 
Иҷрокунанда уҳдадор аст кор (хизматрасонӣ) – ро дар мўҳлати муқаррарнамудаи шартномаи иҷрои намуди кор (хизматрасонӣ) ба ҷо оварад.
Мўҳлати иҷрои кор (хизматрасонӣ) мумкин аст бо санае (даврае), ки бояд иҷрои кор (хизматрасонӣ) ба анҷом расанд (ва) ё санае (даврае), ки иҷрокунанда бояд ба иҷрои кор (хизматрасонӣ) шурўъ намояд, муайян карда мешавад.
Агар кор (хизматрасонӣ) қисм ба қисм (расонидани нашрияҳои матбуоти даврӣ, хизматрасонии техникӣ) дар давоми амали шартномаи иҷрои кор (хизматрасонӣ) ба иҷро расад, бояд мўҳлати (давраи) дахлдори иҷрои чунин кор (хизматрасонӣ) пешбинӣ карда шавад.
 
Моддаи 27. Оқибати аз ҷониби иҷрокунанда риоя нашудани мўҳлати иҷрои кор (хизматрасонӣ)
 
Агар иҷрокунанда мўҳлати иҷрои кор (хизматрасонӣ) – мўҳлати оғоз ва анҷоми кор (хизматрасонӣ) ва мўҳлати мобайнии иҷрои кор (хизматрасонӣ) – ро вайрон карда бошад ё ҳангоми иҷрои кор (хизматрасонӣ) маълум гардад, ки он дар мўҳлати муайян иҷро намешавад, истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад:
- барои иҷрокунанда мўҳлати нав таъин кунад, ки дар давоми он иҷрокунанда бояд ба иҷрои кор (хизматрасонӣ) шурўъ кунад ва ё иҷрои кор (хизматрасонӣ) – ро анҷом диҳад ва пасттар кардани нархи иҷрои кор (хизматрасонӣ) – ро талаб намояд;
- иҷрои кор (хизматрасонӣ) – ро ба шахсони сеюм супориш диҳад ё бо қувваи худ анҷом диҳад ва аз иҷрокунанда ҷуброни зарари расидаро талаб намояд;
- пасттар кардани нархи иҷрои кор (хизматрасонӣ) - ро талаб намояд;
- шартномаи иҷрои кор (хизматрасонӣ) - ро бекор кунад.
Истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад ҷуброни пурраи зарари дар натиҷаи риоя накардани мўҳлати иҷрои кор (хизматрасонӣ) ба вай расидаро талаб намояд.
Мўҳлати нави иҷрои кори (хизматрасонии) таъинкардаи истеъмолкунанда дар шартномаи иҷрои кор (хизматрасонӣ) зикр карда мешавад.
Ҳангоми гузаштани мўҳлати нав истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад ба иҷрокунанда дигар талаботи муқарраргардидаи қисми якуми моддаи мазкурро пешниҳод намояд.
Ҳангоми бекор кардани шартномаи иҷрои кор (хизматрасонӣ), инчунин дар сурати паст кардани нархи иҷрои кори (хизматрасонии) ба инобат гирифташаванда, музди ба истеъмолкунанда баргардонидашаванда кори (хизматрасонии) иҷрогардида мутобиқи қисми сеюми моддаи 24 Қонуни мазкур муайян карда мешавад.
Дар мавриди бекор кардани шартномаи иҷрои кор (хизматрасонӣ) иҷрокунанда ҳуқуқ надорад ҷуброни хароҷоти худро, ки дар ҷараёни иҷрои кор (хизматрасонӣ) анҷом дода шудаанд, инчунин пардохти иҷрои кор (хизматрасонӣ) - ро ба истиснои ҳолате, ки истеъмолкунанда кори (хизматрасонии) иҷрогардидаро қабул карда бошад, талаб намояд.
Дар сурати риоя нашудани мўҳлати муқарраргардидаи иҷрои кор (хизматрасонӣ) ё мўҳлати нави дар асоси қисми якуми моддаи мазкур таъиннамудаи истеъмолкунанда иҷрокунанда ба истеъмолкунанда барои ҳар рўзи (соати, агар мўҳлат бо соат муайян гардида бошад) гузаштани мўҳлати ноустуворона (пушаймона) месупорад, ба андозаи як фоизи кор (хизматрасонӣ) ва агар нархи иҷрои кор (хизматрасонӣ) дар шартномаи иҷрои кор (хизматрасонӣ) муайян карда нашуда бошад, нархи умумии супоришро пардохт мекунад. Бо шартномаи иҷрои кор (хизматрасонӣ) дар байни истеъмолкунанда ва иҷрокунанда метавонад андозаи хеле баландтари ноустуворона (пушаймона) муқаррар карда шавад.
Агар иҷрокунанда исбот намояд, ки кор (хизматрасонӣ) дар натиҷаи қувваи рафънопазир ё бо гуноҳи истеъмолкунанда ба иҷро нарасидааст, талаботи дар қисми якуми моддаи мазкур пешбинишудаи истеъмолкунанда қонеъ гардонида намешавад.
 
Моддаи 28. Ҳуқуқи истеъмолкунанда ҳангоми ошкор гардидани камбудии иҷрои кор (хизматрасонӣ)
 
Истеъмолкунанда ҳангоми ошкор гардидани камбудии иҷрои кор (хизматрасонӣ) ҳуқуқ дорад бо хости худ талаб намояд, ки:
- камбудии кори иҷрошуда (хизмати расонида) бе музд бартараф карда шавад;
- нархи иҷрои кор (хизматрасонӣ) мутаносибан паст карда шавад;
- моли дигар бемузд тайёр намуда ё кор (хизматрасонӣ) такроран бемузд иҷро карда шавад;
- хароҷоти бартараф намудани камбудии кори иҷрогардида (хизмати расонида) бо қувваи худ ё шахси сеюм ҷуброн карда шавад.
Қонеъ гардонидани талаботи истеъмолкунанда оид ба бемузд бартараф намудани камбудӣ, оид ба тайёр намудани моли дигар ё оид ба иҷрои такрории кор (хизматрасонӣ) иҷрокунандаро барои риоя накардани мўҳлати иҷрои кор (хизматрасонӣ) аз пардохти ноустуворона озод намекунад.
Агар камбудии иҷрои кор (хизматрасонӣ) дар мўҳлати муқарраркардаи шартномаи мазкур аз ҷониби иҷрокунанда бартараф нашуда бошад, истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад шартномаи иҷрои кор (хизматрасонӣ) - ро бекор кунад ва ҷуброни пурраи зарарро талаб намояд. Агар истеъмолкунанда камбудии ҷиддии иҷрои кор (хизматрасонӣ) ё худ риоя нашудани шартҳои дигари шартномаро ошкор намояд, ҳамчунин ҳуқуқ дорад шартномаи иҷрои кору (хизматрасонӣ) - ро бекор кунад.
Истеъмолкунанда низ ҳуқуқ дорад пурра ҷуброн намудани зарари аз камбудии иҷрои кор (хизматрасонӣ) ба ў расидаро талаб намояд. Зарар дар мўҳлати муқарраргардидаи қонеъ гардонидани талаботи дахлдори истеъмолкунанда ҷуброн мешавад.
Талабҳое, ки бо камбудии иҷрои кор (хизматрасонӣ) вобаста мебошанд, метавонанд ҳангоми қабули иҷрои кор (хизматрасонӣ) ё дар ҷараёни иҷрои кор (хизматрасонӣ) ва ё агар ҳангоми қабул намудани иҷрои кор (хизматрасонӣ) камбудиро ошкор намудан имконнопазир бошад, дар давоми мўҳлати муқаррарнамудаи қисми шашуми моддаи мазкур пешниҳод карда шаванд.
Истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад талаботи ба камбудии иҷрои кор (хизматрасонӣ) вобастаро, ки дар муддати мўҳлати кафолат ошкор шудааст ва агар он ошкор нашуда бошад, дар давоми ду соли қабул намудани иҷрои кор (хизматрасонӣ) ё панҷ сол дар нисбати камбудии биноҳо ё дигар молу мулки ғайриманқул пешниҳод намояд.
Агар истеъмолкунанда исбот намояд, ки ин камбудӣ пеш аз корро қабул кардани ў ё бо сабабҳои то ин лаҳза рух додааст, иҷрокунанда барои камбудии кор (хизматрасонӣ), ки барои он мўҳлати кафолат муқаррар нагардидааст, ҷавобгар мебошад.
Агар иҷрокунанда исбот карда натавонад, ки камбудии кори (хизматрасонии) дорои мўҳлати кафолат баъди кор (хизматрасонӣ) – ро қабул намудани истеъмолкунанда, бинобар риоя накардани қоидаҳои истифодаи натиҷаи кор (хизматрасонӣ), амали шахсони сеюм ё қувваи рафънопазир рух додааст, ҷавобгар мешавад.
Дар ҳолатҳое, ки мўҳлати кафолати тибқи шартнома пешбинигардида камтар аз ду сол (панҷ сол барои амволи ғайриманқул) бошад ва истеъмолкунанда камбудии кор (хизматрасонӣ) - ро бо гузаштани мўҳлати кафолат, вале дар давраи ду сол (панҷ сол барои амволи ғайриманқул) ошкор намояд ва агар исбот намояд, ки чунин камбудӣ то қабул намудани кор (хизматрасонӣ) ё бо сабабҳои то ин лаҳза рух додааст, истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад талаботи дар қисми якуми моддаи мазкур пешбинишударо пешниҳод намояд.
Дар мавриди ошкор шудани камбудии ҷиддии кор (хизматрасонӣ), агар истеъмолкунанда исбот карда тавонад, ки ин камбудӣ то қабул намудани натиҷаи кор (хизматрасонӣ) ё бо сабабҳои то ин лаҳза рух додааст, ҳуқуқ дорад ба иҷрокунанда талаботи бемузд бартараф намудани камбудиро пешниҳод намояд. Агар бо гузаштани ду сол (панҷ сол барои амволи ғайриманқул) аз рўи қабули натиҷаи кор (хизматрасонӣ), вале дар доираи барои натиҷаи кор (хизматрасонӣ) муқаррар намудани мўҳлати кафолат ё дар давоми даҳ соли аз ҷониби истеъмолкунанда қабул гардидани натиҷаи кор (хизматрасонӣ), агар мўҳлати коршоямӣ муқаррар нагардида бошад, чунин камбудӣ ошкор гардида бошад, ин талабот метавонад пешниҳод карда шавад. Агар талаботи мазкур дар мўҳлати бо Қонуни мазкур муқарраргардида қонеъ гардонида нашавад ё камбудӣ бартарафшаванда бошад, истеъмолкунанда бо хости худ ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки:
- нархи иҷрои кор (хизматрасонӣ) мутаносибан паст карда шавад;
- хароҷоти бартараф намудани камбудии кор (хизматрасонӣ) бо қувваи худ ё шахсони сеюм ҷуброн карда шавад;
- шартномаи иҷрои кор (хизматрасонӣ) бекор ва зарар ҷуброн карда шавад.  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1498)
 
