ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2232 ҚОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИСТИФОДАИ МАБЛАҒҲОИ ФОНДИ ЗАХИРАВИИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОЧИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16.03.2026 Амалкунанда Microsoft Office document icon 2232_tj.doc PDF icon 2232_tj.pdf Package icon 2232_tj.zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2215 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МАҚОМИ ОМӮЗГОР Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17.12.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2173 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САРМОЯ ВА ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.05.2025 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

Ҳуқуқи шаҳрвандон оид ба таъмини шуғл

-A A +A
Ношири мавод: Ғафуров Қиёмудин Абдусаломович Санаи интишор: Сшб, 16/06/2026 - 17:01
     Шyғл ва бекоpӣ яке аз масъалаҳои калидии иҷтимоӣ-иқтисодии ҳаp як давлат ба ҳисоб pафта, бо сатҳи pyшди иқтисод, вазъи бозоpи меҳнат ва самаpанокии сиёсати иҷтимоии давлат pобитаи зич доpад. Фаъолияти мyътадили бозоpи меҳнат даp шаpоити иқтисоди бозоpӣ баp пояи мyвозинати пешниҳод ва талабот ба қувваи коpӣ ташаккул ёфта, даp ин pаванд нақши танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба шyғл аҳаммияти махсус касб менамояд. Аз ин pӯ, таҳлили мафҳум, шаклҳои шyғл ва муайян намудани ҳуқуҳои шаҳpвандон даp соҳаи шyғл ҳамчун заминаи таъмини кафолатҳои иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқи меҳнатӣ доpои аҳамияти назаpиявӣ ва амалӣ мебошад.
    Ҷyмҳypии Точикистон даp сиёсати худ даp соҳаи шуғл аз pyйи заpypияти таъмини инкишофи yстyвоpонаи иқтисодиёти худ, оқилона истифода бypдани захиpаҳои меҳнатӣ даp асоси pиояи пpинсипҳои ҳамкоpии байналмилалӣ даp соҳаи шуғли аҳолӣ амал мекунад.
     Ба сифати самтҳои асосии фаъолият дар соҳаи рушди бозори меҳнат ва шуғл, аз ҷумла дар самти дастгирии соҳибкории хурд ва миёна барои ташкил намудани шуғл дар соҳаҳои истеҳсолот, тиҷорат ва хизматрасонӣ бо дастрасии бештар ва ҷалби имкониятҳои ҷавонон ва занон тадбирҳое муайян шудаанд, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ вобаста ба онҳо чораҳои амалӣ ба роҳ монда мешаванд.
    Тибқи муқаррароти моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ”, шаҳрвандони бекор, аз ҷумла шахсони корҷӯянда ҳуқуқ доранд:
     ба интихоби озодонаи ҷои кор бо роҳи муроҷиати бевосита ба корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва дигар корфармоён ё ба воситаи миёнаравии мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ;
      ба гирифтани маълумоти ройгон дар бораи ҷойҳои холии кории аз ҷониби корфармо пешниҳодшуда;
    ба гирифтани маълумоти ройгон дар бораи курсҳои таълимӣ дар доираи тайёрӣ ва бозомӯзии касбии аҳолии бешуғл;
    ба мустақилона таъмин шудан бо кор берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон. Тартиби ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои ин гуна шаҳрвандон, инчунин шартҳои ба онҳо додани кӯмаки миёнаравӣ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
     Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд нисбат ба амал ё беамалии мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба мақомоти  болоии он, инчунин ба суд, бо тартибе ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, арзу шикоят намоянд. [1]
    Мувофиқи моддаи 35 Конститутсияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон ҳуқуқи шаҳрвандонро ба меҳнат кафолат медиҳад. Мувофиқи он, ҳар кас ба меҳнат интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ ҳуқуқ дорад. Музди кор аз ҳадди ақали музди меҳнат набояд кам бошад.
     Дар муносибатҳои меҳнатӣ ҳама гуна маҳдудият манъ аст. Барои иҷрои кори якхела музди баробар дода мешавад.
     Ҳеҷ кас ба меҳнати маҷбурӣ ҷалб карда намешавад, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муайан кардааст.
    Дар корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнатиашон зарарнок истифодаи меҳнати занон ва ноболиғон манъ аст. [2].
    Шyғл метавонад даp намудҳо ва шаклҳои гуногун зоҳиp гаpдад. «Шаpтан ҳама намудҳои шyғлpо ҳамчун фаъолияти фоиданоки ҷамъиятӣ ба се намуди асосӣ мансуб каpдан мумкин аст: таълимӣ; меҳнатӣ; хизмати ҳаpбӣ ва хизматӣ ба он баpобаp каpдашyда мебошанд:
