Фармони
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи таъсиси Маркази миллии қонунгузории
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади такмили қонунгузорӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ф а р м о н м е д и ҳ а м:
1. Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
2. Низомнома ва сохтори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (1 ва 2).
3. Шумораи умумии кормандони Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 43 воҳид (бе дарназардошти ҳайати хизматрасон) муайян карда шавад.
4. Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ карда мешавад.
5. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ҷудо намудани маблағҳо ва таъминоти дигари моддию техникии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-ро амалӣ намояд;
- дар мӯҳлати ду моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Фармони мазкур мутобиқ намуда, ҷиҳати татбиқи он чораҳо андешад;
- барои ҷойгиркунии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои заруриро ҷудо намояд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
17 марти соли 2009
№637
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
АЗ 17 МАРТИ СОЛИ 2009, № 637
Мувофиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ф а р м о н м е д и ҳ а м:
Низомнома ва сохтори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 марти соли 2009, №637 тасдиқ шудааст, дар таҳрири нав тасдиқ карда шавад (замима мегарданд).
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
27 ноябри соли 2014
№ 288
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
АЗ 17 МАРТИ СОЛИ 2009, № 637
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ф а р м о н м е д и ҳ а м:
Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 марти соли 2009, №637 «Дар бораи таъсиси Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Аз қисми муқаддимавӣ калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шуда, дар банди 3 рақами «40» ба рақами «43» иваз карда шавад.
2. Ба Низомномаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:
- аз банди 2 ва сархати чоруми банди 6 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад;
- ба банди 6 сархати шашум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«-гузаронидани таҳлили таъсири танзимкунӣ;».
3. Дар Сохтори Маркази миллии конунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз сархати «Шуъбаи иттилооти ҳуқуқӣ ва мураттабсозӣ» сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Бахши таҳлили таъсири танзимкунӣ».
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
13 январи соли 2017
№ 813