ДАСТУРИ ИСТИФОДАБАРАНДА

ХУШ ОМАДЕД БА CОМОНАИ РАСМИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

КОР БО МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Муҳтарам меҳмонон ва истифодабарандагони сомонаи расмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММҚ),

Барои оғози кор бо «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) ба блоки бо номи шабеҳ дар сомонаи расмии ММҚ зер кунед. Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» кушодашаванда буда, ҳамеша дар қисми болои сомона дастрас аст. Шумо инчунин метавонед ба «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) аз феҳристи асосӣ (меню асосӣ) бо зеркунии пайванди «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрасӣ пайдо намоед.

БЛОКИ «МАХЗАНИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» (МҚҶТ)

Блоки «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Ҳамаи модулҳо ва имконоти ҷустуҷӯи санадҳо дар «Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (МҚҶТ) мустақилона кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми кор бо МҚҶТ ворид кардани «Ном»-и санад ва бо ҳамроҳи он интихоб кардани ҳамаи имконоти дигар, масалан «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра ҳатмӣ нест. Аммо барои ҷустуҷӯи васеъ шумо метавонед аз ҳамаи имконоти ҷустуҷӯи санадҳо ба таври дилхоҳ истифода баред. Ҳамаи санадҳое, ки ба МҚҶТ ворид шуданд дар зери «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ», яъне дар «Ҷадвали санадҳо» дастрасанд.

ЛАВҲАИ ИМКОНОТИ ҶУСТУҶӮ

Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ

ҶАДВАЛИ САНАДҲО

Ҷадвали санадҳо

 

ТУГМАҲОИ «ТАТБИҚ КАРДАН» ва «БОЗСОЗӢ»

Тугмаҳо

Тугмаи «Татбиқ кардан»: Баъд аз он ки Шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» имконоти дилхоҳро ворид карда, интиход мекунед, барои намоиш додани натиҷа тугмаи «Татбиқ кардан»-ро зер кунед. Аммо, вақте ки шумо дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» дархостеро ворид мекунед ё имконеро интихоб менамоед, онҳо ба таври худкор дарҳол татбиқ карда мешаванд.

Тугмаи «Бозсозӣ»: Агар хоҳед, ки ҳамаи дархостҳо ва имконотеро дар «Лавҳаи имконоти ҷустуҷӯ» лағв кунед, аз тугмаи «Бозсозӣ» истифода баред.

Агар шумо хоҳед, ки номи санади дақиқро аз санадҳои дар махзан мавҷудбуда ба даст оред, калидвожаи номи санадро ба сатри «Ном» ворид намоед. Ҳамаи санадҳое, ки дорои калидвожаи воридуша мебошанд нишон дода мешаванд. Масалан, агар шумо калидвожаи «дастрасӣ»-ро ворид кунед, санадҳое, ки калимаи «дастрасӣ»-ро дар бар мегиранд, дар «Ҷадвали санадҳо» нишон дода мешаванд (масалан, ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ)

САТРИ «НОМ»

Шумо инчунин метавонед санадҳоро аз рӯи муҳтаво бо истифодаи сатри «Матни асосӣ» ва полои дилҳол ҷустуҷӯ намоед. Масалан, барои ёфтани санад(ҳо)и дорои калима(ҳо), калидвожа(ҳо) ё ибора(ҳо)и лозимӣ, ба сатри «Матни асосӣ» дархостро ворид намуда, имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед. Санадҳои дархостшуда ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред. Ҳамин тавр аз имкони «Дар бар намегирад» ё имконоти ҷустуҷӯи дигар истифода баред, Масалан, агар шумо ба сатри «Матни асосӣ» калимаи «Интернет»-ро ворид кунед ва имкони «Дар бар мегирад»-ро интихоб намоед, саданҳое, ки дар муҳтавои худ дорои калимаи «Интернет» мебошанд, нишод дода мешаванд.

САТРИ «МАТНИ АСОСӢ»

Сатри «Матни асосӣ»

Шумо метавонед санадҳоро аз рӯи «Ном», «Таснифгар», «Мақомот», «Рақам», «Сана», «Матни асосӣ» ва ғайра алоҳида ё якҷоя ба таври дилхоҳ ҷустуҷӯ намоед.

Масалан, агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо «Аз рӯи моҳ ва сол» ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз рӯи моҳ ва сол» бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Агар хоҳед, ки санадҳоро танҳо дар давраи муайян ҷустуҷӯ кунед, танҳо аз имкони «Аз санаи интихобшуда» ва/ё «То санаи интихобшуда» алоҳида ё якҷоя бо интихоби моҳ ва сол истифода баред. Санадҳо ба таври худкор нишон дода мешаванд. Ё ин ки аз тугмаи «Татбиқ кардан» истифода баред.

Ҳамин тавр Шумо метавонед ҳар гуна санадҳои махзанро алоҳида ё бо интихоби имконоти иловагӣ ҷустуҷӯ намоед ва ба даст оред.

Барои дидани санад ва мутолиа кардани он, аз тугмаи «ДИДАН» истифода баред ва барои пинҳон кардани он, аз тугмаи «ПИНҲОН КАРДАН» истифода баред.

ТУГМАҲОИ «ДИДАН» ва «ПИНҲОН КАРДАН»

Тугмаҳои ДИДАН ва ПИНҲОН КАРДАН

Шумо ҳам метавонед, бо зеркунии пайванди номи санад онро дар саҳифаи алоҳида кушоед ё ин ки дар форматҳои Word, PDF ва ZIP аз сомонаи мо боргирӣ намоед.

