ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2061 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2049 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2048 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

КОДЕКСИ ОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

-A A +A
Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар Санаи интишор: Дшб, 10/08/2020 - 14:59
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
КОДЕКС
Рақам: 
1688
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
02.04.2020
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2020 №4-5 мод. 233)
 
Кодекси мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ кардани об ва объектҳои об танзим намуда, ба ҳифз ва истифодаи самараноки захираҳои об, инчунин ҳифзи ҳуқуқҳои истифодабарандагони об равона гардидааст.
 
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
 
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Кодекси мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- захираҳои об – обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминие, ки дар фаъолияти хоҷагӣ ва дигар фаъолият истифода мешаванд ё истифода шуда метавонанд;
- заҳобҳо – обҳое, ки бо иншооти заҳкаш ҷамъ оварда шуда, ба объектҳои об партофта мешаванд;
- идоракунии захираҳои об – маҷмӯи чорабиниҳо, меъёрҳо ва қоидаҳои таъминкунандаи банақшагирии самаранок, идоракунии устувор, истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои об, инчунин ҳифзи маҳалҳои аҳолинишин, заминҳои кишоварзӣ, ҳудудҳои саноатӣ ва ҳама намуди моликият аз таъсири манфии обҳо;
- идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об – низоми идоракунии захираҳои об, ки баҳисобгирӣ ва таъсири мутақобилаи захираҳои об (обҳои рӯизаминӣ, зеризаминӣ ва баргарданда) ва захираҳои замин, инчунин захираҳои табии дигари ба онҳо вобастаро дар ҳудуди муайяни гидрографӣ ба асос гирифта, манфиати соҳаҳо ва сатҳҳои гуногуни истифодабарии об ва захираҳои табииро алоқаманд месозад ва онҳоро ба раванди қабули қарор, банақшагирӣ, маблағгузорӣ, ҳифз ва рушди захираҳои об ба манфиати рушди устувори ҷомеа ва ҳифзи муҳити зист ҷалб менамояд;
- иншооти хоҷагии об – иншооти муҳандисӣ ва дастгоҳҳое, ки барои гирифтан, интиқол, коркарди об, рафъи обҳои партов, танзими ҷараёни об, талаботи киштигардӣ, ҳифзи об ва пешгирии таъсири манфии об пешбинӣ шудаанд (иншооти обгирӣ, каналҳо, сарбандҳо, саддҳо, дарғотҳо, гидроузелҳо, пойгоҳҳои обкашӣ, иншооти оббар, заҳбуру заҳкашҳо ва дигар иншооти муҳандисӣ ва дастгоҳҳои ба онҳо ҳаммонанд);
- истифодабарандаи об – шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки обро бо тартиби муқарраргардида барои эҳтиёҷоти худ мегирад;
- истифодаи объектҳои об – истифодаи объектҳои об бо усулҳои гуногун барои қонеъ гардонидани талаботи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
- қабати обдор - қабати обгузари ҷинсҳои кӯҳии якҷинса ва ё аз рӯи хосиятҳои фатсиалию литологӣ ва гидрогеологӣ ба ҳам наздик, ки ковокиҳои онҳо (масома, тарқишҳо) бо обҳои гравитатсионӣ пур гардидаанд;
- коҳишёбии обҳо – камшавии мунтазами захираҳои обӣ ва бад гардидани сифати обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ;
- қитъаи хоҷагии об – қисми ҳавзаи дарё, ки тавсифи имкониятдиҳандаи муайян намудани меъёри (лимити) ҷамъоварии  захираҳои об аз объекти об ва дигар нишондиҳандаҳои истифодаи объекти обро доро мебошад;
- майдони обҷамъшаванда ҳудуде, ки ҷараёни оби он объекти обро ба вуҷуд меорад;
- манбаи таъмини оби нӯшокӣ – обҳои табиӣ (рӯизаминӣ ва зеризаминӣ), ки баъди коркарди мувофиқ ва ё бе коркард барои таъмини оби нӯшокӣ истифода мешаванд;
- марзобгоҳ (акватория) фазои обӣ, ки бо сарҳади табиӣ, сунъӣ ва (ё) шартӣ маҳдуд шудааст;
- нақшаи ҳавзавӣ оид ба идоракунии захираҳои об – ҳуҷҷате, ки баҳодиҳии  ҳолати мавҷудаи ташаккул, истифода ва ҳифзи захираҳои об, рушди соҳаҳои иқтисодии истифодабарандаи оби ҳавзаҳо, талаботи онҳо ба захираҳои об дар дурнамоҳои кӯтоҳмуддат, миёнамуддат ва дарозмуддатро бо мақсади таъмини рушди устувор дар бар мегирад;
- оби нӯшокӣ – обе, ки аз ҷиҳати сифат ва бехатарӣ дар ҳолати табиӣ ё баъди коркард (тозагардонӣ, безараргардонӣ, илова намудани моддаҳои кимиёвӣ) ба талаботи меъёрии муқарраршуда ҷавобгӯ буда, барои нӯшидан, тайёр намудани хӯрок, эҳтиёҷоти дигари хоҷагидорию маишии аҳолӣ ва истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ истифода мешавад;
- обҳои рӯизаминӣ – обҳое, ки доимӣ ё муваққатан дар объектҳои обии рӯизаминӣ қарор доранд;
- обҳои зеризаминӣ – обҳое, ки дар қабати ҷинсҳои кӯҳии қисми болоии қишри замин дар ҳолати моеъ, сахт ва газӣ ҷойгир шудаанд;
- обҳои партов – обҳо ва боришоти атмосферӣ, ки хосияташон дар натиҷаи фаъолияти инсон бад гардидааст ва аз ҳудуди корхонаҳои саноатӣ, заминҳои кишоварзӣ ва маҳалҳои аҳолинишин тавассути шабакаи рафъи обҳои партов, заҳкаш ва ё тариқи худҷорӣ ба ҳавзобаҳо партофта  мешаванд;
- объекти об – махзани табиӣ ё сунъии об, обрав ё дигар объекти ҷамъшавии доимӣ ва ё муваққатии об, ки дар он намуд ва нишонаҳои хоси реҷаи обӣ вуҷуд доранд;
- обгирҷо – ҷамъоварӣ ва ба маҷрои муайян равона кардани обҳо бо мақсади пурра истифода бурдан ва ҳифзи онҳо аз ифлосшавӣ;
- низоми хоҷагии об - маҷмӯи иншооти хоҷагии оби ба ҳам пайваст, ки барои таъмини истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои об пешбинӣ гардидаанд;
- таъсири манфии обҳо – шусташавӣ, фарсоиш (эрозия), зериобмонӣ, вайроншавии соҳилҳои объектҳои об, ботлоқшавӣ ва дигар таъсири манфӣ ба ҳудуди муайян ва объектҳо;
- ҳавзаи дарё – ҳудуди ҷуғрофии ташаккулёбии захираҳои об, ки бо сарҳадҳои ҳавзаи обҷамъкунӣ муайян гардида, обҳои рӯизаминӣ ва макони умумии резиши онҳоро дар бар мегирад;
- ҳавзаи обҳои зеризаминӣ – маҷмӯи қабатҳои обдор, ки дар зери замин ҷойгиранд;
- ҳадди ниҳоии имконпазири партофти обҳои партов – миқдори ниҳоии имконпазири моддаҳо дар обҳои партов, ки бо реҷаи муайяншуда дар нуқтаи муайян, дар воҳиди вақт бо мақсади таъмини меъёри сифати об дар нуқтаи назоратӣ партофта мешавад;
- ҳифзи объектҳои об – маҷмӯи чорабиниҳо, ки ба ҳифз, нигоҳдорӣ ва барқарорсозии объектҳои об нигаронида шудаанд;
- экосистемаи обӣ – низоми ҳамбастаи организмҳои зинда ва муҳити зисти табиии онҳо дар объекти об, ки дар он мубодилаи давравии моддаҳои минералӣ, органикӣ ва энергия ба вуҷуд меояд.
 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи об
 
Моддаи 3. Вазифаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи об
Вазифаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи об аз батанзимдарории ҳуқуқии муносибатҳо вобаста ба об бо мақсади таъмини идоракунии устувор ва истифодаи самараноки об бароиэҳтиёҷоти аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодиёт, ҳифзи объектҳои об аз ифлосшавӣ, олудашавӣ ва коҳишёбӣ, пешгирӣ ва бартараф намудани таъсиризараровари об, беҳтар намудани вазъи объектҳои об, инчунин ҳифзи ҳуқуқи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, таҳкими волоияти қонун дар муносибатҳои об иборат мебошанд.
 
Моддаи 4. Принсипҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи об
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи об ба принсипҳои зерин асос меёбад:
- баинобатгирии аҳамиятнокии объектҳои об ҳамчун манбаи ҳаёт ва фаъолияти инсон;
- моликияти давлатӣ будани захираҳои об;
- истифодаи мақсадноки объектҳои об ва захираҳои об;
- афзалиятнокии истифодаи объектҳои об барои эҳтиёҷоти нӯшокӣ, хоҷагию маишии аҳолӣ;
- идоракунии ҳавзавии захираҳои об;
- коҳишдиҳӣ ва пешгирии ифлосшавии захираҳои об;
- иштироки тарафҳои манфиатдор дар таҳия ва қабули қарорҳо оид ба идоракунии захираҳои об;
- баробарии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми ба даст овардани ҳуқуқи истифодаи объектҳои об;
- истифодаи самаранок ва оқилонаи захираҳои об;
- ҳифзи захираҳои об;
- роҳ надодан ба таъсири манфии аз меъёр зиёд ба муҳити зист ҳангоми истифодаи объектҳои об;
- танзими муносибатҳо оид ба об вобаста ба хусусиятҳои табиии объектҳои об;
- танзими истифодаи захираҳои об аз объектҳои об дар асоси иҷозат барои истифодаи махсуси об;
- ҷорӣ намудани технологияҳои нав ва муосири сарфакунандаи об, воситаҳои ченкунӣ ва баҳисобгирии истифодаи об;
- ҳавасмандгардонии иқтисодӣ барои  истифодаи сарфакоронаи об;
- баҳисобгирии арзиши иқтисодии захираҳои об;
- ҷуброни зарари ба объекти об расонидашуда;
- ҷуброни хароҷот барои тозакунии объекти оби ифлосгардида. 
 
Моддаи 5. Фонди давлатии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фонди давлатии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - фонди давлатии об) маҷмӯи ҳамаи объектҳои об ва захираҳои оби дар онҳо мавҷудбударо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин заминҳои ишғолнамудаи онҳо бо минтақаҳои ҳифзи обро дар бар мегирад.
 
Моддаи 6. Объектҳои об
1. Объектҳои об ба объектҳои оби рӯизаминӣ ва зеризаминӣ ҷудо карда мешаванд.
2. Объектҳои оби рӯизаминӣ аз обҳои рӯизаминӣ ва заминҳои фарогирифтаи онҳо дар ҳудуди хатти соҳилӣ иборат мебошанд. Ба объектҳои оби рӯизаминӣ дохил мешаванд:
- обравҳо (дарёҳо, сойҳо, каналҳо);
- ҳавзобаҳо (кӯлҳо, толобҳо,  карйерҳо, обанборҳо, селпарто);
- ботлоқҳо;
- баромадгоҳҳои табиии обҳои зеризаминӣ (чашмаҳо, гармчашмаҳо);
- пиряхҳо, барфтӯдаҳо.
3. Ба объектҳои оби зеризаминӣ дохил мешаванд:
- ҳавзаҳои обҳои зеризаминӣ;
- қабатҳои обдори замин.     
4. Сарҳади объектҳои обҳои зеризаминӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ” муайян карда мешавад.
 
Моддаи 7. Заминҳои фонди давлатии об
1. Заминҳои фонди давлатии об моликияти давлатӣ буда, аз заминҳои ишғолнамудаи объектҳои оби рӯизаминӣ, иншооти хоҷагии об ва заминҳои барои минтақаҳои ҳифзи обӣ ҷудокардашуда иборат мебошанд.
2. Қитъаҳои замини фонди давлатии об метавонанд тибқи муқаррароти Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти истифодабарии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қарор гиранд.
3. Истифодаи ғайримақсадноки заминҳои фонди давлатии об, ки ба ҳолати онҳо таъсири манфӣ мерасонад, манъ аст.
 
Моддаи 8. Ҳуқуқи моликият ба об
1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон об моликияти истисноии давлат буда, давлат истифодаи самараноки онро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.
 
Моддаи 9. Ҳуқуқи истифодаи объектҳои об
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ  тибқи асосҳо ва тартиби  муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ҳуқуқи истифодаи объектҳои обро ба даст меоранд.
 
Моддаи 10. Иншооти хоҷагии об, ки таъиноти махсуси стратегӣ доранд
1. Номгӯи иншооти хоҷагии об, ки таъиноти махсуси стратегӣ доранд, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
2. Ба иҷора, консессия ё идоракунии хусусӣ додан ва  хусусигардонии иншооти хоҷагии об, ки таъиноти махсуси стратегӣ доранд, манъ аст.
3. Реҷаи кор, тартиби ҳифз ва мониторинги бехатарии иншооти хоҷагии об, ки таъиноти махсуси стратегӣ доранд, новобаста ба шакли моликият, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
4. Маблағгузории нигоҳдорӣ ва истифода, ҳифз ва мониторинги бехатарии иншооти хоҷагии об, ки таъиноти махсуси стратегӣ доранд, бо тартиби афзалиятнок анҷом дода мешавад.
 
