ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2033 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ФАРҲАНГ” Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.02.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2026 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 03.01.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2012 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2024 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

Муовини якум

-A A +A

МУОВИНИ ЯКУМ

Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар... Санаи интишор: Пшб, 10/09/2020 - 16:17
 
СОҲИБЗОДА МУҲАММАДҶОН МАҲМАДАЛӢ
 
Муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент.
Sohibov.jpg
Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 августи соли 2020, № АП-1407, муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд.
МАЪЛУМОТНОМА
*Санаи таваллуд: 2 сентябри соли 1990.
*Ҷои таваллуд: Ҷумҳурии Тоҷикистон.
*Маълумот: олӣ.
*Миллат: тоҷик.
*Соли 2013 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро (рўзона) хатм кардааст.
*Ихтисос: ҳуқуқшинос.
*Дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ: номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент.
*Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ озод, англисӣ бо луғат.
*Вакили халқ ҳаст ё не: не
*Мансубияти ҳизбӣ: аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.
*Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: не.
*Вазъи оилавӣ: оиладор, соҳиби ду фарзанд.
*Рутбаи ҳарбӣ: лейтенанти хурд.
*Маводи нашршуда: китоби дарсӣ, монография, тафсирҳо, тавсияҳо оид ба қонунҳо, воситаҳои таълимӣ ва мақолаҳои илмӣ-оммавӣ.
ФАЪОЛИЯТИ КОРӢ
Солҳои 2008-2013 – донишҷўи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
Солҳои 2013-2015 – муаллими кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табиии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
Солҳои 2015-2018 – муаллими кафедраи ҳуқуқи граждании факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
Аз соли 2019 то ҳол – муаллими кафедраи ҳуқуқи граждании факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҳамзамон дотсенти кафедраи ҳуқуқ ва ҳуқуқшиносии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Моҳҳои май-августи соли 2020 – декани факултети таҳсилоти фосилавӣ ва таҳсилоти дуюми олии касбии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Аз 13 августи соли 2020 то ҳол – муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА ТАЪЛИМӢ
Дар мавзўи “Проблемаҳои танзими ҳуқуқи граждании иҷораи қитъаи заминҳои таъиноти кишоварзӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон” диссертатсияи номзадиро ҳимоя намудааст.
Солҳои 2017-2020 – раиси Шўрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон; Соли 2019 – курси омода намудани коршиноси масъалаҳои интихоботро дар Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хатм намудааст; Аз соли 2019 то ҳол коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон; Соли 2016 – курси такмили ихтисоси равияи гуманитарӣ-ҳуқуқиро дар Донишкадаи такмили ихтисоси омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хатм намудааст.
Бо медали ҷашнии “90-сологии адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Сипосномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе” сарфароз гардонида шудааст.
Муаллифи зиёда аз 80 маводҳои чопӣ мебошад. Аз ҷумла, 3 – китоби дарсӣ; 1 – монография; 7 – тафсир ба қонунҳо; 10 – воситаи таълимӣ, зиёда аз 59 – мақолаҳои илмӣ-оммавӣ. Зиёда аз 30 – хулосаҳои ҳуқуқӣ ба лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешниҳод намудааст. Мақолаҳои ў берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ – дар Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон чоп шудааст.
Натиҷаҳои асосии фаъолияти илмӣ дар интишороти зерин дарҷ ёфтааст. Аз ҷумла “Проблемаҳои танзими ҳуқуқи граждании иҷораи қитъаи заминҳои таъиноти кишоварзӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон” (монография)”; “Ҳуқуқи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон” (китоби дарсӣ); “Ҳуқуқи экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (китоби дарсӣ); “Ҳуқуқи меросии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (воситаи таълимӣ); “Ҳуқуқи уҳдадорӣ” (воситаи таълимӣ); “Ҳуқуқи шартномавӣ” (восиати таълимӣ); Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баҳои замин”; Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хусусигардонии фонди манзил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”; Тавсияҳо оид ба такмили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баҳои замин”; Тавсияҳо оид ба такмили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хусусигардонии фонди манзил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар маводҳои чопӣ.
 

Нишонаи номӣ (тег):

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (3 овоз)
Обуна ба Муовини якум