Моддаи 29. Мўҳлати бартараф намудани камбудии кор (хизматрасонӣ)
 
Камбудии кор (хизматрасонӣ) бояд аз тарафи иҷрокунанда дар давоми чаҳордаҳ рўзи тақвимӣ бартараф карда шавад, ба шарте, ки дар созишномаи тарафайн мўҳлати дарозтар муқаррар карда нашуда бошад.
Барои риоя накардани мўҳлати пешбининамудаи моддаи мазкур ҷиҳати рафъи камбудии иҷрои кор (хизматрасонӣ) иҷрокунанда ба истеъмолкунанда барои ҳар рўзи гузаштани мўҳлат ба андозаи як фоизи арзиши иҷрои кор ноустуворона (пушаймона) мепардозад.
Дар ҳолати риоя накардани ин мўҳлат истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад ба иҷрокунанда дигар талаботи пешбининамудаи Қонуни мазкурро пешниҳод намояд.
 
Моддаи 30. Мўҳлати қонеъ гардонидани талаботи алоҳидаи истеъмолкунанда
 
Талаботи истеъмолкунанда ҷиҳати паст кардани нархи иҷрои кор (хизматрасонӣ), ҷуброни хароҷоти рафъи камбудии кор (хизматрасонӣ) бо қувваи худ ё шахси сеюм, инчунин ҷуброни зарари дар натиҷаи бекор кардани шартномаи иҷрои кор (хизматрасонӣ) расида, ки дар қисми якуми моддаи 27 ва қисмҳои якум ва чоруми моддаи 28 Қонуни мазкур пешбинӣ гардидаанд, бояд аз рўзи пешниҳоди талаботи дахлдор дар мўҳлати даҳ рўз қонеъ гардонида шавад.
Талаботи истеъмолкунанда ҷиҳати бемузд тайёр намудани ашёи дигар аз маводи ҳаммонанди сифаташ якхела ё иҷрои такрории кор (хизматрасонӣ) бояд дар мўҳлати барои иҷрои фаврии кор (хизматрасонӣ) муқарраргардида ва агар ин мўҳлат муқаррар нагардида бошад, дар мўҳлати пешбининамудаи шартномаи иҷрои кор (хизматрасонӣ), ки ба таври матлуб иҷро нагардида буд, қонеъ гардонида шавад.
Барои риоя накардани мўҳлати қонеъгардонии талаботи алоҳидаи истеъмолкунанда, ки дар моддаи мазкур пешбинӣ гардидааст, иҷрокунанда ба истеъмолкунанда барои ҳар рўзи гузаштани мўҳлат ба андозаи як фоизи иҷрои кор (хизматрасонӣ) ноустуворона (пушаймона) мепардозад. Ба шартномаи иҷрои кор (хизматрасонӣ) байни истеъмолкунанда ва иҷрокунанда фоизи зиёдтари ноустуворона муқаррар шуда метавонад.
Дар ҳолати риоя накардани мўҳлати мазкур истеъмолкунанда ҳуқуқ дорад ба иҷрокунанда дигар талаботи дар Қонуни мазкур пешбинигардидаро пешниҳод намояд.
 
Моддаи 31. Сметаи иҷрои кор (хизматрасонӣ)
 
Барои иҷрои кори (хизматрасонии) пешбининамудаи шартномаи иҷрои кор (хизматрасонӣ) метавонад арзиши сметавӣ ё калкулятсия тартиб дода шавад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1193)
Бо талаби истеъмолкунанда ё иҷрокунанда тартиб додани арзиши сметавӣ ё калкулятсия ҳатмӣ мебошад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1193)
Иҷрокунанда ҳуқуқ дорад дар мавриди баланд шудани арзиши мавод ва таҷҳизоти аз ҷониби иҷрокунанда пешниҳодшаванда, ҳамчунин арзиши хизмати аз ҷониби шахсони сеюм дар рафти иҷрои шартнома расонидашаванда, ки дар мавриди бастани шартнома пешбинӣ карданашон ғайриимкон буд, зиёд кардани арзиши сметавӣ ё калкулятсияро талаб намояд. Дар мавриди даст кашидани истеъмолкунанда аз иҷрои ин талабот иҷрокунанда ҳуқуқ дорад шартномаро бо тартиби судӣ бекор кунад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1193)
Агар зарурати иҷрои кори (хизматрасонии) иловагӣ пеш ояд ва ба ин сабаб арзиши сметавӣ ё калкулятсияро хеле зиёд кардан зарур шавад, иҷрокунанда уҳдадор аст истеъмолкунандаро дар ин хусус сари вақт огоҳ намояд. Агар истеъмолкунанда барои баланд шудани арзиши арзиши сметавӣ ё калкулятсия розӣ набошад, вай ҳуқуқ дорад аз иҷрои шартнома даст кашад. Дар ин ҳолат иҷрокунанда метавонад аз истеъмолкунанда пардохти музди кори иҷрогардида (хизмати расонида) - ро талаб намояд. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1193)
Иҷрокунандае, ки истеъмолкунандаро аз зарурати баланд шудани арзиши сметавӣ ё калкулятсия сари вақт огоҳ накардааст, уҳдадор аст шартномаро иҷро кунад, ки дар ин ҳолат ҳуқуқи дар доираи арзиши сметавӣ ё калкулятсия пардохтани музди кор (хизматрасонӣ) барояш боқӣ мемонад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1193)
Дар сурати сарф нашудани воситаҳои пулии пардохташуда, ки бо арзиши сметавӣ пешбинӣ шудаанд ё калкулятсияи беасоси иқтисодӣ тартибдодашуда барои кори иҷрошуда (хизмати расонидашуда), фарқияти ошкоршудаи нарх бояд ба истеъмолкунанда баргардонида шавад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1193)
 
Моддаи 32. Иҷрои кор аз масолеҳи иҷрокунанда
 
Агар дар шартнома тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, иҷрокунанда уҳдадор аст кори тибқи шартномаи иҷрои кор муайянгардидаро аз масолеҳ ва маблағи худ иҷро намояд.
Иҷрокунандае, ки барои иҷрои кор масолеҳ пешниҳод намудааст, барои сифати номатлуби он аз рўи қоидаҳои масъулияти фурўшанда барои моли дорои сифати номатлуб ҷавобгар мебошад.
Пули масолеҳи иҷрокунанда ҳангоми бастани шартномаи мазкур аз ҷониби истеъмолкунанда пурра ё дар ҳаҷме пардохта мешавад, ки дар шартномаи иҷрои кор бо шарти ҳисоби ниҳоӣ кардан ҳангоми кори баҷоовардаи иҷрокунандаро қабул карда гирифтани истеъмолкунанда зикр гардидааст, ба шарте, ки бо мувофиқаи тарафҳо тартиби дигари ҳисоби маводи иҷрокунанда пешбинӣ нагардида бошад.
Дар ҳолатҳои пешбининамудаи шартномаи иҷрои кор иҷрокунанда метавонад ба истеъмолкунанда масолеҳро ба тариқи кредит пешниҳод кунад. Тағйирёбии минбаъдаи нархи масолеҳи қарздодаи иҷрокунанда боиси ҳисобу китоби нав шуда наметавонад.
Масолеҳи иҷрокунанда, воситаҳои техникӣ, асбобҳо ва маводи дигари барои иҷрои кор зарурро ба маҳалли иҷрои кор иҷрокунанда мерасонад.
 
