ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1873 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИСТЕҲСОЛОТИ ИҶРО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 08.06.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
КОДЕКС 1852 КОДЕКСИ МАНЗИЛИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии ҶТ 18.03.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1866 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ СОҲАҲОИ КОМПЛЕКСИ АГРОСАНОАТӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18.03.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

Январ 2020

-A A +A

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Чшб, 15/01/2020 - 11:40
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНӢ
Рақам: 
1
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
19.04.2000
ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2000, № 4, мод. 108; с. 2004, № 5, мод. 351; с. 2007, № 5, мод. 351; с. 2008, № 10, мод. 796; с. 2010, № 7, мод. 539, № 12, қ. 1, мод. 801; с. 2011, № 12, мод. 830; с. 2013, № 3, мод. 178, № 7, мод. 499; с. 2016, № 3, мод. 126, № 7, мод. 600; с. 2017, № 7-9, мод. 563)
(Қонуни конст. аз 17.05.2004 № 40, аз 12.05.2007 № 255, аз 06.10.2008 № 443, аз 21.07.2010 № 622, аз 29.12.2010 № 654, аз 26.12.2011 № 794, аз 19.03.2013 № 959, аз 22.07.2013 № 1011, аз 15.03.2016 № 1273, аз 23.07.2016 № 1323, аз 18.07.2017 № 1453, аз 25.06.2021 № 1798)
БОБИ 1. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Моддаи 1.
Маҷлиси Олӣ - парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Маҷлиси Олӣ фаъолияти худро мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.2016 № 1323).
Аз номи тамоми халқи Тоҷикистон фақат Президент, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи худ ҳуқуқи сухан гуфтан доранд (Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40).
Моддаи 2.
Маҷлиси Олӣ аз ду Маҷлис - Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст.
Маҷлиси миллӣ аз 33 аъзо иборат буда, аз ҷумла 25 аъзои он ба таври ғайримустақим дар маҷлисҳои якҷояи вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои онҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (якҷоя) бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мегарданд. Дар Маҷлиси миллӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ намояндагони баробар доранд. 8 нафар аъзои Маҷлиси миллиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мекунад. Ҳар Президенти собиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон узви якумраи Маҷлиси миллӣ мебошад, агар ӯ аз истифодаи ин ҳуқуқ даст накашад. Фаъолияти Маҷлиси миллӣ даъватӣ мебошад (Қонуни конст. ҶТ аз 22.07.2013 № 1011).
Маҷлиси намояндагон аз 63 вакил иборат аст, ки онҳо дар асоси ҳуқуқи интихоботии умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб карда мешаванд. Маҷлиси намояндагон доимоамалкунанда ва касбӣ мебошад.
Тартиби интихоби аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагонро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" муқаррар менамоянд (Қонуни конст. ҶТ аз 22.07.2013 № 1011).
Моддаи 2(1).
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи, Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни конститутсионии мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443, 23.07.2016 № 1323).
Моддаи 2(2).
Маҷлиси Олӣ фаъолияти худро дар асоси принсипҳои волоияти қонун, ҳокимияти халқ, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, адолат, шаффофият, ошкорбаёнӣ ва дастаҷамъӣ ба роҳ мемонад(Қонуни конст. аз 25.06.2021 № 1798).
Моддаи 3.
Мӯҳлати ваколати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон 5 сол аст. Ваколати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар рӯзи оғози фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони даъвати нав қать мегардад.
Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон метавонад пеш аз мӯҳлат дар ҷаласаи якҷояи худ бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ихтиёран пароканда шаванд.
Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар давраи вазъияти фавқулодда ва ҳолати ҷангӣ пароканда намешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40).
Моддаи 4.
Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон фаъолияти худро дар шакли иҷлосияҳо, ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон доир мекунанд. Шӯрои Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Маҷлиси намояндагон, кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон фаъолияти худро дар шакли ҷаласаҳо амалӣ мегардонанд. Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои дар салоҳияти онҳо буда муҳокимаҳои парламентӣ доир мекунанд.
Мақомоти ҳамоҳангсозандаи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар алоҳидагӣ ҷаласа мегузаронанд (Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40).
Тартиби фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, мақомот, аъзо ва вакилони онҳоро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин қонуни конститутсионӣ, дигар қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, Дастури Маҷлиси миллӣ ва Дастури Маҷлиси намояндагон муқаррар мекунанд.
Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи якҷоя, Дастури Маҷлиси миллӣ ва Дастури Маҷлиси намояндагон аз ҷониби ҳар як Маҷлис дар ҷаласаҳои онҳо қабул карда мешавад (Қонуни конст. аз 25.06.2021 № 1798).
Ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ва иҷлосияҳои онҳо бо хондани Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшода ва пӯшида мешаванд(Қонуни конст. аз 25.06.2021 № 1798).
Моддаи 5.
Дар давраи байни иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳангоми зарурат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияҳои ғайринавбатии онҳоро даъват менамояд.
Дар ин иҷлосияҳо танҳо он масъалаҳое баррасӣ мешаванд, ки боиси даъвати ин иҷлосияҳо гардидаанд (Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40).
Моддаи 6.
Дар иҷлосияҳо, ҷаласаҳои якҷоя ва алоҳидаи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазир ва аъзои Ҳукумат, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ - Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди конститутсионӣ, Раиси Суди Олӣ, Раиси Суди Олии иқтисодӣ, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, раиси Палатаи ҳисоб, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон иштирок карда метавонанд (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443, аз 26.12.2011 № 794, аз 22.07.2013 № 1011, аз 15.03.2016 № 1273, аз 23.07.2016 № 1323).
Моддаи 7.
Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ба амри интихобкунандагон тобеъ набуда, ҳуқуқ дорад фикри худро озодона изҳор намояд, мувофиқи ақидаҳои худ овоз диҳад (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443, аз 22.07.2013 № 1011).
Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад, ӯро ҳабс кардан, дастгир кардан, маҷбуран овардан, кофтуков кардан мумкин нест, ба истиснои дастгир шуданаш дар ҷои содири ҷиноят (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443).
Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳамчунин мавриди кофтукови (азназаргузаронии) шахсӣ қарор дода намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун барои таъмини амнияти дигарон муқаррар намудааст.
Масъалаи маҳрум намудани дахлнопазирии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди Прокурори генералӣ аз ҷониби Маҷлиси дахлдор ҳал карда мешавад.
Ваколати узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳангоми ба охир расидани мӯҳлати ваколат, вафот, истеъфо, ғайри қобили амал эътироф шудани онҳо аз ҷониби суд, эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд, қатъи шаҳрвандӣ, соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар, тарки доимии ҷумҳурӣ, ишғоли вазифае, ки ба ваколати узви Маҷлиси миллӣ мувофиқ нест, ба вазифаи дигар таъин намудани вакили Маҷлиси намояндагон, парокандашавии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон қатъ мегардад (Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40, аз 06.10.2008 № 443, аз 22.07.2013 № 1011, аз 23.07.2016 № 1323).
Вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагонро Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443).
Моддаи 8.
Шахсони мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба узви Маҷлиси миллӣ ё вакили Маҷлиси намояндагон дар бобати амалӣ гардонидани ваколатҳояшон халал мерасонанд, ба ҳаёт, саломатӣ, шаъну шарафи онҳо ҳамчун намояндагони халқ суиқасд мекунанд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443, аз 22.07.2013 № 1011).
Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад бо силоҳ ба бинои Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси намояндагон ворид шавад, ба истиснои онҳое, ки чунин ҳуқуқро доранд (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443).
БОБИ 2. ҶАЛАСАҲОИ ЯКҶОЯИ МАҶЛИСИ МИЛЛӣ ВА МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 9.
Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар ҳолатҳои пешбининамудаи Конуститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаҳои якҷоя мегузаронанд (Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.2016 № 1323).
Ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони даъвати навро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват менамояд.
Ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагонро Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагон бо навбат даъват менамоянд ва ба он раисӣ мекунанд. Тартиби даъват ва гузаронидани ҷаласаи якҷояро Қонуни конститутсионии мазкур ва Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон муқаррар менамоянд (Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40, аз 25.06.2021 № 1798).
Ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳамон вақт салоҳиятнок аст, агар дар кори он на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзо ва вакилони онҳо ҳузур дошта бошанд (Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40, аз 22.07.2013 № 1011).
Ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ошкоро гузаронида мешаванд. Дар мавридҳои пешбиникардаи қонун ва Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон мумкин аст ҷаласаҳои пӯшида низ гузаронида шаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.2016 № 1323).
Моддаи 10.
Салоҳияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳангоми гузаронидани ҷаласаҳои якҷоя:
1. Тасдиқи фармони Прзидент дар бораи таъин намудан ва озод кардани Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукумат;
2. Тасдиқи фармони Президент дар бораи ҷорӣ намудани ҳолати ҷангӣ ва вазъияти фавқулодда;
3. Ризоият ба истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз аз ҳудуди он барои иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон;
4. Таъини интихоботи Президент;
5. Қабули истеъфои Президент;
6. Сарфароз гардонидани Президент бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаи олии ҳарбӣ;
7. Баррасии масъалаи дахлнопазирии Президент.
Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаҳои якҷояи худ аз рӯи масъалаҳои зикршудаи салоҳияташон қарор қабул мекунанд. Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ки ҳар яке аз маҷлисҳо дар алоҳидагӣ овоз медиҳанд, қабул мегардад, агар тартиби дигари қабули қарорро Конститутсия муқаррар накарда бошад.
Дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Президент савганд ёд мекунад ва бо паёми худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ баромад менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40).
Моддаи 11.
Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи якҷоя на дертар аз ду моҳи то ба охир расидани мӯҳлати ваколатҳои Президент интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъин мекунанд (Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.2016 № 1323).
Дар сурати пеш аз мӯҳлат қатъ гардидани ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати се моҳ, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443).
Моддаи 12.
Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи якҷоя дар бораи пеш аз мӯҳлат қатъ гардидани ваколатҳои Президент ҳангоми вафот, истеъфо ва ғайри қобили амал донистани ӯ қарор қабул мекунанд (Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40, аз 06.10.2008 № 443).
Ваколатҳои Президент дар ҳолате ки ӯ дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар бораи ба истеъфо баромаданаш хабар медиҳад, бо тарафдории аксарияти аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ки ҳар яке аз онҳо дар алоҳидагӣ овоз медиҳанд, қатъ карда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40).
Дар ҳолатҳои зикршуда дар мӯҳлати се моҳ интихоботи Президент гузаронида мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40).
Дар сурате, ки Президент бинобар беморӣ вазифаҳои худро иҷро карда натавонад, ҳар ду Маҷлис дар ҷаласаи якҷояи худ дар асоси хулосаи комиссияи тиббии давлатии ташкил кардаашон дар бораи пеш аз мӯҳлат аз мансаб озод намудани Президент бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи овозҳои шумораи умумии аъзо ва вакилони ҳар яке аз Маҷлисҳо қарор қабул мекунанд (Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40).
Моддаи 13.
Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи якҷояи худ дар асоси хулосаи Суди конститутсионӣ барои аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ маҳрум намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати аз тарафи ӯ содир шудани хиёнат ба давлат қарор кабул менамоянд (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443).
Қарор дар бораи аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ маҳрум намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати аз тарафи ӯ содир шудани хиёнат ба давлат бо овоздиҳии пинҳонӣ бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ки ҳар яке дар алоҳидагӣ овоз медиҳанд, қабул карда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443).
Масъалаи айбдор кардани Президент ба содир кардани хиёнат ба давлат бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод карда мешавад.
Моддаи 14.
Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон масъалаҳои муҳим ва заруриеро, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд, баррасӣ мекунанд.
Моддаи 15.
Тағйиру иловаҳоро ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ҳадди ақал аз се як ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунанд.
Моддаи 16.
Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаҳои якҷоя дар доираи ваколатҳои худ қарорҳо қабул мекунанд.
Қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон бо аксарияти овозҳои шумораи умумии аъзо ва вакилон қабул карда мешаванд, агар Конститутсия тартиби дигари қабули қарорҳоро муқаррар накарда бошад.
Қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори ҳатмӣ доранд.
БОБИ 3. МАҶЛИСИ МИЛЛӣ
Моддаи 17.
Фаъолияти Маҷлиси миллӣ дар шакли иҷлосия сурат мегирад (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443).
Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми як моҳи баъди интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ даъват мекунад.
Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллиро узви синну солаш калонтарин мекушояд ва онро то интихоб шудани Раиси Маҷлиси миллӣ мебарад (Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.2016 № 1323).
