ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1804 ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2022 Маҷлиси Олии ҶТ 02.12.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1803 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ АВФ" Маҷлиси Олии ҶТ 07.09.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1794 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ РОҲҲОИ АВТОМОБИЛГАРД ВА ФАЪОЛИЯТИ РОҲДОРӢ Маҷлиси Олии ҶТ 25.06.2021 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

Январ 2020

-A A +A

КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Ибрагимов Виктор Мухторович... Санаи интишор: Пшб, 09/01/2020 - 21:03
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
Конститутсия
Рақам: 
1
Мақомот: 
РАЪЙПУРСИИ УМУМИХАЛҚӢ
Ҳолат: 
Амалкунанда

КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.
 

МО, ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН,

қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста,

таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда,

озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда,

баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда,

бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода,

ҲАМИН КОНСТИТУТСИЯРО ҚАБУЛ ВА ЭЪЛОН  МЕНАМОЕМ.

 

Боби якум

АСОСҲОИ СОХТОРИ КОНСТИТУТСИОНӢ

 

Моддаи 1

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.

Шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад.

Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд.

 

Моддаи 2

Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст.

Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад.

Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд.

 

Моддаи 3

Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст.

 

Моддаи 4

Пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе аст. 

 

Моддаи 5

Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд.

Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд.

Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.

 

Моддаи 6

Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад.

Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст.

Халқи Тоҷикистонро сарфи назар аз миллаташон шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил менамоянд.

Ҳеҷ як иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, гурӯҳи одамон ва ё фарде ҳуқуқ надорад, ки ҳокимияти давлатиро ғасб намояд.

Ғасби ҳокимият ва ё тасарруфи салоҳияти он манъ аст.

Аз номи тамоми халқи Тоҷикистон фақат Президент, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи худ ҳуқуқи сухан гуфтан доранд.

 

Моддаи 7

Ҳудуди Тоҷикистон тақсимнашаванда ва дахлнопазир мебошад.

Тоҷикистон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо ва деҳаҳо иборат аст.

Соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистонро давлат таъмин менамояд. Тарғиб ва амалиёти ҷудоиандозӣ, ки ягонагии давлатро халалдор мекунад, манъ аст.

Тартиби таъсис ва тағйири воҳидҳои маъмурию ҳудудиро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд.

 

Моддаи 8

Дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад.

Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад.

Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ дар доираи Конститутсия ва қонунҳо таъсис меёбанд ва амал мекунанд.

Иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд.

Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст.

Дар Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ манъ аст.

 

Моддаи 9

Ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад.

 

Моддаи 10

Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд.

Давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд.

Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд.

Қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, пас аз интишори расмӣ амал мекунанд.

 

Моддаи 11

Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад.

Ташвиқоти ҷанг манъ аст.

Тоҷикистон вобаста ба манфиатҳои олии халқ метавонад ба иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ дохил шавад, аз онҳо барояд, бо кишварҳои хориҷӣ робита намояд.

Давлат бо ҳамватанони берунмарзӣ ҳамкорӣ мекунад.

 

Моддаи 12

Асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳанд.

Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад.

 

Моддаи 13

Замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.

 

Боби дуюм

ҲУҚУҚ, ОЗОДӢ, ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД

 

Моддаи 14

Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд.

Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд.

Маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад.

 

Моддаи 15

Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсе ҳисоб меёбад, ки дар рӯзи қабули Конститутсия шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ё мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб шуда бошад.

Мансубияти шаҳрванди Тоҷикистон ба шаҳрвандии давлати дигар эътироф намешавад, ба истиснои мавридҳое, ки дар қонун ё шартномаҳои байнидавлатии Тоҷикистон нишон дода шудааст.

Тартиби соҳиб шудан ва қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд.

 

Моддаи 16

Шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷи кишвар таҳти ҳимояи давлат мебошад. Ҳеҷ як шаҳрванди ҷумҳуриро ба давлати хориҷӣ супурдан мумкин нест. Супурдани ҷинояткор ба давлати хориҷӣ дар асоси шартномаи тарафайн ҳал мешавад.

Шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд аз ҳуқуқ ва озодиҳои муқарраргардида истифода мебаранд ва баробари шаҳрванди Тоҷикистон вазифа ва масъулият доранд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун пешбинӣ намудааст.

Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷие, ки гирифтори вайронкунии ҳуқуқи инсон гаштаанд, метавонад паноҳгоҳи сиёсӣ диҳад.

 

Моддаи 17

Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад.

Мардон ва занон баробарҳуқуқанд.

 

Моддаи 18

Ҳар кас ҳуқуқ ба ҳаёт дорад.

Ҳеҷ кас аз ҳаёт маҳрум карда намешавад, ба истиснои ҳукми суд барои ҷинояти махсусан вазнин.

Дахлнопазирии шахсро давлат кафолат медиҳад. Ба ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсонӣ раво дида намешавад. Мавриди озмоиши маҷбурии тиббӣ ва илмӣ қарор додани инсон манъ аст.

 

Моддаи 19

Ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд.

Ҳеҷ касро бе асоси қонунӣ дастгир, ҳабс кардан мумкин нест. Ҳар шахс аз лаҳзаи дастгир шудан метавонад аз ёрии адвокат истифода кунад.

 

Моддаи 20

Ҳеҷ кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор дониста намешавад.

Ҳеҷ кас баъди гузаштани муҳлати таъқиби ҷиноятӣ, инчунин барои содир кардани рафторе, ки ҳангоми воқеъ шуданаш ҷиноят ҳисоб намеёфт, ба ҷавобгарӣ кашида намешавад. Барои як ҷиноят ҳеҷ кас такроран ҷазо намебинад.

Қонуне, ки баъд аз содир шудани рафтори ғайриқонунии шахс қабул шудааст ва он ҷазои шахсро вазнин мекунад, қувваи бозгашт надорад. Агар баъд аз содир шудани рафтори ғайриқонунӣ барои он ҷазо пешбинӣ нашуда бошад ва ё ҷазои сабук пешбинӣ шуда бошад, қонуни нав амал мекунад.

Мусодираи пурраи молу мулки шахси маҳкумшуда манъ аст.

 

Моддаи 21

Ҳуқуқи ҷабрдидаро қонун ҳифз мекунад. Давлат ҳифзи судӣ ва ҷуброни зарарро барои ҷабрдида кафолат медиҳад.

 

Моддаи 22

Манзили шахс дахлнопазир аст.

Ба манзили шахс зӯран даромадан ва касеро аз манзил маҳрум кардан манъ аст, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муқаррар кардааст.

 

Моддаи 23

Маҳрамияти мукотиба, суҳбатҳои телефонӣ, муросилот ва мухобироти шахс таъмин карда мешавад, ба истиснои мавридҳое, ки дар қонун нишон дода шудааст.

Дар бораи ҳаёти шахсии инсон бе розигии ӯ ҷамъ намудан, нигоҳ доштан, истифода ва паҳн кардани маълумот манъ аст.

 

Моддаи 24

Шаҳрванд ба мусофират, интихоби озоди маҳалли зист, тарки ҷумҳурӣ ва бозгашт ба он ҳуқуқ дорад.

 

Моддаи 25

Мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва шахсони мансабдор вазифадоранд ба ҳар кас имконияти пайдо намудан ва шинос шуданро ба ҳуҷҷатҳое, ки ба ҳуқуқ ва манфиати ӯ дахл доранд, таъмин намоянд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун муайян кардааст.

 

Моддаи 26

Ҳар кас ҳуқуқ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд.

 

Моддаи 27

Шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд.

Шаҳрвандон ба хидмати давлатӣ ҳуқуқи баробар доранд.

Шаҳрванд аз синни 18 ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок кардан, интихоб намудан, инчунин аз синни муқаррарнамудаи Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳо ҳуқуқи интихоб шуданро дорад.

Шаҳрвандоне, ки аз тарафи суд ғайри қобили амал дониста шудаанд ва ё мувофиқи ҳукми суд дар ҷойҳои аз озодӣ маҳрумшудагон нигоҳ дошта мешаванд, ҳуқуқи дар интихобот ва раъйпурсӣ иштирок кардан надоранд.

Тартиби гузаронидани интихоботро қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳо танзим менамоянд. Баргузории раъйпурсӣ тибқи қонуни конститутсионӣ сурат мегирад.

 

Моддаи 28

Шаҳрвандон ҳуқуқи муттаҳид шудан доранд. Шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок намояд, ихтиёран ба онҳо дохил ва аз онҳо хориҷ гардад.

Ҳизбҳои сиёсӣ дар асоси гуногунандешии сиёсӣ барои ташаккул ва ифодаи иродаи халқ мусоидат мекунанд ва дар ҳаёти сиёсӣ иштирок менамоянд. Сохтор ва фаъолияти онҳо бояд ба меъёрҳои демократӣ мувофиқ бошанд.

 

Моддаи 29

Шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар маҷлис, гирдиҳамоӣ, намоиш, раҳпаймоии осоишта, ки қонун муқаррар кардааст, ширкат варзад.

Ҳеҷ касро ба ин тадбирҳо маҷбуран ҷалб кардан мумкин нест.

 

Моддаи 30

Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад.

Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст.

Сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст.

Номгӯи маълумотҳоеро, ки сирри давлатӣ доранд, қонун муайян мекунад.

 

Моддаи 31

Шаҳрванд ҳуқуқ дорад шахсан ва ё якҷоя бо дигарон ба мақомоти давлатӣ муроҷиат намояд.

 

Моддаи 32

Ҳар кас ҳуқуқ дорад соҳиби моликият ва мерос бошад.

Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад ҳуқуқи шахсро ба моликият бекор ва маҳдуд кунад. Молу мулки шахсро барои эҳтиёҷоти ҷамъият фақат дар асоси қонун ва розигии соҳиби он бо пардохти арзиши пуррааш давлат гирифта метавонад.

Товони зарари моддӣ ва маънавие, ки шахс дар натиҷаи амали ғайриқонунии мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, дигар шахсони ҳуқуқӣ ва ё шахсони алоҳида мебинад, мувофиқи қонун аз ҳисоби онҳо рӯёнида мешавад.

 

Моддаи 33

Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад.

Ҳар кас ҳуқуқи ташкили оила дорад. Мардон ва занон, ки ба синни никоҳ расидаанд, ҳуқуқ доранд озодона ақди никоҳ банданд. Дар оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқанд.

Бисёрникоҳӣ манъ аст.

 

Моддаи 34

Модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд.

Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд.

Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд.

 

Моддаи 35

Ҳар кас ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ ҳуқуқ дорад. Музди кор аз ҳадди ақали музди меҳнат набояд кам бошад.

Дар муносибатҳои меҳнатӣ ҳама гуна маҳдудият манъ аст. Барои иҷрои кори якхела музди баробар дода мешавад.

Ҳеҷ кас ба меҳнати маҷбурӣ ҷалб карда намешавад, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муайян кардааст.

Дар корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок истифодаи меҳнати занон ва ноболиғон манъ аст.

 

Моддаи 36

Ҳар кас ба манзил ҳуқуқ дорад. Ин ҳуқуқ бо роҳи сохтмони манзили давлатӣ, ҷамъиятӣ, кооперативӣ ва хусусӣ таъмин карда мешавад.

 

Моддаи 37

Шаҳрванд ҳуқуқи истироҳат дорад. Ин ҳуқуқ бо роҳи муқаррар кардани ҳафта ва рӯзи корӣ, рухсатии ҳарсолаи пардохтшаванда, рӯзҳои ҳарҳафтаинаи истироҳат ва шароитҳои дигаре таъмин карда мешавад, ки қонун муайян кардааст.

 

Моддаи 38

Ҳар шахс ҳуқуқи ҳифзи саломатӣ дорад. Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун аз ёрии тиббии ройгон дар муассисаҳои нигаҳдории тандурустии давлатӣ истифода менамояд. Давлат барои солимгардонии муҳити зист, инкишофи оммавии варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва сайёҳӣ тадбирҳо меандешад.

Шаклҳои дигари ёрии тиббиро қонун муайян мекунад.

 

Моддаи 39

Ҳар шахс дар пиронсолӣ, ҳангоми беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобилияти кор, маҳрум шудан аз сарпараст ва мавридҳои дигаре, ки қонун муайян кардааст, кафолати таъмини иҷтимоӣ дорад.

 

Моддаи 40

Ҳар шахс ҳуқуқ дорад озодона дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа, эҷоди бадеӣ, илмӣ ва техникӣ ширкат варзад, аз дастовардҳои онҳо истифода кунад.

Сарватҳои фарҳангӣ ва маънавиро давлат ҳимоя мекунад.

Моликияти зеҳнӣ таҳти ҳимояи қонун аст.

 

Моддаи 41

Ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил дорад. Таълими умумии асосӣ ҳатмист. Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат медиҳад.

Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун дар муассисаҳои таълимии давлатӣ метавонад ба таври ройгон таълими миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ гирад.

Шаклҳои дигари таълимро қонун муайян мекунад.

 

Моддаи 42

Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд.

Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад.

 

Моддаи 43

Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст.

Тартиби хизмати ҳарбиро қонун муайян мекунад.

 

Моддаи 44

Ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ вазифаи ҳар як шахс аст.

 

Моддаи 45

Супоридани андоз ва пардохтҳо, ки қонун муайян кардааст, ҳатмист.

Қонунҳое, ки андози навро муқаррар мекунанд ва ё шароити андозсупорандагонро вазнин менамоянд, қувваи бозгашт надоранд.

 

Моддаи 46

Ҳангоми таҳдиди бевосита ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, истиқлолияти давлат, тамомияти арзии он ва офатҳои табиӣ, ки дар натиҷаи он мақомоти конститутсионии ҷумҳурӣ наметавонад ба таври мӯътадил фаъолият намояд, ҳамчун тадбири муваққатӣ барои амнияти шаҳрвандон ва давлат вазъияти фавқулода эълон мегардад.

Муҳлати вазъияти фавқулода то се моҳ аст. Дар мавридҳои зарурӣ ин мӯҳлатро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дароз намояд.

 

Моддаи 47

Дар давраи вазъияти фавқулода ҳуқуқ ва озодиҳое, ки дар моддаҳои 16, 17, 18, 19, 20, 22, 25, 28-и Конститутсия пешбинӣ шудааст, маҳдуд карда намешавад.

Низоми ҳуқуқии вазъияти фавқулодаро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад.

 

Боби сеюм

МАҶЛИСИ ОЛӢ

 

Моддаи 48

Маҷлиси Олӣ – парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Маҷлиси Олӣ аз ду Маҷлис – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст.

Муҳлати ваколати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон 5 сол аст. Ваколати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар рӯзи оғози фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони даъвати нав қатъ мегардад.

Ташкил ва фаъолияти Маҷлиси Олиро қонуни конститутсионӣ танзим мекунад.

 

Моддаи 49

Интихоботи Маҷлиси намояндагон ба таври умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ сурат мегирад. Маҷлиси намояндагон доимоамалкунанда ва касбӣ мебошад. Вакили Маҷлиси намояндагон шахсе интихоб шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад ва синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад.

Аз чор се ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллӣ ба таври ғайримустақим дар маҷлисҳои якҷояи вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои онҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (якҷоя) бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мегардад. Дар Маҷлиси миллӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ намояндагони баробар доранд.

Аз чор як ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мекунад.

Фаъолияти Маҷлиси миллӣ даъватӣ мебошад.

Узви Маҷлиси миллӣ шахсе интихоб ё таъин шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад ва синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад.

Ҳар Президенти собиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон узви якумраи Маҷлиси миллӣ мебошад, агар ӯ аз истифодаи ин ҳуқуқ даст накашад.

Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон баъди интихоб ё таъин шудан дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ба халқи Тоҷикистон савганд ёд мекунанд.

Шумораи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, тартиби интихоб ё таъин гардидани онҳоро қонуни конститутсионӣ муайян менамояд.

 

Моддаи 50

Аъзои Ҳукумат, судяҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва шахсони дигаре, ки қонуни конститутсионӣ муайян кардааст, наметавонанд узви Маҷлиси миллӣ бошанд.

Шаҳрванд наметавонад дар як вақт узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон бошад. Узви Маҷлиси миллӣ наметавонад вакили зиёда аз ду мақоми намояндагӣ бошад.

Вакили Маҷлиси намояндагон наметавонад вакили дигар мақомоти намояндагӣ бошад, вазифаи дигареро иҷро кунад, фаъолияти соҳибкорӣ намояд, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ.

 

Моддаи 51

Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ба амри интихобкунандагон тобеъ набуда, ҳуқуқ дорад фикри худро озодона изҳор намояд, мувофиқи ақидаҳои худ овоз диҳад.

Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад, ӯро ҳабс кардан, дастгир кардан, маҷбуран овардан, кофтуков кардан мумкин нест, ба истиснои дастгир шуданаш дар ҷойи содири ҷиноят. Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳамчунон мавриди кофтукови шахсӣ қарор дода намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун барои таъмини амнияти дигарон муқаррар намудааст. Масъалаи маҳрум намудани дахлнопазирии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди Прокурори генералӣ аз ҷониби маҷлиси дахлдор ҳал карда мешавад.

Ваколати узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳангоми вафот, истеъфо, ғайри қобили амал эътироф шудани онҳо аз ҷониби суд, эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд, қатъи шаҳрвандӣ, соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар, тарки доимии ҷумҳурӣ, ишғоли вазифае, ки ба ваколати узви Маҷлиси миллӣ мувофиқ нест, парокандашавии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон қатъ мегардад.

Вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагонро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд.

 

Моддаи 52

Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагонро дар давоми як моҳи баъди интихоби онҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват мекунад.

Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагонро узв ва вакили синну солаш калонтарин мекушояд ва то интихоб шудани раисони ин Маҷлисҳо онро мебарад.

Фаъолияти Маҷлиси миллӣ дар шакли иҷлосия сурат мегирад. Иҷлосияи Маҷлиси миллӣ соле на камтар аз чор бор аз тарафи Раиси Маҷлиси миллӣ даъват карда мешавад.

Фаъолияти Маҷлиси намояндагон дар шакли иҷлосия сурат мегирад. Иҷлосияи навбатии Маҷлиси намояндагон дар як сол як маротиба аз рӯзи аввали кории моҳи октябр то рӯзи охирини кории моҳи июн гузаронида мешавад.

Дар давраи байни иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳангоми зарурат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияҳои ғайринавбатии онҳоро даъват менамояд. Дар ин иҷлосияҳо танҳо он масъалаҳое баррасӣ мешаванд, ки боиси даъвати ин иҷлосияҳо гаштаанд.

 

Моддаи 53

Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон аз байни аъзо ва вакилон раисони Маҷлисҳо, муовинони якум ва муовинони онҳоро интихоб менамоянд. Яке аз муовинони Раиси Маҷлиси миллӣ аз ҳисоби намояндагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.

Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагон бо овоздиҳии пинҳонӣ бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзо ва вакилони онҳо интихоб мешаванд. Тартиби интихоби муовинони Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагонро Дастури Маҷлисҳо танзим мекунад.

Раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар назди Маҷлиси дахлдор ҳисоботдиҳанда мебошанд ва онҳо метавонанд бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзо ва вакилон бозхонда шаванд.

Раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, муовинони якум ва муовинони онҳо ба иҷлосия роҳбарӣ мекунанд ва дигар масъалаҳои дахлдорро ҳал менамоянд.

Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон мақомоти ҳамоҳангсозанда ва кории худро мустақилона ташкил медиҳанд, инчунин кумита ва комиссияҳои дахлдорро таъсис менамоянд ва аз рӯи масъалаҳои ба Маҷлисҳо тааллуқдошта муҳокимаҳои парламентӣ доир мекунанд.

Мақомоти ҳамоҳангсозандаи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар алоҳидагӣ ҷаласа мегузаронанд.

Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Дастури фаъолияти худро қабул мекунанд.

 

Моддаи 54

Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон алоҳида ҷаласа мегузаронанд.

Ҷаласаҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳамон вақт гузаронида мешавад, ки агар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзо ва вакилони онҳо ҳузур дошта бошанд. Ҷаласаҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ошкоро гузаронида мешаванд. Дар ҳолатҳои пешбиникардаи қонун ва Дастури Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон мумкин аст ҷаласаи пӯшида гузаронида шавад.

Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар ҳолатҳои пешбининамудаи Конститутсия ҷаласаҳои якҷоя мегузаронанд.

 

Моддаи 55

Салоҳияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳангоми гузаронидани ҷаласаҳои якҷоя:

  1. Тасдиқи фармони Президент дар бораи таъин намудан ва озод кардани Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукумат;
  2. Тасдиқи фармони Президент дар бораи ҷорӣ намудани ҳолати ҷангӣ ва вазъияти фавқулода;
  3. Ризоият ба истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди он барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон;
  4. Таъини интихоботи Президент;
  5. Қабули истеъфои Президент;
  6. Сарфароз гардонидани Президент бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаи олии ҳарбӣ;
  7. Баррасии масъалаи дахлнопазирии Президент.

Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаҳои якҷояи худ аз рӯйи масъалаҳои зикршудаи салоҳияташон қарор қабул мекунанд. Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ки ҳар яке аз маҷлисҳо дар алоҳидагӣ овоз медиҳанд, қабул мегардад, агар тартиби дигари қабули қарорро Конститутсия муқаррар накарда бошад.

Дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Президент савганд ёд мекунад ва бо паёми худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ баромад менамояд.

 

Моддаи 56

Салоҳияти Маҷлиси миллӣ:

  1. Таъсис ва барҳам додани воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва тағйири онҳо;
  2. Интихоб ва бозхонди раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ бо пешниҳоди Президент;
  3. Ҳалли масъалаи бекор кардани дахлнопазирии раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ;
  4. Ризоият барои таъин ва озод намудани Прокурори генералӣ ва муовинони ӯ;
  5. Амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд.

Маҷлиси миллӣ аз рӯйи масъалаҳои дар салоҳияташ буда қарор қабул мекунад. Қарори Маҷлиси миллӣ бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои он қабул мегардад, агар тартиби дигари қабули қарорро Конститутсия муқаррар накарда бошад.

 

Моддаи 57

Салоҳияти Маҷлиси намояндагон:

  1. Таъсиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоб ва бозхонди раис, муовин ва аъзои он бо пешниҳоди Президент;
  2. Ба муҳокимаи халқ пешниҳод намудани лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳои муҳими давлатию ҷамъиятӣ;
  3. Тасдиқи барномаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ;
  4. Ризоият ба додугирифти қарзи давлатӣ;
  5. Тасдиқ ва бекор кардани шартномаҳои байналмилалӣ;
  6. Таъини раъйпурсӣ;
  7. Таъсиси судҳо;
  8. Тасдиқи рамзҳои давлатӣ;
  9. Тасдиқи мукофотҳои давлатӣ;
  10. Тасдиқи фармонҳои Президент дар бораи таъин ва озод намудани раиси Бонки миллӣ ва муовинони ӯ;
  11. Муқаррар намудани рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо ва унвонҳои махсус;
  12. Муайян намудани маоши Президент;
  13. Амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд.

Маҷлиси намояндагон аз рӯйи масъалаҳои дар салоҳияташ буда қарор қабул мекунад. Қарори Маҷлиси намояндагон бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилон қабул мегардад, агар тартиби дигари қабули қарорро Конститутсия муайян накарда бошад.

Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон роҳбарони давлатҳои хориҷӣ метавонанд суханронӣ кунанд.

 

Моддаи 58

Аъзои Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ доранд.

 

Моддаи 59

Лоиҳаи қонунҳо ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мешаванд.

Лоиҳаи қонун дар бораи авф аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мешавад.

Лоиҳаи Қонун дар бораи буҷет, оид ба муқаррар кардан ва бекор кардани андозҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мешавад.

 

Моддаи 60

Қонунҳоро Маҷлиси намояндагон қабул менамояд. Қонун бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилон қабул мегардад, агар тартиби дигарро Конститутсия муқаррар накарда бошад.

Қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон қабул намудааст ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод мешаванд, ба истиснои қонунҳо дар бораи буҷети давлатӣ ва авф.

Маҷлиси миллӣ қонунро бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои худ ҷонибдорӣ мекунад. Дар мавриди дастгирӣ наёфтани қонун аз ҷониби Маҷлиси миллӣ қонун такроран дар Маҷлиси намояндагон баррасӣ мешавад.

Дар сурати бо қарори Маҷлиси миллӣ норозӣ будани Маҷлиси намояндагон, қонун ҳамон вақт қабулшуда ҳисоб мешавад, ки агар Маҷлиси намояндагон онро такроран бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилон тасдиқ намояд.

Қонунҳо дар бораи буҷети давлатӣ ва авф танҳо аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул карда мешаванд. Маҷлиси намояндагон иҷрои буҷети давлатиро назорат мекунад.

 

Моддаи 61

Қонунҳои конститутсионӣ оид ба масъалаҳое қабул мешаванд, ки Конститутсия муайян намудааст. Қонунҳои конститутсионӣ бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон қабул мегарданд ва Маҷлиси миллӣ бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои худ ҷонибдорӣ мекунад.

Дар сурати бо Қарори Маҷлиси миллӣ норозӣ будани Маҷлиси намояндагон, қонуни конститутсионӣ ҳамон вақт қабулшуда ҳисоб мешавад, ки агар Маҷлиси намояндагон онро такроран бо тарафдории на камтар аз чор се ҳиссаи шумораи умумии вакилон тасдиқ намояд.

Тафсири Конститутсияро тибқи тартиби мазкур Маҷлиси намояндагон дар шакли қонуни конститутсионӣ қабул намуда, Маҷлиси миллӣ онро ҷонибдорӣ менамояд.

 

Моддаи 62

Қонунҳо барои имзо ва интишор ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд. Агар Президент ба қонун ё қисми он розӣ набошад, қонунро дар муддати понздаҳ рӯз бо далелу эродҳо ба Маҷлиси намояндагон бармегардонад. Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон бо тартиби муқарраркардаи Конститутсия қонуни мазкурро такроран баррасӣ менамоянд. Дар сурати баррасии такрорӣ қонун дар матни пештар қабулшудааш бо аксарияти аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон дастгирӣ ёбад, Президент дар муддати даҳ рӯз ба қонун имзо мегузорад ва онро интишор менамояд.

Ҳангоми баррасии қонуни аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонидашуда, ки онро пештар Маҷлиси намояндагон бо аз се ду ҳиссаи овозҳо қабул намуда буд, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон онро такроран бо аксарияти на камтар аз се ду ҳиссаи овозҳо тарафдорӣ мекунанд.

Агар Президент қонуни конститутсиониро баргардонад, Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ бо тартиби муқарраркардаи Конститутсия қонуни мазкурро такроран баррасӣ менамоянд. Дар сурати баррасии такрорӣ қонуни конститутсионӣ дар матни пештар қабулшудааш бо аксарияти аз чор се ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон тасдиқ шавад, Президент дар муддати даҳ рӯз ба қонуни конститутсионӣ имзо мегузорад ва онро интишор менамояд.

 

Моддаи 63

Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон метавонанд пеш аз муҳлат дар ҷаласаи якҷояи худ бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ихтиёран пароканда шаванд.

Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар давраи вазъияти фавқулода ва ҳолати ҷангӣ пароканда намешаванд.

 

Боби чаҳорум

ПРЕЗИДЕНТ

 

Моддаи 64

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст.

Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.

 

Моддаи 65

Президентро шаҳрвандони Тоҷикистон ба тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва овоздиҳии пинҳонӣ ба муҳлати 7 сол интихоб менамоянд.

Шахсе ба номзадии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад, забони давлатиро донад ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад.

Шахсе ба номзадии Президент ба қайд гирифта мешавад, ки ҳадди ақал 5 фоизи интихобкунандагон ба пешниҳоди номзадии ӯ имзо гузошта бошанд.

Як шахс ба вазифаи Президент бештар аз ду муҳлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад.

Маҳдудияти дар қисми чоруми ҳамин модда пешбинигардида нисбат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат татбиқ намегардад. Вазъи ҳуқуқӣ ва ваколатҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад.

 

Моддаи 66

Интихоботи Президент вақте боэътимод шумурда мешавад, ки дар он аз нисф зиёди интихобкунандагон ширкат варзида бошанд.

Номзаде Президент интихобшуда ҳисоб меёбад, ки ба тарафдории ӯ бештар аз нисфи интихобкунандагони ширкатварзида овоз дода бошанд.

Тартиби интихоби Президентро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад.

 

Моддаи 67

Президент пеш аз шурӯъи вазифа дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон савганд ёд мекунад:

«Ман, ҳамчун Президент савганд ёд мекунам, ки Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро ҳимоя менамоям, таъмини ҳуқуқ, озодиҳо ва шарафи шаҳрвандонро кафолат медиҳам, сарзамин, истиқлолияти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро ҳифз мекунам, ба халқ содиқона хидмат менамоям».

Ваколати Президент баъд аз савганд ёд кардани Президенти нав қатъ мегардад.

 

Моддаи 68

Президент наметавонад вазифаи дигарро иҷро намояд, вакили мақомоти намояндагӣ бошад, ба соҳибкорӣ машғул шавад.

 

Моддаи 69

Салоҳияти Президент:

  1. Самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян мекунад;
  2. Тоҷикистонро дар дохили кишвар ва дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунад;
  3. Вазоратҳо ва кумитаҳои давлатиро таъсис ва барҳам медиҳад;
  4. Сарвазир ва дигар аъзои ҳукуматро таъин ва озод мекунад; фармон дар бораи таъин ва озод кардани Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукуматро ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд;
  5. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро таъин ва озод мекунад ва ба тасдиқи Маҷлиси дахлдори вакилони халқ пешниҳод менамояд;
  6. Санадҳои мақомоти ҳокимияти иҷроияро ҳангоми мухолифати онҳо ба Конститутсия ва қонунҳо бекор мекунад ва ё бозмедорад;
  7. Раиси Бонки миллӣ ва муовинони ӯро таъин ва озод мекунад ва фармонро барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд;
  8. Номзадии раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодиро барои интихоб ва бозхонд ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод менамояд;
  9. Бо ризоияти Маҷлиси миллӣ Прокурори генералӣ ва муовинони ӯро таъин ва озод мекунад;
  10. Дастгоҳи иҷроияи Президентро таъсис медиҳад;
  11. Шӯрои амниятро таъсис ва роҳбарӣ мекунад;
  12. Судяҳои суди ҳарбӣ, судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия ва судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанберо таъин ва озод мекунад;
  13. Раъйпурсӣ, интихоботи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ва мақомоти намояндагии маҳаллиро таъин мекунад;
  14. Ба қонунҳо имзо мегузорад;
  15. Низоми пулиро муайян менамояд ва маълумотро ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд;
  16. Ихтиёрдор ва масъули сармояи захиравӣ мебошад;
  17. Ба татбиқи сиёсати хориҷӣ роҳбарӣ мекунад, шартномаҳои байналмилалиро имзо ва ба тасдиқи Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд;
  18. Сарони намояндагиҳои дипломатиро дар давлатҳои хориҷӣ, намояндаҳои ҷумҳуриро дар ташкилотҳои байналмилалӣ таъин ва озод мекунад;
  19. Эътимодномаҳои сарони намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷиро қабул менамояд;
  20. Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мебошад; фармондеҳони қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таъин ва озод мекунад;
  21. Ҳангоми таҳдиди хатари воқеӣ ба амнияти давлат ҳолати ҷангро эълон менамояд ва фармонро ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунад;
  22. Барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро берун аз ҳудуди он бо ризоияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон истифода мебарад;
  23. Дар саросари ҷумҳурӣ ва ё дар маҳалҳои алоҳидаи он вазъияти фавқулода эълон намуда, фармонро фавран ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд ва ба Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад;
  24. Масъалаҳои шаҳрвандиро ҳал мекунад;
  25. Паноҳгоҳи сиёсӣ медиҳад;
  26. Масъалаҳои бахшиши ҷазоро ҳал мекунад;
  27. Бо рутбаҳои олии ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо ва унвонҳои махсус сарфароз мегардонад;
  28. Шаҳрвандонро бо мукофотҳои давлатӣ,ҷоизаҳои давлатӣ, нишонҳо ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистон сарфароз мегардонад;
  29. Ваколатҳои дигареро, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд, амалӣ менамояд.

 

Моддаи 70

Президент дар доираи салоҳияти худ фармон мебарорад ва амр медиҳад, дар бораи вазъи кишвар ба ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон маълумот медиҳад, масъалаҳоеро, ки заруру муҳим мешуморад, ба муҳокимаи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд.

 

Моддаи 71

Ҳангоми вафот, истеъфо ва ғайри қобили амал донистани Президент вазифаи ӯ то ба вазифааш шурӯъ намудани Президенти нав ба зиммаи Раиси Маҷлиси миллӣ мегузарад. Дар ин маврид ваколати Раиси Маҷлиси миллӣ ба зиммаи муовини якуми ӯ мегузарад.

Дар ҳолатҳои зикршуда дар муҳлати се моҳ интихоботи Президент гузаронида мешавад.

Ваколатҳои Президент дар ҳолате, ки ӯ дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар бораи ба истеъфо баромаданаш хабар медиҳад, бо тарафдории аксарияти аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ки ҳар яке аз онҳо дар алоҳидагӣ овоз медиҳанд, қатъ карда мешавад.

Дар сурате, ки Президент бинобар беморӣ вазифаҳои худро иҷро карда натавонад, ҳар ду Маҷлис дар ҷаласаи якҷояи худ дар асоси хулосаи комиссияи тиббии давлатии ташкил кардаашон, дар бораи пеш аз муҳлат аз мансаб озод намудани Президент бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи овозҳои шумораи умумии аъзо ва вакилони ҳар яке аз Маҷлисҳо қарор қабул мекунанд.

Таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд.

 

Моддаи 72

Президент ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад.

Дахлнопазирии Президент дар сурати аз тарафи ӯ содир шудани хиёнат ба давлат дар асоси хулосаи Суди конститутсионӣ ва бо тарафдории аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ки ҳар яке аз онҳо дар алоҳидагӣ овоз медиҳанд, бекор карда мешавад.

 

Боби панҷум

ҲУКУМАТ

 

Моддаи 73

Ҳукумати ҷумҳурӣ аз Сарвазир, муовини якум ва муовинони ӯ, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ иборат аст.

Ҳукумат роҳбарии самараноки соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иҷрои қонунҳо, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ, қарорҳои Маҷлиси намояндагон, фармону амрҳои Президенти Тоҷикистонро таъмин мекунад.

Аъзои Ҳукумат баъди аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудан ва тасдиқ гардидани фармон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунанд.

Аъзои Ҳукумат бояд танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошанд ва онҳо наметавонанд вазифаи дигареро иҷро намоянд, вакили мақомоти намояндагӣ бошанд, ба соҳибкорӣ машғул шаванд, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ.

 

Моддаи 74

Ҳукумат мувофиқи Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ қарор мебарорад ва фармоиш медиҳад, ки иҷрои онҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ҳатмист.

Ҳукумат ваколаташро дар назди Президенти навинтихобшуда вомегузорад.

Ҳукумат дар мавриди ғайриимкон донистани иҷрои фаъолияти муътадили худ метавонад ба Президент аз хусуси истеъфо арз намояд. Ҳар як узви Ҳукумат ҳуқуқи истеъфо дорад.

Тартиби ташкил, фаъолият ва салоҳияти Ҳукуматро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад.

 

Моддаи 75

Ҳукумат барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсати додугирифти қарзи давлатӣ ва ёрии иқтисодӣ ба дигар давлатҳо, лоиҳаи буҷети давлатӣ, масъалаи андозаи имконпазири касри буҷети давлатӣ ва манбаи ҷуброни онро ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд. 

 

Боби шашум

МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ

ВА ХУДИДОРАКУНӢ

 

Моддаи 76

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз мақомоти намояндагӣ ва иҷроия иборат буда, дар доираи салоҳияти худ амал мекунад. Онҳо иҷрои Конститутсия, қонунҳо, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ, қарорҳои Маҷлиси намояндагон, санадҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамоянд.

 

Моддаи 77

Мақомоти намояндагии маҳаллӣ дар вилоят, шаҳр ва ноҳия Маҷлиси вакилони халқ аст, ки онро раис роҳбарӣ мекунад. Муҳлати ваколати Маҷлиси вакилони халқ 5 сол аст.

Маҷлиси вакилони халқ буҷети маҳаллӣ ва ҳисоботи иҷрои онро тасдиқ мекунад, роҳҳои инкишофи иқтисодиву иҷтимоии маҳалро муайян менамояд, андоз ва пардохти маҳаллиро мувофиқи қонун муқаррар мекунад, дар доираи қонун тарзи идора ва ихтиёрдории моликияти коммуналиро муайян менамояд ва ваколатҳои дигареро амалӣ месозад, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд.

 

Моддаи 78

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро раиси вилоят, шаҳр ва ноҳия роҳбарӣ менамояд.

Мақомоти намояндагӣ ва иҷроияро дар воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ раис сарварӣ мекунад.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро Президент таъин ва озод мекунад ва ба тасдиқи Маҷлиси вакилони халқи дахлдор пешниҳод менамояд.

Раис дар назди мақомоти болоӣ ва Маҷлиси вакилони халқи дахлдор масъул аст.

Тартиби ташкил, ваколат ва фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд.

Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот Ҷамоат аст, ки тартиби ташкил, ваколат ва фаъолияти онро қонун танзим менамояд.

 

Моддаи 79

Мақомоти намояндагӣ ва раис дар доираи салоҳияти худ санадҳои ҳуқуқӣ қабул мекунанд, ки иҷрояшон дар он ҳудуд ҳатмист.

Дар сурати бо Конститутсия ва қонун мувофиқат накардани санадҳои мақомоти намояндагӣ ва раис онҳо аз тарафи мақомоти болоӣ, худи ин мақомот, раис ва ё суд бекор карда мешаванд.

 

Моддаи 80

Дар сурати талаботи Конститутсия ва қонунро мунтазам иҷро накардани Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия Маҷлиси миллӣ метавонад онро пароканда намояд.

 

Боби ҳафтум

ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН

 

Моддаи 81

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қисми таркибӣ ва ҷудонопазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бе ризоияти Маҷлиси вакилони халқи вилоят тағйир дода намешавад.

 

Моддаи 82

Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дорад.

 

Моддаи 83

Салоҳияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар соҳаи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ваколатҳои дигари вилоятро қонуни конститутсионӣ танзим мекунад. 

 

Боби ҳаштум

СУД

 

Моддаи 84

Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.

Адолати судиро Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе амалӣ мекунанд.

Тартиби таъсис, ташкил ва фаъолияти судро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад.

Муҳлати ваколати судяҳо 10 сол аст.

Таъсиси суди фавқулода манъ аст.

 

Моддаи 85

Ба вазифаи судяҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанбе шахсе интихоб ё таъин мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ буда, синни ӯ аз 30 кам набошад ва ҳадди ақал 5 сол собиқаи кории судягӣ дошта бошад.

Ба вазифаи судяҳои судҳои шаҳр ва ноҳия, суди ҳарбӣ, судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанбе шахсе таъин мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ буда, синни ӯ аз 25 кам набошад ва ҳадди ақал 3 сол собиқаи кории касбӣ дошта бошад. Синни ниҳоии дар вазифаи судя фаъолият намуданро қонуни конститутсионӣ муайян менамояд.

Шахсе, ки бори аввал ба вазифаи судя таъин шудааст, дар вазъияти тантанавӣ савганд ёд мекунад.

 

Моддаи 86

Судяҳои Суди ҳарбӣ, судяҳои Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, судяҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанберо бо тартиби муқарраркардаи қонуни конститутсионӣ Президент таъин ва озод мекунад. 

 

Моддаи 87

Судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст.

 

Моддаи 88

Судяҳо парвандаҳоро ба таври дастҷамъӣ ва ё танҳо баррасӣ мекунанд.

Мурофиа ба тарзи мубоҳиса ва дар асоси баробарии тарафҳо сурат мегирад.

Мурофиа дар ҳамаи судҳо ба тарзи ошкоро мегузарад, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муайян кардааст.

Мурофиа ба забони давлатӣ ва ё забони аксарияти аҳолии маҳал баргузор мегардад. Шахсоне, ки забони мурофиаро намедонанд, бо тарҷумон таъмин карда мешаванд.

 

Моддаи 89

Суди конститутсионӣ аз 7 нафар иборат буда, яке аз онҳо намояндаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.

Ба вазифаи судяи Суди конститутсионӣ шахсе интихоб мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ буда, синни ӯ аз 30 кам набошад ва ҳадди ақал 7 сол собиқаи кории касбӣ дошта бошад. Синни ниҳоии дар вазифаи судяи Суди конститутсионӣ фаъолият намуданро қонуни конститутсионӣ муайян менамояд.

Шахсе, ки бори аввал ба вазифаи судяи Суди конститутсионӣ интихоб шудааст, дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ савганд ёд мекунад.

Салоҳияти Суди конститутсионӣ:

1) муайян намудани мувофиқати қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси намояндагон, Президент, Ҳукумат, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва дигар мақомоти давлатию ҷамъиятӣ, шартномаҳои ба қувваи қонун надаромадаи Тоҷикистон ба Конститутсия;

2) ҳалли баҳсҳои байни мақомоти давлатӣ доир ба салоҳияти онҳо;

3) иҷрои ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд.

Санадҳои Суди конститутсионӣ қатъист.

 

Моддаи 90

Судя наметавонад вазифаи дигареро иҷро намояд, вакили мақомоти намояндагӣ, узви ҳизб ва созмонҳои сиёсӣ бошад, ба соҳибкорӣ машғул гардад, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ. 

 

Моддаи 91

Судя ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад. Ӯро бе ризоияти мақомоте, ки интихоб ё таъин кардааст, ҳабс кардан ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан мумкин нест. Судяро дастгир кардан мумкин нест, ба истиснои дастгир кардани ӯ ҳангоми содири ҷиноят.

 

Моддаи 92

Ёрии ҳуқуқӣ дар тамоми марҳилаҳои тафтишот ва мурофиаи судӣ кафолат дода мешавад.

Тарзи ташкил ва тартиби фаъолияти адвокатура ва дигар шаклҳои ёрии ҳуқуқиро қонун муайян мекунад.

 

Боби нуҳум

ПРОКУРАТУРА

 

Моддаи 93

Назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар ҳудуди Тоҷикистон Прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи он дар доираи ваколати худ татбиқ менамоянд.

 

Моддаи 94

Низоми ягонаи марказонидашудаи прокуратураи Тоҷикистонро Прокурори генералӣ сарварӣ мекунад. Прокурори генералӣ дар назди Маҷлиси миллӣ ва Президент масъул аст.

 

Моддаи 95

Прокурори генералии Тоҷикистон ба муҳлати 5 сол таъин мешавад.

Прокурори генералӣ прокурорҳои тобеи худро таъин ва озод мекунад. Муҳлати ваколати прокурорҳо 5 сол аст.

Фаъолият, салоҳият ва сохтори мақомоти прокуратураро қонуни конститутсионӣ танзим мекунад.

 

Моддаи 96

Прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи он бе дахолати дигар мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор мустақилона дар асоси қонун фаъолият мекунанд.

 

Моддаи 97

Прокурор наметавонад вазифаи дигареро иҷро намояд, вакили мақомоти намояндагӣ, узви ҳизб ва созмонҳои сиёсӣ бошад, ба соҳибкорӣ машғул шавад, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ.

 

Боби  даҳум

ТАРТИБИ ТАҒЙИРИ КОНСТИТУТСИЯ

 

Моддаи 98

Тағйиру иловаҳои Конститутсия бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ сурат мегирад.

Раъйпурсиро Президент ва ё Маҷлиси намояндагон бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилон таъин мекунанд.

 

Моддаи 99

Тағйиру иловаҳоро ба Конститутсия Президент ё ҳадди ақал аз се як ҳиссаи умумии аъзо ва вакилони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунанд.

Пешниҳоди тағйиру иловаҳои Конститутсия се моҳ пеш аз раъйпурсӣ дар матбуот чоп мешавад.

 

Моддаи 100

Шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазиранд.

 

Муқаррароти интиқолӣ

 

  1. Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз эълони натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ ва аз рӯзи интишори расмиаш эътибори ҳуқуқӣ пайдо мекунанд.
  2. Қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки то ворид намудани «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал мекарданд, дар он қисме, ки ба тағйиру иловаҳо мухолиф нестанд, амал мекунанд.
  3. Интихоби пай дар пайи Президент барои ду муҳлат, ки дар қисми чоруми моддаи 65 пешбинӣ шудааст, баъд аз ба охир расидани ваколати Президенти амалкунанда оғоз меёбад.
  4. Аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои Ҳукумат баъд аз эътибори ҳуқуқӣ пайдо кардани «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби муқаррарнамудаи Конститутсия ва қонунҳои конститутсионӣ савганд ёд мекунанд.

