ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2012 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2024 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 1993 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Кодекс 1999 КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon word PDF icon pdf Package icon zip

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ

-A A +A
Ношири мавод: Тоирзода Малика Тоир Санаи интишор: Сшб, 11/02/2020 - 10:27
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
700
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
25.03.2011
                                                 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
                                       ДАР БОРАИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ
                (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №3, мод.167)
                   (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1581, аз 20.06.2024 №2077).
 
 
Қонуни мазкур асосҳои ташкилию ҳуқуқӣ, иқтисодии таъсис, идоракунӣ, фаъолият ва барҳамдиҳии минтақаҳои озоди иқтисодиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, тартиби татбиқи низоми махсуси ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба танзим медарорад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1581).
                                              БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- минтақаи озоди иқтисодӣ - қитъаи алоҳидаи (маҳдуди) ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳудуди аниқ муқарраркардашуда, ки дар он барои фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ шароити имтиёзноки иқтисодӣ ва низоми махсуси ҳуқуқӣ муҳайё карда шудааст (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1581);
- низоми махсуси ҳуқуқии минтақаи озоди иқтисодӣ - маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқие, ки тартиби фаъолият кардан, шартҳои махсуси андозбандӣ ва муомилоти асъорӣ, гумрукӣ, муносибатҳои меҳнатӣ ва љайраро дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ муқаррар менамоянд;
- инфрасохтори минтақаи озоди иқтисодӣ - маҷмӯи ҷузъҳо, ки барои таъмини шароити фаъолияти истеҳсолӣ ва хоҷагидорӣ дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ муқаррар гардида, аз девори муҳофизатӣ, бино ва иншоот, объектҳои муҳандисӣ ва техникии ободонии минтақа, ҳифзи муҳити зист ва таъиноти иҷтимоӣ иборат мебошад;
- мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣмақомоти давлатӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои таъсис, идора, фаъолият ва барҳамдиҳии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор карда шудааст;
- маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ - ташкилоте, ки мақоми муассисаи давлатиро доро буда, минтақаи озоди иқтисодиро идора мекунад;
- феҳристи ягонаи субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ – махзани маълумот оид ба субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтаанд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 №2077);
- ширкати хизматрасони – субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ, ки хизматрасониҳои инфрасохторӣ, сохтмони иншооти инфрасохторӣ ва дигар хизматрасониҳои шабеҳро дар асоси шартнома барои фаъолияти минбаъдаи субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ пешниҳод менамояд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 №2077);
- принсипи “равзанаи ягона” – шакли пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ, ки кам кардани иштироки довталабонро дар ҷамъоварӣ ва омодасозии ҳуҷҷатҳо, инчунин маҳдуд намудани робитаи мустақими онҳо бо субъектҳои пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ пешбинӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 №2077);
- буҷети маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ - маблаље, ки барои таъсис ва хароҷоти хоҷагидории минтақаи озоди иқтисодӣ ва таъмини мақсаду вазифаҳои он истифода бурда мешавад;
- фондҳои рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ - маҷмӯи маблаљгузорие, ки барои ташкил ва таъмини рушди инфрасохтори минтақаҳои озоди иқтисодӣ, инчунин барои расонидани кӯмаки молиявӣ ба субъектҳои фаъолияти соҳибкории дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ бақайдгирифташуда истифода карда мешавад;
- шурои нозирони минтақаҳои озоди иқтисодӣ - мақоми машваратӣ, экспертӣ ва ҳамоҳангсози фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1581, Қонуни ҶТ аз 20.06.2024,2077);
- субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ - субъектҳои фаъолияти соҳибкорие, ки новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқияшон, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ ба қайд гирифта шудаанд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1581);
- тасдиқномаи субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ - ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи фаъолият ва истифода кардани низоми махсуси ҳуқуқии минтақаи озоди иқтисодӣ (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1581);
- бизнеснақша - ҳуҷҷате, ки аз ҷониби субъекти минтақаҳои озоди иқтисодӣ оид ба лоиҳаи сармоягузорӣ пешниҳод гардида, дар он иттилооти муфассал дар бораи муҳлати хароҷотбарорӣ, самаранокӣ, талабот ва омӯзиши бозор дарҷ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1581).
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1581).