БОБИ 2. ТАНЗИМИ ДАВЛАТӢ ВА НАЗОРАТ ДАР СОҲАИ  ИСТИФОДА ВА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ ОБ
 
Танзими давлатӣ дар соҳаи истифода ва ҳифзи  захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти зерин амалӣ карда мешавад:
- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими истифодаи захираҳои об;
- мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;
- мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов;
- мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи мелиоратсия ва обёрӣ;
- мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ;
- мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ;
- мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
- дигар мақомоти давлатӣ дар доираи ваколати худ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
Моддаи 12. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими истифода ва ҳифзи  захираҳои об дохил мешаванд:
- таъмини пешбурди сиёсати давлатӣ дар соҳаи истифода, ҳифз ва идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об;
- таҳия, қабул ва татбиқи дурнамо, консепсия, стратегия ва барномаҳои рушди давлатӣ дар соҳаи захираҳои об, нақшаҳои ҳавзавӣ, лоиҳаҳо ва чорабиниҳо вобаста ба идоракунӣ, истифода ва ҳифзи захираҳои об, рушди низоми ҷамъиятии таъмини об ва рафъи обҳои партов, пешгирӣ, коҳишдиҳӣ ва бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодаи марбут ба об, ҳифзи минтақаҳо аз таъсири  зараровари об, садамаҳои бузург, ҳифз ва нигоҳдории экосистемаи обӣ;
- муқаррар намудани низоми махсуси истифодаи об дар минтақаи ҳолатҳои фавқулода;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳо, новобаста ба шакли моликият, инчунин шахсони ҳуқуқӣ вобаста ба истифода ва ҳифзи маҷмӯии об;
- тасдиқ ва тағйир додани сарҳадҳои минтақаҳои ҳавзавӣ;
- танзими масъалаҳо вобаста ба муқаррар намудани тарофаҳои хизмати обрасонӣ;
- танзими масъалаҳо марбут ба истифодаи муздноки объектҳои об;
- муайян намудани мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об;
- муайян намудани манбаъ ва тартиби маблағгузорӣ барои нигоҳдошт ва истифодаи иншооти давлатии хоҷагии об;
- таъсис ва барҳам додани Шӯрои миллии об;
- рушд ва танзими муносибатҳои байнидавлатӣ ва байналмилалӣ оид ба истифода ва ҳифзи захираҳои об;
- идоракунии Фонди давлатии об ва иншооти хоҷагии об, ки моликияти давлатӣ мебошанд;
- амалӣ намудани дигар салоҳияте, ки Кодекси мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.
 
Моддаи 13. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими истифодаи захираҳои об
Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими истифодаи захираҳои об дохил мешаванд:
- татбиқи сиёсати давлатӣ дар бораи истифодаи захираҳои об ва идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об;
- таҳияи пешниҳодҳо ҷиҳати такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи об;
- таҳияи меъёрҳои ҳуқуқии танзимкунанда дар соҳаи истифода ва идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об;
- ҳамоҳангсозии умумии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо дар соҳаи захираҳои об, инчунин бахш ва дигар сохторҳои созмонҳои  минтақавӣ ва байналмилалие, ки фаъолияти онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо захираҳои об алоқаманд буда, қисман ё пурра аз ҳисоби манбаъҳои давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд;
- ташкили идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об дар асоси тақсимоти оқилонаи захираҳои об байни соҳаҳои иқтисодиёт;
- таҳия намудани лоиҳаҳои барномаҳо, стратегияҳо ва консепсияҳои давлатӣ дар соҳаи захираҳои об бо ҷалби мақомоти манфиатдори давлатӣ;
- ташкили таҳияи нақшаҳои ҳавзавӣ оид ба идоракунии захираҳои об, нақшаҳои мавсимӣ ва солонаи тақсимоти захираҳои об ва тавозуни хоҷагиҳои об;
- мониторинги иҷро ва риояи нишондиҳандаҳое, ки дар нақшаҳои ҳавзавӣ оид ба идоракунии захираҳои об,  инчунин нақшаҳои мавсимӣ ва солонаи тақсимоти захираҳои об муқаррар гардидаанд;
- таҳия ва тасдиқи қоидаҳои истифодабарии обанборҳои дорои таъиноти маҷмӯӣ, инчунин танзими ҷараёни дарёҳо тавассути обанборҳо;
- пешбурди баҳисобгирии меъёри обгирӣ аз объектҳои об барои соҳаҳои иқтисодиёт;
 
- амалӣ намудани баҳисобгирии давлатии истифодаи об аз объектҳои об, пешбурди кадастри давлатии об дар самти истифодаи об аз объектҳои об ва пешбурди кадастри ягонаи давлатии об бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- аз истифодабарандагони об ва мақомоти давлатӣ ба таври ройгон гирифтани маълумоте, ки барои иҷрои вазифаҳои ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими истифодаи захираҳои об вогузоршуда зарур мебошад;
- таҳия ва амалигардонии тадбирҳо доир ба беҳтар намудани ҳолат ва пешгирии коҳишёбии захираҳои об, огоҳнамоӣ дар бораи таъсири зараровари об якҷоя бо мақомоти манфиатдор;
- ташкили корҳои илмию тадқиқотӣ марбут ба истифода ва идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об;
- ташкил ва пешбурди махзани маълумот ва низоми миллии иттилоотии об;
- амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.
 
Моддаи 14. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист
Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист дар соҳаи  танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об дохил мешаванд:
- татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи захираҳои об, идоракунии обуҳавошиносӣ, гуногунии биологӣ ва тағйирёбии иқлим;
- назорати давлатӣ оид ба дуруст ба роҳ мондани баҳисобгирии истифодаи захираҳои об ва партофти моддаҳои ифлоскунанда ба объектҳои об;
- назорати давлатӣ оид ба мавҷудият ва иҷрои шартҳои иҷозати истифодабарии махсуси об;
- назорати давлатии риояи чорабиниҳо оид ба ҳифзи объектҳои обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
- назорати давлатии риояи талаботи ҳифзи муҳити зист ҳангоми ҷойгиркунонӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон (азнавсозӣ) ва ба истифода додани корхонаҳои нав ва таҷдидшуда, иншоот ва дигар объектҳо, қаъркоркунӣ, пармакунӣ, хобонидани ноқил, лӯла ва дигар коммуникатсияҳои ба ҳолати муҳити об таъсиркунанда;
- назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи экологии истифодаи шабакаҳои хоҷагии об ва обанборҳо, кӯл ва дигар ҳавзобаҳои ба сифати обанборҳо истифодашаванда;
- назорати давлатии иҷрои чорабиниҳо оид ба пешгирӣ намудани партовҳои обии садамавию якбораи моддаҳои ифлоскунанда ба объектҳои об ва рафъи оқибатҳои он;
- бо тартиби муқарраргардида тасдиқи меъёри ҳадди имконпазири ғилзат (консентратсия)-и моддаҳо дар объектҳои об ва тасдиқи ҳадди ниҳоии имконпазири партофти обҳои партов ба объектҳои об;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боздошт ва ё манъ намудани партофти моддаҳои ифлоскунанда ба муҳити табиӣ, ки бо вайрон кардани шарту талаботи пешбинишуда бо иҷозати истифодаи махсуси об ҳосил шудаанд;
- бо тартиби муқарраршуда мувофиқа намудани ҳуҷҷатгузорӣ оид ба иҷрои корҳои сохтмонӣ, қаъркоркунӣ, корҳои таркишӣ ва дигар намуди корҳо дар объектҳои об ва ё минтақаҳои наздисоҳилии ба ҳолати захираҳои табиӣ таъсиркунанда;
- ташкил ва гузаронидани мониторинги захираҳои об, пешгӯӣ ва омӯзиши мунтазами вазъи захираҳои об, аз ҷумла пиряхҳо ва кӯлу обанборҳо;
- таҳия ва амалӣ намудани барнома, стратегия ва нақшаҳои миллӣ ва минтақавӣ оид ба ҳифзи захираҳои об;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳо, новобаста ба шакли моликият ва тобеияти идоравӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи захираҳои об;
- ҳамоҳангсозӣ ва таъмини иҷрои уҳдадориҳо тибқи шартномаҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон; 
- бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намудани баҳисобгирӣ ва пешбурди кадастри давлатии об дар қисмати ташаккулёбии обҳои рӯизаминӣ ва сифати онҳо;
- арзёбии таъсир ба муҳити зист ва ташхиси лоиҳаҳои сохтмони иншооти хоҷагии об;
- ташкил ва рушди махзани маълумот ва низоми иттилоотӣ оид ба ҳифзи муҳити зист;
- амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.
 
Моддаи 15. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов
Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов дар соҳаи танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об дохил мешаванд: 
- татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов; 
- таҳияи пешниҳодҳо ҷиҳати мукаммалсозии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов;
- дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори давлатӣ таҳия намудани лоиҳаҳои барномаҳо, стратегияҳо ва консепсияҳои давлатӣ дар соҳаи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов; 
- назорати таъмини бетаваққуфи таъмини оби нӯшокӣ аз системаҳои таъмини оби нӯшокӣ ба истифодабарандагони об;
- амалӣ намудани баҳисобгирии давлатии истифодаи оби нӯшокӣ ва сифати он;
- баҳисобгирии шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ;
- ташкил ва рушди махзани маълумот ва низоми иттилоотӣ оид ба таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов;
- амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.
 
Моддаи 16. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи мелиоратсия ва обёрӣ
- татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи мелиоратсия ва обёрӣ;
- таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва пешниҳодҳо ҷиҳати мукаммалсозии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мелиоратсия ва обёрӣ;
- бо ҷалби мақомоти дахлдори давлатӣ таҳияи лоиҳаҳои барномаҳо, стратегияҳо ва консепсияҳои давлатӣ дар соҳаи мелиоратсия ва обёрӣ;
- мувофиқа намудани нақшаҳои истифодаи об бо тартиби муқарраргардида;
- таъмини тақсимоти об ва обрасонии бетаваққуф аз системаҳои обёрӣ ба обистифодабарандагон мувофиқи шартномаҳои басташуда;
- таъмини назорат вобаста ба кам кардани таъсири тағйир ёфтани сатҳи обҳои  зеризаминӣ ва шӯршавӣ дар заминҳои обёришаванда;
- амалӣ намудани баҳисобгирии давлатии истифодаи захираҳои об барои мақсадҳои обёрӣ ва партофти заҳобҳо ба объектҳои об;
- иҷрои тадбирҳои пешгирандаи сел, обхезиҳо, фарсоиши (эрозияи) замин ва тадбирҳои соҳилмустаҳкамкунанда дар объектҳое, ки дар ихтиёраш қарор доранд;
- ҳамоҳангсозии умумии фаъолияти ташкилотҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи мелиоратсия ва обёрӣ;
- таҳия, тасдиқ ва муқаррар намудани қоидаҳои истифодаи иншооти хоҷагии об, ки дар тавозунаш қарор доранд;
- тарҳрезӣ, сохтмони нав ва азнавсозии корхонаҳо ва иншооти хоҷагии об;
- дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдор таҳия ва татбиқи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои обёришаванда, пешгирӣ намудани фарсоиш (эрозия), шӯршавӣ ва таназзули замин;
- ташкили гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар соҳаи мелиоратсия ва обёрӣ;
- азхудкунии заминҳои нави обёришаванда;
- таҳияи механизмҳои иқтисодии истифодаи об ва мувофиқа намудани андозаи тарофаҳо дар соҳаи мелиоратсия ва обёрӣ;
 
- амалӣ намудани баҳисобгирии давлатии истифодаи захираҳои об ва партофти обҳои партов дар соҳаи мелиоратсия ва обёрӣ;
- ташкил ва пешбурди махзани маълумот ва низоми иттилоотӣ оид ба мелиоратсия ва обёрӣ;
- амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.
 
Моддаи 17. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ
Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ дар соҳаи танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об дохил мешаванд:
- мувофиқа намудани нақшаи солонаи гирифтани об аз манбаъҳои обҳои табобатӣ, маъданӣ ва гармчашма;
- назорати давлатӣ оид ба дурустии коркарди конҳои обҳои маъданӣ, табобатӣ ва гармчашма;
- мувофиқа намудани нақшаи технологии коркарди обҳои минералӣ, табобатӣ ва лоиҳаҳои шартҳои иҷозатномавӣ барои гирифтани иҷозатнома (иҷозатнома барои истифодаи қаъри замин) ҷиҳати истифодаи обҳои зеризаминӣ (маъданӣ, табобатӣ ва гармчашма), ҳамчунин бақайдгирии ин иҷозатномаҳо;
- баррасӣ ва назорати супоридани ҳисоботи омории солона оид ба истифодаи обҳо (маъданӣ, табобатӣ ва гармчашма) аз рӯи намунаи тасдиқгардида;
- мувофиқа намудани лоиҳаҳои сохтмони партовгоҳҳо, толобҳои  ҷамъкунанда, дажғолҷамъкунакҳо ва иншооти дигари партофти партовҳои истеҳсолӣ;
- баррасӣ ва мувофиқа намудани лоиҳаҳои сохтмони майдонҳо барои гӯронидани партовҳои обравҳои саноатӣ ва радиоактивӣ;
- ҷудо кардани қитъаҳои кӯҳӣ барои партофтани обҳои партов;
- амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.
 
Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ дар соҳаи танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об дохил мешаванд:
- бақайдгирӣ ва баҳисобгирии давлатии корҳо оид ба омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминӣ, аз ҷумла оид ба кофтани пармачоҳҳо барои об ва барои гӯронидани обҳои партови саноатӣ ва партовҳои радиоактивӣ;
- мувофиқа намудани лоиҳаҳои кофтани пармачоҳҳо барои об, ки аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ омода гардидаанд;
- мувофиқа намудани лоиҳаҳои ҷустуҷӯ, иктишоф ва сохтмони иншооти нави обгирӣ аз обҳои зеризаминӣ;
- мувофиқа намудани лоиҳаҳои сохтмони партовгоҳҳо, толобҳо - ҳавзҳои обҷамъкунанда, дажғолҷамъкунакҳо, майдонҳои таровишӣ ва дигар иншоот барои партофтани партовҳои истеҳсолӣ;
- мувофиқа намудани лоиҳаҳои сохтмони майдонҳо барои гӯронидани обҳои партови саноатӣ ва партовҳои радиоактивӣ;
- назорати идоравии ҳифзи объектҳои обии зеризаминӣ аз коҳишёбӣ ва ифлосшавӣ;
- пешбурди баҳисобгирии захираҳои тасдиқгардидаи обҳои зеризаминии истифодашаванда;
- пешбурди баҳисобгирии пармачоҳҳои худҷорӣ;
- пешбурди кадастри давлатии об дар қисмати объектҳои оби зеризаминӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ташкил ва рушди махзани маълумот ва низоми иттилоотӣ оид ба истифодаи қаъри замин;
- амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.
 
Ба ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об дохил мешаванд:
- муайян намудани самтҳои асосии истифода ва ҳифзи объектҳои об дар ҳудуди воҳидҳои маъмурию ҳудудии дахлдор;
- иштирок дар таҳияи нақшаҳои ҳавзавии идоракунии захираҳои об;
- гузаронидани чорабиниҳо оид ба ҳифз ва беҳтар намудани вазъи объектҳои об, пешгирӣ ва бартараф намудани таъсири зараровари об, инчунин ифлосшавии об, барқарорсозии иншооти дар натиҷаи садама, обхезӣ, сел ва дигар офатҳои табиӣ зарардида;
- якҷоя бо дигар сохторҳои давлатӣ таъсис додани низоми назорати хатари обхезиҳо ва низоми хабардоркунии пешакӣ ва бартарафсозии обхезӣ;
- таъмини оби нӯшокӣ, ҳифз ва рушди системаҳои мутамарказ, ғайримутамарказ ва системаҳои тақсимоти оби нӯшокӣ ба муштариён тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- маҳалли ҷойгиршавӣ ва ба истифода додани корхонаҳо, иҷрои корҳо дар объектҳои об ва хатҳои муҳофизатии наздисоҳилӣ;
- ҳамкорӣ бо мақомоти ваколатдори давлатӣ дар  соҳаи танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об;
- амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.
 
1. Шӯрои миллии об мақоми машваратию маслиҳатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
2. Ваколатҳои Шӯрои миллии об дар соҳаи танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об аз инҳо иборатанд:
- ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳои дахлдор, шӯроҳои ҳавзавии дарёҳо, ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, ташкилотҳои бахши хусусӣ ва ғайридавлатӣ дар соҳаи истифода ва ҳифзи захираҳои об;
- баррасӣ ва мувофиқа намудани лоиҳаҳои дурнамои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушд дар соҳаи захираҳои об, лоиҳаҳои нақшаи ҳавзавӣ оид ба идораи захираҳои об ва нақшаи чорабиниҳо  марбут ба истифода ва ҳифзи захираҳои об;
- таҳлил ва арзёбии татбиқи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушд дар соҳаи захираҳои об, лоиҳаҳои нақшаҳои ҳавзавӣ ва нақшаи чорабиниҳо марбут ба истифода ва ҳифзи  захираҳои об;
- амалӣ намудани дигар ваколатҳо, ки Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.
3. Ба ҳайати Шӯрои миллии об роҳбарони вазорату идораҳо ва дигар мақомоти давлатӣ, ки барои истифода ва ҳифзи захираҳои об масъуланд, шомил мегарданд. Ба ҳайати Шӯрои миллии об намояндагони ташкилотҳои ғайридавлатӣ, мутахассисони алоҳида, олимон, коршиносони соҳаҳои захираҳои об, ҳифзи муҳити зист ва иқтисодиёт шомил шуда метавонанд.
 
1. Идоракунии ҳавзавии захираҳои об  дар доираи сарҳадҳои гидрографии ҳавзаҳои дарёҳо ва объектҳои зеризаминии обии ба онҳо вобастабуда тибқи принсипҳои идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об амалӣ карда мешавад.
2. Барои амалигардонии идоракунии ҳавзавии захираҳои об ҳавзаҳои дарёҳо ва объектҳои зеризаминии обии ба онҳо вобаста ба минтақаҳои ҳавзавӣ ҳамчун воҳиди ҳудудии идоракунии захираҳои об тақсим карда мешаванд.
 
Моддаи 22. Минтақаҳои ҳавзавӣ
1. Минтақаи ҳавзавӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳиди асосии идоракунии захираҳои об буда, аз ҳавзаҳои дарёҳо ва объектҳои зеризаминии оби ба он алоқаманд иборатанд.
2. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон минтақаҳои ҳавзавии зерин муқаррар карда мешаванд:
- минтақаи ҳавзавии Сирдарё;
- минтақаи ҳавзавии Зарафшон;
- минтақаи ҳавзавии Панҷ;
- минтақаи ҳавзавии Вахш;
- минтақаи ҳавзавии Кофарниҳон.
 
1. Ташкилотҳои ҳавзавии дарёҳо ва зерсохторҳои онҳо ташкилотҳои масъул оид ба масъалаҳои ташкили идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об, банақшагирии истифодаи захираҳои об, мониторинги истифодаи объектҳои об ва татбиқи нақшаҳои ҳавзавӣ оид ба идоракунии захираҳои об дар минтақаҳои ҳавзавӣ  ба ҳисоб мераванд.
2. Ташкилотҳои ҳавзавии дарёҳо воҳидҳои сохтории  мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими истифодаи захираҳои об ба ҳисоб мераванд.
 
Моддаи 24. Шӯроҳои ҳавзавии дарёҳо
1. Бо мақсади мусоидат ба идоракунии самараноки захираҳои об ва ҳамоҳангсозии ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор дар ҳудуди минтақаҳои ҳавзавӣ шӯроҳои ҳавзавии дарёҳо ҳамчун мақомоти машваратию маслиҳатӣ ташкил карда мешаванд.
2. Шӯроҳои ҳавзавии дарёҳо лоиҳаҳои нақшаҳои ҳавзавиро оид ба идораи захираҳои об баррасӣ ва мувофиқа менамоянд.
3. Ба ҳайати шӯроҳои ҳавзавии дарёҳо намояндагони мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин намояндагони истифодабарандагони об, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор дохил мешаванд.
4. Тартиби таъсис ва фаъолияти шӯроҳои ҳавзавии дарёҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
 
1. Нигоҳдории ҳолати обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминии ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ бо роҳи муқаррарсозӣ ва риояи меъёрҳои ҳадди имконпазири таъсир ба объектҳои об таъмин мегардад.
2. Меъёрҳои ҳадди имконпазири таъсир ба объектҳои об дар асоси ҳадди имконпазири ғилзат (консентратсия)-и моддаҳои кимиёвӣ, моддаҳои радиоактивӣ, микроорганизмҳо ва дигар нишондиҳандаҳои сифати об дар объектҳои об таҳия карда мешаванд.
3. Меъёрҳои ҳадди имконпазири таъсир ба объектҳои об тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ тасдиқ карда мешаванд.
4. Миқдори моддаҳо ва микроорганизмҳо дар таркиби обҳои партови ба объектҳои об партофташаванда набояд аз меъёрҳои муқарраргардидаи ҳадди имконпазири таъсир ба объектҳои об зиёд бошад.
 
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ҳуқуқи идоракунии иншооти хоҷагии обро, ки моликияти давлатӣ ба ҳисоб меравад, дар минтақаи маҳдуд ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси шарикии давлат ва бахши хусусӣ, шартнома, консессия, иҷора ва дигар шаклҳои ҳамкорӣ бо дар назар доштани риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
 
1. Назорати давлатӣ дар соҳаи истифода ва ҳифзи захираҳои об бо мақсади аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ риоя гардидани тартиби муқарраршудаи истифодаи объектҳои об, иҷрои уҳдадориҳо оид ба ҳифзи объектҳои об, огоҳкунӣ ва бартараф намудани таъсири зараровари об, қоидаҳои пешбурди баҳисобгирии обҳо, инчунин талаботи дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
2. Назорати давлатӣ дар соҳаи истифода ва ҳифзи захираҳои об аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тибқи муқаррароти Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
3. Санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар соҳаи истифода ва ҳифзи захираҳои об тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор амалӣ карда мешавад.
 
БОБИ 3. ИШТИРОКИ ТАШКИЛОТҲОИ ҒАЙРИДАВЛАТӢ ВА ШАХСОНИ ВОҚЕӢ ДАР ТАТБИҚИ ЧОРАБИНИҲО ОИД БА ИСТИФОДАИ ОҚИЛОНА ВА ҲИФЗИ ОБЪЕКТҲОИ ОБ
 
Ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва шахсони воқеӣ дар татбиқи чорабиниҳо оид ба истифодаи оқилона ва ҳифзи объектҳои об ба мақомоти давлатӣ метавонанд мусоидат намоянд.
 
Моддаи 29. Тартиби иштироки ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва шахсони воқеӣ дар татбиқи чорабиниҳо оид ба истифодаи оқилона ва ҳифзи объектҳои об
1. Ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар фаъолияте, ки барои таъмини истифодаи оқилона ва ҳифзи объектҳои об равона гардидааст, тибқи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оиннома ё низомномаи худ иштирок менамоянд.
2. Шахсони воқеӣ ба мақомоти давлатӣ дар татбиқи чорабиниҳо оид ба истифодаи оқилона ва ҳифзи объектҳои об тавассути иштироки бевосита дар гузаронидани чорабиниҳо, манзур намудани пешниҳодҳо оид ба беҳтар намудани истифода ва ҳифзи объектҳои об ва хабардор намудан оид ба қонунвайронкуниҳои ба онҳо маълум вобаста ба истифода ва ҳифзи объектҳои об мусоидат мекунанд.
3. Мақомоти давлатӣ уҳдадоранд, ки пешниҳодҳои ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва шахсони воқеиро ҳангоми татбиқи чорабиниҳо оид ба истифодаи оқилона ва ҳифзи объектҳои об ба инобат гиранд.
 
БОБИ 4. БАНАҚШАГИРӢ, БАҲИСОБГИРӢ ВА МОНИТОРИНГИ ДАВЛАТИИ ИСТИФОДАИ ЗАХИРАҲОИ ОБ
 
Моддаи 30. Банақшагирии истифодаи захираҳои об
1. Банақшагирии истифодаи захираҳои об бояд тақсимоти илман асосноккардашудаи обро байни истифодабарандагони об бо дар назар доштани дар навбати аввал қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти оби нӯшокӣ ва хоҷагию маишии аҳолӣ, ҳифзи объектҳои об ва пешгирии таъсири зараровари он таъмин намояд.
2. Ҳангоми банақшагирии истифодаи захираҳои об маълумоти кадастри давлатии об, тавозунҳои хоҷагии об, нақшаҳои истифодаи маҷмӯӣ ва ҳифзи об, инчунин меъёри обгирӣ аз манбаъҳои фонди давлатии об ба инобат гирифта мешаванд.
 
Моддаи 31. Стратегияи миллии об
1. Стратегияи миллии об самтҳои асосии банақшагирӣ, истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои обро бо дар назар доштани дурнамои рушди соҳаҳои иқтисодиёт муайян менамояд.
2. Стратегияи миллии об аз ҷонибимақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими истифодаи захираҳои об бо ҷалби тарафҳои манфиатдор таҳия карда мешавад.
 
