ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1378 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии ҶТ 24.02.2017 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУН 1377 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН    ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2017 Маҷлиси Олии ҶТ 21.11.2016 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНӢ 1357 ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪМИНОТИ ИҶТИМОӢ, ХИЗМАТРАСОНӢ ВА МУҲОФИЗАТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии ҶТ 14.11.2016 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon PDF Package icon ZIP

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Пшб, 13/02/2020 - 22:07
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1533
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
17.05.2018
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ
(Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2042)
Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳаракат дар роҳро муайян намуда, ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ равона гардидааст.
 
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- бехатарии ҳаракат дар роҳ - маҷмӯи чорабиниҳое, ки ба таъмини бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ равона гардидаанд;
- воситаи нақлиёт - воситае, ки барои бо роҳҳо интиқол додани одамон, бор ё таҷҳизоти дар болои он васлшуда таъйин шудааст;
- воситаҳои ташкили ҳаракат дар роҳ - маҷмӯи воситаҳои танзимкунанда, иншоот ва тасвирҳо дар роҳ, ки барои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ (аломатҳо ва нишонаҳои роҳ, чароғаки роҳнамо, иҳотаҳои роҳ ва воситаҳои самтдиҳанда) истифода мешаванд;
- истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард - шахсоне, ки иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ мебошанд, инчунин, дар роҳҳои автомобилгард ба фаъолияти иҷозатдодашуда машғуланд, ба ғайр аз фаъолияти роҳдорӣ ва корҳои роҳсозӣ;
- иштирокчиёни ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард - шахсоне, ки аз роҳҳои автомобилгард ва ҷойҳои дигаре, ки барои аз як ҷой ба ҷои дигар расондани одамон ва интиқоли бор тавассути воситаҳои нақлиёт пешбинӣ шудаанд, истифода бурда, дар раванди ҳаракат ҳамчун ронанда, пиёдагард, мусофир, велосипедрон, чорворон, аробакаш ва шахсони дигар бевосита иштирок менамоянд;
- роҳ - қисми замин ё сатҳи иншооти сунъии ободкардашуда, ё мувофиқашуда, ки барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон истифода мешавад;
- таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ - маҷмӯи чораҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, таълимӣ, назоратӣ, ташвиқотию тарғиботӣ, муҳандисию техникӣ ва чораҳои дигаре, ки ба пешгирӣ намудани ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ва сабук гардондани вазнинии оқибатҳои он равона шудаанд;
- ҳаракат дар роҳ - маҷмӯи муносибатҳое, ки дар раванди ҷойивазкунии одамон ва бор тавассути воситаҳои нақлиёт ё бе онҳо дар ҳудуди роҳҳои автомобилгард ба вуҷуд меоянд.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳаракат дар роҳ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳаракат дар роҳ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ
1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои воситаҳои нақлиёт ҳаракат аз тарафи рост муқаррар карда шудааст.
2. Тартиби оғози ҳаракат, тағйири самти ҳаракат, ҷойгиршавии воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон, интихоби суръати ҳаракат ва фосила, гузаштан аз чорроҳа, гузаргоҳҳои пиёдагард ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан, истгоҳҳои воситаҳои нақлиёти истифодаи умум, истифодаи асбобҳои нурафкани берунӣ, қоидаҳои ҳаракати пиёдагард, ҳаракати велосипедрон, чорворон, аробакаш, инчунин, масъалаҳои ташкили ҳаракат ва бехатарии он тавассути Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, танзим карда мешаванд.
3. Воситаҳои нақлиёти таъйиноти махсус, ки рангубори махсус ва (ё) сигналҳои нурию овозӣ доранд, ҳангоми ҳаракат дар роҳ бо тартиби пешбининамудаи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ бартарӣ доранд.
4. Тартиби ҳаракати воситаҳои нақлиёти тасмачарх, инчунин, ҳаракати воситаҳои нақлиёте, ки андоза, вазни умумӣ ва ё сарборӣ ба меҳвари онҳо аз меъёрҳои муқарраршудаи роҳ зиёданд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
 
БОБИ 2. ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИИ БЕХАТАРИИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ
Моддаи 4. Идоракунии давлатии бехатарии ҳаракат дар роҳ
Идоракунии давлатии бехатарии ҳаракат дар роҳ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти давлатии дахлдор сурат мегирад.
