ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИСТИФОДАИ ЭНЕРГИЯИ АТОМӢ»

-A A +A
Ношири мавод: Наврӯзова Сулҳия Мералиевна Санаи интишор: Дшб, 24/01/2022 - 08:40
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУН
Рақам: 
1845
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
23.12.2021
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИСТИФОДАИ ЭНЕРГИЯИ АТОМӢ»
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии муносибатҳои ҷамъиятиро ҳангоми истифодаи энергияи атомӣ муайян намуда, ба ҳифзи саломатӣ ва ҳаёти одамон, муҳити зист, молу мулк ва таъмини низоми паҳн накардани силоҳи ядроӣ, таҳкими низоми байналмилалии амнияти истифодаи энергияи атомӣ, бехатарии ядроӣ, радиатсионӣ ва амнияти ҷисмонии ядроӣ ҳангоми истифодаи энергияи атомӣ равона карда шудааст.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
1) аз истифода баровардани дастгоҳ – фаъолияти бо ҳуҷҷатҳо барасмиятдаровардашуда вобаста ба қатъи истифодаи дастгоҳи ядроӣ, радиатсионӣ ва ё электрофизикӣ ва хориҷ кардани он аз санҷиш ва назорати давлатӣ бо таъмини ҳолати ниҳоии дастгоҳи ядроӣ ва майдони ҷойгиркунии он ба талаботи бехатарӣ; 
2) амнияти ҷисмонии ядроӣ – ҳолати низоми ягонаи тадбирҳои ташкилӣ ва техникӣ, ки ба пешгирӣ, зоҳиршавӣ ва (ё) эътино ба далелҳои тасарруф, тахрибкорӣ, дастрасӣ бидуни иҷозат, интиқоли ғайриқонунӣ, муносибат ё дигар амалҳои ғайриқонунӣ нисбат ба объектҳои истифодаи энергияи атомӣ ва (ё) истифодабаранда равона карда шудааст;
3) ба истифода додани дастгоҳ – фаъолияти бо ҳуҷҷатҳо барасмиятдаровардашуда ҷиҳати ба ҳолати корӣ овардани ҷузъҳо (қисматҳо) ва низомҳои дастгоҳи ядроӣ, радиатсионӣ ва ё электрофизикӣ пас аз ба охир расидани сохтмони он ва баргузор намудани озмоишҳои зарурӣ;
4) бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ – ҳолати хосиятҳо ва тавсифоти объекти истифодаи энергияи атомӣ, ки дар он бо эҳтимолияти муайян ғайриимкон будани садамаи ядроӣ ва радиатсионӣ таъмин карда мешавад;
5) гӯронидани сӯзишвории ядроии истифодашуда ё партовҳои радиоактивӣ – ҷойгиркунии сӯзишвории ядроии истифодашуда ё партовҳои радиоактивӣ дар нуқтаи гӯронидани онҳо бидуни берункунӣ;
6) давраи ҳаётии дастгоҳи истифодаи энергияи атомӣ – танзими давлатии фаъолият оид ба интихоби майдон, лоиҳакашӣ, сохтмон, ба истифода додан, истифодабарӣ, аз истифода баровардан ва озодкунӣ аз назорати танзимӣ; 
7) дастгоҳи радиатсионӣ – таҷҳизоти махсуси ғайриҳастаӣ, аз ҷумла биноҳо, иншоот ва таҷҳизоти марбут ба он, ки дар он муносибат бо манбаъҳои афканишоти ионофар анҷом дода мешавад;
8) дастгоҳи ядроӣ – реакторҳои ядроӣ, аз ҷумла реакторҳои неругоҳҳои атомӣ, дастгоҳҳои кайҳонӣ ва парвозкунанда, воситаҳои нақлиёт, реакторҳои саноатӣ, озмоишии таҳқиқотӣ, стендҳои ядроӣ, ҳама гуна иншооти дигар, маҷмааҳо, дастгоҳи насбшуда, таҷҳизот ва воситаҳои техникӣ барои истеҳсол, истифода, коркард, интиқол ва ҷойгиркунии маводи ядроӣ;
9) дастгоҳи электрофизикӣ - дастгоҳи махсуси ғайриядроӣ ё радиатсионӣ, ки ҳосилкунандаи афканишоти ионофар ё қобилияти ҳосилкунии онро дошта, иншоот, бино ва таҷҳизоти ба он марбутаро дар бар мегирад;
10) истифодабарии объектҳои истифодаи энергияи атомӣ – фаъолияти маъмурӣ, хоҷагидорӣ, муҳандисию техникӣ, ки дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ анҷом дода мешавад;
11) категорияи хатари радиатсионӣ – хусусияти объекти истифодаи энергияи атомӣ аз рӯи дараҷаи хатари радиатсионии он барои аҳолӣ ва (ё) муҳити зист ҳангоми муносибат бо он ё дар шароити садамаи эҳтимолӣ;
12) маводи махсуси ғайриядроӣ - маводе, ки дорои маводи ядроӣ намебошанд ё онро тавлид карда наметавонанд, аммо метавонанд дар дастгоҳҳое истифода шаванд, ки барои берун кардани энергияи таркандаи дохилиядроӣ (таркиши ядроӣ) пешбинӣ шудаанд;
13) минтақаи назоратӣ – ҳудуди ташкилот ё манбаи афканишоти ионофар, ки дар он сатҳи шуоъхӯрии одамон дар шароити муътадили истифодаи чунин манбаъ метавонад аз меъёрҳои муқарраргардидаи ниҳоии миқдори шуоъхӯрӣ барои аҳолӣ бештар бошад ва дар он реҷаи маҳдуди фаъолияти хоҷагидорӣ муқаррар гардида, назорати радиатсионӣ анҷом дода мешавад;
14) минтақаи муоинавӣ – ҳудуди берун аз минтақаи назоратӣ қарордошта, ки дар он мониторинги радиатсионӣ гузаронида мешавад;
15) муҳофизати ҷисмонӣ – маҷмуи чорабиниҳои маъмурӣ, техникӣ, ҳифзи ҳуқуқӣ, ки муҳофизати маводи ядроӣ ва радиоактивӣ, дастгоҳ ва объектҳои истифодаи энергияи атомӣ, нуқтаҳои нигаҳдорӣ ва гӯронидани партовҳои радиоактивиро аз дастрасии тасодуфӣ ё ғайриқонунӣ, тахрибкорӣ, гумшавӣ, расонидани зарар, дуздӣ, тасарруф, ғайриқонунӣ истифода бурдан ё ба шахси дигар додан таъмин менамоянд;
16) маводи ядроӣ – маводи дорои радионуклидҳои тақсимшаванда (таҷзияшаванда) ё маводе, ки метавонанд онҳоро ҳосил намоянд;
17) макони берун аз дастгоҳ – объекте, ки ба мафҳуми дастгоҳ дохил намешавад ва дар он одатан маводи ядроӣ ба миқдори на зиёдтар аз як килограмми самаранок истифода мешавад;
18) мақоми ваколатдори  давлатӣ дар соҳаи таъмини амнияти ядроӣ  ва радиатсионӣ (минбаъд - мақоми ваколатдори давлатӣ) – мақоми иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ки сиёсати ягонаи давлатӣ ва танзими давлатиро дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ татбиқ менамояд; 
19) манбаи афканишоти ионофар – таҷҳизот ва (ё) моддаи радиоактивие, ки шуои радиоактивӣ меафканад ё қобилияти чунин афканишотро дорад;
20) маҷмуъҳои бастабандии (борпечи) нақлиётӣ – маҷмуи бастаҳои зарурӣ барои ҷойгир кардан ва нигоҳ доштани моддаҳои радиоактивӣ ҳангоми ҳамлу нақли онҳо, ки метавонанд дорои як ё якчанд зарфҳо, моддаҳои ҷаббанда, конструксияҳои фосилакунонӣ, таҷҳизот барои муҳофизат аз афканишот, барои хунуккунӣ ва изолятсияи ҳароратӣ, амортизаторҳо бошанд;
21) назорат – низоми мониторинги фаъолият ва тасҳеҳи рафтори объектҳои зери назорат бо мақсади мутобиқатии фаъолияти онҳо ба меъёрҳои ҳуқуқ ва ҳадафҳои фаъолияти амалишаванда мебошад;
22) нигоҳдорӣ – ҷойгиркунии муваққатии сӯзишвории ядроӣ, маводи ядроӣ, моддаҳои радиоактивӣ, манбаъҳои радионуклидӣ, сӯзишвории ядроии истифодашуда ва партовҳои радиоактивӣ дар маҳалҳои нигоҳдорӣ, ки эҳтимолияти истихроҷи онҳоро барои муносибати баъдӣ бо онҳо дар назар дорад;
23) нуқтаи гӯронидан – дастгоҳи ядроӣ ё радиатсионӣ, ки барои гӯронидани сӯзишвории ядроии истифодашуда ё партовҳои радиоактивӣ пешбинӣ шудааст;