Моддаи 33. Иҷрои кор аз масолеҳи (ашёи) истеъмолкунанда
 
Агар кор пурра ё қисман аз масолеҳи (ашёи) истеъмолкунанда ба ҷо оварда шавад, иҷрокунанда барои эҳтиёт кардани ин масолеҳ (ашё) ва истифодаи сарфакоронаи он ҷавобгар аст.
Иҷрокунанда уҳдадор аст, ки:
- истеъмолкунандаро аз корношоямӣ ё бадсифатии масолеҳи (ашёи) супурдаи ў огоҳ намояд;
- дар бораи сарфи масолеҳ ҳисобот диҳад ва боқимондаи онро баргардонад ё бо розигии истеъмолкунанда музди (сметаи) корро бо назардошти арзиши масолеҳи истифоданашудае, ки дар дасти иҷрокунанда мондааст, камтар кунад.
Иҷрокунанда уҳдадор аст, ки дар сурати пурра ё қисман гум шудани (осеб дидани) масолеҳи (ашёи) аз истеъмолкунанда гирифтааш дар давоми се рўз бо ҳамин гуна масолеҳи (ашёи) сифаташ якхела иваз намояд ва бо майлу хоҳиши истеъмолкунанда дар мўҳлати мувофиқагардида аз масолеҳи (ашёи) шабеҳи он маснуот созад ва дар мавриди ноилоҷӣ ба истеъмолкунанда арзиши дукаратаи масолеҳи (ашёи) гумшуда (осебдида) ва ҳамчунин хароҷоти истеъмолкунандаро ҷуброн намояд.
Арзиши масолеҳи (ашёи) гумшуда (осебдида) дар асоси нархи мавҷудаи масолеҳ (ашё) дар ҷое, ки талаби истеъмолкунанда бояд аз тарафи иҷрокунанда дар рўзи ихтиёрӣ қонеъгардонӣ ё худ дар рўзи баровардани қарори суд қонеъ гардонида шавад, муайян карда мешавад, агар талаби истеъмолкунанда ихтиёрӣ қонеъ гардонида нашуда бошад.
Дар шартномаи иҷрои кор ва ё дигар ҳуҷҷате (расидае супорише), ки далели баста шудани шартнома аст, бояд ному тавсиф ва нархи аниқи масолеҳ (ашё), ки бо созишномаи тарафайн муайян карда мешавад, зикр шуда бошад.
Агар иҷрокунанда исбот намояд, ки истеъмолкунандаро аз хосиятҳои махсуси масолеҳе (ашёе) огоҳонидааст, ки боиси пурра ё қисман гум шудани (осеб дидани) он мегардад, аз масъулияти пурра ё қисман гум шудани (осеб дидани) масолеҳ (ашё) озод мегардад. Агар савияи дониши илмӣ ва техникии иҷрокунанда барои ошкор кардани хосиятҳои махсуси масолеҳ (ашё) имконият надода бошад, ў аз ҷавобгарӣ озод намешавад.
 
Моддаи 34. Ўҳдадории иҷрокунандагон дар бобати огоҳонидани истеъмолкунанда аз
ҳолатҳое, ки метавонанд ба сифати иҷрои кор (хизматрасонӣ) таъсир расонанд ё худ боиси
сари вақт иҷро нашудани он гарданд
 
Иҷрокунанда уҳдадор аст истеъмолкунандаро сари вақт хаттӣ аз он огоҳонад, ки риоя кардани дастурҳои истеъмолкунанда ва ҳолатҳои дигари вобаста ба истеъмолкунанда метавонад сифати иҷрои кор (хизматрасонӣ) – ро паст кунад ё худ боиси сари вақт иҷро нашудани он гарданд.
Агар истеъмолкунанда, қатъи назар аз сари вақт ва аз ҷониби иҷрокунанда асоснок огоҳонида шуданаш масолеҳи корношоям ё бадсифатро дар мўҳлати мувофиқашуда иваз накунад, дастурҳоро доир ба тарзу усули иҷрои кор (хизматрасонӣ) тағйир надиҳад ё дигар ҳолатҳоеро бартараф нанамояд, ки сифати иҷрои кор (хизматрасонӣ) – ро паст карда метавонанд, иҷрокунанда ҳуқуқ дорад шартномаи иҷрои кор (хизматрасонӣ) – ро бекор кунад ва ҷуброни зарари ба ў расидаро талаб намояд.
 
Моддаи 35. Тартиби пардохти музди кори иҷрогардида (хизмати расонида)
 
Тартиби пардохти музди кори иҷрогардида (хизмати расонида) бо шартномаи байни истеъмолкунанда ва иҷрокунанда муайян карда мешавад.
Истеъмолкунанда уҳдадор аст, ки музди кори (хизмати) дар ҳаҷми пурра баҷоовардаи иҷрокунандаро баъди қабул карда гирифтани он пардозад. Бо розигии истеъмолкунанда музди кор (хизмат) ҳангоми бастани шартнома дар ҳаҷми пурра ё ба тариқи пешакӣ метавонад пардохта шавад.
 
Моддаи 36. Қоидаҳои савдо, хўроки умумӣ, хизматрасонии маишӣ ва дигар намунаҳои
хизматрасонии истеъмолкунандагон
 (ҚҶТ аз 6.10.08с., №424)
 
Қоидаҳои савдо, хўроки умумӣ, хизматрасонии маишӣ ва дигар намудҳои хизматрасонии истеъмолкунандагон (қоидаҳои иҷрои намудҳои алоҳидаи кор ва қоидаҳои хизматрасонии намудаҳои алоҳида) – ро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд. (ҚҶТ аз 6.10.08с., №424)
 
Моддаи 37. Танзими намудҳои алоҳидаи хизмат
 
Оқибати вайрон кардани талабҳои шартнома дар бораи намудҳои алоҳидаи хизматрасонӣ, агар чунин шартнома бо хусусияти худ ба доираи амали Қонуни мазкур дохил нагардад, бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
 
БОБИ 4.
ҲИФЗИ ДАВЛАТӢ ВА ҶАМЪИЯТИИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН
(ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1498)
 
Моддаи 38. Ваколатҳои мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ
 
Назорати давлатӣ оид ба риоя ва иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон аз ҷониби мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ (сохторҳои минтақавии он) амалӣ мегардад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1193)
Мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ (минбаъд - мақоми зиддиинҳисорӣ) дорои ваколатҳои зерин мебошад: (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1193)
- ба истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурўшанда) ҷиҳати хотима додани ҳуқуқвайронкуниҳои истеъмолкунандагон, аз ҷумла оид ба нафурўхтани моли мўҳлати коршоямиаш гузашта, инчунин оид ба нафурўхтани моле (иҷрои коре), ки бояд мўҳлати коршоямиаш муқаррар карда мешуд, вале он муқаррар нашудааст ва оид ба боздоштани фурўши мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) ҳангоми мавҷуд набудани маълумоти дурусту кофӣ дар бораи мол (кор, хизматрасонӣ), амрномаҳоро ирсол менамояд; (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1193)
- ба мақомоти дахлдор оид ба вайрон шудани ҳуқуқи истеъмолкунандагон барои пеш аз муҳлат бекор кардан ва ё боздоштани амали иҷозатнома оид ба фаъолияти муайян мавод ирсол менамояд; (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1193)
- ба мақомоти дахлдор маводро нисбат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба маҷбурӣ ситонидани ҷаримаҳо пешниҳод менамояд; (ҚҶТ аз 29.01.2021с.,№1769)
- маводро ба мақомоти прокуратура, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рўи тобеият барои ҳалли масъалаҳои оғоз намудани парвандаҳои ҷиноятӣ аз рўи аломатҳои ҷиноят, ки бо вайрон намудани ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон алоқаманданд, пешниҳод мекунад. (ҚҶТ аз 18.03.15с., №1193)
 Мақоми зиддиинҳисорӣ ҳангоми ошкор намудани ҳолатҳои вайронкунии ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва халалдор гардидани манфиати гурӯҳи номуайяни истеъмолкунандагон, ба мақомоти ваколатдори соҳавӣ ва ё суд оид ба боздошт ё қатъ намудани фаъолияти истеҳсолкунандагон, иҷрокунандагон ё фурӯшандагони мол (кор ва хизматрасонӣ), инчунин соҳибкорони инфиродӣ барои дағалона вайрон кардани ҳуқуқҳои бо қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқарраршудаи истеъмолкунандагон, ки боиси марг ё бемориҳои оммавӣ, заҳролудшавии одамон мегардад, муроҷиат менамояд. (ҚҶТ аз 29.01.2021с.,№1769)
Мақоми зиддиинҳисорӣ метавонад аз ҷониби суд барои иштирок дар мурофиаи судӣ ҷалб карда шавад ё бо ташаббуси худ бо мақсади ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон барои додани хулосаҳо аз рўи парванда дар мурофиаи судӣ иштирок намояд.
Мақоми зиддиинҳисорӣ ҳангоми ошкор кардани далелҳои вайрон гардидани Қонуни мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мавриди номуайян будани гурӯҳи истеъмолкунандагон дар бораи ба буҷети давлатӣ гузарондани даромаде, ки дар натиҷаи вайрон гардидани ҳуқуқи истеъмолкунанда ба даст омадааст, қарор қабул менамояд. (ҚҶТ аз 29.01.2021с.,№1769)  
 
Моддаи 39. Ваколатҳои мақомоти давлатие, ки назорати сифат ва бехатарии мол (кор,
хизматрасонӣ) –ро анҷом медиҳанд
 (ҚҶТ аз 6.10.08с., №424)
 