ЗАМИМА ДАР ФОРМАТҲОИ WORD, PDF ва ZIP (ДАР ҶАДВАЛИ САНАДҲО)

Замима

КОР БО СОМОНАИ РАСМӢ - БАҚАЙДГИРӢ ВА ВОРИДШАВӢ

Ҳамаи маводҳои Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ахбори омма дахл доранд, дар сомонаи мо дастрасанд. Барои гирифтани маълумот Шумо метавонед аз Феҳристи асосӣ (менюи асосӣ), Харитаи сомона, имкони Ҷустуҷӯ ва Ҷустуҷӯи васеъ истифода баред.
Барои бақайдгирӣ дар сомонаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лутфан ба таври расмӣ муроҷиат намоед. Корбарони бақайдгирифташуда метавонанд аз имкониятҳои иловагӣ истифода баранд, масалан, пайдо кардани дастрасӣ ба лоиҳаҳои санадҳо.

 

Махзани Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Калидвожаро ворид намоед
Рақамеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Калидвожа ё ибораеро ворид намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Моҳ ва солро интихоб намоед (ҳатмӣ нест)
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2033 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ФАРҲАНГ” Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.02.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонун 2026 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 03.01.2024 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP
Матни асосӣ:
Таснифгар Рақам Ном Мақомот Санаsort ascending Ҳолат Замима
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 2012 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2024 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18.11.2023 Амалкунанда Microsoft Office document icon WORD PDF icon PDF Package icon ZIP

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛӢ ВА ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