24) нуқтаи нигоҳдорӣ – дастгоҳи ядроӣ ё радиатсионӣ, ки барои нигоҳдории сӯзишвории ядроӣ, маводи ядроӣ, моддаҳои радиоактивӣ, манбаъҳои радионуклидӣ, сӯзишвории ядроии истифодашуда ва партовҳои радиоактивӣ пешбинӣ шудааст;
25) санҷиш – низоми санҷиши риояи қонунгузорӣ дар раванди амалисозии намудҳои гуногуни фаъолият бо ташаббуси минбаъдаи ба ҷавобгарӣ кашидан ҳангоми вайрон кардани қонунгузорӣ мебошад;
26) сатҳи берункунӣ – қимати бузургиҳои физикии муайянкунандаи хусусиятҳои ядроӣ, радиатсионӣ, геометрӣ ва вазнии объектҳои истифодаи энергияи атомӣ, ки дар меъёрҳои гигиенӣ ва тартиботи техникӣ пешбинӣ шудаанд, ки ҳангоми дар ин қимат ва ё аз он пасттар будани объектҳои истифодаи энергияи атомӣ аз санҷиш ва назорати давлатӣ хориҷ карда мешаванд;
27) сӯзишвории ядроии истифодашуда – сӯзишвории ядроӣ, ки дар реактори ядроӣ шуоъ хӯрда, тамоман аз он хориҷ (берун) карда шудааст;
28) танзими давлатӣ – фаъолияти мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таҳия, тасдиқ ва дар амал ҷорӣ кардани меъёрҳо ва қоидаҳои бехатарии ядроӣ, радиатсионӣ ва амнияти ҷисмонии ядроӣ, иҷозатномадиҳии намудҳои фаъолият вобаста ба тамоми марҳилаҳои давраи ҳаётии дастгоҳи истифодаи энергияи атомӣ ва амалӣ намудани назорат ва санҷиш;
29) истифодабаранда – шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ, ки фаъолияташ бо давраи ҳаётии дастгоҳи истифодаи энергияи атомӣ вобаста мебошад;
30) хавфи радиатсионӣ – эҳтимолияти расонидани зарар ба ҳаёт ва саломатии инсон, молу мулки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ, муҳити зист дар натиҷаи шуоъхӯрӣ бо назардошти вазниншавии оқибатҳои он;
31) энергияи атомӣ – энергияи хориҷшаванда дар реаксияҳои ядроӣ ва ҳангоми коҳиши радиоактивӣ, инчунин, энергияи ҳосилкунандаи афканишоти ионофар. 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Принсипҳо ва вазифаҳои асосии танзими ҳуқуқӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ
1. Принсипҳои асосии танзими ҳуқуқӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ: 
1) таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ ҳангоми истифодаи энергияи атомӣ, ҳифзи аҳолӣ ва муҳити зист аз хатари радиатсионӣ;
2) дастрас, объективӣ ва саривақтӣ будани иттилооти марбут ба истифодаи энергияи атомӣ ва таъсири он ба аҳолӣ ва муҳити зист, агар иттилооти мазкур маълумоти сирри давлатӣ надошта бошад;
3) бозпас гардондани сӯзишвории ядроии истифодашуда ба истеҳсолкунанда;
4) таъмини санҷиш ва назорати давлатии бехатарии ядроӣ, радиатсионӣ ва амнияти ҷисмонии ядроӣ зимни истифодаи энергияи атомӣ;
5) таъмин намудани ҳифзи иҷтимоии кормандони объектҳои истифодаи энергияи атомӣ;
6) ҷуброни зараре, ки аз таъсири радиатсионӣ расидааст. 
2. Вазифаҳои асосии танзими ҳуқуқии муносибатҳое, ки зимни амалӣ намудани ҳамаи намудҳои фаъолият дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ ба вуҷуд меоянд, инҳоянд:
1) таъсиси асосҳои ҳуқуқии низоми идораи давлатӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ ва низоми танзими давлатии амният ҳангоми истифодаи энергияи атомӣ;
2) муқаррар намудани ҳуқуқ, уҳдадориҳо ва масъулияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо ва дигар шахсони ҳуқуқию шаҳрвандон.
Моддаи 4. Субъект ва объектҳои истифодаи энергияи атомӣ
1. Субъектҳои соҳаи истифодаи энергияи атомӣ инҳо мебошанд:
1) мақомоти ваколатдори давлатӣ;
2) истифодабарандагон. 
2. Объектҳои истифодаи энергияи атомӣ инҳо мебошанд: 
1) дастгоҳи ядроӣ;
2) нуқтаҳои нигоҳдории маводи ядроӣ ва дигар маводи радиоактивӣ, партовгоҳи радиоактивӣ, объектҳо ва дастгоҳи доимие, ки барои нигоҳдорӣ ё гӯронидани маводи ядроӣ ва дигар маводи радиоактивӣ, инчунин, сӯзишвории ядроии истифодашуда ва партовҳои радиоактивӣ пешбинӣ шудаанд;
3) маводи ядроӣ;
4) сӯзишвории ядроии истифодашуда;
5) партовҳои радиоактивӣ; 
6) манбаъҳои афканишоти ионофар бо нишондиҳандаҳои беш аз сатҳи берункунӣ.
3. Амали Қонуни мазкур объектҳоеро, ки дорои маводи ядроӣ ва манбаъҳои дигари афканишоти ионофар бо миқдор, шиддат ва фаъолияти камтар аз талаботи дар меъёрҳо ва қоидаҳои муқарраршудаи давлатӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ ё истифодабарандаи онҳо мебошанд, фаро намегирад.
БОБИ 2. ТАНЗИМИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ИСТИФОДАИ ЭНЕРГИЯИ АТОМӢ
Моддаи 5. Танзими давлатӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ
Танзими давлатӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ нисбат ба ҳолатҳои зерин татбиқ мешавад:
1) иҷозатномадиҳии фаъолият вобаста ба тамоми марҳилаҳои давраи ҳаётии дастгоҳи истифодаи энергияи атомӣ;
2) муомилот бо маводи ядроӣ ва дигар маводи радиоактивӣ, аз ҷумла ҳангоми ҷустуҷӯ ва истихроҷи канданиҳои фоиданок, ки дорои чунин мавод ҳастанд ва ҳамчунин ҳангоми истеҳсол, истифода, коркард, интиқол ва нигоҳдории маводи ядроӣ ва дигар маводи радиоактивӣ, сӯзишвории ядроии истифодашуда ва партовҳои радиоактивӣ;
3) баргузор намудани таҳқиқотҳои илмӣ, иҷрои корҳо ва пешниҳод намудани хизматрасониҳо вобаста ба истифодаи энергияи атомӣ, аз ҷумла дар реакторҳои илмию таҳқиқотӣ;
4) муҳофизати ҷисмонии дастгоҳи ядроӣ, нуқтаи нигоҳдорӣ ва гӯронидани маводи ядроӣ ва дигар маводи радиоактивӣ, сӯзишвории ядроии истифодашуда ва партовҳои радиоактивӣ;
5) таъмини бехатарӣ ва амнияти ҷисмонии ядроӣ ҳангоми истифодаи энергияи атомӣ;
6) баҳисобгирӣ ва назорати маводи ядроӣ, манбаъҳои афканишоти ионофар, сӯзишвории ядроии истифодашуда ва партовҳои радиоактивӣ;
7) содирот ва воридоти маводи ядроӣ, технологияҳо ва таҷҳизот, маводи махсуси ғайриядроӣ, мавод, технологияҳо ва таҷҳизоти дорои таъиноти дуҳадафа, манбаъҳои афканишоти ионофар;
8) мониторинги вазъияти радиатсионӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
9) ҳамлу нақли транзитии маводи ядроӣ ва дигар маводи радиоактивӣ тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
10) санҷиш ва назорати фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ҳангоми иҷрои корҳои марбут ба тамоми марҳилаҳои давраи ҳаётии дастгоҳи истифодаи энергияи атомӣ; 
11) экспертизаи бехатарии ядроӣ, радиатсионӣ ва амнияти ҷисмонии ядроӣ;
12) омодакунӣ ва аттестатсияи кормандоне, ки дар объектҳои истифодаи энергияи атомӣ кор мекунанд.
Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон салоҳияти зерин дорад:
1) пешбурди самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомиро таъмин мекунад;
2) мақоми ваколатдори давлатиро дар соҳаи таъмини амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ муайян мекунад;
3) қоидаҳои гузаронидани экспертизаи бехатарии ядроӣ, радиатсионӣ ва амнияти ҷисмонии ядроиро тасдиқ мекунад;
4) қоидаҳои интихоби майдони ҷойгиркунии дастгоҳи ядроӣ ва нуқтаи гӯрониданро тасдиқ мекунад;
5) нақшаи миллии эътино ба садамаҳои ядроӣ ва радиатсиониро тасдиқ мекунад;
6) тартиби ташкили низоми давлатии баҳисобгирӣ ва назорати маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти ионофарро тасдиқ мекунад;
7) дар бораи пеш аз муҳлат аз истифода баровардани дастгоҳи ядроӣ ё бастани нуқтаи гӯронидан дар сурати ба вуҷуд омадани таҳдид ба амнияти аҳолӣ ва (ё) муҳити зист қарор қабул мекунад;
8) тартиби дохилии ҳамкориҳои мутақобилаи байни ташкилотҳои давлатиро дар вақти санҷишҳои Агентии байналмилалии энергияи атомӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад;
9) тартиби пешниҳоди ҳисоботҳо ва эъломияҳо ба Агентии байналмилалии энергияи атомӣ дар бораи маводи ядроӣ ва дастгоҳи ядроии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷудбударо мувофиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофшуда муайян мекунад;
10) дигар салоҳиятҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.
Моддаи 7. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ
Мақоми ваколатдори давлатӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:
1) сиёсати давлатиро дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ амалӣ менамояд;
2) ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳия, тағйир ва бекор намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои истифода аз энергияи атомӣ пешниҳодҳо ирсол мекунад;
3) ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пеш аз муҳлат аз истифода баровардани дастгоҳи ядроӣ ё бастани нуқтаи гӯронидан дар сурати ба вуҷуд омадани таҳдид ба амнияти аҳолӣ ва (ё) муҳити зист пешниҳод ирсол менамояд;
4) дар асос ва баҳри иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳо ва қоидаҳоеро таҳия, муқаррар ва татбиқ менамояд, ки фаъолияти вобаста ба истифодаи энергияи атомиро ба танзим медарорад;
5) ба фаъолияти вобаста ба тамоми марҳилаҳои давраи ҳаётии иншооти истифодаи энергияи атомӣ иҷозатнома медиҳад;
6) риояи меъёрҳо ва қоидаҳоро дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ таҳти санҷиш ва назорат қарор медиҳад;
7) санҷишҳоро вобаста ба иҷрои ваколати худ баргузор менамояд;
8) мониторинги давлатии вазъи радиатсиониро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад;
9) баҳисобгирӣ ва назорати давлатии маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти ионофарро анҷом медиҳад;
10) аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ маълумот ва ҳуҷҷатҳоеро, ки барои ҳалли вазифаҳои бар дӯши он гузошташуда зарур ҳастанд, бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ талаб менамояд ва ба даст меорад; 
11) пешбурд ва баррасии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмуриро барои риоя накардани қоидаҳо, меъёрҳо ва дастурҳои бехатарии радиатсионӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ анҷом медиҳад ва дар мавриди зарурӣ маводро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод менамояд;
12) бо мақомоти ваколатдори давлатҳои дигар ва созмонҳои байналмилалӣ дар масъалаҳои бехатарӣ, ҳангоми истифодаи энергияи атомӣ, оид ба масъалаҳои паҳн накардани силоҳи ядроӣ ва назорати маводи ядроӣ ҳамкорӣ менамояд;
13) қоидаҳои муҳофизати ҷисмонии маводи ядроӣ ва дастгоҳи ядроиро таҳия ва тасдиқ мекунад;
14) қоидаҳои  муҳофизати  ҷисмонии  манбаъҳои афканишоти ионофар ва нуқтаҳои нигоҳдориро таҳия ва тасдиқ мекунад;
15) қоидаҳои аз истифода баровардани дастгоҳи ядроӣ ва радиатсиониро таҳия ва тасдиқ менамояд;
16) қоидаҳои аккредитатсияи ташкилотҳоеро, ки онҳо экспертизаи бехатарии ядроӣ, радиатсионӣ ва амнияти ҷисмонии ядроиро анҷом медиҳанд, таҳия ва тасдиқ менамояд;
17) қоидаҳои такмили ихтисоси кормандонеро, ки онҳо дар объектҳои истифодаи энергияи атомӣ кор мекунанд, таҳия ва тасдиқ менамояд;
18) қоидаҳои аттестатсияи кормандонеро, ки онҳо дар объектҳои истифодаи энергияи атомӣ кор мекунанд, таҳия ва тасдиқ менамояд;
19) дар амалӣ намудани назорати содирот дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ иштирок менамояд; 
20) методикаҳои ҳисобкуниҳои вобаста ба таъмини бехатарии ядроӣ, радиатсионӣ ва амнияти ҷисмонии ядроиро, ки аз ҷониби ташкилоти экспертӣ пешниҳод шудаанд, мувофиқа менамояд;
21) тартиби муайян намудан ва таъсиси минтақаҳои назоратӣ ва муоинавиро таҳия ва тасдиқ мекунад.
22) тартиби тасдиқи конструксияҳои маҷмуъҳои бастабандии  нақлиётиро муайян намуда, конструксияҳои маҷмуъҳои бастабандии нақлиётиро тасдиқ кунад, ҳамчунин амали сертификат-иҷозатҳои онҳоро, ки аз тарафи мақомоти ваколатдори кишварҳои дигар тасдиқ гардидаанд, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн менамояд;
23) таҳқиқотҳо оид ба бехатарии ядроӣ, радиатсионӣ ва амнияти ҷисмонии ядроӣ, таъмини реҷаи паҳн накардани силоҳи ядроӣ ва мониторинги озмоишҳои ядроиро ташкил менамояд; 
24) қоидаҳои ташкили ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва гӯронидани партовҳои радиоактивӣ ва сӯзишвории ядроии истифодашударо таҳия ва тасдиқ менамояд;
25) тавсияҳои методиро барои шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ки дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ фаъолият мекунанд, роҷеъ ба усулҳо ва роҳҳои тасдиқи мувофиқати объекти истифодаи энергияи атомӣ ба талаботи бехатарии ядроӣ, радиатсионӣ ва амнияти ҷисмонии ядроӣ, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ муқаррар карда шудаанд, таҳия ва тасдиқ менамояд;
26) дигар ваколатҳоеро амалӣ менамояд, ки дар Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.
Моддаи 8. Санҷиш ва назорати давлатӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ 
Санҷиш ва назорати давлатӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд.
Моддаи 9. Мустақилияти мақоми ваколатдори давлатӣ
1. Мақоми ваколатдори давлатӣ аз дигар мақомоти иҷроия ва ташкилотҳо, ки фаъолияти онҳо ба рушд ва истифодаи энергияи атомӣ марбут аст, мустақилияти маъмурию молиявӣ дошта, бояд дорои захираҳои кофии инсонӣ барои иҷрои вазифаҳои дар наздаш гузошташуда бошад.
2. Монеъ шудан ба фаъолияти шахсони мансабдори мақоми ваколатдори давлатӣ ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои хизматиашон манъ аст.
БОБИ 3. ШАРТҲОИ ФАЪОЛИЯТ ВОБАСТА БА ИСТИФОДАИ ЭНЕРГИЯИ АТОМӢ
Моддаи 10. Иҷозатномадиҳии фаъолият вобаста ба тамоми марҳилаҳои давраи ҳаётии иншооти истифодаи энергияи атомӣ
Иҷозатномадиҳии фаъолият вобаста ба тамоми марҳилаҳои давраи ҳаётии иншооти истифодаи энергияи атомӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» анҷом дода мешавад.
Моддаи 11. Категорияҳои хатари радиатсионии дастгоҳҳои ядроӣ, радиатсионӣ ва электрофизикӣ
1. Дастгоҳҳои ядроӣ, радиатсионӣ ва электрофизикӣ ба чор категорияи хатари радиатсионӣ ҷудо мешаванд: 
1) категорияи 1 – дастгоҳҳое, ки ҳангоми садама дар онҳо эҳтимолияти таъсири радиатсионӣ ба аҳолии берун аз ҳудуди минтақаи назорати онҳо мавҷуд аст;
2) категорияи 2 – дастгоҳҳое, ки ҳангоми садама дар онҳо таъсири радиатсионӣ дар ҳудуди минтақаи назоратии онҳо маҳдуд аст;
3) категорияи 3 – дастгоҳҳое, ки таъсири радиатсионии онҳо дар майдони ҷойгиркуниашон маҳдуд аст;
4) категорияи 4 – дастгоҳҳое, ки таъсири радиатсионии онҳо танҳо дар бино ё ҷойи корӣ маҳдуд буда, дар он ҷо корҳои марбут ба иҷрои фаъолият бо истифодаи энергияи атомӣ анҷом дода мешаванд.
2. Категорияҳои хатари радиатсионии дастгоҳҳои ядроӣ, радиатсионӣ ва электрофизикӣ аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ, ки дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ фаъолият мекунанд ва (ё) соҳибони дастгоҳҳо мебошанд, мутобиқи талаботи бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ муайян карда мешаванд.
