Асосӣ |
Харитаи сомона |
Тамосҳо |
|
|
ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА
ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
- КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
-
Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),
Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.
БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)
Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.
ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ
ҶАДВАЛИ САНАДҲО
ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»
Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.
Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.
Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)
САТРИ «НОМ»
Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.
САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»
Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.
Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.
Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.
Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.
Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.
ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»
Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.
ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)
- КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ
-
Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.
Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таснифгар | Рақам | Ном | Мақомот |
Сана![]() |
Ҳолат | Замима |
---|---|---|---|---|---|---|
Қонун | 1920 | ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН | Маҷлиси Олӣ | 23.02.2023 | Амалкунанда |
![]() ![]() ![]() |
Таснифгар | Рақам | Ном | Мақомот |
Сана![]() |
Ҳолат | Замима |
---|---|---|---|---|---|---|
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон | 1921 | ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САВДОИ ЭЛЕКТРОНӢ | Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон | 24.12.2022 | Амалкунанда |
![]() ![]() ![]() |
Таснифгар | Рақам | Ном | Мақомот |
Сана![]() |
Ҳолат | Замима |
---|---|---|---|---|---|---|
Қонун | 1923 | ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҚАРЗИ ДАВЛАТӢ ВА ҚАРЗИ АЗ ҶОНИБИ ДАВЛАТ КАФОЛАТДОДАШУДА | Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон | 24.12.2022 | Амалкунанда |
![]() ![]() ![]() |
Феврал 2020
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИСТИФОДАИ ЭНЕРГИЯИ АТОМӢ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ИСТИФОДАИ ЭНЕРГИЯИ АТОМӢ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2004, №12, қ-1, мод. 696)
Маҷлиси намояндагон 10-уми ноябри соли 2004 қабул кардааст
Маҷлиси миллӣ 25-уми ноябри соли 2004 ҷонибдорӣ намудааст
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва принсипҳои танзими муносибатҳои ҷамъиятиро, ки ҳангоми истифодаи энергияи атомӣ ба миён меоянд, муайян намуда, ба ҳимояи саломатӣ ва ҳаёти одамон, ҳифзи муҳити зист, таъмини реҷаи паҳн накардани аслиҳаи ядроӣ, бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ, ҳифзи моликият ҳангоми истифодаи энергияи атомӣ равона шуда, ба инкишофи илму техникаи атомӣ ва пойдор гаштани низоми байналмилалии истифодаи бехатарии энергияи атомӣ мусоидат менамояд.
Боби 1. Муқаррароти умумӣ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
танзими давлатӣ - фаъолияти мақоми ваколатдори давлатӣ дар таҳия, тасдиқ ва татбиқи меъёр ва қоидаҳои бехатарии ядроиву радиатсионӣ, ба амал баровардани назорат ва додани иҷозатнома (литсензия) ба намудҳои фаъолияте, ки бо истифодаи энергияи атомӣ алоқаманданд;
назорат – амале, ки мақоми ваколатдори давлатӣ ва ташкилотҳои истифодабаранда ба таври доимӣ барои тафтиши иҷрои талаботи меъёр, қоидаҳо ва дастуруламалҳо анҷом медиҳанд;
санҷиш – амале, ки мақоми ваколатдори давлатӣ барои тафтиши иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартҳои иҷозатнома (литсензия) ва шартномаҳои байналмилалӣ дар доираи салоҳияти худ ба мақсади танзими раванди истифодаи энергияи атомӣ анҷом медиҳад;
маҳали ҷойгиршавӣ - иншоот ва сохтмонҳои доимии махсус, ки барои нигоҳдории маводи радиоактивӣ ё гӯронидани партовҳои радиоактивӣ пешбинӣ шудаанд;
энергияи атомӣ – энергияе, ки дар ҷараёни табдилшавии ядроҳои атом хориҷ мегардад. Манбаи энергияи атомӣ энергияи дохилии ядрои атом мебошад, ки бо таъсири мутақобила ва ҳаракати протонҳо ва нейтронҳо дар дохили ядро алоқаманд аст;
истифодабарии энергияи атомӣ – энергияи атомӣ, ки ҳангоми амалӣ кардани реаксияҳои занҷирии ядроӣ ва термоядроии идорашавандаи намуди таркиш (бомбаи ядроӣ ва термоядроӣ), инчунин реаксияҳои идорашавандаи танзимкунии дараҷаи ҷудошавии энергияи (реакторҳои атомӣ) ба вуҷуд меояд. Дар ин ҷо дар зери истифодабарии энергияи атомӣ, ҳамчунин истифодаи энергияи коҳиши радиоактивии манбаъҳои афканишоти иондоркунанда ва моддаҳои радиоактивӣ фаҳмида мешавад;
партовҳои радиоактивӣ – мавод ва моддаҳои дар ҳар ҳолати дилхоҳи агрегатӣ, ки миқдор ва дараҷаи ѓилзати (консентратсии) маводи радиоактивии ба андозаи муқарраргардидаи санадҳои меъёрии муқарраркарда аҳамияти баланд дошта, ки дар натиҷаи фаъолияти хоҷагӣ ба вуҷуд омадаанд ва минбаъд қобили истифода нестанд;
ашёи махсуси ѓайриядроӣ - ашёе, ки бо санадҳои зерқонунӣ вобаста ба талаботи низоми ҳуқуқии байналмилалии танзими содироти ядроӣ ҳамин тавр муайян шудаанд;
мол ва хизматрасонӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ - дастгоҳҳо, таҷҳизот, технологияи ядроӣ, маводи радиоактивӣ, масолеҳи махсуси ѓариядроие, ки барои истеҳсоли масолеҳи ядроӣ истифода мешаванд, манбаъҳои афканишоти иондоркунанда, инчунин хизмати марбут ба онҳо;
сатҳи бозпас гирифтан - маҷмӯи андозаҳое, ки дар воҳидҳои фаъолият ифода ёфта, манбаъҳои афканишоти радиоактивӣ ва иондор дар он воҳид ё камтар аз он метавонанд мувофиқи меъёрҳои амалкунанда аз назорат хориҷ карда шаванд;
ҳифзи физикии маводи ядроӣ ва таҷҳизоти ядроӣ - системаи ягонаи тадбирҳои ташкилӣ ва техникие, ки ба пешгирии дастрасии беиҷозати ашхос ба маводу таҷҳизоти ядроӣ равона шудаанд;
нигоҳдорӣ – ҷойгиркунии муваққатии маводи радиоактивӣ ва партовҳои радиоактивӣ, ки дар ҷойҳои махсуси омодагардида (аз ҷумла дар контейнерҳои махсус), ки имконияти баровардани онҳо барои истифода, коркард ё гӯронидан пешбинӣ шудааст;
ташкилоти истифодабаранда-ташкилоте, ки барои истифодаи энергияи атомӣ иҷозатномаи (литсензияи) мақоми ваколатдори давлатиро дорад;
бехатарии ядроӣ – хосияти объекти ядроӣ, ки бо эҳтимолияти муайян имконнопазир будани садамаи ядроиро таъмин менамояд;
дастгоҳҳои ядроӣ- реакторҳои ядроӣ, аз ҷумла реакторҳои истгоҳҳои атомӣ, асбобҳои кайҳонӣ ва парвозкунанда, воситаҳои нақлиёт, реакторҳои саноатӣ ва тадқиқотии таҷрибавӣ, стендҳои ядроӣ, ҳар гуна иншоот, маҷмӯаҳо, дастгоҳҳо, таҷҳизот ва воситаҳои техникӣ барои истеҳсол, истифода, коркард, ҳамлу нақл ва ҷойгиркунии маводи ядроӣ.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Принсипҳои асосӣ ва вазифаҳои танзими ҳуқуқӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ
1. Принсипҳои асосии танзими ҳуқуқӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ аз инҳо иборатанд:
- таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ ҳангоми истифодаи энергияи атомӣ, муҳофизати аҳолӣ ва муҳити зист аз хатари радиатсионӣ;
- дастрас, объективӣ ва сари вақтӣ будани иттилооти марбут ба истифодаи энергияи атомӣ ва таъсири он ба аҳолӣ ва муҳити зист ба шарте, ки ин иттилоот маълумоти сирри давлатӣ надошта бошанд;
- иштироки шаҳрвандон, ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ѓайритиҷоратӣ (минбаъд ташкилотҳо), шахсони дигари ҳуқуқӣ дар муҳокимаи сиёсати давлатӣ, лоиҳаҳои қонунҳо ва санадҳои дигари ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар фаъолияти амалӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ;
- манъи гӯронидани партовҳои радиоактивии давлатҳои дигар дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таъмини назорати давлатӣ ва санҷиши бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ ҳангоми истифодаи энергияи атомӣ;
- таъмини ҳифзи иҷтимоии кормандони объектҳои истифодаи энергияи атомӣ, инчунин аҳолие, ки дар минтақаи ҷойгиршавии онҳо зиндагӣ ва кор мекунанд;
- додани товони зараре, ки аз таъсири радиатсия расидааст.
2. Вазифаҳои асосии танзими ҳуқуқии муносибатҳое, ки ҳангоми анҷоми ҳамаи намудҳои фаъолият дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ ба вуҷуд меоянд, инҳоянд:
- ташкили асосҳои ҳуқуқии низоми идораи давлатии истифодаи энергияи атомӣ ва низоми танзими давлатии бехатарӣ ҳангоми истифодаи энергияи атомӣ;
- муқаррар намудани ҳуқуқ, ӯҳдадорӣ ва масъулияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ташкилотҳо ва шахсони дигари ҳуқуқӣ ва шаҳрвандон.
3. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама гуна фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар истифодаи энергияи атомӣ бо мақсади таҳия, сохтан, истеҳсол намудан, озмоиш, нигоҳдорӣ ва паҳн намудани силоҳи ядроӣ қатъиян манъ аст.
Моддаи 4. Объектҳо ва субъектҳо дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ
1. Объектҳо дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ инҳоянд:
- дастгоҳҳои ядроӣ;
- маҳали нигоҳдории маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ, партовгоҳҳои радиоактивӣ, объектҳо ва иншооти доимие, ки барои нигоҳдории маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ ё барои гӯрондани партовҳои радиоактивӣ муқаррар шудаанд;
- маводи ядроӣ;
- партовҳои радиоактивӣ;
- манбаъҳои афканишоти радиоактивӣ ва иондоркунандаи бештар аз сатҳи бозпас гирифтан.
2. Субъектҳо дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ инҳоянд:
- мақоми ваколатдори давлатии танзиму назорат ва идоракунанда;
- ташкилотҳое, ки бо фаъолияти истифодаи энергияи атомӣ машѓуланд, ҳамчунин ташкилотҳои тиббӣ, таълимӣ, тадқиқотӣ, тиҷоратӣ, кишоварзӣ ва саноатӣ, аз ҷумла истихроҷи маъдан, коркард ва ѓайраро дар бар мегиранд.
3. Амали ин қонун ба объектҳое, ки маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивиро бо миқдор ва фаъолнокӣ ва (ё) истихроҷи афканишоти иондоркунандаи бошиддат ё энергияашон дорои қимати камтар аз меъёрҳо ва қоидаҳои давлатӣ муқарраршударо дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ доранд, барои онҳо иҷозати мақомоти давлатии танзимгари бехатарӣ ҳангоми иҷрои фаъолият бо объектҳои мазкур, дахл надорад.
Моддаи 5. Намудҳои асосии фаъолият дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ
1. Ба фаъолияте, ки дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ алоқаманданд, мансубанд:
- ҷобаҷогузорӣ, лоиҳакашӣ, таъсис, истифода ва аз истифода гирифтани дастгоҳҳои ядроӣ, манбаъҳои радиатсионӣ ва маҳалҳои нигоҳдорӣ;
- муомила бо маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ, аз он ҷумла ҳангоми ҷустуҷӯ ва истихроҷи канданиҳои фоиданок, ки чунин маводро доранд, дар истеҳсолот, ҳангоми истифода, коркард, ҳамлу нақл ва нигоҳдории маводи ядроӣ, моддаҳои радиоактивӣ ва партовҳои радиоактивӣ;
- бурдани тадқиқотҳои илмӣ, иҷрои корҳо ва расонидани хидматҳо бо истифодаи энергияи атомӣ;
- ҳифзи ҷисмонии дастгоҳҳои ядроӣ, манбаъҳои радиатсионӣ, маҳалҳои нигоҳдории маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ;
- омода кардани мутахассисон дар соҳаи истифодаи дастгоҳҳои ядроӣ, манбаъҳои радиатсионӣ, маҳалҳои нигоҳдорӣ, маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ;
- таъмини бехатарӣ ҳангоми истифодаи энергияи атомӣ;
- баҳисобгирӣ ва назорат ба маводи ядроӣ, манбаъҳои афканишоти радиоактивӣ ва иондоркунанда, моддаҳои радиоактивӣ ва партовҳои радиоактивӣ;
- содирот ва воридоти маводи ядроӣ, технология ва таҷҳизот, моддаҳои махсуси ѓайриядроӣ, мавод, технология ва таҷҳизоти дорои таъиноти дуҷониба, манбаъҳои афканишоти ионидоркунанда, моддаҳои радиоактивӣ;
- назорат ба ҳолати радиатсионӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ҳамлу нақли транзитии маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- омода кардан ва аттестатсияи мутахассисон ва кормандон.
2. Ҳамаи намудҳои фаъолияте, ки ба истифодаи энергияи атомӣ алоқаманд аст, таҳти назорати доимии давлат ба амал бароварда мешавад.
Моддаи 6. Моликият ба манбаъҳои радиатсионӣ, маҳалҳои нигоҳдорӣ, маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ
Моликони манбаъҳои радиатсионӣ, маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ, маҳалҳои нигоҳдорӣ ва гӯрондани партовҳо танҳо шахсони ҳуқуқие новобаста аз шакли моликияташон буда метавонанд, ки иҷозатномаи (литсензияи) мақоми ваколатдори давлатиро оид ба ҳуқуқи кор кардан дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд.
Боби 2. Мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ
Моддаи 7. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ
1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатиро дар соҳаҳои зерин муайян менамояд:
- танзими давлатии истифодаи бехатарии энергияи атомӣ;
- санҷиш, назорат ва додани иҷозатнома ба намудҳои фаъолият оид ба истифодаи энергияи атомӣ;
- таъсири радиатсионӣ ба кормандон ва аҳолӣ;
- санҷиши экологӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист.
2. Вазифаҳо ва тартиби амали мақоми ваколатдорро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Моддаи 8. Ҳуқуқи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ
Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ (минбаъд-мақоми ваколатдори давлатӣ) дар ҳудуди салоҳияти худ ҳуқуқ дорад:
- ба Ҳукумат барои омода кардан ва таѓйир додани санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои истифодаи энергияи атомӣ пешниҳодҳо ирсол намояд;
- дар асос ва иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёру қоидаҳоеро, ки фаъолияти марбут ба истифодаи энергияи атомиро танзим менамоянд, омода, муқаррар ва татбиқ намояд;
- ба намудҳои фаъолияте, ки ба истифодаи энергияи атомӣ алоқаманданд, иҷозатнома диҳад;
- ба иҷрои меъёр ва қоидаҳо дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ назорат барад;
- вобаста ба иҷрои салоҳиятҳои худ назорат анҷом диҳад;
- оид ба ҳолати радиатсионӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати давлатӣ анҷом диҳад;
- баҳисобгирӣ ва назорати давлатии маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти радиоактивӣ ва иондоркунандаро амалӣ созад;
- аз корхонаҳо, ташкилотҳо ва шаҳрвандон бе ягон маҳдудият маълумот ва ҳуҷҷатҳои барои ҳалли вазифаҳои ба ӯҳдаи онҳо гузошташударо талаб намояд ва ба даст орад;
- ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои ҳалли масъалаҳои ба ҷавобгарӣ кашидан ҷиҳати вайрон кардани Қонуни мазкур, санадҳои дигари қонунгузорӣ ва меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавод супорад;
- бо мақомоти ваколатдори давлатҳои дигар ва созмонҳои байналмилалӣ дар масоили бехатарӣ ҳангоми истифодаи энергияи атомӣ ва оид ба масъалаи паҳн накардани силоҳи атомӣ ва назорати маводи ядроӣ ҳамкорӣ анҷом диҳад.
Моддаи 9. Ҳуқуқи шахсони мансабдори мақоми ваколатдори давлатӣ
Шахсони мансабдори мақоми ваколатдори давлатӣ (роҳбарон, муовинҳои роҳбарон) ҳангоми иҷрои вазифаҳои бевоситаи худ ҳуқуқ доранд:
- бо тартиби муқарраршуда ба объектҳои истифодаи энергияи атомӣ ва санадҳое, ки фаъолияти онҳоро тавсиф менамоянд, бемамониат дастрасӣ дошта бошанд;
- фаъолияти шахсони ҳуқуқиеро, ки бо истифодаи энергияи атомӣ алоқаманданд, ҳангоми таҳдид ба амнияти аҳолӣ ё муҳити зист боздоранд ё дар бораи қатъи фаъолияташон масъала ба миён гузоранд.
Моддаи 10. Мустақилияти мақоми ваколатдори давлатӣ
1. Мақоми ваколатдори давлатӣ аз дигар мақомоти иҷроия, ташкилотҳое, ки фаъолияти онҳо ба рушд ва истифодаи энергияи атомӣ вобаста мебошад, мустақилияти маъмурию молиявӣ дорад.
2. Монеъ шудан ба фаъолияти шахсони мансабдори мақоми ваколатдори давлатӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматиашон роҳ дода намешавад.
Боби 3. Шартҳои фаъолият, ки бо истифодаи энергияи атомӣ алоқаманданд
Моддаи 11. Додани иҷозатнома барои фаъолияте, ки ба истифодаи энергияи атомӣ алоқаманд аст
Барои фаъолияте, ки бо истифодаи энергияи атомӣ вобаста мебошад, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатман иҷозатнома дода мешавад.
Моддаи 12. Бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ
1. Ҳар гуна фаъолият, ки бо истифодаи энергияи атомӣ алоқаманд аст, бо шарти таъмини ҳифзи саломатии аҳолӣ ва муҳити зист, ҳимояи амволи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз таъсири зарарноки афканишоти иондор анҷом дода мешавад.
2. Бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ аз ҷониби ташкилотҳои истифодабаранда мутобиқи меъёру қоидаҳои муқарраршуда таъмин карда мешавад.
Моддаи 13. Ҳифзи ҷисмонии дастгоҳҳои ядроӣ, манбаъҳои радиатсия, маҳалҳои нигоҳдории маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ
1. Таъмини ҳифзи ҷисмонии дастгоҳҳои ядроӣ, манбаъҳои радиатсия, маҳалҳои нигоҳдории маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ дар ҳама давраҳои истеҳсолот, бунёд кардани объектҳо, ба истифода додан ва аз истифода гирифтани объектҳое, ки дар онҳо бо маводи радиоактивии ядроӣ амалиёт гузаронида мешавад, ҳамчунин ҳангоми ҳамлу нақли онҳо, амалӣ карда мешавад.
2. Ҳифзи ҷисмонии дастгоҳҳои ядроӣ, манбаъҳои радиатсия, маҳалҳои нигоҳдории маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ аз тарафи ташкилотҳои истифодабаранда таъмин мегардад. Назорати таъмини ҳифзи ҷисмонии дастгоҳҳои ядроӣ, манбаъҳои радиатсия, маҳалҳои нигоҳдории маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ карда мешавад.
3. Барои иҷрои вазифаҳо оид ба таъмини ҳифзи ҷисмонии объектҳои истифодаи энергияи атомӣ метавонад мақомоти корҳои дохилӣ ва мақомоти хадамоти амният ҷалб карда шаванд.
Моддаи 14. Талабот оид ба таъмини ҳифзи ҷисмонии дастгоҳҳои ядроӣ, манбаъҳои радиатсия, маҳалҳои нигоҳдории маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ
1. Талабот оид ба таъмини ҳифзи ҷисмонии дастгоҳҳои ядроӣ, манбаъҳои радиатсия, маҳалҳои нигоҳдории маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ бо меъёру қоидаҳо дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ муқаррар карда мешаванд.
2. Ҳифзи ҷисмонии дастгоҳҳои ядроӣ, манбаъҳои радиатсия, маҳалҳои нигоҳдории маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ бояд мутобиқи ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ анҷом дода шавад.
3. Дар сурати наандешидани тадбирҳо барои иҷрои талабот оид ба таъмини ҳифзи ҷисмонии объектҳои истифодаи энергияи атомӣ истифодаи дастгоҳҳои ядроӣ, манбаъҳои радиатсия, маҳалҳои нигоҳдорӣ, ҳамчунин анҷом додани ҳар гуна фаъолият оид ба истифодаи маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ, ки дар ҳар гуна шакл ва дар ҳар кадом марҳилаи истеҳсол, истифода, коркард, ҳамлу нақл ё нигоҳдорӣ қарор доранд, манъ аст.
Моддаи 15. Баҳисобгирӣ ва назорати маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти иондоркунанда
1. Маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти иондоркунанда аз тарафи давлат ба ҳисоб гирифта шуда, мавриди назорат қарор дода мешаванд. Бо ин мақсад мақоми ваколатдори давлатӣ низоми давлатии баҳисобгирӣ ва назорати маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти иондоркунанда таъсис медиҳад.
2. Низомҳои давлатии баҳисобгирӣ ва назорати маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти иондоркунанда миқдори воқеии маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти иондоркунанда, ҷойи нигоҳдорӣ, пешгирии гумшавӣ, истифодаи бераводид ва дуздӣ, пешниҳоди иттилооти фаврӣ дар хусуси мавҷудият ва интиқоли маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти иондоркунанда, ҳамчунин маълумот дар бораи аз ҳисоб хориҷ кардан ва гӯронидани манбаъҳо, оид ба содирот ва воридоти манбаъҳо ва маводи ядроӣ ба мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳолатҳои дар шартномаҳои байналмилалӣ пешбинишуда аз тарафи ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои дигар таъмин месозанд.
3. Ташкилоти истифодабаранда, ки ба истифодаи маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти иондоркунанда фаъолият анҷом медиҳад, баҳисобгирии онҳо ва пешниҳоди маълумоти боэътимодро ба мақомоти ваколатдори давлатӣ таъмин менамояд.
4. Тартиби ташкили низомҳои давлатии баҳисобгирӣ ва назорати маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти иондоркунандаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
Моддаи 16. Талаботи асосии бехатарӣ ҳангоми интихоби майдончаю бунёди дастгоҳҳои ядроӣ ва маҳалҳои нигоҳдорию гӯронидани маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ
1. Интихоби майдончаю бунёди дастгоҳҳои ядроӣ, маҳалҳои нигоҳдорию гӯронидани маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ бояд дар асоси меъёру қоидаҳо дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ ва ҳифзи муҳити зист амалӣ карда шавад.
2. Қарор дар хусуси бунёди дастгоҳи ядроию маҳали нигоҳдорӣ ва гӯронидани маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти ҳолатҳои зерин қабул менамояд:
- талабот ба онҳо барои ҳалли вазифаҳои хоҷагидории мамлакат ва манотиқи алоҳидаи он;
- мавҷудияти шароити зарурӣ, ки ба меъёру қоидаҳои истифодаи энергияи атомӣ барои ҷойгир - кардани ин объектҳо ҷавобгӯ мебошад;
- набудани таҳдиди бехатарии объектҳои мазкур аз тарафи объектҳои наздик ҷойгиршудаи шаҳрвандӣ ва низомӣ;
- оқибатҳои имконпазири иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷойгир кардани объектҳои мазкур барои рушди саноат, кишоварзӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангию маишии минтақа.
3. Санадҳои лоиҳавии объектҳои мазкур ба таври ҳатмӣ аз таҳқиқи экологӣ, беҳдоштӣ ва техникӣ гузаронида мешаванд.
Моддаи 17. Талаботи асосӣ ба ташкилоти истифодабаранда
1. Ташкилоти истифодабаранда барои бехатарии дастгоҳи ядроӣ, манбаи афканишоти иондоркунанда, маҳали ҷойгирӣ, ҳамчунин барои муносибати даркорӣ бо маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ масъулияти пурра ба зимма дорад.
2. Масъулият барои бехатарии дастгоҳи ядроӣ, манбаи афканишоти иондоркунанда, маҳали нигоҳдорӣ, ҳатто дар ҳолати қатъ гардидани амали иҷозатнома то интиқоли объектҳои мазкур ба дигар ташкилоти истифодабаранда ё гирифтани иҷозатномаи нав боқӣ мемонад.
3. Ташкилоти истифодабаранда ӯҳдадор аст:
- дорои захираҳои зарурии молиявӣ, моддию техникӣ ва кормандон бошад, ки барои таъмини бехатарӣ дар ҳама давраҳои фаъолият ҳангоми истифодаи объектҳои энергияи атомӣ кофианд;
- барои иҷрои корҳо ҷиҳати аз истифода гирифтани объектҳои истифодаи энергияи атомӣ, рекултиватсияи масоҳати гӯронидани партовҳои радиоактивӣ, бартараф кардани оқибати ҳолатҳои садамавӣ, ҷуброни зарар ба саломатӣ ва ҳаёти одамон ва муҳити зист, ҳамчунин амволи шаҳрвандон ва ташкилотҳо тадбирҳо пешбинӣ созад ва бо маблаѓ таъмин намояд.