-A A +A
Ношири мавод: Шамсидинзода Искандари Бобоназар... Санаи интишор: Сшб, 19/01/2021 - 11:20
Тоҷикӣ
Замима: 
Таснифгар: 
ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНӢ
Рақам: 
43
Мақомот: 
Маҷлиси Олии ҶТ
Ҳолат: 
Амалкунанда
Сана: 
06.08.2001
ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛӢ ВА ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, № 7, мод. 517; с. 2003, № 12, мод. 689; с. 2004, № 12, қ. 1, мод. 698; с. 2005, № 7, мод. 397; с. 2006, № 3, мод. 145; с. 2007, № 7, мод. 654; с. 2011, № 12, мод. 831, мод. 832; с. 2012, № 8, мод. 812; с. 2016, № 7, мод. 601; с. 2017, №7-9, мод. 564)
(Қонуни конст. ҶТ аз 8.12.2003 № 61, аз 9.12.2004 № 71, аз 25.07.2005 № 106, аз 3.03.2006 № 163, аз 30.07.2007 № 304, аз 26.12.2011 № 795, аз 26.12.2011 № 796, аз 01.08.2012 № 897, аз 23.07.2016 № 1324, аз 18.07.2017 № 1454, аз 17.12.2020 № 1749, аз 25.06.2021 № 1799, аз 08.06.2022 № 1871, аз 19.07.2022 № 1889).
Қонуни конститутсионии мазкур ҳуқуқ, вазифа, масъулият ва кафолатҳои ҳуқуқию иҷтимоии узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар мекунад.
БОБИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМИ
Моддаи 1. Узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон
Узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон намояндаи ваколатдори халқ мебошанд.
Узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон салоҳияти қонунгузори ва дигар салоҳияте, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии мазкур ва қонунҳо муқаррар намудаанд, амали мекунанд (Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.2016 № 1324).
Моддаи 2. Қонунгузори дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон
(Қонуни конст. ҶТ аз 30.07.2007 № 304)
Қонунгузори дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии мазкур, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.
Моддаи 3. Мӯҳлати ваколати узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон
Узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон ба мӯҳлати 5 сол интихоб ва таъин мешаванд.
Ваколати узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон аз рӯзи тасдиқ намудани ваколати онҳо аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз меёбад.
Ваколати узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон дар рӯзи оғози фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати нав қатъ мегардад (Қонуни конст. ҶТ аз 30.07.2007 № 304).
Ҳар Президенти собиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон узви якумраи Маҷлиси милли мебошад, агар ӯ аз истифодаи ин ҳақ даст накашад.
Моддаи 3(1) Савганди узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон
(Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.2016 № 1324)
Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон баъди интихоб ё таъин шудан дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ба халқи Тоҷикистон савганд ёд мекунанд:
Ман (насаб, ном ва номи падар), ҳамчун узви Маҷлиси миллии (вакили Маҷлиси намояндагони) Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарки масъулият ба халқи Тоҷикистон, савганд ёд мекунам, ки манфиатҳои миллат ва давлатро аз ҳама боло гузошта, фаъолияти худро дар асоси Қонститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намуда, тамоми неру, дониш ва таҷрибаамро барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, таҳкими ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона сохта, дар таҳия ва қабули қонунҳо содиқона ва поквиҷдонона иштирок менамоям (Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.2016 № 1324, аз 19.07.2022 № 1889).
Ҳангоми савгандёдкунии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон дар толори Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 19.07.2022 № 1889).
Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон аз минбар рост истода, дасти рости худро ба болои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта, савганд ёд мекунанд.
Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон пас аз савгандёдкунӣ ба зери матни савганд имзо гузошта, онро ба раисикунандаи иҷлосия месупоранд.
Матни савганди имзонамудаи узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон дар парвандаи шахсии онҳо нигоҳ дошта мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 19.07.2022 № 1889).
Моддаи 4. Пеш аз мӯҳлат қатъ гардидани ваколати узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон
Ваколати узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон дар мавридҳои зерин пеш аз мӯҳлат қатъ мегардад:
1) ҳангоми вафот;
2) истеъфо;
3) ғайри қобили амал эътироф шудани онҳо аз ҷониби суд;
4) эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд (Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.2016 № 1324);
5) қатьи шаҳрвандӣ;
6) соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар (Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.2016 № 1324);
7) тарки доимии ҷумҳури;
8) ишғоли вазифае, ки ба ваколати узви Маҷлиси милли мувофиқ нест;
9) парокандашавии Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон (Қонуни конст. ҶТ аз 9.12.2004 № 71).
Ҳангоми ба вазифаи дигар таъин намудани вакили Маҷлиси намояидагон ваколати ӯ пеш аз мӯҳлат қатъ мегардад (Қонуни конст. ҶТ аз 30.07.2007 № 304).
Дар мавридҳои пешбининамудаи бандҳои 1)-8) қисми якуми ҳамин модда Маҷлиси милли ё Маҷлиси намояндагон дар бораи пеш аз мўҳлат қатъ гардидани ваколати узви Маҷлиси милли ё вакили Маҷлиси намояндагон бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзо ё вакилон қарор қабул мекунанд ки он аз лаҳзаи қабул шуданаш амалӣ мегардад (Қонуни конст. ҶТ аз 9.12.2004 № 71, аз 30.07.2007 № 304, аз 08.06.2022 № 1871).
Дар мавриди пешбининамудаи банди 9), қисми якуми ҳамин модда ваколати узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон дар асоси қарори якҷояи Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон дар бораи пеш аз мўҳлат ихтиёран пароканда шудани Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон, ки бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои Маҷлиси милли ва вакилони Маҷлиси намояндагон қабул карда мешавад, қатъ мегардад (Қонуни конст. ҶТ аз 9.12.2004 № 71, аз 08.06.2022 № 1871).
Моддаи 5. Шаҳодатнома, нишони сарисинагии узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон
Узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон дар давоми мӯҳлати ваколатҳояшон аз шаҳодатнома ва нишони сарисинаги истифода мекунанд. Низомнома дар бораи шаҳодатнома ва нишони сарисинагии узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин намунаи онҳоро Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон тасдиқ мекунанд.
Моддаи 6. Шартҳои амалӣ намудани фаъолияти узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон
(Қонуни конст. ҶТ аз 30.07.2007 № 304)
Узви Маҷлиси милли ваколатҳои худро аз фаъолияти истеҳсолию хизмати ҷудо нашуда, ба амал мебарорад. Узви Маҷлиси милли барои ба амал баровардани фаъолияташ мувофиқи қонун аз иҷрои вазифаҳои истеҳсоли ва хизмати озод карда мешавад.