3. Соҳибони дастгоҳҳои ядроии дорои категорияҳои 1 ва 2 хатари радиатсионӣ танҳо шахсони ҳуқуқӣ шуда метавонанд.
Моддаи 12. Бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ
1. Ҳама гуна фаъолият марбут ба истифодаи энергияи атомӣ бо шарти таъмини ҳифзи саломатии аҳолӣ ва муҳити зист, ҳимояи молу мулки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз таъсири зараровари афканишоти ионофар анҷом дода мешавад.
2. Бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ аз ҷониби  истифодабаранда мутобиқи меъёрҳо ва қоидаҳои муқарраршуда таъмин  карда  мешавад.
3. Бо мақсади таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ зери назорат қарор додани таъсири манфии афканишоти ионофар ба кормандон, аҳолӣ ва муҳити зист, дар дастгоҳҳои истифодаи энергияи атомӣ минтақаҳои назоратӣ ва муоинавӣ таъсис дода мешаванд. 
Моддаи 13. Сохтмони дастгоҳи ядроӣ ва нуқтаҳои гӯронидан
1. Қарор дар бораи сохтмон ва минтақаи сохтмони дастгоҳи ядроӣ ва нуқтаи гӯронидан аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дар назар доштани омилҳои зерин қабул карда мешавад:
1) талабот ба онҳо барои ҳалли вазифаҳои хоҷагидории кишвар ва минтақаҳои ҷудогонаи он;
2) вуҷуд доштани шароити зарурӣ барои ҷойгиркунии объектҳои зикршуда, ки ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ ҷавобгӯ ҳастанд;
3) набудани таҳдид ба бехатарии объектҳои зикршуда аз тарафи объектҳои шаҳрвандӣ ва ҳарбии дар наздикӣ ҷойгиршуда;
4) талаботе, ки бо қонунгузории экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд;
5) оқибатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии эҳтимолии ҷойгиркунии объектҳои зикршуда барои рушди саноат, кишоварзӣ ва иҷтимоии минтақа.
2. Пас аз қабули қарор дар бораи сохтмон ва минтақаи сохтмон корҳо оид ба интихоби майдони ҷойгиркунии дастгоҳи ядроӣ ё нуқтаи гӯронидан анҷом дода мешаванд.
3. Майдони ҷойгиркунии дастгоҳи ядроӣ ё нуқтаи гӯронидан бояд бо дар назар доштани ҳолатҳои зерин муайян карда шавад:
1) таъсири берунаи эҳтимолии хусусияти табиӣ ва (ё) техногенидошта;
2) паҳншавии эҳтимолии моддаҳои радиоактивӣ;
3) имконияти  пешгирӣ  аз зарар ба аҳолӣ ва муҳити зист дар натиҷаи истифода аз дастгоҳи  ядроӣ ё нуқтаи гӯронидан ва ё дар натиҷаи ба  вуҷуд  омадани  ҳодисаҳо ё садамаҳо.
4. Лоиҳакашӣ, сохтмон ва ба истифода додани дастгоҳи ядроӣ ё нуқтаи гӯронидан мутобиқи Қонуни мазкур ва қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сохтмон анҷом дода мешаванд.
5. Ҳуҷҷатҳои лоиҳавии дастгоҳи ядроӣ ва нуқтаҳои гӯронидан бояд ҳатман аз экспертизаи бехатарии ядроӣ, радиатсионӣ ва амнияти ҷисмонии ядроӣ, ҳамчунин экологӣ ва санитарию эпидемиологӣ гузаранд.
6. Сохтмони дастгоҳи ядроӣ ва нуқтаи гӯронидан танҳо ба шахсони ҳуқуқӣ иҷозат дода мешавад.
Моддаи 14. Амнияти ҷисмонии ядроӣ
1. Ҳангоми иҷрои фаъолият дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ истифодабаранда амнияти ҷисмонии ядроиро таъмин мекунад. Санҷиши таъмини муҳофизати ҷисмонии дастгоҳи ядроӣ, манбаъҳои радиатсионӣ, маҳалҳои нигоҳдории маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ анҷом дода мешавад.
2. Барои таъмини амнияти ҷисмонии ядроӣ муҳофизати ҷисмонии объектҳои истифодаи энергияи атомӣ анҷом дода мешавад, ки бояд ҳолатҳои зеринро таъмин намояд:
1) муҳофизати объекти истифодаи энергияи атомӣ аз берункунии беиҷозат, тасарруфи маводи ядроӣ ва дигар маводи радиоактивӣ ё ғасби ғайриқонунии дастгоҳи ядроӣ;
2) муҳофизати объектҳои истифодаи энергияи атомӣ аз тахрибкорӣ;
3) сабук кардан ё ба ҳадди ақал расонидани оқибатҳои радиологии харобкории эҳтимолӣ дар объектҳои истифодаи энергияи атомӣ.
3. Муҳофизати дастгоҳи ядроии дорои категорияҳои 1 ва 2 хатари радиатсионӣ аз тарафи воҳидҳои махсуси муҳофизатии мақомоти корҳои дохилӣ анҷом дода мешавад.
4. Ҳангоми интиқоли маводи ядроӣ ва дигар маводи радиоактивӣ чорабиниҳо оид ба  таъмини муҳофизати ҷисмонӣ анҷом дода мешаванд.
Моддаи 15. Талабот ба таъмини муҳофизати ҷисмонии дастгоҳи ядроӣ, нуқтаи нигоҳдории маводи ядроӣ ва дигар маводи радиоактивӣ ва нуқтаи гӯронидани сӯзишвории ядроии истифодашуда ё партовҳои радиоактивӣ
1. Талабот ба таъмини муҳофизати ҷисмонии дастгоҳи ядроӣ, нуқтаи нигоҳдории маводи ядроӣ ва дигар маводи радиоактивӣ ва нуқтаҳои гӯронидани сӯзишвории ядроии истифодашуда ё партовҳои радиоактивӣ бо меъёрҳо ва қоидаҳо дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ муқаррар карда мешаванд.
2. Муҳофизати ҷисмонии дастгоҳи ядроӣ, нуқтаи нигоҳдории маводи ядроӣ ва дигар маводи радиоактивӣ ва нуқтаи гӯронидани сӯзишвории ядроии истифодашуда ё партовҳои радиоактивӣ бояд мутобиқи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ амалӣ карда шавад. 
3. Истифодаи дастгоҳи ядроӣ, нуқтаи нигоҳдории маводи ядроӣ, маводи радиоактивии дигар ва нуқтаи гӯронидани сӯзишвории ядроии истифодашуда ё партовҳои радиоактивӣ, инчунин, анҷом додани ҳар гуна корҳо оид ба истифода аз маводи ядроӣ ва моддаҳои радиоактивӣ, ки дар ҳар гуна шакл ва дар ҳар марҳилаи истеҳсол, истифода, коркард, интиқол, нигоҳдорӣ ё гӯронидан қарор доранд, манъ аст, агар чораҳо барои иҷрои талабот оид ба таъмини муҳофизати ҷисмонии объектҳои истифодаи энергияи атомӣ андешида нашуда бошанд. 
Моддаи 16. Низоми давлатии баҳисобгирӣ ва назорати маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти ионофар
1. Низоми давлатии баҳисобгирӣ, назорати маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти ионофар миқдори маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти ионофар, маҳалли ҷойгиршавии онҳо, пешгирии талафот, истифодаи беиҷозат ва тасарруф, пешниҳоди иттилооти фаврӣ дар мавриди мавҷудият ва интиқоли маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти ионофарро муайян ва таъмин менамояд. Низоми мазкур, инчунин, пешниҳоди маълумотро дар бораи аз ҳисоб хориҷ кардан ва гӯронидани манбаъҳо, содирот ва воридоти манбаъҳо ва маводи ядроӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, ба созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои дигар таъмин менамояд.
2. Маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти ионофар аз тарафи давлат ба ҳисоб гирифта шуда, мавриди назорат қарор дода мешаванд. Барои мақсадҳои мазкур мақоми ваколатдори давлатӣ низоми давлатии баҳисобгирӣ ва назорати маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти ионофарро ташкил медиҳад.
3. Истифодабаранда, ки бо истифода аз маводи ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти ионофар фаъолият мекунад, баҳисобгирии онҳо ва пешниҳоди маълумоти боэътимодро ба мақоми ваколатдори давлатӣ таъмин менамояд. 
Моддаи 17. Талабот нисбат ба истифодабаранда, уҳдадориҳои истифодабаранда
1. Истифодабаранда барои амнияти дастгоҳи ядроӣ, манбаи афканишоти ионофар, нуқтаи нигоҳдорӣ ва гӯронидан, инчунин, барои муносибати зарурӣ бо маводи ядроӣ ва дигар маводи радиоактивӣ дорои масъулияти пурра мебошад. 