4. Ташкилоти истифодабаранда инҳоро таъмин менамояд:
- истифодаи дастгоҳи ядроӣ, манбаи афканишоти иондоркунанда ва маҳали нигоҳдорӣ танҳо барои ҳамон мақсадҳое, ки онҳо таъин гардидаанд;
- ташкил ва ҳамоҳангсозии таҳия ва иҷрои барномаҳо, таъмини сифат дар ҳамаи давраҳои ба истифода додан, истифода намудан ва аз истифода гирифтани дастгоҳи ядроӣ, манбаи афканишоти иондоркунандаи маҳали нигоҳдорӣ;
- таҳия ва татбиқи чораҳои омодагии садама ва тадбирҳои зиддисадама дар дастгоҳи ядроӣ, манбаи афканишоти иондоркунанда ва маҳали нигоҳдорӣ ҳамчунин чораҳо оид ба кам кардани оқибатҳои манфии садама барои кормандони объектҳои мазкур, аҳолӣ ва муҳити зист;
- баҳисобгирии дозаи инфиродии кормандони объектҳои истифодаи энергияи атомӣ ва татбиқи ҳуқуқи онҳо барои ҷуброн;
- суѓуртаи кормандон ва дар сафари хизматӣ қарордоштагон аз хавфи таъсири радиатсия аз ҳисоби худ;
- анҷом додани салоҳиятҳои дигар, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардаанд.
5. Кормандони ташкилоти истифодабаранда бо тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, аз санҷиши тахассусӣ мегузаранд.
Боби 4. Содирот ва воридоти мол ва хизматрасонӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ
Моддаи 18. Анҷом додани содирот ва воридоти мол ва хизматрасонӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ
Содирот ва воридоти мол ва хизматрасонӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ, ки бо мақсадҳои тиҷоратӣ интиқол, харид ё фурӯш ё интиқоли ѓайритиҷоратиро дар бар мегирад, аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ назорат карда мешавад ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин шартномаҳои байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, анҷом дода мешавад.
Моддаи 19. Тартиби амалӣ гардонидани содирот ва воридоти мол ва хизматрасонӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ
Тартиби амалӣ гардонидани содирот ва воридоти маводи ядроӣ, технология, таҷҳизот ва дастгоҳҳои ядроӣ, маводи махсуси ѓайриядроӣ, манбаъҳои афканишоти иондоркунанда, маводи радиоактивӣ ва партовҳои радиоактивиро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Боби 5. Ҳуқуқу ӯҳдадории шаҳрвандон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳо
Моддаи 20. Ҳуқуқи шаҳрвандон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳо дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ
1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳо дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ ҳуқуқ доранд:
- тавассути мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба истифодаи энергияи атомӣ ва васоити ахбори умум дар хусуси бехатарии объектҳои бунёдашон пешбинишуда, лоиҳакашидашуда, бунёдшаванда, истифодашаванда ва аз истифода гирифташудаи энергияи атомӣ, дар бораи назорати амалишавандаи ҳолати радиатсионӣ дар маҳалҳое, ки онҳо истиқомат мекунанд ё кор менамоянд, ҳамчунин дар хусуси дозаи шуоъгирӣ маълумот ба даст оранд;
- дар баррасии сиёсат, лоиҳаи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳо дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ иштирок намоянд;
- таҳқиқи экологии ҷамъиятии ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва назоратро аз болои вазъияти радиатсионии муҳити зист мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳанд;
- бо мақсади шиносоӣ пайдо кардан бо тартиби муқарраршуда аз дастгоҳҳои ядроӣ, маҳалҳои нигоҳдорӣ ва гӯронидан дидан намоянд;
- барои ҷуброни ҳисороту зиёне, ки дар натиҷаи садамаи ядроӣ ё радиатсионӣ ба онҳо расидааст, аз ҳисоби ташкилоти истифодабаранда, ки ба ин садама роҳ додааст.
Моддаи 21. ӯҳдадории шаҳрвандон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳо дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ
Шаҳрвандон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳо ӯҳдадоранд қонунгузориеро, ки истифодаи энергияи атомиро танзим менамояд, риоя намуда, талаботи меъёру қоидаҳои бехатарӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ, ҳамчунин талаботи шахсони мансабдори ташкилотҳо оид ба истифодаи энергияи атомиро иҷро намоянд.
Моддаи 22. Суғуртакунӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ
Шаҳрвандон ва моликияти онҳо аз эҳтимолияти таъсири радиатсионӣ аз ҳисоби соҳибмулк ва ё истифодабарандаи энергияи атомӣ ҳатман суѓурта карда мешаванд. Пардохти суѓуртапулӣ новобаста аз маблаѓи супоридашуда ба амал бароварда мешавад. Тартиб ва шартҳои суѓуртаи шаҳрвандон ва моликияти онҳоро аз эҳтимолияти таъсири радиатсионӣ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Моддаи 23. Ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи истифодаи номувофиқи объектҳои энергияи атомӣ расидааст
1. Зарари ба саломатии шаҳрвандон расонидашуда, ҳамчунин фавти онҳо дар натиҷаи истифодаи номувофиқи объектҳои энергияи атомӣ бояд аз ҳисоби расонандаи зарар дар ҳаҷми пурра бо назардошти дараҷаи гум кардани қобилияти меҳнатии зарардида, хароҷот барои табобати вай, барқарорсозии саломатӣ, парастории бемор, кӯмакпулиҳои таъиншуда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда шавад.
2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз расонандагони зарар ҷуброни пурраи зиёни молии вобаста ба истифодаи номувофиқи объектҳои энергияи атомӣ аз ҷониби ташкилотҳо ва шаҳрвандон расида ва хароҷоти ташкилотҳоро новобаста аз шакли моликияти онҳо ва шахсони алоҳидаро, ки дар корҳои садамавию наҷотбахшӣ ва бартараф кардани оқибатҳои истифодаи номувофиқи объектҳои энергияи атомӣ иштирок намудаанд, талаб намоянд.
3. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии гунаҳкори истифодаи номувофиқи объектҳои энергияи атомӣ ӯҳдадоранд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон зарари ба замин, об, олами набототу ҳайвонот расонидашуда, аз ҷумла хароҷоти рекултиватсияи замин ва барқарорсозии ҳосилхезии табиии заминро ҷуброн намоянд.
Моддаи 24. Тадбирҳо оид ба ҳимояи иҷтимоии шаҳрвандон дар манотиқи ҷойгиршавии дастгоҳҳои ядроӣ, манбаъҳои радиатсия ва маҳалҳои нигоҳдории онҳо
Шаҳрвандоне, ки дар ҳудуди манотиқи мушоҳидаи дастгоҳҳои ядроӣ, манбаъҳои радиатсия ё маҳалҳои нигоҳдорӣ истиқомат мекунанд, кору фаъолият анҷом медиҳанд ё хизмати ҳарбӣ адо мекунанд, ба ҷуброни иҷтимоию иқтисодӣ барои омилҳои иловагии хавф ё барои шароити махсуси истиқомат, анҷом додани кору фаъолият ё адои хизмати ҳарбӣ ҳуқуқ доранд. Навъ, андозаи ҷубронҳои мазкур ва тадбирҳо оид ба ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандонро дар вобастагӣ аз навъ ва тавсифи амнияти объекти истифодаи энергияи атомӣ санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунанд. Тартиби пешниҳоди ҷубронҳои мазкур ва тадбирҳо оид ба ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар месозад.
Боби 6. Муқаррароти хотимавӣ
Моддаи 25. Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ
Агар мутобиқи санадҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, назар ба он меъёрҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодаи энергияи атомӣ мавҷуд аст, меъёрҳои дигар муқаррар шуда бошад, дар ин сурат меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ истифода мегарданд.
Моддаи 26. Ҷавобгарӣ барои вайрон намудани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба вайрон кардани Қонуни мазкур роҳ медиҳанд, мутобиқи тартиботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 27. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов
ш. Душанбе 9 декабри соли 2004
№ 69
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДИИ КУМИТАИ ДАВЛАТИИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДИИ
КУМИТАИ ДАВЛАТИИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 25-уми ноябри соли 2004, № 1255
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 11, соли 2004, моддаи 620) қабул гардидааст.
Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 11-уми феврали соли 2005, № 596
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 2, соли 2005, моддаи 72) ҷонибдорӣ гардидааст.
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2005, № 3, мод. 121; с. 2008, № 3, мод.186; с. 2014, № 11, мод. 657; Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 с., № 1287; аз 17.05.2018 с., № 1524)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, принсипҳои ташкил ва фаъолият, таъинот, вазифа, сохтор, салоҳияти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намудҳои санҷиш ва назорати фаъолияти онҳоро муайян менамояд.
Моддаи 1. Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Қӯшунҳои сарҳадӣ) намуди махсуси қӯшунҳоянд, ки барои ҳимоя ва муҳофизати Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Сарҳади давлатӣ), тамомияти арзӣ, соҳибихтиёрӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудаанд. (ҚҶТ аз 20.03.08с., №365)
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Қӯшунҳои сарҳадӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Қӯшунҳои сарҳадӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад (ҚҶТ аз 17.05.2018 с., № 1524).
Моддаи 3. Принсипҳои фаъолияти Қӯшунҳои сарҳадӣ
Фаъолияти Қушӯнҳои сарҳадӣ дар асоси принсипҳои зерин сурат мегирад:
- қонуният;
- эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
- таъмини амнияти давлат;
- эҳтироми мутақобилаи соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзии дигар давлатҳо ва мустаҳкамии сарҳадҳои давлатӣ;
- ҳамкории мутақобилаи ҳамаҷониба ва судманд бо мақомоти сарҳадии давлатҳои ҳамҳудуд;
- ҳалли осоиштаи масъалаҳои сарҳад;
- ягонагии системаи Қӯшунҳои сарҳадӣ ва мутамарказонии идоракунии онҳо;
- яккасардорӣ;
- мувофиқати шакл, усул ва воситаҳои ошкоро ва ғайриошкорои фаъолият;
- ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидораи маҳаллӣ, иттиҳодияҳои ҷамъяитӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 4. Вазифаҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ
Вазифаҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ инҳоянд:
- ҳифз ва ҳимояи Сарҳади давлатӣ, тамомияти арзӣ ва манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сарҳади давлатӣ;
- таъмини риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Сарҳади давлатӣ ва иҷрои ӯҳдадориҳое, ки аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон доир ба масъалаҳои низоми Сарҳади давлатӣ бармеоянд;
- иштирок дар ҳалли масъалаҳои мудофиа ва таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сарҳади давлатӣ;
- ёрирасонӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон, боигарии табиӣ ва муҳити зист дар хатти сарҳадӣ.
Моддаи 5. Роҳбарӣ ва идоракунии Қӯшунҳои сарҳадӣ
Роҳбарии умумӣ ва назорати фаъолияти Қӯшунҳои сарҳадиро Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
Роҳбарии бевосита ва идоракунии оперативии фаъолияти Қӯшунҳои сарҳадиро муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
Муовини якуми Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамзамон сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадӣ мебошад.
Муовини якум ва муовинони Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ бо Фармони Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд (ҚҶТ аз 15.03.16 с., №1287)
Моддаи 6. Ваколатҳои раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба
роҳбарии Қӯшунҳои сарҳадӣ
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- тибқи тартиби муқарраргардида роҳбарии умумӣ ва назорати фаъолияти Қӯшунҳои сарҳадиро амалӣ намуда, дар он Шӯрои ҳарбиро ташкил ва ҳайати онро тасдиқ менамояд, ваколатҳои шахсони мансабдори Қӯшунҳои сарҳадиро дар ҳалли масъалаҳои оперативӣ, ташкилӣ- штатӣ, кадрӣ, молиявӣ ва дигар масъалаҳо муқаррар менамояд (ҚҶТ аз 15.03.16 с., №1287);
- ситодҳои (гурӯҳҳои) оперативиро оид ба ҳамоҳангсозӣ ва роҳбарии амалиётҳои муштарак ҳангоми гузаронидани чорабиниҳо дар Сарҳади давлатӣ, бо ҷалби қувва ва воситаҳои дигар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ташкил менамояд;
- Қӯшунҳои сарҳадиро дар муносибат бо мақомоти қонунгузорӣ, иҷроия ва судии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин идораҳои сарҳадии давлатҳои хориҷӣ намояндагӣ менамояд;
- оид ба сохтор ва шумораи Қӯшунҳои сарҳадӣ, андозаи маблағгузории буҷетӣ барои Қӯшунҳои сарҳадӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод менамояд;
- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои фармонҳо ва қарорҳоро оид ба таъсис, азнавташкилдиҳӣ, барҳамдиҳӣ, ҷойгиркунонӣ, азнавҷойгиркунонии қисмҳои ҳарбӣ ва воҳидҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ, консепсия, нақшаи такмил ва рушди Қӯшунҳои сарҳадиро пешниҳод менамояд;
- сохтор ва штати қисмҳои ҳарбӣ ва воҳидҳои Қӯшунҳои сарҳадиро тасдиқ намуда, ба онҳо дар доираи шумораи муқарраргардида, фондҳои таъминоти пулӣ, музди меҳнат, инчунин штати воситаҳои нақлиёт, техникаи ҷангӣ ва махсус тағйироти зарурӣ ворид менамояд;
- оинномаи Қӯшунҳои сарҳадиро барои тасдиқ ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- ба хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ бо тартиби муқарраргардида рутбаи аввалини афсарӣ, рутбаи ҳарбии пеш аз мӯҳлати афсар, рутбаи як зина баландтар аз рутбаи ҳарбии дар штат барои мансаби ҳарбии ишғолкарда пешбинишударо медиҳад (ҚҶТ аз 15.03.16 с., №1287);
- бо тартиби муқарраргардида афсарон ва хизматчиёни Қӯшунҳои сарҳадиро ба вазифаҳои ҳарбие, ки аз ҷониби афсарони калон ишғол карда мешаванд, таъин ва озод менамояд, рутбаи афсарии калонро то полковник медиҳад;
- ба баррасии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дохил намудани вазифаҳои ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ба номгӯи вазифаҳое, ки аз ҷониби афсарони олирутба ишғол карда мешаванд, таклифҳо пешниҳод менамояд;
- ба баррасии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба хизматчиёни ҳарбӣ додани рутбаҳои олии афсарӣ, инчунин озод намудани онҳо аз хизмати ҳарбӣ таклифҳо пешниҳод менамояд;
- намояндагони расмии Қӯшунҳои сарҳадиро дар давлатҳои ҳамҳудуд дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин менамояд;
- ба баррасии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бо мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ сарфароз кардани хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони ғайриҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ, инчунин дигар шахсоне, ки барои иҷрои вазифаҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ ёрӣ мерасонанд, таклифҳо пешниҳод менамояд;
- нисбати хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ аз ҳуқуқҳое, ки дар Оинномаи интизомии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, истифода мебарад;
- тартиби аз ҷониби Қӯшунҳои сарҳадӣ додани ахбороти оперативӣ, маҳсулоти махсуси техникӣ ва дигар воситаҳоро ба идораҳои сарҳадии давлатҳои хориҷӣ муқаррар менамояд;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадани хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост пешниҳод менамояд;
- маблағҳоеро, ки барои нигоҳдории Қӯшунҳои сарҳадӣ ҷудо гардидаанд, тақсим менамояд;
- меъёр ва тартиби хароҷоти воситаҳои молиявиро барои гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ вобаста ба анҷом додани фаъолияти разведкавӣ ва оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, инчунин вобаста ба ҳифзи Сарҳади давлатӣ, ки Қӯшунҳои сарҳадӣ амалӣ мегардонанд, муқаррар менамояд;
- дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси қабули намояндагони идораҳои сарҳадии давлатҳои хориҷӣ, инчунин фиристонидани намояндагони Қӯшунҳои сарҳадӣ ба давлатҳои хориҷӣ қарор қабул намуда, бо ин мақсад дар доираи маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ хароҷоти молиявиро муайян менамояд;
- дигар ваколатҳоро мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд. (ҚҶТ аз 20.03.08с., №365)
Моддаи 61. Ваколатҳои Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ
Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ:
- роҳбарии бевосита ва идоракунии оперативии фаъолияти Қӯшунҳои сарҳадиро таъмин намуда, барои омодагии хизматӣ-ҷангӣ ва тарбияи хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ шахсан масъул мебошад;
- доир ба ташкили ситодҳои (гурӯҳҳои) оперативӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва роҳбарии амалиёти муштарак ҳангоми гузаронидани чорабиниҳо дар Сарҳади давлатӣ, бо ҷалби қувва ва воситаҳои дигар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - раиси Кумита) таклифҳо пешниҳод менамояд;
- доир ба сохтор, шумораи Қӯшунҳои сарҳадӣ, штатҳои қисмҳои ҳарбӣ ва воҳидҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ дар ҳаҷми маблағгузории буҷетӣ барои Қӯшунҳои сарҳадӣ ба раиси Кумита таклифҳо пешниҳод менамояд;
- оид ба таъсис, азнавташкилдиҳӣ, барҳамдиҳӣ, ҷойгиркунонӣ ва азнавҷойгиркунонии қисмҳои ҳарбӣ ва воҳидҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ, консепсия, нақшаи такмил ва рушди Қӯшунҳои сарҳадӣ ба раиси Кумита таклифҳо пешниҳод менамояд;
- гузаронидани фаъолияти разведкавӣ, оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва таҳқиқиро дар системаи Қӯшунҳои сарҳадӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамояд;
- афсарон ва прапоршикҳоро бо тартиби муқарраргардида ба вазифаҳои ҳарбӣ таъин ва аз вазифаҳои ҳарбӣ озод менамояд, рутба ҳарбии прапоршик, прапоршики калон ва рутбаҳои ҳарбии афсариро то рутбаи ҳарбии капитан медиҳад (ҚҶТ аз 15.03.16 с., №1287);
- дар бораи бо мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ сарфароз кардани хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони ғайриҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ, инчунин дигар шахсоне, ки барои иҷрои вазифаҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ ёрӣ мерасонанд, ба раиси Кумита таклифҳо пешниҳод менамояд;
- дар доираи салоҳияти худ дигар ваколатҳоро амалӣ менамояд.
(ҚҶТ аз 20.03.08с., №365)
Моддаи 7. Сохтори Қӯшунҳои сарҳадӣ
Қӯшунҳои сарҳадӣ аз Дастгоҳи марказӣ, раёсатҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ дар вилоятҳо, отрядҳои сарҳадӣ, қисмҳои ҳарбӣ, комендатураҳо, дидбонгоҳҳо (заставаҳо), нуқтаи гузаргоҳҳои сарҳадӣ, Донишкадаи сарҳадӣ, муассисаҳои тиббӣ-ҳарбӣ, таълимӣ, воҳидҳои махсус ва воҳидҳои таъминоти ақибгоҳӣ иборат мебошанд (ҚҶТ аз 15.03.16 с., №1287).
Шумораи штатӣ ва сохтори Қӯшунҳои сарҳадӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад. (ҚҶТ аз 20.03.08с., №365)
Моддаи 8. Ҳимояи маълумот дар бораи Қӯшунҳои сарҳадӣ
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Қӯшунҳои сарҳадӣ ба хизмати ҳарбӣ бо тарзи ихтиёрӣ шомил шудаанд ва ба онҳо барои шиносоӣ бо маълумоти дорои сирри давлатӣ рухсат дода мешавад, аз расмиёти иҷозат ба маълумоти дорои сирри давлатӣ мегузаранд. Вайрон намудани ӯҳдадории ошкор накардани сирри давлатӣ боиси ҷавобгарии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.
Моддаи 9. Қувва ва воситаҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ
Ба мафҳуми қувва ва воситаҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ Қӯшунҳои сарҳадӣ ва мақомоти Қӯшунҳои сарҳадӣ дохил мешаванд.
Қӯшунҳои сарҳадӣ фаъолияти хизматӣ-ҷангиро дар ҳимоя ва ҳифзи Сарҳади давлатӣ амалӣ менамоянд. Ба фаъолияти хизматӣ-ҷангии Қӯшунҳои сарҳадӣ амалҳои пайваста, фаъол, аз рӯи вақту макон ба ҳам мувофиқашуда, ки барои таъмини фаъолияти ҳарбӣ, оперативӣ (разведкавӣ, оперативӣ-ҷустуҷӯӣ), ҳарбии техникӣ, намояндагии сарҳадӣ, иттилоотию таҳлилӣ, маъмурӣ ва дигар намудҳои фаъолият, ки дар Сарҳади давлатӣ, дар доираи ҳудуди наздисарҳадӣ, ноҳияҳои наздисарҳадӣ, минтақаҳои масъул ва гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ гузаронида мешаванд, тааллуқ доранд (ҚҶТ аз 17.05.2018 с., № 1524).
Мақомоти Қӯшунҳои сарҳадӣ аз мақомоти разведка ва мақомоти назорати сарҳадӣ иборат мебошанд.
Мақомоти разведка фаъолияти разведкавӣ ва оперативӣ-ҷустуҷӯиро бо мақсади ба даст овардани маълумот дар бораи душмани эҳтимолӣ, дигар маълумоти ҷолиби диққат, барои ошкор сохтан, пешбинӣ намудан ва барҳам додани фаъолияти разведкавӣ-тахрибӣ ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ дар Сарҳади давлатӣ ва ҳудуди наздисарҳадиро бо воситаҳо ва усулҳои махсус (оперативӣ) амалӣ менамояд.
Мақомоти назорати сарҳадӣ чунин фаъолиятро амалӣ менамоянд:
- назорати давлатии риояи низоми Сарҳади давлатӣ, низоми сарҳадӣ, низоми гузаргоҳҳо ба воситаи Сарҳади давлатӣ;
- ошкоркунӣ, огоҳкунӣ ва пешгирии ҷиноятҳо, ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, ки ба низоми муқарраргардидаи Сарҳади давлатӣ, низоми сарҳадӣ ва низоми гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ таҳдид мекунанд;
- якҷоя бо дигар мақомоти махсуси ваколатдори назорати давлатӣ ба воситаи Сарҳади давлатӣ гузаронидани шахсон, воситаҳои нақлиёт, бор, мол ва ҳайвонот;
- дигар вазифаҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ, ки дар қонунгузорӣ муқаррар гардидаанд.
(ҚҶТ аз 20.03.08 №365)
Моддаи 10. Ҳамкории Қӯшунҳои сарҳадӣ бо дигар мақомот
Қӯшунҳои сарҳадӣ фаъолияти худро дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз шакли моликият, дар мувофиқа бо раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд.
Бо мақсади таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қӯшунҳои сарҳадӣ дар мувофиқа бо раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон саривақт ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳодисаҳои вайронкунии Сарҳади давлатӣ, ки аз рӯи онҳо таҳқиқ мегузаронад, инчунин оид ба ворид гардидан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҳудуди он баромадани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд иттилоъ медиҳад.
Қӯшунҳои сарҳадӣ дар мувофиқа бо раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, идораҳои сарҳадии давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои сарҳадӣ дар асоси санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз ҷониби Тоҷикистон эътироф гардидаанд, ҳамкорӣ менамояд.
(ҚҶТ аз 20.03.08с., №365)
Моддаи 11. Фаъолияти намояндаҳои расмии Қӯшунҳои сарҳадӣ
Намояндагони расмии Қӯшунҳои сарҳадӣ дар давлатҳои ҳамҳудуд фаъолияти худро дар асоси созишномаҳои дутарафа иҷро менамоянд.
Моддаи 12. Риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар фаъолияти Қӯшунҳои сарҳадӣ
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми аз ҷониби Қӯшунҳои сарҳадӣ иҷро намудани фаъолияти худ риоя намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро кафолат медиҳад.
Ҳама гуна маҳдудкунии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷониби Қӯшунҳои сарҳадӣ ва шахсони мансабдори онҳо фақат тибқи асос, доира ва тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз ҷониби Тоҷикистон эътироф гардидаанд, мумкин аст. Ҳамзамон ба хизматчиёни ҳарбӣ ва ҳайати ғайриҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ амалҳои паст задани шаъну шарафи шаҳрвандон манъ аст.
Шахсони мансабдори Қӯшунҳои сарҳадӣ вазифадоранд, ки ба шаҳрвандон аз рӯи дархости онҳо оид ба сабаби аз тарафи Қӯшунҳои сарҳадӣ маҳдуд карда шудани ҳуқуқ ва озодиҳои онҳо ахборот ва тавзеҳот диҳанд.
Маълумоти дар рафти фаъолияти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар бораи ҳаёти шахсии шаҳрванд ба даст омада, ки ба шаъну шарафи ӯ алоқамандӣ доранд ё ба манфиатҳои қонунии ӯ зарар расонида метавонанд, бо розигии шаҳрванд ба ҳеҷ кас, ба истиснои ҳолатҳои дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, хабар дода намешаванд.
Шаҳрванде, ки амал ва ё беамалии шахсони мансабдори Қӯшунҳои сарҳадиро боиси поймол шудани ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии худ меҳисобад, ҳуқуқ дорад, ки ба мақомоти болоии Қӯшунҳои сарҳадӣ, прокуратура ё суд шикоят намояд.
Моддаи 13. Ҳуқуқ ва вазифаҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ
Қӯшунҳои сарҳадӣ ӯҳдадоранд:
- тавассути тамоми имкониятҳои мавҷуда ба таври ғайриқонунӣ тағйир додан ва убури Сарҳади давлатиро дар маҳал роҳ надиҳанд;
- ҳуҷуми мусаллаҳонаро ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зада гардонида, моҷароҳои мусаллаҳона ва дигар моҷароҳоро дар Сарҳади давлатӣ пешгирӣ намоянд, аз ин қасдҳои ҷинояткорона аҳолӣ, моликияти давлатӣ ва дигар шаклҳои моликиятро ҳимоя намоянд (ҚҶТ аз 17.05.2018 с., № 1524);
- вайронкунандагони Сарҳади давлатиро ошкор ва дастгир намоянд;
- аз тарафи шахсон ва воситаҳои нақлиёт берун аз гузаргоҳҳо ё бо тарзи ғайриқонунӣ гузаштани Сарҳади давлатиро пешгирӣ намоянд ва ба онҳо роҳ надиҳанд;
- иҷрои ӯҳдадориҳоеро, ки аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон оид ба масъалаҳои низоми Сарҳади давлатӣ бармеоянд, таъмин намоянд;
- риояи қоидаҳои низоми Сарҳади давлатиро, ки хусусияти иҷозатӣ ё огоҳкунӣ доранд, низоми сарҳадӣ ва низоми гузаргоҳҳои Сарҳади давлатиро назорат намоянд;
- фаъолияти қӯшунӣ, разведкавӣ, оперативию қӯшунӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва низомӣ - гузариро анҷом диҳанд;
- пешбарии парвандаҳоро оид ба қонуншиканиҳои маъмурие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ихтиёри онҳо вогузор намудааст, анҷом диҳанд, дар доираи салоҳияти худ ин парвандаҳоро баррасӣ намоянд ва қарорҳои оиди онҳоро иҷро кунанд;
- аз рӯи парвандаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ихтиёри онҳо гузоштааст, таҳқиқи пешакӣ баранд;
- қонуншиканиҳоеро, ки бо таъмини ҳифзи Сарҳади давлатӣ вобастаанд пешгирӣ намоянд;
- дар мавриди зарурат ҷустуҷӯ ва амалиёти сарҳадӣ гузаронанд;
- назорати муҳоҷиратиро дар гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ амалӣ намоянд.
Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳуқуқҳои зеринро доранд:
- дар заминхое, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи меъёрҳои муқарраршуда ба истифодаи бемӯҳлат (доимӣ) дода мешаванд, иншооти заруриии муҳандисию техникӣ бунёд намоянд, сохтмони хатҳои алоқа ва коммуникатсияро анҷом диҳанд, техника ва силоҳро ҷойгир ва истифода кунанд; (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1148)
- ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар ҳар қитъаи маҳал қарор дошта бошанд ва дар он озодона рафту омад кунанд, аз моликон ва истифодабарандагони қитъаҳои замин дар минтақаи сарҳад ҷудо намудани ҷойро барои рафту омади нарядҳои сарҳадӣ, таҷҳизонидан ва дар ҳолати дуруст нигоҳ доштани гузаргоҳҳои миёни панҷараҳо, гузаргоҳҳои миёни дигар монеъаҳо талаб намоянд;
- бо мақсади пешгирӣ ва рафъи вайронкунии низоми Сарҳади давлатӣ, низоми сарҳадӣ, низоми гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ ҳуҷҷатҳои зарурии шахсон, ҳуҷҷатҳои воситаҳои нақлиётро санҷанд, воситаҳои нақлиёт ва борҳои дар онҳо бударо аз назар гузаронанд;
- тавассути нарядҳои сарҳадӣ шахсонеро, ки барои вайронкунии Сарҳади давлатӣ, низоми сарҳадӣ, низоми гузаргоҳҳои Сарҳади давлатӣ гумонбар шудаанд, нигоҳ доранд ва шахсан аз назар гузаронанд, чунин шахсонро ба ихтиёри ҷузъу томҳо, қисмҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ ё ҷойҳои дигар барои ошкор намудани ҳолатҳои сарҳадшиканӣ баранд;
- шахсонеро, ки низоми Сарҳади давлатӣ, низоми сарҳадӣ ё низоми гузаргоҳҳои Сарҳади давлатиро вайрон кардаанд, ҷиҳати тартиб додани протокол ба мӯҳлати то 3 соат ва дар ҳолатҳои зарурӣ барои муқаррар кардани шахсият ва муайян намудани ҳолатҳои қонуншиканӣ то 3 шабонарӯз ба таври маъмурӣ дастгир намоянд ва аз ин ҳолат ба таври хаттӣ ба прокурор дар муддати 24 соат аз лаҳзаи дастгир кардан хабар расонанд;
- дастгиршудагонро аз назар гузаронанд, ҳамчунин азназаргузаронии шахсӣ ва дар мавриди зарурат гирифтани чизу чораи ҳамроҳи онҳо буда ва ҳуҷҷатҳои онҳоро анҷом диҳанд. Дар хусуси ҳар як ҳолати ба таври маъмурӣ дастгир кардан, азназаргузаронии шахсии дастгиршуда, азназаргузаронӣ ва гирифтани чизу чораи ҳамроҳи ӯ буда протокол тартиб дода мешавад;
- бо иҷозати прокурор шаҳрвандони хоричӣ ва шахсони бешаҳрвандиеро, ки Сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур кардаанд, ва дар асосҳои пешбининамудаи қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистон оиди онҳо дар бораи ба мақомоти сарҳади давлатҳои ҳамҳудуд супоридан ё аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи маъмурӣ берун кардан карор ва ҳалномаи зарурӣ қабул шудааст, то вақти барои иҷрои қарор ва ҳалномаи зарурӣ боздоранд;
- шахсонеро, ки ба таври маъмурӣ боздошта шудаанд, дар биноҳои махсуси барои ин мақсадҳо таҷҳизонидашудаи Қӯшунҳои сарҳадӣ нигоҳ доранд;
- ҳаракати шахсон ва воситаи нақлиётро дар доираи ҳудуди наздисарҳадӣ муваққатан маҳдуд ё манъ намоянд, ҳамчунин шаҳрвандонро ба нуқтаҳои алоҳидаи маҳал роҳ надиҳанд (ҚҶТ аз 17.05.2018 с., № 1524);
- дигар ҳуқуқҳоро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Точикистон муқаррар намудааст, амалӣ намоянд.
Дар сурати ҷорӣ намудани низоми вазъияти фавқуллода дар ҳудуди наздисарҳадӣ ба Қӯшунҳои сарҳадӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои иловагӣ танҳо дар доираи ҳимояи Сарҳади давлатӣ вогузор шаванд.
Моддаи 14. Ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ
Ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ аз хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони ғайриҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ иборат мебошад. Таъмини Қӯшунҳои сарҳадӣ бо ҳайати шахсӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби зерин ба роҳ монда мешавад:
- бо хизматчиёни ҳарбӣ – ба таври ихтиёрӣ дохил гардидан ва даъват намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ;
- бо кормандони ғайриҳарбӣ – ба таври ихтиёрӣ ба кор даромадан.
Ба хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ (ғайр аз хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро ба тариқи даъват адо мекунанд) шаҳодатномаҳои хизматие, ки намунааш аз ҷониби раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, дода мешавад.
Хизмати ҳарбӣ дар Қӯшунҳои сарҳадӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Фаъолияти меҳнатии кормандони ғайриҳарбӣ дар Қӯшунҳои сарҳадӣ мутобиқи қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Тайёр кардан, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисоси кадрҳо ва мутахассисони Қӯшунҳои сарҳадӣ дар мактабҳои таълимии ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, марказҳои таълимӣ (мактабҳо), инчунин дар асоси шартномаҳои байналмилалӣ дар мактабҳои таълимии ҳарбии дигар давлатҳо ба роҳ монда мешавад.
Моддаи 15. Кормандони ғайринизомии Қӯшунҳои сарҳадӣ
(бо ҚҶТ аз 20.03.08с., №365 хориҷ карда шуд)
Моддаи 16. Истифодаи қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус, силоҳ ва техникаи ҳарбӣ дар фаъолияти
Қӯшунҳои сарҳадӣ
(ҚҶТ аз 27.11.14с., №1148)
Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳимояи Сарҳади давлатиро дар доираи ҳудуди наздисарҳадӣ анҷом дода, ҷиҳати зада гардонидани ҳуҷуми мусаллаҳона ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирӣ кардани кӯшиши рабуда ба хориҷа бурдани ҳавопаймоҳо, киштиҳои дарёӣ ва дигар воситаҳои налиётӣ, силоҳ ва техникаи ҳарбиро истифода мебаранд. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1148; аз 17.05.2018 с., № 1524)
Силоҳ ва техникаи ҳарбиро ҳамчунин дар ин мавридҳо истифода бурдан мумкин аст: (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1148)
- бар зидди шахсон, ҳайвопаймоҳо, киштиҳои дарёӣ ва воситаҳои наклиётие, ки Сарҳади давлатиро бо вайрон кардани тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мегузаранд (гузаштаанд), дар ҷавоби қувваи истифодабурдаи онҳо ё дар ҳолатҳое, ки пешгирии сарҳадшиканӣ ё дастгир намудани сарҳадшиканон бо усулҳои дигар имкон надорад;
- барои ҳифзи шаҳрвандон аз ҳамлае, ки ба ҳаёт ва саломатии онҳо таҳдид мекунад;
- барои озод кардани гаравгонон;
- барои зада гардонидани ҳуҷум ба хизматчиёни ҳарбӣ, шахсоне, ки оид ба муҳофизати Сарҳади давлатӣ вазифаи хизматӣ ё қарзи ҷамъиятиро адо мекунанд, аъзои оилаи онҳо дар сурате, ки ба ҳаёти онҳо хатар таҳдид мекунад;
- барои зада гардонидани ҳамла ба ҷузъу томҳо ва объектҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбӣ, ки дар ҳимояи Сарҳади давлатӣ иштирок менамоянд, аз ҷумла барои расонидани кӯмак ба киштиҳои дарёӣ, ҳавопаймоҳо ва чархболҳо дар вақти баргардонидани ҳуҷум ба онҳо.
Пеш аз истифодаи силоҳ ва техникаи ҳарбӣ дар бораи истифодаи онҳо бояд огоҳии аниқ дода шавад ва тирпарронии огоҳкунанда сурат гирад.
Силоҳ ва техникаи ҳарбӣ ҳангоми зада гардонидани ҳуҷуми мусаллаҳона ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамлаи ногаҳонӣ ё мусаллаҳона ба хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар шаҳрвандон, ҳуҷум бо истифодаи техникаи ҳарбӣ, ҳавопаймоҳо, киштиҳои дарёӣ ва дигар воситаҳои нақлиёт, муқобилияти мусаллаҳона, бо силоҳ гурехтани шахсони дастгиршуда, барои озод кардани гаравгонон бе огоҳӣ ба кор бурда мешавад (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1148; аз 17.05.2018 с., № 1524).
Хизматчиёни ҳарбӣ ҳуқуқ доранд, барои безарар сохтани ҳайвононе, ки ба ҳаёт ва саломатии хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар шаҳрвандон таҳдид мекунанд, ҳамчунин барои додани бонги хатар ва ё даъват намудани ёрӣ силоҳро истифода баранд. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1148)
Ба кор бурдани силоҳ ва техникаи ҳарбӣ манъ аст: (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1148)
- ба муқобили занон ва ноболиғон, ба истиснои ҳолатҳои ҳуҷуми мусаллаҳона аз тарафи онҳо ё муқобилияти мусаллаҳона ва ё ҳуҷуми гурӯҳие, ки ба ҳаёт таҳдид мекунанд;
- ба муқобили ҳавопаймоҳо, киштиҳои дарёӣ ва дигар воситаҳои нақлиёте, ки мусофир доранд;
- ба муқобили шахсоне, ки Сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур кардаанд ё қасди убури онро доранд, агар амал аниқ тасодуфӣ бошад ё бо сабаби фалокат, таҳти таъсири омилҳои бартарафнашавандаи табиӣ ба амал омада бошад.
Ҳангоми иҷрои вазифаҳои марбут ба ҳимояи Сарҳади давлатӣ дар доираи ҳудуди наздисарҳадӣ хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ воситаҳои махсус (дастбанд ё воситаи дигар барои дастбандӣ, калтаки резинӣ, моддаҳои ашковар, воситаҳои садо ва рӯшноидиҳандае, ки таъсири ба тарафи дигар ҷалб кардани диққатро доранд, асбобҳо барои манъи маҷбурии нақлиёт), қувваи ҷисмонӣ, аз ҷумла усулҳои ҷангии муҳориба ва сагҳои хизматиро ба кор мебаранд (ҚҶТ аз 17.05.2018 с., № 1524).
Модддаи 17. Ҳимояи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва аъзои оилаи онҳо
Хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ аз ҳуқуқҳо, имтиёзҳо, кафолатҳо ва ҷуброни давлатӣ, инчунин аз вазъи ҳуқуқие, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо муқаррар кардаанд, истифода мебаранд.
Хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҳамчун намояндагони ҳокимият баромад мекунанд ва таҳти ҳимояи давлат мебошанд.
Иҷрои талаботи хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳангоми адои вазифаҳои хизматӣ аз тарафи шаҳрвандон ва шахсони мансабдор ҳатмӣ мебошад. Дар сурати ғайриқонунӣ будани чунин талабот нисбати амалҳои хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят карда мешавад.
Амалҳои ғайриқонунӣ нисбати хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва шаҳрвандоне, ки ба онҳо дар муҳофизати Сарҳади давлатӣ ёрӣ мерасонанд, ки дар итоат накардан, таҳқир кардан, муқобилият нишон додан, таҳдид намудан, расонидани зарари ҷисмонӣ ва ё сӯиқасд намудан ба ҳаёт, саломатӣ ва молу мулки онҳо зуҳур ёфтаанд, инчунин дигар амалҳое, ки ба хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ барои иҷрои вазифаҳояшон халал мерасонанд, ҷавобгарии дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршударо пешбинӣ мекунад.
Кормандони ғайринизомии Қӯшунҳои сарҳадӣ дар ҳолати ҷалб намудани онҳо ба чорабиниҳои ба муҳофизат ва ҳимояи Сарҳади давлатӣ дахлдошта, ки ба ӯҳдадориҳои хизматии онҳо алоқамандии бевосита надоранд, аз ҳуқуқҳои ба хизматчиёни ҳарбӣ додашуда истифода мебаранд.
Таъминоти пулии хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ аз маоши моҳонаи вазифавӣ ва маоши моҳона барои рутбаи ҳарбӣ, ки маоши моҳонаи таъминоти пулии хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадиро ташкил медиҳад, иловапулӣ барои собиқаи хизмат ва дигар иловапулиҳо иборат мебошад. Андоза ва тартиби пардохти таъминоти пулии хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Моддаи 18. Масъулияти хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ
Хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ дар ҳадди салоҳияти худ, ки Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардаанд, мустақилона қарор қабул менамоянд. Барои амалҳои ғайриқонунии худ онҳо мувофиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чавобгарӣ кашида мешаванд. Хизматчиёни іарбии Ѕӯшуніои саріадҳ барои вайрон намудани тартиби муѕаррарнамудаи ѕонунгузории ӣуміурии Тоӣикистон дар бораи танзими анъана ва ӣашну маросим аз мансаб озод карда мешаванд (ҚҶТ аз 17.05.2018 с., № 1524).
Дар ҳолати аз тарафи хизматчии ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ иҷро намудани фармони (фармоиши) ғайриқонунӣ шахси мансабдоре, ки ин фармонро (фармоишро) баровардааст, ҷавобгар аст.
Моддаи 19. Силоҳу аслиҳа ва воситаҳои таҷҳизотии Қӯшунҳои сарҳадӣ
(ҚҶТ аз 27.11.14с., №1148)
Қӯшунҳои сарҳадӣ бо силоҳу аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва махсус, молу мулки ҳарбӣ-техникӣ, ки барои иҷро намудани вазифаҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда заруранд, таъмин карда мешаванд. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1148)
Таъмири силоҳу аслиҳа ва техникаи Қӯшунҳои сарҳадӣ дар корхонаҳои таъмирии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва дар корхонаҳои дар ихтиёри мақомоти ҳокимияти давлатӣ оид ба мудофиа ва дигар мақомоти ҳокимияти иҷроия буда бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар корхонаҳои давлатҳои хориҷа бо тартиби дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст муайянгардида гузаронида мешавад. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1148)
Назорати сифати силоҳу аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва махсус, молу мулки ҳарбӣ-техникӣ ва дигар молу мулк, корҳо ва хизматрасониҳоро, ки аз тарафи корхонаҳо иҷро мешаванд, намояндагони ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонанд. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1148)
Моддаи 20. Таъминоти молиявӣ ва моддӣ-техникии Қӯшунҳои сарҳадӣ
Таъминоти молиявӣ ва моддию техникии Қӯшунҳои сарҳадӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
Меъёр ва тартиби таъминоти моддию техникии Қӯшунҳои сарҳадӣ бо пешниҳоди раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Моддаи 21. Назорати прокурорӣ
Назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар фаъолияти Қӯшунҳои сарҳадӣ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои тобеи он дар доираи ваколати худ татбиқ менамоянд(ҚҶТ аз 20.03.08с., №365)
Моддаи 22. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 1 марти соли 2005
№ 82
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАДАМОТИ САДАМАВИЮ НАҶОТДИҲӢ, СОХТОРҲОИ САДАМАВИЮ НАҶОТДИҲӢ ВА ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ НАҶОТДИҲАНДАГОН
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ХАДАМОТИ САДАМАВИЮ НАҶОТДИҲӢ, СОХТОРҲОИ САДАМАВИЮ НАҶОТДИҲӢ ВА ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ НАҶОТДИҲАНДАГОН
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2005, №3, мод. 122.
Қонунҳои ҶТ аз 5.03.2007 с., № 227; аз 29.12.2010 с., № 645; аз 02.01.2019 с., № 1566)
Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми ноябри соли 2004, № 1257 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 1, соли 2005, моддаи 1) қабул гардидааст.
Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми феврали соли 2005, № 597 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 2, соли 2005, моддаи 73) ҷонибдорӣ гардидааст.
Қонуни мазкур асосҳои умумии ташкилию ҳуқуқии таъсис ва фаъолияти хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, ҳуқуқу ўҳдадориҳо ва масъулияти наҷотдиҳондагонро муқаррар месозад, асосҳои сиёсати давлатиро дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқию иҷтимоии наҷотдиҳандагон ва дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ (минбаъд - ҳолатҳои фавқулодда) иштирок мекунанд, танзим менамояд.
Боби 1. Муқаррароти умумӣ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ – маҷмўи мақомоти идора ва қувваю воситаҳоест, ки баҳри ҳалли масъалаҳои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда, тибқи вазифа дар низоми ягона муттаҳид карда шудаанд, ки асоси онро сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ ташкил медиҳанд.
Сохтори садамавию наҷотдиҳӣ – сохтори мустақил, ё як ҷузъи ҳайати хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ буда, барои анҷом додани корҳои садамавию наҷотдиҳӣ таъин гардидааст. Асоси онро наҷотдиҳандагони бо техникаи махсус, таҷҳизот, асбобу анҷом ва мавод ҷиҳозонидашуда ташкил медиҳанд.
Наҷотдиҳанда – шахсе, ки аз аттестатсия гузашта, барои иҷрои корҳои садамавию наҷотдиҳӣ омода аст.
Корҳои садамавию наҷотдиҳӣ – амалиёт барои наҷоти одамон, арзишҳои моддию фарҳангӣ, ҳифзи муҳити зист дар минтақаи ҳолатҳои фавқулодда, маҳдуд намудан ва ё то ҳадди имкон кам кардани сатҳи таъсири омилҳои хатарноки ба онҳо хос мебошанд. Корҳои садамавию наҷотдиҳӣ дорои омилҳое мебошанд, ки ба ҳаёт ва саломатии шахсони ба ин кор мутасаддӣ таҳдид намуда, омодагии зарурӣ, либосу анҷом ва таҷҳизоти махсусро талаб мекунанд.
Корҳои таъхирнопазир ҳангоми рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда - фаъолиятест, ҷиҳати таъмини ҳамаҷонибаи корҳои садамавию наҷотдиҳӣ, расонидани ёрии тиббӣ ва дигар намудҳои ёрӣ ба аҳолии ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда зарардида, фароҳам овардани шароити лозимӣ барои ҳифзи ҳаёту саломатии одамон ва нигоҳ доштани қобилияти кории онҳо.
Вазъи ҳуқуқии наҷотдиҳандагон – маҷмўи ҳуқуқу ўҳдадориҳоест, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд ва давлат ба наҷотдиҳандагон кафолат додааст. Хусусиятҳои мақоми наҷотдиҳандагон бо назардошти иштироки онҳо дар гузаронидани корҳо оид ба рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ва таҳдиди онҳо ба ҳаёту саломатии наҷотдиҳандагон муайян мешаванд.
Воситаҳои садамавию наҷотдиҳӣ – маҳсулоти техникӣ, илмию техникӣ ва зеҳнӣ, аз ҷумла, воситаҳои махсуси алоқа ва идоракунӣ, техника, таҷҳизот, асбобу анҷом, амвол, мавод ва воситаҳои методии видеоӣ ва аксҳо оид ба технологияи корҳои садамавию наҷотдиҳӣ, инчунин маводи барномавӣ ва маҷмўи маълумот барои мошинҳои электронии ҳисоббарор ва дигар воситаҳоест, ки барои иҷрои корҳои садамавию наҷотдиҳӣ муқаррар гардидаанд.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва вазъи ҳуқуқии наҷотдиҳандагон
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва вазъи ҳуқуқии наҷотдиҳандагон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1566).
Моддаи 3. Принсипҳои асосии фаъолияти хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва наҷотдиҳандагон
Принсипҳои асосии фаъолияти хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва наҷотдиҳандагон иборатанд аз:
-башардўстӣ ва шафқат, ки вазифаҳои наҷоти ҳаёт, нигоҳ доштани саломатии одамон ва ҳифзи муҳити зистро ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулодда, дар мадди аввал мегузоранд;
-яккасардории роҳбарӣ ба хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ;
-хатари асоснок ва таъмини бехатарӣ ҳангоми гузаронидани корҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва корҳои таъхирнопазир;
-омодагии доимии хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ ба аксуламали фаврӣ ҳангоми сар задани ҳолатҳои фавқулодда.
Моддаи 4. Дастгирии давлатии хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва наҷотдиҳандагон
Давлат ба хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ, ки қувваи ягонаи системаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда ба ҳисоб мераванд, ҳамаҷониба кўмак мерасонад, аз ин рў:
-барои хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ маҷмўи имтиёзҳоро муқаррар мекунад;
-ба ташкилотҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар омода намудан ва ҷиҳозонидани хадамот ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳии таъсисдодашуда ҳамкорӣ намуда, инчунин дар омода намудани шаҳрвандоне, ки хоҳиш доранд аз рўи барномаи тайёр намудани наҷотдиҳандагон таълим гиранд, ёрӣ мерасонад;
-маҷмўи тадбирҳоро оид ба ҳимояи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии наҷотдиҳандагон ва аъзои оилаҳои онҳо пешбинӣ менамояд.
Моддаи 5. Намудҳои корҳои садамавию наҷотдиҳӣ
Ба корҳои садамавию наҷотдиҳӣ корҳои ҷустуҷўию наҷотдиҳӣ, наҷотдиҳии кўҳӣ, аз газ наҷотдиҳӣ, корҳои зидди фавворазанӣ, корҳои садамавию наҷотдиҳие, ки ба хомўш кардани сўхторҳо ва рафъи оқибатҳои тиббию санитарии ҳолатҳои фавқулодда вобастаанд, инчунин дигар корҳое, ки номгўяшонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, мансубанд.
Боби 2. Хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ
Моддаи 6. Вазифаҳои хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ
Вазифаҳои асосии хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ инҳоянд:
-дар ҳолати омодагии доимӣ нигоҳ доштани мақомоти идоракунӣ, қувва ва воситаҳои хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ барои интиқол додани онҳо ба минтақаи ҳолатҳои фавқулодда ва иҷрои корҳо ҷиҳати рафъи оқибатҳои онҳо;
-назорати омодагии иншооту ҳудудҳои таҳти хизматрасонӣ қарордошта барои дар онҳо гузаронидани корҳо оид ба рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда;
-рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар иншооту ҳудудҳои таҳти хизматрасонӣ қарордошта.
Ғайр аз ин, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба зиммаи хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ чунин вазифаҳо метавонанд гузошта шаванд:
-иштирок дар таҳияи нақшаҳои пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар иншоот ва ҳудудҳои таҳти хизматрасонӣ қарордошта ва нақшаҳои ҳамкорӣ ҳангоми рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар дигар иншоотҳо ва ҳудудҳо;
-иштирок дар гузаронидани экспертизаҳои пешбинишуда, ҷиҳати татбиқи лоиҳаю қарорҳо дар иншоотҳо ва ҳудудҳои таҳти хизматрасонӣ қарордошта, инчунин дар равандҳое, ки метавонанд ба таъмини ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавкулодда дар иншооти зикргардида таъсир расонанд;
-назорат дар соҳаҳои ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда;
-иштирок дар назорат оид ба риояи талаботи технологӣ ва муҳандисию техникӣ дар соҳаи пешгирии ҳолатҳои фавқулодда;
-иштирок дар омода намудани қарорҳо оид ба таъсисдиҳӣ, ҷойгиронӣ, муайян кардани ҳайати феҳристӣ (номенклатура) ва ҳаҷмҳои эҳтиётии захираҳои моддӣ барои рафъи ҳолатҳои фавқулодда;
-тарғибу ташвиқи донишҳо дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда, иштирок дар омода сохтани аҳолӣ ва кормандони ташкилотҳо барои амалиёт дар шароити ҳолатҳои фавқулодда;
-иштирок дар таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба масъалаҳои ташкил ва гузаронидани корҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва корҳои таъхирнопазир;
-таҳияи пешниҳодот ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ оид ба масъалаҳои таъминоти ҳуқуқӣ ва техникии фаъолияти хадамот ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ, ҳифзи иҷтимоии наҷотдиҳандагон ва дигар кормандони хадамот ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ;
-иштирок дар таҳия, истеҳсоли воситаҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва инчунин, дигар вазифаҳои дар чорчўбаи вазифаҳои башардўстона қарордошта, ки ба ўҳдаи системаи ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда гузошта шудаанд.
Номгўи пурраи вазифаҳои ба зиммаи хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ гузошташуда дар мувофиқа бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатие, ки махсус барои ҳалли масоили ба ҳифзи аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулодда сафарбар карда шуда, аз рўи масъулияташон дар низомнома ё ин ки оинномаҳои хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ зикр гардидаанд, муайян карда мешаванд.
