ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1978 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АЛОҚАИ БАРҚӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1949 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСУНИЯТИ ЮРИСДИКСИОНИИ ДАВЛАТИ ХОРИҶӢ ВА МОЛИКИЯТИ ОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олӣ 15.03.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1950 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА ҚОНУНИГАРДОНӢ (РАСМИКУНОНӢ)-И ДАРОМАДҲОИ БО РОҲИ ҶИНОЯТ БАДАСТОВАРДА, МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ПАҲНКУНИИ СИЛОҲИ ҚАТЛИ ОМ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.03.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ ТАҲҚИҚОТҲОИ ИЛМИЮ ҲУҚУҚӢ ДАР СОҲАИ ҲУҚУҚЭҶОДКУНӢ

-A A +A
Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар... Санаи интишор: Пшб, 23/09/2021 - 10:53
  1. Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: ваколат, нақш, вазифаҳо ва дастовардҳои он дар таҳкими қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  2. Афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ;
  3. Доир ба тартиби гузаронидани мониторинги қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  4. Принсипҳои ошкорбаёнӣ ва шаффофият дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ;
  5. Мазмун ва нақши мониторинг барои таҳияи консепсияи санадҳои меъёрӣ;
  6. Мониторинг дар ҳуқуқэҷодкунӣ: проблемаҳои назария ва амалия;
  7. Консепсияи адолат дар ҳуқуқ;
  8. Сиёсати қонунгузории Тоҷикистони муосир: мафҳум, хусусиятҳои асосӣ ва самтҳои татбиқ;
  9. Методологияи назария ва амалияи қонунгузории муосир: таҳлили назариявӣ-ҳуқуқӣ;
  10. Асосҳои иҷтимоии қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  11. Техникаи қонунэҷодкунӣ: проблемаҳои такмил ва рушд дар марҳилаи муосир;
  12. Хавфи қонунэҷодкунӣ: мафҳум, намудҳо, муқаррарнамоӣ;
  13. Вогузории ваколати қонунэҷодкунӣ: назария ва амалия;
  14. Проблемаҳои актуалии мавзӯъ ва тарзи танзими ҳуқуқӣ;
  15. Раванди қонунэҷодкунӣ ва сарчашмаҳои ҳуқуқ дар Тоҷикистон: масъалаҳои назария ва амалия;
  16. Қонуният дар соҳаи муносибатҳои иқтисодӣ: таҳқиқоти назариявӣ-ҳуқуқӣ;
  17. Низоми талабот ба қонунгузорӣ: дар мисоли қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  18. Бехатарии ҳуқуқии субъектони ҳуқуқ: масъалаҳои назария ва амалия;
  19. Кодификатсияи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҷанбаи таърихӣ ва амалӣ;
  20. Таъмини ҳуқуқии фаъолият оид ба тайёр намудани лоиҳаи қонун (қабули қарор оид ба тайёр намудани лоиҳа ва таҳияи он);
  21. Ошкор намудан ва бартарафсозии нуқсонҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар механизми ҳуқуқэҷодкунӣ;
  22. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии нуқсондор дар низоми сарчашмаҳои ҳуқуқ;
  23. Иҷрои ҳуқуқэҷодкунӣ: хусусият, сохтор, намуд;
  24. Фаъолияти ҳамоҳангсозӣ дар низоми ҳуқуқии ҷомеа;
  25. Таносуби мафҳумҳои «раванди қонунгузорӣ», «фаъолияти қонунгузорӣ», «қонунэҷодкунӣ», «ҳуқуқэҷодкунӣ»;
  26. Ташаббуси қонунгузорӣ дар қонунэҷодкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон: таҳлили ҳуқуқӣ ва мушкилоти татбиқ;
  27. Татбиқи ҳуқуқ бо ташаббуси қонунгузорӣ дар мақомоти қонунгузорӣ (намояндагӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  28. Татбиқи институти ташаббуси қонунгузорӣ дар давлати муосир: ҷанбаи умуминазариявӣ;
  29. Институти ташаббуси ҳуқуқэҷодкунии шаҳрвандон дар низоми ҳокимияти халқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  30. Адолат дар ҳуқуқэҷодкунӣ: таҳқиқоти назариявӣ-ҳуқуқӣ;
  31. Сиёсати ҳуқуқӣ ҳамчун омили баланд бардоштани сифати қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  32. Манфиатҳои миллӣ дар сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистон;
