ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1892 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОҲИПАРВАРӢ, МОҲИГИРӢ ВА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ МОҲӢ Маҷлиси Олии ҶТ 19.07.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1874 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ Маҷлиси Олии ҶТ 08.06.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1873 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИСТЕҲСОЛОТИ ИҶРО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 08.06.2022 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

Хабарҳо

-A A +A

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИЛМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Ботуралиев Қодирҷон Ғайратҷонович Санаи интишор: Дшб, 20/02/2023 - 15:36
     17 феврали соли 2023 ҷаласаи Шӯрои илмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
     Дар ҷаласа тибқи рӯзнома масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд:
     1. Ҳисоботи муовини якуми директор - Соҳибзода М.М. оид ба рафти иҷрои Нақшаи корҳои илмию таҳқиқотии Марказ дар соли 2022;
     2. Тасдиқи мавзуъҳои рисолаҳои номзадии кормандони Марказ ва роҳбарони илмии онҳо;
     3. Ба нашр тавсия намудани тафсирҳо ва дигар маводи чопӣ.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ ОИД БА ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРӢ ДАР СОЛИ 2022

Ношири мавод: Ботуралиев Қодирҷон Ғайратҷонович Санаи интишор: Пшб, 02/02/2023 - 16:56
   2 феврали соли 2023 нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти Маркази миллии қонунгузорӣ дар соли 2022 бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.
   Зимни нишаст аз ҷониби роҳбарияти Марказ оид ба натиҷаи фаъолият дар соли 2022 ба хабарнигорон гузориши мухтасар пешниҳод гардид.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 3 (1 овоз)

НИШАСТИ МАТБУОТӢ ОИД БА ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗ ДАР СОЛИ 2022

Ношири мавод: Ботуралиев Қодирҷон Ғайратҷонович Санаи интишор: Чшб, 01/02/2023 - 10:27
   Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 феврали соли 2023 оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти корӣ дар соли 2022 бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор менамояд.
   Вақти баргузорӣ: соати 10:00
   Макон: шаҳри Душанбе, кӯчаи академик А.Адҳамов-13, бинои маъмурии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Телефон барои тамос: 227-08-07, 988-94-33-95.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

ҶАЛАСАИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРӢ ОИД БА ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СОЛИ 2022

Ношири мавод: Ботуралиев Қодирҷон Ғайратҷонович Санаи интишор: Сшб, 10/01/2023 - 15:39
ҶАЛАСАИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРӢ ОИД БА ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СОЛИ 2022 
     9 январи соли 2023 фаъолияти Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 баррасӣ гардид.
    Саидзода Иззатулло Ҳабибулло – директори Маркази миллии қонунгузорӣ доир ба фаъолияти Марказ дар соли 2022 гузориш пешниҳод карданд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ “ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ: АСОСҲОИ ҲУҚУҚИИ ТАШАККУЛ ВА ДУРНАМОИ РУШД”

Ношири мавод: Ботуралиев Қодирҷон Ғайратҷонович Санаи интишор: Сшб, 03/01/2023 - 08:17
КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ “ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ: АСОСҲОИ ҲУҚУҚИИ ТАШАККУЛ ВА ДУРНАМОИ РУШД”
 
   27 декабри соли равон дар Маркази миллии қонунгузорӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Ҳукумати электронӣ: асосҳои ҳуқуқии ташаккул ва дурнамои рушд”, баргузор гардид.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

МУҚОВИМАТ БО ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ВАЗИФАИ ҲАР ЯК УЗВИ ҶОМЕА

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Чшб, 21/12/2022 - 16:57
МУҚОВИМАТ БО ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ВАЗИФАИ ҲАР ЯК УЗВИ ҶОМЕА
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 3.8 (4 овоз)

ҶАЛАСАИ ГУРӮҲИ КОРӢ ВОБАСТА БА МУҲОКИМАИ ЛОИҲАИ САНАДҲОИ ЗЕРҚОНУНИИ КОДЕКСИ МАНЗИЛИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Ботуралиев Қодирҷон Ғайратҷонович Санаи интишор: Дшб, 19/12/2022 - 16:14
ҶАЛАСАИ ГУРӮҲИ КОРӢ ВОБАСТА БА МУҲОКИМАИ ЛОИҲАИ САНАДҲОИ ЗЕРҚОНУНИИ
КОДЕКСИ МАНЗИЛИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
     Аз 12 то 15 декабри соли 2022 бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва кормандони Маркази миллии қонунгузорӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ вобаста ба лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунии Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ “РУШДИ ҚОНУНГУЗОРИИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: НАЗАРИЯ, АМАЛИЯ ВА ДУРНАМОИ РУШД”