 

КОДЕКСИ ОИЛАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 16/01/2020 - 16:39
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
КОДЕКС
Рақам: 
682
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
13.11.1998
КОДЕКСИ ОИЛАИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1998, № 22, мод. 303;  соли  2006, №4, мод. 196; соли 2008, №3, мод. 201; соли 2010, №7, мод. 546; соли 2011, №3, мод. 177; №12, мод. 855; соли 2013, №3, мод. 195; соли 2015, №11, мод. 960. соли 2016, №3, мод.143;№11,мод.881; соли 2017,№1-2,мод.18)
 
Ф А С Л И  1
Қ О И Д А Ҳ О И   У М У М Ӣ
 
      БОБИ 1. ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ОИЛА
 
 
Моддаи 1. Заминаҳои асосии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила
1. Оила,  ақди никоҳ, модар, падар ва кeдак дар Xумҳурии Тоxикистон таҳти муҳофизати давлат қарор доранд.
2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила ба зарурати таҳкими оила, ба бунёди муносибатҳои оилавӣ дар заминаи муҳаббату эҳтироми якдигар, кeмаки мутақобила ва масъулияти ҳамаи аъзои оила дар назди оила, раво набудани дахолати беасоси ҳар шахс ба корҳои оила, татбиқи бемонеаи ҳуқуқ ва иxрои eҳдададориҳои  худ аз xониби аъзои оила ва имконияти ҳимояи судии онҳо асос меёбад. ҶТ аз 26.12.2011с. №791)
3. Танҳо он ақди никоҳе эътироф карда мешавад, ки дар мақомоти давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба xо оварда шудааст. Ақди никоҳе, ки бо расму оини динӣ сурат гирифтааст, эътибори қонунӣ надорад.
4. Танзими муносибатҳои оилавӣ дар асоси  принсипҳои ихтиёрӣ будани ақди никоҳи марду зан, баробарии ҳуқуқи зану шавҳар дар оила, ҳалли масъалаҳои дохилиоилавӣ дар асоси мувофиқаи тарафҳо, афзалияти тарбияи кeдакон дар оила, ғамхорӣ нисбати некeаҳволӣ ва рушди камоли онҳо, таъмини бештари ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои ноболиғ ва ғайри қобили меҳнати оила сурат мегирад.
5. Ҳангоми никоҳ ва дар муносибатҳои оилавӣ ҳама гуна шаклҳои маҳдуд кардани ҳуқуқи шаҳрвандон аз рeи мансубияти иxтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, забонӣ ё динӣ, инчунин таҳсил ва молумулк манъ аст. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710), (ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1365)
6. Ҳуқуқи шаҳрвандон дар оила дар асоси қонунгузори дар бораи оила ва дар ҳадде, ки бо мақсади муҳофизати ҳуқуқ, манфиатҳои қонуни, ахлоқ, саломатии дигар аъзои  оила ва шаҳрвандон лозим мебошад, маҳдуд карда мешавад. (Қ ҶТ аз 29.04.2006с, №183)
 
Моддаи 2. Муносибатҳое, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила танзим мегарданд
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила шарт ва тартиби ақди никоҳ, қатъ ва беэътибор донистани онро муқаррар менамоянд, муносибатҳои шахсии ғайримолумулки ва молумулкиеро, ки дар оила миёни зану шавҳар, падару модар фарзандон, дигар аъзои оила ба миён меоянд, муносибатҳое, ки вобаста бо фарзандхондӣ, васояту парасторӣ, ба тарбия гирифтани кeдакон  ба миён меоянд, тартиби  сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва муносибати дигари оилавиро танзим менамоянд. (ҚҶТаз 26.12.11с.№791), (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила
1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси  мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. (ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1365)
2. Меъёрҳои ҳуқуқи оилавие, ки дар санадҳои қонунгузори ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини гардидаанд, бояд ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси мазкур мутобиқ бошанд.
3. Бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрванди дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрванди» ба амал бароварда мешавад. (Қ ҶТ аз 29.04.2006с, №183)
4. Ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон ҳуқуқ дорад, ки тибқи асос ва бо мақсади иxрои ҳамин Кодекс ва дигар қонунҳои Xумҳурии Тоxикистон доир ба масъалаҳои оилавӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул намояд.
 
Моддаи 4. Истифодаи қонунгузории гражданӣ дар  муносибатҳои оилавӣ
Қонунгузории гражданӣ дар танзими муносибатҳои шахсии ғайримолумулки ва молумулкии байни аъзои оила истифода мешаванд, агар ин муносибатҳо бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила танзим нагардида бошанд. (ҚҶТ аз 26.12.11с.№791), (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
 
Моддаи 5. Қиёси қонун ва ҳуқуқ дар муносибатҳои оилавӣ
Дар ҳолатҳое, ки муносибатҳои байни аъзои оила бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила ё созишномаи тарафҳо танзим нагардида бошанд ва дар сурати мавxуд набудани меъёрҳои ҳуқуқи гражданӣ, ки бевосита ин муносибатҳоро танзим менамоянд, нисбат ба чунин муносибатҳо, агар ин хилофи моҳияти онҳо набошад, меъёрҳои ҳуқуқи оилавӣ ва (ё) ҳуқуқи гражданӣ, ки муносибатҳои шабеҳро танзим менамоянд (қиёси қонун), истифода мешаванд. Дар сурати набудани чунин меъёрҳо ҳуқуқу eҳдадориҳои аъзои оила, бо назардошти  асосу принсипҳои умумии ҳуқуқи оила ё ҳуқуқи гражданӣ (қиёси ҳуқуқ), инчунин принсипи башардeстӣ, оқилона ва адолат муайян карда мешаванд. (ҚҶТ аз 26.12.11с.№791), (ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1365)
 
Моддаи 6. Истифодаи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар муносибатҳои оилавӣ
Агар дар шартномаи байналмилалии Xумҳурии Тоxикистон нисбат ба қоидаҳои дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила пешбинигардида қоидаҳои дигар муқаррар гардида бошанд, он гоҳ қоидаҳои шартномаи байналмилалӣ истифода мешаванд. (Қ ҶТ аз 29.04.2006с, №183), (ҚҶТ аз 26.12.11с.№791)
 
Б О Б И  2
ТАТБИҚ  ВА  ҲИМОЯИ  ҲУҚУҚИ  ОИЛАВӢ
 
Моддаи 7.  Татбиқи ҳуқуқи оилавӣ ва иxрои  eҳдадориҳои оилавӣ
1.  Шаҳрвандон ба ҳуқуқҳои ба онҳо тааллуқдошта, ки аз муносибатҳои оилавӣ ва  ҳуқуқҳои оилавӣ, аз xумла ҳуқуқи ҳифзи онҳо бармеоянд, бо салоҳдиди худ ихтиёрдорӣ менамоянд, агар дар ҳамин Кодекс тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад.
Ҳуқуқи худро амалӣ намудани аъзоёни оила ва иxрои eҳдадориҳояшон набояд ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии аъзоёни дигари оила ва дигар шаҳрвандонро вайрон  намояд.
2. Ҳуқуқҳои  оилавиро қонун ҳифз мекунад, ба истиснои ҳолатҳое, ки ин ҳуқуқҳо хилофи таъиноташон ба амал бароварда мешаванд.
 
Моддаи 8. Ҳимояи ҳуқуқи оилавӣ
1. Ҳуқуқҳои оилавӣ аз тарафи суд, мақомоти васояту парасторӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва мақомоти дигари давлатӣ, инчунин дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҳимоя карда  мешаванд. (ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1365)
2. Ҳимояи ҳуқуқҳои оилавӣ бо тартиби пешбининамудаи моддаҳои дахлдори ҳамин Кодекс  сурат мегирад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.№791)
 
Моддаи 9. Истифодаи мeҳлати даъво дар муносибатҳои оилавӣ
Нисбати  талаботе, ки аз муносибатҳои оилавӣ бармеоянд, ба истиснои ҳолатҳое, ки мeҳлати ҳифзи ҳуқуқи поймолшударо ҳамин Кодекс муқаррар намудааст, мeҳлати даъво татбиқ намегардад. Зимни истифодаи меъёрҳое, ки мeҳлати даъворо муқаррар менамоянд, суд меъёрҳои дахлдори дар Кодекси граждании Xумҳурии Тоxикистон пешбинигардидаро дастури амал қарор  медиҳад.
 
Ф А С Л И  II
АҚДИ  НИКОҲ  ВА  ҚАТЪИ  ОН
 
Б О Б И  3
Шарт ва тартиби БАСТАНИ аҚди никоҲ
 
Моддаи 10.  Ақди никоҳ
1.  Ақди никоҳ дар мақомоти давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ баста мешавад.
2. Ҳуқуқу eҳдадориҳои зану шавҳар аз лаҳзаи дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайди давлатӣ гирифтани ақди никоҳ ба миён меояд.
3. Ақди никоҳҳое, ки дар қаламрави Xумҳурии Тоxикистон то 19 декабри соли 1929 мувофиқи расму оини динӣ ба xо оварда шудаанд, бо ақди никоҳҳое, ки дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ  ба қайд гирифта шудаанд , баробар мебошанд. (ҚҶТ аз 26.12.11с.№791)
 
Моддаи 11. Тартиби бастани ақди никоҳ
1.Қайди бастани ақди никоҳ бо тартиби муқарраркардаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрванди» ба ҷо оварда мешавад.
2. Дар сурати аз xониби мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ рад кардани бақайдгирии ақди никоҳ шахсоне, ки хоҳиши ақди никоҳ кардан доранд (яке аз онҳо), метавонанд ба суд арз намоянд.
(Қ ҶТ аз 29.04.2006с, №183), (ҚҶТ аз 26.12.11с.№791)
Моддаи 12.  Шартҳои ақди никоҳ
1. Барои ақди никоҳ розигии ҳамдигарии марду зани  никоҳшаванда ва синни никоҳӣ доштани онҳо зарур аст. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
2. Дар сурати мавxуд будани монеаҳои дар моддаи 14 ҳамин Кодекс зикрёфта ақди никоҳ  баста намешавад.
3. Агар яке аз тарафҳои никоҳшаванда шаҳрванди хориҷи ё шахси бешаҳрванд бошад, шартҳои иловагии зерин талаб карда мешаванд:
 - истиқомат дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон на камтар аз як соли охир;
 - бастани аҳдномаи  никоҳ ба таври ҳатми.  (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
 
Моддаи 13.  Синни никоҳӣ
1. Синни никоҳӣ аз ҳаждаҳсолагӣ муқаррар карда мешавад.  (Ин меъёр аз 1 январи соли 2011 мавриди амал қарор мегирад). (Қ ҶТ аз 21.07.10с, №613).
2. Дар  ҳолатҳои  истисноӣ суд ҳуқуқ дорад дар асоси  хоҳиши шахсони никоҳшаванда синни никоҳи  дар  ҳамин  модда барои марду зан муқарраршударо ба мeҳлати на бештар аз як сол кам кунад. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
3. Ариза тибқи тартиби пешбурди алоҳида, дар суди маҳалли истиқомати шахсе, ки синнаш кам карда мешавад, баррасӣ мегардад.
4. Ҳуқуқи оид ба ҳамин масъала муроxиат намудан  ба суд аз синни ҳабдаҳсолагӣ фаро мерасад. (Ин меъёр аз 1 январи соли 2011 мавриди амал қарор мегирад). (Қ ҶТ аз 21.07.10с, №613)
 
Моддаи 14.  Ҳолатҳое, ки монеаи бастани ақди никоҳ  мегарданд
Ақди никоҳ байни шахсони зерин манъ аст:
- байни шахсоне, ки   яке аз онҳо дар никоҳи дигари ба қайдгирифташуда  қарор дошта бошад;
- байни хешовандони наздик (падар ё модар бо фарзанд, бобо ё биби бо набераи худ); (ҚҶТ аз 12.11с.№791)
- байни бародарону хоҳарони айнӣ ва eгай ( ки аз як падар ё модаранд);
  - байни фарзандони бародарон, хоҳарон, бародару хоҳар;
  - байни тағо ва ҷиян, амак ва бародарзода, хола ва хоҳарзода, амма ва ҷиян;
  - байни шахсоне, ки аз як зан шир макидаанд;
- байни шахсоне, ки аз муоинаи тиббии ҳатми нагузаштаанд; (Ин меъёрҳо аз 1 июли соли 2016 мавриди амал қарор мегиранд). (ҚҶТ аз 15.07.16 с, №1290).
- байни  фарзандхондагон  ва фарзандхондшудагон;
- байни шахсоне, ки суд  яке аз онҳоро бо сабаби бемории рeҳӣ ё сустақлиаш (ноқисулақлиаш) ғайри қобили амал эътироф  кардааст;
- байни шахсоне, ки суд қобилияти амали яке аз онҳоро бо сабаби суиистеъмол намудан аз машруботи спирти, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропи ва прекурсорҳо ё дигар моддаҳои мадҳушкунанда маҳдуд намудааст.
-байни шахсоне, ки суд яке аз онҳоро бо сабаби суиистифодаи нeшокиҳои спиртӣ ё  маводи нашъадор дорои қобилияти маҳдуди амал эътироф намудааст.
(ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1365)
 
Моддаи 15. Муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда
1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷи ва шахсони бешаҳрванд пеш аз бастани ақди никоҳ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои давлатии соҳаи тандурустии маҳалли зист ё истиқомати доими аз муоинаи тиббии ҳатми ба таври ройгон мегузаранд ва онҳо бо натиҷаи муоинаи тиббии ҳатмии ҳамдигар шинос карда мешаванд. 
2. Машваратдиҳи оид ба тарзи солими ҳаёт, банақшагирии оила ва таъсири бемориҳо ба саломатии насл аз ҷониби муассисаҳои давлатии соҳаи тандурустии маҳалли зист ё истиқомати доими мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. (ҚҶТ аз 15.07.16 с, №1290).
(ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1365)
 
Б О Б И   4
ҚАТЪИ АҚДИ НИКОҲ
 
Моддаи 16.  Асосҳои қатъи ақди никоҳ
1. Ақди никоҳ дар натиxаи вафот ё яке аз ҳамсаронро фавтида эълон намудани суд қатъ мегардад.
2. Ақди никоҳ бо роҳи бекор кардани он (талоқ) дар асоси аризаи зан ё шавҳар ё ҳардуи онҳо, васии зан ё шавҳаре, ки суд eро ғайри қобили амал эътироф намудааст, инчунин  прокурор қатъ гардиданаш  мумкин аст.
 
Моддаи 17. Маҳдуд кардани ҳуқуқи шавҳар оид  ба талаби бекор кардани ақди никоҳ
1. Шавҳар ҳуқуқ надорад ҳангоми ҳомиладории зан ва дар давоми якуним соли пас аз таваллуди кeдак бе  розигии зан  ба суд оиди бекор кардани ақди ақди  никоҳ даъво пешниҳод намояд.
2. Маҳдудияти дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинигардида нисбат ба шавҳар татбиқ намегардад, агар дар мўҳлати зикршуда зан аз тарбияи фарзанд даст кашида, шавҳар бевосита ба тарбияи фарзанд машғул бошад, ё зан ташаббускори бекор кардани ақди никоҳ бошад. (ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1365)
 
Моддаи 18. Тартиби бекор кардани ақди никоҳ
Ақди никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрванди» ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаҳои 21-24 ҳамин Кодекс ба  тартиби судӣ бекор карда мешавад.
 
Моддаи 19. Бекор кардани никоҳ дар мақомоти  сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ   (Хориҷ  карда шудааст. (Қ ҶТ аз 29.04.2006с, №183)
 
Моддаи 20. Баррасии баҳсҳое, ки дар мақомоти сабти  асноди  ҳолати  шаҳрвандӣ    ҳангоми  бекор кардани  ақди никоҳ дар байни зану шавҳар  ба миён меоянд
Баҳсҳо дар хусуси тақсими молу мулки муштараки зану шавҳар, пардохти маблағ барои таъминоти зан ё шавҳари эҳтиёxманди корношоям, инчунин баҳсҳо дар хусуси фарзандон, ки байни зану шавҳар ба миён меоянд ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрванди», сарфи назар аз бекор кардани ақди никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ба тариқи судӣ баррасӣ мешаванд. (Қ ҶТ аз 29.04.2006с, №183), (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
 
Моддаи 21. Бекор кардани ақди  ақди никоҳ дар суд
1. Ақди никоҳ аз тарафи суд дар сурати фарзандони  ноболиғ доштани зану шавҳар, ба истиснои ҳолатҳои дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрванди» пешбинигардида ё дар сурати ба бекор кардани ақди никоҳ розӣ набудани зан ё шавҳар,  бекор карда мешавад.
2. Ақди никоҳ ба тартиби судӣ, инчунин дар ҳолатҳое, ки зан ё шавҳар бо вуxуди мухолиф набуданашон аз бекор кардани ақди никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ саркашӣ менамояд (ариза додан намехоҳад ё барои сабти бекор кардани ақди никоҳ ҳозир намешавад ва ғайра), бекор карда мешавад. (Қ ҶТ аз 29.04.2006с, №183)
               Моддаи 22.  Ба тариқи судӣ бекор кардани ақди никоҳ дар сурати розӣ  набудани зан ё шавҳар барои  бекор кардани никоҳ
1. Зимни баррасии парвандаҳо дар бораи бекор кардани ақди никоҳ, дар сурати розӣ набудани зан ё шавҳар барои бекор кардани ақди никоҳ, суд барои оштӣ додани зану шавҳар тадбирҳо меандешад ва ҳуқуқ дорад, ки баррасии  парвандаро мавқуф гузошта, ба зану шавҳар барои оштишавӣ то шаш моҳ мeҳлат диҳад.(ҚҶТ аз 20.03.08с, №382)
2. Агар суд муқаррар намояд, ки зиндагии минбаъдаи якxояи зану шавҳар ва нигоҳ доштани оила имконнопазир гардидаааст ва тадбирҳои оштӣ додани зану шавҳар натиxаи дилхоҳ надоданд, ақди никоҳ бекор карда мешавад.
3.  Агар суд даъвои бекор кардани ақди никоҳро рад кунад, зану шавҳар ҳуқуқ доранд, ки баъди гузаштани се моҳи пас аз рад шудани даъво дар хусуси бекор кардани ақди никоҳ такроран бо аризаи даъво муроxиат намоянд.
 
Моддаи 23. Бо тартиби суди бекор кардани ақди никоҳ ҳангоми розигии зану шавҳар
1. Агар зану шавҳар барои бекор кардани ақди никоҳ рози бошанд, суд ҳуқуқ дорад ақди никоҳро бекор намояд. Дар ин ҳолат ақди никоҳ дар давоми як моҳи баъди ариза додани зану шавҳар бекор карда мешавад.
2. Ба зану шавҳари дорои фарзандони ноболиғ, новобаста ба розигии муштараки онҳо барои бекор кардани ақди никоҳ, суд барои ошти додани онҳо тадбирҳо меандешад ва ҳуқуқ дорад, ки баррасии парвандаро мавқуф гузошта, ба зану шавҳар барои оштишави то шаш моҳ мўҳлат диҳад. (ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1365)
 
Моддаи 24. Масъалаҳое, ки суд ҳангоми қабули ҳалнома дар  бораи бекор  кардани ақди никоҳ  ҳал  менамояд
1. Ҳангоми ба тариқи судӣ бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар метавонанд созишномаро дар хусуси бо кадоме аз онҳо зиндагӣ кардани фарзандони ноболиғ, дар бораи тартиби пардохт ва андозаи маблағ барои таъминоти фарзандон ва (ё) зан ва (ё) шавҳари ғайри қобили меҳнати эҳтиёxманд, дар хусуси ҳаxми ин маблағ ё  тақсимоти  молу мулки зану шавҳар барои тасдиқи суд пешниҳод намоянд. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710).
2. Дар сурати набудани созишномаи байни зану шавҳар оид ба масъалаҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикрёфта, инчунин агар муқаррар гардад, ки ин созишнома манфиати фарзандон ва ё зан ва шавҳарро поймол мекунад, суд вазифадор аст:
- муайян намояд, ки фарзандони ноболиғ пас аз бекор кардани никоҳ бо кадоме аз  падару модар  зиндагӣ мекунанд;
- муайян намояд, ки барои таъминоти фарзандон аз кадом падару модар ва ба кадом андоза алимент ситонида мешавад;
- бо талаби зану шавҳар (яке аз онҳо) молу мулки дар таҳти моликияти муштараки онҳо қарордоштаро тақсим намояд; (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
- бо талаби зан ё шавҳаре, ки аз ҳамсари худ ба гирифтани таъминот ҳуқуқ дорад, андозаи ин таъминотро муайян намояд.
3. Ҳангоми бекор кардани ақди никоҳе, ки яке аз тарафҳо шаҳрванди хориҷи ё шахси бешаҳрванд мебошад, суд вазифадор аст таъмини иҷрои аҳдномаи никоҳро мавриди барраси қарор диҳад.  (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
4. Дар мавриде, ки агар тақсими молу мулк ба манфиатҳои шахсони сеюм дахл кунад, суд метавонад тақозои тақсими  молумулкро  ба истеҳсолоти  алоҳида xудо кунад. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
 
 
 
 
Моддаи 25.  Лаҳзаи қатъ гардидани ақди никоҳ  ҳангоми  талоқ
1. Ақди никоҳ  дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз рўзи бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ дар китоби сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ҳангоми бекор кардани ақди никоҳ дар суд, аз рўзи эътибори қонуни пайдо кардани ҳалномаи суд қатъ  мегардад.
2.  Бекор  кардани ақди никоҳ дар суд бояд дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз рўзи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи  суд,  мувофиқи тартиби барои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ муқарраргардида ба қайди давлати гирифта шавад. Бекор кардани ақди никоҳ аз лаҳзаи ба қайди давлати гирифта шуданаш барои шахсони сеюм  эътибори ҳуқуқӣ дорад. (Қ ҶТ аз 29.04.2006с, №183)
Моддаи 26.  Барқарор  намудани ақди никоҳ  дар сурати  ҳозиршавии зан ё шавҳаре,  ки фавтида  эълон шуда ё бедарак ғоибшуда дониста  шудааст
1. Дар сурати ҳозиршавии зан ё шавҳаре, ки суд  фавтида эълоншуда ё бедарак ғоибшуда эътироф кардааст ва бекор кардани ҳалномаҳои дахлдори судӣ, мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ метавонад дар асоси аризаи якxояи зану шавҳар ақди никоҳро барқарор намояд.
2. Агар зан ё шавҳар бо дигаре никоҳ карда бошад, ақди никоҳ барқарор карда намешавад. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
 
Моддаи 27. Хориҷ карда шуд (Қ ҶТ аз 29.04.2006с, №183)
 
Б О Б И  5
БЕЭЪТИБОРИИ АҚДИ НИКОҲ
 
Моддаи 28. Беэътибор донистани ақди никоҳ
1. Дар сурати вайрон кардани шартҳои дар моддаҳои 12 ва 14 ҳамин Кодекс, инчунин дар мавриди бастани ақди никоҳи қалбакӣ, яъне агар зану шавҳар ё яке аз онҳо ақди никоҳро бе  нияти бунёди оила сабт карда бошанд, ақди никоҳ беэътибор дониста мешавад. Ақди никоҳе, ки маxбурӣ ё бо роҳи фиреб баста шудааст, тибқи аризаи xабрдида ё  прокурор беэътибор дониста шуданаш мумкин аст. (ҚҶТ аз 15.07.16 с, №1290).
2. Ақди никоҳ аз xониби суд беэътибор дониста мешавад.
3. Суд вазифадор аст, ки дар мeҳлати се рeзи баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи беэътибор донистани ақди никоҳ  иқтибоси ин ҳалномаи судро ба мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандии маҳали бақайдгирии давлатии ақди  никоҳ  фиристад.
4. Ақди никоҳи хилофи талаботи қисми 1 моддаи мазкур баста шуда   аз лаҳзаи баста шуданаш беэътибор аст. (ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1365)
 
Моддаи 29. Шахсоне, ки барои талаби беэътибор  донистани  ақди никоҳ ҳуқуқ доранд
1. Шахсони зерин барои талаби беэътибор донистани ақди никоҳ ҳуқуқ доранд:
- зан ё шавҳари ноболиғ, падару модари e (шахсони онҳоро ивазкунанда), мақоми васоят ва парасторӣ ё прокурор - агар ақди никоҳ бо шахси ба синни ақди никоҳӣ нарасида ҳангоми мавxуд набудани иxозати ақди никоҳ то ба синни ақди никоҳӣ расиданаш (моддаи 13 ҳамин Кодекс) баста шуда бошад. Баъди ба синни ҳаждаҳсолагӣ расидани зан ё шавҳари ноболиғ барои талаби беэътибор донистани н ақди икоҳ танҳо ин зан ё шавҳар ҳуқуқ дорад; (Ин меъёр аз 1 январи соли 2011 мавриди амал қарор мегирад).  (Қ ҶТ аз 21.07.10с, №613)
- зан ё шавҳаре, ки ҳуқуқи  e ҳангоми ақди никоҳ поймол гардидааст, инчунин прокурор - агар ақди никоҳ дар сурати розӣ набудани зан ё шавҳар; дар натиxаи маxбуркунӣ, фиреб, ба иштибоҳ андохтан ё вобаста ба  вазъи ҳолати худ дар лаҳзаи бақайдгирии ақди никоҳ дарк карда натавонистани моҳияти амали худ ё идора накардани он ҳолат баста шуда бошад;
- зан ё шавҳаре, ки дар хусуси мавxуд будани ҳолатҳои монеаи ақди никоҳ огоҳӣ надошт, васии зан ё шавҳаре, ки ғайри қобили амал  эътироф шудааст, зан ё шавҳари аз ақди никоҳи қабли бекоркарданашуда, шахсони дигаре, ки дар асари ақди никоҳ бо вайрон кардани муқаррароти моддаи 14 ҳамин Кодекс басташуда ҳуқуқашон поймол гардидааст, инчунин мақоми васояту сарпарастӣ ва прокурор;
- прокурор, инчунин зан ё шавҳаре, ки ҳангоми бастани ақди никоҳи қалбакӣ дар хусуси қалбакӣ будани он огоҳӣ надошт. (ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1365)
2. Ҳангоми баррасии парванда дар хусуси беэътибор донистани ақди никоҳи бо шахси ба синни никоҳӣ нарасида, инчунин бо шахси аз тарафи суд ғайри қобили амал эътирофгардида басташуда, барои иштирок дар парванда мақоми васояту парасторӣ xалб карда мешавад.
 
Моддаи 30.  Эътиборнок донистани  ақди никоҳ  (санатсияи ақди никоҳ)
1. Суд  метавонад ақди никоҳро эътиборнок ҳисоб кунад, агар  дар лаҳзаи баррасии парванда дар бораи беэътибор донистани  ақди никоҳ ҳолатҳое, ки барои ақди никоҳ монеъ мешуданд, аз байн рафта бошанд.
2. Суд метавонад даъворо оид ба беэътибор донистани ақди никоҳе, ки бо шахси ба синни ақди никоҳӣ нарасида баста шудааст, рад кунад, агар  инро манфиатҳои зан ё шавҳари  ноболиғ талаб  намояд.
3. Суд метавонад ақди никоҳи қалбакиро ҳақиқӣ эътироф намояд, агар то лаҳзаи баррасии парванда байни шахсоне, ки ақди никоҳ бастаанд, муносибатҳои заношeӣ ба вуxуд омада, онҳо барои идомаи ҳаёти оилавӣ розӣ бошанд, ба шарте, ки ҳақиқӣ  донистани ақди никоҳ ба ҳуқуқҳои шахсони сеюм зарар нарасонад.
4. Ақди никоҳ пас аз бекор кардани он ғайриҳақиқӣ дониста шуда наметавонад, ба истиснои ҳолатҳои вуxуд доштани  дараxаи хешии байни зану шавҳар, ки қонун манъ кардааст, ё ҳолате, ки  зан ё шавҳар  дар лаҳзаи бақайдгирии ақди никоҳ дар ақди никоҳи дигари бекорнашуда (моддаи 14 ҳамин Кодекс) қарор дошта бошанд.
 
Моддаи 31. Оқибати ақди никоҳи беэътибор донисташуда
1. Ақди никоҳе, ки суд беэътибор донистааст, ба истиснои ҳолатҳои дар қисмҳои 4 ва 5 ҳамин модда муқарраргардида, ҳуқуқу eҳдадориҳои дар Кодекси мазкур пешбинигардидаи зану шавҳарро ба миён намеоварад.
2. Нисбати молу мулки якxоя бадастовардаи шахсоне, ки ақди никоҳашон беэътибор дониста шудааст, меъёрҳои Кодекси граждании Xумҳурии Тоxикистон дар бораи моликияти умумии саҳмӣ истифода мешавад. Аҳдномаи ақди никоҳе, ки зану шавҳар бастаанд (моддаҳои 41-43 Кодекси мазкур), беэътибор дониста мешавад. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710), (ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1365) 
3. Беэътибор донистани ақди никоҳ ба ҳуқуқи кeдаконе, ки аз ин ақди никоҳ таваллуд ёфтаанд ё дар давоми сесад рeзи баъди  беэътибор донистани ақди никоҳ ба дуньё омадаанд, таъсир намекунад (қисми 2 моддаи 49 ҳамин Кодекс).
4. Ҳангоми баровардани ҳалномаи дар бораи беэътибор донистани ақди никоҳ суд метавонад ҳуқуқи зан ё шавҳарро, ки баъди бастани чунин ақди никоҳ ҳуқуқаш поймол гардидааст, барои мутобиқи моддаҳои 90, 91 ҳамин Кодекс аз зан ё шавҳари дигар гирифтани таъминот эътироф намояд, нисбати тақсими молу мулки то рeзи  беэътибор донистани ақди никоҳ бадастомада бошад, метавонад муқаррароти дар моддаҳои 34, 38-39 ҳамин Кодекс муайянгардидаро  татбиқ  кунад, инчунин шартномаи ақди никоҳро пурра ё қисман беэътибор донад. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710).
Зан ё шавҳаре, ки дар натиxаи бастани ақди никоҳи аз xониби суд беэътибор донисташуда ҳуқуқаш поймол гардидааст, ҳуқуқ дорад мувофиқи қоидаҳои пешбининамудаи қонунгузориии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон xуброни зарари моддӣ ва маънавии ба e расонидашударо талаб намояд.
5. Зан ё шавҳари софдил ҳангоми беэътибор донистани ақди никоҳ ҳуқуқ дорад насаберо, ки ҳангоми сабти ақди никоҳ интихоб намудааст, нигоҳ дорад. (ҚҶТ аз 23.11.2015 сол №1239)
 
Ф А С Л И  III
ҲУҚУҚ  ВА EҲДАДОРИҲОИ  ЗАНУ ШАВҲАР
 
Боби  6
ҲУҚУҚ  ВА EҲДАДОРИҲОИ ШАХСИИ ЗАНУ ШАВҲАР
 
Моддаи 32. Баробарҳуқуқии зану шавҳар дар оила
1. Зану шавҳар ҳар кадомашон дар интихоби шуғл, таҳсилот, касб, намуди фаъолият, маҳалли истиқомат ва будубош озод аст.
2. Масъалаҳои падариву модарӣ, таълиму тарбияи фарзандон ва масъалаҳои дигари ҳаёти оилавиро зану шавҳар якxоя, бо назардошти принсипи баробарҳуқуқии зану шавҳар  ҳал менамоянд. (ҚҶТ аз 26.12.11с.№791)
3. Зану шавҳар вазифадоранд, ки муносибатҳои худро дар оила дар асоси эҳтирому  кeмаки якдигарӣ ба роҳ монанд, барои таҳкими оила мусоидат намоянд, ба некeаҳволӣ ва рушду камоли  фарзандонашон  ғамхорӣ кунанд. (ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1365)
 
Моддаи 33.  Ҳуқуқи зану шавҳар дар  интихоби насаб
1. Зану шавҳар ҳангоми бастани ақди никоҳ дар интихоби насаб баробарҳуқуқ мебошанд.
2. Интихоби насаби зану  шавҳар бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрванди» амали карда мешавад. (Қ ҶТ аз 29.04.2006с, №183), (ҚҶТ аз 23.11.2015 сол №1239), (ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1365)
 
БОБИ  7
ҲУҚУҚИ   МОЛУМУЛКИИ  ЗАНУ ШАВҲАР
 
Моддаи 34. Моликияти муштараки  зану шавҳар
1.  Молу мулки, ки зану шавҳар дар давраи заношeӣ xамъ кардаанд, моликияти муштараки онҳо мебошад. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
2. Даромаде, ки зану шавҳар дар натиxаи фаъолияти меҳнатӣ, соҳибкорӣ ва зеҳнӣ ба даст  овардаанд, нафақа, ёрдампулӣ ва пардохтҳои дигари пулии гирифтаашон, ашёҳои харидаашон,  қоғазҳои қиматнок, саҳмия, пай ва ҳама гуна  молу мулки манқул ва ғайриманқули дар давоми заношeӣ xамъкардаашон, сарфи назар аз он, ки ба номи кадоме аз зану шавҳар харида шудааст (ё маблағ гузаронида шудааст), моликияти муштараки онҳо  ҳисоб мешавад. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710), (ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1365)
3. Ҳуқуқ ба молу мулки муштарак ҳамчунин ба зан ё шавҳаре низ тааллуқ  дорад, ки дар давоми заношeӣ хоxагиро пеш мебурд, фарзандонро нигоҳубин мекард ё бо сабабҳои узрнок даромади мустақилона надошт. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
 
Моддаи 35. Ҳуқуқи соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ кардани моликияти муштараки зану  шавҳар
1. Ҳуқуқи соҳиби, истифода ва ихтиёрдори кардани молу мулке, ки дар моликияти муштараки зану шавҳар қарор дорад, танҳо бо розигии мутақобилаи онҳо сурат мегирад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.№791)
2. Ҳангоми аз xониби зан ё шавҳар анxом додани муомилоти вобаста ба ихтиёрдории молу мулки умумӣ  чунин тасаввур  мешавад, ки e бо розигии ҳамсари худ амал мекунад. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
Муомилоте, ки аз xониби яке аз ҳамсарон оид ба ихтиёрдории молу мулки умумӣ анxом дода шудааст, аз xониби суд қисман бо сабаби мавxуд набудани розигии ҳамсари дигар танҳо ҳангоме, ғайриқонунӣ эътироф мегардад, ки агар яке аз онҳо бо чунин талаб муроxиат намояд ва танҳо дар  сурати собит гардидани он, ки тарафи дигар аз муомилот огоҳ буд ё пешакӣ бояд  норозӣ будани тарафи дигарро барои анxом додани чунин муомилот медонист. (Қ ҶТ аз 29.04.2006с, №183), (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
3. Барои ба анҷом расонидани  муомилот вобаста ба ихтиёрдори кардани молу мулки  ғайриманқул ва муомилоте, ки мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун тасдиқ ё қайди нотариалиро талаб  мекунад, бояд розигии пешакии аз тариқи идораи наториалии давлати тасдиқшудаи зан ё шавҳар гирифта шавад. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
Ҳамсаре, ки  ризоияти дар идораи нотариалии давлати тасдиқшудаи худро барои иҷрои аҳд  надодааст, ҳуқуқ дорад дар қисми молу мулки ба худаш таалуқ дошта дар моликияти умумии якҷоя бекор кардани аҳдро талаб намояд, ё ҳамсар ҳуқуқ дорад ба андозаи ҳиссаи дар боло зикргардида аз маблағе, ки ҳамсараш аз фурўши молу мулки ба даст овардааст, дар давоми се сол аз рeзи огоҳ шудан аз чунин муомилот  ё мебоист  аз иxрои чунин муомилот ё пардохти пули онро талаб намояд. (Қ ҶТ аз 29.04.2006с, №183), (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
 
Моддаи 36. Моликияти ҳар кадоме аз  зану шавҳар
1. Молу мулке, ки ба зану шавҳар то ақди никоҳ тааллуқ дошт, инчунин молу мулке, ки дар давраи заношeӣ зан ё шавҳар ҳамчун ҳадя ё мерос гирифтааст, моликияти ҳар кадоми онҳо мебошад. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
2. Ашьёи истифодаи шахсӣ (либос пойафзол ва ғайра), ба истиснои xавоҳирот ва асбоби дигари зебу зинат, гарчанде дар давраи заношeӣ  аз ҳисоби маблағҳои умумии зану шавҳар ба даст оварда шудаанд, моликияти шахсии ҳар кадоме аз зану шавҳар ба ҳисоб мераванд.
3. Суд метавонад молу мулкеро, ки ҳар кадоме аз зану шавҳар ҳангоми xудо зиндагӣ карданашон xамъ овардаанд, дар сурати воқеан қатъ гардидани ақди никоҳ моликияти ҳар кадоми онҳо эътироф намояд. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
 
Моддаи 37. Моликияти муштараки зану шавҳар  донистани молу мулки ҳар кадоми онҳо
Молу мулки ба  ҳар як  ҳамсар тааллуқдоштаро метавон моликияти муштараки онҳо донист, агар муқаррар гардад, ки дар давоми заношeӣ  аз ҳисоби  молу мулки умумии зану шавҳар ё молу мулки  шахсии зан ё шавҳар ва ё меҳнати e саҳме гузошта шудааст, (таъмири асосӣ, азнавсозӣ, азнавxиҳозонӣ ва ғайра), ки дар натиxаи он  арзиши  молу мулки ба ҳар кадоме аз зану шавҳар тааллуқдошта хеле афзудааст, агар  дар  аҳдномаи байни онҳо тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
 
Моддаи 38.  Тақсими  молу мулке,  ки   моликияти  муштараки зану шавҳар мебошад
1. Тақсими молу мулке, ки моликияти муштараки  зану шавҳар мебошад, чӣ дар давоми  заношeӣ ва чӣ баъди талоқ, бо талаби ҳар кадоме аз онҳо, инчунин дар ҳолати аз  xониби  қарздиҳанда  талаб кардани тақсими моликияти умумии зану шавҳар барои ситонидани маблағи қарз  аз саҳми зан ё шавҳар дар моликияти умумӣ сурат гирифта метавонад. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
2. Дар сурати тақсими молу мулки умумии зану шавҳар дар давраи заношeӣ  он қисми молу мулки умумие, ки тақсим  нашуда буд, инчунин  молу мулке, ки зану шавҳар дар давраи ақди никоҳ xамъ кардаанд, моликияти умумии  онҳоро ташкил медиҳад. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
3. Молу мулки умумии зану шавҳар метавонад  бо созишномаи зану шавҳар дар байни онҳо тақсим карда шавад. Дар ҳолати ба миён омадани баҳс вобаста ба тақсими молу мулки муштараки  зану шавҳар, инчунин муайян намудани саҳми зану шавҳар дар ин молу мулки  он ба тартиби судӣ ҳал карда мешавад. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
4. Зану шавҳар ҳуқуқ доранд, ки тақсими пасандоз, саҳмия, ҳисса  ва саҳми дар сармояи муассисаи кредитӣ ё ташкилотҳои дигари тиxоратӣ ва ғайритиxоратӣ  ба номи яке аз онҳо гузоштаашонро талаб намоянд, агар ин пардохтҳо моликияти муштараки онҳо бошанд. 
5. Пасандозҳое, ки зану шавҳар аз ҳисоби молу мулки умумиашон ба номи фарзандони ноболиғи худ гузоштаанд,  молу мулки мутааллиқ ба фарзандон дониста шуда, ҳангоми тақсими молу мулки, ки моликияти муштараки зану шавҳар мебошад, ба инобат гирифта намешаванд. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
6. Нисбати талаби зану шавҳари xудошуда дар хусуси тақсими молу мулки муштараки онҳо, ки онҳо дар давраи заношeӣ xамъ овардаанд, мeҳлати сесолаи даъво истифода мешавад. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
 
Моддаи 39.  Муайян намудани ҳисса ҳангоми тақсими молу мулке,  ки  моликияти  муштараки   зану  шавҳар мебошад
1. Ҳангоми  тақсими молу мулке, ки дар моликияти муштараки зану шавҳар мебошад ва муайян намудани ҳиссаи зану шавҳар дар ин амал ҳиссаи онҳо баробар дониста мешавад, агар аҳдномаи никоҳ тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
2. Суд метавонад ҳиссаи зан ё шавҳарро дар молу мулки умумиашон бо дарназардошти  манфиати фарзандони ноболиғ, инчунин фарзандони болиғи корношоями эҳтиёҷманд ё манфиати қобили таваxxeҳи зан ё шавҳар, зиёд кунад. Ҳиссаи зан ё шавҳар бо назардошти корношоямии  онҳо, инчунин агар яке аз онҳо бо сабабҳои узрнок даромад нагирифта бошад ё молу мулки умумиро бар зарари манфиати оила сарф карда бошад, инчунин дар сурати xой доштани ҳолатҳои дигари қобили таваxxeҳ мумкин аст зиёд карда шавад. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710), (ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1365)
3. Ҳангоми тақсими молу мулки умумии зану шавҳар суд бо талаби онҳо муайян менамояд, ки кадом ашё бояд ба  кадоме аз онҳо дода шавад. Агар ба зан ё шавҳар ашёе дода шавад, ки арзиши он аз ҳиссаи барои e муайяншуда зиёд бошад, барои ҳамсари e метавонад xубронпулӣ ё xуброни дигар муқаррар карда шавад. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
4. Қарзи умумии зану шавҳар ҳангоми тақсими молу мулки умумӣ дар байни зану шавҳар баробар ба ҳиссаи ба ҳар яки онҳо муқарраршуда тақсим карда мешавад.
5. Ашёе, ки махсус барои қонеъ гардонидани талаботи фарзандони ноболиғ харида шудаанд (либос, пойафзол, лавозимоти мактаб ва варзиш, асбобҳои мусиқӣ, китобҳои кeдакона ва ғайра)  ба ихтиёри зан ё шавҳар, ки фарзандон бо e зиндагӣ мекунанд, бе xуброн гузошта мешаванд.
 
Б О Б И   8
АҲДНОМАИ  НИКОҲ
 
Моддаи 40. Аҳдномаи  никоҳ
Аҳдномаи  никоҳ- созишномаи шахсоне мебошад, ки  никоҳ мекунанд ё созишномаи зану шавҳар аст, ки ҳуқуқи молу мулки ва eҳдадориҳои онҳоро дар  давраи заношeӣ ва (ё) дар ҳолатҳои бекор кардани он муайян менамояд. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
 
Моддаи 41.  Бастани аҳдномаи  никоҳ
1. Аҳдномаи  никоҳ метавонад ҳам то бақайдгирии давлатии ақди никоҳ ва ҳам дар ҳар вақти давраи заношeӣ баста  шавад.
Аҳдномаи  никоҳ, ки то бақайдгирии давлатии ақди никоҳ баста шудааст, аз рeзи бақайдгирии давлатии ақди никоҳ эътибор пайдо мекунад.
2.  Бастани аҳдномаи никоҳе, ки яке аз тарафҳои никоҳшаванда шаҳрванди хориҷи ё шахси бешаҳрванд мебошад, ҳатми буда, он бояд то ба қайд гирифтани ақди никоҳ баста шавад. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710).
3. Аҳдномаи  никоҳ дар шакли хаттӣ баста шуда, бояд аз xониби нотариус тасдиқ карда шавад. Риоя накардани ин расмиёт боиси беэътибор донистани аҳднома мегардад.
 
Моддаи 42. Мундариxаи аҳдномаи  никоҳ
1. Зану шавҳар ҳуқуқ доранд, ки бо аҳдномаи никоҳ низоми моликияти муштараки ба молу мулки умумӣ муқаррарнамудаи қонунро (моддаи 34 Кодекси мазкур) тағйир дода, низоми моликияти саҳмиро ба тамоми молу мулки дар давоми ақди никоҳ xамъовардаашон ё ба намудҳои алоҳидаи он ё  худ ҳама гуна низоми молу мулки умумиашонро, ки ба ҳар яки онҳо тааллуқ дорад, муқаррар намоянд. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
Аҳдномаи  никоҳ метавонад ҳам нисбати молу мулки мавxуда ва ҳам нисбати  молу мулки ояндаи зану шавҳар баста шавад. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
Зану шавҳар ҳуқуқ доранд, ки дар аҳдномаи никоҳ ҳуқуқу eҳдадориҳои худро дар мавриди таъминоти якдигар; тариқи иштирокро дар даромади ҳамдигар; тартиби хароxоти оиларо аз xониби ҳар кадоми онҳо; хароҷоти тарафайни ҷашну маросимҳои оилави ва молу мулкеро муайян намоянд, ки дар сурати  бекор кардани ақди никоҳ ба ихтиёри ҳар кадоми онҳо гузошта мешавад, инчунин ҳама гуна муқаррароти дигари марбут ба муносибатҳои молу мулкиашонро дохил намоянд. (ҚҶТ аз 20.03.08с, №382), (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
2. Ҳуқуқ ва eҳдадориҳои пешбининамудаи аҳднома метавонад бо мeҳлатҳои муайян маҳдуд карда шавад ё бо шарти фаро расидан ё фаро нарасидани шароити алоҳида вобаста карда шавад.
3. Аҳдномаи  никоҳ наметавонад қобилияти ҳуқуқӣ ё молу мулкии зану шавҳар; ҳуқуқи онҳоро барои муроxиат ба суд xиҳати ҳифзи ҳуқуқҳояшон; танзими муносибатҳои шахсии ғайримолумулкии  байни зану шавҳар; ҳуқуқу eҳдадориҳои шахсии зану шавҳарро нисбати фарзандон маҳдуд кунад; муқарраротеро  пешбинӣ намояд, ки ҳуқуқи ҳамсари корношоями эҳтиёxмандро ба таъминот маҳдуд кунанд ва шартҳои дигаре дошта бошад, ки зан ё шавҳарро дар ҳолати ниҳоят ногувор гузоранд ё хилофи асосҳои умумӣ ва мазмуну мeҳтавои қонунҳои оила бошанд. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
4. Дар аҳдномаи никоҳе, ки яке аз тарафҳои  никоҳшаванда шаҳрванди хориҷи ё шахси бешаҳрванд мебошад, бояд шартҳои зерин ба таври ҳатми пешбини карда шаванд:
- муносибатҳои молумулкии тарафҳо, ҳуқуқу ўҳдадориҳои онҳо  оид ба молу мулк;
- ўҳдадориҳои тарафҳо вобаста ба таъмини фарзандон;
- бо манзили истиқоматии шахси таъмин намудани ҳамсар ва фарзандон;
- нигоҳубини ҳамсари корношоями эҳтиёҷманд.  (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
Моддаи 43.  Тағйир додан ё бекор кардани аҳдномаи  никоҳ
1. Аҳдномаи  никоҳро дар ҳар давра бо мувофиқаи зану шавҳар тағйир додан ва ё бекор кардан мумкин аст. Созишнома дар бораи тағйир додан ё  бекор кардани аҳдномаи  никоҳ дар ҳамон шакле, ки аҳдномаи  никоҳ баста мешавад, ба имзо мерасад. (ҚҶТ 24.02.2017, №1395)
Ба якxониба рад намудани иxрои аҳдномаи  никоҳ иxозат дода намешавад.
2. Бо талаби зан ё шавҳар аҳдномаи  никоҳ бо ҳалномаи суд тибқи асос ва тартиби муқаррарнамудаи Кодекси граждании Xумҳурии Тоxикистон тағйир дода ё бекор карда шуданаш мумкин аст.
3. Амали аҳдномаи  никоҳ аз лаҳзаи  қатъ кардани ақди никоҳ (моддаи 25 ҳамин Кодекс) ба ғайр аз ҳолатҳое, ки  дар аҳдномаи  никоҳ барои давраи баъди қатъи ақди никоҳ пешбинӣ шудааст, қатъ мегардад.
4.  Шартҳои аҳдномаи никоҳеро, ки дар қисми 4 моддаи 42 ҳамин Кодекс пешбини шудаанд, тағйир додан манъ аст.  (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710).
 