Моддаи 5. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ мансубанд:
- пешбурди сиёсати давлатӣ оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ;
- тасдиқ намудани қоидаҳо, стандартҳо, меъёрҳои техникӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ;
- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии ҳаракат дар роҳ;
- тасдиқ намудани барномаи давлатии таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо дар соҳаи бехатарии ҳаракат дар роҳ;
- муқаррар намудани тартиби ягонаи ташкили ҳаракат дар роҳ ва бехатарии он;
- муқаррар намудани талабот оид ба тармим ва ҳолати техникии воситаҳои нақлиёте, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд;
- таъсиси комиссияи ҳукуматӣ оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ;
- муайян намудани фармоишгари давлатӣ оид ба тайёр намудани санадҳои расмӣ (бланкаҳо);
- муайян намудани тартиби додани иҷозатнома ва сертификат барои амалисозии фаъолияти вобаста ба истеҳсол, таъмир ва истифодаи воситаҳои нақлиёти боркаш ва мусофирбар, тайёр кардани ронандаҳо ва намудҳои дигари фаъолият, ки ба бехатарии ҳаракат дар роҳ таъсир мерасонанд;
- муайян намудани меъёрҳои суғуртаи ҳатмии воситаҳои нақлиёт, ронандаҳо ва мусофирон;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 6. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии ҳаракат дар роҳ
Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии ҳаракат дар роҳ (минбаъд - мақоми ваколатдори давлатӣ) дохил мешаванд:
- амалӣ намудани сиёсати давлатӣ оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ;
- аз мақомоти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, гирифтани маълумоти дахлдор дар хусуси ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, ҳолати нигоҳдории роҳҳо ва маълумоти дигари вобаста ба бехатарии ҳаракат дар роҳҳо;
- бо тартиби муқарраргардида амалӣ намудани ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори давлатҳои хориҷӣ оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ;
- иҷрои вазифаҳои фармоишгари давлатӣ оид ба тайёр намудани гувоҳнома дар бораи хатми курсҳои таълимӣ оид ба тайёр кардани ронандагони воситаи нақлиёт, асноди ронандагӣ ва бақайдгирӣ (бланкҳои шаҳодатномаҳои ронандагӣ, иҷозатномаҳои муваққатӣ, шаҳодатномаҳои ронандагии байналмилалӣ, талонҳои муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ, талонҳои сабти қоидавайронкунӣ ба шаҳодатномаҳои ронандагӣ, шаҳодатномаҳои бақайдгирӣ, талонҳои бақайдгирӣ), рақамҳои бақайдгирӣ ва асноди дигари муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- додани иҷозат ва иҷозатнома тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳ;
- пешбурди низоми ягонаи баҳисобгирии нишондиҳандаҳои омории бехатарии ҳаракат дар роҳ;
- ҷорӣ намудани технологияи муосир оид ба назорати бехатарии ҳаракат дар роҳ;
- тадқиқ ва арзёбии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт;
- пешбурди низоми иттилоотию ҷустуҷӯӣ, баҳисобгирии ронандаҳо, воситаҳои нақлиёт, ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии соҳа, ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ва оқибати онҳо;
- амалисозии назорати фаъолияти истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, воситаҳои нақлиёт тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- маҳдуд ва манъ кардани ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан, муайян намудани меъёру қоидаҳои дигаре, ки фаъолиятро оид ба таъмини бехатарӣ дар роҳ муқаррар мекунанд;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 7. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ
Ба ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ дохил мешаванд:
- татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ;
- таҳия ва татбиқи барномаҳои минтақавии таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ;
- таъмини бехатарии корҳо оид ба сохтмон, тармим, таъмир ва таъмини воситаҳои техникии ҳаракат дар роҳҳои таъиноти маҳаллӣ, кӯчаҳо ва маҳалҳои аҳолинишин;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 8. Ваколатҳои соҳибони роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан
Ваколатҳои соҳибони роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 9. Ваколатҳои шахсони ҳуқуқие, ки соҳибони воситаҳои нақлиёт мебошанд
Ба ваколатҳои шахсони ҳуқуқие, ки соҳибони воситаҳои нақлиёт мебошанд, дохил мешаванд:
- таъсис додани шабакаи муассисаҳои таълимӣ оид ба тайёр кардани ронандагони воситаҳои нақлиёт ва такмили ихтисоси онҳо;
- таҳия ва татбиқи чораҳои таъмини тиббии бехатарии ҳаракат дар роҳ;
- таҳия ва татбиқи чораҳои ҳифзи муҳити зист аз таъсири зараровари воситаҳои нақлиёт;
- баҳисобгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар роҳ, таҳлили сабабҳо ва шароити ба амал омадани онҳо;
- ташкил ва маблағгузории чораҳои пешгирӣ намудани маъюбшавӣ вобаста ба ҳодисаҳои роҳу нақлиёт;
- ҷуброни зарари дар натиҷаи ҳодисаи роҳу нақлиёт бо айби онҳо расондашуда, инчунин пардохти кумакпулии якдафъаина ба шахсони дар ин ҳодисаҳо зарардида тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таъсиси хадамоти бехатарии ҳаракат дар роҳ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ҳалли масъалаҳои истифодаи воситаҳои нақлиёт дар вазъияти фавқулода.
Моддаи 10. Иштироки мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо ва шаҳрвандон дар таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ
1. Мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо (минбаъд - ташкилотҳо) дар доираи ваколатҳои худ иҷрои тадбирҳои бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин менамоянд.
2. Дар коллективҳои меҳнатӣ оид ба риояи қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ тадбирҳои пешгирию фаҳмондадиҳӣ андешида мешаванд.
 
БОБИ 3. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ
Моддаи 11. Ҳуқуқҳои иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ
Иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ ҳуқуқ доранд:
- бо шароити бехатар ва самараноки ҳаракат дар роҳ таъмин карда шаванд;
- оид ба шароити бехатари ҳаракат дар роҳ, сабабҳои ҷорӣ намудани маҳдудият ё қатъ кардани ҳаракат дар роҳ, вазн ва суръати ҳаракати иҷозатдодашуда, кор ва хизматрасонӣ вобаста ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ аз мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор, ки танзим ва идораи давлатиро дар соҳаи ҳаракат дар роҳ ва таъмини бехатарии онро иҷро менамоянд, маълумот ба даст оранд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба амали (беамалии) кормандони мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ шикоят намоянд;
- аз роҳҳо бемамониат истифода баранд, агар мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад.
- аз ҳуқуқҳои пешбининамудаи санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода баранд.
Моддаи 12. Уҳдадориҳои иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ
Иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ уҳдадоранд:
- талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҳаракат дар роҳро риоя намоянд;
- барои ҳаракат дар роҳ шароити бехатар муҳайё кунанд, бо амали (беамалии) худ ба дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ монеа эҷод накунанд ё зарар нарасонанд;
- зарари расондашударо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн намоянд.
Моддаи 13. Уҳдадориҳои шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибони воситаҳои нақлиёт
Шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибони воситаҳои нақлиёт уҳдадоранд:
- интихоб, такмили ихтисос ва маҳорати касбии ронандагонро таъмин карда, вазъи саломатӣ, риояи низоми кор ва истироҳати онҳоро таҳти назорат қарор диҳанд;
- ба идоракунии воситаҳои нақлиёт шахсонеро, ки шаҳодатномаи идора кардани категорияи (зеркатегорияи) воситаи нақлиётро надоранд, бемор мебошанд, дар муҳлати муқарраршуда аз муоинаи тиббӣ нагузаштаанд, дар ҳолати мастӣ бар асари истеъмоли машрубот, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё моддаҳои дигари мадҳушкунанда қарор доранд, роҳ надиҳанд;
- истифодаи воситаҳои нақлиёте, ки ҳолати техникӣ ва таҷҳизоташон ба талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ҷавобгӯ нестанд, ҳамчунин бо тартиби муқарраршуда ба қайд гирифта нашудаанд ё аз муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ нагузаштаанд, иҷозат надиҳанд;
- ҳолати зарурии техникии воситаҳои нақлиётро таъмин намоянд;
- ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар роҳро ба ҳисоб гиранд, сабабу ҳолатҳои рӯй додани онҳоро таҳлил ва барои бартараф намудани онҳо чораҳо андешанд;
- бо мақоми ваколатдори давлатӣ хатсайри воситаҳои нақлиёте, ки бори хатарнок, вазнин ва калонҳаҷмро мекашонанд, тартиби кашола карда бурдани ду ва беш аз он воситаи нақлиёт ва тағйир додани таҷҳизоти воситаи нақлиётро мувофиқа намоянд.