Ношири мавод: Ботуралиев Қодирҷон Ғайратҷонович Санаи интишор: Ҷум, 16/12/2022 - 17:13
КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ "РУШДИ ҚОНУНГУЗОРИИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН:
НАЗАРИЯ, АМАЛИЯ ВА ДУРНАМОИ РУШД”
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

Мизи мудаввар дар мавзӯи «Рушди қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон».

Ношири мавод: Ботуралиев Қодирҷон Ғайратҷонович Санаи интишор: Ҷум, 09/12/2022 - 09:23
Мизи мудаввар дар мавзӯи «Рушди қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон».
 
    Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифааст, ки 21 декабри соли 2022,  соати 10:00 бо иштироки доираи васеи намояндагони мақомоти давлатӣ ва муассисаҳои илмӣ мизи мудавварро дар мавзӯи «Рушди қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор намояд.
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАҚОМИ ЗАН ДАР ҶОМЕА

Ношири мавод: Ботуралиев Қодирҷон Ғайратҷонович Санаи интишор: Чшб, 07/12/2022 - 16:06
САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАҚОМИ ЗАН ДАР ҶОМЕА
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд:

Ношири мавод: Ботуралиев Қодирҷон Ғайратҷонович Санаи интишор: Ҷум, 02/12/2022 - 14:32
Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд:
 
 
 
 
  1. Сармутахассиси шуъбаи қонунгузорӣ оид ба молия, андозу гумрук ва фаъолияти бонкӣ;
  2. Мутахассиси пешбари шуъбаи иттилооти ҳуқуқӣ ва мураттабсозӣ;
  3. Мутахассиси пешбари бахши таҳлили таъсири танзимкунӣ;
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 4 (4 овоз)

ИШТИРОКИ РОҲБАРИЯТ ВА КОРМАНДИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРӢ ДАР МИЗИ МУДАВАР ДАР МАВЗУИ “ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА МАНЗИЛИ МУНОСИБ”

Ношири мавод: Ботуралиев Қодирҷон Ғайратҷонович Санаи интишор: Ҷум, 02/12/2022 - 11:00
ИШТИРОКИ РОҲБАРИЯТ ВА КОРМАНДИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРӢ ДАР МИЗИ МУДАВАР ДАР МАВЗУИ “ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА
МАНЗИЛИ МУНОСИБ”
 
   1 декабри соли 2022 доир ба мавзуи “Ҳуқуқи дастрасӣ ба манзили муносиб” бо иштироки намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ мизи мудаввар баргузор гардид.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ «ИСТИЛОҲОТИ ҲУҚУҚӢ ДАР ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Ношири мавод: Ботуралиев Қодирҷон Ғайратҷонович Санаи интишор: Чшб, 30/11/2022 - 10:06
КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ «ИСТИЛОҲОТИ ҲУҚУҚӢ ДАР ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

Мизи мудаввар бахшида ба 30-солагии қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Парчами давлатӣ-рамзи ваҳдат ва ягонагии миллат»

Ношири мавод: Ботуралиев Қодирҷон Ғайратҷонович Санаи интишор: Ҷум, 25/11/2022 - 09:07
Мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Парчами давлатӣ-рамзи ваҳдат ва ягонагии миллат»
 
    24 ноябри соли 2022 дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзуи «Парчами давлатӣ-рамзи ваҳдат ва ягонагии миллат» бо иштироки роҳбарият ва кормандони Марказ доир гардид.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ПАРЧАМ-РАМЗИ ВАҲДАТ ВА ЯГОНАГИИ МИЛЛАТ

Ношири мавод: Ботуралиев Қодирҷон Ғайратҷонович Санаи интишор: Пшб, 24/11/2022 - 08:19
 
ПАРЧАМ-РАМЗИ ВАҲДАТ ВА ЯГОНАГИИ МИЛЛАТ
 
 “Парчами давлатӣ барои мо - тоҷикон нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад.”
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)
Обуна ба Хабарҳо