Моддаи 32. Мониторинги давлатии объектҳои об
1. Мониторинги давлатии объектҳои об бо мақсади мушоҳида, баҳодиҳӣ ва пешгӯии тағйири ҳолати объектҳои об амалӣ карда мешавад.
2. Нишондод ва маълумоте, ки дар натиҷаи мониторинги объектҳои об ба даст оварда мешаванд, ба низоми миллии иттилоотии об ва низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода дохил карда мешаванд.
3. Мониторинги давлатии объектҳои об тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
 
Моддаи 33. Низоми миллии иттилоотии об
1. Низоми миллии иттилоотии об бо мақсади ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, коркард ва расонидани иттилоот барои таъмини иттилоотии таҳияи сиёсати давлатӣ, дурнамоҳо, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушд дар соҳаи захираҳои об, нақшаҳои ҳавзавӣ, лоиҳаҳо ва чорабиниҳо вобаста ба идора, истифода ва ҳифзи захираҳои об, қабули қарорҳои фаврӣ ва стратегӣ ва иттилоотонии ҷомеа дар соҳаи захираҳои об ташкил карда мешавад.
2. Низоми миллии иттилоотии об аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими истифодаи захираҳои об ташкил, идора ва ҳамоҳанг мегардад.
3. Барои худкоргардонии коркарди маълумот дар низоми миллии иттилоотии об рамзгузории объектҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
4. Ҳамаи истифодабарандагони об ва мақомоти давлатии дахлдор тибқи тартиб ва намунаи муқарраргардида ҷамъоварӣ, коркард ва интиқоли иттилоотро ба низоми миллии иттилоотии об ройгон таъмин менамоянд.
5. Тартиби пешбурди низоми миллии иттилоотии об аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
 
Моддаи 34. Тавозуни хоҷагии об
1. Ташкилотҳои ҳавзавии дарёҳо бо мусоидати мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об ва дар ҳамоҳангӣ бо дигар тарафҳои дахлдор тавозуни хоҷагии обро тартиб медиҳанд.
2. Тавозуни хоҷагии об, ки аз нигоҳи оморӣ мавҷудият ва дараҷаи истифодаи захираҳои обро арзёбӣ менамояд, вобаста ба ҳавзаҳои дарёҳо, зерҳавзаҳои дарёҳо, қитъаҳои  хоҷагии об ва каналҳои калон тартиб дода мешавад.
3. Тавозуни хоҷагии об бо тартибу услуби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими истифодаи захираҳои об тарҳрезӣ карда мешавад.
 
Моддаи 35. Кадастри давлатии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Кадастри давлатии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - кадастри давлатии об) маҷмӯи мураттабгардонидашудаи маълумоти расмӣ оид ба ҳолати мавҷуда, истифода ва ҳифзи объектҳои об мебошад.
2. Пешбурди кадастри давлатии обро мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об дар доираи ваколатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур аз ҳисоби буҷети давлатӣ амалӣ менамоянд.
3. Кадастри давлатии об қисми низоми миллии иттилоотии об ба ҳисоб меравад.
 
Моддаи 36. Феҳристи давлатии иншооти хоҷагии об
1. Феҳристи давлатии иншооти хоҷагии об маҷмӯи маълумоти  мураттабгардонидашудаи  шаҳодатномакунонии иншооти хоҷагии об ба ҳисоб меравад.
2. Пешбурди феҳристи давлатии иншооти хоҷагии об аз тарафи  мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими истифодаи захираҳои об  анҷом дода мешавад. Ҳар як иншооти хоҷагии об, ки ба феҳристи давлатӣ дохил карда шудааст, бояд дорои тавсифи маҷмӯии   дарбаргирандаи моҳияти ҳадафноки хоҷагидорӣ, нишондодҳои ҳуқуқӣ, табиӣ-ҷуғрофӣ, гидрологӣ, гидрогеологӣ, техникӣ-иқтисодӣ ва дигар нишондиҳандаҳо бошад.
3. Феҳристи давлатии иншооти хоҷагии об инчунин иншооти хоҷагии обро, ки  аҳамияти махсуси стратегӣ доранд, дар бар мегирад.
4. Феҳристи давлатии иншооти хоҷагии об қисми низоми миллии иттилоотии об мебошад.
 
Моддаи 37. Феҳристи давлатии иҷозатҳо барои истифодаи махсуси об
1. Дар феҳристи давлатии иҷозатҳо барои истифодаи махсуси об бақайдгирии давлатии иҷозат бароиистифодаимахсуси об, гузаштани ҳуқуқ ва уҳдадориҳо оид ба иҷозат барои истифодаи махсуси об, инчунин қатъ намудани амали иҷозат барои истифодаимахсуси об анҷом дода мешавад.
2. Пешбурди феҳристи давлатии иҷозатҳо барои истифодаи махсуси об тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ амалӣ карда мешавад.
 
Моддаи 38. Нақшаҳои ҳавзавӣ оид ба идоракунии захираҳои об
1. Нақшаҳои ҳавзавӣ оид ба идоракунии захираҳои об аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими истифодаи захираҳои об бо иштироки ташкилотҳои ҳавзавии дарёҳо ва дигар тарафҳои манфиатдор мутобиқи муқаррароти Стратегияи миллии об бо дар назар доштани барномаҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии маҳал таҳия мегарданд.
2. Нақшаҳои ҳавзавӣ оид ба идоракунии захираҳои об бо истифода аз маълумоти низоми миллии иттилоотии об, нақшаҳои маҷмӯии мавҷудаи истифода ва ҳифзи захираҳои об, тавозуни об, нақшаҳо, меъёри обгирӣ ва меъёрҳои истифодаи об таҳия мегарданд.
3. Тартиби таҳия, тасдиқ ва амалӣ намудани нақшаҳои ҳавзавӣ оид ба идоракунии захираҳои об аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
4. Хароҷоти таҳияи нақшаҳои ҳавзавӣ оид ба идоракунии захираҳои об аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва аз дигар сарчашмаҳое, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда нашудаанд, амалӣ карда мешаванд.
 
БОБИ 5. ИСТИФОДАИ ОБ
 
Моддаи 39. Истифодабарандагони об ва истифодаи объектҳои об
1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки фаъолияти худро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода, талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи обро иҷро  мекунанд, истифодабарандагони об буда метавонанд.
2. Объектҳои обе, ки дар моддаи 6 Кодекси мазкур номбар гардидаанд, барои истифода дода мешаванд.
 
Моддаи 40. Намудҳои истифодаи об
Истифодаи об вобаста ба шартҳои додани объектҳои об барои истифода банамудҳои зерин ҷудо карда мешавад:
- истифодаи умумии об;
- истифодаи махсуси об;
- истифодаи якҷояи об;
- истифодаи ҷудогонаи об.
 
Моддаи 41. Истифодаи умумӣ ва махсуси об
1. Истифодаи умумии об аз объектҳои рӯизаминии об бе истифодабарии иншоот ё дастгоҳҳои техникие, ки ба ҳолати объектҳои рӯизаминии об таъсир мерасонанд, аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ройгон, бидуни иҷозат ва ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда амалӣ карда мешавад.
2. Истифодаи махсуси об бо гирифтан ё бидуни гирифтани об аз объекти об (ба истиснои каналҳо ва обанборҳои таъиноти танҳо обёридошта, ки дар маҷрои дарёҳо ва сойҳо ҷойгир нестанд) барои қонеъ намудани талаботи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо истифодаи иншоот ё воситаҳои техникӣ, ки ба ҳолати обҳо таъсир мерасонанд, дар асоси иҷозат барои истифодаи махсуси об амалӣ мегардад.
 
Моддаи 42. Истифодаи якҷоя ва ҷудогонаи об
1. Объектҳои об метавонанд таҳти истифодаи якҷоя ё ҷудогона қарор гиранд.
2. Истифодаи якҷояи об дар объектҳои об ё қисмати онҳо, ки барои истифодаи ҷудогонаи об ҷудо карда нашудаанд, амалӣ мегардад.
3. Истифодаи ҷудогонаи об метавонад дар объектҳои рӯизаминии об ё қисми онҳо, ки барои қонеъ намудани талаботи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дода шудаанд ва таъмини онҳо истифодаи объектҳои об ё қисми онро аз ҷониби дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ истисно менамояд, амалӣ гардонида шавад.
4. Объектҳои об ё қисми он, ки барои истифодаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси қарори мақоми дахлдори давлатӣ ҷудо карда шудаанд, таҳти истифодаи ҷудогона қарор доранд.
 
Моддаи 43. Истифодабарандагони аввалин ва дуюмини об
1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки обро бевосита аз объектҳои об (ба истиснои каналҳо ва обанборҳои таъиноти танҳо обёридошта, ки дар маҷрои дарёҳо ва сойҳо ҷойгир нестанд) барои қонеъ намудани талаботи худ ё барои  интиқол ба истифодабарандагони дуюмини об мегиранд, истифодабарандагони аввалин мебошанд.
2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки обро аз истифодабарандагони аввалин дар асоси шартнома мегиранд, истифодабарандагони дуюмини об мебошанд.
3. Шартҳои истифодаи дуюмини об, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои тарафҳо бояд дар асоси шартномаи байни истифодабарандагони аввалин ва дуюмини об ба танзим дароварда шаванд. 
 
БОБИ 6. ТАРТИБ ВА ШАРТҲОИ БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ОБЪЕКТҲОИ ОБ
 
Моддаи 44.  Ба истифодаи афзалиятнок барои эҳтиёҷоти нӯшокӣ ва хоҷагию маишии аҳолӣ додани объектҳои об
1. Объектҳои об пеш аз ҳама барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти нӯшокӣ ва хоҷагию маишии аҳолӣ ба истифода дода мешаванд.
2. Истифодаи  объектҳои об барои дигар мақсадҳо танҳо дар сурати кифоятии захираҳои об иҷозат дода мешавад.
 
Моддаи 45. Пардохт барои истифодаи объектҳои об
1. Истифодаи умумии об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ройгон мебошад.
2. Истифодаи махсуси об бо мақсади истеҳсоли  неруи барқи обӣ ҳангоми иқтидори истеҳсолии объектҳои барқдиҳанда то 30000 киловатт/соат ва бартараф намудани ҳолатҳои фавқулода ва ё оқибатҳои он, инчунин эҳтиёҷоти обёрии кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ амалӣ мегардад ва киштигардӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ройгон мебошад.
3. Истифодаи махсуси об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои ҳолатҳои дар қисми 2 моддаи мазкур ва дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида,  музднок амалӣ гардонида мешавад.
4. Тартибу шартҳои муқаррар намудан ва ситонидани маблағро барои истифодаи объектҳо ва захираҳои об санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд.
 
Моддаи 46. Тартиби амалӣ гардонидани истифодаи умумии об
1. Ҳангоми истифодаи умумии об риояи талаботи санадҳои меъёрие, ки аз тарафи мақоми ваколатдори назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳифзи захираҳои моҳӣ муқаррар гардидаанд, инчунин қоидаҳои таъмини ҳифзи саломатӣ ва ҳаёти аҳолӣ вобаста ба об, истифодаи оқилонаю ҳифзи обҳо ва дигар талаботҳо, ки аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об қабул гардидаанд, ҳатмӣ мебошад.
2. Бо мақсади ҳифзи саломатӣ ва ҳаёти аҳолӣ мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо пешниҳоди мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об, мақоми ваколатдори назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар мақомоти дахлдор маҳалҳоеро, ки дар онҳо оббозӣ, шиноварӣ бо киштиҳои хурд ва обдиҳии чорво манъ аст, муқаррар намуда, инчунин дигар шартҳои истифодаи умумии обро дар объектҳои об муайян мекунанд.
3. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ уҳдадоранд, ки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар бораи шартҳои барои истифодаи умумии об муқарраргардида хабардор намоянд.
 
Моддаи 47. Истифодаи умумии об дар объектҳои обе, ки ба истифодаи ҷудогонаи об дода шудаанд
1. Дар объектҳои об, ки ба истифодаи ҷудогонаи об дода шудаанд, истифодаи умумии об дар асоси шартҳои муқарраргардида барои истифодабарандагони аввалини об дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об иҷозат дода мешавад, ҳангоми зарурат метавонад чунин истифодаи умумии об манъ карда шавад.
2. Истифодабарандаи аввалини об уҳдадор аст, дар бораи шартҳо ё манъ кардани истифодаи умумии об дар объектҳои рӯизаминии обҳо, ки ба ӯ барои истифодаи ҷудогона пешниҳод карда шудааст, ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ иттилоъ диҳад.
3. Агар истифодабарандаи аввалини об оид ба шартҳо ё манъи истифодаи умумии об дар объекти оби ба ӯ барои истифодаи ҷудогона додашуда огоҳ накарда бошад, истифодаи умумии об бе маҳдудият иҷозатдодашуда эътироф карда мешавад.
 
1. Истифодаи махсуси об дар асоси иҷозате, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дода мешавад ва ҳангоми ҳолатҳои дар моддаи 49 Кодекси мазкур пешбинигардида аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот амалӣ мегардад.
 
Моддаи 49. Иҷозат барои истифодаи махсуси об, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дода мешавад
1. Иҷозат барои  истифодаи объектҳои оби зеризаминие, ки барои обтаъминкунии мутамарказ ба воситаи сохтани чоҳҳои зеризаминӣ ва чоҳҳои обсофкунанда дар ҳудуди деҳот, шаҳраку шаҳрҳо истифода намегарданд, инчунин обгирҷои чашмаҳо, ки бидуни маҷбуран паст кардани сатҳи об кор мекунанд, аз ҷониби мақомоти  иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дода мешавад.
2. Иҷозат барои сохтани чоҳҳо ва обгирҷоҳо, ки дар қисми 1 моддаи мазкур зикр гардидаанд, дар заминҳои захираи давлатӣ ва фонди давлатии ҷангал аз ҷониби мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо пешниҳоди мақомоти маҳаллии заминсозӣ дода мешавад.
3. Истифодаи махсуси об дар ҳавзобаҳои сарбаста (норавон), инчунин дар рӯдҳо ва хушкрӯдҳо (хушк водиҳо), ки дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳо мавҷуданд, дар асоси иҷозати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо ва шаҳрҳо додашуда амалӣ мегардад.
 