2. Масъулият барои амнияти дастгоҳи ядроӣ, манбаи афканишоти ионофар, нуқтаи нигоҳдорӣ ва гӯронидан ҳатто дар сурати қатъ гардидани амали иҷозатнома ё муфлисшавӣ то гузаштани объектҳои мазкур ба дигар истифодабаранда ё гирифтани иҷозатномаи нав ба зиммаи истифодабаранда ва муассисони он (барои шахсони ҳуқуқӣ) боқӣ мемонад. 
3. Истифодабаранда уҳдадор аст: 
1) дорои захираҳои зарурии молиявӣ, моддию техникӣ ва кадрӣ бошад, ки барои таъмини амният дар ҳамаи марҳилаҳои давраи ҳаётии дастгоҳи истифодаи энергияи атомӣ кофӣ бошанд; 
2) барои иҷрои корҳо ҷиҳати аз истифода баровардани объектҳои истифодаи энергияи атомӣ, солимгардонии ҳудуд, гӯронидани партовҳои радиоактивӣ, бартараф кардани оқибатҳои вазъияти садамавӣ, ҷуброни зарар ба ҳаёт ва саломатии одамон, муҳити зист ва, ҳамчунин, молу мулки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тадбирҳо пешбинӣ намояд;
3) мутобиқати маҳсулот ва хизматрасониҳоеро, ки ба бехатарии объекти истифодаи энергияи атомӣ таъсир мерасонанд, санҷиш намояд;
4) фарҳанги бехатариро дар тамоми марҳилаҳои давраи ҳаётии дастгоҳи истифодаи энергияи атомӣ муқаррар ва риоя намояд;
5) талабот ва расмиёт оид ба санҷиши сифати истеҳсолкунӣ ва ё насби ашёи барои бехатарии объект муҳимбударо муқаррар ва риоя намояд.
4. Истифодабаранда талаботи зеринро таъмин менамояд:
1) дастгоҳи ядроӣ, манбаи афканишоти ионофар, нуқтаи нигоҳдорӣ ва гӯронидан танҳо барои мақсадҳои пешбинишуда истифода шаванд; 
2) равандҳои таҳия ва иҷрои барномаҳо, таъмини сифат дар ҳама марҳилаҳои давраи ҳаётии дастгоҳи истифодаи энергияи атомӣ ташкил ва ҳамоҳанг шаванд; 
3) тадбирҳо барои омодагӣ ба садама ва тадбирҳои зиддисадамавӣ дар дастгоҳи ядроӣ, манбаи афканишоти ионофар, нуқтаи нигоҳдорӣ ва гӯронидан, инчунин, тадбирҳо оид ба кам кардани оқибатҳои манфии садама барои кормандони объектҳои мазкур, аҳолӣ ва муҳити зист таҳия ва андешида шаванд; 
4) низоми муайянкунии номутобиқатӣ ва чораҳои ислоҳкунӣ дар тамоми марҳилаҳои давраи ҳаётии дастгоҳи истифодаи энергияи атомӣ таҳия ва амалӣ карда шаванд;
5) низоми идоракунии маъмурӣ бо мақсади таъмини ҳамаи талаботи танзимӣ ташкил ва ҷорӣ карда шаванд;
6) хусусиятҳо оид ба харид бо чунин тарз, ки сатҳи зарурии бехатарии объект таъмин гардад, таҳия карда шаванд;
7) вояи инфиродии афканишоти кормандони объектҳои истифодаи энергияи атомӣ ва амалисозии ҳуқуқи онҳо барои ҷуброн ба ҳисоб гирифта шаванд; 
8) кормандон ва сафарбаршудагон аз хавфи таъсири радиатсия тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ суғурта карда шаванд; 
9) уҳдадориҳои дигар, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардаанд, анҷом дода шаванд.
Моддаи 18. Ташкили назорати содирот дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ
Ташкили назорати содирот дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содирот» амалӣ карда мешавад.
Моддаи 19. Интиқоли маводи ядроӣ ва дигар маводи радиоактивӣ, сӯзишвории ядроии истифодашуда ва партовҳои радиоактивӣ
1. Интиқоли маводи ядроӣ ва дигар маводи радиоактивӣ, сӯзишвории ядроии истифодашуда ва партовҳои радиоактивӣ ҳамаи амалиёт  ва  шароитҳоеро  дар бар мегирад, ки ба омодасозӣ ва хизматрасонии маҷмуъҳои бастабандии нақлиётӣ ва, ҳамчунин, омодасозӣ, боргирӣ, фиристодан, интиқол, аз ҷумла нигоҳдории транзитӣ, борхоликунӣ ва қабул дар нуқтаи ниҳоии таъиноти борҳо марбут ҳастанд.
2. Фиристонанда, интиқолдиҳанда ва қабулкунандаи бор барои таъмини иҷрои талаботи бехатарии ядроӣ, радиатсионӣ ва амнияти ҷисмонии ядроӣ, ҳамчунин ташкили шароитҳои зарурии иҷрои бехатари интиқол мутобиқ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадор мебошанд. 
3. Интиқоли маводи ядроӣ ва сӯзишвории ядроии истифодашуда ҳангоми мавҷуд будани иҷозатнома барои фаъолият вобаста ба тамоми марҳилаҳои давраи ҳаётии дастгоҳи истифодаи энергияи атомӣ ба амал оварда мешавад.
4. Интиқоли маводи ядроӣ ва дигар маводи радиоактивӣ, сӯзишвории ядроии истифодашуда ва партовҳои радиоактивӣ дар маҷмуъҳои бастабандии нақлиётие анҷом дода мешавад, ки сохтори (конструксияи) онҳо аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ бо нишон додани рамз ва навъи бастабандии иҷозатдодашуда барои интиқоли маводи ядроӣ ва радиоактивӣ, сӯзишвории ядроии истифодашуда ва партовҳои радиоактивӣ, шароитҳои интиқол, шумора ва санаи бақайдгирӣ, муҳлати амали онҳо тасдиқ карда мешавад. 
Моддаи 20. Муомилот бо партовҳои радиоактивӣ ва сӯзишвории ядроии истифодашуда
1. Фаъолият вобаста ба муомилот бо партовҳои радиоактивӣ бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ» ва «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» танзим карда мешавад.
2. Ҷойгиркунии бехатари сӯзишвории ядроии истифодашуда бояд дар ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва истифодабарии фаъолияти мазкур пешбинӣ карда шавад.
3. Ба муомилот бо сӯзишвории ядроии истифодашуда танҳо шахсони ҳуқуқӣ иҷозат дода мешаванд. 
4. Муомилот бо сӯзишвории ядроии истифодашуда бояд иҷрои талаботи бехатарии ядроӣ, радиатсионӣ ва амнияти ҷисмонии ядроиро мутобиқ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ ва, ҳамчунин, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофшуда таъмин намояд.
Моддаи 21. Тахассуси кормандоне, ки дар объектҳои истифодаи энергияи атомӣ машғул ҳастанд
1. Барои таъмини бехатарии ядроӣ, радиатсионӣ ва амнияти ҷисмонии ядроӣ, омодагӣ ва эътино ба садамаҳои ядроӣ ва (ё) радиатсионӣ кормандоне, ки дар объектҳои истифодаи энергияи атомӣ машғул ҳастанд, бояд дорои тахассуси дахлдор бошанд. 
2. Шахсоне, ки дар объектҳои истифодаи энергияи атомӣ машғул ҳастанд, ба категорияҳои зерин ҷудо мешаванд:
1) коргар – корманде, ки басти пурра ё нопурраи кориро дошта ё ин ки муваққатӣ кироя кор мекунад ва ҳуқуқу уҳдадориҳои эътирофшударо нисбати муҳофизати радиатсионии касбӣ (муҳофизати радиатсионии кормандон) дорад, аз ҷумла кафшергарон, челонгарон, механикҳо, электрикҳо, операторони механизмҳо ва дигар кормандони боихтисос;
2) шахси масъул оид ба бехатарии радиатсионӣ – корманде, ки дар масъалаҳои муҳофизати радиатсионӣ вобаста ба намуди муайяни фаъолияти амалӣ салоҳияти техникӣ дорад ва аз ҷониби истифодабаранда барои назорати риояи талаботи дахлдори қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гаштааст; 
3) коршиноси ихтисосманд – корманде, ки дар асоси аттестатсияи мақоми ваколатдори давлатӣ ё ташкилоти дахлдор иҷозатнома ба фаъолияти касбӣ ё тахассуси академӣ ба даст овардааст ва таҷрибаи муайяни корӣ ва дониши махсуси соҳавӣ дорад;
4) мутахассис оид ба муҳофизат аз афканишот – корманде, ки дорои омодагӣ оид ба муҳофизати радиатсионӣ ва дигар фанҳои ихтисосии кофӣ барои иҷрои баҳодиҳии вазъи радиатсионӣ, барои паст кардани оқибатҳои радиологӣ ё барои назорати вояҳои гирифтаи шахсони эътинокунанда мебошад;
5) мутахассис оид ба баҳодиҳии вазъи радиат-сионӣ - корманде, ки дар мавриди ҳолати садамавии ядроӣ ва радиологӣ ба истифодабарандаи манбаи хатарнок бо роҳи гузаронидани таҳқиқи дозиметрӣ, гузаронидани баҳодиҳии вояҳо, назорати ифлосшавии радиоактивӣ, таъмини муҳофизати радиатсионии кормандони эътинокунанда ва таҳияи тавсияҳо доир ба чораҳои муҳофизатӣ кумак мерасонад;
6) мутахассисон – кормандоне, ки роҳбарони зинаи болоӣ, роҳбарони калон (сардорони шуъбаҳо ва бахшҳо), роҳбарони зинаи поёнӣ (операторҳои калон, сардорони гурӯҳҳои хизматрасонии техникӣ ва дастгирии техникӣ ва муовинони онҳо), кормандони муҳандисӣ ва (ё) илмӣ мебошанд ва фаъолияти онҳо ба истифодабарии объектҳои истифодаи энергияи атомӣ марбут аст;
7) техникҳо – кормандоне, ки техникҳои дастгоҳи назоратию андозагирӣ, техникҳои назорати радиатсионӣ, техникҳои ташхисгоҳи химиявӣ, техникҳо-механикҳо, техникҳо-электрикҳо ва техникҳои дастгоҳи электронӣ ва ҳамчунин дигар кормандони боихтисосро дар бар мегиранд, ки онҳо ба таври мустақим дар корҳои марбут ба истифодаи дастгоҳи ядроӣ машғул ҳастанд.