Иҷлосияи Маҷлиси миллиро Раиси Маҷлиси миллӣ соле на камтар аз чор маротиба даъват менамояд. Тартиби даъват ва гузаронидани иҷлосияро Қонуни конститутсионии мазкур ва Дастури Маҷлиси миллӣ муқаррар менамоянд (Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40, аз 25.06.2021 № 1798). 
Ҷаласаи Маҷлиси миллӣ салоҳиятнок аст, агар дар кори он на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои он иштирок намоянд.
Ҷаласаҳои Маҷлиси миллӣ ошкоро гузаронида мешаванд, дар ҳолатҳои пешбиникардаи қонунҳо ва Дастури Маҷлиси миллӣ мумкин аст ҷаласаҳои пӯшида низ гузаронида шаванд.
Моддаи 18.
Узви Маҷлиси миллӣ наметавонад вакили зиёда аз ду мақоми намояндагӣ бошад (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443).
Моддаи 19.
Салоҳияти Маҷлиси миллӣ:
1. Таъсис, барҳам додан ва тағйир додани сарҳади воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, муқаррар намудан ва ба ҷои дигар кӯчонидани маркази маъмурии онҳо, мансуб донистан ва тағйир додани мансубияти маҳалҳои аҳолинишин ба категорияи шаҳр, шаҳрак ва деҳа, номгузорӣ ва номивазкунии воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолинишин (Қонуни конст. ҶТ аз 19.03.2013 № 959, аз 25.06.2021 № 1798);
2. Интихоб ва бозхонди Раис, муовини якум, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, ва Суди Олии иқтисодӣ бо пешниҳоди Президент (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443);
3. Ҳалли масъалаи бекор кардани дахлнопазирии раис, муовини якум, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443);
4. Ризоият барои таъин ва озод намудани Прокурори генералӣ, муовини якум ва муовинони ӯ (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443);
5. Интихоби Намояндаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар дигар мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни конст. ҶТ аз 19.03.2013 № 959, аз 23.07.2016 № 1323);
6. Амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд.
Маҷлиси миллӣ аз рӯи масъалаҳои дар салоҳияташ буда қарор қабул мекунад. Қарори Маҷлиси миллӣ бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои он қабул мегардад, агар тартиби дигари қабули қарорро Конститутсия муқаррар накарда бошад (Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40).
Иҷрои қарорҳои Маҷлиси миллӣ дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ аст (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443, аз 23.07.2016 № 1323).
Моддаи 20.
Маҷлиси миллӣ соле як маротиба ё аз рӯи зарурат ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ҳолати назорат ба иҷрои дақиқ ва якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мешунавад (Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.2016 № 1323).
Моддаи 21.
Маҷлиси миллӣ қарорҳои Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳоро дар сурати ба Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро мувофиқат накардани онҳо бекор мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40).
Маҷлиси миллӣ ҳуқуқ дорад маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳоро дар сурати талаботи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро мунтазам иҷро накардани онҳо пароканда кунад (Қонуни конст. ҶТ аз 22.07.2013 № 1011, аз 23.07.2016 № 1323).
Моддаи 22.
Хориҷ карда шудааст (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443).
Моддаи 23.
Маҷлиси миллӣ аз ҷумлаи аъзои худ ба мӯҳлати ваколатҳояш Раиси Маҷлиси миллиро бо овоздиҳии пинҳонӣ бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои худ интихоб мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443).
Раиси Маҷлиси миллӣ дар назди Маҷлиси миллӣ ҳисоботдиҳанда мебошад ва метавонад бо овоздиҳии пинҳонӣ бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ бозхонда шавад (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443).
Масъалаи бозхонди Раиси Маҷлиси миллиро камаш аз се як ҳиссаи аъзои он ба миён мегузоранд.
Агар ин таклифро аксарияти шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ намояд, дар ин маврид масъалаи бозхонди Раиси Маҷлиси миллӣ ба овоздиҳии пинҳонӣ монда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443).
Раиси Маҷлиси миллӣ ҳуқуқ дорад ба истеъфо барояд (Қонуни конст. ҶТ аз 22.07.2013 № 1011).
Моддаи 24.
Салоҳияти Раиси Маҷлиси миллӣ:
1) иҷлосияи Маҷлиси миллӣ ва дар навбати худ ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагонро даъват мекунад ва ба онҳо раисӣ мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443);
2) ба Маҷлиси миллӣ номзадии муовини якум ва муовинони Раиси Маҷлиси миллӣ, раисони кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси миллӣ ва номзадии Роҳбари дастгоҳи Маҷлиси миллиро пешниҳод менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40);
3) қонунҳои ҷонибдорикардаи Маҷлиси миллиро барои имзо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад (Қонуни конст. аз 25.06.2021 № 1798);
4) ба қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Маҷлиси миллӣ имзо мегузорад;
5) ба Маҷлиси миллӣ номзадии Намояндаи Маҷлиси миллиро дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар дигар мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 19.03.2013 № 959, аз 23.07.2016 № 1323);
6) Маҷлиси миллиро дар дохил ва хориҷи кишвар намояндагӣ мекунад;
7) ба созишномаҳои байнипарламентии Маҷлиси миллӣ имзо мегузорад(Қонуни конст. аз 25.06.2021 № 1798);
8) ба Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ роҳбарӣ мекунад;
9) ваколатҳои дигареро, ки дар Конститутсия, ҳамин қонуни конститутсионӣ, дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастури Маҷлиси миллӣ муайян шудаанд, амалӣ мегардонад.
Барои амалӣ намудани ваколатҳои худ Раиси Маҷлиси миллӣ қарор қабул мекунад ва амр медиҳад (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443).
Моддаи 25.
Ҳангоми вафот, истеъфо ва ғайри қобили амал донистани Президент вазифаи ӯ то ба вазифааш шурӯъ намудани Президенти нав ба зиммаи Раиси Маҷлиси миллӣ мегузарад. Дар ин маврид ваколати Раиси Маҷлиси миллӣ ба зиммаи муовини якум ӯ мегузарад (Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40).
Моддаи 26.
Муовини якум ва муовинони Раиси Маҷлиси миллӣ аз ҷумлаи аъзои Маҷлиси миллӣ ба мӯҳлати ваколати Маҷлиси миллӣ бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллӣ интихоб мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40, аз 06.10.2008 № 443).
Яке аз муовинони Раиси Маҷлиси миллӣ аз ҳисоби намояндагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон интихоб мешавад.
Раиси Маҷлиси миллӣ самтҳои фаъолияти муовини якум ва муовинони худро муайян мекунад. Дар доираи салоҳияти худ муовинони Раиси Маҷлиси миллӣ ҳуқуқ доранд ба воҳидҳои сохтории Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ роҳбарӣ намоянд (Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40).
Дар сурати набудани Раиси Маҷлиси миллӣ вазифаҳои ӯро бо супориши вай муовини якуми Раиси Маҷлиси миллӣ иҷро мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40).
Муовини якум ва муовинони Раиси Маҷлиси миллӣ бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллӣ бозхонд шуда метавонанд (Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40).
Муовини якум ва муовинони Раиси Маҷлиси миллӣ ҳуқуқи ба истеъфо рафтан доранд (Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40).
Моддаи 27.
Шӯрои Маҷлиси миллӣ мақоми ҳамоҳангсоз ва ҳисоботдиҳандаи Маҷлиси миллӣ буда, мутобиқи Конститутсия, ҳамин Қонуни конститутсионӣ ва Дастури Маҷлиси миллӣ фаъолият мекунад.
Ба ҳайати Шӯрои Маҷлиси миллӣ Раиси Маҷлиси миллӣ, муовини якум ва муовинони ӯ, раисони кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси миллӣ дохил мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40).
Ба Шӯрои Маҷлиси миллӣ Раиси Маҷлиси миллӣ сарварӣ менамояд.
Ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллиро Раиси Маҷлиси миллӣ аз рӯи зарурат даъват менамояд ва он дар сурати ҳозир будани зиёда аз нисфи ҳайати умумии Шӯро босалоҳият ҳисоб меёбад.
Шӯрои Маҷлиси миллӣ дар доираи салоҳияти худ қарор қабул мекунад. Қарори Шӯрои Маҷлиси миллӣ бо тарафдории аксарияти шумораи ҳайаташ қабул карда мешавад. Шӯрои Маҷлиси миллӣ метавонад қарорро ба тариқи пурсиш қабул намояд (Қонуни конст. аз 25.06.2021 № 1798).
Қарорҳои Шӯрои Маҷлиси миллӣ, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо ва қарорҳои Маҷлиси миллӣ мухолифат менамоянд, бо қарори Шӯрои Маҷлиси миллӣ ё қарори Маҷлиси миллӣ бекор карда мешаванд (Қонуни конст. аз 25.06.2021 № 1798).
Моддаи 28.
Салоҳияти Шӯрои Маҷлиси миллӣ:
1) ташкили тайёрии ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ;
2) таҳия кардани лоиҳаи рӯзнома ва тартиби кори ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ;
3) мураттаб сохтани фаъолияти кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси миллӣ;
4) таъмини ҳамкорӣ бо Маҷлиси намояндагон, Шӯрои Маҷлиси намояндагон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдо (Қонуни конст. аз 25.06.2021 № 1798);
5) ташкили банақшагирии корҳои вобаста ба фаъолияти Маҷлиси миллӣ;
6) пешакӣ баррасӣ намудани қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон қабул кардааст ва дигар санадҳо;
7) таҳлили таклифу эрод ва дархости аъзои Маҷлиси миллӣ, ки дар иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ баён кардаанд ва аз рӯи онҳо қабул намудани қарорҳои дахлдор(Қонуни конст. аз 25.06.2021 № 1798);
8) ташкили робитаҳои байнипарламентии Маҷлиси миллӣ;
9) таъмини назорати иҷрои қарорҳои Маҷлиси миллӣ;
10) ба амал баровардани ваколатҳои вобаста ба фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва аз ҷониби аъзои он самарабахш ба ҷо овардани ваколатҳое, ки Конститутсия, ҳамин Қонуни конститутсионӣ ва Дастури Маҷлиси миллӣ муайян намудаанд (Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.2016 № 1323).
Моддаи 29.
Маҷлиси миллӣ кумитаҳо ва комиссияҳои дахлдори худро таъсис медиҳад.
Номгӯй ва ҳайати кумитаҳо ва комиссияҳоро Маҷлиси миллӣ бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллӣ муайян мекунад.
Узви Маҷлиси миллӣ метавонад узви танҳо як кумита бошад. Ҳангоми ташкилдиҳии ҳайати онҳо розигии узви Маҷлиси миллӣ ба назар гирифта мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443).
Моддаи 30.
Ба ҳайати кумита ва комиссия Раиси Маҷлиси миллӣ ва муовинони ӯ интихоб шуда наметавонанд.
Моддаи 31.
Кумитаҳо ва комиссияҳоро Маҷлиси миллӣ дар ҳайати раисон ва аъзои кумитаҳо ва комиссияҳо интихоб мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443).
Раисони кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси миллӣ ба мӯҳлати салоҳияташон бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллӣ бо овоздиҳии кӯшод бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ интихоб мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443).
Кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси миллӣ бо пешниҳоди раисони кумитаҳо ва комиссияҳо муовинони раиси кумитаҳо ва комиссияҳоро интихоб мекунанд.
Раисони кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси миллӣ бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллӣ бозхонд шуда метавонанд.
Раисони кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси миллӣ ҳуқуқ доранд ба истеъфо раванд (Қонуни конст. ҶТ аз 22.07.2013 № 1011).
Моддаи 32.
Салоҳияти кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси миллӣ, тартиби фаъолияти онҳо бо Дастури Маҷлиси миллӣ муайян карда мешаванд.
Моддаи 33.
Маҷлиси миллӣ ҳангоми зарурат комиссияҳои муваққатӣ таъсис медиҳад.
Салоҳият ва тартиби фаъолияти комиссияҳои муваққатӣ аз тарафи Маҷлиси миллӣ ҳангоми таъсис ёфтанашон муайян карда мешаванд.
БОБИ 4. МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН
Моддаи 34.
Фаъолияти Маҷлиси намояндагон дар шакли иҷлосия сурат мегирад.
Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагонро дар давоми як моҳи баъди интихоби вакилони Маҷлиси намояндагон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват мекунад.
Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагонро вакили синну солаш калонтарин мекушояд ва то интихоб шудани Раиси Маҷлиси намояндагон онро мебарад.
Иҷлосияи навбатии Маҷлиси намояндагон дар як сол як маротиба аз рӯзи аввали кории моҳи октябр то рӯзи охирини кории моҳи июни соли минбаъда гузаронида мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 29.12.2010 № 654).
Ҷаласаи Маҷлиси намояндагон салоҳиятнок аст, агар дар кори он на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони он иштирок кунанд.
Ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон ошкоро гузаронида мешаванд, дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунҳо ва Дастури Маҷлиси намояндагон, ҷаласаҳои пӯшида низ гузаронда мешаванд.
Моддаи 35.
Вакили Маҷлиси намояндагон фаъолияти худро дар асоси касбии доимӣ иҷро мекунад.
Вакили Маҷлиси намояндагон наметавонад вакили дигар мақомоти намояндагӣ бошад, вазифаи дигареро иҷро кунад, фаъолияти соҳибкорӣ намояд, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ (Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40).
Моддаи 36.
Салоҳияти Маҷлиси намояндагон:
1. Таъсиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоб ва бозхонди Раис, муовин ва аъзои он бо пешниҳоди Президент;
2. Ба муҳокимаи халқ пешниҳод намудани лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳои муҳими давлатию ҷамъиятӣ;
3. Тасдиқи барномаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ;
4. Ризоият ба додугирифти қарзи давлатӣ;
5. Тасдиқ ва бекор кардани шартномаҳои байналмилалӣ;
6. Таъини раъйпурсӣ;
7. Таъсиси судҳо;
8. Тасдиқи рамзҳои давлатӣ;
9. Тасдиқи мукофотҳои давлатӣ;
10. Тасдиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани раиси Бонки миллии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ӯ (Қонуни конст. ҶТ аз 29.12.2010 № 654, аз 22.07.2013 № 1011);
11. Ризоият барои таъин намудани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443);
12. Ризоият барои таъин намудани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак (Қонуни конст. ҶТ аз 15.03.2016 № 1273);
13. Муқаррар намудани рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо ва унвонҳои махсус (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443);
14. Муайян намудани маоши Президент (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443);
15. Ташкил ва гузаронидани муҳокимаҳои парламентӣ;
16. Ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷиқистон, муовини ӯ ва сараудиторони Палатаи ҳисоб бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни конст. ҶТ аз 22.07.2013 № 1011);
17. Интихоби Намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни конст. ҶТ аз 29.12.2010 № 654, аз 22.07.2013 № 1011, аз 23.07.2016 № 1323);
18. Баррасии масъалаи маҳрум кардан аз ҳуқуқи дахлнопазирии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини ӯ ва сараудиторони Палатаи ҳисоб (Қонуни конст. ҶТ аз 29.12.2010 № 654, аз 22.07.2013 № 1011);
19. Амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443).
Маҷлиси намояндагон аз рӯи масъалаҳои дар салоҳияташ буда қарор қабул мекунад. Қарори Маҷлиси намояндагон бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилон қабул мегардад, агар тартиби дигари қабули қарорро Конститутсия муайян накарда бошад.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини ӯ ва сараудиторони Палатаи ҳисоб пас аз таъин шудан ба вазифа дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунанд (Қонуни конст. ҶТ аз 22.07.2013 № 1011, аз 23.07.2016 № 1323).
Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон роҳбарони давлатҳои хориҷӣ метавонанд суханронӣ кунанд (Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40).
Моддаи 37.
Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунро дар бораи буҷети давлатӣ қабул мекунад ва иҷрои буҷети давлатиро назорат мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 22.07.2013 № 1011).
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунро дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳар сол то якуми ноябр ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.2016 № 1323).
Қонун дар бораи буҷети давлатӣ бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон қабул карда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443).
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи буҷети давлатӣ, ки Маҷлиси намояндагон қабул кардааст, дар муддати понздаҳ рӯз ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои имзо ва интишор пешниҳод мешавад.
Агар Президент ба қонун ё қисми он розӣ набошад, қонунро дар муддати понздаҳ рӯз бо далелу эродҳо ба Маҷлиси намояндагон бармегардонад. Дар сурати баррасии такрорӣ қонун дар матни пештар қабулшудааш бо аксарияти аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон дастгирӣ ёбад, Президент дар муддати даҳ рӯз ба қонун имзо мегузорад ва онро интишор менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443).
Маҷлиси намояндагон хулосаи аудитории Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба ҳисоботи солонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷрои буҷети давлатӣ барои соли гузашта, ҳисоботи ҷамъбастии Палатаи ҳисоб оид ба фаъолияти аудиториро баррасӣ менамояд ва ҳисоботи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо ва дигар мақомоти давлатиро бо мақсади назорати иҷрои буҷети давлатӣ мешунавад (Қонуни конст. ҶТ аз 29.12.2010 № 654, аз 22.07.2013 № 1011).
Моддаи 38.
Хориҷ карда шудааст ((Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40).
Моддаи 39.
Барои ташкили фаъолияти Маҷлиси намояндагон аз ҳисоби вакилони Маҷлиси намояндагон Раиси Маҷлиси намояндагон, муовини якум ва муовинони ӯ интихоб мешаванд, кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон таъсис дода мешавад, раисони онҳо интихоб мегарданд, Шӯрои Маҷлиси намояндагон таъсис меёбад (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443, аз 23.07.2016 № 1323).
Моддаи 40.
Маҷлиси намояндагон аз рӯи масъалаҳои муҳокимашаванда дар доираи ваколатҳои худ қарорҳо қабул мекунад ва иҷрои онҳоро назорат менамояд.
Иҷрои қарорҳои Маҷлиси намояндагон дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ аст (Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.2016 № 1323).
Моддаи 41.
Маҷлиси намояндагон аз ҳисоби вакилони худ ба мӯҳлати ваколаташ Раиси Маҷлиси намояндагонро бо овоздиҳии пинҳонӣ бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон интихоб мекунад.
Раиси Маҷлиси намояндагон дар назди Маҷлиси намояндагон ҳисоботдиҳанда мебошад ва метавонад бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон бо овоздиҳии пинҳонӣ бозхонда шавад (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443).
Масъалаи бозхонди Раиси Маҷлиси намояндагон аз тарафи на камтар аз се як ҳиссаи вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод мешавад.
Дар ҳолати таклифи мазкурро дастгирӣ кардани аксарияти шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон масъала дар бораи бозхонди Раиси Маҷлиси намояндагон ба овоздиҳии пинҳонӣ гузошта мешавад.
Раиси Маҷлиси намояндагон ҳуқуқ дорад ба истеъфо равад (Қонуни конст. ҶТ аз 22.07.2013 № 1011).
хориҷ карда шуда (Қонуни конст. ҶТ аз 18.07.2017 № 1453).
Моддаи 42.
Салоҳияти Раиси Маҷлиси намояндагон:
1) ба мураттабсозии масъалаҳое, ки дар иҷлосия ва ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон ва ҷаласаҳои Шӯрои он баррасӣ мешаванд, роҳбарӣ мекунад;
2) ба иҷлосия ва ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон ва ҷаласаҳои Шӯрои он раисӣ мекунад;
3) ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагонро дар навбати худ даъват намуда, ба он раисӣ мекунад:
4) номзадии муовини якум ва муовинони Раиси Маҷлиси намояндагон, раисони кумитаю комиссияҳои, Маҷлиси намояндагон ва роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагонро ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд;
5) қонун дар бораи авф ва қонун дар бораи буҷети давлатиро, ки Маҷлиси намояндагон қабул кардааст, барои имзо ва интишор ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад;
6) қонунҳои қабулкардаи Маҷлиси намояндагонро барои ҷонибдорӣ ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод мекунад;
7) ба қарорҳои Маҷлиси намояндагон ва қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагон имзо мегузорад;
8) номзадии Намояндаи Маҷлиси намояндагонро дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар дигар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 22.07.2013 № 1011, аз 23.07.2016 № 1323);
9) Маҷлиси намояндагонро дар дохил ва хориҷи кишвар намояндагӣ мекунад;
10) ба созишномаҳои байнипарламентии Маҷлиси намояндагон имзо мегузорад;
11) ҳангоми зарурат ҷаласаҳои ғайринавбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагонро даъват мекунад;
12) мӯҳлати баррасии лоиҳаи қонунҳо ва таклифҳои қонунгузориро тамдид менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 22.07.2013 № 1011);
13) ваколатҳои дигареро, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии мазкур, дигар қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардаанд, амалӣ мекунад (Қонуни конст. ҶТ 23.07.2016 № 1323).
Раиси Маҷлиси намояндагон дар бораи фаъолияти Маҷлиси намояндагон дар давраи иҷлосияи гузашта ва дар бораи лоиҳаи барномаи кори қонунгузории Маҷлиси намояндагон барои иҷлосияи навбатӣ ба Маҷлиси намояндагон гузориш медиҳад. Аз рӯи гузориши Раиси Маҷлиси намояндагон, Маҷлиси намояндагон метавонад қарор қабул кунад.
Раиси Маҷлиси намояндагон дар доираи салоҳияти худ қарор қабул мекунад ва амр медиҳад (Қонуни конст. ҶТ аз 29.12.2010 № 654).
Моддаи 43.
Муовини якум ва муовинони Раиси Маҷлиси намояндагон аз ҷумлаи вакилони Маҷлиси намояндагон ба мӯҳлати ваколати Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси намояндагон интихоб карда мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40).
Тартиби интихоби муовини якум ва муовинони Раиси Маҷлиси намояндагон бо Дастури Маҷлиси намояндагон муайян карда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40).
Раиси Маҷлиси намояндагон самтҳои фаъолияти муовини якум ва муовинони худро муайян менамояд. Муовини якум ва муовинони Раиси Маҷлиси намояндагон дар доираи салоҳияти худ ҳуқуқ доранд ба воҳидҳои сохтории Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон роҳбарӣ намоянд (Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40, аз 22.07.2013 № 1011).
Дар сурати набудани Раиси Маҷлиси намояндагон вазифаҳои ӯро бо супориши Раиси Маҷлиси намояндагон муовини якум иҷро мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40).
Муовини якум ва муовинони Раиси Маҷлиси намояндагон метавонанд бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси намояндагон бозхонда шаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40).
Муовини якум ва муовинони Раиси Маҷлиси намояндагон ҳуқуқ доранд ба истеъфо раванд (Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40, ҶТ аз 22.07.2013 № 1011).
Моддаи 44.
Шӯрои Маҷлиси намояндагон мақоми ҳамоҳангсоз, ҳисоботдиҳандаи Маҷлиси намояндагон буда, мутобиқи Конститутсия, ҳамин қонуни конститутсионӣ ва Дастури Маҷлиси намояндагон фаъолият мекунад.
Моддаи 45.
Ба ҳайати Шӯрои Маҷлиси намояндагон Раиси Маҷлиси намояндагон, муовини якум ва муовинони ӯ, раисони кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон дохил мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40).
Маҷлиси намояндагон метавонад ба ҳайати Шӯрои Маҷлиси намояндагон вакилони дигарро низ интихоб намояд.
Ба Шӯрои Маҷлиси намояндагон Раиси Маҷлиси намояндагон сарварӣ менамояд.
Ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагонро Раиси Маҷлиси намояндагон аз рӯи зарурат, вале камаш моҳе як бор даъват менамояд ва он дар сурати ҳозир будани зиёда аз нисфи ҳайати умумии Шӯро босалоҳият ҳисоб меёбад.
Шӯрои Маҷлиси намояндагон дар доираи салоҳияти худ қарор қабул мекунад. Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон бо тарафдории аксарияти шумораи ҳайаташ қабул карда мешавад.
Қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки ба Конститутсия, қонунҳо ва қарорҳои Маҷлиси намояндагон мухолифат менамоянд, Маҷлиси намояндагон онҳоро бекор мекунад.
Моддаи 46.