Моддаи 50. Ба истифодаи ҷудогона додани объектҳои об
1. Объектҳои об ба истифодаи ҷудогона ба таври пурра ё қисман дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими истифодаи захираҳои об ё мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дода мешаванд.
2. Дар қарор оид ба истифодаи ҷудогона додани объектҳои рӯизаминии об мақсад ва шартҳои асосии истифодаи объектҳои рӯизаминии об нишон дода мешаванд.
 
Моддаи 51. Мақомоте, ки объектҳои обро ба истифодаи ҷудогона  медиҳанд
1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон объектҳои об ва ё қисми онҳоро дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 3 моддаи 39 ва моддаи 72 Кодекси мазкур барои истифодаи ҷудогона пешниҳод менамояд.
2. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифодаи  захираҳои об истифодаи ҷудогонаи объектҳои обро  (ба истиснои каналҳо ва обанборҳои таъиноти танҳо обёридошта), ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиранд, ба истиснои ҳолатҳои бо қисмҳои 1 ва 3 моддаи мазкур пешбинигардида, пешниҳод менамояд.
3. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, ноҳия истифодаи  ҷудогонаи махзанҳои обии  сарбастаро, ки дар ҳудуди шаҳр, ноҳия ҷойгиранд, дар мавриде пешниҳод менамоянд, ки агар он ба дигар истифодабарандагони об таъсири манфӣ нарасонад.
 
Моддаи 52. Санадҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи ҷудогонаи объектҳои об
1. Ҳуқуқи истифодабарандагони об барои истифодаи ҷудогонаи объекти об (ба истиснои каналҳо ва обанборҳои таъиноти танҳо обёридошта) бо санадҳои меъёрии ҳуқуқи истифодаи об, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими истифодаи захираҳои об дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қисми 2 моддаи 51 ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва ноҳия дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қисми 3 моддаи 51 дода мешаванд, тасдиқ мегардад.
 
Моддаи 53. Муҳлати истифодаи объектҳои об
 
1. Объектҳои об ба истифодаи доимӣ ё муваққатӣ дода мешаванд.
2. Истифодаи объектҳои обе, ки муҳлаташ қаблан муқаррар нагардидааст, истифодаи доимии объектҳои об дониста мешавад.
3. Истифодаи муваққатии объектҳои об имкон дорад кӯтоҳмуҳлат - панҷ сол ва дарозмуҳлат - аз панҷ сол то бисту панҷ сол бошад. Ҳангоми зарурат муҳлатҳои истифодаи объектҳои об метавонанд ба давраҳое, тамдид карда шаванд, ки аз муҳлатҳои мутобиқан истифодаи кӯтоҳмуҳлат ё дарозмуҳлат зиёд нестанд.
4. Истифодаи умумии объектҳои об бо муҳлат маҳдуд карда намешавад.
 
БОБИ 7. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ОБ ҲАНГОМИ ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ ОБ
 
Моддаи 54. Ҳуқуқҳои истифодабарандагони об
Мувофиқи таъиноти мақсадноки пешниҳодшудаи истифодаи объекти об истифодабарандагони об бо тартиби муқарраргардида ҳуқуқҳои зеринро доранд:
- обро барои истифодаи минбаъдаи он гиранд;
- оби гирифташударо ба истифодабарандагони дуюмини об интиқол диҳанд;
- объекти обро барои таъмини эҳтиёҷоти нӯшокӣ ва хоҷагию маишии аҳолӣ, фароғатӣ, талаботи кишоварзӣ, саноат,  истеҳсоли неруи барқ, нақлиёт, моҳипарварӣ, моҳигирӣ, шикор ва дигар намуди эҳтиёҷот истифода намоянд;
- иншооти хоҷагии обро бунёд намуда, азнавсозӣ ва барҳамдиҳии онҳоро амалӣ намоянд;
- объектҳои обро барои истироҳат, гузаронидани чорабиниҳои варзишӣ ва солимгардонӣ, нигоҳдошти ҳолати хуби маҷмааҳои табиӣ, инчунин анҷоми дигар амалҳое истифода намоянд, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст; 
- ба ассотсиатсияи истифодабарандагони об муттаҳид гарданд;
- ассотсиатсияи истифодабарандагони обро таъсис диҳанд;
- маълумотро оид ба миқдор, сифат ва истифодаи захираҳои об дастрас кунанд;
- дар идора ва банақшагирии захираҳои об иштирок намоянд;
- аъзои шӯрои ҳавзавии дарё бошанд.
 
Моддаи 55. Маҳдудияти ҳуқуқҳои истифодабарандагони об
1. Ҳангоми камобии истисноӣ, ҳолатҳои садамавӣ дар объектҳои об, хатари сар задани бемориҳои сирояткунанда, фавти ҳайвонот, масрафи аз меъёри муқарраргардида зиёди об, напардохтани ҳаққи хизматрасонӣ оид ба обрасонӣ ва дар дигар ҳолатҳои дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида бо мақсади ҳифзи манфиатҳои давлатӣ, аз ҷумла ҳифзи саломатии аҳолӣ ва манфиатҳои дигар истифодабарандагони об ҳуқуқҳои истифодабарандагони об маҳдуд карда мешаванд. Дар ин маврид ба бадтаршавии шароити истифодаи объектҳои об бо мақсади эҳтиёҷоти нӯшокӣ ва маишии аҳолӣ набояд роҳ дода шавад.
2. Маҳдуд кардани ҳуқуқҳои истифодабарандагони об ҳангоми пешгирии таъсири ногувори об ва рафъи оқибатҳои он, ки таъсири зараровари обро ба вуҷуд меоранд, тибқи моддаи 87 Кодекси мазкур танзим карда мешавад.
3. Ҳуқуқҳои истифодабарандагони обро барои истифодаи ҷудогонаи объектҳои об мақомоте, ки объекти оби мазкурро барои истифодаи ҷудогона додаанд, ҳуқуқи истифодаи махсуси обро мақомоте, ки барои истифодаи махсуси об иҷозат додаанд ва ҳуқуқи истифодаи дуюмини обро истифодабарандаи аввалини об, инчунин дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими истифода ва ҳифзи  захираҳои об тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд маҳдуд намоянд.
 
Моддаи 56. Уҳдадориҳои истифодабарандагони об
Истифодабарандагони об уҳдадоранд:
- объектҳои обро танҳо бо он мақсадҳое, ки ба онҳо ин объектҳои об барои истифода дода шудаанд, истифода баранд;
- объектҳои обро оқилона истифода намоянд, оид ба истифодаи сарфакоронаи об, барқарору беҳтар кардани сифати об чораҳо андешанд;
- ҷиҳати ба объектҳои об пурра қатъ намудани партофтани обҳои партов, ки дар таркибашон маводи ифлоскунанда доранд, тадбирҳои имконпазирро андешанд; 
- ба вайрон кардани ҳуқуқҳои дигар истифодабарандагони об, инчунин расонидани зарар ба муҳити зист роҳ надиҳанд;
- иншооти хоҷагии оби аз ҷониби онҳо истифодашавандаро дар ҳолати коршоямӣ нигоҳ доранд;
- ҳаққи хизмати обрасониро сари вақт пардохт намоянд;
- ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими истифода ва ҳифзи  захираҳои об, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба садамаҳо ва дигар ҳолатҳои фавқулода маълумот диҳанд;
- бо тартиби муқарраргардида баҳисобгирии ҳаҷми гирифтани обро аз объектҳои об ва ҳаҷми партофтани обҳои партов, сифати онҳоро анҷом дода, инчунин ройгон ва дар муҳлати муқарраргардида натиҷаи чунин баҳисобгириро ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими истифодаи  захираҳои об пешниҳод намоянд;
- минтақаҳои ҳифзи обро бо риояи низоми истифодаи сарҳадҳо, агар онҳо таҳти истифодаи онҳо бошанд, дар ҳолати дахлдор нигоҳ доранд;
- талабот ва шартҳои шартномаро оид ба истифодаи об, ки бо ташкилоти обрасон баста шудааст, риоя намоянд;
 
Моддаи 57. Ҳавасмандгардонии истифодабарандагони об, ки чорабиниҳои истифодаи самаранок ва ҳифзи обро амалӣ мегардонанд
Тартиби ҳавасмандгардонии истифодабарандагони об, ки чорабиниҳои ба аҳолӣ фоиданокро оид ба истифодаи оқилона ва ҳифзи об амалӣ менамоянд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
 
БОБИ 8. АСОС ВА ТАРТИБИ ҚАТЪ НАМУДАНИ ҲУҚУҚИ  ИСТИФОДАИ ОБ
 
Моддаи 58. Асосҳои қатъ намудани ҳуқуқи истифодаи об
1. Ҳуқуқи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои истифодаи об бо асосҳои зерин қатъ мегардад:
- аз байн рафтани зарурати истифодаи об ё даст кашидан аз он;
- ба охир расидани муҳлати амали иҷозат барои истифодаи махсуси об;
- аз нав ташкил намудан ва ё барҳам додани шахси ҳуқуқӣ, фавти шахси воқеӣ;
- ба дигар истифодабарандагон супоридани иншооти хоҷагии об;
- дар ҳолати ба миён омадани зарурати давлатии баргардонидани объектҳои об аз истифодаи махсус ва ҷудогонаи об;
- зарурати азнавтақсимкунии обҳо барои истифодаи мувофиқи нақшаи мушаххаси ҳавзавӣ доир ба идораи захираҳои об;
- муддати се сол истифода набурдани объекти об, ки барои истифодаи он иҷозат барои истифодаи махсуси об дода шудааст;
- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудани дигар асосҳо.
2. Ҳуқуқи истифодаи об (ғайр аз ҳуқуқи истифодаи  захираҳои об барои таъмини эҳтиёҷоти нӯшокӣ ва маишӣ) аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ инчунин дар мавриди вайрон кардани қоидаҳои истифода ва ҳифзи об ва ё истифодаи объекти об хилофи мақсаде, ки он дода шудааст ва дар ҳолатҳои ба таври назаррас вайрон кардани таносуби экологии муҳити зист қатъ карда мешавад.
3. Қарор оид ба қатъ намудани ҳуқуқи истифодаи об аз тарафи истифодабаранда метавонад бо тартиби судӣ мавриди шикоят қарор гирад.
 
Моддаи 59. Тартиби қатъ гардидани ҳуқуқи истифодаи об
1. Ҳуқуқи истифодаи об бо тартиби зерин қатъ мегардад:
- бекор кардан ё боздоштани амали иҷозати истифодаи махсуси об;
- мусодираи объекти об, ки барои истифодаи ҷудогона дода шудааст.
2. Қатъи истифодаи махсуси об бо қарори мақомоте, ки иҷозати онро додааст, амалӣ мегардад.
3. Қатъи истифодаи дуюмини об бо қарори истифодабарандаи аввалини об амалӣ карда мешавад.
 
Моддаи 60. Гирифтани объектҳои об аз истифодаи ҷудогонаи об
1. Гирифтани объектҳои об аз истифодаи ҷудогона дар асоси қарори мақомоти давлатӣ, ки объектҳои обро тибқи моддаи 51 Кодекси мазкур барои истифодаи ҷудогона додаанд, ба амал бароварда мешавад.
2. Гирифтани объекти об аз истифодаи мамнӯъгоҳҳо тибқи қисми 4 моддаи 72 Кодекси мазкур амалӣ мегардад.
 
Моддаи 61. Ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи гузаронидани тадбирҳои хоҷагии об, қатъ гардонидан ё тағйир додани шартҳои истифодаи об расонида шудааст
Зарари ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар натиҷаи гузаронидани тадбирҳои хоҷагии об (корҳои гидротехникӣ ва монанди инҳо, ба истиснои ҳолатҳои садамавӣ ва алоқаманд бо офатҳои табиӣ), инчунин қатъ гардонидан ё тағйир додани шартҳои истифодаи об расонидашуда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.
 
БОБИ 9. ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ ОБ
 
1. Ҳангоми лоиҳакашӣ, сохтмон, таҷдид ва истифодаи иншооти хоҷагии об бояд тадбирҳо оид ба ҳифзи объектҳои об, инчунин захираҳои биологӣ ва дигар объектҳои олами набототу ҳайвонот пешбинӣ ва сари вақт амалӣ гардонида шаванд.
2. Ҳангоми истифодаи объектҳои об, ки ба низоми хоҷагии об дохил мешаванд, ба тағийр додани низоми обии ин объектҳо, ки ба халалдор гардидани ҳуқуқи дигар истифодабарандагон оварда мерасонад, роҳ дода намешавад.
3. Корҳо вобаста ба тағйир ва ё бунёди ҳавзобаҳо ё обравҳои табиӣ танҳо бо шарти нигоҳ доштани ҳолати табиии бавуҷудоии он гузаронида мешаванд.
 