Моддаи 7. Таъсиси хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ
Хадамоти садамавию наҷотдиҳи ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳи метавонанд ба тарзи зерин таъсис дода шаванд:
- дар асоси штати дойми - хадамоти садамавию наҷотдиҳии касби ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ, аз хадамоти ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳӣ-куҳии ҷумҳуриявӣ, зиддифавворави, наҷотдиҳи аз газ, оташнишонӣ, наҷотдиҳӣ дар об, дигар воҳидҳо ва сохторҳом махсусгардонидашудаи наҷотдиҳии фаври дар соҳаи ҳолатҳои фавқулодда (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1566);
- дар асоси гайриштати - сохторҳои гайриштатии садамавию наҷотдиҳи, аз ҷумла сохторҳои ихтиёрии наҷотдиҳии куҳи, зиддифавворави, наҷотдпҳӣ аз газ, оташнишони, наҷотдиҳи дар об;
-дар асосҳои ҷамъиятӣ - сохторҳок садамавию наҷотдиҳии ҷамъиятӣ (ҚҶТ аз 29.12.10 с., № 645).
Хадамоти садамавию наҷотдиҳии касбӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳии касбӣ ташкил карда мешаванд:
- дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ – бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи пешниҳоди мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатии дахлдор дар мувофиқа бо мақомоти махсуси давлатии барои ҳалли масъалаҳои ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда ваколатдоршуда (минбаъд - мақомоти ваколатдори ҷумҳуриявӣ):
- бо қарори вазорату идораҳои даҳлдор дар ташкилотҳое, ки як ё якчанд намуди фаъолият дошта, ҳангоми татбиқи онҳо мавҷудияти ҳатмии хадамоти садамавию наҷотдиҳии худ бо пешниҳоди роҳбарони ташкилотҳо дар доираи шумораи муайяншудаи штатӣ дар мувофиқа бо мақомоти минтақавии махсус барои ҳалли масъалаҳои ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда ваколатдоршуда (минбаъд – мақомоти ваколатдори минтақавӣ) пешбинӣ шудааст.
Низомнома ва оимномаҳои хадамоти садамавию наҷотдиҳии касбӣ ва сохторҳои садамавпю наҷотдиҳии касбӣ, аз ҷумла қисмҳо ва сохторҳои ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии куҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданин назди Ҳукуматп Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд (ҚҶТ аз 29.12.10 с., № 645).
Сохторҳои садамавию наҷотдиҳии ғайриштатиро ташкилотҳо бо тартиби ҳатмӣ аз ҷумлаи кормандони худ, агар инро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда бошад, ё бо қарори маъмурияти ташкилот бо тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, таъсис медиҳанд.
Сохторҳои садамавию наҷотдиҳии ҷамъиятӣ аз ҷониби иттиҳодияҳое, ки вазифаи оинномавиашон иштирок дар иҷрои корҳо оид ба рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда мебошад, таъсис дода мешаванд.
Моддаи 8. Ҳайати хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ
Ҳайат ва сохтори хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ аз тарафи мақомоти маҳалии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилот ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии онҳоро таъсисдиҳанда, бо назардошти вазифаҳои ба зиммаи онҳо оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда гузошташуда ва талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 9. Мукаммалсозии ҳайати хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ
Мукаммалсозии ҳайати хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ ба таври ихтиёрӣ анҷом дода мешавад.
Дар хадамоти садамавию наҷотдиҳии касбӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳии касбӣ, ба муассисаҳои таълимии оид ба тайёр намудани наҷотдиҳандагон, ба вазифаи наҷотдиҳанда он шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд, ки соҳиби таҳсилоти миёнаи (пурраи) умумӣ буда, ҳангоми санҷиши тиббӣ барои иҷрои корҳои наҷотдиҳӣ муносиб дониста шудаанд ва ба талаботи дараҷаи омодагии касбӣ ва ҷисмонӣ, инчунин ба талаботи рўҳию ахлоқӣ ҷавобгў мебошанд.
Ба иҷрои бевоситаи вазифаҳои наҷотдиҳандагон дар хадамоти садамавию наҷотдиҳии касбӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳии касбӣ, шаҳрвандоне роҳ дода мешаванд, ки ба синни 20 расидаанд, дорои таҳсилоти миёнаи (пурраи) умумӣ мебошанд ва аз рўи барномаи тарбияи наҷотдиҳандагон таълим гирифта, мувофиқи тартиби муайяншуда барои иҷрои корҳои садамавию наҷотдиҳӣ аз ҷониби сохторҳои махсуси ваколатдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аттестатсия гузаштаанд (ҚҶТ аз 5.03.2007 с., № 227).
Ҳангоми қабули шаҳрвандон ба хадамоти садамавию наҷотдиҳии сохторҳои садамавию наҷотдиҳии касбӣ ба вазифаи наҷотдиҳандагон бо онҳо шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ баста мешавад.
Моддаи 10. Баҳисобгирии қайди хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ
Ҳамаи хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ бояд ҳатман ба таври баҳисобгирӣ ба қайд гирифта шаванд.
Баҳисобгирии қайди хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳиро тибқи тартиби муқарраргардида мақомоти махсуси маҳаллии ҳокимияти давлатии барои ҳалли вазифаҳои ҳифзи аҳолӣ ва ҳудудҳо аз ҳолатҳои фавқулодда ваколатдоршуда, дар доираи салоҳияти худ анҷом медиҳанд.
Моддаи 11. Фаъолияти хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ
Хусусияти махсус доштани фаъолияти хадамоти садамавию наҷотдиҳии касбӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳии касбӣ тақозо мекунад, ки ҳамаи кормандони хадамоти садамавию наҷотдиҳии касбӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳии касбӣ фармону дастурҳои роҳбарони хадамот ва сохторҳои мазкурро бечунучаро иҷро намоянд. Талаботи мазкур ба сохторҳои ғайриштатӣ ва ҷамъиятии садамавию наҷотдиҳӣ ҳангоми иштироки онҳо дар иҷрои корҳо ҷиҳати рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда низ дахл дорад.
Қатъ кардани кор чун воситаи ҳалли баҳси коллективи меҳнатӣ дар хадамоти садамавию наҷотдиҳии касбӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳии касбӣ манъ аст.
Хадамоти садамавию наҷотдиҳии касбӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳии касбӣ инчунин метавонанд фаъолияти худро ҷиҳати иҷрои корҳои наҷотдиҳӣ дар иншоот ва минтақаҳо дар асоси шартнома (қарордод) амалӣ намоянд.
Омодагии хадамоти садамавию наҷотдиҳии касбӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳии касбӣ ба аксуламал дар ҳолатҳои фавқулодда ва ба роҳ мондани корҳо, ҷиҳати рафъи онҳо дар ҷараёни аттестатсия ва санҷишҳое, ки мақомоти ба ин масъалаҳо ваколатдори давлатӣ дар доираи салоҳияти худ мегузаронанд, тафтиш карда мешавад.
Моддаи 12. Аттестатсияи хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ
Ҳамаи хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ бояд аз аттестатсия гузаранд.
Хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳие, ки аз аттестатсия нагузаштаанд ва ё ҳангоми тафтиш омодагии худро дар ҳолатҳои фавқулодда ва гузаронидани корҳо ҷиҳати рафъи онҳо нишон дода натавонистаанд, ба хизматрасонии ташкилотҳо аз рўи шартнома ва ба иҷрои корҳои садамавию наҷотдиҳӣ ҷалб карда намешаванд.
Мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳангоми аттестатсияи хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ, метавонанд дар ҳолати ба талаботи касбӣ ҷавобгў набудани фаъолияти хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои касбии садамавии наҷотдиҳӣ, ки аз тарафи ин ё он ташкилотҳо таъсис ёфтаанд, ё ба онҳо ба таври шартномавӣ хизмат мерасонанд, фаъолияти ин ташкилотҳоро пурра ё қисман боздоранд.
Моддаи 13. Ҷалби хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ ҷиҳати рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда
Хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ барои рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар мавридҳои зерин ҷалб карда мешаванд:
-мувофиқи нақшаҳо оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар иншоот ва ҳудуде, ки хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳии мазкур ба онҳо хизмат мерасонанд;
-мувофиқи нақшаҳои ҳамкорӣ ҳангоми рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар дигар иншоот ва ҳудуд;
-аз рўи тартиби муқарраргардида ҳангоми сар задан ва авҷ гирифтани ҳолатҳои фавқулодда;
-бо қарори шахсони мансабдори мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ, ки роҳбарии хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳиро ба ўҳда доранд, ё ба ин мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси дархости мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимити давлатӣ инчунин ташкилотҳое, ки дар ҳудудашон ҳолатҳои фавқулодда ба амал омадаанд ваколатдоранд, ё ки мувофиқи ваколаташон дар асоси дархости роҳбарияти ҳолатҳои фавқулодда, ё ин ки дар мувофиқа бо мақомот ва роҳбарияти зикргардида, рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда муайян шудааст.
Ҷалб намудани хадамоти садамавию наҷотдиҳии касбӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳии касбӣ барои рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 14. Роҳбарӣ ба корҳои рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда
Роҳбарӣ ба тамоми қувваҳо ва воситаҳое, ки барои рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ҷалб гардидаанд ва ташкили ҳамкории миёни онҳо аз ҷониби роҳбарони хадамоту сохторҳо оид ба рафъи ҳолатҳои фавқулодда ба амал бароварда мешавад.
Роҳбарони хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳие, ки аввалин шуда ба минтақаи ҳолати фавқулодда ҳозир шудаанд, ваколати роҳбарии рафъи ҳолатҳои фавқулоддаро ба ўҳдаи худ мегиранд ва то омадани роҳбарони амалиёт оид ба рафъи ҳолатҳои фавқулодда, ки онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаҳои пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда муайян намудаанд, ё аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони ташкилотҳо муқаррар гаштаанд ва онҳо барои рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи баамаломада ваколатдоранд, ин вазифаро иҷро менамоянд.
Қарорҳои роҳбарони рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда, барои тамоми шаҳрвандон ва ташкилотҳое, ки дар минтақаи ҳолатҳои фавқулодда ҷойгиранд, ҳатмӣ аст, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати дигареро пешбинӣ накарда бошад.
Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад ба фаъолияти роҳбарони рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар хусуси роҳбарӣ ба корҳо оид ба рафъи ҳолатҳои фавқулодда дахолат намояд, ба ғайр аз ҳолатҳои мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иҷрои вазифа дур намудани онҳо ва ба зиммаи худ гирифтани вазифа ё таъин намудани шахси дигари мансабдор.
Ваколати роҳбарии рафъи ҳолатҳои фавқулодда аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, роҳбарияти ташкилотҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Дар мавридҳои зарурати фавқулодда роҳбарони рафъи ҳолатҳои фавқулодда ҳуқуқ доранд оид ба масъалаҳои зерин мустақилона қарор қабул намоянд:
-дар хусуси гузаронидани чорабиниҳои тахлиявӣ (эвакуатсионӣ);
-дар хусуси манъ намудани фаъолияти ташкилотҳое, ки дар минтақаҳои ҳолатҳои фавқулодда ҷойгиранд;
-дар хусуси гузаронидани корҳои садамавию наҷотдиҳӣ дар иншоот ва ҳудуди ташкилотҳое, ки дар минтақаҳои ҳолатҳои фавқулодда ҷойгиранд;
-дар хусуси маҳдуд намудани рафтуомади одамон ба минтақаи ҳолати фавқулодда;
-дар хусуси бекор кардани брони захираҳои моддии рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи ташкилотҳое, ки дар минтақаҳои ҳолатҳои фавқулодда ҷойгиранд;
-дар хусуси истифода аз воситаҳои алоқа, нақлиёт ва дигар амволи ташкилотҳои дар минтақаҳои ҳолатҳои фавқулодда ҷойгирбуда, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-дар хусуси ба корҳои оид ба рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ҷалб намудани сохторҳои ғайриштатӣ ва ҷамъиятии садамавию наҷотдиҳӣ, инчунин наҷотдиҳандагони ба ҳайати сохторҳои мазкур дохилнабуда, дар сурати мавҷуд будани ҳуҷҷате, ки аз аттестатсия барои иҷрои корҳои садамавию наҷотдиҳӣ гузаштани онҳоро тасдиқ мекунад;
-дар хусуси ихтиёран ҷалб намудани аҳолӣ барои иҷрои корҳои таъхирнопазир, инчунин шахрвандони алоҳидае, ки наҷотдиҳанда нестанд, аммо барои иҷрои корҳои садамавию наҷотдиҳӣ розӣ шудаанд;
-дар хусуси андешидани дигар чораҳои зарурие, ки дар рафти авҷи ҳолатҳои фавқулодда ва рафти корҳо ба миён омадаанд.
Роҳбарони рафъи ҳолатҳои фавқулодда вазифадоранд ҷиҳати ҳарчӣ тезтар огоҳонидани мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони ташкилотҳо аз қарорҳои дар ҳолати зарурати фавқулодда қабулкардаи худ тамоми чораҳоро андешанд.
Роҳбарони рафъи ҳолатҳои фавқулодда, роҳбарони хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ барои ба даст овардани маълумоти пурра ва дақиқ дар бораи ҳолатҳои фавқулодда, ки барои ташкили кор ҷиҳати рафъи оқибатҳои онҳо заруранд, ҳуқуқ доранд.
Дар ҳолати аз нигоҳи технологӣ ғайриимкон гаштани иҷрои ҳамаи корҳои садамавию наҷотдиҳӣ, роҳбарони рафъи ҳолатҳои фавқулодда метавонанд, ҷиҳати қисман ва ё пурра манъ намудани корҳои садамавию наҷотдиҳӣ қарор қабул намоянд ва оид ба наҷоти одамони дар минтақаи ҳолатҳои фавқулодда буда чораҳои аввалиндараҷа андешанд.
Моддаи 15. Ҷуброни хароҷоти хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ ҷиҳати рафъи ҳолатҳои фавқулодда
Ҷуброни хароҷоти интиқол ва ҷойгирнамоии хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳие, ки барои иҷрои корҳои рафъи ҳолатҳои фавқулодда ҷалб гардидаанд, таъминоти моддӣ-техникӣ, молиявӣ ва ғайра, онҳо, инчунин барои пардохти музди меҳнати наҷотдиҳандагон, кормандони хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ, додани мукофот ба онҳо, додани рухсатиҳои иловагии пардохтшаванда, хизмати тиббӣ ва пардохти маблағ ба наҷотдиҳандагони муваққатан ғайри қобили меҳнат, ки ҳангоми иҷрои корҳои мазкур зарар дидаанд, мувофиқи шартнома оид ба хизматрасонии ташкилотҳо ва ё аз воситаҳои барои рафъи ҳолатҳои фавқулодда ҷудокардашуда, анҷом дода мешавад.
Моддаи 16. Мусоидат ба хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ дар татбиқи фаъолияти онҳо
Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳо вазифадоранд ба хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳие, ки ба минтақаҳои ҳолати фавқулодда раҳсипоранд, ёрии ҳамаҷониба расонанд, аз ҷумла онҳоро бо нақлиёт ва воситаҳои моддию техникии зарурӣ таъмин намоянд.
Нақлиёти таъҷилии сохторҳои садамавию наҷотдиҳии касбӣ, бояд ранги ороишии намунаи муқарраргашта ва бонгҳои садоӣ ва равшании махсус дошта бошанд.
Ҳангоми ба ҷои иҷрои корҳои рафъи ҳолатҳои фавқулодда рафтани нақлиёти таъҷилии сохторҳои садамавию наҷотдиҳии касбӣ онҳо ҳуқуқи дар навбати аввал дар фурўдгоҳҳо, нуқтаҳои фурўши сўзишворӣ бо маводи сўзишворию равғанҳои молиданӣ таъмин шудан, инчунин ҳуқуқи дар навбати аввал гузаронидани корҳои таъмириро дар нуқтаҳои хизматрасонии техникӣ ва фурудгоҳҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон, доро мебошанд.
Бо мақсади таъмини омодагии мунтазами хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳии касбӣ барои иҷрои корҳои рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда, наҷотдиҳандагони хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳии мазкур дар мўҳлате, ки бо роҳбарони хадамот ва сохторҳои номбурда мувофиқа шудааст, ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ дар сохторҳои ҳарбию оперативии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд (ҚҶТ аз 5.03.2007 с., № 227).
Моддаи 17. Ҳамоҳангсозии фаъолияти хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ
Ҳамоҳангсозии фаъолияти хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсадҳои зерин анҷом дода мешавад:
- ҷалби фаврии воситаҳои зарурӣ барои рафъи ҳолатҳои фавқулодда;
-таҳияи пешниҳодоти мувофиқашуда ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ оид ба такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда, инчунин дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии наҷотдиҳандагон ва аъзои оилаи онҳо;
-ба таври ягона таҳия кардани заминаи меъёрӣ ва ҳуқуқии фаъолияти хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ;
-ба роҳ мондани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи истеҳсоли воситаҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва дар масъалаҳои таъминоти моддию техникии хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ;
-ҳамоҳангсозии ҳамкорӣ миёни хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва қувваҳои дигар ҳангоми иҷрои корҳо оид ба рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар минтақаҳои дахлдор;
-ҳалли масъалаҳои омодасозии наҷотдиҳандагон, шахсони мансабдори хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳие, ки дар иҷрои корҳо оид ба рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавкулодда иштирок мекунанд.
Ҳамоҳангсозии фаъолияти хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз ҷониби мақомоти махсуси давлатӣ, ки ваколатдори соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда мебошанд, анҷом дода мешавад.
Моддаи 18. Кўчонидан, ба дигар намуди кор гузаронидан ва барҳам додани хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ
Асоси ба ҷои дигар кўчонидан, ба дигар намуди кори садамавию наҷотдиҳӣ гузаронидан ё барҳам додани хадамоти садамавию наҷотдиҳии касбӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳии касбӣ, инчунин барои барҳам додани сохторҳои ғайриштатии садамавию наҷотдиҳӣ, ки таъсиси ҳатмии онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, қатъ гаштани фаъолияти ташкилотҳое, ки аз ҷониби ин хадамот хизмат расонида мешавад ва ё бартараф гардидани хатари сар задани ҳолатҳои фавқулодда, ки ин қувваҳо барои рафъи оқибатҳои онҳо таъин гардидаанд, ба шумор меравад.
Қарор дар хусуси ба ҷои дигар кўчонидан, ба дигар намуди кор гузаронидан ё барҳам додани сохторҳои садамавию наҷотдиҳии касбӣ, инчунин қарор дар бораи барҳам додани сохторҳои садамавию наҷотдиҳии ғайриштатӣ, ки таъсиси ҳатмии онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, аз тарафи мақомоте, ки қарори таъсиси онҳоро қабул намудааст, қабул карда мешавад.
Барҳамдиҳии сохторҳои садамавию наҷотдиҳии ҷамъиятӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 19. Маблағгузорӣ ва таъминоти моддии хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ
Маблағгузорӣ ва таъминоти моддии хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ аз ҳисоби маблағҳои зерин амалӣ карда мешавад (ҚҶТ аз 29.12.10 с., № 645):
-маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, фондҳо ва дигар маблағхои буҷетии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин маблағҳои молиявии ташкилотҳое, ки хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳиро таъсис дода, нигоҳ медоранд;
-маблағҳои молиявие, ки аз татбиқи шартномаҳои хизматрасонӣ ба ташкилотҳо ба даст оварда мешаванд;
-аз ҳисоби маблағҳои захиравии молиявие, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рафъи ҳолатҳои фавқулодда ҷудо карда мешаванд;
-фондҳои ҷамъиятие, ки аз ҳисоби ҳаққи аъзогӣ ва хайрияҳои ихтиёрии шаҳрвандон ва ташкилотҳо барои ҳимоя ва наҷоти одамон, расонидани ёрӣ ба онҳо дар ҳолатҳои фавқулодда ташкил гардидаанд;
-манбаъҳои дигар, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф нестанд.
Тартиби таъминоти моддии хадамоти ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳӣ-кӯҳии ҷумҳуриявии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданин назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (ҚҶТ аз 29.12.10 с., № 645; аз 02.01.2019 с., № 1566).
Боби 3. Наҷотдиҳандагон ва вазъи ҳуқуқии онҳо
Моддаи 20. Наҷотдиҳандагон
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди гузаштан аз муоинаи тиббӣ, иҷрои меъёрҳои омодагии ҷисмонӣ, таълим аз рўи барномаи омодасозии наҷотдиҳандагон ва аттестатсия аз рўи иҷрои корҳои садамавию наҷотдиҳӣ, ба мақоми наҷотдиҳанда соҳиб мегарданд.
Ҳангоми қабули қарор аз тарафи мақомоти аттестатсионӣ дар бораи додани мақоми наҷотдиҳанда ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз рўи намунаи муқарраршуда шаҳодатнома, дафтарчаи наҷотдиҳанда, нишонаи махсус (жетон), ки дар он ному насаб, гурўҳи хун ва рақами қайди наҷотдиҳанда сабт шудааст, дода мешавад.
Дафтарчаи наҷотдиҳанда барои ба қайд гирифтани иштироки наҷотдиҳанда дар корҳои рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда таъин гардидааст. Низомномаи дафтарчаи наҷотдиҳандаро мақомоти давлатии ба ин масъала ваколатдор тасдиқ мекунад.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 20 солагӣ расидаанд, метавонанд наҷотдиҳанда шаванд.
Наҷотдиҳандагоне, ки аз аттестатсия нагузаштаанд, мақоми наҷотдиҳандаро аз даст медиҳанд.
Моддаи 21. Ҳуқуқҳои наҷотдиҳандагон
Наҷотдиҳандагоне, ки ба корҳои рафъи ҳолатҳои фавқулодда ҷалб гардидаанд, ҳуқуқ доранд ҳангоми рафтан ба ҷои иҷрои корҳои зикргашта ба ҳама навъҳои нақлиёт бенавбат чипта харанд.
Ҳангоми иҷрои корҳои рафъи ҳолатҳои фавқулодда, наҷотдиҳандагон ҳуқуқҳои зеринро доранд:
-доштани маълумоти пурра ва дақиқе, ки барои иҷрои вазифаҳояшон заруранд;
-бемамониат гузаштан ба ҳудуд ва иншооти истеҳсолии ташкилотҳо, биноҳои истиқоматӣ барои иҷрои корҳо оид ба рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда;
-талаб намудани риояи чораҳои амниятии муқарраршуда аз ҳамаи шахсони дар минтақаҳои ҳолатҳои фавқулодда ҷойгирбуда;
-доштани либосу анҷом ва таҷҳизот мувофиқи технологияи иҷрои корҳои садамавию наҷотдиҳӣ;
-тибқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои наҷоти одамон ва дар ҳолатҳои зарурати фавқулодда истифода бурдани воситаҳои алоқа, нақлиёт, амвол ва дигар воситаҳои моддии ташкилотҳое, ки дар минтақаҳои ҳолатҳои фавқулодда ҷойгиранд.
Наҷотдиҳандагони хадамоти садамавию наҷотдиҳии касбӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳии касбие, ки дар ҷараёни иҷрои вазифаҳои тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ муқарраргашта, инчунин дигар наҷотдиҳандагоне, ки ҳангоми иҷрои корҳо оид ба рафъи ҳолатҳои фавқулодда осеб дидаанд, мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассиса ва марказҳои барқароркунии саломатӣ барои табобати тиббӣ ва психологии ройгон ҳуқуқ доранд.
Наҷотдиҳандагон мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нафақаи имтиёзнок ҳуқуқ доранд.
Моддаи 22. Кафолати фаъолияти наҷотдиҳандагон
Дар ҷараёни иҷрои корҳо оид ба рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда, наҷотдиҳандагон танҳо ба роҳбарони хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳие, ки дар ҳайати он мебошанд, итоат менамоянд.
Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад наҷотдиҳандагонро ба иҷрои вазифаҳо ва корҳое, ки шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ муқаррар накардааст, маҷбур намояд.
Моддаи 23. Ўҳдадориҳои наҷотдиҳандагон
Наҷотдиҳандагон ўҳдадоранд:
-ба иҷрои корҳо оид ба рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда омода бошанд, омодагии ҷисмонӣ, махсус, тиббӣ ва рўҳии худро такмил диҳанд;
-малакаву маҳораташонро ҳангоми фаъолият дар ҳайати сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ такмил диҳанд;
-технологияи иҷрои корҳои садамавию наҷотдиҳиро бечунучаро риоя намоянд;
-фаъолона зарардидагонро ҷустуҷў намоянд, ҷиҳати наҷот додани онҳо чораҳои зарурӣ андешанд, ба онҳо кўмаки аввалияи тиббӣ ва дигар намудҳои ёриро расонанд;
-дар вақти гузаронидани корҳои рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда фармони сардорони хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳие, ки наҷотдиҳандагон ба ҳайати онҳо дохил мешаванд, бечунучаро иҷро намоянд;
-бо мақсади роҳ надодан ба зуҳури ҳолатҳои фавкулодда ба шаҳрвандон қоидаҳои бехатарии рафтор ва тарзи амалиётро ҳангоми ба вуқўъ омадани онҳо фаҳмонанд.
Ўҳдадориҳои наҷотдиҳандагони хадамоти садамавию наҷотдиҳии касбӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳии касбӣ дар оинномаҳо ва дастурамалҳои дахлдор муайян мегарданд ва қисми таркибии шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ба ҳисоб мераванд.
Моддаи 24. Тартиби кор (хизмат) ва истироҳати наҷотдиҳандагон
Тартиби кори (хизмати) наҷотдиҳандагони хадамоти садамавию наҷотдиҳии касбӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳии касбӣ тибқи қоидаҳои низоми кории дохилӣ, ҷадвали навбатдорӣ, ҷадвали дарсӣ ё чорабиниҳои дигар оид ба омодагии махсус муайян карда мешавад.
Тартиби баҳисобгирии иштироки наҷотдиҳандагон дар корҳои рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар асоси дафтарчаи наҷотдиҳанда анҷом дода мешавад.
Ҳангоми иҷрои корҳои рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда, тартиби кор ва давомнокии рўзи кории наҷотдиҳандагон мумкин тағйир ёбад. Дар чунин маврид рўзи корӣ аз тарафи роҳбарони амалиётҳои рафъи ҳолатҳои фавқулодда, бо назардошти хусусияти ҳолатҳои фавқулодда, шароити иҷрои корҳо оид ба рафъи онҳо ва бо тавсияи духтурон муқаррар карда мешавад.