Салоҳияти Шӯрои Маҷлиси намояндагон:
1) ташкили тайёрии ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон ва банақшагирии корҳои марбут ба тартиб додани лоиҳаи қонунҳо;
2) баррасии масъалаҳои даъват намудани ҷаласаҳои ғайринавбатии Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси намояндагон, кумитаҳо, комиссияҳои Маҷлиси намояндагон, аз се як ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон;
3) таҳияи лоиҳаи рӯзнома ва тартиби кори ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон;
4) ҳамоҳангсозии фаъолияти кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон;
5) муайян намудани кумитаи масъул оид ба омода кардани лоиҳаи қонун барои баррасӣ дар Маҷлиси намояндагон, ки субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ пешниҳод кардааст. Фиристодани лоиҳаҳо барои баррасӣ ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, дар сурати зарурат ба дигар субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва муайян намудани мӯҳлати тайёр кардани хулоса, пешниҳоди тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи қонун ва дигар санадҳо;
6) фиристодани лоиҳаи қонун ва маводи ба он вобаста, ки кумитаи масъули Маҷлиси намояндагон барои баррасии Маҷлиси намояндагон тайёр кардааст, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, ки ба Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни мазкурро пешниҳод намудаанд, дар мӯҳлатҳои муқарраркардаи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
7) таъмини баррасии пешакии лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳо;
8) пас гардонидани лоиҳаи қонуни пешниҳодкардаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дар сурати мухолифати он ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни конст. ҶТ 23.07.2016 № 1323);
9) қабули қарор дар бораи муҳокимаи парламентӣ;
10) қабули қарори дахлдор оид ба пешниҳоду эрод ва дархости вакилон, ки дар ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон изҳор шудаан(Қонуни конст. аз 25.06.2021 № 1798);
11) ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои он, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдор;
12) ташкили робитаҳои байнипарламентии Маҷлиси намояндагон;
13) таъмини назорати иҷрои қарорҳои Маҷлиси намояндагон;
14) таъсис додани комиссияҳо вобаста ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти онҳо дохил мешаванд;
15) пешниҳод ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сарфарозгардонии вакили Маҷлиси намояндагон ва корманди Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон бо мукофоти давлатӣ, рутба ва унвони махсус;
16) татбиқи ваколатҳои дигар вобаста ба фаъолияти Маҷлиси намояндагон, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, Қонуни конститутсионии мазкур, дигар қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд (Қонуни конст. ҶТ 23.07.2016 № 1323).
Шӯрои Маҷлиси намояндагон қарор қабул мекунад ва ба он Раиси Маҷлиси намояндагон имзо мегузорад. Ҳангоми набудани Раиси Маҷлиси намояндагон ба қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон раисикунандаи ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон имзо мегузорад. Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон ба кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон, Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва мақомоти дахлдор фиристода мешавад.
Қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо ва қарорҳои Маҷлиси намояндагон мухолифат менамоянд, бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон ё қарори Маҷлиси намояндагон бекор карда мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 29.12.2010 № 654, аз 23.07.2016 № 1323).
Моддаи 47.
Маҷлиси намояндагон кумитаю комиссияҳои дахлдори худро таъсис медиҳад (Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.2016 № 1323).
Номгӯй ва шумораи ҳайати кумитаю комиссияҳоро бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси намояндагон Маҷлиси намояндагон муайян мекунад.
Вакили Маҷлиси намояндагон узви танҳо як кумита ва дар як вақт метавонад узви комиссияи доимӣ ва ё муваққатии Маҷлиси намояндагон интихоб шавад. Ҳангоми муайян кардани ҳайати шахсии кумитаю комиссияҳо розигии вакили Маҷлиси намояндагон ба инобат гирифта мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 21.07.2010 № 622).
Моддаи 48.
Ба ҳайати кумита ва комиссия Раиси Маҷлиси намояндагон ва муовини якум ва муовинони ӯ интихоб шуда наметавонанд (Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40).
Моддаи 49.
Маҷлиси намояндагон кумитаю комиссияҳоро дар ҳайати раисон ва аъзои кумитаю комиссияҳо интихоб мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443).
Раисони кумитаю комиссияҳоро Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси намояндагон аз ҳисоби аъзои кумита ва комиссияҳои дахлдор бо овоздиҳии кушод бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон ба мӯҳлати салоҳияташ интихоб менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40, аз 22.07.2013 № 1011).
Кумитаю комиссияҳои Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди раисони кумитаю комиссияҳо муовинони раис ва котибони кумитаю комиссияҳоро интихоб мекунанд.
Раисони кумитаю комиссияҳо бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси намояндагон бозхонд шуда метавонанд.
Раисони кумитаҳою комиссияҳои Маҷлиси намояндагон ҳуқуқ доранд ба истеъфо раванд (Қонуни конст. ҶТ аз 22.07.2013 № 1011).
Моддаи 50.
Салоҳияти кумитаю комиссияҳои Маҷлиси намояндагон, тартиби фаъолияти онҳо бо Дастури Маҷлиси намояндагон муайян карда мешавад.
Моддаи 51.
Маҷлиси намояндагон ҳангоми зарурат, барои ҳалли масъалаҳои мушаххас комиссияҳои муваққатӣ таъсис медиҳад.
Салоҳият ва тартиби фаъолияти комиссияҳои муваққатиро Маҷлиси намояндагон ҳангоми таъсис ёфтанашон муайян мекунад.
Моддаи 52.
Вакилони Маҷлиси намояндагон барои изҳори дастаҷамъонаи ақидаҳои сиёсии худ, амалӣ гардонидани барномаҳо ва ҳадафҳои пешазинтихоботӣ ҳуқуқ доранд дар фраксияву гурӯҳҳо муттаҳид шаванд.
Вакили Маҷлиси намояндагон метавонад танҳо аъзои як гурӯҳ ё як фраксия бошад.
Вакилони Маҷлиси намояндагон новобаста ба иштирокашон дар фаъолияти ягон мақомоти Маҷлиси намояндагон метавонанд аъзои фраксияву гурӯҳҳо бошанд.
Фраксияву гурӯҳҳои вакилони Маҷлиси намояндагон мақомоти Маҷлиси намояндагон намебошанд. Вакилони Маҷлиси намояндагон ба ин фраксияву гурӯҳҳо озодона дохил шуда, аз онҳо хориҷ мегарданд ва ҳангоми ба амал баровардани ваколатҳои вакилиашон ба қарорҳои фраксияву гурӯҳҳои мазкур вобаста намебошанд.
Моддаи 53.
Фраксия ё гурӯҳ камаш аз панҷ вакили Маҷлиси намояндагон ташкил меёбад. Дар хусуси ташкил, ҳайат, ҳадафу вазифаҳои фраксия ё гурӯҳи вакилони Маҷлиси намояндагон ба Комиссияи назорати Дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагон хаттӣ хабар дода, дигар вакилони Маҷлиси намояндагон низ воқиф гардонда мешаванд. Хабарномаро бояд роҳбари фраксия ё гурӯҳ имзо кунад.
БОБИ 5. ФАЪОЛИЯТИ ҚОНУНГУЗОРӢ
Моддаи 54.
Аъзои Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ доранд (Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40).
Ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дар шакли пешниҳоди лоиҳаи қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи қонун дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё аз эътибор соқит донистани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин дар шакли пешниҳоди хаттӣ дар бораи қабул кардани қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон (таклифҳои қонунгузорӣ) амалӣ карда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 22.07.2013 № 1011).
Моддаи 55.
Мақомоти давлатӣ, ҷамъиятӣ ва шаҳрвандоне, ки ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ надоранд, лоиҳаи қонунҳо ё таклифҳои қонунгузориро метавонанд ба воситаи мақомоте, ки ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ доранд ё ба воситаи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод намоянд.
Моддаи 56.
Лоиҳаи қонунҳо ва таклифҳои қонунгузорӣ ба Маҷлиси намояндагон ба тариқи амалигардонии ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ пешниҳод мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 22.07.2013 № 1011).
Лоиҳаи қонунро дар бораи авф Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунад.
Лоиҳаи қонунҳоро дар бораи буҷет, оид ба муқаррар ва бекор кардани андоз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 22.07.2013 № 1011).
Лоиҳаи қонунҳо ва таклифҳои қонунгузории ба Маҷлиси намояндагон воридшударо Шӯрои Маҷлиси намояндагон ба кумитаю комиссияҳои дахлдор ё дигар мақомот барои муҳокимаи пешакӣ, пешниҳоди хулоса ва таҳияи масъала ҷиҳати баррасӣ ба ҷаласаи Маҷлиси намояндагон мефиристад(Қонуни конст. ҶТ аз 22.07.2013 № 1011).
Моддаи 57.
Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонунҳо ё таклифҳои қонунгузориро мутобиқи Конститутсия, ҳамин қонуни конститутсионӣ, қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастури Маҷлиси намояндагон баррасӣ менамояд ва қарор қабул мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443).
Моддаи 58.
Маҷлиси намояндагон ҳокимияти қонунгузориро амалӣ намуда, санадҳои меъёрии ҳуқуқии зеринро қабул мекунад:
- қонунҳои конститутсионӣ;
- кодексҳо;
- қонунҳо;
- қарорҳо (Қонуни конст. ҶТ аз 22.07.2013 № 1011).
Моддаи 59.
Қонунҳоро Маҷлиси намояндагон қабул менамояд. Қонун бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилон қабул мегардад, агар тартиби дигарро Конститутсия муқаррар накарда бошад.
Қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон қабул намудааст, ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод мешаванд, ба истиснои қонунхо дар бораи буҷети давлатӣ ва авф. Қонунҳо дар бораи буҷети давлатӣ ва авф танҳо аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул карда мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40, аз 22.07.2013 № 1011).
Маҷлиси миллӣ қонунро бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои худ ҷонибдорӣ мекунад. Дар мавриди дастгирӣ наёфтани қонун аз ҷониби Маҷлиси миллӣ қонун такроран дар Маҷлиси намояндагон баррасӣ мешавад.
Дар сурати бо қарори Маҷлиси миллӣ норозӣ будани Маҷлиси намояндагон, қонун ҳамон вақт қабулшуда ҳисоб мешавад, ки агар Маҷлиси намояндагон онро такроран бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилон тасдиқ намояд.
Моддаи 60.
Қонунҳои конститутсионӣ оид ба масъалаҳое қабул мешаванд, ки Конститутсия муайян намудааст. Қонунҳои конститутсионӣ бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон қабул мегарданд ва Маҷлиси миллӣ бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои худ ҷонибдорӣ мекунад.
Дар сурати бо қарори Маҷлиси миллӣ норозӣ будани Маҷлиси намояндагон, қонуни конститутсионӣ ҳамон вақт қабул шуда ҳисоб мешавад, ки агар Маҷлиси намояндагон онро такроран ба тарафдории на камтар аз чор се ҳиссаи шумораи умумии вакилон тасдиқ намояд (Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.2016 № 1323).
Моддаи 61.
Тафсири Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон бо тартибе, ки барои қонунҳои конститутсионӣ муқаррар шудааст баррасӣ намуда, дар шакли қонуни конститутсионӣ қабул ва ҷонибдорӣ мекунанд (Қонуни конст. ҶТ аз 22.07.2013 № 1011, аз 23.07.2016 № 1323).
Моддаи 62.
Қонунҳои қабулнамудаи Маҷлиси намояндагон ва ҷонибдорикардаи Маҷлиси миллӣ дар давоми як ҳафта барои имзо ва интишор ба Президент фиристода мешаванд.
Агар Президент бо қонун ё қисми он розӣ набошад, қонунро дар давоми понздаҳ рӯз бо далелу эродҳо ба Маҷлиси намояндагон бармегардонад (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443).
Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон бо тартиби муқарраркардаи Конститутсия қонуни мазкурро такроран баррасӣ менамоянд. Дар сурати баррасии такрорӣ қонун дар матни пештар қабулшудааш бо аксарияти аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон дастгирӣ ёбад. Президент дар муддати даҳ рӯз ба қонун имзо мегузорад ва онро интишор менамояд.
Ҳангоми баррасии қонуни аз тарафи Президент баргардонидашуда, ки онро пештар Маҷлиси намояндагон бо аз се ду ҳиссаи овозҳо қабул намуда буд, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон қонунро такроран бо аксарияти на камтар аз се ду ҳиссаи овозҳо тарафдорӣ мекунанд.
Агар Президент Қонуни конститутсиониро баргардонад, Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ бо тартиби муқарраркардаи Конститутсия қонуни мазкурро такроран баррасӣ менамоянд. Дар сурати баррасии такрорӣ қонуни конститутсионӣ дар матни пештар қабулшудааш бо аксарияти аз чор се ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон тасдиқ шавад, Президент дар муддати даҳ рӯз ба қонуни конститутсионӣ имзо мегузорад ва онро интишор менамояд.
БОБИ 6. ТАЪМИНИ ФАЪОЛИЯТИ МАҶЛИСИ МИЛЛӣ, МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 63.
Хизматрасонии иттилоотӣ, ташкилию техникӣ ва хизматрасонии дигари Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ва мақомоти онҳо, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагонро Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ва Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон таъмин менамоянд (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443).
Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ва Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон шахсони ҳуқуқӣ, мақомоти кории Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон мебошанд. Низомномаи Дастгоҳ ва сохтори он, рӯйхати кормандони онро мувофиқан Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон тасдиқ менамоянд (Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.2016 № 1323).
Роҳбарони Дастгоҳҳо дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон мутаносибан бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагон таъин карда мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443).
Муносибатҳои меҳнатии кормандони Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ва Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ба муддати салоҳияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон вобастагӣ надорад (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443).
Моддаи 64.
Фаъолияти моддию техникӣ ва дигар фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, аз ҷумла хароҷоти вобаста ба узвияти онҳо дар Созмонҳои байналмиллалӣ ва минтақавии парламентӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ таъмин карда мешавад.