Бо мақсади таъмини бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) мақоми давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, мақомоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти ҳифзи муҳити зист ва дигар мақомоти идоракунии давлатӣ, дар доираи салоҳияти худ назорати сифат ва бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) - ро анҷом медиҳанд: (ҚҶТ аз 6.10.08с., №424., аз 29.01.2021с.,№1769)
- назорати риояи талаботи бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) – ро анҷом медиҳанд;
- барои бартараф намудани риоя накардани талаботи бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ), талаботи аз истеҳсолот гирифтани чунин мол (кор, хизматрасонӣ), истеҳсол накардан ва нафурўхтани чунин мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ), нафурўхтани моли мўҳлати коршоямиаш гузашта ва моле (коре), ки бояд ба он мўҳлати коршоямӣ муқаррар мешуду вале муқаррар карда нашудааст, инчунин талаботи боздоштани фурўши мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) ҳангоми мавҷуд набудани маълумоти дурусту кофӣ оид ба мол (кор, хизматрасонӣ), оид ба гирифтани онҳо аз истеъмолкунандагон ва дар ин хусус хабардор намудани истеъмолкунандагон амрия ирсол мекунанд;  (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1498)
- ҳангоми аз ҷониби истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурўшанда) риоя нагардидани талаботи бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) нисбати онҳо ба суд даъво пешниҳод мекунад.
Ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, ки назорати сифат ва бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) - ро анҷом медиҳанд, инчунин ташкил ва иҷрои корҳои тасдиқи ҳатмии мувофиқати мол (кор, хизматрасонӣ) ба талаботи муқарраршуда ба зиммаи мақоми давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешавад. (ҚҶТ аз 6.10.08с., №424)
Мақоми давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияташ чунин вазифаҳоро иҷро менамояд: (ҚҶТ аз 6.10.08с., №424; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1498)
- тартиби сертификатсия кардани мол (кор, хизматрасонӣ) – ро муайян менамояд;
- мақомоти сертификатсияи намудҳои мушаххаси мол (кор, хизматрасонӣ) ва ҳамчунин лабораторияҳои (марказҳои) озмоиширо барои санҷишҳои дахлдор ваколатдор месозад;
- ба дуруст сертификатсия шудани мол (кор, хизматрасонӣ) назорат мекунад;
- феҳристонии давлатии моли (кори, хизматрасонии) сертификатсияшуда, мақомоти ваколатдорро доир ба сертификатсия, лабораторияҳои (марказҳои) озмоиширо ба роҳ мемонад;
- дар бораи эътирофи сертификатсияҳое, ки ба мақомоти хориҷӣ ва байналмилалӣ додааст, қарор қабул менамояд, дар муносибатҳои мутақобила бо ташкилотҳои хориҷӣ ва байналмилалӣ аз рўи масъалаҳои сертификатсияи мол (кор, хизматрасонӣ) аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ мекунад;
- риояи қоидаҳои савдо, хўроки умумӣ, сифат ва бехатарии молҳои ниёзи мардумро назорат мекунад. (ҚҶТ аз 6.10.08с., №424)
 
Моддаи 391. Мақоми ваколатдори давлатие, ки танзим ва назорати хизматрасонии молиявии
ташкилотҳои қарзӣ ва суғуртавиро анҷом медиҳад
(ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1498)
 
Хизматрасонии молиявии ташкилотҳои қарзӣ ва суғуртавӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим ва назорат карда мешавад. ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1498)
 
Моддаи 40 бо ҚҶТ аз 28.12.13с., № 1052 хориҷ карда шуд
 
Моддаи 41. Аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳимоя карда
шудани ҳуқуқи истеъмолкунандагон
 
Бо мақсади ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ сохторҳои дахлдор ташкил карда мешаванд, ки онҳо:
- шикояти истеъмолкунандагонро баррасӣ мекунанд ва ба онҳо оид ба масъалаҳои ҳуқуқи истеъмолкунандагон маслиҳат медиҳанд:
- шартномаҳои бо фурўшандагон (иҷрокунандагон, истеҳсолкунандагон) бастаи истеъмолкунандагонро бо мақсади ошкор намудани шартҳое, ки ҳуқуқи истеъмолкунандагонро маҳдуд месозанд, таҳлил мекунанд;
- ҳангоми ошкор намудани моли (кори, хизматрасонии) дорои сифати номатлуб, инчунин барои ҳаёт, саломатӣ ва амволи истеъмолкунандагон ва барои муҳити зист хатарнок мақомоти ҳокимияти иҷроияро, ки назорати сифат ва бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) - ро амалӣ мекунанд, фавран огоҳ месозанд;
- дар ҳолати ошкор намудани фурўши мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ), ки маълумоти дуруст ва кофӣ надорад ё мўҳлати коршоямиаш гузаштааст ё худ мўҳлати коршоямиаш зикр нашудааст, агар муқаррар намудани ин мўҳлатҳо ҳатмӣ бошад, фурўши мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) - ро то пешниҳод намудани маълумот боз медоранд ё қатъ мекунанд;
- ба суд ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон (доираи номуайяни истеъмолкунандагон) муроҷиат мекунанд.
 
Моддаи 42. Ҳуқуқи иттиҳодияҳои ҷамъиятии истеъмолкунандагон (ассотсиатсия, иттифоқҳои онҳо)
 
Шаҳрвандон ҳуқуқи ихтиёран дар иттиҳодияҳои ҷамъиятии истеъмолкунандагон (ассотсиатсия, иттифоқҳои онҳо) муттаҳид шуданро доранд.
Иттиҳодияҳои ҷамъиятии истеъмолкунандагон (ассотсиатсия, иттифоқҳои онҳо) дар мавридҳои пешбининамудаи оинномаи иттиҳодияҳои мазкур (ассотсиатсия, иттифоқҳои онҳо) ҳуқуқ доранд, ки:
- дар таҳияи талабот ба бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) ва ҳамчунин ба стандартҳое, ки талаботи ҳатмиро дар ин соҳа муқаррар менамоянд, ба лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки муносибатҳоро дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунанда танзим менамоянд, иштирок кунанд;
- экспертизаи мустақилонаи сифат ва бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) – ро аз рўи супориш дар ташкилотҳои дахлдор ё дар мавриди доштани лабораторияҳои худӣ гузаронанд, ба шарте, ки мақомоти дахлдор барои салоҳияти техникӣ доштани онҳо иҷозат дода бошанд;
- риоя шудани ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва қоидаҳои хизматрасонии тиҷоратӣ, маишӣ ва дигар намудҳои ба истеъмолкунандагон хизматрасониро тафтиш намоянд, бо супориши истеъмолкунандагон дар гузаронидани экспертиза доир ба риоя нашудани ҳуқуқи истеъмолкунандагон иштирок кунанд;
- ба мақомоти идоракунии давлатӣ ва ташкилотҳо доир ба беҳтар кардани сифати мол (кор, хизматрасонӣ), истеҳсол накардан, аз муомилот гирифтани моле (коре, хизматрасоние), ки барои ҳаёт, саломатӣ, амволи истеъмолкунанда ва муҳити зист хавфу хатар доранд, таклифҳо пешниҳод намоянд;
- ҳамроҳи мақомоти идоракунии давлатӣ дар назорати татбиқи нархҳои идорашаванда ширкат варзад, тарифҳоеро, ки мақомоти давлатӣ барои ба ҷо овардани хизмати аҳолӣ (истеъмолкунандагон) муқаррар менамояд, мустақиман экспертиза кунад;
- ба мақомоти прокуратура ва мақомоти идоракунии давлатӣ дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони барои истеҳсолу фурўши моли (иҷрои кори, хизматрасонии) ба талаботи муқарраргардида нисбати бехатарӣ ва сифати мол (кор, хизматрасонӣ) номувофиқ ва ҳамчунин барои риоя накардани ҳуқуқи истеъмолкунандагон айбдоранд, мавод пешниҳод намоянд;
- дар бораи боздошти амал, бекор ё беэътибор донистани санадҳои мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки хилофи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон мебошанд, ба мақомоти ваколатдор, прокуратура ё суд муроҷиат намоянд; (ҚҶТ аз 29.01.2021с.,№1769)
 - барои ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ( доираи номуайяни истеъмолкунандагон) ба суд муроҷиат намоянд.
 
Моддаи 43. Ҳифзи манфиати гурўҳи номуайяни истеъмолкунандагон
 
Мақоми зиддиинҳисорӣ, мақомоти идоракунии давлатӣ, ки назорати сифат ва бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) - ро анҷом медиҳанд, ҳуқуқ доранд дар бораи эътирофи амали фурўшандаҳо (истеҳсолкунандагон, иҷрокунандагон) ё ташкилоте, ки дар асоси шартнома бо онҳо вазифаи фурўшанда (истеҳсолкунанда) - ро иҷро мекунад, нисбати гурўҳи номуайяни истеъмолкунандагон ва қатъи ин амалҳо ба суд даъво пешниҳод намоянд.
Ҳангоми қонеъ гардонидани чунин даъво суд қонуншиканро уҳдадор месозад, ки дар мўҳлати муқаррарнамудаи суд аз тариқи воситаҳои ахбори умум ё бо тарзи дигар қарори судро ба маълумоти истеъмолкунанда расонад.
Қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи суд нисбати гурўҳи номуайяни истеъмолкунандагон оид ба зиддиҳуқуқӣ эътироф намудани амалҳои фурўшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) ё ташкилоти тибқи шартномаи бо ў басташуда вазифаи фурўшанда (истеҳсолкунанда) - ро иҷрокунанда, барои суде, ки даъвои истеъмолкунандаро дар хусуси оқибатҳои ҳуқуқии граждании амали фурўшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) ё ташкилоти дар асоси шартномаи бо ў басташуда вазифаи фурўшанда (истеҳсолкунанда) - ро иҷрокунанда баррасӣ менамояд, оид ба масъалаҳои ҷой доштан ё надоштани ин амалҳо ва аз ҷониби шахсони мазкур содир гардидан ё нагардидани ин амалҳо ҳатмӣ мебошад.
 
БОБИ 5.
МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
(ҚҶТ аз 18.03.15с., №1193)
 
Моддаи 44. Дар бораи беэътибор донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»
 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1997 «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1997, № 10, моддаи 135) беэътибор дониста шавад.
 
Моддаи 441. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
 
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
(ҚҶТ аз 18.03.15с., №1193)
 
Моддаи 45. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
           Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                             Э. Раҳмонов
 
ш. Душанбе,  9 декабри соли 2004
№ 72
 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДИИ КУМИТАИ ДАВЛАТИИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношир: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 04/02/2020 - 14:25
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
82
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Date: 
Сешанбе, 1 Март, 2005

 

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДИИ

КУМИТАИ ДАВЛАТИИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

 

 

Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 25-уми ноябри соли 2004, № 1255

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 11, соли 2004, моддаи 620) қабул гардидааст.

Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 11-уми феврали соли 2005, № 596

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 2, соли 2005, моддаи 72) ҷонибдорӣ гардидааст.