Моддаи 25. Пардохти музди меҳнати наҷотдиҳандагон
Манбаи музди меҳнати наҷотдиҳандагони хадамот ва сохторҳои касбии садамавию наҷотдиҳӣ муқаррар карда мешаванд:
- барои хадамот ва сохторҳои касбии садамавию наҷотдиҳӣ, ки ба сохтори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо ва муассисаҳои дигари ҷумҳуриявӣ, мансубанд аз ҳисоби маблағҳои буҷетии аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъиншуда (ҚҶТ аз 5.03.2007 с., № 227);
- барои хадамотҳо ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳии муассиса ва ташкилотҳо аз ҳисоби маъмурияти ин муассиса ва ташкилотҳо;
- барои хадамоти ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳӣ-кӯҳии ҷумҳуриявӣ, ки дар асоси шартнома фаъолият менамоянд, аз ҳисоби маблагҳое, ки дар асоси шартнома ворид мегарданд (ҚҶТ аз 29.12.10 с., № 645; аз 02.01.2019 с., № 1566).
Моддаи 26. Ҳуқуқ ба манзил
Ба наҷотдиҳандагони хадамоти садамавию наҷотдиҳии касбӣ ва сохторҳои наҷотдиҳии касбии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазоратҳо кумитаҳои давлатӣ ва муассисаҳо ва инчунин аъзои оилаашон, ки ҳамроҳи онҳо зиндагӣ мекунанд, манзили истиқоматӣ аз рўи тартиб ва меъёрҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, дода мешавад.
Барои беҳтар кардани шароити манзилӣ ва бо манзил таъмин намудани наҷотдиҳандагони мўҳтоҷ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассиса ва ташкилотҳо, дар сурати доштани имкониятҳои молиявии мувофиқ, метавонанд дар асоси тартиботи дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқараркардашуда утоқҳои манзилӣ харанд, ё ин ки хонаҳои истиқоматӣ созанд.
Оилаҳои наҷотдиҳандагони хадамоти садамавию наҷотдиҳии касбӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳии касбие, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ вафот кардаанд, инчунин оилаҳои наҷотдиҳандагоне, ки барои иҷрои корҳо оид ба рафъи ҳолатҳои фавқулодда ҷалб гардида, ҳангоми иҷрои корҳои мазкур ҳалок гаштаанд (вафот кардаанд), ба гирифтани манзил (беҳтар кардани шароити манзилӣ) эҳтиёҷ доранд, ҳуқуқи гирифтани он (беҳтар кардани шароити манзилӣ)-ро нигоҳ медоранд. Манзили истиқоматӣ ба оилаҳои мазкур дар навбати аввал дода мешавад.
Наҷотдиҳандагони хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳии касбӣ барои дар навбати аввал ба хонаҳояшон гузаронидани хати телефон ҳуқуқ доранд.
Моддаи 27. Кафолатҳои суғуртавии наҷотдиҳандагон
Ҳаёт ва саломатии наҷотдиҳандагон бояд ба таври ҳатмӣ суғурта карда шавад. Тартибу шартҳои суғуртаи ҳаёт ва саломатии наҷотдиҳандагон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 28. Ҳифзи иҷтимоии аъзои оилаи наҷотдиҳандагон
Аъзои оилаи наҷотдиҳандагони хадамоти садамавию наҷотдиҳии касбӣ ва сохторҳои садамавию наҷотдиҳии касбӣ, ки ҳангоми иҷрои ўҳдадориҳои бар зиммаи онҳо мувофиқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ гузошташуда вафот кардаанд, инчунин аъзои оилаҳои дигар наҷотдиҳандагоне, ки дар давраи иштирок дар гузаронидани корҳои рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда вафот кардаанд, дар тўли як сол ҳуқуқи имтиёзҳоеро, ки онҳо чун аъзои оила мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебурданд, нигоҳ медоранд.
Таъмини нафақаи аъзои оилаҳои наҷотдиҳандагон дар ҳолати аз даст додани сарпараст мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
Моддаи 29. Шаҳрвандоне, ки наҷотдиҳанда набуда, ҷиҳати иҷрои корҳо ба рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ҷалб карда мешаванд
Дар ҳолатҳои ниҳоят зарурӣ шаҳрвандони алоҳидае, ки наҷотдиҳанда нестанд, метавонанд бо хоҳиши худи онҳо ба иҷрои корҳои садамавию наҷотдиҳӣ ҷалб карда шаванд.
Қарор дар бораи ба иҷрои корҳои наҷотдиҳию садамавӣ ҷалб намудани шаҳрвандоне, ки наҷотдиҳанда нестанд, аз тарафи роҳбарони мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони ташкилотҳо, роҳбарони рафъи ҳолатҳои фавқулодда қабул карда мешавад.
Боби 4. Муқаррароти хотимавӣ
Моддаи 30. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсоне, ки дар вайрон кардани Қонуни мазкур гунаҳгор дониста мешаванд, мувофиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 31. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
1 марти соли 2005
№ 83
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БЕХАТАРИИ БИОЛОГӢ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ БЕХАТАРИИ БИОЛОГӢ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2005, №3, мод. 128; соли 2007, №7, мод.692)
Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми декабри соли 2004, № 1269 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 12 (қисми 3), соли 2004, моддаи 706) қабул гардидааст.
Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми феврали соли 2005, № 602 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 2, соли 2005, моддаи 78) ҷонибдорӣ гардидааст.
Боби I. Муқаррароти умумӣ
Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур
Қонуни мазкур намудҳои фаъолияти вобаста бо ба даст овардан, озмудан, истифода бурдан, воридот, содирот, истеҳсол ва фурўши организмҳои бо истифодаи усули биотехнологияи замонавӣ аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфтаро танзим намуда, ба кам намудани хавфи таъсири номатлуби организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ба саломатии инсон, гуногунии биологӣ, мувозинати экологӣ ва ҳифзи муҳити зист нигаронида шудааст.
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосие, ки дар Қонуни мазкур истифода мешаванд
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
организм-тамоми мавҷудоти зиндае, ки қобилияти дучандшавии маводи генетикиро доро мебошад;
организми аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта - ҳар гуна организм, ба истиснои организми инсон, ки маводи генетикиаш бо роҳҳои ғайри дурагакунӣ ё ба таври ғайри табиии дучандшавӣ тағйир дода шудааст;
микроорганизм - организмҳои зиндаи хурд, ки дар табиат паҳн гардидаанд ва суръати баланди афзоиш ва паҳншавӣ дошта, ба гузаронидани маводи генетикӣ қобилият доранд;
биотехнологияи ҳозиразамон - истифодаи усулҳои навшудаи кислотаҳои нуклеинӣ ва усулҳои омехташавии ҳуҷайраҳо, ки аз усулҳои хоси селексия ва беҳтаркунии навъҳо фарқ намуда, монеаҳои табиии такрористеҳсолкунӣ ё усулҳои навшударо бартараф месозад;
истифодаи организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта - фаъолият ё маҷмўи намудҳои фаъолияте, ки мақсади он ба даст овардан ва ба фурўш баровардани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ва маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда, аз ҷумла таҳқиқ, озмоиш ва ба роҳ мондани истеҳсоли саноатии онҳо мебошанд;
истифодабарӣ дар системаҳои маҳдуд - ҳар кадом амалиёте, ки дар рафти он микроорганизмҳо (организмҳо) дар фазо ё муҳити маҳдуди ҷудо карда ва таҳти назорат қарорёфта бо истифодаи чораҳои махсуси ҷудокунӣ барои маҳдуд ё истисно кардани робитаи чунин организмҳо бо одамон ва муҳити зист аз ҷиҳати генетикӣ тағйир меёбанд ё организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта парвариш ва афзоиш меёбанд, ҷамъ мешаванд, истифода мегарданд, интиқол ва нобуд сохта ва ё безарар гардонида мешаванд;
истифодабаранда - шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки ба фаъолияти вобаста бо ба даст овардан, озмудан, истеҳсол ва фурўхтани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта дар системаҳои маҳдуд ё кушода, инчунин бо ба даст овардан, озмудан, истеҳсол ва фурўхтани маҳсулоти аз ин организмҳо ҳосилшуда масъул аст ва ба амал мебарорад;
ворид намудани мақсаднок ба муҳити зист - дидаю дониста ба муҳити зист ворид намудани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё таркиби онҳо, ки қабули чораҳои махсуси ҷудокуниро тақозо намекунанд ва бо дараҷаи баланди бехатарӣ барои одамон ва муҳити зист фарқ мекунанд;
ворид намудани беғаразона ба муҳити зист- ҳар ҳодисаи ба муҳити зист ворид сохтани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё таркиби онҳо, ки натиҷаи ғаразнок надошта бошад;
воридсозӣ ба бозор- таҳвилдиҳии организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда ба музд ё ба таври ройгон ба тарафи сеюм;
садама- ҳодисае, ки боиси беғаразона ба муҳити зист ворид намудани микроорганизмҳои (организмҳои) зиёд дар рафти истифодаи онҳо дар системаҳои маҳдуд гардида, барои саломатии одамон ва муҳити зист оқибатҳои фаврӣ ё минбаъда дошта метавонад;
маҳсулоти истеҳсолшуда аз организми аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта - маҳсулоте, ки аз як организми аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё таркиби чунин организмҳо иборат аст ё дорои як организми аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё таркиби чунин организмҳо буда, ба бозор ворид карда мешавад;
маҳсулоти коркардшуда - маҳсулоте, ки бо роҳи коркарди организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта, баъзе қисмҳои онҳо ё баъзе метаболитҳо (мубодилаи моддаҳо) ва моддаҳои ҳосилкардаи онҳо ба даст оварда шудааст;
маҳсулоти тозашуда - маҳсулоте, ки аз организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта бо роҳи коркард, тозакунӣ ба даст оварда шудааст (масалан: инсулин, энзимҳои гуногун, равған ва монанди инҳо);
санҷиши саҳроӣ - таҷрибае, ки аз омўзиши организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта дар шароити саҳро иборат буда, дар зери назорат қарор дорад ва боварӣ ҳаст, ки ин организмҳо баъди ба итмом расидани таҷриба дар муҳит боқӣ намемонанд;
парвариш, истеҳсол дар шароити саҳро, паҳншавӣ ба ҳудудҳо - ба муҳити зист мақсаднок ворид сохтани организми аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта бо мақсади парвариш, истеҳсол ё афзоиш додан, ки аллакай хусусият ва мақсади таҷрибавӣ надорад;
баҳодиҳии хатар - арзёбии оқибатҳои бевоситаю бавоситаи фаврӣ ё минбаъдаи ба муҳити зист ворид сохтани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё қисми таркибии онҳо барои саломатии одамон ва муҳити зист;
танзими хатар - таҳия ва истифодаи маҷмўи чорабиниҳо барои амалӣ шудани мониторинги хатар ва чораҳое, ки дар сурати рўй додани садама андешида мешаванд;
интиқоли байнисарҳадии организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта - бо ҳар гуна роҳ гузаронидани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё таркиби чунин организмҳо, инчунин маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда аз ҳудуди як давлат ба ҳудуди давлати дигар;
интиқоли байнисарҳадии мақсаднок - ҳар гуна амалиёти содиротию воридотии организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё таркиби онҳо, ки бо иҷозати мақомоти салоҳиятноки давлатӣ мутобиқи қоидаҳои миллӣ ва байналмилалӣ сурат мегирад;
интиқоли байнисарҳадии беғаразона- надониста аз сарҳад гузаронидани ҳар гуна организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё таркиби онҳо, ки оқибати он бояд аз нуқтаи назари бехатарии биологӣ ва бехатарии саломатии одамон бо дидани чораҳои дахлдор арзёбӣ карда шавад;
воридкунанда- шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки дар доираи ҳуқуқии давлат қарор дошта, воридотро ба амал мебарорад ва воридоти организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта, таркиби чунин организмҳо ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшударо ташкил менамояд ва барои он масъул аст;
содиркунанда - шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар доираи ҳуқуқии давлат қарор дошта, содиротро ба амал мебарорад ва содироти организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта, таркиби чунин организмҳо ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшударо ташкил менамояд ва барои он масъул аст;
огоҳнома - ҳуҷҷатест, ки тавассути он шахс дар бораи фаъолияте, ки амалӣ мегардонад, бо мақсади гирифтани иҷозат Комиссияи миллиро оид ба бехатарии биологӣ огоҳ месозад;
минтақаи бехатарии генетикӣ - ҳудуде, ки дар он ба ягон фаъолияти вобаста ба истифодабарии организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта роҳ дода намешавад;
маводи генетикӣ – маводҳое, ки аз организмҳои зиндаи тағйирдодашудаи алоҳида, ё дар натиҷаи комбинатсияи якчанд организмҳои зиндаи ба таври генетикӣ тағйирдодашуда ба вуҷуд оварда шудаанд;
инженерияи генӣ – фаъолияте, ки бо усули нави биотехнологӣ таркиби наслии организмҳои зиндаро дигаргун намуда, организмҳои сифатан навро ба вуҷуд меорад.
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бехатарии биологӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бехатарии биологӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳукуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи 4. Фаъолияти вобаста ба бехатарии биологӣ
Муқаррароти Қонуни мазкур ба намудҳои фаъолияте, ки ба ин масъалаҳо алоқаманданд, татбиқ мешавад:
- дар системаҳои сарбаста бо мақсадҳои гуногун ба даст овардан, афзоиш додан, воридоту содирот намудан, санҷидан ва истифода бурдани микроорганизмҳо, растаниҳо ва ҳайвоноти аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта бо истифодаи тарзу усулҳои биотехнологияи замонавӣ;
- ба муҳити зист ва ба бозор ворид сохтани мақсадноки организмҳои зиндаи аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта бо истифодаи усулҳои биотехнологияи замонавӣ, аз ҷумла ҳар гуна таркиби зиндае, ки онҳо ба такрористеҳсолкунии организмҳо қобиланд, аз қабили тухмӣ, бехмева, қаламча, гарди гул ва ғайра;
- беғаразона ворид намудани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ба муҳити зист;
-ба муҳити зист ва бозор ворид намудани мақсадноки маҳсулоти коркардшуда, ки дорои организми аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ва ё қисматҳои ғайризиндаи организмҳои зиндаи аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёбанда дар намуди коркардшуда ё коркарднашуда;
- ҳамаи намуди тадқиқоти организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта, аз ҷумла тадқиқоти лабораторӣ, клиникӣ, саҳроӣ, таҷрибавию саноатӣ;
- беғаразона ё ғайриқонунӣ аз сарҳад гузаронидани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта;
- нигоҳдорӣ, гўронидан, нобуд намудани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда, безараркунии партовҳо, ки натиҷаи истифодаи усулҳои биотехнологияи замонавӣ мебошанд;
-амалиётҳои оид ба воридоту содироти мақсадноки организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ва маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда.
Таҳти амали Қонуни мазкур организмҳое, ки бо усули инженерияи генӣ ба даст омада, бо ҳосил намудан, санҷидан ва фурўхтани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта пешбинӣ гардидаанд, маҳсулотҳои тозакардашуда, аз ҷумла доруҳои фармасевтӣ, ки барои инсон ва истифода дар соҳаи байторӣ таъин шудаанд, фаъолият оид ба интиқол, новобаста ба тарзи интиқол, инчунин амалиёт оид ба фурўш ва воридоту содирот, ки бо санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешаванд, қарор намегиранд.
Моддаи 5. Талаботи асосӣ оид ба муайян намудани дараҷаи хатари воқеӣ
Вобаста ба дараҷаи хатари воқеӣ барои саломатии инсон ва муҳити зист, ки ҳангоми амалӣ гардидани намудҳои фаъолияте, ки Қонуни мазкур ба танзим медарорад, барои системаҳои маҳдуд дараҷаҳои зерини хатар муқаррар карда мешаванд:
- дараҷаи I-ба фаъолияти дорои хатари начандон зиёд, ки бо хатари истифодабарии микроорганизмҳои ғайрипатогенӣ ё бидуни хатар муқоиса мешавад, мутобиқат менамояд;
- дараҷаи II- ба фаъолияти дорои хатари кам, ки бо хатари истифодабарии микроорганизмҳои шартан патогенӣ (касалиовар) муқоиса мешавад, мутобиқат менамояд;
- дараҷаи III- ба фаъолияти дорои хатари мўътадил (миёна), ки бо хатари истифодабарии микроорганизмҳои қобили гузаронидани сироятҳо муқоиса мешавад, мутобиқат менамояд;
- дараҷаи IV – ба фаъолияти дорои хатари зиёд, ки бо хатари истифодабарии микроорганизмҳои қобили паҳнкунии инфексияҳои махсусан хавфнок муқоиса мешавад, мутобиқат менамояд.
Намудҳои фаъолияте, ки бо микроорганизмҳо дар системаи маҳдуд дар ҳаҷме, ки аз тадқиқоти лабораторӣ зиёд аст ва ҳамчунин дар системаҳои кушода амалӣ карда мешавад, ба дараҷаҳои III ва IV- и хатар мансуб аст.
Моддаи 6. Иҷозатномадиҳӣ (литсензиядиҳӣ) ба фаъолият дар соҳаи бехатарии биологӣ
(Моддаи 6 хориҷ карда шуд, тибқи Қ ҶТ аз 30.07.07с №330 )
Боби II. Идоракунии давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии биологӣ
Моддаи 7. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими муносибатҳо оид ба таъмини бехатарии биологӣ
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими муносибатҳо оид ба таъмини бехатарии биологӣ инҳо мансубанд:
- тасдиқ намудани барномаҳои давлатӣ оид ба таъмини бехатарии биологӣ, маблағгузорӣ ва таъминоти моддию техникии чорабиниҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ дар ин соҳа;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ доир ба масъалаҳои таъмини бехатарии биологӣ;
- муайян намудани мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини бехатарии биологӣ;
- равона кардани сиёсат ба нигоҳдории гуногунии биологӣ чун сарвати миллӣ, ки бехатарии биологии мамлакатро таъмин менамояд;
- таъсис ва тасдиқи Комиссияи миллӣ;
- иҷрои дигар вазифаҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 8. Салоҳияти мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини бехатарии биологӣ
Ба салоҳияти мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини бехатарии биологӣ инҳо дохил мешаванд:
- амалӣ гардонидани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии биологӣ;
- танзим ва ҳамоҳангсозии корҳо оид ба татбиқи стратегия ва нақшаи миллии амалиёт барои нигоҳдории гуногунии биологӣ;
- таҳияи лоиҳаҳо ва ташкили кор оид ба нигоҳдории гуногунии биологӣ ва бехатарии биологӣ;
- тартиб додани маърўзаҳо, ҳисобот, шиносномаҳои экологӣ, лоиҳаҳои миллии ҳифзи табиат ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳифзи табиат;
- муайян намудани захираҳои биологӣ;
- таҳия ва татбиқи ҳуҷҷатҳои лоиҳавии байналмилалӣ ва муқаррар кардани равобит бо ташкилотҳои байналмилалӣ;
- иҷрои дигар вазифаҳо мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Боби III. Истифодаи микроорганизмҳои (организмҳои) аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта дар системаҳои маҳдуд
Моддаи 9. Ташкили фаъолият ва баҳодиҳии хатар дар системаҳои маҳдуд
Барои ташкили фаъолият оид ба истифодаи микроорганизмҳои (организмҳои) аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта дар системаҳои маҳдуд истифодабаранда бояд ба ин фаъолият аз нуқтаи назари хатарнокӣ барои саломатии инсон ва муҳити зист баҳо дода, онро ба яке аз дараҷаҳои хатаре, ки дар қисми 1 моддаи 5 номбар шудааст, нисбат диҳад ва ба Комиссияи миллӣ огоҳномаро пешниҳод намояд.
Ҳангоми баҳодиҳӣ ҷиҳатҳое, ки ба ҷудо кардани партовҳо ва қабули чораҳои зарурӣ барои ҳифзи саломатии инсон ва муҳити зист дахл доранд, махсусан ба назар гирифта мешаванд.
Баҳодиҳӣ ва дидани чораҳои доир ба муҳофизат, ки дар қисми 1 ҳамин модда пешбинӣ гардидаанд, бояд давра ба давра, инчунин дар ҳолатҳои зерин аз нав дида шаванд:
- агар исбот шуда бошад, ки баҳодиҳӣ нодуруст гузаронида шудааст, дар ин ҳолат маълумотҳои нави тадқиқоти илмӣ ё техникӣ ба эътибор гирифта мешавад;
- ё ин ки дидани чораҳо оид ба ҷудокунӣ комилан мувофиқ нестанд ё дараҷаи муқарраргардидаи хатар барои истифода дар системаҳои сарбаста тағйир ёфтааст.
Моддаи 10. Ахбороти махфӣ оид ба микроорганизмҳои (организмҳои) аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта
Дар огоҳномае, ки ба Комиссияи миллӣ дархосткунанда мефиристад, асосҳои заруриро пешниҳод намуда, нишон медиҳад, ки кадом ахборотро ба сифати ахбори махфӣ баррасӣ намояд.
Қарор дар бораи махфӣ донистани ахборот аз ҷониби Комиссияи миллӣ баъди бо дархосткунанда маслиҳат намудан қабул гардида, дар бораи қарори қабулшуда вай огоҳ карда мешавад.
Ахбороти зерин махфӣ шуморида намешавад:
- тавсифоти умумии микроорганизмҳои (организмҳои) аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта, ном ва суроғаи дархосткунанда, мақсад ва маҳалли истифодабарӣ;
- дараҷаи хатаре, ки ба он фаъолият оид ба истифодаи микроорганизмҳои (организмҳои) аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта дар системаҳои маҳдуд ва чораҳои оид ба ҷудо кардан (изолятсия) марбут дониста мешаванд;
- хулосае, ки дар натиҷаи омўзиши баҳодии хатар барои саломатии инсон ва муҳити зист пешниҳод карда шудааст;
- тарзу усулҳо ва нақшаи мониторинг, инчунин чораҳое, ки дар ҳолати садама дида мешаванд.
Комиссияи миллӣ ҳақ надорад, ки ба тарафи сеюм ягон ахбороти махфӣ донисташударо фош намояд ва ўҳдадор аст ҳуқуқи моликияти зеҳниро, ки бо ахбороти ба дастомада алоқаманд аст, ҳифз кунад.
Агар дархосткунанда бо ягон сабаб огоҳномаро бозхонд намояд, Комиссияи миллӣ бояд махфиятро нисбати ахбороти гирифтааш риоя кунад.
Моддаи 11. Санҷиши пеш аз истифодабарии микроорганизмҳои (организмҳои) аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта дар системаҳои маҳдуд
Комиссияи миллӣ пеш аз истифодабарии микрооганизмҳои (организмҳои) аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта дар системаҳои маҳдуд месанҷад, ки:
- оё нақшаи таъҷилӣ барои истифодабарӣ дар системаҳои маҳдуд дар мавриди ғайрисамаранок будани чораҳои оид ба ҷудокунӣ метавонад оқибатҳои ҷиддии фаврӣ ва минбаъдаро нисбат ба саломатии инсон ва ё муҳити зист берун аз маҳали ҷойгиршавии дастгоҳ дошта бошад, тайёр карда шудааст;
- оё дар бораи чунин нақшаҳои таъҷилӣ оид ба ҳатмӣ будани ҳамроҳкунӣ барои истифодабарии чораҳои бехатарӣ ба мақомоти барои пешгирии садама манфиатдор ба таври зарурӣ ахборот пешниҳод намудааст. Ахборот бояд муҳим ва ошкоро бошад.
Комиссияи миллӣ ба мақоми салоҳиятноки дигар мамлакатҳо иттилоотеро, ки дар қисми 1 ҳамин модда пешбинӣ шудааст, мутобиқи қоидаҳои байналмилалии соҳаи мазкур пешниҳод менамояд.
Моддаи 12. Чораҳои огоҳкунӣ оид ба таъмини бехатарии биологӣ
Дар сурати гирифтани ахбороти нав ё ҳангоми тағйир ёфтани шароити истифодабарӣ дар системаҳои маҳдуд, ки он метавонад аз нуқтаи назари хатарҳои эҳтимолӣ оқибатҳои ҷиддӣ дошта бошад, истифодагар ўҳдадор аст дар ин бора фавран ба Комиссияи миллӣ хабар дода, огоҳномаро тағйир диҳад.
Агар баъди додани иҷозат Комиссияи миллӣ ахборот гирад, ки истифодаи мазкур дар системаҳои маҳдуд метавонад барои саломатии инсон ва муҳити зист оқибатҳои ҷиддӣ дошта бошад, вай бояд аз истифодагар тағйир додани шароити истифодаро талаб намояд ва агар ин талаб иҷро карда нашавад, барои боздоштан ё манъ кардани фаъолият чораҳо бинад.
Моддаи 13. Ўҳдадории истифодабаранда ҳангоми рўй додани садама
Дар сурати рўй додани садама истифодабаранда бояд дар ин хусус фавран ба Комиссияи миллӣ хабар дода, ин ҳуҷҷатҳоро пешниҳод намояд:
- иттилоот дар бораи ҳолатҳои садама;
- маълумот дар бораи намуд ва миқдори истифодашудаи микроорганизмҳои (организмҳои) аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта;
- ҳар гуна иттилооте, ки барои баҳодиҳии оқибатҳои садама нисбати саломатии инсон ва муҳити зист зарур аст;
- маълумот дар бораи чораҳои дидашуда.
Дар сурати рўй додани садама Комиссияи миллӣ:
- дар ин бора фавран аҳли ҷомеаро хабардор намуда, ба дараҷаи хатари ба амаломада барои саломатии инсон ва муҳити зист баҳо медиҳад ва онро нишон медиҳад;
- ба садама баҳои пурра дода, дар сурати зарурат барои пешгирии чунин садамаҳо дар оянда, инчунин ба оқибатҳои имконпазири чунин садамаҳо роҳ надодан тавсия медиҳад;
- андешидани чораҳои зуруриро таъмин менамояд ва аз рўи вазъият ба мақоми салоҳиятноки давлате, ки ба чунин садамаҳо дахл карданаш мумкин аст, фавран хабар медиҳад.