Сметаи хароҷоти фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, мақомоти онҳо, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагонро мутаносибан Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон тасдиқ менамоянд ва он дар буҷети ҷумҳурӣ алоҳида сабт мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443).
Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон соҳиби молу мулке мебошанд, ки дар тавозуни Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ва Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва бахшҳои тобеи онҳоанд ва аз ин молу мулк истифода мебаранд ва ба он ихтиёрдорӣ мекунанд (Қонуни конст. ҶТ аз 22.07.2013 № 1011).
Моддаи 65.
Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон шаҳодатнома ва нишони сарисинагии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон доранд, ки аз онҳо дар давоми мӯҳлати ваколатҳояшон истифода мекунанд (Қонуни конст. ҶТ аз 22.07.2013 № 1011).
Моддаи 66.
Хароҷоти вобаста ба иҷрои фаъолият ва кафолатҳои иҷтимоии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон бо тартиби муқарраргардида аз ҳисоби Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пардохта мешавад.
Моддаи 67.
хориҷ карда шуда (Қонуни конст. ҶТ аз 18.07.2017 № 1453)
Моддаи 68.
Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагон ба таъминот ва хизматрасонии зайли давлатӣ ҳуқуқ доранд (Қонуни конст. ҶТ аз 22.07.2013 № 1011):
ба манзилгоҳи хизматӣ;
ба нақлиети махсус;
ба муҳофизин;
ба хароҷот ҷиҳати мақсадҳои намояндагӣ дар дохили мамлакат;
ба хароҷоти вобаста ба сафари давлатҳои хориҷӣ мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443);
ба хизматрасонии махсуси тиббӣ ва санаторию курортӣ (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443);
ба суғуртаи давлатӣ.
Барои Раиси Маҷлиси Олии даъвати якум, Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз анҷоми мӯҳлати ваколат, дар сурати ба истеъфо рафтан ё аз нав вакил интихоб шудан:
cарфи назар аз синну сол ба андозаи навад фоизи музди кори Раиси фаъолияткунандаи Маҷлиси намояндагон бо дарназардошти иловапулиpо нафақа муқаррар карда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 17.05.2004 № 40);
бо манзилгоҳи хизматӣ;
бо хизматрасонии махсуси тиббӣ ва санаторию курортии онҳо ва аъзои оилаашон (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443);
бо ҳуқуқи истифода кардан аз нақлиёти автомобилии хизматӣ;
бо муҳофизин таъмин карда мешаванд.
Дигар шароити таъминот, хизматрасонӣ ва ҳифзи Раиси Маҷлиси Олии даъвати якум, Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагон бо қарори Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 69.
Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон метавонанд дигар имтиёзҳои иловагӣ ва кафолати иҷрои онҳоро муқаррар намоянд (Қонуни конст. ҶТ аз 06.10.2008 № 443).
Моддаи 69(1).
Нашрияҳои расмии Маҷлиси Олӣ рӯзномаи "Садои мардум" ва маҷаллаи "Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" мебошанд.
Оинномаи рӯзномаи "Садои мардум" бо қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон тасдиқ карда мешавад (Қонуни конст. аз 25.06.2021 № 1798).
Моддаи 69(2).
Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар шабакаи интернет сомонаи расмии худро доранд. Тартиби пешбурд, номгӯи маълумот ва иттилооте, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сомона ҷойгир карда мешаванд, мувофиқан дар Дастури Маҷлиси миллӣ ва Дастури Маҷлиси намояндагон муайян карда мешаванд (Қонуни конст. аз 25.06.2021 № 1798).
Моддаи 69(3).
Қароргоҳи расмии Маҷлиси Олӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе ҷойгир мебошад(Қонуни конст. аз 25.06.2021 № 1798).
Моддаи 70.
Аз рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни конститутсионии мазкур Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1995, № 21, м. 221, с.1996, № 3, м. 50, с.1997, № 9, м. 110, с.1998, № 10, м.115) аз эътибор соқит дониста шавад (Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.2016 № 1323).
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                       Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе
19 апрели соли 2000 № 1
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оиди мавриди амал қарор додани Конуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори худро ба қонуни мазкур мутобиқ гардонад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон С. ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 10 апрели соли 2000 № 42
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оиди Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 19 апрели соли 2000 № 25
 

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Чшб, 15/01/2020 - 11:44
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНӢ
Рақам: 
28
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
12.05.2001
ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, №4, мод. 215; с. 2003, №4, мод. 152; с. 2008, №1, қ. 1, мод. 1; с. 2009, №12, мод. 813; с. 2016, №7, мод. 602)
(Қонуни конст.ҶТ аз 22.04.2003 № 22, аз 5.01.2008 № 346, аз 3.12.2009 № 575, аз 23.07.2016 № 1325, аз 18.07.2017 № 1455, аз 18.03.2022, № 1851).)
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ҳокимияти иҷроияи давлатӣ мебошад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси дастаҷамъӣ амалӣ намуда, системаи мақомоти идоракунии давлатиро роҳбарӣ, фаъолият ва мутобиқати ҳамкории онҳоро таъмин менамояд.
Моддаи 2. Асоси ҳуқуқии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Қонуни конститутсионӣ, дигар қонунҳо, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, ба амал мебарорад (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1325).
Моддаи 3. Принсипҳои асосии фаьолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти худ принсипҳои волоияти қонун, ҳокимияти халқ, таҷзияи ҳокимият, ошкорбаёнӣ, дастаҷамъӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро ба роҳбарӣ мегирад.
Моддаи 4. Фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини иҷрои қонунҳо ва дигар санадҳои меъерии ҳуқуқӣ
(Қонуни конст.ҶТ аз 3.12.2009 № 575)
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ иҷрои Конститутсия, дигар қонунҳо, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалиеро, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, таъмин намуда, аз ҷониби мақомоти идоракунии давлатӣ иҷро шудани онҳоро мунтазам назорат мекунад.
БОБИ 2. РАИСИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, СОХТОР ВА ҲАЙАТИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 5. Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ намуда, барои татбиқи самарабахши ваколатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо меандешад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда мебошад (Қонуни конст.ҶТ аз 3.12.2009 № 575).
Моддаи 6. Сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазоратҳо ва кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст.
Вазоратҳо ва кумитаҳои давлатиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва барҳам медиҳад.
Моддаи 7. Ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Сарвазир, муовини якум ва муовинони ӯ, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ иборат мебошад.
Аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсоне шуда метавонанд, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошанд (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1325).
Моддаи 8. Ба вазифа таъин кардан ва озод намудани Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва озод мекунад ва фармонро дар ин хусус ба ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод менамояд.
Агар фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба таъин ва озод кардани узви Ҳукумат Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷоя тасдиқ накунанд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад фармони мазкурро такроран ба ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод намояд ё дар бораи таъин намудани шахси дигар фармон пешниҳод кунад.
Аъзои Хукумат баъди аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудан ва тасдиқ гардидани фармон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунанд:
"Ҳамчун аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарки масъулият ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунам, ки манфиатҳои миллат ва давлатро аз ҳама боло гузошта, тамоми неру ва дониши худро барои рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон содиқона ва поквиҷдонона сарф намуда, Конститутсия, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қатъиян риоя мекунам, адолат ва қонуниятро сарчашмаи фаъолияти худ қарор дода, ба хотири дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани шӯҳрати ватанам софдилона хизмат менамоям (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1325).
Макон ва тартиби баргузории савгандёдкунии аъзои Ҳукуматро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1325).
Риоя накардани савганд аз ҷониби узви Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон асос барои ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани ӯ мегардад (Қонуни конст.ҶТ аз 18.07.2017 № 1455).
Моддаи 9. Мӯҳлати фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ваколати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои худро дар назди Президенти навинтихобшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вомегузорад ва мутобиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои худро то тасдиқ шудани ҳайати нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро менамояд.
Моддаи 10. Истеъфои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ғайриимкон донистани иҷрои фаъолияти мӯътадили худ метавонад ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хусуси истеъфо арз намояд. Ҳар як узви Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи 6а истеъфо рафтан дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад ҳар вақт Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳайати пурра ё аъзои алоҳидаи онро ба истеъфо фиристад ва фармонро дар ин хусус барои тасдиқ ба ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
Моддаи 11. Фаъолияте, ки ба иҷрои вазифаи аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ нест
Узви Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ надорад:
вакили мақомоти намояндагӣ бошад;
дигар вазифаро ишғол намояд;
шахсан ё ба воситаи шахсони боваринок ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шавад;
бо дигар фаъолияти музднок, ғайр аз фаъолияти омӯзгорӣ, илмӣ ва эҷодӣ машғул шавад.
Узви Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин наметавонад:
ахборот, воситаҳои таъминоти моддию техникӣ, молиявӣ ва иттилоотиро, ки танҳо барои фаъолияти хизматӣ пешбинӣ шудаанд, ба мақсадҳои ғайрихизматӣ истифода намояд;
барои осори нашршуда ва суханрониҳо ба сифати узви Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаққи қалам гирад (Қонуни конст.ҶТ аз 3.12.2009 № 575).
Хориҷ карда шуд (Қонуни конст.ҶТ аз 3.12.2009 № 575).
Эъломиякунонии даромадҳо ва вазъи молумулкии узви Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муѕовимат ба коррупсия" ва қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад (Қонуни конст.ҶТ аз 18.07.2017 № 1455 аз 18 марти соли 2022, № 1851).
БОБИ 3. САЛОҲИЯТИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 12. Роҳбарӣ ба вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатӣ роҳбарӣ менамояд ва фаъолияти онҳоро назорат мекунад.
Вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низомномаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатӣ ва сохтори дастгоҳи марказии онҳоро мувофиқи тартиби муқарраргардида тасдиқ мекунад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовинони вазирҳо, муовинони раисони кумитаҳои давлатӣ, роҳбарони кумитаҳо ва дигар мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони онҳо, роҳбарони мақомоти идоракунии давлатӣ ва ташкилотҳоеро, ки қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардаанд, ба вазифа таъин мекунад ва аз вазифа озод менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 3.12.2009 № 575).
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои коллегияҳои вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатиро тасдиқ мекунад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳудуди маблағҳое, ки дар буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъминоти мақомоти идоракунии давлатӣ муқаррар шуданд, таъсис диҳад ва низомномаи онҳоро тасдиқ намояд (Қонуни конст.ҶТ аз 3.12.2009 № 575).
Моддаи 13. Салоҳияти умумии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
дар татбиқи сиёсати дохили ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунад;
роҳбарии самараноки иҷтимоию иқтисоди ва фарҳангиро таъмин мекунад;
ба системаи мақомоти ҳокимияти иҷроия роҳ6ари мекунад;
барномаҳои мақсадноки давлатиро таҳия менамояд ва татбиқи онҳоро таъмин мекунад;
ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дорад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми зарурат ҳалли баъзе масъалаҳои идоракунии давлатиро, ки ба салоҳияти вай дохил мешаванд, ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазоратҳо ва кумитаҳои давлатии ҷудогонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар мақомоти идоракунии давлатӣ дода метавонад, агар ҳалли ин масъалаҳо мутобиқи Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти истисноии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуб набошанд (Қонуни конст.ҶТ аз 3.12.2009 № 575).
Моддаи 14. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи иқтисодиёт
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
раванди иқтисодиро танзим мекунад;
фазои ягонаи иқтисодӣ ва фаъолияти озоди иқтисодӣ, гардиши озодонаи мол, хизматрасони, сармоя ва қувваи коргариро таъмин менамояд;
дурнамои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешгӯӣ мекунад, барномаҳои рушди соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиётро таҳия ва амалӣ менамояд;
барномаҳои давлатии иқтисоди ва сармоягузориро таҳия менамояд ва барои татбиқи он тадбирҳо меандешад;
моликияти давлатиро идора мекунад;
барои соҳибкорӣ ва рушди озодонаи тамоми шаклҳои моликият дар шароити муносибатҳои бозори шароит фароҳам меорад;
сиёсати давлатиро дар соҳаи ҳамкории байналмилалии иқтисодӣ, молиявӣ ва сармоягузорӣ таҳия менамояд ва дар амал татбиқ мекунад;
роҳбарии умумии фаъолияти гумрукиро ба амал мебарорад;
дар бобати муҳофизати манфиатҳои истеҳсолкунандагони молҳои ватанӣ, иҷрокунандагони кор ва хизматрасониҳо тадбирҳо меандешад;
фаъолияти саноати мудофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамояд;
зарурати ҷалб намудани қарзи давлатӣ ё қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад, муайян мекунад.