Моддаи 3. Мақсадҳои таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсадҳои зерин таъсис дода мешаванд:
- рушди иқтидори иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ, минтақаҳо ва маҳалҳои алоҳидаи он;
- фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ ба бахшҳои воқеии иқтисодиёт;
- нигоҳдории ҷойҳои кории мавҷуда ва ташкили ҷойҳои нави корӣ;
- ҷалби техникаи муосир ва технологияи инноватсионӣ;
- ташкил ва рушди инфрасохтори муосири нақлиётӣ, истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ;
- беҳтар кардани сифати идоракунӣ, таъмини самараноки истеҳсолот ва истеҳсоли маҳсулоти дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир;
- баланд бардоштани иқтидори содирот ва рушди истеҳсолоти ивазкунандаи воридот;
- љанӣ гардонидани бозори дохилӣ;
- фаъолгардонии муносибатҳои иқтисодии хориҷӣ ва минтақаҳо;
- азхудкунии мавзеъҳои нав ва таъмини рушди шаҳрсозӣ;
- нигаҳдорӣ ва истифодаи самарабахши захираҳои табиии барқароршаванда ва барқарорнашаванда.
Моддаи 4. Фаъолият дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ
1. Дар минтақаҳои озоди иқтисодии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд намудҳои фаъолияте, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда шаванд. Номгӯйи самтҳои афзалиятнок ва намудҳои фаъолияти манъкардашуда дар низомномаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ муқаррар карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1581).
2. Субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба амалӣ намудани якчанд намудҳои фаъолият ҳуқуқ доранд.
Моддаи 5. Намудҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ
1. Минтақаҳои озоди иқтисодӣ вобаста ба хусусияти фаъолияташон ба намудҳои муайян ҷудо мешаванд ва инчунин метавонанд хусусиятҳои якчанд намуди минтақаҳои озоди иқтисодиро дар бар гиранд. Минтақаи озоди иқтисодӣ метавонад аз якчанд қитъаи алоҳидаи таҳти идораи ягона иборат бошад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1581).
2. Минтақаҳои озоди иқтисодиро дар чунин намудҳо таъсис додан мумкин аст:
- саноатӣ (истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ);
- савдо ва тиҷоратӣ;
- хизматрасонӣ;
- инноватсионӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ ва ҷорикунанда (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 №2077);
- комплексӣ (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 №2077).
3. Минтақаи озоди иқтисодии саноатӣ (истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ) минтақае мебошад, ки ба ҳавасмандгардонии рушди соҳаи саноат равона карда шудааст. Ин намуди минтақаҳо бо роҳи ба низоми махсуси ҳуқуқии минтақаҳои озоди иқтисодӣ гузаронидани ташкилотҳои мавҷудаи алоҳида ва субъектҳои хоҷагидорӣ барпо карда мешаванд. Дар ин намуди минтақаҳо таҷдиди сохтор, азнавсозӣ, таљйир додани самти фаъолияти корхонаҳо бо мақсади ҷалби сармоя ба соҳаҳои афзалиятноки саноатӣ, самти инноватсионӣ, ҷорӣ намудани технологияи муосир амалӣ карда мешаванд.
4. Минтақаи озоди иқтисодии савдо ва тиҷоратӣ минтақаи озоди иқтисодие мебошад, ки ҳудуди он барои такмилдиҳӣ, коркард, ба навъҳо ҷудокунӣ, борбандӣ, тамљагузорӣ ва нигоҳдории молҳои ба минтақа воридшаванда бо мақсади минбаъд ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва ё аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудан истифода мегардад. Минтақаҳои озоди иқтисодии савдо ва тиҷоратӣ дар фурудгоҳҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан, нуқтаҳои бо ҳам пайвастшавандаи магистралҳои нақлиёти автомобилгард, маҳалҳои наздисарҳадӣ ва дар қитъаҳои дигари маҳдудкардаи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешаванд, ки аз тариқи онҳо интиқоли байналмилалии молу маҳсулот мунтазам сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1581).
5. Минтақаи озоди иқтисодии хизматрасонӣ минтақаи озоди иқтисодие мебошад, ки дар ҳудуди он корхонаю ташкилотҳои хӯроки умумӣ, хизматрасонии сайёҳӣ, табобатӣ ва муолиҷавӣ, машваратӣ (консалтингӣ), муҳандисӣ-техникӣ (инжинирингӣ), миёнаравӣ, молиявӣ ва қарзӣ, аудиторӣ, суљуртавӣ ва дигар хизматрасониҳо ҷойгир шудаанд.