Узви Маҷлиси милли наметавонад дар як вақт вакили Маҷлиси намояндагон ё вакили зиёда аз ду мақомоти намояндаги бошад.
Вакили Маҷлиси намояндагон фаъолияти худро дар асоси доимӣ ва касбӣ иҷро мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 30.07.2007 № 304).
Вакили Маҷлиси намояндагон наметавонад вакили дигар мақомоти намояндаги бошад, вазифаи дигареро иҷро кунад, фаъолияти соҳибкори намояд, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷоди ва омӯзгори (Қонуни конст. ҶТ аз 9.12.2004 № 71).
Моддаи 7. Иштироки узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон дар кори маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот
(Қонуни конст. ҶТ аз 25.06.2021 № 1799)
Узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон метавонанд дар кори маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот иштирок намоянд, дар муҳокимаи масъалаҳои вобаста ба салоҳияти вакилиашон ширкат варзанд, таклифу дархостҳо пешниҳод кунанд (Қонуни конст. ҶТ аз 25.06.2021 № 1799).
Моддаи 8. Риояи меъёри одоби вакили аз ҷониби узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон
Узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон бояд меъёрҳои одоби вакилиро риоя намоянд.
Масъулият барои вайрон кардани меъёрҳои одоби вакили мутобиқи талаботи Дастури Маҷлиси милли ва Дастури Маҷлиси намояндагон муқаррар карда мешавад.
БОБИ II. КАФОЛАТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИ ВА ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН
Моддаи 9. Иштироки узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон ва иҷлосияҳои Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон
Узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон вазифадоранд дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон, иҷлосияҳои Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон иштирок намоянд.
Узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон дар кори ҷаласаҳои якчояи Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон, иҷлосияҳои Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон дар асоси муҳокимаҳои дастаҷамъию баробарҳуқуқи ва озодона масъалаҳоеро, ки мувофиқи Конститутсия, қонунҳои конститутсиони ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон мансубанд, барраси ва ҳал мекунанд.
Моддаи 10. Ҳуқуқҳои узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон
Узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳуқуқ доранд:
- ба мақомоти Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон интихоб кунад ва интихоб шавад;
- ба барарсии ҷаласаҳои Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон масъалаҳо пешниҳод намояд;
- оид ба дар ҷаласаи Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон шунидани ҳисобот ё ахбороти ҳар шахси мансабдор, ки ба Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон ҳисоботдиҳанда ё масъул мебошад, таклиф пешниҳод кунад (Қонуни конст. ҶТ аз 30.07.2007 № 304);
- нуқтаи назари интихобкунандагонро ба маълумоти Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон расонад;
- оид ба муроҷиати шаҳрвандон маълумот диҳад.
Узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон инчунин дигар ҳуқуқҳоро, ки дар ҳамин Қонуни конститутсиони ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи пешбини гардидаанд, амали менамоянд (Қонуни конст. ҶТ аз 30.07.2007 № 304).
Моддаи 11. Шаклҳои фаъолияти узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон
(Қонуни конст. ҶТ аз 26.12.2011 № 796)
Шаклҳои фаъолияти узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон аз инҳо иборатанд:
1) иштирок дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқарраркардаи Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) иштирок дар ҷаласаҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон мувофиқи тартиби муқарраркардаи дастурҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон;
3) иштирок дар кори Шӯро, кумитаҳо, комиссияҳо, аз ҷумла комиссияҳои муваққатӣ ва дигар мақомоти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон мувофиқи тартиби муқарраркардаи дастурҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон;
4) иштирок дар робитаҳои байналмилалии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
5) иҷрои супоришҳои Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси намояндагон ва мақомоти онҳо;
6) пешниҳоди дархости вакилӣ;
7) иштирок дар муҳокимаҳои парламентӣ;
8) таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи қонунҳо ва таклифҳои қонунгузорӣ барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон (Қонуни конст. ҶТ аз 25.06.2021 № 1799);
9) баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ (Қонуни конст. ҶТ аз 25.06.2021 № 1799).
Фаъолияти вакили Маҷлиси намояндагон инҳоро низ дар бар мегирад:
1) кор бо интихобкунандагон;
2) иштирок дар кори фраксияву гурӯҳҳои вакилон.
Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳамчунин дар шаклҳои дигаре, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии мазкур, дигар қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастурҳои Маҷлиси миллӣ ва Мач,лиси намояндагон муайян кардаанд, фаъолият мекунанд (Қонуни конст. ҶТ аз 26.12.2011 № 796).
Моддаи 12. Ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон
Узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳуқуки ташаббуси қонунгузори доранд. Ҳуқуқи ташаббуси қонунгузори дар шакли пешниҳоди лоиҳаи қонунҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи қонунҳо дар бораи ворил намудани тағйиру иловаҳо ё аз эътибор соқит донистани қонунҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин дар шакли пешниҳоди хатти дар бораи қабул кардани қонунҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ворд намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон (таклифҳои қонунгузори) ба амал бароварда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 30.07.2007 № 304).
Лоиҳаи қонунҳо ва таклифҳои қонунгузори, ки аз тарафи узви Маҷлиси милли ва ё вакили Маҷлиси намояндагон дар асоси ҳуқуки ташаббуси қонунгузори пешниҳод гардидаанд, бояд аз тарафи Маҷлиси намояндагон барраси шаванд.
Моддаи 13.Дархости узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон
Узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳуқуқ доранд ба Сарвазир, дигар аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Тоҷикистон, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарон ва шахсони мансабдори дигари мақомоти ҳокимият ва идораҳои давлати, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот иттиҳодияҳои ҷамъияти, инчунин ба роҳбарони корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо барои додани тавзеҳоти расми ё баён намудани мавқеашон оиди масъалаҳое, ки ба манфиатҳои муҳимтарини ҷамъияти дахл дошта, дорои аҳамияти давлати мебошанд, дархост пешниҳод кунанд(Қонуни конст. ҶТ аз 25.06.2021 № 1799).
Дархост аз тарафи узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон ё гурӯҳи вакилон дар шакли хатти ё шифоҳи пешниҳод шуда метавонад.
Узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон дархости худро ба мақомоти давлати, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва шахсони мансабдор бо хоҳиши хеш метавонад бевосита ё тавассути Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон фиристонад. Бо талаби ӯ масъалаи дар дархост пешниҳодшуда ба муҳокимаи Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шуда метавонад (Қонуни конст. ҶТ аз 25.06.2021 № 1799).
Мақомоти давлати, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ё шахси мансабдор, ки ба вай дархост фиристода шудааст, вазифадор аст, ки дар муддати на дертар аз як моҳи қабули он ҷавоби расмии хатти диҳад. Ба ҷавоби дархост бояд шахсе имзо гузорад, ки дархости узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон ба унвони ӯ фиристода шудааст (Қонуни конст. ҶТ аз 25.06.2021 № 1799).
Аз рӯи ҷавоби дархост ва натиҷаҳои муҳокимаи он Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон қарор қабул мекунанд.
Моддаи 14. Баррасии таклифҳо ва фикру мулоҳизаҳои узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон дар иҷлосия ва ҷаласаҳои Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон
Таклифҳо ва фикру мулоҳизаҳое, ки узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон дар доираи салоҳияташон дар иҷлосияҳо ва ҷаласаҳо баён кардаанд ё дар шакли хатти ба котибот ё раисикунанда додаанд, аз тарафи Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон, кумитаҳо ва комиссияҳои онҳо барраси карда мешаванд ё ин ки барои барраси ба мақомоти дахлдори давлатию ҷамъияти, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва шахсони мансабдор фиристонида мешаванд (Қонуни конст. ҶТ аз 25.06.2021 № 1799).
Мақомоти давлати ва ҷамъияти, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот инчунин шахсони мансабдор, ки таклифҳо ва фикру мулоҳизаҳои дар иҷлосияҳою ҷаласаҳо пешниҳодкардаи вакилон ба онҳо равона карда шудаанд, вазифадоранд ин пешниҳодҳоро дар муддати як моҳ дида бароянд ва аз натиҷааш бевосита ба узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон, инчунин ба Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон хабар диҳанд(Қонуни конст. ҶТ аз 25.06.2021 № 1799).
Назорати барраси ва амали намудани таклифҳо ва фикру мулоҳизаҳои узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон аз тарафи кумитаҳо, комиссияҳо, Шӯрои Маҷлиси милли ва Шӯрои Маҷлиси намояндагон сурат мегирад.
Моддаи 15. Иштироки узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон дар иҷрои қарорҳои Маҷлиси милли, Маҷлиси намояндагон ва мақомоти онҳо
Бо қарори Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон ё мақомоти онҳо узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон рафти амалишавии қонунҳо ва қарорҳои Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагонро меомӯзанд. Дар бораи натиҷаҳои омӯзиш узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон ба Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон ё мақомоти онҳо хабар медиҳанд.
Узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳуқуқ доранд дар бораи бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида, бекор кардани қарорҳои ғайриқонуни, ба ҷавобгари кашидани шахсоне, ки ба вайронкунии қонун ва иҷро накардани қарорҳои Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон роҳ додаанд, ба мақомоти дахлдор таклиф пешниҳод намоянд.
Моддаи 16. Муносибати вакили Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон
Вакили Маҷлиси намояндагон:
- бо интихобкунандагон вохӯриҳо мегузаронад;
- шахсони мансабдорро барои иштирок дар ин вохӯриҳо даъват менамояд;
- дар машваратҳои мақомоти ҳокимияти давлати ва идоракуни, инчунин мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ширкат меварзад(Қонуни конст. ҶТ аз 25.06.2021 № 1799);
- рафти баррасии таклифу пешниҳод, арзу шикояти интихобкунандагонро назорат мекунад:
- интихобкунандагонро аз кори Маҷлиси намояндагон воқиф месозад;
- афкори ҷамъияти, эҳтиёҷу дархости интихобкунандагонро меомӯзад, дар ин бора ба Маҷлиси намояндагон ва мақомоти он ахбор медиҳад.
Ба вакили Маҷлиси намояндагон барои гузаронидани вохӯри бо интихобкунандагон аз тарафи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, маъмурияти корхонаю муассиса ва ташкилотҳо, иттиҳодияҳои ҷамъияти шароит муҳайё карда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 9.12.2004 № 71, аз 25.06.2021 № 1799).
Моддаи 17. Баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон
(Қонуни конст. ҶТ аз 25.06.2021 № 1799)
Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ баррасӣ менамоянд, барои дуруст ва сари вақт ҳаллу фасл шудани онҳо чораҳои зарурӣ меандешанд, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ (ва намояндагони онҳо)-ро қабул мекунанд, барои бартараф намудани сабабҳои шикоят ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхонаю муассиса ва ташкилотҳо, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли моликият, таклифҳо пешниҳод менамоянд. Узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳуқуқ доранд шахсони мансабдори мақомоти давлати, корхонаю муассиса ва ташкилотҳоро барои иштирок дар қабули шаҳрвандон даъват намоянд (Қонуни конст. ҶТ аз 25.06.2021 № 1799).
Моддаи 18. Таъмини шароит барои иҷрои ваколатҳои узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон
Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон вазифадоранд, ки узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагонро барои кор бо бинои муҷаҳҳаз, нақлиёти алоҳидаи хизмати, фондҳои китобҳо ва бойгони, воситаҳои алоқа, техникаи ҳисоббарорию электрони, нусхабардору чоп таъмин намоянд.
Узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон дар ҳолати зарури бо меҳмонхона таъмин карда мешаванд. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои таъмини фаъолияти вакили ба ихтиёри онҳо ҳуҷраи кори, мошинҳои ҳисоби, электрони, нусхабардор ва чопиашонро медиҳанд, ҳамчунин онҳоро дар ҳудуди ҳавзаи интихобот барои иҷрои ваколатҳояшон бо нақлиёт таъмин менамоянд (Қонуни конст. ҶТ аз 9.12.2004 № 71, аз 25.06.2021 № 1799).
Моддаи 19. Ҳуқуқи узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон ба қабули бетаъхир аз ҷониби шахсони мансабдор
Узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳуқуқ доранд, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми мақомоти давлати, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва иттиҳодияҳои ҷамъияти, корхонаю муассиса ва ташкилотҳо бе мамоният ворид шаванд. Шахсони мансабдори мақомоти ҳокимияти давлати, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва иттиҳодияҳои ҷамъияти, корхонаю муассиса ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликияташон, вазифадоранд узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагонро аз рӯи масъалаҳои фаъолияти вакили бетаъхир қабул кунанд (Қонуни конст. ҶТ аз 25.06.2021 № 1799).
Тартиби ворид гардидан ба ташкилоту муассисаҳоеро, ки фаъолияташон ба сирри давлати вобастаги доранд, қонун муайян мекунад.
Моддаи 20. Вазифаҳои шахсони мансабдор оиди баррасии муроҷиати узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон
Шахсони мансабдори мақомоти давлати, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъияти, ташкилоту муассиса ва корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон вазифадоранд муроҷиати узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагонро ба тариқи хаттӣ тибқи қонун барраси намуда, аз натиҷаи тадбири андешидашуда ба узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон хабар диҳанд (Қонуни конст. ҶТ аз 30.07.2007 № 304, аз 25.06.2021 № 1799).
Моддаи 21.Ҳуқуқи узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон барои гирифтан ва паҳн кардани маълумот
Мақомоти ҳокимияти давлатӣ,мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот иттиҳодияҳои ҷамъияти ва шахсони мансабдор вазифадоранд, ки узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагонро дар мавриди муроҷиат кардан оид ба масъалаҳои фаъолияти вакили бо мутахассисон ва маълумоте, ки барои онҳо лозим аст, таъмин намоянд (Қонуни конст. ҶТ аз 25.06.2021 № 1799).
Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳуқуқ доранд аз тариқи воситаҳои давлатии матбуот, радиову телевизион аз рӯи масъалаҳои фаъолияти вакили бемамониат баромад кунанд, мавод нашр намоянд.
Маводи пешниҳодкардаи узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагонро бе розигии ӯ тағйир додан мумкин нест.
Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳуқуқ надоранд маълумотҳоеро, ки мувофиқи қонун дорои сирри давлатӣ, тиҷоратӣ, бонкӣ ё сирри дигари бо қонун ҳифзшавандаанд, фош кунанд (Қонуни конст. ҶТ аз 25.06.2021 № 1799).
Моддаи 22. Суғуртаи ҳатмии давлати ва пардохти маблағи суғуртаи узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон
Ҳаёт ва саломатии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон дар давраи иҷрои ваколатҳояш аз ҳисоби маблағҳои буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди суғуртаи ҳатмии давлати қарор мегирад.
Тартиби пардохти суғуртапулии якдафъаинаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 01.08.2012 № 897).
Моддаи 23. Озод будани узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон аз даъват ба хизмат ва ҷамъомадҳои ҳарби
Узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон дар давраи иҷрои ваколатҳояшон дар Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон аз даъват ба хизмати ҳақиқии ҳарби ҳамчунин аз даъват ба ҷамъомадҳои ҳарби озоданд.
Моддаи 24. Таъмини нафақаи узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон
Таъмини нафақаи узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон мувофиқи тартиби мукаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амали гардонида мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 25.07.2005 № 106, аз 25.06.2021 № 1799).
Моддаи 25. Ҳуқуқи аз воситаҳои нақлиёт ройгон истифодабарии узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон
(Қонуни конст. ҶТ аз 17.12.2020 № 1749)
Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳуқуқ доранд бо пешниҳоди шаҳодатномаи узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ, обӣ ва автомобилии мусофирбари шаҳрӣ, наздишаҳрӣ ва ноҳиявӣ (ба истиснои такси) ройгон истифода намоянд. Шахсе, ки узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки маъюби гурӯҳи якуманд, ҳамроҳӣ мекунад, чунин ҳуқуқро дорад. Тартиби пӯшонидани хароҷот барои истифодаи ройгон аз хизматрасонии нақлиётиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 17.12.2020 № 1749).
Кассаҳои билетфурӯшии вокзалҳо ва истгоҳҳои роҳи оҳан, агентиҳои авиатсияи шаҳрванди ё фурудгоҳҳо вазифадоранд, ки дар вақти нишон додани шаҳодатномаи аъзоги ё вакили бидуни навбат ба онҳо барои як ҷо дар вагони хобрави ё нарми поезд, самолёт ё вертолёт ройгон билет диҳанд. Ҳангоми сафар ба онҳо билети поездҳо, самолётҳо на дертар аз ду соати то парвози самолёт ё рафтани поезд дода мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 17.12.2020 № 1749).
Дар толорҳои расмии намояндагии фурудгоҳ ва вокзали роҳи оҳан ба узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон ва аъзои оилаашон ройгон хизмат расонида мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 17.12.2020 № 1749).
Рафтуои узви Маҷлиси милли ва вакили Мачлиси намояндагон дар автобусҳои байнишаҳри, инчунин наздишаҳри дар ҳолатҳое, ки билетҳо бо нишон додани рақами ҷой фурӯхта мешаванд, бо билети ройгоне сурат мегирад, ки дар кассаҳои вокзалҳо ва истгоҳҳои автомобилҳо ё бевосита ҳангоми савор шудан ба автобус бенавбат гирифта мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 17.12.2020 № 1749).
хориҷ карда шуд (Қонуни конст. ҶТ аз 17.12.2020 № 1749)
Моддаи 26. Рухсатии ҳарсола пардохтшавандаи узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон
Ба узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон рухсатии ҳарсолаи пардохтшавандаи давомнокиаш 45 рӯзи тақвими дода мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 3.03.2006 № 163).
Моддаи 27. Таъминоти манзили ва маишии узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон
Ба вакили Мачлиси намояндагон, ки манзил надорад ё дар шаҳри Душанбе истиқомат карда барои беҳбудии шароити манзил эҳтиёҷ дорад, барои зиндаги бо оилаааш дар пойтахт манзилгоҳи хизмати дода мешавад. Манзили истиқоматии мазкур аз ҷониби вакили Маҷлиси намояндагон баъди қатъи ваколати вакилиаш дар муҳлати як моҳ супорида мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.2016 № 1324).
Узви Маҷлиси милли ва вакили Мачлиси намояндагон барои бенавбат гузаронидани воситаи алоқа (телефон) ҳуқуқ дорад.
Аз узви Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон ва аъзои оилааш, ки бо вай зиндаги мекунанд, дар ҳадди меъёрҳои пешбининамудаи қонунҳои ҷори барои телефон (ғайр аз гуфтугӯи байнишаҳри ва байналмилали), хизмати коммунали (оби гарм ва гармкуни, оби хунук) 50 фоиз кам ҳақ гирифта мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 8.12.2003 № 61).
Моддаи 28. Таъмини шароити моддию молияви барои амали намудани ваколатҳои узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон
Ба узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон хароҷоти вобаста ба фаъолияти вакили бо тартиб ва андозае, ки ҳамин Қонуни конститутсиони ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, пардохта мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 30.07.2007 № 304).
Музди меҳнати Раиси Маҷлиси миллӣ, Раиси Маҷлиси намояндагон ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 3.03.2006 № 163, 18.07.2017 № 1454).
Хориҷ карда шуд (Қонуни конст. ҶТ аз 3.03.2006 № 163).
Ба узви Маҷлиси милли, ки ҳангоми иҷрои кори аъзоги дар Маҷлиси милли ё мақомоти он, ҳангоми сафарҳои хизмати вобаста ба супоришҳои мақомоти мазкур, инчунин дар вақти кори вай бо интихобкунандагон аз иҷрои вазифаҳои истеҳсоли ё хизматии ҷои асосии кораш озод карда шудааст, музди меҳнат аз ҷои кори асосиаш пардохта мешавад.
Хароҷоти вобаста бо фаъолияти вакилии узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон баробари даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳар моҳ пардохта мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 26.12.2011 № 795).
