Лавҳаи идоракунӣ барои маъюбони дорои нуқсони босира

Лавҳаи идоракунӣ
Намуди зоҳирии сомонаро ба эҳтиёҷоти шахсии худ мутобиқ намоед.

«Барномаи давлатии «Муҳити дастрас» барои солҳои 2021-2025»
Тавсияҳои W3C (The World Wide Web Consortium)

Андозаи маводи сомона
Ин имкон саҳифаи сомонаро ба реҷаи намоиш бо рӯшании баланд фаъол мекунад.
Ин имкон маводи саҳифаи сомонаро ба реҷаи намоиши матни сафед дар заминаи сиёҳ фаъол мекунад
Ин имкон ба одамоне, ки ҳангоми тамошо кардани маводи сомона бо ҳаракатҳои босуръати экран мушкилӣ мекашанд, метавонад кумак расонад
Ин имкон ҳарфҳои матни мутобиқро барои одамон бо бемории хонишпарешонӣ (дислексия) фаъол мекунад (ин имкон дар реҷаи озмоишӣ қарор дорад ва метавонад муваққатан баъзеи ҳарфҳои махсусро ба таври дуруст нишон надиҳад)

ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2065 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИШОНДИҲАНДА БАРОИ ҲИСОБҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2061 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2049 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20.06.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
-A A +A

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН.

Ношири мавод: Ибрагимов Виктор Мухторович Санаи интишор: Сшб, 26/01/2021 - 16:03
Мо шодем, ки  Шумо  нисбати Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намудед.
Маркази миллии қонунгузорӣ мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 марти соли 2009, №637 таъсис ёфтааст.
Марказ муассисаи давлатии илмию таҳқиқотӣ, иттилоотию таҳлилӣ буда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ мебошад.
Вазифаҳои асосии Марказ таҳияи консепсияҳои такмили қонунгузорӣ ва лоиҳаҳои қонунҳо, таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таҳияи пешниҳодот оид ба мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузаронидани экспертизаи ҳуқуқии лоиҳаи қонунҳо, гузаронидани таҳлили таъсири танзимкунӣ, гузаронидани таҳқиқотҳои муқоисавию ҳуқуқии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қонунгузории давлатҳои хориҷӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкорӣ бо ташкилотҳои илмӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии дохилӣ ва хориҷӣ, фаҳмондадиҳии муқаррароти асосии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳия ва интишори тафсири илмию амалии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад. Инчунин, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои дигарро низ анҷом медиҳад.
Баҳри амалисозии вазифаҳои болозикр, Марказ иқтидорӣ назарраси эҷодӣ дорад. Аз он ҷумла, дар он 2 нафар доктори илмҳои ҳуқуқ, 5 нафар номзади илмҳои ҳуқуқ ва 10 нафар аспиранту унвонҷӯён фаъолият менамоянд. Ин имкон медиҳад, ки Марказ дар ҷараёни қонунгузорӣ иштирок намуда, барои аз ҷиҳати илмиву амалӣ асоснок намудани қонунҳо, мукаммалу мушаххас гардонидани механизми татбиқи онҳо мусоидат намояд.
Сомонаи расмии Марказ бо мақсади таъмини фаъолият, инкишофи низоми давлатии иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастрасии бемамониати он ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳо, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ташкил ва пеш бурда мешавад.
 
      Бо умеди ҳамкориҳои судманд, директори 
Маркази миллии қонунгузорӣ, номзади 
илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент
Саидзода Иззатулло Ҳабибулло
Тоҷикӣ
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 4.5 (124 овоз)

БАРНОМАИ «МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ»

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 15/10/2024 - 15:15
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 4.4 (7 овоз)

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар

Ношири мавод: Ибрагимов Виктор Мухторович Санаи интишор: Пшб, 30/05/2024 - 13:33

Муҳтарам олимону донишмандон!

Ҳозирини гиромӣ!