Боби IV. Ба муҳити зист дохил кардани мақсадноки организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта
Моддаи 14. Тартиби ба муҳити зист дохил кардани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта
Ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пеш аз ба муҳити зист дохил кардани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё таркиби онҳо ба мақсади тадқиқот, санҷиш, инкишоф ё дигар мақсад, ба истиснои истеҳсолот барои баровардан ба бозор, бояд ба Комиссияи миллӣ огоҳнома пешниҳод намоянд.
Огоҳнома бояд инҳоро дар бар гирад:
- ҷамъи ҳуҷҷатҳои техникӣ бо ахбороти дар Низомнома пешбинишуда барои баҳодиҳии хатарҳои пешбинигардидаи фаврӣ ё минбаъда организми аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё таркиби чунин организмҳо барои саломатии одамон ва ё муҳити зист мумкин дошта бошанд;
- баҳои таъсир ва хатар барои саломатии одамон ва ё муҳити зист, ки бинобар ба муҳити зист дохил кардани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ва ё таркиби чунин организмҳо ба вуҷуд омадааст;
- ё иттилооте, ки дархосткунанда дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё берун аз он дар бораи натиҷаҳои ворид сохтани чунин организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё чунин таркиби ин организмҳо гирифтааст ва огоҳнома дар ин бора пештар ё дар худи ҳамон вақт дода шудааст.
Комиссияи миллӣ метавонад иҷозат диҳад, ки дар ҷои муайян ба муҳити зист ворид сохтани таркиби организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё ҳамон як организми аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта дар ҷойҳои гуногун бо ҳамон як мақсад ва дар давраи маҳдуд дар як огоҳнома ба расмият дароварда шавад.
Дар сурати минбаъд дохил кардани ҳамон организми аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё ҳамон таркиби ин организмҳо, ки дар бораи он ҳамчун қисми ҳамон як барномаи тадқиқот (санҷиш) огоҳ карда шуда буд, дархосткунанда бояд огоҳномаи нав пешниҳод намуда, ба он маълумотҳои огоҳномаҳои пештараро ва ё маълумотҳои натиҷаҳои қайдшудаи воридсозиҳои пештараро дохил намояд.
Дар сурати тағйир ёфтани шароити воридсозии мақсаднок, ки он барои саломатии одамон ва ё муҳити зист оқибатҳо дошта метавонад ё пайдо шудани ахбороти нав дар бораи хатар дархосткунанда ўҳдадор аст:
- чораҳои дар огоҳнома пешбинишударо аз нав дида барояд;
- дар ин бора ба Комиссияи миллӣ хабар диҳад;
- барои ҳифзи саломатии инсон ва муҳити зист чораҳои зарурӣ бинад.
Агар иттилоот оид ба оқибатҳои зиёди имконпазири ба муҳити зист ворид сохтани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта баъди гирифтани иҷозати дахлдор аз ҷониби истифодабаранда маълум гардад, Комиссияи миллӣ бояд аз ў тағйир додани шароити воридсозиро талаб намояд. Дар сурати итоат накардан Комиссияи миллӣ боз доштан ё манъи ин фаъолиятро талаб мекунад.
Моддаи 15. Тартиби дида баромадани дархостҳо
Дархосткунанда фаъолиятро танҳо баъди гирифтани иҷозат, ки онро Комиссияи миллӣ додааст ва дар сурати риояи шароитҳои муқарраргардидаи он, аз ҷумла оид ба муайян намудани минтақаи бехатарии генетикӣ оғоз карда метавонад. Ҳудудҳои табиӣ, ки давлат ҳифз менамояд (мамнўъгоҳҳо, парваришгоҳҳо, боғҳои миллӣ ва боғҳои ботаникӣ) аз истифода ва паҳн намудани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта озод буда, ҳудудҳои бехатарии генетикӣ мебошанд.
Агар Комиссияи миллӣ чунин шуморад, ки дархосткунанда таҷрибаи кофии ба муҳити зист дохил кардани организмҳои муайяни аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфтаро дорад, он гоҳ бо назардошти мувофиқати меъёрҳое, ки дар Низомнома муқаррар шудааст, метавонад татбиқи қоидаҳои одии воридсозиро иҷозат диҳад.
Иҷозате, ки Комиссияи миллӣ барои ба муҳити зист ворид сохтани мақсадноки растаниҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфтаро медиҳад, ҳангоми бақайдгирии навъҳо барои санҷиши арзишҳои агрономӣ ва технологӣ ҳатмӣ буда, онро ба мақсади истеҳсол дар ҷумҳурӣ Комиссияи давлатӣ оид ба санҷиши навъҳои растаниҳо ба амал мебарорад.
Ҳамаи навъҳое, ки аз организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ба вуҷуд омада, ба шароитҳои санҷиш ба арзишҳои агрономӣ ва технологӣ мувофиқанд, дар феҳристи навъҳои растаниҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешаванд.
Боби V. Ба бозор баровардани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ва маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда
Моддаи 16 . Тартиби ба бозор баровардани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ва маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда
Ба бозор баровардани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда танҳо дар асоси иҷозате, ки Комиссияи миллӣ мутобиқи талаботи боби lV Қонуни мазкур додааст, сурат мегирад.
Агар фаъолияти оид ба бозор баровардани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда амалиёти воридоту содиротро фаро гирад, он таҳти амали моддаҳои 18-24 қарор мегирад.
Иҷозате, ки дар қисми 1 ҳамин модда пешбинӣ гардидааст, танҳо дар сурати иҷрои шартҳои зерин дода мешавад:
- мутобиқати ин организмҳо ва маҳсулот ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- мутобиқати онҳо ба талаботе, ки ба баҳодиҳии хатарҳо барои саломатии инсон ва муҳити зист мансуб аст.
Моддаи 17. Огоҳнома оиди бори нахуст ба бозор баровардани организми аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта
Пеш аз бори нахуст ба бозор баровардани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда истеҳсолкунанда ё аз рўи вазъият воридкунанда ба Комиссияи миллӣ огоҳнома пешниҳод менамояд, ки бояд дорои мазмуни зерин бошад:
- ахбороти дар назар доштаи Низомнома, ки дар он аз ҷумла маълумотҳои ба дастовардаи истифодабаранда дар рафти тадқиқот, санҷиш ва инкишоф ифода ёфта, мутобиқи нуқтаҳои боби IV Қонуни мазкур гузаронида шудааст;
- баҳои хатар барои саломатии одамон ва муҳити зист;
- шароити ба бозор баровардани маҳсулот, аз ҷумла шароитҳои хоси истифода ва кору амал, инчунин тавсия оид ба борбандӣ ва нишону тамғазанӣ.
Агар дар асоси натиҷаҳои ягон воридсозӣ ба муҳити зист, ки дар бораи он пештар огоҳ карда буданд ва барои он тибқи талаботи Қонуни мазкур иҷозат гирифта шудааст ё дар асоси натиҷаҳои тадқиқоти илмӣ дархосткунанда ба хулоса омадааст, ки ба бозор баровардан ва истифода бурдани маҳсулот барои саломатии инсон ва муҳити зист хатар надорад, вай метавонад дар огоҳнома дар бобати татбиқи қоидаҳои оддии иҷозат хоҳиш намояд.
Дархосткунанда дар огоҳнома маълумотеро, ки дар натиҷаи ба муҳити зист ворид сохтани ҳамин хел организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё таркиби организмҳои мазкур ба даст овардааст, дохил менамояд, ки дар бораи он вай пештар огоҳнома додааст ё онро дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон ё берун аз он амалӣ гардондааст.
Барои ҳар кадом маҳсулоти наве, ки ҳамин хел организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё ҳамин хел таркиби организмҳои мазкурро дорад, ё аз онҳо ё аз таркиби онҳо иборат буда, вале барои истифодаи дигар таъин шудааст, огоҳномаи алоҳида фиристонида мешавад.
Боби VI. Воридоту содироти организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда
Моддаи 18. Фаъолияти асосӣ оид ба воридоту содироти организмҳои аз ҷиҳатӣ генетикӣ тағйирёфта ва ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда
Фаъолият оид ба воридоту содироти организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ва ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда дар мавридҳое сурат мегирад, ки шартҳои пешниҳоди огоҳнома ва шартҳои иҷозатнома, ки дар моддаҳои 20 ва 21 пешбинӣ гардидаанд, иҷро шуда бошанд, ё талаботи махсус доир ба огоҳнома, мувофиқакунӣ, иҷозатномадиҳӣ, ки санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иҷро шуда бошанд.
Фаъолият оид ба воридоту содирот бояд ба талаботи зерин ҷавобгў бошад:
- дар сурати зарурат истифода бурдани тартиби ризоияти асосноки пешакии Комиссияи миллӣ мутобиқи моддаи 19 ҳамин Қонун;
- баҳодиҳии хатарҳо мутобиқи талаботи моддаи 23 Қонуни мазкур;
- риояи талабот оид ба тамғаю нишонгузорӣ, интиқол ва кору амал;
- таъмини мубодилаи иттилоот;
- паҳн накардани иттилооти махфӣ ва риояи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ;
- пешгирӣ намудани ҳамлу нақли ғайриқонунӣ, интиқоли беғаразонаи байнисарҳадӣ ва таъмин намудани қабули чораҳои мувофиқ дар ҳолати рўй додани ҳолатҳои фавқулодда.
Моддаи 19. Тартиби ризоияти асосноки пешакӣ
Тартиби ризоияти асосноки пешакӣ инҳоро дар бар мегирад:
- муқаррар кардани намудҳои фаъолият, ки нисбати онҳо ин қоидаҳо татбиқ мегарданд;
- огоҳ намудан дар бораи мақсади ба амал баровардани воридоту содирот;
- иҷозат додани фаъолият оид ба воридоту содирот;
- дар сурати зарурат аз нав дида баромадани қарори пештар қабулкардаи Комиссияи миллӣ.
Ба тартиби ризоияти асосноки пешакӣ фаъолияти оид ба воридоту содироти организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда мансуб аст, ки бо мақсадҳои зерин амалӣ гардонида мешавад:
- истифодаи онҳо дар системаҳои маҳдуд дар миқёси мамлакат;
-санҷишҳои саҳроӣ дар саросари мамлакат;
- ғаразнок ворид намудани онҳо ба муҳити зист ва ба бозор баровардан.
Моддаи 20. Огоҳсозии Комиссияи миллӣ
Воридкунандагон пеш аз амалӣ сохтани воридоти организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда ўҳдадоранд дар ин бора Комиссияи миллиро огоҳ намоянд.
Комиссияи миллӣ тартиби пешниҳоди огоҳномаро муқаррар намуда, онро ба маълумоти тарафҳои манфиатдор мерасонад.
Дархосткунанда барои дуруст будани ахбороте, ки ба Комиссияи миллӣ мувофиқи дархости он ба тариқи огоҳнома ё бо дигар роҳ пешниҳод намудааст, масъул аст.
Комиссияи миллӣ дар мўҳлати 90 рўзи қабули огоҳнома ба дархосткунанда дар бораи қабули он дар шакли хаттӣ тасдиқнома ирсол менамояд.
Моддаи 21. Қарори Комиссияи миллӣ оид ба додани иҷозат ба воридот
Қарори Комиссияи миллӣ оид ба додани иҷозат ба воридот ба талаботи моддаи 18 ҳамин Қонун, аз ҷумла ба маълумотҳои баҳодиҳии хатарҳо асос карда мешавад.
Комиссияи миллӣ дар мўҳлати пешбининамудаи қисми 4 моддаи 20 ҳамин Қонун бояд дархосткунандаро огоҳ намояд, ки:
- воридот мумкин аст бе додани иҷозат бо нишон додани шартҳои он амалӣ гардонида шавад, ё
- воридот мумкин аст танҳо дар асоси иҷозатномае, ки Комиссияи миллӣ додааст, амалӣ гардонида шавад.
Комиссияи миллӣ дар мўҳлати 90 рўз баъди тасдиқи қабули огоҳнома яке аз ин қарорҳоро қабул мекунад:
- ба амалӣ гардонидани воридот бо шартҳо ё бидуни онҳо бо возеҳ кардани он, ки онҳо барои воридоти минбаъдаи ҳамон организми аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё маҳсулоти аз он ҳосилшуда чи тавр татбиқ карда мешавад, иҷозат диҳад;
- воридотро манъ намояд;
- мутобиқи Низомнома пешниҳоди иттилооти иловагиро талаб намояд;
- мўҳлати қабули қарорро дар даврае, ки барои баҳодиҳии иттилооти иловагии аз дархосткунанда ё дигар манъбаҳо қабулгардида зарур аст, дароз намояд.
Моддаи 22. Аз нав дида баромадани қарори Комиссияи миллӣ
Комиссияи миллӣ қарореро, ки мутобиқи моддаи 21 қабул намудааст, метавонад аз нав дида барояд ва дар асоси иттилооти нави илмӣ дар бораи таъсири зарарноки маҳсулот ба саломатии одамон ва ё муҳити зист онро тағйир диҳад. Дар чунин ҳолатҳо Комиссияи миллӣ ба дархосткунанда фавран дар бораи қарори худ, инчунин дар бораи сабабҳое, ки боиси рад ё тағйирот гардидааст, хабар медиҳад.
Дархосткунанда метавонад аз Комиссияи миллӣ бо роҳи ирсоли огоҳнома аз нав дида баромадани қарореро, ки мутобиқи моддаи 20 Қонуни мазкур қабул шудааст, талаб намояд, агар чунин шуморад, ки:
- вазъияти муайянкунандаи натиҷаи баҳодиҳии хатарҳо, ки дар қабули қарор асос ёфта буд, тағйир ёфтааст;
- вай дорои ахбороти иловагии техникӣ ва илмӣ мебошад, ё исботи он мавҷуд аст, ки қарор аз ҷиҳати илмӣ асоснок набуд;
- Комиссияи миллӣ ўҳдадор аст қарорро аз рўи огоҳномае, ки тибқи далелҳои пешбининамудаи қисми 2 ҳамин модда дода шудааст, қабул намояд ва дар ин бора ба дархосткунанда хабар диҳад.
Моддаи 23. Баҳодиҳии хатарҳо
Баҳодиҳии хатарҳо бояд дар асоси принсипҳои илмӣ ва транспарентнокӣ бо назардошти талаботи Низомнома ва бо истифодаи усулҳои дахлдори баҳодиҳии хатарҳо сурат гирад. Мақсади баҳодиҳӣ ошкор ва муайян намудани таъсири манфии организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда ба саломатии одамон ва муҳити зист бо назардошти вазъи иҷтимоию иқтисодӣ мебошад.
Комиссияи миллӣ ҳал менамояд, ки баҳодиҳиро ба хатарҳо кадом мақомоти салоҳиятдор ё муассисаҳои илмӣ ба амал мебарорад.
Комиссияи миллӣ ўҳдадор аст тасдиқ намояд, ки баҳодиҳии хатарҳо гузаронида шудааст ва дар асоси он мутобиқи моддаи 21 ҳамин Қонун қарор қабул кардан мумкин аст.
Комиссияи миллӣ оид ба баҳодиҳии хатарҳо, ки вобаста ба микроорганизмҳо ва дар баъзе ҳолатҳо дигар организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта дар системаҳои маҳдуд гузаронида шудааст, масъул аст.
Хароҷоти молиявӣ барои гузаронидани баҳодиҳии хатарҳо аз ҳисоби дархосткунанда сурат мегирад.
Моддаи 24. Оид ба банду баст ва интиқоли организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта
Воридкунанда пеш аз амалӣ намудани воридот бояд тасдиқ намояд, ки содиркунандаи организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда инҳоро таъмин мекунад:
- банду баст кардан, индентификатсия, ҳаммонандсозӣ, тамғазанӣ ва интиқолро ба дараҷае, ки гузаронидани ин амалиёт ҷиҳати содирот мувофиқ аст;
- иҷрои дигар шартҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ кардааст.
Воридкунанда ўҳдадор аст мутобиқати ҳуҷҷатҳои ҳамроҳ ирсолшавандаро ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқаррароти санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ доир ба интиқоли байнисарҳадии организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ва маҳсулоти аз онҳо ҳосилшударо таъмин намояд.
Моддаи 25. Чорабиниҳо дар ҳолати ғайриқонунӣ кашонидани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта
Дар ҳолати ғайриқонунӣ кашондани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини бехатарии биологӣ ҳақ дорад аз мамлакати содирот баргардонидан ё нобуд сохтани онҳоро аз ҳисоби худ мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, талаб кунад.
Оид ба ҳодисаҳои ғайриқонунӣ кашондани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ба мақомоти салоҳиятноки байналмилалӣ хабар дода мешавад.
Дар сурати интиқоли байнисарҳадии беғаразонаи организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ё маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини бехатарии биологӣ барои огоҳсозӣ, ки санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ пешбинӣ кардааст, инчунин барои хориҷ намудани ҳар гуна хатарҳо барои саломатии одамон ва муҳити зист чораҳо меандешад.
Комиссияи миллӣ ахборотро дар бораи чораҳои роҳ надодани вазъияте, ки метавонад ҳангоми интиқоли байнисарҳадии беғаразонаи организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ва ё маҳсулоти аз онҳо ҳосил шуда ба амал ояд, ба маълумоти аҳли ҷомеа мерасонад.
Моддаи 26. Тартиби огоҳонидани аҳли ҷомеа дар сурати ворид намудани организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта
Тартиби додани иҷозат барои ба муҳити зист ва бозор ворид намудани мақсадноки организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ва маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда ошкоро мебошад. Транспарентнокии фаъолияте, ки нисбати он иҷозат пурсида мешавад, аз ҷониби Комиссияи миллӣ таъмин мегардад.
Комиссияи миллӣ бояд дар мўҳлати 10 рўзи гирифтани огоҳнома дар ин бора ба аҳли ҷомеа бо нишон додани тарзи ба даст овардани маълумот хабар диҳад.
Тавзеҳоти аҳли ҷомеа дар давоми 30 рўзи огоҳ сохтани он қабулгардида, ҳангоми қабули қарор оид ба додани иҷозати намуди дархостшавандаи фаъолият Комиссияи миллӣ онро ба эътибор мегирад. Вобаста ба тавзеҳоти воридшуда мумкин аст муҳокимаҳои оммавии ҳар ҷиҳати проблемаи баррасишаванда ташкил карда шаванд.
Комиссияи миллӣ иштироки аҳли ҷомеаро дар қабули қарорҳо оид ба додани иҷозат ба намудҳои фаъолияте, ки Қонуни мазкур танзим менамояд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, таъмин мекунад.
Боби VII. Муқаррароти хотимавӣ
Моддаи 27. Тартиби ҳалли баҳсҳо оид ба масъалаҳои бехатарии биологӣ
Баҳсҳо оид ба масъалаҳои бехатарии биологӣ ва баҳсҳои ба он алоқаманди молумулкӣ аз тариқи суд ҳал карда мешаванд.
Моддаи 28. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 29. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов
ш. Душанбе 1 марти соли 2005
№ 88 _______________________
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ КАФОЛАТҲОИ ДАВЛАТИИ БАРОБАРҲУҚУҚИИ МАРДОНУ ЗАНОН ВА ИМКОНИЯТҲОИ БАРОБАРИ АМАЛИГАРДОНИИ ОНҲО
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ КАФОЛАТҲОИ ДАВЛАТИИ БАРОБАРҲУҚУҚИИ МАРДОНУ ЗАНОН ВА ИМКОНИЯТҲОИ БАРОБАРИ АМАЛИГАРДОНИИ ОНҲО
(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1941)
Қонуни мазкур муносибатҳоро вобаста ба таъмини кафолатҳои конститутсионии баробарҳуқуқии мардону занон дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва самтҳои дигар ба танзим дароварда, табъизро аз рӯи аломати ҷинсӣ пешгирӣ менамояд ва амалигардонии имкониятҳои баробарҳуқуқии онҳоро муқаррар мекунад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1941).
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1941)
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода шудаанд:
- гендер - ҷанбаи иҷтимоии муносибатҳои байни мардону занон, ки дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт, аз ҷумла сиёсат, иқтисод, ҳуқуқ, фарҳанг, маориф ва илм зоҳир мегардад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1941);
- сиёсати гендерӣ - фаъолияти давлатӣ ва ҷамъиятие, ки ба таъмини баробарии муносибатҳои мутақобилаи мардон ва занон равона шудааст;
- баробарҳуқуқӣ - ҳуқуқ, ӯҳдадорӣ ва масъулияти баробари мардон ва занон дар назди қонун;
- баробарии гендерӣ - баробарии вазъи ҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо, ки ба ҳарду ҷинс озодона инкишоф додани қобилияти тавоноӣ, маҳорат ва малакаашонро барои иштирок дар раванди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва азхудкунии натиҷаи он имконият медиҳад;
- имконияти баробар - таъмини шароити якхела барои амалигардонии ҳуқуқи мардону занон мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин аз рӯи принсипҳои умумии эътирофшуда ва меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1941);
- табъизи ҷинсӣ - ҳама гуна фарқиятгузорӣ, истиснокунӣ, маҳдудсозӣ ё афзалиятдиҳӣ аз рӯи аломати ҷинсӣ(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1941).
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъмини кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1941).
Моддаи 3. Манъи табъизи ҷинсӣ
(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1941)
Табъизи мардону занон аз рӯи ҷинс манъ аст(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1941).
Вайронкунии принсипе, ки ба баробарии гендерӣ асос ёфтааст, (гузаронидани сиёсати давлатӣ ё содир кардани амалиёти дигаре, ки мардону занонро аз рӯи ҷинс дар мавқеи нобаробар қарор медиҳад), табъизи ҷинсӣ шуморида мешавад ва бояд бо тартиби муқарраркардаи Қонуни мазкур бартараф карда шавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1941).
Чораҳои зерин табъизи ҷинсӣ намебошанд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1941);
- чораҳои махсуси ҳифзи саломатии мардону занон;
- муҳофизати махсуси занон вобаста ба ҳомиладорӣ ва таваллуди кӯдак;
- чораҳои амалӣ гардонидани нуқтаҳои Қонуни мазкур.
Моддаи 3(1). Принсипҳои асосии таъмини кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо
(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1941)
Кафолатҳои давлатии баробарҳукуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо дар асоси принсипҳои зерин амалӣ карда мешаванд:
- қонуният;
- баробарҳуқуқии мардону занон;
- нораво будани табъиз аз рӯи ҷинс;
- ошкорбаёнӣ ва шаффофият (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1941).
Моддаи 4. Вазифаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар таъмини имкониятҳои баробари мардону занон (баробарии гендерӣ)
Мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар доираи салоҳияти худ вазифадоранд:
- омӯзиши гендерии хизматчиёни давлатии ҳамаи мақомотро тавассути системаи тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои дастгоҳи идораҳои давлатӣ мунтазам ба роҳ монанд;
- барои амалигардонии имконияти баробари мардону занон, аз он ҷумла ба воситаи қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, эҳё ва эҷод кардани расму оин ва гузаронидани чорабиниҳои дигари мушаххас, бартараф намудани сабабу шартҳои ба баробарҳуқуқии комил халалрасонанда мусоидат намоянд;
- барномаҳои махсуси рафъи табъиз аз рӯи ҷинсро таҳия ва дар ҳаёт ҷорӣ намоянд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1941);
- ба барномаҳои давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, мустаҳкам кардани пойдории ҷомеа ва нақшаҳои минтақавии амалиёт оид ба инкишофи соҳаи иҷтимоӣ, дар баробари дигар чораҳо, инчунин чораҳои таъмини баробарии гендериро ҳамроҳ кунанд.
Моддаи 5. Иштироки баробари мардону занон дар идоракунии давлатӣ
Давлат иштироки баробари мардону занонро дар идоракунии давлатӣ кафолат медиҳад. Давлат баробарии мардону занонро дар шохаҳои қонунгузорӣ, иҷроия ва судии ҳокимияти давлатӣ бо тарзу воситаҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва ғайра таъмин менамояд.
Моддаи 6. Кафолатҳои давлатии таъмини имкониятҳои баробари мардону занон дар соҳаи маориф ва илм
Муассисаҳои маориф ва илмии ҳамаи шаклҳои моликият вазифадоранд:
- ба мардону занон барои таҳсилоти асосии умумӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ, ҳамаи намудҳои таълими касбӣ ва такмили ихтисос, иштирок дар раванди таълимӣ ва илмӣ шароити баробар фароҳам оваранд;
- курсҳои махсуси таълими гендерӣ ҷорӣ намуда, ба инкишофи таҳқиқот барои масъалаҳои баробарҳуқуқии мардону занон, маърифатнокии гендерии шаҳрвандон мусоидат кунанд;
- барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсиеро, ки тарғиби табъизро аз рӯи ҷинс истисно менамоянд, истифода баранд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1941);
- барои духтарон ва писарони деҳаҳои дурдасти ҷумҳурӣ ҳангоми дохил шудан ва давом додани таҳсил дар муассисаҳои таълимии олӣ ва миёнаи касбӣ шароити имтиёзнок муҳайё намоянд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1941).
Амали ин модда ҷараёни таълим ва такмили ихтисоси муассисаҳои таълимии ҳарбиро низ фаро мегирад.
Моддаи 7. Баҳисобгирии вазъияти оилавии мардону занон ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва меҳнатӣ
Ҳангоми қабул ба кор, болоравӣ дар хизмат, таълими касбӣ, муқаррар намудани низоми меҳнат, инчунин аз кор озод кардани кормандон, аз ҷумла хизматчиёни давлатӣ, талаботи қонунгузорӣ оид ба ҳуқуқ ва кафолатҳои мардону занон ва вазъияти оилавӣ бояд ба назар гирифта шавад.