Моддаи 44. Беэътибор донистани  аҳдномаи   никоҳ
1. Аҳдномаи никоҳ бо асосҳое, ки дар Кодекси граждании Xумҳурии Тоxикистон барои беэътибории аҳдҳо пешбинӣ гардидаанд, аз тарафи суд пурра ё қисман беэътибор дониста  мешавад. (ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1365)
2. Аҳдномаи  никоҳ дар сурати вайрон кардани талаботи қисми 3 моддаи 42 ҳамин Кодекс дар асоси даъвои зану шавҳар (яке аз онҳо), агар шартҳои аҳднома ин ҳамсарро дар вазъияти ниҳоят ногувор гузорад, инчунин дар асоси даъвои  қарздиҳандагон ҳангоми вайрон кардани талаботи моддаи 47  Кодекси мазкур метавонад аз тарафи суд пурра ё қисман беэътибор дониста шавад.
 
Моддаи 45. Шартномаҳои дигар доир ба  молу мулк
Зану шавҳар, инчунин дигар аъзои болиғи оила ҳуқуқ доранд байни худ шартномаи ҳадя, хариду фурeш ва ҳама гуна шартномаҳои дигаре банданд, ки хилофи қонун нестанд. Муносибатҳое, ки дар асоси ин гуна шартномаҳо байни зану шавҳар ва аъзоёни дигари оила  ба миён меоянд, тавассути  қонунгузориии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегарданд. (ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1365)
 
БОБИ  9
МАСЪУЛИЯТИ ЗАНУ ШАВҲАР АЗ РEИ EҲДАДОРИҲО
 
Моддаи 46. Ситонидани маблағ  аз  молу мулки зану  шавҳар
1. Аз рeи eҳдадориҳои яке аз ҳамсарон  маблағ танҳо аз молу мулки ё зан ё шавҳар ситонида мешавад. Дар сурати нокифоя будани ин молу мулк кредитор ҳақ дорад xиҳати ситонидани қарз  xудо кардани ҳиссаи зан ё шавҳари қарздорро аз  молу мулки  умумии онҳо  талаб кунад. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
2. Ситонидани  маблағ аз молу мулки умумии зану шавҳар аз рeи  eҳдадориҳои умумии зану шавҳар,  инчунин он аз рeи eҳдадориҳои яке аз онҳо сурат  мегирад, агар суд муқаррар намояд, ки ҳамаи чизҳои мувофиқи eҳдадорӣ гирифтаи зан ё шавҳар барои эҳтиёxоти оила масраф шудаанд (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710).
3. Агар бо ҳукми суд муқаррар гардад, ки молу мулки умумии зану шавҳар аз ҳисоби маблағи бо роҳи ҷиноят бадастовардаи зан ё шавҳар харида шудааст ё афзун гардидааст, маблағ мувофиқан аз молу мулки умумии зану шавҳар ё як қисми он ситонида мешавад. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710), (ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1365)
4. Масъулияти зану шавҳар барои зараре, ки  фарзандони ноболиғашон расонидаанд, тавассути  қонунгузориии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
 
Моддаи 47.  Кафолати ҳуқуқи кредиторон ҳангоми бастан, тағйир додан ва бекор кардани аҳдномаи никоҳ
1. Ҳамсар ўҳдадор аст, ки кредитори (кредиторони) худро дар хусуси бастан, тағйир додан ё бекор кардани аҳдномаи никоҳ огоҳ созад. Дар сурати иҷро накардани ин ўҳдадори, ҳамсар аз рўи ўҳдадориҳои худ, новобаста ба мўҳтавои аҳдномаи никоҳ, масъул мебошад.
2. Кредитори (кредиторони) ҳамсари қарздор ҳуқуқ дорад бинобар моҳиятан тағйир ёфтани вазъият бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир додани шартҳо ё бекор кардани аҳдномаи никоҳи байни ҳамсарон басташударо талаб намояд. (ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1365)
 
Ф А С Л И  IV
ҲУҚУҚ ВА EҲДАДОРИҲОИ  ПАДАРУ МОДАР ВА ФАРЗАНДОН
 
БОБИ 10
МУҚАРРАР НАМУДАНИ АСЛУ НАСАБИ ФАРЗАНДОН
 
Моддаи 48. Асосҳои  ба  миён  омадани   ҳуқуқу  eҳдадориҳои падару модар ва фарзандон
Ҳуқуқу eҳдадориҳои падару модар ва фарзандон ба аслу насаби фарзандон, ки мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун тасдиқ шудааст, асос меёбанд.
 
Моддаи 49. Муқаррар намудани аслу  насаби кeдак
1. Аслу насаби кeдакро аз модар (модарӣ) мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар асоси асноди тасдиқкунандаи зодани кeдакро дар муассисаи тиббӣ таваллуд кардани модар ва дар сурати берун аз муассисаи тиббӣ таваллуд ёфтани кeдак бошад, дар асоси асноди тиббӣ, гувоҳии шоҳидон ва далелҳои дигар муқаррар менамояд.
2. Агар кeдак аз шахсоне, ки бо ҳам ақди никоҳи дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрванди ба қайд гирифташуда доранд, инчунин дар давоми сесад рeзи пас аз қатъи ақди никоҳ ё беэътибор донистани ақди никоҳ ё вафоти шавҳари модараш таваллуд ёфта бошад, падари кeдак шавҳари (шавҳари собиқи) модар эътироф мегардад, ба шарте, ки акси он исбот нашуда бошад (моддаи 53 ҳамин Кодекс). (ҚҶТ аз 26.12.11с.№791)
3. Агар модар арз кунад, ки падари кeдак  шавҳари (шавҳари собиқи) e нест, падари кeдак мувофиқи қоидаҳои муқаррар намудаи кисми 4 моддаи мазкур ё моддаи 50 ҳамин Кодекс муқаррар карда мешавад.
4. Падар будани  шахсе, ки бо модари кeдак ақди никоҳ надорад, бо роҳи аз xониби падару модари кeдак ба мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ додани ариза; дар сурати фавти модар, ғайри қобили амал эътироф гардидани e, имконнопазирии муайян намудани маҳали буду боши модар ё аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум  шудани e бошад,  дар асоси аризаи падари кудак, бо мувофиқаи мақоми васояту парасторӣ ва ҳангоми набудани чунин аҳднома бо ҳалномаи суд  муқаррар  карда  мешавад.
Ҳангоми мавxуд будани ҳолатҳое, ки асос медиҳанд чунин тахмин карда шавад, ки додани аризаи муштарак дар бораи муқаррар намудани падарӣ пас аз таваллуди кeдак ғайриимкон  ё мушкил мебошад, падару модари кeдаки оянда, ки ақди никоҳ надоранд, ҳақ доранд ҳангоми ҳомиладории модар ба мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ  бо чунин ариза муроxиат кунанд. Сабти падару модар баъди таваллуди кeдак сурат мегирад.
5. Муқаррар намудани падари шахси ба синни балоғат расида танҳо бо розигии e ва агар ин шахс ғайри қобили амал дониста шавад, бо розигии васӣ ё мақоми васояту парастории e мумкин аст.
 
Моддаи 50.  Ба тартиби судӣ муқаррар намудани падарӣ
1. Дар сурати аз падару модари ақди никоҳнадошта таваллуд ёфтани кeдак ва набудани аризаи муштараки падару модар ё аризаи падари кeдак, аслу насаби кeдак аз шахси мушаххас (падар) дар асоси  аризаи яке аз падару модар ё васии (парастори) кeдак, аризаи шасхе, ки кeдак дар таъминоташ мебошад, инчунин ҳангоми ба балоғат расидан дар асоси аризаи худи кeдак  ба тариқи судӣ муқаррар карда мешавад.
2. Ҳангоми муқаррар намудани падарӣ суд зиндагӣ ва пешбурди хоxагии якxоя бо модари кeдак ё тарбияи муштарак ё  таъмини кeдак ё далелҳои дигари боэътимодеро, ки аз xониби шахси  мушаххас таваллуд шудани кeдак, далелҳои саҳеҳ тасдиқкунандаи аз xониби xавобгар эътироф гардидани падариро собит месозад, ба назар мегирад.
 
Моддаи 51.  Аз xониби суд муқаррар намудани далели  эътирофи падарӣ
Дар ҳолати фавти шахсе, ки худро падари кeдак эътироф мекард, вале бо модари кeдак ақди никоҳ надошт, далели падар  эътироф  шудани e метавонад аз рeи қоидаҳои муқаррарнамудаи қонунгузориии  мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тартиби судӣ муқаррар карда шавад. (ҚҶТ аз 24.02.2017,№395)
 
Моддаи 52.   Хориҷ карда шуд (Қ ҶТ аз 29.04.2006с, №183)
 
Моддаи 53.  Баҳси муайянкунии падарӣ  (модарӣ)
1. Сабти падару модар дар дафтари сабти таваллуди кeдак, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрванди»  сурат гирифтааст, собиткунандаи аслу насаби кeдак аз шахсони дар он зикргардида  буда он  танҳо ба  тартиби судӣ бо талаби шахси ҳамчун падар ё модари кeдак сабтёфта ё шахсе, ки воқеан падар ё модари кeдак мебошад, инчунин аз xониби васии падару модари қудак, инчунин худи кeдак ҳангоми расидан ба синни балоғат, васии падар ё модари аз тарафи суд ғайри қобили амал эътирофгардида мавриди баҳс қарор гирифта метавонад.
 2.  Талаби шахсе, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрванди» падари кeдак сабт шудааст, дар мавриди баҳси падарӣ қонеъ гардонида намешавад, агар дар лаҳзаи сабт ин шахс  медонист, ки e воқеан падари кeдак  намебошад. (Қ ҶТ аз 29.04.2006с, №183)
3. Шахсе, ки ба сифати падар ё модари  кeдак  сабт шудааст, ё шахсе, ки воқеан падари кeдак аст, дар сурати фавти модар ё аз ҳуқуқи падару модар маҳрум кардани e ҳуқуқ дорад дар давоми як сол аз он вақте, ки ба e  сабти гузаронидашуда маълум гардидаст ё мебоист маълум гардад, баҳс  кунад. Агар то ин  муддат шахси падар ё модар сабтгардида шахси ноболиғ  ҳисоб шавад, мeҳлати як сол  аз рeзи ба синни ҳаждаҳсолагӣ расидани e ба ҳисоб гирифта мешавад.
 
Моддаи 54.  Ҳуқуқу eҳдадориҳои фарзандоне, ки аз шахсони бо ҳам никоҳ надошта таваллуд ёфтаанд
Агар муқаррар намудани ҳуқуқи падари мувофиқи тартиби пешбининамудаи моддаҳои 50 ва 51 Кодекси мазкур сурат гирифта бошад, фарзандон нисбат ба падару модар ва хешу ақрабояшон дорои ҳуқуқу ўҳдадориҳое мебошанд, ки кўдакони аз шахсони бо ҳам ақди никоҳбаста доранд. (ҚҶТ аз 26.12.11с.№791)
 
БОБИ  11
ҲУҚУҚИ  КEДАКОНИ НОБОЛИҒ
 
Моддаи 55.  Ҳуқуқи кeдак  барои зиндагӣ  ва тарбия дар оила
1. Кeдак шахсе эътироф карда мешавад, ки ба синни ҳаждаҳсолагӣ (ба синни балоғат) нарасидааст.
2. Ҳар кeдак  ҳуқуқ дорад, ки дар оила зиндагӣ  кунад ва тарбия гирад. Кeдак ба ғамхории падару модар, таъмини манфиатҳояш, рушду такомули ҳамаxониба, эҳтироми шаъни инсонии худ ҳуқуқ дорад.
Дар сурати набудани падару модар, аз  ҳуқуқи падару модар маҳрум кардани онҳо ва дар ҳолатҳои дигари аз даст додани васояти падару модар, ҳуқуқи кeдак барои тарбия дар оила мувофиқи  тартиби муқаррарнамудаи боби 18 ҳамин Кодекс  аз xониби мақомоти васояту парасторӣ  таъмин карда   мешавад.
 
Моддаи 56.  Ҳуқуқи кeдак барои муошират бо падару модар ва дигар хешу ақрабо
1. Кeдак ҳуқуқи муоширатро  бо падару модар, бобо, бибӣ (модаркалон), бародарону хоҳарон ва дигар хешу ақрабо дорад. Бекор кардани ақди никоҳ аз xониби падару модар, беэътибор донистани он ё зиндагии xудогонаи  падару модар ба ҳуқуқи кeдак таъсир намерасонад.
Дар сурати xудо зиндагӣ кардани падару модар кeдак ҳуқуқ дорад, ки бо ҳар кадоми онҳо муошират кунад. Кeдак инчунин ҳуқуқ дорад  дар сурати дар давлатҳои  мухталиф зиндагӣ кардани падару модар ва баъди бекор кардани ақди никоҳ низ бо онҳо муошират кунад.
2. Фарзанде, ки дар ҳолати фавқулодда қарор дорад (ҳангоми  дастгир кардан,  ба ҳабс гирифтан,  дар маҳбас нигоҳ доштан,  дар муассисаи тиббӣ будан ва ғайра) мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун барои муошират  бо падару модар ва дигар хешу ақрабои худ ҳуқуқ дорад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.№791)
 
Моддаи 57.  Ҳуқуқи кeдак ба ҳимоя
1. Кeдак ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии худ ҳуқуқ дорад.
Ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кeдакро падару модар (шахсоне, ки онҳоро  иваз мекунанд) ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс, мақомоти васояту парасторӣ,  прокурор ва суд ҳимоя мекунанд.
2. Кeдак ҳуқуқ дорад аз сeиистифодаи падару модар (шахсони ивазкунандаи онҳо) ҳифз карда шавад.
Ҳангоми вайрон кардани  ҳуқуқ ва манфиатҳои  қонунии кeдак, аз ҷумла иҷро накардан ё ба таври номатлуб иҷро намудани eҳдадориҳо аз  xониби падару модар (яке аз онҳо) оид ба тарбияю таълими кeдак ё суиистифода  аз ҳуқуқҳои падару модарӣ кeдак ҳуқуқ  дорад ба мақоми васоят ва парасторӣ ва пас аз расидан ба синни чордаҳсолагӣ xиҳати ҳимоя аз  xониби онҳо ба суд муроxиат кунад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.№791)
3. Шахсони мансабдори ташкилотҳо ва дигар шаҳрвандоне, ки аз  таҳдид ба ҳаёт ё саломатии кeдак ё поймол гардидани ҳуқуқу манфиатҳои кeдак дар оила огоҳӣ пайдо мекунанд, вазифадоранд дар ин хусус ба мақоми васояту парастори маҳали воқеии истиқомати кeдак маълумот диҳанд. Ҳангоми гирифтани чунин маълумот мақоми васояту парасторӣ вазифадор аст барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кeдак чораҳои зарурӣ андешад.
Мақоми васояту парасторӣ  ҳуқуқ доранд, дар ҳолатҳои зарурӣ бо xалби намояндагони мақомоти корҳои дохили ба оилаҳое, ки дар онҳо зиндагӣ кардани кeдакон ба ҳаёту саломатии онҳо хатарнок аст,  бемонеа ворид шаванд. (ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1365)
 
Моддаи 571. Ҳуқуқи кўдак барои  озодона  изҳор  намудани фикри худ
1. Кўдак ҳуқуқ дорад дар ҳалли ҳама гунна масъалаҳои оилави, ки ба манфиатҳои ў дахл доранд, фикри худро озодона изҳор намояд, ҳамчунин дар рафти мурофиаҳои суди ва маъмури иштирок кунад. Ба инобат гирифтани фикри кўдаки аз сини даҳсола боло ҳатми мебошад. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур мақомоти васоят ва парастори ё суд метавонанд танҳо бо ризоияти кўдаки аз синни даҳсола боло қарор қабул намояд. (Қ ҶТ аз 29.04.2006с, №183)
2. Муассисаҳои таълимии томактаби ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти умуми, мақомоти давлати, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъияти ва падару модар бояд барои озодона изҳор намудани фикри кўдак дар ҷомеа ва оила шароит фароҳам оваранд. (ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1365)
Моддаи 58. Ҳуқуқи кўдак ба доштани насаб, ном ва номи падар
   1. Кўдак ба доштани насаб, ном ва номи падар ҳуқуқ дорад.
2. Тартиби номгузори ва сабти насаб, ном ва номи падари кўдак дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрванди» амали мегардад. (ҚҶТ аз 23.11.2015 сол №1239)
 
Моддаи 59.  Хориҷ карда шуд (Қ ҶТ аз 29.04.2006с, №183)
 
Моддаи 60. Ҳуқуқи  молу мулкии кeдак
1. Кeдак  мувофиқи тартиб ва андозаи  муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс аз падару модари худ ва аъзои дигари оила ба гирифтани таъминот ҳуқуқ дорад.
2.  Кeдак ба даромади бадастоварда, молу мулки ҳадя ё   меросгирифта ва ҳама гуна молу мулки дигаре, ки тибқи қонун ба e тааллуқ дорад, дорои ҳуқуқи моликият мебошад. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710).
Ҳуқуқи кeдак барои ихтиёрдории  молу мулки таҳти моликияташ қарордошта тибқи меъёрҳои  дахлдори қонунгузории граждании  Xумҳурии Тоxикистон муайян карда мешавад.
Дар сурати ваколати идоракунии молу мулки кeдакони ноболиғро анxом додани падару модар нисбат ба  онҳо қоидаҳое татбиқ мегарданд, ки дар қонунҳои гражданӣ дар мавриди ихтиёрдории молу мулки шахси таҳти парасторӣ  гирифташуда пешбинӣ шудаанд. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710).
3. Ҳангоми дар қайди ҳаёт будани падару модар, кeдак ҳуқуқи моликият ба молу мулки онҳо ва падар ё модар ҳуқуқи моликият ба молу мулки кeдакро надоранд. Фарзандон ва падару модар, ки якxоя зиндагӣ мекунанд, молу мулки ҳамдигарро бо мувофиқаи муштарак соҳибӣ мекунанд ва истифода мебаранд. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710).
4. Дар сурати ба миён омадани ҳуқуқи моликияти умумии падару модар ва кeдак ҳуқуқи онҳо дар мавриди соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдории молу мулки умумӣ  тибқи  қонунгузориии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710).
 
БОБИ  12
ҲУҚУҚ ВА  EҲДАДОРИҲОИ ПАДАРУ МОДАР
 
Моддаи 61.  Баробарии ҳуқуқу eҳдадориҳои падару модар
1. Падару модар нисбати фарзандонашон ҳуқуқу eҳдадориҳои баробар доранд (ҳуқуқи падару модар).
2. Ҳуқуқҳои падару модар, ки дар ҳамин боб пешбинӣ шудааст, ҳангоми ба синни ҳаждаҳсолагӣ (синни балоғат) расидани кeдакон,  инчунин ҳангоми ақди никоҳ бастани  кeдакони ноболиғ ва дигар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонун дар мавриди аз xониби кeдакон  то ба синни балоғат расиданашон ба даст овардани қобилияти пурраи амал,  қатъ мегардад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.№791)
 
Моддаи 62.  Ҳуқуқи падару модари ноболиғ
1. Падару модари ноболиғ ҳуқуқ доранд бо кeдак мустақилона зиндагӣ кунанд ва дар тарбияи e иштирок намоянд.
2. Падару модари ноболиғ, ки ақди никоҳ набастаанд, дар сурати таваллуд шудани кeдак ҳақ доранд пас аз расидан ба синни ҳабдаҳсолагӣ мустақилона ҳуқуқи падару модарии худро татбиқ намоянд. То ба синни ҳабдаҳсолагӣ расидани падару модари ноболиғ ба кeдак васӣ таъин шуданаш мумкин аст, ки якxоя бо падару модари ноболиғ тарбияи кeдакро анxом медиҳад. Ихтилофе, ки байни васии кeдак ва падару модари ноболиғ ба миён меоянд, аз xониби мақоми васояту парасторӣ ҳал карда мешаванд. (Ин меъёр аз 1 январи соли 2011 мавриди амал қарор мегирад). (Қ ҶТ аз 21.07.10с, №613)
3.Падару модари ноболиғ ҳуқуқ доранд бо асосҳои умуми барои эътироф намудани падари ва модарии худ баҳс намоянд, инчунин то расидан ба синни ҳабдаҳ онҳо ба тартиби муқаррарнамудаи суди ҳуқуқи талаби муқаррар намудани падари ва модариро нисбати фарзандонашон доранд. (Ин меъёр аз 1 январи соли 2011 мавриди амал қарор мегирад). (Қ ҶТ аз 21.07.10с, №613)
 
Моддаи 63. Ҳуқуқу eҳдадориҳои падару модар дар  тарбия ва таълими фарзандон
1. Падару модар барои тарбияи фарзандони худ дорои ҳуқуқу eҳдадорӣ мебошанд.
Падару модар барои тарбия ва рушду камоли фарзандонашон масъулият дошта, вазифадоранд, ки дар бораи саломатӣ, такомули xисмонӣ, рeҳӣ, маънавӣ ва ахлоқӣ, таълим, касбомeзии фарзандонашон ғамхорӣ  намоянд.
Падару модар дар тарбияи фарзандони худ нисбат ба ҳамаи шахсони дигар ҳуқуқи афзалиятнок доранд.
2. Падару модар вазифадоранд, ки барои гирифтани таҳсилоти умумии асосӣ,  ба фарзандонашон имконият фароҳам оваранд.
Падару модар ҳуқуқ доранд, ки бо назардошти фикру хоҳиши фарзандонашон муассисаҳои таълимӣ ва шаклҳои таҳсили онҳоро то давраи аз xониби онҳо гирифтани маълумоти  умумии асосӣ  интихоб намоянд. (Қ ҶТ аз 29.04.2006с, №183)
3. Падару модар дар таълиму тарбияи фарзандони худ дорои дигар ҳуқуқу ўҳдадори ва масъулияте мебошанд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд. (ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1365)
 
Моддаи 64. Ҳуқуқу eҳдадориҳои  падару модар   ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои фарзандон
         1. Ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кeдакони ноболиғ ба зиммаи падару модари онҳо гузошта мешавад.
Падару модар намояндагони қонунии фарзандони худ буда, ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро дар муносибат бо мақомоти давлати, суди, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони воқеи ва ҳуқуқи, бе ваколатҳои махсус ҳимоя менамоянд. (ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1365)
2. Падару модар наметавонанд аз ҳуқуқи фарзандони худ намояндагӣ кунанд, агар мақоми васоят ва парасторӣ муқаррар  карда бошад, ки байни манфиатҳои падару модар ва фарзандон ихтилоф вуxуд дорад. Дар сурати ихтилофот байни падар ё модар ва кeдакон мақоми васоят ва парасторӣ  вазифадоранд xиҳати ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои  кeдакон намоянда таъин кунанд.
 
Моддаи 65. Татбиқи ҳуқуқу eҳдадориҳои  падару модар
1. Ҳуқуқу eҳдадориҳои падару модар набояд бар хилофи манфиатҳои фарзандон татбиқ шаванд. Таъмини манфиатҳои фарзандон бояд мавзeи асосии ғамхории падару модар бошад.
2. Ҳангоми истифодаи ҳуқуқи падару модар он набояд ба саломатии xисмонию рeҳии кeдак ва такомули маънавии e зарар расонанд. Усулҳои тарбияи кeдакон бояд ба муомилаи бераҳмона, дағалона ва пасткунандаи шаъни инсонии кeдак ё суиистифода ва истисмори  кeдакро аз xониби падару модар истисно кунанд.
Падару модаре, ки ҳуқуқу eҳдадориҳои худро бар зарари ҳуқуқу манфиатҳои кeдак татбиқ менамоянд,  мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ба xавобгарӣ кашида мешаванд.
3. Тамоми масъалаҳои марбут ба тарбияи фарзандонро падару модар бо ризоияти  ҳамдигар  ва бо назардошти манфиати кeдакон ва фикру ақидаи онҳо ҳал менамоянд. Дар сурати xой доштани ихтилофот, падару модар (яке аз онҳо) барои ҳалли ин ихтилофотхо метавонанд ба мақоми васояту парасторӣ ё суд муроxиат кунанд.
4. Xои истиқомати кeдак дар сурати xудо зиндагӣ кардани падару модар бо мувофиқаи байни онҳо муқаррар карда мешавад. Дар сурати набудани мувофиқа, баҳси падару модарро суд дар асоси манфиати кeдакон ва бо назардошти фикру хоҳиши онҳо ҳал менамояд. Зимнан суд дилбастагии (меҳри) кeдакро нисбат ба падар ё модар, бародару хоҳарон, синну соли кeдак, сифати маънавӣ ва дигар сифатҳои хосаи падару модар, муносибате, ки байни падар ва модар ва кeдак мавxуд аст, имконоти ба кeдак фароҳам овардани шароити тарбия ва рушду камоли он ( навъи фаъолият, низоми кори падару модар, вазъи моддӣ ва оилавии падару модар ва ғайраро) ба инобат мегирад.
 
Моддаи 66. Татбиқи ҳуқуқу eҳдадориҳои падару модар аз xониби падар ё модаре, ки аз  фарзандаш xудо зиндагӣ мекунад
1. Падар ё модаре, ки аз фарзанд xудо зиндагӣ мекунад, барои муошират бо кeдак ҳуқуқ дорад ва вазифадор аст дар тарбияи e ва ҳалли масъалаи гирифтани таҳсилоти  кeдак иштирок намояд.
Падар ё модаре, ки фарзанд бо e зиндагӣ мекунад, набояд монеи муоширати фарзанд бо падар ё модар бошад. (Қ ҶТ аз 29.04.2006с, №183)
2. Падару модар метавонанд дар хусуси тартиби татбиқи ҳуқуқу eҳдадориҳои худ аз xониби падар ё модаре, ки xудо зиндагӣ мекунад, созишномаи хаттӣ банданд.  
Агар падару модар мувофиқа карда натавонанд, баҳсро суд бо талаби падару модар (яке аз онҳо), бо иштироки мақоми васояту парасторӣ,  ҳал менамояд.
3. Дар сурати иxро накардани ҳалномаи суд, нисбати падар ё модари гунаҳкор чораҳои пешбининамудаи қонунгузориии  мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мешаванд. Ҳангоми қасдан иxро накардани ҳалномаи суд, бо дарназардошти манфиати кeдак ва фикру  хоҳиши e, суд метавонад бо талаби падар ё модаре, ки xудо зиндагӣ мекунад, дар хусуси ба e додани  кeдак  ҳалнома  қабул намояд. (ҚҶТ аз 24.02.2017,№395)
4.  Падар ё модаре, ки аз кeдак xудо зиндагӣ мекунад, ҳуқуқ дорад аз муассисаҳои тарбиявӣ, табобатӣ ва ғайра дар хусуси фарзанди худ маълумот гирад. Ин гуна маълумот он гоҳ дода намешавад, ки ба ҳаёт ва саломатии кeдак аз тарафи падар (модар) таҳдид  мавxуд бошад. Оид ба дода нашудани маълумот ба суд шикоят  кардан мумкин аст.
 
Моддаи 67.  Ҳуқуқи  бобо, бибӣ (модаркалон), бародарону хоҳарон ва  дигар хешовандон  барои   муошират бо кeдак
1. Бобою бибӣ (модаркалон), бародарону хоҳарон ва хешовандони  дигар  барои муошират  бо  кeдак ҳуқуқ доранд.
2. Дар сурате, ки  агар падару модар (яке аз онҳо) барои муоширати хешовандони наздик бобою бибӣ (модаркалон), бародару хоҳарон бо кeдак имконият надиҳанд, мақоми васояту парасторӣ метавонад падару модарро (яке аз онҳоро) вазифадор созанд, ки монеи ин муошират нашаванд.
3. Агар падару модар (яке аз онҳо) ба қарори  мақомоти васояту парасторӣ итоат  накунанд, бобою бибӣ (модаркалон), бародару хоҳарон ё мақомоти васояту парасторӣ метавонанд xиҳати рафъи монеаи муошират бо кeдак ба суд бо даъво муроxиат намоянд. Суд баҳсро бо назардошти  манфиати кeдак ва фикру хоҳиши e ҳал менамояд.
Дар сурати иxро накардани  ҳалномаи суд нисбати  падар ё модари гунаҳкор  чораҳои  пешбининамудаи қонунгузории мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ  мешаванд. (ҚҶТ аз 26.12.11с.№791)
 
Моддаи 68.  Ҳимояи ҳуқуқи падару модар
1. Падару модар ҳуқуқ доранд баргардонидани фарзандонашонро аз ҳар шахсе, ки  бе асоси қонунӣ ё ҳалномаи суд онҳоро дар наздаш нигоҳ медорад,  талаб намоянд. Дар сурати ба миён омадани  баҳс падару модар метавонанд барои ҳимояи ҳуқуқашон  ба суд муроxиат намоянд.
Ҳангоми баррасии ин талабот суд бо назардошти фикру хоҳиши кeдак  метавонад даъвои падару модарро қонеъ нагардонад, агар ба хулоса ояд, ки ба падару модар баргардонидани кeдак ба манфиати кeдак нест.
2. Агар суд муқаррар намояд, ки на падару модар ва на шахсоне, ки кeдак дар наздашон мебошад, ба тарбияи сазовори e қодир нестанд, он гоҳ суд кeдакро барои бо таълиму тарбия фаро гирифтан ба мақомоти васояту парастори медиҳад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.№791)
 
Моддаи 69. Маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ
1. Падару модар (яке аз онҳо) метавонанд аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум карда шаванд, агар онҳо:
- аз  иxрои eҳдадориҳои падару модарӣ, аз xумла додани алимент қасдан саркашӣ кунанд;
- бе сабабҳои узрнок аз таваллудхона (таваллудгоҳ) ё муассисаи дигари тиббӣ ё тарбиявӣ, муассисаи ҳифзи иxтимоии аҳолӣ ва ё дигар муассисаҳои монанди он  гирифтани фарзанди худро рад намоянд;
- аз ҳуқуқи  падару модарии худ  суиистифода намоянд;
- ба фарзандон муносибати бераҳмона кунанд, аз xумла нисбати онҳо зeроварии xисмонӣ ё рeҳиро раво бинанд, ба дахлнопазирии xинсии онҳо сeиқасд намоянд;
- майзада ё нашъаманди ашаддӣ бошанд;
- бар зидди ҳаёт ва саломатии фарзандони худ ё саломатии ҳамсари худ қасдан xиноят содир карда бошанд.
 
Моддаи 70.  Тартиби маҳрум кардан  аз ҳуқуқи  падару модарӣ
1. Маҳрум сохтан аз ҳуқуқи  падару модарӣ ба тартиби судӣ ба амал бароварда мешавад.
Парвандаи оид ба маҳрум кардан  аз ҳуқуқи падару модарӣ дар асоси аризаи яке аз падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда), прокурор, инчунин  мақомоту муассисаҳои давлатӣ, ки вазифаи ҳимояи ҳуқуқи кeдакони  ноболиғ ба зиммаашон гузошта шудааст (мақомоти васояту парасторӣ, муассисаҳо барои кeдакони ятим ва кeдакони  аз ғамхории  падару модар маҳруммонда ва ғайра), баррасӣ мегардад.
2. Парвандаҳои оид ба маҳрум  кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ бо иштироки прокурор ва мақомоти васояту парасторӣ баррасӣ мешаванд.
3. Ҳангоми баррасии парвандаҳо дар хусуси маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ суд масъалаи барои кeдак ситонидани алиментро аз падару модари (яке аз онҳо) аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрумгашта ҳал мекунад.
4. Агар суд ҳангоми баррасии парвандаи маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ дар амалҳои падару модар (яке аз онҳо) аломатҳои  кирдори сазовори xазои xиноятиро ошкор намояд, он гоҳ суд вазифадор аст, ки дар ин хусус  прокурорро огоҳ созад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.№791)
 
Моддаи 71. Оқибати маҳрум кардан аз  ҳуқуқи падару модарӣ
1. Падару модаре, ки аз ҳуқуқи падару модарӣ  маҳрум карда шудаанд аз тамоми ҳуқуқҳое, ки дар асоси далели хешӣ бо кeдак муайян шудаанд, аз xумла ҳуқуқи гирифтани таъминот (моддаи 88 ҳамин Кодекс аз кeдаке, ки нисбати вай аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум гардидаанд, инчунин аз ҳуқуқи  имтиёзоту ёрдампулиҳои давлат, ки барои шаҳрвандони фарзанддор муқаррар шудаанд, маҳрум мегарданд.
2. Маҳрум кардани падару модар аз ҳуқуқи падару модарӣ онҳоро аз вазифаи таъмин кардани фарзандашон озод намекунад.
3. Масъалаи  минбаъд якxоя зиндагӣ кардани фарзандон ва падару модарро (яке аз онҳоро), ки аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум шудаанд, суд мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои манзил ҳал мекунад.
4. Кeдаке, ки нисбати e падару модар (яке аз онҳо) аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум шудаанд, ҳуқуқи моликиятро ба манзили истиқоматӣ, ё ҳуқуқи истифодаи манзили истиқоматӣ, инчунин ҳуқуқи молу мулкии дар асоси  далели хешӣ бо падару модар ва хешовандони дигар муайяншуда, инчунин ҳуқуқи гирифтани меросро нигоҳ медорад. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
5. Дар сурати имконнопазирии ба падар ё модар додани кeдак ё дар сурати аз ҳуқуқи падару модар маҳрум шудани падару модар кeдак ба тарбияи мақомоти васояту парасторӣ супорида мешавад.
6. Ба фарзандхондӣ гирифтани кeдак дар сурати аз ҳуқуқи падару модари маҳрум кардани падару модар (яке аз онҳо) танҳо пас аз гузаштани мeҳлати на камтар аз шаш моҳ баъди баровардани ҳалномаи суд дар хусуси маҳрум кардани падару модар (яке аз онҳо) аз ҳуқуқи падару модарӣ  мумкин аст. (ҚҶТ аз 26.12.11с.№791)
 
Моддаи 72.  Барқарор намудани ҳуқуқи  падару модарӣ
1. Ҳуқуқи падару модарӣ (яке аз онҳо) дар сурате барқарор шуда метавонад, ки агар рафтору кирдор, тарзи зиндагӣ ва муносибати онҳо нисбат ба тарбияи кeдак ба тарафи мусбӣ тағйир ёфта бошад.
2. Ҳуқуқи падару модарӣ ба тартиби судӣ дар асоси аризаи падар ё модари аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрумгардида, бо иштироки мақомоти васояту парасторӣ, инчунин прокурор барқарор карда мешавад.
3. Ҳамзамон бо даъвои падару модар (яке аз онҳо)  дар хусуси барқарор намудани ҳуқуқи падару модарӣ мумкин аст талаби баргардонидани кeдак ба падару модар  баррасӣ карда шавад.
4. Суд метавонад бо назардошти фикри  кeдак даъвои падару модарро (яке аз онҳоро) барои барқароркунии ҳуқуқи падару модарӣ рад кунад, агар он хилофи манфиатҳои кeдак бошад.
Барқарор намудани ҳуқуқи падару модарӣ нисбати кeдаки ба синни даҳсолагӣ расида танҳо бо назардошти фикри e мумкин  аст.
Агар кeдак фарзандхонд шуда бошад ва фарзандхондӣ беэътибор дониста нашуда бошад (моддаи 140 ҳамин Кодекс) барқарор намудани ҳуқуқи  падару  модарӣ мумкин нест.
 
Моддаи 73.  Гирифтани  кeдак  бе маҳрум кардани падару модар аз ҳуқуқи  падару модарӣ
1. Суд метавонад бо назардошти манфиати кeдак  дар бораи гирифтани кeдак аз падару модар (яке аз онҳо) бе маҳрум кардани онҳо аз ҳуқуқи падару модарӣ  (маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модарӣ) ҳалнома  қабул намояд.
2. Гирифтани кeдак бе   маҳрум кардани падару модар аз ҳуқуқи падару модарӣ  дар ҳолате мумкин аст,  ки агар бо падару модар (яке аз онҳо) гузоштани кeдак ба сабабҳои ба онҳо вобаста набуда (дар асари ноқисии рeҳӣ ё дигар бемории кeҳна, шароити вазнин ва ғайра) барои кeдаки ноболиғ хатарнок бошад.
Гирифтани кeдак инчунин дар ҳолате мумкин аст, ки агар гузоштани кeдак бо падару модар (яке аз онҳо) ба сабаби бадрафториашон барои кeдак хатарнок буда, вале барои маҳрум кардани падару модар (яке аз онҳо) аз ҳуқуқи падару модарӣ  асоси кофӣ вуxуд надорад. Агар падару модар (яке аз онҳо) дар  давоми шаш моҳи баъди аз xониби суд гирифтани кeдак рафтори худро  ислоҳ накунанд, мақомоти васояту парасторӣ вазифадоранд, ки дар хусуси  аз ҳуқуқи падару модарӣ  маҳрум кардани e даъво пешниҳод намоянд. Мақомоти васоят ва парасторӣ ҳуқуқ доранд ба манфиати кeдак то гузаштани ин мeҳлат  дар мавриди маҳрум кардани падар ё модар ( яке аз онҳо) аз ҳуқуқи падару модарӣ  даъво пешниҳод  кунанд. (ҚҶТ аз 26.12.11с.№791)
3. Даъво дар хусуси  гирифтани кeдак аз тарафи  мақомоту муассисаҳои давлатие, ки қонун вазифаи ҳимояи ҳуқуқи кeдакони  ноболиғро ба зиммаашон гузоштааст (қисми 1 моддаи 70 ҳамин Кодекс), муассисаҳои тарбиявӣ, тиббӣ, муассисаҳои ҳифзи иxтимоии аҳолӣ ва дигар муассисаҳо, хешовандони наздики кeдак, инчунин прокурор  пешниҳод шуда метавонад.
4. Парвандаҳо оид ба маҳдуд  кардани  ҳуқуқи падару модарӣ бо  иштироки прокурор ва мақомоти васояту парасторӣ баррасӣ мешаванд.
5. Ҳангоми баррасии парванда оиди маҳдуд кардан  аз ҳуқуқи падару модарӣ суд масъалаи барои кeдак аз падару модар (яке аз онҳо) ситонидани алиментро ҳал мекунад.
6. Суд  вазифадор  аст, ки дар мўҳлати 3 рўзи баъди эътибори қонуни пайдо кардани ҳалномаи суди оид ба маҳдуд кардани ҳуқуқи падарию модари, иқтибоси онро ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷои бақайдгирии давлатии таваллуди кўдак фиристад. (Қ ҶТ аз 29.04.2006с, №183)
 
Моддаи 74.  Оқибати маҳдуд кардани ҳуқуқи  падару модарӣ
1. Падару модаре, ки суд ҳуқуқи падару модариашонро маҳдуд кардааст, ҳуқуқи шахсан тарбия кардани кeдак, инчунин ҳуқуқи имтиёзу ёрдампулии давлатии барои шаҳрвандони кeдакдор муқарраргардидаро аз даст медиҳанд.
2. Аз падару модар гирифтани кeдак падару модарро аз eҳдадории таъминоти e озод намекунад.
3. Кeдаке, ки нисбати вай ҳуқуқи падару модар (яке аз онҳо)  маҳдуд карда шудааст, ҳуқуқи моликиятии худро ба манзили истиқоматӣ, ё ҳуқуқи истифодаи манзили истиқоматӣ, инчунин ҳуқуқи молу мулкиеро, ки дар асоси далели хешӣ бо падару модар ва хешовандони дигар муайян шудаанд, аз xумла ҳуқуқи гирифтани меросро нигоҳ медорад. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
4. Кўдаке, ки аз падару модар гирифта шудааст, барои бо таълиму тарбия фаро гирифтан ба мақомоти васояту парастори супорида мешавад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.№791)
 
Моддаи 75.  Муоширати  кeдакон бо падару модаре, ки ҳуқуқашонро суд маҳдуд кардааст
Ба падару модаре, ки суд ҳуқуқи падару модариашонро маҳдуд кардааст, мумкин аст барои муошират бо кeдак иxозат дода шавад , ба шарте, ки он ба кeдак таъсири зарарнок надошта, ба ҳаёту саломатии кeдак хатарнок набошад. Муоширати падару модар бо кeдак бо розигии мақомоти васояту парасторӣ ё васӣ (парастор) ва ё маъмурияти муассисае, ки кeдак  дар он мебошад,  мумкин аст.
 
Моддаи 76. Бекор кардани маҳдудияти ҳуқуқи падару модарӣ
1. Агар асосҳои барои маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модарӣ сабаб  шуда, аз байн раванд, суд мувофиқи даъвои падару модар (яке аз онҳо) метавонад дар хусуси ба падару модар (яке аз онҳо) баргардонидани кeдак ва бекор кардани маҳдудиятҳои дар моддаи 74 ҳамин Кодекс пешбинишуда ҳалнома  қабул намояд.
2. Суд бо назардошти фикру хоҳиши кeдак метавонад даъворо қонеъ нагардонад, агар ба падару модар (яке аз онҳо) баргардонидани кeдак  хилофи  манфиатҳои  кeдак бошад.
 
Моддаи 77.  Гирифтани кeдак ҳангоми таҳдиди  бевосита  ба ҳаёт  ё  саломатии  e
1. Дар сурати xой доштани таҳдиди бевосита ба ҳаёт ё саломатии кeдак, мақоми васояту парасторӣ ҳуқуқ дорад дар хусуси бетаъхир  гирифтани кeдак аз падару модар (яке аз онҳо) ё дигар шахсоне, ки e таҳти васояташон мебошад, қарор қабул  намояд.
2. Дар сурати бетаъхир  гирифтани кeдак  мақоми васояту парасторӣ вазифадор аст, ки фавран прокурорро огоҳ сохта, мувақаттан xойгир намудани кeдакро таъмин намояд ва дар мeҳлати ҳафт рeзи пас аз тартиб додани санади санxиш ва хулоса дар бораи  гирифтани кeдак бо даъвои маҳрум сохтан аз ҳуқуқи падару модарӣ ё маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модарӣ  ба суд муроxиат  намояд.
 
              Моддаи 78. Иштироки мақомоти васояту парасторӣ ҳангоми дар суд баррасӣ намудани баҳсҳои вобаста ба тарбияи кeдакон
1. Ҳангоми дар суд баррасӣ намудани баҳсҳои вобаста бо тарбияи кeдакон  сарфи  назар  аз он ки даъвои ҳимояи онҳоро кӣ пешниҳод кардааст, мақоми васояту парасторӣ  бояд xиҳати иштирок дар баррасии парванда xалб карда шавад.
2. Мақoми васояту парасторӣ вазифадор аст шароити зиндагии кeдак  ва шахсеро (шахсонеро), ки даъвои тарбия кардани eро дорад, санxиш намуда, ба суд санади санxиш ва хулосаи ба он асосёфтаро доир ба моҳияти баҳс  пешниҳод кунад.
 
Моддаи 79. Иxрои ҳалномаи суд оид ба парвандаҳои вобаста бо тарбияи кeдакон
1. Иxрои ҳалномаҳои судҳо оид ба парвандаҳои вобаста бо тарбияи кeдакон мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» аз xониби иxрочии суд, бо иштироки ҳатмии мақомоти васояту парасторӣ ба амал бароварда мешавад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.№791)
2. Иxрои маxбурии ҳалномаҳои вобаста бо  гирифтани кeдакон  ва ба шахси (шахсони) дигар додани онҳо бояд бо иштироки ҳатмии мақоми васоят ва парасторӣ ва шахсе (шахсоне), ки кeдак ба e дода мешавад ва дар ҳолатҳои зарурӣ бо иштироки намояндагони мақомоти корҳои дохили ба амал бароварда  мешавад. (ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1365)
3. Ҳангоми ғайриимкон будани иxрои ҳалномаи суд дар мавриди ба дигар кас додани кeдак бе расонидани зарар ба манфиати кeдак, e тибқи таъиноти суд мувақаттан дар муассисаи тарбиявӣ, муассисаи табобатӣ, муассисаи ҳифзи иxтимоии аҳолӣ ё дигар  муассисаи ба ин монанд xойгир карда шуданаш мумкин аст.
4. Агар  падар  ё  модар (шахси дигар, ки кўдак таҳти парастории ў қарор дорад) барои амали кардани ҳалномаи суд монеаги намояд, нисбати ў чораҳое, ки дар қонунгузории мурофиавии граждани пешбини гардидаанд, татбиқ карда мешаванд. (Қ ҶТ аз 29.04.2006с, №183)
 
 
 
 
 
 
 
Ф А С Л И  V
EҲДАДОРИҲОИ  АЛИМЕНТДИҲИИ АЪЗОИ  ОИЛА
 
                                               БОБИ  13
EҲДАДОРИИ АЛИМЕНТДИҲИИ  ПАДАРУ МОДАР  ВА ФАРЗАНДОН
 
Моддаи 80. Eҳдадориҳои алиментдиҳии падару модар  барои таъминоти фарзандони ноболиғ
1. Падару модар вазифадоранд, ки фарзандони ноболиғи худро таъмин намоянд. Тартибу шаклҳои таъминоти фарзандонро падару модар мустақилона муайян менамоянд.
2. Падару модар ҳуқуқ доранд дар мавриди таъминоти фарзандони ноболиғи худ созишнома (созишнома  дар  хусуси  пардохти алимент) мувофиқи боби 16 ҳамин Кодекс) банданд.
3. Агар падару модар фарзандони худро таъмин накунанд, маблағ барои таъминоти онҳо (алимент) аз падару модар тибқи тартиби  муқаррарнамудаи судӣ ситонида мешавад. (Қ ҶТ аз 29.04.2006с, №183)
4. Ҳангоми набудани созишномаи падару модар дар мавриди пардохти алимент, ҳангоми таъмин накардани фарзандони ноболиғ ва ҳангоми ба суд пешниҳод накардани даъво мақоми васоят  ва парасторӣ ҳақ дорад нисбат ба падару модар (яке аз онҳо) дар хусуси ситонидани алимент барои фарзандони ноболиғ даъво пешниҳод кунад. 
 
Моддаи 81.  Андозаи  алименте, ки  барои  кeдакони ноболиғ тибқи тартиби судӣ ситонида мешавад
1. Ҳангоми мавxуд набудани созишнома дар хусуси пардохти алимент барои фарзандони ноболиғ суд аз падару модари онҳо ҳар моҳ ба андозаи зерин алимент мерeёнанд барои як фарзанд чорьяк, барои ду фарзанд сеяк, барои се фарзанд ва зиёда  аз он - нисфи музди меҳнат ва даромади дигари падару модар.
2. Ҳаxми ин саҳм бо назардошти вазъи моддӣ ва оилавии тарафҳо  ва дигар ҳолатҳои қобили таваxxeҳ аз xониби суд кам ё зиёд карда шуданаш мумкин аст.
3. Агар кeдакон таҳти таъминоти пурраи давлат ё ташкилоти xамъиятӣ қарор гирифта бошанд, суд ҳуқуқ дорад андозаи алиментро кам кунад ё аз пардохти он озод намояд. Маблағҳое, ки аз падару модар барои таъминоти кeдакони дар муассисаҳои кeдаконаи давлатӣ xойгиркардашуда пардохта мешаванд, дар ҳаxми муқаррарнамудаи қисми якуми ҳамин модда ба ҳисобномаҳои шахсии тарбиятгирандагон дар бонкҳои амонатӣ гузаронида мешавад.
 