Моддаи 14. Гирифтани иҷозати идоракунии воситаҳои нақлиёт
1. Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон расидааст, нуқсонҳои ҷисмонӣ ё бемориҳое надорад, ки ба идоракунии бехатари воситаҳои нақлиёти категорияҳои (зеркатегорияҳои) дахлдор монеъ гарданд, бо тартиби муқарраргардида ҳуқуқи гирифтани иҷозати идоракунии воситаҳои нақлиётро дорад.
2. Тартиби иҷозатдиҳӣ ба идоракунии воситаҳои нақлиётро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
3. Номгӯи нуқсонҳои ҷисмонӣ ва ё бемориҳое, ки дар сурати мавҷудияти онҳо ба шахс гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ барои идоракунии воситаҳои нақлиёти категорияи (зеркатегорияи) дахлдор иҷозат дода намешавад, аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муқаррар карда мешавад.
4. Шаҳодатномаи ҳуқуқи идора кардани воситаҳои нақлиёт танҳо аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дода мешавад.
5. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин шаҳодатномаҳои ронандагии миллӣ ва байналмилалии давлатҳои дигар, ки ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқанд, амал мекунанд.
6. Ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванди дорои шаҳодатномаҳои ронандагии эътибордошта, ки ҳуқуқи истиқомат дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба даст овардаанд ва ба синни муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон расидаанд, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодатномаҳои ронандагии миллии аз ҷониби давлати шаҳрвандиашон ё иқомати доимиашон додашуда ба шаҳодатномаҳои ронандагии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иваз карда мешаванд.
Моддаи 15. Қатъ (маҳрум) кардан аз ҳуқуқи идоракунии воситаҳои нақлиёт
1. Ҳуқуқи шахс барои идоракунии воситаҳои нақлиёт дар асоси хулосаи комиссияи муассисаи тиббӣ бо сабаби нуқсонҳои ҷисмонӣ ё бемориҳое, ки барои идоракунии бехатари воситаҳои нақлиёт монеъ мегарданд, аз тарафи мақоми ваколатдор қатъ карда мешавад.
2. Барои иҷро накардани меъёрҳои муқаррарнамудаи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ шахс аз ҳуқуқи идоракунии воситаҳои нақлиёт тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳрум карда мешавад.
Моддаи 16. Омӯзондани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба аҳолӣ
1. Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба аҳолӣ мувофиқи барномаҳое, ки мақомоти маориф ва илм, меҳнат, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо мақоми ваколатдори давлатӣ мувофиқа намудаанд, таълим дода мешаванд.
2. Ташкилотҳо, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқиашон, барои ба кормандон таълим додани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ тадбирҳо андешида, онҳоро амалӣ менамоянд.
3. Омӯзиши Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз муассисаҳои томактабӣ оғоз мешавад.
4. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ метавонанд аз рӯи барномаҳое, ки хонандагон барои гирифтани шаҳодатномаи идора кардани мототсикл ҳуқуқ пайдо менамоянд, таълим диҳанд.
5. Таҳсил дар курсҳои таълимии ронандагони воситаҳои нақлиёт мувофиқи барномаҳое, ки аз тарафи мақомоти маориф ва илм, меҳнат, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ шудаанд, ба роҳ монда мешавад.
6. Мақоми ваколатдори давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ба мақомоти дахлдор барои амалӣ намудани чораҳои пешгирӣ ва ба гурӯҳҳои иҷтимоии аз ҷиҳати синну сол гуногуни аҳолӣ таълим додани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ мусоидат менамоянд.