Корфармо вазифадор аст барои мардону занон, аз он ҷумла вобаста ба танаффуси иҷозатдодаи қонунгузорӣ дар фаъолияти меҳнатӣ, рухсатии ҳомиладорӣ, таваллуд ва нигоҳубини тифл, адои хизмати ҳарбӣ тибқи даъват, иҷрои дигар вазифаҳои давлатӣ системаи бозомӯзӣ ва такмили ихтисос дошта бошад.
БОБИ 2. КАФОЛАТҲОИ ДАВЛАТӢ ОИД БА ТАЪМИНИ ИМКОНИЯТҲОИ БАРОБАРИ МАРДОНУ ЗАНОН ҲАНГОМИ АМАЛӢ ГАРДОНИДАНИ ҲУҚУҚИ ИНТИХОБОТ
Моддаи 8. Таъмини имкониятҳои баробари иштироки мардону занон дар интихобот
Системаи интихобот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардону занон барои иштирок дар раванди сиёсӣ ҳуқуқҳои баробари интихобот ва кафолатҳои онро таъмин менамояд.
Моддаи 9. Таъмини имкониятҳои баробари мардону занон ҳангоми ташкили комиссияҳои интихобот
Ҳангоми ташкили ҳайати Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, комиссияҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, ҳавзавӣ ва участкавии интихоботӣ принсипи конститутсионии баробарии ҳуқуқ ва баробарии имкониятҳои мардон ва занон ба асос гирифта мешавад.
БОБИ 3. КАФОЛАТҲОИ ТАЪМИНИ ИМКОНИЯТҲОИ БАРОБАРИ МАРДОНУ ЗАНОН ДАР СОҲАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ
Моддаи 10. Таъмини имкониятҳои баробари мардону занон ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ ва адои хизмат
Ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ, инчунин адои он ба муқаррар кардани ягон хел маҳдудияти бавосита ё бевосита ё афзалияти вобаста ба ҷинс роҳ дода намешавад.
Роҳбарони мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдори дахлдор вазифадоранд қабули баробари шаҳрвандонро ба хизмати давлатӣ мувофиқи қобилият ва тайёрии касбӣ новобаста ба ҷинсияти довталаб таъмин намоянд.
Барои ишғоли вазифаҳои холӣ дар мақомоти давлатӣ, ки бо роҳи гузаронидани озмунҳо сурат мегирад, иштироки мардону занон бо шартҳои баробар таъмин карда мешавад.
Ба эълон кардани озмунҳо танҳо барои намояндагони як ҷинс роҳ дода намешавад.
Моддаи 11. Таъмини иштироки баробари мардону занон дар озмунҳо барои ишғоли вазифаҳо дар хизмати давлатӣ
Озмунҳо барои ишғоли вазифаҳои холӣ дар хизмати давлатӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ гузаронида мешаванд.
Ба зиммаи хадамоти кадрҳои мақомоти давлатӣ вазифаи ба комиссияҳои озмунҳо ба ғайр аз ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот ва тайёрии касбии шахсони иштирокчии озмун ва пешниҳод намудани дигар маълумоте, ки қонун талаб мекунад, инчунин далелҳо дар бораи таносуби шумораи мардону занони коркунанда дар вазифаҳои дахлдори мақомоти давлатӣ гузошта мешавад.
Чунин маълумот аз ҷониби ҳадамоти кадрҳои мақомоти давлатӣ ҳангоми ҳалли масъалаҳои аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ, болоравӣ дар хизмат, зиёд кардани маош пешниҳод карда мешаванд.
БОБИ 4. КАФОЛАТИ ТАЪМИНИ ИМКОНИЯТҲОИ БАРОБАР БАРОИ МАРДОНУ ЗАНОН ДАР СОҲАИ ИҶТИМОӢ - ИҚТИСОДӢ
Моддаи 12. Вазифаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ оид ба таъмини баробарҳуқуқии мардону занон дар соҳаи иҷтимоӣ - иқтисодӣ
Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва роҳбарони ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият вазифадоранд баробар дастрас будани захираҳои иқтисодии ҷамъиятро барои мардону занон, аз ҷумла дастрас будани амволи манқул ва ғайриманқул, замин, дороии молиявӣ, кредитҳо, ҳамчунин фаъолияти соҳибкории озод, дигар хел фаъолияти бо санадҳои қонунгузорӣ манънашударо таъмин намоянд.
Моддаи 13. Мусоидат ба баробарии гендерӣ дар муносибатҳои меҳнатӣ
Бо мақсади мусоидат кардан ба баробарии гендерӣ дар муносибатҳои меҳнатӣ корфармо (роҳбари мақоми давлатӣ, ташкилотҳои ҳамаи шаклҳои моликият) корҳои зеринро ба ҷо меоварад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1941):
- барои мардону занон ҳангоми бастани шартномаҳои меҳнатӣ имкониятҳои баробар муҳайё менамояд;
- ба мардону занон ҷойҳои (вазифаҳои) холии корро баробар дастрас мегардонад;
- барои мардону занон ҳангоми иҷрои кори якхела ё коре, ки қиматаш баробар аст, музди меҳнати (мукофоти) баробар медиҳад;
- барои такмили ихтисос, бозомӯзӣ, болоравӣ дар хизмат имконияти баробар муҳайё менамояд;
- шароити якхелаи бехатарии меҳнатро, ки барои ҳаёт ва саломатии ҳам мардон ва ҳам занон зарур аст, таъмин менамояд.
Моддаи 14. хориҷ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1941)
Моддаи 15. Кафолати баробарии гендерӣ дар мавриди ба таври оммавӣ аз кор озодкунии кормандон
Дар сурати ба таври оммавӣ аз кор озод намудани коргарони ташкилот бояд таносуби шумораи маъмулии кормандони ин ташкилоту муассисаҳо аз рӯи ҷинсҳо риоя карда шавад.
Моддаи 16. Ба шартнома ва созишномаҳои коллективӣ ворид кардани чораҳои таъмини имкониятҳои баробари мардону занон
Ҳангоми танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ тавассути шартнома ва созишномаҳои коллективӣ ба онҳо ворид кардани нуктаҳое ҳатмист, ки баробарҳуқуқӣ ва имкониятҳои баробари мардону занон, беҳтар намудани шароитро барои мутобиқ гардондани ӯҳдадориҳои касбӣ ва оилавии онҳо таъмин намояд.
Мақомоти иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо, дигар намояндагони кормандон, корфармоён ва иттиҳодияҳои онҳо, мақомоти ваколатдори давлатӣ вазифадоранд рафти иҷрои ин шартномаю созишномаҳоро назорат намоянд.
Моддаи 17. Мушоҳидаҳои назоратӣ (мониторинг) оид ба риояи баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо дар соҳаи иҷтимоӣ - иқтисодӣ
Мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳлили системаноки вазъи таъмини баробарҳуқуқӣ ва имкониятҳои баробари мардону занон дар соҳаи иҷтимоӣ-иқтисодӣ, пешгӯии тағйири вазъ, дар мавриди зарурат, барои таҳияи чораҳои пешгирӣ ва рафъи далелҳои табъизи ҷинсӣ, инчунин барои тайёр намудани таклифҳо оид ба ташкили барномаҳои иҷтимоии давлатӣ ба таъмини имкониятҳои баробари мардону занон дар ин соҳа мушоҳидаи (мониторинги) доимӣ ташкил менамояд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1941).
Натиҷаи мушоҳидаҳои назоратӣ дар воситаҳои ахбори омма инъикос карда мешавад.
БОБИ 5. МЕХАНИЗМИ ТАЪМИНИ КАФОЛАТҲОИ ДАВЛАТИИ БАРОБАРҲУҚУҚИИ МАРДОНУ ЗАНОН ВА ИМКОНИЯТҲОИ БАРОБАРИ АМАЛИГАРДОНИИ ОНҲО
Моддаи 18. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо дар доираи салоҳияти худ:
- мақомоти ваколатдори давлатии таъмини тараққиёти гендериро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд;
- сиёсати ягонаи давлатиро дар бобати ноил шудан ба баробарии иҷтимоии мардону занон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ муайян мекунад ва иҷрои онро таъмин менамояд;
- барномаҳои мақсадноки (соҳавии) ҷумҳуриявиро дар бобати таъмини баробарҳуқуқии ҷинсҳо тартиб медиҳад ва иҷрои онҳоро таъмин мекунад;
- фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар бобати ҳимоя ва таъмини баробарҳуқуқии мардону занон, масъалаҳои интихоб кардан ва ба мансабҳои масъулиятнок таъин намудани занон, тарбияи насли навраси кадрҳои роҳбарикунандаро, аз ҷумлаи занону духтарон ба роҳ мемонад ва назорат мекунад.
Моддаи 19. Салоҳияти мақоми ваколатдори давлатии таъмини тараққиёти гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақоми ваколатдори давлатии таъмини тараққиёти гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ риояи Қонуни мазкурро мушоҳида менамояд ва ҳисоботи ҳарсоларо оид ба риояи Қонуни мазкур дар воситаҳои ахбори омма нашр мекунад.
Моддаи 20. Иштироки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар таъмини баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо
Иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки бо мақсади амалигардонии принсипи конститутсионии баробарҳуқуқӣ ва имкониятҳои баробари мардону занон ташкил ёфтаанд, ҳуқуқ доранд:
- дар таҳияи қарорҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ оид ба масъалаҳои таъмини имкониятҳои баробарии мардону занон дар соҳаи иҷтимоӣ - иқтисодӣ иштирок намоянд;
- дар судҳо ва дигар мақомоти давлатӣ аз номи мардону занон намояндагӣ ва ҳуқуқҳояшонро ҳимоя кунанд.
Моддаи 21. Назорати давлатии риояи қонунгузорӣ оид ба баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо
Назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки барои таъмини баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо равона гардидаанд, аз ҷониби Прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи он ба амал бароварда мешавад.
Моддаи 22. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки талаботи Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 23. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
1 марти соли 2005 № 89
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ
ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ
(ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1385)
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
с. 2005, №7, мод. 402; с. 2007, №7, мод. 660; с. 2008, №10, мод. 800; с. 2011, №12, мод. 837; с. 2014, №3, мод. 148; Қонунҳои ҶТ аз 24.02.2017 с., №1385; аз 24.02.2017 с., №1386; аз 30.05.2017 с., №1440; аз 02.01.2019 с., № 1564; аз 04.04.2019 с., № 1588)
Ҳамин Қонун ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои ҷамъият, таъмини амнияти миллӣ, фаъолияти мўътадили мақомоти ҳокимияти давлатӣ, поктинатӣ ва беғаразӣ дар хизмати давлатӣ равона гардида, асосҳои ташкилию ҳуқуқии пешгирӣ, ошкоркунӣ, кушодан ва барҳам додани оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсро муқаррар карда, навъҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ва чораҳои ҷавобгариро барои онҳо муайян менамояд.
БОБИ 1.
МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1 . Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
– коррупсия – кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамоянд, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартарият ва имтиёзҳои дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир намудани чунин кирдорҳо (ҳаракат ё беҳаракатӣ) ба манфиати шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ; (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)
- муқовимат ба коррупсия – фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият, дар доираи ваколатҳо ва вазифаҳои худ, инчунин шахсони воқеӣ дар самти пешгирии коррупсия, аз ҷумла оид ба ошкор ва бартарафсозии омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия (пешгирии коррупсия), дар самти ошкор кардан, кушодан, рафъ намудан ва тафтиши ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ (мубориза бо коррупсия), оид ба кам ва бартараф намудани оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, дар самти мусоидат дар пешгирӣ, ошкор кардан, кушодан, рафъ намудан ва тафтиши ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ; (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1386)
– истифодаи мақом ё имкониятҳои он – истифодаи якдафъагӣ, такрорӣ ё мунтазами ваколатҳои хизматӣ ва суиистифодаи мансаб, инчунин барқарор намудани алоқаҳои устувори як ё якчанд шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё ба онҳо баробар кардашуда бо шахсон ё гурўҳҳои алоҳида бо мақсадҳои дар сархати якуми ҳамин модда номбаршуда, ки ба манфиатҳои давлат ва ҷамъият таҳдид мекунанд; (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1385)
– ҳуқуқвайронкуниҳои бо коррупсия алоқаманд – ҳуқуқвайронкуниҳои бо ҳамин Қонун ва дигар қонунҳо пешбинишудае, ки барои коррупсия шароит ба вуҷуд меоваранд, ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии бо коррупсия алоқаманд, ҳамчунин ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидоштае мебошанд, ки боиси ҷавобгарии бо қонун муқарраршудаи интизомӣ, маъмурӣ, ҳуқуқии гражданӣ ва ҷиноӣ мегарданд;
- субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои бо коррупсия алоқаманд – шахси таъин ё интихобшуда, ки ба таври доимӣ, муваққатӣ ё бо ваколати махсус вазифаи намояндаи ҳокимияти давлатиро амалӣ менамояд, яъне бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ваколатҳои амрдиҳӣ ба шахсоне мебошад, ки дар тобеияти хизматии ў қарор надоранд, инчунин шахсе, ки вазифаҳои ташкилию амрдиҳӣ, маъмурию хоҷагидориро дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ҳамчунин дар субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидор, ки дар онҳо ҳиссаи давлат на кам аз нисфро ташкил медиҳад, ба таври музднок ё бемузд иҷро менамояд; (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1386)
(сархати 6 хориҷ карда шуд бо ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1386)
- шахсони ба субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои бо коррупсия алоқаманд баробаркардашуда – шахсони мансабдори давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, ки бо мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибат доранд; (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1386)
– вазифаҳои давлатӣ – вазифаҳое, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ба ваколатҳои давлат, мақомоти он ва шахсоне, ки мансабҳои давлатиро ишғол менамоянд, мансуб донистаанд; (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1385)
– хешовандони наздик – зан (шавҳар), фарзандон, падару модар, бародарон, хоҳарон, инчунин падару модар, бародарон, хоҳарон ва фарзандони зан (шавҳар), қудоҳо, келинҳо, домодҳо, ҷиянҳо, ҳамчунин дигар шахсоне, ки бо шахси ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахси ба он баробар кардашуда якҷоя зиндагӣ карда, хоҷагии умумӣ мебаранд. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772; ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1386)
- бархӯрди манфиатҳо - ҳолати манфиатдории шахсии субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда, ки метавонад ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва ҳангоми қабули қарор таъсир карда, боиси расондани зарар ба манфиатҳои шаҳрвандон, ташкилотҳо, мақомоти давлатӣ, ҷомеа ё давлат гардад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1564);
- манфиати давлатӣ - манфиатдории давлат ва ҷомеа, ки бо роҳи қабули қарорҳои беғаразона ва қонунӣ аз тарафи субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ амалӣ карда мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1564);
манфиати шахсӣ - ҳама гуна манфиати моддӣ ва гайримоддӣ, ки субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо мақсади қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти шахсии худ ё шахсони сеюм дар натиҷаи содир намудани амал ё беамалӣ дар муносибат бо шахсони наздик, дигар шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ё ташкилотҳои байналмилалӣ мегиранд ё кӯшиши гирифтан мекунанд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1564).
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мубориза бар зидди коррупсия
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мубориза бар зидди коррупсия ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1385)
Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур
1. Қонуни мазкур дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ амал мекунад. (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1385)
2. Қонуни мазкур берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони ҳуқуқие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном гардидаанд, амал мекунад, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
3. Ҳамин Қонун нисбати шахсони мансабдори давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ё бо шахсони мансабдор, мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибат доранд, амал мекунад.
4. Мамониатҳои дохил шудан ба хизмати давлатӣ, маҳдудиятҳо, ўҳдадориҳо, инчунин ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии бо ин Қонун барои шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор пешбинишуда дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи ҳамин Қонун ба шахсоне, ки ба онҳо баробар карда шудаанд, татбиқ мегарданд.
5. Муқаррароти Қонуни мазкур оид ба манъи хизмати якҷояи хешовандони наздики дар сархати чоруми қисми якуми моддаи 9, маҳдудиятҳои дар сархатҳои якум, дуюм, сеюм, шашум, ҳафтум ва нуҳуми қисми 1 моддаи 10, ҳуқуқвайронкуниҳои дар сархатҳои панҷум, шашум ва нуҳуми қисми 1 моддаи 11, сархатҳои ҳафтум, дувоздаҳум ва чордаҳуми қисми 1 моддаи 12 ҳамин Қонун пешбинишуда нисбати шахсони мансабдори ташкилотҳои ба моликияти инфиродӣ ва оилавии шаҳрвандон таъсисгардида татбиқ намегарданд. (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1385)
6. Нисбати шахсони мансабдори ташкилотҳои соҳаи кооператсияи матлубот, иттиҳодияҳо (ассотсиатсияҳо), корхонаҳои иҷоравӣ, кооперативҳои истеҳсолӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ, фондҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, дигар ташкилотҳои ба моликияти дастаҷамъии ғайриоилавӣ асосёфта, ки дар онҳо роҳбари ташкилот молик, муассис ё сармоягузори асосӣ намебошад. Қонуни мазкур ба истиснои муқаррароти сархатҳои якум, дуюм ва сеюми қисми 1 моддаи 10 татбиқ мегардад. (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1385)
Моддаи 4 . Принсипҳои асосии мубориза бар зидди коррупсия
Мубориза бар зидди коррупсия, бо ба вуҷуд овардани шароити поктинатӣ барои шахсоне, ки дар сархати чоруми моддаи 1 ҳамин Қонун номбар шудаанд, дар асоси принсипҳои зерин ба амал бароварда мешавад: (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1385)
- эътироф, риоя ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд; (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)
- баробарии ҳама дар назди қонун ва суд; (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)
- танзими дақиқи ҳуқуқии фаъолияти субъектҳои ҳуқуқвайронкунии бо коррупсия алоқаманд, қонуният, шаффофият ва ошкорбаёнӣ дар фаъолияти онҳо ва назорати давлативу ҷамъиятӣ аз болои ин субъектҳо; (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)
- такмили сохтори дастгоҳи давлатӣ ва тартиби ҳалли масъалаҳое, ки ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дахл доранд;
- эътирофи раво будани маҳдудкунии ҳуқуқ ва озодиҳои шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор, инчунин шахсони ба онҳо баробар кардашуда мутобиқи моддаи 14 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон; (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1385)
- ногузир будани ҷавобгарӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд; (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)
- манъ будани иҷрои вазифаҳои давлатӣ дар ҳолати бархӯрди манфиатҳои шахсӣ ва давлатӣ; (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)
- роҳ надодан ба хешутаборчигӣ, маҳалгароӣ ва пуштибонӣ ҳамчун зуҳуроти кирдорҳои коррупсионӣ; (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)
- барқарор намудани ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, пешгирӣ намудан ва барҳам додани оқибатҳои зарарноки ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд;
- аз тарафи давлат муҳофизат намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробар кардашуда, муқаррар намудани музди меҳнат ва имтиёзҳое, ки ба онҳо ва аҳли оилаашон сатҳи муносиби зиндагиро таъмин мекунанд;
- манъи вогузор намудани ваколатҳо оид ба танзими давлатӣ ва назорати фаъолияти соҳибкорӣ ба зиммаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки чунин фаъолиятро амалӣ менамоянд; (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1385)
- пешбурди фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ бо мақсади пешгирӣ, ошкор кардан, кушодан ва рафъ намудани ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, ошкор ва муайян намудани шахсони онҳоро тайёркунанда, тайёркарда, содиркунанда ё содиркарда, инчунин татбиқи тадбирҳои махсуси назорати молиявӣ; (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)
- таъмини амнияти шахсӣ ва кафолати ҳуқуқии шахсоне, ки ба мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд мусоидат менамоянд; (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)
- ҳамкории давлат бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва шахсони воқеӣ. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)
Моддаи 5. Мақомоти мубориза бар зидди коррупсия
1. Мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, мақомоти прокуратура, корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ, идоракунии ҳарбӣ, назорати маводи нашъаовар, андоз ва гумрук дар доираи салоҳияти худ бар зидди коррупсия мубориза мебаранд. (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1385)
2. Ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти мубориза бар зидди коррупсия, пешбурди кори таҳлилӣ ба зиммаи мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва мониторинги омории вазъи мубориза бар зидди коррупсия ба зиммаи мақомоти прокуратура гузошта мешавад.
3. Иҷрои талаботи моддаҳои 7, 8, 9, 10, 16 ва татбиқи ҷавобгарии интизомии дар моддаи 11 Қонуни мазкур муқарраршударо роҳбарони ҳама мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои давлатӣ ва дар ҳолатҳои пешбиникардаи ҳамин Қонун роҳбарони ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар доираи ваколатҳои ба онҳо додашуда таъмин менамоянд. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)
4. Мубориза бар зидди коррупсия бо иштироки васеи аҳолӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори омма ба амал бароварда мешавад.
5. Мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия натиҷаи асосҳои ташкилӣ ва методии раванди баҳодиҳии (таҳлили) хавфҳои коррупсияро дар вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ, субъектҳои хоҷагидоре, ки на кам аз нисфи моликияти онҳоро ҳиссаи давлат ташкил медиҳад, инчунин ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, аз ҷумла иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои байналмилалие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ҷамъбаст менамоянд. Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)-ро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1440)
Моддаи 51. Субъектҳои муқовимат ба коррупсия
1. Вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ, субъектҳои хоҷагидоре, ки на кам аз нисфи моликияти онҳоро ҳиссаи давлат ташкил медиҳад, инчунин ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, аз ҷумла иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои байналмилалие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, субъектҳои муқовимат ба коррупсия мебошанд. (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1385)
2. Барои иҷрои вазифаҳои муқовимат ба коррупсия роҳбарони субъектони муқовимат ба коррупсия масъул мебошанд.
3. Талабот, мамониат, маҳдудият ва ӯҳдадориҳои иловагӣ оид ба пешгирии омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия, ки бо Қонуни мазкур муқаррар шудаанд, нисбати шахсони мансабдори субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва субъектҳои хоҷагидоре, ки на кам аз нисфи моликияти онҳоро ҳиссаи давлат ташкил медиҳад, татбиқ карда мешаванд. (ҚҶТ аз 14.03.14с., №1073)
Моддаи 52. Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми умумимиллии машваратӣ, мутобиқсозандаи фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати амалигардонии чораҳои пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия буда, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад ва ба ӯ ҳисоботдиҳанда мебошад.
2. Ҳайат ва Низомномаи Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва тасдиқ карда мешавад.
(ҚҶТ аз 14.03.14с., №1073)
Моддаи 6. Кафолати дахлнопазирии шахсоне, ки ба мубориза бар зидди коррупсия мусоидат менамоянд
1. Шахсе, ки дар бораи ҳодисаҳои ҳуқуқвайронкунии ба коррупсия алоқаманд хабар додааст ё ба тариқи дигар ба муборизаи зидди коррупсия мусоидат намудааст, таҳти ҳимояи давлат қарор дорад.
2. Иттилоот дар бораи шахсе, ки ба муборизаи зидди коррупсия мусоидат намудааст, сирри давлатӣ мебошад ва фақат бо дархости мақомоте, ки дар қисми 1 моддаи 5 ҳамин Қонун зикр шудаанд, ё суд бо тартиби муқаррарнамудаи қонун танҳо бо ризоияти онҳо пешниҳод карда мешавад. Ошкор намудани ин сир боиси ҷавобгарии бо қонун пешбинишуда мегардад.
3. Дар ҳолати зарурӣ мақомоте, ки бар зидди коррупсия мубориза мебаранд, амнияти шахсии онҳоеро, ки ба муборизаи зидди коррупсия мусоидат мекунанд, таъмин менамоянд.
4. Муқаррароти ин модда ба шахсоне, ки дидаю дониста хабари бардурўғ расонидаанд ва мутобиқи қонун барои он бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд, татбиқ намегардад.
Моддаи 61. Ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди коррупсия
Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди коррупсия дар асоси принсипҳои ҳамкории байналмилалии ҳуқуқӣ бо мақсадҳои пешгирии коррупсия ва мубориза бо он ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ амалӣ менамояд. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)
БОБИ 2.
ПЕШГИРӢ НАМУДАНИ КОРРУПСИЯ
Моддаи 7. Талаботи махсус нисбати довталабони вазифаҳои давлатӣ ва шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор
1. Бо мақсади роҳ надодан ба суиистифодаи вазъи ҳуқуқӣ ё нуфузи он ба манфиатҳои шахсӣ, гурўҳӣ ва дигар манфиатҳои ғайрихизматӣ бо Қонуни мазкур ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати довталабони мансабҳои давлатӣ, шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор, инчунин шахсони ба онҳо баробар кардашуда, маҳдудият ва ўҳдадориҳои махсус муқаррар карда мешаванд.
2. Таъин намудан ба (ишғоли) мансаб ба сифати шахси ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ва шахсони ба онҳо баробар кардашуда маънои ихтиёран ба зимма гирифтани ин ўҳдадорӣ ва маҳдудиятҳоро дорад.
3. Маҳдудият ва ўҳдадориҳо нисбати шаҳрвандоне, ки ба сифати номзад ба мансабҳои давлатии интихобӣ ба қайд гирифта шудаанд, бо қонунҳо дар бораи интихобот ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 8. Чораҳои назорати молиявӣ
(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1564)
1. Довталабони мансабҳои давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда ҳангоми таъин (интихоб) шудан, шахсони ишғолкунандаи мансабҳои давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда (минбаъд - эъломиякунанда) ҳангоми дар мансаб будан ҳар сол ӯҳдадоранд, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон ба роҳбари мақоми давлатии ҷойи кор оид ба вазъи молумулкии худ эъломия пешниҳод намоянд.
2. Роҳбарони мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ӯҳдадоранд, ки ҳангоми таъин (интихоб) ба мансаб ва ҳангоми дар мансаб будан ҳар сол бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазъи молумулкии худ мувофиқан ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шахр ё ноҳияи дахлдор эъломия пешниҳод намоянд.