6. Минтақаи озоди иқтисодии инноватсионӣ, илмию таҳқиқотӣ ва ҷорикунанда минтақаи озоди иқтисодие мебошад, ки дар ҳудуди он фаъолияти корхонаву ташкилотҳои илмию таҳқиқотӣ, илмию таълимӣ, таҷрибавию конструкторӣ, такмили ихтисос, истеҳсолоти таҷрибавӣ дар соҳаи технологияи муосири истеҳсоли молу маҳсулот ва кашфиётҳои нави самараноки техникӣ (ноу-хау) ба роҳ монда мешавад.
7. Таъсиси минтақаҳои инноватсионӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ ва ҷорикунанда дар қитъаҳои алоҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар онҳо марказҳои илмию таълимӣ, илмию таҳқиқотӣ, марказҳои истеҳсолӣ, инноватсионӣ, таълимӣ ва технопаркҳо ҷамъ оварда шудааст, иҷозат дода мешавад.
8. Минтақаи озоди иқтисодии комплексӣ минтақаи озоди иқтисодие мебошад, ки хусусиятҳои якчанд намуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ иқтисодӣ ( саноатӣ (истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ), савдо ва тиҷоратӣ, хизматрасонӣ, инноватсионӣ, илмию таҳқиқотӣ ва ҷорикунанда)- ро дар бар мегирад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 №2077).
Моддаи 6. Мӯҳлати фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ
Минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати то 50 сол, вобаста ба хусусият, намуди фаъолияти минтақаи озоди иқтисодӣ, фаъолияти имрӯза ё ояндаи ҳудуди он ва вобаста ба мақсаду вазифаҳои аниқи минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис дода мешаванд.
Моддаи 7. Дароз намудани мӯҳлати фаъолияти минтақаи озоди иқтисодӣ
Мӯҳлати фаъолияти минтақаи озоди иқтисодӣ бо пешниҳоди асосноки мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ки на кам аз ду сол пеш аз тамом шудани мӯҳлати таъсиси минтақаи озоди иқтисодӣ ирсол мегардад, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дароз карда мешавад. Мӯҳлати дарозкардашудаи фаъолияти минтақаи озоди иқтисодӣ набояд аз мӯҳлати таъсиси минтақаи озоди иқтисодӣ зиёд бошад.
БОБИ 2. ТАРТИБИ ТАЪСИС ДОДАНИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ
Моддаи 8. Тартиби пеншиҳодҳо оид ба таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ
1. Пешниҳодҳо оид ба таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо замимаи ҳуҷҷатҳои зарурие, ки дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинӣ гардидаанд, аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки дар ҳудуди маъмурии он бунёди минтақаҳои озоди иқтисодӣ пешбинӣ шудааст, дар шакли дархост ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ ирсол мегардад. Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ тибқи талаботи Қонуни мазкур ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод менамояд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1581).
2. Барои таъсиси минтақаи озоди иқтисодӣ ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нақшаи ҳудуд ва сарҳади минтақаи озоди иқтисодӣ;
- лоиҳаи низомномаи минтақаи озоди иқтисодӣ;
- асоснокии техникӣ ва иқтисодии таъсиси минтақаи озоди иқтисодӣ;
- асоснокии самаранокии молиявии таъсиси минтақаи озоди иқтисодӣ.
Моддаи 9. Таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ
1. Қарор дар бораи таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи низомнома ва нақшаи ҳудудии минтақаи озоди иқтисодиро барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
3. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низомномаи минтақаи озоди иқтисодӣ ва ҳудуди онро тасдиқ менамояд.
4. Манбаъҳои маблаљгузории хароҷот барои таъсис ва фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, аз ҷумла нигоҳдории маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ дар марҳилаи ташкил ва сохтмони инфрасохтори аввалиндараҷаи минтақаи озоди иқтисодиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 10. Тартиби додан ва бозхонди мақоми субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ
1. Тартиби баррасии ариза ва додани мақоми субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ дар асоси низомномаи минтақаи озоди иқтисодӣ сурат мегирад.
2. Соҳибмулкони иншооти љайриманқул, ки дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ то таъсисёбии минтақаи озоди иқтисодӣ ҷойгир шудаанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи истифодабарии қитъаҳои замини зери иншоотҳои худро нигоҳ медоранд.