Моддаи 63. Истифодаи объектҳои об барои эҳтиёҷоти нӯшокӣ ва хоҷагию маишии аҳолӣ
1. Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастрасӣ ба оби бехатар ва тозаи нӯшокӣ ҳамчун ҷузъи таркибии амалисозии ҳуқуқҳои инсон ҳуқуқ дорад.
2. Барои эҳтиёҷоти нӯшокӣ ва хоҷагию маишии аҳолӣ бояд объектҳои оби аз ифлосшавӣ ва олудашавӣ ҳифзгардида, ки мутобиқати онҳо барои ин мақсадҳо дар асоси хулосаи санитарию эпидемиологӣ муайян мегардад, истифода карда шаванд.
3. Барои объектҳои обе, ки барои эҳтиёҷоти нӯшокӣ ва хоҷагию маишии аҳолӣ истифода бурда мешаванд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон минтақаҳои ҳифзи санитарӣ муқаррар  карда мешаванд.
4. Дар минтақаҳои ҳифзи санитарии манбаъҳои таъмини оби  нӯшокӣ ҷудо кардани  замин барои ҳама намуди сохтмон мувофиқи талаботи қоида ва меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ ва  лоиҳаҳои минтақаи ҳифзи санитарии объекти об муқарраргардида манъ ва ё маҳдуд карда мешавад.
5. Мақоми ваколатдори назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар ҳолатҳои мувофиқат накардани сифати об ба талаботи меъёрҳо ва қоидаҳои санитарӣ уҳдадоранд, чораҳоро ҷиҳати пешгирӣ, боздоштан ва ё манъ кардани истифодаи ин объектҳои об андешанд.
6. Истифодаи обҳои зеризаминии дорои сифати оби нӯшокидошта бидуни эҳтиёҷоти  нӯшокӣ ва хоҷагию маишӣ  манъ аст.
7. Дар минтақаҳое, ки объектҳои обии рӯизаминӣ надоранд, вале захираи обҳои зеризаминии дорои сифати оби нӯшокидошта ба миқдори кофӣ ва муносиб мавҷуд аст, дар ҳолатҳои истисноӣ истифодаи обҳои зеризаминӣ барои мақсадҳои бо таъмини оби нӯшокӣ ва хоҷагию маишӣ алоқаманд набуда дар асоси иҷозат барои истифодаи махсуси об иҷозат дода мешавад.
8. Батанзимдарории дигар асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии муносибатҳо дар соҳаи ба оби нӯшокӣ ва таъмини он алоқаманд ва муқаррар намудани кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов амалӣ карда мешавад.
 
Моддаи 64. Истифодаи объектҳои об бо мақсади табобатӣ, осоишгоҳӣ ва солимгардонӣ
1. Объектҳои обе, ки бо тартиби муқарраргардида ба гурӯҳи табобатӣ дохил гардидаанд, пеш аз ҳама бо мақсади табобатӣ, осоишгоҳӣ ва солимгардонӣ истифода мешаванд. Дар ҳолатҳои истисноӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иҷозат барои истифодаи махсуси об метавонад барои дигар мақсадҳои истифодаи объектҳои оби ба навъи оби табобатӣ мансуб донисташуда дода шавад.
2. Партофтани обҳои партов ба объектҳои об, ки ба навъи оби табобатӣ мансуб дониста шудаанд, манъ аст.
 
Моддаи 65. Истифодаи объектҳои об бо мақсади фароғатӣ
1. Истифодаи объектҳои об бо мақсади фароғатӣ (истироҳат, сайёҳӣ, варзиш) бо дар назар доштани қоидаҳои истифодаи объектҳои об, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тибқи моддаҳои 46 ва 47 Кодекси мазкур муқаррар карда шудаанд, сурат мегирад.
2. Лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозӣ, мавриди истифодадиҳӣ ва истифодаи бино, иморатҳо ва иншооти фароғатӣ, аз ҷумла иншоот барои ташкили мавзеи оббозӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд.
 
 
 
  • 66. Истифодаи объектҳои об барои истеҳсоли  неруи барқ
1. Истифодаи объектҳои об барои истеҳсоли неруи барқ бо дар назар доштани манфиатҳои дигар истифодабарандагони об ва бо риояи талаботи истифодаи оқилона ва ҳифзи объектҳои об амалӣ мегардад.
2. Истифодабарандагони об, ки иншооти гидроэнергетикиро истифода мебаранд, уҳдадоранд, ки низоми коркард ва пуркунии обанборҳоро бо дар назар доштани афзалияти эҳтиёҷоти нӯшокӣ ва хоҷагию маишии аҳолӣ, инчунин мувофиқи қоидаҳои истифодабарии обанборҳо, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими истифодаи захираҳои об тасдиқ мегарданд, таъмин намоянд.
3. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мувофиқа бо соҳибмулкон метавонанд имкониятҳои муҳандисии каналҳо ва дигар иншооти гидротехникии таъиноти гуногунро барои истеҳсоли неруи барқ истифода баранд, агар он ба таъиноти асосии ин иншоот ва муҳити зист зарар нарасонад.
 
Моддаи 67. Истифодаи объектҳои об барои талаботи кишоварзӣ
1. Истифодаи объектҳои об барои эҳтиёҷоти соҳаи кишоварзӣ бо тартиби истифодаи умумӣ ва махсус амалӣ карда мешавад.
2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд иншооти хоҷагии обро бо мақсади таъмин ва нигоҳдории низоми муносиби обӣ барои зироати хоҷагӣ дар заминҳои кишоварзӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба обёрӣ ва беҳдошти замин истифода намоянд.
3. Истифодаи об дар соҳаи кишоварзӣ бо мақсади пешбурди истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал, обёрии қитъаҳои наздиҳавлигӣ,шустани заминҳои шӯр, намнокгардонии заминва дигар заруратҳои кишоварзӣ амалӣ мегардад.
4. Истифодаи об аз системаҳои обёрӣ, обшоргардонӣ ва обёрию обшоргардонӣ мувофиқи нақшаҳои истифодаи об дар асоси шартномаҳои байни обрасон ва истифодабарандагони обамалӣ карда мешавад.
5. Нақшаҳои истифодаи об тасдиқ карда мешаванд:
- дар сатҳи дохилии хоҷагӣ - аз тарафи ассотсиатсияи истифодабарандагони об;
- дар сатҳи байнихоҷагӣ - аз тарафи идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ;
- дар сатҳи ҳавзавӣ - аз тарафи  ташкилоти ҳавзавии дарёҳо.
6. Тағйир додани ҳаҷм ва муҳлатҳои таъмини об ба истифодабарандагони об бо дар назар доштани низоми объекти об, мавҷудияти захираҳои об дар объекти об, шароити обу ҳаво ва омилҳои дигар мувофиқимеъёрҳои муқаррагардида анҷом дода мешавад.
7. Обёрии заминҳо бо обҳои партов бо мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи муҳити зист тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда мешавад.
8. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки объектҳои обро барои эҳтиёҷоти кишоварзӣ истифода мебаранд, уҳдадоранд, ки қоидаҳои истифодабари (хизматрасони)-и системаҳои мелиоративӣ ва иншооти хоҷагии оби алоҳидаро риоя намоянд.
9. Аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ худсарона танзим намудани иншооти гидротехникӣ дар каналҳо ва обанборҳои таъиноти байнихоҷагидошта, ки моликияти онҳо намебошанд, бо мақсади зиёд ё кам кардани масрафи об, инчунин дар онҳо васл намудани сарбандҳои муваққатӣ, пойгоҳҳои обкашӣ ва дигар иншооту дастгоҳҳо манъ аст.
10. Партофтани об аз толобҳо, каналҳо ва дигар иншооти обёрикунанда ба объектҳои об бе иҷозат барои истифодаи махсуси об манъ аст.
11. Чорворонӣ,рафтуомади воситаҳои техникӣ тавассути дастгоҳу иншооти хоҷагии об ва инчунин истифодаи иншооти хоҷагии об барои обдиҳии чорво дар ҷойҳои барои чунин мақсадҳо ҷудогардидаиҷозат дода мешаванд.
12. Батанзимдарории дигар асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии муносибатҳои ба соҳаи мелиоратсия ва обёрии кишоварзӣ алоқаманд дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мелиоратсия ва обёрӣ таъмин мегардад.
 
Моддаи 68. Истифодаи объектҳои об бо мақсади саноатӣ
1. Истифодабарандагони об, ки объектҳои обро бо мақсади саноатӣ истифода мебаранд, уҳдадоранд, меъёрҳои технологӣ ва қоидаҳои истифодаи обро риоя намуда, барои кам кардани хароҷоти об ва қатъ кардани партофтани обҳои партов бо роҳи такмили технологияи истеҳсолот ва нақшаи обтаъминкунӣ (истифодаи равандҳои технологии беоб, таъмини об бо усули гардиш ва дигар усулҳои технологӣ) тадбирҳо андешанд.
2. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҳолатҳои офати табиӣ, садамаҳо, камобӣ ва дигар ҳолатҳои махсус ҳуқуқ доранд истифодаи оби нӯшокиро бо мақсади саноатӣ аз шабакаҳои коммуналӣ маҳдуд ё манъ кунанд ва аз хатҳои оби хоҷагию нӯшокии идоравӣбарои дар навбати аввал қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва маишӣ муваққатан маҳдуд намоянд.
3. Обҳои зеризаминӣ, ки ба навъи оби нӯшокӣ ё табобатӣ мансуб дониста нашудаанд, метавонанд тибқи тартиби муқарранамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои обтаъминкунии техникӣ аз онҳо ҷудо карда гирифтани унсурҳои кимиёвии дар таркибашон мавҷуда, ба даст овардани неруи гармӣ ва дигар эҳтиёҷоти истеҳсолӣ бо риояи талаботи истифодаи сарфакорона ва ҳифзи об истифода бурда шаванд.
 
Моддаи 69. Истифодаи объектҳои рӯизаминии об бо мақсади нақлиёти обӣ ва ҳавоӣ
1. Дарёҳо, кӯлу обанборҳо роҳҳои обии истифодаи умумӣ мебошанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки истифодаи онҳо бо ин мақсадҳо пурра ё қисман манъ гардидааст ва ё онҳо барои истифодаи ҷудогона дода шудаанд.
2. Тартиби ба навъи киштигард мансуб донистани роҳҳои обӣ ва қоидаҳои истифодаи онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
3. Тартиби истифодаи объектҳои об барои истгоҳ, парвоз ва фурудоӣ, инчунин барои дигар эҳтиёҷоти нақлиёти ҳавоӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
 
Истифодаи объектҳои обии аҳамияти моҳипарваридошта барои мақсадҳои хоҷагии моҳипарварӣ ва моҳигирӣ, инчунин танзими заминаи ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ амалӣ мегарданд.
 
Моддаи 71. Истифодаи объектҳои об барои эҳтиёҷоти хоҷагии шикор
1. Дар дарёҳо, кӯлҳо ва дигар объектҳое, ки маҳалҳои зисти парандаҳои ёбоии дар об шинокунанда ва ҳайвоноти нодири мӯинадор мебошанд, мақоми ваколатдори давлатӣдар соҳаи танзими истифодаи захираҳои об метавонад ба ташкилотҳои хоҷагии шикор бо дар назар доштани талаботи идораи ҳамгироёнаи захираҳои об ҳуқуқҳои афзалиятнок фароҳам орад.
2. Тартиби истифодаи объектҳои обро барои эҳтиёҷоти хоҷагии шикор (парвариши парандаҳои обӣ, ҳайвоноти мӯинадор, парвариши растаниҳои обӣ ва гузаронидани дигар чорабиниҳои зарурӣ барои пешбурди хоҷагии шикор) мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист таҳия намуда, бо мақоми ваколатдори давлатӣ  дар соҳаи танзими истифодаи захираҳои об, мақоми ваколатдори назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар мақомоти дахлдор мувофиқа менамояд ва аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
 
Моддаи 72. Истифодаи объектҳои об барои эҳтиёҷоти мамнӯъгоҳҳо
3. Тартиби истифодаи оби мамнӯъгоҳҳо тибқи низомномаи мамнӯъгоҳҳо муайян карда мешавад.
4. Гирифтани объектҳои об аз истифодаи мамнӯъгоҳҳо ҳангоми зарурати махсус аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад.
5. Объектҳои об, ки дорои арзиши илмию фарҳангӣ буда, мамнӯъгоҳ эълон гардидаанд, метавонанд бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ёдгориҳои табиат ё фарҳанг  эътироф карда шаванд. Қарор дар бораи ёдгориҳои табиат ё фарҳанг эътироф гардидани объектҳои об ва муқаррар намудани шартҳои махсуси истифодаи онҳо ба маълумоти аҳолӣ ва ташкилотҳои манфиатдор расонида мешавад.
 
1. Гирифтани об барои эҳтиёҷоти зиддисӯхтор ва бартараф намудани ҳолати фавқулода аз ҳамаи объектҳои об иҷозат дода мешавад. Гирифтани об барои сӯхторхомӯшкунӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулодаройгон ва бемамониат дар ҳаҷми барои зиддисӯхтор ва бартараф намудани ҳолати фавқулода зарур амалӣ мегардад.
2. Ғайримақсаднок истифода бурдани обҳои объектҳои об, ки барои эҳтиёҷоти зиддисӯхтор пешбинӣ гардидаанд, манъ мебошад.
 
Моддаи 74. Истифодаи объектҳои об барои партофтани обҳои партов
1. Истифодаи объектҳои об барои партофтани обҳои партови саноатӣ, коммуналию маишӣ, заҳобҳо ва дигар обҳои партов танҳо баъд аз гирифтани иҷозат барои истифодаи махсуси об анҷом дода мешавад. Иҷозат дар асоси ҳуҷҷатҳое, ки зарурат ва имконияти истифодаи объектҳои обро барои обҳои партов асоснок мекунанд, дода мешавад.
2. Партофтани обҳои партов ба объектҳои обии ба навъи оби нӯшокӣ мансуб донисташуда манъ аст.
3. Партофтани оби партов танҳо дар ҳолатҳое иҷозат дода мешавад, ки агар ин амал боиси дар таркиби табиии оби объекти об аз меъёрҳои муқарраргардида зиёд гардидани маводи ифлоскунанда нагардад.
4. Тартиб ва шартҳои истифодаи объектҳои об барои партофтани оби партов тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи ҳифзи муҳити зист муқаррар карда мешаванд.
 