3. Хадамоти кадрии мақоми давлатии ҷойи кор ӯҳдадор аст:
- эъломиякунандагонро бо варақаҳои эъломия оид ба вазъи
молумулкӣ таъмин намояд;
- феҳристи баҳисобгирии эъломияҳо оид ба вазъи молумулкии эъломиякунандагонро пеш барад.
4. Аз ҷониби эъломиякунанда пешниҳод накардан ё пешниҳоди маълумоти бардурӯғ бо мақсади пинҳон доштани маълумот оид ба вазъи молумулкии худ барои ба мансаб таъин (интихоб) накардан ё аз мансаб озод намудан асос мегардад.
5. Маълумоти пешниҳодшуда, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ошкор карда намешавад.
6. Шакли эъломия дар бораи вазъи молумулкии эъломиякунанда бо номгӯи маълумоти эъломияшаванда ва тартиби пур кардани эъломияи мазкур аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдик карда мешаванд.
7. Эъломиякунонии даромадҳои шахсони ишғолкунандаи мансабҳои давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1564).
Моддаи 9. Мамониатҳо барои таъин (интихоб) намудан ба мансабҳои давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробар кардашуда
1. Шахс дар чунин мавридҳо наметавонад ба мансабҳои давлатӣ ё мансабҳои ба онҳо баробар кардашуда таъин (интихоб) шавад ё дар чунин вазифаҳо бошад:
- доштани доғи судӣ барои ҷиноятҳои аз беэҳтиётӣ содиркарда (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1588);
- агар барои содир кардани ҷиноятҳои қасдона маҳкум шуда бошад ё дар асоси моддаи 32 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шуда бошад (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1588);
- эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд дар бораи маҳдуд намудани қобилияти амал ё ғайри қобили амал эътироф намудани шахс; (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1385)
- надоштани таҳсилот, ихтисос ё собиқаи кории дахлдоре, ки мавҷудияти онҳо мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вазифаи мазкур ҳатмӣ мебошанд;
- бевосита дар итоат, таҳти назорат ё ҳисоботдиҳанда будани мансаби ишғолшаванда ё ишғолнамудаи ў ба мансабҳое, ки онро хешовандони наздики ў ишғол кардаанд;
- дар сурати шаҳрванди давлати хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд будан, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар роҳ додани чунин шахсон ба хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардида бошанд;
- дар дигар мавридҳое, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд.
2. Дар сурати риоя накардани мамониатҳои дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда қарори ба мансаб таъин (интихоб) шудани шахс бо эътироз ё пешниҳоди прокурор, пешниҳоди мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё бо ташаббуси худи мақоми қарорро қабулкарда ё мақоми болоӣ бекор карда мешавад. (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1386)
3. Ҳангоми ба миён омадани мамониатҳои номбурда дар давоми иҷрои мансаби давлатӣ ё мансаби ба он баробар кардашуда бо пешниҳоди ҳамин мақомот дар мўҳлати на дертар аз се моҳ корманд ба мансаби дигари мувофиқ гузаронида мешавад.
4. Дар ҳолати мавҷуд набудани имконияти ба дигар мансаб гузаронидани корманд ё аз гузаштан ба мансаби дигар норозӣ будани ў ё ба миён омадани дигар мамониати хизмати давлатиро истиснокунанда корманд аз мансаб озод карда мешавад.
Моддаи 10. Маҳдудиятҳо вобаста ба иҷрои мансаби давлатӣ ва мансаби ба он баробар кардашуда
1. Ба шахси ба иҷрои мансаби давлатӣ ваколатдор ва мансаби ба он баробар кардашуда манъ аст:
- ба фаъолияти мақомоти дигари давлатӣ, ки ба доираи ваколатҳои мансабиаш дохил нест, дахолат намояд; (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1385)
- ба кори дигари музднок дар асоси шароити ишғолкунии мансаби штатӣ, ғайр аз фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омўзгорӣ машғул шавад;
- аз рўи масъалаҳои вобаста ба фаъолияти мақоми давлатие, ки дар он ҷо хизмат мекунад ё бевосита тобеъ ё бевосита таҳти назорати он мақом қарор дорад, вакили шахсони сеюм бошад;
- шахсан ё ба воситаи шахсони боэътимод ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шавад. Шахси ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ӯҳдадор аст, ки дар мӯҳлати на дертар аз понздаҳ рӯзи баъди ба хизмати давлатӣ дохил шудан ҳиссаи дар сармояи оинномавии (шариконаи) ташкилотҳои тиҷоратӣ доштаашро ба шахси дигар бо ҳуқуқи идораи ба боварӣ асосёфта диҳад; (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1385)
- дар бонкҳои хориҷие, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд, суратҳисобҳо кушояд ва пасандозҳо дошта бошад; (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1385)
- воситаҳои молиявӣ, моддию техникӣ, нақлиётӣ, дигар захираҳои давлатӣ ё коллективӣ ва ахбороти хизматиро ба мақсадҳои ғайрихизматӣ истифода намояд;
- аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вобаста ба иҷрои ваколатҳояш, аз ҷумла барои хизмате, ки ҳангоми иҷрои ваколаташ (ҳуқуқу ӯҳдадориҳояш) анҷом додааст ё ба манфиати шахси дигар анҷом надодааст, мукофот (қарз, мукофоти пулӣ ва мукофоти дигар, хизматрасонӣ, пардохти вақтхушӣ, истироҳат, хароҷоти нақлиёт) гирад, ба шахсони мансабдори болоӣ тӯҳфа диҳад ё хизмат расонад. Тӯҳфаҳои ҳангоми баргузории чорабиниҳои протоколӣ, сафарҳои хизматӣ ва чорабиниҳои дигари расмӣ гирифташударо ҳамчун молу мулки давлатӣ бояд бо санади дахлдор ба мақомоте, ки дар он фаъолият менамояд, супорад, ба истиснои армуғон ва тӯҳфаҳои дигари рамзӣ, ки арзиши умумии онҳо дар давоми сол аз 100 (сад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд набошад; (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1385)
- аз ҳисоби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ ба саёҳат ва сафарҳои дохилиҷумҳуриявӣ ва хориҷии муолиҷавӣ - табобатӣ, саёҳатӣ ва дигар сафарҳо равад, ба истиснои сафарҳо бо даъвати хешовандони наздик ва аз ҳисоби онҳо ва сафарҳо дар асоси санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё бо мувофиқаи байни мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти давлатии кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, ки аз ҳисоби мақомоти давлатии дахлдор ё ташкилотҳои байналмилалӣ сурат мегиранд;
- супоришу дастурҳои ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои динӣ ва субъектҳои хоҷагидорро, ки ба хизмати мақомоти давлатӣ дахл доранд, ба ҷо оварад ё мақоми хизматии худро ба манфиати онҳо истифода барад;
- бар хилофи манфиати кор бюрократизм, идорабозӣ ва маҳалгароӣ зоҳир намояд, нисбати ягон ташкилот, мақомот, иттиҳодияҳои шаҳрвандон ё шахси мушаххас бадхоҳ ё хайрхоҳ бошад;
- барои дар матбуот, радио ва телевизион интишор ва пахш гардидани мақолаю баромадҳои дар чорабиниҳои расмӣ ба сифати хизматчии давлатӣ баёнкарда, ки таҳияи онҳо ба ўҳдадории хизматиаш дохил мешавад, ҳақи қалам гирад.
2. Иҷро накардани маҳдудиятҳои номбурда барои ба ҷавобгарӣ кашидани шахс мутобиқи боби 3 ҳамин Қонун асос мегардад.
БОБИ 3.
ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИҲОИ БА КОРРУПСИЯ АЛОҚАМАНД ВА ҶАВОБГАРӢ БАРОИ ОНҲО
Моддаи 11. Ҳуқуқвайронкуниҳое, ки барои коррупсия шароит ба вуҷуд меоваранд ва ҷавобгарӣ барои онҳо
1. Кирдорҳои зерини шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ва шахсони ба онҳо баробар кардашуда ҳуқуқвайронкунии барои коррупсия шароит бавуҷудоваранда ҳисобида мешаванд:
- истифодаи мақоми худ дар ҳалли масъалаҳое, ки ба манфиатҳои шахсӣ, хешовандони наздик ё шахсони сеюм дахл доранд;
- монеъ шудан ё ғайриқонунӣ дахолат кардан ба иҷрои фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва назоратӣ дар ҳудуди муайян, ё нисбати объектҳо ва ё шахсони мушаххас; (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1385)
- иштирок ба сифати намояндаи манфиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз рўи корҳои мақоме, ки ин шахс дар он ҷо кор мекунад ё зердасти вай мебошанд ё фаъолияти онҳоро назорат мекунад, аз ҷумла иштирок ба сифати ҳимоятгари ҷамъиятӣ ё намоянда (ба истиснои ҳолатҳои намояндагии қонунӣ) аз рӯи парвандаҳои гражданӣ, иқтисодӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ ё парванда оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ; (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1385)
- иштирок дар қиморбозиҳои пулӣ ё қиморбозиҳои дигари характери молумулкӣ дошта бо шахсони мансабдори болоӣ ё тобеъ ва ё аз ягон ҷиҳати корӣ ё хизматӣ ба онҳо тобеъ; (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)
- машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ, иштирок дар идораи фаъолияти ҷамъияти хоҷагидор ё дигар ташкилоти тиҷоратӣ, аз ҷумла дар ҳайати мақомоти идоракунии ташкилоти тиҷоратӣ, ки узвият дар онҳо бе изҳори иродаи махсуси фардӣ ғайриимкон аст, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумурии Тоҷикистон; (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1385)
- узвият дар мақомоти идоракунӣ, шӯроҳои нозирон ё парасторон, мақомоти дигари ташкилотҳои ғайритиҷоратии хориҷӣ ва воҳидҳои сохтории дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунандаи онҳо, агар қонунгузорӣ ё шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошанд; (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1385)
- пешбарӣ ва (ё) таъин намудан ба мансаб ба сифати шахси ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробар кардашуда, дар сурати мавҷуд будани мамониатҳо барои ишғол намудани чунин мансаб, ки дар моддаи 9 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, ё дидаву дониста риоя накардани маҳдудиятҳои муқарраркардаи ҳамин Қонун дар мавриди хизмати якҷояи хешовандони наздик, дидаву дониста, ғайриқонунӣ аз мансаб озод намудан ё ба мансаби дигар гузаронидани кормандон;
- пешниҳоди бартариятҳои бо қонун пешбининагардида (протексионизм) зимни таъин ва (ё) пешбарӣ ба хизмати давлатӣ, таҳсил, фаъолияти илмӣ ва фаъолияти дигари ба онҳо монанд;
- вайрон кардани тартиби бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршудаи баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, ба назар нагирифтани бартарият, имтиёзҳо ва навбати бо қонунгузорӣ ё санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда ё аз ҳолатҳои мушаххас бармеомада дар мавриди ҳалли онҳо;
- ғайриқонунӣ аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ талаб намудани иҷрои шартҳои иловагӣ, пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва талаботи дигари бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбининагардида, ба вуҷуд овардани дигар монеаҳои сунъӣ ва ғайриқонунӣ зимни таъин (интихоб) намудан ва (ё) пешбарӣ намудан ба мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ, ҷобаҷогузорӣ, ҷойивазкунӣ, таҳсил, фаъолияти илмӣ ва дар мавриди амалӣ намудани дигар ҳуқуқу ӯҳдадориҳо ва вазифаҳои хизматчии давлатӣ; (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)
- ҳангоми амалӣ намудани фаъолият ва ҳуқуқу ӯҳдадориҳои мансабӣ аз рӯи ғараз ва манфиати шахсӣ қабул намудани қарорҳо ва дигар санадҳои ғайриқонунӣ, содир намудани амалҳои ғайриқонунӣ, аз ҷумла оиди ба кор қабул намудан ва аз кор озод намудани шахс ва дигар амалҳое, ки ҳуқуқу манфиатҳои дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро поймол мекунанд ва ба онҳо зарар мерасонанд; (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)
- пешниҳод намудани (гузашт кардани) ваколатҳо оид ба танзими давлатии фаъолияти соҳибкорӣ ва назорати фаъолияти соҳибкорӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба чунин фаъолият машғуланд.
2. Аз ҷониби шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробар кардашуда содир намудани яке аз ҳуқуқвайронкуниҳои дар қисми 1 моддаи мазкур нишон додашуда, агар он таркиби ҷиноятро надошта бошад, боиси ҷазои интизомӣ дар шакли сарзаниш, танбеҳ, танбеҳи қатъӣ ё озод намудан аз мансаб мегардад. (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1386)
3. Содир кардани ду ва зиёда ҳуқуқвайронкунии дар боло зикргардида ё такроран дар давоми сол баъди татбиқи ҷазои интизомӣ содир намудани чунин ҳуқуқвайронкунӣ асос барои озод намудан аз мансаб мегардад. (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1386)
Моддаи 12. Ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии ба коррупсия алоқаманд
1. Кирдорҳои зерини шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ва шахсони ба онҳо баробар кардашуда, агар дар онҳо таркиби ҷиноят мавҷуд набошад, ҳуқуқвайронкунии маъмурии ба коррупсия алоқаманд ҳисобида мешаванд:
- барои фаъолияти худ аз мақомоти давлатӣ, ташкилотҳое, ки шахси мазкур дар онҳо вазифаҳои дахлдорро иҷро намекунад, инчунин аз ташкилотҳои ғайридавлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шахсони воқеӣ дар шакли пул, хизматрасонӣ ва дигар шаклҳо гирифтани ҳар навъ подоши иловагӣ, агар бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳои дигаре пешбинӣ нашуда бошанд;
- қабул кардани тўҳфа ва дигар хизматрасониҳо вобаста ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ё ба онҳо баробар кардашуда аз шахсони аз рўи вазифа тобеъ (ба истиснои армуғонҳои рамзӣ ва нишони эҳтиром ҳангоми чорабиниҳои расмӣ ва маросимҳои дигар, ки арзиши умумиашон дар як сол аз 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд нест), инчунин пешниҳод намудани ин гуна тўҳфаву хизматрасониҳо ба шахси мансабдори болоӣ; (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)
- истифодаи бартариятҳои бо қонун пешбининагардида дар гирифтану баргардонидани кредит ва қарзи бонкӣ ва дигар ташкилотҳо, харидани коғазҳои қиматнок, молу мулки ғайриманқул, дигар молу мулк, пардохти андозҳои давлатӣ ва иҷрои дигар ўҳдадориҳо; (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)
- додани бартарият ва имтиёзҳои ғайриқонунӣ ё беасос ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мавриди таҳия ва қабули қарорҳо, ҷойгир кардани фармоишҳои давлатӣ, дигар фармоишҳои аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва ё ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият маблағгузоришаванда, тақсимоти воситаҳои молиявию моддӣ, захираҳои энергетикӣ ва табиӣ, пардохти андозҳо ва баргардонидани қарзҳо ва иҷрои дигар ўҳдадориҳои молиявию моддӣ;
- бе қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳуқуқи моликият ё ба истифодаи муваққатӣ ба ташкилотҳои ғайридавлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё шахсони воқеӣ ройгон додани захираҳои молиявӣ ва моддии ба фондҳои давлатӣ, субъектҳои давлатии хоҷагидор ва дигар субъектҳои хоҷагидор тааллуқдоштае, ки дар моликияти онҳо ҳиссаи давлат на кам аз нисфро ташкил медиҳад;
- бо мақсадҳои шахсӣ, гурўҳӣ ва мақсадҳои дигари ғайрихизматӣ истифода намудани биноҳо, воситаҳои нақлиёт ва алоқа, воситаҳои электронӣ, маблағҳо ва молу мулки дигари давлатӣ, ки барои адои вазифаҳои давлатӣ вобаста карда шудаанд, агар он бо қонунҳо пешбинӣ нагардида бошад, ба манфиатҳои давлат зарар расонад; (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)
- таъсис додан (ташкил кардан) ё аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва ташкилотҳои давлатӣ маблағгузорӣ намудани ташкилотҳои тиҷоратие, ки ба муассис (буҷети давлатӣ, ташкилотҳои мазкур) ҳисса ҷудо намекунанд;
- восита ва захираҳои молиявию моддии давлатиро ба фондҳои интихоботии номзадҳои ҷудогона ва ҳизбҳои сиёсӣ гузаронидан;
- беасос иҷро накардани дархост, пешниҳод, амр, дастур, қарор ва дигар санадҳои дар доираи ваколаташон қабулнамудаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, назоратӣ ва суд; (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)
- ба манфиатҳои шахсӣ ё гурўҳӣ истифода намудани маълумоте, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои давлатӣ ба даст омада, паҳнкунии он манъ карда шудааст;
- ғайриқонунӣ дахолат кардан ба фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, риоя накардани мустақилият ва ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, ғайриқонунӣ барҳам додан ё азнавташкилдиҳии онҳо, дахолат ба таъин (интихоб) ба мансаб ва аз мансаб озод намудани роҳбарон ва кормандони субъектҳои хоҷагидори ғайридавлатӣ, маҳдуд намудани рақобат дар бозори мол (иҷрои кор ва хизматрасонӣ); (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)
- ғайриқонунӣ аз ҳисоб баровардан, вайрон кардани тартиби нархгузорӣ ва ба фурўш баровардани молу мулк, гузаронидани музояда ва тендерҳо оид ба хусусигардонии молу мулки давлатӣ ва хариди давлатии мол (иҷрои кор ва хизматрасонӣ), ки ба манфиатҳои давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ зарар расонидааст, инчунин аз тарафи роҳбарони ташкилотҳои давлатӣ худсарона ба иҷора додан ё фурўхтани амволи давлатӣ, беасос вайрон намудани молу мулки ғайриманқули давлатӣ; (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772; ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1385)
- ғайриқонунӣ ё бо шартҳои ба манфиатҳои давлат ва ташкилотҳо ошкоро номувофиқ ба истифода, киро ё иҷора додани воситаҳои асосӣ, замин ва дигар сарватҳои моддию табиӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ғайриқонунӣ рад намудани додан ё кашида гирифтани онҳо;
- пинҳон намудан аз баҳисобгирӣ, ба расмият надаровардани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии ошкоршуда, ғайриқонунӣ аз ҷавобгарии маъмурӣ озод намудан ё доир ба ин ҳуқуқвайронкуниҳо қабул намудани қарорҳои ошкоро ба вазнинии кирдор номувофиқ, инчунин надидани чораҳои барқароркунии зарари бо ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ расонидашуда;
- тартиб додан, ба расмият даровардан, тасдиқ намудан ё ба қайд гирифтани санадҳо, аҳдҳо ва шартномаҳо эъломияҳо, ҳуҷҷатҳои ибтидоии муҳосибавӣ оид ба хариду фурўш, ҳадя кардан, иваз намудан, гарав, молтаъминкунӣ, киро, иҷора, хусусигардонӣ, аз ҳисоб баровардан, харид намудан ва дигар аҳдҳо оид ба ихтиёрдорӣ, истифода ва интиқоли молу мулк (иҷрои кор, хизматрасонӣ), ки дар онҳо нарх, миқдор, ҳаҷм, соли истеҳсол ва дигар нишондиҳандаҳои амвол (мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ) таҳриф карда шуда, ба ин восита ба манфиатҳои давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ зарар расонида шудааст; (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772; ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1385)
- ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар татбиқи ҳуқуқу манфиатҳои қонуниашон ба вуҷуд овардани монеаҳои сунъӣ, аз онҳо талаб кардани ҳуҷҷатҳо ва маълумоте, ки қонунгузорӣ пешниҳодкунии онро аз ҷониби ин шахсон пешбинӣ намекунад, ё рад кардани ба онҳо додани чунин санаду маълумот, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ гардидааст, кашол додани пешниҳодкунии маълумот, додани маълумоти нопурра ё таҳрифшуда, беасос кашида гирифтан ё ба гарав гирифтани ҳуҷҷатҳои ба онҳо тааллуқдоштаи тасдиқкунандаи ҳуқуқ;
- ба шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ва ба онҳо баробар кардашуда пешниҳод намудани неъматҳои моддиву ғайримоддӣ, хизматрасонӣ ва фоида ҷиҳати моилкунии онҳо ба кирдори (ҳаракат ё беҳаракатии) дахлдор ба манфиати шахси пешниҳодкунандаи ин неъмату хизматҳо. Шахсоне, ки неъматҳои моддиву ғайримоддӣ, тўҳфа ва хизматрасониро ба шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ё ба онҳо баробар кардашуда дар натиҷаи тамаъҷўии онҳо пешниҳод намуда, дар ин бора ихтиёрӣ ба мақомоти мубориза бар зидди коррупсия хабар додаанд, ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд;
- ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод накардани хабару маълумоти мавҷуда оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии ба коррупсия алоқаманд ё ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта;
- ба мақомоти барои баррасӣ ва қабули қарор ваколатдор пешниҳод накардан ё сари вақт пешниҳод накардани санад ва маводи тафтишу санҷиш, ки дар онҳо оид ба ҳуқуқвайронкуниҳо маълумот мавҷуд аст, сарфи назар аз натиҷаҳои он; (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)
- иҷро накардани чорабиниҳои барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ ва нақшаи татбиқи ин барномаҳо; (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1386)
- саркашии бадқасдонаи шахси ба пешбурди баҳисобгирии муҳосибавӣ ваколатдор ё роҳбари ташкилот аз барасмиятдарории амалиётҳои молиявию хоҷагидорӣ, ки қонун пешбинӣ кардааст, ё ба асноду ҳисоботҳои молиявӣ, муҳосибавӣ ва оморӣ даровардани маълумотҳои таҳрифшуда оид ба фаъолият ё амалиётҳои молиявию хоҷагидорӣ, инчунин нобуд кардани асноди молиявӣ ва дигар асноди баҳисобгирӣ.
2. Содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳои дар қисми 1 моддаи зикршуда аз ҷониби шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё ба онҳо баробар кардашуда, агар дар кирдорҳои онҳо таркиби ҷиноят мавҷуд набошад, барои кашидан ба ҷавобгарии пешбининамудаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон асос мегарданд. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772; ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1385)
3. Содиркунии ду ва зиёда ҳуқуқвайронкунии маъмурии ба коррупсия алоқаманд ё дар давоми сол, баъди додани ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани чунин ҳуқуқвайронкунӣ, барои дар асоси даъвои прокурор бо қарори суд барҳам додани шахси ҳуқуқӣ ё қатъ намудани фаъолияти соҳибкори инфиродӣ асос мегардад.
4. Ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробар кардашуда барои ҳуқуқвайронкунии маъмурии ба коррупсия алоқаманд онҳоро аз ҷавобгарии интизомӣ озод намекунад.
Моддаи 13. Ҷавобгарӣ барои дастаҷамъона қабул кардани қарори дорои хусусияти коррупсионӣ
1. Ҷавобгарии бо Қонуни мазкур муқарраршуда барои қабули қарори хусусияти коррупсионидошта, ки аз тарафи мақоми дастаҷамъӣ қабул шудааст, дар сурате, ки он бевосита ба манфиати роҳбари ин мақом ё хешовандони наздики ў ё ба манфиати шахсони сеюм равона шуда, роҳбари мақоми мазкур ба қабули ин қарор фаъолона мусоидат намуда бошад, ё ба қабули он фаъолона мамониат накарда бошад, пурра ба ўҳдаи роҳбари ин мақом гузошта мешавад. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)
2. Дар ташкилотҳое, ки роҳбарии мақоми дастаҷамъӣ аз тариқи ҷамъиятӣ, роҳбарии маъмурӣ аз ҷониби мақоми иҷроия пеш бурда мешавад, ҷавобгарӣ барои қабули қарорҳои хусусияти коррупсионидошта аз ҷониби мақоми коллегиалӣ, дар ҳолати ҷой доштани кирдори дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда ба ўҳдаи роҳбари мақоми иҷроия гузошта мешавад. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)
Моддаи 14. Ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ва тартиби баҳисобгирии онҳо
1. Ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, кирдорҳои дар қисми махсуси Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардидае ҳисоб мешаванд, ки аз тарафи шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ва ба онҳо баробар кардашуда бо ғараз ё дигар манфиатҳои шахсӣ ва бо истифодаи мақоми хизматӣ содир шудаанд ё ба ғайриқонунӣ пешниҳод намудани неъматҳои моддиву ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар ба онҳо вобастаанд. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)
2. Ҷавобгарӣ барои ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта бо Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
3. Феҳристи ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ва тартиби баҳисобгирии омории онҳо бо дастурамале, ки аз тарафи мақомоти ҳамоҳангсоз таҳия ва аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, муқаррар карда мешавад.
БОБИ 4.
БАРТАРАФ НАМУДАНИ ОҚИБАТҲОИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИҲОИ БА КОРРУПСИЯ АЛОҚАМАНД
Моддаи 15. Ситонидани молу мулкиғайриқонунӣ гирифташуда ё арзиши хизматрасонии ғайриқонунӣ
Молу мулки ва арзиши хизматрасоние, ки дар натиҷаи ҳуқуқвайронкунии ба коррупсия алоқаманд ба даст оварда шудаанд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фоидаи давлат мусодира карда мешаванд. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №772)
Моддаи 16. Беэътибор донистани санадҳои ба коррупсия алоқаманд
Санадҳое, ки дар натиҷаи ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд қабул гардидаанд, аз тарафи мақомоти ба қабули он ваколатдор ё мақомоти болоӣ бо ташаббуси худ ё бо эътирози прокурор ё аз тарафи суд бо даъвои прокурор ё шахсони манфиатдори воқеӣ ва ҳуқуқӣ беэътибор дониста мешаванд.
БОБИ 5.
МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 17. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 декабри соли 1999 «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1999, №12, моддаи 314) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 18. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов
ш. Душанбе, 25 июли соли 2005
№ 100