Хароҷоти ба шаҳри Душанбе барои ваколатҳояшро ба ҷо овардан кӯчида омадани вакили Маҷлиси намояндагон ва аъзои оилаи ӯ, ҳамчунин вобаста ба ҷои истиқомати доимии вакил баъди қатъ ёфтани ваколатҳояш кӯчида рафтани вай аз ҳисоби маблағҳои Маҷлиси намояндагон пардохта мешавад. Ҳангоми ба шаҳри Душанбе кӯчида омадан ба вакили Маҷлиси намояндагон ва ба ҳар аъзои оилаи ӯ мувофиқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузори кӯмакпулии яквақта дода мешавад. Хароҷоти ба хориҷи мамлакат рафтани узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон бо қарори Шӯрои Маҷлиси милли ва Шӯрои Маҷлиси намояндагон пардохта мешавад.
Моддаи 29 Таъминоти тибби ва маишии узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон
Таъминоти тибби ва маишии узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон ва аъзои оилаи ӯ мутобиқи шароитҳое, ки барои аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад, сурат мегирад.
Моддаи 30. Ҳуқуқи бенавбат дар меҳмонхона ҷой гирифтани узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон
Маъмурияти меҳмонхонаҳои давлати ва ғайридавлати вазифадоранд ба узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон ва аъзои оилаашон баробари пешниҳод кардани шаҳодатномаи аъзоги ва вакили ҳуҷраи алоҳидаи муҷаҳҳаз диҳанд. Шахсе, ки узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон,маъюби гурӯҳи 1-умро ҳамроҳи мекунад, ҳуқуқи ройгон дар меҳмонхона ҷой гирифтанро дорад (Қонуни конст. ҶТ аз 17.12.2020 № 1749).
Моддаи 31. Шиносномаи дипломатии узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон
Ба узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон дар мӯҳлати ваколаташон шиносномаи дипломати дода мешавад.
Моддаи 32. Озод крадани узви Маҷлиси милли аз иҷрои вазифаҳои истеҳсоли ё хизмати
Узви Маҷлиси милли ҳангоми ба ҷо овардани фаъолияти аъзогиаш дар Маҷлиси милли ва мақомоти он дар асоси расман огоҳонидан оиди даъват ба Маҷлиси милли аз иҷрои вазифаҳои истеҳсоли ё хизмати дар ҷои кори асосиаш озод карда мешавад. Дар ин ҳолат ягон ҳуҷҷати дигар талаб карда намешавад.
Моддаи 33. Ҳифзи ҳуқуқу озоди, шаъну шарафи узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон
Давлат ба ҳар узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон барои самарабахш бемамоният ба ҷо овардани ваколатҳояш кафолат медиҳад, ҳуқуқу озоди, шаъну шарафи ӯро ҳифз менамояд.
Шахсоне, ки шаъну шарафи узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагонро паст мезананд, ба онҳо ё аъзои оилаи онҳо ва дигар хеши таборашон бо мақсади монеъ шудан ба иҷрои фаъолияти вакилиашон таъсири ғайриқонуни мерасонанд, ё бар хилофи иродаи узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон ӯро ба манфиати ягон кас ба қабул намудани қарор моил кардан мехоҳанд, мувофиқи қонунгузории ҷори ба ҷавобгари кашида мешаванд.
Таҳқир намудани узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон, инчунин тӯҳмат нисбат ба онҳо ва ё паҳн кардани хабарҳои бардурӯғ дар бораи фаъолияти вакилии онҳо нораво буда, шахсони ин амалҳоро содиркунанда тибқи қонунгузории ҷори ба ҷавобгари кашида мешаванд.
Моддаи 34. Дахлнопазирии узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон
Узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳуқуқи дахлнопазири дорад, ӯро ҳабс кардан, дастгир кардан, маҷбуран овардан, кофтуков кардан мумкин нест, ба истиснои дастгир шуданаш дар ҷои содири ҷиноят, узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳамчунин мавриди кофтукоби шахси (азназаргузарони) қарор дода намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун барои таъмини амнияти дигарон муқаррар намудааст (Қонуни конст. ҶТ аз 26.12.2011 № 796).
Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагонро бе розигии Маҷлиси дахлдор ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ё маъмурӣ кашидан мумкин нест. Дохил шудан ба манзили истиқоматӣ ё утоқи кории узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон, ба нақлиёти шахсӣ ё хизматии ӯ, дар он ҷо гузаронидани кофтуков, ёфта гирифтан, гӯш кардани гуфтугӯи телефонӣ ва дигар сӯҳбатҳои ӯ, кофтукови шахсии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон, инчунин гирифтани мукотибот, молу мулк ва ҳуҷҷатҳои ӯ танҳо бо дархости Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷозати суди дахлдор фақат бо иртибот доштан ба парвандаи ҷиноятии оғозгардида нисбат ба узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон сурат гирифта метавонад (Қонуни конст. ҶТ аз 26.12.2011 № 796).
Нисбати узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон танҳо Прокурори генералии Тоҷикистон метавонад парвандаи ҷиноятӣ ё маъмурӣ оғоз намояд (Қонуни конст. ҶТ аз 26.12.2011 № 796).
Парвандаи ҷиноятӣ ё маъмурӣ нисбати узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеияти суди дорад (Қонуни конст. ҶТ аз 26.12.2011 № 796).
Моддаи 35. Тартиби гирифтани розиги барои ба ҷавобгари кашидани узви Маҷлиси милли ва ё вакили Маҷлиси намояндагон
Масъалаи маҳрум намудани дахлнопазирии узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди Прокурори генерали аз ҷониби Маҷлиси дахлдор ҳал карда мешавад.
Барои узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагонро ҳабс кардан Прокурори генералии Тоҷикистон ба Маҷлиси дахлдор бо пешниҳод муроҷиат менамояд.
Барои дида баромадани пешниҳоди Прокурори генералии Точикистон оиди маҳрум намудани узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳуқуқи дахлнопазирии шахси дар сурати зарурат комиссияи тафтиши аъзоги ё вакилии маҷлиси дахлдор ташкил карда мешавад.
Маҷлиси милли ё Маҷлиси намояндагон пешниҳоди дохилшударо ба тартиби муқаррарнамудаи Дастури Маҷлиси дахлдор дар ҷаласаи худ барраси менамояд. Дар мавриди зарури аз Прокурори генералии Тоҷикистон маводҳои иловаги талаб карда мешавад. Маҷлиси милли ё Маҷлиси намояндагон нисбати узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон қарори асоснок қабул мекунанд ва дар муддати на дертар аз се рӯз Прокурори генералии Тоҷикистонро аз ин хусус воқиф мегардонанд. Узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон, ки нисбати ӯ маълумоти пешниҳоди дохил шудааст, ҳуқуқ дорад дар муҳокимаи масъалаҳо иштирок намояд.
Ба пешниҳоди Прокурори генералии Тоҷикистон оиди аз ҳуқуки дахлнопазирии шахси маҳрум намудани узви Маҷлиси милли ё вакили Маҷлиси намояндагон ҷавоби рад додани Маҷлиси милли ё Маҷлиси намояндагон барои боздоштани парвандаи ҷиноятӣ ва парвандаи маъмури, ки ҷавобгариро аз тариқи суди пешбини мекунад, асос мегардад (Қонуни конст. ҶТ аз 26.12.2011 № 796).
Дар хусуси оғози парвандаи ҷиноятӣ ё парвандаи маъмури, ки ҷавобгариро аз тариқи суди пешбини мекунад, дар бораи қатъ намудани парвандаҳои дар истеҳсолотбуда ё оиди ҳукми қонуни гирифтани қарори суд нисбати узви Маҷлиси милли, вакили Маҷлиси намояндагон мақомоти таҳқиқ, тафтишот ё суд вазифадоранд дар муддати на дертар аз се рӯз Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагонро хабардор намоянд (Қонуни конст. ҶТ аз 26.12.2011 № 796).
хориҷ карда шуд (Қонуни конст. ҶТ аз 08.06.2022 № 1871)
 
