ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Нигористон

-A A +A

ИШТИРОКИ КОРМАНДОНИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРӢ ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Чшб, 04/05/2022 - 16:42
    29 апрели соли 2022 кормандони Марказ дар конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Масъалаҳои мубрами илми ҳуқуқшиносӣ”, ки дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия баргузор гардид, иштирок намуданд.
   Дар чорабинии мазкур аз ҷониби кормандон баромадҳо дар мавзуҳои “Таърихи пайдоиши таҳлили таъсири танзимкунӣ”, “Асосҳои назариявии механизмҳои миллӣ ва байналмилалии ҳифзи ҳуқуқҳои инсон”, “Фаҳмиши ҳуқуқии бино ва иншоот ҳамчун объекти сохтмони худсарона” анҷом дода шуд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

ИШТИРОКИ РОҲБАРИЯТ ВА КОРМАНДОНИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР I-УМИН КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ИЛМИ ТОҶИК

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Ҷум, 29/04/2022 - 16:46
  29 апрели соли 2022 роҳбарият ва кормандони Марказ дар I-умин Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзуи “Илм ва амалияи ҳуқуқшиносӣ” бахшида ба Рӯзи илми тоҷик, ки дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, иштирок ва баромад намуданд.
  Дар конференсия масъалаҳои мубрами илми ҳуқуқшиносӣ аз ҷониби олимони соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

БАЪЗЕ ИМТИЁЗҲОИ ИҶТИМОИИ МАЪЮБОН ТИБҚИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Ҷум, 29/04/2022 - 14:04
  Масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии маъюбон яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, мунтазам ҷиҳати дастгирии ин табақаҳои осебпазири аҳолӣ тадбирҳои судманд ва созанда анҷом дода мешаванд. Маҳз  бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз маъюбони кишвар зери ғамхории бевоситаи давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор доранд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

ТАҲЛИЛИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА САВДОИ ОДАМОН ВА РАСОНИДАНИ КУМАК БА ҚУРБОНИЁНИ САВДОИ ОДАМОН»

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Ҷум, 29/04/2022 - 08:39
Дар ҷомеаи муосир озодии инсон яке аз арзишҳои олӣ ва таъмини дахлнопазирии шахс вазифаи асосии давлат ба шумор меравад. Савдои одамон дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти поймолкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шакли муосири ғуломӣ таҳти таваҷҷуҳи ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дорад. Хусусияти фаромиллӣ ва муташаккили ҷинояти мазкур фаъолияти ҳамбаста, фарогир ва ҳамаҷониба бо ҳам мувофиқашудаи давлатҳоро тақозо менамояд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗУИ «ТАНЗИМИ ҲУҚУҚИИ СОХТМОНИ ҲИССАГИИ БИНОИ ИСТИҚОМАТӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Пшб, 28/04/2022 - 17:11
      28 апрели соли 2022 дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзуи «Танзими ҳуқуқии сохтмони ҳиссагии бинои истиқоматӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
  Кори мизи мудавварро директори Маркази миллии қонунгузорӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Саидзода Иззатулло Ҳабибулло, оғоз намуда, вобаста ба мубрамияти масъала дар низоми қонунгузорӣ изҳори андеша намуд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ТАҲЛИЛИ МУҚОИСАВӢ-ҲУҚУҚИИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ИШТИРОКИ ШАҲРВАНДОН ДАР ТАЪМИНИ ТАРТИБОТИ ҶАМЪИЯТӢ” БО ҚОНУНГУЗОРИИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Пшб, 28/04/2022 - 16:56
Иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар якчанд давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо қонунҳои алоҳида танзим ёфтааст, ки барои фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ дар огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби шаҳрвандон нақши муҳим дорад. Дар илми ҳуқуқ яке аз усулҳои панҳшудаи такмили қонунгузорӣ таҳлили муқоисавӣ-ҳуқуқӣ ба шумор меравад, зеро дар раванди он қонунгузории давлатҳои дигар аз нуқтаи назари истифодаи ҷанбаҳои мусбӣ ва манфии он дар қонунгузории миллӣ таҳлил карда мешавад. Ба андешаи олим Сотиволдиев Р.Ш.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

НАВГОНИҲО ДАР ҚОНУНГУЗОРИИ УҲДАДОРИИ ҲАРБӢ ВА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ: (ТАҲЛИЛИ МУҚОИСАВӢ ҲУҚУҚӢ)

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Пшб, 28/04/2022 - 15:19
Мутобиқи моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Тартиби хизмати ҳарбиро Қонун муайян менамояд.
Дар асоси ин меъёри конститутсионӣ 29 ноябри соли 2000, №30 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ва баъдан дар таҳрири нав Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” аз 29 январи соли 2021, №1753 (минбаъд – Қонун) қабул карда шуд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 1 (1 овоз)