3. Кормандоне, ки дар объектҳои истифодаи энергияи атомӣ машғули кор мебошанд, бояд ба талаботи тахассусие, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда шудааст, ҷавобгӯ бошанд.
4. Ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ, ки дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ фаъолият мекунанд, ба объектҳои истифодаи энергияи атомӣ ҷалб кардани кормандони ба талаботи тахассусӣ мувофиқнабуда ва (ё) дорои нишондиҳандаи тиббии барои иҷрои намуди кори изҳоршуда ғайри қобили қабул иҷозат дода намешаванд. 
5. Барои дастгирии сатҳи муносиби касбӣ ва қонеъ сохтани талабот оид ба баланд бардоштани сатҳи дониш ва маҳорати кормандоне, ки дар объектҳои истифодаи энергияи атомӣ машғул ҳастанд, шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ фаъолияткунанда такмили ихтисоси кормандонро таъмин мекунанд. 
Моддаи 22. Аттестатсияи кормандоне, ки дар объектҳои истифодаи энергияи атомӣ фаъолият менамоянд
1. Кормандоне, ки дар объектҳои истифодаи энергияи атомӣ фаъолият менамоянд, ҷиҳати муайян кардани сатҳи мувофиқати ихтисос ва омодагии касбӣ ба вазифаҳои ишғолкарда аз аттестатсия мегузаранд. 
2. Мақоми ваколатдори давлатӣ аттестатсияи инҳоро мегузаронад:
1) мутахассисоне, ки ба уҳдадориҳои вазифавии онҳо идоракунии мустақими дастгоҳи ядроӣ, таъмини бехатарии ядроӣ, радиатсионӣ ва амнияти ҷисмонии ядроӣ ҳангоми иҷрои фаъолият дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ дохил мешаванд;
2) кормандони дастгоҳи ядроӣ, ки ба уҳда-дориҳои вазифавии онҳо баҳисобгирӣ ва назорати маводи ядроӣ, манбаъҳои афканишоти ионофар, партовҳои радиоактивӣ, таъмини муҳофизати ҷисмонии дастгоҳи ядроӣ ва маводи ядроӣ дохил мешаванд. Кормандони дигар аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродие, ки дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ фаъолият мекунанд, аттестатсия карда мешаванд.
3. Аттестатсияи кормандон ба намудҳои зерин ҷудо мешавад:
1) аттестатсияи аввалия;
2) аттестатсияи давравӣ;
3) аттестатсияи ғайринавбатӣ.
4. Иҷозат ба фаъолияти меҳнатӣ дар иншоотҳои истифодабарии энергияи атомӣ ба корманде, ки хулосаи комиссияи аттестатсиониро оид ба номувофиқатии сатҳи ихтисос ва омодагии касбӣ ба вазифаи ишғолнамудааш гирифтааст, манъ аст.
5. Тартиб ва асосҳои гузаронидани аттестатсияи кормандоне, ки дар объектҳои истифодаи энергияи атомӣ фаъолият мекунанд, аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ муайян карда мешаванд.
Моддаи 23. Аз истифода баровардани дастгоҳ, пеш аз муҳлат аз истифода баровардани дастгоҳи ядроӣ ё радиатсионӣ ва бастани нуқтаи гӯронидан
1. Истифодабаранда дар марҳилаи лоиҳакашии дастгоҳи ядроӣ ё нуқтаи гӯронидан нақшаи ибтидоии аз истифода баровардани дастгоҳи ядроӣ ё бастани нуқтаи гӯрониданро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ таҳия мекунад. 
2. Нақшаи ибтидоии аз истифода баровардан дорои тавсифи марҳилаҳои аз истифода баровардани дастгоҳи ядроӣ ё бастани нуқтаи гӯронидан, усулҳои таҷзияи конструксияи асосӣ, арзёбии арзиш ва муҳлатҳои иҷрои кор, захираҳои зарурӣ, тадбирҳо вобаста ба таъмини бехатарии ядроӣ, радиатсионӣ ва амнияти ҷисмонии ядроӣ, меъёрҳо ва хусусиятҳои асосии майдони ҷойгиркунии дастгоҳи ядроӣ пас аз истифода баровардани он ё нуқтаи гӯронидан пас аз бастан мебошад. 
3. Ҳангоми истифодаи дастгоҳи ядроӣ ё нуқтаи гӯронидан нақшаи ибтидоии аз истифода баровардан бо дар назар доштани ихтирооти нави техникӣ ва технологӣ, тағйироти талаботи бехатарии ядроӣ, радиатсионӣ ва амнияти ҷисмонии ядроӣ, арзиши корҳо ва захираҳои зарурӣ бознигарӣ ва навсозӣ карда мешаванд.
4. Ҳангоми қабули қарор дар бораи аз истифода баровардани дастгоҳи ядроӣ ё бастани нуқтаи гӯронидан истифодабаранда нақшаи ниҳоии аз истифода бароварданро бо дар назар доштани технологияҳо, методика, нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ таҳия мекунад. Нақшаи ниҳоии аз истифода баровардан асос барои лоиҳакашӣ ва баргузор намудани корҳо дар хусуси аз истифода баровардани дастгоҳи ядроӣ ё бастани нуқтаи гӯронидан мебошад.
5. Қарор дар бораи қатъ кардани истифодаи дастгоҳ аз ҷониби истифодабаранда ба таври мустақил дар ҳар марҳилаи ҳаётӣ қабул карда мешавад. Дар ин замина истифодабаранда ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба қарори қабулшуда, санаи оғоз ва муҳлатҳои иҷрои корҳо оид ба аз истифода баровардани он иттилоъ медиҳад. Истифодабаранда иҷрои корҳоро аз рӯи нақшаи аз истифода баровардан дар ҳаҷми пурра таъмин менамояд. 
6. Қарор дар бораи пеш аз муҳлат аз истифода баровардани дастгоҳи ядроӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ дар сурати вайрон кардани талаботи истифодаи бехатари ядроӣ, ки ба садамаи ядроӣ ва (ё) радиатсионӣ оварда расонидааст ё метавонад оварда расонад ва беқобилиятии асосноки аз ҷониби истифодабаранда таъмин гардидани истифодаи бехатари баъдии дастгоҳи ядроӣ, қабул карда мешавад. 
7. Қарор дар бораи бастани нуқтаи гӯронидан аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ баъди ба охир расидани чорабиниҳо оид ба бастани он қабул карда мешавад. Пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ ба чорабиниҳо оид ба бастани нуқтаи гӯронидан, ки аз тарафи истифодабаранда иҷро шудаанд, асоснок карда мешавад, аз ҷумла:
1) солимгардонии ҳудуде, ки дар натиҷаи истифодаи нуқтаи гӯронидан ифлос шудааст; 
2) баргузор намудани андозагириҳои назоратии вазъияти радиатсионӣ дар майдони ҷойгиркунии нуқтаи гӯронидан;
3) тартиб додани бастаи ҳуҷҷатҳо барои интиқол ба бойгонӣ бо тавсифи пурраи партовҳои радиоактивии гӯронидашуда, конструксияҳои нуқтаи гӯронидан, хусусиятҳои геотектоникӣ, геологӣ ва геофизикии майдони ҷойгиркунии нуқтаи гӯронидан. 