Моддаи 15. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи буҷет, молия, пул, қарз ва андоз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
татбиқи сиёсати ягонаи молиявӣ, қарзӣ, пулӣ ва андозситониро таъмин менамояд;
лоиҳаи қонуни буҷетро таҳия намуда ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад ва иҷрои онро таъмин менамояд;
лоиҳаи қонунҳоро дар бораи муқаррар кардан ва бекор намудани андоз таҳия менамояд ва ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад;
ризоияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба доду гирифти қарзи давлатӣ мегирад;
дар бобати танзими бозори қоғазҳои қиматнок тадбирҳо меандешад;
идоракунии қарзи давлатии дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба амал мебарорад;
ба фаъолияти молиявӣ дар муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ роҳбарӣ менамояд;
сиёсати ягонаи нархро бо назардошти талаботи иқтисоди бозорӣ таҳия менамояд ва барои дар амал татбиқ намудани он тадбирҳо меандешад.
Моддаи 16. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи иҷтимоӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
гузаронидани сиёсати ягонаи давлатии иҷтимоӣ, татбиқи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандонро дар соҳаи таъминоти иҷтимоӣ амалӣ мекунад, ба рушди таъминоти иҷтимоӣ ва хайру эҳсон мусоидат менамояд;
барномаҳои иҷтимоию иқтисодиро ба тасдиқи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
дар бобати татбиқи ҳуқуқи шаҳрвандон ба меҳнат тадбирҳо меандешад;
барномаҳои таъмини шуғли аҳолиро таҳия менамояд ва доир ба татбиқи ин барномаҳо тадбирҳо меандешад;
пешбурди сиёсати ягонаи давлатии муҳоҷиратро таъмин менамояд;
дар бобати татбиқи ҳуқуқи шаҳрвандон барои ҳифзи саломатӣ ва таъмини некӯаҳволии санитарию эпидемиологӣ тадбирҳо меандешад;
ба ҳалли масъалаҳои оила, падару модарон ва фарзандон мусоидат менамояд, оид ба татбиқи сиёсати ҷавонон тадбирҳо меандешад (Қонуни конст.ҶТ аз 18.07.2017 № 1455);
оид ба рушди тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва туризм, инчунин соҳаи табобати курортию санаторӣ ва истироҳатӣ тадбирҳо меандешад ва онҳоро амалӣ менамояд.
Моддаи 17. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм, фарҳанг, маориф ва тандурустӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
доир ба дастгирии давлатии инкишофи илм, фарҳанг, маориф ва тандурустӣ тадбирҳо меандешад ва онҳоро амалӣ менамояд;
пешбурди сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи илм, фарҳанг, маориф ва тандурустӣ таъмин намуда, самтҳои асосии рушду такомули онҳоро муайян менамояд;
ба рушди забон, адабиёт, санъати касбӣ, танзими анъанаҳо ва расму оинҳо мусоидат менамояд ва муҳофизати ёдгориҳои таърих ва фарҳангро таъмин мекунад (Қонуни конст.ҶТ аз 3.12.2009 № 575).
Моддаи 18. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истифодабарии табиат ва муҳофизати муҳити зист
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
пешбурди сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи истифодаи табиат, ҳифзи муҳити зист ва бехатарии экологӣ таъмин менамояд;
доир ба татбиқи ҳуқуқи шаҳрвандон барои муҳити зисти мусоид ва оид ба таъмини беҳбудии экологӣ тадбирҳо меандешад;
фаъолияти мақомоти идоракунии давлатиро дар бобати якҷоя гузаронидани чорабиниҳои ҳифзи табиат ва татбиқи барномаҳои экологии аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва баиналмилалӣ доштаро ҳамоҳанг месозад, дар бобати рафъи оқибатҳо ва кам кардани хатари сар задани ҳолатҳои фавқулоддаи хислати табиӣ, техногенӣ ва экологӣ дошта тадбирҳо меандешад (Қонуни конст.ҶТ аз 3.12.2009 № 575);
ҳифз ва истифодаи окилонаи захираҳои табиӣ, танзими истифодаи табиат ва ҳифзи захираи маъдан ва ашёи хоми Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил менамояд.
Моддаи 19. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини қонуният, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
дар таҳия ва татбиқи сиёсати давлатии таъмини амнияти шахс, ҷамъият ва давлат чораҳо меандешад;
доир ба таъмини қонуният ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон дар бобати муҳофизати моликият ва тартиботи ҷамъиятӣ, оиди мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва дигар ҳодисаҳои барои ҷамъият хатарнок тадбирҳо меандешад;
доир ба таъминоти ташкилӣ, рушд, таҳким бахшидани заминаи моддию техникии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тадбирҳо меандешад ва онҳоро амалӣ мекунад.
Моддаи 20. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини мудофиа ва амнияти давлатӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
оид ба таъмини мудофиа ва амнияти давлатӣ тадбирҳо меандешад;
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар воҳидҳои ҳар6иро бо аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, воситаҳои моддӣ, захираҳо ва хизматрасониҳо таъмин мекунад;
иҷрои барномаҳои мақсадноки давлатӣ ва нақшаҳои такмили яроқу аслиҳа, инчунин барномаҳои тайёр кардани шаҳрвандонро аз рӯи ихтисосҳои каcби ҳарбӣ таъмин мекунад;
барои хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар шахсоне, ки мувофиқи қонунҳо ба мақсади таъмини мудофиа ё амнияти давлат ҷалб карда мешаванд, кафолати иҷтимоиро таъмин менамояд;
муҳофизати сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамояд:
ба мудофиаи гражданӣ роҳбарӣ мекунад.
Моддаи 21. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сиёсати хориҷӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ
(Қонуни конст.ҶТ аз 3.12.2009 № 575)
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
дар амали намудани сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамояд;
намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ аз ҷиҳати моддӣ таъмин менамояд;
иҷрои ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро мувофиқи шартномаҳои байналмилалӣ таъмин менамояд, инчунин аз ҷониби иштироккунандагони шартномаҳои мазкур ба иҷро расидани ӯҳдадориҳои онҳоро назорат мекунад;
ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро берун аз ҳудуди он ҳимоя менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1325);
танзим ва назорати давлатиро дар соҳаи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, ҳамкории байналмилалии илмию техникӣ ва фарҳангӣ анҷом медиҳад.
Моддаи 22. Салоҳиятии дигари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар салоҳиятеро, ки Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи он гузоштаанд, ба амал мебарорад (Қонуни конст.ҶТ аз 3.12.2009 № 575).
Фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми эълони ҳолати ҷангӣ ё вазъияти фавқулодда тибқи қонунҳое, ки ин ҳолатҳоро ба танзим медароранд, муайян карда мешавад.
БОБИ 4. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 23. Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шакли асосии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ҳангоми зарурат, бо иҷозати хаттии Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ё бо супориши ӯ бо иҷозати хаттии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳо ва фармоишиҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи масьалаҳои алоҳидаи хусусияти оперативӣ дошта, мумкин аст бе гузаронидани маҷлис бо роҳи пурсиши хаттии аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарафдории аз нисф зиёди аъзои Ҳукумат қабул карда шаванд (Қонуни конст.ҶТ аз 22.04.2003 № 22).
Маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳе камаш як маротиба гузаронида мешаванд ва дар сурате салоҳиятнок ҳисоб мегарданд, ки агар дар онҳо камаш аз се ду ҳиссаи аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок дошта бошанд.
Дар маҷлисҳо масъалаҳое, ки ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ доранд баррасӣ мешаванд.
Дар маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳо бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мешаванд.
Дар маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони дигар низ ҳуқуқ доранд мутобиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намоянд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад маҷлисҳои пӯшида доир намояд.
Тартиби тайёр ва гузаронидани маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, сурат мегирад.
Маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё бо супориши ӯ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронад.
Рафти маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои он бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумат метавонанд аз тариқи воситаҳои ахбори омма пахш гарданд (Қонуни конст.ҶТ аз 18.07.2017 № 1455).
Моддаи 24. Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Барои пешакӣ тайёр кардани масъалаҳое, ки дар маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мегарданд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми машваратӣ -Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис медиҳад.
Ҳайати Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ӯ иборат мебошад. Ба ҳайати Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин дигар аъзои Ҳукумат дохил шуда метавонанд, ки онҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд
Маҷлисҳои Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи зарурат гузаронида мешаванд.
Маҷлисҳои Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳангоми набудани ӯ муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронад.
Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳияи рӯзномаи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои дорои хусусияти тавсиявӣ қабул мекунад.
Моддаи 25. Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо супориши Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвазириӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон:
кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил мекунад;
вазифаҳоро дар байни муовини якум ва муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим мекунад;
маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро мегузаронад;
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунад ва шартномҳои байниҳукуматиро имзо менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 18.07.2017 № 1455);
оид ба таъмини иҷрои қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳо медиҳад;
ваколатҳои дигареро, ки қонун пешбини намудааст амалӣ мегардонад.
Ҳангоми набудани Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои ӯро муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро менамояд.
Моддаи 26. Муовини якум, муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини якум, муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тақсимоти вазифаҳо ҳамоҳангсозии фаъолияти вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба амал мебароранд, ба кори онҳо назорат мекунанд ва оид ба таъмини иҷрои қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳо медиҳанд, пешниҳодот ва лоиҳаҳои қарорҳо ва фармоишҳоро, ки ба маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда мешаванд, пешакӣ баррасӣ менамоянд, барои вазъи ин корҳо масъуланд.
Моддаи 27. Вазирон ва Раисони кумитаҳои давлатӣ
Вазирон ва Раисони кумитаҳои давлатӣ:
барои фаъолияти вазоратҳо, кумитаҳои давлатие, ки онҳо роҳбарӣ мекунанд ва барои фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ масъуланд;
дар баррасии масъалаҳо дар маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунанд;
ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баррасии масъалаҳое, ки ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд, таклифҳо пешниҳод мекунанд;
ваколатҳои дигареро, ки қонун пешбинӣ намудааст, амалӣ мегардонанд.
Моддаи 28. Комиссияҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияҳои доимӣ таъсис медиҳад, вазифа, тартиби фаъолияти онҳоро муайян мекунад ва низомномаҳои онҳоро тасдиқ менамояд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тайёр кардани лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баррасии ихтилофот оид ба лоиҳаи қарорҳо, инчунин барои иҷрои қарорҳои алоҳидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияҳои муваққатӣ ва гурӯҳҳои корӣ таъсис медиҳад.
Моддаи 29. Санадҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Конститутсия, ҳамин Қонуни конститутсионӣ ва Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳо ва фармоишҳо қабул мекунад, ки иҷрои онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмист (Қонуни конст.ҶТ аз 23.07.2016 № 1325).
Санадҳое, ки хусусияти меъёрӣ доранд дар шакли қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд. Санадҳо оид ба масъалаҳои таъҷилӣ ва дигар масьалаҳои ҷорӣ, ки хусусияти меъёрӣ надоранд дар шакли фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд.
Ба санадҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо мегузорад.
Санадҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми онҳо) дар мавриди мухолифати онҳо бо Конститутсия ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор карда мешаванд ё амали онҳо боздошта мешавад.
Санадҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми онҳо) аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беэътибор дониста шуда ё амали онҳо боздошта мешаванд.
Нисбати санадҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд бо тартиби муқарраркардаи қонун шикоят кардан мумкин аст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад муроҷиатномаҳо ва изҳоротҳоро, ки хусусияти ҳуқуқӣ надоранд, қабул намояд.
БОБИ 5. МУНОСИБАТИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 30. Иштироки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаьолияти қонунгузорӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дорад.
Ҳуқуқи ташаббуси қонунгузориро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли пешниҳоди лоиҳаи қонунҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи қонунҳо дар бораи тағйир додан ё бекор кардани қонунҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин шакли пешниҳоди хаттӣ дар бораи қабул кардани қонунҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дохил намудани тағйирот ба қонунҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон (таклифҳои қонунгузорӣ) ба амал мебарорад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи тайёр намудани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд, таҳия ва тасдиқ мекунад (Қонуни конст.ҶТ аз 3.12.2009 № 575).
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба лоиҳаи қонунҳо хулосаи хаттӣ медиҳад, ки онҳо ба субъекти ташаббуси қонунгузорӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешавнд.
Моддаи 31. Иштироки аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаҳои Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаҳои Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумита ва комиссияҳои онҳо мутобиқи талаботи Дастури онҳо иштирок намоянд ва баромад кунанд.