  33. Мушкилот ва усулҳои ташкил ва таъминоти коршиносӣ фаъолияти қонунгузории Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  34. Экспертизаи ҳуқуқии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳамчун воситаи баланд бардоштани самаранокии қонунгузорӣ;
  35. Ҳуҷҷатнок кардани фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи пасошӯравӣ: ҷанбаи назариявӣ – методологӣ;
  36. Механизми танзими ҳуқуқии муносибатҳои муҳоҷират: ҷанбаи назариявӣ;
  37. Роҳҳои пур кардани норасоӣ дар қонунгузорӣ: масъалаҳои назария ва таърих;
  38. Ҳадди имконпазири татбиқи институти қиёси ҳуқуқ ва қиёси қонун дар низоми ҳуқуқии Тоҷикистон;
  39. Таввакалнокии қонунэҷодкунӣ: мафҳум, намудҳо, муайянсозӣ;
  40. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи иттилоот: мушкилот, масоили рушд ва дурнамо;
  41. Зарурати мураттабсозии (кодификатсияи) қонунгузории соҳаи иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  42. Танзими ҳуқуқии масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда;
  43. Масоили истифодаи технологияи иттилоотӣ дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ;
  44. Вогузории ваколати ҳуқуқэҷодкунӣ: мушкилот ва дурнамо;
  45. Таносуби “Низомнома” ва “Оиннома” дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  46. Номи доменнӣ ҳамчун объекти ҳуқуқи гражданӣ;
  47. Танзими ҳуқуқии муносибати ҳамсояҳо, ки ҳудуди умумиро тавассути сервитут доранд;
  48. Реҷаи гражданӣ-ҳуқуқии манбаи иттилоотӣ;
  49. Танзими ҳуқуқии тиҷорати фосилавии молҳо ва хизматрасониҳо;
  50. Проблемаҳои амалисозӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои зеҳнӣ дар Интернет;
  51. Танзими гражданӣ-ҳуқуқии муносибатҳои шартномавӣ дар соҳаи хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ;
  52. Шартномаи ҳамроҳшавии технологӣ ба шабакаҳои электронӣ;
  53. Падидаи соҳибӣ дар ҳуқуқи гражданӣ;
  54. Танзими ҳуқуқии муносибатҳое, ки ҳангоми истифодаи технологияҳои фазоӣ ба миён меоянд;
  55. Мафҳум ва мутаносибии танзими ҳуқуқӣ ва қонунэҷодкунӣ;
  56. Назарияи қонунэҷодкунӣ: ҷанбаҳои методологӣ ва консептуалӣ;
  57. Мушкилоти муосири қонунэҷодкунӣ ва ҳуқуқтатбиқкунӣ;
  58. Шуури ҳуқуқӣ хамчун унсури мавқеи ҳуқуқии субъекти қонунэҷодкун
  59. Самаранокии қонунэҷодкунӣ ва фаъолияти ҳуқуқтатбиқкунӣ дар давлати ҳуқуқбунёд;
  60. Ҳолат ва дурнамои рушди қонунэҷодкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: таҳлили назариявӣ-ҳуқуқӣ;
  61. Асосҳои ташкилӣ-ҳуқуқӣ ва хусусиятҳои таърихии таъмини озодии ҳаракат ва озодии интихоби ҷои истиқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

  62. Амнияти иттилоотӣ ва ҳуқуқии инсон дар доираи рушди баъдииндустриалӣ.
  63. Ҳусусиятҳои танзими меъёрии ҳуқуқ ба таҳсили шаҳрвандон, ки дар деҳот татбиқ мешаванд.
  64. Самаранокии сиёсати иҷтимоии ҳуқуқии давлат дар соҳаи фаъолияти қонунгузорӣ.
  65. Таъсири принсипҳои ҳуқуқи меҳнатӣ дар фаъолияти қонунэҷодкунӣ.
  66. Масъалаҳои назариявӣ ва ҳуқуқии (асосҳои) ҷавобгарии интизомӣ.
  67. Муҳлати интихоби ҳамчун шарти татбиқ ва ҳимояи ҳуқуқҳои интихоботии шаҳрвандон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  68. Механизми ҳуқуқии татбиқи авф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оқибатҳои иҷтимоии татбиқи он.
  69. Пешгирии ҷалби ноболиғон ба гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё шабеҳи онҳо.
  70. Вазъи ҳуқуқии субъектон дар шабакаи Интернет.
  71. Механизми рафтори ҷиноятӣ ҳангоми расонидани зарари вазнин ба саломатӣ.
  72. Пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ дар соҳаи муносибатҳои замин.
  73. Асосҳои назариявӣ ва ҳуқуқии баҳодиҳии самаранокии идоракунии давлатӣ дар соҳаи иҷтимоӣ.