Моддаи 82. Навъҳои музди меҳнат ва дигар даромаде, ки аз онҳо  барои кeдакони ноболиғ алимент ситонида мешавад
Навъи музди меҳнат ва (ё) дигар даромаде, ки падару модар бо асъори милли ва (ё) асъори хориxӣ мегиранд ва аз онҳо барои таъминоти кeдакони ноболиғ тибқи моддаи 81 ҳамин Кодекс бояд алимент ситонида шавад, аз xониби Ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон муайян карда мешавад. (Қ ҶТ аз 29.04.2006с, №183)
Моддаи 83.  Ба маблағи устувор ситонидани  алимент барои кeдакони ноболиғ
1. Ҳангоми набудани созишномаи падару модар дар хусуси пардохти алимент ба кeдакони ноболиғ ва дар ҳолате, ки агар падар ё модари алиментдиҳанда музди кор ва ё даромади дигари номунтазам ё тағьирёбанда дошта бошад, ё агар ин падар ё модар музди меҳнату даромади дигарро пурра ё қисман дар шакли асл (натура) ё асъори хориxӣ гирад, инчунин ҳангоми нагирифтани музди меҳнат ва (ё) даромади дигар, инчунин дар ҳолатҳои дигаре, ки ситонидани алимент вобаста аз ҳиссаи музди меҳнат ва даромади дигари падар ё модар имконнопазир, мушкил ё манфиати яке аз тарафҳоро моҳиятан халалдор созад, суд метавонад андозаи алименти ҳармоҳа ситонидашавандаро ба маблағи устувор ва ё ҳамзамон дар шакли ҳисса (мутобиқи моддаи 81 ҳамин Кодекс) ва бо маблағи устувор муайян намояд.
2. Андозаи маблағи устувор аз тарафи суд дар асоси имконияти нигоҳ доштани сатҳи ҳадди аксари дараxаи пештараи таъминоти кeдак бо назардошти  вазъи моддию оилавии тарафҳо  ва ҳолатҳои дигари қобили таваxxeҳ муайян  карда мешавад.
3. Агар дар назди ҳар кадоме аз падару модар фарзандон монда бошанд, андозаи алимент  аз ҳар як падар ё модар ба падар ё модаре, ки камтар таъмин мебошад, бо маблағи устувори пулӣ, ки онро суд мутобиқи қисми дуюми ҳамин  модда муқаррар намудааст, ҳар моҳ ситонида мешавад.
 
Моддаи 84. Ситонидан ва истифодаи алимент барои кeдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд
1. Барои кeдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд, алимент мутобиқи моддаҳои 81-83 ҳамин Кодекс ситонида шуда, ба васии (парастори) кeдак пардохта мешавад.
2. Алименте, ки аз падару модар барои кeдакони бе парастории падару модар монда ва дар муассисаҳои дахлдори тарбиявӣ, табобатӣ, ҳифзи иxтимоии аҳолӣ ва муассисаҳои дигари ба ин монанд қарордошта ситонида мешавад, ба ҳисобномаҳои ин муассисаҳо гузаронида шуда, дар онҳо вобаста ба ҳар кeдак алоҳида  ба ҳисоб гирифта мешавад.
Муассисаҳои мазкур метавонанд ин маблағро ба бонкҳо ва муассисаҳои дигари кредитӣ гузаронанд. Панxоҳ фоизи даромаде, ки аз муомилоти маблағи воридгардидаи алимент ба даст меояд, барои таъминоти кeдакон дар ин муассисаҳо истифода мешавад. Ҳангоми муассисаи мазкурро тарк кардани кeдак, маблағи алименти барои e гирифташуда ва панxоҳ фоизи даромад аз муомилоти он дар шeъбаи бонки амонатгузории Xумҳурии Тоxикистон ба суратҳисоби шахсии кeдак гузаронида мешавад.
 
 
 
Моддаи 85. Ҳуқуқи фарзандони болиғи ғайри  қобили  меҳнат  ба алимент
1. Падару модар вазифадоранд, ки фарзандони болиғи ғайри қобили меҳнати ба кeмак эҳтиёxманди худро таъмин намоянд.
2. Дар сурати мавxуд набудани созишномаи пардохти алимент суд ҳаxми алиментро, ки барои кeдакони болиғи ғайри қобили меҳнат  ҳар моҳ бо пули устувор ситонида мешаванд, бо назардошти вазъи моддию оилавӣ ва дигар манфиатҳои қобили таваxxeҳи тарафҳо муайян менамояд.
 
Моддаи 86. Ҳуқуқи фарзандони болиғи  таҳсилкунанда  ба алимент
1. Суд метавонад барои фарзандони ба синни балоғат расида, ки донишxeёни таҳсили рeзонаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касби мебошанд, мутаносибан то ба синни бистсолагӣ ва бистучорсолагӣ расиданашон аз падару модар алимент ситонад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.№791)
2. Андозаи алименти ҳар моҳ бо пули устувор ситонидашаванда аз тарафи суд бо назардошти вазъи моддию оилавӣ ва манфиатҳои қобили таваxxeҳи тарафҳо  муайян карда мешавад.
 
Моддаи 87. Иштироки падару модар дар хароxоти  иловагӣ  барои фарзандон
1. Дар сурати мавxуд набудани созишнома ва дар ҳолатҳои истисноӣ (бемории вазнин, маиб шудани кeдакони ноболиғ ё болиғи ғайри қобили меҳнати эҳтиёxманд, зарурати пардохти маблағ ба бегонагон барои нигоҳубин ва ғайра)  ҳар яке аз падару модар аз xониби суд барои иштирок  намудан дар хароxоти   иловагӣ вобаста ба чунин ҳолатҳо xалб шуданаш мумкин аст.
Тартиби иштироки ҳар кадоме аз падару модарро дар хароxоти иловагӣ аз тарафи суд, бо назардошти вазъи моддӣ ва оилавии падару модару фарзандон ва дигар манфиатҳои қобили таваxxeҳи тарафҳо бо маблағи устуворе, ки бояд ҳар моҳ пардохта  мешавад, муайян мегардад.
2. Суд ҳуқуқ дорад падару модарро барои иштирок намудан дар хароxоти иловагии воқеан суратгирифта ва ҳамчунин хароxоти  иловагие, ки  бояд дар оянда сурат гирад,  вазифадор созад.
 
Моддаи 88. Eҳдадории фарзандони болиғ барои  нигоҳубини падару модар
1. Фарзандони болиғи қобили меҳнат eҳдадоранд, ки падару модари ғайри қобили меҳнати ба кeмак мeҳтоxи худро нигоҳубин намоянд ва нисбат ба онҳо ғамхор бошанд.
2. Дар сурати набудани созишномаи пардохти алимент барои падару модари ғайри қобили меҳнати мeҳтоx, аз фарзандони болиғи  қобили меҳнат барои онҳо ба тартиби судӣ алимент ситонида мешавад.
3.  Андозаи алименте, ки ҳар моҳ аз ҳар фарзанд ба тартиби судӣ ситонида мешавад, аз тарафи  суд бо назардошти вазъи моддӣ ва оилавии падару модару фарзандон ва манфиатҳои қобили таваxxeҳи тарафҳо бо маблағи устувор  муайян карда  мешавад.
4. Бо талаби xавобгар суд ҳангоми муайян намудани андозаи алимент ҳамаи фарзандони болиғи қобили меҳнати падар ё модари мазкурро, сарфи назар аз он, ки талабот нисбати ҳамаи  фарзандон ё танҳо ба як нафар  ё якчанд  нафари онҳо пешниҳод гардидааст, бояд баҳисоб гирад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.№791)
5. Фарзандон аз eҳдадориҳои таъмини падару модари ғайри қобили меҳнати мeҳтоxи худ  озод  буда метавонанд, агар суд муқаррар созад, ки падару модар аз иxрои вазифаҳои падарию модарии худ саркашӣ мекарданд.
Фарзандон аз пардохти алимент ба падару модаре, ки аз ҳуқуқи падару модарӣ  маҳрум гардидаанд, озод карда мешаванд.
 
Моддаи 89.  Иштироки фарзандони  болиғ  дар  пардохтани хароxоти иловагӣ  барои  падару модар
1. Дар ҳолатҳое, ки  фарзандони болиғ нисбати  падару модари ғайри қобили меҳнат ғамхорӣ накунанд ва дар ҳолатҳои истисноӣ (бемории вазнин, маибшавии падару модар, зарурати пардохти маблағи нигоҳубин барои бегонагон ва ғайра)  суд метавонад фарзандони болиғи қобили меҳнатро барои иштирок намудан дар пардохтани хароxоти иловагие, ки вобаста ба ин ҳолатҳо ба миён омадаанд, xалб намояд.
2. Андоза ва тартиби пардохти хароxоти иловагӣ аз xониби  ҳар фарзанди болиғи қобили меҳнат аз тарафи суд бо назардошти вазъи моддию оилавии падару модар ва фарзандон ва манфиатҳои қобили таваxxeҳи тарафҳо, бо риояи қоидаҳои қисмҳои 4 ва 5 моддаи 88 ҳамин Кодекс муайян карда мешавад.
3.Тартиби пардохти хароxоти иловагӣ ва андозаи ин хароxотро бо  созишномаи тарафҳо муайян кардан мумкин аст.
 
БОБИ  14
EҲДАДОРИҲОИ  АЛИМЕНТДИҲИИ ЗАНУ ШАВҲАР ВА ЗАНУ ШАВҲАРИ  СОБИҚ
 
Моддаи 90.  Вазифаи зану шавҳар  дар бобати  таъминоти  якдигар
1. Зану шавҳар вазифадоранд якдигарро аз xиҳати моддӣ дастгирӣ намоянд.
2. Дар сурати саркашӣ намудан аз чунин дастгирӣ ва набудани созишнома оид ба пардохти алимент дар байни зану шавҳар инҳо ҳуқуқ доранд аз ҳамсари худ, ки барои ин мақсад маблaғи зарурӣ дорад, ба   тартиби судӣ пардохти алиментро талаб кунанд:
- зан ё шавҳари ғайри қобили меҳнати эҳтиёxманд;
- зан дар давраи ҳомиладорӣ ва дар давоми се соли пас аз таваллуди фарзанди умумӣ;
- зан ё шавҳари мeҳтоxе, ки фарзанди умумии маъюби то ҳаждаҳсола ё фарзанди умумии маъюби  модарзоди  гурeҳи якумро нигоҳубин мекунад.
 
Моддаи 91.  Ҳуқуқи зан ё шавҳари собиқ барои гирифтани алимент пас аз  бекор кардани ақди никоҳ
1. Шахсони зерин ҳуқуқ доранд ба тартиби судӣ аз зан ё шавҳари собиқи худ, ки маблағи заруриро доранд  алимент талаб кунанд:
- зани собиқ дар давраи ҳомиладорӣ ва дар давоми се соли пас аз таваллуди фарзанди умумӣ;
- зан ё шавҳари собиқи мeҳтоxе, ки фарзанди умумии маъюби то ба синни ҳаждаҳсолаги расидан ва фарзанди умумии   маъюби  модарзоди гурeҳи  якумро нигоҳубин мекунад;
- зан ё шавҳари собиқи ғайри қобили меҳнати мeҳтоxе, ки қобилияти меҳнатро то бекор кардани ақди никоҳ ё дар давоми як соли пас аз бекор кардани ақди никоҳ аз даст додааст;
- зан ё шавҳари мeҳтоxе, ки на дертар аз панx соли пас аз лаҳзаи бекор кардани ақди никоҳ ба синни нафақа расидааст, агар зану шавҳар дар муддати  панx сол дар ақди никоҳ буда бошанд.
2. Андозаи алимент ва тартиби ба ҳамсари собиқ пардохтани онро пас аз лахзаи бекор  кардани ақди никоҳ  тибқи созишномаи  байни зан ва шавҳари собиқ муайян кардан мумкин аст
 
Моддаи 92. Андозаи алименте, ки тибқи тартиби судӣ барои таъминоти зану шавҳар   ва зану  шавҳари собиқ ситонида мешавад
Дар сурати мавxуд набудани созишнома байни зану шавҳар (зану шавҳари собиқ)  оиди пардохти алимент  андозаи алименте, ки ба тартиби судӣ ҳар моҳ  барои таъминоти зан ё шавҳар (зан ё шавҳари собиқ)  ситонида мешавад, аз тарафи суд дар шакли маблағи устувор  бо назардошти вазъи моддию оилавии зану шавҳар (зану шавҳари собиқ) ва манфиатҳои қобили таваxxeҳи тарафҳо  муайян мегардад.
 
Моддаи 93. Аз eҳдадории таъмини ҳамсари худ озод  намудани  зан  (шавҳар)  ё маҳдуд кардани мeҳлати  eҳдадорӣ
Суд метавонад зан ё шавҳарро ҳам дар давраи ақди никоҳ ва ҳам пас аз бекор кардани он дар ҳолатҳои зерин  аз eҳдадории  таъмини ҳамсари худ озод кунад ё мeҳлати ин eҳдадориро  ба таври  муайян маҳдуд созад:
- агар корношоямии зан ё шавҳари мeҳтоx дар натиxаи суиистеъмол намудан аз машруботи спирти, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропи ва прекурсорҳо ё дигар моддаҳои мадҳушкунанда ё қасдан xиноят содир намудани e ба амал омада бошад; (ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1365)
- агар хонадории зану шавҳар  камтар аз панx сол давом карда бошад;
- агар зан ё шавҳаре, ки пардохти алиментро талаб мекунад дар оила рафтори ношоиста дошта бошад.
 
Моддаи 94. Қатъ гардидани ҳуқуқи таъминоти ҳамдигарии зан ё шавҳар
Ҳуқуқи зан ё шавҳар барои гирифтани таъминот  (алимент) аз ҳамсари худ дар мавридҳои зерин қатъ мегардад:
- агар зан ё шавҳари мeҳтоxи корношоям вафот кунад;
- агар шартҳое, ки мутобиқи моддаҳои 90 ва 91 ҳамин Кодекс барои гирифтани алимент асос буданд, аз миён бардошта шаванд;
- агар зан ё шавҳари мeҳтоxи корношоям аз нав хонадор шуда бошад.
 
БОБИ  15
EҲДАДОРИҲОИ АЛИМЕНТДИҲИИ АЪЗОИ ДИГАРИ ОИЛА
 
Моддаи 95. Eҳдадории бародарону хоҳарон оиди  таъминоти бародарону хоҳарони ноболиғ ва болиғи корношоями худ
Бародарону хоҳарони ноболиғи мeҳтоxи ёрӣ  дар сурати аз падару модари худ  гирифта натавонистани таъминот ҳуқуқ доранд, ба тартиби судӣ  аз бародарону хоҳарони болиғи қобили меҳнати худ, ки маблағи заруриро  доранд, алимент  гиранд. Чунин ҳуқуқ  инчунин ба бародарону хоҳарони корношоями болиғи мeҳтоxе дода мешавад, ки агар онҳо аз фарзандони болиғи худ зан ё шавҳар (зан ё шавҳари собиқ) ё падару модарашон таъминотпулӣ гирифта натавонанд.
 
Моддаи 96. Eҳдадории бобою бибӣ (модаркалон) оид ба таъминоти набераҳои худ
Набераҳои ноболиғи мeҳтоxи ёрӣ дар сурати аз падару модари худ гирифта натавонистани таъминот  ҳуқуқ доранд ба тартиби судӣ аз бобою бибии (модаркалони) худ, ки дорои маблағи зарурӣ мебошанд, алимент гиранд.
Чунин ҳуқуқ  инчунин ба наберагони корношоями болиғи мeҳтоxе дода мешавад, ки агар онҳо аз ҳамсар (ҳамсари собиқ) ё падару модарашон таъминот  гирифта натавонанд.
 
Моддаи 97. Eҳдадориҳои набера оид ба  таъминоти  бобою бибӣ (модаркалон)
Бобою бибии (модаркалони) мeҳтоxи корношоям дар сурати  аз фарзандони  болиғи қобили меҳнат ё ҳамсари (ҳамсари собиқи) худ гирифта натавонистани таъминот ҳуқуқ доранд ба тартиби судӣ аз наберагони болиғи қобили меҳнати  худ, ки дорои маблағи зарурӣ мебошанд,  алимент  талаб кунанд. 
 
Моддаи 98. Eҳдадории писарандар ва духтарандар оиди таъминоти  падарандар ва  модарандар
1. Падарандар ва модарандари корношоями мeҳтоxе, ки писарандар ва духтарандари худро тарбия ва нигоҳубин кардаанд, агар онҳо аз фарзандони болиғи қобили меҳнат ё ҳамсари (ҳамсари собиқи)  худ таъминот гирифта натавонанд,  ҳуқуқ доранд аз писарандар ё духтарандари болиғи қобили меҳнат,  ки маблағи зарурӣ доранд, ба тартиби судӣ  таъминот  талаб намоянд.
2. Суд ҳуқуқ дорад писарандар ва духтарандарро аз вазифаи таъмин кардани падарандар ё модарандар озод кунад, агар падарандар ё  модарандар онҳоро на камтар аз се сол тарбия ва таъмин карда бошанд, инчунин агар онҳо eҳдадориҳои худро вобаста ба тарбияи писарандар ва духтарандар номатлуб анxом дода бошанд.
 
Моддаи 99.  Андозаи алименте, ки барои аъзои дигари оила ба тартиби судӣ ситонида мешавад
1.  Андоза ва тартиби пардохти алимент барои шахсоне, ки дар моддаҳои 95-98 ҳамин Кодекс зикр шудаанд, тибқи созишномаи тарафҳо муайян карда мешаванд.
2. Дар сурати мавxуд набудани созишномаи тарафҳо  андозаи алимент, ки барои таъмини аъзои оилаи дар ҳамин боб зикргардида ба тартиби судӣ ситонида мешавад, аз тарафи  суд  бо назардошти вазъи моддию оилавии пардохткунанда ва гирандаи алимент ва манфиатҳои дигари қобили таваxxeҳи тарафҳо дар шакли маблағи устувори  ҳар моҳ пардохтшаванда муқаррар карда мешавад.
3. Агар барои таъмини аъзои оила, ки  алимент талаб мекунад, ҳамзамон якчанд нафар eҳдадор бошанд, он гоҳ суд бо назардошти  вазъи  моддию оилавии онҳо андозаи иштироки ҳар яки онҳоро дар иxрои eҳдадории алиментдиҳӣ муайян менамояд. Бо талаби  xавобгар суд вазифадор аст, ки ҳамаи шахсонеро ки барои пардохтани алимент eҳдадоранд, ба ҳисоб гирад, сарфи назар аз он ки даъво нисбати ҳамаи ин шахсон ё фақат як нафар ё якчанд нафари онҳо пешниҳод шудааст.
 
БОБИ 16
Созишномаи пардохти алимент
 
Моддаи 100.  Бастани созишномаи пардохти  алимент
Созишномаи пардохти алимент (андоза, шарт ва тартиби пардохти алимент) дар байни шахсе, ки алимент месупорад ва шахсе, ки онро мегирад, ва дар сурати ғайриқобили амал  будани шахсе, ки вазифадор аст алимент супорад ва (ё) гирандаи алимент - дар байни намояндагони қонунии онҳо, баста мешавад. Шахсони қобилияти амалашон маҳдуд созишномаи пардохти алиментро бо розигии намояндагони қонуниашон имзо мекунанд.
 
Моддаи 101. Шакли созишномаи пардохти  алимент
1. Созишномаи пардохти алимент дар шакли хаттӣ баста шуда,  аз тарафи идораи наториалии давлати тасдиқ карда  мешавад.
Риоя накардани шакли созишномаи пардохти алимент, ки қонун муқаррар кардааст, боиси оқибатҳое мегардад, ки меъёрҳои қонунгузории гражданӣ  пешбинӣ намудааст.
2. Созишномаи пардохти алимент, ки дар идораи нотариалии давлати тасдиқ шудааст, дорои эътибори варақаи иxро мебошад. (Қ ҶТ аз 29.04.2006с, №183)
 
Моддаи 102. Тартиби  бастан,  иxро намудан, тағйир  додан, бекор кардан ва беэътибор донистани созишномаи пардохти алимент
1. Бастан, иxро намудан, тағйир додан, бекор кардан ва беэътибор донистани созишномаи пардохти алимент аз рeи меъёрҳои Кодекси граждании Xумҳурии Тоxикистон сурат мегирад, ки бастан, иxро намудан, тағйир додан, бекор кардан ва беэътибор донистани аҳдҳои гражданию ҳуқуқӣ тавассути онҳо танзим мегарданд. 
2. Созишномаи пардохти алимент ҳар гоҳ  бо мувофиқаи тарафҳо тағйир дода ё бекор шуда метавонад. Тағйир додан ё бекор кардани созишномаи пардохти алимент ба ҳамон шакле, ки шартномаи пардохти алимент баста шудааст, бояд сурат гирад.
3. Якxониба  иxро накардани созишномаи пардохти алимент ё якxониба тағйир додани шартҳои  он мумкин нест.
4. Дар сурати xиддӣ тағйир ёфтани вазъи моддӣ ё оилавии тарафҳо ва ҳангоми тағйир додан ё бекор кардани созишномаи пардохти алимент ба мувофиқа нарасидани тарафҳо тарафи манфиатдор ҳуқуқ дорад дар хусуси тағйир додан ё бекор кардани созишномаи пардохти алимент ба суд даъво пешниҳод кунад. Ҳангоми баррасии масъалаи тағйир додан ё бекор кардани созишномаи пардохти алимент суд ҳуқуқ дорад ҳама гуна манфиати қобили таваxxeҳи тарафҳоро ба инобат гирад.
 
Моддаи 103. Беэътибор донистани созишномаи пардохти алимент, ки манфиатҳои алиментгирандаро поймол мекунад
Агар шарти пешбининамудаи созишномаи пардохти алимент оид ба таъминоти кeдакони ноболиғ ё аъзои болиғи ғайриқобили амали  оила  манфиати онҳоро поймол кунад, аз xумла дар ҳолатҳои риоя накардани талаботи қисми дуюми моддаи 104 ҳамин Кодекс чунин созишномаро мувофиқи талаби намояндаи қонунии кeдаки ноболиғ ё  кeдаки аъзои болиғи ғайриқобили амали оила, инчунин мақоми васояту парасторӣ ё прокурор  ба тартиби судӣ беэътибор донистан мумкин аст.
 
Моддаи 104. Андозаи алименте, ки тибқи созишномаи  пардохти алимент пардохта мешавад
1. Андозаи алименте, ки тибқи созишномаи пардохти алимент пардохта мешавад, аз xониби тарафҳо дар ин созишнома муайян карда мешавад.
2. Андозаи алименте, ки мувофиқи созишномаи пардохти алимент барои кeдакони ноболиғ муқаррар карда мешавад, аз андозаи алименте, ки онҳо ҳангоми ба  тартиби судӣ ситонидани алимент гирифта метавонистанд (моддаи 81 ҳамин Кодекс) камтар буда наметавонад.
 
Моддаи 105. Усул ва тартиби пардохти алимент тибқи  созишномаи  пардохти алимент
1. Усул ва тартиби пардохти алимент тибқи созишномаи пардохти алимент, тавассути  ҳамин созишнома муайян карда мешавад.
2. Алимент ҳамчун ҳисса аз маош ва (ё) дигар даромади шахсе, ки бояд алимент супорад, бо маблағи устувори пулӣ вақт-вақт ё якдафъаина, бо усули додани молу мулк ва дигар усулҳо, ки дар бораи  он созиш баста шудааст, пардохта шуда метавонад. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
Дар созишномаи пардохти алимент якчанд усулҳои пардохти алиментро пешбинӣ намудан мумкин аст.
 
Моддаи 106.  Индексацияи андозаи алимент, ки тибқи созишномаи пардохти алимент сурат мегирад
Индексацияи андозаи алимент, ки тибқи созишномаи пардохти алимент пардохта мешавад, мувофиқи ҳамин созишнома сурат мегирад. Агар дар созишномаи пардохти алимент тартиби дигари индексатсияи андозаи алимент пешбинӣ нашуда бошад, индексация мутобиқи моддаи 118 ҳамин Кодекс сурат мегирад. (ҚҶТ аз 19.03.2013с. №952), (ҚҶТ аз 26.12.11с.№791)
 
БОБИ 17
ТАРТИБИ ПАРДОХТ  ВА СИТОНИДАНИ АЛИМЕНТ
 
Моддаи 107. Бо  ҳалномаи суд ситонидани  алимент
Дар сурати набудани созишномаи пардохти алимент аъзои оилаи дар ҳамин фасли Кодекс зикргардида ҳуқуқ доранд, ки бо талаби ситонидани алимент ба суд муроxиат намоянд.
 
Моддаи 108.  Мeҳлати муроxиат барои гирифтани  алимент
1. Шахсе, ки барои гирифтани алимент ҳуқуқ дорад, сарфи назар аз мeҳлате, ки аз лаҳзаи пайдо кардани ҳуқуқи алиментгирӣ гузаштааст, метавонад дар хусуси ситонидани алимент ба суд бо ариза муроxиат кунад.
2. Алимент барои давраи баъди муроxиат намудан ба суд муқаррар карда мешавад. Алимент барои давраи гузашта метавонад дар ҳудуди мeҳлати сесола аз лаҳзаи муроxиат кардан ба суд ситонида шавад, агар суд муқаррар кунад, ки то муроxиат  кардан ба суд барои гирифтани  таъминот саъю кeшиш  карда шудааст, вале бинобар сабаби саркашии шахси алиментдиҳанда аз пардохти он, алимент гирифта нашудааст.
 
Моддаи 109. Мувақаттан ситонидани  алимент
1. Аз рeи парвандаҳо дар бораи ситонидани алимент суд ҳуқуқ дорад, ки то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд дар бораи ситонидани алимент ва дар сурати барои кeдакони  ноболиғ ситонидани алимент - то қабул гардидани ҳалнома дар бораи ситонидани алимент оиди мувақаттан ситонидани алимент қарор барорад.
2. Андозаи алименти муваққатан ситонидашавандаро суд бо назардошти вазъи моддӣ ё оилавии тарафҳо муайян менамояд. Андозаи алименти муваққатан барои таъминоти кeдакони  ноболиғ ситонидашаванда мутобиқи моддаи 81 ҳамин Кодекс муайян карда мешавад.
 
Моддаи 110. Eҳдадории маъмурияти ташкилот дар  бораи доштани алимент
Маъмурияти ташкилоти xои кори шахсе, ки eҳдадор  аст алимент диҳад, вазифадор мебошад, ки дар асоси созишномаи аз xониби нотариус тасдиқшудаи тарафҳо ё варақаи иxро ҳар моҳ аз музди меҳнат ва (ё) даромади дигари алиментдиҳанда, ки eҳдадор аст алимент супорад, ё аз ҳисобномаи  шахси алиментдиҳанда на дертар аз се рeзи пас аз санаи ба алиментдиҳанда додани музди меҳнат ва (ё) даромади дигари вай алиментро нигоҳ дошта, ба шахси алиментгиранда супорад.
 
Моддаи 111. Нигоҳ доштани алимент дар асоси созишномаи пардохти алимент
Нигоҳ доштани алимент дар асоси созишномаи аз xониби нотариус тасдиқшуда оид ба пардохти алимент дар ҳолатҳое сурат мегирад, ки агар маблағи умумии нигоҳдошташаванда  дар асоси созишнома ва варақаҳои  иxро  аз панxоҳ  фоизи маош ва (ё) дигар даромади шахси алиментдиҳанда бештар бошад.
 
Моддаи 112. Eҳдадории додани маълумот дар хусуси тағйири xои кори шахси алиментдиҳанда
1. Маъмурияти ташкилоте, ки бо ҳалномаи суд ё созишномаи аз xониби идораи наториалии давлатй тасдиқшудаи пардохти алимент алиментро нигоҳ медошт, вазифадор аст, ки дар муддати се рeз ба иxрочии суди маҳали иxрои ҳалнома дар бораи ситонидани алимент ва ба шахси алиментгиранда дар хусуси аз кор озод шудани шахси алиментдиҳанда ва агар маълум бошад, дар хусуси xои нави кор  ё истиқомати e хабар диҳад.
2. Шахсе, ки барои додани алимент eҳдадор аст, бояд дар мeҳлати муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда ба иxрочии суд ва ба алиментгиранда дар хусуси дигар шудани xои кор ё истиқоматаш ва дар сурати додани алимент ба кeдакони ноболиғ инчунин дар хусуси музди кор ё даромади дигари иловагӣ хабар диҳад.
3. Дар сурати бо сабабҳои беасос хабар надодани маълумоти дар қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда зикргардида,  шахсони мансабдор ва шаҳрвандони дигаре, ки дар ин кор гунаҳгоранд, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ба xавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 113. Ситонидани  маблағ  аз  ҳисоби  молу мулки алиментдиҳанда  ҳангоми додани алимент
1. Алимент ба андозаи муқаррарнамудаи созишномаи пардохти алимент ё ҳалномаи суд, инчунин қарзи пардохти алимент аз ҳисоби музди меҳнат ва (ё) даромади дигари алиментдиҳанда ситонида мешавад, вале дар сурати кам будани музди меҳнат ва (ё) даромади дигар, алимент аз ҳисоби маблағи  алиментдиҳанда, ки дар ҳисобномаҳояш дар бонкҳо ё муассисаҳои дигари кредитӣ мебошанд, инчунин аз маблағҳои тибқи қарордод  дар ташкилотҳои тиxоратию ғайритиxоратӣ гузошта шудаанд, ба ғайр аз қарордодҳое, ки боиси гузаштани ҳуқуқи моликият мегардад, ситонида мешавад.
Дар сурати нокифоя будани ин маблағ алимент аз ҳисоби ҳама гуна молу мулки алиментдиҳанда, ки мувофиқи қонун аз ҳисоби он маблағ ситонидан мумкин аст, ситонида мешавад. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
2. Ситонидани алимент аз ҳисоби маблағи дар ҳисобномаҳо будаи алиментдиҳанда ва молу мулки дигари e мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоxикистон сурат мегирад. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
 
Моддаи 114. Муайян намудани қарзи вобаста  ба алимент
1. Алимент дар асоси созишномаи пардохти алимент ё дар асоси варақаи иxро барои мeҳлати гузашта то давраи се сола ситонида мешавад, ки то пешниҳоди варақаи иxро ё созишномаи аз xониби нотариус тасдиқгардидаи тарафҳо барои ситонидани алимент гузаштааст.
2. Дар ҳолатҳое, ки алимент дар асоси варақаи иxро ё созишномаи аз xониби нотариус тасдиқгардидаи тарафҳо оид ба ситонидани алимент  бо айби шахсе, ки eҳдадор аст алимент супорад, пардохта нашуда бошад, алимент сарфи назар аз мeҳлати сесолаи дар қисми 2 моддаи 108 ҳамин Кодекс муқарраргардида  барои тамоми давра ситонида  мешавад.
3. Андозаи  қарзро иxрочии суд дар асоси андозаи алименти бо ҳалномаи суд ё созишномаи пардохти алимент таъиншуда муайян менамояд.
4. Андозаи қарзи алименти мутобиқи моддаи 81 ҳамин Кодекс барои кeдаки ноболиғ додашаванда бо назардошти музди воқеии меҳнат ва даромади дигари қарздор дар давоми даврае, ки алимент ситонида нашудааст, муайян карда мешавад. Агар қарздор дар ин давра кор накарда бошад ё асноди тасдиқкунандаи музди меҳнат ва даромади дигари e пешниҳод нагарданд, қарз дар асоси музди миёнаи меҳнат дар Xумҳурии Тоxикистон дар лаҳзаи ситонидани қарз муайян карда мешавад.
5. Агар чунин муайянкунии қарз манфиати яке аз тарафҳоро xиддӣ поймол кунад, тарафе, ки манфиаташ поймол шудааст, ҳуқуқ дорад ба суд муроxиат намояд ва суд метавонад бо назардошти вазъи моддӣ ё оилавии тарафҳо ва дигар ҳолатҳои қобили таваxxeҳ  қарзро бо маблағи устувори пулӣ муайян кунад.
6. Ҳангоми розӣ набудан бо муайянкунии қарзи алимент аз xониби иxрочии суд ҳар яке аз тарафҳо метавонад тибқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз амали иxрочии суд  шикоят  кунад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.№791)
 
Моддаи 115. Озод кардан аз додани  қарзи алимент
1. Ҳангоми додани алимент барои кeдакони ноболиғ бо мувофиқаи тарафҳо озод кардан аз пардохти қарз ё кам кардани он мумкин нест.
2. Суд ҳуқуқ дорад бо даъвои алиментдиҳанда eро пурра ё қисман аз пардохти қарзи алимент озод намояд, агар муқаррар кунад, ки қарз бо сабаби бемории ин шахс ё бо дигар сабабҳои узрнок пардохта нашудааст ва вазъи моддию оилавии e имконият намедиҳад, ки қарзашро пeшонад.
 
Моддаи 116. Масъулият барои сари вақт  напардохтани алимент
1. Ҳангоми ба миён омадани қарз бо гуноҳи шахсе, ки eҳдадор аст тибқи созишномаи пардохти алимент алимент супорад, шахси гунаҳгор мувофиқи тартиби пешбининамудаи ҳамин созишнома  xавобгар мебошад.
2. Ҳангоми ба миён омадани қарз бо гуноҳи шахсе, ки тибқи ҳалномаи суд бояд алимент супорад, шахси гунаҳгор ба алиментгиранда аз маблағи напардохтаи алимент барои ҳар рeзи гузаронидашуда дар ҳаxми 0,1 фоиз xаримаи аҳдшиканӣ месупорад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.№791)
Алиментгиранда инчунин ҳуқуқ дорад аз гунаҳгоре, ки ба пардохти алимент eҳдадор аст, барои сари вақт напардохтани алимент  тамоми зарареро, ки вобаста ба сари вақт анxом надодани eҳдадориҳои пардохти алимент дар қисми xаримаи аҳдшиканӣ расонида шудааст, ситонад.
 
Моддаи 117. Нораво будани ба ҳисоб гирифтан ва  пас талаб карда  руёнидани  алимент
1. Пардохтҳои алиментӣ аз ҳисоби талаботи дигари мутақобила сурат  гирифта  наметавонад.
2. Пас талаб карда гирифтани маблағи пардохташудаи алимент, мумкин намебошад ба истиснои ҳолатҳои зерин:
- бекор кардани ҳалномаи суд ба сабаби маълумоти бардурўғ ё асноди қалбакиро пешниҳод кардани шахси алиментгиранда; (ҚҶТ аз 26.12.11с.№791)
- беэътибор донистани созишномаи пардохти алимент дар сурати бо роҳи фиреб, таҳдид ё зeроварии алиментгиранда ба имзо расонидани он;
- бо ҳукми суд ошкор гардидани далели сохтакории ҳалномаи, созишномаи пардохти алимент ё варақаи иxро, ки дар асоси онҳо алимент пардохта шудааст.
3. Агар кирдори дар қисми 2 ҳамин модда зикргардида аз xониби намояндаи кeдаки ноболиғ ё аъзои болиғи ғайри қобили амали алиментгиранда содир шуда бошад, алимент пас талаб карда гирифта намешавад ва маблағи пардохтшудаи алимент тибқи даъвои  шахси барои пардохти алимент eҳдадоршуда аз намояндаи гунаҳгор ситонида мешавад.
 
Моддаи 118.  Индексацияи пардохтҳои  алимент
1. Маблағи алименти бо ҳалномаи суд дар шакли пули устувор ситонидашаванда аз xониби маъмурияти ташкилоти маҳали нигоҳ доштани алимент мутаносибан бо зиёдшавии андозаи ҳадди ақалли музди меҳнатӣ тибқи қонун муқарраргардида индексация карда мешавад. 
2. Ба мақсади индексатсияи пардохти алимент суд метавонад андозаи алиментро бо маблағи устувори пулӣ, ки ба андозаи муайяни ҳадди ақали музди меҳнат мувофиқ аст, муқаррар намояд. (ҚҶТ аз 26.12.11с.№791)
 
Моддаи 119. Пардохти алимент дар сурати барои сукунати доимӣ ба давлати дигар рафтани  алиментдиҳанда
1.  Шахсоне, ки барои сукунати доимӣ ба давлате мераванд, ки Xумҳурии Тоxикистон бо он шартномаи байналмилалии пешбиникунандаи эътирофи мутақобила  ва иxрои ҳалномаҳои судро дар хусуси ситонидани алимент ба имзо нарасонидааст, вазифадоранд бо аъзои оилаашон дар бораи пардохти алимент созишномаи хаттӣ ба имзо расонанд ва он бояд аз xониби нотариус тасдиқ арда шавад.
2. Дар сурати ҳосил нашудани мувофиқа, шахси манфиатдор ҳуқуқ дорад ба суд муроxиат карда, дар шакли маблағи устувор муайян намудани алимент ва пардохти яквақтаи алимент ё ба ҳисоби маблағи алимент додани  молу мулки мушаххас ё бо тариқи дигар додани алиментро талаб намояд. (Қ ҶТ аз 29.04.2006с, №183), (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
 
Моддаи 120. Тағйир додани андозаи алименти муқаррарнамудаи суд ва озод кардан аз додани алимент
1. Агар ҳангоми набудани созишномаи тарафҳо оид ба пардохти алимент баъди тибқи тартиби судӣ муқаррар намудани андозаи алимент вазъи моддӣ ва оилавии алиментдиҳанда ё алиментгиранда тағир ёфта бошад, суд ҳуқуқ дорад бо талаби ҳар яки онҳо андозаи муқарраргардидаи алиментро кам кунад ё алиментдиҳандаро аз додани он озод  намояд. Ҳангоми тағйир додани андозаи алимент ё  озод кардан аз додани он  суд метавонад инчунин ҳар гуна манфиати дигари қобили таваxxeҳи тарафҳоро ба инобат гирад.
2. Агар муқаррар гардад, ки шахси ба балоғатрасидаи қобили амал нисбати  шахси барои додани алимент eҳдадоршуда қасдан xиноят содир кардааст ё ҳангоми рафтори ношоистаи аъзои болиғи қобили амал дар оила суд метавонад ситонидани алиментро барои шахси болиғи қобили амал  рад намояд.
 
Моддаи 121. Қатъ гардидани eҳдадориҳои  алимент
1. Eҳдадориҳои алиментӣ, ки тибқи созишномаи пардохти алимент муқаррар карда шудаанд, бо фавти яке аз тарафҳо, гузашти мeҳлати амали ҳамин созишнома ё тибқи  дигар асосҳои пешбининамудаи ҳамин созишнома қатъ мегарданд.
2. Пардохти алименти тибқи тартиби судӣ ситонидашаванда дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад:
- дар сурати ба балоғат расидани кeдак ё дар ҳолати то ба балоғат расиданашон қобили амал ҳисоб шудани кeдакони  ноболиғ;
- баъди фарзандхондӣ шудани кeдаке, ки барои таъминоти e алимент ситонида мешуд;
- пас аз таҳсилро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ё олии касби хатм кардани кeдакони  ба балоғатрасида ё ба синну соли дар моддаи 86 ҳамин Кодекс муқарраргардида расидани  онҳо; (ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1365)
- ҳангоми аз xониби суд эътироф гардидани барқарор шудани қобилияти меҳнатӣ ё қатъи мeҳтоxии алиментгиранда;
- дар сурати аз нав никоҳ кардани зан ё шавҳари собиқи мeҳтоxи корношоями алиментгиранда (моддаи 94 ҳамин Кодекс); (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
- вафот кардани шахси алиментгиранда ё шахсе, ки ба додани алимент eҳдадор аст.
 
Ф А С Л И     VI
ШАКЛҲОИ ТАРБИЯИ КEДАКОНЕ, КИ  БЕ ПАРАСТОРИИ ПАДАРУ МОДАР МОНДААНД
 
Б О Б И   18
ОШКОР   ВА  XОБАXОКУНИИ    КEДАКОНЕ, КИ  БЕ ПАРАСТОРИИ ПАДАРУ МОДАР  МОНДААНД
 
Моддаи 122. Ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кeдаконе, ки  бе  парастории падару модар  мондаанд
1. Ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кeдакон дар ҳолатҳои фавти падару модар, аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум кардани онҳо, маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модарӣ, ғайри қобили амал  эътироф шудани онҳо, беморӣ ва муддати тeлонӣ ғайриҳозир будани падару модар, саркашии падару модар аз тарбияи фарзандон ё аз ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо, аз xумла ҳангоми аз xониби падару модар рад кардани гирифтани кeдакони худ аз муассисаҳои тарбиявӣ, муассисаҳои табобатӣ ва муассисаҳои ҳифзи иxтимоии аҳолӣ ва дигар муассисаҳои ба ин монанд, инчунин ҳолатҳои дигари набудани парастории падару модар, ба зимаи мақомоти васояту парасторӣ гузошта мешавад.
Мақомоти васояту парасторӣ кeдаконеро, ки бе парастории падару модар мондаанд, ошкор намуда, баҳисобгирии онҳо ва бо назардошти ҳолатҳои мушаххаси маҳрум шудан аз парастории падару модар усули xобаxосозии кeдакони бе парастории падару модар мондаро (моддаи 124 ҳамин Кодекс) интихоб менамоянд ва ҳамчунин назорати минбаъдаи шароити таъминот, тарбия ва таълими онҳоро амалӣ менамоянд.
Ба ғайр аз мақомоти васояту парасторӣ ба дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ барои ошкор намудан ва xобаxокунии кeдакони бе парастории падару модар монда,  иxозат дода намешавад. 
2. Мақомоти васояту парасторӣ мақомоти иxрояи маҳаллии ҳокимияти давлати мебошанд. Масъалаҳои ташкил ва фаъолияти мақомоти иxроияи маҳаллии ҳокимияти давлати барои амалӣ намудани васояту парастории кeдакони бе парастории падару модар монда аз xониби мақомоти зикргардида, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. (Қ ҶТ аз 29.04.2006с, №183), (ҚҶТ аз 26.12.11с.№791), (ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1365)
 
Моддаи 123.  Ошкоркунӣ  ва баҳисобгирии  кeдакони  бе парастории падару модар  монда
1. Шахсони мансабдори муассисаҳо (муассисаҳои таълимии томактабӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои табобатӣ ва дигар муассисаҳо) ва дигар шаҳрвандоне, ки оид ба кeдакони дар қисми 1 моддаи 122 ҳамин Кодекс зикргардида маълумот доранд, eҳдадоранд ба мақомоти васояту парастории  маҳали воқеии зисти  кeдакон хабар диҳанд. (ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1365)
Мақоми васояту парасторӣ дар мeҳлати се рeз аз лаҳзаи гирифтани чунин хабар eҳдадор аст шароити зисти кeдакро санxида, дар сурати  муқаррар  намудани далели аз парастории падару модар ё хешу ақрабо маҳрум будани e, то ҳал гардидани масъалаи xобаxокунии кeдак ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои eро таъмин намояд.
2. Роҳбарони муассисаҳои тарбиявӣ, муассисаҳои табобатӣ, муассисаҳои ҳифзи иxтимоии аҳолӣ ва дигар муассисаҳои ба ин монанд, ки дар онҳо кeдакони бе парастории падару модар монда xойгир карда шудаанд, вазифадоранд дар мeҳлати ҳафт рeз  аз рeзи  барояшон аён гардидани он, ки кeдак метавонад барои тарбия ба оила супурда шавад, дар ин бора ба мақоми васояту парастории маҳали xойгиршавии муассисаи мазкур  хабар  диҳанд.
3. Барои иxро накардани eҳдадориҳои пешбининамудаи қисми 2 ҳамин модда, барои дидаю дониста пешниҳод намудани маълумоти бардурeғ, инчунин барои дигар кирдоре, ки xиҳати пинҳон кардани кeдак аз супоридан ба тарбияи оила нигаронида шудааст, роҳбарони муассисаҳои дар қисми 2 ҳамин модда зикргардида ва мақомоти васояту парасторӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ба xавобгарӣ кашида мешаванд.
4. Тартиби ошкоркуни ва баҳисобгирии кўдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 23.11.2015 сол №1239)
 
Моддаи 124. Xобаxокунии кeдаконе, ки бе  парастории  падару модар мондаанд
1. Кeдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд, бояд барои тарбия ба оила (барои фарзандхондӣ), тaҳти васоят (парасторӣ) супурда шаванд ва дар сурати мавxуд набудани чунин имконият тибқи шартнома барои тарбия ба оилаҳои (мураббии) парастор дода шаванд ё дар муассисаҳои кeдакони ятим ё ҳар навъи муассисаҳо барои кeдакони бе парастории падару модар монда (муассисаҳои тарбиявӣ, муассисаҳои табобатӣ, ҳифзи иxтимоии аҳолӣ ва дигар муассисаҳои ба ин монанд) xойгир карда шаванд. (ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1365)
Ҳангоми xобаxо намудани кeдак бояд баромади этникии кeдак, мансубияти  мазҳабӣ ва фарҳангӣ, забони модарӣ, имконияти таъмини идомати тарбия ва таълим ба назар  гирифта шавад.
2. То лаҳзаи дар оила ё дар муассисаҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида xобаxокунии кeдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд, иxрои вазифаи ваcӣ (парастор) муваққатан ба зиммаи мақоми васояту парасторӣ гузошта мешавад.
 