Моддаи 75. Истифодаи обанборҳо
1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии таъминкунандаи коршоямииоблӯлаҳо, иншооти обгузаронӣ ё обгирӣ дар обанборҳо уҳдадоранд, низоми пуркунӣ ва обпартоиро аз обанборҳобо дар назар доштани манфиатҳои муқарраргардидаи обистифодабарандагон ва заминистифодабарандагони дар минтақаҳои таҳти таъсири обанборҳо қарордошта риоя намоянд.
2. Қоидаҳои истифодаи обанборҳо, аз ҷумла обанборҳое, ки таъиноти махсуси стратегӣ доранд, аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими истифодаи захираҳои об дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи мелиоратсия ва обёрӣ ва дигар мақомоти дахлдор тасдиқ карда мешаванд.
3. Ташкил ва ҳамоҳангсозии тадбирҳое, ки ҳолати зарурии техникӣ ва ободонии обанборҳоро таъмин мекунанд, инчунин назоратириояи қоидаҳои истифодабарии онҳо аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими истифодаи захираҳоиоб анҷом дода мешаванд.
4. Муқаррароти қисмҳои 1, 2 ва 3 моддаи мазкур ҳамчунин барои истифодаи кӯл ва дигар махзанҳои об, ки ба сифати обанборҳо истифода мешаванд, татбиқ мегарданд.
5. Номгӯи обанборҳое, ки барои ҳар яке аз онҳо қоидаҳои истифодаи обанборҳо таҳия мегарданд, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраркарда мешавад.
6. Истифодаи обанборҳо, ба истиснои обанборҳое, ки дар қисми 5 моддаи мазкур нишон дода шудаанд, дар асоси қоидаҳои намунавии истифодаи обанборҳо, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегарданд, амалӣ мегардад.
7. Тартиби таҳия, мувофиқа ва тасдиқи қоидаҳои истифодаи обанборҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
 
БОБИ 10. ҲИФЗИ ОБЪЕКТҲОИ ОБ
 
Моддаи 76. Талаботи асосӣ вобаста ба ҳифзи объектҳои об
1. Ҳифзи объектҳои об аз тарафи мақомоти давлатӣ дар доираи ваколати онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, назорати байторӣ ва Кодекси мазкур анҷом дода мешавад.
2. Ҳангоми истифодаи объектҳои об шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадоранд, ки чорабиниҳои хоҷагии об ва ҳифзи объектҳои обро тибқи Кодекси мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист амалӣ намоянд.
 
Моддаи 77. Ҳифзи объектҳои об аз олудашавӣ ва ифлосшавӣ
1. Ба объектҳои об партофтани партовҳои истеҳсолӣ, истеъмолӣ ва дигар партовҳо, ки ба сифати об зарар мерасонанд, манъ аст.
2. Соҳибмулкони воситаҳои нақлиёти обӣ, лӯлакашҳо, иншооти шинокунанда ва дигар иншооте, ки дар объектҳои об ҷойгиранд, уҳдадоранд, ба олудашавӣ ва ифлосшавии обҳо, ки дар натиҷаи партофтани равғанҳо, маҳсулоти кимиёвӣ ва нафтӣ ба вуҷуд меоянд, роҳ надиҳанд.
3. Чораҳо вобаста ба пешгирии ифлосшавии объектҳои об дар натиҷаи садамаҳо ва дигар вазъиятҳои фавқулода ва бартарафсозии оқибатҳои онҳо дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.  
4. Мавҷудияти моддаҳои радиоактивӣ, заҳрхимикатҳо (пеститсидҳо), агрохимикатҳо ва дигар моддаҳои ба саломатии инсон хатарнок дар объектҳои об набояд аз ҳадди имконпазири радиатсионии табиии хоси объектҳои оби алоҳида ва дигар меъёрҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд бошанд.
5. Дар объектҳои об гӯронидани моддаҳои радиоактивӣ ва заҳрнок манъ аст.
6. Ба объектҳои об партофтани обҳои партов, ки дар таркибашон  моддаҳои радиоактивӣ, заҳрхимикатҳо (пеститсидҳо), агрохимикатҳо ва дигар  моддаҳои барои саломатии инсон хатарнок ва пайвастагиҳое, ки аз меъёрҳои ҳадди имконпазири таъсир ба объектҳои об зиёд ҳастанд, манъ аст.
7. Гузаронидани корҳои таркишӣ, ки дар натиҷаи он моддаҳои радиоактивӣ ва ё заҳролуд дар объектҳои об ҷудо мешаванд, манъ аст. 
 
Моддаи 78. Ҳифзи пиряхҳо ва барфтӯдаҳо аз олудашавӣ ва ифлосшавӣ
1. Ифлоскунии пиряхҳо, барфтӯдаҳо бо партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ, бо маҳсулоти нафтӣ, заҳрхимикатҳо (пеститсидҳо) ва дигар моддаҳои зараровар манъ аст.
2. Гирифтани ях аз пиряхҳо набояд ба ҳолати объектҳои об таъсири манфӣ расонида, ба коҳишёбии захираҳои об оварда расонад.
 
Моддаи 79. Ҳифзи объектҳои зеризаминии об
1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки фаъолияти онҳо метавонад ба вазъи обҳои зеризаминӣ таъсири манфӣ расонад, уҳдадоранд, чораҳоро ҷиҳати пешгирии ифлосшавӣ, олудашавии объектҳои об ва коҳишёбии обҳо татбиқ намуда, инчунин меъёрҳои муқарраргардидаи ҳадди имконпазири таъсир ба объектҳои обии зеризаминиро риоя намоянд. 
2. Дар майдонҳои обҷамъшавандаи объектҳои зеризаминӣ, ки барои эҳтиёҷоти нӯшокӣ ва хоҷагию маишии аҳолӣ истифода мешаванд ё метавонанд истифода шаванд, ҷойгир намудани объектҳои партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ, қабристонҳо, макони дафни чорво ва дигар объектҳое, ки ба обҳои зеризаминӣ таъсири манфӣ мерасонанд, манъ аст.  
3. Истифодаи обҳои партов барои обёрӣ ва нуриандозии заминҳо дар қитъаҳои обҳои зеризаминашон ба сатҳи замин наздик тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи назорати экологӣ ва санитарию эпидемиологӣ сурат мегирад.
4. Агар дар ҳолати истифодаи қаър қабати обҳои зеризаминӣ  ошкор гарданд, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадоранд, фавран ба мақоми ваколатдори давлатӣ  дар соҳаи танзими истифодаи захираҳои об хабар расонида, тибқи тартиби муқарраргардида чораҳоро вобаста ба ҳифзи обҳои зеризаминӣ аз ифлосшавӣ ва коҳишёбӣ татбиқ намуда, чоҳҳои худҷоришавандаро бо дастгоҳҳои танзимкунанда ва воситаҳои назоратӣ муҷаҳҳаз намоянд.
5. Ҳангоми лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозӣ, ба истифода супоридан, истифодаи иншооти обгирии алоқаманд ба истифодаи объектҳои обии зеризаминӣ бояд чораҳои дахлдор оид ба пешгирии таъсири манфии чунин иншоот ба объектҳои об ва дигар объектҳои муҳити зист пешбинӣ карда шаванд.
 
Моддаи 80. Ҳифзи объектҳои об ҳангоми лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозӣ, ба истифода супоридан ва истифодаи низоми хоҷагии об
1. Ҳангоми лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозӣ, ба истифода супоридан ва истифодаи низоми хоҷагии об, ҷорӣ намудани равандҳои технологии нав бояд таъсири онҳо ба ҳолати объектҳои об ба инобат гирифта шуда, меъёрҳои ҳадди имконпазири таъсир ба объектҳои об, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя карда шаванд.  
2. Ба истифода супоридани объектҳои барои обёрӣ ва нуриандозии заминҳо ба воситаи обҳои партов пешбинишуда  бе ташкил намудани нуқтаҳои назоратии низоми об ва сифати он дар объектҳои обӣ роҳ дода намешавад.
3. Лоиҳакашии системаҳои техникии обтаъминкунии худҷорӣ манъ аст.
4. Ҳангоми истифодаи низоми хоҷагии об анҷом додани корҳои зерин манъ аст:
- ба объектҳои об партофтани обҳои партов, ки мавриди тозакунии санитарӣ, безараркунӣ  қарор нагирифтаанд (бо дар назар доштани роҳ надодан ба афзоиш аз меъёрҳои ҳадди имконпазири таъсир ба объектҳои об ва меъёрҳои ҳадди ғилзати моддаҳои хатарнок дар объектҳои об);
- гирифтани захираҳои об аз объектҳои об дар ҳаҷме, ки ба объекти об таъсири манфӣ мерасонад;
- ба объектҳои об партофтани обҳои партови таркибашон дорои ангезандаҳои бемориҳои сирояткунанда ва моддаҳои зараровар, ки барои онҳо меъёрҳои ҳадди имконпазири ғилзат муқаррар нагардидаанд.  
5. Вайрон намудани талаботи истифода ва ҳифзи объектҳои об боиси маҳдуд, боздоштан ва ё манъи истифодаи иншооти низоми хоҷагии об бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.
 
Моддаи 81. Ҳифзи объектҳои об ҳангоми анҷом додани корҳо
1. Гузаронидани корҳои сохтмонӣ, қаъркоркунӣ, таркишӣ, пармакунӣ ва дигар корҳои ба ин хос, ки бо тағйирёбии қаър ва соҳилҳои объектҳои об алоқаманданд, дар минтақаҳои ҳифзи обии онҳо тибқи талаботи қонунгузории об ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешаванд.
2. Истифодабарандагони об, ки объектҳои обро барои гирифтани захираҳои об истифода мебаранд, уҳдадоранд, ҷиҳати пешгирии афтодани моҳиҳо ба иншооти обгирӣ чораҳо андешида, чорабиниҳоро оид ба пешгирии олудашавии обҳои зеризаминӣ ва баландшавии сатҳи онҳо амалӣ созанд.
3. Обёрӣ, аз ҷумла бо истифода аз обҳои партове, ки сифаташон ба талаботи меъёрии ҳадди имконпазири таъсир ба объектҳои об мувофиқат мекунад, хушккунӣ ва дигар корҳои мелиоративӣ бояд ҳамзамон бо амалигардонии чорабиниҳо оид ба ҳифзи муҳити зист, ҳифзи объектҳои об ва майдонҳои обҷамъкунии онҳо гузаронида шаванд.
4. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки  фаъолияти онҳо ба корҳои сохтмонӣ, қаъркоркунӣ, таркишӣ, пармакунӣ ва дигар корҳои ба ин хос, ки бо тағйирёбии қаър ва соҳили объектҳои об  алоқаманд аст, уҳдадоранд, чорабиниҳоро оид ба ҳифзи объектҳои об, пешгирии онҳо аз олудашавӣ ва ифлосшавӣ татбиқ намоянд.  
 
Моддаи 82. Ҳифзи объектҳои об ҳангоми истифодаи онҳо барои истеҳсоли неруи барқ
1. Истифодабарандагони об, ки объектҳои обро барои таъмини эҳтиёҷоти технологии  неруи барқии гармидиҳӣ истифода мебаранд, уҳдадоранд, низоми ҳароратии объектҳои обро риоя намоянд. 
2. Истифодаи объектҳои об барои истеҳсоли  неруи барқ аз тарафи объектҳои гидроэнергетикӣ бо дар назар доштани манфиатҳои дигар истифодабарандагони об, риояи талабот нисбати истифода ва ҳифзи объектҳои об, талабот ба нигоҳдории захираҳои биологии обӣ ва дигар объектҳои олами наботот ва ҳайвонот, талабот оид ба пешгирии таъсири манфии обҳо ва бартарафсозии оқибатҳои онҳо амалӣ карда мешавад.
4. Тартиби муайян намудани минтақаҳои муҳофизатӣ барои объектҳои номбаршуда, шартҳои махсуси истифодаи об ва истифодаи қитъаҳои паҳнои соҳилҳо (аз ҷумла дар қитъаҳои ҳамсарҳади иншооти гидроэнергетикӣ) дар сарҳади онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
 
Моддаи 83. Ҳавзаҳо ва минтақаҳои ҳифзи санитарии объектҳои обе, ки захираҳои обиашон табобатӣ мебошанд
1. Бо мақсади ҳифзи объектҳои обе, ки захираҳои обиашон табобатӣ мебошанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавзаҳо ва минтақаҳои ҳифзи санитарӣ муқаррар карда мешаванд.
2. Гирифтани минтақаҳои санитарии объектҳои обии захираҳои обиашон табобатӣ барои дигар эҳтиёҷот манъ аст.
 