  74. Ҳамкории мақомоти худидоракунӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ: ҷанбаҳои ҳуқуқӣ.
  75. Уҳдадориҳои конститутсионии шахс ва шаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  76. Кафолати конститутсионӣ-ҳуқуқии ягонагии давлат ва тамомияти арзии ҳудуди Ҷумҳурии  Тоҷикистон.
  77. Иттилооти ҳуқуқӣ ҳамчун воситаи ташаккули шуури ҳуқуқии шаҳрвандон.
  78. Таъсири санадҳои меъёри ҳуқуқӣ ва санадҳои тафсири меъёрӣ: масъалаҳои назария ва амалия.
  79. Истилоҳоти ҳуқуқӣ дар қонунгузории муосири Тоҷикистон.
  80.  Ҷанбаҳои назариявии таъсири ҳуқуқи байналмилалӣ ба низоми миллии ҳуқуқӣ дар давраи гузариш.
  81. Ҳимояи ҳуқуқӣ инсон дар давлати муосири демократӣ.
  82. Иштироки мақомоти ҳудидоракунии маҳаллӣ дар таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  83. Асосҳои ҳуқуқии конститутсионии таъмини баробарии ҳуқуқ ва озодиҳои мардон ва занон.
  84. Манфиатҳои миллӣ дар сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  85. Ҳокимият ва қонун: ҷанбаи тамаддунӣ: таҳлили назариявӣ-таърихии ҳуқуқӣ.
  86. Дастгирии ҳуқуқии ҳифзи истеъмолкунандагон дар Тоҷикистон: омӯзиши таърихӣ-ҳуқуқӣ.
  87. Мураттабсозии қонунгузории соҳаи варзиш: таҷрибаи Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ.
  88. Проблемаҳои назариявӣ ва методологии экологизатсияи қонунгузории Тоҷикистон.
  89. Масъалаҳои назариявии рушди мафҳуми қонуният дар илми ҳуқукшиносии ватанӣ.
  90. Созишнома дар бораи расонидани ёрии ҳуқуқӣ: назария ва амалияи фаъолияти адвокатӣ.
  91. Фаъолияти прокурорӣ дар соҳаи бехатарии ҳаракат дар роҳ.
  92. Ташаккул ва рушди институти нотариалӣ дар Тоҷикистон.
  93. Танзими конститутсионӣ ва ҳифзи судии ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ дар давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил.
  94. Принсипҳои адолати судӣ ҳамчун асоси фаъолияти судӣ.
  95. Назария ва амалияи ҳалли баҳсҳо дар бораи кӯдакон дар суд: таҷрибаи фаъолияти адвокатӣ.
  96. Милитсия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ: мушкилоти ташаккули муносибатҳои шарикӣ дар Ҷумхурии Тоҷикистон (ҷанбаҳои назариявӣ- ҳуқуқӣ).
  97. Ташаккул ва инкишофи принсипҳои давлати ҳуқуқбунёд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  98. Иттилоотдиҳӣ дар бораи ҳуқуқвайронкунӣ ҳамчун намуди фаъолнокии ҳуқуқӣ.
  99. Танзими ҳуқуқии муқовимат ба коррупсия дар соҳаи иҷтимоӣ.
  100. Самтҳои беҳтар намудани фаъолияти прокуратура дар ташкили назорат оид ба иҷрои қонунҳо ҳангоми тафтишоти пешакӣ.
  101. Уҳдадории ҳарбӣ ҳамчун унсури конститутсионӣ-ҳуқуқии мақоми шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  102. Ҳамкории мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ: ҷанбаҳои ҳуқуқӣ.