БОБИ  19
ФАРЗАНДХОНДӢ
 
Моддаи 125. Кeдаконе, ки онҳоро ба фарзандхондӣ қабул кардан мумкин аст
1. Фарзандхондӣ  шакли афзалиятноки ҷобаҷокунии кўдакони бе парастории падару модармонда мебошанд.
   2. Фарзандхондӣ нисбати кeдакони ноболиғ танҳо манфиатҳои онҳо бо риояи талаботи моддаи 124 Кодекси мазкур, ҳамчунин бо дарназардошти имконияти инкишофи пурраи ҷисмони, рўҳи, маънави ва ахлоқии кўдак иҷозат дода мешавад.
  3.  Фарзандхондии бародарону хоҳарон аз xониби шахсони гуногун, ба истиснои ҳолатҳое, ки фарзандхондӣ ба манфиати кeдак мебошад, иxозат дода  намешавад. (Қ ҶТ аз 29.04.2006с, №183)
4. Тартиби пешниҳоди хулосаи мақомоти васояту парастори ва номгўи маълумоти онро Низомнома дар бораи мақомоти васояту парастори муайян мекунад.
(ҚҶТ аз 23.11.15с.№1239)
 
Моддаи 126. Тартиби  ба фарзандхондӣ қабул кардан
1. Фарзандхондӣ  дар асоси аризаи шахсоне (шахсе), ки кeдакро ба фарзандӣ қабул кардан мехоҳанд, аз тарафи суд расмӣ карда мешавад. Парвандаҳои фарзандхондиро суд ба тартиби  мурофиаи махсус баррасӣ менамояд.
Парвандаҳои фарзандхондӣ дар суд бо иштироки мақомоти васояту парасторӣ ва прокурор баррасӣ мегардад. (Қ ҶТ аз 29.04.2006с, №183)
2. Шаҳрвандони Xумҳурии Тоxикистон бо интихоби худ ба суди маҳали истиқомати кeдаки  ба фарзандхондӣ қабулшаванда ё ба суди маҳали истиқомати худ  барои  ба фарзандхондӣ гирифтани кeдак ариза  медиҳанд.
3. То аризаи фарзандхондиро баррасӣ намудани суд мақомоти васояту парасторӣ вазифадоранд шароити зиндагии шахсеро, ки хоҳиши ба фарзандхондӣ қабул кардани кeдакро дорад, санxида, муайян кунанд, ки фарзандхондӣ ба манфиати кeдак аст ё не, оё барои фарзанд хондан монеае ҳаст, инчунин муносибати кeдак ба фарзандхондӣ ва фикри eро барои ба фарзандхондӣ қабул шуданаш муайян намуда, хулосаҳояшонро дар хусуси имконияти фарзандхондӣ ба суд пешниҳод намоянд.
Мақомоти васоят ва парастори вазифадоранд ба шахсоне(шахсе), ки кўдакро ба фарзандхонди қабул мекунанд, дар бораи саломатии кўдак маълумот диҳанд. (Қ ҶТ аз 29.04.2006с, №183)
4. Тартиби пешниҳоди хулосаи мақомоти васояту парастори ва номгўи маълумоти онро Низомнома дар бораи мақомоти васояту парастори муайян мекунад. (ҚҶТ аз 23.11.2015 сол №1239)
5. Ҳуқуқ ва eҳдадориҳои фарзандхонда ва фарзандхондишуда аз лаҳзаи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд дар бораи фарзандхондӣ оғоз меёбад.
Фарзандхонд шудани  кeдак бояд мувофиқи тартибе, ки барои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ муқаррар гардидааст, дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайди давлатӣ гирифта шавад.
Суд вазифадор аст, ки дар давоми се рeзи баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалнома дар бораи фарзандхондӣ ба мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандии маҳалли қабули ҳалнома  иқтибоси ин ҳалномаро фиристад.
 
Моддаи 1261. Манъ будани фаъолияти миёнарави дар фарзандхондии кўдак
              1. Фаъолияти миёнарави оид ба фарзандхондии кўдак, яъне тамомифаъолияти шахсони дигар бо мақсади интихоб кардан ва додани кўдак барои фарзандхонди аз ном ва ба манфиати шахсоне, ки хоҳиши ба фарзандхонди гирифтани кўдакро доранд, манъ мебошад.
             2. Фаъолияти мақомоти васояту парастори оид ба иҷрои ўҳдадориҳои ба зиммаашон гузошташуда, барои ошкоркуни ва ҷобаҷокунии кўдакони бе парастории падару модармонда фаъолияти миёнарави ба ҳисоб намеравад ва мақсади  ба даст даровардани фоидаро надорад.
             3. Ҷавобгари барои фаъолияти миёнарави тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. (Қ ҶТ аз 29.04.2006с, №183)
 
Моддаи 127. Шахсоне, ки ҳуқуқи ба фарзандхондӣ қабул карданро доранд
1. Ба фарзандхондӣ қабул кардан танҳо аз тарафи шаҳрвандони ба балоғатрасидаи  Xумҳурии Тоxикистон, ба истиснои шахсони зерин сурат  мегирад:
- шахсоне, ки ҷои муайяни истиқомат надоранд;
- шахсоне,ки ҳангоми фарзандхонди барои содир кардани ҷинояти қасдона  доғи суди доранд;
- шахсоне, ки суд барои содир намудани ҷиноят нисбати онҳо чораи маҷбурии дорои хусусияти тибби таъин кардааст; (Қ ҶТ аз 29.04.2006с, №183)
- шахсоне, ки суд онҳоро ғайриқобили амал ё қобилияти амалашон  маҳдуд эътироф намудааст;
- зану шавҳаре, ки суд яке аз онҳоро ғайриқобили амал ё қобилияти амалаш  маҳдуд эътироф намудааст;
- шахсоне, ки суд онҳоро аз ҳуқуқи падару модар маҳрум сохтааст ё ҳуқуқи  падару модарро маҳдуд кардааст;
- шахсоне, ки ба сабаби иxрои ғайриқаноатбахши eҳдадориҳои бо қонун ба зиммаашон гузошташуда аз вазифаи васӣ ё парасторӣ дур карда шудаанд;
- шахсоне, ки қаблан фарзандхонд доштанду вале фарзандхондӣ бо гуноҳи онҳо аз xониби суд бекор карда шудааст;
- шахсоне, ки аз сабаби беморӣ наметавонанд ҳуқуқи падару модарро амалӣ намоянд. Номгeи бемориҳое, ки дар сурати мубтало будан ба онҳо шахс наметавонад  кeдакро ба фарзандхондӣ қабул кунад, таҳти васоят (парасторӣ) гирад, аз xониби Ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон муқаррар карда мешавад.
2. Муқаррароти сархати якуми қисми 1 ҳамин модда нисбат ба падарандар ва модарандар татбиқ намегардад. (ҚҶТ аз 23.11.2015 сол №1239)
3. Шахсоне, ки байни худ никоҳ надоранд, наметавонанд ҳамон  як кeдакро  муштаракан  ба фарзандхондӣ қабул кунанд.
 
Моддаи 128. Фарқияти синну соли шахси ба фарзандхондӣ қабулкунанда ва фарзандхондшаванда
1.Фарқияти синну соли шахси ба фарзандхондӣ қабулкунанда, ки оиладор нест  ва фарзандхондшаванда бояд аз  ҳабдаҳ  сол кам набошад. (Ин меъёр аз 1 январи соли 2011 мавриди амал қарор мегирад). (Қ ҶТ аз 21.07.10с, №613)
2. Дар сурати ба фарзандхондӣ қабул кардани кeдак аз xониби падарандар  (модарандар) фарқияти синну соли дар қисми 1 ҳамин модда муқарраргардида зарур нест.
 
Моддаи 129. Розигии падару модар барои  фарзандхондии кeдак
1. Барои фарзандхондии кeдак розигии падару модари кeдак зарур аст. Дар сурати фарзандхондии кeдаки  падару модари ноболиғи ба синни ҳабдаҳсолаги  нарасида инчунин розигии падару модар, васиён ва  парасторони онҳо ва дар сурати набудани падару модар ё васиён (парасторон) розигии  мақоми васояту парасторӣ  зарур аст. (Ин меъёр аз 1 январи соли 2011 мавриди амал қарор мегирад). (Қ ҶТ аз 21.07.10с, №613)
Розигии падару модар барои фарзандхондии кeдаконашон бояд дар аризаи тасдиқнамудаи идораи нотариалии давлати ё маъмурияти муассисае, ки кeдаки бе парастории падару модар монда  дар он қарор дорад, мақоми васояту парастории маҳалли фарзандхондӣ сурат мегирад ё маҳалли истиқомати падару модар ифода ёбад ё бевосита дар суд ҳангоми фарзандхондӣ баён  карда шавад.  (Қ ҶТ аз 29.04.2006с, №183)
2. Падару модар ҳуқуқ доранд розигии додаи худро дар бораи ба фарзандхондӣ додани кeдакашон то баровардани ҳалномаи суд оид ба фарзандхонӣ бозпас талаб кунанд.
3. Падару модар метавонанд барои фарзандхондии кeдак ба шахси мушаххас ё бе зикр кардани шахси мушаххас розигӣ диҳанд. Мақомоти васояту парасторӣ дар мавриди мутобиқати фарзандхондӣ ба манфиати кeдак хулосаи худро ба суд  пешниҳод менамоянд. Дар сурати аз xониби падарандари (модарандари)  кeдак ба фарзандхондӣ  қабул кардани e чунин хулоса талаб карда намешавад.
 
Моддаи 130. Фарзандхондии кeдак  бе розигии падару модар
Дар ҳолатҳои зерин розигии падару модар барои фарзандхондии кeдак  талаб карда намешавад, агар:
- онҳо маълум набошанд ё суд онҳоро бедарак ғоибшуда эътироф намояд;
-   суд онҳоро ғайри қобили амал эътироф карда бошад;
-  суд онҳоро аз ҳуқуқи падару модар маҳрум сохта бошад (бо риояи талаботи қисми 6 моддаи 71 ҳамин Кодекс);
-  бо сабабҳое, ки суд беасос эътироф намудааст, онҳо зиёда аз  шаш моҳ бо кeдак якxоя зиндагӣ накарда, аз тарбия ва таъминоти e саркашӣ карда бошанд.
 
Моддаи 131. Розигии васиён (парасторон), роҳбарони муассисаҳое, ки  кeдакони бепарастормонда дар онxо қарор доранд, барои фарзандхондӣ
1. Барои фарзандхондии кeдаконе, ки таҳти васоят (парасторӣ) қарор доранд, розигии хаттии васии (парасторӣ) онҳо зарур аст.
Барои фарзандхондии кeдаконе, ки бе парастории падару модар монда, дар муассисаҳои дахлдори  тарбиявию тиббӣ, муассисаҳои ҳифзи иxтимоии аҳолӣ ва муассисаҳои дигари ба ин монанд қарор доранд, розигии хаттии роҳбари ин муассиса зарур аст.
2. Суд ҳуқуқ дорад ба манфиати кeдак бе розигии шахсони дар қисми 1 ҳамин модда тазаккурёфта дар хусуси фарзандхондӣ ҳалнома қабул намояд.
 
Моддаи 132. Фикри кeдаки фарзандхондишуда оиди фарзандхондшавӣ
1. Барои фарзандхондӣ намудани кeдаке, ки ба синни даҳсолагӣ расидааст, фаҳмидани фикри e лозим аст.
2. Агар кeдак то додани ариза дар бораи фарзандхонд шуданаш  дар оилаи шахси eро ба фарзандхондӣ гиранда зиндагӣ карда, eро падар ё модари  худ шуморад, фарзандхондӣ метавонад ба таври истисно, бе назардошти фикри фарзандхондшаванда сурат  гирад.
 
Моддаи 133. Розигии ҳамсари шахсе, ки кeдакро ба  фарзандхондӣ  мегирад
1. Ҳангоми кeдакро ба фарзандхондӣ қабул кардани яке аз ҳамсарон, агар кeдакро зану шавҳар якxоя  ба фарзандхондӣ қабул накунанд, розигии ҳамсари дигар зарур аст.
2. Агар зану шавҳар муносибатҳои оилавиро қатъ намуда, зиёда аз як сол ҳамроҳ зиндагӣ накунанд ва xои истиқомати ҳамсари дигар маълум набошад, розигии e барои фарзандхондӣ зарур нест.
 
Моддаи 134. Ном, номи падар ва насаби кeдаки фарзандхондшуда
1. Ном, номи падар ва насаби кeдаки фарзандхондшуда нигоҳ дошта мешавад.
2. Бо хоҳиши шахси фарзандхонда ба фарзандхондшуда насаби  фарзандхонда, инчунин номе, ки фарзандхонда додааст, гузошта мешавад. Ба кeдаки фарзандхондшуда  номи марди фарзандхондкарда, ҳамчун насаб гузошта мешавад, агар шахси фарзандхондкарда xинси зан бошад ба кeдаки фарзандхондшуда номи касе, ки зан eро ба сифати падари кeдаки фарзандхондшуда зикр намудааст, гузошта мешавад. Агар насаби зану шавҳари  фарзандхондкарда гуногун бошад, бо мувофиқаи фарзандхондкардагон ба кeдаки ба фарзандхондӣ гирифтаашон насаби яке аз онҳо ё ба тартиби пешбининамудаи моддаи 58 ҳамин Кодекс  насаб дода мешавад.
3. Ҳангоми кeдакро ба фарзандхондӣ қабул кардани зан (мард), ки дар ақди никоҳ нест, бо хоҳиши e насаб ва номи падар (модар), инчунин номи  падари (модари) кудаки фарзандхондшуда дар китоби сабти таваллуд бо нишондоди ин шахс (фарзандхонда) навишта мешавад.
4. Тағйир додани насаб, ном ва номи падари кeдаки фарзандхондшудаи ба синни даҳсолагӣ расида, ба истиснои ҳолатҳои дар қисми 2 моддаи 132 ҳамин Кодекс пешбинигардида, танҳо бо розигии e мумкин аст.
5. Дар бораи тағйир додани насаб, ном ва номи падари фарзандхондшаванда дар ҳалномаи суд оид ба фарзандхондӣ зикр карда  мешавад. (ҚҶТ аз 23.11.2015 сол №1239)
Моддаи 135. Тағйир додани сана ва маҳалли таваллуди кўдаки фарзандхондшаванда
   1. Барои таъмини сирри фарзандхонди бо хоҳиши фарзандхондкунандагон сана ва маҳалли таваллуди кўдаки фарзандхондшаванда метавонанд тағйир дода шаванд. Тағйир додани санаи таваллуди кўдак танҳо дар сурати фарзандхонд кардани кўдаки навзод (то яксола) ва ба муддати на зиёда аз се моҳ иҷозат дода мешавад.
2. Оид ба тағйир додани сана ва маҳалли таваллуди кўдаки фарзандхондшуда дар ҳалномаи суд дар бораи фарзандхондии кўдак зикр карда мешавад. (ҚҶТ аз 23.11.2015 сол №1239)
 
Моддаи 136. Сабти номи шахсони фарзандхондкарда ҳамчун падару модари кeдаки фарзандхондшуда
1. Бо  хоҳиши шахсони фарзандхондкарда суд метавонад оиди  дар дафтари сабти таваллуд ҳамчун падару модари кeдаки фарзандхондшуда сабт намудани номи онҳо ҳалнома қабул намояд.
2. Барои чунин сабт нисбати кeдаки фарзандхондшудаи ба синни даҳсолагӣ расида, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи  қисми 2 моддаи 32 ҳамин Кодекс, розигии кeдак зарур  аст.
3. Дар хусуси зарурати чунин сабт дар ҳалномаи суд дар бораи фарзандхондӣ нишон дода мешавад.
 
Моддаи 137. Оқибатҳои ҳуқуқии фарзандхондии кeдак
1. Кeдакони фарзандхондшуда ва авлоди онҳо нисбат ба фарзандхондагон ва хешовандонашон, фарзандхондагон ва хешовандони онҳо, нисбати фарзандхондшудагон ва авлоди онҳо дар ҳуқуқу eҳдадориҳои молу мулки ва ғайримолумулкии шахсӣ аз рeи аслу насаб ба хешовандон баробар карда мешаванд. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
2. Кeдакони фарзандхондшуда нисбати падару модари худ ва хешовандони онҳо ҳуқуқи ғайримолумулки ва молу мулкии шахсиро аз даст дода, аз eҳдадориҳо нисбати  онҳо озод  мешаванд. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
3. Ҳангоми ба фарзандхондӣ  қабул  кардани кeдак аз тарафи як шахс, агар фарзандхондкунанда мард бошад, ҳуқуқҳои ғайримолумулки ва молу мулкии шахсӣ ва eҳдадориҳо бо хоҳиши модар ва агар фарзандхондкунанда зан бошад бо хоҳиши падар нигоҳ  дошта шуда метавонад. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
4. Агар яке аз падару модар вафот карда бошад, он гоҳ бо хоҳиши падару модари вафоткарда (бобою бибии кeдак) ҳуқуқу eҳдадорӣ нисбат ба хешовандони волиди вафоткарда метавонанд нигоҳ дошта шаванд, агар инро манфиати кeдак талаб кунад. Ҳуқуқи падару модари падар ё модари фавтида барои муошират бо кeдаки фарзандхондшуда мутобиқи моддаи 67 ҳамин Кодекс амалӣ мегардад.
5. Дар хусуси нигоҳ доштани муносибатҳои кeдаки фарзандхондшуда бо яке аз падару модар ё бо хешовандони падар ё модари вафоткарда дар ҳалномаи суд оид ба фарзандхондӣ зикр карда мешавад.
6. Оқибати ҳуқуқии ба фарзандхондӣ гирифтани кeдак, ки дар қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда пешбинӣ шудааст, сарфи назар аз сабти фарзандхондкардагон ба сифати падару модар дар санади сабти таваллуди кeдак  фаро мерасад.
 
Моддаи 138. Нигоҳ доштани ҳуқуқи кeдаки фарзандхондашуда ба нафақа ва ёрдампулӣ
Кeдаке, ки дар вақти ба фарзандхондӣ гирифта шуданаш бинобар вафоти падару модараш ба нафақаю ёрдампулӣ ҳуқуқ дорад, ин ҳуқуқро дар сурати ба фарзандхондӣ қабул шуданаш низ нигоҳ медорад.
 
Моддаи 139. Сирри фарзандхондии кeдак
1. Сирри фарзандхондии кeдакро қонун муҳофизат мекунад. Судьяҳое, ки дар бораи фарзандхондӣ ҳалнома қабул кардаанд ё шахсони мансабдоре, ки сабти давлатии онро анxом додаанд, инчунин шахсоне, ки ба ҳар тариқи дигар аз фарзандхондӣ огоҳанд, бояд сирри фарзандхондиро  нигоҳ доранд.
2. Шахсони дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида, ки сирри фарзандхондии кeдакро бар хилофи иродаи фарзандхондагон фош кардаанд, ба тартиби муқаррарнамудаи қонун ба xавобгарӣ кашида мешаванд.
(ҚҶТ аз 23.11.2015 сол №1239)
Моддаи 140. Бекор кардани  фарзандхондии  кeдак
1. Фарзандхондии кeдак ба тартиби судӣ бекор карда мешавад.
2. Парванда оид ба бекор кардани фарзандхондии кeдак бо иштироки мақоми васояту парасторӣ, инчунин прокурор баррасӣ мешавад.
3. Фарзандхондӣ аз рeзи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд дар бораи бекор кардани фарзандхондии кeдак қатъ мегардад.
Суд вазифадор аст дар давоми се рeзи пас аз эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд дар мавриди бекор кардани фарзандхондии кeдак иқтибоси ин ҳалномаи судро ба мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандии маҳалли бақайдгирии давлатии фарзандхондӣ фиристад.
 
Моддаи 141. Асосҳо барои бекор кардани фарзандхондии кeдак
1. Фарзандхондии кeдак дар мавридҳое бекор карда шуда метавонад, ки агар фарзандхондкардагон аз иxрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташудаи падару модарӣ  саркашӣ кунанд,  аз ҳуқуқи падару модарии худ  сeиистифода намоянд, бо кeдакони фарзандхондкардаашон муносибати бераҳмона дошта, майзада ё нашъаманди ашаддӣ бошанд.
2. Суд ҳуқуқ дорад бо назардошти манфиат ва фикри кeдак фарзандхондиро  бо сабабҳои дигар  низ бекор кунад.
 
Моддаи 142. Шахсоне, ки ҳуқуқи талаби бекор  кардани фарзандхондии кeдакро доранд
Ҳуқуқи талаби бекор намудани фарзандхондкунии кeдакро падару модари ҳақиқии кeдаки фарзандхондшуда, фарзандхондкардагони (яке аз онҳо) кeдакони фарзандхондшуда,  ки ба синни чордаҳсолагӣ расидаанд, мақoми васояту парасторӣ, инчунин  прокурор  доро мебошанд.
 
Моддаи 143. Оқибати бекор кардани фарзандхондии  кeдак
1. Дар сурати фарзандхондиро бекор кардани суд ҳуқуқу eҳдадориҳои байни фарзандхондшуда ва фарзандхондаю хешовандонаш қатъ гардида, ҳуқуқу eҳдадориҳои байни кeдак ва падару модару хешовандонаш барқарор карда мешаванд, агар инро манфиати  кeдак  тақозо кунад.
2. Дар сурати бекор кардани фарзандхондӣ, кeдак бо ҳалномаи суд ба падару модараш супурда мешавад. Дар сурати набудани падару модар, инчунин агар ба падару модар супурдани кeдак хилофи манфиати e бошад, кeдак барои таълиму тарбия фаро гирифтан ба мақомоти васояту парасторӣ дода мешавад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.№791)
3. Суд ҳамчунин масъалаи нигоҳ доштан ё надоштани ном, номи падар ва насаби кeдакро, ки бо сабаби фарзандхондӣ ба e дода шудаанд, ҳал менамояд. Дигар кардани ном, насаб ё номи падари кeдаки ба синни даҳсолагӣ расида танҳо бо розигии e мумкин аст. (ҚҶТ аз 23.11.2015 сол №1239)
4. Суд бо назардошти манфиати кeдак, ҳуқуқ дорад  фарзандхондкардагони собиқро eҳдадор созад, ки ба андозаи муқаррарнамудаи моддаҳои 81 ва 83 ҳамин Кодекс барои таъминоти кeдак  маблағ пардозанд.
 
Моддаи144. Номумкинии  бекор  кардани  фарзандхондӣ баъди ба ба балоғат расидани  кeдаки  фарзандхондшуда
Бекор кардани фарзандхондии кeдак мумкин нест, агар кeдаки фарзандхондшуда то лаҳзаи пешниҳоди талаби   бекор кардани фарзандхондӣ ба балоғат расида бошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки ба ин гуна бекоркунӣ розигии байни шахси  фарзандхондкарда ва кeдаки фарзандхондшуда, инчунин падару модари e, агар  онҳо дар қайди ҳаёт буда, аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум нашуда бошанд ва суд онҳоро ғайри қобили амал эътироф накарда бошад.
 
Моддаи 145. Беэътибор донистани фарзандхондии кeдак
Фарзандхондии кeдак дар ҳолатҳое метавонад беэътибор дониста шавад, ки агар:
- ҳалномаи фарзандхондӣ ба ҳуxxатҳои қалбакӣ асос ёфта бошад;
- фарзандхондӣ қалбакӣ бошад;
- шахси ба балоғатрасида ба фарзандхондӣ қабул шуда бошад;
-  фарзандхондкарда шахсе бошад, ки суд eро ғайриқобили амал ё қобили  амалаш  маҳдуд эътироф карда бошад;
- шахси фарзандхондкарда бо ҳалномаи суд аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрумшуда бошад;
- шахсоне, ки барои номатлуб иxро кардани eҳдадориҳои қонунан ба зиммаашон гузошташуда аз eҳдадориҳои васӣ ё парасторӣ бартараф карда шуда бошанд;
- фарзандхондӣ бинобар гуноҳи содиркардаи собиқ фарзандхондагон аз xониби суд бекор карда шуда бошад;
- шахсоне, ки бинобар  вазъи саломатӣ наметавонанд ҳуқуқи падару модариро  амалӣ намоянд. Номгeи бемориҳое, ки ҳангоми ба онҳо мубтало будани шахс наметавонад кeдакро ба фарзандхондӣ қабул кунад, таҳти васоят (парасторӣ) қарор  диҳад, аз xониби Ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон муайян карда мешавад.
 
Моддаи 146. Оқибати беэътибор донистани фарзандхондии  кeдак
1. Фарзандхондии кeдак аз лаҳзаи қабул гардидани ҳалномаи суд дар бораи фарзандхондӣ беэътибор дониста мешавад. Дар ин маврид тамоми ҳуқуқу eҳдадориҳои  фарзандхондаю хешовандони e ва фарзандхонд, ки аз фарзандхондӣ  бармеоянд, аз байн  мераванд. (ҚҶТ аз 26.12.11с.№791)
2. Суд вазифадор аст, ки дар муддати се рeз дар хусуси эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалнома дар бораи беэътибор донистани  фарзандхондӣ ба мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки фарзандхондӣ дар он ба қайд гирифта шудааст, хабар диҳад.
 
БОБИ  20
ВАСОЯТ ВА  ПАРАСТОРИИ  НОБОЛИҒОН
 
Моддаи 147.  Ноболиғоне, ки таҳти васояту парасторӣ гирифта мешаванд
1. Васояту  парасторӣ барои кeдакони ноболиғе, ки бе парастории падару модар мондаанд (моддаи 122 ҳамин Кодекс), бо мақсади таъминот, таълиму тарбия, инчунин барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо муқаррар карда мешавад.
2. Васоят барои ноболиғони  то  синни  чордаҳсола муқаррар карда мешавад.
3. Парасторӣ барои ноболиғони аз чордаҳсола то ҳаждаҳсола муқаррар  карда мешавад.
4. Муқаррар ва қатъ намудани васоят ё парастории кeдакони ноболиғ тавассути  Кодекси граждании Xумҳурии Тоxикистон  муайян  карда мешавад.
 
Моддаи 148. Васиён ва парасторони ноболиғон
1. Танҳо шахсони болиғи қобили амал васӣ ва парастор таъин шуда метавонанд.
2. Шахсони зерин васӣ ва парастор  таъин шуда наметавонанд:
- шахсоне, ки аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум шудаанд:
- шахсоне, ки қаблан кeдакро ба фарзандхонда қабулкарда, агар фарзандхондкунӣ бо сабаби номатлуб иxро кардани eҳдадориҳояшон бекор карда шуда бошад;
- шахсоне, ки бо сабаби номатлуб иxро кардани eҳдадориҳояшон аз вазифаи васӣ ё  парасторӣ озод карда шудаанд;
- шахсони мубталои  майзадагӣ ва нашъамандӣ, инчунин шахсоне, ки вобаста ба вазъи саломатӣ (қисми 1 моддаи 127 ҳамин Кодекс) наметавонанд eҳдадориҳояшонро оид ба тарбияи кeдак  анxом диҳанд.
Мақомоти васояту парасториро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. (ҚҶТ аз 23.11.2015 сол №1239)
 
Моддаи 149. Низомнома дар бораи мақомоти васояту парасторӣ
Низомнома дар бораи мақомоти васояту парасторӣ аз тарафи Ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон тасдиқ карда мешавад.
 
Моддаи 150.  Маҳалли муқаррар намудани васояту парасторӣ
Васояту парасторӣ аз тарафи мақомоти иxрояи маҳаллии ҳокимияти давлати, xамоатҳои шаҳрак  ва xамоатҳои деҳот маҳали истиқомати шахсе, ки бояд таҳти васоят ва парасторӣ гирифта шавад ё маҳалли истиқомати  васӣ ё парастор муқаррар  мешавад. (Қ ҶТ аз 29.04.2006с, №183)
 
Моддаи 151. Интихоби васӣ ва парастор
1. Ҳангоми ба кeдак таъин намудани васӣ ё парастор бояд сифатҳои шахсии васӣ (парастор), ба иxрои eҳдадориҳои васӣ (парасторӣ) қодир будани e, муносибатҳои байни e ва шахси мeҳтоxи васоят ё парасторӣ, муносибати аъзои оилаи васӣ (парастор) нисбат ба кeдак, инчунин дар сурати имкон хоҳиши  худи кeдак ба инобат гирифта мешавад.
2. Таъин намудани парастор ба шахси болиғи қобили амал, ки бинобар аҳволи саломатиаш барои татбиқи мустақилонаи ҳуқуқ ва иxрои eҳдадориҳояш  имконият  надорад, танҳо бо розигии шахси таҳти парасторӣ  гирифташаванда сурат гирифта метавонад.
 
Моддаи 152.  Васоят (парасторӣ) нисбат ба кeдаконе, ки дар муассисаҳои тарбиявӣ,  муолиxавӣ ва муассисаҳои ҳифзи иxтимоии аҳолӣ қарор доранд
1. Ба кeдаконе, ки дар муассисаҳои тарбиявӣ, таълимӣ ва муассисаҳои ҳифзи иxтимоии аҳолӣ ва дигар муассисаҳои ба ин монанд таҳти васояти пурраи давлат қарор доранд, васӣ (парастор) таъин карда намешавад. Иxрои чунин eҳдадориҳо ба зиммаи маъмурияти ин  муассисаҳо гузошта мешавад.
Аз xониби васӣ (парастор) дар чунин муассиса  муваққатан  қарор додани кeдак ҳуқуқ ва eҳдадориҳои васиро (парасторро) нисбат ба ин кeдак қатъ намесозад.
2. Мақомоти васояту парасторӣ шароити таъминот, тарбия ва таълими кeдакони дар ин муассисаҳо қарордоштаро, ки дар қисми 1 ҳамин  модда зикр гардидаанд, назорат мекунанд.
3. Ҳимояи ҳуқуқи дастпарварони (хатмкунандагони) муассисаҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида ба зиммаи мақомоти васояту парасторӣ гузошта мешавад.
 
Моддаи 1521. Васоят (парастори) нисбат ба кўдаконе, ки падару
                          модари онҳо муддати тўлони ғоибанд
1. Васоят (парастори) нисбат ба кўдаконе, ки падару модари онҳо муддати тўлони (зиёда аз 3 моҳ) ғоибанд ё дар таълиму тарбияи хешу ақрабояшон қарор доранд, ки ин хешу ақрабо дорои ҳуҷҷати дахлдор нестанд, аз ҷониби мақомоти васояту парастори таъин карда мешавад.
2. Мақомоти васояту парастори шароити таъминот ва таълиму тарбияи кўдакони дар қисми 1 ҳамин модда зикргардидаро назорат мекунанд.
3. Ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кўдакони дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида ба зиммаи мақомоти васояту парастори гузошта мешавад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.№791)
 
Моддаи 153. Ҳуқуқи кeдакони таҳти васоят (парасторӣ) қарордошта
1.  Кeдакони таҳти васоят (парасторӣ) қарордошта чунин ҳуқуқҳо доранд:
- ба тарбия дар оилаи васӣ (парастор), ғамхорӣ аз xониби васӣ (парастор), зиндагии дар як xо бо e, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки қонунгузории граждании Xумҳурии Тоxикистон пешбинӣ намудааст;
- ба таъмини шароити зист, тарбия ва таълим, рушду такомули ҳамаxониба ва эҳтироми шаъну эътибори инсонии онҳо;
- ба алимент, нафақа, ёрдампулӣ ва дигар пардохтҳои иxтимоии ба онҳо тааллуқдошта;
- ба нигоҳ доштани ҳуқуқи моликият ба манзили истиқоматӣ ё ҳуқуқи истифодаи манзили истиқоматӣ ва дар сурати мавxуд набудани манзили истиқоматӣ ҳуқуқ доранд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  манзил хонаи истиқоматӣ гиранд; (ҚҶТ аз 26.12.11с.№791)
- ба ҳимоя аз суиистифодаи васӣ (парастор) мутобиқи моддаи 57 ҳамин Кодекс.
2. Кeдаконе, ки таҳти васоят (парасторӣ) қарор доранд, дорои ҳуқуқҳои пешбининамудаи моддаи 56 ҳамин Кодекс мебошанд.
 
Моддаи 154. Ҳуқуқи кeдакони бе парастории падару модар монда, ки дар муассисаҳои тарбиявӣ, табобатӣ ва муассисаҳои ҳифзи иxтимоии аҳолӣ қарор доранд
1. Кeдакони бе парастории падару модар монда, ки дар муассисаҳои тарбиявӣ, табобатӣ ва муассисаҳои ҳифзи иxтимоии аҳолӣ ва дигар муассисаҳои ба ин монанд  қарор доранд, чунин ҳуқуқҳо доранд:
- ба таъминот, тарбия, таълим, рушду такомули ҳамаxониба, эҳтироми шаъну эътибори инсонӣ, таъмини манфиатҳояшон;
- ба алимент, нафақа, ёрдампулӣ ва дигар пардохтҳои иxтимоии ба онҳо тааллуқдошта;
- ба нигоҳ доштани ҳуқуқи моликият ба манзили истиқоматӣ ё ҳуқуқи истифодаи манзили истиқоматӣ ва ҳангоми мавxуд набудани манзили истиқоматӣ ҳуқуқ доранд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба манзил хонаи истиқоматӣ гиранд;
- пас аз хатми муассисаҳои зикргардида ба имтиёз барои ба кор даромадан мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат.
2. Кeдакони бе парастории падару модар монда, ки дар муассисаҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида қарор доранд, инчунин дорои ҳуқуқҳои пешбининамудаи моддаҳои 55, 56 ҳамин Кодекс мебошанд.
 
Моддаи 155. Ҳуқуқ ва eҳдадориҳои васӣ ва  парастори  кeдаки  ноболиғ
1. Васӣ ва парастори кeдаки ноболиғ ҳуқуқ доранд ва eҳдадор ҳастанд, ки шахси ба парасторӣ гирифтаашонро тарбия кунанд, дар бораи саломатӣ, такомули xисмонӣ, рeҳӣ, маънавӣ ва ахлоқӣ, таҳсил ва касбомeзии e ғамхорӣ зоҳир намоянд.
Васиёну парасторон метавонанд бо назардошти фикру хоҳиши кeдакон ва тавсияи мақомоти васояту парасторӣ, инчунин ҳангоми риояи талаботи    пешбининамудаи қисми якуми моддаи 65 ҳамин Кодекс тарбияи кeдаконро, ки  таҳти васояти (парастори) онҳо қарор доранд, мустақилона муайян намоянд.
Васӣ ва парастор бо назардошти фикру хоҳиши кeдаки таҳти васояташон қарордошта ҳуқуқ доранд  муассисаи таълимӣ ва шакли таълимро барои гирифтани таҳсилоти асосии умумӣ мустақилона интихоб намоянд. (ҚҶТ аз 14.11.2016 сол №1365)
2. Васӣ ва парастор ҳуқуқ доранд ба воситаи суд аз ҳар гуна шахсоне, ки бе  асоси қонунӣ кeдакро дар назди худ нигоҳ медоранд, аз xумла аз хешовандони наздики кeдак баргардонидани кeдаки дар таҳти васояташон (парасториашон) бударо талаб намоянд.
3. Васӣ ва парастор  ҳуқуқ надоранд, ки барои муоширати кeдаки таҳти васояташон (парасториашон) қарордошта бо падару модару хешовандони дигараш, ба истиснои ҳолатҳое, ки ин муошират ба манфиати кeдак  нест, монеъ  шаванд.
4. Ҳуқуқ ва eҳдадориҳои васӣ  ва парасторро Кодекси граждании Xумҳурии Тоxикистон муайян мекунад.
5. Eҳдадории васоят (парасторӣ) нисбат ба кeдаки таҳти васоят (парасторӣ) қарордошта аз xониби васӣ (парастор) бемузд анxом дода мешавад.
6. Ба васӣ (парастор) барои таъминоти кeдаки таҳти парасторӣ қарордошта ҳар моҳ тибқи андоза ва тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон маблағ дода мешавад.
 
Моддаи 156. Аз вазифа бартараф сохтани васӣ ва парастор дар сурати номатлуб иxро кардани вазифаашон
1. Агар васӣ ё парастор вазифаи ба зиммааш гузошташударо номатлуб иxро кунад, мақоми васояту парасторӣ васӣ ё парасторро аз иxрои ин вазифа озод менамояд. (ҚҶТ аз 26.12.11с.№791)
2. Дар сурати васоятро (парасториро) ба мақсадҳои ғаразнок истифода кардани васӣ (парастор), инчунин дар ҳолати бе назорат ва кeмаки зарурӣ гузоштани шахсони таҳти парасторӣ қарордошта мақомоти васояту парасторӣ вазифадоранд, ки барои ҳалли масъалаи ба xавобгарии муқaррарнамудаи қонун кашидани ин шахс маводи заруриро ба прокурор пешниҳод намоянд.
 
Моддаи 157. Аз парастории шахси болиғ озод кардани парастор бо талаби шахси таҳти парасторӣ қарордошта
Парастори шахси болиғи қобили амал, ки ба парасторӣ мeҳтоx  аст бо сабаби вазъи саломатӣ ва синну сол бояд бо талаби шахси таҳти парасторӣ қарордошта аз вазифа озод карда шавад. Мақомоти  васояту парасторӣ дар ин ҳолат метавонанд бо мувофиқаи шахси  таҳти  парасторӣ қарордошта шахси дигарро ба сифати  парастор таъин намоянд.
 
Моддаи 158. Шикоят намудан оид ба қарорҳои мақомоти васояту парасторӣ
Нисбати қарорҳои мақомоти васояту парасторӣ дар хусуси таъин ва озод намудани васиён ва парасторон, инчунин доир ба тамоми масъалаҳои васояту  парасторӣ шахсони манфиатдор метавонанд аз рeи тобеият ба мақомоти болоӣ ё ба суд шикоят  кунанд.
 
Ф А С Л И   VII
АСНОДИ ҲОЛАТИ ШАҲРВАНДӢ
(БОБИ 21, моддаҳои 159,160,161,162,163,164,165,166). 
Хориҷ карда шуд  бо  Қ ҶТ аз 29.04.2006с, №183)
 
Ф А С Л И  VIII
ИСТИФОДАИ  ҚОНУНҲОИ  ОИЛА ДАР  МУНОСИБАТҲОИ  ОИЛАВӢ БО ИШТИРОКИ ШАҲРВАНДОНИ ХОРИXӢ   ВА  ШАХСОНИ БЕШАҲРВАНДӢ
 
БОБИ  22
Истифодаи Қонунгузории ақди никоҲ ва оила нисбат ба  шаҲрвандони  хориXӣ ва шАхсОНи бешаҲрвандӢ
 
Моддаи  167. Ақди никоҳ дар қаламрави Xумҳурии Тоxикистон
1. Шаклу тартиби ақди никоҳ дар қаламрави Xумҳурии Тоxикистон тибқи қонунҳои Xумҳурии Тоxикистон муайян карда мешавад.
2. Шартҳои ақди никоҳ дар қаламрави Xумҳурии Тоxикистон барои ҳар як шахси никоҳшаванда дар асоси қонунҳои давлате, ки дар лаҳзаи ақди никоҳ e шаҳрванди он давлат мебошад, бо риояи талаботи қисми 3 моддаи 12 ва моддаи 14 ҳамин Кодекс дар бобати ҳолатҳое, ки  монеъи ақди никоҳ  мегарданд, муайян карда мешаванд. (ҚҶТ аз 26.12.11с.№791), (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710).
3. Агар шахс дар баробари шаҳрванди давлати дигар  будан шаҳрвандии Xумҳурии Тоxикистонро дошта бошад, нисбати вай шартҳои ақди никоҳи қoнунгузории Xумҳурии Тоxикистон  истифода бурда мешавад. Агар шахс дорои шаҳрвандии якчанд давлати хориxӣ бошад, бо интихоби ин шахс қонунгузории яке аз ин давлатҳо истифода бурда мешавад. (Қ ҶТ аз 29.04.2006с, №183)
4. Шартҳои ақди никоҳи шахси бешаҳрвандӣ дар қаламрави Xумҳурии Тоxикистон дар асоси қонунҳои давлате муайян карда мешаванд, ки ин шахс дар он xои истиқомати доимӣ дорад.
 
Моддаи 168.  Ақди никоҳ дар намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулӣ
1. Ақди никоҳи дар байни шаҳрвандони Xумҳурии Тоxикистон, ки берун аз ҳудуди Xумҳурии Тоxикистон зиндагӣ мекунанд, дар намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Xумҳурии Тоxикистон сурат мегирад.
2. Ақди никоҳ дар байни шаҳрвандони хориxӣ, ки аз тарафи намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии кишварҳои хориxӣ дар Xумҳурии Тоxикистон анxом дода шудааст, агар ин шахсон дар лаҳзаи  ақди никоҳ шаҳрвандони давлати хориxие бошанд, ки дар Xумҳурии Тоxикистон сафир ё консул таъин кардааст, мутақобилан  қобили эътибор дониста мешавад.
 
Моддаи 169. Эътирофи ақди никоҳе, ки берун аз ҳудуди Xумҳурии Тоxикистон баста шудааст
1. Ақди никоҳҳои шаҳрвандони Xумҳурии Тоxикистон ва ақди никоҳҳои байни шаҳрвандони Xумҳурии Тоxикистон бо шаҳрвандони хориxӣ ё шахсони бешаҳрвандӣ, ки берун аз ҳудуди Xумҳурии Тоxикистон бо риояи қонунҳои он кишвар баста шудаанд, агар барои эътироф  шартҳо ва монеаҳои дар қисми 3 моддаи 12 ва  моддаи 14 ҳамин Кодекс пешбинигардида набошанд, дар Xумҳурии Тоxикистон боэътибор дониста мешавад. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710).
2. Ақди никоҳи шаҳрвандони хориxӣ, ки берун аз ҳудуди Xумҳурии Тоxикистон бо риояи қoнунҳои он кишваре баста шудаанд, ки дар он ақди никоҳ сурат  гирифтааст, дар Xумҳурии Тоxикистон боэътибор дониста мешаванд.
 
Моддаи 170. Беэътибор донистани  ақди никоҳ
Ақди никоҳ тибқи тартиби муқаррарнамудаи моддаҳои 167 ва 169 Кодекси мазкур беэътибор дониста мешавад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.№791)
 
 
Моддаи 171.  Бекор кардани ақди никоҳ
1. Бекор кардани ақди никоҳи шаҳрвандони Xумҳурии Тоxикистон бо шаҳрвандони хориxӣ ё ашхоси бешаҳрвандӣ, инчунин никоҳи байниҳамдигарии шаҳрвандони хориxӣ дар Xумҳурии Тоxикистон тибқи қонунҳои Xумҳурии Тоxикистон сурат мегирад.
2. Шаҳрвандони Xумҳурии Тоxикистон, ки берун аз ҳудуди Xумҳурии Тоxикистон истиқомат мекунанд, ҳуқуқ  доранд никоҳро бо ҳамсари худ, ки берун аз ҳудуди Xумҳурии Тоxикистон зиндагӣ мекунад, сарфи назар аз шаҳрвандии e, дар суди Xумҳурии Тоxикистон бекор кунанд. Дар ҳолатҳое, ки тибқи қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон ба бекор кардани ақди никоҳ дар мақмоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ иxозат дода мешавад, ақди никоҳ дар намояндагиҳои дипломатӣ ё муассисаҳои консулии  Xумҳурии Тоxикистон  бекор карда мешавад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.№791)
3. Бекор кардани ақди никоҳи байни шаҳрвандони Xумҳурии Тоxикистон ва шаҳрвандони хориxӣ ё шахсони  бешаҳрвандӣ, ки берун аз ҳудуди Xумҳурии Тоxикистон, бо риояи қонунгузории давлати хориxии дахлдор салоҳиятнокии  мақомоте, ки оиди  бекор кардани ақди никоҳ қарор қабул кардаанд ва қонунгузорие, ки ҳангоми бекор кардани ақди  никоҳ бояд истифода бурда шавад, дар Xумҳурии Тоxикистон боэътибор дониста мешавад.
4. Бекор кардани ақди никоҳи байни шаҳрвандони хориxӣ, ки берун аз ҳудуди Xумҳурии Тоxикистон, бо риояи қонунгузории давлати дахлдор салоҳияти мaқоме, ки дар бораи ақди никоҳ қарор баровардааст ва қонунҳое, ки бояд ҳангоми бекор кардани ақди никоҳ истифода шаванд, дар Xумҳурии Тоxикистон боэътибор дониста мешавад. 
 
Моддаи 172. Ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкию молу мулкӣ ва eҳдадориҳои зану шавҳар
1. Ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкию молу мулки ва eҳдадориҳои зану шавҳар тибқи қонунҳои давлате, ки онҳо дар ҳудуди он иқоматгоҳи муштарак доранд ва дар сурати надоштани иқоматгоҳи муштарак бошад, тибқи қонунҳои давлате муайян карда мешаванд, ки онҳо дар қаламрави он иқоматгоҳи охирини муштарак доштанд. Ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкию молу мулки ва eҳдадориҳои  зану шавҳаре, ки иқоматгоҳи муштарак надоранд, дар Xумҳурии Тоxикистон мутобиқи қонунҳои Xумҳурии Тоxикистон муайян карда мешаванд. (ҚҶТ аз 25.03.11с, №710)
2. Зану шавҳаре, ки шаҳрвандии умумӣ ё иқоматгоҳи муштарак надоранд, ҳангоми бастани аҳдномаи никоҳ ё созишнома дар бораи пардохти алимент ба ҳамдигар  метавонанд қонунҳоеро интихоб намоянд, ки барои муайян намудани ҳуқуқу eҳдадориҳояшон дар хусуси пардохти алимент аз рeи ин аҳднома ё созишномаи пардохти алимент мавриди истифода қарор мегиранд. Агар зану шавҳар дар мавриди интихоби қонунҳо  нисбати аҳдномаи никоҳ ё созишномаи зану шавҳар дар бораи пардохти алимент ба якдигар ба мувофиқа наоянд, муқаррароти қисми  якуми ҳамин модда истифода мешавад. (ҚҶТ аз 19.03.2013с. №952)
 
Моддаи 173. Муқаррар намудан ва рад кардани  падархондӣ (модархондӣ)
1. Муқаррар намудан ва рад кардани падархондӣ (модархондӣ) тибқи қонунҳои давлате муайян карда мешавад, ки кeдак  аз рeи таваллуд  шаҳрванди он мебошад.
2.Тартиби муқаррар ва рад кардани падархондиро (модархондиро) дар ҳудуди Xумҳурии Тоxикистон қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон муайян мекунад. Дар ҳолатҳое, ки агар  мутобиқи қонунҳои Xумҳурии Тоxикистон муқаррар намудани падар (модар)  дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ иxозат дода шуда бошад, падару модари берун аз ҳудуди Xумҳурии Тоxикистон истиқоматкунандаи кeдак, ки ақаллан якеашон  шаҳрванди Xумҳурии Тоxикистон мебошанд, ҳуқуқ доранд бо аризаи муқаррар намудани падар (модар) ба намояндагии дипломатӣ ё муассисаҳои консулии Xумҳурии Тоxикистон муроxиат намоянд.
 