3. Ба соҳибмулкони иншооти љайриманқули дар моддаи мазкур зикргардида имконияти дар муддати се соли давраи гузариш ҳуқуқи интихоб намудани низоми ҳуқуқии минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва гирифтани мақоми субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ ва ё дар низоми муқаррарӣ мутобиқи қонунгузории андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудан дода мешавад.
4. Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ ба субъекти бақайдгирифташудаи минтақаи озоди иқтисодӣ тасдиқномаи субъекти минтақаи озоди иқтисодиро месупорад. Намунаи тасдиқнома аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ тасдиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1581).
5. Бозхонди ихтиёрии мақоми субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ аз ҷониби маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ дар ҳолатҳои қатъи фаъолияти соҳибкори инфиродӣ ва ё барҳамхӯрии шахси ҳуқуқӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
6. Дар сурати аз тарафи субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ риоя нашудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷро нагардидани муқаррароти шартнома дар бораи фаъолият дар минтақаи озоди иқтисодӣ маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ дар асоси низомномаи минтақаи озоди иқтисодӣ дар бораи бозхонди мақоми субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ ҳуқуқи қарор қабул намуданро дорад.
7. Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ баъди ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ додани мақоми субъекти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва инчунин пас аз қатъи фаъолияти субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ дар мӯҳлати се рӯзи корӣ ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ, мақомоти андоз ва гумрук оид ба масъалаҳои мазкур маълумот пешниҳод менамояд.
8. Маълумот дар бораи додан ва бозхондани мақоми субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ ба китоби баҳисобгирии субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ дохил карда мешавад.
Моддаи 11. Маркази ягонаи хизматрасонии мақомоти давлатӣ барои субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1581)
1. Дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ маркази ягонаи хизматрасонии мақомоти давлатӣ барои субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1581).
2. Тартиби фаъолияти намояндагони мақомоти давлатӣ дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ тибқи принсипи “равзанаи ягона” аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 №2077).
Моддаи 12. Кафолатҳои давлатӣ ба субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ
1. Давлат ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои субъектҳои минтақаи озоди иқтисодиро дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, кафолат медиҳад.
2. Маҷмӯи кафолатҳои давлатӣ оид ба ҳифзи моликият, сармоягузорӣ ва истифодаи қитъаи замин, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, ба субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ татбиқ мегардад.
3. Моликияти субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди милликунонӣ, реквизитсия ва ё мусодира қарор мегирад.
4. Ба субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ ҳуқуқи ба хориҷа интиқол додани маблаљи даромади онҳо ва дигар маблаљҳо бо асъори хориҷие, ки ба таври қонунӣ дар натиҷаи фаъолияти онҳо дар минтақаи озоди иқтисодӣ пас аз пардохти андозҳо ба даст омадааст, кафолат дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1581).
5. Давлат ҳимояи пурра ва бечунучарои ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии субъектҳои минтақаи озоди иқтисодиро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз барҳамдиҳии минтақаи озоди иқтисодӣ низ кафолат медиҳад.
6. Дар сурати пеш аз мӯҳлат барҳамхӯрии минтақаи озоди иқтисодӣ ба субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ ҳуқуқи давом додани фаъолият тибқи қайду шартҳои аз лаҳзаи гирифтани мақоми субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ доштаашон кафолат дода мешавад.
7. Зарар, фоидаи аздастдода ва зарари маънавие, ки ба субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва ё шахсони мансабдор дар натиҷаи дахолати беасос ба фаъолияти онҳо расонида мешаванд, бо тартиби судӣ ҷуброн карда мешаванд.
8. Давлат нисбати ӯҳдадормҳои субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ, ҳамчунин субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ нисбати ӯҳдадориҳои давлат ҷавобгар намебошанд.
БОБИ 3. ИДОРАКУНИИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ
Моддаи 13. Ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ
1. Ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодиро мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ амалӣ менамояд.
2. Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
3. Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ низоми ягонаи марказонидашудаи идораи минтақаҳои озоди иқтисодиро таъсис медиҳанд.
4. Муайян кардани сиёсати ягонаи давлатӣ оид ба таъсис ва фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба зиммаи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ вогузор карда мешавад.
5. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ пешбурди феҳристи ягонаи субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда, тартиби онро муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 №2077).