 
БОБИ 4. РОҲҲОИ (КӮЧАҲОИ) АВТОМОБИЛГАРД
Моддаи 17. Роҳҳои (кӯчаҳои) автомобилгард, тасниф ва истифодаи онҳо
Тартиби тасниф ва истифодаи роҳҳои (кӯчаҳои) автомобилгардро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Моддаи 18. Талаботи қоидаҳо, стандарту меъёрҳои лоиҳакашӣ, сохтмони роҳҳои автомобилгард ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан
1. Талаботи қоидаҳо, стандарту меъёрҳои лоиҳакашӣ, сохтмони роҳҳои автомобилгард ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
2. Лоиҳакашӣ, сохтмон, таҷдид ва таъмири роҳҳо ҷиҳати муайян намудани мутобиқати онҳо ба талаботи қоида, меъёрҳо ва стандартҳои бехатарии ҳаракат дар роҳҳо бояд аз экспертизаи давлатӣ гузаронда шуда, бехатарии муҳити зист ва ҳифзи сиҳатии аҳолӣ бо назардошти эҳтиёҷоти хоси маъюбон ба назар гирифта шаванд.
3. Қоидаҳои таъмир, нигоҳдорӣ ва ҳифзи роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан, инчунин истифодаи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 19. Бо иншооти хизматрасонӣ таҷҳизонидани роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти роҳсозию роҳдорӣ уҳдадоранд барои таҷҳизонидани кӯчаҳо, роҳҳои автомобилгард ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан бо иншооти хизматрасонӣ, воситаҳои алоқаи таъҷилии мувофиқ ба меъёрҳои тасдиқгардидаи лоиҳакашӣ, нақшаҳои сохтмон ва нақшаҳои асосӣ тадбирҳо андешанд.
Моддаи 20. Маҳдуд ё манъ намудани ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан
Тартиби муваққатан маҳдуд ё манъ намудани ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Моддаи 21. Ташкили ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан
1. Ташкили ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ мешавад.
2. Дар мавриди пайдо шудани таҳдид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ шахсони мансабдори мақоми ваколатдори давлатӣ ҳуқуқ доранд муваққатан ҳаракатро маҳдуд ё манъ, ё ба ташкили ҳаракат дар роҳ тағйирот ворид намоянд. Мақомоти роҳсозию роҳдорӣ ва коммуналӣ метавонанд баъд аз хабардор намудани мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ ба ташкили ҳаракат дар роҳ тағйирот ворид намоянд.
Моддаи 22. Уҳдадориҳои шахсони мансабдори масъули сохтмон, тармим, таъмиру истифодабарӣ ва беҳдошти роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан
1. Уҳдадориҳои шахсони мансабдоре, ки масъули сохтмон, тармим, таъмиру истифодабарӣ ва беҳдошти роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан мебошанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
2. Соҳибони роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан, шахсони мансабдори мақомоти роҳдорӣ барои андешидани чораҳо оид ба пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт масъул мебошанд.
 
БОБИ 5. ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ
Моддаи 23. Додани иҷозат ба воситаҳои нақлиёт барои ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард
1. Барои ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард ба воситаҳои нақлиёте иҷозат дода мешавад, ки сохт (конструксия) ва ҳолати техникиашон ба талаботи муқаррарнамудаи қоидаҳои байнидавлатии соҳавӣ, меъёрҳо ва стандартҳо ҷавобгӯй буда, аз санҷиш, қайд ва муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ гузашта ва бо тартиби муқарраршуда суғурта шуда бошанд.
2. Барои ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард ба воситаҳои нақлиёти маҷмӯи идоракуниашон аз тарафи рост иҷозат дода намешавад.
Моддаи 24. Сохти (конструксияи) воситаҳои нақлиёт
Сохти (конструксияи) воситаҳои нақлиёт бояд ба талаботи қоидаҳо, меъёрҳо ва стандартҳои амалкунанда, инчунин дараҷаи меъёрҳои муқарраргардидаи партови маводи ифлос- кунандаи ҳаво мутобиқат намояд.