Моддаи 24. Омодагӣ ва эътино ба садама 
1. Нақшаи миллии эътино ба садамаҳои ядроӣ ва радиатсионӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зерин ҷорӣ карда мешавад:
1) дар сурати хориҷ шудан ё таҳдиди хориҷ шудани омилҳои таъсири садамаи ядроӣ ё радиатсионӣ берун аз ҳудуди майдони ҷойгиркунии дастгоҳи садамавии ядроӣ, радиатсионӣ ё электрофизикӣ;
2) ҳангоми садамаҳои фаромарзии ядроӣ ё радиатсионӣ, ки дар ҳудуди кишвари дигар рух додаанд ва таъсири онҳо ё таҳдиди таъсири онҳо ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн мешавад.
2. Нақшаи миллии эътино ба садамаҳои ядроӣ ва радиатсионӣ ҳолатҳои зеринро муайян мекунад:
1) ҳуқуқу уҳдадориҳои мақомоти иҷроияи мар-казӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҳамчунин шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ дар мавриди садамаи ядроӣ ё радиатсионӣ; 
2) тартиби амалҳо ва идоракунии чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва эътино ба садамаҳои ядроӣ ва радиатсионӣ;
3) ҳамоҳангсозии амалҳои ташкилот ва мақо-моти давлатӣ дар мавриди садамаҳои ядроӣ ё радиатсионӣ ва бартараф кардани оқибатҳои он.
3. Ҳангоми гирифтани иттилоот дар бораи садамаи дахлдори ядроӣ ё радиатсионӣ мақоми ваколатдори давлатӣ фавран дар ин бора ва ҳамчунин дар бораи амалӣ намудани нақшаи миллии эътино ба садамаҳои ядроӣ ва радиатсионӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ иттилоъ медиҳад. 
4. Истифодабарандагон нақшаҳои чорабиниҳои зиддисадамавиро тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ мекунанд. Дар нақшаҳои чорабиниҳои зиддисадамавӣ тартиби амалҳо ва чорабиниҳо ҳангоми ҳодисаҳо ва бартараф кардани садамаҳо ва оқибатҳои онҳо барои ба ҳадди ақал расонидани таъсири эҳтимолӣ ба кормандон, аҳолӣ ва муҳити зист мутобиқи категорияҳои хатари радиатсионии дастгоҳи ядроӣ пешбинӣ карда мешавад. 
5. Истифодабарандагон дар тамоми марҳилаҳои давраи ҳаётии дастгоҳи истифодаи энергияи атомӣ иҷрои чорабиниҳоро оид ба омодагӣ ва эътино ба садама таъмин менамоянд. 
6. Дар сурати рух додани садамаҳо ва ҳодисаҳои фаромарзӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ мақоми ваколатдори давлатӣ ба таври муштарак бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ тадбирҳоро оид ба огоҳсозӣ ва эътино мутобиқ бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон меандешанд.
БОБИ 4. ЭКСПЕРТИЗАИ БЕХАТАРИИ ЯДРОӢ, РАДИАТСИОНӢ ВА АМНИЯТИ ҶИСМОНИИ ЯДРОӢ. АККРЕДИТАТСИЯИ ТАШКИЛОТҲОЕ, КИ ЭКСПЕРТИЗАИ БЕХАТАРИИ ЯДРОӢ, РАДИАТСИОНӢ ВА АМНИЯТИ ҶИСМОНИИ ЯДРОИРО АНҶОМ МЕДИҲАНД
Моддаи 25. Экспертизаи бехатарии ядроӣ, радиатсионӣ ва амнияти ҷисмонии ядроӣ
1. Экспертизаи бехатарии ядроӣ, радиатсионӣ ва амнияти ҷисмонии ядроӣ бо мақсади анҷом додани арзёбии мустақили амнияти дастгоҳи ядроии категорияҳои 1 ва 2 хатари радиатсионӣ, маҷмуъҳои нақлиётии бастабандӣ дар тамоми давраи вақте гузаронида мешавад, ки дар ин муддат онҳо метавонанд хатари эҳтимолӣ дошта бошанд. 
2. Давраи баргузор намудани экспертизаи бехатарии ядроӣ, радиатсионӣ ва амнияти ҷисмонии ядроӣ дар се сол як маротиба мебошад. 
3. Экспертизаи бехатарии ядроӣ, радиатсионӣ ва амнияти ҷисмонии ядроӣ аз ҷониби ташкилотҳое гузаронида мешавад, ки онҳо барои иҷрои намуди мазкури фаъолият аз аккредитатсияи мақоми ваколатдори давлатӣ гузашта бошанд. Шахсоне, ки дар муносибатҳои наздики хешовандӣ ё муносиб бо шахсони мансабдори истифодабаранда қарор доранд ва ё дар муносибатҳои меҳнатӣ ё дигар муносибатҳои шартномавӣ бо истифодабаранда қарор доранд, ҳамчун коршинос наметавонанд баромад кунанд. 
4. Ҳуҷҷатҳо барои экспертизаи бехатарии ядроӣ, радиатсионӣ ва амнияти ҷисмонии ядроӣ аз ҷониби истифодабаранда пешниҳод карда мешавад, ки баҳрабардории объектҳои истифодаи энергияи атомиро анҷом медиҳад. 
5. Аз рӯи натиҷаҳои гузаронидани экспертизаи бехатарии ядроӣ, радиатсионӣ ва амнияти ҷисмонии ядроӣ хулоса дар бораи қобили қабул ва имконпазир будани қабули қарор оид ба амалисозии объекти экспертиза дода мешавад. 
6. Гирифтани хулосаи манфии экспертиза истифодабарандаро, ки баҳрабардории объектҳои истифодаи энергияи атомиро анҷом медиҳад ва ҳамаи эродҳои дар хулосаи коршиносӣ зикршударо бартараф намудааст, аз ҳуқуқи муроҷиати такрорӣ барои гузаронидани экспертиза маҳрум намесозад. 
7. Маблағгузории экспертизаи бехатарии ядроӣ, радиатсионӣ ва амнияти ҷисмонии ядроӣ аз ҳисоби маблағҳои истифодабаранда, ки баҳрабардории объектҳои истифодаи энергияи атомӣ ё дигар манбаъҳоеро, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда нашудаанд, анҷом медиҳад. 
Моддаи 26. Объектҳои экспертизаи бехатарии ядроӣ, радиатсионӣ ва амнияти ҷисмонии ядроӣ 
Ҳуҷҷатҳои зерин мавриди экспертизаи бехатарии ядроӣ, радиатсионӣ ва амнияти ҷисмонии ядроӣ қарор мегиранд: 
1) ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ барои интихоби майдонҳои ҷойгиркунӣ ва сохтмони дастгоҳи ядроии дорои категорияҳои 1 ва 2 хатари радиатсионӣ;
2) ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва истифодабарии даст-гоҳи ядроии дорои категорияҳои 1 ва 2 хатари радиатсионӣ, маҷмуъҳои бастабандии нақлиётӣ;
3) ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ оид ба навсозии техникии дастгоҳи ядроии дорои категорияҳои 1 ва 2 хатари радиатсионӣ, маҷмуъҳои бастабандии нақлиётӣ;
4) ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва истифодабарӣ оид ба аз истифода гирифтани дастгоҳи ядроии дорои категорияҳои 1 ва 2 хатари радиатсионӣ, маҷмуъҳои бастабандии нақлиётӣ.
Моддаи 27. Аккредитатсияи ташкилотҳое, ки экспертизаи бехатарии ядроӣ, радиатсионӣ ва амнияти ҷисмонии ядроиро анҷом медиҳанд
1. Мақоми ваколатдори давлатӣ аккредитатсияи ташкилотҳоеро мегузаронад, ки онҳо экспертизаи бехатарии ядроӣ, радиатсионӣ ва амнияти ҷисмонии ядроиро анҷом медиҳанд.
2. Аз рӯи натиҷаҳои гузаронидани аккредитатсия шаҳодатнома оид ба аккредитатсия дода мешавад. Муҳлати амали шаҳодатнома оид ба аккредитатсия се сол аст. Шаҳодатнома оид ба аккредитатсия соҳаи аккредитатсия, намудҳои корҳо дар соҳаи аккредитатсия, методикаи татбиқшавандаи ҳисобкуниҳо ва воситаҳои барномавию техникиро дар бар мегирад. 
3. Ташкилоте, ки экспертизаи бехатарии ядроӣ, радиатсионӣ ва амнияти ҷисмонии ядроиро анҷом медиҳад, бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошад:
1) доштани на камтар аз панҷ соли таҷрибаи кори амалӣ дар соҳаи аккредитатсия ё фаъолияте, ки ба таври мустақим ба соҳаи аккредитатсия алоқаманд аст;
2) доштани кормандони боихтисос, ки метавонанд иҷрои корҳоро дар соҳаи муносиби аккредитатсия таъмин намоянд;
3) доштани воситаҳои барномавию техникӣ ва (ё) методикаи ҳисобкуниҳо барои иҷрои намудҳои корҳои зикршуда.