Моддаи 36. Кафолатҳои ҳуқуқи меҳнати ва иҷтимоии узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон
(Қонуни конст. ҶТ аз 25.07.2005 № 106)
Вакили Маҷлиси намояндагон баъди ба охир расидани ваколатҳояш бо ҷои кор таъмин карда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 25.07.2005 № 106).
Мӯҳлати ваколати вакили Маҷлиси намояндагон ва инчунин даврае, ки вакили Маҷлиси намояндагон бинобар имконнопазирии бо кор таъмин намудани ӯ муваққатан кор накардааст, ба собиқаи кори умуми, бефосила ва махсуси меҳнати ё мӯҳлати хизмат, собиқаи кор аз рӯи ихтисос ҳисоб карда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 25.07.2005 № 106).
Маҷлиси намояндагон музди меҳнати собиқ вакилро дар давраи кор наёфтан дар давоми се моҳ медиҳад (Қонуни конст. ҶТ аз 25.07.2005 № 106, аз 26.12.2011 № 795).
Ба вакилони Маҷлиси намояндагон ба истиснои онҳое, ки аз нав вакил интихоб шудаанд, баъди анҷоми мӯҳлати ваколатҳо ба андозаи музди меҳнати семоҳаашон ё дар сурати ба нафақа аз рӯи синну сол баромадан - музди меҳнати семоҳаашон кӯмакпулӣ дода мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 26.12.2011 № 795, аз 01.08.2012 № 897).
Барои хизматҳои арзанда ва фаъолияти самараноку пурмаҳсул узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон аз ҷиҳати модди ҳавасманд ва бо мукофотҳои давлати сарфароз гардонида мешаванд.
Моддаи 37. Таъмини амнияти узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон
Узви Маҷлиси милли ва вакили Маҷлиси намояндагон, аъзои оилаашон ва молу мулки онҳо таҳти ҳимояи давлат қарор доранд.
Моддаи 38. Ҳуқуқи вакили Маҷлиси намояндагон дар ҳолати пеш аз мӯҳлат ихтиёран пароканда шудани Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати
(Қонуни конст. ҶТ аз 9.12.2004 № 71)
Дар сурати тибқи моддаи 63 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтиёран пароканда шудани Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон ба вакили Маҷлиси намояндагон ҳуқуқи гирифтани кӯмакпулии яквақта дар ҳаҷми музди меҳнати семоҳааш дода мешавад. мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати (Қонуни конст. ҶТ аз 9.12.2004 № 71, аз 26.12.2011 № 795).
Ба вакили Маҷлиси намояндагон ва аъзои оилааш, ки хоҳиши ба ҷои истиқоматии доимии то вакил интихоб шуданаш баргаштанро изҳор кардааст, хароҷоти вобаста ба манзил расидани вай ва бурдани ашёи рӯзгораш аз ҳисоби маблағҳои Маҷлиси намояндагон пардохта мешавад.
Моддаи 39. Дар бораи беэътибор донистани Қонуни конститутсиони "Дар бораи статуси вакили халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи статуси вакили халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 3 ноябри соли 1995 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1995 № 21, моддаи 227, соли 1996 № 24 моддаи 366) беъэтибор дониста шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов
ш. Душанбе
аз 6 августи соли 2001 № 43