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2005, № 3, мод. 121; с. 2008, № 3, мод.186; с. 2014, № 11, мод. 657; Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 с., № 1287; аз 17.05.2018 с., № 1524)

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, принсипҳои ташкил ва фаъолият, таъинот, вазифа, сохтор, салоҳияти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намудҳои санҷиш ва назорати фаъолияти онҳоро муайян менамояд.

 

Моддаи 1. Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Қӯшунҳои сарҳадӣ) намуди махсуси қӯшунҳоянд, ки барои ҳимоя ва муҳофизати Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Сарҳади давлатӣ), тамомияти арзӣ, соҳибихтиёрӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудаанд. (ҚҶТ аз 20.03.08с., №365)

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Қӯшунҳои сарҳадӣ

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Қӯшунҳои сарҳадӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад (ҚҶТ аз 17.05.2018 с., № 1524).

 

Моддаи 3. Принсипҳои фаъолияти Қӯшунҳои сарҳадӣ

 

Фаъолияти Қушӯнҳои сарҳадӣ дар асоси принсипҳои зерин сурат мегирад:

  • қонуният;
  • эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
  • таъмини амнияти давлат;
  • эҳтироми мутақобилаи соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзии дигар давлатҳо ва мустаҳкамии сарҳадҳои давлатӣ;
  • ҳамкории мутақобилаи ҳамаҷониба ва судманд бо мақомоти сарҳадии давлатҳои ҳамҳудуд;
  • ҳалли осоиштаи масъалаҳои сарҳад;
  • ягонагии системаи Қӯшунҳои сарҳадӣ ва мутамарказонии идоракунии онҳо;
  • яккасардорӣ;
  • мувофиқати шакл, усул ва воситаҳои ошкоро ва ғайриошкорои фаъолият;
  • ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидораи маҳаллӣ, иттиҳодияҳои ҷамъяитӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Моддаи 4. Вазифаҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ

 

Вазифаҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ инҳоянд:

  • ҳифз ва ҳимояи Сарҳади давлатӣ, тамомияти арзӣ ва манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сарҳади давлатӣ;
  • таъмини риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Сарҳади давлатӣ ва иҷрои ӯҳдадориҳое, ки аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон доир ба масъалаҳои низоми Сарҳади давлатӣ бармеоянд;
  • иштирок дар ҳалли масъалаҳои мудофиа ва таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сарҳади давлатӣ;
  • ёрирасонӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон, боигарии табиӣ ва муҳити зист дар хатти сарҳадӣ.

 

Моддаи 5. Роҳбарӣ ва идоракунии Қӯшунҳои сарҳадӣ

Роҳбарии умумӣ ва назорати фаъолияти Қӯшунҳои сарҳадиро Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

Роҳбарии бевосита ва идоракунии оперативии фаъолияти Қӯшунҳои сарҳадиро муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

Муовини якуми Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамзамон сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадӣ мебошад.

Муовини якум ва муовинони Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ бо Фармони Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд (ҚҶТ аз 15.03.16 с., №1287)

 

Моддаи 6. Ваколатҳои раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба

                      роҳбарии Қӯшунҳои сарҳадӣ

 

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- тибқи тартиби муқарраргардида роҳбарии умумӣ ва назорати фаъолияти Қӯшунҳои сарҳадиро амалӣ намуда, дар он Шӯрои ҳарбиро ташкил ва ҳайати онро тасдиқ менамояд, ваколатҳои шахсони мансабдори Қӯшунҳои сарҳадиро дар ҳалли масъалаҳои оперативӣ, ташкилӣ- штатӣ, кадрӣ, молиявӣ ва дигар масъалаҳо муқаррар менамояд (ҚҶТ аз 15.03.16 с., №1287);

- ситодҳои (гурӯҳҳои) оперативиро оид ба ҳамоҳангсозӣ ва роҳбарии амалиётҳои муштарак ҳангоми гузаронидани чорабиниҳо дар Сарҳади давлатӣ, бо ҷалби қувва ва воситаҳои дигар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ташкил менамояд;

- Қӯшунҳои сарҳадиро дар муносибат бо мақомоти қонунгузорӣ, иҷроия ва судии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин идораҳои сарҳадии давлатҳои хориҷӣ намояндагӣ менамояд;

- оид ба сохтор ва шумораи Қӯшунҳои сарҳадӣ, андозаи маблағгузории буҷетӣ барои Қӯшунҳои сарҳадӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод менамояд;

- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои фармонҳо ва қарорҳоро оид ба таъсис, азнавташкилдиҳӣ, барҳамдиҳӣ, ҷойгиркунонӣ, азнавҷойгиркунонии қисмҳои ҳарбӣ ва воҳидҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ, консепсия, нақшаи такмил ва рушди Қӯшунҳои сарҳадиро пешниҳод менамояд;

- сохтор ва штати қисмҳои ҳарбӣ ва воҳидҳои Қӯшунҳои сарҳадиро тасдиқ намуда, ба онҳо дар доираи шумораи муқарраргардида, фондҳои таъминоти пулӣ, музди меҳнат, инчунин штати воситаҳои нақлиёт, техникаи ҷангӣ ва махсус тағйироти зарурӣ ворид менамояд;

- оинномаи Қӯшунҳои сарҳадиро барои тасдиқ ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи  Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- ба хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ бо тартиби муқарраргардида рутбаи аввалини афсарӣ, рутбаи ҳарбии пеш аз мӯҳлати афсар, рутбаи як зина баландтар аз рутбаи ҳарбии дар штат барои мансаби ҳарбии ишғолкарда пешбинишударо медиҳад (ҚҶТ аз 15.03.16 с., №1287);

- бо тартиби муқарраргардида афсарон ва хизматчиёни Қӯшунҳои сарҳадиро ба вазифаҳои ҳарбие, ки аз ҷониби афсарони калон ишғол карда мешаванд, таъин ва озод менамояд, рутбаи афсарии калонро то полковник  медиҳад;

- ба баррасии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дохил намудани вазифаҳои ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ба номгӯи вазифаҳое, ки аз ҷониби афсарони олирутба ишғол карда мешаванд, таклифҳо пешниҳод менамояд;

- ба баррасии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба хизматчиёни ҳарбӣ додани рутбаҳои олии афсарӣ, инчунин озод намудани онҳо аз хизмати ҳарбӣ таклифҳо пешниҳод менамояд;

- намояндагони расмии Қӯшунҳои сарҳадиро дар давлатҳои ҳамҳудуд  дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин менамояд;

- ба баррасии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бо мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ сарфароз кардани хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони ғайриҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ, инчунин дигар шахсоне, ки барои иҷрои вазифаҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ ёрӣ мерасонанд, таклифҳо  пешниҳод менамояд;

- нисбати хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ аз ҳуқуқҳое, ки дар Оинномаи интизомии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, истифода мебарад;

- тартиби аз ҷониби Қӯшунҳои сарҳадӣ додани ахбороти оперативӣ, маҳсулоти махсуси техникӣ ва дигар воситаҳоро ба идораҳои сарҳадии давлатҳои хориҷӣ муқаррар менамояд;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадани хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост пешниҳод менамояд;

- маблағҳоеро, ки барои нигоҳдории Қӯшунҳои сарҳадӣ ҷудо гардидаанд, тақсим  менамояд;

- меъёр ва тартиби хароҷоти воситаҳои молиявиро барои гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ вобаста ба анҷом додани  фаъолияти разведкавӣ ва оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин вобаста ба ҳифзи Сарҳади давлатӣ, ки Қӯшунҳои сарҳадӣ амалӣ мегардонанд, муқаррар менамояд;

- дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси қабули намояндагони идораҳои сарҳадии давлатҳои хориҷӣ, инчунин фиристонидани намояндагони Қӯшунҳои сарҳадӣ ба давлатҳои хориҷӣ қарор қабул намуда, бо ин мақсад дар доираи маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ хароҷоти молиявиро муайян менамояд;

- дигар ваколатҳоро мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд. (ҚҶТ аз 20.03.08с., №365)

 

Моддаи 61. Ваколатҳои Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ

 

Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ:

- роҳбарии  бевосита  ва идоракунии оперативии фаъолияти Қӯшунҳои сарҳадиро таъмин намуда, барои омодагии хизматӣ-ҷангӣ ва тарбияи хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ шахсан масъул мебошад;

- доир ба ташкили ситодҳои (гурӯҳҳои) оперативӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва роҳбарии амалиёти муштарак ҳангоми гузаронидани чорабиниҳо дар Сарҳади давлатӣ, бо ҷалби қувва ва воситаҳои дигар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - раиси Кумита) таклифҳо пешниҳод менамояд;

- доир ба сохтор, шумораи Қӯшунҳои сарҳадӣ, штатҳои қисмҳои ҳарбӣ ва воҳидҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ дар ҳаҷми маблағгузории буҷетӣ барои Қӯшунҳои сарҳадӣ ба раиси Кумита  таклифҳо пешниҳод менамояд;

- оид ба таъсис, азнавташкилдиҳӣ, барҳамдиҳӣ, ҷойгиркунонӣ ва азнавҷойгиркунонии қисмҳои ҳарбӣ ва воҳидҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ, консепсия, нақшаи такмил ва рушди Қӯшунҳои сарҳадӣ ба раиси Кумита таклифҳо  пешниҳод менамояд;

- гузаронидани фаъолияти разведкавӣ, оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва таҳқиқиро дар системаи Қӯшунҳои сарҳадӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамояд;

- афсарон ва прапоршикҳоро бо тартиби муқарраргардида  ба вазифаҳои ҳарбӣ таъин ва аз вазифаҳои ҳарбӣ озод менамояд, рутба ҳарбии прапоршик, прапоршики калон ва рутбаҳои ҳарбии афсариро то рутбаи ҳарбии капитан медиҳад (ҚҶТ аз 15.03.16 с., №1287);

- дар бораи бо мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ сарфароз кардани хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони ғайриҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ, инчунин дигар шахсоне, ки барои иҷрои вазифаҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ ёрӣ мерасонанд, ба раиси Кумита таклифҳо  пешниҳод менамояд;

- дар доираи салоҳияти худ дигар ваколатҳоро амалӣ менамояд.

