ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1968 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip Microsoft Office document icon замима ба КЧТ ичозат.doc
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1979 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ ЧЕНАКИ ЯГОНА Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.05.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 1961 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ СУҒУРТАИ АМОНАТУ ПАСАНДОЗҲО Маҷлиси Олӣ 15.03.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon PDF Package icon ZIP

Хабарҳо

-A A +A

МИЗИ МУДАВВАР БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 05/10/2023 - 14:01
      5 октябри соли 2023 дар бинои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ мизи мудаввар доир гардид.
      Чорабиниро муовини якуми директори Марказ Соҳибзода М.М. оғоз бахшида, ҳайати кормандонро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки рамзи муқаддасу ҷовидонаи ҳастии миллат, муҳимтарин нишонаи давлатдории миллии тоҷикон ва асоситарин омили ваҳдату сарҷамъии мардуми Тоҷикистон мебошад, самимона табрик намуданд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

ПРОБЛЕМАҲОИ МУБРАМИ ҚОНУНГУЗОРИИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ) ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Чшб, 27/09/2023 - 14:39

         Санаи 27 сентябри соли равон дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои банди 9 Нақшаи кории шуъбаи қонунгузории гражданӣ, соҳибкорӣ ва оилавӣ мизи мудаввар дар мавзуи “Проблемаҳои мубрами қонунгузории иҷораи молиявӣ (лизинг) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

МИЗИ МУДАВВАР БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ 32-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Ҷум, 08/09/2023 - 16:34

    8 сентябри соли 2023 дар бинои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни 32-солагии истиқлоли давлатӣ мизи мудаввар доир гардид.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

ИСТИҚЛОЛ БАХТ, ЭЪТИБОР ВА ИФТИХОРИ МАРДУМИ ТОҶИКИСТОН АСТ.

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Дшб, 04/09/2023 - 13:59
Дар ин рӯзҳо мардуми шарифи тоҷик дар остонаи таҷлили бошукӯҳи ҷашни бузурги миллӣ 32-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ қарор доранд. Ин ҷашни хуҷаста ҳар хонадони тоҷику тоҷикистониро фараҳманду хушнуд ва қалби ҳар фарзанди Ватанро аз эҳсоси ифтихор ва неъмати муқаддаси озодӣ ва истиқлол, ваҳдати шикастнопазири миллӣ лабрез намуда, мақоми шоиста ва эътибори баланди Тоҷикистони мустақилро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

РУШДИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МЕҲНАТ: МУШКИЛОТ ВА ДУРНАМО

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 31/08/2023 - 13:05

     31 августи соли 2023 дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат: мушкилот ва дурнамо» баргузор гардид. Дар кори мизи мудаввар намояндагон аз вазорату идораҳои давлатӣ ва муассисаҳои илмию тадқиқотӣ иштирок намуданд. 

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Ҷум, 04/08/2023 - 10:33
    Пардохтҳои гумрукӣ пардохтҳои ҳатмие мебошанд, ки аз ҷониби мақомоти гумрук ҳангоми интиқоли мол тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешаванд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

НИШАСТИ МАТБУОТИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРӢ ОИД БА ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТ ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2023

Ношири мавод: Ботуралиев Қодирҷон Ғайратҷонович... Санаи интишор: Сшб, 01/08/2023 - 15:56
     Маркази миллии қонунгузорӣ 1 августи соли 2023, соати 14:00 тибқи Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2023 мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729, ки 10 июли соли 2023 аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доираи ва
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

ГУЗОРИШИ МАТБУОТИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2023

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 01/08/2023 - 10:20
     Маркази миллии қонунгузорӣ дар давраи ҳисоботӣ тибқи Низомнома, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияташро ба роҳ монда, корҳои зеринро иҷро намуд:
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДОИР БА ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРӢ ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2023

Ношири мавод: Ботуралиев Қодирҷон Ғайратҷонович... Санаи интишор: Дшб, 31/07/2023 - 15:08
   Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 августи соли 2023 оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти корӣ дар нимсолаи якуми соли 2023 бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор менамояд.
Вақти баргузорӣ: соати 14:00
Макон: шаҳри Душанбе, кӯчаи академик А.Адҳамов-13, бинои маъмурии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Телефон барои тамос: 227-08-07; 988-94-33-95.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ МАЪЮБОН ТАҲТИ ҲИМОЯИ ДАВЛАТ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Дшб, 03/07/2023 - 13:57
ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ МАЪЮБОН ТАҲТИ ҲИМОЯИ ДАВЛАТ
     Маъюб шахсест, ки дар натиҷаи нуқсёбии саломатӣ бо коҳиши устувории вазифаҳои организм аз беморӣ, ҷароҳат, иллати ҷисмонӣ ва ақлонӣ боиси маҳдуд шудани фаъолияти ҳаётӣ гардидааст ва ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёз дорад.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 1.5 (2 овоз)

НАҚШИ ЗАНОН ДАР МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Дшб, 03/07/2023 - 13:53
   НАҚШИ ЗАНОН ДАР МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ
     Коррупсия кирдори номатлубест, ки пояҳои давлатро заиф гардонида, боиси паст гаштани сатҳи зиндагии мардум мегардад.
     Коррупсия дар шароити ҳозира монеаи ҷиддӣ дар роҳи рушди иқтисодии давлат ва афзоиши самаранокии ниҳодҳои бозаргонӣ мебошад. Дар натиҷаи содир гардидани кирдорҳои коррупсионӣ муносибатҳои ҷамъиятӣ вайрон гардида оқибатҳои нохӯшро бабор меоварад.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗУИ «НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР РУШДИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Шнб, 24/06/2023 - 10:03
МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗУИ «НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР РУШДИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
(Бахшида ба 26-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ)
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БУНЁДГУЗОРИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН, СУЛҲ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Ҷум, 23/06/2023 - 16:50
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (4 овоз)

ВАҲДАТ -КАФИЛИ ПОЙДОРИИ ВАТАН

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 22/06/2023 - 14:34
     Тоҷикон яке аз миллат ва халқиятҳои соҳибтамаддуни дорои таърих ва фарҳанги куҳан маҳсуб меёбанд, ки инро таърих ва сарчашмаҳои таърихӣ исбот кардаанд. Вале пас аз салтанати бузурги давлати Сомониён, ки тоҷикон дар он давра давлати мустақили худро доштанд. Бо ташкилёбии Ҷумҳури Шӯравӣ Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ мо мустақилияти комил надоштем.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 4.7 (3 овоз)

САФАРИ ГУРӮҲИ КОРӢ БА НОҲИЯИ ИШКОШИМ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 15/06/2023 - 16:16
     Санаи 13 июни соли 2023 муовини директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадшозода Фарҳод аз рафти кишту кор дар ноҳияи Ишкошим огоҳӣ пайдо намуданд.
     Ҳамзамон, вобаста ба истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ бо аҳолӣ суҳбатҳо гузаронида шуд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад
Обуна ба Хабарҳо