Моддаи 174. Ҳуқуқ ва eҳдадориҳои падару модар  ва фарзандон
Ҳуқуқ ва eҳдадориҳои  падару модар  ва фарзандон, аз xумла eҳдадории падару модар дар бобати таъминоти фарзандон мутобиқи қонунҳои давлате муайян карда мешаванд, ки  дар он давлат иқоматгоҳи муштарак доранд. Дар сурати иқоматгоҳи муштарак надоштани падару модар ва фарзандон, ҳуқуқу eҳдадориҳои онҳо тибқи қонунҳои давлате муайян карда мешаванд, ки кeдак шаҳрванди он мебошад. Бо талаби даъвогар нисбати eҳдадориҳои алиментдиҳӣ ва дигар муносибатҳои байни падару модар ва фарзандон қонунҳои давлатеро истифода кардан мумкин аст, ки кeдак дар қаламрави он истиқомати доимӣ дорад.
 
Моддаи 175. Eҳдадориҳои алиментдиҳии фарзандони болиғ ва аъзои дигари оила
Eҳдадориҳои алиментдиҳии фарзандони болиғ ба манфиати падару модарашон, инчунин eҳдадориҳои алиментдиҳии аъзои дигари оила тибқи қонунҳои давлате муайян карда мешаванд, ки онҳо дар қаламрави он иқоматгоҳи доимӣ доранд. Дар сурати надоштани иқоматгоҳи муштарак чунин eҳдадориҳо тибқи қонунҳои давлате  муайян карда мешавад, ки шахси даъвогари алимент  шаҳрванди он мебошад.
 
Моддаи 176. Муқаррар намудани мазмуни меъёрҳои  ҳуқуқи оилавии хориxӣ
1. Ҳангоми истифодаи меъёрҳои ҳуқуқи оилавии хориxӣ суд ё мақоми сабти  асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва  дигар мақомот мундариxаи ин меъёрҳоро мувофиқи тафсири расмии он, амалияи истифода ва доктринаи он  дар давлати дахлдори хориxӣ муқаррар менамоянд.
Ба мақсади муқаррар намудани мундариxаи меъёрҳои ҳуқуқи оилавии хориxӣ суд, мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва мақомоти дигар метавонанд тибқи тартиби муқарраршуда барои мусоидат ва тавзеҳ ба Вазорати адлияи Xумҳурии Тоxикистон ва дигар мақомоти салоҳиятноки Xумҳурии Тоxикистон муроxиат кунанд ё коршиносонро (экспертҳоро) xалб намоянд.
2. Шахсони манфиатдор ҳуқуқ доранд асноди тасдиқкунандаи мундариxаи меъёрҳои ҳуқуқи оилавии хориxиеро, ки онҳо барои талаби худ ё эътироз ба он истинод мекунанд, пешниҳод намоянд ё ба тарзи дигар ба суд ё мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дигар мақомот дар муқаррар сохтани мундариxаи  меъёрҳои ҳуқуқи оилавии хориxӣ мусоидат кунанд.
3. Агар мундариxаи меъёрҳои ҳуқуқи оилавии хориxӣ, сарфи назар аз чораҳои мутобиқи қисми якуми ҳамин модда дидашуда муқаррар нагардад, қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон истифода бурда мешавад.
 
Моддаи 177. Маҳдудияти истифодаи ҳуқуқи оилавии хориxӣ
Ҳуқуқи оилавии хориxӣ дар ҳолатҳое истифода бурда намешавад, ки он хилофи асосҳои тартиботи ҳуқуқии (тартиботи оммавӣ) Xумҳурии Тоxикистон бошад. Дар ин ҳолат қонунҳои Xумҳурии Тоxикистон истифода бурда мешаванд.
 
Моддаи 1771. Ҷавобгари барои риоя накардани талаботи Кодекси мазкур
Шахсони воқеи ва ҳуқуқи барои  риоя  накардани  талаботи  Кодекси мазкур  мутобиқи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгари кашида мешаванд. (ҚҶТ аз 19.03.2013с. №952)
 
Моддаи 178. Аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории   Xумҳурии Тоxикистон, бинобар мавриди амал қарор гирифтани ин Кодекс
Қонунҳои зерини Xумҳурии Тоxикистон  беэътибор  дониста  шаванд:
Қонуни Xумҳурии Тоxикистон аз 19 июни соли 1969 “Дар бораи тасдиқ кардани Кодекси  оид ба никоҳ ва оилаи Xумҳурии Тоxикистон” (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоxикистон, соли 1969. № 12, моддаи 102);
Укази Президиуми Совети Олии Xумҳурии Тоxикистон аз 30 сентябри соли 1976 “Дар бораи даровардани тағйирот ба моддаи 185 Кодекси Xумҳурии Тоxикистон оид ба никоҳ ва оила” (Ведомостҳои Советии Олии РСС Тоxикистон, соли 1976, № 19, моддаи 244);
Қонуни Xумҳурии Тоxикистон аз 26 ноябри соли 1976 “Дар хусуси тасдиқ намудани Укази Президиуми Совети Олии Xумҳурии Тоxикистон “Дар бораи даровардани тағйирот ба моддаи 185 Кодекси Xумҳурии Тоxикистон оид ба никоҳ ва оила” (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоxикистон, соли 1976, № 23, моддаи 282);
Укази Президиуми Совети Олии Xумҳурии Тоxикистон аз 28 августи соли 1980 “Дар бораи даровардани тағйирот ва иловаҳо ба Кодекси оид ба никоҳ ва оилаи Xумҳурии Тоxикистон” (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоxикистон, соли 1980, № 18, моддаи 216);
Қонуни Xумҳурии Тоxикистон аз 19 ноябри соли 1980 “Дар хусуси тасдиқ намудани Укази Президиуми Совети Олии Xумҳурии Тоxикистон “Дар бораи даровардани тағйирот ва иловаҳо ба Кодекси оид ба никоҳ ва оилаи Xумҳурии Тоxикистон” (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоxикистон, соли 1980, № 23, моддаи 250);
Укази Президиуми Совети Олии Xумҳурии Тоxикистон аз 25 марти соли 1982 “Дар бораи даровардани  тағйирот ва иловаҳо ба моддаи 35 Кодекси оид ба никоҳ ва оилаи Xумҳурии Тоxикистон” (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоxикистон, соли 1982, № 7, моддаи 51);
Қонуни Xумҳурии Тоxикистон аз 17 маи соли 1982 “Дар хусуси тасдиқ кардани Указҳои Президиуми Совети Олии Xумҳурии Тоxикистон дар бораи даровардани тағйироту иловаҳо ба баъзе актҳои қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон дар қисмати тасдиқи Укази Президиуми Совети Олии Xумҳурии Тоxикистон аз 25 марти соли 1982 “Дар бораи даровардани тағйирот ба моддаи 35 Кодекси оид ба никоҳ ва оилаи Xумҳурии Тоxикистон”  (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоxикистон, соли 1982, № 11, моддаи 130);
Укази Президиуми Совети Олии Xумҳурии Тоxикистон аз 10 феврали соли 1984 “Дар бораи даровардани тағйирот ба моддаи 27 Кодекси оид ба никоҳ ва оилаи Xумҳурии Тоxикистон” (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоxикистон, соли 1984, № 4, моддаи 40);
Қонуни Xумҳурии Тоxикистон аз 17 феврали соли 1984 “Дар бораи тасдиқ кардани Указҳои Президиуми Совети Олии Xумҳурии Тоxикистон “Дар хусуси дохил кардани тағйироту иловаҳо ба баъзе актҳои қонунии Xумҳурии Тоxикистон” дар қисмати тасдиқ намудани Укази Президиуми Совети Олии Xумҳурии Тоxикистон аз 10 феврали соли 1984 “Дар бораи дохил кардани тағйирот ба моддаи 27-уми Кодекси оид ба никоҳ ва оилаи Xумҳурии Тоxикистон” ( Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоxикистон,  соли 1984, № 4, моддаи 36);
Моддаи 9 Укази Президиуми Совети Олии Xумҳурии Тоxикистон аз 8 августи соли 1984 “Дар бораи дохил кардани тағйироту иловаҳо ба  баъзе актҳои қонунии Xумҳурии Тоxикистон” (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоxикистон, соли 1984, № 16, моддаи 168);
Фасли 1 Укази Президиуми Совети Олии Xумҳурии Тоxикистон аз 22 ноябри соли 1984 “Дар бораи даровардани тағйироту иловаҳо ба баъзе актҳои қонунии Xумҳурии Тоxикистон” (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоxикистон, соли 1984, № 23, моддаи 224);
Фасли 1 Укази Президиуми Совети Олии Xумҳурии Тоxикистон аз 27 феврали соли 1985 “Дар бораи даровардани тағйироту иловаҳо ба баъзе актҳои қонунии Xумҳурии Тоxикистон” (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоxикистон, соли 1985, № 5, моддаи 54);
Фасли 11 Укази Президиуми Совети Олии Xумҳурии Тоxикистон аз 22 ноябри соли 1985 “Дар бораи баъзе тағйиротҳои тартиби рeёнидани алимент барои нигоҳубини кeдакони ноболиғ” (Ведомостҳои  Совети Олии РСС Тоxикистон, соли 1985, № 23, моддаи 230);
Фасли 1 Укази Президиуми Совети Олии Xумҳурии Тоxикистон аз 28 феврали соли 1987 “Дар бораи баъзе тағйиротҳои тартиби рeёнидани алимент барои фарзандони ноболиғ” (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоxикистон, соли 1987, № 5, моддаи  76);
Укази Президиуми Совети Олии Xумҳурии Тоxикистон аз 23 феврали соли 1990 “Дар бораи даровардани тағйирот ба Кодекси оид ба никоҳ ва оилаи Xумҳурии Тоxикистон” (Ведомостҳои Совети Олии Xумҳурии Тоxикистон, соли 1990, № 5,. моддаи 42);
Қонуни Xумҳурии Тоxикистон аз 24 апрели соли 1990 “Дар хусуси тасдиқи Указҳои Президиуми Совети Олии Xумҳурии Тоxикистон «Дар бораи даровардани тағйироту иловаҳо ба баъзе актҳои қонунии Xумҳурии Тоxикистон” дар қисмати тасдиқ намудани Укази Президиуми Совети Олии Xумҳурии Тоxикистон аз 23 феврали соли 1990 “Дар бораи даровардани тағйирот ба Кодекси оид ба никоҳ ва оилаи Xумҳурии Тоxикистон” (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоxикистон соли 1990, № 9, моддаи 162);
Қонуни Xумҳурии Тоxикистон аз 24 апрели соли 1990 “Дар бораи даровардани тағйироту иловаҳо ба Кодекси оид ба никоҳ ва оилаи Xумҳурии Тоxикистон” (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоxикистон, соли 1990, № 9, моддаи 163);
Фасли III Қонуни Xумҳурии Тоxикистон аз 28 августи соли 1990 “Дар бораи дохил кардани тағйироту иловаҳо ба баъзе актҳои қонунии Xумҳурии Тоxикистон” (Ведомостҳои  Совети Олии РСС Тоxикистон, соли 1990, № 16, моддаи 268);
Фасли YI Қонуни Xумҳурии Тоxикистон  аз 12 декабри соли 1990 “Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунии Xумҳурии Тоxикистон” (Ведомостҳои Шeрои Олии РСС Тоxикистон, соли 1990, № 24, моддаи 410);
Фасли 1 Қонуни Xумҳурии Тоxикистон аз 27 июни соли 1991 “Дар  хусуси даровардани тағйироту иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунии Xумҳурии Тоxикистон” (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоxикистон, соли 1991, № 14, моддаи 237);
Қонуни Xумҳурии Тоxикистон аз 23 ноябри соли 1992 “Дар бораи даровардани тағйирот ба Кодекси оид ба никоҳ ва оилаи Xумҳурии Тоxикистон” (Ахбори Шeрои Олии Xумҳурии Тоxикистон, соли 1992, № 21-22, моддаи 301);
Фасли IY Фармони Раёсати Шeрои Олии Xумҳурии Тоxикистон аз 6 июни соли 1993 “Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунгузории Xумҳурии Тоxикистон” (Протоколи № 166 маxлиси Раёсати Шeрои Олии Xумҳурии Тоxикистон);
Фармони Раёсати Шeрои Олии Xумҳурии Тоxикистон аз 29 июли соли 1993 “Дар бораи даровардани тағйирот ба Кодекси оид ба никоҳ ва оилаи Xумҳурии Тоxикистон” (Ахбори Шeрои Олии Xумҳурии Тоxикистон, соли 1993, № 13, моддаи 272);
Қонуни Қумҳурии Тоxикистон аз 28 декабри соли 1993 “Оид ба тасдиқ намудани Фармонҳои Раёсати Шeрои Олии Xумҳурии Тоxикистон дар бораи дохил намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе қонунҳои Xумҳурии Тоxикистон” дар қисмати тасдиқи Фармони Раёсати Шeрои Олии Xумҳурии Тоxикистон аз 29 июли соли 1993 “Дар бораи даровардани тағйирот ба Кодекси оид ба никоҳ ва оилаи Xумҳурии Тоxикистон” (Ахбори Шeрои Олии Xумҳурии Тоxикистон, соли 1993, № 23-24, моддаи 509).
 
ҚОНУНИ XУМҲУРИИ ТОXИКИСТОН
 
(Ахбори Маxлиси Олии Xумҳурии Тоxикистон, соли 1998, №22, мод.304)
 
     Дар бораи қабули Кодекси оилаи Xумҳурии Тоxикистон
 
Маxлиси Олии Xумҳурии Тоxикистон  қарор  мекунад:
Кодекси оилаи Xумҳурии Тоxикистон қабул карда шавад.
 
 
         Президенти
Xумҳурии Тоxикистон                                                           Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе, 13 ноябри соли 1998,
№ 682
ҚАРОРИ МАXЛИСИ ОЛИИ
XУМҲУРИИ ТОXИКИСТОН
 
(Ахбори Маxлиси Олии Xумҳурии Тоxикистон, соли 1998, №22, мод.305)
 
     Оиди мавриди амал қарор додани Кодекси оилаи Xумҳурии Тоxикистон
 
Маxлиси Олии Xумҳурии Тоxикистон қарор  мекунад:
1. Кодекси оилаи Xумҳурии Тоxикистон пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
2. Ҳукумати Xумҳурии Тоxикистон:
а) дар хусуси бо Кодекси оилаи Xумҳурии Тоxикистон мутобиқсозии санадҳои қонунгузорӣ ба Маxлиси Олии Xумҳурии Тоxикистон таклифҳо пешниҳод намояд;
б) қарорҳои Ҳукумати Xумҳурии Тоxикистонро бо Кодекси оилаи Xумҳурии Тоxикистон мутобиқ гардонад;
в) аз xониби вазоратҳо ва кумитаҳои давлатӣ аз нав дида баромадан ва бекор  намудани санадҳои меъёрии онҳо, аз xумла дастурамалҳояшонро, ки хилофи Кодекси оилаи Xумҳурии Тоxикистон мебошанд, таъмин намояд.
Раиси Маxлиси Олии
Xумҳурии Тоxикистон                                                          С. РАXАБОВ
ш. Душанбе,13 ноябри соли 1998,
№683
 

КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 16/01/2020 - 16:30
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
КОДЕКС
Рақам: 
564
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
03.12.1999
КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №12, мод. 815, мод. 816; с. 2010, №7, мод. 551; с. 2011, №3, мод. 159, №7-8, мод. 609; с. 2012, №4, мод. 259, №7, мод. 714, №8, мод. 815, №12, қ.1, мод. 1020, мод. 1025; с. 2013, №7, мод. 510, мод. 511; с. 2014, №3, мод. 142, №11, мод. 643; с. 2015, №11, мод. 950; с. 2016, №3, мод. 128, №5, мод. 357, №7, мод. 610, мод. 611; с. 2017, №1-2, мод. 4; с. 2018, №5, мод. 267; с. 2019, №1, мод. 3; с. 2020, №7-9, мод. 602, мод. 608; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 январи соли 2021, №1755)
(Қонуни ҶТ аз 21.07.2010 № 618, аз 25.03.2011 № 692, аз 2.08.2011 № 755, аз 16.04.2012 № 809, аз 03.07.2012 № 864, аз 01.08.2012 № 878, аз 28.12.2012 № 927, аз 28.12.2012 № 932, аз 22.07.2013 № 982, № 983, аз 14.03.2014 № 2014 № 1067, аз 27.11.2014 № 1134, аз 23.11.2015 № 1229, аз 15.03.2016 № 1275, аз 14.05.2016 № 1306, аз 23.07.2016 № 1332, № 1333, аз 24.02.2017 № 1381, аз 17.05.2018 № 1516, аз 2.01.2019 № 1556, аз 04.07.2020 № 1696, аз 04.07.2020 № 1702, аз 29.01.2021 № 1755, аз 20.04.2021 № 1777, аз 23.12.2021 № 1810, аз 23.12.2021 № 1811, аз 18.03.2022 № 1853, аз 19.07.2022 № 1900)
ҚИСМИ I. ҚИСМИ УМУМӢ
ФАСЛИ I. МУҚАРРАРОТИ АСОСӢ
БОБИ 1. ҚОНУНГУЗОРИИ МУРОФИАВИИ ҶИНОЯТӢ
Моддаи 1. Қонунгузорие, ки тартиби пешбурди парвандаи ҷиноятиро муайян мекунад
1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби пешбурди парвандаи ҷиноятиро Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад, муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1381).
2. Тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ барои суд, мақомоти прокуратура, тафтиши пешакӣ ва таҳқиқ, инчунин барои иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ ҳатмӣ мебошад.
3. Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии меъёрҳои ҳуқуқие мебошанд, ки пешбурди мурофиаи ҷиноятиро танзим менамоянд. Агар тибқи ин санадҳо нисбат ба муқаррароти Кодекси мазкур тартиби дигаре пешбинӣ гардида бошад, он гоҳ муқаррароти санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ амал мекунанд.
Моддаи 2. Вазифаҳои пешбурди мурофиаи судии ҷиноятӣ
1. Вазифаҳои пешбурди мурофиаи судии ҷиноятӣ аз инҳо иборатанд:
- муқаррар кардани тартиби пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ;
- ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
- ҳимояи манфиати ҷамъият, давлат ва ташкилотҳо, ки аз ҷиноят зарар дидаанд;
- сари вақт ва пурра ошкор намудани ҷиноят;
- ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахси ҷиноят содиркарда;
- ҳалли одилонаи масъалаҳои баррасишаванда дар суд;
- риоя намудани меъёрҳои мурофиавӣ ҳангоми татбиқи қонуни ҷиноятӣ;
- кафолати ҳимояи манфиати қонунии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ ва шахсони дигар.
2. Мурофиаи судии ҷиноятӣ барои таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии ҷиноят, эҳтироми қонун, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ба амал баровардани адолати судӣ равона шудааст.
3. Тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур оид ба пешбурди парвандаи ҷиноятӣ инсон ва шаҳрвандро аз беасос айбдор ва маҳкум кардан, ғайриқонунӣ маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои ў ҳимоя мекунад ва дар ҳолати гунаҳгор донистан ё маҳкум намудани шахси бегуноҳ ўро бетаъхир сафед менамояд.
Моддаи 3. Амали Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ дар макон
1. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбурди парвандаи ҷиноятӣ мувофиқи Кодекси мазкур сурат мегирад.
2. Қоидаҳои Кодекси мазкур, инчунин ҳангоми пешбурди парванда оид ба ҷиноятҳое татбиқ мегарданд, ки дар ҳавопаймо, киштиҳои баҳрӣ ва дарёӣ, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар обҳои кушод ё фазои ҳавоӣ ва таҳти парчам ё нишонаи фарқкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракат мекунанд, содир шудаанд.
3. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ намудани қонуни мурофиавии ҷиноятии давлати хориҷӣ аз тарафи мақомоти тафтишот ва судҳои давлати хориҷӣ ва ё бо супориши онҳо аз тарафи мақомоти дахлдор дар ҳолате татбиқ мегардад, ки ин ҳолат дар санади ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, пешбинӣ шуда бошад.
Моддаи 4. Амали Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ дар замон
Ҳангоми пешбурди парвандаи ҷиноятӣ қонуни мурофиавии ҷиноятие татбиқ карда мешавад, ки дар вақти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ ё баррасии парванда дар суд, амал мекунад.
Моддаи 5. Амали Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ нисбат ба шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд
1. Пешбурди парванда оид ба ҷинояте, ки аз тарафи шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир карда шудааст, мутобиқи муқаррароти Кодекси мазкур анҷом дода мешавад.
2. Нисбат ба шахси дорои ҳуқуқи дахлнопазирии дипломатӣ танҳо бо хоҳиш ё ризои ў, ки тавассути Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта мешавад, амалиёти мурофиавии бо Кодекси мазкур пешбинишуда гузаронида мешавад.
Моддаи 6. Мафҳумҳои асосӣ
Мафҳумҳои асосие, ки дар Кодекси мазкур истифода шудаанд, дорои мазмуни зайланд:
- айбдоркунандаи давлатӣ - шахси мансабдори мақомоти прокуратура, ки аз номи давлат дар мурофиаи судӣ оид ба парвандаи ҷиноятӣ айбдоркуниро дастгирӣ менамояд;
- айбдоркунандаи хусусӣ - шахсе, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ба суд ариза дода, дар суд айбдоркуниро дастгирӣ мекунад, инчунин ҷабрдидае, ки ҳангоми аз айбдоркунӣ даст кашидани айбдоркунандаи давлатӣ дар суд айбдоркуниро дастгирӣ мекунад;
- вақти шабона - фосилаи вақтест, ки аз соати 22.00 то 6.00 рўзи дигарро дар бар мегирад;
- иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ - мақомот ва шахсоне, ки таъқиби ҷиноятӣ ва тақвияти айбдоркуниро дар суд анҷом медиҳанд, инчунин шахсоне, ки худро аз айбдоркунӣ ҳимоя намуда, ҳуқуқ ва манфиатҳояшонро муҳофизат менамоянд (прокурор-айбдоркунандаи давлатӣ, ҷабрдида-айбдоркунандаи хусусӣ, даъвогари гражданӣ, намояндагони қонунӣ ва намояндагони онҳо, гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, намояндагони қонунии онҳо, ҳимоятгар, ҷавобгари гражданӣ, намояндаи қонунӣ ва намояндаи ў) (Қонуни ҶТ аз 2.08.2011 № 755);
- иштирокчиёни дигари мурофиаи ҷиноятӣ - коршинос (эксперт), мутахассис, шоҳид, шахси холис, тарҷумон;
- қарор - санаде, ки аз ҷониби таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор дар рафти пешбурди таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ қабул карда шудааст, инчунин санаде, ки судяи суди марҳилаи якум танҳо қабул кардааст ё санаде, ки судяи суди марҳилаи назоратӣ оид ба ҳалли шикоят ё эътирози назоратӣ қабул кардааст ё санаде, ки раёсати суд дар вақти аз нав дида баромадани санадҳои эътибори қонунӣ пайдокардаи судҳои поёнӣ қабул кардааст;
- қонуни ҷиноятӣ - Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- лаҳзаи дастгиркуиии воқеӣ - лаҳзаи воқеан маҳдуд кардани озодии шахс, аз ҷумла имконияти озодона ҳаракат намудан, маҷбуран дар ҷои муайян нигоҳ доштан, маҷбуран овардан ба мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ё мамониат кардан ба анҷом додани дигар ҳаракатҳои шахс тибқи иродаи худ новобаста ба расман додани ягон мақоми мурофиавӣ ба шахси дастгиршуда ё иҷро намудани дигар расмиёти муқарраршуда (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1306);
- мурофиаи судии ҷиноятӣ - пешбурди тосудӣ ва мурофиаи судӣ оид ба парвандаи ҷиноятӣ;
- муфаттиш - шахси мансабдори давлатӣ буда, дар доираи салоҳияти муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ваколатдор аст тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятиро анҷом диҳад;
- намояндагони қонунӣ - падару модар, фарзандон, васиён, парасторони гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ё ҷабрдида, намояндагони муассиса ва ташкилот, ки гумонбаршуда, айбдоршаванда ё ҷабрдида таҳти парастории онҳо қарор дорад;
- прокурор - Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ў, Сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони онҳо, сардорони раёсатҳо (шўъбаҳо), муовини якум ва муовинони онҳо, ёрдамчиёни калон ва ёрдамчиёни Прокурори генералӣ, прокурорҳои калон ва прокурорҳои раёсатҳо (шўъбаҳо), ёрдамчиёни калон ва ёрдамчиёни прокурорҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон, прокурорҳои калон ва прокурорҳои шўъбаҳои прокуратураҳои вилоятҳо, прокурорҳои шаҳру ноҳияҳо ва прокурорҳои ба онҳо баробаркардашуда, ки прокурорҳои нақлиёт, ҳарбии гарнизонҳо ва назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳиро дар бар мегиранд, муовини якум ва муовинони онҳо, ёрдамчиёни калон ва ёрдамчиёни онҳо, прокурор - криминалистҳои калон ва прокуроркриминалистҳо, ки дар доираи салоҳияташон фаъолият мекунанд (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1702);
- раисикунанда - судяе, ки дар маҷлиси суд ҳангоми дастаҷамъона ё танҳо баррасӣ намудани парвандаи чиноятӣ раисӣ мекунад;
- сардори воҳиди тафтишот - шахси мансабдоре, ки ба раёсат, шўъба ва дигар воҳидҳои тафтишот дар доираи ҳуқуқу ваколатҳои худ сарварӣ менамояд;
- суд - мақомоти ҳокимияти судӣ, ки ба низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил буда, парвандаҳои ҷиноятиро ба таври дастачамъӣ ва ё танҳо баррасӣ мекунад (Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди ҳарбӣ, суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия);
- суди марҳилаи кассатсионӣ - суде, ки парвандаро аз рўи шикоят ва эътироз нисбат ба ҳукм, таъинот ва қарори эътибори қонунӣ пайдонакардаи суди марҳилаи якум баррасӣ мекунад;
- суди марҳилаи назоратӣ - суде, ки парвандаи ҷиноятиро аз рўи шикоят, эътироз нисбат ба ҳукм, таъинот ва ё қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи суди марҳилаи якум ва ё таъиноти суди марҳилаи кассатсионӣ баррасӣ менамояд;
- суди марҳилаи якум - суде, ки ваколати моҳиятан баррасӣ ва қабул кардани қарори нахустинро оид ба парвандаи ҷиноятӣ дорад;
- судя -шахси мансабдоре, ки барои ба амал баровардани адолати судӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ё интихоб гардидааст;
- тарафи айбдоркунанда - прокурор (айбдоркунандаи давлатӣ), ҷабрдида (айбдоркунандаи хусусӣ), даъвогари гражданӣ, намояндагони қонунӣ ва намояндагони ҷабрдида ва даъвогари гражданӣ;
- тарафи ҳимоя - гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, намояндаи қонунӣ ва намояндаи ў, ҳимоятгар, ҷавобгари гражданӣ ва намояндаи қонунии ў (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1333);
- тарафҳо - иштирокчиёни мурофиа, ки дар муҳокимаи судӣ дар асоси мубоҳиса ва баробарҳуқуқӣ айбдоркуниро дастгирӣ мекунанд ва ё ҳимояро аз айбдоркунӣ анҷом медиҳанд;
- таҳқиқ - шакли тафтиши тосудӣ буда, таҳқиқбаранда парвандаи ҷиноятиеро, ки тафтиши пешакии он шарт нест, анҷом медиҳад;
- таъинот - қарори судие, ки (ғайр аз ҳукм) суди марҳилаи якум дар вақти мурофиаи судӣ оид ба парвандаи ҷиноятӣ баровардааст, инчунин ҳама гуна санаде, ки судҳои марҳилаи кассатсионӣ ва назоратӣ, ғайр аз раёсати судҳо дар вақти аз нав дида баромадани санадҳои эътибори қонунӣ пайдонамудаи суд қабул кардааст;
- таъқиби ҷиноятӣ - фаъолияти мурофиавиест, ки прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда бо мақсади муайян кардани кирдори бо қонуни ҷиноятӣ манъшуда ва шахсе, ки онро содир кардааст, ба сифати айбдоршаванда ҷалб кардани ў, ҳамчунин барои таъмин намудани татбиқи ҷазо ва ё дигар чораҳои маҷбурӣ нисбат ба чунин шахс анҷом медиҳад;
- хешовандони наздик - падару модар, фарзандон, фарзандхондагон, фарзандхондашудагон, бародарон ва ҳоҳарон, бобо, бибӣ (модаркалон), набера, инчунин ҳамсар;
- ҳабс - чораи пешгириест, ки бо қарори судя ё таъиноти суд танҳо нисбат ба шахсони гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда татбиқ карда мешавад;
- ҳимоятгар - шахсест, ки ҳангоми пешбурди парвандаи ҷиноятӣ ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии дастгиршуда, гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва маҳкумшударо ҳифз намуда, ба онҳо бо ҳар восита ва усули манънакардаи қонун ёрии ҳуқуқӣ мерасонад;
- ҳукм - қароре, ки суди марҳилаи якум дар бораи гунаҳгор ё бегуноҳ будани судшаванда баровардааст.
БОБИ 2. ПРИНСИПҲОИ ҚОНУНГУЗОРИИ МУРОФИАИ ҶИНОЯТӢ
Моддаи 7. Баамалбарории адолати судӣ
(Қонуни ҶТ  аз 29.01.2021 № 1755)
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон адолати судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ танҳо аз ҷониби суд ба амал бароварда мешавад (Қонуни ҶТ  аз 29.01.2021 № 1755).
Моддаи 8. Ҳифзи судӣ
Ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ўро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд.
Моддаи 9. Қонуният ҳангоми пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ
1. Суд, судя, прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда ҳангоми пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ вазифадоранд, ки муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мазкур ва дигар қонунҳоро ба таври дақиқ, якхела риоя намоянд (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1381).
2. Муқаррароти мурофиаи судии ҷиноятӣ, ки дар дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ мешаванд, бояд ба муқаррароти Кодекси мазкур мутобиқ бошанд.
3. Қарори суд, судя, прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда бояд қонунӣ ва асоснок бошад. Ҳангоми пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ риоя накардани талаботи қонун, сарфи назар аз он ки дар кадом асос роҳ дода шудааст, иҷозат дода намешавад ва боиси ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонун гардида, санадҳои ғайриқонунӣ қабулшуда беэътибор дониста, бекор карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 2.08.2011 № 755, аз 20.04.2021 № 1777).
Моддаи 10. Эҳтироми шаъну шарафи шахс
1. Эҳтироми шаъну шарафи шахс вазифаи шахсони мансабдор ва мақомотест, ки пешбурди парвандаи ҷиноятиро анҷом медиҳанд.
2. Ҳеҷ яке аз иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ наметавонад таҳти зўроварӣ, шиканҷа ва дигар муносибати бераҳмона ё пасткунандаи шаъну шарафи инсонӣ қарор гирад.
Моддаи 11. Дахлнопазирии шахсият
1. Ҳеҷ касро бе асоси қонунӣ дастгир ва ҳабс кардан мумкин нест.
2. Ба ҳабс гирифтан, маҷбурӣ дар муассисаҳои тиббӣ ё тарбиявӣ нигоҳ доштани шахс танҳо дар асоси қарори суд, судя ба иҷро расонида мешавад.
3. Шахсеро, ки нисбаташ чораи пешгирии дар ҳабс нигоҳ доштан татбиқ шудааст, инчунин шахсе, ки дар содир намудани ҷиноят ҳамчун гумонбар дастгир шудааст, бояд дар ҷойҳое нигоҳ дошта шавад, ки шароиташон барои ҳаёт ва саломатӣ хавф надошта бошад.
4. Шахси ба ҳабс гирифташуда ҳуқуқи шикоят карданро дорад.
5. Суд, судя, прокурор, муфаттиш ва таҳқиқбаранда ўҳдадоранд дар доираи ваколати худ шахси ғайриқонунӣ дастгиршуда ё аз озодӣ маҳрумшуда, ё ин ки ғайриқонунӣ дар муассисаҳои тиббӣ ё рўҳӣ ё дар ҳабс, ё ҳабси хонагӣ зиёда аз мўҳлати дар Кодекси мазкур пешбинигардида нигоҳ дошташударо фавран озод намоянд (Қонуни ҶТ аз 20.04.2021 № 1777).
6. Қарори суд, судя дар бораи аз ҳабс озод намудани шахс фавран иҷро карда мешавад.
Моддаи 12. Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шахс ҳангоми пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ
1. Суд, судя, прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда вазифадоранд ҳуқуқу озодиҳои шахсро, ки дар мурофиаи судии ҷиноятӣ иштирок мекунанд, ҳимоя намуда, ҷиҳати татбиқи онҳо шароит фароҳам оваранд, барои қонеъ намудани талаботи қонунии иштирокчиёни мурофиаи судӣ сари вақт чораҳо андешанд.
2. Товони зараре, ки ба шахс ҳангоми пешбурди парвандаи ҷиноятӣ дар натиҷаи риоя накардани ҳуқуқу озодиҳои ў расонида шудааст, бояд тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон рўёнида шавад.
3. Ҳангоми мавҷуд будани маълумоти кофӣ дар бораи он ки ба ҷабрдида, шоҳид ё дигар иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ, инчунин аъзои оила ё хешовандони наздики онҳо бо куштор, зўроварӣ, несту нобуд кардан ё осеб расонидан ба молу мулк ё дигар амали ғайриқонунии хавфнок таҳдид мекунанд, суд, судя, прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда ўхдадоранд дар доираи салоҳияти худ ҷиҳати муҳофизати ҳаёт, саломатӣ, шаъну шараф, обрў ва молу мулки ин шахсон чораҳои пешбининамудаи қонунро андешанд (Қонуни ҶТ аз 2.08.2011 № 755).
4. Тартиби муҳофизати ҳаёт, саломатӣ, шаъну шараф, обрў ва молу мулки иштирокчиёни мурофиаро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1702).
5. Ҳеҷ кас ўҳдадор нест ба муқобили худ, хешовандони наздик, ки доираи онҳоро Кодекси мазкур муайян кардааст, нишондод диҳад.
Моддаи 13. Дахлнопазирии манзил
1. Манзили шахс дахлнопазир аст.
2. Ворид шудан ба манзил бе ризои шахсони маскуни он манъ аст.
3. Азназаргузаронӣ, кофтукови манзил ва дарёфт кардан бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур амалӣ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 29.01.2021 № 1755).
Моддаи 14. Маҳрамияти мукотиба, сўҳбатҳои телефонӣ, муросилот, мухобирот, сирри шахсӣ ва оилавӣ
Сирри шахсӣ ва оилавиро қонун ҳифз мекунад. Ҳар шахс ба ҳифзи маълумоти шахсӣ, сирри амонат ва пасандоз, мукотиба, сўҳбатҳои телефонӣ, муросилот, мухобирот ва дигар ахборот ҳуқуқ дорад. Маҳдуд кардани ин ҳуқуқҳо дар рафти мурофиаи ҷиноятӣ танҳо бо қарори суд дар ҳолатҳо ва тартибе, ки қонунгузорӣ бевосита муқаррар кардааст, мумкин мебошад (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1702, аз 20.04.2021 № 1777).
Моддаи 15. Эҳтимолияти бегуноҳӣ
1. Ҳеҷ кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор дониста намешавад.
2. Ўҳдадории исботи айб ба зиммаи айбдоркунанда гузошта мешавад.
3. Гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда ўҳдадор нестанд, ки бегуноҳии худро исбот намоянд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1275).
4. Ҳама гуна шубҳаҳои гунаҳгории айбдоршаванда, ки бо тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур бартараф карда намешаванд, ба фоидаи айбдоршаванда маънидод карда мешавад.
5. Ҳукми айбдоркуниро бо тахмин асоснок кардан мумкин нест.
Моддаи 16. Баробарӣ дар назди қонун ва суд
Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад.
Моддаи 17. Мустақилияти судяҳо
1. Судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд.
2. Дахолат ба фаъолияти судяҳо манъ аст.
Моддаи 18. Забони мурофиаи судии ҷиноятӣ
1. Мурофиаи судии ҷиноятӣ ба забони давлатӣ баргузор мегардад.
2. Иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ, ки забони мурофиаро намедонанд, ҳуқуқи ба забони модариашон ё забони дигаре, ки онро медонанд, арз кардан, нишондод додан, изҳори дархост кардан, шинос шудан бо маводи парвандаро дошта, бо тартиби муайяннамудаи Кодекси мазкур ба онҳо хизматрасонии тарҷумон таъмин карда мешавад ё мурофиаи судии ҷиноятӣ бо забони аксарияти аҳолии маҳал гузаронида мешавад.
3. Ҳуҷҷатҳои мурофиавӣ, ки мутобиқи Кодекси мазкур ба гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, маҳкумшуда, инчунин дигар иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ аз ҷониби мақомоти ин ҳуҷҷатҳоро таҳиянамуда дода мешаванд, бояд ба таври дахлдор тасдиқ карда шуда, ба забони давлатӣ ё забоне, ки онҳо медонанд, тарҷума шуда бошанд (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1067).
Моддаи 19. Ошкоро будани муҳокимаи судӣ
1. Парвандаи ҷиноятӣ дар суд ба таври ошкоро муҳокима карда мешавад.
2. Муҳокимаи пўшидаи судӣ танҳо дар ҳолатҳои дар моддаи 273 Кодекси мазкур зикргардида мумкин аст.
Моддаи 20. Мубоҳиса ва баробарии тарафҳо
1. Мурофиаи судии ҷиноятӣ ба тарзи мубоҳиса ва дар асоси баробарии тарафҳо сурат мегирад.
2. Суд мақомоти таъқиби ҷиноятӣ нест ва тарафи айбдоркунанда ё ҳимояро ҷонибдорӣ намекунад. Суд барои амалӣ намудани ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои мурофиавии тарафҳо шароит муҳайё мекунад.
3. Тарафи айбдоркунанда ва ҳимоя дар мурофиаи судии ҷиноятӣ баробарҳуқуқанд ва барои ҳимояи мавқеи худ имкониятҳои баробар доранд.
Моддаи 21. Тафтиши ҳамаҷониба, пурра ва холисонаи ҳолатҳои кор
1. Прокурор, муфаттиш ва таҳқиқбаранда вазифадоранд, ки барои ҳамаҷониба, пурра ва холисона тафтиш кардани ҳолатҳои кор тамоми чораҳои пешбининамудаи қонунро андешанд, ҳолатҳои ошкоркунанда, сафедкунанда, вазнинкунанда, сабуккунанда ва ҷавобгарии айбдоршавандаро муайян намоянд.
2. Суд, судя, прокурор, муфаттиш ва таҳқиқбаранда ҳуқуқ надоранд, ки вазифаи исбот кардани бегуноҳиро ба зиммаи айбдоршаванда гузоранд.
3. Ҳамаи ҳолатҳои исботшаванда бояд ҳамаҷониба, пурра ва холисона санҷида шаванд.
4. Ҳангоми ҳалли ҳама гуна масъалаҳое, ки аз парванда бармеоянд, бояд ҳам ҳолатҳои айбдоркунанда ва ҳам сафедкунандаи айбдоршаванда, инчунин ҳолатҳои ҷавобгарии ўро сабук ё вазнинкунанда муайян карда, ба инобат гирифта шаванд.
5. Суд, судя холисӣ ва беғаразиро риоя намуда, дар таҳқиқи пурраи ҳолатҳои парванда барои амалӣ намудани ҳуқуқи тарафҳо шароити зарурӣ фароҳам меоварад.
Моддаи 22. Таъмини ҳуқуқи ҳимоя ба гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва маҳкумшуда
1. Ҳар шахс аз лаҳзаи воқеан дастгир шуданаш метавонад аз ёрии ҳимоятгар истифода кунад (Қонуни ҶТ аз 20.04.2021 № 1777).
2. Дастгиршуда, гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва маҳкумшуда ҳуқуқ доранд барои ҳимояи худ аз айбдоркунӣ ҳуқуқҳояшонро мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур шахсан, инчунин тавассути ҳимоятгар ё намояндаи қонуниашон истифода баранд.
3. Суд, судя, прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда вазифадоранд ба гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва маҳкумшуда ҳуқуқҳояшонро фаҳмонанд, ба онҳо имконият фароҳам оваранд, ки бо усул ва воситаҳои муқаррарнамудаи қонун худро ҳимоя кунанд, инчунин ҳифзи ҳуқуқи шахсӣ ва молумулкии онҳоро таъмин намоянд.
4. Ҳуқуқи ҳимоя инчунин ба шахсе таъмин карда мешавад, ки нисбат ба ў пешбурди парвандаи ҷиноятӣ оид ба татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ ҷой дорад.
5. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун шахсоне, ки пешбурди парвандаи ҷиноятӣ ба зиммаашон гузошта шудааст, вазифадоранд иштироки ҳимоятгари гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва маҳкумшударо таъмин намоянд.
Моддаи 23. Ҳуқуқи шикоят намудан аз амал ва қарорҳои мурофиа
1. Иштирокчиёни мурофиа, шаҳрвандон, намояндагони корхона, муассиса ва ташкилотҳои ба пешбурди парвандаи ҷиноятӣ манфиатдор ҳуқуқ доранд мутобиқи тартиб ва мўҳлатҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур аз амали (беамалии) шахсони масъул ё аз болои қарори суд, судя, прокурор, сардори воҳиди тафтишотӣ, муфаттиш, сардори воҳиди таҳқиқ ва таҳқиқбаранда шикоят кунанд (Қонуни ҶТ аз 20.04.2021 № 1777).
2. Шахси маҳкумшуда ё сафедкардашуда ҳуқуқ дорад бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур аз нав дида баромадани ҳукмро аз тарафи суди болоӣ талаб кунад.
БОБИ 3. АСОСҲОИ РАД ВА ҚАТЪ НАМУДАНИ ПЕШБУРДИ ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТИ
Моддаи 24. Парвандаҳои айбдоркунии хусусӣ, хусусӣ-умумӣ ва умумӣ
1. Вобаста ба хусусият ва дараҷаи вазнинии ҷинояти содиршуда айбдоркунӣ дар суд бо тартиби хусусӣ, хусусӣ-умумӣ ва умумӣ анҷом дода мешавад.
2. Парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои дар моддаҳои 112, 116, моддаи 156 қисмҳои 1 ва 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда парвандаҳои айбдоркунии хусусӣ эътироф гардида, бо аризаи шахси аз ҷиноят ҷабрдида, намояндаи қонунии ў оғоз карда мешавад ва пешбурди парванда дар ҳолати оштӣ шудани ў бо айбдоршаванда қатъ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 927).
3. Парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои дар моддаҳои 113 - 115, 118 қисми 1, 119, 120, 123 қисмҳои 1 ва 2, 124, 125 қисми 1, 126 қисми 1, 127 қисми 1, 128 қисми 1, 129 қисми 1, 138 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда парвандаҳои айбдоркунии хусусӣ-умумӣ эътироф гардида, бо аризаи шахси аз ҷиноят ҷабрдида, намояндаи қонунии ў оғоз карда мешавад. Дар сурати оштӣ шудани шахси аз ҷиноят ҷабрдида бо айбдоршаванда ва барқарор намудани товони зарари ба ҷабрдида расонидашуда, пешбурди парванда қатъ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1332).
4. Прокурор дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур ҳуқуқ дорад, сарфи назар аз мавқеи ҷабрдида, таъқиби ҷиноятиро оид ба айбдоркунии хусусӣ ва хусусӣ-умумӣ анҷом диҳад.
5. Даст кашидани прокурор аз айбдоркунӣ шахси аз ҷиноят ҷабрдидаро аз ҳуқуқи дастгирӣ кардани айбдоркунӣ маҳрум намекунад.
6. Парвандаҳои ҷиноятӣ, ба истиснои парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои дар қисмҳои 2 ва 3 моддаи мазкур пешбинишуда, парвандаҳои дорои хусусияти умумӣ дониста мешаванд.
Моддаи 25. Ҳуқуқи ҷабрдида ба иштирок дар таъқиби ҷиноятӣ
1. Ҷабрдида, дар сурати фавтидани ў ё аз рўи синну сол ё вазъи саломатӣ қобилияти изҳори иродаи худро надошта бошад, дар мурофиаи судии ҷиноятӣ намояндаи қонунӣ ё намояндаи ў ҳуқуқ доранд бо тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур дар айбдоркунии айбдоршаванда иштирок кунанд, оид ба парвандаи айбдоркунии хусусӣ бошад, дорои ҳуқуқи пешниҳод ва дастгирӣ кардани айбдоркунӣ ба муқобили шахси дахлдор мебошанд.
2. Ҷабрдида, намояндаи қонунӣ ё намояндаи ў дар ҳар лаҳзаи мурофиаи ҷиноятӣ ҳуқуқ доранд аз дастгирӣ кардани айбдоркунӣ даст кашанд.
Моддаи 26. Ўҳдадории ба амал баровардани таъқиби ҷиноятӣ
1. Прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда вазифадоранд дар доираи салоҳияти худ ҳангоми ошкор намудани ҳодисаи ҷиноят парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, барои муқаррар намудани ҳодисаи ҷиноят шахси онро содиркарда бояд чораҳои пешбининамудаи қонунро андешида, дар сурати мавҷуд будани далелҳои кофӣ маводи парвандаи ҷиноятиро ба баррасии суд пешниҳод намоянд.
2. Дар мурофиаи судии ҷиноятӣ прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда салоҳияти худро тибқи талаботи Кодекси мазкур ва қатъи назар аз ҳар гуна мақомот ва шахси мансабдор анҷом медиҳанд.
3. Ҳар гуна фишороварӣ ба прокурор, муфаттиш ё таҳқиқбаранда бо мақсади халал расонидан ба тафтиши холисонаи парвандаи ҷиноятӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун боиси ҷавобгарӣ мегардад.
4. Иҷрои талаби прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда, ки мутобиқи Кодекси мазкур пешниҳод шудааст, барои ҳамаи корхонаю ташкилотҳо, муассисаҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон ҳатмӣ мебошад.
Моддаи 27. Ҳолатҳое, ки пешбурди парвандаи ҷиноятиро истисно мекунанд
1. Дар мавридҳои зерин парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда намешавад ва парвандаи оғозшуда қатъ карда мешавад:
- ҳангоми мавҷуд набудани ҳодисаи ҷиноят;
- ҳангоми дар кирдори содиршуда мавҷуд набудани аломатҳои таркиби ҷиноят;
- ҳангоми гузаштани мўҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан;
- ҳангоми қабули санади авф;
- ҳангоми оштӣ шудани ҷабрдида бо айбдоршаванда оид ба парвандаи ҷиноятии айбдоркунии хусусӣ;
- ҳангоми мавҷуд набудани аризаи ҷабрдида, агар парвандаи ҷиноятӣ маҳз тибқи аризаи ў оғоз гардад, ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи 147 Кодекси мазкур, ки ба прокурор ҳуқуқ дода шудааст бе аризаи ҷабрдида парвандаи ҷиноятӣ оғоз намояд;
- нисбат ба шахси фавтида, ғайр аз ҳолатҳое, ки пешбурди парвандаи ҷиноятӣ барои муқаррар кардани бегуноҳии ў ё аз нав оғоз кардани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ оид ба ҳолатҳои нави ошкоршуда дар ҳаққи дигар шахсон;
- нисбат ба шахсе, ки дар ҳаққи ў аз рўи ҳамон айбдоркунӣ ҳукми эътибори қонунӣ пайдокарда ё таъиноти суд ва ё қарори суд, судя оид ба қатъи парвандаи ҷиноятӣ аз рўи ҳамон асос мавҷуд аст;
- нисбат ба шахсе, ки қарори бекорнашудаи таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор дар хусуси қатъ кардани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ ё қарор дар бораи радди оғози парвандаи ҷиноятӣ оид ба ҳамон айбдоркунӣ вуҷуд дорад.
2. Агар ҳолатҳои дар сархатҳои якум ва дуюми қисми 1 ҳамин модда пешбинигардида ҳангоми муҳокимаи судӣ ошкор гарданд, суд муҳокимаи судиро ба охир расонда, ҳукми сафедкунанда мебарорад.
3. Ба қатъ намудани парванда бо асосҳои дар сархатҳои сеюм ва чоруми қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда иҷозат дода намешавад, ба шарте, ки айбдоршаванда дар ин бора норозигӣ баён кунад. Дар ин ҳолат пешбурди парванда мувофиқи талаботи Кодекси мазкур идома ёфта, ҳукми айбдоркунанда ё ҳукми сафедкунанда бароварда, шахс аз ҷазо озод карда мешавад.
4. Агар то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукм ҷиноят ва сазовори ҷазо будани ин кирдор бо қонуни нави ҷиноятӣ бартараф карда шуда бошад, мутобиқи сархати дуюми қисми 1 ҳамин модда пешбурди парвандаи ҷиноятӣ бояд қатъ карда шавад.
Моддаи 28. Рад ва қатъ намудани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ бо озод кардани шахс аз ҷавобгарии ҷиноятӣ
1. Суд, судя, прокурор дар асоси моддаҳои 72, 73, 74 , 75 ва 82 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин муфаттиш ва таҳқиқбаранда бо дастрас кардани моддаҳои зикршуда ва бо ризои прокурор ҳуқуқ доранд дар мавридҳои зерин оғози парвандаи ҷиноятиро рад кунанд ё пешбурди парвандаи ҷиноятиро бо озод кардани шахс аз ҷавобгарии ҷиноятӣ қатъ кунанд (Қонуни ҶТ аз 29.01.2021 № 1755):
- пушаймонӣ аз кирдор;
- оштӣ шудан бо ҷабрдида ва барқарор кардани товони зарари расонидашуда;
- тағйир ёфтани вазъият;
- гузаштани мўҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан;
- татбиқи санади авф (Қонуни ҶТ аз 29.01.2021 № 1755).
2. Қатъ кардани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ бо асосҳои дар қисми 1 ҳамин модда пешбинигардида мумкин нест, ба шарте, ки гумонбаршуда, айбдоршаванда ба он розӣ набошанд. Дар чунин ҳолат пешбурди парвандаи ҷиноятӣ идома меёбад.
3. Дар бораи рад кардани оғози парвандаи ҷиноятӣ ё қатъ кардани пешбурди он ба ҷабрдида хабар дода, фаҳмонида мешавад, ки ў ҳуқуқ дорад дар давоми панҷ шабонарўз аз таъиноти суд ё қарори прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда нисбат ба масъалаи зикршуда мувофиқан ба суди болоӣ ё прокурори болоӣ арз намояд.
Моддаи 29. Озод кардани шахс аз ҷавобгарии ҷиноятӣ бо сабаби пушаймонӣ аз кирдори худ
1. Суд, судя, прокурор дар асоси моддаи 72 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин муфаттиш ва таҳқиқбаранда бо дастрас кардани моддаи зикршуда ва бо ризои прокурор ҳуқуқ доранд:
- бо сабаби пушаймонӣ аз кирдори худ дар ҳаққи шахсе, ки бори аввал ҷинояти начандон вазнин ё дараҷаи миёна содир кардааст, оғози парвандаи ҷиноятиро рад кунанд (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1333);
- парвандаи ҷиноятиро бо озод кардани шахс аз ҷавобгарии ҷиноятӣ қатъ кунанд.
2. Рад кардани оғози парвандаи ҷиноятӣ ё қатъ кардани пешбурди он бо асосҳои дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда нисбат ба дигар ҷиноятҳо дар ҳолате ҷой дошта метавонад, ба шарте, ки он дар моддаҳои қисми махсуси Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда бошад.
3. Пеш аз рад кардани оғози парвандаи ҷиноятӣ ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ бо асосҳои пешбининамудаи қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда бояд ба шахс асосҳои қарори қабулгардида ва ба ин қарор ҳуқуқи норозигй баён кардани ў фаҳмонида шавад.
Моддаи 30. Озод кардани шахс аз ҷавобгарии ҷиноятӣ бо сабаби оштӣ шудан бо ҷабрдида
Суд, судя, прокурор дар асоси моддаи 73 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин муфаттиш ва таҳқиқбаранда мутобиқи моддаи зикршуда ва бо ризои прокурор ҳуқуқ доранд:
- дар асоси аризаи ҷабрдида ё намояндаи қонунии ў нисбат ба шахси ҷинояти начандон вазнин ё дараҷаи миёна содиркарда, ба шарте, ки бо ҷабрдида оштӣ шуда, товони зарари ба ў расонидаашро барқарор карда бошад, оғози парвандаи ҷиноятиро рад кунанд;
- парвандаи ҷиноятиро бо озод кардани шахс аз ҷавобгарии ҷиноятӣ қатъ кунанд.
Моддаи 31. Озод кардани шахс аз ҷавобгарии ҷиноятӣ бо сабаби тағйир ёфтани вазъият
Суд, судя, прокурор дар асоси моддаи 74 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин муфаттиш ва таҳқиқбаранда мутобиқи моддаи зикршуда ва бо ризои прокурор ҳуқуқ доранд:
- дар асоси аризаи шахси бори аввал ҷинояти начандон вазнин ё дараҷаи миёна содиркарда оғози парвандаи ҷиноятиро рад кунанд, ба шарте муқаррар гардад, ки бо сабаби тағйир ёфтани вазъият ин шахс ва кирдори содирнамудаи ў дигар ба ҷамъият хавфнок нест;
- парвандаи ҷиноятиро бо озод кардани шахс аз ҷавобгарии ҷиноятӣ қатъ кунанд.
Моддаи 32. Озод кардани шахс аз ҷавобгарии ҷиноятӣ бо сабаби гузаштани мўҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан
Суд, судя, прокурор дар асоси моддаи 75 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин муфаттиш ва таҳқиқбаранда мутобиқи моддаи мазкур ва бо ризои прокурор бинобар гузаштани мўҳлати ба чавобгарии ҷиноятӣ кашидан вазифадоранд:
- оғози парвандаи ҷиноятиро рад кунанд;
- пешбурди парвандаи ҷиноятии оғозшударо қатъ намоянд.
ФАСЛИ II. ИШТИРОКЧИЁНИ МУРОФИАИ СУДИИ ҶИНОЯТӢ
БОБИ 4. СУД
Моддаи 33. Судҳое, ки адолати судиро оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ амалӣ мекунанд
Адолати судиро оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия амалӣ мекунанд.
Моддаи 34. Ҳайати суд
1. Парвандаи ҷиноятӣ дар суди марҳилаи якум дастаҷамъона ва ё танҳо баррасӣ карда мешавад.
2. Баррасии дастаҷамъонаи парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби суд дар ҳайати судя ва ду нафар машваратчии халқӣ анҷом дода мешавад.
3. Машваратчиёни халқӣ ҳангоми ба амал баровардани адолати судӣ аз тамоми ҳуқуқҳои судя истифода мебаранд.
4. Судя парвандаҳои ҷиноятиро, ба истиснои парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои махсусан вазнин, танҳо баррасӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 809).
5. Парвандаи ҷиноятӣ бо тартиби кассатсионӣ ва назоратӣ дар ҳайати судяҳои муқарраркардаи моддаҳои 365 ва 410 Кодекси мазкур баррасӣ карда мешавад.
Моддаи 35. Салоҳияти суд
1. Танҳо суд ҳуқуқ дорад:
- шахсро дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор дониста, ба ў ҷазо таъин кунад;
- нисбат ба ноболиғ чораҳои дорои хусусияти тарбиявиро мутобиқи боби 44 Кодекси мазкур таъин кунад;
- нисбат ба шахс чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббиро мутобиқи боби 45 Кодекси мазкур таъин кунад;
- барои шахсро ҳабс кардан ва ба ҳабси хонагӣ гирифтан иҷозат диҳад ва ё мўҳлати онро дароз кунад;
- санадҳои қабулкардаи судҳои марҳилаҳои поёниро бекор кунад ва ё тағйир диҳад;
- оид ба гузаронидани экспертизаи судӣ-тиббӣ ё судӣ-равонпизишкӣ барои дар беморхона ё табобатгоҳи равонпизишкӣ ҷой кардани гумонбаршуда ва айбдоршавандае, ки дар ҳабс намебошад, иҷозат диҳад;
- барои азназаргузаронии манзил, дар сурати розӣ набудани шахсони маскуни он, иҷозат диҳад;
- барои кофтукови манзил иҷозат диҳад;
- ба ҳабси молу мулк иҷозат диҳад;
- барои кофтуков, ёфта гирифтани ашё, ҳуҷҷатҳои дорои маълумоти пасандоз ва суратҳисоби маблағи бонкӣ иҷозат диҳад;
- барои ҳабси маблағҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар суратҳисобҳо ва пасандозҳо ё дар нигоҳдории бонк ва дигар ташкилотҳои қарзии молиявӣ қарор доранд, иҷозат диҳад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1900);
- ба ҳабси муросилот, азназаргузаронӣ, ёфта гирифтани онҳо дар муассисаи алоқа ва ё хабарҳои телеграфӣ ва хабарҳои дигаре, ки тавассути шабакаҳои алоқаи барқӣ ва алоқаи почта интиқол мешаванд иҷозат диҳад (Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 692);
- дар бораи муваққатан аз вазифа дур кардани айбдоршаванда мувофиқи моддаи 114 Кодекси мазкур қарор қабул кунад;
- ба гўш ва сабт кардани гуфтугўи телефонӣ ва дигар гуфтугўҳо иҷозат диҳад;
- дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасии судии парвандаи ҷиноятиро оид ба айбдоркунии хусусӣ оғоз намояд ё маводи онро барои оғози парвандаи ҷиноятӣ ва гузаронидани таҳқиқ ва ё тафтиши пешакӣ аз рўи тобеияти тафтишӣ ба мақомоти дахлдор ирсол кунад(Қонуни ҶТ аз 29.01.2021 № 1755);
- дигар ваколатҳоеро, ки Кодекси мазкур пешбинӣ кардааст, амалӣ намояд.
2. Агар ҳангоми баррасии судии парвандаи ҷиноятӣ риоя накардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд, инчунин риоя нақардани муқаррароти қонун, ки зимни пешбурди таҳқиқ, тафтиши пешакӣ, баррасии судӣ ошкор карда мешаванд, суд, судя ҳуқуқ доранд нисбат ба онҳое, ки ба камбудӣ роҳ додаанд, таъиноти (қарори) хусусӣ бароранд.
3. Суд, судя ҳуқуқ доранд дар дигар ҳолатҳо низ таъиноти (қарори) хусусӣ бароранд.
Моддаи 35(1). Тартиби баррасии мавод дар бораи маҳдуд кардани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ
(Қонуни ҶТ аз 2.08.2011 № 755)
Тартиби баррасии мавод дар бораи маҳдуд кардани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ мутобиқи ҳамин Кодекс ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ" муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.08.2011 № 755, аз 20.04.2021 № 1777).
 
