
Дар кори семинар кормандони масъули мақомоти ҳокимияти иҷроия ва , вакилони Маҷлисҳои халқи маҳаллӣ, ҳуқуқшиносони амалӣ, соҳибкорон ва ҳамчунин намояндагони ташкилотҳои ғайриҳукуматии вилоят ширкат варзиданд.
Бобоев У.Х., муовини аввали директори Маркази миллии қонунунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, семинарро ифтитоҳ намуда, мақсад, вазифаҳо, самт ва ўҳдадориҳои функсионалии Марказро, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 марти соли 2009 таҳти №637 таъсис дода шудааст, мухтасар баён намуд. Қайд гардид, ки масъалаҳои техникаи қонунгузорӣ ва ҷараёни ҳуқуқэҷодкунӣ аз он лиҳоз рўзмарра мебошанд, ки имрўзҳо аз ҷониби Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи сифати санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшаванда диққати махсус дода мешавад.
Тибқи барномаи қаблан омодагардида ба таваҷҷўҳи иштирокчиён 15 мавзўъ дар 8 сессия пешниҳод гардид. Ба ҳайси тренерҳо дар семинар Бобоев У.Х., муовини аввали директор ва Маҳмадшоев Ф.А., муовини сардори шўъбаи ҳуқуқи байналмилалии Маркази миллии қонунунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд. Коршинос ва модератори семинар Абдуразоқ Алимардонов - Ҳамоҳангсози миллии Барномаи «Дастгирии ислоҳоти ҳуқуқва судӣ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ»-и GIZ GmbH (Ҷамъияти олмонии ҳамкории байналмилалӣ» дар семинар суханронӣ намуд.
Тибқи барнома тренерҳо ва коршинос дар мавзўъҳои зерин сухан намуданд:
1. Фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ: ҷараён ва принсипҳои он;
2. Асосҳои ҳуқуқии ҳуқуқэҷодкунӣ ва техникаи қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти он дар низоми ҳуқуқии давлат;
3. Техникаи қонунгузорӣ: мафҳум, аҳамият, восита ва усулҳои он;
4. Мафҳум, намуд ва зинабандии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон;
5. Тартиби таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
6. Марҳилаҳои қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
7. Тартиби интишор ва амали санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
8. Забон ва сабку услуби санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
9. Таркиби меъёрҳои ҳуқуқӣ;
10. Техникаи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
11. Муқаррарот дар бораи татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
12. Муқаррароти интиқолӣ ва хотимавӣ;
13. Таҳияи санадҳои зерқонунӣ, ҷараёни санҷиши мувофиқати он ба Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
14. Хусусияти техникаи сандҳои зерқонунӣ;
15. Амали санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар замон, макон ва нисбати шахсон.
Оид ба масъалаҳои зикршуда иштирокчиёни семинар баҳсу мунозираҳои судманд намуда ба саволҳои сершумори худ посухҳои зарурӣ гирифтанд. Иштирокчиёни семинар, барои ташкили чунин як чорабинии ниҳоят муҳим изҳори миннатдорӣ намуданд ва пешниҳод намуданд, ки чунин семинарҳо дар ноҳияву шаҳрҳои дигари вилояти Хатлон гузаронида шаванд.