БОБИ 6. МУНОСИБАТИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО МАҚОМОТИ СУДӢ, МАКОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА ИТТИҲОДИЯҲОИ ҶАМЪИЯТӢ
(Қонуни конст.ҶТ аз 3.12.2009 № 575)
Моддаи 32. Муносибати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо судҳо
Муносибати Ҳукумат бо судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси конститутсия, ин Қонуни конститутсионӣ ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
Моддаи 33. Муносибати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр, ноҳия, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот
(Қонуни конст.ҶТ аз 3.12.2009 № 575)
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ роҳбарӣ, назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро амалӣ менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 3.12.2009 № 575).
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳои раисони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо,шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқро, ки ба ваколати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохиланд, баррасӣ менамояд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот ва гузоришҳои роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро дар бораи татбиқи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ, қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мешунавад (Қонуни конст.ҶТ аз 3.12.2009 № 575).
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо ва дигар мақомоти идоракунии давлатиро бо раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот таъмин менамояд, ҳамзамон масъалаҳои баҳсноки ба вуҷуд омадаро ҳал менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 3.12.2009 № 575).
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар буҷети давлатӣ ҳаҷми маблағҷудокуниро барои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешбинӣ менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 3.12.2009 № 575).
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низомнома ва сохтори намунавии дастгоҳи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр, ноҳия ва лимити шумораи ниҳоии хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро тасдиқ менамояд (Қонуни конст.ҶТ аз 3.12.2009 № 575).
Хорич карда шуд (Қонуни конст.ҶТ аз 3.12.2009 № 575).
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳуриро, ки ба Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат доранд, бекор мекунад.
Моддаи 34. Муносибати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои динӣ
Муносибати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои динӣ дар асоси Конститутсия, ҳамин қонуни конститутсионӣ, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад (Қонуни конст.ҶТ аз 3.12.2009 № 575).
БОБИ 7. ТАЪМИНИ ФАЪОЛИЯТИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 35. Таъмини фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таъмини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маводи таҳлилӣ, иттилоотӣ ва дигар санадҳо, ташкили назорат 6а иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, омода кардани маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад. Вазъи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Низомномаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, муайян мекунад (Қонуни конст.ҶТ аз 3.12.2009 № 575).
Моддаи 35 (1). Муҳофизати давлатии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои оилаи ӯ ва дигар аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади таъмини амнияти ҳаёт ва фаъолияти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои оилаи ӯ ва дигар аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи рӯйхати шахсони мансабдор, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои муҳофизати давлатии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба амал мебарорад (Қонуни конст.ҶТ аз 3.12.2009 № 575).
Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати ваколати худ ҳуқуқ надоранд, ки аз муҳофизати давлатӣ даст кашанд (Қонуни конст.ҶТ аз 22.04.2003 № 22, аз 23.07.2016 № 1325).
Моддаи 36. Пардохти музди меҳнат, таъминоти моддию маишӣ ва ҳимояи иҷтимоии аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Андозаи маоши мансабӣ, иловапулӣ барои рутбаи тахассусӣ ва собиқаи хизмати давлатӣ, инчунин шартҳо ва тартиби пардохти музди меҳнат, давомнокии рухсатии меҳнатии ҳарсолаи аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад (Қонуни конст.ҶТ аз 3.12.2009 № 575).
Хизматрасонии тиббӣ, таъминоти иҷтимоию маишии аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.
Ба Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ба нафақа баромадан, нафақа дар ҳаҷми ҳаштод фоизи музди миёнаи меҳнаташ таъин карда шуда, новобаста аз ҳадди ниҳоии пардохти нафақа пурра пардохта мешавад (Қонуни конст.ҶТ аз 5.01.2008 № 346).
Моддаи 37. Хароҷоти таъминоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи тартиби муқарраргардида аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешавад.
Хароҷоти таъминоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар буҷети давлатӣ дар сатри алоҳида муайян карда мешавад.
Моддаи 38. Аз эътибор сокит донистани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 1995 "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995, № 21, мод. 218) аз эътибор сокит дониста шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                            Э. Рахмонов
   ш.Душанбе 
 12 майи соли 2001 № 28
 

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИЗОМИ ҲУҚУҚИИ ВАЗЪИЯТИ ФАВҚУЛОДДА

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Чшб, 15/01/2020 - 11:49
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНӢ
Рақам: 
94
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
03.11.1995
ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ НИЗОМИ ҲУҚУҚИИ ВАЗЪИЯТИ ФАВҚУЛОДДА
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995, №21, мод. 233;с. 1997, №23-24, мод. 356; с. 2002, №4, қ.;1. мод. 254; с. 2005, №12, мод. 625; с. 2008, №10, мод. 795)
(Қонуни конст. ҶТ аз 10.05.2002, аз 28.12.2005 № 134, аз 6.10.2008 № 416, аз 26.07.2014 № 1085)
Моддаи 1.
Вазъияти фавқулодда тадбири муваққатӣ мебошад, ки он мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуда, низоми махсуси ҳуқуқии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, корхонаҳо муассисаҳо ва ташкилотҳоро пешбинӣ менамояд ва муваққатан ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон, инчунин ҳуқуқи шахсони юридикиро маҳдуд намуда, ба зимми онҳо вазифаҳои иловагӣ мегузорад, ки тавассути ҳамин қонуни конститутсионй муқаррар карда мешаванд.
Вазъияти фавқулодда дар чунин мавридҳо ҷорӣ карда мешавад:
1) ҳангоми рӯй додани офатҳои табиӣ, садамаю фалокатҳо, паҳншавии касалиҳои сирояткунанда, эпизоотияҳо (муромурии ҳайвонот), ки ба ҳаёту саломатии аҳолӣ хатарноканд;
2) дар мавриде, ки тартиботи ҳуқуқӣ ба таври оммавӣ вайрон карда шуда, воқеан ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон таҳдид мекунад;
3) ҳангоми кӯшиши ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ ё бо роҳи зӯрӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4) ҳангоми сӯиқасд ба тамомияти арзии давлат, ки ба тағйири сарҳади он таҳдид мекунад;
5) дар мавриди зарурати барқарор кардани тартиботи ҳуқуқии конститутсионӣ ва фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ.
Моддаи 2.
Вазъияти фавқулодда дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё дар маҳалҳои алоҳидаи он бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда мешавад ва Фармон фавран ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод карда шуда, ба Созмони Милали Муттаҳид хабар дода мешавад. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷори намудани вазъияти фавқулодда дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати на дертар аз се рӯз аз лаҳзаи мавриди амал қарор гирифтанаш тасдиқ карда мешавад.
Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси тасдиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷори намудани вазъияти фавқулодда бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои Маҷлиси милли ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ки ҳар яке аз маҷлисҳо дар алоҳидагӣ овоз медиҳанд қабул карда мешавад.
Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар давраи вазъияти фавқулодда пароканда намешавад.
Вазъияти фавқулоддаро дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ба мӯҳлати то се моҳ ҷорӣ кардан мумкин аст. Дар ҳолатҳои зарурӣ ин мӯҳлат метавонад аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дароз карда шавад.
Дар шароити вазъияти фавқулодда ҳуқуқу озодии шаҳрвандон, ки дар моддаҳои 16, 17, 18, 19, 20, 22, 25 ва 28-уми Конститутсия пешбинӣ шудаанд, маҳдуд карда намешавад.
Моддаи 3.
Дар мавриди ҷорӣ намудани вазъияти фавқулодда сабабу асосҳои қабули чунин қарор, мӯҳлат ва ҳудуди амали он зикр карда мешаванд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад онро пеш аз мӯҳлати муқарраршуда бекор кунад ё мӯҳлати вазъияти фавқулоддаро дароз намояд, агар ҳолатҳое, ки боиси эълони вазъияти фавқулодда гардидаанд, бартараф нашуда бошанд.
Қарор дар бораи ҷорӣ намудан, дароз кардани мӯҳлат ва ё бекор кардани вазъияти фавқулодда аз лаҳзаи қабулаш эътибор пайдо мекунад, агар тартиби дигаре махсус таъкид нашуда бошад ва фавран интишор мегардад.
Моддаи 4.
Дар шароити вазъияти фавқулодда вобаста ба ҳолатҳои мушаххас мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ метавонанд чунин тадбирҳоро андешанд:
1) муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ ва объектҳоеро, ки фаъолияти ҳаётии аҳолӣ ва хоҷагии халқро таъмин мекунанд, пурзӯр намоянд;
2) шаҳрвандонро аз минтақаҳои барои зист хавфнок муваққатан кӯчонда, ҳатман барояшон хонаҳои дигари истиқоматии доими ё муваққатӣ диҳанд;
3) низоми махсуси дурафти шаҳрвандонро ҷорӣ намоянд;
4) ба шаҳрвандони ҷудогона дар мӯҳлати муқарраршуда тарк намудани маҳалли муайян ва хонаашонро (ҳавлиашонро) манъ кунанд, вайронкунандагони тартиботи ҷамьиятиро, ки сокинони маҳалли мазкур нестанд, аз ҳисоби худи онҳо ба маҳалли зисти доимиашон ё берун аз маҳалле, ки вазъияти фавқулодда эълон гардидааст, фиристанд;
5) аз шаҳрвандон силоҳ, лавозимоти ҷанги ва аз корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳо - ҳамчунин техникаи таълимии ҳарбӣ, маводу масолеҳи таркандаю радиоактивӣ, маводи сахттаъсири қимёвӣ ва заҳрнокро муваққатан кашида гиранд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1085);
6) гузарондани маҷлису гирдиҳамоиҳо, роҳпаймоию намоишҳои кӯчагӣ, ки бо мазмуни худ боиси ноустуворшавии вазъият мешаванд, чунин гуруснанишинӣ ва эътирозҳо, чорабиниҳои намоишӣ, варзишӣ ва дигар тадбирҳои оммавиро манъ кунанд;
7) барои корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликияташон тартиби махсуси корро ҷорӣ намоянд, ҳамчунин дигар масъалаҳои фаъолияти хоҷагии онҳоро ҳал кунанд;
8) роҳбарони корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳоро ба вазифа таъин ва аз вазифа сабукдӯш кунанд, бо сабабҳои узрнок аз вазифа холӣ кардани коргарону хизматчиёнро манъ намоянд;
9) барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда захираю имкониятҳои корхонаҳо ва муассисаю ташкилотҳо истифода намуда, баъдан мутобиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи онҳоро ҷуброн намоянд;
10) гузарондани корпартоиҳоро манъ кунанд;
11) шаҳрвандони қобили меҳнатро барои кор дар корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳо, инчунин барои бартараф намудани оқибати ҳолатҳои фавқулодда ҷалб кунанд ва бехатарии меҳнатро таъмин намоянд;
12) гардиши силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда, моддаҳои сахттаъсири қимиёвӣ ва заҳрнок, инчунин машрубот ва спирти этилиро маҳдуд ё манъ кунанд, ба истиснои маводи доруворӣ (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1085);
13) карантин ҷорӣ кунанд ва дигар тадбирҳои ҳатмии санитарию зиддиэпидемиявӣ андешанд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1085);
14) истифодаи дастгоҳҳои нусхабардор, техникаи сабти аудио ва видеоӣ, инчунин дастгоҳҳои паҳнкунандаи мавҷҳои радио, телевизион, шабакаҳои мобилӣ ва интернетро маҳдуд ё манъ кунанд, таҷҳизоти техникии садобаландкунандаро гиранд, ба фаъолияти воситаҳои ахбори омма назорат кунанд, ҳангоми зарурат сензура ва дар интишори рӯзномаҳо маҳдудият ҷорӣ намоянд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1085);
15) қоидаҳои махсуси истифодаи воситаҳои алоқаро ҷорӣ кунанд;
16) ҳаракати воситаҳои нақлиётро маҳдуд кунанд ва онҳоро тафтиш намоянд;
17) соати комендантӣ ҷорӣ кунанд;
18) ташкил ва фаъолияти гурӯҳҳои мусаллаҳи шаҳрвандонро пешгирӣ кунанд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1085);
19) ҳуҷҷатҳои шаҳрвандонро тафтиш кунанд, дар мавридҳои зарурӣ, дар сурати мавҷуд будани маълумот оиди дар дасти шаҳрвандон будани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда, моддаҳои сахттаъсири кимиёвӣ ва заҳрдор, азназаргузаронии шахсӣ, азназаргузаронии молу воситаҳои нақлиётро гузаронанд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1085);
20) ба дигар минтақаҳо бо мақсади паҳнкунӣ бурдан ва овардани маводӣ чопӣ, сабтҳои магнитӣ ва видеоиро, ки мазмуни онҳо ба номӯътадилшавии вазъият, барангехтани низои миллӣ, итоат накардан ба мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ даъват менамоянд, манъ кунанд.