Моддаи 35(2). Тартиби гирифтани иҷозати суд барои гузаронидани амали тафтишӣ
(Қонуни ҶТ аз 29.01.2021 № 1755)
1. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи сархатҳои шашумчордаҳуми қисми 1 моддаи 35 Кодекси мазкур таҳқиқбаранда, муфаттиш бо розигии прокурор ба суд дар бораи гузаронидани амали тафтишӣ дархост пешниҳод менамоянд, ки дар ин бора қарор бароварда мешавад.
2. Дархост дар бораи гузаронидани амали тафтиширо судя дар маҳалли пешбурди тафтиши пешакӣ ё гузаронидани амали тафтишӣ дар мўҳлати на дертар аз 24 соат аз лаҳзаи гирифтани он танҳо баррасӣ менамояд.
3. Дар маҷлиси суд таҳқиқбаранда, муфаттиш ва прокурор ҳуқуқи иштирок карданро доранд.
4. Судя дархостро баррасӣ намуда, дар бораи иҷозат додан барои гузаронидани амали тафтишӣ ё рад кардани гузаронидани он бо нишон додани сабабҳои радкунӣ қарор мебарорад. Қарори суд ба мақомоти таъқиби ҷиноятӣ супорида мешавад.
5. Бо гирифтани маълумоти хаттӣ дар хусуси бе иҷозати суд гузаронидани кофтуков ва дарёфт кардан судя маводи ба он алоқамандро талаб намуда, дар мўҳлати дар қисми 2 ҳамин модда пешбинишуда қонунӣ будани қарорро дар бораи гузаронидани амали тафтишӣ месанҷад. Аз рўи натиҷаҳои санҷиш судя дар бораи қонунӣ ва ё ғайриқонунӣ будани қарори мақомоти таъқиби ҷиноятӣ қарори асоснок бароварда, нусхаи онро ба прокурор ва мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ирсол менамояд.
6. Аз болои қарори суд (судя) дар бораи додани иҷозат барои гузаронидани амали тафтишӣ ё дар бораи рад кардани гузаронидани он ба суди болоӣ ба тариқи кассатсионӣ дар мўҳлати се шабонарўз шикоят ва ё эътироз овардан мумкин аст. Судяе, ки дархости мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ё маълумотномаи хаттии онро дар бораи гузаронидани амали тафтишӣ баррасӣ кардааст, вазифадор аст дар давоми ду шабонарўз аз лаҳзаи ворид шудани эътироз ё шикоят маводро ба суди марҳилаи кассатсионӣ ирсол намояд.
7. Суди марҳилаи кассатсионӣ оид ба шикоят ё эътироз дар давоми на дертар аз се шабонарўз аз лаҳзаи ба суд ворид шудани мавод қарор қабул мекунад.
8. Агар судя ё суди марҳилаи кассатсионӣ қарор дар бораи гузаронидани амали тафтишӣ ва протоколи амали тафтиширо ғайриқонунӣ эътироф кунанд, тамоми далелҳои дар рафти чунин амали тафтишӣ бадастовардашуда мувофиқи талаботи моддаи 88(1) Кодекси мазкур ғайри қобили қабул ҳисобида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 29.01.2021 № 1755).
БОБИ 5. ИШТИРОКЧИЁНИ МУРОФИАИ СУДИИ ҶИНОЯТИЕ, КИ ТАЪҚИБИ ҶИНОЯТИРО АНҶОМ МЕДИҲАНД
Моддаи 36. Прокурор
1. Прокурор шахси мансабдори давлатӣ буда, дар доираи салоҳияти худ айбдоркуниро аз номи давлат ба амал бароварда, дар ҳамаи давраҳои мурофиаи ҷиноятӣ таъқиби онро мутобиқи Кодекси мазкур таъмин менамояд.
2. Прокурор назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро аз ҷониби мақомоти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ амалӣ менамояд.
3. Прокуроре, ки дар баррасии судии парвандаи ҷиноятӣ иштирок мекунад, айбдоркунандаи давлатӣ номида мешавад. Ҳангоми тақвияти айбдоркунии давлатӣ прокурор мавқеи худро оид ба масъалаҳои татбиқи қонуни ҷиноятӣ ва таъин намудани ҷазо нисбат ба судшаванда, тибқи талаботи қонун ва эътимоди ботинии хеш, ки бо натиҷаҳои таҳқиқи ҳамаи ҳолатҳои парванда асоснок шудааст, изҳор менамояд.
4. Прокурор ҳуқуқ дорад дар доираи салоҳияти муқаррарнамудаи Кодекси мазкур оид ба бекор кардан ё тағйир додани санади қабулкардаи суд ба суди болоӣ эътироз оварад (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1333).
5. Прокурор ҳуқуқ дорад бо асос ва тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур то лаҳзаи ба хонаи машваратӣ барои баровардани ҳукм даромадани суд аз таъқиби ҷиноятӣ ва айбдоркунӣ даст кашад.
Моддаи 37. Ваколати роҳбари мақомоти махсусгардонидашудаи мубориза бо коррупсия
Роҳбари мақомоти махсусгардонидашудаи мубориза бо коррупсия ҳуқуқ дорад барои тафтиши ҷинояти алоҳида ё якчанд ҷиноят аз ҳисоби кормандони ҳамин мақомот гурўҳи оперативӣ-тафтишотӣ таъсис диҳад (Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 692).
Моддаи 38. Сардори воҳиди тафтишот
1. Сардори воҳиди тафтишот дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- ба фаъолияти муфаттишон доир ба тафтиши ҷиноятҳо назорат кунад;
- барои пурра, ҳаматарафа ва холисона тафтиш кардани ҳолатҳои парвандаи ҷиноятӣ чораҳо андешад;
- парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, ба пешбурди худ қабул кунад ё пешбурди тафтиши парвандаи ҷиноятиро ба муфаттиш супорад;
- пешбурди парвандаи ҷиноятиро аз як муфаттиш гирифта, ба муфаттиши дигар диҳад;
- муфаттишро аз пешбурди парвандаи ҷиноятӣ дур созад, агар муфаттиш талаботи Кодекси мазкурро вайрон карда бошад(Қонуни ҶТ аз 20.04.2021 № 1777);
- ба прокурор дар бораи бекор кардани қарорҳои беасос қабулкардаи муфаттиш дархост пешниҳод кунад;
- аз тарафи муфаттишон риоя шудани мўҳлати тафтиши пешакиро назорат кунад;
- аз тарафи муфаттишон иҷро шудани дастурҳои прокурорро таъмин намояд;
- пешбурди тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятиро ба якчанд муфаттиш супорад;
- иҷрои супоришҳои дигар муфаттишонро, ки Кодекси мазкур муқаррар намудааст, назорат кунад;
- дар тафтиши парвандаи ҷиноятии дар пешбурди муфаттиш қарордошта иштирок намуда, ҳамзамон аз ваколатҳои муфаттиш истифода барад.
2. Дастурҳои сардори воҳиди тафтишот оид ба парвандаи ҷиноятӣ мустақилияти муфаттиш ва ҳуқуқҳои бо моддаи 39 Кодекси мазкур муқарраршудаи ўро маҳдуд карда наметавонанд. Дастурҳо ба муфаттиш дар шакли хаттӣ дода мешаванд ва иҷрои онҳо ҳатмист.
Моддаи 39. Муфаттиш
1. Муфаттиш дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- дар сурати мавҷуд будани асосҳои дар моддаи 140 Кодекси мазкур нишондодашуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз намояд;
- парвандаи ҷиноятиро ба пешбурди худ қабул намуда, амалҳои тафтишӣ барад;
- оид ба парвандаи ҷиноятӣ мустақилона қарор қабул кунад, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки Кодекси мазкур гирифтани ризои прокурор ё иҷозати судро талаб мекунад;
- пешбурди парвандаи ҷиноятиро сари вақт анҷом диҳад;
- ба сифати айбдоршаванда кашидани шахс, бандубасти ҷиноят, андозаи айбдорӣ қарор қабул кунад;
- пешбурди парвандаи ҷиноятиро бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур қатъ кунад ё ба суд равон кунад;
- дар ҳолати розӣ набудан ба дастури прокурор ҳуқуқ дорад бо изҳори хаттии норизоии худ парвандаро ба прокурори болоӣ ирсол намояд;
- бо маводи оперативӣ-ҷустуҷўие, ки бо парвандаи тафтишшаванда алоқаманд аст, мутобиқи қонунгузорӣ шинос шавад (Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 692);
- ба кормандони мақомоти таҳқиқ барои гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ ва пешбурди амалҳои тафтишӣ супоришу дастурҳои хаттие диҳад, ки иҷрояшон ҳатмӣ буда, мусоидати ин мақомотро дар пешбурди амалҳои тафтишӣ талаб намояд (Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 692);
- барои тафтиши ҳамаҷониба, холисона ва воқеъбинонаи парвандаи ҷиноятӣ чора андешад;
- нисбат ба шахсоне, ки дар содир кардани ҷиноят далелҳои кофии тасдиқкунанда ҷамъоварӣ шудааст, айб эълон кунад;
- бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур чораи пешгирӣ интихоб кунад;
- барои барқарор намудани зараре, ки аз ҷинояти содиршуда расидааст, бо тартиби пешбининамудаи қонунгузорӣ чораҳо андешад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1275);
- таъқиби ҷиноятиро анҷом диҳад ва парвандаро бо фикри айбдоркунӣ ба прокурор супорад.
2. Мутобиқи муқаррароти Кодекси мазкур иҷрои қарорҳои қабулкардаи муфаттиш оид ба парвандаи ҷиноятие, ки таҳти пешбурди ў қарор дорад, барои ҳамаи шахсони ҳуқуқӣ новобаста ба шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон ҳатмӣ мебошад.
Моддаи 40. Мақомоти таҳқиқ
1. Мақомоти таҳқиқ инҳо ба ҳисоб мераванд:
- воҳидҳои мақомоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- воҳидҳои мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- воҳидҳои мақомоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- воҳидҳои мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- сардорони муассисаҳои ислоҳӣ;
- воҳидҳои мақомоти назорати давлатии зидди сўхтор;
- воҳидҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- воҳидҳои мақомоти гумрук;
- воҳидҳои мақомоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикиртон;
- воҳидҳои мақомоти махсусгардонидашудаи мубориза бо коррупсия.
2. Ба зиммаи мақомоти таҳқиқ вогузошта мешаванд:
- қабул, ба қайд гирифтан ва баррасӣ намудани аризаҳо ва маълумот дар бораи ҷинояти содиршуда ё ҷинояти нотамом;
- пешбурди таҳқиқ оид ба парвандаҳои ҷиноятие, ки нисбати онҳо тафтиши пешакӣ ҳатмӣ нест;
- иҷрои амалҳои таъхирнопазир оид ба парвандаҳое, ки барои онҳо пешбурди тафтиши пешакӣ ҳатмӣ мебошад;
- пешбурди тафтиши пешакӣ дар ҳолатҳое, ки Кодекси мазкур пешбинӣ намудааст.
3. Оғози парвандаи ҷиноятӣ бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 146 Кодекси мазкур ва иҷрои амалҳои тафтишии таъхирнопазир ба зиммаи инҳо вогузошта мешавад:
- сардорони дастаҳо ва гурўҳҳои ҷустуҷўи геологии зимистонгузароние, ки аз маҳалли будубоши мақомоти таҳқиқи дар қисми 1 ҳамин модда номбаршуда дар масофаи дур ҷойгиранд - оид ба ҷиноятҳое, ки дар маҳалли будубоши дастаю гурўҳҳои мазкури зимистонгузаронӣ содир карда шудаанд;
- роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон - оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ дар бораи ҷиноятҳое, ки дар ҳудуди намояндагиҳо ва муассисаҳои мазкур содир карда шудаанд.
Моддаи 41. Сардори воҳиди таҳқиқ ва таҳқиқбаранда
1. Сардори воҳиди таҳқиқ шахси мансабдор буда, тибқи муқаррароти Кодекси мазкур нисбат ба таҳқиқбарандагони тобеи худ ваколатҳои зеринро дорост:
- гузаронидани санҷиши арзу шикоятҳоро дар бораи ҷиноят ба таҳқиқбаранда супорад;
- тибқи муқаррароти моддаи 145 Кодекси мазкур оид ба ҳалли арзу шикоят қарор қабул намояд;
- чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ ва амалҳои тафтиширо вобаста ба парвандаи ҷиноятӣ гузаронад (Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 692);
- парвандаи ҷиноятиро аз як таҳқиқбаранда гирифта, ба дигар таҳқиқбаранда супорад;
- ба прокурор ҷиҳати бекор кардани қарори ғайриқонунӣ ё беасоси таҳқиқбаранда оид ба рад кардани оғози парвандаи ҷиноятӣ дархост пешниҳод намояд;
- парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, пешбурди онро амалӣ намояд ва дар ҳаҷми пурра бо истифода аз ваколатҳои таҳқиқбаранда амалҳои таҳқиқӣ гузаронад;
- маводи парвандаи ҷиноятиро мавриди омўзиш қарор диҳад;
- ба таҳқиқбаранда оид ба гузаронидани тафтиш, амалҳои алоҳидаи тафтишӣ, интихоби намуди чораи пешгирӣ нисбат ба гумонбаршуда, бандубасти ҷиноят ва андозаи айбдорӣ супоришҳо диҳанд.
2. Супоришҳои сардори воҳиди таҳқиқ оид ба парвандаи ҷиноятӣ дар шакли хаттӣ дода шуда, иҷрои онҳо аз тарафи таҳқиқбаранда ҳатмӣ мебошад. Дар сурати розӣ набудан бо супориш таҳқиқбаранда ҳуқуқ дорад ба прокурор арз намояд. Арз намудани шикоят иҷрои супоришҳоро бознамедорад.
3. Таҳқиқбаранда шахси мансабдор буда, тибқи муқаррароти Кодекси мазкур ваколатҳои зеринро дорост:
- амалҳои тафтишӣ ва дигар амалҳои мурофиавиро мустақилона анҷом диҳад, ба истиснои ҳолатҳое, ки бо Кодекси мазкур тасдиқи онҳо аз тарафи сардори воҳиди таҳқиқ, иҷозати прокурор ё суд пешбинӣ шудаанд;
- ҳангоми пешбурди тосудии парвандаи ҷиноятие, ки ба он тафтиши пешакӣ ҳатмӣ нест, қоидаҳои бо Кодекси мазкур барои тафтиши пешакӣ пешбинишударо, ба истиснои муқаррароти боби 20 Кодекси мазкур, ба роҳбарӣ гирад.
4. Таҳқиқбаранда вазифадор аст:
- бо супориши сардори мақомоти таҳқиқ дар ҳолатҳои таъхирнопазир парвандаи ҷиноятиро, ки нисбат ба он пешбурди тафтиши пешакӣ ҳатмист, оғоз намуда, амалҳои тафтишии таъхирнопазир ва чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ гузаронад ва дар ин бора дар мўҳлати на дертар аз 24 соат ба прокурор ва мақомоти пешбурди тафтишоти пешакӣ хабар диҳад (Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 692);
- супоришҳои суд, судя, прокурор, мақомоти тафтишоти пешакӣ, сардори мақомоти таҳқиқро дар бораи анҷом додани амалҳои алоҳидаи тафтишӣ, дар бораи татбиқи чораҳои таъмини амнияти шахсони дар мурофиаи ҷиноятӣ иштироккунанда иҷро намояд.
5. Дастурҳои суд, судя, прокурор, мақомоти тафтишоти пешакӣ, сардори мақомоти таҳқиқ барои таҳқиқбаранда ҳатмӣ мебошанд.
6. Аз дастурҳои сардори мақомоти таҳқиқ ба прокурори назоратбаранда, аз дастурҳои прокурор бошад, ба прокурори болоӣ шикоят кардан мумкин аст.
7. Шикоят кардан иҷрои супоришҳоро бознамедорад, ба истиснои дастурҳои бандубасти ҷиноят, андозаи айбдоркунӣ, ҳангоми ба прокурор супоридани парвандаи ҷиноятӣ ва минбаъд ба суд равон кардан ё қатъ кардани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ.
Моддаи 42. Ҷабрдида
1. Ҷабрдида шахсест, ки сарфи назар аз синну сол, ҳолати рўҳӣ ва ҷисмонӣ ба ў аз ҷиноят зарари ҷисмонӣ, моддӣ, маънавӣ расонида шудааст, инчунин шахсе мебошад, ки ҳуқуқу манфиатҳои ў зери тахдиди бевоситаи суиқасд ба ҷиноят қарор гирифтааст. Инчунин ҷабрдида шахси ҳуқуқие низ эътироф шуда метавонад, ки дар натиҷаи содир гардидани ҷиноят ба ў зарари моддӣ ё маънавӣ расидааст. Дар ин сурат ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои ҷабридидаро намояндаи шахси ҳуқуқӣ татбиқ мекунад. Дар бораи ҷабрдида эътироф кардани шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ таҳқиқбаранда, муфаттиш ва прокурор баъди муқаррар кардани ҳодисаи ҷиноят ва воқеияти бар асари ҷиноят расидани зарар фавран қарор қабул карда, суд таъинот мебарорад.
2. Ҷабрдида, намояндаи қонунӣ ва намояндаи ў ҳуқуқ доранд:
- далелҳо пешниҳод кунанд;
- дархост ё раддия изҳор кунанд;
- бо забони модарӣ ё забони дигаре, ки медонанд, нишондод диҳанд;
- аз кўмаки тарҷумон ройгон истифода баранд;
- намоянда дошта бошанд;
- бо протоколи амалҳои тафтишӣ, ки бо иштироки онҳо гузаронида шудаанд, шинос шаванд ва ба онҳо эродҳо баён кунанд;
- бо иҷозати муфаттиш ё таҳқиқбаранда дар амалҳои тафтишӣ, ки тибқи дархости ў ё дархости намояндаи қонунӣ ва намояндааш амалӣ мешаванд, иштирок кунанд (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1333);
- пас аз анҷоми тафтиш бо ҳамаи маводи тафтишот шинос шаванд, аз онҳо ҳама гуна маълумотро ба андозаи гуногун барои худ рўйнавис кунанд, дар суди марҳилаи якум дар муҳокима ва музокираҳои судӣ оид ба парванда иштирок кунанд;
- бо протоколи маҷлиси суд шинос шаванд ва нисбат ба он эродҳои худро изҳор кунанд;
- аз амал ё қарори таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, суд, судя шикоят кунанд;
- аз ҳукм ё таъинот ё қарори суд шикоят намоянд;
- аз шикоят ва эътирозе, ки нисбат ба парванда баён шудааст, хабардор карда шаванд ва нисбат ба онҳо норозигӣ баён кунанд;
- дар баррасии судии эътирозу шикоятҳои пешниҳодгардида иштирок намоянд.
3. Ҷабрдида вазифадор аст:
- бо даъвати таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, суд, судя ҳозир шавад, дар бораи ҳамаи маълумоте, ки доир ба парванда ба ў маълум аст, хабар дода, ба саволҳои пешниҳодшуда ҷавоб диҳад;
- маълумоти таҳқиқи ибтидоӣ ё тафтиши пешакиро, ки барояш маълуманд, фош накунад;
- ҳангоми пешбурди амали тафтишӣ ва маҷлиси суд тартиби муайяншударо риоя кунад.
4. Ҷабрдида ҳангоми ба даъват бе сабабҳои узрнок ҳозир нашуданаш маҷбуран оварда мешавад.
5. Ҷабрдида барои саркашӣ аз ҳозир шудан бо даъвати мақомоти таҳқиқ, тафтишот ё ба суд ё саркашӣ аз додани нишондод ва дидаю дониста додани нишондоди бардурўғ тибқи моддаҳои 351 ва 352 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
6. Дар парвандаҳо оид ба ҷиноятҳое, ки оқибати онҳо боиси марги ҷабрдида гардидааст, ҳуқуқи пешбининамудаи ҳамин моддаро хешовандони наздики ў доранд.
7. Ҷабрдида инчунин дорои дигар ҳуқуқу ўҳдадориҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур мебошад.
8. Давлат ба ҷабрдида дастрас будани адолати судӣ ва ҷуброни зарари расонидашударо кафолат медиҳад.
Моддаи 43. Айбдоркунандаи хусусӣ
1. Айбдоркунандаи хусусӣ шахсест, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ба суд ариза дода, дар суд айбдоркуниро дастгирӣ мекунад, инчунин ҷабрдидаест, ки ҳангоми аз айбдоркунӣ даст кашидани айбдоркунандаи давлатӣ дар суд айбдоркуниро дастгирӣ мекунад (Қонуни ҶТ аз 2.08.2011 № 755).
2. Агар ҷабрдида ноболиғ ё ғайриқобили амал бошад, айбдоркунандаи хусусӣ намояндаи қонунии ў ба ҳисоб меравад, ки дархост, илтимос ё шикоят изҳор намудааст.
3. Айбдоркунандаи хусусӣ аз тамоми ҳуқуқҳо ва ўҳдадориҳои ҷабрдида, инчунин аз ҳуқуқҳои дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи 42 Кодекси мазкур пешбинишуда, ба истиснои ҳуқуқҳои вобаста ба марҳилаи пешбурди тосудии парвандаи ҷиноятӣ истифода мебарад.
4. Айбдоркунандаи хусусӣ аз ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои ба зиммааш гузошташуда шахсан ё ба воситаи намояндаи худ истифода мебарад.
Моддаи 44. Даъвогари гражданӣ
1. Даъвогари гражданӣ шахси воқеӣ ё шахси ҳуқуқие эътироф карда мешавад, ки ба ў дар натиҷаи содир шудани ҷиноят зарари молумулкӣ расонида шуда, оид ба рўёнидани он даъво пешниҳод кардааст. Даъвогари гражданӣ оид ба рўёнидани товони зарари маънавӣ низ метавонад даъвои гражданӣ пешниҳод намояд.
2. Дар бораи эътироф кардани даъвогари гражданӣ таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор қарор қабул мекунанд ва суд таъинот мебарорад.
3. Барои ҳимояи манфиатҳои ноболиғон, инчунин шахсоне, ки бо тартиби муқарраргардида ғайриқобили амал эътироф шудаанд, даъвои гражданӣ аз тарафи намояндагони қонунии онҳо метавонад пешниҳод шавад.
4. Даъвогари гражданӣ ҳуқуқ дорад:
- даъвои гражданиро дастгирӣ кунад ё аз даъво даст кашад;
- далелҳо пешниҳод намояд;
- дархост ва ё раддия пешниҳод кунад;
- бо забони модарӣ ё забоне, ки медонад, баёнот ва нишондод диҳад;
- аз хизмати тарҷумон ройгон истифода барад;
- намоянда дошта бошад;
- бо протоколҳои амалҳои тафтишӣ, ки бо иштироки ў сурат гирифтаанд, шинос шавад;
- бо иҷозати муфаттиш ё таҳқиқбаранда дар амалҳои тафтишии мутобиқи дархости ў ё намояндааш доиршаванда иштирок кунад;
- пас аз анҷоми тафтиш бо маводи оид ба даъвои гражданӣ шинос шавад ва аз он маълумотҳои заруриро навишта гирад;
- дар муҳокимаҳои судии марҳилаҳои якум, кассатсионӣ ва назоратӣ иштирок намояд;
- дар муҳокимаҳо ва музокираҳои судӣ баромад кунад;
- бо протоколи маҷлиси суд шинос шуда, ба он эродҳо баён кунад;
- аз амал ва қарорҳои таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва суд, судя шикоят намояд;
- аз ҳукм ва таъиноти суд, судя, қарори судя дар қисмати марбут ба даъвои гражданӣ шикоят кунад;
- аз шикоят ва эътирозҳои вобаста ба парванда хабардор карда шавад ва нисбат ба онҳо норозигй баён кунад;
- дар баррасии судии шикоят ва эътирозҳои овардашуда иштирок намояд.
5. Даъвогари гражданӣ ўҳдадор аст:
- бо даъвати мақомоти пешбурди мурофиаи судии ҷиноятӣ ҳозир шавад;
- ба суд пешниҳод кардани нусхаҳои аризаи даъворо мутобиқи шумораи ҷавобгарони гражданӣ таъмин намояд;
- бо талаби мақомоти пешбурди мурофиаи судии ҷиноятӣ ашё ва ҳуҷҷатҳои доштаашро пешниҳод намояд;
- ба амри қонунии мақомоти пешбурди мурофиаи судии ҷиноятӣ итоат намояд;
- маълумотро дар бораи ҳолатҳое, ки аз рўи парвандаи ҷиноятӣ ба ў маълум гаштааст, фош насозад, ба шарте, ки ў дар ин бора аз тарафи мақомоти пешбурди мурофиаи судии ҷиноятӣ ё суд огоҳ карда шуда бошад.
6. Барои фош кардани маълумоти таҳқиқи ибтидоӣ ва тафтиши пешакӣ бе иҷозати мақомоти пешбурди мурофиаи судии ҷиноятӣ даъвогари гражданӣ мутобиқи моддаи 361 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
7. Даъвогари гражданӣ метавонад ба сифати шоҳид пурсида шавад.
8. Даъвогари гражданӣ ҳуқуқҳояшро истифода бурда, ўҳдадориҳои ба зиммааш гузошташударо шахсан ё ба воситаи намояндаи худ иҷро менамояд.
9. Аз даъво даст кашидани даъвогари гражданӣ дар тамоми марҳилаҳои мурофиавӣ то ба хонаи машваратӣ барои баровардани ҳукм даромадани суд ҷой дошта метавонад. Аз даъво даст кашидан боиси қатъ гадидани пешбурди он мегардад.
Моддаи 45. Намояндагони ҷабрдида, даъвогари гражданӣ ва
айбдоркунандаи хусусӣ
1. Намояндагони ҷабрдида, даъвогари гражданӣ ва айбдоркунандаи хусусӣ хешовандони наздик ё дигар шахсоне эътироф карда мешаванд, ки мутобиқи қонун ҳуқуқ доранд ҳангоми пешбурди парвандаи ҷинояти манфиатҳои қонунии ҷабрдида, даъвогари гражданӣ ё айбдоркунандаи хусусиро намояндагӣ кунанд ва бо қарори таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, таъиноти суд, судя барои иштирок дар парванда роҳ дода шаванд.
2. Барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ҷабрдидагони ноболиғ ё онҳое, ки мутобиқи ҳолати ҷисмонӣ ва рўҳии худ аз имконияти мустақилона муҳофизат кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонуниашон маҳруманд, барои иштироки ҳатмӣ дар баррасии парванда намояндагони қонунии онҳо ҷалб карда мешаванд.
3. Намояндагони қонунӣ ва намояндагони ҷабрдида, даъвогари гражданӣ ва айбдоркунандаи хусусӣ баробари шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки онҳоро намояндагӣ мекунанд, ҳуқуқҳои мурофиавиро истифода мебаранд.
4. Иштироки шахсии ҷабрдида, даъвогари гражданӣ ва айбдоркунандаи хусусӣ дар баррасии парванда онҳоро аз ҳуқуқи доштани намояндаи худ ба ин парванда маҳрум намесозад.
БОБИ 6. ИШТИРОКЧИЁНИ МУРОФИАИ ҶИНОЯТИЕ, КИ ҲУҚУҚ ВА МАНФИАТҲОИ ХУД Ё НАМОЯНДАГИАШОНРО ҲИМОЯ МЕНАМОЯНД
Моддаи 46. Гумонбаршуда
1. Гумонбаршуда шахсест, ки нисбат ба ў бо асос ва тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур бинобар гумонбар шуданаш дар содир намудани ҷиноят парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, дар ин бора ба ў муфаттиш ё таҳқиқбаранда хабар медиҳад ё ў дастгир карда шудааст ва ё дар ҳаққи ў то пешниҳод кардани айб чораи пешгирӣ татбиқ карда шудааст.
2. Гумонбаршуда аз лаҳзаи воқеан дастгир карда шуданаш фавран, вале на дертар аз 24 соат, гумонбаршудаи ноболиғ бошад, на дертар аз 12 соат бояд пурсида шавад (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 №1811).
3. Гумонбаршуда аз лаҳзаи воқеан дастгир шудан мутобиқи моддаи 49 Кодекси мазкур ҳуқуқи ҳимоя дорад (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1306).
4. Гумонбаршуда ҳуқуқ дорад:
- аз лаҳзаи воқеан дастгир шудан бетаъхир аз хизмати ҳимоятгар истифода барад, бидуни мамониат бо ҳимоятгар як ба як, аз ҷумла то оғози пурсиш, мулоқот кунад (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1306);
- бо қарор дар бораи оғози парвандаи ҷиноятӣ шинос шавад (Қонуни ҶТ аз 29.01.2021 № 1755);
- нишондод диҳад ё надиҳад ва дар ин бора пеш аз пурсиш хабардор карда шавад;
- донад, ки барои чӣ гумонбар шудааст;
- нусхаи протоколи дастгиршавӣ ё қарорро оид ба татбиқи чораи пешгирӣ гирад;
- бо забони модарӣ ё забони дигаре, ки медонад, нишондод диҳад;
- аз хизмати тарҷумон ройгон истифода барад;
- далелҳо пешниҳод кунад;
- дархост изҳор кунад;
- бо протоколҳои амали тафтишӣ, ки бо иштироки ў гузаронида шудаанд, ҳамчунин бо маводе, ки ба суд барои татбиқи ҳабс нисбат ба ў чун чораи пешгирӣ равон карда шудааст, шинос шавад;
- раддия изҳор намояд;
- аз амалу қарори суд, прокурор, муфаттиш ва шахси таҳқиқбаранда шикоят намояд.
Моддаи 47. Айбдоршаванда
1. Айбдоршаванда шахсе мебошад, ки нисбат ба ў қарор дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидан ба сифати айбдоршаванда бароварда шудааст (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1333).
2. Айбдоршаванда пас аз таъин кардани парванда ба маҷлиси суд судшаванда номида мешавад; судшавандае, ки нисбат ба ў ҳукми суд бароварда шудааст, маҳкумшуда номида мешавад, агар ҳукм пурра сафедкунанда бошад, сафедшуда номида мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.01.2021 № 1755).
3. Айбдоршаванда ҳуқуқ дорад манфиатҳои қонунии худро бо тамоми восита ва усулҳое, ки хилофи қонун ва Кодекси мазкур нестанд, ҳифз кунад ва барои омодагӣ ба ҳимоя ба таври кофӣ вақт ва имконият дошта бошад.
4. Айбдоршаванда ҳуқуқ дорад:
- нишондод диҳад ё надиҳад ва дар ин бора пеш аз пурсиш огоҳ карда шавад;
- донад, ки барои чӣ айбдор карда шудааст ва нусхаи қарорҳоро дар бораи ба сифати айбдоршаванда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан, оид ба татбиқ намудани чораи пешгирй, инчунин нусхаи фикри айбдоркуниро гирад;
- оид ба айби нисбат ба ў эълоншуда нишондод диҳад;
- далелҳо пешниҳод кунад;
- дархост ва раддия изҳор кунад;
- бо забони модарӣ ё забони дигаре, ки медонад, нишондод диҳад;
- аз хизмати тарҷумон ройгон истифода барад;
- аз лаҳзаи дастгир шудан ҳимоятгар дошта бошад, аз ҷумла тибқи ҳолат ва тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур аз кўмаки ҳимоятгар ройгон истифода барад;
- аз лаҳзаи дастгир шудан бидуни мамониат бо ҳимоятгар як ба як мулоқот кунад;
- дар амалҳои тафтишӣ, ки тибқи дархости ў ё дархости ҳимоятгар гузаронида мешавад, иштирок намояд;
- бо протоколи амалҳои тафтишӣ шинос шавад ва нисбат ба он эроди худро изҳор кунад;
- бо қарори таъин кардани экспертиза ва хулосаи коршинос шинос шавад;
- пас аз ба охир расонидани тафтиш бо маводи парванда шинос шавад ва аз он ҳама гуна маълумоти заруриро рўйнавис кунад;
- аз амал ва қарорҳои шахси таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, суд, судя шикоят кунад;
- оид ба қатъи пешбурди парванда норозигӣ изҳор намояд;
- дар муҳокимаи судӣ оид ба баррасии интихоби чораи пешгирӣ иштирок кунад.
5. Айбдоршаванда ўҳдадор аст:
- бо даъвати мақомоти пешбурди тафтишот ҳозир шавад;
- ба амрҳои қонунии мақомоти пешбурди тафтишот итоат намояд;
- дар амали тафтишӣ ва дигари мурофиавӣ иштирок намояд, ба шарте, ки мақомоти пешбурди тафтишоти пешакӣ лозим донад.
6. Судшаванда ҳуқуқ дорад:
- дар муҳокимаи судии суди марҳилаи якум ва кассатсионӣ иштирок намояд;
- сухани охирин гўяд;
- бо протоколи маҷлиси суд шинос шавад ва ба он эрод пешниҳод намояд;
- аз ҳукм, таъинот ва қарори суд, судя шикоят намояд;
- нусхаҳои қарорҳои шикоятшударо гирад;
- нусхаҳои шикоят ва пешниҳодҳои ба парвандаи ҷиноятӣ овардашударо гирад ва ба онҳо норозигӣ изҳор намояд;
- дар баррасии масъалаҳое, ки ба иҷрои ҳукм вобастаанд, иштирок намояд;
- аз дигар ҳуқуқҳое, ки Кодекси мазкур пешбинӣ намудааст, истифода кунад.
7. Маҳкумшуда аз ҳуқуқҳои дар моддаҳои 403 ва 410 Кодекси мазкур пешбинишуда метавонад истифода намояд.
Моддаи 48. Намояндаи қонунии ноболиғ
Дар парвандаҳо оид ба ҷиноятҳое, ки аз ҷониби ноболиғон содир шудаанд, ҷиҳати иштирок дар парванда ҳатман намояндагони қонунии онҳо бо тартиби муқарраркардаи Кодекси мазкур ҷалб карда мешаванд.
Моддаи 49. Ҳимоятгар
1. Ба сифати ҳимоятгар адвокатҳо роҳ дода мешаванд. Бо таъиноти суд, қарори судя, прокурор, муфаттиш ва таҳқиқбаранда хешовандони наздик ва намояндагони қонунии дастгиршуда, гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда ба сифати ҳимоятгар ба пешбурди парванда роҳ дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1229).
2. Ҳимоятгар ба баррасии парвандаи ҷиноятӣ ва ҷойҳои дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва маҳкумшуда бо пешниҳоди ордер ва шаҳодатномаи адвокатӣ роҳ дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.01.2021 № 1755).
3. Як шахс наметавонад ҳимоятгари ду дастгиршуда, гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда бошад, ба шарте, ки манфиати яке аз онҳо хилофи манфиати дигаре бошад.
Моддаи 50. Даъват, таъин ва иваз кардани ҳимоятгар
1. Ҳимоятгар аз ҳисоби шахсоне, ки дар моддаи 49 Кодекси мазкур зикр шудаанд, аз ҷониби дастгиршуда, гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, намояндаи қонунии онҳо, инчунин бо супориш ё ризои онҳо аз ҷониби дигар шахсон даъват карда мешавад.
2. Мақомоти пешбурди мурофиаи судии ҷиноятӣ ҳуқуқ надорад, ки ба ягон кас даъвати ҳимоятгари муайянро тавсия намояд.
3. Иштироки ҳимоятгар бо дархости дастгиршуда, гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда ва намояндаи онҳо аз ҷониби таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ё суд, судя таъмин карда мешавад.
4. Агар иштироки ҳимоятгари интихоб ё таъиншуда дар давоми на камтар аз панҷ шабонарўз имконнопазир бошад, таҳқиқбаранда, муфаттиш ва прокурор ва суд ҳуқуқ доранд ба дастгиршуда, гумонбаршуда ё айбдоршаванда даъват кардани ҳимоятгари дигарро пешниҳод кунанд ва дар сурати даст кашидани ў аз таъин намудани ҳимоятгар чораҳо андешанд.
5. Агар ҳимоятгари дар парвандаи ҷиноятӣ иштироккунанда дар давоми панҷ шабонарўз дар амалиёти мурофиавӣ иштирок карда натавонад, гумонбаршуда, айбдоршаванда ҳимоятгари дигарро даъват накунад ва барои таъин намудани ҳимоятгар дархост пешниҳод накунад, таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ҳуқуқ доранд ҳамин амалиёти мурофиавиро бе иштироки ҳимоятгар гузаронанд, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки дар қисми 1 моддаи 51 Кодекси мазкур пешбинӣ гардидаанд.
6. Агар дар давоми 24 соат аз лаҳзаи дастгиркунии гумонбаршуда ё ба ҳабс гирифтани гумонбаршуда, айбдоршаванда таъин намудани ҳимоятгари интихобнамудаи онҳо имконнопазир бошад, таҳқиқбаранда, муфаттиш ё прокурор барои таъин намудани ҳимоятгари дигар бояд чораҳо андешанд.
7. Агар гумонбаршуда, айбдоршаванда аз ҳимоятгари таъиншуда даст кашанд, амалҳои тафтишӣ бо иштироки гумонбаршуда, айбдоршаванда мумкин аст бе иштироки ҳимоятгар гузаронида шаванд, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар қисми 1 моддаи 51 Кодекси мазкур пешбинӣ гардидаанд. Даст кашидан аз ҳимоятгар аз ҷониби гумонбаршуда ва айборшаванда бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 52 Кодекси мазкур сурат мегирад.
8. Агар гумонбаршаванда ё айбдоршаванда аз ҳуқуқи гирифтани ҳимоятгар истифода накунад, прокурор ё муфаттиш ба ў ҳимоятгар таъин менамояд (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1333).
9. Ҳимоятгар дар мурофиаи судӣ мутобиқи талаботи қисми 2 моддаи 281 Кодекси мазкур иваз карда мешавад.
10. Музди меҳнати ҳимоятгар мутобиқи қонунгузории ҷорӣ пардохта мешавад.
11. Таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ё суд, судя ҳуқуқ доранд, ки дастгиршуда, гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшавандаро аз пардохти музди ёрии ҳуқуқӣ пурра ё қисман озод кунанд. Дар чунин ҳолат музди меҳнати ҳимоятгар аз ҳисоби давлат пардохта мешавад.
12. Музди меҳнати ҳимоятгар, инчунин дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 4 ҳамин модда, ҳангоме ки ҳимоятгар тибқи таъинот бе бастани шартнома бо мизоҷ дар пешбурди тафтиши пешакй ё суд иштирок намудааст, аз ҳисоби давлат пардохта мешавад. Дар ин ҳолат ҷуброни хароҷоти давлатро ба ўҳдаи маҳкумшуда гузоштан мумкин аст.
13. Таъмини ҳимоятгар аз ҳисоби давлат ва пардохти ҳаққи хизмати ў дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 50 бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ" амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1696).
Моддаи 50(1). Пардохти ҳаққи хизмати ҳимоятгар аз ҳисоби давлат
1. Пардохти ҳаққи хизмати ҳимоятгар аз ҳисоби давлат ба шахсони зерин кафолат дода мешавад:
- гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва маҳкумшудае, ки ба ёрии ҳуқуқӣ эҳтиёҷ доранд, вале имконияти пардохти чунин хизматрасониро надоранд ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирандаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ мебошанд;
- гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ё маҳкумшудаи ноболиғи бепарастор ё ноболиғе, ки падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда)-и ў имконияти пардохти чунин хизматрасониро надоранд ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирандаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ мебошанд;
- ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, ветеранҳои амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, инчунин шахсоне, ки бар асари фалокати неругоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд ва ё дар рафъи оқибатҳои ин фалокат ширкат варзидаанд;
- шахсони дар сархатҳои сеюм, панҷум, шашум ва ҳафтуми қисми 1 моддаи 51 Кодекси мазкур пешбинигардида.