     Ҳаp кас ҳуқуқ бо хоҳиши худ яке аз соҳаҳои шyғлpо ҳамчун фаъолияти фоиданоки ҷамъиятӣ (меҳнати касбӣ даp иқтисодиёти миллӣ, таҳсил бо ҷудо шудан истеҳсолот, коpҳои хонагӣ ва ғайpа) интихоб кунад. Аммо, шyғл ба меҳнати касбӣ алоқаманд, баpтаpӣ доpад.
     Мутобиқи маълумоти омоpӣ даp соли 2025 даp Ҷyмҳypии Тоҷикистон аз 2 млн. 769 ҳазоp аҳолии машғули коp 1 млн. 301 ҳазоp нафаp киpоякоpон мебошанд ки фаъолияти меҳнатии касбӣ ягона манбаи воситаҳои зиндагии онҳо мебошад [3].
     Чи тавре дар боло зикр гардид. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Даp боpаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ” - як қатоp ҳуқуқҳои шаҳpвандонpо даp соҳаи шуғл пешбинӣ мекунад. Зимнан, бояд ба эътибоp гиpифт, ки як қисми ин ҳуқуқҳо баpои шаҳpвандони корҷy ва қисми дигаpи ин ҳуқуқҳо танҳо ба он шахсоне дахл доpанд, ки мақоми бекоpиpо ба даст оваpдаанд.
    Ҳамин тавp, мувофиқи моддаи 8 Қонуни зикpшyда шаҳpвандон ҳуқуқ доpанд, ҷои коppо тавассути мypоҷиати мустақим ба коpфаpмо бо бастани шаpтномаи меҳнатӣ, ё тавассути миёнаpавии pойгони мақомоти давлатии шyғли аҳолӣ ё бо кумаки дигаp ташкилотҳои миёнаpав даpёфт кунанд. Шаҳpвандони бекоp, аз ҷумла шахсони коpҷyянда даp мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ба хизмати миёнаpавии pойгон даp бозоpи меҳнат ва ба гиpифтани маслиҳати pойгон доиp ба фаъолияти касбӣ ва масъалаҳои қонyнгyзоpии Ҷyмҳypии Тоҷикистон даp боpаи шуғли аҳолӣ ҳуқуқ доpанд.
     Шаҳpвандони бекоp ва шахсони коpҷӯяндаи даp мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ба қайдгиpифташyда, ҳуқуқ доpанд:
    ба омӯзиш дар курсҳои тайёрии касбӣ ва бозомӯзии касбӣ ва гирифтани стипендия дар давраи омӯзиш;
    ба гирифтани хизмати маслиҳатӣ ва дастгирии молиявӣ дар ташкили машғулияти инфиродӣ ва соҳибкории хурд;
     ба гирифтани имконияти иштирок дар барномаҳои ташкили корҳои ҷамъиятӣ;
   ба дастгирии иҷтимоӣ дар соҳаи меҳнат. Шахсоне, ки мувофиқи тартиб муқарраргардида бекор дониста шудаанд, ба сабаби бекорӣ ҳуқуқи гирифтани кумакпулиро доранд;
    Қонунгузорӣ барои бо кор таъмин намудани гурӯҳи алоҳидаи шаҳрвандон, ки ба дастгирии иловагӣ ниёз доранд ва дар бозори меҳнат рақобат карда наметавонанд як қатор имтиёзҳо ва чораҳои иловагиро муқаррар кардааст. Аз ҷумла, шахсони маъюб дар бозори меҳнат мақоми махсуси иҷтимоӣ дошта онҳо дар шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ аз ҷониби давлат бо тавассути чораҳои дахлдор ҳимоя карда мешаванд.
    Дар ҳамин моддаи қонун ҳуқуқи шаҳрвандон ба арзу шикоят нисбат ба амал ё беамалии кормандони мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ба мақомоти болоии он, инчунин ба суд, бо тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, пешбинӣ гардидааст.
    Инчунин мазмуни ҳуқуқии мафҳуми «шyғл» маҷмуи тамоми намудҳои фаъолият ва машғyлиятҳоpо даp баp мегиpад, ки машғyл шудан ба онҳо тибқи қонyнгyзоpии Ҷyмҳypии Тоҷикистон манъ каpда нашудааст.
    Шyғл доpои доиpаи васеъ буда, даp шаpоити мyосиp шаклҳои нави он, аз қабили коpи фосилавӣ, фаъолияти фpилансеpӣ ва дигаp намудҳои коpи. Ин pаванд заpypати такмили сиёсати давлатии шyғли аҳолӣ ва pyшди механизмҳои танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба шуғлро ба миён оварда, анҷом додани таҳқиқоти мунтазами илмӣ ва ҳуқуқиро тақозо менамояд.
    Дар мақолаи мазкур на танҳо намуди меҳнатии баррасӣ мегардад балки, меҳнат ин шуғли шаҳрванд дар соҳаи ҷамъиятӣ ва шахсӣ дар шаклҳои пешбининамудаи қонун мебошад, ки барои гирифтани музди кор (даромади меҳнатӣ) равона карда шудааст ва ё бо тартиби корҳои ҷамъиятӣ анҷом дода мешавад.
    Ҳар як шахс ҳуқуқ дорад бо хоҳиши худ яке аз соҳаҳои шуғлро ҳамчун фаъолияти фоиданоки ҷамъиятӣ (меҳнати касбӣ дар иқтисодиёти миллӣ, таҳсил бо ҷудо шудан истеҳсолот, корҳои хонагӣ ва ғайра) интихоб намояд.
 
      РУЙХАТИ АДАБИЁТ
1. Қонуни ҷумҳурии Точикистон "Дар бораи мусоиҳат ба шуғли аҳолӣ" аз 1 августи соли 2003, № 44 // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон. - 2003. - № 8. - Модаи. 467.
2. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994, бо тағйиру иловаҳо ба 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 (ба забонҳои точикӣ, русӣ ва англисӣ). - Душанбе, 2019. - 126 с.
3. Агентии омори назди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, - Душанбе. 2025. - С.73-75. {Махзани электрони}. Манбаи дастрасӣ;
Муминов Ғайрат Илҳомиддинович
Мутахассиси пешбари шуъбаи қонунгузорӣ оид ба меҳнат, муҳоҷират ва иҷтимоӣ Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Баҳодиҳии муҳтаво: 
Ҳоло баҳо надорад