(ҚҶТ аз 20.03.08с., №365)

 

Моддаи 7. Сохтори Қӯшунҳои сарҳадӣ

 

Қӯшунҳои сарҳадӣ аз Дастгоҳи марказӣ, раёсатҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ дар вилоятҳо, отрядҳои сарҳадӣ, қисмҳои ҳарбӣ, комендатураҳо, дидбонгоҳҳо (заставаҳо), нуқтаи гузаргоҳҳои сарҳадӣ, Донишкадаи сарҳадӣ, муассисаҳои тиббӣ-ҳарбӣ, таълимӣ, воҳидҳои махсус ва воҳидҳои таъминоти ақибгоҳӣ иборат мебошанд (ҚҶТ аз 15.03.16 с., №1287).

Шумораи штатӣ ва сохтори Қӯшунҳои сарҳадӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасдиқ карда мешавад. (ҚҶТ аз 20.03.08с., №365)

 

Моддаи 8. Ҳимояи маълумот дар бораи Қӯшунҳои сарҳадӣ

 

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Қӯшунҳои сарҳадӣ ба хизмати ҳарбӣ бо тарзи ихтиёрӣ шомил шудаанд ва ба онҳо барои шиносоӣ бо маълумоти дорои сирри давлатӣ рухсат дода мешавад, аз расмиёти иҷозат ба маълумоти дорои сирри давлатӣ мегузаранд. Вайрон намудани ӯҳдадории ошкор накардани сирри давлатӣ боиси ҷавобгарии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.

 

Моддаи 9. Қувва ва воситаҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ

 

Ба мафҳуми қувва ва воситаҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ Қӯшунҳои сарҳадӣ ва мақомоти Қӯшунҳои сарҳадӣ дохил мешаванд.

Қӯшунҳои сарҳадӣ фаъолияти хизматӣ-ҷангиро дар ҳимоя ва ҳифзи Сарҳади давлатӣ амалӣ менамоянд. Ба фаъолияти хизматӣ-ҷангии Қӯшунҳои сарҳадӣ амалҳои пайваста, фаъол, аз рӯи вақту макон ба ҳам мувофиқашуда, ки барои таъмини фаъолияти ҳарбӣ, оперативӣ (разведкавӣ, оперативӣ-ҷустуҷӯӣ), ҳарбии техникӣ, намояндагии сарҳадӣ, иттилоотию таҳлилӣ, маъмурӣ ва дигар намудҳои фаъолият, ки дар Сарҳади давлатӣ, дар доираи ҳудуди наздисарҳадӣ, ноҳияҳои наздисарҳадӣ, минтақаҳои масъул ва гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ гузаронида мешаванд, тааллуқ доранд (ҚҶТ аз 17.05.2018 с., № 1524).

Мақомоти Қӯшунҳои сарҳадӣ аз мақомоти разведка ва мақомоти назорати сарҳадӣ иборат мебошанд.

Мақомоти разведка фаъолияти разведкавӣ ва оперативӣ-ҷустуҷӯиро бо мақсади ба даст овардани маълумот дар бораи душмани эҳтимолӣ, дигар маълумоти ҷолиби диққат, барои ошкор сохтан, пешбинӣ намудан ва барҳам додани фаъолияти разведкавӣ-тахрибӣ ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ дар Сарҳади давлатӣ ва ҳудуди наздисарҳадиро бо воситаҳо ва усулҳои махсус (оперативӣ) амалӣ менамояд.

Мақомоти назорати сарҳадӣ чунин фаъолиятро амалӣ менамоянд:

- назорати давлатии риояи низоми Сарҳади  давлатӣ,    низоми сарҳадӣ, низоми гузаргоҳҳо ба воситаи Сарҳади давлатӣ;

- ошкоркунӣ, огоҳкунӣ ва пешгирии ҷиноятҳо, ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, ки ба низоми муқарраргардидаи Сарҳади давлатӣ, низоми сарҳадӣ ва низоми гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ таҳдид мекунанд;

- якҷоя бо дигар мақомоти махсуси ваколатдори назорати давлатӣ ба воситаи Сарҳади давлатӣ гузаронидани шахсон, воситаҳои нақлиёт, бор, мол ва ҳайвонот;

- дигар вазифаҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ, ки дар қонунгузорӣ  муқаррар  гардидаанд.

(ҚҶТ аз 20.03.08 №365)

 

Моддаи 10. Ҳамкории Қӯшунҳои сарҳадӣ бо дигар мақомот

 

Қӯшунҳои сарҳадӣ фаъолияти худро дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз шакли моликият, дар мувофиқа бо раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд.

Бо мақсади таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қӯшунҳои сарҳадӣ дар мувофиқа бо раиси Кумитаи  давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон саривақт ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳодисаҳои вайронкунии Сарҳади давлатӣ, ки аз рӯи онҳо таҳқиқ мегузаронад, инчунин оид ба ворид гардидан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҳудуди он баромадани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд  иттилоъ медиҳад.

Қӯшунҳои сарҳадӣ дар мувофиқа бо раиси Кумитаи  давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, идораҳои сарҳадии давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои сарҳадӣ дар асоси санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз ҷониби Тоҷикистон эътироф гардидаанд, ҳамкорӣ менамояд.

(ҚҶТ аз 20.03.08с., №365)

 

Моддаи 11. Фаъолияти намояндаҳои расмии Қӯшунҳои сарҳадӣ

 

Намояндагони расмии Қӯшунҳои сарҳадӣ дар давлатҳои ҳамҳудуд фаъолияти худро дар асоси созишномаҳои дутарафа иҷро менамоянд.

 

Моддаи 12. Риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар фаъолияти Қӯшунҳои сарҳадӣ

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми аз ҷониби Қӯшунҳои сарҳадӣ иҷро намудани фаъолияти худ риоя намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро кафолат медиҳад.

Ҳама гуна маҳдудкунии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷониби Қӯшунҳои сарҳадӣ ва шахсони мансабдори онҳо фақат тибқи асос, доира ва тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз ҷониби Тоҷикистон эътироф гардидаанд, мумкин аст. Ҳамзамон ба хизматчиёни ҳарбӣ ва ҳайати ғайриҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ амалҳои паст задани шаъну шарафи шаҳрвандон манъ аст.

Шахсони мансабдори Қӯшунҳои сарҳадӣ вазифадоранд, ки ба шаҳрвандон аз рӯи дархости онҳо оид ба сабаби аз тарафи Қӯшунҳои сарҳадӣ маҳдуд карда шудани ҳуқуқ ва озодиҳои онҳо ахборот ва тавзеҳот диҳанд.

Маълумоти дар рафти фаъолияти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар бораи ҳаёти шахсии шаҳрванд ба даст омада, ки ба шаъну шарафи ӯ алоқамандӣ доранд ё ба манфиатҳои қонунии ӯ зарар расонида метавонанд, бо розигии шаҳрванд ба ҳеҷ кас, ба истиснои ҳолатҳои дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, хабар дода намешаванд.

Шаҳрванде, ки амал ва ё беамалии шахсони мансабдори Қӯшунҳои сарҳадиро боиси поймол шудани ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии худ меҳисобад, ҳуқуқ дорад, ки ба мақомоти болоии Қӯшунҳои сарҳадӣ, прокуратура ё суд шикоят намояд.

 

Моддаи 13. Ҳуқуқ ва вазифаҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ

 

Қӯшунҳои сарҳадӣ ӯҳдадоранд:

- тавассути тамоми имкониятҳои мавҷуда ба таври ғайриқонунӣ тағйир додан ва убури Сарҳади давлатиро дар маҳал роҳ надиҳанд;

- ҳуҷуми мусаллаҳонаро ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зада гардонида, моҷароҳои мусаллаҳона ва дигар моҷароҳоро дар Сарҳади давлатӣ пешгирӣ намоянд, аз ин қасдҳои ҷинояткорона аҳолӣ, моликияти давлатӣ ва дигар шаклҳои моликиятро ҳимоя намоянд (ҚҶТ аз 17.05.2018 с., № 1524);

- вайронкунандагони Сарҳади давлатиро ошкор ва дастгир намоянд;

- аз тарафи шахсон ва воситаҳои нақлиёт берун аз гузаргоҳҳо ё бо тарзи ғайриқонунӣ гузаштани Сарҳади давлатиро пешгирӣ намоянд ва ба онҳо роҳ надиҳанд;

- иҷрои ӯҳдадориҳоеро, ки аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон оид ба масъалаҳои низоми Сарҳади давлатӣ бармеоянд, таъмин намоянд;

- риояи қоидаҳои низоми Сарҳади давлатиро, ки хусусияти иҷозатӣ ё огоҳкунӣ доранд, низоми сарҳадӣ ва низоми гузаргоҳҳои Сарҳади давлатиро назорат намоянд;

- фаъолияти қӯшунӣ, разведкавӣ, оперативию қӯшунӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва низомӣ - гузариро анҷом диҳанд;

- пешбарии парвандаҳоро оид ба қонуншиканиҳои маъмурие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ихтиёри онҳо вогузор намудааст, анҷом диҳанд, дар доираи салоҳияти худ ин парвандаҳоро баррасӣ намоянд ва қарорҳои оиди онҳоро иҷро кунанд;

- аз рӯи парвандаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ихтиёри онҳо гузоштааст, таҳқиқи пешакӣ баранд;

- қонуншиканиҳоеро, ки бо таъмини ҳифзи Сарҳади давлатӣ вобастаанд пешгирӣ намоянд;

- дар мавриди зарурат ҷустуҷӯ ва амалиёти сарҳадӣ гузаронанд;

- назорати муҳоҷиратиро дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ амалӣ намоянд.

Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳуқуқҳои зеринро доранд:

- дар заминхое, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи меъёрҳои муқарраршуда ба истифодаи бемӯҳлат (доимӣ) дода мешаванд, иншооти заруриии муҳандисию техникӣ бунёд намоянд, сохтмони хатҳои алоқа ва коммуникатсияро анҷом диҳанд, техника ва силоҳро ҷойгир ва истифода кунанд; (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1148)

- ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар ҳар қитъаи маҳал қарор дошта бошанд ва дар он озодона рафту омад кунанд, аз моликон ва истифодабарандагони қитъаҳои замин дар минтақаи сарҳад ҷудо намудани ҷойро барои рафту омади нарядҳои сарҳадӣ, таҷҳизонидан ва дар ҳолати дуруст нигоҳ доштани гузаргоҳҳои миёни панҷараҳо, гузаргоҳҳои миёни дигар монеъаҳо талаб намоянд;

- бо мақсади пешгирӣ ва рафъи вайронкунии низоми Сарҳади давлатӣ, низоми сарҳадӣ, низоми гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ ҳуҷҷатҳои зарурии шахсон, ҳуҷҷатҳои воситаҳои нақлиётро санҷанд, воситаҳои нақлиёт ва борҳои дар онҳо бударо аз назар гузаронанд;

- тавассути нарядҳои сарҳадӣ шахсонеро, ки барои вайронкунии Сарҳади давлатӣ, низоми сарҳадӣ, низоми гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ гумонбар шудаанд, нигоҳ доранд ва шахсан аз назар гузаронанд, чунин шахсонро ба ихтиёри ҷузъу томҳо, қисмҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ ё ҷойҳои дигар барои ошкор намудани ҳолатҳои сарҳадшиканӣ баранд;

- шахсонеро, ки низоми Сарҳади давлатӣ, низоми сарҳадӣ ё низоми гузаргоҳҳои Сарҳади давлатиро вайрон кардаанд, ҷиҳати тартиб додани протокол ба мӯҳлати то 3 соат ва дар ҳолатҳои зарурӣ барои муқаррар кардани шахсият ва муайян намудани ҳолатҳои қонуншиканӣ то 3 шабонарӯз ба таври маъмурӣ дастгир намоянд ва аз ин ҳолат ба таври хаттӣ ба прокурор дар муддати 24 соат аз лаҳзаи дастгир кардан хабар расонанд;

- дастгиршудагонро аз назар гузаронанд, ҳамчунин азназаргузаронии шахсӣ ва дар мавриди зарурат гирифтани чизу чораи ҳамроҳи онҳо буда ва ҳуҷҷатҳои онҳоро анҷом диҳанд. Дар хусуси ҳар як ҳолати ба таври маъмурӣ дастгир кардан, азназаргузаронии шахсии дастгиршуда, азназаргузаронӣ ва гирифтани чизу чораи ҳамроҳи ӯ буда протокол тартиб дода мешавад;

- бо иҷозати прокурор шаҳрвандони хоричӣ ва шахсони бешаҳрвандиеро, ки Сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур кардаанд, ва дар асосҳои пешбининамудаи қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистон оиди онҳо дар бораи ба мақомоти сарҳади давлатҳои ҳамҳудуд супоридан ё аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи маъмурӣ берун кардан карор ва ҳалномаи зарурӣ қабул шудааст, то вақти барои иҷрои қарор ва ҳалномаи зарурӣ боздоранд;

- шахсонеро, ки ба таври маъмурӣ боздошта шудаанд, дар биноҳои махсуси барои ин мақсадҳо таҷҳизонидашудаи Қӯшунҳои сарҳадӣ нигоҳ доранд;

- ҳаракати шахсон ва воситаи нақлиётро дар доираи ҳудуди наздисарҳадӣ муваққатан маҳдуд ё манъ намоянд, ҳамчунин шаҳрвандонро ба нуқтаҳои алоҳидаи маҳал роҳ надиҳанд (ҚҶТ аз 17.05.2018 с., № 1524);

- дигар ҳуқуқҳоро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Точикистон муқаррар намудааст, амалӣ намоянд.

Дар сурати ҷорӣ намудани низоми вазъияти фавқуллода дар ҳудуди наздисарҳадӣ ба Қӯшунҳои сарҳадӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои иловагӣ танҳо дар доираи ҳимояи Сарҳади давлатӣ вогузор шаванд.

 

Моддаи 14. Ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ

 

Ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ аз хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони ғайриҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ иборат мебошад. Таъмини Қӯшунҳои сарҳадӣ бо ҳайати шахсӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби зерин ба роҳ монда мешавад:

- бо хизматчиёни ҳарбӣ – ба таври ихтиёрӣ дохил гардидан ва даъват намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ;

- бо кормандони ғайриҳарбӣ – ба таври ихтиёрӣ ба кор даромадан.

Ба хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ (ғайр аз хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро ба тариқи даъват адо мекунанд) шаҳодатномаҳои хизматие, ки намунааш аз ҷониби раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, дода мешавад.

Хизмати ҳарбӣ дар Қӯшунҳои сарҳадӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

Фаъолияти меҳнатии кормандони ғайриҳарбӣ дар Қӯшунҳои сарҳадӣ мутобиқи қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

Тайёр кардан, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисоси кадрҳо  ва мутахассисони Қӯшунҳои сарҳадӣ дар мактабҳои таълимии ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, марказҳои таълимӣ (мактабҳо), инчунин дар асоси шартномаҳои байналмилалӣ дар мактабҳои  таълимии ҳарбии дигар давлатҳо ба роҳ монда мешавад.

 

Моддаи 15. Кормандони ғайринизомии Қӯшунҳои сарҳадӣ

                      (бо ҚҶТ аз 20.03.08с., №365 хориҷ карда шуд)

 

Моддаи 16. Истифодаи қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус, силоҳ ва техникаи ҳарбӣ дар фаъолияти

                       Қӯшунҳои сарҳадӣ

                           (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1148)

 

Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳимояи Сарҳади давлатиро дар доираи ҳудуди наздисарҳадӣ анҷом дода, ҷиҳати зада гардонидани ҳуҷуми мусаллаҳона ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирӣ кардани кӯшиши рабуда ба хориҷа бурдани ҳавопаймоҳо, киштиҳои дарёӣ ва дигар воситаҳои налиётӣ, силоҳ ва техникаи ҳарбиро истифода мебаранд. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1148; аз 17.05.2018 с., № 1524)

Силоҳ ва техникаи ҳарбиро ҳамчунин дар ин мавридҳо истифода бурдан мумкин аст: (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1148)

- бар зидди шахсон, ҳайвопаймоҳо, киштиҳои дарёӣ ва воситаҳои наклиётие, ки Сарҳади давлатиро бо вайрон кардани тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мегузаранд (гузаштаанд), дар ҷавоби қувваи истифодабурдаи онҳо ё дар ҳолатҳое, ки пешгирии сарҳадшиканӣ ё дастгир намудани сарҳадшиканон бо усулҳои дигар имкон надорад;

- барои ҳифзи шаҳрвандон аз ҳамлае, ки ба ҳаёт ва саломатии онҳо таҳдид мекунад;

- барои озод кардани гаравгонон;

- барои зада гардонидани ҳуҷум ба хизматчиёни ҳарбӣ, шахсоне, ки оид ба муҳофизати Сарҳади давлатӣ вазифаи хизматӣ ё қарзи ҷамъиятиро адо мекунанд, аъзои оилаи онҳо дар сурате, ки ба ҳаёти онҳо хатар таҳдид мекунад;

- барои зада гардонидани ҳамла ба ҷузъу томҳо ва объектҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбӣ, ки дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ иштирок менамоянд, аз ҷумла барои расонидани кӯмак ба киштиҳои дарёӣ, ҳавопаймоҳо ва чархболҳо дар вақти баргардонидани ҳуҷум ба онҳо.

Пеш аз истифодаи силоҳ ва техникаи ҳарбӣ дар бораи истифодаи онҳо бояд огоҳии аниқ дода шавад ва тирпарронии огоҳкунанда сурат гирад.

Силоҳ ва техникаи ҳарбӣ ҳангоми зада гардонидани ҳуҷуми мусаллаҳона ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамлаи ногаҳонӣ ё мусаллаҳона ба хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар шаҳрвандон, ҳуҷум бо истифодаи техникаи ҳарбӣ, ҳавопаймоҳо, киштиҳои дарёӣ ва дигар воситаҳои нақлиёт, муқобилияти мусаллаҳона, бо силоҳ гурехтани шахсони дастгиршуда, барои озод кардани гаравгонон бе огоҳӣ ба кор бурда мешавад (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1148; аз 17.05.2018 с., № 1524).

Хизматчиёни ҳарбӣ ҳуқуқ доранд, барои безарар сохтани ҳайвононе, ки ба ҳаёт ва саломатии хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар шаҳрвандон таҳдид мекунанд, ҳамчунин барои додани бонги хатар ва ё даъват намудани ёрӣ силоҳро истифода баранд. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1148)

Ба кор бурдани силоҳ ва техникаи ҳарбӣ манъ аст: (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1148)

- ба муқобили занон ва ноболиғон, ба истиснои ҳолатҳои ҳуҷуми мусаллаҳона аз тарафи онҳо ё муқобилияти мусаллаҳона ва ё ҳуҷуми гурӯҳие, ки ба ҳаёт таҳдид мекунанд;

- ба муқобили ҳавопаймоҳо, киштиҳои дарёӣ ва дигар воситаҳои нақлиёте, ки мусофир доранд;

- ба муқобили шахсоне, ки Сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур кардаанд ё қасди убури онро доранд, агар амал аниқ тасодуфӣ бошад ё бо сабаби фалокат, таҳти таъсири омилҳои бартарафнашавандаи табиӣ ба амал омада бошад.