Моддаи 14. Маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ
1. Дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ вазифаи идоракунии давлатиро маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ дар доираи ваколати худ, ки Қонуни мазкур, низомномаи минтақаи озоди иқтисодӣ, оиннома ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ муайян мекунанд, иҷро менамояд.
2. Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис медиҳад.
3. Тартиби фаъолияти маъмурияти минтақаи озоди иқтисодиро низомномаи минтақаи озоди иқтисодӣ муайян менамояд.
4. Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҳисоботдиҳанда мебошад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1581).
5. Таъсиси маъмурияти умумӣ барои идоракунии якчанд минтақаҳои озоди иқтисодӣ иҷозат дода мешавад.
6. Роҳбарии фаъолияти маъмурияти минтақаи озоди иқтисодиро роҳбари маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ амалӣ менамояд.
7. Роҳбари маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо пешниҳоди мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
8. Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ комиссияро оид ба баррасии бизнеснақшаҳо ва (ё) лоиҳаҳои сармоягузории довталабон- субъектони минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис медиҳад. Тартиби фаъолияти комиссия оид ба баррасии бизнеснақшаҳо ва (ё) лоиҳаҳои сармоягузории довталабон-субъектони минтақаи озоди иқтисодӣ мутобиқи Низомномаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1581).
9. Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ фаъолияти мутақобиларо бо сармоягузорон ва субъектҳои эҳтимолии минтақаи озоди иқтисодӣ, аз ҷумла ҷиҳати баррасии дархостҳои сармоягузорӣ. Додани иҷозатномаҳо ва ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳи зарурӣ, тибқи принсипи “равзанаи ягона” амалӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 №2077).
Моддаи 15. Ваколатҳои маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ
1. Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- таҳия ва татбиқи стратегия ва барномаҳои рушди минтақаи озоди иқтисодӣ;
- таъмини ягонагӣ ва фаъолияти пурсамари минтақаи озоди иқтисодӣ;
- ташкили махзани иттилоотӣ-таҳлилии дурнамои рушди самараноки минтақаи озоди иқтисодӣ;
- фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармояҳо;
- додани мақоми субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ, баҳисобгирӣ ва пешниҳоди маълумотҳо оид ба субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ;
- намояндагии манфиатҳои субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ;
- нашри маълумот дар воситаҳои ахбори омма дар хусуси дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ вуҷуд доштани қитъаҳои замини дар истифоданабуда ва молу мулки давлатӣ;
- ҷудо кардани қитъаи замин ва назорати истифодабарии он аз ҷониби субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ;
- тақсим ва назорати харҷи маблаљ барои ташкил ва рушди инфрасохтори минтақаи озоди иқтисодӣ ва ҳифзи муҳити зист;
- иҷрои вазифаҳо ҳамчун фармоишгари давлатӣ доир ба тайёр кардани ҳуҷҷатҳои банақшагирии ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ ва ташкили инфрасохтори саноатӣ, муҳандисӣ, нақлиёти ва иҷтимоии минтақаи озоди иқтисодӣ;
- додани иҷозати сохтмон, ташкил ва таъмини шартҳои техникии пайвастшавӣ ба шабакаҳои таъмини муҳандисию техникӣ;
- идораи объектҳои моликияти давлатии воқеи ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ бо тартиби муқаррарнамудаи низомномаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ;
- иштирок дар таҳияи барномаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии воҳидҳои марзиву маъмурии дахлдор;
- ҷамъоварии маълумоти оморӣ аз субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст;
- ташкил додани Фонди рушди минтақаи озоди иқтисодӣ бо мувофиқаи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ;
- ташкил, таъмин ва назорати фаъолияти сохтори истеҳсолӣ, коммуналӣ ва нақлиётии минтақаи озоди иқтисодӣ, аз ҷумла лоиҳакашӣ ва сохтмони биною иншооти истеҳсолӣ, анбор, нақлиётӣ ва таъиноти дигари хизматӣ;
- назорати субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ оид ба риоя намудани муқаррароти Қонуни мазкур, низомномаи минтақаи озоди иқтисодӣ, шартномаҳо дар бораи фаъолият дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва қонунгузорӣ дар бораи ҳифзи муҳити зист;
- мусоидат ба фаъолияти мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ;
- пешниҳоди таклифҳо дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таљйир додани сарҳади минтақаи озоди иқтисодӣ ва таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолияти минтақаи озоди иқтисодиро ба танзим медароранд;
- таъмини рушди минтақаи озоди иқтисодӣ бо роҳи ҷалб намудани сармоягузорон, маблаљи ташкилотҳои ватанӣ ва хориҷӣ ба воситаи қарзҳои имтиёзнок, қарзҳо ва грантҳо дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи молия;
- ба роҳ мондани ҳамкориҳо ва аъзо гардидан ба ташкилотҳои байналмилалие, ки бо масъалаҳои рушд ва фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ машљул мебошанд;
- анҷом додани дигар ваколатҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст.