4. Баррасии ҳуҷҷатҳо оид ба аккредитатсия аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар тули сӣ рӯз аз рӯзи қабули онҳо анҷом дода мешавад. 
5. Барои рад кардани аккредитатсияи ариза-диҳанда ҳолатҳои зерин асос шуда метавонанд:
1) дар ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда мавҷуд будани иттилооти нодуруст;
2) номувофиқатии ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ба талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3) номувофиқатии ихтисоси кормандони ариза-диҳанда бо соҳаи зикршудаи аккредитатсия;
4) номувофиқатии методикаи ҳисобкунӣ ва воситаҳои барномавӣ бо соҳаи зикршудаи аккредитатсия;
5) мавҷуд будани қарори суд дар бораи манъ кардани фаъолият оид ба намуди зикршуда. 
6. Нисбат ба қарор дар бораи рад кардани аккредитатсия тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят бурдан мумкин аст. 
7. Ташкилотҳои аккредитатсияшуда уҳдадоранд:
1) тибқи дархости мақоми ваколатдори давлатӣ ҳуҷҷатҳои марбут ба анҷоми фаъолиятро дар соҳаи аккредитатсия пешниҳод намоянд;
2) иттилооти махфиеро, ки дар рафти иҷрои корҳо ба даст омадааст, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифшо накунанд. 
8. Мақоми ваколатдори давлатӣ рӯйхати ташки-лотҳои аккредитатсияшударо, ки экспертизаи бехатарии ядроӣ, радиатсионӣ ва амнияти ҷисмонии ядроиро анҷом медиҳанд, пеш мебарад. 
9. Ташкилотҳои аккредитатсияшуда ҳангоми баргузор намудани экспертизаи бехатарии ядроӣ, радиатсионӣ ва амнияти ҷисмонии ядроӣ методикаи ҳисобкуниҳоеро амалӣ менамоянд, ки бо мақоми ваколатдори давлатӣ мувофиқа карда шудааст. 
БОБИ 5. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ ШАХСОНИ ВОҚЕӢ ВА ҲУҚУҚӢ
Моддаи 28. Ҳуқуқҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ ҳуқуқ доранд: 
1) тавассути мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба истифодаи энергияи атомӣ ва воситаҳои ахбори омма дар бораи бехатарии объектҳои барои сохтмон пешбинишуда, объектҳои лоиҳакашӣ, бунёдшаванда, истифодашаванда ва аз истифода баровардашавандаи энергияи атомӣ, дар бораи назорати амалишавандаи вазъияти радиатсионӣ дар маҳалҳое, ки онҳо истиқомат ё кору фаъолият мекунанд, ҳамчунин дар бораи вояи шуоъгирӣ маълумот ба даст оранд; 
2) экспертизаи экологии ҷамъиятии ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва назорати вазъияти радиатсионии муҳити зистро бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳанд;
3) ҷуброни дар натиҷаи садамаи ядроӣ ё ради-атсионӣ расонидашударо аз истифодабаранда, ки ба садамаи мазкур роҳ додааст, талаб кунанд.
Моддаи 29. Уҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадоранд қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки истифодаи энергияи атомиро ба танзим медарорад, риоя намуда, талаботи меъёру қоидаҳои бехатарӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ ва ҳамчунин талаботи шахсони мансабдори ташкилотҳо оид ба истифода аз энергияи атомиро иҷро намоянд.
Моддаи 30. Ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи истифодаи нолозими объектҳои энергияи атомӣ расонида шудааст 
1. Зарари ба саломатии шахсони воқеӣ расонидашуда ва ҳамчунин зарар ба шахсоне, ки вобаста ба марги саробон дар натиҷаи истифодаи нолозим аз объектҳои энергияи атомӣ ба онҳо расонида шудааст, бояд аз ҳисоби расонандаи зарар дар ҳаҷми пурра бо дар назар доштани дараҷаи аз даст додани қобилияти меҳнатии зарардида, хароҷот барои табобати ӯ, барқарорсозии саломатӣ, нигоҳубини бемор ва кумакпулиҳои таъиншуда мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда шавад. 
2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз расонандагони зарар ҷуброни пурраи зарари молумулкии вобаста ба истифодаи нолозим аз объектҳои энергияи атомӣ аз ҷониби ташкилотҳо ва шаҳрвандон расида ва хароҷоти ташкилотҳоро новобаста аз шакли моликияти онҳо ва шахсони воқеиро, ки онҳо дар корҳои садамавию наҷотбахшӣ ва бартараф кардани оқибатҳои истифодаи номувофиқ аз объектҳои энергияи атомӣ иштирок намудаанд, талаб намоянд. 
3. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар истифодаи номувофиқи объектҳои энергияи атомӣ гунаҳгоранд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадоранд зарари ба замин, об, олами набототу ҳайвонот расонидашуда, аз ҷумла хароҷоти солимгардонии замин ва барқарорсозии ҳосилхезии табиии заминро ҷуброн намоянд. 
БОБИ 6. КАФОЛАТҲОИ ЯДРОӢ
Моддаи 31. Уҳдадории истифодаи осоиштаи энергияи атомӣ
1. Маводи ядроӣ ва радиоактивӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ба мақсадҳои осоишта ва тибқи уҳдадориҳое, ки аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон бармеояд, истифода мешаванд. 
2. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама гуна фаъолият бо мақсади таҳқиқот, озмоиш, рушд, сохтан, истеҳсол, воридот, воридоти муваққатӣ, содирот, транзит, дар ихтиёр доштан, паҳн кардан, фурӯш, таъмир, ба истифода даровардан, корбаст, иҷора, ҷойгиркунӣ ва тарконидани силоҳи ядроӣ, ҳар гуна таҷҳизоти ядроии тарканда ё таҷҳизоти тарканда бо маводи радиоактивӣ манъ аст.
Моддаи 32. Низоми кафолатҳои ядроӣ 
1. Дар доираи амалисозии муқаррароти Созишнома оид ба паҳн накардани силоҳи ядроӣ ва Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии байналмилалии энергияи атомӣ дар бораи татбиқи кафолатҳо дар робита бо Созишнома оид ба паҳн накардани силоҳи ядроӣ ва Протоколи иловагӣ ба Созишномаи мазкур (минбаъд - Созишнома) мақоми ваколатдори давлатӣ дар сатҳи миллӣ иҷрои уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати кафолатҳои ядроӣ, ки аз талаботи Созишнома бармеояд, идора ва ҳамоҳанг месозад, аз ҷумла:
1) вобаста ба пешниҳоди иҷозат, санҷиш ва назорати шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ки оид ба амалӣ намудани кафолатҳо уҳдадоранд, инчунин, нисбати татбиқи муҷозот ҷиҳати риоя накардани чораҳои барои амалӣ намудани кафолатҳои зарурӣ талабот муқаррар менамояд;
2) барои ворид гаштани намояндагони Агентии байналмилалии энергияи атомӣ ба объектҳо, макони берун аз дастгоҳ ва дилхоҳ майдону маконҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ворид шудан ба онҳо барои амалӣ намудани фаъолияти санҷишӣ дар асоси Созишнома иҷозат дода шудааст, мусоидат мекунад; 
3) дар ҳолатҳои муайяншуда нозирони Агентии байналмилалии энергияи атомиро ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти санҷишии онҳо ҳамроҳӣ менамояд;
4) аз мақомоти давлатӣ, шахсони ҳуқуқию соҳиб-корони инфиродӣ ҳамаи маълумотеро, ки барои амалӣ намудани Созишнома зарур аст, талабу ҷамъоварӣ менамояд, пешбурд ва пешниҳоди чунин маълумотро ба Агентии байналмилалии энергияи атомӣ амалӣ менамояд;
5) ҳуҷҷатҳои танзимиро, ки барои иҷрои Созишнома заруранд, қабул менамояд;
6) ҳамкориҳои дахлдорро бо дигар мақомоти давлатӣ дар доираи иҷрои ин уҳдадориҳо амалӣ менамояд.
2. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ уҳдадоранд, ки бо намояндагони Агентии байналмилалии энергияи атомӣ ҳангоми санҷиш дар татбиқи чораҳо оид ба кафолатҳо ҳамкорӣ намоянд.
3. Фаъолият оид ба таҳқиқот ва коркарди марбут ба давраи сӯзишвории ядроӣ, ки ба он талаботи Созишнома паҳн мешавад, танҳо бо огоҳсозӣ оид ба фаъолият ва пешниҳоди маълумоти зарурӣ ва ба даст овардани иҷозати пешакии мақоми ваколатдори давлатӣ метавонад шуруъ шавад.
БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 33. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. 
Моддаи 34. Аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи энергияи атомӣ»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи энергияи атомӣ» аз 9 декабри соли 2004 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2004, №12, қ.1, мод. 696) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 35. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                            Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 23 декабри соли 2021, № 1845