Ҳангоми иҷрои вазифаҳои марбут ба ҳимояи Сарҳади давлатӣ дар доираи ҳудуди наздисарҳадӣ хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ воситаҳои махсус (дастбанд ё воситаи дигар барои дастбандӣ, калтаки резинӣ, моддаҳои ашковар, воситаҳои садо ва рӯшноидиҳандае, ки таъсири ба тарафи дигар ҷалб кардани диққатро доранд, асбобҳо барои манъи маҷбурии нақлиёт), қувваи ҷисмонӣ, аз ҷумла усулҳои ҷангии муҳориба ва сагҳои хизматиро ба кор мебаранд (ҚҶТ аз 17.05.2018 с., № 1524).

 

Модддаи 17. Ҳимояи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва аъзои оилаи онҳо

 

Хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ аз ҳуқуқҳо, имтиёзҳо, кафолатҳо ва ҷуброни давлатӣ, инчунин аз вазъи ҳуқуқие, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо муқаррар кардаанд, истифода мебаранд.

Хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҳамчун намояндагони ҳокимият баромад мекунанд ва таҳти ҳимояи давлат мебошанд.

Иҷрои талаботи хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳангоми адои вазифаҳои хизматӣ аз тарафи шаҳрвандон ва шахсони мансабдор ҳатмӣ мебошад. Дар сурати ғайриқонунӣ будани чунин талабот нисбати амалҳои хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят карда мешавад.

Амалҳои ғайриқонунӣ нисбати хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва шаҳрвандоне, ки ба онҳо дар муҳофизати Сарҳади давлатӣ ёрӣ мерасонанд, ки дар итоат накардан, таҳқир кардан, муқобилият нишон додан, таҳдид намудан, расонидани зарари ҷисмонӣ ва ё сӯиқасд намудан ба ҳаёт, саломатӣ ва молу мулки онҳо зуҳур ёфтаанд, инчунин дигар амалҳое, ки ба хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ барои иҷрои вазифаҳояшон халал мерасонанд, ҷавобгарии дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршударо пешбинӣ мекунад.

Кормандони ғайринизомии Қӯшунҳои сарҳадӣ дар ҳолати ҷалб намудани онҳо ба чорабиниҳои ба муҳофизат ва ҳимояи Сарҳади давлатӣ дахлдошта, ки ба ӯҳдадориҳои хизматии онҳо алоқамандии бевосита надоранд, аз ҳуқуқҳои ба хизматчиёни ҳарбӣ додашуда истифода мебаранд.

Таъминоти пулии хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ аз маоши моҳонаи вазифавӣ ва маоши моҳона барои рутбаи ҳарбӣ, ки маоши моҳонаи таъминоти пулии хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадиро ташкил медиҳад, иловапулӣ барои собиқаи хизмат ва дигар иловапулиҳо иборат мебошад. Андоза ва тартиби пардохти таъминоти пулии хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 18. Масъулияти хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ

 

Хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ дар ҳадди салоҳияти худ, ки Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардаанд, мустақилона қарор қабул менамоянд. Барои амалҳои ғайриқонунии худ онҳо мувофиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чавобгарӣ кашида мешаванд. Хизматчиёни іарбии Ѕӯшуніои саріадҳ барои вайрон намудани тартиби муѕаррарнамудаи ѕонунгузории ӣуміурии Тоӣикистон дар бораи танзими анъана ва ӣашну маросим аз мансаб озод карда мешаванд (ҚҶТ аз 17.05.2018 с., № 1524).

Дар ҳолати аз тарафи хизматчии ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ иҷро намудани фармони (фармоиши) ғайриқонунӣ шахси мансабдоре, ки ин фармонро (фармоишро) баровардааст, ҷавобгар аст.

 

Моддаи 19. Силоҳу аслиҳа ва воситаҳои таҷҳизотии Қӯшунҳои сарҳадӣ

 (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1148)

 

Қӯшунҳои сарҳадӣ бо силоҳу аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва махсус, молу мулки ҳарбӣ-техникӣ, ки барои иҷро намудани вазифаҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда заруранд, таъмин карда мешаванд. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1148)

Таъмири силоҳу аслиҳа ва техникаи Қӯшунҳои сарҳадӣ дар корхонаҳои таъмирии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва дар корхонаҳои дар ихтиёри мақомоти ҳокимияти давлатӣ оид ба мудофиа ва дигар мақомоти ҳокимияти иҷроия буда бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар корхонаҳои давлатҳои хориҷа бо тартиби дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст муайянгардида гузаронида мешавад. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1148)

Назорати сифати силоҳу аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва махсус, молу мулки ҳарбӣ-техникӣ ва дигар молу мулк, корҳо ва хизматрасониҳоро, ки аз тарафи корхонаҳо иҷро мешаванд, намояндагони ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонанд. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1148)

 

Моддаи 20. Таъминоти молиявӣ ва моддӣ-техникии Қӯшунҳои сарҳадӣ

 

Таъминоти молиявӣ ва моддию техникии Қӯшунҳои сарҳадӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Меъёр ва тартиби таъминоти моддию техникии Қӯшунҳои сарҳадӣ бо пешниҳоди раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 21. Назорати прокурорӣ

 

Назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар фаъолияти Қӯшунҳои сарҳадӣ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои тобеи он дар доираи ваколати худ татбиқ менамоянд(ҚҶТ аз 20.03.08с., №365)

 

Моддаи 22. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

 

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                              Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе, 1 марти соли 2005

№ 82                                                                   

 

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАДАМОТИ САДАМАВИЮ НАҶОТДИҲӢ, СОХТОРҲОИ САДАМАВИЮ НАҶОТДИҲӢ ВА ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ НАҶОТДИҲАНДАГОН

Ношир: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 04/02/2020 - 14:27
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
83
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Date: 
Сешанбе, 1 Март, 2005

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

ДАР БОРАИ ХАДАМОТИ САДАМАВИЮ НАҶОТДИҲӢ, СОХТОРҲОИ САДАМАВИЮ НАҶОТДИҲӢ ВА ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ НАҶОТДИҲАНДАГОН

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2005, №3, мод. 122.

Қонунҳои ҶТ аз 5.03.2007 с., № 227; аз 29.12.2010 с., № 645; аз 02.01.2019 с., № 1566)

 

Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми ноябри соли 2004, № 1257 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 1, соли 2005, моддаи 1) қабул гардидааст.

 

Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми феврали соли 2005, № 597 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 2, соли 2005, моддаи 73) ҷонибдорӣ гардидааст.

 

Қонуни мазкур асосҳои умумии ташкилию ҳуқуқии таъсис ва фаъолияти хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, ҳуқуқу ўҳдадориҳо ва масъулияти наҷотдиҳондагонро муқаррар месозад, асосҳои сиёсати давлатиро дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқию иҷтимоии наҷотдиҳандагон ва дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии  Тоҷикистон, ки дар рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ (минбаъд - ҳолатҳои фавқулодда) иштирок мекунанд, танзим менамояд.

 

Боби 1. Муқаррароти умумӣ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ – маҷмўи мақомоти идора ва қувваю воситаҳоест, ки баҳри  ҳалли масъалаҳои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда, тибқи вазифа дар  низоми ягона муттаҳид  карда шудаанд, ки асоси онро сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ ташкил медиҳанд.

Сохтори садамавию наҷотдиҳӣ – сохтори мустақил,  ё як ҷузъи ҳайати хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ буда, барои анҷом додани корҳои садамавию наҷотдиҳӣ таъин гардидааст. Асоси онро  наҷотдиҳандагони бо техникаи махсус, таҷҳизот, асбобу анҷом ва мавод ҷиҳозонидашуда ташкил медиҳанд.

Наҷотдиҳанда – шахсе, ки аз аттестатсия  гузашта, барои иҷрои корҳои садамавию наҷотдиҳӣ омода аст.

Корҳои садамавию наҷотдиҳӣ – амалиёт  барои наҷоти одамон, арзишҳои моддию фарҳангӣ, ҳифзи муҳити зист дар минтақаи ҳолатҳои фавқулодда, маҳдуд намудан ва ё то ҳадди имкон кам кардани сатҳи таъсири омилҳои хатарноки ба онҳо хос мебошанд. Корҳои садамавию наҷотдиҳӣ дорои омилҳое мебошанд, ки ба ҳаёт ва саломатии шахсони ба ин кор мутасаддӣ   таҳдид намуда, омодагии  зарурӣ, либосу анҷом ва таҷҳизоти махсусро талаб мекунанд.

Корҳои таъхирнопазир ҳангоми рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда - фаъолиятест, ҷиҳати таъмини ҳамаҷонибаи корҳои садамавию наҷотдиҳӣ, расонидани ёрии тиббӣ ва дигар намудҳои ёрӣ ба аҳолии ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда зарардида, фароҳам овардани шароити лозимӣ барои ҳифзи ҳаёту саломатии одамон ва нигоҳ доштани қобилияти кории  онҳо.

Вазъи ҳуқуқии наҷотдиҳандагон – маҷмўи ҳуқуқу ўҳдадориҳоест, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд ва давлат ба наҷотдиҳандагон кафолат додааст. Хусусиятҳои мақоми наҷотдиҳандагон бо назардошти иштироки онҳо дар  гузаронидани корҳо оид ба рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ва таҳдиди онҳо ба ҳаёту саломатии наҷотдиҳандагон муайян мешаванд.

Воситаҳои садамавию н