2. Иҷрои қарорҳои маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ, ки дар доираи ваколати он қабул гардидаанд, дар ҳудуди он ҳатмӣ мебошад.
Моддаи 151.  Фаъолияти ширкати хизматрасон
1. Ширкати хизматрасон дар минтақаи озоди иқтисодӣ аз ҷониби Шурои нозирони минтақаи озоди иқтисодӣ интихоб карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 №2077).
2. Фаъолияти умумии ширкати хизматрасон дар минтақаи озоди иқтисодӣ мутобиқи Низомномаи минтақаи озоди иқтисодӣ амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 №2077).
Моддаи 16. Буҷети маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ
1. Буҷети маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ аз ҳисоби маблаљҳои ҷудонамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, манбаъҳои дохилӣ (пардохтҳо, боҷҳо ва даромадҳо аз хизматрасонӣ ба субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ) ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ташаккул меёбад.
2. Буҷети маъмурияти минтақаи озоди иқтисодиро дар соли молиявӣ маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ таҳия менамояд ва он аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо мувофиқаи мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи молия тасдиқ карда мешавад.
3. Номгӯй ва андозаи пардохти маблаљи корҳо ва хизматрасонии маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодиро мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдор дар соҳаи молия тасдиқ менамояд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1581).
Моддаи 17. Шурои нозирони минтақаҳои озоди иқтисодӣ (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 №2077)
1. Шурои нозирони минтақаҳои озоди иқтисодӣ мақоми машваратӣ, экспертӣ ва ҳамоҳангсози фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ буда, аз намояндаҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатие, ки дар ҳудуди маъмурии онҳо минтақаҳои озоди иқтисодӣ таъсис дода шудааст, намояндаҳои мақомоти гумрук ва андоз, бизнес-ассотсиатсияҳо, намояндагони субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1581, Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 №2077).
2. Тартиби ташкил, фаъолият ва вазифаҳои Шӯрои нозирон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 18. Фондҳои рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ
1. Фонди ҷумҳуриявии рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуда, онро Шӯрои Фонд идора менамояд.
2. Манбаъҳои ташаккулёбӣ ва самти харҷи маблаљи Фонди ҷумҳуриявии рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо низомнома дар бораи Фонд муайян карда мешавад.
3. Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ метавонад Фонди рушди минтақаи озоди иқтисодиро тибқи низомномаи минтақаи озоди иқтисодӣ ташкил намояд.
4. Манбаъҳои ташаккулёбӣ ва самти харҷи маблаљи Фонди рушди минтақаи озоди иқтисодӣ аз ҷониби маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ муайян карда мешавад.
БОБИ 4. НИЗОМИ МАХСУСИ ҲУҚУҚӢ ДАР МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ
Моддаи 19. Хусусиятҳои танзими гумрукӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ
1. Минтақаи озоди иқтисодӣ қисми минтақаи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Моли дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ ҷойгиршуда бо мақсади озод намудан аз боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо, инчунин манъ ва маҳдудкуниҳои дорои хусусияти иқтисодӣ, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудаанд, ҳамчун моли берун аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиршуда ҳисобида мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1581).
2. Ба минтақаи озоди иқтисодӣ молҳои хориҷӣ ва ватанӣ бе пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо, инчунин бе истифодаи манъ ва маҳдудкуниҳои дорои хусусияти иқтисодӣ, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудаанд, ворид карда мешаванд.
3. Воридоти таҷҳизоти истеҳсолӣ, сохтмонӣ ва молҳои зарурӣ барои ташкили инфрасохтори минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз ҷониби субъектҳо ва маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ озод мебошад. Номгӯйи чунин молҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
4. Ҳангоми аз ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ ба беруни ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додани мол, андозҳо ва боҷҳои гумрукӣ, ба истиснои хироҷи барасмиятдарории гумрукӣ ситонида намешаванд, манъ ва маҳдудкуниҳои дорои хусусияти иқтисодӣ татбиқ намегарданд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1581).
