ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Нигористон

-A A +A

МАФҲУМИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД, ДЕМОКРАТӢ ВА ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Дшб, 01/08/2022 - 08:15
     Баъди истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро, ки дар он ҳуқуқҳои инсон мавқеи муҳимро ишѓол менамоянд, пеша намуд. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд зинаи муайянкунандаи рушди давлат ва ҷомеаи мустақили Тоҷикистон ба шумор мераванд. Дар моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд».
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

НИШАСТИ МАТБУОТИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРӢ ОИД БА ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТ ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2022

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Пшб, 21/07/2022 - 18:42
   Маркази миллии қонунгузорӣ 20 июли соли 2022, соати 14:00 тибқи Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2022 мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729, ки 28 июни соли 2022 аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доираи васеи намояндагони восита
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ ОИД БА ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗ ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2022

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Дшб, 18/07/2022 - 10:40
   Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 июли соли 2022 оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти корӣ дар нимсолаи якуми соли 2022 бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор менамояд.
   Вақти баргузорӣ: соати 14:00
   Макон: шаҳри Душанбе, кӯчаи академик А.Адҳамов-13, бинои маъмурии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
   Телефон барои тамос: 227-08-07
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

ҶАЛАСА ДОИР БА ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРӢ ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2022

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Ҷум, 08/07/2022 - 13:22
  Дар Маркази миллии қонунгузорӣ 07 июли соли 2022 доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2022 ва вазифагузорӣ барои нимсолаи дуюм бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизода Икром, муовинон директор ва кормандони воҳидҳои сохтории Марказ ҷаласа баргузор гардид.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ЗАБОН ОМИЛИ АСОСИИ РУШДИ КАМОЛИ МИЛЛАТ

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Пшб, 30/06/2022 - 14:34
 
«Миллату давлат соҳиб ва пуштибони забонанд. Забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст. Ин аст, ки забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд.»
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (3 овоз)

ОИЛА МУҚАДДАСТАРИН РУКНИ ҶОМЕА ВА ДАВЛАТ

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Пшб, 30/06/2022 - 14:08
  Бунёди оилаи солим, таъмини зиндагии орому осуда ва бартараф кардани мушкилиҳо ҷомеаи муосир яке аз талаботҳои асосии пешрафти ҷомеаи муосир буда, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона ва пешгирии зӯроварӣ дар оила ва вайроншавии онҳо чораҳои доимӣ бояд андешида шаванд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

ВАҲДАТ - АСОСИ ТАҲКИМ ВА ТАШАККУЛИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Дшб, 27/06/2022 - 14:17
 
  Ваҳдати миллӣ муҳимтарин дастоварди бузург ва муқаддаси миллати мо дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба ҳисоб рафта, нақши бузургеро дар сарҷамъии миллат ва пойдории давлат гузоштааст.
  Ваҳдат дар зиндагии инсон ва дар ҳаёти ӯ нақши меҳварӣ ва боарзиш дорад. Ваҳдат падидаест, ки дар он тамоми музаффариятҳои зиндагӣ таҷассуми худро ифода мекунанд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ЭҲЁГАРИ ОЯНДАИ ДАВЛАТДОРИИ МОСТ

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Ҷум, 24/06/2022 - 15:32
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ буда, пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро бори дигар собит месозад».
 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Муҳтарам Эмомалӣ РАҲМОН
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗУИ “НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ ВА ТАЪМИНИ ҚОНУНИЯТ”

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Ҷум, 24/06/2022 - 14:39
  24 июни соли 2022 дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ мизи мудаввар доир гардид.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ ВА РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Ҷум, 24/06/2022 - 11:23
27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расонида шуда, ин санади муҳими таърихӣ кишвари маҳбуби моро аз вартаи ҳалокат ва нобудӣ наҷот дода, дар сарҷамъ кардани миллат ва иттиҳоду ягонагӣ нақши бебаҳо гузошт. Дар бораи аҳамияти сарнавиштсози он дар суханронии Сарвари давлатамон ҳанӯз ҳамон вақт қайд гардид, ки: “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ бо аҳамияти бузурги худ бо Эъломияи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

РУШДИ НИЗОМИ АНДОЗ ВА ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ СОҲИБКОРӢ ДАР ПАРТАВИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Ҷум, 17/06/2022 - 08:30
Андоз пардохти ҳатмии ба буҷети давлатӣ мебошад, ки ба андозаи муайян амалӣ гардида, хусусияти ҳатмии бебозгашт ва беподош дорад. Маблағи буҷет ба ҳамин роҳ андӯхта, барои фаъолияти давлат ва мақомоти он, аз ҷумла барои ҳифзи мамлакат аз суиқасду тааррузи бурена, ҳифзи тартиботи дохилӣ, ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва молумулки шаҳрвандон барои ҳимояи иҷтимоии табақаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ беҳимояи аҳолӣ (кудакон, маъюбон, пирсолон ва мискинон) харҷ мешавад.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (2 овоз)

МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН АСОСӢ ТАҲКИМИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Сшб, 14/06/2022 - 17:01
 Таърихи начандон зиёди даврони соҳибистиқлолӣ собит менамояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва гузариш аз як сохт ба сохти дигари идоракунӣ масъалаи ташаккул ва баланд бардоштани фарҳангу маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро бо дарназардошти сохти нави идоракунии давлатӣ  ҳадафи асосӣ ва вазифаи аввалиндараҷаи сиёсати ҳуқуқии худ қарор додааст.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 2 (1 овоз)

БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ҚОНУНГУЗОРӢ”

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Дшб, 13/06/2022 - 16:26
   Дар асоси қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 9-уми апрели соли 2022, №4 ва барқияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе аз 25.05.2022, №24, 10 июни соли 2022 маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ дар Ташкилоти ибтидоии “Қонунгузорӣ” баргузор гардид. Дар кори маҷлис мудири бахши омор ва маҳзани ягонаи электронии бақайдгирии аъзъои ҳизб аз Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ - Гадоев Салим ва мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Бурҳонзода Муслиҳиддин иштирок ва суханронӣ намуданд.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)

ИШТИРОК РОҲБАРИЯТИ МАРКАЗ ДАР ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҶУМҲУРИЯВИИ МУТОБИҚСОЗИЮ МЕТОДӢ ОИД БА ТАЪЛИМ ВА ТАРБИЯИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НАЗДИ ВАЗОРАТИ АДЛИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Пшб, 09/06/2022 - 16:16
 8 июни соли 2022 ҷаласаи Шӯро баргузор гардид.
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад

ЗАБОН БАҚОИ МИЛЛАТ ВА РУКНИ ДАВЛАТДОРӢ

Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна... Санаи интишор: Пшб, 09/06/2022 - 08:47

 

            «Забон хишти аввалини кохи миллат буда, яке аз рукнҳои асосии давлати миллӣ ва нахустунсури тафаккури миллӣ мебошад.

Баҳодиҳии муҳтаво: 
Баҳои миёна: 5 (1 овоз)
Обуна ба Нигористон