ХАРИДУ ФУРӮШИ ОДАМОН АМАЛИ НАНГОВАРИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНИСТ

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Чшб, 27/04/2022 - 12:29
   Дар ҷаҳоне, ки фазояш зудтағйирёбандаасту ҳамарӯза дар гӯшае аз он амалҳои ғайриқонуниву ғайриинсонӣ рух медиҳад, дар ин масир ҳифз намудани давлату миллат аз ҳар гуна хатарҳои геополитикӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд масъулияти басо сангину пурифтихор аст. Ҳамин аст, ки дар заминаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳои конститутсионӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ҳадафи онҳо мустаҳкам намудани рукнҳои давлатдорӣ, танзими ҳуқуқии паҳлуҳои гуногуни ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии ҷомеа ва давлат мебошанд, қабул гардидаанд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

ХОНИШИ ИДОРАВӢ ДАР МАВЗУИ “ХУДШИНОСИЮ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ – ОМИЛИ МУҲИМИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТУ ДАВЛАТДРИИ МУОСИР”  

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Пшб, 21/04/2022 - 17:40
  Санаи 21 апрели соли 2022 бо мақсади таъмини иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи “Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои солҳои 2020-2025, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, №599 тасдиқ гардидааст, барои кормандони Маркази миллии қонунгузорӣ бо ҷалби мутахассиси соҳа хониши идоравӣ баргузор гардид.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДАР МАВЗУИ “СИЁСАТИ ҲУҚУҚӢ ДАР САМТИ МУҚОВИМАТ БА ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ”СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДАР МАВЗУИ “СИЁСАТИ ҲУҚУҚӢ ДАР САМТИ МУҚОВИМАТ БА ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ”

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Пшб, 21/04/2022 - 16:40
     Бо мақсади таъмини иҷрои зербанди 2 банди 1 Нақшаи амал оид ба амалисозии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 тасдиқ гардидааст, санаи 21 апрели соли 2022 барои кормандони Маркази миллии қонунгузорӣ бо ҷалби мутахассиси соҳа семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДАР МАВЗУИ “СИЁСАТИ ҲУҚУҚӢ ДАР САМТИ МУҚОВИМАТ БА ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ”

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Пшб, 21/04/2022 - 16:31
     Бо мақсади таъмини иҷрои зербанди 2 банди 1 Нақшаи амал оид ба амалисозии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 тасдиқ гардидааст, санаи 21 апрели соли 2022 барои кормандони Маркази миллии қонунгузорӣ бо ҷалби мутахассиси соҳа семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

СОАТИ СИЁСИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ҚОНУНГУЗОРӢ” –И ҲХДТ ДАР МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Чшб, 20/04/2022 - 12:02
    20 апрели соли 2022 соати сиёсии Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Қонунгузорӣ”-и ҲХДТ дар Маркази миллии қонунгузорӣ баргузор гардид.
     Дар соати сиёсӣ мавзуи “Терроризм ҳамчун проблемаи муосири ҷомеаи ҷаҳонӣ” баррасӣ шуд.
  Чорабинии мазкурро муовини якуми директори Марказ - Соҳибзода Муҳаммадҷон Маҳмадалӣ оғоз намуд ва аъзои Ташкилот дар мавзуъҳои зерин баромад намуданд: 
- Муқовимат бар зидди терроризм ва экстремизм масоили мубрами рӯз дар ҷаҳони муосир
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

НАШРИ ҚИСМИ МАХСУСИ КИТОБИ ДАРСИИ ҲУҚУҚИ ЭКОЛОГИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 19/04/2022 - 15:00
Соҳибзода М.М. Ҳуқуқи экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон: китоби дарсӣ: қисми махсус: нашри аввал // Зери таҳрири Саидзода Иззатулло Ҳабибулло – Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент. – Душанбе: ЭР-граф, 2022. – 400с.
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

ИСТИҚЛОЛИЯТ-НАХУСТИН ФАСЛИ ДАФТАРИ ХУДШИНОСӢ

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Ҷум, 15/04/2022 - 13:20
   Китоби зиндагӣ...Китоби пур аз саҳифаҳои тираву рангин...Китобе, ки омӯзгори беминнат барои шогирдони худ аст. Китобе, ки онро фасл ба фасл мебояд хонд ва аз имтиҳоноти он зина ба зина мебояд гузашт.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

КОРРУПСИЯ – ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Чшб, 13/04/2022 - 09:55
Дар ҷаҳони муосир дар қатори дигар зуҳуроти хавфнок, аз қабили терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, инчунин масъалаи дигари мубрам ва доғи рӯз ин фасод ё худ коррупсия мебошад. Коррупсия ва дигар амалҳои дорои хусусияти коррупсионӣ барои рушди иқтисодиёт ва некуаҳволии мардум, амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, суботу оромии ҳар як кишвар монеа эҷод намуда, хавфи аз ҳама калон – нобоварии мардумро нисбат ба мақомоти давлатӣ ба бор меорад.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)
Обуна ба Нигористон