Моддаи 5.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ, дорад, санадҳои мақомоти ҳокимияти намояндаги ва иҷроияи маҳаллии воҳидҳои дахлдори марзиву маъмуриро, ки дар он ҷо вазъияти фавқулодда эълон шудааст ва низоми вазъияти фавқулоддаро халалдор мекунанд, бекор кунад ё боздорад.
Барои танзими корҳои пешгирӣ ё бартараф кардани оқибати ҳолатҳои фавқулодда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Раисони вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, ноҳияҳо ва шаҳрҳо метавонанд мақомоти махсуси муваққатӣ ташкил намоянд.
Моддаи 6.
Дар давраи вазъияти фавқулодда роҳбарони корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳо ҳуқуқ доранд дар мавридҳои зарурӣ коргарону хизматчиёнро бе розигии онҳо ба кори дигар, ки бо шартномаи меҳнатӣ пешбинӣ нашудааст, гузаронанд.
Дар давраи вазъияти фавқулодда принсипи интихобӣ будани роҳбарони корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳо мумкин аст риоя нашавад, агар онро манфиатҳои муътадил гардонидани вазъият талаб намоянд.
Моддаи 7.
Дар давраи соати комендантӣ ба шаҳрвандон ба рухсатномаю ҳуҷҷатҳои махсусес, ки шахсияти онҳоро тасдиқ мекунанд, дар кӯча ё дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ гаштан ё бе ин ҳуҷҷатҳо аз манзили худ дур будан манъ аст.
Шахсоне, ки тартиботи пешбинишудаи қисми якуми ҳамин моддаро вайрон кардаанд, аз тарафи милиса ё посбонҳои ҳарбӣ то охири соати комендантӣ ва шахсоне, ки ҳуҷҷат надоранд, то вақти муайян шудани шахсияташон, вале на бештар аз се шабонарӯз, дастгир карда мешаванд; дастгиршудагон ва ҳамчун чизу чораи онҳоро аз назар гузарондан мумкин.
Моддаи 8.
Барои вайрон кардани талаботи бандҳои 3, 4, 6, 10, 12, 16, 20-уми моддаи 4, инчунин талаботи пешбиникардаи қисми якуми моддаи 7-уми ҳамин Қонуни конститутсионӣ шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд, агар барои ин вайронкуниҳо мувофиқи қонунҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ нашуда бошад (Қонуни конститутсионии ҶТ  аз 06.10.2008 № 416, аз 26.07.2014 № 1085).
Моддаи 9.
Барои паҳн кардани овозаҳои иғовгарона ва амалҳое, ки ба вайрон кардани тартиботи ҳуқуқӣ сабаб мешаванд, ё низои миллиро бармеангезанд, барои фаъолона мамониат кардан ба ҳуқуқҳои қонунӣ ва вазифаҳояшонро ба амал баровардани шаҳрвандон ва соҳибмансабон, ҳамчунин барои қасдан итоат накардан ба амри қонунӣ ё талаботи корманди мақомоти корҳои дохилӣ, хизматчии ҳарбӣ, ё шахсони дигаре, ки вазифаи хизматӣ ё қарзи ҷамъиятиашонро оиди ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ адо мекунанд, ё ки амалҳои дигари ба ҳамин монанд, ки тартиботи ҷамъиятӣ ва осоиши шаҳрвандонро халалдор мекунанд, ё худ барои вайрон кардани қоидаҳои назорати маъмурӣ дар маҳалҳое, ки вазъияти фавқулодда эълон карда шудааст, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд (Қонуни конститутсионии ҶТ  аз 06.10.2008 № 416, аз 26.07.2014 № 1085).
Протоколҳо оиди корҳои қонуншиканиҳои мазкур аз тарафи кормандони ба ин ваколатдори мақомоти корҳои дохилӣ ё комендатураи маҳалли ҷудогона тартиб дода мешаванд.
Парвандаҳои оид ба қонуншиканиҳои пешбиникардаи моддахо 8 ва 9-уми ҳамин Қонуни конститутсионӣ аз тарафи судя ба тартиби муқарраркардаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дар мӯҳлати то се шабонарӯз баррасӣ карда мешаванд. Шахсоне, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир намудаанд, то аз тарафи судя баррасӣ карда шудани парванда дар ҳабс нигоҳ дошта шуда метавонанд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1085).
Моддаи 10.
Барои роҳбарӣ ба корпартоии манъшуда дар шароити вазъияти фавқулодда, ҳамчунин барои монеъ шудан ба кори корхона, муассиса ва ташкилот айбдор мувофиқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.
Моддаи 11.
Ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дода мешавад, ки дар шароити вазъияти фавқулодда тобеияти ҳудудии судии парвандаҳои гражданӣ ва ҷиноятиро, ки қонун муқаррар кардааст, тағйир диҳад.
Моддаи 12.
Ба шаҳрвандоне, ки дар ҳолатҳои фавқулодда ё дар натиҷаи иҷрои корҳои пешгирӣ ё барҳамдиҳии ҳолатҳои фавқулодда заррар дидаанд, аз тарафи мақомоти дахлдори давлатӣ, иичунин корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо манзилгоҳ ҷудо карда, зарари моддии дидаашон ҷуброн карда мешавад, ба онҳо барои бо кор таъмин шудан кӯмак ва дигар ёрии зарурӣ расонида мешавад.
Шарту шароит ва тартиби додани манзилгоҳ, ҷуброн кардани зарар ва расонидани дигар ёриро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Моддаи 13.
Дар мавридҳое, ки дар маҳалҳои вазъияти фавқулодда эълоншуда мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ вазифаҳои худро бояду шояд иҷро намекунанд, ё ки онҳо ба фаъолияти зиддиконститутсуонӣ роҳ медиҳанд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад чунин шакли махсуси идораи муваққатии ҷумҳурӣ ё қаламрави ҷудогонаи онро муқаррар намояд;
идоракунии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар мақомот ё шахси мансабдоре, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мекунад, бо роҳи боздоштани ваколати мақомоти дахлдори ҳокимият ва идораи давлатӣ.
Таклифҳоро дар бораи ҷорӣ намудани шаклҳои махсуси идоракунӣ, инчунин мақомот ва соҳибмансабоне, ки мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ доранд, пешниҳод карда метавонанд.
Моддаи 14.
Шаклҳои махсуси идораро мақомоти зайл ба амал бароварда метавонанд:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути мақомоте, ки таъсис медиҳад ё шахси мансабдоре, ки таъин мекунад.
Қарор дар бораи истифодаи ин ё он мақомот ҳангоми амалӣ намудани шаклҳои махсуси идораи ҷумҳурӣ ё қаламрави алоҳидаи он аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, аз ин хусус ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иттилоъ дода мешавад.
Моддаи 15.
Ҳангоми ҷорӣ намудани шаклҳои махсуси идора сабабҳои қабул кардани чунин қарор, мӯҳлат ва ҳудуди амали он нишон дода мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад амали шаклҳои махсуси идораро то гузаштани мӯҳлати муқарраршуда бекор кунад ё мӯҳлати амали онҳоро дар сурати бартараф карда нашудани ҳолатҳое, ки барои ҷорӣ намудани ин шаклҳои махсуси идора асос шуда буданд, дароз кунад.
Амали шаклҳои махсуси идораи ноҳияҳо, шаҳрҳо ва минтақаҳои алоҳида дар сурати пароканда кардани Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз лаҳзаи интихоби ҳайати нави Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ин ҳудудҳо ва ташкили Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, қатъ мегардад.
Қарор дар бораи ҷорӣ намудан, бекор ё дароз кардани мӯҳлати шаклҳои махсуси идора аз лаҳзаи қабул шуданаш эътибор пайдо мекунад, агар қоидаи дигаре махсус пешбинӣ нашуда бошад ва фавран интишор мешавад.
Моддаи 16.
Мақомот ё мансабдороне, ки шаклҳои махсуси идораро амалӣ менамоянд, ҳуқуқ доранд:
чораҳои дар моддаи 4-уми ҳамин Қонуни конститутсионӣ пешбинишударо амалӣ намоянд;
фаъолияти Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ боздоранд, муваққатан вазифаҳои онҳоро ба ӯҳда гиранд;
оид ба масъалаҳои тараққиёти давлатӣ, хоҷагӣ ва иҷтимоию мадании минтақаҳои тобеъ ба мақомоти олии ҳокимияту идораи давлатиӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод намоянд.
Иҷрои қарори мақом ё шахси мансабдоре, ки шаклҳои махсуси идораро дар маҳалҳои алоҳида аз рӯи масъалаҳои мувофиқи ҳамин Қонуни конститутсионӣ ба салоҳияти онҳо тааллуқдошта амалӣ менамоянд, барои ҳамаи мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилоту иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки дар минтақаҳои дахлдорро воқеанд, ҳатмӣ мебошад.
Дар давраи амали шаклҳои махсуси идора ҳамчунин чораҳоеро татбиқ кардан мумкин аст, ки моддаҳои 5, 6, 7, 11, 12-уми ҳамин Қонуни конститутсионӣ пешбинӣ кардаанд.
Моддаи 17.
Хориҷ карда шуд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 26.07.2014 № 1085)
Ба шахсоне, ки барои нигоҳ доштани низоми вазъияти фавқулодда ҷалб карда мешаванд, маоши вазифавӣ ва маош барои рутбаҳои махсус ва ҳарбӣ ба андозаи ду баробар муқаррар карда мешавад. Як моҳи хизмати онҳо дар вақти амали вазъияти фавқулодда се моҳ ҳисоб гардида, ба собиқаи хизмати онҳо (стажи корӣ) дохил мешавад.
Доираи шахсоне, ки барои нигоҳ доштани низоми вазъияти фавқулодда ҷалб мегарданд, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе 
 3 ноябри соли 1995 № 994

 

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ РАЪЙПУРСИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Чшб, 15/01/2020 - 11:52
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНӢ
Рақам: 
106
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
04.11.1995
ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ РАЪЙПУРСИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995, № 21, мод. 245; с. 2001, № 4, мод. 212; с. 2008, № 12, қ. 1, мод. 983)
(Қонуни конст. ҶТ аз 12.05.2001 № 27, аз  31.12.2008 № 458, аз 3.08.2018 № 1542)
БОБИ 1. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
 
Моддаи 1. Мафҳуми раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон овоздиҳии умумихалқи оид ба масъалаҳои муҳими ҳаёти давлатию ҷамъиятии ҷумҳурӣ мебошад (Қонуни конст. ҶТ аз 3.08.2018 № 1542).
Ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо бо роҳи раъйпурсӣ тағйиру иловаҳо дохил карда мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 3.08.2018 № 1542).
Қарорҳое, ки раъйпурсии умумихалқӣ қабул менамояд, эътибори олии ҳуқуқи дошта, ба ҳеч гуна тасдиқшавӣ эҳтиёҷ надоранд ва иҷрои онҳо дар тамоми каламрави Тоҷикистон ҳатмист (Қонуни конст. ҶТ аз 12.05.2001 № 27).
Моддаи 2. Масъалаҳое, ки мавзӯи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд
Мутобиқи моддаи 100-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазиранд ва воҷиби ба раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоштан намебошанд  (Қонуни конст. ҶТ аз 12.05.2001 № 27).
Масъалаҳои оид ба сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон, андоз, буҷет, тақсимоти маъмурию ҳудудӣ марзи, дидани ҷораҳои фавкулоддаю фаврии ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сиҳати ва амнияти шаҳрвандон, тағйир додани мақом ва тамомияти арзии Вилояти Муҳтори Кӯҳистони Бадахшон хамчунин масъалаҳои вобаста ба таъин ва озод кардани шахсони мансабдоре, ки ба салоҳияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тoҷикистон дахл доранд, инчунин масъалаҳое, ки бо иҷрои ӯҳдадориҳо аз руи шартномаҳои байналмилалӣ ҷумҳури вобаста мебошанд, наметавонанд ба раъйпурсии умумихалқӣ гузошта шаванд  (Қонуни конст. ҶТ аз 12.05.2001 № 27, аз  31.12.2008 № 458, аз 3.08.2018 № 1542).
Моддаи 3. Ҳуқуқи дар раъйпурси иштирок кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар раъйпурсӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистои, ки синашон ба 18 расидаасту мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи овоздиҳӣ доранд, иштирок карда метавонанд.
Дар раъйпурсӣ шаҳрвандоне, ки суд онҳоро ғайри қобили амал донистааст ва е бо ҳукми суд дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ нигоҳ дошга мешаванд ҳуқуқи иштироқ кардан надоранд (Қонуни конст. ҶТ аз 3.08.2018