Моддаи 25. Тағйир додани таҷҳизоти воситаҳои нақлиёт
1. Тағйир додани навъ ё тамға (марка), таъинот ё андозаҳои сохти воситаҳои нақлиёте, ки мавриди истифода қарор доранд, тавассути тағйирдиҳии қисмҳои онҳо, таҷҳизоти махсус ва рақамҳои агрегатҳо, ки тибқи ҳуҷҷатҳо барои ҳамин воситаи нақлиёт пешбинӣ нашудаанд, бояд ба қоидаҳо ва меъёрҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ бошанд.
2. Тағйир додани таҷҳизоти воситаҳои нақлиёт, ки боиси тағйири маълумоти тавсифии воситаҳои нақлиёт гаштааст, бояд дар ҳуҷҷатҳои қайди он сабт гардад.
Моддаи 26. Ҳолати техникии воситаҳои нақлиёте, ки мавриди истифода қарор доранд
Ҳолати техникии воситаҳои нақлиёти мавриди истифода қарордошта, ки ба бехатарии ҳаракат дар роҳ ва ҳифзи муҳити зист дахл дорад, бояд ба қоидаҳо, меъёрҳо ва стандартҳои бо тартиби муқарраргардида тасдиқшуда мувофиқ бошанд.
Моддаи 27. Ба қайд ва ба ҳисоб гирифтани воситаҳои нақлиёт
1. Ҳамаи воситаҳои нақлиёти механикӣ, ки дар роҳҳои автомобилгард ҳаракат мекунанд, инчунин ядакҳо (нимядакҳо) бояд ба қайд ва ҳисоб гирифта шаванд.
2. Соҳибони воситаҳои нақлиёти механикӣ ва ядакҳо уҳдадоранд воситаҳои нақлиёти ба онҳо тааллуқдоштаро дар давоми даҳ шабонарӯз аз лаҳзаи харидан (гирифтан), сарфи назар аз ҳолати техникии онҳо ё ба вуҷуд омадани ҳолатҳои дигар, ки боиси тағйир додани маълумоти бақайдгирӣ мегарданд (ба истиснои воситаҳои нақлиёти барои фурӯш пешбинишудаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки фаъолияти савдои воситаҳои нақлиётро анҷом медиҳанд), дар мақоми ваколатдори давлатӣ ба қайд гиранд.
3. Тартиби ба қайд ва ба ҳисоб гирифтани воситаҳои нақлиёт, инчунин ба онҳо додани шаҳодатномаи бақайдгирӣ ва рақамҳои бақайдгирии давлатӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Моддаи 28. Муоинаи ҳатмии давлатии техникии воситаҳои нақлиёт
1. Воситаҳои нақлиёти механикие, ки иштирокчии ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард мебошанд, инчунин ядакҳо (нимядакҳо) бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ гузаронда мешаванд.
2. Истифодаи воситаҳои нақлиёти механикие, ки аз муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ нагузаштаанд, иҷозат дода намешавад.
Моддаи 29. Хизматрасонии техникии воситаҳои нақлиёт
1. Соҳибони воситаҳои нақлиёт барои сари вақт ва дар ҳаҷми пурра гузарондани корҳои хизматрасонии техникӣ ва таъмир мутобиқи меъёрҳои аз тарафи истеҳсолкунандагони воситаҳои дахлдори нақлиёт муқарраршуда уҳдадор мебошанд.
2. Ташкилотҳо, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ, инчунин шаҳрвандоне, ки ба хизматрасонӣ ва таъмири тиҷоратии воситаҳои нақлиёт машғуланд, бояд иҷозатномаи дахлдор дошта бошанд.
3. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ барои ташкили шабакаҳои хизматрасонии техникӣ мусоидат менамоянд.
