ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1993 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Кодекс 1999 КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1970 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ НАЗОРАТИ МАЪМУРӢ НИСБАТ БА ШАХСОНИ АЗ МУАССИСАҲОИ ИСЛОҲӢ ОЗОДШУДА Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22.06.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

Хабарҳо

-A A +A

НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДОИР БА ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРӢ ДАР СОЛИ 2023

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Чшб, 31/01/2024 - 09:39
  Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 феврали соли 2024 оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти корӣ дар соли 2023 бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор менамояд.
     Вақти баргузорӣ: соати 10:00.
  Макон: шаҳри Душанбе, кӯчаи академик А.Адҳамов-13, бинои маъмурии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Телефон барои тамос: 227-08-07; 988-94-33-95.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СОЛИ 2023

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 09/01/2024 - 10:43
    8 январи соли 2024 аз фаъолияти Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 натиҷагирӣ карда шуд.
   Натиҷаҳои фаъолияти Марказ дар соли 2023 бо нишондодҳои мусбӣ ҷамъбаст гардид.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 2 (1 овоз)

КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ “РУШДИ ҚОНУНГУЗОРИИ ИТТИЛООТ: МУШКИЛОТ ВА ДУРНАМО”

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 26/12/2023 - 16:27
КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ “РУШДИ ҚОНУНГУЗОРИИ ИТТИЛООТ: МУШКИЛОТ ВА ДУРНАМО”
     Бо ташаббуси Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2023 конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Рушди қонунгузории иттилоот: мушкилот ва дурнамо” баргузор гардид.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 1 (1 овоз)

ИШТИРОК ДАР БАРНОМАИ ОМӮЗИШӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 26/12/2023 - 16:10
ИШТИРОК ДАР БАРНОМАИ ОМӮЗИШӢ
      Аз 13 ноябр то 22 декабри соли 2023 сардори шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Матробов Матроб Хуррамович дар барномаи интенсивӣ доир ба ҳуқуқи аврупоӣ ва иқтисод, ки дар Мактаби олии ҳуқуқи Рига баргузор гардид, иштирок намуд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 4 (1 овоз)

СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ДАР САМТИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАҚОМ ВА НАҚШИ ЗАНОН ДАР ҶОМЕА

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 21/12/2023 - 16:35
     Ҳукумати кишвар ба занону бонувон эҳтироми хоса зоҳир менамояд ва дар якчанд барномаи давлатӣ, стратегия ва консепсияҳо дурнамои фаъолияти занон ва нақши онҳоро дар мақоми роҳбарӣ, таҳкими давлатдорӣ, солимии ҷомеа ва пойдориву устувории оила таъкид намудааст.
Эмомалӣ Раҳмон
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ҶИНОЯТКОРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Дшб, 18/12/2023 - 16:17
РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ҶИНОЯТКОРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗУИ «ТАНЗИМИ ҲУҚУҚИИ МАСЪАЛАҲОИ ЭКОЛОГӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: МУШКИЛОТ, РОҲҲОИ ҲАЛ ВА ДУРНАМО» ДАР МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Ҷум, 15/12/2023 - 09:57
     30 ноябри соли 2023 дар бинои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон бо мақсади таъмини иҷрои сархати чоруми банди 31 Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2018, №1005 тасдиқ шудааст ва банди 9 Нашқаи кории шуъбаи қонунгузории кишоварзӣ, истифодаи сарватҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зисти Маркази миллии қонунгузорӣ барои соли 2023 мизи мудаввар дар мавзуи «Танзими ҳуқуқии масъалаҳои экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: муш
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ “РУШДИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР САМТИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ: МУШКИЛОТ ВА ДУРНАМО”

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Ҷум, 08/12/2023 - 16:39
     Бо ташаббуси Маркази миллии қонунгузории назди Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 декабри соли 2023 конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия: мушкилот ва дурнамо” баргузор гардид.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ “РУШДИ ПАДИДАИ АРБИТРАЖИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТИҶОРАТӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН”

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 05/12/2023 - 08:32
     Бо ташаббуси Маркази миллии қонунгузории назди Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 декабри соли 2023 конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Рушди падидаи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Ҷум, 24/11/2023 - 16:31
     24 ноябри соли 2023 дар бинои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони Марказ мизи мудаввар доир гардид.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

МОҲИЯТИ ҲУҚУҚИИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 23/11/2023 - 16:47
     Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи давлатдории тоҷикон буда, баёнгари соҳибихтиёриву мустақилият, ягонагиву сарҷамъӣ, ватандӯстӣ, таҷассумгари ғурури миллӣ, инчунин ифодакунандаи ормонҳои миллии мардуми меҳнатқарини тоҷик аст.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

МИЗИ МУДАВВАР ВОБАСТА БА МАВЗУИ НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛӢ ДАР ПОЙДОРИВУ БАРДАВОМИИ ДАВЛАТ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 16/11/2023 - 17:05
     16 ноябри соли 2023 дар бинои Маркази миллии қонунгузорӣ ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар доир гардид.
     Чорабинии мазкуррор директори Марказ Саидзода И.Ҳ. оғоз бахшида, ҳайати кормандонро ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи таърихӣ ва нишонаи баланди ватандӯстиву рафоқат мебошад, самимона табрик намуданд.
     Ҳамчунин, кормандони Марказ бо маърӯза оид ба Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлати навини тоҷикон баромад намуданд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

БОҶИ ГУМРУКӢ ЯКЕ АЗ ПАРДОХТҲОИ АСОСИИ ГУМРУКӢ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 09/11/2023 - 10:36
БОҶИ ГУМРУКӢ ЯКЕ АЗ ПАРДОХТҲОИ АСОСИИ ГУМРУКӢ
        
         Боҷи гумрукӣ, дар низоми ҳуқуқӣ пардохти ҳатмие, ки аз тарафи мақомоти гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ба ҳудуди гумрукии ҷумҳурӣ ворид кардани мол ва содир намудани мол аз ин ҳудуд ситонида мешавад ва шарти ногузири чунин воридоту содирот мебошад.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

КОНСТИТУТСИЯ – ШИНОСНОМАИ МИЛЛАТ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Ҷум, 03/11/2023 - 16:18
КОНСТИТУТСИЯ – ШИНОСНОМАИ МИЛЛАТ
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

МУСТАҲКАМИИ МЕЪЁРҲОИ КОНСТИТУТСИЯ БАРТАРАФКУНАНДАИ ТАМОМИ КАМБУДИҲОИ ЭҲТИМОЛИСТ

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Ҷум, 03/11/2023 - 16:14
МУСТАҲКАМИИ МЕЪЁРҲОИ КОНСТИТУТСИЯ БАРТАРАФКУНАНДАИ ТАМОМИ КАМБУДИҲОИ ЭҲТИМОЛИСТ
    Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 бо раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуда, инак 29 сол ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамунсоз амал мекунад.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад
Обуна ба Хабарҳо