  103. Талабот ба сифати санадҳои судӣ
  104. Масъалаҳои мубрами расмиёти маъмурӣ ва мурофиавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
  105. Сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ: проблемаҳои танзими қонунгузорӣ ва амалияи ҳуқуқтатбиқкунӣ
  106. Сиёсати зиддитеррористии ҶТ дар нимаи дуюми асрҳои XX – аввали XXI: ҷанбаи таърихӣ – ҳуқуқӣ
  107. Таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ҷабрдида дар парвандаҳои ҷиноятӣ ба муқобили дахлнопазирии ҷинсии ноболиғон
  108. Амали принсипҳои адолат ва мубоҳиса дар марҳилаи омодагӣ ва мурофиаи судӣ
  109. Дастрасӣ ба адолати судӣ дар шароити технологияи рақамӣ
  110. Механизми ташкилӣ-ҳуқуқии муқаррар ва бартараф намудани норасоӣ дар қонунгузорӣ;
  111. Ҳамкории давлат ва ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ оид ба хизматрасонии иҷтимоӣ ба аҳолӣ (ҷанбаҳои назариявӣ-ҳуқуқӣ)
  112. Назарияи конститутсионӣ-ҳуқуқии принсипҳои ҳокимияти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
  113. Ба худкушӣ расонидани шахси ноболиғ: масъалаҳои мубрами қонунгузорӣ ва ҳуқуқтатбиқкунӣ
  114. Шаклҳои нави ҷинояти муташаккил
  115. Муқовимат ба ҷиноятҳои компютерӣ: назария ва амалия
  116. Шарикӣ дар муомилоти ғариқонунии маводи нашъадор: мушкилоти баҳодиҳӣ
  117. Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои қаллобӣ бо истифодаи воситаҳои электронии пардохт
  118. Муқовимати ҷиноӣ-ҳуқуқӣ барои ҷиноятҳои экстремистӣ
  119. Падидаи маъмурӣ-ҳуқуқии шикояти тосуди
  120. Ташкили фаъолияти судӣ дар даврони муосир
  121. Таҳлили муқоисавӣ-ҳуқуқии принсипҳои ташкил ва фаъолияти адвокатура дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои аъзои ИДМ
  122. Фаъолияти суд оид ба таъмини бехатарии иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ
  123. Хулосаи мутахассис ҳамчун далел дар мурофиаи ҷиноятӣ
  124. Татбиқи низоми идоракунии хавфҳо дар хадамоти гумрук;
  125. Назорати гумрукӣ: мафҳум, намуд, шаклҳо ва усулҳо;
  126. Самтҳои асосии фаъолияти мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  127. Самтҳои беҳтар намудани назорати гумрукӣ баъди барориши мол;
  128. Ташкили назорати гумрукӣ ба ҳамлу нақли байналмилалии воситаҳои нақлиёт;
  129. Самтҳои стратегии назорати гумрукӣ;
  130. Такмили усулҳои назорати гумрукӣ баъди барориши мол дар асоси таҳлили таҷрибаи байналмилалии татбиқи аудити гумрукӣ;
  131. Назорати гумрукӣ ва нақши он дар тақвияти ҳамкории байналмилалии гумрукӣ;
  132. Нақши низоми идоракунии хавфҳо ҳангоми гузаронидани назорати гумкӣ;
  133. Асосҳои ҳуқуқии пешбурди парвандаҳои ҳукуквайронкунии маъмурӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ;
  134. Татбиқи бақайдгирии автоматии эъломияи мол: афзалиятҳо, мушкилот ва самтҳои ҳалли онҳо;
  135. Истифодаи технологияҳои муосири рақамӣ ва иттилоотӣ аз ҷониби мақомоти гумрук;
  136. Нақши мақомоти гумрук дар мубориза бо муомилоти маҳсулоти қалбакӣ;
  137. Хусусияти назорати гумрукии арзиши гумрукии мол;
  138. Ҷанбаҳои назариявии сиёсати савдои берунӣ ва амнияти иктисодӣ;
  139. Вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди мақомоти гумрук;
  140. Самтҳои асосии маъмурикунонии гумрукӣ дар шароити муосир;
  141. Маъмурикунонии гумрукӣ ҳамчун омили муҳими гузариш ба рақамикунонии гумрукӣ;
  142. Принсипҳои асосии эъломиякунонии электронӣ;
  143. Экспертизаи гумрукӣ ҳамчун чорати таъмини назорати гумрукӣ;
  144. Идоракунии маркетингии сифати хизматрасониҳои гумрукӣ дар шароити муосир;
  145. Таъмини коргузорӣ дар фаъолияти мақомоти гумрук;
  146. Арзёбии мушкилот ва баланд бардоштани самаранокии назорати гумрукии мол;
  147. Нақши иқтисоди рақамӣ дар рушди инноватсионии бахши хадамоти гумрук;
  148. Пардохти гумрукӣ ҳамчун манбаи даромади давлатӣ;
  149. Танзими гумрукии савдои нақлиёт;
  150. Ҳуҷҷатгузории электронӣ дар мақомоти гумрук ҳамчун усусли самаранокии паст кардани омилҳои коррупсионӣ;
  151. Танзими ҳуқуқии интиқоли воситаҳои нақлиёт тавассути сарҳади гумрукӣ;
  152. Таҳлили муқоисавӣ-ҳуқуқии қонунгузории гумруки давлатҳои аъзои ИДМ;
  153. Танзими ҳуқуқии барасмиятдарории гумрукии мол.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)