Моддаи 84. Минтақаҳои ҳифзи об ва хатҳои муҳофизатии наздисоҳилӣ
1. Минтақаҳои ҳифзи об ҳудуде мебошад, ки ба соҳили (ҳудуди объекти об) дарёҳо, сойҳо, каналҳо, кӯлҳо, обанборҳо ҳамшафат буда, дар он низоми махсуси амалӣ намудани хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият бо мақсади пешгирии ифлосшавӣ, олудашавӣ,  лойқанокшавии объектҳои оби номбаршуда ва коҳишёбии оби онҳо, инчунин ҳифзи муҳити зисти захираҳои биологӣ ва дигар объектҳои олами набототу ҳайвонот муқаррар карда мешавад.
2. Дар сарҳади минтақаҳои ҳифзи об хатҳои муҳофизатии наздисоҳилӣ муқаррар карда мешаванд, ки дар ҳудуди онҳо маҳдудияти иловагии фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият ҷорӣ карда мешавад.
3. Ба минтақаҳои ҳифзи об мансубанд:
- минтақаҳои ҳифзи санитарии объектҳои оби рӯизаминӣ ва зеризаминӣ, ки барои гирифтани об бо мақсади эҳтиёҷоти нӯшокӣ ва хоҷагию маишии аҳолӣ истифода мешаванд;
- минтақаҳои ҳифзи оби дарёҳо, каналҳо, кӯлҳо ва обанборҳо.
4. Минтақаҳои ҳифзи санитарии объектҳои об, минтақаҳои ҳифзи оби дарёҳо, сойҳо, каналҳо, кӯлҳо, обанборҳо ва хатҳои муҳофизатии наздисоҳилӣ дар маҳалҳо тибқи лоиҳаҳои аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, мақоми ваколатдори назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи мелиоратсия ва обёрӣ ва мақоми ваколатдори давлатии батанзимдарории муносибатҳо вобаста ба замин таҳиягардида муқаррар карда мешаванд. Лоиҳаҳои минтақаҳои ҳифзи об, ки аз ҷумла хатҳои муҳофизатии наздисоҳилиро дар бар мегиранд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё бо дастури он аз тарафи  мақоми ба ин ваколатдоршуда тасдиқ карда мешаванд.
5. Минтақаҳои ҳифзи об, ки таҳти салоҳияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қарор доранд, бо ҳамон тартиб ва дар сатҳи дахлдор дар маҳалҳо муқаррар гардида, лоиҳаҳо аз тарафи  сохтори маҳаллии мақомоти дахлдори давлатӣ тасдиқ карда мешаванд.
6. Дар сарҳади минтақаҳои ҳифзи об амалҳои зерин манъ аст:
- истифодаи обҳои партов бо мақсади батанзимдарории ҳосилнокии хок;
- ҷойгиркунии қабристонҳо, макони дафни ҳайвонот, объектҳои нигоҳдории партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ, моддаҳои тарканда, кимиёвӣ, заҳрнок ва заҳролуд, нуқтаҳои гӯронидани партовҳои радиоактивӣ;
- амалигардонии чораҳои ҳавопаймоӣ оид ба мубориза бо организмҳои зараровар;
- ҳаракат ва истгоҳи воситаҳои нақлиёт (ба ғайр аз воситаҳои нақлиёти махсус), ба истиснои ҳаракати онҳо дар роҳҳо ва истгоҳҳо, дар ҷойҳои махсусгардонидашуда, ки дорои фарши сахт ҳастанд;
- ҷойгиркунии нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, анборҳои маводи сӯзишворӣ-молиданӣ, пойгоҳҳои хизматрасонии техникӣ, ки барои назорат ва таъмири воситаҳои нақлиётӣ истифода мешаванд, шустушӯи воситаҳои нақлиётӣ;
- ҷойгиркунии анбори заҳрхимикатҳо (пеститсидҳо) ва агрохимикатҳо, истифодаи заҳрхимикатҳо (пеститсидҳо) ва агрохимикатҳо;
- партофтани обҳои партов;
- иктишоф ва истихроҷи канданиҳои фоиданоки  маъмул (ба истиснои ҳолатҳое, ки агар иктишоф ва истихроҷи канданиҳои фоиданоки маъмул аз тарафи истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ амалӣ гарданд. Иктишоф ва истихроҷи дигар намудҳои гуногуни канданиҳои фоиданок дар доираи ҳудуди  ба онҳо ҷудогардида тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сарватҳои зеризаминӣ ва дар асоси лоиҳаи техникии тасдиқгардида амалӣ мегарданд).
7. Дар сарҳади минтақаҳои ҳифзи об лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозӣ, ба истифода супоридан, истифодаи объектҳои хоҷагӣ ва дигар объектҳо бо шарти муҷаҳҳаз гардонидани иншооти чунин объектҳои об, ки таъминкунандаи ҳифзи объектҳои об аз ифлосшавӣ, олудашавӣ ва коҳишёбии об мебошад, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешаванд. Интихоби намуди иншооте, ки ҳифзи объекти обро аз ифлосшавӣ, олудашавӣ, таҳшиншавии обовардҳо ва коҳишёбии об таъмин менамояд, бо дар назар доштани зарурати риояи меъёрҳои ҳадди имконпазири партофтани моддаҳои хатарнок, дигар моддаҳо ва микроорганизмҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист муқарраршуда анҷом дода мешавад.
8. Мафҳуми иншооти таъминкунандаи ҳифзи объектҳои об аз ифлосшавӣ, олудашавӣ, таҳшиншавӣ ва коҳишёбии об барои татбиқи ҳадафҳои моддаи мазкур чунин фаҳмида мешавад:
- системаҳои обпартоии мутамарказ (канализатсия), системаҳои мутамаркази обпартоӣ барои боришот;
- иншоот ва системаҳо барои партофтани обҳои партов ба системаи мутамаркази обпартоӣ (аз ҷумла обҳои борон, барфобҳо, обҳоиинфилтратсионӣ, обёрикунанда, заҳобҳо), агар онҳо барои қабул намудани ин обҳо пешбинӣ шуда бошанд;
- иншооти обпартои алоҳида барои тозакунии обҳои партов (аз ҷумла обҳои борон, барфобҳо, обҳои инфилтратсионӣ, обёришаванда ва заҳобҳо), ки поксозии онҳо дар асоси меъёрҳои муқаррарнамудаи талаботиқонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва Кодекси мазкур анҷом дода мешавад;
- иншоот барои ҷамъоварии партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ, инчунин иншоот ва системаҳо барои партофтани обҳои партов (аз ҷумла обҳои борон, барфобҳо, обҳои инфилтратсионӣ, обёрикунанда ва заҳобҳо) дар обқабулкунандаҳое, ки аз маводи обногузар сохта шудаанд.
9. Муқаррар намудани ҳудуди минтақаҳои ҳифзи обҳо ва ҳудуди хатҳои муҳофизатии наздисоҳилии объектҳои об, аз ҷумла тавассути нишонаҳои махсуси маълумотӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
 
Моддаи 85. Объектҳои оби махсус ҳифзшаванда
1. Объектҳои об ё қисми онҳо, ки дорои аҳамияти экологӣ, илмӣ, фарҳангӣ, эстетикӣ, фароғатӣ (истироҳат, сайёҳӣ, варзиш) ва табобатӣ мебошанд, метавонанд объектҳои обии махсус ҳифзшаванда эътироф карда шаванд.
2. Мақом, реҷаи махсус ҳифзшаванда ва сарҳади ҳудудҳо, ки дар доираи он объектҳои оби дар қисми 1 моддаи мазкур нишондодашуда ҷойгиранд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи минтақаҳои табиии махсус ҳифзшаванда муқаррар карда мешаванд.
3. Низоми махсуси истифодаи объекти об ё қисми он, ки дар доираи ҳудуди он объекти мероси бостоншиносӣ ҷойгир аст, имконияти пешбурди корҳои пешбининамудаи Кодекси мазкурро ба шарти таъмини ҳифзи объекти мероси бостоншиносӣ, ки ба феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудааст ва ё ошкорсозии объекти мероси бостоншиносӣ, инчунин таъмини дастрасии шаҳрвандон ба ин объектҳо ва гузаронидани корҳои саҳроии бостоншиносӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд.
 
Моддаи 86. Минтақаҳои офати экологӣ ва минтақаҳои хавфнок вобаста ба ҳолатҳои фавқулода дар объектҳои об
1. Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенидошта объектҳои об ва ҳавзаҳои дарёҳое, ки дар онҳо тағйироти дар натиҷаи рӯй додани ҳодисаҳои техногенӣ ва табиӣ ба миён омада ҳаёт ва саломатии аҳолӣ, объекти олами наботот ва ҳайвонот, дигар объектҳои муҳити зистро ба хавф мегузоранд, метавонанд минтақаҳои офати экологӣ ва минтақаҳои ҳолати фавқулода эълон карда шаванд.
2. Барои пешгирии таъсири манфии обҳо ҳангоми ба амал омадани вазъияти фавқулода ва бартарафсозии ин оқибатҳо метавонад хоки қаър тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенидошта истифода гардад.
 
Моддаи 87. Пешгирии таъсири манфии обҳо ва бартарафсозии оқибатҳои он
1. Бо мақсади пешгирии таъсири манфии об (обхезӣ, зериобмонӣ, вайроншавии соҳилҳои объектҳои об, ботлоқшавӣ) ва бартарафсозии оқибатҳои он чораҳои муҳофизатии махсус, аз ҷумла соҳилмустаҳкамкунӣ ва чораҳои ҳифзи зидди сел тибқи Кодекси мазкур  ва дигар санадҳои қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.
2. Ҷойгир кардани маҳалҳои нави аҳолинишин ва сохтмони объектҳои асосӣ бидуни гузаронидани чораҳои муҳофизатии махсус оид ба пешгирии таъсири манфии об дар ҳудуди минтақаҳои обхезӣ, зериобмонӣ манъ аст.
3. Дар доираи минтақаҳои обхезӣ, зериобмонӣ чунин амалҳо манъ аст:
- истифодаи оби партов бо мақсади танзими ҳосилхезии хок;
- ҷойгир намудани қабристонҳо, макони дафни ҳайвонот, иншооти ҷойгиркунии партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ, кимиёвӣ, моддаҳои тарканда, заҳрнок, заҳролуд ва нуқтаҳои нигоҳдорӣ, гӯронидани партовҳои радиоактивӣ;
- татбиқи чораҳои авиатсионии мубориза бо организмҳои зараровар.
4. Сарҳади минтақаҳои обхезӣ ва зериобмонӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода бо иштироки сохтори дахлдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот муайян карда мешавад.
5. Тадбирҳо оид ба пешгирии таъсири манфии об ва кам намудани таъсири он ба объектҳои об аз ҷониби мақомоти дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракуниишаҳрак ва деҳот, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонваколатдор гардидаанд, амалӣ карда мешаванд.
 
БОБИ 11. ҲАЛЛИ БАҲСҲО ДАР СОҲАИ МУНОСИБАТҲО ВОБАСТА БА ОБ
 
Моддаи 88. Ҳалли баҳсҳо дар соҳаи муносибатҳо вобаста ба об
Баҳсҳо дар соҳаи муносибатҳо вобаста ба об байни иштирокдорони муносибатҳо вобаста ба об тариқи гуфтушуниди тарафҳо, баррасии онҳо дар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои миллии об, шӯрои ҳавзавии дарёҳо, мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими истифода ва ҳифзи захираҳои об, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоте, ки аз тарафи шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои истифодабарандагони об таъсис дода шудаанд, дар доираи ваколаташон ва ё дар судҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории ҶумҳурииТоҷикистон баррасӣ карда мешаванд.
 
Моддаи 89. Тартиби ҳалли баҳсҳои молумулкӣ дар соҳаи муносибатҳо вобаста ба об
Баҳсҳои молумулкӣ дар соҳаи муносибатҳо вобаста ба об тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии  Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.
 
БОБИ 12. ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР СОҲАИ МУНОСИБАТҲО ВОБАСТА БА ОБ
 
Моддаи 90. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи муносибатҳо вобаста ба об
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ оид ба муносибатҳо вобаста ба об зарурати таъмини рушди устувори иқтисодиёти миллӣ, истифодаи самаранок, сарфакорона ва ҳифзи захираҳои обро дар асоси риояи принсипҳои ҳуқуқи байналмилалии об, тавсеаи ҳамкориҳои муфид ва дӯстона бо давлатҳои хориҷӣ, таъмини бехатарии умумии экологӣ, инкишофи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи муносибатҳо вобаста ба об ба асос мегирад.
 
Моддаи 91. Асосҳои иқтисодии муносибатҳо вобаста ба об бо дигар давлатҳо
Асосҳои иқтисодии муносибатҳо вобаста ба об бо дигар давлатҳо дар заминаи созишномаҳои байнидавлатӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, муқаррар карда мешаванд.
 
БОБИ 13. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
 
Моддаи 92. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Кодекси мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Кодекси мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 93. Ҷуброни зараре, ки ба объектҳои об расонида шудааст
  1.  
2. Усулҳои ҳисоб намудани андозаи зараре, ки ба объектҳои об дар натиҷаи риоя накардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
 
Моддаи 94. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2000, №34 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2000, №11, мод. 510; с. 2006, №3, мод. 164; с. 2008, № 3, мод. 200; с. 2009, №12, мод. 824; с. 2011, № 6, мод. 455; с. 2012, №4, мод. 271), аз эътибор соқит дониста шавад.
 
Моддаи 95. Тартиби мавриди амал қарор додани Кодекси мазкур
Кодекси мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                    Эмомалӣ Раҳмон
 
ш. Душанбе, 2 апрели 2020 № 1688.