2. Ҳангоми таъмини ҳимоятгар аз ҳисоби давлат, таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва судя қарор, суд бошад, дар бораи таъини адвокат ҳамчун ҳимоятгар ва баъд аз ба анҷом расидани пешбурди парванда дар бораи пардохти ҳаққӣ хизмати адвокат таъинот мебароранд (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1696).
Моддаи 51. Ҳатмӣ будани иштироки ҳимоятгар
1. Иштироки ҳимоятгар дар пешбурди парвандаҳо ҳатмист, ба шарте, ки:
- дар ин бора гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда дархост пешниҳод кунанд;
- гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда ноболиғ бошанд;
- гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда бинобар камбудиҳои ҷисмонию рўҳӣ ҳуқуқи худашонро оид ба ҳимоя мустақилона амалӣ карда натавонанд;
- гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда забони пешбурди мурофиаро надонанд;
- судшавандаи таҳти ҳабс қарордошта аз ҳозир шудан ба маҷлиси судӣ саркашӣ намояд (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1333);
- айбдоршаванда берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, аз ҳозир шудан ба тафтишот саркашӣ кунад (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1333);
- шахс дар содир намудани ҷинояте айбдор карда шавад, ки барои он ҷазои қатл ё ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан пешбинӣ шуда бошад.
2. Таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, суд, судя ҳуқуқ доранд иштироки ҳимоятгарро оид ба дигар парвандаҳо низ зарур шуморанд, ба шарте онҳо чунин шуморанд, ки мураккабии парванда ва дигар ҳолатҳо метавонанд ба гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда амалӣ гардонидани ҳуқуқашонро барои ҳимоя мушкил намоянд.
3. Агар дар ҳолатҳои дар ҳамин модда зикршуда ҳимоятгар аз ҷониби худи дастгиршуда, гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ё намояндаи қонунии онҳо, инчунин бо ризои онҳо аз ҷониби дигар шахсон даъват нашуда бошад, таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, суд, судя вазифадоранд иштироки ҳимоятгарро дар парванда таъмин намоянд. Дар ин сурат қарори таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, судя ё таъиноти суд дар бораи ҷудо кардани ҳимоятгар барои Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ аст (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1229).
Моддаи 52. Даст кашидан аз ҳимоятгар
1. Гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда ҳуқуқ доранд дар ҳар лаҳзаи пешбурди парванда бо ташаббуси худ, ки дар шакли хаттӣ пешниҳод намудаанд, аз хизмати ҳимоятгар дар ҳузури ў даст кашанд.
2. Даст кашидан аз ҳимоятгар бинобар надоштани маблағ барои пардохти музди ёрии ҳуқуқӣ ё дигар ҳолатҳое, ки аз маҷбуран даст кашидан аз ҳимоятгар шаҳодат медиҳанд, иҷозат дода намешавад.
3. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи 51 Кодекси мазкур ба даст кашидан аз ҳимоятгар иҷозат дода намешавад.
4. Даст кашидан аз ҳимоятгар гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшавандаро аз ҳуқуқи дар оянда изҳор кардани дархост доир ба роҳ додани ҳимоятгар барои иштирок дар пешбурди парвандаи ҷиноятӣ маҳрум намесозад. Роҳ додани ҳимоятгар такроран доир намудани амалҳои мурофиавиро талаб намекунад.
Моддаи 53. Салоҳияти ҳимоятгар
1. Ҳимоятгар вазифадор аст бо мақсади ошкор ва пешниҳод намудани далелҳои сафедкунандаи гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ё сабуккунандаи ҷавобгарии онҳо ҳамаи восита ва усулҳои дар қонун ва Кодекси мазкур манънашударо истифода барад ва ба онҳо ёрии ҳуқуқии зарурӣ расонад.
2. Ҳимоятгар аз лаҳзаи ба парванда роҳ дода шуданаш ҳуқуқ дорад:
- донад, ки шахсе, ки ў манфиатҳояшро ҳимоя мекунад, барои чӣ гумонбар ё айбдор карда мешавад, бо қарор дар бораи оғози парвандаи ҷиноятӣ ва ё дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидан ба сифати айбдоршаванда шинос шавад (Қонуни ҶТ аз 29.01.2021 № 1755);
- бе мамониат бо шахси таҳти ҳимояташ буда як ба як,  бе маҳдуд кардани шумора ва давомнокӣ сўҳбат кунад (Қонуни ҶТ аз 27.11.2014 № 1134);
- далел ва маълумоти барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ заруриро ҷамъ оварад ва пешниҳод кунад;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қисми 3 моддаи 225 Кодекси мазкур ҳангоми ба айбдоршаванда эълон кардани айб иштирок намояд;
- дар пурсиши гумонбаршуда ва айбдоршаванда, инчунин дигар амалҳои тафтишӣ, ки бо дархости худи ҳимоятгар анҷом дода мешавад, иштирок кунад;
- бо протоколи дастгиркунӣ, қарори татбиқи чораҳои пешгирӣ, протоколи амали тафтишӣ, ки бо иштироки гумонбаршуда ё худи ҳимоятгар гузаронида шудааст, бо ҳуҷҷатҳое, ки пешниҳод шудаанд ё бояд ба гумонбаршуда ё айбдоршаванда пешниҳод карда шаванд, шинос шавад;
- пас аз анҷоми таҳқиқ ё тафтиши пешакӣ бо тамоми маводи парванда шинос шуда, аз он ҳама гуна маълумотро дар ҳар ҳаҷме, ки хоҳад, рўйнавис кунад;
- дархост изҳор кунад;
- дар муҳокимаи судии суди марҳилаи якум иштирок намояд;
- дар музокираҳои судӣ баромад кунад;
- дар маҷлиси суд, ки парвандаро бо тартиби кассатсионӣ ё назоратӣ баррасӣ мекунад ё ҳангоми аз нав оғоз кардани парванда оид ба ҳолатҳои нав ошкоршуда иштирок намояд ва оид ба шикоятҳо тавзеҳот диҳад;
- раддия арз кунад;
- аз амал ва қарори таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва суд, судя шикоят кунад ва дар баррасии онҳо иштирок намояд;
- барои ҳимоя ҳама гуна воситаҳо ва усули хилофи қонун набударо истифода барад;
- оид ба эътироз ва шикоятҳои ба парванда пешниҳодшуда маълумот дошта бошад ва нисбат ба онҳо изҳори норизогӣ кунад.
3. Ҳимоятгаре, ки дар пешбурди амалҳои тафтишӣ иштирок кардааст, ҳуқуқ дорад бо иҷозати муфаттиш ба шахсони пурсидашаванда саволҳо диҳад. Муфаттиш ё таҳқиқбаранда метавонад додани саволҳои раҳнамункунандаро рад кунанд, вале вазифадоранд онҳоро дар протокол сабт кунанд (Қонуни ҶТ аз 29.01.2021 № 1755).
4. Ҳимоятгар ҳуқуқ дорад дар протоколи амали тафтишӣ дар бораи саҳеҳӣ ва пуррагии сабти он эродҳои хаттии худро инъикос намояд.
5. Ҳимоятгари дар баррасии парванда иштироккунанда метавонад ёрдамчӣ дошта бошад. Ёрдамчӣ бо ризои гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда дар ҳузури ҳимоятгар ё бо ваколатномаи ў бо маводи парванда шинос шавад.
6. Ҳимоятгар ҳуқуқ надорад:
- маълумотеро, ки бинобар татбиқи ҳимоя ё расонидани дигар кўмаки ҳуқуқӣ барояш маълум гаштааст, фош кунад;
- аз ўҳдадории худ дар бобати ҳимояи гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда даст кашад;
- шахси таҳти ҳимояташ қарордоштаро бар хилофи мавқеи ў ба кирдори барои ҷамъият хавфнок алоқадор ё дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор эътироф намояд;
- бе супориши шахси таҳти ҳимояташ қарордошта дар бораи оштӣ шудан бо ҷабрдида, эътироф кардани даъвои гражданӣ ва баргардонидани шикоятномаи додаи ў арз намояд;
- худсарона ваколатҳояшро қатъ намояд ва бе ризои ҳимоятшаванда ваколатҳояшро дар бобати ҳимоя ба зиммаи дигар кас вогузорад.
7. Ҳимоятгар ўҳдадор аст:
- бо даъвати мақомоти пешбарандаи мурофиаи судии ҷиноятӣ ва суд, судя барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда ва ба онҳо расонидани ёрии ҳуқуқӣ ҳозир шавад;
- дар сурати ҳозир шуда натавонистан дар давоми 24 соат дар ин бора мақомоти пешбарандаи таъқиби ҷиноятӣ ва судро огоҳ намояд;
- ба амрҳои қонунии мақомоти пешбарандаи мурофиаи судии ҷиноятӣ итоат намояд;
- маълумотро дар бораи ҳолатҳое, ки бо сабаби расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба ў маълум гаштааст, инчунин маълумоти тафтиши пешакӣ ва маҷлиси пўшидаи судиро фош насозад.
8. Ҳимоятгар барои фош кардани маълумоти таҳқиқи ибтидоӣ ё тафтиши пешакӣ бе иҷозати мақомоти пешбарандаи мурофиаи судии ҷиноятй мутобиқи моддаи 361 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад, ба шарте, ки ў дар ин бора аз тарафи мақомоти пешбарандаи таъқиби ҷиноятӣ ё суд, судя мутобиқи моддаи 177 Кодекси мазкур огоҳ карда шуда бошад.
Моддаи 54. Ҷавобгари гражданӣ
1. Ба сифати ҷавобгари гражданӣ шахси воқеӣ ва шахси ҳуқуқие, ки тибқи қонун барои зарари аз ҷиноятрасида масъулияти молӣ доранд, ҷалб карда мешаванд.
2. Таҳқиқбаранда, муфаттиш,, прокурор ва судя дар бораи ба ҷавобгарии гражданӣ кашидани шахс қарор, судя бошад, таъинот мебароранд.
3. Ҷавобгари гражданӣ ҳуқуқ дорад:
- моҳияти айбдоркунӣ ва даъвои гражданиро донад;
- зидди даъво норозигӣ баён кунад;
- оид ба моҳияти даъвои пешниҳодшуда нишондод диҳад;
- намоянда дошта бошад;
- далелҳо пешниҳод кунад;
- дархост ва раддия диҳад;
- пас аз анҷоми тафтиш бо маводи парванда, ки ба даъвои гражданй марбут аст, шинос шавад, маълумотҳои заруриро рўйнавис кунад;
- дар мурофиаи судӣ иштирок намояд;
- дар музокираҳои судӣ баромад кунад;
- аз амал ва қарори таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва суд, судя шикоят кунад;
- бо протоколи маҷлиси суд шинос шуда, ба он эрод пешниҳод кунад;
- аз ҳукм ва таъиноти суд дар бобати даъвои гражданӣ шикоят кунад, эътироз ва шикоятеро, ки нисбат ба парванда пешниҳод шудааст, донад ва ба онҳо изҳори норизоӣ баён кунад (Қонуни ҶТ аз 2.08.2011 № 755);
- дар баррасии судии эътироз ва шикоятҳо иштирок намояд.
4. Ҷавобгари гражданӣ ўҳдадор аст:
- бо даъвати мақомоти пешбарандаи мурофиаи судии ҷиноятӣ ва суд, судя ҳозир шавад;
- ба қарори қонунии мақомоти пешбарандаи мурофиаи судии ҷиноятӣ ва суд, судя итоат намояд;
- маълумотро дар бораи ҳолатҳое, ки аз рўи парвандаи ҷиноятӣ ба ў маълум гаштааст, фош насозад, ба шарте, ки ў дар ин бора аз тарафи мақомоти пешбурди мурофиаи судии ҷиноятӣ ё суд, судя огоҳ карда шуда бошад.
5. Ҷавобгари гражданӣ барои фош кардани маълумоти таҳқиқи ибтидоӣ ё тафтиши пешакӣ бе иҷозати мақомоти пешбурди мурофиаи судии ҷиноятӣ мутобиқи моддаи 361 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
Моддаи 55. Намояндаи ҷавобгари гражданӣ
1. Намояндаи ҷавобгари гражданӣ ҳимояттар, хешовандони наздик ва дигар шахсоне эътироф карда мешаванд, ки мутобиқи қонун ва Кодекси мазкур ҳангоми пешбурди парвандаи ҷиноятӣ ҳуқуқ доранд манфиатҳои қонунии ҷавобгари гражданиро ҳифз кунанд ва бо қарори таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, судя ё бо таъиноти суд барои иштирок дар парванда роҳ дода шудаанд.
2. Намояндаи ҷавобгари гражданӣ дорои ҳуқуқҳое мебошад, ки ҷавобгари гражданӣ дорад.
3. Иштироки ҷавобгари гражданӣ дар парванда ўро аз ҳуқуқи дар ин парванда доштани намоянда маҳрум намекунад.
БОБИ 7. ИШТИРОКЧИЁНИ ДИГАРИ МУРОФИАИ СУДИИ ҶИНОЯТӢ
Моддаи 56. Шоҳид
1. Ба сифати шоҳид барои додани нишондод шахсе даъват карда мешавад, ки ба ў ягон ҳолати барои парвандаи ҷиноятӣ аҳамиятдошта маълум аст.
2. Ба сифати шоҳид шахсони зерин пурсида намешаванд:
- шахсоне, ки бо сабаби норасоиҳои ҷисмонӣ ё рўҳӣ қобилият надоранд, ки ҳолатҳои дар парвандаи ҷиноятӣ муқарраршавандаро дуруст дарк ва барқарор намоянд;
- адвокат ва ёрдамчии ў барои аниқ намудани маълумоте, ки мумкин аст ба онҳо ба сабаби муроҷиат барои расонидани ёрии ҳуқуқй ё расонидани чунин ёрӣ аён гардидааст;
- хешовандони наздики гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, ба шарте, ки онҳо барои пурсиш ба сифати шоҳиди парвандаи мазкур розӣ нашуда бошанд;
- судя, машваратчии халқӣ оид ба ҳолатҳои муҳокимаи масъалаҳое, ки ҳангоми иштироки онҳо дар баррасии парванда маълум гаштааст.
3. Шоҳид ҳуқуқ дорад:
- бо забони модарӣ ё бо забони дигаре, ки медонад, нишондод диҳад;
- аз хизмати тарҷумон ройгон истифода барад;
- ба тарҷумоне, ки дар пурсиши ў иштирок мекунад, раддия изҳор намояд;
- бо дасти худ дар протоколи пурсиш нишондодашро сабт кунад;
- оид ба татбиқ намудани чораҳои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои худ тибқи муқаррароти моддаи 12 Кодекси мазкур дархост пешниҳод намояд;
- аз амали таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва суд, судя шикоят кунад.
4. Шоҳид вазифадор аст:
- бо даъвати таҳқиқкунанда, муфаттиш, прокурор ва суд ҳозир шавад;
- ҳамаи он чизеро, ки оид ба парванда барояш маълум аст, саҳеҳ иттилоъ диҳад ва ба саволҳои гузошташуда дуруст ҷавоб диҳад;
- бе иҷозати пурсишкунанда маълумоти оид ба ҳолатҳои парванда ба ў маълумро фош накунад;
- тартиби муайяншудаи пешбурди амали тафтишӣ ва маҷлиси судро риоя кунад.
5. Шоҳид ҳангоми қасдан аз рўи даъват ҳозир нашудан маҷбуран оварда мешавад ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
6. Шоҳид барои саркашӣ аз ҳозир шудан ва барои дидаю дониста додани нишондоди бардурўғ ё нахостани додани нишондод мутобиқи моддаҳои 351 ва 352 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошад.
Моддаи 57. Мутахассис
1. Мутахассис шахсест, ки ба ҳалли парвандаи ҷиноятӣ манфиатдор набуда, дорои донишу таҷрибаи махсус аст ва барои мусоидат намудан ба таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, суд, судя дар ошкор ё дарёфт намудани далел, асоснок кардани он, инчунин дар татбиқи воситаҳои техникй мумкин аст ҷалб карда шавад.
2. Мутахассис барои иштирок намудан дар пешбурди амалҳои тафтишӣ ва муҳокимаи судии парвандаи ҷиноятӣ мутобиқи моддаҳои 179,284, 305 Кодекси мазкур даъват карда мешавад.
3. Мутахассис ҳуқуқ дорад:
- сабаби даъват шуданашро донад;
- агар дорои донишу таҷрибаи соҳаи дахлдор набошад, аз иштирок дар пешбурди парванда даст кашад;
- бо иҷозати таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва суд, судя ба иштирокчиёни амали тафтишӣ савол диҳад;
- бо протоколи тафтиш, ки дар он иштирок мекунад, шинос шавад ва арзу мулоҳизотеро пешниҳод намояд, ки бояд ба протокол дохил карда шаванд;
- аз амали таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва суд, судя шикоят кунад.
4. Мутахассис ўҳдадор аст:
- бо даъвати таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва суд, судя ҳозир шавад;
- дар пешбурди амали тафтишӣ ва муҳокимаи судӣ донишу таҷрибаи худ ва воситаҳои илмию техникиро истифода намуда, барои ошкор ё дарёфт намудани далел ва асоснок кардани он иштирок намояд;
- дар ҷараёни маҷлиси суд оид ба амалҳои анҷомдодааш тавзеҳот диҳад.
5. Мутахассис барои саркашӣ кардан аз ҳозиршавӣ ба даъвати мақомоти таҳқиқи ибтидоӣ, тафтишотӣ ва суд ё саркашӣ кардан аз иҷрои вазифаҳои худ мутобиқи конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
Моддаи 58. Коршинос (эксперт)
1. Коршинос дар ҳолатҳое даъват карда мешавад, ки барои пешбурди таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ё ҳангоми муҳокимаи судии парванда ба дониши махсус дар соҳаи илм, техника, фарҳанг ё касбу ҳунар зарурат ба миён ояд.
2. Ба сифати коршинос ҳар шахсе, ки барои пешниҳоди хулоса дониши махсус ва дар ҳолатҳои зарурӣ иҷозатномаи дахлдор дорад, даъват шуданаш мумкин аст.
3. Даъват кардани коршинос, таъин ва пешбурди экспертиза бо тартиби пешбининамудаи боби 24 Кодеқси мазкур анҷом дода мешавад.
4. Коршинос ҳуқуқ дорад:
- бо маводи парвандаи ҷиноятӣ, ки ба мавзўи экспертиза алоқаманд аст, шинос шавад;
- дар бораи ба ў пешниҳод намудани маводи иловагӣ, ки барои додани хулоса заруранд ё дар бораи таъини экспертизаи комплексӣ дархост кунад;
- бо иҷозати таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва суд, судя дар пешбурди амали тафтишӣ иштирок карда, ба пурсишшавандагон ва дигар шахсон, ки дар ин амал иштирок доранд, вобаста ба масъалаҳои мавзўи экспертиза саволҳо диҳад;
- бо забони модарӣ ё дигар забоне, ки медонад, нишондод диҳад;
- аз хизмати тарҷумон ройгон истифода барад;
- аз амали таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва суд, судя, ки ҳуқуқи ўро ҳангоми пешбурди экспертиза маҳдуд мекунад, шикоят намояд;
- агар ҳаллу фасли масъалаи гузошташуда аз доираи дониши тахассусаш берун бошад ё маводи дар ихтиёраш буда барои додани хулоса нокифоя бошад, аз пешниҳоди хулоса даст кашад.
5. Коршинос ҳуқуқ надорад бе огоҳ намудани таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва суд, судя бо дигар иштирокчиёни мурофиа дар бораи масъалаҳои марбут бо экспертиза гуфтушунид кунад, барои тадқиқот мустақилона мавод ҷамъоварӣ намояд, агар барои он иҷозати махсуси таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, суд, судя мавҷуд набошад, тафтише гузаронад, ки боиси пурра ё қисман несту нобуд гардидани объектҳо ё тағйир ёфтани намуди зоҳирӣ ё хосиятҳои асосии онҳо гардад.
6. Коршинос ўҳдадор аст:
- бо даъвати таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва суд, судя ҳозир шавад;
- вобаста ба масъалаҳои тадқиқот ва саволҳои пешниҳодшуда хулосаи асоснок ва воқеъбинонаи хаттӣ пешниҳод намояд;
- маълумоти маводи парвандаро фош накунад;
- ҳангоми пешбурди амали тафтишӣ ва маҷлиси суд тартиботро риоя намояд.
7. Коршинос барои дидаю дониста додани хулосаи бардурўғ, инчунин барои саркашӣ кардан аз ҳозиршавӣ ё иҷрои вазифаҳои худ мутобиқи моддаҳои 351 ва 352 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.08.2011 № 755).
Моддаи 59. Тарҷумон
1. Тарҷумон шахсест, ки забонҳои барои тарҷума зарурро медонад ва барои иштирок дар амалҳои тафтишию судӣ дар ҳолатҳое, ки гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, ҳимоятгарони онҳо ё ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ё намояндагони онҳо, инчунин шоҳидон ва дигар иштирокчиёни мурофиа забонеро, ки пешбурди парванда ба воситаи он анҷом дода мешавад, намедонанд, инчунин барои тарҷумаи маводи хаттӣ даъват карда мешавад.
2. Тарҷумон бо қарори таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, судя ва таъиноти суд таъин карда мешавад.
3. Тарҷумон инчунин мутобиқи Кодекси мазкур шахсе ҳисоб меёбад, ки имову ишораи гунгонро мефаҳмад ва қодир аст бо карҳо бо истифодаи аломатҳо сўҳбат кунад.
4. Тарҷумон ҳуқуқ дорад:
- бо протоколи амали тафтишӣ, ки ҳангоми пешбурди он иштирок дошт, инчунин бо протоколи маҷлиси суд шинос шавад ва ба онҳо эрод гирад ва он бояд дар протокол дарҷ шавад;
- агар ў дониши барои тарҷума зарурӣ надошта бошад, аз иштирок дар парванда даст кашад;
- аз амали таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва суд, судя шикоят кунад.
5. Тарҷумон ўхдадор аст:
- бо даъвати таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва суд, судя ҳозир шавад;
- тарҷумаи матни ба ў супурдашударо дақиқ ва пурра ба ҷо орад, саҳеҳ будани тарҷума дар протоколи тафтиш, ки бо иштироки ў сурат гирифтааст, инчунин тарҷумаи матни ҳуҷҷатҳои мурофиавиро, ки ба иштирокчиёни мурофиа бо забони модарии онҳо ё дигар забоне, ки онҳо медонанд, додашударо бо имзои худ тасдиқ кунад;
- маълумоти маводи парвандаро фош накунад;
- ҳангоми пешбурди амали тафтишӣ ва маҷлиси суд тартиботро риоя кунад.
6. Тарҷумон дар ҳолати дидаю дониста нодуруст тарҷума кардан, инчунин ҳангоми саркашӣ кардан аз ҳозир шудан ба даъват ё аз иҷрои вазифаҳои худ бо тартиби муқаррарнамудаи моддаҳои 351 ва 352 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.
Моддаи 60. Шахси холис
1. Шахси холис шахсест, ки ба ҳалли парвандаи ҷиноятй манфиатдор нест ва барои иштирок дар амали тафтишӣ ё дигар амали мурофиавӣ барои тасдиқи далели, пешбурди он, мазмун, ҷараён ва натиҷаҳои он аз ҷониби таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва суд, судя даъват шудааст.
2. Инҳо шахсони холис буда наметавонанд:
- ноболиғон;
- шахсони номукаллаф;
- иштирокчиёни мурофиаи судӣ ва хешовандони онҳо;
- коромўзон, ёрдамчиёни ғайривоҳидӣ (ҷамъиятӣ) ва кормандони воҳидии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ(Қонуни ҶТ аз 20.04.2021 № 1777).
3. Шахсони холисе, ки дар пешбурди амали тафтишӣ иштирок мекунанд, набояд камтар аз ду нафар бошанд. Пеш аз оғози амали тафтишӣ таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ба онҳо ҳуқуқ ва ўҳдадориҳояшонро мефаҳмонанд.
4. Шахси холис ҳуқуқ дорад:
- дар пешбурди амали тафтишӣ иштирок кунад;
- оид ба пешбурди амали тафтиши мулоҳизаҳояшро баён кунад, ба он эрод гирад ва ин мулоҳизаву эродҳо бояд дар протокол сабт шаванд;
- бо протоколи тафтиш, ки дар он иштирок кардааст, шинос шавад;
- аз амали таҳқиқбаранда, муфаттиш ва прокурор шикоят кунад.
5. Шахси холис ўҳдадор аст:
- бо даъвати таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ва суд, судя ҳозир шавад;
- дар пешбурди амали тафтишӣ иштирок кунад;
- далели пешбурди ин амал, ҷараён ва натиҷаҳои онро дар протоколи тафтиш бо имзо тасдиқ намояд;
- маълумоти маводи тафтишро фош накунад;
- ҳангоми пешбурди амали тафтишӣ тартиботро риоя кунад.
6. Шахси холис дар сурати саркашӣ кардан аз ҳозир шудан ё аз иҷрои вазифаҳои худ тибқи моддаи 352 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
7. Шахси холис бояд тамоми амали дар ҳузури ў ба миёномадаро пурра ва саҳеҳ дарк карда тавонад.
БОБИ 8. ҲОЛАТҲОЕ, КИ ИМКОНИЯТИ ИШТИРОКРО ДАР МУРОФИАИ СУДИИ ҶИНОЯТИ ИСТИСНО МЕКУНАНД
Моддаи 61. Ҳолатҳое, ки иштироки судяро дар баррасии парвандаи ҷиноятӣ истисно мекунанд
1. Судя наметавонад дар баррасии парвандаи ҷиноятӣ иштирок намояд, агар:
- тибқи қонун барои баррасии ҳамин парвандаи ҷиноятӣ ваколатдор набошад;
- оид ба ҳамин парвандаи ҷиноятӣ ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ё шоҳид бошад;
- дар ҳамин парвандаи ҷиноятӣ ба сифати коршинос, мутахассис, тарҷумон, шахси холис, таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, котиби маҷлиси суд, ҳимоятгар, намояндаи қокунии гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, намояндаи ҷабрдида, даъвогари гражданӣ ё ҷавобгари гражданӣ иштирок карда бошад;
- худ, хешовандони наздики ў бевосита ё бавосита ба ҳалли парванда манфиатдор бошанд;
- хешованди айбдоркунандаи давлатӣ, айбдоркунандаи хусусӣ, муфаттиш, таҳқиқбаранда, айбдоршаванда, ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ, намояндаи онҳо, ҳимоятгар бошад;
- ҳолатҳое мавҷуд бошанд, ки беғаразии судяро таҳти шубҳа гузоранд (Қонуни ҶТ аз 2.08.2011 № 755).
2. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи мазкур судя вазифадор аст аз иштирок дар парванда даст кашад.
Моддаи 62. Ҳолатҳое, ки иштироки такрории судяро дар баррасии  парвандаи ҷиноятӣ истисно мекунанд
1. Судяе, ки қарори ба ҳабс гирифтан ё таҳти ҳабси хонагӣ қарор додани гумонбаршуда ё айбдоршавандаро қабул намудааст, мўҳлати дар ҳабс ё ҳабси хонагӣ нигоҳ доштани онҳоро дароз кардааст, дар баррасии ҳамон парванда дар судҳои марҳилаҳои якум, кассатсионӣ ва назоратӣ иштирок карда наметавонад (Қонуни ҶТ аз 16.04.2012 № 809).
2. Судяе, ки дар баррасии парвандаи ҷиноятӣ дар суди марҳилаи якум иштирок намудааст, ҳангоми баррасии ҳамон парванда ба тариқи кассатсионӣ ё назоратӣ, ҳамчунин дар сурати бекор шудани ҳукм ё қарор (таъинот) дар бораи қатъ намудани пешбурди парвандаи ҷиноятие, ки бо иштироки ў қабул карда шудааст, ҳамзамон ҳангоми аз нав баррасӣ намудани парвандаи ҷиноятӣ дар суди марҳилаи якум иштирок карда наметавонад.
3. Судяе, ки дар баррасии парвандаи ҷиноятӣ дар суди марҳилаи кассатсионй иштирок намудааст, дар баррасии ҳамон парванда дар суди марҳилаҳои якум ё назоратӣ, ҳамчунин дар баррасии нави парванда дар суди марҳилаи кассатсионӣ баъди бекор шудани таъиноти бо иштироки ў баровардашуда иштирок карда наметавонад.
4. Судяе, ки дар баррасии парвандаи ҷиноятӣ дар суди марҳилаи назоратӣ иштирок намудааст, дар баррасии ҳамон парванда дар судҳои марҳилаҳои якум ва кассатсионӣ иштирок карда наметавонад.
Моддаи 63. Рад кардани судя
1. Ҳангоми мавҷуд будани ҳолатҳои пешбининамудаи моддаҳои 61 ва 62 Кодекси мазкур судя ва машваратчии халқӣ вазифадор аст аз иштирок дар парванда даст кашад. Бо ҳамон асосҳо ба судя ва машваратчии халқӣ аз тарафи иштирокчиёни мурофиаи судии дар моддаи 301 Кодекси мазкур нишондодашуда метавонад раддия арз намояд.
2. Раддия бояд асоснок карда, то оғози тафтиши судӣ арз шавад. Арзи дертари раддия танҳо дар ҳолатҳое иҷозат дода мешавад, ки асоси раддия ба суд ё ба шахси изҳоркунандаи раддия пас аз оғози тафтиши судӣ аён гардида бошад. Судя ё машваратчии халқие, ки ба ў раддия арз шудааст, ҳуқуқ дорад доир ба ин масъала баёнот диҳад.
Моддаи 64. Тартиби ҳалли раддияе, ки нисбат ба судя арз шудааст
1. Масъалаи рад намудани судя, инчунин дигар иштирокчиёни мурофиа, ки дар давраи мурофиаи судӣ арз шудааст, аз ҷониби суд тавассути баровардани таъинот дар хонаи машваратӣ ҳал карда мешавад.
2. Раддияе, ки нисбат ба судя арз шудааст, аз тарафи судяҳои дигар дар ғайби ў ҳал карда мешавад. Радшаванда ҳуқуқ дорад то ба хонаи машваратӣ даромадани суд баёноташро дар бораи раддияи ба ў арзшуда изҳор намояд. Ҳангоми баробар будани овозҳо судя рад кардашуда ҳисоб меёбад.
3. Раддияе, ки ба якчанд судя ё ҳайати пурраи суд арз шудааст, аз ҷониби ҳайати пурраи ҳамон суд бо аксарияти овозҳо ҳал карда мешавад.
4. Раддия нисбат ба судяе, ки парвандаро танҳо баррасӣ мекунад ё шикоятро оид ба татбиқи чораи пешгирӣ ва дигар чораҳои маҷбуркунии мурофиавй дида мебарояд, аз тарафи судя танҳо тавассути қабули қарор ҳал карда мешавад.
5. Дар ҳолати қонеъ намудани арзи раддия парвандаи ҷиноятӣ, шикоят ё дархост барои баррасӣ ба дигар судя супорида мешавад.
6. Дар баробари аз ҷониби яке аз тарафҳо нисбат ба судя, котиби маҷлиси суд, тарҷумон, коршинос, мутахассис арз шудани раддия дар навбати аввал масъалаи рад кардани судя ҳал карда мешавад.
Моддаи 65. Рад кардани прокурор
1. Прокурор ҳангоми мавҷуд будани асосҳои пешбининамудаи моддаи 61 Кодекси мазкур вазифадор аст аз иштирок дар баррасии парвандаи ҷиноятӣ даст кашад.
2. Прокурор дар пешбурди тафтиши пешакӣ ё таҳқиқ, инчунин дастгирӣ кардани айбдоркунӣ дар суд иштирок карда бошад, барои иштироки минбаъдаи ў дар парванда монеа шуда наметавонад.
3. Бо асосҳои пешбининамудаи моддаи 61 Кодекси мазкур ба прокурор метавонанд гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, намояндаи қонунии онҳо, ҳимоятгар, инчунин ҷабрдида ва намояндагони ў, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ё намояндагони онҳо раддия арз кунанд.
4. Масъалаи рад кардани прокурор дар давраи пешбурди тосудии парванда аз ҷониби прокурори болоӣ, ҳангоми пешбурди судии парванда бошад, аз ҷониби суди баррасикунандаи парванда ҳал карда мешавад.
Моддаи 66. Рад кардани муфаттиш ва таҳқиқбаранда
1. Муфаттиш ва таҳқиқбаранда дар тафтиши парвандаи ҷиноятӣ ҳангоми мавҷуд будани асосҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи 61 Кодекси мазкур иштирок карда наметавонанд. Иштироки онҳо дар таҳқиқ ё тафтиши пешакӣ, ки қаблан оид ба ҳамин парванда сурат гирифта буд, барои рад кардани онҳо асос шуда наметавонад.
2. Ҳангоми мавҷуд будани асосҳо барои рад кардани муфаттиш ё таҳқиқбаранда онҳо вазифадоранд аз иштирок дар парвандаи ҷиноятӣ даст кашанд.
3. Масъалаи рад кардани муфаттиш ё таҳқиқбаранда аз ҷониби прокурор ҳал карда мешавад.
Моддаи 67. Рад кардани котиби маҷлиси суд
1. Муқаррароти моддаи 61 Кодекси мазкур ба котиби маҷлиси суд низ дахл доранд. Иштироки қаблии ў дар парванда ба сифати котиби маҷлиси суд барои рад кардани ў асос шуда наметавонад.
2. Масъалаи рад кардани котиби маҷлиси суд аз ҷониби суд ё судяе, ки парвандаро баррасӣ менамояд, ҳал карда мешавад.
Моддаи 68. Рад кардани тарҷумон
1. Тарҷумон ҳангоми мавҷуд будани асосҳои дар моддаи 61 Кодекси мазкур нишондодашуда, ҳамчунин дар ҳолате, ки бесалоҳиятии ў ошкор мегардад, дар пешбурди парванда иштирок карда наметавонад.
2. Ҳангоми мавҷуд будани ин асосҳо гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, намояндаи қонунии ў, ҳимоятгар, айбдоркунанда, инчунин ҷабрдида ва намояндаи онҳо, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ё намояндагони онҳо нисбат ба тарҷумон раддия арз карда метавонанд.
3. Дар ҳолати ошкор гардидани бесалоҳиятии тарҷумон шоҳиде, ки нишондодашро тарҷумон тарҷума кардааст, нисбат ба ў раддия арз карда метавонад.
4. Қаблан ба сифати тарҷумон иштирок кардани шахс дар парванда барои рад кардани ў асос шуда наметавонад.
5. Масъалаи рад намудани тарҷумон ҳангоми пешбурди таҳқиқ ё тафтиши пешакӣ мутаносибан аз ҷониби таҳқиқбаранда, муфаттиш ё прокурор, дар мурофиаи судӣ аз ҷониби суд, судяе, ки парвандаро баррасӣ мекунад, ҳал карда мешавад.
Моддаи 69. Рад кардани коршинос
1. Коршинос дар ҳолатҳои зайл наметавонад дар пешбурди парвандаҳо иштирок кунад:
- ҳангоми мавҷуд будани асосҳои дар моддаи 61 Кодекси мазкур зикргардида;
- агар ў таҳти вобастагии хизматӣ ё дигар вобастагии таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор, судя, гумонбаршуда ё айбдоршаванда ё судшаванда, ҳимоятгар ё намояндагони қонунии онҳо, ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ ё намояндагони онҳо қарор дошт ё қарор дорад;
- агар ў оид ба ҳамин парванда санҷиш (ревизия) анҷом дода бошад;
- дар ҳолати ошкор гардидани бесалоҳиятии ў.
2. Иштироки қаблии коршинос дар парванда ба сифати мутахассис ва ё ба сифати коршинос барои рад кардани ў асос шуда наметавонад.
3. Масъалаи рад кардани коршинос бо тартиби пешбининамудаи қисми 5 моддаи 68 Кодекси мазкур ҳал карда мешавад.
Моддаи 70. Рад кардани мутахассис
1. Мутахассис ҳангоми мавҷуд будани асосҳои дар моддаи 61 Кодекси мазкур нишондодашуда дар пешбурди парванда иштирок карда наметавонад.
2. Иштироки қаблӣ дар парванда ба сифати мутахассис барои рад кардани ў асос шуда наметавонад.
3. Масъалаи рад кардани мутахассис бо тартиби пешбининамудаи қисми 5 моддаи 68 Кодекси мазкур ҳал карда мешавад.
Моддаи 71. Ҳолатҳое, ки иштироки ҳимоятгар, намояндаи ҷабрдида, даъвогари гражданӣ ё ҷавобгари гражданиро дар парванда истисно мекунанд
1. Ҳимоятгар, намояндаи ҷабрдида, даъвогари гражданӣ ва ё ҷавобгари гражданӣ ҳуқуқ надоранд дар баррасии парвандаи ҷиноятӣ иштирок кунанд, ба шарте, ки:
- қаблан дар парванда ба сифати судя, прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда, котиби маҷлиси суд, шоҳид, коршинос, мутахассис, тарҷумон ё шахси холис иштирок карда бошанд;
- бо судя, прокурор, муфаттищ, таҳқиқбаранда ё котиби маҷлиси суд, ки дар тафтиш ё баррасии судии ҳамин парванда иштирок мекунанд ё бо шахси манфиаташ ба манфиати иштирокчиёни мурофиаи бо ў дар бораи расонидани ёрии ҳуқуқӣ созишномабаста мухолифанд, муносибатҳои хешутаборӣ дошта бошанд;
- ба шахсе, ки манфиаташ ба манфиати айбдоршаванда ё гумонбаршудаи аз ҷониби ў ҳимояшаванда ё ҷабрдида, даъвогари гражданӣ ва ҷавобгари гражданӣ, ки онҳоро намояндагӣ мекунад, мухолиф аст, ёрии ҳуқуқӣ мерасонад ё қаблан ёрӣ расонидааст.
2. Масъалаи рад кардани ҳимоятгар, намояндаи ҷабрдида, даъвогари гражданӣ ё ҷавобгари гражданӣ бо тартиби пешбининамудаи қисми 5 моддаи 68 Кодекси мазкур ҳал карда мешавад.
ФАСЛИ III. ДАЛЕЛҲО ВА ИСБОТ
БОБИ 9. ДАЛЕЛҲО
Моддаи 72. Далелҳо
1. Далелҳо оид ба парвандаи ҷиноятӣ маълумоти воқеие ба шумор мераванд, ки дар асоси онҳо суд, прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда бо тартиби муайяннамудаи Кодекси мазкур мавҷуд будан ё набудани кирдори барои ҷамъият хавфнок, исбот гардидан ё нагардидани ҳолатро оид ба парвандаи ҷиноятӣ ва ҳолати дигари барои ҳалли дурусти парванда аҳамиятдоштаро муқаррар мекунанд.
2. Инҳо ҳамчун далел ҳисобида мешаванд:
- нишондоди шоҳид;
- нишондоди ҷабрдида;
- нишондоди гумонбаршуда;
- нишондоди айбдоршаванда;
- нишондоди судшаванда;
- хулоса ва нишондоди коршинос;
- хулоса ва нишондоди мутахассис;
- далелҳои шайъӣ;
- протоколҳои амалҳои тафтишӣ ва судӣ;
- сабтҳои пинҳонӣ;
- гуфтугўи телефонии гўшкардашуда ва сабтгардида;
- мушоҳидаҳои электронӣ, видео ва магнитофонӣ;
- ҳуҷҷатҳои дигар.
Моддаи 73. Нишондоди шоҳид
Барои муқаррар намудани ҳамаи ҳолатҳои марбут ба парвандаи ҷиноятӣ, аз ҷумла дар хусуси шахсияти гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, ҷабрдида ва муносибатҳои байни онҳо бояд аз шоҳид пурсида шавад. Агар шоҳид сарчашмаи ин маълумотро нишон дода натавонад, маълумоти додаи ў далел шуда наметавонад.
Моддаи 74. Нишондоди ҷабрдида
1. Ҷабрдида оид ба ҳолате, ки нисбати ҳамин парванда бояд исбот карда шавад, инчунин оид ба муносибатҳои байни ў ва гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда метавонад пурсида шавад.
2. Агар ҷабрдида сарчашмаи маълумоти додаашро нишон дода натавонад, он далел шуда наметавонд.
Моддаи 75. Нишондоди гумонбаршуда
Гумонбаршуда ҳуқуқ дорад дар хусуси ҳолатҳое, ки барои дастгир шудани ў ё интихоб кардани чораҳои пешгирй дар ҳаққи ў асос шудаанд, инчунин дар хусуси ҳолатҳои ба ў маълуми парвандаи ҷиноятӣ нишондод диҳад.
Моддаи 76. Нишондоди айбдоршаванда
1. Айбдоршаванда ҳуқуқ дорад дар бораи айби ба ў эълоншуда, инчунин дигар ҳолатҳои ба ў маълуми барои парванда аҳам