5. Ҳангоми аз ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба қисми дигари ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додани мол андозҳо ва боҷҳои гумрукӣ ситонида мешаванд ва чораҳои манъ ва маҳдудкуниҳои дорои хусусияти иқтисодӣ, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд, тибқи шартҳои низоми гумрукии қабулгардида татбиқ карда мешаванд.
6. Ҳангоми аз ҳудуди як минтақаи озоди иқтисодӣ ба ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти назорати гумрукӣ интиқол додани молҳо андоз ва боҷи гумрукӣ ситонида намешаванд ва чораҳои манъ ва маҳдудкуниҳои дорои хусусияти иқтисодӣ, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, татбиқ намегарданд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1581).
7. Муайян намудани кишвари истеҳсолкунанда нисбати молҳои дар минтақаи озоди иқтисодӣ истеҳсолшуда ва ба он интиқолшаванда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, амалӣ карда мешавад.
8. Тартиби барасмиятдарории гумрукӣ ва баҳисобгирии молро дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 20. Хусусиятҳои андозбандӣ дар минтақаи озоди иқтисодӣ
1. Низоми андози фаъолияти минтақаи озоди иқтисодӣ тартиб ва шартҳои андозбандии имтиёзноки фаъолияти субъектҳоро дар ҳудуди ин минтақа муқаррар мекунад.
2. Дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ фаъолияти соҳибкорӣ, новобаста ба шаклҳои моликият, аз пардохти ҳама гуна андозҳо, ки дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, ба љайр аз андози иҷтимоӣ ва андоз аз даромади шахсони воқеӣ озод карда мешавад.
3. Андози иҷтимоӣ ва андоз аз даромади шахсони воқеии минтақаҳои озоди иқтисодӣ мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақилона ҳисоб ва пардохт карда мешаванд.
4. Андоз аз даромади шахсони воқеӣ барои мутахассисони хориҷӣљайрирезидентони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида пардохт карда мешавад.
5. Пардохти пурра ва саривақтии андози иҷтимоӣ ва андоз аз даромади шахсони воқеии минтақаҳои озоди иқтисодиро мақомоти андоз назорат мекунад.
6. Даромади бадастомадаи сармоягузорони хориҷӣ ва музди меҳнати кормандони хориҷӣ, ки бо асъори хориҷӣ пардохт шудааст, бидуни монеа метавонанд ба хориҷи кишвар интиқол дода шаванд ва дар ин маврид онҳо аз андоз озод мебошанд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1581).
7. Имтиёзҳои андозӣ танҳо ба он қисми фаъолияти субъектҳо, ки дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ анҷом дода мешаванд, амал мекунанд. Андозбандии фаъолияти берун аз ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар асосҳои умумӣ мутобиқи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
8. Субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ андозсупоранда буда, баҳисобгирии фаъолияти молиявию хоҷагидориро мустақилона пеш мебаранд.
9. Дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ объектҳои андозбандӣ, ки ба субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ тааллуқ надоранд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон андозбандӣ карда мешаванд.
Моддаи 21. Танзими молиявӣ ва асъорӣ дар минтақаи озоди иқтисодӣ
1. Субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявиро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд. Хусусиятҳои баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ вобаста ба фаъолияти субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ якҷоя бо мақомоти давлатии ваколатдори соҳаи молия муайян карда мешаванд.
2. Дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ муомилоти озоди асъори хориҷӣ дар баробари асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Моддаи 22. Фаъолияти бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии (кредитии) љайрибонкӣ
1. Дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии (кредитии) љайрибонкӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд.
2. Тартиби таъсиси бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии (кредитии) љайрибонкӣ ва фаъолияти онҳоро дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Моддаи 23. Фаъолияти суљуртавӣ
Суљуртакунонӣ дар минтақаи озоди иқтисодӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 24. Муносибатҳои меҳнатӣ дар минтақаи озоди иқтисодӣ
1. Муносибатҳои меҳнатӣ дар минтақаи озоди иқтисодӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишномаҳои коллективӣ ва шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатии инфиродӣ ба танзим дароварда мешаванд.
2. Созишномаҳои коллективӣ ва шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатии инфиродӣ набояд шароити кормандони ҳамин корхона ва ташкилотҳоро нисбати шароити пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, вазнин намоянд.
3. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, аз ҷумла кормандони хориҷӣ, мутахассисони муҳандисию техникӣ ва идоракунӣ ҷиҳати иҷрои корҳои тахассусии марбут ба ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ бо назардошти талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1581).
4. Барасмиятдарории иҷозати кор ба кормандони хориҷӣ тибқи Дастурамали тартиби содакардашудаи додани иҷозати кор ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд барои фаъолияти меҳнатӣ дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ тасдиқ шудааст, анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1581, (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 №2077).
Моддаи 25. Амнияти экологӣ ва ҳифзи муҳити зист
Муносибатҳо дар бахши амнияти экологӣ ва ҳифзи муҳити зист дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, танзим мегарданд.
Моддаи 26. Тартиби истифодабарии замин
1.Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ қитъаҳои замини дар ҳудуди минтақа ҷойгиршударо дар  асоси  муқаррароти  Қонуни  мазкур  ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муносибатҳои вобаста ба заминро танзим мекунанд, истифода менамояд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1581).
2. Тартиби пешниҳоди қитъаҳои замин ба субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ мувофиқи низомномаи минтақаи озоди иқтисодӣ муайян карда мешавад.
Моддаи 27. Санҷиши фаъолияти субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ
Фаъолияти субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ аз ҷониби мақомоти назоратӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо огоҳ намудани мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ санҷида мешавад.
Моддаи 28. Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ
Ба фаъолияти субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатнома дода мешавад.
Моддаи 29. Тартиби содаи реҷаи раводид
Ба расмият даровардан ва додани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ фаъолият менамоянд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1581).
БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 30. Тартиби баррасии баҳсҳо
Баҳсҳои байни субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ ва мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои вобаста ба фаъолияти онҳо дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ алоқаманд аз тарафи суд баррасӣ карда мешаванд.
Моддаи 31. Барҳамдиҳии минтақаҳои озоди иқтисодӣ
1. Минтақаи озоди иқтисодӣ мутобиқи Қонуни мазкур бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода мешавад.
2. Ба анҷом расидани мӯҳлати фаъолияти минтақаи озоди иқтисодӣ, ки бо низомномаи минтақаи озоди иқтисодӣ муқаррар карда шудааст, асоси барҳамдиҳии минтақаи озоди иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.
3. Минтақаи озоди иқтисодиро метавон бо пешниҳоди мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки дар ҳудуди он миктақаи озоди иқтисодӣ таъсис дода шудааст, пеш аз мӯҳлат барҳам дод (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1581).
4. Минтақаи озоди иқтисодиро дар ҳолатҳои зерин пеш аз мӯҳлат барҳам додан мумкин аст:
- агар дар давоми ҳафт соли баъди таъсиси минтақаи озоди иқтисодӣ ягон субъект ба қайд гирифта нашуда бошад ва шартнома дар бораи фаъолият дар минтақаи озоди иқтисодӣ баста нашуда бошад ё ин ки ҳамаи шартномаҳои пеш басташуда бекор карда шуда бошанд;
- агар дар давоми ҳафт соли пайдарпай дар минтақаи озоди иқтисодӣ субъектҳои он фаъолият накарда бошанд.
5. Барҳам додани минтақаи озоди иқтисодӣ боиси маҳрум шудани субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ аз ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, мегардад. Барҳам додани минтақаи озоди иқтисодӣ боиси оқибатҳои ҳуқуқӣ нисбати фаъолияти соҳибкори инфиродӣ ва ташкилотҳое, ки новобаста аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқиашон дар ҳудуди собиқ минтақаи озоди иқтисодӣ фаъолият менамоянд ё тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода шудаанд, намегардад.
6. Дар ҳолати барҳам додани минтақаи озоди иқтисодӣ субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ метавонанд фаъолияти худро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни бақайдгирии иловагӣ ё азнавбақайдгирӣ бо тартиби умумӣ идома диҳанд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1581).
Моддаи 32. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 33. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 "Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №5, мод. 335) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 34. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                       Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
25 марти соли 2011 № 700
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ" қабул карда шавад.
2. Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оиди қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 18 феврали соли 2004, №1068 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №2, мод. 114) аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                         Ш. Зуҳуров
ш. Душанбе,
23 феврали соли 2011, № 338
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                   М.Убайдуллоев
ш.Душанбе,
11 марти соли 2011 № 140