Моддаи 30. Манъи истифодабарии воситаҳои нақлиёт
Истифодабарии воситаҳои нақлиёт дар ҳолатҳои зерин манъ карда мешавад:
1) Бо кушода гирифтани рақамҳои бақайдгирии давлатӣ:
- ҷой доштани носозиҳои техникӣ ва шартҳое, ки номгӯи онҳо дар Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ муқаррар карда шудааст;
- бе иҷозати дахлдор аз нав таҷҳизонидани воситаҳои нақлиёт;
- нагузаштан аз муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ;
- бе иҷозати мақоми ваколатдори давлатӣ ба воситаҳои нақлиёт насб кардани садонишонакҳои (сигналҳои) махсуси овозӣ ё нурафкан;
2) Боздоштани воситаи нақлиёт бо ҷойгир намудани он дар истгоҳи махсус дар мавридҳои:
- идора кардани воситаҳои нақлиёт аз тарафи шахсон дар ҳолати мастӣ, инчунин надоштани ҳуҷҷатҳо оид ба ҳуқуқи идоракунӣ ё истифодабарии воситаи нақлиёт ё гузаштани муҳлати амали онҳо;
- идоракунии воситаҳои нақлиёт бо пардаҳои паҳлуӣ ва яклухти ақиб, ки дар сохти воситаҳои нақлиёт аз тарафи корхонаи истеҳсолкунанда пешбинӣ нашудаанд, бо шишаҳои сиёҳу хира, ки нургузарониашон ба меъёрҳои муқаррарнамудаи стандартҳои давлатӣ мутобиқат намекунад, идоракунии воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои оинагӣ, ба истиснои пардачаҳо дар шишаҳои автобусҳо, (микроавтобусҳо), инчунин ҳангоми мавҷуд будани иҷозати махсуси мақоми ваколатдори давлатӣ ва воситаҳои нақлиёти хизматии шахсони мансабдоре, ки рӯйхати онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад;
- идоракунии воситаҳои нақлиёте, ки рақамҳои қисму агрегатҳояшон ё рақамҳои бақайдгирии давлатиашон пинҳон, сохтакорӣ ё ба тарзи дигар тағйир дода шудаанд, инчунин бо навиштаҳои дар ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ зикргардида мувофиқат накардани рақамҳои қисму агрегатҳои воситаҳои нақлиёт;
- халалдор кардани ҳаракат дар роҳ тавассути риоя накардани қоидаҳои бозистӣ ё таваққуфи воситаҳои нақлиёт ҳангоми дар ҷойи ҳуқуқвайронкунӣ ҳозир набудани ронанда;
- идоракунии воситаҳои нақлиёт, ки бо тартиби муқарраргардида ба қайд гирифта нашудаанд ё рақамҳои бақайдгирӣ надоранд.
Моддаи 31. Суғуртаи ҳатмии давлатии воситаҳои нақлиёт
1. Воситаҳои нақлиёте, ки дар роҳҳои автомобилгарди ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракат мекунанд, аз расондани осеб ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон ё расондани зарари моддӣ дар рафти истифодаи воситаҳои нақлиёт суғурта карда мешаванд.
2. Тартиби суғуртаи ҳатмӣ ва андозаи пардохтҳои суғуртавиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
3. Суғуртапулӣ аз рӯи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, новобаста ба андозаи маблағи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ, таъминоти иҷтимоӣ, аз рӯи тартиби ҷуброни зарар пардохт карда мешавад.
 
БОБИ 6. БАНАҚШАГИРӢ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ТАДБИРҲОИ ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ
Моддаи 32. Банақшагирии тадбирҳои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ
Мақоми ваколатдори давлатӣ барномаҳои давлатӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳро таҳия, тасдиқ ва иҷрои онро назорат менамояд. Таҳияи ин барномаҳо дар асоси мутобиқати онҳо бо банақшагирии минтақавӣ ва соҳавӣ, ташаккул додани нишондиҳандаҳои ба ҳамдигар алоқаманду ҳамоҳанг бо назардошти шароити иҷтимоию иқтисодӣ ва экологии минтақаи мушаххас, дараҷаи рушди шабакаи роҳҳо, ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ва нишондиҳандаҳои дигари низоми ягонаи баҳисобгирии давлатии ҳаракат дар роҳ сурат мегирад.