Аз вохӯрии мо бо аҳли зиёи кишвар чор сол сипарӣ гардид.

Имрӯз тасмим гирифтем, ки натиҷаҳои мулоқоти қаблӣ, ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмиро дар кишвар баррасӣ намоем.

Мо бояд донем, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ илми ватанӣ дар масири пешрафти давлат ва иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат чӣ хизмате анҷом дод.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 3.5 (11 овоз)

Тақвими «СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ»

Ношири мавод: Ибрагимов Виктор Мухторович Санаи интишор: Пшб, 30/05/2024 - 07:59
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 4.5 (8 овоз)

ҲАМОИШ БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 23/05/2024 - 15:39
     Имрӯз дар толори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини иҷрои Нақшаи чорабиниҳои сиёсию байналмилалӣ, фарҳангиву маърифатӣ ва варзишӣ дар доираи Моҳвораи ҷавонон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон – 23 май бо иштироки роҳбарият ва кормандони Марказ ҳамоиши дохилиидоравӣ баргузор гардид.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 4.8 (6 овоз)

ДАВИ МИЛЛӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Дшб, 20/05/2024 - 18:09
    Тибқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади оммавигардонии варзиш, 19 майи соли 2024 дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” баргузор гардид.
  Роҳбарият ва кормандони Маркази миллии қонунгузорӣ дар чорабинии мазкур дастаҷамъона иштирок намуданд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 4.4 (7 овоз)

ТАШРИФИ РӮЗНОМАНИГОРОН БА МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Ибрагимов Виктор Мухторович Санаи интишор: Дшб, 20/05/2024 - 16:48
     17 майи соли ҷорӣ бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” рӯзноманигорони расонаҳои давлатию мустақили минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ба Маркази миллии қонунгузорӣ ташриф оварданд.
      Сафари матбуотии мазкур бо мақсади шинос шудан аз фаъолияти Марказ дар доираи талаботи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2023, №357 тасдиқ гардидааст ва “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024” баргузор гардид.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 4.6 (7 овоз)

Маҷмаи Умумии СММ ташаббуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалиро оид ба эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол ҷонибдорӣ намуд

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Чшб, 08/05/2024 - 17:33
     Бозии футбол яке аз роҳҳои беҳтарини беҳдошти саломатӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, инчунин муҳимтарин василаи муттаҳидсозии халқу миллатҳои гуногун мебошад. Дар робита ба ин, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ 9 феврали соли 2024 бори нахуст ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуданд, ки нақши футбол дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шавад ва бо қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии СММ расман Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардад.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (7 овоз)

БАРНОМАИ "АЗ ПАЁМ": БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Дшб, 04/03/2024 - 08:22
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (6 овоз)

МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗУИ «ҲИФЗИ ЗАБОНҲОИ МОДАРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Ношири мавод: Ибрагимов Виктор Мухторович Санаи интишор: Чшб, 21/02/2024 - 14:00
       21 феврали соли 2024 дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба эълон шудани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва “Рӯзи байналмилалии забонҳои модарӣ” мизи мудаввар бо иштироки олимону мутахассисон аз муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ баргузор гардид.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 4.4 (7 овоз)

МАСЪУЛИЯТ: ШАРҲИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН"

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Дшб, 23/10/2023 - 10:33
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 4.9 (8 овоз)

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО: ТЕРРОРИЗМ ВА ГУЗОШТАНИ ЛАЙК БА НАВОРҲОИ ТЕРРОРИСТӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Дшб, 23/10/2023 - 10:32
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 4.3 (6 овоз)

Маросими ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун” 16.11.2018

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Ҷум, 31/01/2020 - 10:27
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 4.7 (23 овоз)

Дастовардҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ношири мавод: Ибрагимов Виктор Мухторович Санаи интишор: Пшб, 30/01/2020 - 11:22
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 4.6 (27 овоз)
Обуна ба Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон RSS