Моддаи 33. Маблағгузории тадбирҳои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ
1. Маблағгузории тадбирҳои дар барномаҳо пешбинишуда, инчунин тадбирҳои дигари таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, маблағгузории мақомоти давлатӣ ва идораҳое, ки соҳибони роҳ мебошанд, сурат мегирад.
2. Бо мақсади маблағгузорӣ намудани лоиҳасозӣ, сохтмон, тармим ва нигаҳдории роҳҳои автомобилгард фонди роҳ таъсис дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2042).
3. Тартиби ташаккулдиҳӣ ва истифодаи фонди роҳро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2042).
Моддаи 34. Тартиби умумии ташкили низоми давлатии баҳисобгирии нишондиҳандаҳои ҳаракат дар роҳ ва бехатарии он
1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми ягонаи баҳисобгирии давлатии нишондиҳандаҳои ҳаракат дар роҳ ва бехатарии он барои воситаҳои нақлиёт, ронандагон, роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи оҳан, маъюбшавии вобаста ба ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар роҳ ва нишондиҳандаҳои дигар муқаррар карда мешаванд.
2. Феҳристи нишондиҳандаҳои омории ҳаракат дар роҳ, тартиби баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
 
БОБИ 7. ТАЪМИНОТИ ТИББИИ БЕХАТАРИИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ
Моддаи 35. Таъминоти тиббии бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ
1. Таъминоти тиббии бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ амалҳои зеринро дар бар мегирад:
- муоинаи ҳатмӣ ва даврагии тиббии ронандагони воситаҳои нақлиёт;
- муоинаи тиббии ронандагон пеш аз сафар;
- расондани ёрии тиббии аввалия ба осебдидагони ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ва иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ;
- омӯзондани тарзу усулҳои расондани ёрии аввалия ба аҳолӣ.
2. Даврияти муоинаи тиббӣ ва тартиби ташкили ёрии аввалия ба осебдидагони ҳодисаҳои роҳу нақлиёт аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
 
БОБИ 8. НАЗОРАТ ДАР СОҲАИ БЕХАТАРИИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ
Моддаи 36. Вазифаҳои назорат дар соҳаи бехатарии ҳаракат дар роҳ
Назорат дар соҳаи бехатарии ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард аз тарафи мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, корхонаҳо, инчунин шаҳрвандон, риоя намудани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ ташкил карда мешавад.
Моддаи 37. Назорат дар соҳаи бехатарии ҳаракат дар роҳ
1. Назорат дар соҳаи бехатарии ҳаракат дар роҳ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ ва мақомоти дахлдори давлатӣ (назорати давлатӣ), ташкилотҳо (назорати идоравӣ) сурат мегирад.
2. Мақоми ваколатдори давлатӣ вазифаҳои махсуси назоратӣ ва иҷозатдиҳиро дар соҳаи бехатарии ҳаракат дар роҳ иҷро менамояд.
3. Ба низоми мақоми ваколатдори давлатӣ мақомоти идоракунии давлатии автомобилии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо дохил мешаванд.
Моддаи 38. Ҳифзи муҳити зист
Мақомоти давлатӣ, ташкилотҳое, ки ба лоиҳакашӣ, истеҳсол ва истифодаи воситаҳои нақлиёт машғул мебошанд, уҳдадоранд маҷмӯи тадбирҳоро оид ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири зараровари воситаҳои нақлиёт ба муҳити зист таҳия намуда, риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи муҳити зистро таъмин намоянд.
 
БОБИ 9. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 39. Муносибатҳои байналмилалӣ
Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳоро бо давлатҳои дигар оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард тибқи меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ба роҳ мемонад.
Моддаи 40. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 41. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳаракат дар роҳ"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳаракат дар роҳ" аз 4 ноябри соли 1995, № 197 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995, № 22, мод. 336; с. 1997, № 2324, мод. 333; с. 2000, № 11, мод. 527; с. 2008, № 3, мод. 189; с. 2009, № 12, мод. 822; с. 2010, № 1, мод. 4; с. 2015, № 11, мод. 974; с. 2017, № 7 - 9, мод. 577) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 42. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                     Эмомалӣ Раҳмон
 
ш. Душанбе, 17 майи соли 2018, № 1533